Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Шариат

Download

Мақсади Шариат

«Шариат ин қадар

пур печу тоб аст

Адояш касро,

гуё кори савоб аст.»

(аз халқ)

Натиҷаи як гуноҳ ё вайрон кардани шариат

«Пок аз адам омадему нопок шудем,

Шодон ба дар омадему ғамнок шудем.

Будем зи оби дида дар оташи дил,

Додем ба бод умру дар хок шудем.»

(Хайём)

Оё касе ҳаст, ки тамоми шариатро иҷро кунаду соҳиби наҷот гардад?

Бобои Одам як қонуни шариат дошту ӯ наметавонист, ки онро кунад. Агар бо як чиз итоат намекунем пас мо гуноҳкори шариат ҳастем. Агар наҷоти Одам бо итоати шариат вобаста бошад, пас миқдори он чӣ қадар аст барои наҷот? «Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валенкин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад. Агар касе як қонунро шиканад, ӯ айбдори шикастани ҳамаи қонун мешавад.» (Инҷил, Яъқуб 2:10)

Мо дар кадом вақт медонем, ки тамоми шариатро иҷро намудем? Агар кас дар зиндагӣ яке аз қонунҳои шариатро иҷро карда натавонад гуноҳкор ҳисобида мешавад. Шариат итоати ҳамаи қонунро маҷбур мекунад. Пас кӣ метавонад ҳамаи шариатро иҷро кунад?

Мисол: Хостгор ба хонаи духтардор омада маслиҳату барои қалинг аҳд мебанданд.  Хостгор розӣ шуда аз паи чизҳои фармудаи соҳиби духтар мешавад ва он вақте, ки қалинги фармударо овард соҳиби духтар аз ӯ чизҳои навро талаб мекунад. Ин ба мисли шариат ё кори савоб аст.

Саволе ба миён меояд, ки одам чӣ қадар кори шариатро анҷом диҳад то Худо ӯро қабул кунад? Одам метавонад пеш аз ин дар ин бора бо Худо аҳд бандад? Ва кай ба иҷрои кори қабули Худо мегардад? Оё касе бо Худо маслиҳат карда метавонад?

Одамон чунин меҳисобанд, ки як гуноҳ баробари як кори савоб аст, лекин мо медонем, ки ин тавр нест. Одами аввал дар боғи Адан фақат як гуноҳ карду аз он ҷо ронда шуд ва бешумор кори савоб карда бошад ҳам дигар бахшида нашуд.

Шариат қонунҳои Худо мебошанд барои ба роҳи дуруст моро ҳидоят кардан аммо ҳеҷ кас тамоми онро иҷро карда наметавонад. Барои чӣ? Мо инро аз мақсади шариат фаҳмида мегирем.  

 Мақсади асосии шариат

 Ақидае ҳаст, ки дар натиҷаи иҷрои тамоми шариат кас дар рӯзи доварӣ соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешавад, вале ин иштибоҳи комил аст! Риояи шариат оё имон овардан аст? Не! Меваи дарахт оё решаҳои он мебошад? Не! Иҷрои шариат ҳам ба мисли меваҳои дарахтанд, решаҳояш бошанд ба монанди имон овардан аст, мева бе реша ин чизи ношуниданист, дарахти сабзи бе реша вуҷуд надорад.

Баъди имон овардан мо метавонем, ки шариатро бо дили худ пайваст кунем. Каломи Худо мефармояд: «Зеро ки мо офаридаи ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем.» (Инҷил, Эфсӯсиён 2:10)  Шахси имондор вазифадор аст, ки амали некро иҷро кунад, на барои сафед шудан, балки барои меваи имонаш.

Пас вазифаи шариат аз чӣ иборат мебошаду Худо онро ба одамизод ба кадом мақсад дод? Китоби Муқаддас мефармояд: «Лекин мо медонем, ки ҳар чӣ ки шариат мегӯяд, ба аҳли шариат рӯи оварда мегӯяд, то ки ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми олам пеши Худо айбдор гардад, чунки ба амали шариат ҳеҷ одаме пеши Ӯ сафед нахоҳад шуд, зеро ки гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад.» (Инҷил, Румиён 3:19-20)

«Лекин ман гуноҳро маҳз ба воситаи шариат донистаам. Зеро агар шариат намегуфт, ки ‘тамаъ накун’ ман намедонистам, ки тамаъ1 чист.» (Инҷил, Румиён 7:7)

Дар ҳеҷ ҳолат шариат гуноҳро пок накарда фақат ба мо гуноҳро нишон медиҳад. Ва мақсади асосии шариат ин аст, ки мо медонем гуноҳ чист, бо иҷрои шариат мо бояд умеди сафедшавӣ ё аз гуноҳ озод шуданро надошта бошем.

«Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, -- мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем. На ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд.» (Инҷил, Ғалатиён 2:16)

Мақсади асосии шариат ин аст, ки мо медонем гуноҳ чӣ аст. Мақсад ин нест ки сафед шавем, ё гуноҳамон шуста гардад.

Агар шариат намебуд мо гуноҳро дида наметавонистем, шариат танҳо муайянку -нандаи гуноҳ ва дар навбати худ ба наҷотдиҳанда муҳтоҷ будани моро муайян мекунад.

Пас вазифаи шариат аз гуноҳ халос кардани мо ва наҷот додан нест. Шариат танҳо муайянкунандаи гуноҳ асту халос. Шариат нишон медиҳад, ки мо муҳтоҷи наҷотдиҳанда ҳастем.

Шариат – роҳнамо аст

 Шариат иҷро кунанда нею фақат роҳнамои мо мебошад ва моро ба сӯи наҷотдиҳанда --- Исои Масеҳ мебарад. «Пас, шариат асокаши мо сӯи Масеҳ гардид, то ки ба воситаи имон сафед шавем.» (Инҷил, Ғалотиён 3:24)

Шариат доимо моро дар барои Худо пурра мегардонад ва мо мефаҳмем, ки танҳо бо восита шудани Худо наҷот хоҳем ёфт ва барои наҷот танҳо амали нек бас нест. Ва мо бо пуррагӣ комилан мӯҳтоҷи Худо ҳастем ва бе файзи Ӯ, бе меҳрубонии Ӯ наҷот нахоҳем ёфт. Бинобар ин одамизод барои наҷот- диҳанда мӯҳтоҷ аст.

Мо баҳри наҷот ёфтан ҳеҷ коре карда наметавонем, ба ҷуз такя кардан ба Исои Масеҳ, ки Худо ин амалро ба Ӯ сипурдааст.

«Пас, эй бародарон, ба шумо маълум бод, ки ба воситаи Исои Масеҳ ба шумо омурзиши гуноҳҳо эълон мешавад, ва аз ҳар чизе ки ба василаи шариати Мусо сафед шуда натавонистед, ҳар имондор ба василаи Ӯ (Исои Масеҳ) сафед хоҳад шуд.» (Инҷил, Аъмол 13:38-39)

«Пас, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд, чунки қонуни рӯҳи ҳаёт дар Исои Масеҳ маро аз қонуни гуноҳ ва мамот 2 фориғ 3 кардааст.» (Инҷил, Румиён 8:1-2)

Пас шариат ба мо онро нишон медиҳад, ки мо ба наҷотдиҳанда муҳтоҷӣ дорем ва ин озодӣ фақат ба воситаи қурбонии Исои Масеҳ ба мо даст медиҳад. Омин.

 



<< Башорат