Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Хабари Хуш

Download

Хабари хуш барои Шумо



Дастур


Ин силсила аз ҳафт дарсҳои Библиявӣ иборат буда, ҳам барои омӯзиши мустақилона, ва ҳам дарсҳо дар гурӯҳҳо бо кӯмаки ягон кас пешниҳод шудааст. Он барои ҳамаи ононе, ки хоҳиши омӯзиши Библияро доранд дастрас аст. Дарсҳо бо Инҷили Юҳанно асос ёфтаанд ва барои ҳамин, то ин ки омӯзишро сар кунед, барои шумо Инҷили Юҳанно, Аҳди ҷадид ё Библия лозим аст.


Дарсҳо аз саволҳо ва ҷавобҳои аз Библия гирифташуда иборатанд. ҷавобҳои берун аз Библияро нанависед.


Барои омӯзиш дар гурӯҳҳо ҳар якеро нусхаи дарс, Инҷил ва қалам лозим аст. Яке аз аъзоёни гурӯҳ саволро бо овози баланд мехонад ва дигарон бошанд, нусхаҳои худро менигаранд. Дар охири ҳар як савол, боб ва оят аз Инҷили Юҳанно, ки дар он ҷавоб омадааст, оварда шудааст. Хонанда оятҳои дигари овардашударо бо овози баланд мехонад, дигарон бошанд, оятҳоро беовоз мехонанд. Баъд аз он ҳамаи гурӯҳ ҷавоби дурустро интихоб мекунанд ва бояд дар ёд дошта бошанд, ки ин ҷавоб аз Инҷил гирифта шудааст. Ин тарзи кор нисбат ба ҳар саволи дарс такрор мешавад. Ба ҳар як аъзои гурӯҳ имконият диҳед, ки ҷавобро ёбад.


Агар мумкин бошад, саволу ҷавобро кӯтоҳтар намуда, рафти дарсро назорат кардан лозим аст. Дар охири ҳар як дарс аз болои ҳар як мавзӯъ мулоҳиза кардан лозим аст. (Ҳама вақт дар ёд дошта бошед, ки фақат Библия, аммо на фикр ё фалсафаи ягон кас эътиборнок аст). Ёфтани ояти даркорӣ аз Библия бисёр муҳим аст. Мисол, барои ёфтани Юҳанно 3:16, боби 3-уми Инҷили Юҳанноро ёбед, ва аз рӯи саҳифаи то ояти 16 мушоҳида карда равед. Аз аввал ҳамаро ёд диҳед, то ки ҷои даркориро аз Инҷил биёбанд. Агар оят аз Инҷили Юҳанно набошад, ин оят дар матни дарс оварда шудааст.



Дарси 1


Мушкилии Одам.


  1. Инҷили Юҳанно навишта шуд, то шумо _________________ки Исои Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, __________________

______________ (Юҳанно 20:31). (Марҳамат, ҷойҳои холиро пур кунед).


  1. Исо худро __________________ ҷаҳон меномид (Юҳанно 8:12).


  1. Оё муҳим аст, ки Исоро пайравӣ кунем? (Юҳанно 8:12). ҳа_________ . Не ___________ (Хат кашед).


  1. Мувофиқи Юҳанно 8:12, чӣ меёбад, он касе, ки Исоро пайравӣ мекунад?


  1. Баъзе одамҳо Исоро пайравӣ намекунанд, чунки онҳо _______________ бештар аз _____________ дӯст доштаанд, чунки аъмоли онҳо ____________ аст (Юҳанно 3:19).


  1. Барои чӣ баъзе одамҳо мехоҳанд дар торикӣ (дар гуноҳ) зиндагӣ кунанд? (Юҳанно 3:19-20).


  1. Чӣ гуна Исо он касонеро, ки дар гуноҳ зиндагӣ мекунанд, тасвир мекунад? (Юҳанно 8:34).


  1. Исо дар бораи он касоне, ки Каломи Худоро гӯш намекунанд, чӣ мегӯяд? (Юҳанно 8:47).


  1. Мувофиқи Юҳанно 16:9 одамон бо кадом гуноҳ маҳкум шудаанд?


  1. Одамоне дар гуноҳ айбдор ҳастанд, ки ____________________

____________________ (Юҳанно 16:9).






  1. ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ____________________, балки _____________Худо________________(Юҳанно 3:36).


  1. Дар нома ба Румиён 6:23 гуфта шудааст, (ниг. Поён) дар бораи музди гуноҳ. Ин _______________________ аст.


«Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо, Исои Масеҳ»,

  1. Аз ибораҳои овардашуда онҳоеро интихоб кунед, ки бо онҳо гуноҳ тасвир мешавад.


Рафтор дар торикӣ ______________

Имон ______________

ғуломӣ ____________

Нобоварӣ __________

Наҷот ______________

Беитоатӣ ___________

Корҳои бад _________


  1. Одаме, ки дар торикии гуноҳ рафтор карданро давом медиҳад ________________________________________ (Юҳанно 3:36).


  1. Баъзе одамҳо ба Исо бовар намекунанд ва намехоҳанд, ӯро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди худ қабул кунанд (Юҳанно 1:10-11). ҳақиқат ___________ Дурӯғ ___________,


  1. Худо Исоро ба ҷаҳон фиристод, то ки _______________________

____________________________________ (Юҳанно 3:17)


  1. Барои чӣ ҷаҳон ба Наҷотдиҳанда мӯҳтоҷ аст (Румиён 3:23 ниг поён)?


«Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд»


  1. Мувофиқи оятҳои овардашуда аз Библия, мушкилии аз ҳама қатъии одамизод дар чӣ ҳаст?


Дар Библия мо метавонем бисёртар дар бораи гуноҳ фаҳмем:


«Балки гуноҳҳои шумо дар миёни шумо ва Худои шумо ҷудоӣ андохтааст, ва хатоҳои шумо рӯи ӯро аз шумо пӯшидааст, то ин ки нашнаванд» (Ишаъё 59:2).


Дар Аҳди ҷадид мо мехонем:


«Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед. Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исён амал мекунад, зиндагӣ мекардед. Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақт аз рӯи шаҳвати ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем» (Ба Эфсӯсиён 2:1-3),


Аз оятҳои овардашуда, чор хислати одамеро, ки дар гуноҳ зиндагӣ мекунад, интихоб кунед.


Дар қисми дигари Библия навишта шудааст:


«Корҳои ҷисм маълум аст, ки инҳост: фисқ, зино, нопокӣ, фуҷур, бутпарастӣ, ҷодугарӣ, адоват, хархаша, ҳасад, хашм, ҷидол, ихтилофот, бидъатҳо, нафрат, қатлҳо, бадмастӣ, бетартибӣ ва монанди ин: шуморо пешакӣ огоҳ менамоям, чунки пештар ҳам огоҳ намудаам, ки кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт» (Ғалотиён 5:19).

Дар ин оятҳо калимаҳоеро хат кашед, ки корҳои таббии гуноҳро нишон медиҳанд.


Аз ин дарс мо хулоса мебарорем, ки гуноҳ – ин:

қабул накардани ҳокимияти Худо _______________

ё ки ҳокимияти мутлақо ______________________.


Исо одами худраъйро чунин тасвир мекунад:


«Ва масале ба онҳо гуфт: Киштзори як марди сарватдор ҳосили фаровоне овард; Ва дар дили худ андеша карда, гуфт: «Чӣ кунам, модоме ки барои анбор кардани ҳосилоти худ ҷое надорам»? Ва гуфт: «Чунин мекунам: анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро бино мекунам, ва дар он ҷо тамоми ғалладона ва тамоми дороии худро ҷамъ меоварам. Ва ба ҷони худ мегӯям: «Эй ҷони ман! Дороии бисёре барои чандин сол дорӣ: фароғат кун, бихӯр, бинӯш ва димоћчокӣ кун». Вале Худо ба вай гуфт: «Эй нодон! Худи имшаб ҷонатро аз ту талаб мекунанд; пас, он чӣ захира кардӣ, насиби кӣ мешавад»? чунин аст ҳоли касе ки барои худ ганҷҳо ғун мекунад, вале пеши Худо сарвате надорад» (Луқо 12:16-21).


Дар ин оятҳо чонишинҳои шахсии «Ман», «Ба ман» ва «Аз они ман» – ро нишон диҳед.


Ҳарфҳоро дар байни калима пур кунед.


Г________ҳ


Моҳияти гуноҳ – ин худраъйӣ худбинӣ (худдӯстӣ) мебошад.


Аммо барои шумо Хабари Хуш аст. Библия мегӯяд:


«Ҳар ки гуноҳ мекунад, шариатро мешиканад, ва гуноҳ шикастани шариат аст. Ва шумо медонед, ки Ӯ барои бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд, ва дар Ӯ гуноҳе нест» (Номаи 1 Юҳанно 3:4-5).

Дарсро давом диҳед ва шумо бовар мекунед, ки ин – Хабари Хуш барои шумо аст.


То он даме, ки шумо ба дарси дигар мегузаред, Ба Румиён 3:23-ро аз ёд кунед (саволи 17 дар ин дарс).





Дарси 2


ҳалли мушкилии одамизод аз тарафи Худо.


Дар дарси якум мо фаҳмидем, ки мушкилии аз ҳама муҳими одам-ин гуноҳ аст.


  1. Аз Юҳанно 16:9 мо медонем, ки гуноҳ ин _____________________


  1. Исо гуфтааст, агар имон наоваред, __________________________

(Юҳанно 8:24)


Дар Библия гуфта шудааст: «� музди гуноҳ марг�» (ба Румиён 6:23).


Дар ин ҷо калимаи «марг» ҷудошавӣ аз Худо то абадро ифода мекунад.


Инчунин мо дар Библия мехонем:


«Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро – насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст» (Ваҳй 21:8).


  1. Худо ба гунаҳкорон чӣ гуна муносибат дорад? (ба Румиён 5:8 ниг. поён)


«Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гунаҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд»


  1. Мувофиқи Юҳанно 3:16 Худо чӣ кор кардааст, то ки муҳаббати худро нисбат ба гуноҳкорон нишон диҳад?


Библия мегӯяд: «Чунки Масеҳ низ, барои он ки моро сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқубат кашид, яъне одил барои золимон ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рӯҳ зинда гардид» (1Номаи Петрус 3:18).


  1. Исо номида шудааст __________________________________, ки _______________________ҷаҳонро мебардорад (Юҳанно 1:29).


Дар вақтҳои тасвиршудаи Аҳди қадим Барраи пок (гӯсфанд, бе ягон нуқс) кушта, ба қурбонӣ оварда мешуд (ҳамчун Ивази беайб) барои гуноҳҳои одамон. Ин буд рамзи Исои Масеҳ, ки Барраи ҳақиқии Худо ҳаст ва ӯ баъдтар ба ҷаҳон омад.


  1. Дар Библия таърихи марги Исои Масеҳро хонед, ки ин ҳалли мушкилии гуноҳи одамизод, аз тарафи Худо мебошад. (Юҳанно 19:1-37).


  1. Барои чӣ Исо дар рӯи салиб мурд? (Юҳанно 1:29)


  1. Вақте ки Исоро маҳкум мекарданд, Ӯро: дар гуноҳ айбдоршудаи_________________ёфтанд (Юҳанно 19:4).

( дуруст будани ҷавобатонро санҷед)


  1. Исо чӣ хел мурд? (Юҳанно 19:17-18)


  1. Барои чӣ Исо мехост ба ҷои мо бимирад (Юҳанно 15:12-13)


  1. Исо дар салиб мурд, барои он ки (Юҳанно 10:17-18)

_____________ ӯро маҷбур карданд.

_____________ ӯ худаш интихоб кард.


  1. Вақте ки Исо дар салиб буд, бо кадом калима нишон дод, ки гуноҳҳои мо пурра харида шудаанд? (Юҳанно 19:30)


  1. Баъди марги Исо чӣ гуна воқеъаи бузург рӯй дод (Юҳанно 20:9)?


  1. Ҳалли мушкилии гуноҳи мо аз тарафи Худо дар ______________

Масеҳ дар рӯи салиб мебошад (Юҳанно 19:30).


  1. Ду сабаберо номбар кунед, ки бо онҳо Худо Писари Худро дод, то ки ба ҷои мо бимирад (Юҳанно 3:16).


Оятҳои дигареро, ки дар онҳо дар бораи марги Исо гуфта мешавад аз Библия хонед.


«Зеро ки дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гуноҳҳои мо мурд. Ва Ӯ дафн карда шуд ва мувофиқи Навиштаҳо, дар рӯзи сеюм эҳё шуд» (Номаи 1 ба Қӯринтиён 15:3-4).

Дар ин оятҳои се ҳақиқати муҳимро дар бораи Масеҳ хат кашед.


Дар Библия навишта шудааст:


«Ба ҳасби ҳамин ирода мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтаем. Ва ҳар коҳин ҳар рӯз дар ибодат меистад ва айни ҳамон қурбониҳоро борҳо тақдим менамояд, ки онҳо ҳаргиз наметавонанд гуноҳҳоро нест кунанд. Аммо Ӯ як қурбониро ба сурати абадӣ барои гуноҳҳо тақдим намуда, ба ямини Худо бинишаст» ( ба Ибриён 10:10-12).


«Ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, мисли он саркоҳинон аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард» (Ибриён 7:27).


Исоро __________ ба қурбонӣ дод барои _____________________.


  1. Дар хотима Юҳанно 3:16-18- ро хонед. Аз ин оятҳо мо мефаҳмем, ки Худо Писари Худ Исоро барои мо додааст. Мо ин чунин мефаҳмем, ки одам бояд ба Писар _______________, то ки зиндагии абадӣ биёбад.


Кӯшиш кунед, ки омӯхтанро дар дарси оянда давом диҳед, ва шумо барои худ хабари хушро пайдо мекунед. Он чизеро ки шумо фаҳмидед бо дӯсти худ бо ҳам бинед.


Пеш аз оне, ки ба дарси дигар гузаред, ба Румиён 5:8 –ро ёд кунед (Саволи 3-ум дар ин дарс).



Дарси 3


ҷавоби Одамизод


  1. Кадом саволи муҳимро одами бохирад бояд диҳад? (Юҳанно 18:38)


  1. Исо дар дуои худ ба Худо гуфт: ____________________________ ростист (Юҳанно 17:17).


  1. Исо гуфт: «Ман роҳ ва ______________ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман» (Юҳанно 14:6).


  1. Исо гуфтааст: ҳар кӣ аз ростист, ________________ мешунавад (Юҳанно 18:37)


  1. Агар одам Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд рад кунад ва суханони ӯро қабул накунад, Каломи ӯ дар рӯзи вопасин чӣ хоҳад кард? (Юҳанно 12:48) ____________________


  1. Ҷазо барои гуноҳи нобоварӣ – ин ____________________ (Юҳанно 8:24)?


  1. Бисёр муҳим аст ҳақиқатро фаҳмидан барои он ки ____________

__________________ (Юҳанно 8:32-33)


  1. Озодии ҳақиқиро фақат ____________________ (Юҳанно 8:36).


  1. Исо гуфт: «ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ___________ Маро бишнавад ва ба Фиристодаи Ман _____________________ ба доварӣ намебиёяд, балки аз ____________ ба ____________ гузаштааст (Юҳанно 5:24).


  1. Ин ҳақиқат аст, ҳама маҳкум мешаванд, барои _______________

(ба Румиён 6:23 ниг.поён.)

«Зеро музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ»

  1. Инчунин ин ҳам ҳақиқат аст, ки Худо ҳалли мушкилии гуноҳи

одамизодро пешниҳод намудааст, вақте ки Ӯ ___________________

фиристод, то дар рӯи салиб бимирад (Юҳанно 3:17).


  1. Чунин оятҳоро аз Библия хонед:


«Бигзор шарир роҳи худро, ва шахси бадкор фикрҳои худро тарк карда, сӯи Худованд баргардад, ва ӯ ба вай раҳм хоҳад кард: ва сӯи Худои мо баргардад, зеро ки ӯ бисёр меомурзад» (Ишаъё 55:7),


«Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред» (Марқус 1:15).


Тавба – ин сар тофтан аз _____________________________________.


  1. Одам бояд на фақат аз гуноҳ тавба кунад, балки ______________

ба Исо ҳамчун Наҷотдиҳандаи ягона (Юҳанно 3:18)


  1. Худо зиндагии абадиро ба онҳое ваъда мекунад, ки (Юҳанно 3:36):

____________ имон доранд.


  1. Агар ман Каломи Исоро қабул кунам ва ба Ӯ бовар кунам (Юҳанно 5:24)


Ман чӣ дорам? _____________________________________.

Ман инро кай мегирам? _____________________________________.


  1. Боз кадом калима дар Юҳанно 1:12 маънои «имон»-ро ифода мекунад?

____________________________________________________________.


  1. Барои он ки одам ба аъзои оилаи Худо дохил шавад, ӯ бояд Исои Масеҳро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳанда __________________________ . (Юҳанно 1:12).


Ягон кас мегӯяд: «Ман имон дорам». Вале дар Библия «Имон» чизи бузургтаре аст, нисбат аз боварии ақлона ба ягон воқеаҳо ва таълимотҳо. Имон ба Исои Масеҳ ва наҷот, ин аз боварӣ ба ягон қаҳрамони халқӣ хеле фарқ мекунад. Ин аз он ҳам баландтар аст, ки ӯро фақат мешиносем ё бовар мекунему тамом. Ин он аст, ки шумо худро ба итоати пурраи Ӯ, ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд мегузоред.


Имон овардан – яъне шахсан ба пеши Исо, омадан ва наҷот ёфтанро дорад.


Дар мамлакате, ки худро «масеҳӣ» меноманд, бисёртар ба Худо ва Исо боварӣ доранд. Библия мегӯяд, ки дев ҳам имон дорад. Албатта вай масеҳӣ нест, ва ба осмонҳо намеравад.


«Ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст? Хуб мекунӣ; девҳо низ имон доранд ва меларзанд» (Яъқуб 2:19)


Дев бовар мекунад, ки Худо ҳаст. Вай бовар мекунад, ки Исо Писари Худо. Вале имони самимӣ онест, ки агар вай ба наҷот мебарад ва маънои боварии пурра ба Исо ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худовандро ифода мекунад. Яъне тамоми зиндагии шуморо ба Исо додан. Имоне, ки зиндагии абадӣ медиҳад, талаб мекунад, ки мо худро шахсан бошуурона ба Масеҳ, ба роҳи ӯ бахшем.


Бори дигар ин оятҳоро хонед:


Юҳанно 1:12; 3:15-16, 1 8, 36; 5:24; 8:12; 14:6


Шарти имон (он чизе, ки ба он бовар мекунанд) дар ҳамаи ин оятҳо ҳамон як шахсият аст.


Фақат як шахсият ҳаст, ки метавонад, зиндагии абадӣ диҳад. (бисанҷед оё ин ном дуруст интихоб шудааст).


______________ Петрус

______________ Павлус

______________ Юсуф

______________ Марям

______________ Исо

«Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем» (Аъмол 4:12).

Пеш аз он ки ба дарси дигар гузаред, Юҳанно 5:24-ро аз ёд кунед.


Дарси 4


одаме, ки зиндагии навро мехост


Такрори ҳақиқатҳои муҳимтарин аз се дарси аввал


Дарси 1- Мушкилии аз ҳама ҷиддии одам- ин ___________________

(Румиён 3:23 ниг. поён).


Чунки ҳама гуноҳ карда аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд.


Дарси 2 – Тӯҳфаи бузургтарини Худо – ин ______________________

(Юҳанно 3:16).


Дарси 3 – Ҷавоби аз ҳама ҷиддии одамизод – ин _________________

(Юҳанно 9:38)


  1. Бодиққат Юҳанно 3:1-21-ро хонед.


  1. Номи одамеро, ки Исоро диданқ омад, гӯед.


  1. Фаҳмост, ки Ниқӯдимус: кӯдак ________, вале ________ калонсол буд.


  1. Ниқӯдимус ба гурӯҳи __________________ тааллуқ дошт (Юҳанно 3:1).


Эзоҳ:

Фарисиён яке аз гурӯҳҳои динии вақтҳои Исои Масеҳ буданд. Онҳо шариати Мусо ва қоидаҳои қатъии онро иҷро мекарданд, ки ин қонунҳо ба Шариат дар муддати садсолаҳо илова мешуданд.


  1. Ниқӯдимус одами динӣ буд. Ҳақиқат _______ Дурӯғ ________


  1. Ба он нигоҳ накарда, ки Ниқӯдимус дар оилаи динӣ таваллуд ёфтааст, Исо гуфт, ин нокифоя аст. «Бояд Шумо _____________

__________________» (Юҳанно 3:7).



  1. Гарчанде, Ниқӯдимус дар эътиқодҳои динии худ содиқ буд, вай наметавонист, ______________________________ бинад, агар аз олами боло тавлид нашавад (Юҳанно 3:3).


  1. Мувофиқи Юҳанно 3:3, оё одам метавонад ба ҷаннат биафтад, агар аз олами боло таваллуд нашавад? ҳа _______ Не ______.


  1. Ниқӯдимус одами хуб буд, урфу одатҳои диниро иҷро мекард, вале вай наметавонист ба Малакути Худо афтад, барои он ки ____________________________ (Юҳанно 3:3),


  1. Оё Ниқӯдимус фаҳмид, ки тавлид аз олами боло чӣ аст? (Юҳанно 3:4, 9, 10) ҳа ______________ Не __________________


  1. Яҳудиҳо мефаҳмиданд, ки онҳо халқи интихоб шудаи (баргузидаи) Худо мебошанд. Аз байни онҳо Худо пайғомбарон, саркоҳинон ва подшоҳонро интихоб кард. Ниҳоят, Худо махсусан ба воситаи мардуми Яҳудо Исоро ба замин ҳамчун Наҷотдиҳанда фиристонд. Ниқӯдимус дӯстдори Малакути Худо буд, фақат барои он ки вай яҳудӣ таваллуд шудааст.


Вале Исо мегуфт, ки тавлид аз олами боло зарур аст.


Таваллуд аз олами боло – ин таваллуд аз _________ (Юҳанно 3:5)


Муҳим:

Юҳанно 1:12-13- ро хонед. Дар он ҷо фаҳмонда мешавад, ки одам фарзанди Худо на аз ҷисм, балки бо имон ба Худо мешавад.


12.Дар Юҳанно 3:4 Ниқӯдимус дар бораи кадом таваллуд гап мезанад?


13.Дар Юҳанно 3:6 Исо дар бораи ду намуд таваллуд гап мезанад: _______________ва ______________.


14.Тахмин кардан мумкин аст, ки Исо дар бораи таваллуди ________________ ва таваллуди аз __________________ сухан меронад (Юҳанно 3:5).



Мулоҳиза:


Таваллуди табии ҷисмӣ – ин таваллуд аз об аст. Кӯдак то пайдо шудан ба дунё дар иҳотаи об дар шиками модар аст.


15. Исо ба Ниқӯдимус гуфт, ки барои оне ки одам фарзанди Худо шавад, вай бояд на фақат аз ҷисм (аз об), балки аз ___________ таваллуд ёбад (Юҳанно 3:5-6).


16. Таваллуди ҷисмӣ – аз тан, ва рӯҳӣ бошад, аз ____________ аст (Юҳанно 3:6).


17. Таваллуди ҷисмӣ – аз падар, таваллуди рӯҳӣ аз _______________ (Юҳанно 1:13),


18. Мувофиқи Юҳанно 3:15-16, одам чӣ хел метавонад таваллуд аз олами болоро соҳиб шавад, (фақат як ҷавобро интихоб кунед):


  1. Бо корҳои нек _______________

  2. Бо таъмид _______________

  3. Имон ба Исо _______________


Саволҳо барои муҳокима:


  1. Барои чӣ Ниқӯдимус ба пеши Исо омад? _______________


  1. Ниқӯдимус (ҷавоби дурустро интихоб кунед):

  1. Диндор буд

  2. Одами бад буд

  3. Босавод буд

  4. ҳақиқатро меҷуст

  5. Ба таваллуди нав мӯҳтоҷ буд.


  1. Оё калимаи «таъмид» дар таърихи Ниқӯдимус вуҷуд дорад?

ҳа _________ Не__________ (Агар ҷавоби шумо «ҳа» бошад, марҳамат, рақами оятро диҳед),


  1. Аз рӯи Библия он касе, ки мехоҳад ба ҷаннат равад, бояд аз олами боло таваллуд шавад. ҳақиқат _________ Дурӯғ ________



  1. Одами аз олами боло таваллудшуда фарзанди Худо мешавад (Ба Малакути Худо медарояд), вақте ки ӯро______________________ мекунанд (Юҳанно 1:12).


Ба кадом восита ман метавонам Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда қабул кунам?


Аввалан фаҳмидан муҳим аст, ки гуноҳи беимонӣ чист. (Гуноҳ – ин худидоракунӣ аз ошӯб ба муқобили Худо). Баъд бояд тавба бошад. Тавба – ин ғуссаи амиқ ва рӯй гардондан аз гуноҳ. Ва дар охир, бо имон ба Исо ҳамчун Наҷотдиҳандаи шахсӣ ва Худои ҳаёти шумо буданаш, бовар кунед.


  1. Як ҳақиқати бузургро номбар кунед, ки аз ин дарс фаҳмидед.


  1. Оё шумо аз олами боло таваллуд шудаед?


Пеш, аз оне ки ба дарси дигар гузаред, Юҳанно 3:3,16 – ро аз ёд кунед.




Дарси 5


Роҳи ягона ба осмонҳо

  1. Исо гуфт: «Ман __________________ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи ________________________ (Юҳанно 14:6)

  2. Исо гуфт: «__________________ дар ҳастам, ҳар кӣ бо василаи Ман дохил шавад, наҷот меёбад (Юҳанно 10:9),


  1. Исо ба Ниқӯдимус гуфт, ки ягон кас Малакути Худоро намебинад, агар ______________________________ (Юҳанно 3:3).


  1. Барои аз олами боло таваллуд шудан, одам бояд ______________ қабул кунад ҳамчун Наҷотдиҳандаи шахсӣ ва Худованди худ (Юҳанно 1:12).


  1. Исо гуфт «_______________________ нури ҷаҳон ҳастам, ҳар кӣ _____________ пайравӣ кунад дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаётро ёбад» (Юханно 8:12)


  1. Исо гуфт: «Ман қиёмат ва ҳаёт _______________________ ва ҳар кӣ _____________ зинда хоҳад шуд» (Юҳанно 11:25-26).


  1. Дар Библия гуфта мешавад, ки Исо – роҳи ягона ба зиндагии абадӣ мебошад.

Юҳанно 1:10-12; 3:36; 6:29,40,47; 10:8-10-ро хонед.


  1. Петрус гуфт: «Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем» (Аъмол 4:12).

Аз ин оят мо медонем, ки наҷот фақат дар як кас аст___________


  1. Оё Исо дар бораи ягон миёнрави дигари байни Худо ва одам ба ҷузъ аз Худ ёдрас намудааст? (Юҳанно 14:6)

ҳа __________________ Не_______________________


  1. Павлус гуфт, ки Худо ягона аст, ва воситагии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст (1Тимотиюс 2:5).

  2. Ягон кас муваффақиятро ба даст намебиёрад, агар кӯшиш кунад, ки ба пеши Худо ба воситаи ягон каси дигар бирасад, балки на ба воситаи Исои Масеҳ (Юҳанно 14:6).

ҳақиқат _________________ Дурӯғ ______________.


  1. Хулоса мебарорем:


Наҷот

ба воситаи


Таъмид, корҳои нек, аъзогӣ ба калисо,

ва қабулкунии таъоми шоми худованд

намеояд,

балки


ин – тӯҳфаи худо


Павлус инро чунин мефаҳмонад: «Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад» ( ба Эфсӯсиён 2:8-9),


  1. Оё Ҳаёти абадӣ тӯҳфа ё музд барои корҳои нек аст? (ҷавобро интихоб кунед)

Миннатдорӣ барои корҳои нек ________________________

Тӯҳфаи Худо ________________________

Павлус менависад: «Аммо вақте ки файз ва одамдӯстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд, - Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае, ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулқудс аст» (Ба Титус 3:4-5).


Эзоҳ: Ягонкас наметавонад наҷотро бо корҳои нек сазовор шавад, вале баъди наҷот (таваллуд аз олами боло) корҳои нек ба тарзи оддӣ мебиёянд. Корҳои нек меваи ҳаёти нав дар Исои Масеҳ мебошанд.



Муҳим: Пеш, аз он ки ба саволи 14 гузаред, Саволҳои 12-13-ро хонед.


  1. Исо гуфт: ҳар касе ки одами хуб аст, ҳаёти абадиро меёбад.

ҳақиқат ____________________ Дурӯғ __________________


  1. Оё одами нағз будан кофист, ки ҳаёти абадиро ёбад?

ҳа ____________________ Не ___________________


  1. «Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ» (ба Румиён 6:23)


  1. «Файзи Худо – ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Исои Масеҳ» (ба Румиён 6:23).


Одам бояд чӣ кор кунад, ки файзи Худо – ҳаёти ҷовидониро ёбад? Агар шумо Исоро қабул кунед, ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд ӯ гуноҳҳои шуморо мебахшад ва ба шумо ҳаёти абадиро медиҳад. Дар Библия навишта шудааст: «Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомӯрзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд» (1Юҳанно 1:9).


Вале чӣ тавр ман метавонам ӯро қабул кард?


Дар Библия гуфта шудааст: «ҳар ки исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт» ( ба Румиён 10:23).


Номи Худовандро хондан чӣ маъно дорад?


Номи Худовандро хондан, яъне дуо кардан, бо Худо гап задан аст. ӯ дуои шуморо мешунавад, ва ба он ҷавоб медиҳад.


Аз таҳти дил дуо кунед, Бо имони қавӣ, ба он ки Исо гуноҳи Шуморо мебахшад ва ба Шумо ҳаёти абадӣ медиҳад.


Самимона дуо кунед, аз сидқи дил тахминан бо чунин калимаҳо:


«Исо ман гунаҳгорам. Ба ман ёрдам даркор аст. Нобоварӣ ва табиати боошӯби маро бубахш. Ман бовар мекунам, ки Ту мурдӣ, аз мурдаҳо эҳё шудӣ имрӯз ҳам зинда ҳастӣ. Ман боварӣ мекунам, ки Ту метавонқ ба ман ҳаёти нав бидиҳӣ.


Марҳамат, ба зиндагии ман ҳозир даро, ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳандаи ман. Ман тамоми ҳаёти худро ба Ту медиҳам, то ки Ту бо хоҳиши худ ӯро ҷо ба ҷо кунӣ. Ба Ту имон оварда, ман ҳаёти ҷовидониро ҳамчун файз қабул мекунам. Омин».


Оё шумо тайёр ҳастед, ки Исоро ҳозир қабул кунед? Агар ҳа, бо дуои оддӣ ба ин монанд дуо кунед. Агар шумо инро ҷиддӣ иҷро кунед, ХУДО шуморо наҷот медиҳад, ба дили шумо сулҳ медиҳад ва шуморо ягон бор тарк намекунад.


Агар шумо ҳозир тайёр нестед, метавонед фикр кунед. Дар дарси ояндаи мо шумо як имконияти дигареро пайдо мекунед, то ки ин қарори муҳимро ҳал кунед. Ягон кас шуморо маҷбур намекунад. Дар интихоби худ шумо озод ҳастед.


Агар шумо Исоро қабул кунед (Аз олами боло тавалуд шудед) марҳамат имрӯз Юҳанно 3:16 ва Юҳанно 5:24-ро хонед. ҳозир бо дуои миннатдорӣ дуо кунед, тахминан чунин: «Исо, раҳмат ба Ту барои наҷоти ман. Омин».


Пеш, аз оне ки ба дарси дигар гузарем, Юҳанно 1:12- ро аз ёд кунед.



Дарси 6


Кӯпруки ҳаёт

Шунидан + имон = (доштан) ҳаёти абадӣ


Г

У

Масеҳ

Н

О

ҳ

Одам Худо


Гуноҳ Муҳаббати Худо

(Юҳа.3:18) (Румиён 5:8)


Натиҷаи гуноҳ Таъмид Имон

(Румиён 6:23) Корҳои нек (Эфсӯ. 2:8-9)

Марг / Доварӣ қабулкунии Тавбакунӣ

(Ибриён 9:27) таъоми (Аъмол 3:19)

шоми

Худованд.

Имон

(Юҳан.5:24)


қабулкунӣ

(Юҳан.1:12)


Дуо

(Румиён 10:13)

Дӯзах Осмонҳо



Агар шумо ҳоло аз олами боло таваллуд нашудаед, ин дарс ба шумо кӯмак мерасонад, то ки бифаҳмед, ки чӣ кор кардан зарур аст, барои ҳаёти абадиро соҳиб шудан. Агар шумо аз олами боло таваллуд ёфтаед, ин дарс дуруст будани қарори қабулкардаи шуморо тасдиқ мекунад.


Кӯпруки ҳаёти ман





одам Худо

1. 5.


2. 8.



3. 9.


10.


11.




12.



4. ДӮЗАХ ОСМОНҲО




Бодиққат ин дастурҳоро хонед:


қадам ба қадам, аз №1 то №12, ин нақшаро аз рӯи намунаи дар аввали дарс оварда шуда пур кунед. Вале кӯшиш кунед, ки кӯпруки ҳаёти шахсии худро бо ин намуна муқоиса накунед. №1 – ро дар тавзеҳ хонед, ва поёнтар №1-ро ки дар нақша омадааст пур кунед. Гуноҳ –Юҳанно.3:18. Баъди хондани №2 дар тавзеҳ, №2 дар нақшаро пур кунед: Натиҷаи гуноҳ – Румиён 6:23. То вақте, ки кӯпруки ҳаёти худро то охир пур накардед, давом диҳед.


1. ГУНОҲ-Юҳанно 3:18

«ҳар кӣ ба ӯ имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо _________________________».


2. НАТИҶАҲОИ ГУНОҲ – Румиён 6:23

«Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ».

Натиҷаи гуноҳ – ин _____________________.


3. МАРГ/ДОВАРӢ - ба Ибриён 9:27

«Ва чунон ки одамонро насиб гардидааст, ки як бор бимиранд ва пас аз ин ба доварӣ дучор шаванд».

Ҳамаи одамҳо ду роҳ доранд: _________________ва _____________.


4. ДӮЗАХ - ҷой барои ононе, ки аз олами боло таваллуд нашудаанд.


5. МУҲАББАТИ ХУДО – ба Румиён 5:8

«Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гунаҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд».

Худо муҳаббати Худро барои мо чӣ хел нишон дод?


6. То ки кӯпруки худро пур кунед, Калимаи МАСЕҲ-ро нависед.


7. Ҳозир се росткунҷаро бо калимаҳои «Таъмид», «Корҳои нек», «қабулкунии таъоми шоми Худованд». Пур кунед. Чунин менамояд, ки ҳамаи ин роҳҳо ба пеши Худо мераванд, вале ягон то аз онҳо ба соҳили дигар намерасанд, ва ягон то аз онҳо ба пеши Худо намебиёранд. Дар Библия дар бораи ин чӣ гуфта мешавад?

«Зеро ки ба адолати Худо сарфаҳм нарафта, адолати худашонро барқарор карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба адолати Худо итоат накарданд» (Ба Румиён 10:3).


  1. ИМОН – Ба Эфсӯсиён 2:8-9

«Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост: ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад».


  1. ТАВБА – Аъмол 3:19

«Пас тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гувоҳҳои шумо маҳв гарданд». (Аз гуноҳ тавба кардан, яъне аз гуноҳ рӯй гардондан).


  1. ИМОН ОВАРДАН – Юҳанно 5:24

«____________________ Каломи маро ____________________ ва ба Фиристандаи ман _____________________________________________

ва ба доварӣ намебиёяд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст»


Ҷойҳои холишударо пур кунед, ва ҳамаи калимаҳоро аз болои кӯпруки зиндагиатон нависед. Барои он ки аз кӯпрук гузаред, шумо бояд ин қадамҳоро гузоред.


  1. ҚАБУЛ КАРДАН – Юҳанно 1:12

Калимае аст, ки имон доштанро ифода мекунад. Ин _____________


  1. ДУО КАРДАН – Румиён 10:13

«Касе ки номи Худоро мехонад наҷот меёбад».

Хондани номи Худо маънои ба ӯ муроҷиат кардан, (дуо кардан), ӯро ба зиндагии худ даъват кардан, ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди шахсии худ мебошад.


Ҳоло дуо кунед, агар тавонед, тақрибан ин хел: «Исои Масеҳ, ман гунаҳкорам. Ба ман ёрдам лозим аст. Ман сухани Туро аз Библия шунидам. ҳоло ман боварӣ дорам, ки Ту гуноҳҳои маро мебахшӣ ва ба ман зиндагии навро медиҳӣ. Илтимос, ба зиндагии ман даро, ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд. Омин»


Агар шумо аз Исо талаб кардед, ки ба зиндагии шумо дарояд, ҳоло аз сидқи дил ба Худо миннатдорӣ кунед. «Исо раҳмат ба Ту, барои он ки Ту маро наҷот додӣ, ва ба ман зиндагии нав додӣ. Омин»


Шумо мехоҳед бо дӯсти худ гуфтугӯ кунед, дар бораи он ки бо Шумо чқ рӯй дода буд.


Исо гуфт: «Пас, ҳар ки Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард: лекин ҳар ки Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард» (Матто 10:32-33).


Марҳамат, Эфсӯсиён 2:8-9 – ро аз ёд кунед (саволи 8-ум дар ин дарс).




Дарси 7


Роҳ ба ҳаёт

Исо гуфт (Матто 7:13-14): «Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд бисёранд; зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд»


  1. Нақшаро ё (суратро) дар аввали ин дарс аз назар гузаронед. Шумо дар яке аз ин ду роҳ мебошед. Дар кадом аз инҳо (танг ё васеъ)? ________________________


  1. Бо кадом роҳ шумо мехоҳед?


  1. Дар дарси шашум мо муайян кардем, ки одамон аз Худо дур ҳастанд, барои ________________________ (Ба Румиён 3:23).


  1. Касе дар роҳи васеъ мегӯяд: «ҳамаи роҳҳо ба ҷаннат мебаранд».

Исо гуфт, ки ду роҳ ҳаст. Як роҳ ба ________________ ва дигар ба ______________________мебарад (Матто 7:13-14 ва Юҳанно 14:6).


  1. Одамони дар роҳи васеъ буда мегӯянд: «Ман ба ҷаннат меафтам, агар корҳои нек кунам»


Дар Библия гуфта шудааст:


«Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад» (Эфсӯсиён 2:8-9)


Мувофиқи ин оятҳо, формулаи наҷот чқ гуна аст?


Корҳои нек ________________

Файз + имон _______________

Файз + имон + корҳои нек ___________


  1. Каси дигар дар роҳи васеъ буда мегӯяд: «Ман бо тӯда меравам». Ба Румиён 12:2 – ро хонед


«Худро ба ин дунё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист».


  1. Ягон кас мегӯяд: «Таъмид маро наҷот медиҳад»,


Вале дар Библия ягон намунае нест. Агар одам бо таъмид наҷот ёбад, пас Исо барои чқ мурдааст? Ояти оянда мефаҳмонад, ки таъмид ҳама вақт баъди имон мебиёяд.


  1. Одамон тез-тез мегӯянд: «Агар ман аҳдро иҷро кунам ба ҷаннат меафтам».


Ба Ғалотиён 2:16-ро хонед:


«Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, - мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд».


Дар ин оят мо мебинем, ки одам фақат наҷот меёбад бо ____________ ба ____________________ , на ба корҳои шариат. (Агар шумо Аҳди ҷадид доред ба Румиён 3:20-31-ро хонед).


  1. Баъзе вақтҳо одамҳои дар роҳи васеъбуда мегӯянд: «Ман бо калисои худ дар наҷот боварӣ дорам».


Вале наҷотро фақат бо _____________________ ба ________________ соҳиб шудан мумкин аст.


  1. Ягон кас мегӯяд: «Ман ҳоло вақти зиёд дорам, мумкин ман пагоҳ Масеҳро қабул мекунам». Шумо боварӣ доред, ки фардо мешавад?


  1. Шумо метавонед аз роҳи васеъ ба танг гузаред (Юҳанно 14:1-6).


  1. Агар одам на _______________________ вай наметавонад бо роҳи танг гузарад (Юҳанно 3:3).


  1. Бисёриҳо, ки дар роҳи васеъ ҳастанд, мепурсанд: «Чқ кор бояд кард, ки наҷот ёбем»? мумкин шумо ҳам ба худ ин саволро медиҳед. ҷавобашро шумо дар Аъмол 16:30-31 меёбед.


«Сонӣ онҳоро берун оварда гуфт: «Эй оғоён! Чқ бояд бикунам то ки наҷот ёбам?» Гуфтанд: «Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар, ва ту бо аҳли байти худ наҷот хоҳқ ёфт».


Шумо бояд чқ кор кунед, ки зиндагии ҷовидонӣ биёбед?


  1. Хабари хушро дар бораи Исо гӯш кунед

  2. Шумо бояд бо гуноҳкор будани худ розӣ шавед.

  3. қатъиян бовар кунед, ки Исо гуноҳҳои шуморо бахшидааст, ва ба шумо ҳаёти навро медиҳад.

  4. Исоро даъват кунед, то ки Наҷотдиҳанда ва Худованди Шумо бошад. Шумо метавонед инро дар дуо кунед: «Исо, ман гунаҳкор ҳастам. Илтимос маро бубахш. Ман Туро қабул мекунам, ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди ман. Омин».


Ҳоло Юҳанно 5:24 – ро хонед, ва Худоро барои ҳаёти наватон миннатдорӣ кунед.


ҳафто дарс тамом шуданд. Агар шумо дар натиҷаи ин аз олами боло таваллуд шудед, ки ин фақат ибтидо аст. Шумо дар ҳаёти наватон торафт ба камол хоҳед расид. Шумо мепурсед. Акнун чқ? ҷавоб ба ин савол дар нашри дарсҳои дигар.


Марҳамат, Юҳанно 14:6-ро аз ёд кунед.



Дар бораи Библия


Исо гуфт:


«Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест» (Матто 24:35).


Павлус гуфт:


«Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илмҳои илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст, то ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад» (2Ба Тимотиюс 3:16-17).


Ишаъё гуфт:


«Алаф хушк мешавад, гул пажмурда мегардад, вале Каломи Худои мо то абад қоим хоҳад буд». Ишаёи набӣ 40:8


Петрус гуфт:


«Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳриқи Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд» (2 Петрус 1:21).


www.dardidil.com



<< Башорат