Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Худо шиносӣ

Download
 

Назаре Худо шиносӣ



«Худовандо! Маро тафтиш намудаӣ, ва мешиносӣ.

Ту шинухези маро медонӣ;

Андешаҳои маро аз дур мефаҳмӣ.

Атвор ва кирдори маро санҷидаӣ,

Ва ҳамаи роҳҳоям ба Ту маълум аст.

Калимае ҳанӯз бар забонам нест,

Ки Ту, эй Ходванд, онро ба куллӣ медонӣ.

Аз қафо ва аз пеш маро фаро гирифтаӣ.

Ин аҷаб муаммост, ки аз донистанаш оҷизам:

Чунон баланд аст, ки онро фаҳмида наметавонам.»

Забур 138:1-6


Худо кӣ аст? Оё мо метавонем Ӯро шинохта шавад? Худо моро мешиносад аммо чанд қадар мо метавонем Ӯро мешиносад? Донистани Худо баланд аст ва фаҳмидаи комил мо наметавонем.

«Ва марди Худо назди Элӣ омада, ба ӯ гуфт: �Худованд чунин мегӯяд: «Оё Ман бар хонадони падарат, вақте ки онҳо дар Миср, дар хонаи фиръвн буданд, Худро зоҳир насохтам?»�» (1) Подшоҳон 2:27. Дар Китоби Муқаддас Худо ба имондорон Худаш зоҳир ё ошкор менамуд. Мо 100% Худоро шинохтан наметавонем аммо дар вақте ки мо Каломи Худо мехонем, мо дар бораи Худаш ва хислаташ мефаҳмем.

Худо шиносӣ чӣ аст? Бо забони Рӯсӣ, «Теология» мегӯяд. Ин калима аз юнонӣ аст. «Теос» бо забонӣ юнонӣ «Худо» аст ва калимаи «логос» дар юнонӣ маънӣ «Калом, илм» аст. Ин илми Худо. Бо забонӣ Тоҷӣкӣ «Илоҳият» мегӯяд. Ин калима аз Илоҳӣ омадаст. Ҳам ин калима аз забонӣ ибрӣ наздик аст, чункӣ «Ил» ин номи Худо аст. Барои фаҳмидани имондорон, мо мегӯяд ки ин мавзуъ «Худо шиносӣ» аст.



Оё мо Худоро шинохта тавонем?

Дар ҷамияти мо фикри гуногун аст. Баъзе мегӯяд ки мо наметавонем Худоро мешиносем. Як рӯз бо ҳам шаҳри ман гуфту гӯ будам ва ман савол мондам, Оё Худо Рӯҳ аст? Ин рафик гуфт, «Ман намедонам, оё Худо Рӯҳ аст ё Рӯҳ нест. Ман намедонам.» Ин натиҷаи ин сухан ин аст ки ӯ Худоро нашинохтааст. Чизҳое ки Худо дар бораи Худаш ошкор кард, мо метавонем бефахр карда мешиносад.

Дар Ислом, фақат номҳои Худоро медонанд, аммо ин номҳо амали Худоро нишон медиҳад - на хислаташ. Дар Ислом Ӯро шинохта наметавонанд. Ал-Ғазалӣ, Илоҳиятчии Исломӣ ва сӯфии машҳур навишта:

«Натиҷаи орифӣ1 ва донишманд будан ин аст, ки одамӣ қобилияти шинохтани Худоро пайдо карда наметавонанд ва ин ҳақ аст, ки Ӯро нашинохтанд ва комилан шинохтани Ӯ ғайриимкон аст.» (Ал- Ғазалӣ)2

Ӯ се чиз дар бораи шинохтани Худо мегӯяд.

  1. «Донишманд қобилияти шинохтани Худоро пайдо карда наметавонанд.»

  2. Онҳо Худоро нашинохтанд.

  3. Онҳо тамоман шинохтани Худо имконият надоранд. Ин ғайриимкон аст.

Албатта Ал-Ғазалӣ дар бораи худаш ва донишманди дар дини Ислом нақл мекунад. Хулосаи ин мавзуъ дар Ислом ин аст, ки Худоро шинохтан наметавонанд.


Вале дар Масеҳият, ақидаи дигар аст. Як рӯз фарисиён ба Исои Масеҳ мепурсанд:

«Ба Ӯ гуфтанд: �Падари Ту куҷост?� Исо ҷавоб дод: �Шумо на Маро мешиносед ва на Падари Маро; агар Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед.�» Юҳанно 8:19

Мо метавонем Худоро шиносем дар вақте ки ба Исои Масеҳ имон овардем. Ҳам ҷои дигар Каломи Худо мегӯяд: «Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир кард.» Юҳанно 1:18 Мо дар Исои Худованд дар бораи Худо мебинем ва аз Ӯ Худоро ошкор аст.

Ҳам Ирмиё набӣ пешгӯӣ кард:

«Чунин аҳде Ман бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, - мегъяд Худованд: - шариати Худро дар ботини онҳо ҷойгир хоҳам кард, ва онро бар дили онҳо хоҳам навишт, ва ман Худои онҳо хоҳам буд ва онҳо қавми ман хоҳанд буд, ва касе ба ёри худ ва касе ба бародари худ дигар таълим дода нахоҳад гуфт: �Худованро бишносед�, зеро ки ҳамаашон, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт, - мегӯяд Худованд, - чунки Ман маъсияти онҳоро хоҳам омурзид ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард.» Ирмиё набӣ 31:33-34

Ҳозир дар Аҳди Нав (Инҷил), ин пешгӯӣ иҷро шудааст. Мо ба ҳам дигар мегӯем, «Худовандро бишносед!» Ин баракати азим аст барои имондорон.



Аммо ҳеҷ кас наметавонад гӯяд, ки «ҳамаи чизро дар барои Худо медонад» Агар мо ҳама чиз дар бораи хислати Худо медонем, пас мо Худоро шудаем. Мо дар Исои Масеҳ, Худоро мешиносем аммо сад фоиз не! Китоби Муқаддас мегӯяд:

«Чизҳои ниҳонӣ аз они Худованд Худои мост,

ва чизҳои ошкор то абад аз они мо ва фарзандони мост,

то ки ҳамаи суханони ин шариатро ба амал оварем.»

Такрори Шариат 29:29

Баъзе чизҳо пинҳон аст аммо баъзе чизҳои дигар кушода аст. Дар барои Худованд ақли одамӣ намерасад. Мо бо фуртани ва бо шукр гузорӣ шинохтани Худо қабул мекунем.

Ҳам шоири тоҷикӣ дар бораи ин мавзуъ инҳом буд.


«Онҳо, ки ба ҳикмат дури маънӣ суфтанд,

Дар зоти Худованд суханҳо гуфтанд.

Сарриштаи3 асрор надонист касе,

Аввал занахе хаданду охир хуфтанд.» Хайём


«Онҳо, ки хулосаи ҷаҳон эшонанд,

Бар авҷи фалак буроқи фикрат ронанд.

Дар маърифати зоти ту монанди фалак,

Саргаштаву сарнагуну саргардонанд.» Хайём

Хайём нишон медиҳад, ки одамизод бо пуррагӣ Худоро наметавонад дарк кунанд.


Хулоса Худоро шинохта тавонем

1. Ҳақиқати оддитарин маънии баланд дорад. Албатта мо камтарак чизҳои ҳақиқӣ мефаҳмем.

  1. Агар чӣ дониши зиёд дар бораи илоҳият дошта бошем ҳам, дар бораи хислати Худо бисёр чизҳо пушида мемонад, ки мо фаҳмида наметавонем

  2. Мо Худовандро фаҳмида метавонем аммо то охир не.


«Зеро ки фикрҳои Ман фикрҳои шумо нест,

ва роҳҳои шумо роҳҳои Ман нест,

мегӯяд Худованд. Зеро, чунон ки осмон аз замин баланд аст,

ончунон роҳҳои Ман аз роҳҳои шумо.»

Ишаъё 55:8-9



Барои чӣ Худо шиносӣ мехонем?

«Ту худро маҳв кун дар зоти Яздон,

Худо бину Худо хону Худо дон.»

Носири Хусрав


«Файз ва осоиштагӣ дар шинохтани Худо ва Исои Худованди мо бар шумо фаровон бод. Азбаски қуввати илоҳии Ӯ ҳамаи чизҳои барои ҳаёт ва парҳезгорӣ зарурро ба мо бахшидааст, ба воситаи шинохтани Ӯ, ки моро бо ҷалол ва камоли Худ даъват намудааст, ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузург ва гаронбаҳо дода шудааст, то ки шумо ба воситаи онҳо шарики табиати илоҳӣ гардида, аз фасоди шаҳват, ки дар ҷаҳон ҳукмфармост, дур шавед.» (2) Петрус 1:2-4

Худое, ки мо шинохтем ба мо ҳамаи чизҳои барои ҳаёт ва парҳезгориро дода моро шарики илоҳии Худ кардааст. Ҳамаи чизҳои ба воситаи чи аст? Ин воситаи шинохтани Худо бошад. Агар Худо нашинохтаст бинобарин чизҳои зиндаги, ки парҳезгорӣ аст наметавонад. Дар вақте ки мо Исои Худованд имон овардем, мо «шарики тавиати илоҳӣ» шудем, ҳам аз чизҳои вайрони нафсони озод мешавем.

Барои чӣ Худо шиносӣ мехонем, чункӣ ин баракат ва қуввати зиндаги ба мо мегардад. Ҳам ҳаёти ҷовидонии имондорон ин аст ки мо Худоро мешиносем. «Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягнаи ҳақиқӣ ҳастӣ ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносандЮҳанно 17:3

Сабаби дуюм, дар вақте ки мо Худоро мешиносем, мо Худоро парастиш кунем. Парастиши Худои азизи мо дар Китоби Муқаддас аз Ҳазарати Иброҳим нишон медиҳад то оянда дар ҳузури Худо нишон медиҳад. «Иброҳим ба ғуломбачагони худ гуфт: - Шумо дар ин ҷо бо ҳар бимонед; ва ман бо писар ба он ҷо рафта, ибодат мекунем, ва назди шумо бармегардем.» (Ҳастӣ 22:5) «Ва дар осмон аломати дигаре дидам,�. Ва суруди Мусои бандаи Худо ва суруди Барраро хонда, мегӯянд:

Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту,

Эй Худованд Худои Қодири Мутлақ!

Ҳақ асту рост роҳҳои Ту, эй Подшоҳи муқаддасон!

Кист, ки аз Ту, эй Худованд,

Натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад?

Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ.

Ҳамаи халқҳо омада,

Дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард,

Зеро ки довариҳои одилонаи Ту зоҳир шудааст.»

Ваҳй 15:1,3-4


Аввал гавҳари Худо ё моҳияти Худо нигоҳ карда даркор аст. Моҳияти Худо ин аст ки чизҳои асосии Ӯст. Китоби Муқаддас дар бораи моҳияти Худо, ин хел мегӯяд: «Зеро ки моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд.» Румиён 1:20. Дар рӯзи довари, хислати Худо ки дар офаридаҳояш нишон медиҳад, ба одамон хулоса меоварад, ки «онҳо ҳеҷ узре надоранд» Барои ин мо бояд моҳияти Худо фаҳмем ва Ӯро парастиш кунем.

Табиати Худо чӣ хел аст???? Моҳияти Худо нишон медиҳад дар вақте ки мо мегӯяд ки Худо азал, рӯҳ, худвуҷудият, ва бузург ҳаст. Зотҳои табиатӣ ин аст, ки Худо азал, Рӯҳ, шахсият ва худвуҷудият аст. Зотҳои Худо ду тараф дорад. Ин хислат ки табиати Ӯ бо Худ нишон медиҳад, ва тарафи дигар ин аст ки зотҳои ахлоқӣ, дар он вақт ки хислати Ӯ нисбати одамизод нишон медиҳад. Мисли муқаддас, адолат, муҳаббат ва ҳақи Ӯ.


Худо Азал аст

«Ту будӣ аввалу охир ту бошӣ,

Ту беҳ кун охирам аз аввалинам.» Ҷалолидин Румӣ


Худо азал аст. Ӯ нисбат ба вақт беҳад аст. Ӯ беохир аст, азалӣ ва то абад аст. Худо аввалу охир надорад. «Ту, охир, аз азал вуҷуд дорӣ, эй Худованд Худои ман, эй Қуддуси ман!» Ҳабаққуқ 1:12

«Пеш аз он ки кӯҳҳо таваллуд ёбад, ва замин ва дунё самар оваранд, аз азал то абад Ту вуҷуд дорӣ, эй Худо.» Забур 89:2

Худо болотар аз вақт аст. Ӯ аз вақт озод аст -- Ӯ бандаи вақт, мисли одамизод нест. Одамизод бо вақт банд аст ва ҳама чиз наметавонад амал кунад. Вале Худо сарусема нест ва намегӯяд, ки вақт надорад. Барои ин ки Худо азал аст, Ӯ муаллифи вақт ва ҳукмронии вақт аст.


«Зеро Ӯ, ки Олӣ ва баланд аст, ва дар абадият Сокин мебошад, ва исмаш Қуддус аст.» Ишаъё 57:15


«Дар он ҷо исми Худованд Худои Ҷовидонӣро хонд.» Ҳастӣ 21:33


«Ба Подшоҳи ҷовид, ба Худои ғайрифонӣ, нонамоён ва якто то абад шавкат ва ҷалол бод. Омин.» (1) Тимотиюс 1:17

Хулоса, Худо мисли мо нест, чунки Ӯ аз азал ва ҳам вақт барои шумо дорад. Худо ташвиш намекунад, ки вақт намерасонад. Пас насиҳати Довуд ба мо ин аст: «Ба Худованд умедвор бош, матин (устувор) бош, ва дилат қавӣ хоҳад шуд; ба Худованд умедвор бош.» Забур 26:14




Худо Рӯҳ аст

«Худо рӯҳ аст, ва онҳое ки Ӯро парастиш мекунанд,

бояд ба рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд.»

Юҳанно 4:24

Оё Худо рӯҳ аст ё не? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо Рӯҳ аст. Худо наметавонад фақат ҷой гирифта шавад, чун Ӯ рӯҳ аст. Худо рӯҳи нонамоён, зинда ва шахси аст.

Рӯҳи Нонамоён аст - Худо нонамоёну нопадид аст, яъне Ӯро намебинем. «Ба Подшоҳи ҷовид, ба Худои ғайрифонӣ, нонамоён ва якто то абад шавкат ва ҷалол бод. Омин.» (1) Ба Тимотиюс 1:17 Мусои набӣ ин хел дар бораи Худо нақл мекунад: «Пас, ҷонҳои худро бағоят эҳтиёт кунед, зеро дар рӯзе ки Худованд ба шумо дар Ҳӯриб аз миёни оташ сухан ронад, ҳеҷ сурате надидед.» Такрори Шариат 4:15 Худо рӯҳ аст, на сурате. Дар аҳкоми дуюм, ин аст ки «сурат насоз» Хуруҷ 20:4, чунки Худо рӯҳ аст ва на сурат аст.

Пас Худо метавонад ҳама вуҷуд бошад ва дуои мо гӯш кунад. Дар вақте ки Каломи Худо мегӯяд, ки Худо сурат нест. Ин маъни ки Худо рӯҳ аст, на ҷисм. Вале, «Ва Худо одамро ба сурати Худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид.» Ҳастӣ 1:27. Ин оят дар бораи сурати рӯҳонӣ нишон медиҳад. Одамизод фақият аз ҳайвонот ҳастанд, чунки одамизод бо сурати Худо офаридааст. Худо офаридагор аст ва одамизод метавонад чизҳо офарид. Худо рӯҳ аст ва ҳам инсон рӯҳ дорад. Худо амал мекунад ва интихоб карда метавонад, ҳам одамизод интохоб карда метавонад.

Аммо дар Китоби Муқаддас, Худо намунаи бадан дорад. Ӯ дастҳо (Ишаъё 65:2), по (Забур 8:7), чашм (3) Подшоҳон 8:29; (2) Вақоеънома 16:9, ва гӯш (Наҳемьё 1:6; Забур 33:16)-ро дорад. Ин намунаҳо маънӣ надорад, ки Худо бадан дорад, вале ин нишон медиҳад чӣ хел Худо кор мекунад. Билим М. Миллер дар бораи ин гӯфт:

«Аммо баъзан, вақте ки мо дар бораи дастон, чашмон ё дили Худо гап мезанем, маънои рӯҳии онро дар назар дорем. Агарчи ба баланд ва мӯҳташам4 будани Худо нигоҳ накарда, мо боварӣ дорем, ки Ӯ ба мо наздик аст. Барои ҳамин мо мегӯем, ки Ӯ бо чашмонаш моро мебинад, бо дастонаш моро ҳимоят мекунад ва бо дилаш моро дӯст медорад.»5






Рӯҳи Ҳай

«Зеро, ҳамчунон ки Падар дар Худ ҳаёт дорад,

ба Писар низ ончунон ато кардааст,

ки дар Худ ҳаёт дошта бошад.»

Юҳанно 5:26


Худо зинда аст. Худо амал мекунад. Ӯ рӯҳи беамал нест.

Худо дар худ ҳаёт дошт ва Ӯ офаридагор аст ва зинда аст. Каломи Худо эътироф мекунад дар Еҳушаъ 3:10 – «Еҳушаъ гуфт: �Ба ин хоҳед донист, ки Худои Ҳай дар миёни шумост.�»

«Ҷонам иштиёқманд ва беҳол аст барои саҳнҳои6 Худованд; дилам ва ҷисмам сӯи Худои Ҳай тараннум менамоянд.» Забур 83:3

«Шимъӯни Петрус ҷавоб дода гуфт: �Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ.�» Матто 16:16

Худои Ҳай, ин номи Худо ва ин нишон дорад, ки Худо ҳаётро дорад яъне эҳсос, қудрат ва амалро идора дорад. Ҳам Ӯ сарчашмаи ҳамаи чизҳои зинда. Ин суруди парастиш ин аст ки Худо�

«Чашмаи ҳаёт, Ороми чон,

Меҳри бепоён, нури тобон.

Рӯзу шаб кунам гиря фигон,

Бишнав дуоям бош нигаҳбон.»

(аз Забур 35:10)

Барои ин ки Худо зинда аст, ин се чиз нишон медиҳад:

  1. Ин нишон медиҳад ки бутҳо зинда нестанд, фақат Худоро парастиш карда мумкин аст. – Аъмол 14:15; (1) Ба Таслӯникиён 1:9

  2. Ӯ одамизодро мебинад, гӯш карда истодаст ва муҳаббат мекунад.

  3. Агар зинда аст, Ӯ метавонад амал кунад. Худо аз ин дунё ҷудоӣ нест, вале Ӯ бо ташаббус дар ин дунё кор карда истодааст.


Худои Ҳай – яъне Офаридгор аст

«Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

В-аз нав фалаки наве чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил гашмӣ осон.» (Хайём)



«Худоё, арзу тӯли оламатро тавонӣ дар дили мӯре кашидан,

На вусъат7 дар даруни мӯр орӣ, на аз олам сари мӯе буридан.

Ӯмуми кӯҳи байни шарқу мағриб, тавонӣ дар садаф ҷамъ оваридан,

Ту битвонӣ, ки дар як тарфат-ул-айн замину осмоне офаридан.»

(Н. Хисрав)


Рӯҳи шахсӣ

Худо чӣ хел рӯҳ аст? Оё Худо рӯҳи шахсӣ ё рӯҳи ғайршахсӣ аст? Ин фикри хатогӣ аст, ки Худо фақат як қувваи рӯҳонӣ аст ё рӯҳи бо таъсири хуб аст, яъне рӯҳи ғайршахсӣ аст. Худо рӯҳи шахсӣ аст. Худо ақл ва фаҳм дорад.

Дар Ҳастӣ 1:2 мегӯяд, ки Рӯҳи Худо�.. Ҳастӣ 6:3�..

Забур 138:7�Ишаъё 11:3�



Рӯҳи шахсӣ аст

Ақл – фаҳм дорад –

  • Хуруҷ 3:7 - «Худованд гуфт: �мазаллати (хори) қавми Худро дар Миср дидам, ва фиғони (фарьёди) онҳоро аз дасти зулмкунандагонашон шунидам, ва тавре ки дарду озори онҳоро медонам.�» Худо барои одамизод ғамхорӣ мекунад.

  • Забур 102:14 - «Зеро ки Ӯ сиришти (вуҷуд овардани) моро медонад: дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем.»

  • Ӯ бо одамизод таваҷҷуҳ мекунад. Ӯ диққат аст.

  • «Ислом бо ақидаи беробитаи ягонагии Худо пайваст карда, инро саранҷом ба сахтгирии равиши қонунӣ мебарад.» (Имод Н. Шаҳадеҳ)8

  • «Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: �Инак, ҳаймаи Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд.�» Ваҳй 21:3


Хулоса:

  1. Бо рӯҳ Ӯро парастиш кунем, чунки Худо рӯҳ аст. (Юҳанно 4:24)

  2. Ӯ ҷӯёи мо ҳаст. Ҳастӣ 3:9 - «Худованд Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: �Куҷоӣ ту?�»

  3. Худо Рӯҳ аст ва ӯро бо сурат насозед.

  4. Худо шахсият аст ва мо шахсият ҳастем, пас бо ҳамдигар суҳбат карда мешавад ва робита карда мешавад.


Худвуҷудият

«Ба яқин воҷибулвуҷуд якест.

Ҳар чӣ дар ваҳму хотир ояд, нест.

Моликулмулк, подшоҳи баҳақ

Муншии нафсу фоили мутлақ.»

Саноӣ

Шоири тоҷикӣ комил мефаҳмад ки Худо худвуҷудият аст. Ҳам бо забони тоҷикӣ, номи Худо -«Худо» аст. Ин ном аз куҷо омад? Ин ном, ҷамъ ду калима - «худ» ва «овардан». То ки «Худ» «О!» нишон медиҳад. Ин маъни аст, ки ба худаш овардаст. Худо бесабаб ва беасос аст. Он, ки дар вуҷуди Ӯ ба зоти Худи Ӯ вобаста аст. Китоби Муқаддас мегӯяд дар Хуруҷ 3:14 – Худо ба Мусо гуфт: «Ман Воҷибулвуҷуд ҳастам» Ва гуфт: «ба банӣ-Исроил чунин бигӯ: �Воҷибулвуҷуд маро назди шумо фиристод.�» Сарчашмаи хислати худаш дар вуҷуди худаш аст. Худо ба ҳеҷ чиз берун аз Худаш такя намекунад.

«Зеро, ҳамчунон ки Падар дар Худ ҳаёт дорад,

ба Писар низ он чунон ато кардааст,

ки дар Худ ҳаёт дошта бошад.»

Юҳанно 5:26

Худо Бузург- «Азза ва ҷалла» (бузургу олӣ)

«Магар ки ҷумла бимурданду низ шояд буд

Худои азза ваҷал ҷумларо биёмурзод.» Саноӣ

Худо бузург ва дар Ислом «азза ва ҷалла» мегӯяд. Худо Беҳад ва бепойн аст. Худо нисбат бо ҷой ё фазо беҳад аст. (3) Подшоҳон 8:27 - «Оё дар ҳақиқат Худо бар замин сокин хоҳад шуд? Охир, осмон ва фалакулафлок наметавонад Туро гунҷоиш9 диҳад, чӣ ҷои ин хонае ки ман бино кардаам!»

  • Забур 138:7-12 – Ин оятҳо дар бораи бузургии Худо чӣро нишон медиҳанд?

Бузурги Худо фаҳмида даркор аст, ки Ӯ болотар ва берун аз офариниш. Берун аз офаиниш маънӣ дорад ки Ӯ аз қунунҳои табиати замин орӣ ва болотар аст. Худо бартарӣ аст. Бузурги Худо нишон намедиҳад, ки Ӯ намехоҳад бо одамизод алоқамандӣ бошад. Вале нақшаи Худо ин буд ки Одам бо сурати Худо офарида буд то ки инсон бо Ӯ робита пайдо шавад. Худо беҳад аст ва ҳам бо хислаташ мувофиқ аст. Мисли Муҳаббаташ беҳад аст ҳикмат ва адолат аз они ӯст.


Хулоса

  1. Ӯро парастиш кардан даркор аст.

  2. Ин маънои онро надорад, ки Худо дур аст ва ғайришахсӣ аст. Худо наздик аст ва шахсият аст.

  3. Ин оят бузурги Худо ва шахсияти Вай нишон диҳад:

«Зеро ки Худо дар шумо,

бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ,

ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад.»

Филиппиён 2:13


Чӣ қадар Худо бузург ҳаст? Ӯ ивазимконнопазир, ҳамақудрат, ҳамадон ва ҳамавуҷуд аст.


Ивазнашаванда ва тағьирнопазир аст -

«Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло,

аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад,

ки дар Ӯ тағироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест.»

Яъқуб 1:17

Худоро шукр ки Худо мисли одамизод нест. Одам иваз мешавад аммо Худо иваз нашаванда аст. Ӯ иваз ё дигар намешавад. Худо як аст, ва таъғир намеёбад.

  1. Хислаташ иваз намешавад – Китоби Муқаддас мегӯяд - - «Зеро Ман, ки Худованд ҳастам, тағъир наёфтаам, ва аз ин рӯ шумо, эй банӣ-Яъқуб, несту нобуд нашудаед.» Малокӣ 3:6 Ҳам Забур 101:26-28

  2. Нақша ва мақсадҳояш иваз намешаванд – Забур 32:11 мегӯяд - «Машварати Худованд қоим аст то абад, андешаҳои дили Ӯ то абадуддаҳр.» Ҳам Ишаъё 46:10

  3. Ваъдаҳоаш иваз намешаванд - «Муборак аст Худованд, ки ба қавми Худ Исроил, мувофиқи ҳар каломи Худ, орамӣ бахшидааст! Аз тамоми каломи неке ки Ӯ ба воситаи бандаи Худ Мусо гуфта буд, як сухан ҳам зоеъ10 нарафтааст.» (3) Подшоҳон 8:56; Ҳам - (2) Қӯринтиён 1:20, Ададҳо 23:19.

  4. Эҳсонаш иваз намешавад - «Ва лекин эҳсони Худованд бар тарсгоронаш аз азал то абад аст.» Забур 102:17


Хулоса:

Ба Худо имон оварда мешавад, чунки қоидаи Ӯ иваз намешавад. Ӯ вафодор аст, чун хислаташ иваз намешавад. Ваъдааш ҳеҷ вақт шикаст нахӯрдаст. Ба Худо таваккал карда метавонем.



Оё Худо пушаймон мешавад?

«Худо одамизод нест, ки дуруғ бигӯяд, ва писари одам нест, ки аз ваъдаи худ пушаймон шавад.» Ададҳо 23:19

Аммо дар Ҳастӣ 6:6 мегӯяд: «Ва Худованд пушаймон шуд, ки одамизодро бар замин ба вуҷуд овард, ва дилаш маҳзун шуд.»

«Ва сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намоед; зеро ки Ӯ карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон аст, ва аз бадӣ пушаймон мешавад.» Юил 2:13

«Ва Худо аъмоли онҳоро дид, ки аз роҳи бади худ тавба кардаанд; ва Худо аз он офате ки гуфта буд ба онҳо бирасонад, пушаймон шуд, ва нарасонд.» Юнус 3:10

Аз ин оятҳо, пушаймонии Худо чӣ фарқият доранд? Оё Худо метавонад иваз шавад? Худо аз ваъдаҳо ва хислаташ пушаймон намешавад аммо нисбат ба одамизод дигар мешавад, дар вақте онҳо дур шуданд. Ҳам ин оятҳо шахсияти Худо нишон медиҳад. Дар вақте ки инсон зидди Худо мешавад, Худо ҷустӯҷии вай аст (Ҳастӣ 3:8-9).


Соҳибқудрат

«Умуми кӯҳи байни шарқу мағреб

Тавонӣ дар садаф ҷамъ оваридан.

Ту бивонӣ, ки дар як тарфат-ул-айн

Замину осмоне офаридан.» (Н. Хисрав)

Худо соҳибқудрат ва қодири мутлақ аст. Носири Хисрав қудрати Худоро дар «Мунозараи бо Худо»-и худ чунин тасвир кардааст, ки Ӯ фақат ба ҳама кор қудрат дорад. Ҳам дар Китоби Муқаддас нишон медиҳад ки Худо ҳама қудрат дорад. Худои Тавоно - ҳама чизро бунёд карда метавонад бо хислаташ мувофиқ аст ва қувваташ кам намешавад.

«Худо тавоно аст ва қуввати иҷро намудани ҳама корро дорад. Ӯ барои ин дунё нақша ва мақсаде дорад ва чизе монеъаи иҷро кардани он шуда наметавонад.»11

Мисоли надуруст баъзе вақт савол аст: «Худо метавонад, ки куҳе офарад, ки онро бардошта натавонад?» Ин савол надуруст аст. Худо наметавонад чизеро зидди хислати Худаш кунад. (2) Тимотиюс 2:13 мегӯяд, «Ӯ вафодор аст, зеро ки Худро инкор карда наметавонад.» Худо ба хислаташ инкор карда наметавонад. Ин мисол ин хел нишон медиҳад.

Худо ҳукмрон аст, Ӯ ҳукми пурра дорад. Ҳеҷ чизе дигар нашавад, ки берун аз ҳукмронии Ӯ бошад. «Бидон, ки барои Худо ҳеҷ чизи ғайримкон нест.» (Луко 1:37) «Инак, Ман – Худованд – Худои тамоми башар ҳастам; оё барои Ман чизи мушкиле ҳаст?» (Ирмиё 32:27) Қудрати Худо фақат кори некро анҷом медиҳад – чунки Ӯ муқаддас аст. Ҳеҷ кор ғайри хислати Худашро карда наметавонад. Ҳеҷ корро бе оқибат ё беохир намемонад. Ҳам, ҳеҷ кас нақшаи Ӯро вайрон карда наметавонад, чун Худо соҳибқудрат аст.


Хулоса:

  1. Мо метавонем ба Ӯ таваккал кунем, ин барои мо умед ва тасалло аст.

  2. Барои Худо ҳеҷ чизи мушкиле нест.

  3. Натарсед, чунки Худо ҳукмрон аст.


Ҳамадон


«Ва ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ӯ ниҳон (пинҳон) бошад,

балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст:

ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод.» Ибриён 4:13


Худо ҳамадон ва илми мутлақ аст, яъне ҳама чизро медонад, чун «ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст.» Худо чӣ медонад:

  • Тамоми осмонро мебинад – Айюб 28:24

  • «Дӯзах пеши назари Ӯ бараҳна аст, ва барои асфалуссофилин12 рӯпӯше нест.» Айюб 26:6

  • қалби одамизодро медонад – Аъмол 1:24

  • ҳама имкониятро дорад – Матто 11:21.

  • «Дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад.» (1) Юҳанно 3:20

  • Ӯ гузашта, имрӯза, ва ояндаро бо пуррагӣ медонад.

Фақат Худо ҳама чиз медонад, на одамизод ва на шайтон. Одам ва шайтон ҳад доранд аммо Худо беҳад, ва ҳама чиз медонад.


  • Падар, Писар ва Рӯҳи Худо ҳамдигарро комил мешиносанд. Матто 11:27, (1) Қӯр. 2:11.


Мушкилии қисмат

  • Пеш донистан ва қисмат инҳо мумкин як нестанд.

  • «Ҳалкунандаи инсон маълум (боис) намешавад барои он, ки қисмат аст (ё пешбин аст) вале онҳо пешбин аст барои он, ки онҳо иттифоқ меафтодад.» (Тиессон)13

  • Фарқияти «қисмат» ва «хости Худо» чӣ аст?

Ақидаи қисмат – шахсият нест ва мақсади маҷбурӣ аст.

Кувваи пешбин болотар аз шахсияти Худо ва инсон озод нест.

Хости Худо – мақсади меҳрбонӣ ва шахсият аст.

Худо шахсият аст ва инсони озод аст.


«Ба кор андар ҳама мардони коранд,

Арақ резанду қути14 халқ коранд.


Калиди ризқу қисмат сахт дар мушт,

Чароқи дилфирӯзӣ дар даҳ ангушт.


Ба дунё оқилона тухм киштанд

Ба уқбо15 дар гули боғи биҳиштанд.» Носири Хисрав


Носири Хисрав қисматро дар шеърҳояш эътироф, карда кори Худо будани қисматсозӣро боварӣ дорад.


ҲамавуҷудҲузури Мутлақ Худо дар ҳама вақт, ва ҳамаҷост. Ӯ нафақат дар ҳама ҷо аст, ҳам бо ҳама чиз ҷалб мебошад. Дар бораи ҳама чиз дар олами вуҷуд огоҳ мебошад.

(3) Подшоҳон 8:27 - «Оё дар ҳақиқат Худо бар замин сокин хоҳад шуд? Охир, осмон ва фалакулафлок наметавонад Туро гунҷоиш (ҷойгиршавӣ) диҳад, чӣ ҷои ин хонае ки ман бино кардаам!»

  • Ӯ метавонад дар ҳама вақт моро ёрӣ карда тавонад. Т. Шариат 4:7; Забур 45:2

  • Забур 138:7-10 – ҳам дар торикӣ вуҷуд дорад.

  • Ҳастӣ 16:13 – Ту Худои бинандаи ман. Ба Ҳоҷар зоҳир шуд.


Зоти Ахлоқи Худо ин аст, ки Худо муқаддас, ҳақ, муҳаббат, адолат, вафодор, ва раҳим аст.

Хулқаш нисбати одамизод ин аст ки адолат, вафодор ва раҳим аст.

Зоташ нисбати хислати худаш ин аст ки Муқаддас, ҳақ ва муҳаббат аз они ӯст.


Муқаддас– «ҷудо мондан» Худо аз офаридаҳо ҷудо аст ва ҳам аз ҳамаи бадиҳо ва гуноҳҳо ҷудо аст.

«Эй Худованди қоиму қуддус,

Мулки Ту ноқиёсу16 намаҳсус17

Қоимӣ худ ба худ қиёми18 ту нест,

Ба қиёме, ки ҳаст зидди ҷулус19

Саноӣ

  • Худо ба ҳама амалаш ва хоҳишаш комил ва пок аст.

  • Хоҳиши Худо аз зоти Ӯ бошад ва хоҳишаш муқаддас аст. Ҳама амалҳои Худо амали муқаддас аст, ва ҳамаи амалҳо аз муҳаббат намешаванд чунки ин чизҳо муқаддасии Ӯро маҳкум мекунад, муҳаббаташ онҳоро қабул карда наметавонад.

  • Ибодат 11:44-45 - «Зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ва шумо тақдис ёфта, муқаддас хоҳед буд, чунки Ман қуддус ҳастам; ва нафси худро бо ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, наҷис насозед. Зеро ки Ман Худованде ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои шумо бошам; пас шумо муқаддас бошед, зеро ки ман қуддус ҳастам.»

Тақдис, муқаддас, ва қуддус – онҳо «қ-д-с» дорад. «Қудс»ро ки решаи ин калимаҳо мебошанд ташкил медиҳанд.

Хуруҷ 26:33-34 – «аз қудси қудсҳо ҷудо хоҳад кард.»

Маъни онҳо:

Тақдис – Муқаддас шумурдан; ба покӣ нисбат додан.

Муқаддас – пок мебошад

Қуддус – поку покиза аз ҳар гуноҳ, номҳои Худо; (Ин фақат ду бор дар Қуръон пайдо мешавад.)


  • Еҳушаъ 24:19 - «Еҳушаъ ба қавм гуфт: Шумо наметавонед Худовандро ибодат намоед, зеро ки Ӯ Худои қуддус аст, ва Ӯ Худои ғайр (ношинос) аст, ки ба маъсиятҳо ва гуноҳҳои шумо тоқат нахоҳад кард.»

Худо Муқаддас аст ва бо гуноҳ мо Ӯро шинохта наметавонем. Мо муҳтоҷи наҷотдиҳанда ҳастем.


  • Ҳизқиёл 39:7 - «Ва исми муқаддаси Худро андаруни қавми Худ – Исроил – зоҳир хоҳам сохт, ва дигар нахоҳам гузошт, ки исми муқаддаси Маро беҳурмат кунанд; ва халқҳо хоҳанд донист, ки Ман Худованди Қуддуси Исроил ҳастам.»

  • «Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромуш-т.» (Н. Хисрав)

Худо муқаддас аст ва наздики Ӯ бадӣ намешавад.

  • «Бинобар, ҳарчанд Худованд тамоми қудратро доро бошад ҳам Ӯ ҳеҷ кореро, ки зидди табиати муқаддаси Ӯст, карда наметавонад. Масалан, Худо наметавонад дурӯғ гӯяд ё рафтори ноодилона кунад.»20


Хулоса:

  1. Ин муқаддасии Худо таҳқурсии дигар зот мебошад. Ишаъё 6:3

  2. Гуноҳ дар байни одамону Худо ҷудои андохтааст. Ишаъё 59:1-2; Ҳабаққуқ 1:13

  3. Одамизод инконияту дастрасии Худоро надоранд. Одамизод муҳтоҷи наҷотдиҳанда аст. Румиён 3:23, 5:12

  4. Пеши Худо бо ҳурмат омадаем – Ибодат 12:28

  5. Агар қуддусии Худоро медонем пас назари дуруст дар бораи худамон пайдо мешавад. (1) Юҳанно 1:5-7; Луко 5:8


Ҳақ - Худо Ҳақ ва барҳақ аст.

  • Юҳанно 17:3, 17 -«ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд�. Онҳоро бо ростии Худ тақдис кун: каломи Ту ростист.»

  • Оё Худо хислатҳои макркунада ва Ҳақро дуруст ҷо ба ҷо мемонад? Оё онҳо зидди ҳам дигар нестанд?

  • Оё Худо метавонад макр кунад, агар Ӯ ҳақ аст ва муқаддас аст?

  • «Онон макр карданд ва Худо ҳам макр кард ва Худо беҳтарини макркунандагон аст.» Сура 3:54 – Сураи Оли Имрон

  • «Касоне, ки пеш аз инон буданд, макрҳо карданд, вале ҳамаи макрҳо назди Худованд аст. Медонад, ки ҳар кас чӣ мекунад. Ва кофирон ба зудӣ хоҳанд донист, ки сарои охират аз они кист!» Сураи Раъд 13:42

  • Худо макркунанда нест – Сура 3:54 ва 13:42 мегӯянд ки Худо макркунанда аст, ки макр фиреб аст. Агар Худо фиреб ё макр мекунад пас Ӯ муқаддас ва Ҳақ нест.

  • Аммо Худо фиреб ва дуруғ гуфта наметавонад. Ин чизҳо зидди хислати Ӯст.



Худо Муҳаббат аст - Худо худаш баракаташро медиҳад барои хубии инсон бе кори савоби сазовор шудани одамизод.

«Шуд холи рухи ту, эй нигорин,

Шӯри дилу нури дидагонам.

Эй ишқи ту дар дилам худованд,

Ман бандаи ишқи ҷовидонам.» Саноӣ


  • «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт ки Писари ягонаи Худро дод�.»

  • Агар Худо муҳаббат нест пас ҳеҷ чиз намедиҳад.

  • Худо гуноҳкоронро дӯст медорад аммо гуноҳро дӯст намедорад.

  • «Эй ишқи Ту дар дилам Худованд,

Ман бандаи ишқи ҷовидонам.» Саноӣ

Муҳаббати Худоро Саноӣ дар дилаш ҳис кард.

  • «Набуд нақши ду олам, ки ранҷи улфат буд,

Замона тарҳи муҳаббат на ин замон андохт.» Ҳофизи Шерозӣ

Худо бо муҳаббат ин дунёро офарид.

  • «Роҳи муҳаббат раҳи дуру дароз,

Ҳаст дар ин роҳ гарон бори ноз.» Муҳаммад Ғоиб

Худо аз муҳаббаташ ба мо чизи гарон додааст----- Писараш.

  • (1) Юҳанно 4:10,19 –Худо аввал моро дӯст медорад.


Ақидаи Муҳаббат дар Ислом

  1. «Зеро Худо Таъадкикунандагонро21 дӯст надорад!» Сураи Бақара 2:190

  2. «Худо ситамкоронро дӯст надорад!» Сураи Оли Имрон 2:57, 140


  1. «Бигӯ: Агар Худоро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то Ӯ низ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад, ки омурзанда ва меҳрубон аст!» Сураи Оли Имрон 2:31

  2. Дар Қуръон, Худо интизор аст то касе Худоро дӯст медорад.


Хислаташ нисбати одамизод:


Адолату инсоф – ин қисми хислати Худо аз муқаддасии Ӯ нисбат ба одамизод мебошад.

  • (2) Вақоенома 12:6 – Худо одил аст.

  • Румиён 3:21-24 «Адолати Худо зоҳир шудааст�.»


Вафодор - Амин - Эътиборнок, қобил эътимод, устувор, боваринок, Худо амин аст.

  • Т. Шариат 7:8-10 – хонед

  • (1) Юҳанно 1:9 - «Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.»

Раҳим (марҳамат)– амали Худо, ин бо муҳаббаташ зоҳир мегардад.

  • Т. Шариат 4:31 - «Зеро ки Худованд Худои ту Худои раҳим аст; Ӯ туро тарк нахоҳад кард ва туро ба ҳалокат нахоҳад расонид, ва аҳди падаронатро, ки ба онҳо қасам хӯрдааст, фаромӯш нахоҳад кард.»

  • (2) Қӯринтиён 1:3 - «Падари марҳаматҳо»

  • Эфсӯсиён 2:3-5 - «Худои пур аз марҳамат» Ин баракати Худо аст, ки чизҳое ки мо сазовор ҳастем (ғазаби Худо - 2:3), Худо намедиҳад.



Файзи Худо – ин баракати Худо аст ба он чизҳое ки мо сазовор нестем (бахшидани гуноҳ, биҳишт), Худо ба мо медиҳад. Эфсӯсиён 2:8-9


«Танҳо файз озод аст, чун ки офаридгор худаш арзишашро додааст.» Филип Янси

«Маъни файз ин аст: чизе нест, ки аз иҷрои он Худованд моро бисёртар дӯст бидорад ва ҳам чизе нест ки аз иҷрои он Худованд моро камтар дӯст бидорад.» Филип Янси


Дилшикастани Худо – Дар вақте ки халқи Ӯ гуноҳ мекунад Худо раҳмдил мекашад. Ӯ мисли маҳбубаи дилшикаста ё падар барои беитоати кудакаш, ранҷида мешавад.

  • «Ва Худованд дид, ки бадкирдории одамизод дар замин бисёр аст, ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст. Ва Худованд пушаймон шуд, ки одамизодро бар замин ва вуҷуд овард, ва дилаш маҳзун шуд. Ва Худованд гуфт: �Одамизодро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв месозам, аз одамизод то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон маҳв месозам; зеро пушаймонам, ки онҳоро ба вуҷуд овардаам.�» Ҳастӣ 6:5-7

  • Ин нишон намедиҳад, ки Худо заиф ё беқувват аст, ин нишон медиҳад ки Худо муҳаббат аст. Касе ки муҳаббат нишон медиҳад барои дард ва рад кардани он муҳаббаташ кушода мешавад.




Номҳои Худо

Номҳо дар Китоби Мукаддас


«Ил» ё «ёл» Маънии Худо бо забони Ибрӣ, шакли танҳо бо каломи дигар пайваст мешавад.

Мисли «Дониёл» Худо довари ман аст «Юил» - Йеҳува Худо аст. «Исроил» Бо Худо ва бо одамон гӯштин гирифт (Ҳастӣ 32:28).


  • «Илоҳим» - Худо – бисёр аз 2,500 бор дар Аҳди Қадим.

  • «Ил-илён» -- «Худо Таоло» бо Тоҷикӣ - Забур 77:35, Ҳастӣ 14:22; Ишаъё 14:14

  • «Йеҳува» қариб 7,000 бор дар Аҳди Қадим. Ин номи шахсияти Худо бо тоҷикӣ «Худованд» мегӯянд. Худо бо халқи Ӯ алоқаи наздик дорад.

  1. Хуруҷ 6:2 - «Ман Худованд ҳастам» Касе ки наҷот медиҳад (6:6)

  2. Хуруҷ 3:13-16 - «Худованд Худои падаронатон, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб, маро назди шумо фиристод, ин аст исми ман то абад, ва ин аст зикри Ман аз насл ба насл.» (3:15)

  3. Хуруҷ 3:14 – маънии он ки вуҷуди Ӯ ба зоти худи Ӯ вобаста аст. - «Воҷибулвуҷуд»

  • «Адӯной» Ин ном Яҳудиён мегӯянд дар вақти ки каломи Йеҳува даркор буд. Ин Худованд ё Оғо аст. Ин маънии Худо соҳиб ҳаст ва мо ғулом ҳастем. Аз Ислом, номи «Оллоҳ» монанд аст. Аммо дар Китоби Мукаддас ду тараф ҳастанд. Ғулом бояд итоат кунад аммо Оғо бояд таваҷҷӯҳ кунад.


  • «Ил-Шаддай» Худои Қодир –

Ҳасти 17:1 – ба Иброҳим

Китоби Айюб – 31 бор


  • «Адӯнай-йирэ» - Ҳастӣ 22:14 - Худованд бояд ҳозир шавад

  • «Йеҳува-Ниссӣ» - Худованд байрақи ман аст

  • Худованди лашкарҳо – Ишаъё 6:3 - «Ва яке ба дигаре нидо карда, мегуфт: Қуддус аст, қуддус аст, қуддус аст Худованди лашкарҳо! Тамоми замин аз ҷалоли Ӯ пур аст!» Ҳам Забур 88:6-8 - «шӯрои бузурги муқаддасон арҷманд22 аст ва барои ҳамаи онҳое ки гирдогирди Ӯ ҳастанд, саҳмгин (тарсовар) аст.»

  • «Падари Осмонӣ» - «Лекин номе, ки мо Масеҳиён аз ҳама бештар дӯст медорем, ин Падари Осмонӣ аст. Вақте ки Масеҳ дар бораи Худо гап мезад, Ӯ одатан Ӯро 'Падари ман' меномид ва ба пайравонаш гуфта буд, ки ҳангоми дуо чунин бегӯяд: �Эй, Падари мо, ки дар осмонӣ�..� (Матто 6:9).»23

  • Худо – падар дар Аҳди Қадим

Забур 88:27 (саҳ 874)

Ишаъё 64:6-8 (саҳ. 1077)

Малокӣ 2:10 (саҳ 1378)

  • Дар Ислом, Худо Падарро ҳисоб намекунад. Худо оғо аст. Ин оят фарқият байни дини Ислом ва Каломи Худо нишон медиҳад. «Дигар шуморо банда намехонам, зеро ки банда намедонад оғоаш чӣ мекунад; лекин шуморо дӯст хондаам, чунки ҳар чи аз Падар шунидаам, ба шумо баён кардам.» Юҳанно 15:15



Таслис - Ягонагии Худо

Фақат Худо метавонад худашро ошкор кунад.


«Илён»- ин шакли ҷамъ аст. Номи асосии Худо дар Китоби Мукаддас.

«Илоаҳ» - шакли танҳо – Дар Китоби Мукаддас нест.

«Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид.

Ва замин дар ҳолати харҷумарҷ буд, ва торикӣ бар рӯи варта;

ва Руҳи Худо бар рӯи об дар парвоз буд.

Ва Худо гуфт:

«Худо ягона аст - «Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худои ягона аст.»

(Т.Шариат 6:4)


Каломи Худо мегӯяд ки Худо ягона аст ва ҳам мегӯяд ки Худо рӯҳ аст. Ҳам Исои Масеҳ мегӯяд ки Ӯ бо Худо як ҳаст. Пас чӣ хел ин маълумотро ҷамъ мекунед?


Ягонагии Худо
  • Т. Шариат 6:4-5 - «Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худои ягона аст. Ва ту Худованд Худои худро бо тамоми дили худ, ва бо тамоми ҷони худ, ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор.»

  • Такрори Шариат 4:35 «то бидонӣ, ки Худованд Худост, ва ғайр аз Ӯ дигаре нест.»

  • Ишаъё 46:9 «Ман Худо ҳастам, ва Худои дигаре нест ва амсоли24 Ман нест.»

  • Фароизи якум бо ин вобастаст - «Туро худоёни дигар, ҷуз Ман, набояд бошад.» Хуруҷ 20:3

  • Исботи Инҷил

  1. Қӯр. 8:4-6 – хонед

Эф. 4:3-6 – хонед

Ҳам - Яъқуб 2:19, (1) Юҳанно 5:7 – мумкин аз матни аслӣ набуд.


Ақидаи Ислом


«Бигӯ:  --Ӯст Худои якто, Худое, ки дар ҳоҷат ба Ӯ рӯ кунанд,

на зода аст ва на зода шуда ва ҳеҷ кас ҳамтои Ӯст.»

Сураи Ихлос 112:1-4

Хулоса:

  • Агар мо мегӯем, ки Худо сето аст, ин хато аст, чунки Худо ягонааст.

  • Худо бемонанд Рӯҳ ва Калом дорад.


Исботи Таслис:

Худо падар аст – Юҳанно 6:27, (1) Петрус 1:2

Исо – эътироф, ки Ӯ Худо аст - «Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: Эй Худованди ман ва эй Худои ман.» Юҳанно 20:28

«Исо ба онҳо гуфт: "Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки Иброҳим пайдо шуд, Ман ҳастам." Он гоҳ санг бардоштанд, то ки Ӯро сангсор кунанд; лекин Исо пинҳон шуд ва аз миёни онҳо гузашта, аз маъбад берун шуд ва рафт.» Юҳанно 8:58-59


Исо ҳамадон аст - Матто 9:4 - «Лекин Исо андешаҳои онҳоро пайбурда, гуфт: барои чӣ дар дили худ андешаҳои бад доред?»

Исои соҳибқудрат аст – Матто 28:18 - «Ба ман тамоми қудрат дар осмон ва дар замин дода шудааст.»

Исо доимвуҷуд аст – Матто 28:20 «Ман ҳаррӯза то охирзамин бо шумо ҳастам.»

Амалаш монанди Худо – Марқус 2:1-12 – гуноҳро бахшиш мекунад.


Рӯҳи Худо –

  • Аъмол 5:3-4 – баробари бо Худо

  • Ҳамадон - (1) Қӯр. 2:10 - «Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст; зеро ки Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро пай мебарад.»

  • Ҳама вуҷуд аст – Забур 138:7

Фариштаи Худованд – мисли Худо аммо аз Худо алоҳида аён аст.

Ҳастӣ 16:7-14

Ҳастӣ 22:11-18 – ба Иброҳим

Ҳастӣ 31:11-13

Хуруҷ 3:2-5; 14:19

Адаҳо 22:22-35

Доварон 6:11-23

Доварон 13:2-25

(1) Подшоҳон 19:5-7

(1) Вақоеънома 21:15-17 – Довуд


Исбот аз Аҳди Қадим
  • Ишаъёи набӣ 9:6, 48:16

  • Мико 5:2

  • Ҳастӣ 1:1-3

  • Ишаъё 42:1, 61:1;


Худованд бо Худованд гап мезанад
  • Ҳастӣ 19:24

  • Ҳастӣ 6:3 - Рӯҳ

  • Ҳушаъ 1:7

  • Ишаъё 48:16


Исбот аз Аҳди Ҷадид
  • Матто 28:19 - «исми» мегуяд; «исмҳои» – не!

  • (2) Қӯр. 13:14 – ҳама як ҷой

  • Матто 3:16-17

  • Маркус 1:10-12


Фикрҳои хатогӣ дар бораи Таслис

  1. Ин хато аст, ки Рӯҳ фақат нуфуз аст ва ғайршахсият аст.

  2. Ин хато аст, ки Исои Масеҳ офарида шуд

  3. Ин хато аст, ки Исои Масеҳ азалӣ нест.

  4. Ин хато аст, ки Исои Масеҳ Худо шуд --- ӯ доим, аз азал бо Худо буд.

  5. Ин хато аст, ки Исо 100% Худо нест

  6. Ин хато аст, ки Исо 100% инсон набуд.

  7. Ин хато аст, ки таслис ошкор сохтани Худо аст.

  8. Ин хато аст, ки Худо бо як намуд зоҳир шавад. (намуди Падар, намуди Писар, намуди Рӯҳ).







--- Ин дафтарча табдил ва истифода карда мумкин аст, фақат сарчашмаи он маълум кунед.



«Дафтарчаи Худо шиносӣ» аз Накҳати Ҷон – Душанбе, 2007.






Адабиёт


Тоҷикӣ ва Форсӣ


Инҷил аз тарҷумаи нав, аз SIL, 2005.


Китоби Муқаддас бо забони Тоҷикӣ, Институти тарҷимаи Библия; Стокгольм, 1992.


« کتاب مقدس » бо забони Форсӣ, Тарҷумаи тафсирӣ, International Bible Society, 1995.

Мактубе барои Дӯстам, Билам М. Миллер, «Ал Салам» 2000.


Фарҳанги Забони Тоҷикӣ; ду ҷилд; нашриёти «Советская энциклопедия» Москва, 1969.

Қуръон Теҳрон, тарҷумаи Абдулмуҳаммади Оятӣ; 1997.



Англисӣ

A Survey of Bible Doctrine by Charles C. Ryrie Moody Press, Chicago 1980.


Know what you believe Paul E. Little, Scripture Press Publications, Inc. 1973.


Lectures in Systematic Theology, Henry C. Thiessen; Eerdmans Publishing Company, Michigan, revised edition, 1979.


Reasons for Islam’s rejection of Biblical Christology” by Imad N. Shehadeh; Bibliotheca Sacra Volume 161 Number 643, pages 274-288; July- September 2004.


Systematic Theology” course by Dr. Chris Miller, Word of Life Bible Institute, New York, 1980’s..


WWW.answeringislam.com/Who is God?


1Доно

2 "The end result of the knowledge of the `arifin is their inability to know Him, and their knowledge is, in truth, that they do not know Him and that it is absolutely impossible for them to know Him." Al-Ghazali


3 Асоси коре

4Бузург, боиқтидор

5Билим М. Миллер, сф. 6.

6 Рӯй, майдон

7 васеӣ, фарохӣ

8 Bibliotheca Sacra “Reasons for Islam’s Rejection of Biblical Christology”, by Imad N. Shehadeh Vol. 161 Number 643, July – September, 2004.

9Ҷойгиршавӣ, қобилияти гунҷидан

10 тараф, нобуд

11 Билам М. Миллер, Мактубе барои Дӯстам, сф. 5-6.

12 пасттарини дараҷаҳо, табақаи ҷуқуртарин дӯзах (ҳафтӯмини дӯзах).

13 “Free actions do not take place because they are foreseen, but they are foreseen because they will take place.” Thiessen сф. 82.


14Хӯрок

15охират

16муқоиса накарда

17на ҳиссиёт

18зидди

19нишастан бар тахти подшоҳӣ

20 Виллам М. Миллер, сф. 6

21Касе ки кори ноинсоф мекунад.

22 Соҳибэҳтиром, боиззат

23Билам М. Миллер, сф. 8

24ҷамъи «мисл»



<< Илоҳият