Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Румиён - 2

Румиён Боби 1-8 — Башорат чӣ аст

1:1-3:20— башорат (хӯш хабар) барои ҳама даркор, чунки ҳама гуноҳкор ҳастанд. 

3:21-5:21— Башорати Исо ба имондорон кафорат шуд.

Проблема: Маҳқумият сари мо аст

Натиҷа: Мо аз Маҳқумияти гуноҳ озод шудем.

Ба Восилаи: Маслуб ва Эҳёи Исо  Румиён 6:1-8:39

Тақдис кардан: бо башорати Исои Масеҳ зиндагӣ шуд.

Проблема: мо ба қонуни гуноҳ итоат мекардем(Румиён боби 7)

(мо ба табиати нафсони банд будем)

Натиҷа: мо аз қонуни гуноҳ (қудрати гуноҳ) озод шудем.

Ба василаи: Рӯҳи Худо, ки дар мо сокин шуд.

Мухтасари Румиён

Румиён 6-Тақдис ва гуноҳ

Румиён 7-Тақдис ва шариат

Румиён 8- Тақдис ва Рӯҳ

Румиён боби 9-11— Башорат ба Исроил чӣ алоқа дорад.

Румиён боби 12-16—Амали башорат дар зиндагии имондорон

Румиён боби 6-8 -  Тақдис кардан “ба имон”(1:17—на бо шариат).

Боби 6- Мо ба гуноҳ мурдем

Оё мо барои гуноҳ кардан озод ҳастем?

Мо бо гуноҳ мурдем.

 Боби 7 –Оё тақдис кардан ба воситаи шариат аст?  Не!

Тақдис кардан— Myқаддас шумурда шудан  --   Муқаддасии Исо ба мо мегузарад. (1) Қӯp. 1:30

Ҳисоби Худо дар вақти имон овардан ва ҳам ин просесс аст.  Ҳар рӯз ба Худо таслим кунед ва аз гунох дур шавед.

Боби 8 - Тақдис кардан ба воситаи Рӯҳи Худо мешавад.

Шариат

Шариат чӣ аст? 

Мақсади асосии шариат чӣ аст?

Ҳозир имондорон бо шариат чӣ хел алоқамандӣ доранд?

Оё мо тобеъи шариат ҳастем ё не? Чӣ хел ҳастем- нақл кунед?

7:15-21— Проблемаи Павлус чӣ буд?

Ин проблема пеш аз имон овардан ё баъд?

Қоидаи Шариат – Дар Румиён 7 калимаи «шариат» 23 бор аст. 

Ин ақида аст ки мо аз итоати қонунӣ муқаддас мешавем.  Касе фикр мекунад ки бо рафтори қонунӣ муқаддас аст.   Ин ақида ба рафтораш, на ба дилаш доварӣ мекунад.  Ин ақида комил нест. 

Мо ба воситаи шариат кафорат нашудем.

Ҳам ба воситаи шариат тақдис намешавем.

Проблема: шариат амали гуноҳро нигоҳ мекунад, аммо на сарчашмаи гуноҳро.

Шариат зоҳири инсонро доварӣ мекунад—на ботинро.

Чӣ хел пок мешавем?

Назари шариат дар Румиён

 

Румиён 3:20,21,27,28,31

 

Румиён 4:13-16        

 

Румиён 5:13,20          

 

Румиён 6:14,15,19     

 

 

 

Румиён 7:1-6   -   Қудрати шариат бо намунаи оилавӣ

 

Румиён 7:4-6 - Мо бо шариат мурдаем

            Баъд мо эҳё шудем ва боъд ба Исо тааллуқ дошта бошем.

            Ғалатиён 2:20

Румиён 7:7-13 - Мақсади шариат нишон медиҳад.

«Тамаъ накун» - қисми шариат ки ба ботини одам нигоҳ мекунад.  Ва ҳам шикастани шариат бо орзӯи ин сар мешавад. 

Румиён 7:8-9 - Гуноҳ ба воситаи шариат ҷон мегирад

Румиён 7:11-14,16   -     натиҷаи шариат

Румиён 7:12-13 - Шариат маълум мекунад, ки гуноҳ чӣ кадар аст

Шариат чӣ хел аст?  7:12 – муқаддас, нек ва бар ҳақ аст,   7:14 – рӯҳонӣ, 7:16 – нек аст, 

Румиён 7:10-11 - Шариат мекушад,  Ҳаёт намеёбад.

Румиён 7:14-25 – Шариат қобилияти тақдис кардан надорад

Ҷанги рӯҳонӣ даруни мо аст. 

Румиён 7:22-25 – шариат озодӣ намеоварад. 

«Шариат худ ҳеҷ иштибоҳе надорад. Иштибоҳ дар қалби инсон аст.»

Мақсади шариат муқаддас шумордан нест вале донистани гуноҳ аст. 

Румиён 8 – Эъломияи озодиҳои имондорон

Тақдис кардан ба воситаи Рӯҳи Худо мешавад.

Рӯҳ , рӯҳонӣ 20 бор

Румиён 6-Тақдис ва гуноҳ

Румиён 7-Тақдис ва шариат

Румиён 8- Тақдис ва Рӯҳ

** Оё Худо аз маҳамати худ рӯй мегардонад?

** Мо имон овардем ки Худо моро наҷот дод пас аз чанд вақт мо дар имон суст шудем. Оё Худо наҷоти худро аз мо мегирад?

Озодии имондорон аз маҳкумияти гуноҳ Румиён 8:1-4

Рум. 8:1-2 – инҷо аз чӣ озод шудем?  (2) Тимотиюс 2:13

Машқ - Ҷадвали чизҳои ҳасби ҷисм ва ҳасби рӯҳ.  Ҳасби – ба восилаи» 

Мо аз зиндагӣ ҳасби ҷисм озодӣ шудаем - Румиён 8:5-17

Румиён 8:7 – ҳеҷ кас наметавонад ба шариат зиндагӣ кунад. 

Румиён 8:15 – Рӯҳи фарзандхондагӣ = писар гузошта шуд.  

            Мо ба Худо тааллуқ дорем.

            Мо дар ҷои писар шудаем.

            Мисли ғулом нестем.      (Юҳанно 15:13-15)

Румиён 8:17 – Фарзанд бо Падар дар робита мешаванд, мо бо Худо алоқа дорем. 

            Ворисонаш -

            ** ҳар фарзанд ворис шуда наметавонад? Барои чӣ?

            Меросхур ворис мешавад.

            Ҳамирсони Масеҳ - “ҳамхун”

            Ҳам ворис ҳам ирсӣ шудаем.  Мо дар Масеҳ ҷалол ёфтем.

Румиён 8:18-30 – Мо аз фанои ҷисм озод мешавем

Проблема: Мо рӯ ба рӯӣ гуноҳ ҳастем.

Натиҷа: Бадани мо бефано мешавад.

Ба василаи: Рӯҳ ва Эҳёи Исо – оянда эҳё мешавем. 

Фаноии дунё – 8:18-22

Оҳу нолаи имондорон – 8:23-25

Румиён 8:23 - «кафорати ҷисми худ мебошем»  Худо рӯҳи мо ва ҳам ҷисми моро нав мекунад.  Дар рӯзи қиёмат ин маълум мешавад.  Ин таҷлил шудан аст. 

8:23 - “кафорати ҷисм”

Таҷлил шудан-

Аз калимаи  ”ҷалол” — ҷалоли рӯй Худоро дидан, фақат аз Худо.

Худо ҷамоли худро нишон дод.

Таҷлил кардан - бадан эҳё мешавад ва солиму камол меёбад.

            Бефаноӣ шумурдан.  Ҷисми мо кафорат меёбад. (Румиён 8:23 - “кафорати ҷисм”

Шафоати Рӯҳи Худо – 8:25-30

Румиён 8:26-28 – ин оятҳоро содда кунед

Румиён 8:29-30 –

            Муайян кардааст – Худо таъин кард - Ӯ огоҳӣ аст.

            Даъват – башорати Инҷил

            Сафед кардан – кафорат

            Ҷалол додан – таҷлил шудан.

            Корҳои Рӯҳ

Тақвият медиҳад

Нияти дил медонад

Барои дуои мо ёрӣ мекунад.

Барои мо дуо мекунад – Юҳанно 17:20

Румиён 8:31-39 – Аз тарс озод мешавем

Рум. 8:35-39

Румиён 9-11 – Башорат нисбати Исроил

Мо дар Исои Масеҳ ҷудо шавад наметавонем аммо Исроил чӣ?  Оё онҳо метавонанд аз ваъдаи Худо ҷудо шаванд? 

Дар Китоби Муқаддас, Исроил кӣ аст?  Ин як қавми Яҳудӣ дар Аҳди Қадим боваста аст.  Ин назари сиёсад надорад, ки имрӯз кишвари Исроил вуҷуд дорад.  Вале барои халқи Яҳудӣ ки ҳозир ҳаст назар дорад. 

Худо чӣ хел аст?  Агар онҳо дар як тараф монда аз Худо ҷудо кардааст, оё Ӯ метавонад моро ҳам аз Худаш дар тарафи дигар монад?  Худо вафодор аст ва ҳам ба Исроил вафодор шавад.  Ҳозир пешгӯй дар бораи Исроил ҳаст ва Худо ин пешгӯиҳо иҷро мешавад. 

Румиён 9 – Интихоби Худо дар вақти пеш

Румиён 10 – Нобоварии Исроили ҳозира

Румиён 11 – Баргаштани Исроили оянда

Румиён 9 – Интихоби Худо дар вақти пеш

Румиён 9 – Хислати Худоро нишон медиҳад

                        Румиён 9: 1-13 – Ваъдаи Худо, Худо Амин аст нобастаи рафторои инсон. 

·         Румиён 9:1-3 – Дилсузии Павлус чӣ хел буд? 

·   Баракати Исроил чӣ аст?  9:4-5

1.

   2.

   3.

   4.

   5.

·         Интихоби Худо аз ҳасби чӣ аст?  9:6-13

            Румиён 9:6   «Пас оё Худо дар анҷоми ваъдаҳои Худо ба яҳудиён кутоҳҳои карда аст?  Ҳаргиз! Зеро ин ваъдаҳоӣ ба касони дода нашуда, ки фақат аз падару модари яҳудӣ метаваллуд мешаванд, балки ба онҳои дода шуда ки ба ростӣ Яҳудианд.»  (Тафсирии Форсӣ)

o   Оё интихоби Худо ба воситаи кори савоб аст?  Аз чӣ аст?  Румиён 9:11-13

o   Маъно на ҳама Исроилӣ фарзандони Худо ҳисоб мешаванд, яъне Худо Худаш интихоб ва ваъда медиҳад. 

Румиён 9:13 – Ин оят ба кишварро дар назар дорад, на шахсияти Яъқуб ва Эсовро. 

Ин оят аз Малокии набӣ 1:2-3 - «вале Ман Яъқубро дӯст доштам, ва аз Эсов нафрат кардам.» 

o   Оё Худо ба гуноҳкорон нафрат дорад? 

o   Юҳанно 3:16 – Худо гуноҳкоронро дӯст медорад аммо амали гуноҳро дӯст намедорад. 

o   Дар ин оятҳо дар бораи интихоби Худо сухан меравад.  Интихоби Худо аз рӯи амал ё ҳасби ҷисм нест.  Вале Худо як халқро интихоб кард, дигарро интихоб накард.  Интихоби Худо мисли муҳаббат ва нафрат аст. 

Румиён 9:14-18 – Марҳамати Худо

            Савол дар 9:14 – чӣ маъно дорад?

            Марҳамати Худо чӣ хел мешавад? 

           

Румиён 9:19-29 – Инсофи Худо

            Румиён 9:19-24 – Хулоса ин абзтс чӣст? 

            Румиён 9:26 – киро дар назар дорад? 

            «бақияе» чӣ маъно дорад?  9:27-29

Румиён 9:30-33 – Файзи Худо

            Гуноҳи Исроил чӣ аст?  Румиён 9:30-33

            Адолат аз чӣ аст?  Румиён 9:30

Нобоварии Исроил – Румиён Боби 10

Румиён 10:1 – Орзуи Павлус чӣст? 

Румиён 10:2 – Кӣ монанди Яҳудиён ҳастанд ки рашки Худоро доранд вале на аз рӯи фаҳм? 

Румиён 10:5 – Ин оят чӣ маъно дорад?  Яҳудиён ба воситаи чӣ хоҳад зист? 

Румиён 10:8 - «калом наздики туст, дар даҳони ту ва дар дили туст»  ин чӣ маъно дорад? 

Румиён 10:9-10 – Имон овардан чӣ аст? 

            Аз сиқди дил чист?

            Аз рӯи даҳон чист? 

            Чӣ чизҳоро дар бораи Исои Масеҳ бовар кардан лозим аст? 

Румиён 10:11 – ин оят бо Румиён 9:33 пайваст аст. 

Румиён 10:12 - «тафовуте» - фарқ, фарқи байни ду чиз. Байни яҳудӣ ва ғайри Яҳудӣ фарқият нест,  онҳо яксон ҳастанд.  Ҳозир ҳама ба воситаи Исои Масеҳ имон меоварад (Румиён 10:9-10)

Румиён 10:13-15 – Вазифаҳои имондорон чӣ аст? 

Румиён 10:16-17 – натиҷаи башорат диҳӣ чист?

 

Ҳозир Исроил бо ваъдаҳои Худо чӣ хел пайваст?

1.      Фақат ба воситаи Исои Масеҳ наҷот меёбанд  (10:9-11)

2.      Онҳо дар барои Худо медонанд аммо на аз рӯи фаҳмидашон.  (10:2)

3.      Онҳо толиби Худо нестанд (10:19-21)  Румиён 3:11

Румиён 11 – Баргаштани Исроили оянда

Румиён 11:1 - «Магар Худо қавми Худро рад кардааст? Ба ҳеҷ ваҷҳ.»

Румиён 11:2-4 – ҷавоби савол – мисоли Илёс.  Ӯ фикр мекард ки Худо ӯро танҳо монд, яъне Худо ӯро рад кард.  Вале Худо нақшаи дигар дорад ва ҳам ӯро рад накард. 

Румиён 11:5 – Ҳозир бақияе мондааст.  «Бақияе»  чи аст?  Боқимонда, имрӯз як қисми Яҳудиён имондор ҳастанд. 

            Вале ба воситаи файз ё кори савоб пеши Худо меоянд?  (11:6)

Румиён 11:6-12 - Воқеаи яҳудиёни имрӯза

·         Онҳо аз чизҳои рӯҳонӣ хоб ҳастанд (11:8)

o   Ин оят аз Такрори Шариат 29:4 ва Ишаъё 29:10

·         Чашмони онҳо хира аст.  (11:9-10)

o   Ин оят аз Забур 68:22-23

·         Онҳо сангдил шуданд (11:7, 25)

·         Онҳо рашқ пайдо кардаанд (11:11-12)

Румиён 11:13-16

            Се натиҷаи бад дар бораи Исроил

1.                  «пешпо хӯрдаанд» 11:11

2.                  «шикасти онҳо»  11:12

3.                  «Худо аз эшон рӯи гардонад» (форсӣ тафсирӣ) 11:15

Румиён 11:16 – ин мисол аз Ададҳо 15:17-21 – як қисми хамири худ барои ҳадия ба Худо бибахшанд ва ин ҳисоб ҳаст ки ҳама хамир ҳадия ё муқаддас аст.  Агар як қисми яҳудиён имон овард пас ин нишон медиҳад ки Худо онҳоро фаромуш накард. 

Румиён 11:17-24 – Мисоли дарахти зайтун

o   Халқи дигар пайванд кард

o   Румиён 11:16-18 – реша кӣ ҳастанд? 

o   Онҳо бояд чӣ накунад?  11:18-19

o   Аз кадом сабаб Яҳудиён ҷудо шудаанд?  11:20

·         Оё Худо метавонад боз бо Яҳудиён кор кунад?  11:23-24

Румиён 11:25 – Вақти Худо

·         Ин чӣ маънӣ дорад? 

·         Барои башорат додан бо мо чӣ мешавад?  Вақти Худо чӣ хел ҳисоб мешавад? 

Румиён 11:26–27 – Ваъдаи Худо

аз Ишаъё 59:20-21 ва Ирмиё 31:33,34

·         «он гоҳ тамоми Исроил наҷот хоҳад ёфт»   Ин чӣ маъно дорад? 

·         Наҷоти Исроил дар Закарё боби 12-13 нақл аст. 

Румиён 11:28-32 – Хислати Худо

·         11:28 – нигоҳ кунед, назари Худо барои Яҳудиён. 

·         11:29 – ваъдаҳои Худо тағирнопазир аст.  (Малокӣ 3:6)

·         Румиён 3:3 -«Зеро ки чӣ гӯем?  Агар баъзеашон (Исроил) бевафо бошанд, оё бевафогии онҳо вафои Худоро ботил (ноҳақ ё нодуруст)  мекунад?» 

Румиён 11:33-36 – Ҳикмати Худо

            Аз ин нақшаи Худо, бояд Худоро шукр кунем ва Ӯро ситоиш кунем. 

Румиён боби 12-16 – Рафтори Башорати Исои Масеҳ

Румиён 12:1-2

            Чӣ бояд ба Худо медиҳем? 

            1.

            2.

            3.

Румиён 12:3-8

            Қоидаҳои атоҳои Худо чӣ ҳастанд Румиён 12:3-5

1.

2.

3.

4.

Бахшоишҳои имодорон чӣ хел аст?

1.

2.

3.

4.

5.

6.

7.

Румиён 12:9-16

 

Вазифаҳои имондорон бо ҳамдигар (12:9-13)

Чӣ хел аст?

Вазифаҳои имондорон бо беимонон (12:14-21)

Чӣ хел аст?

Кадом хислатҳои рӯҳонӣ барои зиндагии шумо даркор мешавад? 

Румиён 12:17-21

Чӣ хел муҳаббат нишон медиҳед?

1.

2.

3.

4.

Мисли Матто 5:44-48

Румиён 12:19-21 – оё ба дӯшмани худ об ё хурок медиҳед?  Агар додед, пас ӯ ба ҳисоби дӯшман намешавад. 

«оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт»  Ин чӣ маънӣ дорад? 

·         Ин аз Масалҳо 25:21-22

·         Мумкин ба рӯзи доварӣ бо оташ дучор мешавад, мисли дар Румиён 12:19.

·         Аниқтар ин аст, ки худаш бо виҷдон шармсор мешавад.  Рӯи ӯ сурх мешавад, яъне иззо мекашад. 

Румиён 13:1-7

·         Вазифаҳои имондорон бо ҳамдигар (12:9-13)

·         Вазифаҳои имондорон бо беимонон (12:14-21)

·         Вазифаҳои имондорон бо ҳокимиятгон (13:1-7)

«итоат» чӣ маънӣ дорад?  Румиён 13:1

            Форсӣ - «мутеи давлат»

·         «дар тарси Худо мутеи якдигар шавед.»  Эфсӯсиён 5:21

·         итоат ва мутеъ фарқияти калон доранд.  Итоат маҷбурӣ ва қариб бефикр итоат мекунад.  Вале мутеъ бо рӯи таслим дорад ва бо фикр ҳаст, ки дар кадом воқеаъ мисли «ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед.» (Румиён 12:10).  Мутеи давлат ин аст, ки ҳисоб мекунад, ки эҳтиром ба қонуни давлат даркор аст.  Вале дар ҳолате, ки зидди Худо бошад бояд Худоро итоат кунад.  «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод.»  Аъмол 5:29

Барои чӣ масеҳиён бояд ба ҳукумат итоат кунанд? 

1.      Барои ғазаби Худо, то ҷазо нашавад – 13:1-4

2.      Барои виҷдони мо насузад – 13:5-7

3.      Барои муҳаббат – 13:8-10

4.      Барои Исои Масеҳ – 13:11-14

Румиён 13:1-6

Ҳокимиятҳо ба назари Худо чӣ хел ҳастанд? 

1.                  Бор қарори Худо – 13:1

2.                  Вазифаҳои ҷазо доранд – 13:2-4

3.                  Онҳо хизматгори Худо ҳастанд – 13:4

4.                  Мулозимон ё ҳамроҳи Худо ҳастанд – 13:6

Саволҳои Муҳокима

1.      Оё масеҳиён ба ҳукумат пурра таслим шаванд, яъне ҳама вақт? 

2.      Агар ҳукумат беинсоф аст, оё дар он вақт таслим шаванд? 

3.      Агар ҳукумат зидди масеҳ аст, оё дар он вақт онро таслим шаванд?  Мисли империяи Рум онҳо қариб атеист буданд, чунки мегуфтанд: «Қайсар - Худованд аст.» 

4.      Сталин гуфт: «Дӯст доштани ватан ва муҳофизати он як ҷузъи имондорист.»  Оё ин дуруст аст ё не? 

Румиён 13:8-10

Дар ин оятҳо чӣ хел муҳаббат нишон медиҳем? 

·                    

·                    

·                    

·                    

·                    

Мумкин ҷумлаи аввал Худоро дар назар дошта бошад - «Пас, ба ҳар кас он чиро, ки бар зиммаи шумо дайн аст, адо кунед.»  Мисли Марқӯс 12:17 - «он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост – ба Худо.»  

Андоз

Хироҷ

Тарс

Иззат

 Мисли (1) Петрус 2:17 - «Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дӯст доред, аз Худо тарсед, подшоҳро иззат кунед.» 

·                     Оё масеҳиён қарз бояд нагиранд?  13:7-8

Румиён 13:11-14 – тайёрӣ ба омадани Исои Масеҳ

            13:11- бедор бошед!

            13:12-13 – Тоза кунед!

            13:14 – Исоро дар бар кунед!

Румиён 14:1- 15:7 – Башорат дар бораи рафтори бародарӣ

Дар вақте, ки имондорон бо ҳамдигар мухолиф ҳастанд, чӣ кор мекунед?  Баъзе рафтор сафед ё сиёҳ нестанд.  Аз рӯи виҷдон чӣ хел бо ҳамдигар рафтор мекунед? 

Қоидаҳои рафтор

1.      Ҳамдигарро қабул кунед.  Румиён 14:1-12, 15:7

2.      Ҳамдигарро маҳкум накунед.   Румиён 14:13-27

3.      Ҳамдигарро мадад кунед.   Румиён 15:1-7

Касе, ки дар имон суст аст, кӣ?

·         Касе ки гушт хурда наметавонад.

·         Ду фикр байни онҳо бошад – як тараф доварӣ мекунад ва дигар хор мешуморад.  Ҳарду фикр хато аст. 

«Дар зарурӣ� муҳтаҳидӣ

дар вақти ғайри муҳим� озодӣ

дар ҳама чиз� муҳаббат»  (Ҳазрати Огустин)

Ғал. 5:13 - «ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед.» 

Румиён 14:1-12  -   Ҳамдигарро қабул кунед.

Барои чӣ бояд ҳамдигарро қабул кунанд? 

1.                  Румиён 14:1-4

            Мисол онҷо чист?

2.                  Румиён 14:5-9 - «барои Худованд» 8 бор такрор шудааст. 

                        Бо худ чӣ бояд дошта бошад?  (14:5)

                        Агар Исо Худованди ман аст, ҳам Худованди масеҳии дигар аст ва метавонад дар зиндагии онҳо кор кунад. 

3.                  Румиён 14:10-12

                        Худо доварии мо аст.

                        Ду савол 14:10

«Ман ёд гирифтам, ки Худо дигаронро, ки мухолифи ман бошанд баракат медиҳад.» (Халқ)

Руминён 14:13-26 – Тақвияти дигарон

·         Бо муҳаббат 14:13-15

  • Бо сулҳу осоиштагӣ - 14:16-18

  • Васваса бо бародарон накунад.  14:19-21

  • Рафтор аз рӯи имон бошад – 14:22-23

  • Барои ҷалоли Худо бошад – 14:24-26

Румиён 15:1-7 – Мадад кунед!  Намунаи Исои Масеҳ

 

            «Муҳаббат�. Нафъи худро толиб нест.» (1) Қӯр. 13:5, ҳам Фил. 2:3-5

Чӣ хел якдигарро қабул карда метавонед? 

1.      Толиби ____________________ набошед  - 15:1

2.      Бо __________ бошед  - 15:4-5

3.      Аз Каломи Худо ҳам фикр кунед -  15:4-5

4.      Якҷоя Худоро ҳамду сано кунед  - 15:6

Румиён 15:3 – аз Забур 68:10 – қурбонӣ мешавад.

Имтиҳони чизҳои байни сафеду сиёҳӣ:

1.      Оё имондорони дигарро хор мешуморед ё доварӣ мекунед? (Рум. 14:1-4)

2.      Оё бо худ эътиқод доред ё не?  (Рум. 14:5)

3.      Оё ба дигарон  муҳаббат мекунед? (Ғал. 5:13)

4.      Оё ин чизро барои худ ё барои Худованд мекунад? (Рум. 14:6-8)

5.      Оё дар вақташ шукр карда метавонед?  (Рум. 14:6)

6.      Оё аз ин чиз ба номи Худо ҷалол пайдо мешавад?  (1) Қӯр. 10:31

7.      Оё аз ин чиз ба каси дигар меафтад?  (Рум. 14:4)

8.      Оё аз ин чиз барои осоиштагӣ ва тақвияти дигарон мебошад?  (Рум. 14:19)

9.      Оё ин чизро бо дигарон обод мекунад? (1) Қӯр. 10:23

10.  Оё ин чиз аз рӯи имон аст?  (Рум. 14:22-23)

Румиён 15:8 – 16:24 – Рафтори башорат дар ҳаёти Павлус

Хизматгор – Румиён 15:8, 25, 31

 

Барои ҳама халқ – Румиён 15:8-13

 

·         Аз василаи файз – 15:14-15

·         Барои ҷалоли Худо – 15:16-17

·         Павлус бо нақша кор мекард – 15:20-24

o   Нақшаи вай чӣ хел буд? 

Туҳфаи ҷамоат барои Ерусалим 15:25-33

            Хайроте аз кӣ буд? 

            Ба кӣ медиҳад?

            Барои чӣ туҳфа овард? 

Саломҳо ба имондорон 16:1-16

·         16:12 – Парсиси маҳбуба – ин номи паҳлавӣ, ин зан форс буд, вале дар Рум зиндагӣ мекард. 

Мухолифи башорат – 16:17-20

Румиён 16:25-27 – баъзе тарҷумаҳо ин оят дорад, мисли форсӣ ва англисӣ.

«Шуморо ба Худо месупорам, ба Худои ки қодир аст тибқи фармонаш инҷил ва башорати ман, шуморо дар имонатон ба Худованд, қавӣ ва собитқадам нигоҳ дорад.  Ин инҷил, ҳамон нақшаи Худо аст барои наҷоти шумо ғайри яҳудиён, ки дар замонҳои гузашта, ба сурати розигии махфӣ буд аммо акнун табқи пешгӯии анбиё ва ба фармони Худо, ин пайғом дар ҳамаи ҷо эълон мешуд то мардум дар саросари ҷаҳон ба Масеҳ имон биоварданд ва ба Ӯ итоат кунанд.  Бар он Худое ки донои яктост, ба восилаи Исои масеҳ то абад ҷалол бод! Омин.»  (Тарҷумаи тафсирӣ форсӣ)

16:26 – «пайғом дар ҳамаи ҷо эълон мешуд то мардум дар саросари ҷаҳон ба Масеҳ имон биоварданд»   

Ин ҷумла мисли Румиён 1:5 -  Байни ин ду ҷумла (Румиён боби 2-15) мақсад маълум мешавад

Сар шавии китоб (1:5) ва ҷамъбасти он – мо бояд башорат диҳем.

Адабиёт

Китоби Муқаддас,  бо забони Тоҷикӣ, Институти тарҷимаи Библия;  Стокгольм, 1992.

Фарҳанги Забони Тоҷикӣ;  ду ҷилд;  нашриёти «Советская энциклопедия»  Москва, 1969. 

«Румиён Комментарӣ»  аз Р. Клайн, Самарканд, 2000. 

« کتاب مقدس », Форсӣ - тарҷумаи тафсирӣ, Англия, 1995.

Phillips, John   Exploring Romans;   Kregel Publications, 1969. 

Wiersbe, Warren W.  The Bible Exposition Commеntary, Moody Press. 

--- Ин дарс табдил ва истифода карда мумкин аст, фақат сарчашмаи он маълум кунед.

«Румиён»  аз Накҳати Ҷон – Душанбе, 2007.



<< Дарсҳои рӯҳонӣ