Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Румиён - 1

Download

Румиён

 

 

Мақсад:  Ин курс китоби Румиёнро таҳлил мекунад.  Донишҷӯён бо қоидаҳои омӯзиши Китоби Муқаддас бо матни Румиён шинос шуда амал мекунанд. 

Маълумоти мухтасар:

1-      Назаре ба китоби Румиён ва Боби 1

·         Мушоҳида аз 1:14-17

2-      Боби 2-3

3-      Боби 4

·         Муқоиса Иброҳим дар Рум. 4 ва Яъқуб 2

4-      Боби 5

5-      Боби 6

·         Тафсири ҳаёти имондорон бо Исо дар Боби 6

6-      Боби 7

7-      Боби 8

·         Мухтасари Китоби Румиён

8-      Боби 9-11

9-      Боби 12-13

·         Таҳлили Боб

10-  Боби 14-16

 

Дарси 1 – Боби 1

·         Ин Китоб таълими асосии масеҳиён аст.

Навишта шудааст   56 милодӣ

Фикри асосӣ – гуноҳкор чӣ хел назди Худо сафед мешавад.

Оятҳои асосӣ - 1:16-17

Барои кӣ навишта шудааст – барои имондорони Рум.

Барои чӣ? - Рум маркази тиҷорат ва сиёсат буд. Павлус мехост рӯҳоният онҷо инкишоф ёбад.

Павлус ки буд?  1:1

-       бандаи Исои Масеҳ

-       Ҳавворӣ - Аппостол – Расул

-       Фиристода ё қосид, ки қудрат ва мақсад дорад

-       Башоратдиҳанда

” ба хотири исми ӯ” хулосаи башорат ин ки ба Худо ҷалол мегӯем.

Забур 112: 1-4

Забур 113:9-11

Мавзуъи фикри асосӣ:

1:5 – ҳамаи халкҳоро ба итоати имон давъат мекунем.

·         на ба итоати шариат «Мо файз ва ҳаввориятро пайдо кардаем»

·         на барои баъзе халкҳо  балки барои «ҳамаи халқҳо» 

·         Ҳалкунадаи имон ба Худо амали итоат мекунад.

·         Ба Худо ҳама чизро месупорад

·         Ҳама вақт ба Худо итоат кунем – ин имон аст.

            ба итоати имон давъат мекунем. 

            1:8 - «имони шумо» 

            1:12 - «имони умумиамон, аз имони шумо ва худам, тасаллӣ ёбам.» 

Румиён бо тартиб

Боби 1-8 – Башорат чӣ аст?

            - хабари хуш     аз имон ба имон  (1:17)

            - Наҷот аз чӣ аст?   Чӣ хел зиндагӣ мекунем?  Ба чӣ аст?   

- маҳкумияти шариат

            - кафорати гуноҳ

            - тақдис кардан – инкишоф ёфтан

            - таҷлил кардан

9-11 – Башорат ба Исроил чӣ алоқамандӣ дорад?

            - интихоб шудани Худо

            - қавми баргузидаи Худо

12-16 – Чӣ хел баъди башорат бояд зиндагӣ кунем?

Боби 1-8 – башорат чӣ аст?

Боби 1-3 – Ҳама гуноҳкоранд ва ӯзре надоранд

            Эътирофи Худо муқаддас аст ва мо гуноҳкорем.

Маҳкумияти шариат

Боби 3-5 – Мо аз ҷазо барои гуноҳҳо, озод шудаем

Боби 6-7 – Мо аз қудрати гуноҳ озод шудаем (бандагӣ ва ғуломии гуноҳ)

Боби 8 – Мо аз дучор шавии гуноҳ озод мешавем

            - аз вохурӣ ва рӯ ба рӯ шавӣ бо гуноҳ. 

Хондани Румиён

Румиён 1:1 – даъват шуда

1:6-7 – онҳо ҳам даъват шуданд

            мо як ҳастем

башорат чӣ аст?   ”куввати Худо барои наҷот  1:16

Исо барои наҷот куввати Худо аст.

                        Исо ки аст?

1:1-7 – хонед

-       Писари Худо (1:3,4)

-       аз насли Довуд (1:3)  1 Воқоеънома17:7-15

-       эҳё шуд (1:4)

-       Худованд (1:4,7)

-       Ваъда карда буд

Забур 15:10, Ишаъё 1:18, боби 53

1:6 – Чаро мо даъват шудагони Исо ҳастем?

-       оё ин аз рӯӣ инсоф аст, ки ӯ шуморо даъват кард аммо дигаронро не?

Баракати имондорон – 1:6-7

-       даъватшудагони Исо ҳастем

-       маҳбубони Худо

-       «муқаддасӣ»    Чӣ хел мумкин аст?

-       Файз ва осоиштагӣ бар мост.

            Калисои Рум – 1:8-9

-       ба калисоҳои дигар шукр гӯем

-       пинҳон намемонад

-       чӣ хел ”дар тамоми ҷаҳон”

o   башорат ба ҷои дигар медоданд

o   касоне, ки ба Рум меомад дар бораи онҳо шунидан

·         Замини Рум – аз Аврупо то Ҳиндустон

-       Павлус ҳама ваҳт онҳоро ба ёд меовард. 

Афандӣ:

”Эй, донишҷуён, оё шумо медонед ман чӣ гуфтан мехоҳам?”

”Нисфе, ки медонад, ба нисфи дигари намедонистагӣ, фаҳмонад.�

Чӣ хел башорат додан? – 1:9-13

Намехоҳам дигарон бехабар бошад.

            Аввалин фикр ин аст, ки Худо шоҳиди мо аст (1:9)

1.      бо дуо (1:10)

2.      бо орзую умед (1:11)

”дидани шумо”

3.      якдигарро рӯҳбаланд кунед (1:12)

”тасалли ёбам”

4.      бо мақсад (1:13)

дар башорати...

5.      бо натиҷаю самар (1:13)

”Намехоҳам бехабар...”   хозир чизе муҳим мегуяд.

Хосияти башорат   1:13-16

Вазифаи мо чӣ аст?   башорат додан аст

Барои чӣ? 

  1. Қарз ба гардан дорем (1:14)

карздори модар ва падар ҳастем

  1. Хоҳишманд ҳастем (1:15)

Хоҳиш, орзӯ

  1. Шарм намедорем (1:16)

Рӯй гардондан намехоҳем

”қуввати Худост барои наҷот”

Ҳар дин инро мехоҳад аммо ҳамаи дин ба наҷот додан кувват надорад. 

1:13-17

Шумо ин оятҳоро мушоҳида кунед!

Мушоҳидаи худро бо панҷ ҷумла нависед!

Вазифаи дарсӣ:

1:13-17 – бо 25 ҷумлаҳои кӯтоҳ ҳар кас бояд мушоҳидаҳояшро бинависад!

Мушоҳида кунед!

Рӯякӣ нигоҳ накунед.

Алокаманд кунед!  Аз матн, аз оятидигар, аз мавзуъи китоб.

Тафсир кунед! 

o   Маъно дар вақти навиштан

o   Маъно бо матни зиндагии он вақт

·         Маъно бо ва матни Китоби Муқаддас;   Баъд амал кунед!

                        Мушоҳида 1:13-17

Бо ҷумлаҳои қутоҳ, ин чизро мушоҳида кунед!

Профессор,  ба шогирдаш гуфт, «моҳиро мушоҳида кунед!»

Дарси 2

Чӣ мушоҳида кардед?

Саршавии имон ва ҷамбасти имон, сар то сар имон аст.

Рум. 1:17 иқтибоси Ҳабаққуқ 2:4ро овард. 

1:13-17 – ҳар кас танҳо бояд дар худ се чизи муҳим ёбад.

** Пас шумо бо ҳамдигар дар бораи ин чизҳои муҳим нақл кунед ва бо маслиҳати якдигар аз ҳамаи чизҳо муҳим фақат се чизро қабул кунед.

Одил чист?      Адолат, нек, сафед шудан -  Имондор

            Башорат чӣ аст?  «Қуввати Худост барои наҷот»

            Шариат чӣ аст?  - қонунҳои Худо

Калиди оят – 1:17 - «аз имон ба имон» – саршавии имон ва ҷамбасти имон сар то сар имон аст. 

            Аз имон – 1:18-4:25 – наҷот аз имон айён аст.

            Ба имон – 5:1- 8:39 – имондорон бо имон зиндагӣ мекунад. 

Имон чӣ аст?  Имон фақат ҷавоби башорат аст.  Ҳар кас бо имон зиндагӣ мекунад аммо байни ҳадафи имони онҳо фарқ беҳад аст. 

«Одил ба василаи имон хоҳад зист.»  Ҳабаққуқ 2:4 (сф. 1350)

Адолат, нек одил, сафед кардан – 60 бор дар ин китоб.  Худо одил аст ва барои одил шудан, ҳама аз Ӯ  таъмин шавад. 

Чӣ хел Худои Муқаддас гуноҳкорро мебахшад ва муқаддас мемонад? 

1:17-18 – Чӣ чизҳоро зоҳир мешавад? 

            1:17- Адолати Худо

            1:18- Ғазаби Худо

                        Чӣ хел онро мувофиқ мекунад?   Натиҷа ин ду чиз аз рӯӣ шариат маҳқумият аз Худо мебошад. 

            «Ва аз соати шашум тамоми рӯи заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт.  Ва наздик ва соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарёд зада гуфт: �Элӣ, Элӣ!  Ламма сабақтанӣ?�  Яъне: �Худои Ман, Худои Ман!  Чаро Маро тарк карданӣ?�»  (Матто 27:45-46)

Комментари аз Румиён 1:11-15

«Рӯҳи таблиғотчигии Павлус дар оятҳои 1:11-15 дида мешавад. Бо ин даъват ва вазифа, ӯ ташнаи иҷро кардани кори додагии Худо буд.  Новобаста аз ҳолатҳои атроф ӯ як хоҳиши калон дошт, то ин ки Хабари Хушро ба ҳамаи мардум расонад.   Ӯ ҳамчунин вазифаи муҳим ба ӯҳда дошт, ки Хабари Хушро ба бутпарастон тарғиб кунад,  ӯ масъули расонидани ин Паём ба яҳудиён буд.  Тарғибгарони имрўза ҳам бояд дорои чунин ҳиссиёти таъҷилӣ бошанд, ҳарчанд ки онҳо таълими махсус мегиранд. Ҳиссиёти (фаврӣ) таъҷилӣ будан ба воситаи даъват меояд, на ба воситаи таълим.»[1]  

«Вақте ки ягон кас Инҷилро вазъ кунад, ҳам дар қалби воиз ва ҳам дар қалби онҳое, ки ӯро гӯш мекунанд чизе рӯй медиҳад. Ин қудрати Худованд аст, ки дар дил эътиқод ва наҷот ба вуҷуд меорад.»[2]

Румиён 1:18-32

 

1:18-3:20 – Ҳозир Павлус натиҷаи шариатро баён мекунад, на башоратро.  Ин нишон медиҳад ки одамизод чӣ хел гуноҳкор аст.  Шариат наҷот намедиҳад аммо маҳкум медиҳад.

1:18-32 -  Касе ки дар ҷунгал аст, ва номи Исоро нашинохта бошад, оё ӯ дар рӯзи доварӣ айбдор аст? 

            Марди якӯм кӣ аст:   Одами нодон ва бехабар.  Ӯ дар бораи башорати Исои Масеҳ бехабар аст. 

            Эътирофи одами надонӣ:  «Бехабари хушбахт аст.»

                        Ӯ фикр дорад, ки ман намедонист барои ин ҷавобгар нестам.  Ӯ фикр мекунад, ки ӯ муҳтоҷи башорати Исои Масеҳ нест. 

            Исбот ки узре надорад:  - 1:20-21 – Оё бе Каломи Худо,  Худоро фаҳмидан мумкин аст?  Онҳо Худоро аз офариддаҳояш шинохта метавонанд. 

            1:19-20 – Ин оятҳоро бо забони содда нависед

«моҳияти» - табиати, ҳақиқати, аслу ҷавҳари

«хилқати» офариниш, пайдоиш, ба вуҷуд омадан

«Барои онон ҳақиқати вуҷуди Худо комилан равшан аст,  зеро Худо виҷдонҳояшонро аз ин ҳақиқат огоҳ сохта аст.  Инсон аз ибтидо, осмон ва замин ва чизҳои-ро ки Худо офарида, дида аст ва бо дидани онҳо метавонад ба вуҷуди Худо ва қудрат абади Ӯ пайбибарад.  Пас вақти дар рӯзи довари дар ҳузури Худо меистад, барои беимони худ ҳеҷ узре ва баҳонаи надорад.»  Румиён 1:19-20  (Фарсии нав)

            1:16 – «Зеро ки�

            1:17-   «Зеро ки�

            1:18 –  «Зеро ки�.

            1:19-20 -  «Зеро ки�.

                        фикри асоси чист? 

            Ваҳии умумӣ – офариниши олам

                        Ин ба одамизод зарур ва ҳатмӣ нишон медиҳад, ки Худо вуҷуд дорад.  Забур 18:1-7

            Ваҳии махсус  ин Китоби Муқаддас аст.  Забур 18:8-12

Оё Худо одил ё нек аст дар вақте, ки гуноҳкорро маҳкум мекунад? 

            Агар Худо офаридгор набуд, пас Ӯ ҳақи доварӣ надорад, аммо Ӯ Офаридгори мо аст.  Пас Ӯ ҳақ дорад, ки моро доварӣ мекунад.  Румиён 3:26

Хулоса ҳукм барои одами надон:  ӯзре надорад (1:20)

            Пас онҳо наметавонад, ки худашонро сафед кунанд ё даво кунанд, ки намешиносанд. 

Барои чӣ одамизод маҳкум шуданд?

            1:18  - онҳо ҳақиқатро зери по мекуанд

            1:21 – Худоро намепарастанд

1:21 – Фикри ғалат доранд

1:21 – дилашон торик аст

1:21 – дилашон бефаросат аст

1:24, 26, 28 – ба чиҳо гирифтор шуданд?  (ба гуноҳҳо)

Чӣ хел аз Худо дур шуданд? 

            1:22 – ақлашонро гум карданд

                        «то илм наомӯзӣ, некӣ натавон кард.»  Носирӣ Хусрав

            1:23 – Бут параст буданд – Ҳастӣ 1:20-27ро назар дорад. 

            1:24 – бо нафси пур гуноҳ зиндагӣ карданд

            1:25 – Ростиро ба дурӯғ иваз карданд – виҷдонро гум карданд.

            1:26 – Чизи оддӣро ба ғайри оддӣ иваз карданд.

            1:28 – корҳои нолоиқ карданд

            1:32 – Бешарм – дигаронро даст гирӣ намуданд

            «Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ,

            Зи нодонӣ наёбӣ зиндагонӣ.»  Носирӣ Хусрав

Румиён 2:1-16

            Хонед Румиён 2:6-7 – ин чӣ маъно дорад? 

            Дар вақти, хондан бояд пуррагӣ матнро хонед.  Агар бо пуррагӣ намехонад ва ҳамаро мушоҳида намекунад, пас надуруст тафсир мекунед. 

Масал:  Аспи Шӯравӣ ва Аспи Америкоӣ пойга карданд.  Дигар асп набуд вале фақат аспи шӯравӣ ва аспи америкоӣ мусобиқа карданд.  Аспи Америкоӣ ҷои якӯм гирифт.  Дар ахбори шӯравӣ ин хел эълон мекунад.   «Мусобиқа калон буд ва аспи шӯравӣ ва аспи америко мусобиқа карданд.  Аспи шӯравӣ ҷои дуюм ишғол кард аммо аспи Америкоӣ пеш аз аспи охирин ба марра расид. » 

            Ин эълон бо маънӣ дигар мешавад.   Агар оятҳоро бе диққат мехонем, маънӣ дигар мешавад.  Бо пуррагӣ хондан лозим аст.  Бе пуррагӣ хондан хатои азим аст.  Маънии дигар мумкин аст.  Сатҳӣ нигоҳ кардан дар кор нест.  Руякӣ нигоҳ накунед. 

Боби 2:1-16 хонед ва фикрӣ асосиро нависед. 

            Дар бораи кӣ навишта шудааст? 

            Ба ин кас дар рӯзи доварӣ чӣ хоҳад шуд? 

            Румиён 2:7-8  ин абзатс чӣ маъно дорад?

            Румиён 1:13-17 – бо боби 2:1-16 чӣ алоқамандӣ дорад? 

«Дар ин оятҳо Павлус қайд мекунад, ки Худованд ҳамаи одамонро якхела ҷазо медињад. Ҳам одами худтақводор  ва ҳам шаҳватпараст дучори ҷазои якхела гирифтор хоҳанд шуд. Ҳар кас мувофиқи кирдори худ ҷазо дода мешавад.»[3]

Марди дуюм кӣ:  Марди ахлоқӣ  (Румиён 2:1-16)

            Мисли Суқрот, Фалотуни Юнон, Аристотел

Эътирофи марди ахлоқӣ:  «Ман мисли одами нодон нестам, ман кори савоб ва адобу ахлоқ кардам, пас Худо маро қабул мекунад.» Ӯ фикр мекунад, ки ӯ муҳтоҷи башорати Исои Масеҳ нест. 

Исбот, ки марди ахлоқӣ узре надорад:

            Дигареро маҳкум мекунад (2:1) -- Одами боби 1 маҳкум мекунад то ки ӯ ҷои Худо гирифт (2:3).

            Тавба накарданд 2:4-5 ба фикраш лозим нест.

            Ҳуқуқи айбдор кардандро ва узре надоранд.   (2:1)

            Қоидаи доварӣ

1.      Ба василаи ҳақ – 2:2

2.      Бо амали худ (2:6), амали шариат, на фақат донистани шариат.

3.      Худо рӯйбинӣ надорад  (2:11), онҳо фикр мекунанд ки Худо тарафдори онҳо ҳастанд.  Яъқуб 2:9  Рӯйбинӣ гуноҳ аст. 

4.      Худо сир, виҷдон ва андешаи одамро ҳисобмекунад.  Рум. 2:15-16

Пас, ки метавонад ин доварии Худоро ӯбур кунад?  Ҳеҷ кас

Ҳукми Марди ахлоқӣ: узре надоранд   (Румиён 2:1)

                  2:7-8 «доим кори нек»  Ин чӣ маъно дорад? 

·         Оё шахси тамоман бегуноҳ вуҷуд дорад ё не? 

·         Оё кас метавонад бе гуноҳ зиндагӣ кунад? 

·         Оё ба воситаи кори нек, наҷот ёфтан мумкин аст?

Шахси одил амали некро аз рӯй шариат мекунад, вале ҳеҷ кас доим итоат карда наметавонад. 

2:12 - ӯ намедонад, ки кӣ ӯро маҳкум хоҳад кард?  Ӯ намедонад, ки шариат ӯро маҳкум хоҳад кард. 

            2:13 – шунавандогони шариат ҳеҷ вақт сафед намешаванд.

Касе, ки шариатро иҷро мекунад - ӯ аз назари шариат сафед шудаст аммо ботини ӯ сафед намешавад. 

·         Ӯ  шариатро иҷро мекунад аммо мумкин ба қонуни шариат нафрат дорад.  Мисли қонуни шариат барои андоз

·         Касе, ки шариатро итоат мекуанд, тамоми шариатро иҷро карда наметавонад. 

·         Шариат касро маҳкум мекунад. 

·         Ин боб дар бораи сафед шудан мавзуъ нест, аммо дар бораи довари Худо бошад. 

Дарси 3

Румиён 2:17-3:20

Марди сеюм: Марди диндор (Яҳудӣ) Румиён 2:17-3:20

            Оё, шахсе, ки аз рӯи шариат зиндагӣ мекунад, ба наҷотдиҳанда эҳтиёҷ дорад ё не? 

            Чизҳое ки тарафдори Яҳудиён

·         2:17 – ба шариат такя мекуанд

·         2:17 - Худоро мешиносанд

·         2:18 – Иродаи Худоро медонанд

·         2:18 – Неку бадро мефаҳманд

·         2:19 – Нуре барои дунё буданд

·         2:20 – муаллими дигарон буданд

·         2:20 – Ҳикмат доранд

·         3:2 – ба дасташон каломи Худо супурда шудааст. 

2:21-24 – Айбдории Яҳудиён

            2:21-22 – Дурӯйя шуданд

            «Дар соли 19 милодӣ, дар шаҳри Рум, чор муаллми яҳудиён ба забони ибрӣ, бо яҳудиён дарс доштанд.  Ба як зани румӣ, ки дини яҳудиро қабул кард, таклиф карданд, ки пули калон ба маъбад диҳад.  Онҳо ин пулро барои худашон истафода карданд.  Баъд маълум шуд, ки Император Тибериус  яҳудиёни сокини ин шаҳрро пеш кард.» (Аз Phillips)

 

2:23 – Шариатро мешикананд

2:24 – ба дигарон шаҳодати нодуруст нишон медиҳанд

      Ишаъё 52:5 - «Ҳокимонашон онҳоро ба дод меоваранд, -- мегӯяд Худованд, - ва ҳамеша ҳар рӯз исми Ман хор дошта мешавад.» 

2:25-29 – ин оятҳоро хонед ва қоидаҳои асосии хатнаро ёбед. 

            (ҳам, Ирмё 4:4, 9:25-26; Такрори Шариат 10:16

·         Хатна фоиданок аст агар шариатро итоат мекунад (2:25)

·         Ғалатиён 5:3 - «ва ман боз ба ҳар каси махтуншаванда шаҳодат медиҳам, ки ӯ бояд тамоми шариатро ба ҷо оварад.» 

·         Касе ки шариатро итоат мекунад дигарон фикр мекунад, ки ӯ хатна шуд.  Ҳисоб мекунад ки ӯ хатна шуд (2:26).

Марди сеюм: Марди диндор (Яҳудӣ) Румиён 2:17-3:20

Эътирофи марди яҳудӣ:  «Ман Худо ва шариатро шинохта бошам ва барои ман осон мешавад.»  «Мо бартарӣ дорем.»  3:9.  Ӯ фикр мекунад, ки ӯ муҳтоҷи башорати Исои Масеҳ нест. 

Исбот, ки узре надорад:  Гуфтор ва кирдори ӯ як нестанд

                        Ду рӯй шуданд  (2:19-22)

                        Меболанд   (2:17)

                        Дар итоати ҷисм ҳастанд – 2:25-29

                                    Бо воситаи ҷисм исбот намешавад, ки ӯ ба каломи Худо рафтор кунад. 

Ҳукм марди яҳудӣ:  узре надорад - «даҳоне баста шавад.»  3:19

Комметари Румиён 2:17-29

«Онҳо аз диндор будан худситоӣ мекунанд ва худашонро маҳбуби Худо ҳисоб мекарданд. Онҳо фикр мекунанд, ки имтиёзи махсус доранд, барои он ки Худо онҳоро ҳамчун халқ интихоб кардааст ва ба онҳо дуои хайр додааст. Барои онҳо фаҳмидани он, ки онҳо гунаҳкор ҳастанд хеле мушкил аст. Онҳо ҳис мекарданд, ки онҳо сарварони гумроҳон (гунаҳкорон) буданд ва онҳо ҳама чизро медонад чаро ки онҳо шариатро омӯхтаанд.

            Ин доме аст, ки «масеҳии хуб» бо он осонакак дармемонад. Дар ин ҷо як чиз намерасад, вақте ки одам худашро бо дин мепӯшонад, ин ҳиссиёте аст, ки ӯ гунаҳкор аст. Одатан ин зумра одамон бо фаъолияти динӣ ҷалб шудаанд-чунон ҷалб шудаанд, ки вақти андаке доранд, то ин ки худашонро ҳамчун гунаҳкор бинанд. Ғурури рӯҳӣ ва ахлоқӣ пайдо мешавад. Ин одамони диндор дар ҳақиқат ҳам аз фурӯтанию хоксории худ фахр мекунанд.»[4]

Румиён 3:1-8

            Саволҳо барои таъсир кардан аммо ҷавоб карда даркор нест. 

            Саволҳои риторика ҳастанд. 

            3:4 – аз Забур 50:6

Румиён 3:9-20 - «Касе одил нест, як нафар ҳам нест.» 

«Нест аз роҳи ақлу ваҳму ҳавос,

Ҷуз Худой эч кас худойшинос.»

Саноӣ

«Ӯ зи ночиз чиз кард туро.

Хор будӣ азиз кард туро.

Ҳеҷ дилро ба кунҳи[5] Ӯ раҳ нест

Ақлу ҷон аз камолаш огаҳ нест.

Дили ақл аз ҷалоли Ӯ хира,

Ақли ҷон бо камоли Ӯ тира.»

Саноӣ

Ӯ исбот мекунад аз иқтибоси Ақди Қадим то мефаҳмад, ки «Касе одил нест, як нафар ҳам нест.» 

Румиён 3:10-12 – Забур 13:1-3

3:13 а – Забур 5:10

3:13 б – Забур 139:4

3:14 – Забур 9:28

3:15-17 – Ишаъёи наби 59:7-8

3:18 – Забур 35:2

            «Зеро ки забон аз пурии дил сухан мегӯяд.»  Матто 12:34

            «Зеро ки аз суханони худ сафед хоҳӣ шуд ва аз  суханони худ маҳкум хоҳӣ шуд.»  Матто 12:37

Хулоса – Румиён 3:19-20 – Ин оятҳоро аз ёд кардан даркор.  Ин оятҳо нишон медиҳанд, ки мақсади шариат чӣ аст.  Ҳар даҳоне баста шавад, пеши Худо чунки ҳама гуноҳкоранд. 

Хондани боби 3-уми   Румиён

Румиён 3:1-2 – Яҳудӣ аз дигарон чӣ болоӣ дорад?

·         каломи Худоро дорад

·         Боби 9-11 боз дар бораи Яҳудӣ нақл мекунад. 

Румиён 3:3-4

·         онҳо бо чӣ бевафо шуданд?   Бо каломи Худо

·         агар онҳо бевафо бошанд – пас каломи Худо бенуфуз (бенатиҷа, бе таъсир)   мемонад? Не, вафои Худо нест намешавад!

·         Худо ҳақ аст – ин оят аз Забур 50:6  ”дар доварии худ пок” омадааст.

·         Худо дар вақти доварӣ ҳақро маълум мекунад.

Румиён 3:5-8

         3:5 – ” Оё Худо, ҳангоме ки ба ғазаб меояд, бе адолат аст?”

·         Худо амалаш ва андешашро доварӣ мекунад – оё ин беадолат аст?

·         Худо ҳамаро бо адолаташ доварӣ мекунад.

Румиён 3:8 – Онҳо ки зидди адолати Худо ҳастанд, мегӯянд, ”биёед, бадӣ кунем”

·         ин фикр ҳаст монанди узре, ки онҳо  – мо метавонем дуруғ гӯем ва нағз мешавад.  «Маҳкумияти чунин касон ҳаққонист.»

·         Ин ақидаи нодуруст мешавад:   - Наҷот бо василаи имон – бе шариат мешавад пас гуноҳ кунед! Ин фикри нодуруст.

·         Ин оят ба боби шашум нигоҳ мекунад – 6:1-2, аммо ҳозир гап дар бораи ин камтар мешавад.  

Румиён 3:9

Дар 3:1-2 яҳудиён дар бораи худашон, ки чӣ хел болоӣ доранд аммо чӣ хел мумкин аст, ки дар Румиён 3:9 Павлус мегӯяд, ки онҳо болоӣ надоранд?

·         ”Не, надоранд”. Онҳо фақат пеши одамон болоӣ доранд. Аммо пеши Худо – онҳо ҳеҷ бартарӣ надоранд. Онҳо барои файзи Худо муҳтоҷ ҳастанд.

·         Гирифтори гуноҳ шуданд– мисли одами бедин.

·         Дар Румиён 3:9, ҷавоби 3:1 ҳаст, ки онҳо муҳтоҷ ҳастанд ва гуноҳкор шуданд. 

Румиён 3:10-18

·         аз каломи Худо мо мебинем, ки Худо вафодор аст.

·         Ҳам мо аз каломи Худо мебинем, ки яҳудиён маҳкум мешаванд.

·         Чунки яҳудиён бе вафо буданд.

·         Бинобарин, дар каломи Худо вафоро мебинем ва ҳам нишон медиҳад, ки онҳо аз дигарон беҳтар нестанд.  Чунки «Худо рӯйбинӣ надорад.»  (Румиён 2:11)

·         Онҳо  «ба дасташон каломи Худо супурда шудааст» (Румиён 2:2) аммо каломи Худо онҳоро маҳкум мекунад. 

Румиён 3:10-12   - Забур 13:1-3, 52:1-3

         3:11 – ақлаш ба гуноҳ гирифтор аст

         Дилаш ба гуноҳ гирифтор аст.

         3:12 – хоҳиши мо, орзуи мо

Румиён 3:13 – Забур 5:9

Румиён 3:13 – Забур 5:9

Румиён 3:14 – Забур 10:7 сухан –

«Зеро ки аз суханони худ сафед хоҳӣ шуд ва аз суханони худ маҳкум хоҳӣ шуд.»  Матто 12:37

Румиён 3:15-17 – Ишаиё 59:7-8

Румиён 3:18 – Забур 35:1

Румиён 3:19-20 – мақсади асосии шариат чӣ аст? Аз шариат мо медонем, ки  гуноҳ чӣ аст.

        

·         Агар як қонунро шиканем, мо ҳамаи шариатро мешиканем.

         Мисли Одаму Ҳаво, онҳо ҷанд бор гуноҳ карданд ва Худо онҳоро аз биҳишт пеш кард.

·         Шариат итоати ҳамаи қонунҳоро маҷбур мекунад.

Мисли СТОП.  Шариат баҳонаро дӯст намедорад. Ҷои сабаб ва узри беҷо наметавонем. 

Румиён 5:20, 7:7-11   - Дар бораи шариат ҳам нишон медиҳад

Хулоса  - ягон кас пеши Худо узре надорад.  Ҳама муҳтоҷи наҷотдиҳанда ҳастанд.  Хоҳ бедин, хоҳ бо адоб ва хоҳ диндор,  ҳама дар рӯзи қиёмат узр надоранд. 

Мухтасари Румиён

Боби 1 - 8 башорат чӣ аст?

Румиён 1:18-3:20 – ҳама ба маҳкумият дучор мешаванд ва ҳамаи барои наҷот муҳтоҷ ҳастанд.

Румиён 3:21-4:25 – Адолати Худо ба кафорату наҷот зоҳир шудааст.

Ҳозир Румиён боби 1 то 3 исбот кард, ки ҳама гуноҳ кард аст. Баъд чӣ хел гуноҳкор сафед мешавад нақл мекунад.  Гуноҳи мо бо адолати Худо чӣ хел мувофиқ мешаванд. 

Кафорат Кардан

Боби 3-5 – Мо аз ҷазо барои гуноҳҳо озод шудаем

Башорат  хабари хуб ва муждаро аст.  Озоди гуноҳ, инро мужда аст. 

Адолати Худо – Амали нек ва кори дуруст аз Худо аст.  Чӣ хел адолати Худо гуноҳи моро бо хуни Исо сафед мекунад, ва ин амал дуруст мешавад.  Ин равиш, кафорати гуноҳ аст.  

Кафорат чӣ аст?  Кафорат – ин пушидаи гуноҳ аст!  Калимаи маъбадӣ.

·         забони Ибрӣ ”Капҳар” – маъни «пушида»ро мешавад. 

·         150 бор дар Аҳди Қадим

·         Гуноҳ бо қурбонии ҳайвон пушида шуд.

Румиён 3:21-31 – кафорат маълум мешавад ва хислати кафорат

Румиён 4:1-25 – намунаи кафорат (Иброҳим)

Хислати кафорат – Румиён 3:21-31

1.      Ин аъмоли Худо аст, ки Ӯ фармудааст гуноҳкори тавбакардаро дар Исо адолат шумордааст.

2.      Кафорат амал якбора аст – на равиш.

3.      Кафорат шуморидан дараҷаҳо надорад – ҳар имондор ба назари Худо як аст.  Хоҳ гуноҳ сафед шудааст ё гуноҳ торик аст. 

4.      Кафорат ин амали Худо аст, на аз одамизод. 

5.      Худо моро насоҳтааст, ки мо ҳеҷ вақт  гуноҳ надорем, аммо мо медонем, ки бо адолати Ӯ сафед шудем.

6.      Кафорат мавзуи адлия аст.

7.      Худо бо адолаташ Масеҳро ба ҷои гуноҳҳои мо ба ҳисоби мо шумордад.

8.      Тақдис кардан ин равиш аст, ки мо бисёр мисли Масеҳ мешавем.  Мумкин тақдис кардан ҳар рӯз фарқ дорад аммо кафорат фарқ надорад.

Румиён 3:21 – сафед шудан аз шариат нест.

         Роҳи адолати Худо аз шариат нест.

·         Агар наҷот ба воситаи шариат бошад, ин бисёр мушқил аст.

·         Ва мо кай медонем, ки амали савоб кифоя шуд? Ба ҳеҷ вақт кифоя мешавад.  Ин фикр фақат дар миёни умед ҳаст – фикри аник нест.

·         Худо сар то сар кори савоб ҳисоб мекунад, вале ин барои сафед шудани гуҳоҳ намерасонад

Румиён 3:22 – сафед шудан ба воситаи имон ба Исои Масеҳ аст.

Румиён 3:22-23 – барои ҳама аст

Румиён 3:23 – музди гуноҳ марг аст – туҳфаи файз ҳаёт аст.

Румиён 3:24 – бо файзи Худо

·         Ройгон = бепул, муфт, чизеро бемеҳнат

·         Юҳанно 15:25 – Калимаи «ройгон»  дар ин ояти Юҳанно 15:25 ”бесабаб” тарҷума шудааст. 

                     Бесабаб сафед шудаем.  Мо сазовор нестем. 

”Кафорат” – ҳам маъни «халос шудан»ро дорад.

·         каломи бозори ғулом

·         Румиён 8:21 – дар ин оят «халосӣ ёфта» тарҷума шудааст. 

·         Луқо 1:68 – ”ба вай халосӣ ато фармудааст”

·         1 Петрус 1:18-19 – Кафорат дар ин оят «харид» тарҷума шудааст. 

·         Ибриён 9:12 - «На ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ва қудс дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард 

·         Мо бандагони гуноҳ будем, ва Исо моро харид ва халос кард.

         Румиён 3:24 – ”Ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи харидани Исои Масеҳ, сафед карда мешаванд.”  Ҳам «ба воситаи пушидаи Исои Масеҳ сафед карда мешаванд.»   

Румиён 3:24-25 – дар ивази хуни Масеҳ кафорат дода шуд.

·         ин чизи қиматро Худо додааст.

·         Наҷот ройгон аст, аммо беарзиш нест. Чун хуни Исо қимат аст.

Наҷот бо воситаи имон (3:22), ҷудо аз шариат(3:21), барои ҳама (3:22-23) ва аз файзи Худо аст (3:24).

Румиён 3:25 – ”кафорате” – ҳам маънӣ қурбонӣ, ки шариатро созиш мекунад.  Инҷо калимаи суд ва адлия, то ки қонунии шариат розӣ мешавад. 

·         Ададҳо 7:89 – дар ин оят «сарпӯше»ро тарҷума шудаст. 

·         Ҷое ки Худо бо одамизод воҳурӣ мекунад

·         ”дар хуни Ӯ ба воситаи имон сарпӯше бошад”

·         Қурбонии Исо қурбонии пушонанда аст.

Маъно инҷо аст, ки мо бо шариат созиш кардем. 

         Шариат розӣ шуд.  Гуноҳҳои мо бо хуни Исо созиш карданд.

1.      Ибриён 2:17 - «Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад.»  

2.      (1) Юҳанно 2:1-2 -   «ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст.  Ва Ӯ  кафорат аст барои гуноҳҳои мо.» 

3.      Чун гуноҳҳои пештар дар канормонданд. Худо ҳисоб накард.  Аммо ҳозир бо Хуни Исои Масеҳ,  гуноҳҳои мо нафақат пушида аст, аммо сафед ҳисоб шудааст. 

«Кафорат» – хулосаи маънии ин калима

                     Сафед шудан – каломи Маъбад аст

Созиш кардан – каломи суд ё қонунӣ (адлия)

Халос шудан – каломи бозори ғулом

Румиён 3:26 - Худо одил аст ва одилкунанда аст.

Румиён 3:27

         Болидан ё фахр кардан – касе, ки дар об ғарқ мешавад ва касе дигар ӯро наҷот медиҳад.  Ӯ наметавонад биболад.  Ин мисол аст.  Агар метавонад – ин монанди шариат.  Касе, ки кори савоб анҷом медихад, ӯ фахр карда метавонад.  Вале касе, ки бо имон ба воситаи хуни Исо харида шудааст, ӯ ҷои ҳавобаландӣ надорад. 

«шариати аъмол»  - қонуни ҷисмонӣ назар дорад

«шариати имон»  - зиндагӣ бо имон назар дорад;  «аз имон ба имон» 

         башорати Исо қонуни имон дорад, на амалӣ. 

Румиён 3:28 – Наҷот фақат бо имон ва фақат бо ҷалоли Худо аст.

«сарфи назар аз аъмоли шариат»  бевоситаи аъмоли шариат

Румиён 3:30-31 - шариат устувор гардонад.

         Чӣ хел ба воситаи имон шариат устувор мегардонад?  Мақсади шариат чӣст?  Шариат устувор мегардонад чунки мақсади шариат иҷро мешавад – донистани гуноҳ ва роҳнамои мо, ки муҳтоҷ ҳастем. 

Румиён 4:1-25   Намунаи кафорат – Иброҳим

Муқоиса кунед: Румиён 4 ва Ҳастӣ 15:1-21

·         Чӣ воқеа шуд?

·         Ояти 6 – чӣ хел Иброҳим адолат ҳисоб карда шуд?

·         Чанд сола буд? (Ҳастӣ 16:16) – 86 сола

·         Иброҳим дар вақти хатна чанд сола буд? Ҳастӣ 17:1 – 99 сола

·         Ӯ дар вақти қурбонии писараш чанд сола буд? (Ҳастӣ 21:5)

Таваллуди Исҳоқ – 100 сола буд

Қурбонии Исҳоқ – 112 сола буд

·         Хатнааш 13 сол баъд аз имон оварданаш буд. 

·         Қурбони писараш 25 сол баъд аз имон оварданаш буд.

·         Шариат 430 сол баъди Иброҳим омад (Ғалотиён 3:17-19).

Имон овардани Иброҳим монанди имон овардани мо аст:

Иброҳим ба воситаи имон наҷот гирифт на бо кори савоб (Румиён 4:1-8).

Иброҳим ба файз на ба шариат имон овард (Румиён 4:9-17).

«Ҳисоб» – 11 бор дар Румиён 4

         Оятҳои – 3,4,5,8,9,10,22,23,24  - ду бор «ато» 4:6,11ро тарҷума шудааст. 

         Дар банк ҳисоб ҳаст.  Ҳам мо бо Худо ҳисоб дорем.  Ҳамаи гуноҳи мо дар ҳисоби Исо монда шуд.  Ҳозир Худо дар ҳисоби мо адолати Исоро мебинад – на гуноҳҳои моро.  Чунки Худо гуноҳкорро сафед мекунад.  (Румиён 4:24-25)

Румиён 4:4-5 – Худо туҳфа медиҳад – на музд. Ҳеҷ кас аз Худо ба воситаи кори савоб музд намегирад. Чунки ҳеҷ кас аз мо наметавонад сазовори шариат рафтор кунад. (Барои ин ки шариат барои зиндагии комил маҷбур мекунад). Агар музди Худо бо пардохт аст – на бо файзи Ӯ пас ҳамаи мо ҷазо хоҳем гирифт. 3:23 – музди гуноҳ марг аст.

Румиён 4:6-8   (Довуд аз Забур 31)

         Ин ду ояти аз Забур, чӣ алоқа бо ин мавзуъ доранд?

·         Аввал, ин 4:9, бо калимаи «хушбахт»-и Довуд, бо ин мавзуъ пайваст.  Гуноҳи Довуд, пӯшида шудааст, ва ин аз файзи Худо, монанди атои Худо.  Ӯ сазовор набуд.  Аз шариат, Довуд сазовори марг буд. 

·         Дуюм, ин калимаи «ҳисоб» (4:9).  Гуноҳи Довуд бе ҳисоб шуд, ва дар ин боб дар бораи Иброҳим нақл мекунад.  Иброҳим «адолат ҳисоб карда шуд.»

·         Павлус метавонад ҳам аз Довуд, исбот кунад аммо ҳозир фақат изҳор мекунад. 

Румиён 4:9-12 – Барои наҷот имон даркор, на хатна ё кори ҷисмонӣ. 

Румиён 4:11

·         Ҳастӣ 12:3, 18:18, ва 22:18 пайваст аст. 

Румиён 4:13- 21 – Имони Иброҳим намуна аст.

8 бор калимаи «имон» ҳаст. 

 

Румиён 4:15 – касе, ки шариатро иҷро мекунад, ӯ аз шариат мукофот намегирад чунки, шариат фақат ба касе ки шариатро мешиканад ҷазо медиҳад.

Ҳам ҷое ки шариат нест (касе, ки бешариат зиндагӣ мекунад) , ҷазои шариат нест.  (аммо ҳам онҳо узр надоранд.) 

Румиён 4:22-25 – Ҳисоби Иброҳим ҳам бо мо пайваст аст.  Дар Исои Худованд аз гуҳоҳҳои мо ҳисоби сафед шудан. 

Румиён 5:1 – 8:39 – Имондорон «ба имон» зиндагӣ мекунанд. 

Аз имон – Румиён 1:18 – 4:25 наҷот аз имон аст

Ба имон  - Румиён 5:1 – 8:39 – имондорон «ба имон» зиндагӣ мекунанд.

Боби 3-5 – мо аз ҷазо барои гуноҳҳо озод шудаем – кафорат кардан

         Каломи зарур – сафед шудан, одил ҳисоб шудан, имон.

Боби 6 – 7 – мо аз қудрати гуноҳ озод шудаем – тақдис кардан (қудсият)

         Каломи зарур – файз, ҳукмрон, фориғ (озод).

Румиён боби 5

Баракати наҷот бо имон зиндагӣ мекунем – 5:1-11

         Хонед ва ҳафт баракати наҷотро ёфт кунед.

Румиён 5:1 – бо Худо осоиштагӣ дорем

Румиён 5:2 -  Аз ҷалоли Худо маҳрум шудем (3:23) аммо оянда мо «бо умеди ҷалоли Худо меболем.»

Мо ҳама вақт ва ҳама ҷо ба сӯи Худо роҳ дорем. Ин баракати Худост.

Румиён 5:3-5 – ин чизҳо бо якдигар алоқаманд ҳастанд – чӣ алоқамандӣ доранд? Ҳам чӣ хел ин чизҳоро зина месозанд? Барои зиндагии мо чӣ фарқ доранд?

Румиён 5:4 - "ботаҷрибагиро"

·         мутахассис мешавем, аз чизҳои имон ҳақиқат ё самимӣ мешавем

·         Рафту омади ин кас қабалкӣ нест. 5:5- "умед шарманда намекунад" – мисли Румиён 4:21 – «бовари комил дошт»

·         Ҳар ки имон оварад, хиҷил нахоҳад намуд (Румиён 9:33, 10:11; Ишаъё 28:16)

Румиён 5:5 -   "Рӯҳулқудус" якум бор дар ин китоби Румиён қайд шудааст. 

Ҳам, муҳаббати Худо.  Рӯҳи Худо ва муҳаббати Худо чизҳои асосии зиндагии мо.  Бе онҳо, мо наметавонем аз қудрати гуноҳ озод шудаем.

Румиён 5:6 - "суст" = беқобилият, бе қудрат

-    «осиён» алоқаманд бо Румиён 4:5 дорад,  Исо барои мо мурд - «осиён» сафед мешавад. 

"Муқарраршуда"

-   Вақти хубтарин

-   Вақте ки муҳтоҷи наҷот буданд.

Румиён 5:7-8 - Одатан ягон касе барои як марди нек ё касе бо савоб фидо намекунад.  Аммо мумкин баъзе кас ин хел мекунад.  Лекин муқобили ин ақидаи ин аст ки Худо муҳаббаташ дар вақте ки мо гуноҳкор будем -  Исоро барои мо фидо кард.  Ин муҳаббат аст ва файз аст.

Румиён 5:9 - Аз ғазаби Худо наҷот хоҳем ёфт. (ин ҷазои гуноҳ)

·         "алалхусус"- (5:10,15,17,20) Махсусан, хусусан  "Ин кадар бисёр"

Румиён 5:10 – Душманӣ бо Худо буд, ҳозир дустӣ шуд.

Вақте, ки гуноҳ кардем, мо дӯсти Худо ҳастем ё душмони Ӯ?

«мусолиҳа кардан»  дар ҳоли сулҳ ва оштӣ будан бо ҳамдигар.  Бо Худо оштӣ шудаем. 

«Ҳангоми ки душманони Худо будем, Ӯ ба василаи марги фарзандаш моро бо Худ оштӣ дод, пас акнун ки дӯстони Худо шудаем.»  (Фарсии тафсирӣ)

Румиён 5:12-21 – Ҳаёт ба воситаи намунаи «як»

·         Дар ин оятҳо калимаи «як» 11 бор аст. 

·         Саволи асосӣ:

**Оё мо гуноҳ карда баъд гуноқкор мешавем---------- ё худ гуноҳкор

ҳастем ва бо ин сабаб гуноҳ содир мекунем?

Масеҳ ва Одамро муқоиса кунед ки Одам чӣ овард ва Масеҳ чӣ овард? Рӯйхат тайёр кунед.

Масеҳ чӣ овард                                                                            Одам чӣ овард

1.                                                                  Одам "Тимсоли шахси оянда"     5:14   

2.

3.

4.

5.

6.

 Чӣ хел барои Худо мумкин аст ки гуноҳкоронро дар Исо сафед кард? Мо фаҳмидем ки Исои ҷои моро гирифт. Чӣ хел инро мефаҳмем?

Румиён 5:12 - Барои чӣ мамот (марг) вуҷуд дорад?

Табиати одамизод чунин аст, ки бегуноҳ буда наметавонад.

** Чӣ қадар гуноҳ— гуноҳ ҳисобида мешавад?

Исо чӣ овард

·         Файз омад- 5:15

·         сафед мекунад- 5:16,18

·         ҳаёт ҳукмрон хоҳанд шуд – 5:17

·         Ҳаёти ба ҷаҳон дохил шуд - 5:17

·         файз ҳукумрон шавад- 5:21

·         ба воситаи адолат- 5:18

·         итоати ӯ =мо одил мешавем 5:19

·         файз фаровон гардид- 5:20

Одам чӣ овард

·         гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд – 5:12

·         мамот омад- 5:12

·         маҳкумият мешавад- 5:16, 18  

·         мамот ҳукумрон шуда- 5:17,21

·         ба воситаи гуноҳ- 5:18

·         беитоатии ӯ = гуноҳкор шуданд- 5:19

·         гуноҳ зиёд шуд- 5:20

** Ин каломи "як" такрор шудагӣ (11 бор), барои чӣ такрор шуд ва чӣ маъно дорад?

·         Мо бо Одам пайваст шудем, ва якҷоя бо Одам шудем. Ҳам бо Исо.

·         Мо насли ӯем.

·         Одам барои мо

·         намуна ё вокил аст

·         мо дар Одам будем.

·         6:10- "як бор барои ҳамеша"

Қоидаи Ҳукмронӣ- 5:14, 17,21; 6:12, 14, 19

Гуноҳ ва марг бар Масехҳ ҳукмрон наметавонанд — ҳам бар имондорон наметавонанд. Исо музди гуноҳ супорид ва низ қудрати гуноҳ шикаст.

Хулосаи Румиён 5

·         Мо ки душмани Худо будаем, аз ғазаби Худо наҷот хоҳем

·         5:10- Мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот хоҳем ёфт.

·         5:15- Ин қадар бисёр файзи Худо ба восилаи Исо фаровон

            мегардад.

·         5:17 - Ин қадар бисер ки мо ҳукумрон хоқем шуд.

·         5:20 - Ин қадар бисёр файз қудратар аз гуноҳ аст.

Мисол:

5:9 -Подшоҳ моро маҳкум кард ва мо душмани ӯ будем. Мо аз душмании ӯ озод шудем.

5:10- Мо ба воситаи пули подшоҳ зиндагӣ мекунем.

5:15 - Мо аз подшоҳ ҳадяи фаровон мегирем.

5:17 - мо ҳозир бо подшоҳ якҷоя ҳукмронӣ мекунем.

Румиён 6:1-13  Намунаи наҷот бо Исои Масеҳ

Се эътирози сафед шудани имон –

сето «пас чӣ гӯем?» Румиён 6:1, 6:15, 7:7

1.         Оё мо дар гуноҳ бимонем, то ки Худо низ бахшоиши бисёре ба мо нишон диҳад?   Не! Румиён 6:1-14

2.         Агар шариат надорем, пас мо иҷозат дорем то, ки гуноҳ кунем?  Не!  Румиён 6:15-7:6

3.         Оё шариати Худо бад аст?  Не!  Румиён 7:7-25

Ин се эътироз нишон медиҳад, ки имондорон шариату файзро намефаҳманд. 

Барои тақдис шудан аз шариат ва файз ду ниҳоят аст – зиндагии шариатӣ ё зиндагии иҷозатӣ.  (Боби 7 дар барои ин нақл мекунад. 

Боби 6 – зиндагии ғолибӣ бар гуноҳ

Боби 7 – зиндагии озодӣ аз шариат

Боби 8 – зиндагии амниятӣ

Мисоли таъмид бо наҷот нишон медиҳад. 

Таъмид – ду маънӣ дорад

1.            Ғӯтидан – зери об

2.                                                                                                                                                   пайвастан – ин расми пайвастан аст, мо бо Исо пайваста шудем.  Имондорон бо марг, дафн ва эҳёи Исои Масеҳ ҳастанд. 

3.                                                                                                                                                  

2.  Ин намунаи берун бо об аз таҷрибаи дарун (рӯҳонӣ) аст. 

Дар об истодан  = Бо Ӯ маслуб шудаем 6:3,5,6 - Дар вақте, ки Исо мурд, мо мурдем.

Зери об рафтан  = Бо гуноҳ мурдаем 6:11, 6:6 бо Ӯ дафн шудаем - 6:4

Аз об бароман  = ҷисми пургуноҳ ботил гардад   6:6


Бо Ӯ эҳё шудаем 6:5


бо Ӯ хоҳем зист 6:8

Бо ҳаёти нав кадамгузор шавем 6:4

Дар вақте ки Исо Эҳё шуд, мо эҳё шудем. 



Дар вақте имон овардан ҳамин ин чизҳо иҷро шуд ва ҳам дар вақти таъмид гирифтан — ин чизҳо нишон медиҳад.  Роҳи Озод!

1.   Бидонед 6:3, 6, 9

Бо фикр сар кунед

·         ёд гирифтан даркор — ки Исо барои имондорон чӣ зоҳир кард.

·         Мо бо Исо мурдем ва ҳозир ҳаёти нав дорем. 

2.   Ҳисоб кунед —6:11

19 бор “ҳисоб” истифода мекунад” -  мисли ҳисоби банк

имконят дорем вале иҷро карда даркор

-       Агар медонед, пас бо зиндагӣ ҳисобӣ ва рафтор кунед.

-       Дар дили худ ҳисобӣ кунед. 

Таслим кунед — 6:13, 16, 19 –  (5 бор такрор шудааст.)

худро ба ихтиёри каси дигар супурдан

худро ба ихтиёри Масеҳ супоред, то одами кунаҳ мурда ва ба рӯҳи Худо зиндагии нав кунед. 

Ибодати оқилонаи шумо. 

Румиён 12:1


Румиён 6:5 – ҳам исбот мекунем, ки мо оянда эҳё мешавем. 

Румиён 6:6-10 -   Мо бандаи гуноҳ нестем

Румиён 6:6 - “инсони кӯҳна” он кас ки мо пеш аз имон овардан будем.

“ботил гардад” форсӣ “нобуд гардад”

қудрат нест, имконят нест. Бетаъсир шуд, бе ҳаракат аст. 

амал оварда наметавонад

Дар Румиён 7:2 – калимаи «фориғ» тарҷума шудааст.   - Ин шавҳар ба зан нуфӯз ё қудрат надорад. Чун ӯ мурд, зан озод аст. 

Румиён 6:7 - “фориғ”  аз гуноҳ озод ҳастем

Кӣ мурд?  Аз ояти 6:6, мо бо Исо мурдем ва ҳозир озод шудем. 

Бандагони адолат - Румиён 6:13-23

Чӣ хел таслим мекунад?

6:13- ҷисмро ба Худо таслим кунед

як бор таслим кунед ва барои ҳама вақт

6:16 - мақсад- барои итоат

Барои чӣ таслим кунем?

1.      Барои файзи Худо – 6:14, 15

2.      Озоди гуноҳ шудаем – 6:16-20

Мисли оғо ва ғулом – Шумо ғуломӣ кӣ ҳастед?  Гуноҳ ё адолат? 

3.      Музди Худо ҳаёти ҷовидонӣ аст - 6:21-23

Румиён 6:13-“олат” = “олот” (ҷамъ)    Узви бадан

Румиён 6:14- Чӣ хел мумкин аст ки мо ҳозир тобеъи шариат нестем? Нақл кун

Румиён 6:15   “ Оё чун зери файзи Худо ҳастем ва на тобеъи шариат, иҷозат дорем гуноҳ кунем?” (форсӣ)

Румиён 6:16 - Ба Кӣ шумо таслим мекунед, ва кӣ соҳиби шумо мешавад — гуноҳ ё Худо?

Румиён 6:18 - фориғ = озод, ояти 20, 22

Файз: Файз ин аст ки чизҳое, ки мо сазовор нестем аммо Худо ба мо медиҳад. (мисли ҳаёти ҷовидон)

**Файзи Худо ба мо чӣ медиҳад?

Файзи фаровон:

3:24 - сафед карда мешавем


4:16 - Иброхим падари хамаи мост

5:2 - ба хузури Худо дохил шудаем

5:15,16 - фаровон мегардем

5:17 - Дар Исо ҳукмрон хоҳем шуд

5:17 - Барои ҳаёт ҳукмрон шавем

5:20-21- файз аз гунох калонтар аст.

6:14, 15 бо файз зиндагӣ мекунем то, ки гуноҳ накунем— мо озод нестем.

6:23 - ҳаёти ҷовидонӣ

Хулоса: Бидонед ки шумо бо Масеҳ мурдаед ва ҳам ба гуноҳи худ.  Ҳисоб кунед, ки он дар умри шумо ҳақиқат аст ва бадани худро барои хизмати Худо таслим кунед.



[1] Комметарии Румиён аз Р. Клайн , саҳ. 2

[2] Комметарии Румиён аз Р. Клайн,  саҳ. 2

[3] Комментарӣ Румиён аз Р. Клайн, сф. 7

[4] Комментари Румиён аз Р. Клайн, сф. 7

[5] асоси ҳар чизе, моҳияти



<< Дарсҳои рӯҳонӣ