Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Дарсҳои Ҷустуҷӯён

Download
 

Дарси 1 – Худо ва Каломи Худо


Каломи Худо чист? Ин сухани Худо то одамизод Ӯро шинохта мешавад.

  • Як муаллиф = Худо

  • 40 кас илҳоми Худо гирифтанд аммо як ақида аст.

  • Илҳом чист? Илҳом – пайғом ё сухан аз тарафи Худо ба дили касе андохта мешавад.

  • Китоби Муқаддас = Илҳоми Худо


Каломи Худо зинда аст

«Каломи Худо, ки зинда аст ва то абад боқист. Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамӣ - мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад; аммо каломи Худованд то абад боқист. Ва ин аст он каломе ки ба шумо мавъиза шудааст.» (1) Петрус 1:23-25 (саҳ. 277, Аҳди Ҷадид)

«Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарфе ва ё нуқтае аз Таврот ба фано (нест шудан) нахоҳад рафт, то даме ки ҳамааш иҷро шавад.» Матто 5:18 (саҳ. 15, Аҳди Ҷадид)


Каломи Худо як ақида нишон медиҳад

  • Нақшаи Худо барои одамизод чист?

  • Оё шинохтани Худо мумкин аст?

«Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд.» (Юҳанно 17:3, саҳ. 201, Аҳди Ҷадид)

  • Чӣ хел Худо бо одамизод ошкор мекунад?

«Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: 'Инак, хаймаи (зуҳури) Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд.'» (Ваҳй 21:3, Аҳди Ҷадид, саҳ. 459)


Шинохтани Худо дар Ҳастӣ 1:1-3


  1. Худо офаранда аст

Ҳасти 1:1-2 -- Ин оятҳо дар барои хислати Худо чӣ мегӯяд?


  1. Ӯ дар ибтидо буд - Ӯ офарида нашудааст. Ҷовидон аст –

Забур 89:2

«Пеш аз он ки кӯҳҳо таваллуд ёбад, ва замин ва дунё самар оваранд, аз азал то абад Ту вуҷуд дорӣ, эй Худо»

  1. Худо рӯҳ аст. (Ҳастӣ 1:2)

  2. Худо Қодир аст

  • бар ҳама чиз ҳукмрон аст

  • бузург аст – муҳтоҷ нест

  • Худо муқобили зоти Худ ҳеҷ чиз карда наметавонад.

  • Мисли - «Оё Худо метавонад санги азиме офарида онро бардошта натавонад?»

  1. «Худо гуфт» 1:3

  • Ӯ калом аст

  • Ӯ метавонад бо мо сухан кунад.

  1. Худо шахсият аст

  • Ақл, интихоб, ҳиссиёт ва рӯҳ дорад.

  • Ҳастӣ 3:8-13

*робита мумкин аст (наздикшавии)

*гуфтагӯй бо Худо мумкин аст.

*Падари осмонӣ

*Яъқуб 2:23 - «Иброҳим дӯсти Худо номида шуд»


  1. Худо дар тамоми дунё вуҷуд дорад,

-Тамоми вуҷуд, ҳамадон, ва соҳибқудрат мебошад.

  • фақат Худо дар бораи ибтидо гӯфта метавонад.

  • (Забур 138: 7-12)

  • Худо аз ҳама чиз хабардор аст.

  • «Чашмони Худованд дар ҳама ҷост» Масалҳо 15:3.

  1. Худо Нӯр аст - Ҳастӣ 1:3-5

  • Худо торикӣ нест

  • Худо муқаддас аст

  • Нек – Ҳастӣ 2:3

  • «Муқаддас бошед, чунки ман муқаддас ҳастам.» (Таврот)

  • Қадами аввал рушноӣ дар дунё,

  • Оё Худо мехоҳад, Ӯро мешиносад? Албатта!

  1. Худо Муҳаббат аст

- Агар Худо шахс набуд, пас Ӯ муҳаббат нест.

  • Чӣ хел ин дунё офарид, муҳаббати Худо нишон медиҳад.

  • Одам бо сурати Худаш офарид, ин муҳаббати Худо аст.

  • (1) Юҳанно 4:10, 19 нишон медиҳад ки Худо аввал моро дӯст медорад.

  1. Худо Раҳим ва инсоф аст.

  • Агар Худо инсоф аст, Ӯ бояд барои гуноҳ ҷазо диҳад.

  • Ҳастӣ 18:25 « Оё Довари тамоми замин (Худо) аз рӯи адл амал нахоҳад кард?»

  1. Худо Ҳақ ва Амин аст

-Оё Худо дуруғ гуфта метавонад?

Ӯ макр намекунад.

12. Худо бо рӯҳаш ва суханаш ягонагӣ аст.

-Ҳастӣ 1:26; 3:22

-Ҳастӣ 1:1-3, Юҳанно 1:1-3







Дарси 2 – фариштаҳо


Офариниши рӯҳонӣ

Айюб 38:4-7 - «Дар сурате ки ситорагони субҳ якҷоя тараннум мекарданд ва ҳама фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд?» (саҳ. 796)


Забур148:1-5 - «онҳо офарида шудаанд»


Чарo Худо фариштаҳоро офарид?

  • Онҳо барои Худо хизматгор ҳастанд

Забур 103:4 - «Бодҳоро ба фариштагони Худ табдил медиҳӣ, хизматгорони Худро ба оташи сӯзон.» (саҳ. 885)

  • Худо аз онҳо бузургтар аст чунки, Ӯ офарандаи онҳост.

  • Худо онҳоро дастгирӣ накардааст.

Ибриён 2:16

  • Онҳо қувват доранд – Забур 102:20

«Худовандро муборак бихонед, эй фариштагони Ӯ,

ки дар қувват паҳлавон ҳастед..»


Шайтон кӣ аст?

  • Оё Худо чизи бадро офарида метавонад?

  • Барои чӣ Худо шайтонро аз биҳишт пеш кард?


Шайтон пеш аз афтоданаш - ӯ фариштаи калон буд.

  • Ҳизқиёл 28:12-13 (саҳ. 1234)

  • камоли хушрӯй (28:12)

  • кудрат барои хизмати Худо дошт.

  • Роҳбар барои парастиши Худо буд. (28:13)

  • 28:14- Дар кӯҳи мукаддас хизмат мекарду дар назди Худо буд.

  • 28:15- Комил буд – чун, ки Худо бадиро намеофарад -- ӯ имкониёти пайдо шудан дошт.

  • 28:16 – Гуноҳаш ӯро - шайтонро ба ситам гирифтор кард.

  • 28:17 - мағрур шуд ва «бар замин задам ва чаппа намудам.»


Ишаъё Набӣ 14:12-14 (саҳ. 1004)

  • Номаш –«зӯҳраи субҳидам»

  • 14:12- Худованд шайтонро ба замин афтодааст.

  • Ӯ болотар мехост –12:13

  • Болотар аз фариштаҳо мехост –12:13

  • Болотар аз ҷамъомади Худоро мехост –12:13

  • Болотар аз ҷалоли Худоро мехост- 12:14

  • Болотар аз Худо будан мехост. –12:14


Агар фаришта ба муқобили Худо равад – оё ӯ бо Худо мемонад ё не? Барои Чӣ?


Девҳо – онҳо аз куҷо омаданд?

Ваҳй 12:4 - «доми аждаҳо сеяки ситораҳоро аз осмон кашида»

Ваҳй 12:7-10 – ҷанги осмон

  • (2) Қӯр. 11:14-15 (саҳ. 358)

  • Хизматгорони шайтон (фариштаи нур)


Номи дигари шайтон

  • Иблис- ғайбат мекунад

  • Фиребгар

  • Душмани одам

  • Аждаҳои бузург – Ваҳй 12:3

  • Мор- Ҳастӣ 3:1

  • Падари дӯрӯғ


«Ҳар он кас ки бад писандидааст,

надонад зи хубӣ чӣ бад дидааст»


Ҷазои Шайтон

  1. Худо ӯро аз биҳишт пеш кард.

  2. Ҷазои охирин

Матто 25:41

Исо гӯфт, «аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидоние ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед.»


Ваҳй 20:10 «Иблис, ки онҳоро фиреб мекард, дар кӯли оташ ва кибрит андохта шуда.. шабу рӯз то абад азоб хоҳанд кашид.»


Қоидаи абадии Худо ин аст: 1) музди гуноҳ марг аст ва 2) гуноҳкор дар вуҷуди Худо намемонад.



 

Оё шайтон дар ҳама ҷой вуҷуд дорад ё не?


Оё шайтон дар барои ҳама чиз медонад ё не?


Оё шайтон фикри моро медонад?


Оё фариштаҳо аз одамизод болотар аст? Ибриён 2:6-7

 

Дарси 3 – Офариниши Одам


«Суде накунад фарохнои бару гӯш, ?

Гар одамиӣ, ақлу ҳунар парвару ҳуш!

Гов аз ману ту фарохтар дорад хашм

Хар аз ману ту дарозтар дорад гӯш!»

(Саъдӣ)


Барои чӣ Худо ин дунёро офарид?


  • Ӯ барои ҳеҷ чиз муҳтоҷ нест.

  • Аммо Худо қодир ва муҳаббат аст.

  • Худо барои одамизод, ин дунёро офарид.


Хонед- Ҳастӣ 1:26-31 & 2:7


  • Ҷавобгарии Одам чӣ буд? (Ҳастӣ 1:28-30)


Ҳастӣ 1:28-30

  • Одам ҳукумронӣ замин аст.

  • Худо ин заминро ба фариштаҳо надод аммо ба Одам дод.

  • Забур 23:1 - «Замини ва ҳар чӣ дар он аст, дунё ва сокинони он аз они Худованд аст.»


Инсон ва ҳайвонот – Чӣ фарқиат ё хусусиятро доранд?



Инсон                                    Ҳайвонот

Хирад & ақл                    Инстинкт доранд

Дуо карда метавонад

Шуур - фаҳмиш

Ҳиссиёту эмоция                ҳиссиёт надоранд

Дӯст доштан метавонад

Истеҳсол- истеҳъмол             Истеҳсол накарда

Интихоб                       интихоб надоранд

Итоат карда метавонад

Виҷдон                           Виҷдон надоранд


Сурати Худо –рӯҳонӣ                Рӯҳ надоранд


Сурати Худо чӣ маънӣ дорад? Ин хислати рӯҳонӣ, на ҷисмонӣ аст.


Худо шахс аст----- Одам шахс аст

Худо Рӯҳ аст ------- Одам рӯҳ дорад

Худо ҷовидонӣ ------- Одам рӯҳи ҷовидонӣ дорад

Худо офаридгор ------ Одам кори истеҳсол метавонад

Худо ҳукмрон аст ------ Одам ҳукмрони замин аст.


Ҳастӣ 2:7 - «Ва Худованд Худо одамро аз хоки замин бисиришт, ва ба бинии вай рӯҳи ҳаёт дамид, ва одам ҷони зинда шуд


Чӣ шуд? Дар бораи ин чӣ фикр доред?


  1. Ҷисм хонаи рӯҳ аст.

  2. Пас Одам Худоро шинохта метавонад.

  3. Худо сокини одам мумкин аст.

  4. Одам бо хости Худо метавонад амал кунад чун, ки рӯҳонӣ аст.


«Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

В-аз нав фалаки наве чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расидӣ осон.»

(Хайём)


Дарси 4- Одам ва Ҳавво


Хонед- Ҳастӣ 2:17- 3,6

2:17- Фармони Худо чи буд?


Ҳастӣ 2:18

Худо ба Одам чизи хубтарин дод.

Худо муҳаббат аст.

Худо эҳтиёҷи одамро медонист ва барои ӯ занро офарид.


Ҳастӣ 2:19-20

  • Ҳама ҳайвонот ба пеши Одам омад ва одам ба онҳо ном дод

  1. Одам ҳукмрон аст

  2. Одам хирадманд аст

  3. Худо немехост одамро танҳо монад.


Ҳастӣ 2:21,22

  • Ҳавво тӯҳфа буд

  • Ӯ аз бадани одам гирифта шуда буд.


Ҳастӣ 2:23-25

  • Оила нақшаи Худо аст

  • Робитаи муқаддас аст

  • Онҳо аз ҳеҷ чиз муҳтоҷ набуданд, зиндагии онҳо осуда ва тоза буд.


Ҳастӣ 3:1-3

  • Шайтон муқобили Худо ва хости Ӯ аст.

  • Шайтон ба одамон нафрат дорад.

  • Барои чӣ шайтон ба Ҳавво гӯфт?

Чунки дар Ҳавво шубҳа пайдо шуда буд.


Ҳастӣ 3:4-5

  • Шайтон мегӯяд ки Худо дуругӯй аст

  • Ӯ Ҳақро инкор кард

  • Мумкин ки мор он вақт дигар хел ҳаракат мекард.


Ҳастӣ 3:6

  • Вақт ки онҳо гуноҳ карданд чӣ воқеа рӯй дод?

  • Оё Худо медонист, ки Одам гуноҳ мекунад?

  • Худованд Одамро бе гуҳон офарид, лекин Одам бо қобилияти гуноҳ карданро дошт. Чунки, Худо чизи бад карда наметавонад.

  • Ҷавобгар барои гуноҳи Одам кӣ буд? Шайтон ё Одам?

  • Одам медонист ки Худо «нахуред!» Гуфта буд?

  • Ӯ ба фармони Худо итоат накард.


  • Худо ба Одам хосияти ҳал карданро ба роҳи хуб ё ба роҳи бад рафтанро дод.


Ҳастӣ 3:7-8

  • Гуноҳашон онҳоро аз Худо ҷудо кард.

  • Худо вафодор ва ҳақ аст- иваз намешавад.

  • Барои чӣ ҷазои Худо маҷбур аст?

Чунки, Худо Муқаддас аст.

«Балки гуноҳҳои шумо дар миёни шумо ва Худои шумо ҷудоӣ андохтааст.» Ишаъё 59:2



Қоидаи абадии Худо ин аст: 1) музди гуноҳ марг аст ва 2) гуноҳкор дар вуҷуди Худо намемонад.




 


Натиҷаи Гуноҳи Одам барои насли оянда:

  1. Робита бо Худо қатъ шуд.

  2. Рӯҳаш мурда.

  3. Баъд аз рузи қиёмат ҷазои дӯзах мегирад.


Чӣ хел медонем ки робита бо Худо қатъ шуданд—

А. Фикрашон дар бораи баданашон дигар шуд.


Б. Бо якдигар хиҷил шуданд.


В. Онҳо барои муҳтоҷии худ ба Худо мороҷиат накарданд.

Г. Онҳо аз барги анҷир курта карданд ва фикр карданд, ки Худо намефаҳмад.


  • Барои гуноҳкор шудани мо чанд гуноҳ карданд лозим аст?

  • Шумо худро гуноҳкор мешуморед барои чӣ?


Дарси 5 – Натиҷаи Гуноҳ


Ҳасти 3:8-10- гунaҳгор шудани Одам чӣ овард?

Имрӯз аз чӣ метарсем?


  • Оё Худо онҳоро аз содир кардани ин гуноҳ огоҳ кардагӣ буд?


  • Оё онҳо «ба доми шайтон офтоданд»? Ин чӣ маънӣ дорад дар вақте касе мегӯяд, ки «ба доми шайтон офтодаст»?


  • Мо медонем ки дар он вақт робитаи Одам ба гуноҳе бо Худо қатъ шуда буд. Оё насли Одам, ки дар рӯй замин аз сари нав таваллуд мешавад, ин рoбитаро бар қаррор карда метавонад?


  • Оё Худо нисбат ба якгон гуноҳ чашм мепӯшад?



Ҳастӣ 3:11-13

  • Ки барои гуноҳ ҷавобгар аст?

Шайтон ё Одам ва Ҳавво


  • Оё касе аз Худо пинҳон шуда метавонад?


  • Барои чӣ барги анҷир кифоя набуд?


Лаънатҳо

Ба Шайтон-

Ҳастӣ 3:14-15-

«дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту (оянда) ва насли вай (Масеҳ аз зан таваллуд мешавад) душманӣ меандозам»


«вай (касе оянда аз зан таваллуд мешавад) сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт.»


Ин кас бар шайтон ғолиб мешавад.


Лаънати Ҳавво

Ҳастӣ 3:16 – Лаънати ӯ чӣ буд?


  1. Ранҷи ӯ бисёр мешавад.

  2. Иштиёқи ӯ бар ҳукмрони шавҳар. «поҷуқак»



Ҳастӣ 3:17-19 –




Лаънати Одам


  1. Одам ҷавобгари гуноҳи онҳо (17)

  2. Бо ранҷ кор мекунад

  3. Ба хок бармегардад


«Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, он чунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд.» Румиён 5:12



«Ҳаммаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст.» Аъмол 17:26


  • Мо хуни Одамро дорем ва хоҳем мурд.

  • Марг ногузир аст.

  • Гуноҳ кардан дар табиат ва хуни мо аст ва ин мерос аз Одам аст.



Гуноҳ Чист?


«Ҳар кӣ гуноҳ мекунад, шариатро мешиканд, ба гуноҳ шикастани шариат аст.» (1) Юҳанно 3:4

  • Барои Одам шариат чӣ буд?



  • Қоидаи абадӣ: Музди гуноҳ

марг аст.


  • Пардохти гуноҳ барои мо марг аст.


  • Ҳеҷ кас аз ин қонун эмин нест.



Ҳастӣ 3:20-24

Оё ин дарахти ҳаёт дар ин дунё вуҷуд дорад?


Кӣ либос тайёр карда барои Одаму Ҳавво?



Ҳастӣ 3:21- Барои чӣ Худо аз пӯст либос сохт?

 


Қоидаи абади – Ибриён 9:22

«Бе рехтани хун омурзиш нест!»




 


Дарсӣ 6 – Бе рехтани хун омурзиш нест


Кори савоб ва Одам


Аз Одам медонем, ки ҳеҷ ягон гуноҳро бо кори савоб пушонида намешавад. Онҳо хостанд бадани пур гуноҳи худро бо барги анҷир пушонанд аммо Худо ин тавр пушонидани гуноҳро қабул накард.

Худо ҳайвонро кушта қурбонӣ кард ва пӯсти онро барои пушонидани бадани пур гуноҳашон ба онҳо дод. Пушонидани гуноҳҳоро танҳо Худо қодир аст. Инсон қодир нест ва кори савоб гуноҳро сафед намекунад.


  • Оё ин доруст аст, ки мо бо роҳҳои гуногун ба назди Худо рафта метавонем?


  • Оё Худо кушиши самими ҳар инсонро қабул мекунад? Оё Худо кушиши самимии Одам қабул кард?



«Бе рехтани хун омурзиш нест.» Ибриён 9:22


Хонед: Ҳастӣ 4:1-16


Оё онҳо ба боғи Адан баргашта метавонанд?

Дар вақти таваллуд шудан онҳо зери ҳукмронии шайтон ҳастанд. Ҳозир робитаи онҳо бо Худо қатъ шуд.

Ибриён 11:4 -«Бо имон Ҳобил ба Худо, назар ба Қобил, қурбонии беҳтаре тақдим намуд; бо он ӯ шаҳодат пайдо кард, ки ӯ одил аст, чунон ки Худо дар бораи ҳадияҳои ӯ шаҳодат дод; бо он ӯ баъд аз мамоташ ҳанӯз ҳам сухан меронад.»


Барои чӣ як ҳадяро Худо қабул карду дигарашро рад намуд?

Худо чӣро қабул накард? (4:5)


Чунки, назди Худо танҳо як шоҳроҳ мебарад --- рехтани хун омурзиш аст.

  • Барои чӣ қурбонӣ лозим аст?

  • Қиммати гуноҳ чанд аст?

  • «Худо мебахшад» мегӯянд аммо барои чӣ Худо зуд-зуд намебахшад?

  • Худо бо рехтани хун нишон медиҳад, ки музди гуноҳ марг аст.



Хуни ҳақ даркор, хуни ноҳақ ҳеҷ фоида надорад.

Хислати Худо – Муқаддас ва ивазнопазир ва

Ивазнашаванда аст.


 

Қурбонӣ дар китоби Ҳастӣ


Ҳастӣ 8:20 - «Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид.»


Ҳастӣ 9:1-6 Хун қиммат аст


Ҳастӣ 13:4,18 – Иброҳим ба Худо қурбонӣ дод.


Ҳастӣ 15:1-13 – Иброҳим


Ҳастӣ 22 – Ба қурбонӣ овардани писари Иброҳим.


Ҳастӣ 26:25 - «Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва исми Худовандро хонд.» Исҳоқ


Ҳастӣ 33:20 – Яъқуб «қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва онро ба исми Худованд Худои Исроил хонд.»


Ҳастӣ 35:1 - «Ва Худо ба Яъқуб гуфт: Вархоста, сӯи Байт-ил равона шав, ва он ҷо бинишин; ва он ҷо қурбонгоҳе бисоз барои Худо, ки ҳангоми гурехтанат аз пеши бародарат Эсов бар ту зоҳир гардид.»


Ҳастӣ 46:1 - «Ва Исроил (Яъқуб) бо ҳар чи дошт, ба сафар рафт, ва чунки ба Беэр-Шоваъ омад, барои Худои падари худ Исҳоқ қурбониҳо забҳ кард.»


Хуруҷ 12:1-13 – Иди фисҳ –


  • Оё мо барои гуноҳе ки надониста мекунем ҳисобот медиҳем?


Китоби Ибодат – бо назаре нигоҳ кунед – боби 1-7, ҳама дар бораи қурбонӣ нишон медиҳад.


Хонед: Ибодат 5:17-19- Ин қурбонӣ барои гуноҳ, ки касе намедонист.

Кафорат – фидя, ки гуноҳро сафед ё тоза мекунад. Дар назари Худо инсонро адолату нек ҳисоб мешавад.


Пешгӯи дар бораи хизматгоре, ки худаш қурбонӣ мекунад

Ишаъё 53 – ин 700 сол пеш аз мавлуди Исо навишта шуд.

 

Дарси 7 – Имон ё Кори Савоб?


Оё Худо ба ҳама баробарӣ баракат медиҳад?


Хастӣ 6:8-22 намунаи Нӯҳ


Ҳастӣ 6:5-7,11,12 – Барои чи дунё ба ғазаби Худо гирифта шуд?


Ҳизқиёли набӣ 33:11 - «Ман мурдани гуноҳкорро хоҳон нестам.»


(2) Петрус 3:9 – Худо «ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе набуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд.»


Киштии Нӯҳ масалест барои мо – Ин нишон медиҳад, ки наҷот аз ғазаби Худо лозим аст.


Дар барои вақти Нӯҳ Исо мегӯяд: «Чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ шуда буд, дар омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд: Зеро, чӣ тавре ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мерафтанд, ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро нестӣ набуд кард�» (Матто 24:37-39)


Онҳо чӣ хел буданд? Бепарво Мисли «То омадани табар кунда меосояад.»


Ҳастӣ 6:8 –«илтифот» чӣ маънӣ дорад?- таваҷҷӯҳ, меҳрубонӣ, файз

Файз ин баракати Худо аст, ки мо сазовор нестем аммо Худо онро ба мо медиҳад.



Агар мо бо ягон чиз сазовор гардем, пас ин мукофот аст, на аз тарафи файзи Худо.

Ҳастӣ 6:22 – Нӯҳ имон дошт. «Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳй ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст.» (Ибриён 11:7)


  • Худо муқаддас ва нек аст.

  • Ғазаби Худро нишон дод

  • Аммо пур сабру тоқат буд


Ҳастӣ 7:1,16 – чӣ шуд?

Ҳастӣ 7:20-22 – Дили инсон чӣ хел аст?

Чӣ хел Оламро дигар шуд?

Ҳастӣ 11:1-9 – Намунаи Халк - Бино кардани бурҷ


  • Оё одамон ба амали худашон ба пеши Худо расида метавонанд?

  • Онҳо бо чӣ мақсад доранд дар вақте, ки «сараш дар осмон аст» (11:4) мегӯяд. Ин амали худ мисли Худо шуданӣ буданд

  • «мабодо бар рӯи тамоми замин пароканда шавем.» ин зидди кадом фармони Худо аст? (Ҳастӣ 1:28; 9:1,7)

  • Ин нишон медиҳад, ки наҷот ба қобилияти одам вобаста нест.

  • Наҷот бо имон вобаста аст.

  • Кори савоб --- ин аломати наҷот аст.

  • Бо амали худ ба назди Худо рафтан амри маҳол аст.



Ҳастӣ 15:1-8 - Намунаи Иброҳим


  • «Одил ҳисоб карда шуд.» Ин чист?

  1. Дар он вақт Иброҳим чӣ амале кард? бе амали Иброҳим имон овард.

  2. Чӣ хел Иброҳим адолат ҳисоб карда шуд?

  3. Иброҳим бешариат зиндагӣ кард аммо ба назди Худо омад.

  4. Он вақт хатна набуд. (набуридагӣ буд).


Ҳастӣ 17:9-11 - Намунаи Хатна
  • Мақсади хатна чӣ аст? Хатна аломати аҳди Худо буд. Аммо аҳд бо Худо бо имон буд.

  • Наҷот қобилияти Худованд аст.

  • Худо барои наҷот қодир аст --- одамизод қодир нест.

  • Кори савоб гуноҳро тоза намекунад.


Хонед: Ишаъё 64:6 «Оё метавонем наҷот ёбем? Ва Ҳамаамон мисле палиде гардилдаем, ва тамоми адолати мо мисли либоси чиркин аст; ва ҳамаамон мисли барг пажмурда шудаем, ва гуноҳҳоямон мисли боде моро бардошта мебарад.» (саҳ. 1077)


Ин оятҳо чӣ маънӣ дорад?


    • Эфсӯсиён 2:8-10

    • Румиён 3:20

    • Юҳанно 6:28-29


 


Дарси 8 – Барраи Худо


Ваъдаи Худо – Ҳастӣ 12:1-3; 17:3-7,15-22

  • Худо чӣро ваъда кард?

  • «аҳди ҷовидонӣ бошад» (17:19)


Баракати Исмоил – 17:20

  • Модараш Ҳоҷар буд. Ӯ канизи Иброҳим буд.

  • Исмоил – писари ғайри қонунӣ буд.

  • 21:20-21 – калон шуд ва зан гирифт.


Ҳастӣ 17:20-21 - ваъдаи Худо ба василаи кӣ меояд?


Дар бораи писари Иброҳим, дар воқеа Исҳоқ аст:


«Пас ӯро ба писаре бурдбор мужда додем.» (Сураи саффот 37:101

«Эй писаракам, дар хоб дидаам, ки туро забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ» гуфт: «Эй падар ба ҳар чӯ маъмур шудаӣ, амал кун, ки агар Худо бехонад, маро аз собирон хоҳӣ ёфт». (Сураи саффот 37:102) «Ӯро ба Исҳоқ – паёмбаре шоиста мужда додем. Ӯ ва Исҳоқро баракат додем.» (Сураи саффот 37:112-113)



 

Таваллуди Исҳоқ

Ҳастӣ 18:9-15; 21:1-7

 

Иброҳим дӯсти Худо буд «Халилуллоҳ»

3 бор дар Библия – Яъқуб 2:23, Ишаъё 41:8, (2) Вақоеънома 20:7 -«Ва он Навишта иҷро шуд, ки мегӯяд: Иброҳим ва Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, ва ӯ дӯсти Худо номида шуд.»


Барои чӣ Иброҳим сазовори номи дӯсти Худо гашт?

    • Иброҳим имони кӯр-кӯрона надошт!

    • Мо медонем, ки саг ба устодаш итоат мекунад; ва ӯ мегӯяд, «шин!» мешинад, «рав» меравад. Ин саг итоат кор аст, вале мо наметавонем, гӯем ки ин амали ӯ аз рӯи имон аст. Ин танҳо итоаткорӣ аст.

    • Имони Иброҳим бо Худо наздик буд. Ин роҳи дӯст ва муҳаббат ба Худо аст. Ин роҳ на аз рӯи тарс аз ҷазои Худо, на аз барои мукофот аст. Аммо аз рӯи имон ва робитаи комил аст.


 

Ҳастӣ 22:1-3

Чӣ хел инсонро қурбонӣ кардан мумкин аст?

Аз Таврот – ин мумкин нест (Такрори Шариат 12:31)


Оё Худо ваъдашро дигар кард? Ё ба ваъдаашро вафо кард?


Хонед: Ҳастӣ 22:4-18

Худо амин ва вафодор аст. Ӯ ҳамеша ваъдаашро иҷро мекунад.

Вақте ки касе писарашро баҳри Худо қурбонӣ мекунад, ӯ қиматтарин чизашро ё касеро қурбонӣ мекунад. Худо ҳама чизро офарид вале ин қиммат нест, чунки ҳама чизро аз ҳеҷ чиз офарид. Қимматтарин чизе, ки ба мо дод ин фарзанди Ӯст.

Қурбонӣ кардани Иброҳим ин пардохти калонтарини вай буд. Ва бо ин Худо нишон дод, ки дар оянда вай писари Худашро қурбон мекунад. (Ғалатиён 3:6-9)


Ибриён 11:11-19


«Писари Ягона» - Ин чӣ маънӣ дорад? Писари эрка, бемонданд.

Ҳаёти Исҳоқ – ин инъикоси наҷотдиҳии Худо аст.

  1. Таваллуди ӯ ғайри одди буд.

  2. Падараш ӯро қурбонӣ кардани буд, Худо гусфанде фиристод ва ӯро наҷот дод, мисли ки эҳё кард.

  3. Баракати Худо насиби насли Исҳоқ гашт.

  4. Худо писари Иброҳимро эҳтиёт кард аммо писари Худашро эҳтиёт накард--- қурбонӣ кард.

 

Оятҳои дигар дар бораи қурбонӣ:

  • Хуруҷ 13:11-16

  • Юҳанно 4:9-10

  • (1) Петрус 1:18-21

  • Ваҳй 5

Дарси 9 – Шариат


Одам ---- баъди 20 насл- Иброҳим омад

Писараш – Исҳоқ – Яъқуб

Писарҳои Яъқуб – Яҳудо ва Юсуф (1846 п.м.)

Баъди 400 сол

Мусо – 1526 пеш аз милод таваллуд шуд.

Хуруҷ- соли 1446 пеш аз милод


Шариат чӣ аст? – Яъқуб 2:10-11 «Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валенкин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад. Зеро Он ки �зино накун� гуфтааст, �қатл накун� ҳам гуфтааст; бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале қатл кунӣ, -- ба шариат хато кардаӣ.»


«Мабош дар паи озору ҳар чӣ хоҳи кун;

ки дар шариати мо ғаир аз ин гуноҳе нест.» (Ҳофиз)


Мақсади шариат чист?

  • Агар як қонунро шиканем, мо ҳамаи шариатро мешиканем.

  • Агар касе як қонунро шиканад, ӯ айбдори шикастани ҳамаи қонун мешавад.

  • Шариат итоати ҳамаи қонунро маҷбур мекунад.

  • Пас кӣ метавонад ҳамаи шариат иҷро кунад?


Фикри инсон ин аст ки як гуноҳ баробари як кори савоб аст. Аммо мо медонем, ки як гуноҳ вазмин аст. Чанд бор ҳазарати Одам гуноҳ кард, ки Худо ӯро аз боғи Адан пеш кард?

Агар зери шариат мемонад - Ба ҳамаи шариат, ҳама вақт итоат кардан лозим







Чанд қонунҳо дар шариат аст? Дар Тавроти Мусо – 613 қонунҳо ҳаст. Кӣ метавонад ҳамаашро итоат кунад?

Ҳозир мо фақат ба 10 шариат нигоҳ мекунем. Оё мо метавонем ҳамаи ин 10 шариатро итоат кунем?


  1. Амри якум- «Туро худоёни дигар, ҷуз Ман, набояд бошад.» Хуруҷ 20:3 –

  • Фақат Худоро парастиш кунем�

  • Фақат Худованд дар ҷой якум бошад!

  • Агар чизи дигар дар ҷой якум бошад, масалон олаи шумо, пулу мол, кор ё обрӯи шумо; ин шикастани амри Худо мебошад.

  • Аммо кӣ аз мо ҳаррӯз, ҳама вақт дар ҷои якум Худоро мегузорад?

  • Ё кӣ аз мо ҳама вақт ба каломи Худо гӯш мекунад?

  • Худо ҳукмрон аст

  1. Амри дуюм (20:4-6) «фақат Худоро саҷда ва ибодат кун.»

  • Фақат Худо бузург аст.

  • Фақат ба Худо дуо кунем. Оё одамон ба чизи дигар аз Худо дуо мекунанд?

  • Худо ягона аст


  1. Амри сеюм (20:7) «Исми Худованд� беҳуда ба забон нагир.»

  • Оё мо номи Худоро беҳуда мегуем?

  • «ба Худо» ва «Худо занад»- оё ин беҳуда нест?

  • Худо муқаддас аст.

  1. Амри чорум (20:8-11) «рӯзи ҳафтум шанбе»

  • Оё мо рӯзи истироҳатро иҷро мекунем?

  • Худо тартиб аст.

  1. Амри панҷум (20:12) -«падари худ ва модари худро иззат намо»

  • Оё мо ҳама вақт падар ва модари худро иззат мекунем?

  • Худо нигаҳбон аст

  1. Амри шашум (20:13) «Қатл накун»

  • Матто 5:21-22- фармони Исо

  • Худо андешаи моро медонад.

  • Худо зинда аст

  1. Амри ҳафтум (20:14) «Зино накун»

  • Матто 5:27-28

  • Худо Муқаддас аст.


  1. Амри Ҳаштум (20:15) «Дуздӣ накун»

  • Худо одил ва инсоф аст.


  1. Амри Нӯҳум (20:16) «шаҳодати дурӯғ надеҳ»

  • Оё мо ҳама вақт рост гап мезанем?

  • Оё дурӯғи сафед мумкин аст?

  • Худо Ҳақ ва вафодор аст.


  1. Амри Даҳум (20:17) «тамаъ накун»

  • Чашмгурусначӣ накун

  • Худо худдорӣ аст.

  • Кӣ чашмгурусначӣ ҳеҷ вақт накардааст?

  • Ҳам ин амри Худо бо дили мо пайваст аст.


Ақидае ҳаст ки касе шариатро риоя мекунад, мукофоти ӯ дар рӯзи доворӣ ҳаёти ҷовидонӣ аст. Аммо бо ин ақидаи шариат гуноҳ сафед намешавад. Ҳеҷ вақт шариат гуноҳро сафед намекунад, вале шариат нишон медиҳад ки гуноҳ чӣ аст. Мақсади асосии шариат ин аст, ки мо медонем гуноҳ чӣ аст. Мақсад ин нест, ки сафед шавем ё гуноҳамон шуста гардад.


Оятҳо:

  • Румиён 3:19-20 (сф. 302)

  • Румиён 4:15; 7:7-8

  • Ғалотиён 2:16 (сф 364)

  • Эфсӯсиён 2:8-10



Дарси 10 – Пешгӯии наҷотдиҳанда



Қоидаҳои асосӣ:

  • Музди гуноҳ, марг аст – Ҳастӣ 2:17

  • Ҳама гуноҳкоранд – Ҳастӣ 6:5

  • Барои наҷот, фақат Худо қодир аст, на одам. Ҳастӣ 3:7, 21

  • Берехтани хун, омурзиш нест. Бо рехтани хуни ҳақ омурзиш ҳаст. Ҳастӣ 3:21, Ибодат 17:11

  • Фақат бо имон, на бо кори савоб робита бо Худо мумкин аст. Ҳастӣ 15:6



  • Кори савоб, меваи имон аст, на решаи имон.

  • Мақсади шариат ин аст, ки донастани гуноҳ.

  • Шариат гуноҳро шуста намешавад.

  • Худо ваъда мекунад, ки наҷотдиҳанда меояд.



Ҳастӣ 3:14-15-

«дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту (оянда) ва насли вай (Масеҳ аз зан таваллуд мешавад) душманӣ меандозам»


«вай (касе оянда аз зан таваллуд мешавад) сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт.»



Наҷотдиҳанда ки аст?


  1. Аз сибти Яҳудо – Ҳастӣ 49:8-9

Иҷроаш - Матто 1:1-3, 16


  1. Подшоҳи ва Писари Худо – (2) Подшоҳон 7:12-17 (саҳ. 473)

  • Иҷро – Луқо 1:35


  1. Аз боқира таваллуд мешавад – Ишаъё 7:14; 9:6-7 (саҳ. 994)

  • Иҷро - Матто 1:20-23


  1. Дар Байт-Лаҳм таваллуд мешавад – Мико 5:2 (саҳ. 1341)

  • Иҷро - Матто 2:1-12


  1. Бар салиб меравад – Забур 21:15-19

  • Иҷро - Матто 27:35-38


  1. Эҳё мешавад – Забур 15:8-10

  • Иҷро – Луқо 24:36-48


  1. Одамизодро наҷот медиҳад – Ишаъё 53




<< Башорат