Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Худоро бишносам?

Download

Оё ман метавонам Худоро бишносам? 

Аз Вилям М. Миллр

Ба ҳар гӯшаи дунё, ки одам сафар кунад, мебинад, ки мардум барои худ хонаҳои гуногун сохтаанд: яке бузург, дигаре кӯчак, яке қаср ва дигаре хонаи камбағал.  Ҳамчунин, аксаран, одамон дар макони сукунати худ ибодатгоҳҳои гуногун ба хотири ибодати Худо бунёд мекунанд.  Одамӣ табиатн диндор аст ва дар ҳар куҷо чизеро ибодат ё парастиш мекунад ва онро бо забони модариаш «Худо» меномад.  Шумораи касоне, ки вуҷуд доштани ягон Худоро эътироф намекунанд, нисбатан кам аст. 

Вақте ки одамон «Худо» мегӯянд, онҳо чиро дар назар доранд?  Агар мо аз онҳо пурсем, ки Худо кист, онҳо ба мо ҷавобҳои гуногун медиҳанд, зеро ки ҳеҷ кадоме аз онҳо Худоро бо чашми худ надидааст.  Ҳар як шахс дар бораи Худо ақидаи хешро дорад. 

Дар Таврот (китоби мукаддаси осмони ки аз ҷониби Худо ба ҳазрати Мӯсо дода шуд) чунин омадааст, ҳангоме ки Мӯсо дар кӯҳи Сино дар ҳузури Худои ҳақиқӣ буд ва қавми яҳудиён аз тилло қолаби гӯсоларо сохтанд ва онро парастиш карда мегуфтанд: «Ин гӯсола он худое аст ки  моро аз асорати мисриён озод кард!»  Онҳо гумон мекарданд, ки Худо ба монанди гӯсола аст.  Дигарон тасаввур мекарданд, ки Худо ба мисли мор аст.  Боре ҳангоми дар Малайя буданам ба масҷиди бутпарастон даромадам,  занеро дидам, ки ҳайкали калону сиёҳи бадҳайбати мардеро парастиш мекард ва онро чун Худо ибодат менамуд.  Юнониё ва румиён дар замонҳои қадим ҳайкалҳои зебои мардона ва занона сохта, бо ин корашон Худоҳои худ Юпитер, Венус ва дигаронро тасвир мекарданд. 

Бисёр одамони равшанфикр дар ҳақиқат дуруст мегӯянд, ки одамӣ қудрати бо даст сохтани Худои ҳақиқиро, ки ҳама чизро офаридааст, надорад.  Дар навбати худ, худи ҳамин одамон барои худ Худоро месозанд, аммо на бо даст, балки хаёлан.  Баъзе одамон тасаввур мекунанд, ки Худо мисли соатсозе аст, ки соате месозад ва онро тоб медиҳанду ба ҳоли худаш мегузорад ва он соат худ аз худ пеш меравад.  Ба ҳамин тариқ, онҳо мегӯянд, ки Худо дунёро офарид ва акнун онро ба ҳоли худ мегузорад, то ин ки бо қувва ва қонунҳои худаш пеш равад ва ҳеҷ гоҳ Худо ба корҳои он дахолат намекунад. 

Дигарон хаёл мекунанд чунон ки рӯҳ дар бадани инсон вуҷуд дорад чунин ҳам Худо мисли Рӯҳ дар дунёи модиёт сокин аст ва нафас аз они Ӯст.  Қисми дигари одамон мегӯянд, ки Худо комилан аз ҳамаи он чизҳое, ки одамӣ метавонад фикр кунад, фарқ дорад ва аз ҳамин хотир мо наметавонем Худоро, чуноне ки ӯ ҳақиқатан ҳаст, бишносем. 

Бинобар ин мо мушоҳида мекунем, ки қисми зиёди доамон бо ин ё он роҳ ба Худо бовар кунанд ҳам, лекин дар масъалаи он, ки Худо кист, байни худ нуқтаи назари бо ҳам зид доранд.  Инсон бо кӯшишҳояш қудрати аз худ намудани дониши ҳақиқиро оид ба Худо надошт ва ҳеҷ гоҳ қодир нест, ки Худоро шиносад, то он даме, ки Худо хоҳиши худро шинос кардан намояд.  Аммо савол ин аст ки оё Худо мехоҳад Худро бишиносонад?  Оё одам ҳам мехоҳад Худоро чуноне ки Ӯ аст бишиносад?  Аз он вақте ки Ӯ одамро офарид, дар ботинаш орзуи донистан ва ибодат кардани худашро парварид.  Магар ин тасодуф аст, ки Худо хоҳиш дорад, то ки одамизод Ӯро шиносад ва ё ки худаш бо ягон роҳ худашро ба одамӣ шинос кунад?  Ва агар мабодо Худо ба қарори шинос намудани Худ ояд, пас ин корро чӣ тавр иҷро карда метавонад? 

Як шарҳи оддӣ метавонад ба мо кӯмак расонад, то мо баъзе ҳақиқати амиқро фаҳмида гирем.  Бинобар ин, иҷозат диҳед, ин шарҳро истифода намоем:  Тасаввур кунед, ки наққоши қобиле дар шаҳри дуре зиндагӣ мекунад ва дар бораи ӯ мо ҳеҷ гоҳ чизе нашунидаем, вале ӯ хоҳиши чудашро ба дигарон шинос намудан дорад, пас ӯ чӣ кор бояд кунад? 

Пеш аз ҳама, ӯ метавонад расми зебо бекашад ва ба мо мефиристонад. Вақте ки мо расмро мебинем, дар тааҷҷуб мемонем ва мегӯем: «Наққоше, ки ин расмро офаридааст, дар ҳақиқат устои қобилиятнок аст.  Мо ном ва кадом миллат будани ӯро намедонем, лекин аз маҳсули дасташ мебинем, ки ӯ дар касбаш бисёр усто аст, барои он ки дар расми кашидааш ягон хатогӣ нест.  Инчунин аён аст, ки ӯ зебогиро дӯст медорад, бинобар ин ӯ расмро ба дараҷаи имконпазир зебо кашидааст.  Ӯ нозукиҳои касби наққоширо ба пуррагӣ медонад ва дар касбаш қобилияти хуб дорад».  Ҳамин тавр, расми  кашидашударо омӯхта мо метавонем каму беш дар бораи наққош маълумот бигирем. 

Оё Худо бо чунин роҳ худро ба одамӣ шинос намуд?- Оре, дар ҳақиқат  Ӯ шинос намуд! Ин шиносоӣ, пеш аз ҳама дар он аст, ки окилӣ, тавоноии Худо дар ҳама ҷой дида мешавад ва ҳар рӯз илм ба мо дар бораи аҷоиботҳои дунё, ки онро Худо офаридааст хабарҳо медиҳад.  Чуноне ки пайғамбар Довуд мегӯяд: «Осмонҳо аз ҷалоли Худоро эълон мекунанд, ва фалак аз амали дастҳои Ӯ хабар медиҳад» (Забури Довуд 18:2)

Дунёе, ки онро Худо офаридааст, ин қадар зебост, пас офаридгораш чӣ қадар зебо бошад?  Албатта, касе ки аз чашму ақл истифода мекунад, бояд эътироф кунад, ки Худо вуҷуд дорад ва Ӯ бузург аст, окил ва тавоно аст.  Лекин дар бораи Худо чизҳои бисёре ҳастанд, ки мо танҳо бо нигаристан ба табиат онҳоро ба осонӣ пай бурда наметавонем. 

Сониян, агар наққош хоҳиш дошта бошад, ки ба мо дар бораи худаш бисёртар нақл кунад, ӯ метавонад ба назди мо яке аз дӯстони наздикашро фиристад, то ки дар барои ӯ ба мо маълумот диҳад.  Он дӯст метавонад, ки дар бораи наққош хабарҳоеро ба монанди дар куҷо зиндагӣ карданаш, чандсола буданаш, калон ё хурд будани оилааш ва чӣ гуна хислатҳо доштанаш ба мо расонад.  Ва ҳамин тавр мо ҳис мекунем, ки мо акнун бо ӯ наздиктар шинос шудем, бештар аз маълумоте, ки дар асоси тасвирҳои кашидааш гирифта будем. 

Лекин оё Худо боре ҳам дӯсташро фиристодааст, ки ба мо дар бораи Ӯ нақл кунад?  Бале, фиристодааст!  Ӯ мардеро бо номи Иброҳим, ва ӯ «Дӯсти Худо» номида шуд, ва инчунин дигар дӯстонашро фиристодааст, то ба мардуми дунё дар бораи Ӯ нақл кунад.  Ин одамон, ки одатан онҳоро «пайғамбарон» меноманд, ба мардум дар бораи яккаву ягона, пок ва муқаддас будани Худо нақл караанд.  Худо, ҳақиқат ва хубиро дӯст медорад ва аз дурӯғ ва шарандозӣ нафрат дорад, балки Ҳаққи Таъоло ҳамеша ба фикри одам буда ва талабгор аст ки мардум ҳамеша Ӯ ро дӯст дошта бошад.  То ба ҳол мо метавонистем Ӯро ба воситаи табиате, ки офаридааст, биомӯзем ва ҳам дар натиҷаи гӯш кардан ба дӯстони Худо бошад, мо дар бораи Ӯ маълумоти бештаре ба даст овардем.  Аммо ин дониш ба воситаи дигарон аст ва мо ҳанӯз ҳам ягон хел алоқаи мустақим ба Худо надорем. 

Роҳи дигаре, ки наққош метавонист худро бо мо шинос менамуд, ин навиштани номаи шахсӣ аст.  Чӣ хел мо хурсанд мешудем, агар рӯзе хаткашон ба мо номаи ба дасти худи ӯ навишташударо меовард.  Шояд ӯ чунин сатрҳоро менавишт: 

«Дӯстони азизам,

            Ман шунидам, ки расми кашидаи ман ба шумо маъқул шуд ва ҳамчунин шумо дар бораи ман бо дӯстам, ки назди шумо рафта буд, сӯҳбат кардед.  Ман мехоҳам шумо инро донед, ки орзуи ман бо шумо дӯст шудан ва бо шумо наздик зингагӣ кардан аст.  Ман омода ҳастам, ки бо ҳар роҳе набошад, ба шумо ёрӣ расонам ва умеди ягон рӯз ба назди шумо ташриф овардан дорам.» 

Ин гуна мактуби дӯстона моро бовар мекунонад, ки ҳама гуфтаҳои дӯсти наққош дар бораи ӯ дуруст аст ва мо ҳис мекунем, ки акнун ҳоло бо наққош шахсан шинос шудаем ва бесаброна кӯшиши дидани ӯро мекунем. 

Аммо оё Худо ягон мактубе ба одамӣ навиштааст?  Бале, мактубҳои ба мо навиштаи Худо мавҷуданд, ки онро «Навиштаҷоти Муқаддас» меноманд.  Дар ин навиштаҷоташ Худо ба мо навишта ки Ӯ кист ва мақсадҳояш ба мо нақл мекунад.  Ӯ ба мо мегӯяд ки Ӯ одамро офаридааст то ки ӯ монанди Худаш ва Фарзанди азизаш низ бошад.  Худованд мегӯяд, ҳарчанд ки одамӣ ба ӯ итоат накард ва ӯро фаромӯш сохт, вай ҳанӯз ҳам одамиро дӯст медорад ва мехоҳад ӯро аз гуноҳ кардан наҷот диҳад.  Гуноҳ одамро аз Худо ҷудо кард ва Худо мехоҳад, ки одамиро ба назди Падари Фалакиаш баргардонад.  Чанд замон пеш, вақте ки одамӣ ин пайғомҳоро хонд, хурсанд шуд.  Ин хурсандӣ ба он баробар буд, ки гӯё онҳо овози Худоро, ки бо онҳо аз рӯи навиштаҷоти муқаддас гап мезад, шунида бошанд.  Оиди ин пайғомҳо Довуд гуфтааст: 

«Каломи Ту (Худо) чароғ аст барои поям, ва нур аст барои роҳам.»  Таронаи 118:105 (Забур)

Оре, бо ёрии ин навиштаҷот бисёр одамон дар замонҳои қадим Худоро ба таври ҳақиқӣ шинохтанд. 

Чорум, бо вуҷуди ин ҳама, агар наққош дар ҳақиқат хоҳад, ки мо ӯро шиносем ва дӯсти наздикаш шавем, ӯ боз чӣ кор карда метавонад?  Ӯ ба назди мо ташриф меорад!  Рӯзе бо тақ-тақ задани дар моро ҳайрон месозад!  Вақте ки мо дарро мекушоем ва ба шахси бегона, ки назди дар аст, мегӯем: «Шумо кистед?», ӯ дар ҷавоб мегӯяд:  «Шумо маро намешиносед?  Ман дӯсти шумо наққош ҳастам, ман омадам, ки шуморо бубинам!»  Сипас мо ӯро гарму ҷӯшон хуш омадед мегӯем ва бо ӯ сӯҳбат карда ба суханҳои неку оқилонааш гӯш медиҳем.  Ӯ ба мо мегӯяд ки мехоҳад чанд рӯзе ба мо зиндагӣ кунад ва меҳмони мо бошад.  Ӯ ба мо ваъда медиҳад, ки ба мо дар корамон ёрӣ медиҳад ва хушиву хурсанди ва ғаму андӯҳамонро бо ҳам мебинад.  Баъд аз чанд рӯзи зиндагии якҷоя мо ба таври ҳақиқӣ шинохтани наққошро оғоз мекунем.  Дӯстии мо бо ӯ мустаҳкам мегардад, чунки акнун мо ӯро рӯ ба рӯ дучор шудаем. 

Ҳамин тавр, агар Худо хоҳад, ки мо бо Ӯ тавонем наздиктар шинос шавем, Ӯ чӣ кор мекунад? Оё шахсон ба дидани мо нахоҳад омад ва ба мо зиндагӣ нахоҳад кард?  Худо ба қадри ҳол худашро бо мо ба воситаи корҳои дар табиат анҷомидааш, фирситодани пайгамбарҳояш ва бо навиштаҷоти Муқаддасаш, ки дар онҳо пайғомҳои Ӯ мавҷуданд, шинос намуд.  Бо вуҷуди ин, мо хоҳиши беҳтар донистани Ӯро шунавем.  Мо хоҳиш дорем, ки Ӯ ба замин назди мо биёяд ва дар байни мо зиндагӣ кунад.  Ва танҳо он вақт мо қодир ҳастем, ки Ӯро, тавре ки орзу дорем, шиносем.  Лекин ин кор магар имконпазир аст?  Оё Худо метавонад дар замин байни одамони гунаҳгор зиндагӣ кунад? 

Дар Юнони қадим одамон боварӣ доштанд, ки Худоёнашон ягон вақт дар сурати мард ё зан бо замин меоянд, лекин мо медонем, ки ин гуна боваркуниҳо нодуруст буданд, барои он ки худоҳои онҳо бутҳо буданд ва аз ин сабаб онҳо дар ҳақиқат вуҷуд надоштанд.   Оё Худои ҳақиқӣ, ки ҳама чизро офарид, метавонад ба замин биёяд, то ин ки одамӣ Ӯро бинад ва Ӯро шиносад?  Чун мо имон дорем ки Ӯ танҳо Қудратманд ва Офаридагори тамоми ҳастӣ аст ва ҳеҷ чиз барои Ӯ номумкин нест.  Ҳақиқатан агар Ӯ хоҳад Худро ба одамон ошкор созад, метавонад чунин кунад.  Агар гӯем, ки Худованд ин корро карда наметавонад, пас мо абадқудрат будани Ӯро инкор мекунем ва ин амаламон куфр аст.  Бале, агар Худо хоҳад, Худо қодир аст, ки биёяд ва бо одамизод зиндагӣ кунад, ба он хотир, ки шояд мо тавонем Ӯро аз наздик шиносем.  

Гап сари он аст, ки оё Худо мехоҳад ба назди мо биёяд?  Дар ин бора акнун мо хабарҳои хуш дорем ва метавонем онҳоро ба шумо пешкаш намоем.   Худо то ба дараҷае кӯшиш кард, ки мо бояд Ӯро аз таҳти дил шиносем ва дӯсташ дорем, бо умеди он ки Ӯ бо ҳам он хайрхоҳии беохираш омада бо мо зиндагӣ кунад.  Тахминан 2000 сол пеш Нури Худо ки бо Худо яки буд бо қудрати бори Таъоло ба таври махсус ба дунё дурахшид.  Нури Худо, ки онро Каломи Худо низ меноманд, ва ба худ либоси одамӣ пӯшида дар батни раҳми Марями покдоман ҷой гирифт ва Исои Масеҳ таваллуд ёфт.  Фарке байни Масеҳ ва дигар одамон ин буд, ки ду табиат дошт, Илоҳӣ ва инсонӣ.  Ӯ як одами воқеӣ буд зеро аз Марям таваллуд шуд ва ҳар он чи дар як одам буд дар Вай низ ёфт мешуд ба ғайр аз гуноҳ.  Вале Ӯ ба маротиб аз як одам баландтар буд, чун Ӯ табиати Илоҳӣ дост, ва ба Худо яки буд.  Барои ин зоҳир шудани Масеҳ дар ҷаҳон, амали ба рости омадани Масеҳ дар миёни одамон буд ва ин ҳақиқат аз сарлавҳаи «Имонуил» ки маънои Худо бо мо аст, ки ба Масеҳ дода шуд ошкор гашт. 

Илова бар номи «Имонуил» Исо боз бисёр унвонҳои баланд ва номҳои зебо дорад, аммо унвони махсус, ки Худо ба Ӯ дод, «Писари Худо» буд.  Баъзе вақтҳо Исои Масеҳ худро «Писари Одам» ва баъзе вақтҳо «Писари Худо» меномид, ва доим Худоро Падари Худ хитоб мекард.  Боре вақте ки Ӯ бо шогирдонаш дар бораи Падари Худ яъне Худо сӯбат мекард, яке аз шогирдонаш аз Ӯ пурсид:  «Ба мо падарро нишон деҳ».  Одамӣ дар ҳама замонҳо орзуи дидан ва донистани Худоро дошт.  Ҷавоби Исо чи гуна буд?   Ӯ ба шогирдаш гуфт: «Ин қадар вақт ман бо шумо будам, ва ту Маро нашинохтӣ?  Ҳар ки Маро бинад, Падарро дидааст... Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман.»  Юҳанно 14:9  Одамон аз колабҳо истифода мекарданд, ба он хотир, ки шояд Худоро бинанд, лекин ҳеҷ гуна колаби сохтаи одамӣ қудрати ба чӣ монанд будани Худоро нишон дода наметавонист.  Аз ин рӯ, Худо худашро ба таври амиқ ба воситаи Исои Масеҳ шинос намуд, ки дар ин бора дар Инҷили Муқаддас чунин омадааст:  «сурати Худои нодида.» (Қӯлассиён 1:15)  Чунин аст, ки ҳамаи онҳое, ки орзуи дидани Худоро доранд ва мехоҳанд ба Ӯ наздик шаванд, метавонанд Ӯро дар симои Масеҳ ёбанд.  Ҷӯяндагони Худо гуфтанд:  «Мо Худоро намешинохтем, то он даме, ки бо Ӯ дар шахсияти писараш Исои Масеҳ рӯ ба рӯ нашудем.»  Чунки Писар комилан ба Падари осмониаш шабоҳат дорад ва ҳар кӣ Писарро бинад, гӯё Падарро дидааст. 

Эҳтимол, аз ҳамин хотир Исои Масеҳ бо одамон мисли анбиёи дар замони пеш дар бораи Худо танҳо гап назад балки Ӯ Худоро дар Худ барои башар зоҳир кард ва Ӯ зуҳури Худо буд.  Гузашта аз ин, Ӯ Худоро ба одамӣ нишон дод, чунки Ӯ тасвиркунандаи Худо буд.  Чӣ тавре дар боло зикр намудем, баъзе аз сифатҳои Худо ба монанди окилӣ ва бузургӣ дар табиат аён шуда буданд.  Аммо дар симои Исо мо дар бораи ақида мақсадҳо ва рафторҳои Худо маълумот хоҳем гирифт, ки ин гуна маълумотҳоро дигар аз ҳеҷ ҷой дарёфтан мумкин нест.  Биёед, баъзеи онҳоро дида мебароем:

1.      Дар симои Исо мо покӣ ва муқаддасии Худоро мебинем.  Чӣ тавре ки мо аз таърих медонем, дар замонҳои қадим бисёр одамон фикр мекарданд, ки Худоҳои онҳо пок ва хоксор набуданд.  Онҳо дар бораи дуруғ гуфтан, дуздидан, зино кардан ва ба якдигар ҷиноят содир намудани худоҳо нақл кардаанд.  Худоҳо ҳамчун одамоне, ки онҳоро парастиш менамуданд, бадхашм буданд. 

Албатта, пайғамбарони фиристодаи Худои ҳақиқӣ дар барои Ӯ нақлҳо кардаанд ва ин нақлҳо дар бораи муқаддасии Худо аст.  Худо муқаддас аст, аммо на он тавре ки худоҳои бутпарастон буданд.  Аммо �муқаддас� будан чист?  Ҳеҷ кас чӣ будани муқаддасро надидааст. Чи тавре ки дар Инҷили Муқаддас омадааст: «ҳамаи одамон гуноҳ содир кардаанд», ва ҳеҷ нафари онҳо, ҳатто пайғамбарон, дар ҳақиқат муқаддас набуданд.  Аз он вақт ин ҷониб ҳеҷ кас, ҳатто Иброҳим ва Мӯсо, қудрати шинос намудани муқаддасии Худоро надоштанд, чунки онҳо худ гунаҳгор буданд. 

Танҳо баъд аз пайдо шудани Исои Масеҳ, чун тасвиркунандаи Худо, одамон муқаддасии комилро диданд ва тавонистанд ба маънои аслии «Худо муқаддас аст» сарфаҳм раванд.  Акнун мо аз Инҷили Муқаддас медонем, ки дар тамоми ҳаёташ Исои Масеҳ ҳеҷ гоҳ на ба одами ва на ба Худо бадӣ накардааст.  Ӯ ҳеҷ гоҳ фармонҳои Худоро на дар амал ва на дар фикр нашикастааст.  Ҳамаи он чи ки Ӯ гуфт ва кард, мутлақо ҳақ буд ва дар шахсияти Ӯягон дурӯғгӯӣ ва ё риёкорӣ набуд.  Ӯ як гап гуфта кори дигареро намекард, бараъкс, ҳама вақт аз рӯи гуфтааш амал мекард.  Ба ибораи дигар, гуфтааш бо амалаш мувофиқ буд.  Ӯ талоши моли дигаронро надошт ва ҳеҷ гуна маблағ ё тӯҳфа барои хизматаш аз одамӣ нагирифт.  Ҳаёти Ӯ комилан пок буд, бинобар ин Ӯ занонро чун хоҳарон ва мардонро ҳамчун бародарони худ мехонд ва муолиҷа мекард. 

Ӯ душманонашро накушт, бараъкс, барои онҳо дуо хонд, то Худованд онҳоро бахшад.  Азбаски Ӯ комилан пок ва ҳақ буд, Ӯ ба ҳама гуна бадӣ нафрат дошт ва ба таври ҷиддӣ онҳоеро, ки дуруғ ва риёро дӯст медоштанд, сахт сарзаниш мекард.  Масеҳ нур буд ва дар ҳеҷ торикӣ вуҷуд надошт ва қудрату моҳияти шинос намудани муқаддасии Худо ба одамӣ ҳам дар ҳамин буд.  Вақте ки мо ҳаёти поки Ӯро мебинем, ғайр аз ин, чи тавре ки дар Инҷили Муқаддас омадааст, мо эҳсос мекунем, ки Ӯ дар ҳақиқат тасвири Худо аст, муқаддасии Худо ба мо бештар зоҳир мегардад. 

2.      Дар симои Масеҳ мо муҳаббат ва ғамхории Худоро нисбати ҳар як одам ба чашми худ мебинем.  Бақте ки мо ба ситогарон менигарем ва чӣ гуна калон будани дунёро ҳис мекунем, пас аз он дар бораи чӣ гуна бузург будани Худо ба андеша меравем.  Баъд аз дидани ин чизҳо мо аз худ мепурсем: «Оё Худо бузург, ки миллионҳо ситора офарид ва онҳоро дар осмон нигоҳ медорад, боре ҳам ба мувҷудоти хурдакаке чун ман менагариста бошад ва барои ман ғамхорӣ мекарда бошад?  Ибодати маро мешунида бошад? Оё Худо дар ҳақиқат ончунон бузург аст, ки ба корҳои ҳар як шахси алоҳида мароқ зоҳир кунад?»

Дар Инҷили Муқаддас омадааст ки: «Дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд.  Он дар ибтидо бо Худо буд. Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт.  Дар Ӯ ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд.  Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.   Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем.  Зеро ки шариат ба воситаи Мӯсо ато шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.»  (Инҷили Юҳанно 1:1-4, 14-15)

Акнун биёед, бубинед, ки чӣ тавр Исо, Каломи Худо, кулли дунёро офарид ва ба одамони алоҳида муносибат мекард?  Оё Ӯ аз ҳад зиёд бузург буд, ки дар бораи ғаму шодии мардуми оддӣ фикр кунад?  Ҳаргиз не!  Бараъкс, мо мебинем, ки Исои Масеҳ ҳар касеро, ки вохӯрд, дӯст дошт ва дилсӯзӣ намуд ва хост ба ҳар нафар саломатӣ, хушбахтӣ ва бахту саодат диҳад.  Ӯ як шаби дароз бо шахси равшанфикре сӯҳбат кард ва ба саволҳои ӯ посух дод.  Ҳамчунин, Ӯ бо зане дар назди чашма сӯҳбат намуд ва ба ӯ чӣ гуна ибодат карданро ба Худо ва гирифтани ҳаёти ботиниро фаҳмонд.  Вақте ки махав ба назди Ӯ омад, ӯро ламс кард ва шифо бахшид.  Ӯ аз дасти марди нобино гирифта берун аз қишлоқ рафт ва он ҷо даст ба чашмони ӯ бурд ва ба ӯ нур ато кард. 

Боре падари парешоне ба назди Ӯ омад ва зорию тавалло кард, ки духтараш дар дами марг аст, наҷот диҳад.  Исо зуд ба хонаи он мард рафт ва кӯдакро аз нав зинда кард ва баъд ба модари кӯдак гуфт, ки ба ӯ ғизо диҳад.  Ҳазорон одамон барои ёрӣ ба назди Исо омаданд, ки дар байнашон бою камбағал, пиру ҷавон ва марду зан буданд.  Ӯ ҳам ба хеш ва ҳам ба дарвеш як хел муносибат менамуд ва ҳеҷ касро намеранҷонид.  Чи тавре ки худи Исо мегӯяд:  «Он касе, ки ба назди ман меояд, ман ӯро берун намекунам.»  (Юҳанно 6:37)

Ин муҳаббати бепоёни Исои Масеҳ нисбати ҳар як фарди мӯҳтоҷ ифодакунандаи муҳаббати Худо ба ҳар яки мост.  Ҳангоме ки Исо ба беморон даст расонд ва онҳо сиҳат шуданд, ин Худованд буд, ки ба онҳо даст расонд ва ба онҳо саломатӣ ато намуд.  Вақте ки Исо кӯдаконро ба дастонаш мегирифт ва фотиҳа медод, он Худо буд, ки муҳаббаташро ба заифон ва дармондагон нишон медод.  Ва ба саволи «Оё Худо ба фарди алоҳида ғамхорӣ мекунад?», мо бо боварии том мегӯем: «Оре, дар ҳақиқат мекунад!  Ба Исои Масеҳ – Писари мутлақи Худо нигаред.  Ҳамчун Писар одамиро мисли Падараш дӯст дошт, зеро писар тасвир ва кашфиёти Худои ноаён аст.» 

3.      Дар симои Исо мо инчунин муҳаббати Худоро нисбати гунагорон мебинем.  Бо назардошти он ки Худо пок ва муқаддас аст ва ба гуноҳ ва бадӣ нафрат дорад, пас мо тахмин мекунем, ки Ӯ ба гунаҳгорон низ нафрат дорад ва мехоҳад онҳоро нест кунад.  Мо, ки ҳама худ гунаҳгорем,  шояд тасавур кунем, ки Худои Муқаддас душмани мост ва аз Ӯ тарсидан лозим аст. 

Лекин вақте мо бо Исои Масеҳ, инъикоскунандаи Худо, шинос мешавем, дар тааҷҷуб мемонем, ки Ӯ нисбат ба гунаҳгорон нафрат надорад.  Ба ҷои маҳкумкунӣ ва канорагирӣ, баръакс, Исо доимо ба хонаҳои гунаҳгорон рафт, бо онҳо хӯрок хӯрд ва нисбати онҳо хоксор буд.  Барои ҳамин амали ғайриодиаш Ӯ чандин маротиба аз тарафи роҳбарони рӯҳонӣ танқид шунид ва Ӯро �дӯсти гунаҳгорон� номиданд.  Дар ҷавоб Исо ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд.  Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам.» (Инҷили Марқӯс 2:17)

Чи тавре ки медонем, ҳама гуна духтур орзуи шифо ёфтани беморро дорад, на куштани ӯро.  Худо ҳам намехоҳад, ки гунаҳгоронро нобуд кунад, баръакс, ӯ мехоҳад онҳоро наҷот диҳад.  Ӯ барои ҷустан ва наҷот додани онҳое омад, ки роҳгум задаанд ва дар гирдоби гуноҳ ҳалок мегарданд. 

Бинобар ин, вақте ки ба назди Исо зани ба оила хиёнаткардаро оварданд, Исо гуноҳ ӯро бахшид ва паст ба ӯ гуфт: «Бирав ва дигар гуноҳ содир накун.»  Ин Худо буд, ки ба ӯ хайр намуд ва ӯро бахшид.  Ва ҳангоме ки Ӯ ба хонаи Заккай, ки андозғундори бой буд, рафт ва ӯро аз хислати пулпарастӣ наҷот дод, ин ҳам Худо буд, ки ба хонаи он гунаҳгор ворид шуд.  Ҳамчунин, вақте ки Исои Масеҳ дар назди салиб бо роҳзани пушаймоншуда, ки мебоист ӯро ба катл расонанд,  ваъдаи наҷот додан дод ва он лаҳза ҳам Худо буд, ки ба он марди бадбахт нигоҳ кард ва гуноҳи ӯро бахшид. 

Муҳаббати Худо нисбати гунаҳгорон на танҳо дар муносибати Исо бо одамони гунаҳгор, балки дар қурбонӣ кардан низ зоҳир мегардад.  Худи Исо доир ба ин чунин гуфтааст:  «Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад.»  Юҳанно 15:13

Дар ин ҷо набояд нофаҳмиӣ ва ё каҷфаҳмӣ шавад!  Исоро душманонаш ба мурдан маҷбур накарда буданд, Ӯ ихтиёран Худаш ҷонашро чун қурбонӣ барои гуноҳҳои дунё бахшид.  Агар Исои Масеҳ фақат инсон ва ё пайғамбар мебуд, ихтиёран қурбонӣ намудани ҷонаш моро дар тааҷҷуб мегузошт, бо вуҷуди он ҳам Ӯ наметавонист гуноҳҳои мо, одамонро омурзиш диҳад.  Аммо азбаски Исо дар ҳақиқат Писари Худо аст,  бинобар ин он қурбонии шахси оддӣ набуд,  балки шахсе буд,  ки аз тамоми дунё дида қимматтар меистод, чунки азият кашидани Исои ба ҷои гунаҳгорон ин азияткашии Худо буд.  Бинобар ин, агар мо хоҳем донем, ки Худо чӣ қадар моро дӯст медорад, мо бояд ба салиб ба марги Исо назар кунем,  ва он ҷо, яъне дар солиб мо муҳаббати бепоён ва самимии Худоро мебинем.  Тавре ки дар Инҷили Муқаддас навишта шудааст:  «Худо дунёро чунон дӯст дошт, ки ҳатто Писари ягонаашро барои дунё қурбон кард ва, аз ин рӯ, касе, ки ба Худо имон меорад, ҳеҷ гоҳ намемирад, бараъкс ҳаёти ҷовидона мебинад.»  (Юҳанно 3:6)

4.      Умуман, мо дар симои Исои Масеҳ қудрати ҳаётбахши Худоро мебинем.  Барои ҳамин, чи тавре ки дар Инҷили Муқаддас мехонем, Исои Масеҳ баъди худашро қурбон кардан дар қабр намонд, Ӯ дар рӯзи сеюм аз на эҳё шуд, ки он рӯз якшанбе буд.  Аз ин хотир ҳар рӯзи якшанбе масеҳиёни кулли дунё ибодати Худоро ба иҷро мерасонанд ва ин рӯз чун рӯзи ғалабаи Исо аз болои марг аст ва ин ҳодиса комилан исботи он аст, ки Ӯ дар ҳақиқат Писари Худо аст.  Аз миллионҳо одамоне, ки дар рӯи замин зиндагӣ кардаанд ва фавтидаанд, танҳо Исо бори дуюм ҳаёт дид ва дигар ҳеҷ гоҳ намирад.  Ба воситаи зинда гардонидани Исои Масеҳ Худо дуруст будани талаби Ӯ яъне Писари Худо шуданро нишон медиҳад.  Илова бар ин, ҳамин гуна қудрати илоҳӣ, ки Исоро аз марг наҷот дод, онҳоеро низ зинда гардонд, ки агар ба Ӯ имон доранд, инчунин ба онҳо низ ҳаёти ҷовидона диҳад.  Ҳамин тавр, зиндашавии Исо қудрати ҳаётбахшӣ доштани Худоро нишон медиҳад ва моро бовар мекунад, ки Худованд моро дӯст медорад ва гуноҳҳое моро ба воситаи Исо меомурзад ва дар хонаи фалакиаш абадан нигоҳ медорад. 

Дар охир мо бори дигар мепурсем: «Чӣ хел инсон метавонад Худоро шиносад?»   Посух ин аст, ки Худо ба назди  мо бо муҳаббат омад ва дар симои Исои Масеҳ худашро бо мо шинос намуд, аз ин рӯ, ҳар касе, ки хоҳад, метавонад ба Исо наздик шавад ва ҳатто Худоро бинад ва шиносад.  Дар ин хусус худи Исо гуфтааст:  «Ман пайраҳаам.... ҳеҷ кас ба назди Падар бе воситаи ман омада наметавонад...ва ҳар касе, ки маро дид, яъне Падарро дид.»  (Юҳанно 14:6-9)

Роҳ кушода аст ва Масеҳ кулли мардуми дунёро ба назди худ даъват менамояд, то ки бо Худо рӯ ба рӯ вохӯранд.  Оё шумо дар ҳақиқат ҳам мехоҳед Худоро ёбед?  Пас, таклифи Исоро қабул намоед ва ба Ӯ бовар кунед ва сипас Ӯ шуморо бо Падараш шинос менамояд. 

Худоро бибинад ва бишиносад, зеро Худи Масеҳ гуфт:  «Ман роҳ ва ростӣ ва  ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман; ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидаааст.»  (Инҷили Юҳанно 14:6,9)

 

Дӯсти азиз! 

Ин наҷотдиҳанда имрӯз ба дари дили ту омада ва иҷозати даромадан мепурсад.  Ӯ ҷон дод то туро аз гуноҳ наҷот диҳад ва зист мекунад то ба ту ҳаёт бахшад.  Ӯ тамоми ғамҳо ва заҳматҳо ва эҳтиёҷоти туро медонад ва мехоҳад туро баракат диҳад ва шод созад. 

Агар аз самими дил мехоҳед ки Исои Масеҳро чун Наҷотдиҳандаи худ аз гуноҳ бипазиред, хоҳиш мекунем ки дуои зеринро бо имони комил бихонед:

«Эй Исои Масеҳи Худованд.  Аз хондани ин китоб, ба ин қарор расидаам, ва низ имон дорам, ки Ту танҳо Наҷотдиҳанда ва Худованди башар ҳастӣ.  Медонам ки ман гуноҳкори маҳкуме мебошам ва ба наҷот эҳтиёҷ дорам. 

Имон дорам ки Ту барои раҳоии ман аз гуноҳ ҷон доди ва аз мурдагон бархост то бо ман ҳаёти ҷовидонӣ бубахши.  Исои Масеҳи Худованд акнун дили худро барои Ту боз мекунам ва Туро ба номи Наҷотдиҳандаи худ қабул мекунам.  Аз гуноҳ рӯӣ бар мегардонам ва худро ба Ту ки Худованд ва Молики ман асти таслим мекунам.  Аз самими дилам Туро барои бахшидани гуноҳҳонам ва атои ҳаёти ҷовидонӣ ба ман шукр мегӯям, омин.»

Агар ҳақиқатан Исои масеҳро наҷотдиҳандаи худ ҳисоб мекунед, бар тибқи Каломи Худо шумо наҷотёфта ва ҳаёти ҷовидони бо даст овардаед ва низ узве хонаводаи рӯҳонии Худо гаштаед.  Чунон ки дар инҷили Исои Масеҳ мактубе ҳаст:  «Ба онҳое ки Исои масеҳро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд.»  Инҷили Юҳанно 1:12

www.dardidil.com



<< Башорат