Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Худо ҷӯёи шумост

Download

Худо ҷӯёи шумост!

 

Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: «куҷои ту?»

 

«Эй гадоёни харобот,

Худо ёри шумост,

Чашми инъом мадоред

зи анъоме чанд.» 

(Ҳофиз)

 

Худо ҷӯёи шумост!

Худо шуморо мехоҳад!  Ӯ ҷӯёи шумост ва интизори шумост!  Худо барои шумо мақсади зиндагии хубро дорад.  Худо ёри шумост!

Мумкин шумо ҳис кардед, ки Худо ҷӯёи шумост, ва дар зиндагӣ ё дар хоб маълум шудааст, ки Худо ҷӯёи шумост.  

Худо офаридгор ҳаст ва инро мо дар давраи офариниш мебинем, ки дар рӯзи шашум одамизод, яъне Одамро бо сурати Худ офарид.  (Таврот, Ҳастӣ 1:27)  Ва он чуноне, ки мо медонем Худо барои Одаму Ҳавво ҳамаи шароитҳои зиндагиро онро фароҳам оварда онҳоро дар боғи Адан маскан дод ва ҳар вақте, ки Худованд ҳозир мешуд онҳо бемалол бо як дигар мулоқоту вохӯрӣ карда метавонастанд, то он рӯзе, ки онҳо аз Худо худро пинҳон карданд.  «Ва овози Худованд Худоро шуниданд, ки дар вақти салқинии рӯз дар боғ мегашт; ва Одам ва занаш аз пеши назари Худованд Худо дар миёни дарахтони боғ пинҳон шуданд.» (Таврот, Ҳастӣ 3:8)   Одам аз Худо худро пинҳон мекард аммо Худо ҷӯёи ӯ буд.  

          Дар вақте, ки Одам дар ҷои махфӣ буд, Худо дар ҷустуҷуи ӯ буд: -- «Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: «куҷои ту?» (Таврот, Ҳастӣ 3:9)   Аз ин сухани Худо маълум мешавад, ки Ӯ доимо дар ҷустуҷуи Одам яъне мо, мебошад.  Аз Китоби Муқаддас сабаби пинҳон шудани Одамро мебинем, ки гуноҳ мебошад ва маҳз ҳамин гуноҳ маҳрум шудани одамизодро аз ҳузури Худо сабабгор аст. Худо ҷӯёи Одам мебошад.  Аз вақте, ки алоқамандии Одам бо Худо қатъ шудааст, Худо сахт ба роҳи оштӣ меравад ва ҳам аз ту мепурсад: “Куҷоӣ ту?”  ва Ӯ мехоҳад туро бо Худ оштӣ кунад.

          Баъди ронда шудани Одам аз боғи Адан то ҳозир Худованд дар ҳар куҷое, ки мо бошем Ӯ ҳозир аст.  Худо мехоҳад бо мо муносибати авваларо барқарор кунад, чун ки Ӯ моро дӯст медорад ва мақсади зиндагии осоиштаи одамро дорад: «Зеро фикрҳоеро, ки Ман дар барои шумо дорам, Ман медонам, -- мегӯяд Худованд, --- фикрҳое ки ба осоиштагӣ оид аст, на ба бадӣ, то ки ба шумо ояндаи нек ва умедворӣ бибахшам.»  (Китоби Муқад-дас, Ирмиё 29:11)  Ӯ фақат ба мо фикрҳои некӣ - на бадӣ, хушбахтиву умедвориро медиҳад.

 

 

Худо ба пешвози ту омадаистодааст

 

Исои Масеҳ масал овард дар барои писари гумроҳшуда.  Ин писар аз падараш рӯй гардонда гуноҳ кард.  Матни Китоби Муқаддас мегӯяд: -- «Оқибат вай ба худ омада гуфт:  -- Падарам хизматгорони бисёре дорад ва ҳамаи онҳо нони фаровон ва ҳатто зиёдатӣ доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ мемирам!  Рафта ба назди падарам бармегардаму ба вай мегӯям: -- Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам ва дигар лоиқи он нестам,  ки писари шумо бошам.  Маро ҳамчун яке аз хизматгоронамон қабул кунед.

Пас ӯ хеста ба хонаи падараш равона шуд.  Вай ҳанӯз хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, ба ҳоли писараш раҳмаш омад ва давида рафту фарзандашро ба оғӯшаш кашида, бӯса кард. 

Писар ба вай гуфт:  -- Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам.

Аммо падар ба хизматгоронаш гуфт: -- Зудтар ҷомаи беҳтаринро оварда, ба ӯ пӯшонед.  Ба дасташ ангуштарин ва ба пойҳояш пойафзол пӯшонед.  Гӯсолаи боникардаро биёреду сар бибуред;  мехӯрему хурсандӣ мекунем!  Охир ин писарам мурда буд ва ҳоло зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд.»  (Инҷили Луқо 15:17-24)

           

Худо мисли ин падар барои ту «раҳмаш омада, давида рафта фарзандашро ба оғӯшаш кашида бӯса мекунад.»   

 

Барои чӣ?

 

          Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ Худо доимо дар ҷустуҷуи мо ҳаст?  Барои он, ки Ӯ моро дӯст медорад.  Худо муҳаббат аст, ва ин муҳаббат сабабгори наздикшавии мову Худо мебошад.  «Касе ки дӯст намедорад, вай Худоро нашинохтааст, чунки Худо муҳаббат аст.  Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёт ёбем.  Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари

Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод.» (1) Юҳанно 4:8-10.  Нишонаи муҳаббати Худо ин аст, ки моро аз гуноҳ пок карда боз ба Худаш моро наздик кунад ва Исои Масеҳро ба дунё фиристод ва Ӯро (яъне дороии қиматарини Худ фарзандашро) барои гуноҳи одамизод қурбонӣ кард. Худо шуморо дӯст медорад ва ҷӯёи шумост!

Ҳизқиёли набӣ мегӯяд ки «Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман Худам гӯсфандони Худро хоҳам талабид ва аз аҳволашон хабар хоҳам гирифт.» (Китоби Муқаддас, Ҳизқиёл 34:11)   Худо толиби шумост ва мехоҳад шуморо шиносад.  

 

Роҳи шиносоӣ чӣ хел аст?

 

Роҳи шиносоӣ ва барқарор намудани робита бо Худо чӣ хел аст?  Агар Худо бо мо оштӣ шуданро мехоҳад ин роҳ мушкил аст?  Не! Ин роҳ ниҳоят осон яъне бо имон: «Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад.» (Инҷил, Эфсӯсиён 2:8-9)  Ин туҳфа аз Худо ба одамизод на ба сабаби амалҳои неки мо балки муфт дода шудааст.  Роҳи Худо бо имон аст - «ба воситаи имон наҷот ёфтаед.»  Ҳам Худо мегӯяд, «Зеро ки музди гуноҳ мамот(марг) аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худо-ванди мо Исои Масеҳ.»  (Инҷик, Румиён 6:23).  Оштӣ бо Худо ба воситаи Исои Масеҳ, Ӯ метавонад ин роҳро ба пеши Худо кушояд чунки, ӯ ҳозир зиндааст.  Ин амали Худо барои наҷоти одамизод туҳфаи Ӯст на натиҷаи амалҳои мо вале роҳ якто – фақат ба воситаи имон.  

Аз рӯи мантиқ барои гуноҳ ҷазо медиҳанд.  Ва чуноне, ки мо мебинем Худо моро ба ҷои ҷазо додан ба хотири муҳаббате, ки нисбат ба мо дорад моро бо ҳаёти ҷовидонӣ ба воситаи қурбонии Исои Масеҳ сарфароз кард.  Исои Масеҳ ҳозир зинда аст ва роҳи оштиро барои одамон пешниҳод мекунад.  Исои Масеҳ дар дуои Худ чунин мегӯяд: «Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд.»  (Инҷил, Юҳанно 17:3)   Ва дар ҷои дигар: -- «Инак, назди дар истода, тақ-тақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ӯ даромада, бо ӯ таоми шом хоҳам хӯрд, ва ӯ бо Ман.» (Инҷил, Ваҳй 3:20)  Исо бо ин масал ба ҳар яки мо таклифи нону намак мекунад, оё шумо тайёред, ки ин овозро шунавед?

Хулоса аз аввали офариниш то ин дам Худо доимо аз паи мо барои оштӣ шудан кушиш кард истодааст ва ҳар яки моро «куҷои ту?» гуфта мепурсад.  Оё мо метавонем, ки аз ин марҳамати Ӯ рӯй гардонем? Худо ёри шумост!

«Аммо Худои пур аз марҳамат, бар тибқи муҳаббати бузурге ки ба мо дорад, моро, агарчи аз рӯи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, - бо файз шумо наҷот ёфтаед.»

(Инҷил, Ба Эфсӯсиён 2:4-5)



<< Башорат