Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Баъд чӣ? - 1

Download
 

МАН АЗ БОЛО


ТАВАЛЛУД ЁФТАМ,



БАЪД Чӣ?









МУНДАРИҶА




Тавсияҳо оид ба истифодаи воситаи таълимӣ


Сарсухан


Дарсҳо


  1. Табиати нав


  1. Қудрати нав- Рӯҳулқудс


  1. Сарварии нав- омӯзиши Библия


  1. Бартарияти нав- ибодат


  1. Умеди нав


  1. Муносибатҳои тарафайни нав


  1. Фаҳмиши нави ғусли таъмид


  1. Оилаи нав- калисо


  1. Баёдоварии нав-Шабнишинии (таъоми шоми) Худованд


  1. Фурсати нави қулай- садақакунии даҳяк (ушр)


  1. Ӯҳдадории нав




САРСУХАН


Ин дарсҳо барои он навишта шудаанд, ки ба шахси имондор дар ҳаёти навинаш- масеҳии эҳёшуда кӯмак расонанд. Мавзӯи дарсҳо дар Номаи дуюми Павлус ба Қӯринтиён 5:17 оварда шудааст: «Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест, чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст».


Ин 11 дарс унсурҳои асосии ҳаёти нави одами имондорро дар бар мегиранд:


*Табиати нав

*қудрати нав-Рӯҳулқудс

*Сарварии нав – омӯзиши Библия

*Бартарияти нав- ибодат

*Умеди нав

*Муносибатҳои тарафайни нав

*Фаҳмиши нави ғусли таъмид

*Оилаи нав-калисо

*Баёдоварии нав- Шабнишинии (таъоми шоми) Худованд

*Фурсати нави қулай-садақакунии даҳяк (ушр)

ҳдадории нав


Вақте ки одам эҳё мешавад- ин ибтидои ҳаёти нави ӯст. Омӯзиши ин дарсҳо ба имондор имконият медиҳанд, ки бомуваффақият ҳаёти навинро оғоз намояд.


қайд кардан лозим аст, ки ин дарсҳо ифодагари мавзӯҳои Навиштаи Муқаддасанд. Библия маъруф аст, бинобар ин Навиштаи Муқаддас дар дарсҳо фаровон истифода шудаанд. Баъзе аз аъзоёни синф мехоҳанд, ки порчаҳои иқтибосии аз Навиштаи Муқаддас овардашударо бо Библия муқоиса кунанд, дар он вақте ки дигарон хондани ононро аз дарсҳо беҳтар мешуморанд. Порчаҳои иқтибосӣ дар дарсҳо барои он оварда шудаанд, ки он барои имондори Библия надоштагӣ, истифода бурданаш имконпазир аст, чунки он айнан оварда шудааст.


Навиштаи Муқаддас бо усули тарҷумаи синодӣ айнан кӯчонида мешавад. Дар баъзе порчаҳои иқтибоси муаллиф барои ифоданоктар гаштанашон ҳарфҳои равшанро истифода бурдааст.




ДАРСИ 1


ТАБИАТИ НАВ


«Пас касе, ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест, чизҳои қадима гузаштааст ва инак ҳама чиз нав шудааст» (2 Қӯринтиён 5:17).


Вақте ки одам аз сари нав тавлид ёфт, Ӯ дорои табиати нав гашт. Ин табаддулоти азиммест дар муносибат ва рафтори ӯ.


Ҳаёти нав, ё табиати нав он гоҳ аз они мо мешавад, ки агар мо аз Масеҳ баҳри вазъи пургуноҳамон омурзиш талабем, аз гуноҳ рӯй гардонем ва пурра ба Ӯ такя намоем. Ҳаёти нав барои мо тӯҳфаи беминнатест аз ҷониби Худо. Ин маънии аз сари нав тавлид шуданро дорад.


Дар Румиён 6:23 мо мехонем: «Зеро ки музди гуноҳмамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ».


ДАР ИН ДАРС МО ДАР БОРАИ ҲАЁТИ НАВАМОН ВА ТАБИАТИ НАВАМОН МЕФАҲМЕМ


Библия табиати қадим ва табиати ҷадиди одамро тасвир мекунад. Табиати қадим- ҳаёти пешини мо буд, ки пеш аз эҳёшавӣ паси сар намудаем. Табиати нав- ин ҳаёт пас аз тавлиди нав аст.


ҳар дуи ин табиатҳо дар Ғалотиён 5:19-26 равшан баён ёфтаанд. Дар ин сурудҳо Павлус мева ва натиҷаҳои ҳар ду табиатҳоро тасвир намудааст:


«Корҳои ҷисм маълум аст, ки инҳост; фисқ, зино, нопокӣ, фуҷур,

бутпарастӣ, ҷодугарӣ, адоват, хархаша, ҳасад, хашм, ҷидол, ихтилофот, бидъатҳо, нафрат, қатлҳо, бадмастӣ, бетартибӣ ва монанди ин; Шуморо пешакӣ огоҳ менамоям, чунон ки пештар ҳам огоҳ намудаам, ки кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт» (Ғалотиён 5:19-21).




Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест. Лекин онҳое, ки ба Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисмро бо хирсҳо ва ҳавасҳояшон маслуб кардаанд. Агар мо бар тибқи Рӯҳ зиндагӣ мекарда бошем, бояд бар тибқи Рӯҳ рафтор ҳам кунем. ҳавобаланд нашавем, якдигарро асабонӣ накунем, аз якдигар ҳасад набарем» (Ғалотиён 5:22-26).



Меваҳои табиати қадим


Аз Ғалотиён 5:13-21 баъзе гуноҳҳои табиати қадимро номбар кунед.




Дар хотир нигоҳ доред, ки ин тасвири табиати одам бе Масеҳ-ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд аст.



Меваҳои ҳаёти нав


Павлус табиати навро дар Ғалотиён 5:22-26 тасвир менамояд. Ин оятҳоро аз сари нав хонед. Онҳо нӯҳ сифати ҳаёти навро дар бар мегиранд. Онҳо аз ҷониби Рӯҳулқудс, ки дар мо зиндагӣ мекунад, ба миён меоянд. Лутфан ин сифатҳои навро номбар намоед.


Ба ояти 25 диққат диҳед: «Агар мо бар тибқи Рӯҳ зиндагӣ мекарда бошем, бояд бар тибқи Рӯҳ рафтор кунем».


Аз сари нав 2 Қӯринтиён 5:17-ро, ки дар ибтидои ин дарс дода шудааст, хонед.


Павлус дар Эфсӯсиён 4:22-24 мегӯяд: «Пас рафтори пештараи одами кӯҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед. Ва хиради Шумо бояд дар Рӯҳ тозашавад. Ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед».


Барои пурра намудани омӯзиши ҳаёти қадиму нав Қӯлассиён 3:5-17-ро аз сари нав хонед.


Аз Библия мо мебинем, ки ҳаёти нав- вазъияти мӯътадилест барои одами имондор. Боз мо мефаҳмем, ки одами ҳақиқатан имондор наметавонад он тавр зиндагӣ намояд, ки пеш аз тавлидшавии наваш зиндагӣ мекард. ҳаёти нав кӯҳнаро иваз менамояд.


Имондор фаҳмиш ва рафтори навро доро мешавад.


Шумо метавонед гӯед: «Ман аз сари нав тавлид шудам. ҳаёти ман ҳақиқатан тағйир ёфт, вале ман баъзан фирефтаи гуноҳ мешавам ва гуноҳ содир менамоям. Оё ман ҳамчун масеҳии аз нав тавлидёфта мемонам?»


Баъзе масеҳиҳои нав ғамгину рӯҳафтода мегарданд, вақте ки онҳо имрӯз Масеҳро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳанда қабул менамоянду рӯзи дигар гуноҳ содир менамоянд.


Оё ин хуб аст? Танҳо ман ин хелам? Оё ман наҷотамро аз даст медиҳам? Бисёр одамон ин саволҳоро медиҳанд.


Барои дуруст фаҳмидани худ ва амали худ мо муфассал муносибати имондорро бо васваса ва гуноҳ дида мебароем.



Масеҳии аз нав тавлидёфта бо ду сабаб аз ғуломии гуноҳ озод аст


  1. Имондор табиати навро ҳамчун тӯҳфаи Худованд қабул кард.


1 Юҳанно 3:9-10: «ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, чунки зоти Ӯ дар вай сокин аст; вай гуноҳ намекунад, чунки аз Худо таваллуд ёфтааст. Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд; ҳар ки адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад».


Шумо дар суруди 9-и дар боло овардашуда «гуноҳ намекунад»-ро дучор шудед. Ин маънои онро надорад, ки шахси имондор гуноҳ карда наметавонад. Ҳар як имондор гуноҳ содир менамояд, вале дар ҳаёт мунтазам гуноҳ содир намудан мувофиқи табиати Ӯ нест. Масеҳӣ ғуломи гуноҳ намешавад. Ҳаёт бо гуноҳ мувофиқи табиати Ӯ нест. Табиати нав меваҳои нав меорад.





  1. Имондори нав аз ғуломии гуноҳ озод аст, чунки дар Ӯ Рӯҳулқудс сокин аст ва ҳаёти ӯро ҳукмфармоӣ менамояд.


1 Юҳанно 4:13 «Ин ки мо дар Ӯ сокин ҳастем ва Ӯ дар мо, аз он мешиносем, ки Ӯ аз Рӯҳи Худ ба мо ато намудааст».


1 Юҳанно 4:4 « Шумо, эй фарзандон, аз Худо ҳастед ва онҳоро мағлуб кардаед, зеро Ӯ, ки дар Шумост, аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст».


Пас тавлидёфта як зайл бо гуноҳ зиндагӣ наменамояд, чунки Худо ба Масеҳӣтабиати нав ва Рӯҳулқудсро медиҳад. Рӯҳулқудс ҳамсафари рӯзмарраи мо мегардад, вақте ки мо Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд қабул менамоему ба Ӯ бовар менамоем.


ХУЛОСА: гуноҳ дигар дар ҳаёти мо ҳукмфармоӣ наменамояд, чунки мо табиати нави илоҳиро соҳиб гаштем ва ҳаёти моро шахсияти нав- Рӯҳи Муқаддаси Илоҳӣ идора менамояд.


Мо медонем, ки табиати нав ва Рӯҳулқудсро дар ҳаётамон дорем, чунки мафкура ва амали мо иваз шудаанд.


Агар одам тасдиқ менамояд, ки аз нав тавлид ёфтааст, вале аз ҳаёти пургуноҳи гузаштаи худ лаззатбариро идома медиҳад, вай дар асл аз нав тавлид наёфтааст.


Акнун ба ин савол бармегардем: Оё масеҳии аз нав тавлидёфта гуноҳ содир менамояд? ҷавоб- ҳа.


Саволи дигар: Оё ҳаёти доимии пургуноҳ барои масеҳии аз нав тавлидёфта ҳаловат меорад? ҷавоб – не.


Гуноҳ дар ҳаёти беимон боҳузуру ҳаловат зиндагию ҳукмфармоӣ менамояд.


Барои одами имондор гуноҳ чизи омад ба ҳисоб меравад, ки ба Ӯ ҳеҷ чиз тааллуқ надорад. Барои одами имондор дар гуноҳ будан маъқул нест.


Вақте ки одам аз нав тавлид меёбад, ӯ гуноҳро бо тарзи нав дарк менамояд. ҳиссиёти нав нисбати гуноҳ ба воситаи виҷдони мо пайдо мешавад.


Вақте ки имондор гуноҳ содир менамояд, оё ӯ ҳалокшуда ва ё маҳкумшуда қарор меёбад? Не ва не! Вай бадбахт мешавад ва агар барои гуноҳаш аз Худо омурзиш наметалабад, ӯ қисме аз хушбахтии наҷоти худро аз даст медиҳад. Вале ҳеҷ чиз одамеро, ки боре фарзанди Худованд шудаю дорои ҳаёти абадӣ гашта буд, аз Худо ҷудо карда наметавонад.


Румиён 8:39 «�На баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад».


Имондор чӣ бояд кунад, агар ӯ гуноҳ содир намудааст.

Юҳанно мегӯяд: «Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем- худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест. Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд» (1 Юҳанно 1:8-9).


Инчунин дар 1 Юҳанно 2:1-2: «Эй фарзандонам! Инро ба Шумо менависам, то ки Шумо гуноҳ накунед; ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳ одил аст. Ва Ӯ кафоратастбарои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ».


Вақте ки имондор гуноҳ содир менамояд, вай тез бевосита аз Худованд барои гуноҳаш омурзиш металабад ва авфи ӯро металабад. Худованд гуноҳи ӯро авф менамояд ва ӯ аз гуноҳ тоза мегардад.



Дар бораи васваса


Исои Масеҳ барои озмоиш буд.


Матто 4:1 «Он гоҳ Рӯҳ Исоро ба биёбон бурд, то ки ӯро иблисбиозмояд».


Ибриён 2:18 «Зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, уқубат кашидааст, баозмудашавандагон низ метавонад, мадад расонад».


Ибриён 4:15 «Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард».


Исо ба шогирдонаш гуфт: «Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон» (Марқӯс 14:38).


Озмуда шудан ин гуноҳ нест, лекин имкон додан ба он, ки дар шумо доимо васваса бошад, беақлӣ ва хатарнок аст, Мо бояд чӣ қадаре, ки метавонем, аз васваса дурӣ ҷӯем.



Барои мушоҳида ва муҳокима



  1. Библия дар бораи ду табиат гап мезанад: яке қадим ва дигаре

________________________



  1. Якчанд зуҳуротҳои табиати қадимро номбар кунед

(Ғалотиён 5:19-21).



  1. Табиати навро тасвир намоед (Ғалотиён 5:22-26).



  1. Дар ин дарс мо омӯхтем, ки имондор аз бандагии гуноҳ озод аст, чунки вай аз ҷониби Худо дорои __________________гашт

ва дар ҳаёти Ӯ __________________ҳукмфармоӣ менамояд.



  1. Кай имондор Рӯҳулқудсро қабул менамояд (Аъмол 11:17)?



  1. Оё масеҳии ҳақиқӣ гуноҳ содир менамояд?

ҳа___________________ Не_______________________



  1. Мувофиқи ин дарс, агар масеҳӣ гуноҳ содир намояд, ӯ бояд чӣ кор кунад (1 Юҳанно 1:9)?



  1. Масеҳии аз нав тавлидёфта дар ҳаёти худ фаҳмишу рафтори навро дорост. Дуруст____________ Нодуруст________________



  1. Аз он вақте ки Шумо аз нав тавлид ёфтед, ҳаёти Шумо чӣ гуна тағйир ёфт?



  1. Ба васваса дода шудан, ин гуноҳ аст. ҳа_______Не________

Чӣ Шуморо ба васваса меандозад?



  1. Имондор чӣ тавр васвасаро бартараф месозад?



ДАРСИ 2


ҚУДРАТИ НАВ- РҲӮУЛҚУДС



Пас аз он ки одам аз нав тавлид ёфт, ӯ дар ҳаёташ самти наве пайдо мекунад. Тағйиротҳо дар хона, дар муносибатҳои тарафайн дар кор пайдо мешаванд. Маънии нави ҳаёт пайдо мешавад. Ин ҳаёти нав ва шавқовар аст. Дар ин ҳаёт ҳадафҳои нав, вазифаҳои нав ва санҷишҳои нав ҳастанд. Қудрати наве ҳаст, ки дар пеш бурдани ҳаёти нав кӯмак мерасонад. Ин қудрати нав Рӯҳулқудс аст. «Зеро ки Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ додааст» (2 Тимотиюс 1:7).


Дар ин дарс мо ба саволҳои зерин ҷавоб медиҳем:

Рӯҳулқудс кӣ аст?

Чӣ тавр одам Рӯҳулқудсро қабул менамояд?

Кай одам Рӯҳулқудсро қабул менамояд?

Чӣ тавр ман медонам, ки Рӯҳулқудсро доро ҳастам?

Чӣ тавр Рӯҳулқудс ба имондор ёрӣ медиҳад?


Рӯҳулқудс кӣ аст?


Дар рӯзҳои охири хидматгузории заминии Худ Исо ба шогирдонаш дар бораи умедҳо ва пирӯзиҳои рӯзҳои наздик гуфт. Умедҳо ва пирӯзиҳо бо қудрати худи онҳо дастрас намегарданд. Вақти бо онҳо будан Исо ба онҳо гуфта буд: Дигареро мефиристад, ки ба Ӯ монанд аст ва дар онҳо зиндагӣ мекунад. Суханони Исоро аз китоби Юҳанно хонедИсо дар ҷавоби вай гуфт:


«Ҳар ки Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя хоҳад кард; ва Падари Ман вайро дӯст хоҳад дошт, ва мо назди вай омада, бо вай маскан хоҳем гирифт. Касе ки Маро дӯст надорад, суханони Маро риоят намекунад; ва каломе, ки мешунавад, аз они Ман нест, балки аз они Падарест, ки Маро фиристод. Ин суханонро ба Шумо гуфтам, вақте ки бо Шумо будам. Лекин пуштибон, яъне Рӯҳулқудс, ки Падар ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба Шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба Шумо гуфтам, ба ёди Шумо хоҳад овард» (Юҳанно 14:23-26).



Боз мо суханони Исоро мехонем:


«Лекин чунпуштибон, ки ӯро аз ҷониби Падар назди Шумомефиристам, биёяд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод. Ва Шумо низ шаҳодат хоҳед дод, зеро ки аз ибтидо бо Ман будед» (Юҳанно 15:26-27).


Пас аз эҳёшавиаш Исо ба шогирдонаш супоришҳои зеринро медиҳад:


«Пас биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба Шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо Шумо ҳастам»

(Матто 28:19-20).


Пас аз эҳёшавӣ Исо ба гурӯҳҳои гуногун айён гашт. Бешубҳа, Ӯ кореро кард, ки ҳеҷ кас накардааст. Ӯ мурд ва пас аз се рӯзи дар қабр будан эҳё гашт, то ин ки ҳеҷ вақт аз нав намирад.


Биёед гӯш мекунем, ки Библия дар ин бора дар Аъмол 1:3-9 чӣ мегӯяд:


«Ба онҳо низ, баъд аз азобу уқубаташ бо далелҳои бисёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рӯз ба онҳо зоҳир шуда, дар бораи Малакути Худо сухан гуфт. Ва онҳоро ҷамъ карда, чунин амр фармуд; «Ерусалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед. Зеро ки Яҳё бо об таъмид медод, лекин Шумо пас аз чанд рӯз, бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳед ёфт». Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, ба Ӯ савол дода гуфтанд: «Худовандо, оё дар ҳамин вақт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?» Ба онҳо гуфт: «Кори Шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо қудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед; Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар Шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд. ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре ӯро аз пеши назари онҳо гирифта бурд».


Ин ибтидои ҳаракати бузург буд, ки номаш масеҳият аст. Китоби Аъмол дар Аҳди ҷадидин ҳикоётест дар бораи он ки чӣ тавр одамон Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди худ шинохтанд. Вале ин на ҳамааш аст. Ин ҳикоя дар бораи он аст, ки чӣ тавр қудрати навро қабул карданд, то ин ки ҳаётро пирӯзмандона пешвоз гиранд. Ин қисса дар бораи он нақл мекунад, ки чӣ тавр Рӯҳулқудс омад, то ин ки дар ҳаёти ин имондорон зиндагӣ намояд ва ба онҳо қудрати шаҳодатдиҳӣ бар Исоро диҳад.

Рӯҳулқудс кӣ аст?


  1. Ӯ қисме аз Таслис аст.


Худо-Падар, Исо-Писар ва Рӯҳулқудс. Бо дониши маҳдуди одамӣ мо Таслисро намефаҳмем, вале Библия ин далелро эълом дорад. Онҳо Сеянд, вале Яканд. Бо имон мо инро мефаҳмем. Мо баракат меёбем, агар инро ҳамин тавр қабул менамоем, на ин ки кӯшиши фаҳмидани онро мекунем, ки ин чӣ тавр имконпазир аст.


  1. Рӯҳулқудс шахсият аст, чунон чӣ Исо шахсият аст.


Мо набояд бо Рӯҳулқудс ҳамчун бо чизи ғайризинда муроҷиат намоем. Ӯ Шахсият аст.


  1. Рӯҳулқудс Оне шуд, ки абадан дар ҳаёти ҳар як имондор баъди эҳёшавии Исо ва ба назди Падар баргаштани ӯ, зиндагӣ мекунад.


  1. ӯ тӯҳфаи Худованд барои онест, ки Писари Худо-Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд қабул намудааст.


Чӣ тавр одам Рӯҳулқудсро доро мешавад?


Библия мегӯяд: «Петрус ба онҳо гуфт: «Тавба кунед, ва ҳар яке аз Шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред, ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед ёфт» (Аъмол 2:38).


Дар Аъмол 5:32 мо хондем: «Мо шоҳидони Ӯ дар ин бобат ҳастем ва ҳамчунин Рӯҳулқудс аст, ки Онро Худо ба фармонбардорони Худ бахшидааст».


Рӯҳулқудсро бо меҳнат пайдо набояд кард, Ӯ тӯҳфаи Худованд ба ҳар як имондор аст.




Кай одам Рӯҳулқудсро доро мешавад?


Библия мегӯяд: «Пас модоме, ки Худо ба онҳо ҳамон бахшоишро ато кардааст, ки ба мо ато кард, вақте ки ба Исои Масеҳи Худованд имон овардем, ман кистам, ки тавонам ба Худо монеъ шавем» (Аъмол 11:17).


Аъмол 10:47«Оё касе метавонад, ба онҳое ки Рӯҳулқудсро мисли мо низ ёфтаанд, бо об таъмид гирифтанро манъ кунад?»


Мувофиқи ин оятҳо ҳар як кас метавонад Рӯҳулқудсро доро бошад, вақте ки Ӯ Исоро қабул менамояд. ҳар кас, ки Исоро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳанда қабул кард, дар баробари ин дорои Рӯҳулқудс мегардад. Вақте ки одам наҷот ёфтааст, ба Ӯ омадани Рӯҳулқудсро интизор шудан лозим нест, чунки вай Онро баробари наҷотёбиаш соҳиб мегардад. Рӯҳулқудс имондорро тарк намесозад. Имондор метавонад иродаи Худоро иҷро накарда, Рӯҳулқудсро ранҷонад, вале Рӯҳулқудс ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ гуна вазъият имондорро тарк намесозад.


Чӣ тавр мо мефаҳмем, ки Рӯҳулқудсро дар ҳаётамон доро ҳастем?


Ваъдаи Библия- Каломи Муқаддаси Худованд ҳақиқат аст ва инро бовар кардан лозим аст. Оятҳо дар зер овардашуда дар қатори дигарон шаҳодат медиҳанд, ки Рӯҳулқудс дар ҳаёти ҳар як имондор арзи вуҷуд дорад.


Павлус гуфт: «Оё Шумо намедонед, ки ҷисмҳои Шумо маъбади Рӯҳулқудс аст, ки он дар Шумо сокин аст, ва Онро Шумо аз Худо ёфтаед, ва Шумо аз они худатон нестед? Зеро ки Шумо бо нархи гарон харида шудаед. Пас, дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳои худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд»

(1 Қӯринтиён 6:19-20).


Вақте ки Рӯҳулқудс дар ҳаёти одам зиндагӣ мекунад, мавҷудияти Ӯ айён аст. Мо метавонем, мавҷудияти ӯро бинем ва ҳис кунем. Мо эҳсос мекунем, ки чизи олиҷанобе, ки мо мекунем, тағйиротҳо ворид месозад.


Библия мегӯяд: «Ва он ки мову Шуморо дар Масеҳ устувор мегардонад ва моро тадҳин намудааст, Худост. Ки Ӯ низ моро мӯҳр задааст ва гарави Рӯҳро дар дилҳои мо андохтааст»

(2 Қӯринтиён 2:21-22).


Дар ҳаёти одаме, ки наҷоти худро ёфтааст, тағйиротҳои азиме рух мезананд. Агар тағйиротҳо нест, пас ҳаёти нав ҳам нест. Баъзе тағйиротҳо нисбати дигарон чашмрасанд, вале тағйиротҳо албатта мавҷуданд. Библия мегӯяд: «Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст. Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд»

(2 Қӯринтиён 5:17-18).


Пас аз дорои наҷот гаштан, тағйиротҳо қарор намегиранд. Онҳо вобаста ба комилшавӣ идома меёбанд. Библия мегӯяд: «Ки Шумо низ як вақте дар онҳо рафтор мекардед, ҳангоме ки дар миёни онҳо мезистед. Аммо акнун Шумо ҳамаи инҳоро: хашм, ғазаб, кина, бадгӯӣ ва алфози қабеҳи забонатонро тарк намоед: Ба якдигар дурӯғ нагӯед, дар ҳолате ки одами кӯҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур кардаед. Ва одами навро дар бар кардаед, ки вай дар дониш ба шабоҳати Офаринандаи худ нав мешавад» (Ба Қӯлассиён 3:7-10).


Чӣ тавр мо мефаҳмем, ки дар ҳаётамон Рӯҳулқудсро дорем? Мо фарқиятҳоеро мебинем, ки ин ҳама натиҷаҳо аз қудрати мо берун аст. Мо ҳаёти нави мустаҳакамшудаистодаро мебинем, ки дар муҳаббат бо Худо ва дигарон инкишоф меёбад ва ин танҳо маҳсули қудрати одамӣ нест. Ин маҳсули дидашаванда аст. Дар Қӯлассиён 5:22-26 номгӯи сифатҳои навро дар ҳаёти одами имондор мебинем, ки ҳамаи онҳо натиҷаи мавҷудияти Рӯҳулқудс дар ҳаёти ӯст. Шумо метавонед боз як бори дигар ин оятҳоро дар саҳифаи ҳафтуми ин китоби дарсӣ хонед.


Чӣ тавр Рӯҳулқудс ба имондор ёрӣ медиҳад?


  1. Вай табиати навро меофарад. Имондори нав фаҳмиш ва рафтори навро дорост, чӣ тавре ки мо дар Қӯлассиён 3:7-10 ва 5:22-26 дар саҳифаи 7 дидем.


  1. Имондор қудрат ва лаёқати хизматкуниро мегирад. Вақте ки одам наҷот меёбад, ӯ қисме аз Шоҳаншоҳии Худованд мегардад. Дигароне, ки Масеҳро қабул кардаанд, онҳо низ қисме аз ин Шоҳаншоҳӣ қарор меёбанд. ҳамаи ин одамон оиларо ташкил менамоянд, ки номи он калисо (маъбад) мебошад. Дар ин муносибатҳои тарафайни оилавӣ ҳар як аъзои ҷисм хеле муҳим аст. Ба ҳар як аъзо Худо масъулияти хеле ҷиддӣ медиҳад. Вале ин масъулияти хидматгузорӣ на танҳо тавассути қудрати инсонӣ амалӣ мегардад.


Библия мегӯяд: «Бахшоишҳо гуногун аст, лекин Рӯҳ ҳамон як аст; ва хизматҳо гуногун аст, аммо Худованд ҳамон як аст; ва амалҳо гуногун аст, аммо Худо ҳамон як аст, ки ҳама чизро дар ҳама ба амал меоварад. Лекин ба ҳар кас зуҳуроти Рӯҳ барои манфиати ҳама-ҷониба бахшида мешавад» (1 Қӯринтиён 12:4-7).


  1. Рӯҳулқудс ба имондор лаёқат медиҳад, ки вай бо матонат Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди ҳаёти худ пайравӣ намояд.1 Қӯринтиён 12:36 «� ҳеҷ кас Исоро Худованд намеҳисобад, агар Рӯҳулқудсро надорад. Вақте ки одам Исоро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳанда қабул менамояд, дар Ӯ хоҳиши ин башоратро ба дигарон эълон кардан пайдо мешавад».


  1. Рӯҳулқудс фаҳмиш меорад.

«� ва инро на бо суханоне ки ҳикмати инсон таълим додааст, балки бо суханоне ки Рӯҳулуқудс таълим додааст, мегӯем ва рӯҳиётро бар тибқи рӯҳ таъбир мекунем. Аммо одами нафсонӣ он чиро, ки аз Рӯҳи Худост, қабул намекунад, чунки он дар назари Ӯ ҷаҳолат аст: ва онро дарк карда наметавонад, чунки он ҳукми рӯҳониро металабад» (1 Қӯринтиён 2:13-14).


Имондор дорои фаҳмиши навест, ки он аз ҷониби Худо мебошад. Ӯ Библияро хуб мефаҳмад. Ин ба мо кӯмак мерасонад, то донем, ки чаро бедин Библияро фаҳмида наметавонад. Каломи Худованд барои одам то оне, ки вай аз нав тавлид наёфтааст, маъние надорад. Фақат он вақте ки Рӯҳулқудсро-оварандаи маърифатро қабул менамояд, фаҳмиши Ӯ ғанӣ мегардад.


  1. Рӯҳулқудс барои имондор муаллим мешавад.

Исо гуфт: «Ин суханонро ба Шумо гуфтам, вақте ки бо Шумо будам. Лекин Пуштибон, яъне Рӯҳулқудс, ки Падар ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба Шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба Шумо гуфтам, ба ёди Шумо хоҳад овард» (Юҳанно 14:25-26).


«Валекин тадҳине, ки Шумо аз Ӯ ёфтаед, дар Шумо сокин аст, ва Шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе Шуморо таълим диҳад; аммо азбаски тадҳини Ӯ ба Шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурӯғ нест, ва ҳамон тавр, ки Шуморо таълим додааст, дар Ӯ бимонед» (1 Юҳанно 2:27).


Дар куҷои дунё, ки имондор зиндагӣ накунад, вай танҳо нест.

Вай муаллим ва сарвари беҳтарини ҷаҳон-Рӯҳулқудсро дорад. Имондор метавонад дар байни имондорони бисёре зиндагӣ кунад, ки он ҷо бисёр сарварони калисоҳо ҳастанд, вале Рӯҳулқудс сарвари аввалиндараҷаи ӯст. Агар имондор дар он гӯшаи дунё зиндагӣ мекунад, ки он ҷо имондорон нестанд ва доҳиёни Масеҳ низ вуҷуд надоранд, оё ӯ зиста метавонад. Кӣ ӯро роҳнамоӣ менамояд? Дар хотир нигоҳ доштан муҳим аст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ танҳо нест. Дар тӯли тамоми ҳаёташ Рӯҳулқудс ҳамроҳи ӯст ва ӯ ба вай сарварӣ мекунаду таълим медиҳад. Дар хотир нигоҳ доштан муҳим аст, ки Рӯҳулқудс ба воситаи омӯзиши Библия сарварӣ менамояд. Бинобар ин ҳар як имондор бояд ҳар рӯз Библияро омӯзад ва аз Рӯҳулқудс хоҳиш намояд, ки ба ӯ ҳақиқатро нишон диҳад.


  1. Рӯҳулқудс имондорро барои пирӯз гаштан бар иблис ва қувваҳои бади ин ҷаҳон сарварӣ менамояд.


Ҷодуӣ ва қувваҳои бад дигар қудрати сарварии одами имондорро надоранд. Барои имондори нав ба васвасаи шайтон дучор омадан мӯътадил аст. Ин васвасаҳо дар шакли шубҳа ба ҳақиқат аз рӯи одатҳои пешин рух мезананд. Давом додани амалҳои носолим ва муносибатҳои тарафайн водор месозанд, ки васваса пайгиратон бошад. Ба воситаи ибодати рӯзмарра, омӯзиши Библия Рӯҳулқудс ба Шумо кӯмак мерасонад, ки ин вазъиятро бо пирӯзӣ паси сар намоед.


Барои мушоҳида ва муҳокима


  1. Пас аз мурдаҳо эҳё шудан Исо ба назди Падараш рафт

_________________барои таскин ва сарварии масеҳиҳо фиристода шуд.


  1. Дар Таслис Худо-Падар, Исо-Писар ва ____________ҳаст.


  1. Кай имондор Рӯҳулқудсро қабул менамояд?


  1. Рӯҳулқудс ҳеҷ вақт имондорро тарк намесозад.

Дуруст______________ Нодуруст _____________


  1. Дар дарсамон мо шаш усулро омӯхтем, ки бо онҳо Рӯҳулқудс ба имондор ёрӣ медиҳад. Лутфан он шаш усулро номбар намоед.




ДАРСИ 3


САРВАРИИ НАВ- ОМӮЗИШИ БИБЛИЯ


Библия имтиёзҳое ҳаст, ки имондор дар ҳаёти наваш истифода мебарад. Дар ин дарс мо имтиёзҳои омӯзиши Библияро меомӯзем.


Чаро хондани Библия муҳим аст?


Хондани Библия муҳим аст, барои он ки ӯ пайғоми Худованд барои ҳама одамони дар замин мезистагӣ мебошанд.


«Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забонрондаанд» (2 Петрус 1:21).


Библия китоби ғайриоддӣ аст. Ин сухани одамӣ не, ин Каломи

Худованд аст. Худо шахсан бо мо ба воситаи одамоне, ки зери сарварии ӯянд сухан меронад. Ин пайғоми шахсии Худованд бар мост.


Библияро хондан муҳим аст, чунки ӯ ба мо дар бораи Худованд гап мезанад.


Аз он вақте ки мо фарзандони Худованд гаштем, дар бораи Падар бештар донистан мехоҳем. Аз ибтидо то интиҳои Библия дар бораи он нақл карда мешавад, ки Худо кист, ӯ чӣ гуна амал мекунад, мақсади Ӯ нисбати одам чӣ гуна аст. То ин ки мо дар бораи Худо донем, мо бояд китоби ӯро хонем. Аз Библия донистани покӣ, адолатнокӣ, пуршафқатӣ ва муҳаббати Ӯ хеле шавқовар аст. Аз Библия мо симои ҳақиқии Худовандро мебинем, чунки мо дар он дар бораи Писари Ӯ Исои Масеҳ мехонем. Исо гуфт: «ҳар ки маро бинад, падарро дидааст» (Юҳанно 14:96).


Библияро хондан муҳим аст, чунки Ӯ дар бораи худи мо гап мезанад.


Дар китоби Аъмол нақл карда мешавад, ки чӣ тавр Худо марду занро офарид. Дар Аҳди ҷадид Исо ба мо дар бораи ду имконияти тақдири ҳар як марду зан гап мезанад. Библия ошкор сохт, ки инсоният пургуноҳ аст ва мӯҳточи Наҷотдиҳанда мебошад. Аз Библия мо медонем, ки қудрати гуноҳи бар мо ҳукмдошта ба воситаи Исои Масеҳ мағлубшаванда аст.


Библияро хондан муҳим аст, барои он ки Ӯ ба мо бомуваффақият ҳаёти Масеҳонаро паси сар намуданро меомӯзад.


«Лекин ту дар он чӣ таълим гирифтаӣ ва мӯътақид шудаӣ, қоим бош, чун медонӣ, ки туро ки таълим додааст; ва аз кӯдакият Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ, ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст. Тамоми навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст. То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад» (2 Ба Тимотиюс 3:14-17).


Мувофиқи ин оятҳо ҳама Навиштаҳо илҳом аз Худованд аст ва барои____________________________________________________

__________________________________________________________

муҳим аст. Аз оятҳои боло мо мефаҳмем, ки Библияро ҳатто тифлон низ метавонанд хонанд ва фаҳманд.


Библияро хондан муҳим аст, чунки Ӯ хӯрок (ғизо) барои масеҳии ба камолрасидаистода мебошад.


Исо гуфт: «Одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд» (Матто 4:4).


То ин ки одам ҷисман солим бошад, вай ба хӯрок эҳтиёҷ дорад. Масеҳӣ то ин ки рӯҳан солим бошад, вай бояд Каломи Худовандро хонад ва аз бар намояд.



Библияро чӣ тавр бояд хонд?


Бояд нақшаи мунтазами омӯзиши Библияро дошт. Бисёр одамон Библияашонро он вақте мехонанд, ки ба он ниёз доранд. Онҳо Библияро мекушоянд ва ояте ё боберо аз он ҷой мехонанд, ки китобро дар он саҳифа кушодаанд. Ин бештар тасодуф аст, нисбати мунтазамнокӣ. Он касе ки хониши мунтазамнокии Библияро ташкил накардааст, одатан вақтро барои хондан дуруст тақсим карда наметавонад ва бисёр ҳам хонда наметавонад.


Барои имондори нав шояд беҳтараш аз Матто- китоби аввали Аҳди ҷадид сар кардан лозим аст ва миқдори муайяни бобҳоро бояд ҳар рӯз хонад. Инҷили Матторо хонда бояд Инҷили Марқӯсро- китоби дуюми Аҳди ҷадидро идома диҳад. Дар 27 китоби Аҳди ҷадид ҳамагӣ 260 боб аст. Агар Шумо ҳар рӯз ду боби хонед, пас баъди 19 ҳафта Шумо пурра Аҳди ҷадидро тамом мекунед, хуб мешуд, ки боз аз Матто сар кунед ва дар як вақт хондани Аҳди қадимро оғоз намоед. ҳар рӯз ду боб аз Аҳди қадим ва як боб аз Аҳди ҷадид хонед. Аҳди қадимро аз китоби аввал- ҳастӣ оғоз намоед. Агар Шумо ҳар рӯз се боби хонед, пас Шумо дар 1 сол Библияро бо пуррагӣ мехонед.


Ин намунаи нақшаи омӯзиши Библия аст. Бигузор ин нақшаи минималии омӯзиши Шумо бошад. Шояд Шумо мехоҳед, ки иловатан муфассал баъзе ҷойҳои Навиштаро хонед.


Агар Шумо танҳо Инҷили Юҳанноро доред, то ҳадди имкон ҳар рӯз аз он як боб хонед, то он вақт, ки онро тамом нанамоед. Агар Шумо то ҳол Библия надоред, пас аз сари нав Инҷили Юҳанноро хонед. Дорои Библия гаштанро ба нақша дароред.



Якчанд маслиҳатҳои иловагӣ барои он ки Библияро чӣ тавр бояд хонд.


  1. Он тарҷумаро истифода баред, ки фаҳмиданаш барои Шумо осонтар аст.

  2. Пеш аз хондан ибодат намоед. Ба Худо барои Каломаш шукргузорӣ намоед ва аз Худо хоҳиш намоед, ки дар фаҳмидану хондани он ба Шумо ёрӣ диҳад.

  3. Фурӯтан бошед. Ин Каломи Худованд аст, он илҳомбахш ва пур аз қудрат аст.

  4. Калимаҳо ва оятҳоеро хат кашед, ки онҳо диққати Шуморо дар навбати аввал ба худ кашидаанд.



Кай ман бояд Библияро хонам?


Он вақт, ки Шумо қарор додед дорои нақшаи омӯзиши мунтазами Библия бошед, Шумо дар як вақт ниёзманди вақти мунтазам барои хониш мешавед.


Ин вақт барои ҳама як хел намешавад. Барои баъзеҳо пагоҳии барвақт, барои дигари вақти нисфирӯзӣ, барои сеюмӣ беҳтар пас аз хоб аст. Вақти худро муайян кардан ва риоя намудан муҳим аст. Реҷаи номуайяни рӯз барои хондани Библия ба Шумо вақт намегузорад. ҳама вақт банд аст, пас барои хондани Библия вақти муайяни мунтазам лозим аст. Дар ин бора фикр кунед ва ибодат намоед. Вақти худро барои хондани Библия интихоб намоед.


Аз ёд кардани оятҳоро оғоз намоед


Он қадар оятҳоро аз ёд кунед, ки метавонед. Вақте ки суруди махсусан муҳимро меёбед, онро рӯйнавис намоед, ҳамроҳи худ гиред ва тез-тез онро хонед. Дар охири рӯз Шумо онро аз ёд мекунед. Дар Забур 118:11 мо мехонем: «Сухани Туро дар дили худ ниҳон доштам, то ки пеши Ту ҳато накунам».


Исо гуфт: «Хушо онҳое, ки Каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд» (Луқо 11:28).



Барои мушоҳида ва муҳокима


  1. Дар ин дарс мо имтиёзи бузурги масеҳиро омӯхтем. Ин чӣ аст?


  1. Панҷ сабабро номбар кунед, ки муҳимияти хондани Библияро мефаҳмонанд.


  1. Зарурияти нақшаи омӯзиши мунтазами Библияро муҳокима намоед.


  1. Шумо Аҳди ҷадидро дар 19 ҳафта тамом мекунед, агар Шумо ҳар рӯз_______ боби хонед.


  1. Оё Шумо ҳар рӯз хондани Библияро сар карданиед?

ҳа____________ Не___________


  1. Агар «ҳа», аз чӣ онро сар мекунед?

ҳар рӯз чанд бобро Шумо хонданиед?


  1. Кадом вақти рӯз Шумо мехонед?


  1. Чаро аз ёд кардани оятҳои Библия муҳим аст?





ДАРСИ 4


ИМТИЁЗИ НАВ - ИБОДАТ


Ҳозир мо имтиёзи дигари калонтари имондор-имтиёзи ибодатро меомӯзем. Дар ин дарс мо ба чор савол ҷавоб мегӯем.


Ибодат чист?

Чаро ман бояд ибодат намоям?

Чӣ тавр ман бояд ибодат намоям?

Кай ман бояд ибодат намоям?



Ибодат чист?


Тавассути Библия Худо бо одам гап мезанад. Бо василаи ибодат одам бо Худо гап мезанад. Ибодат- ин муносибат бо Худованд аст. Дар ибодат мо вақтамонро бо Худо мегузаронем, бо Ӯ гап мезанем, ҷавоби Ӯро мешунавем.


Дар Матто 6:9 Исо гуфт: «�Пас ба ин мазмун дуо гӯед: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод».


Матто 6:6 «Лекин ту, вақте ки мехоҳӣ дуо гӯӣ, ба ҳуҷраи худ даро ва дарро баста, ба Падари худ, ки ниҳон аст, дуо гӯй: ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод».


Ин оятҳо нишон медиҳанд, ки ибодат- ин сӯҳбатбо Худованд аст, на бо одам.


Вақте ки мо аз нав тавлид шудем, Худованд Падари мо мешавад ва мо фарзандони Ӯ. Дар Юҳанно 1:12-13 мо хондем: «Лекин ба онҳое, ки ӯро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд. Ки на аз хун, на аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд».


Дар ин сурудҳо мо асоси ибодатро дучор мешавем. Ин асос-муносибати тарафайни Падар ва тифли аз нав тавалидёфта мебошад.


Ибодат- ин имтиёзи имондор буда, тавассути муносибати нави тарафайн бо Худо ҳамчун бо Падари худ мебошад. Ибодат- ин муносибати табии тарафайни падару фарзанд мебошад. Худо Падари мост, бинобар ин мо бо Ӯ дар бораи орзуҳоямон, мақсадҳоямон, мушкилиҳоямон, ва ситоишамон гап мезанем. Мана ҳамин ибодат мебошад.


Чаро Ман бояд ибодат намоям?


Иҷрои ин табиист. Вақте ки мо ибодат менамоем, муносибатҳои махсуси тарафайни мо бо Худованд комил мегардад. Худованд дӯсти беҳтарин ва содиқтарини мост, бинобар ин мо бояд бо Ӯ гап занем.


Чӣ тавр ман ба Худованд барои дуои хайри ҳаррӯзааш сипосгузорӣ намоям?


Ба воситаи ибодат. ҳама вақт шодӣ намоед. Монда нашуда ибодат намоед. «ҳамеша шод бошед. Пайваста дуо гӯед. Барои ҳама чиз шукр гӯед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи Шумо дар Исои Масеҳ» (1 Ба Таслӯникиён 5:16-18).


Чӣ тавр ман сазовори авфи гуноҳҳоям гардам?


Ба воситаи ибодат « Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд» (1 Юҳанно 1:9). Намунаи хуби ибодат барои авфи гуноҳро мо дар Забур 50 мебинем.


Чӣ тавр ман эҳтиёҷотамро ба Худо ошкор намоям?


Ба воситаи ибодат «Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади сари дарвақт файз ёбем» (Ибриён 4:16). «Ва агар касе аз Шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд-ва ба вай ато хоҳад шуд»

(Яъқуб 1:5).


Чаро ман бояд ибодат намоям?

Чунки кӯдакро бо падар сӯҳбат намудан табиист.

Чунки ман бояд ба Худо сипосгузорӣ намоям.

Чунки ман ба авфи гуноҳҳоям эҳтиёҷ дорам.

Чунки ман бояд эҳтиёҷотамро бояд ба Худо ошкор намоям.


Масеҳ эҳтиёҷоти ибодатро ҳис кард. Мо ҳам бояд ин тавр шавем.


Ман чӣ тавр бояд ибодат намоям?


Шогирди Исо ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ» (Луқо 11:1).


Пеш аз он ки ба шогирдон чӣ гуна дуо карданро ёд диҳад, Исо онҳоро аз тарзи нодурусти дуокунӣ пешгирӣ намуд. Ӯ гуфт: «Ва ҳангоме ки дуо мегӯӣ, монанди риёкорон набош, ки онҳо дӯст медоранд дар куништҳо ва бурчакҳои кӯчаҳо истода дуо гӯянд, то ки ба мардум худро нишон диҳанд. Ба ростӣ ба Шумо мегӯям: онҳо мукофоти худро гирифтаанд. Ва дар вақти дуо чун халқҳо пургӯӣ накунед: зеро онҳо гумон мекунанд, ки ба туфайли пургӯӣ дуояшон мустаҷоб мешавад» ( Матто 6:5,7).


Исо сӯҳбатро дар бораи ибодат бо шогирдонаш идома дод. «Пас ба ин мазмун дуо гӯед: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд; Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ; ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем; ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз Иблис раҳои деҳ; зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин» (Матто 6:9-13).


Ин намунаи ибодат мебошад. Исо инро дар назар надошт, ки имондор ҳама вақт ин суханонро тақрор намояд. Вақте ки мо дар Аҳди ҷадид ибодати Исо ва дигаронро мехонем, мебинем, ки онҳо ин суханонро такрор наменамоянд. Исо мегӯяд, ки ибодат мадҳу ситоиши Худованд, итоат ба иродаи Худованд, ҷӯстуҷӯи кӯмаки Худованд дар эҳтиёҷоти рӯзмарра аз қабили хӯрокӣ, омурзиши гуноҳ ва хоҳиши ёрӣ расондан баҳри пирӯзӣ аз болои иблисро дар бар мегирад. Мо бояд ибодатамонро ба намунаи ибодати овардашуда наздик намоем.




Ман имондори нав чӣ тавр ибодат карданро бояд ёд гирам?


  1. Вақте ки Шумо танҳоед бо Худованд шунаво гап занед.

  2. Барои Худованд баромад омода насозед. Танҳо фикратонро барои Ӯ ифода намоед.

  3. Дар хотир нигоҳ доред, ки ибодати Шумо барои Худо аз қалбатон содир мешавад.

  4. Бо аъзоёни оила ва ё дӯстонатон якҷоя ибодат намоед.

  5. ҳамеша пеш аз хӯрок ибодат намоед, ба Худо барои таъминоташ сипосгузорӣ намоед.


Ман кай бояд ибодат намоям?


Нахустин ибодати масеҳии нав бояд таъҷилан пас аз тавлидшавии Ӯ баргузор шавад. Ин ибодат бояд тахминан чунин бошад: «Исо ба ту барои наҷотам сипосгузорӣ менамоям».


Масеҳии шукргузор пеш аз ҳар хӯрокхӯрӣ ибодат намуда бо ин сипосгузории худро баён менамояд.


Рӯзро беҳтараш бо ибодат, бо хоҳиши сарварӣ ва ҳимояи Худованд дар тамоми рӯз оғоз намудан беҳтар аст. Дар охири рӯз пеш аз хоб ибодат намуда ба Худованд барои сарварию ҳимояаш дар тамоми рӯз, ин чунин барои дигар тӯҳфаҳои нек шукргузорӣ бояд намуд.


Инро панҷ давраи асосии ибодати рӯзмарра муайян менамояд. Табиист, ки имондор дар давоми рӯз ибодат намуда бо ин ба Худо шукргузорӣ менамояд ва ё аз Ӯ имдод металабад. Шумо метавонед, дар вақти кор, сайругашт ва ғайра ибодат намоед.


Масеҳӣ бояд мунтазам Библия хонад ва ибодат намояд, агар Ӯ рӯҳан солим бошад.


Мо ба Шумо хондани як қатор оятҳои дигарро, ки дар бораи ибодат гап мезананд, тавсия менамоем:


Дониёл 6:10

Матто 18:20

Матто 26:41

Луқо 18:1

1 Таслӯникиён 5:17

Матто 7:7

Марқӯс 11:25

Юҳанно боби 17



Барои мушоҳида ва муҳокима


  1. Ибодат чист?



  1. Мо бо___________гап мезанем, вақте ки ибодат менамоем.



  1. Чаро имондор бояд ибодат намояд?



  1. Оятҳои Матто 6:9-13___________дуоҳо номида мешавад.



  1. Аз ин дарсҳо мо донистем, ки имондор бевосита ба Худо ибодат менамояд.



  1. 5 қисмати беҳтарини рӯзро барои ибодати қулайтари имондор номбар намоед.






ДАРСИ5


УМЕДИ НАВ


То тавлиди тави худ мо умед надоштем. Дар Эфсӯсиён 2:12-14 Павлус гуфт: «Дар он замон Шумо бе Масеҳ, аз ҷамоати Исроил ҷудо ва нисбат ба аҳдҳои ваъда бегона будед, дар олам бе умед ва бе Худо будед. Аммо акнун дар Исои Масеҳ, Шумо, ки як вақте дур будед, бо хуни Масеҳ наздик шудаед. Зеро ки Ӯ осоиштагии мост�»


Одами аз нав тавлидногашта ҳаёташ бе умед мегузарад. Ба ғайр аз ин Ӯ дар ҳаёти осмонӣ низ умеде надорад.


Вале вақте ки одам аз нав тавлид меёбад, Ӯ умед дорад. Мо дар бораи умеди навинамон дар номаи 1 Петрус 1:3-4 хондем. «Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда. Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои Шумо маҳфуз аст».


Сарчашмаи умеди нав-ҳаёти нав Худо аст. Мо ҳеҷ вақт барои ин ба Ӯ сипосгузорӣ намуданро бояд фаромӯш нанамоем.


Умеди нав, вақте ки рӯ ба рӯи марг меистӣ.


Вақте ки мо дар маросими дафни одами аз нав тавлидногашта ҳузур дорем ва аъзоёни оилаи Ӯ низ монанди Ӯ аз нав тавлидногаштаанд, мо мебинем, ки онҳо ҳеҷ умеде надоранд. Барои имондор ин хел нест. ҳатто вақте ки марг меояд, умед вуҷуд дорад. Павлус дар ин бора дар мактуби якумаш ба Таслӯникиён менависад.


1 Таслӯникиён 4:13-18 «Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки Шумо дар бораи мурдагон бехабар бошед, ки мабодо мисли дигарон, ки умед надоранд, андӯҳгин шавед. Зеро, агар мо имон дорем, ки Исо мурд ва эҳё шуд, ба ҳамин тарз низ Худо онҳоеро, ки дар Исо мурдаанд, бо Ӯ хоҳад овард. Зеро инро ба Шумо бо каломи Худованд мегӯем, ки мо зиндаҳо, ки то омадани Худованд боқӣ мондаем, аз мурдагон пешдастӣ нахоҳем кард, чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фариштаимуқарраб ва карнаи Худо аз осмон нузул хоҳад кард, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаанд, аввал эҳё хоҳанд шуд; Баъд мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, бо якҷоягии онҳо бар абрҳо бурда хоҳем шуд, то ки Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд. Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллӣ диҳед».


Исо ба шогирдони Худ гуфт, ки умед ҳаст: «Дили Шумо музтариб нашавад; Ба Худо имон оваред, ба ман низ имон оваред. Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисёр аст; ва агар чунин намебуд, магар ба Шумо мегуфтам: «Меравам, то ки барои Шумо ҷой тайёр кунам. ҷое, ки Ман меравам, Шумо медонед, роҳро низ медонед» (Юҳанно 14:1-3).


Павлус дар бораи умеди мо, дар бораи эҳёшавӣ дар 1 Қӯринтиён 15:12-14, 17-20 мегӯяд:


«Лекин агар дар бораи Масеҳ мавъиза карда мешавад, ки Ӯ аз мурдагон эҳё шуд, пас чӣ тавр баъзе аз Шумо мегӯянд, ки эҳёи мурдагон нест? Агар эҳёи мурдагон набошад, Масеҳ низ эҳё нашудааст; Ва агар Масеҳ эҳё нашуда бошад, мавъизаи мо низ бар абас аст, имони Шумо низ бар абас аст».


«Ва агар Масеҳ эҳё нашудабошад, имони Шумо бар абас аст; Шумо ҳанӯз дар гуноҳҳои худ мебошед: Бинобар ин онҳое ҳам, ки дар Масеҳ мурдаанд, нобуд шуданд. Ва агар мо фақат дар ҳамин ҳаёт ба Масеҳ умед мебаста бошем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарем. Аммо Масеҳ аз мурдагон эҳё шуда навбари мурадгон гардид».


Рӯ ба рӯи душмани бузурги худ- марг одам бо умед меистад мувофиқи ҳама гуфтаҳои Китоби Муқаддас, ки мо хондем, одами имондор ҳама вақт бар марг пирӯз мешавад.


Умеди нав дар ҳаёти ҳаррӯза


Ҳамчун имондор мо на танҳо ба оянда умед дорем. Мо ба ҳаёти имрӯза низ умед дорем. Баъзан фикр мекунанд, ки ҳаёти абадӣ пас аз марг оғоз меёбад. Ин нодуруст мебошад. Суруди зеринро хонед ва Шумо мефаҳмед, ки ҳаёти абадӣ кай оғоз меёбад.


«Ба ростӣ, ба ростӣ ба Шумо мегӯям: ҳар ки Каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст» (Юҳанно 5:24).


Ин оят мегӯяд, ки ҳаёти ҷовидонӣ баробари имондор шудани мо оғоз меёбад. Ӯ абадан идома меёбад, ҳатто пас аз марги ҷисмонӣ ҳам.


Умеди мо он вақт пайдо мегардад, ки Инҷилро шунидем ва Исоро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳанда қабул намудем. Дар Қӯлассиён 1:23 мо мехонем: « Фақат ба шарте ки Шумо дар имон матин ва устувор бошед ва аз умеди башорате ки шунидаед, ҷудо нашавед».


Якҷоя бо умеди нав дар ин ҳаёт сифатҳои нав пайдо мешаванд.


Вақте ки зану шавҳар аз нав тавлид мегарданд, дар никоҳи онҳо умед ба муносибатҳои хуби тарафайн пайдо мешавад. Сифати нави муҳаббат ба ин никоҳ ворид мегардад. Бисёр оилаҳои бадбахт ҳастанд, ки дар онон зан ва ё шавҳар пулро ба шароб, бозиҳои пулакӣ ва дигар корҳои ношоями дунявӣ сарф менамоянд. Онҳо тез-тез ба якдигар хиёнат менамоянд. Дар ин гуна оила вақт барои ҳамсар ва бачаҳо кам мемонад. Ин манзараи никоҳи беумед аст. Вале Худо бо тараҳҳум ва муҳаббаташ ба занону шавҳарон имконият медиҳад, ки аз Башорати Исои Масеҳ огоҳ гарданд. Онҳо аз гуноҳҳои худ пушаймон мешаванд ва ба Масеҳ такя менамоянд. Умед тавлид мегардад. Ин оила дорои умеди нав мегардад.


Корчаллон бо умеди пул зиндагӣ менамояд. Бартарият, муваффақият ва пул худои ӯянд, барои Худои ҳақиқӣ Ӯ вақт надорад. ҳар як дақиқаашро Ӯ сарфи бизнес менамояд. Аз бедоршавӣ то он лаҳзае, ки Ӯ хоб меравад, фақат дар фикри бизнесу пул мебошад. Вале боре имондоре ба идораи Ӯ меояд ва барояш дар бораи имконияти аз нав тавлид шудан гап мезанад. Корчалони аз такудавҳои зиёдаи беҳуда мондашуда пушаймон мешавад ва Масеҳро ҳамчун Худованди нави худ қабул менамояд. Умед тавлид меёбад. Ин умед бузургтар аст аз ҳама чизҳое, ки бо пул харидан мумкин аст.


Ҷавонмард дар вазъияти мушкил мемонад, вақте ки ӯ моил ба чизҳои нанговар аст. Ӯ дар ҳаёташ мақсаде надорад. Ӯ танҳо ва гунаҳкор мебошад. Ӯ доғи шармандаоваре дар оилааш мебошад. Вале Худо бо шафқаташ ҳоло ҳам ӯро дӯст медорад. Ҷавонмард башоратро мешунавад. Ӯ Исоро ҳамчун Худованду Наҷотдиҳандааш қабул менамояд. Умед тавлид меёбад. Ӯ одами нав аст. Ба ҷои одатҳои кӯҳна одатҳои навин меоянд.


Ҳамаи ин мисолҳо барои умеди нав аст, ки он пас аз Инҷилро шунидан ва Масеҳро ҳамчун Худованду Наҷотдиҳанда қабул кардани одам ба миён меояд. Аз ин мо хулоса мебарорем, ки дар ҳаёти одами имондор умед вуҷуд дорад. Дар хотир бояд нигоҳ дошт, ки асрори ин умед дар Худованд мебошад.


Дар 1 Петрус 1:21 мо мехонем: «Ки ба воситаи Масеҳ Шумо ба Худое имоновардед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳё кард ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то ки Шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед».


Ҳамин тавр, мо дар ин дарс чиро омӯхтем.


  1. Имондор дар рӯ ба рӯи марг бо умед меистад.

  2. Умеди нав дар ҳаёти имондор он вақте тавлид мегардад, ки Ӯ Масеҳро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳанда қабул менамояд.


Умеди нав барои абадият


Ҳозир мо масъалаеро мебинем, ки бо Ӯ ҳар як имондори нав рӯ ба рӯ мешавад. Пас аз он, ки ман аз нав тавлид шудам, гуноҳ содир намудам, оё ман наҷотамро аз даст додам? Оё имондор умеди амният дорад?


Дар дарси авваламон мо фаҳмидем, ки одам пас аз нав тавлид ёфтан боз гуноҳ содир менамояд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки наҷотро аз даст медиҳанд, агар гуноҳ содир намоянд. Ин дуруст нест. Агар Шумо фикр кунед, ки ҳар лаҳза метавонед. Наҷотатонро аз даст медиҳед, ин маънии умеди қавӣ надоштани Шуморо дорад. Дин чӣ қиммате дорад, агар он ҷо боварӣ набошад? Кӣ ба наҷот майл мекунад, агар ҳар лаҳза пас аз гуноҳе содир намудан онро аз даст додан мумкин бошад?


Библия маънии онро медиҳад, ки одам пас аз тавлиди нав ҳаёти нави худро аз даст намедиҳад. Лаҳзаи ваъдаи Исоро дар Юҳанно 5:24 таҳлил намоед:


«Ба ростӣ, ба ростӣ ба Шумо мегӯям: ҳар ки Каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст».


Дар ин оят ду талабот мебошад, ки одам онро бояд пеш аз дорои ҳаёти нав гаштан иҷро намояд:


  1. Каломи Масеҳро шунидан

  2. Имон (Ба Масеҳ ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳанда такя кардан).


Вақте одам инро мекунад, вай дорои ҳаёти ҷовидонист.


Калимаи «ҷовидон» чӣ маънӣ дорад? Оё Ӯ маънии «муваққатӣ»-ро дорад? Оё Ӯ маънии «то оне ки гуноҳ содир наменамояд»-ро дорад? Не, «ҷовидонӣ» ин маънии «абадӣ»-ро дорад. Одам мешунавад ва имон дорад, бинобар ин вай дорои ҳаёти абадист. Агар ин ҳаёти ҷовидонӣ муваққатӣ мешавад, пас Исо дурӯғ гуфтааст. Не, Исо фиреб намекард.


Исо тез-тез калимаи «ҷовидонӣ» ё «маргнопазир»-ро истифода мебурд, то ин ки ҳаёти нави имондорро нишон диҳад. Аз Библияатон дурудҳои зеринро хонед. Юҳанно 3:15-16; 8:12, 10:28;

1 Юҳанно 5:13. Вақте ки мехонед, калимаи «ҷовидонӣ»-ро хат кашед.


Вақте ки одам аз нав тавлид меёбад, Ӯ дорои ҳаёти ҷовидонӣ мебошад. Дар Юҳанно 10:28-30 Исо гуфт: «Ва Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам, ва онҳо то абад талаф нахоҳанд шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад. Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад. Ман ва Падар як ҳастем».


Дар ин оятҳо пайғоми боварӣ ва умед барои имондор ҳаст. Калимаҳои ҷовидонӣ, ҳаёт, то абад, ҳеҷ касро хат кашед.


Бисёр суханони Павлусро вобаста ба ин мебинем. «Ки моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андӯҳ ё фалокат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер? Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем. Зеро ман мӯътақидам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на мабдаъҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда, на баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад» (Румиён 8:37-39).


Лутфан ин оятҳоро боз хонед ва калимаҳоеро, ки ба имондор барои ҳаёти ҷовидонӣ боварӣ пайдо мекунонанд, хат кашед.


Пас аз номбар кардани ҳамаи он чизҳое, ки имондорро ба ташвиш меоранд. Павлус таъқид менамояд, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз имондорро аз муҳаббати Худованд дар канор намемононад. Дар ин сурудҳо пайғоми боварӣ ва умед ба имондор мебошад.


Биёед ба ин масъала дигар хел нигоҳ мекунем. Вақте ки мо аз нав тавлид ёфтем, мо аъзои оилаи Худованд гаштем. Дар Юҳанно 1:12 мо мехонем: «Лекин ба онҳое ки ӯро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд».


Мисол, вақте ки Шумо ҷисман тавлид ёфтед, Шумо аъзои оилаатон гаштед. Шумо падар ва модар доштед. Вақти тифлӣ, ки Шумо гапҳои волидонро гӯш намекардед, оё ин маънои онро дошт, ки Шумо дигар фарзанди онҳо нестед? Не. Хуб ё бад вале Шумо фарзанди онҳо мондед. Агар Шумо балвогаред, ин барои волидони Шумо дардовар мебошад ва онҳоро зиқ мегардонад, вале Шумо фарзанди онҳо мемонед ва онҳо волидони Шумо. Агар рӯзҳо мегузаранду Шумо бо волидонатон гап намезанед, оё ин маънои онро дорад, ки онҳо дигар волидони Шумо нестанд? Не. Муносибат, хушбахтию хушҳолӣ метавонанд набошанд, вале алоқаи тарафайн идома меёбад. Барои имондор хилофи Худованд гуноҳ содир намудан бад аст. Вале агар ин рӯй медиҳад, содир мешавад, Худо аз фарзанди Худ рӯй намегардонад.


Дар Библия Забур 50-ро кушоед. Оятҳои 1-13-ро хонед. Ин дуои бузурги авфи Довуд аст. Дар дуояш Довуд барои гуноҳаш аз Худованд авф металабад. Дар ояти 10 Довуд мегӯяд: «Маро аз шодӣ ва хурсандӣ баҳраманд гардон». Дар ояти14 вай мегӯяд: «Шодии наҷоти худро ба ман баргардон».


Довуд гуноҳ содир намуд. Ӯ омурзиши гуноҳашро аз Худо талабид. Ӯ аз Худо аз нав наҷотро наталабид, ӯ танҳо хоҳиш кард, ки хушбахтии наҷоти ӯ барқарор карда шавад. Довуд хушбахтиро аз даст дод, чунки дар ҳаёти ӯ гуноҳ буд, вале ӯ наҷотро аз даст надода буд.


Аз ин дарс мо ба хулосае меоем, ки одам бояд танҳо як бор аз нав тавлид ёбад (наҷот ёбад). Вақте ки Шумо аз нав тавлид мешавед, Шумо ҳаёти ҷовидонӣ мегиред ва ҳеҷ вақт маҳкум намегардед.


Ин вазъияте, ки мо имондорон дорем, маънии онро надорад, ки мо барои гуноҳ кардан ҳуқуқ дорем. Имондори ҳақиқӣ ҳеҷ вақт намегӯяд: «Ман боварӣ дорам, ки ба осмон меравам, бинобар ин метавонам, ҳар вақте ки хоҳам, гуноҳ содир намоям. Имондори ҳақиқӣ аз гуноҳ содир намудан лаззат намебарад. Ӯ ноқулаӣ ва айбро эҳсос менамояд. Азбаски фотеҳаи Худованд ва шафқати Ӯ ба мо барои ҳаёти ҷовидонӣ боварӣ мебахшад, мо мехоҳем барои Ӯ зиндагӣ намоем».


Имондор вақти рӯ ба рӯи марг истодан умед дорад.

Имондор дар ҳаёти рӯзмаррааш умед дорад.

Имондор кафолати ҳаёти ҷовидониро дорад.


Барои мушоҳида ва муҳокима


  1. Сарчашмаи умед барои имондор-ин.


  1. Фарқи байни маросими дафни имондор ва беимон дар чист?


  1. Мувофиқи ин дарс бо имондор чӣ рух медиҳад, вақте ки Исо бармегардад (Юҳанно 14:1-3)?


  1. Чӣ хел кафолати эҳёшавиро мо дорем (1 Қӯринтиён 15:12-14, 17-20)?


  1. Агар Шумо ҳозир мемуред, куҷо меравед?

Шумо боварӣ доред? ҳа?_____________ Не_____________


  1. Дар ин дарс якчанд лаҳзаи умеди нав дар ҳаёти ононе, ки ҳаёти навро аз Масеҳ гирифтаанд, дода шудааст. Шумо умеди нави ба ҳаёти Шумо воридшуда, никоҳу ҳаёти оилавӣ, вақти аз нав тавлидшавиатонро чӣ тавр мебинед?


  1. Оё имондор умед ба ҳаёти ҷовидониро дар осмон дорад.

ҳа_____________ Не _____________


  1. Исо ҳаёти навро тасвир карда истода тез-тез як калимаро истифода мебурд. Ин калима________________Юҳанно 10:28).


  1. Агар Худо чизҳоро ба Шумо барои абадият медиҳад, Шумо онро чӣ қадар вақт нигоҳ дошта метавонед?


  1. Ҷовидонӣ маънои инро дорад:

ҷовидонӣ ___________________

муваққатӣ __________________


  1. Довуд наҷоти худро аз даст надод. Ӯ _________________ аз даст дод, чунки дар ҳаёти ӯ_________________ буд.


12. Аз нав Румиён 8:35, 37-39-ро хонед. Чӣ имондорро аз муҳаббати Худованд дур карда метавонад?



ДАРСИ 6


МУНОСИБАТҲОИ ТАРАФАЙНИ НАВ


Мо дар ин дарс чор муносибатҳои тарафайни навро меомӯзем, ки имондорон бо онҳо сару кор доранд. Вақте ки одам аз нав тавлид меёбад, дар Ӯ муносибатҳои нави тарафайн ба миён меоянд.


  1. Бо Худо

  2. Бо оила

  3. Бо оилаи масеҳӣ-калисо

  4. Бо дунё


Муносибатҳои нави тарафайн бо Худо


Дар Библия мо мехонем.


« Дар Ӯ Шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидед ва ба Ӯ имон овардед, бо Рӯҳулқудси мавъуд мӯҳр зада шудаед» (1:23).


«Лекин ба онҳое ки Ӯро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд» (Юҳанно 1:12).


«Зеро ки ҳамаи Шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ писарони Худо ҳастед» (Ғалотиён 3:26).


«Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ ба фарзандӣ қабул кунад» (Эфсӯсиён 1:5).


«Бубинед, ки Падар бо мо чӣ гуна муҳаббате ато намудааст, то ки мо фарзандони Худо номида шавем ва чунин ҳастем»

(1 Юҳанно 3:1).


«Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед»

(1 Петрус 2:10).


Вақте ки мо Исои Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд қабул намудем, мо фарзандони Худованд, қавми Ӯ гаштем. То он вақте ки мо аз нав тавлид ёфтем, Худоро аз рӯи ақл медонистем, вале чизи нав- муносибати шахсии тарафайн он вақте ба миён омад, ки мо Худовандро ҳамчун Сарвари ҳама ҷабҳаи ҳаётамон даъват намудем.


Дар ҳаёти мо ин муносибати тарафайни нав бо Худо чӣ маънӣ дорад?


  1. Ин маънии онро дорад, ки агар мо Худоро дӯст дорем, моро ҳар рӯз Рӯҳулқудс сарварӣ менамояд.


Ин маънии онро дорад, ки мо чӣ қадаре ба Рӯҳи Худованд сарварии ҳаётамонро рухсат диҳем, Ӯ онро мекунад. Вақте мо қароре қабул кардан мехоҳем, дар ин бора дар ибодатамон мегӯем. Мо барои донистани қарори дуруст аз Худованд ёрӣ металабем. Ин вобаста ба таълим, фаъолияти касбӣ, завҷаи оянда ва дигар корҳои хурду калон мебошанд, ки Худованд- Падари мо ба он мароқ дорад. Ӯ моро бо Рӯҳи Худ сарварӣ менамояд. Ин маънии онро дорад, ки Ӯ сарвари хонаи мо, бизнеси мо, истироҳати мо ва ғайра мебошад. Ӯ сарварӣ мекунад ва мо пайгирӣ менамоем. Ин ҳаёти имондорро бисёр шавқовар мегардонад.


  1. Фарзандони Худованд будан ин маънои озод аз тарсу ҳарос буданро дорад.


Дар Румиён 8:15 мо мехонем: «Чунки Шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед». Чун фарзандони Худо мо аз фалокатҳою бӯҳронҳо метавонем натарсем. Чун фарзандони Худо мо метавонем аз бебарориҳо натарсем»


  1. Фарзандони Худо будан ин чунин маънӣ дорад, ки мо шахсан имконияти ба назди Худо-Падари мо рафтанро дорем.


Дар Румиён 8:15 б мо мехонем: «� балки Рӯҳи фарзанд хондагиро қабул кардаед, ки ба он мо нидо мекунем: Эй Або, эй Падар!


Эфсӯсиён 3:12 « Ки ба василаи Ӯ ва ба воситаи имони мо ба Ӯ иҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем».


Ин имтиёзи одамони интихобкардаи Худо- фарзандони ӯянд. Худо бузургтар аст.



  1. Фарзандони Худо будан маънии кафолати пирӯзӣ доштанро дорад.


Дар Румиён 8:16-17, 28 мо мехонем: «ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем. Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем; ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу уқубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем. Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад».


Лутфан, оятҳои дар боло овардашудаи Румиён 8:16-17, 28-ро такроран хонед.


Нахустин ва бузургтарин муносибати тарафайни имондор- ин муносибати тарафайни Падару фарзанд аст.


Муносибати нави тарафайн бо оила


Агар дар оилатон танҳо Шумо аз нав тавлид ёфтед, барои Шумо баъзе мушкилиҳо ба миён омаданаш мумкин аст. Агар наврас аз нав тавлид меёбад, вале волидони Ӯ не, байни онҳо якдигарнофаҳмӣ сар мезанад. Онҳо бисёр вақт «дини нав»-и писар ё духтарашон қабул кардаро қадр намекунанд. Баъзан вақт барои наврас интихоб кардан лозим меояд: оила ё дини нави ӯ. Зиддият ба миён омаданаш мумкин аст, вақте ки яке аз ҳамсарон аз нав тавлид меёбаду дигаре не. Исо дар бораи имконияти би миён омадани зиддиятҳо дар дохили оиларо огоҳӣ дода буд.


Дар Матто 10:34-37 мо суханони Исоро мехонем: «Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер. Зеро ки омадам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш ҷудо кунам. Ва душмани одам аҳли хонаи Ӯ хоҳанд буд. Ҳар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест».


Дар ин оятҳо Исо мегӯяд, ки мухолифат дар бисёр оилаҳо ногузир аст, агар яке аз аъзоёни оила пайгири Исо асту дигарон не. Исо аъзоёни оиларо ҷудо намекунад, масъулияти ҷавобгарии ҷудокунӣ бар дӯши ононест, ки қабул кардани ӯро рад менамоянд. Агар ҳамаи оила Исоро пайравӣ менамояд, байни онон ҷудошавӣ ва мухолифат ба миён намеояд.


Вақте ки ҷудошавӣ ба миён меояду аъзоёни оила аъзои ба наздикӣ аз нав тавлидшудаи оилаашонро намефаҳманд, имондори нав бояд чӣ кор кунад?


  1. Дуруст фаҳмед, бо вуҷуди дигар аъзоёни оила бадбахт будан, Шумо метавонед дар Масеҳ истода хушбахт бошед.


Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост. Хушо Шумо, вақте ки Шуморо ба хотира Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд. Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти Шумо дар осмон бузург аст, зеро ки анбиёи пеш аз Шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд” (Матто 5:10-12).


  1. Дуруст фаҳмед, таъқибкунӣ пешгӯӣ карда шудааст. Исо гуфт: “Агар Маро таъқиб карданд, Шуморо низ таъқиб хоҳанд кард” (Юҳанно 15:20б).


  1. Вақте ки Шуморо таъқиб менамоянд, бо муҳаббат ҷавоб гардонед, на бо бадӣ. Павлус гуфт: “Баракат бихоҳед барои онҳое, ки Шуморо таъқиб мекунанд: баракат бихоҳед, вале лаънат нахонед” (Румиён 12:14).


  1. Бо пуртоқатию сабурӣ барои беимонони оила дуо кунед. Исо гуфт: “Лекин Ман ба Шумо мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед, ба нафраткунандагони худ некӣ кунед ва барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед” (Матто 5:44).


Баъзе имондорони аз нав тавлидёфта дар муносибатҳои тарафайни оилавӣ хушбахтиро эҳсос менамоянд. Рӯҳи нишоту шодист барои волидони аз нав тавлидёфта, вақте ки фарзанди онҳо низ аз нав тавлид меёбад. Комилият ва пуррагӣ эҳсос мешавад, ки ин оила ҳеҷ вақт аз ҳам ҷудо намешавад ва ҳама аъзоёни оила ба осмон мераванд.


Муносибатҳои нави тарафайн бо оилаи масеҳӣ- Калисо


Пас Шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо” (Эфсӯсиён 2:19).


Имондор оилаи нав- Калисо дорад. Табибист, ки имондор калисои маҳаллиро меёбад, ки он ҷо Каломи Худовандро мешунавонанд. Дар рӯзҳои аввали Аҳди ҷадид мо мебинем, вақте ки одамон Масеҳро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳанда қабул мекунанд, онҳо қисми гурӯҳи имондорони маҳаллӣ мешаванд. Дар Аъмол 2:41-42 мо дар бораи одамоне мехонем, ки ба калисои Ерусалим муттаҳид гаштанд. Мо мехонем, ки баъди мавъизаи Петрус “онҳои ки каломи ӯро бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушорадати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд” (Аъмол 2:41-42).


Инчунин дар Аъмол 2:47б мо мехонем: “Ва Худованд ҳар рӯз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба аҳли калисо меафзуд” Агар Шумо наҷот ёфтаед (аз нав тавлид гаштаед) Шумо хоҳиши табии бо дигарон, ки аз нав тавлид ёфтаанд сӯҳбат карданро доред. Ин гурӯҳ, ё ин маҳфил Калисо ном дорад.


То аз нав тавлидёбӣ одам наметавонист аъзои Калисои Аҳди ҷадидӣ гардад. Бисёр одамон бо ташкилотҳои динӣ муносибатҳои тарафайн доранд, вале вақте ки онҳо аз нав тавлид мегарданд, онҳо дорои фаросати нав нисбати Калисои Аҳди ҷадид мегарданд. Бисёр беимонон ақидаи ғалат доранд, ки бо риояи расму оини калисо онҳо сазовори наҷот мегарданд. Онҳо аз ба хидмат нарафтан метарсанд, то ин ки он ба имтиёзҳои ба дастовардаи онҳо зиён нарасонад. Алоқаи онҳо ба калисо ин як расмиятчигӣ ё одат мебошад ва баъзан ҳатто аз рӯи ҳиссиёти раҳмдилист. Ин фаъолият ягон муносибате ба ҳаёти рӯзмарраи хона, ба кор ё ба истироҳат надорад. Барои ин одамон вазифаи динӣ ба он меанҷомад, ки онҳо ба хидмати калисо мераванд, дуоҳои азёдкардаашонро такрор мекунанд, ба сабади садақа тӯҳфаҳои рамзӣ мегузоранд.


Ҳама чиз иваз мешавад, вақте ки одам аз нав тавлид мегардад. Имондор табиати нав, муносибати нав ва арзиши нав дорад. Ҳоло ӯ муносибати нави тарафайн бо калисоро дорад. Он ҷо нав мешавад:


  1. Муҳаббат ба Калисо “� чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва худро аз барои он таслим намуд” (Эфсӯсиён 5:25). ҳамин тавр мо низ калисоро дӯст медорем.


  1. Иштирок дар ҳаёти Калисо. Аз Библия мо вобаста ба калисо мехонем:


Ҳар рӯз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд” (Аъмол 2:46).


Овози худро якдилона сӯи Худо баланд кард, гуфтанд�”

(Аъмол 4:24).


“� ва Каломи Худоро далерона мегуфтанд” (Аъмол 4:31б).


Ҳамаи имондорон бо ҳам муттаҳид ва дар ҳама чиз шарик буданд” (Аъмол 2:44).


Баъзе вақт имондор маҷбур мешавад, ки калисои пештараи худро тарк намояд, агар ӯ мебинад, ки таълимоти он ҷо бо Библия дуруст намеояд. Ӯ бояд калисоеро пайдо намояд, ки он ҷо таълимот аз рӯи Библия аст. Дар имондор муносибати нави тарафайни пурмаъние бо калисо барқарор мешавад.



Муносибатҳои нави тарафайн бо ҷаҳон


Пештар вақте ки мо тавлид нагашта будем, муносибатҳои тарафайни мо бо ҷаҳон гуногун буд, ки беимонон онро доранд. Павлус муносибати пештараи тарафайни моро бо ҷаҳон тасвир намуда, гуфта буд: “ Шумо бо сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед. Дар онҳо Шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исён амал мекунад, зиндагӣ мекардед” (Эфсӯсиён 2:1-2).


Вобаста ба муносибати нави тарафайни шогирдонаш бо ҷаҳон, Исо дар дуои худ ба Худо гуфта буд: “Ман каломи Туро ба онҳо супурдам ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам. Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки онҳоро аз шарорат муҳофизат намоӣ; Онҳоро бо ростии Худ тақдис кун: каломи Ту ростист. Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодӣ, Ман низ онҳоро ба ҷаҳон фиристодам” (Юҳанно 17:14-18).


Аз ин суханони Исо мо мебинем, ки


Муносибати нави тарафайни имондор бо ҷаҳон чунин маънӣ дорад, ки ҷаҳон ӯро дӯст намедорад. Исо гуфт: “Агар ҷаҳон аз Шумо нафрат кунад, бидонед, ки пеш аз Шумо аз Ман нафрат кардааст” (Юҳанно 15:18). Ӯ шарҳ дод, ки чаро ҷаҳон аз имондор нафрат мекунад, вақте ки гуфт: “Агар Шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон мансубони худро дӯст медошт: лекин азбаски Шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман Шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз Шумо нафрат мекунад” (Юҳанно 15:19).


Агар имондор ба ҷаҳон тааллуқ надорад, пас вай ба кӣ бояд тааллуқ дошт? Исо ба ин савол ҷавоб дод, вақте ки гуфт: “Лекин ҳамаи инро барои исми Ман ба Шумо хоҳанд кард, чунки Фиристандаи Маро намешиносанд” (Юҳанно 15:21).


Ҷаҳон ба имондор механдад ва ба ӯ нафрат менамояд вале имондор бояд нисбати ҷаҳон ҳамдарду ба ӯ шарик бошад. Пеш аз мавлуди нав имондор монанди беимонон муносибату арзиши якхела доштанд, вале пас аз он ки Масеҳ ҳамчун Худованду Наҷотдиҳанда шинохта шуд, ҳама чиз иваз гашт. Муносибату арзишу тарзи зиндагии имондор ба беимон қаробате надорад. Муносибати нави имондор ба ҷаҳон чунин маънӣ дорад, ки ӯ ба гуноҳи ҷаҳон нафрат дорад, лекин нисбати одамоне, ки дар ҷаҳон бо гуноҳ зиндагӣ менамоянд, муҳаббату ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ин муносибати нави тарафайн аз суханони Петрус айёнанд: “Лекин Шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти ӯ, ки Шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед”

(1 Петрус 2:9).


Азбаски мо иваз шудаем, ҳоло вазифа дорем, ки ин муҳаббати навро ба дигарон барем. Мана ин аст муносибати нави тарафайн бо ҷаҳон.


Дар хотима, лутфан, аз Библия Юҳанно 3:1-3 ва 1 Юҳанно 5:1-5-ро хонед.



Барои мушоҳида ва муҳокима


  1. Чор муносибати нави тарафайнро номбар кунед, ки ба онҳо масеҳӣ сару кор дорад.



  1. Вақте ки одам Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда қабул менамояд ӯ __________________Худо мегардад.



  1. Дар ҳаёти мо муносибати нави тарафайн ҳамчун фарзандони Худованд чӣ маъно дорад?


  1. Вақте ки фарзанди волидони беимон аз нав тавлид меёбад, чӣ муносибатҳои нави тарафайн пеш меоянд?



  1. Имондори нав чӣ тавр таъқиби аъзоёни беимони оиларо паси сар менамояд? Чор чизеро номбар кунед, ки имондор бояд лаҳзаҳо истифода барад.



  1. Вақте ки Шумо аз нав тавлид ёфтед, ин ба муносибати тарафайни Шумо бо оила ва дӯстонатон чӣ гуна таъсир мерасонад?



  1. Муносибати Шумо бо калисо пеш аз азнавтавлидёбӣ чӣ гуна буд? Ақидаи Шумо пас аз тавлиди нав чӣ гуна иваз шуд?



  1. Дар ин дарс мо омӯхтем, ки имондор_________________ ба калисо дорад.



  1. Ин шаҳодат чӣ маънӣ дорад: “Имондорон дар ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, вале ба ҷаҳон тааллуқ надоранд”.



  1. Муносибатҳои нави тарафайни имондор бо ҷаҳон чӣ гунаанд?








ДАРСИ 7


ФАҲМИШИ НАВИ ТАЪМИД


Вақте ки одам аз нав тавлид меёбад, ӯ дорои фаҳмиши нави таъмид мешавад. Бисёр одамон аз рӯи анъана боварӣ доранд, ки одам пас аз таъмид ёфтан масеҳӣ мешавад. Вале ин ба он чизе ки Библия таълим медиҳад, мувофиқат наменамояд. Дар ин дарс мо бодиққат мебинем, Библия дар бораи таъмид чӣ мегӯяд. Муҳим ин аст, ки вақти ба омӯзиши ин мавзӯъ гузаштани мо ақлу фаросати мо барои Библия- Каломи Худованд кушода бошад.


Оё таъмид гуноҳро пок месозад?


Не, таъмид гуноҳҳои моро пок намесозад. Библия мегӯяд: “Он чунон Масеҳ низ як бор Худро барои бардоштани гуноҳҳои бисёр касон қурбонӣ намуда, бори дуюм на аз барои татҳири гуноҳ зоҳир хоҳад шуд, балки барои онҳое, ки ӯро интизор доранд, то наҷот ёбанд” (Ибриён 9:28).


Ба ҳасби ҳамин ирода мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтаем. Аммо Ӯ як қурбониро ба сурати абадӣ барои гуноҳҳо тақдим намуда, ба ямини Худо бинишаст”

( Ибриён 10:10, 12).


Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем; Шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед” (1 Петрус 2:24).


Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад” (Юҳанно 3:16).


Аз ин сурудҳо мо возеҳу равшан мо мебинем, ки Исо вақте ки барои мо мурд, Ӯ арзиши гуноҳҳои моро пардохт ва мо он вақт аз гуноҳҳо пок мегардем, ки ба Ӯ боварӣ дошта бошем. Ин сурудҳо нишон медиҳанд, ки қурбонии Масеҳ як бор рӯй дод ва ин абадисту ҳеҷ гоҳ аз сари нав такрор намеёбад.


Оятҳои зеринро хонед ва дарёбед, ки чӣ тавр одам фарзанди Худованд шуда аз гуноҳҳо пок мегардад.


Ба ростӣ, ба ростӣ ба Шумо мегӯям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст” (Юҳанно 5:24).


Зеро мо эътироф менамоем, ки одамизод сарфи назар аз аъмоли шариат, ба воситаи имон сафед мешавад” (Румиён 3:28).


Исои Масеҳ таъмид ёфта буд. Ӯ барои он таъмид ёфт, ки гуноҳҳояшро пок созад? Библия таълим медиҳад, ки Исо бегуноҳ буд “ ва дар Ӯ гуноҳе нест” (Юҳанно 3:5б).


Библия таълим намедиҳад, ки таъмид гуноҳҳоро пок месозад.


Библия дар бораи таъмид чӣ мегӯяд?


Биёед дар Библия намунаҳои қабули таъмиди баъзе одамонро мебинем.


Исои Масеҳ


Дар Матто 3:13-17 мо мехонем:


Он гоҳ Исо аз ҷалил ба ӯрдун назди Яҳё омад, то ки аз вай таъмид ёбад”. Лекин Яҳё ӯро боздошта гуфт: “Маро лозим аст, ки аз Ту таъмид ёбам, ва Ту назди ман меоӣ?” Исо дар ҷавоби вай гуфт: “Алҳол бигзор: зеро ки моро лозим аст ҳар навъ адолатро ин тавр ба ҷо оварем” Пас Яҳё ӯро вогузошт. Ва Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад, ва инак осмон барои Ӯ кушода шуд, ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабутаре нозил шуда, бар Ӯ қарор мегирад. Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: “Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар ӯст”.


Аз ин оятҳо мо мебинем, ки


  1. Таъмид- ин талабот барои фарзанди Худованд аст.

  2. Исо пеш аз таъмид ёфтан Писари Худованд буд.

  3. Исо таъмид ёфт на барои пок кардани гуноҳҳояш, балки барои итоаткориашро ба падар нишон додан.

  4. Исо вақте ки таъмид ёфт, калонсол буд.

  5. Исо дар об ғӯтта зад.

  6. Худо аз Писари итоаткори Худ розӣ буд.



Хоҷаи Ҳабашӣ


Ин нақл дар Аъмол 8:26-39 мебошад. Лутфан ин ҳикояро пурра аз Библияатон хонед.


Акнун боз ин оятҳои асосиро, ки вобаста ба таъмиданд, хонед.


Он хоҷасаро ба Филиппус гуфт: “Аз ту саволе дорам, ки набӣ инро дар ҳаққи ки мегӯяд? Оё дар ҳаққи худаш ё дар ҳаққи каси дигаре? Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон Навишта сар карда, ба ӯ аз Исо башорат дод. Дар ин миён дар аснои роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: “Инак, об; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?” Филиппус гуфт: “Агар аз таҳти дил имон оварда бошӣ, ҷоиз аст” Вай дар ҷавоб гуфт: “Имон дорам, ки Исои Масеҳ Писари Худост”. Сонӣ фармон дод, ки аробаро нигоҳ дорад, ва ҳар ду, Филиппус ва хоҷасаро, ба об фуромаданд, ва ӯро таъмид дод. Вақте ки аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро даррабуд, ва хоҷасаро дигар ӯро надида, роҳи худро ба хурсандӣ давом дод” (Аъмол 8:34-39).



Аз ин оятҳо мо мебинем, ки



  1. Хоҷаи ҳабашӣ калонсол буд, вақте ки таъмид ёфт.

  2. Сараввал ӯ башорати Исоро шунид, сипас ӯ имондориашро ба Исои Масеҳ, ҳамчун Писари Худованд иқрор намуд, сипас ӯ таъмид ёфт.

  3. Одам пас аз навтавлидёбӣ таъмид меёбад.

  4. Хоҷа худаш шахсан ба Масеҳ муроҷиат кардан хост ва худаш барои худаш таъмидро интихоб намуд.

  5. Ӯ дар об ғӯтта занонида шуд.

  6. Вақте ки ӯ боварӣ пайдо карду таъмид ёфт, ӯ моломоли хушбахтӣ гашт. Итоат кардан ба Масеҳ ин хушбахтӣ аст.





Зиндонбон дар Филиппӣ


Ин ҳикояро аз Библия дар Аъмол 16:25-34 хонед.


Аз сари нав ба ин оятҳо диққат диҳед.


Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда пеши пои Павлус ва Сило афтод”; Сонӣ онҳоро берун оварда гуфт: “Эй оғоён! Чӣ бояд бикунам, то ки наҷот ёбам?” Гуфтанд: “Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар, ва ту аҳлу байти худ наҷот хоҳӣ ёфт. Он гоҳ каломи Худовандро ба вай ва тамоми аҳли байташ мавъиза карданд. Дар ҳамон соати шаб зиндонбон онҳоро берун оварда, захмҳояшонро шуст, ва фавран худаш ва тамоми аҳли байташ таъмид гирифтанд. Ва онҳоро ба хонаи худ оварда, дар пешашон хӯрок монд, ва бо тамоми аҳли байти худ шод шуд, ки ба Худо имон овард” (Аъмол 16:29-34).


Аз ин оятҳо мо мебинем, ки


  1. Одам ба Масеҳ бовар кард (муроҷиат намуд).

  2. Пас аз он ки ӯ ба Масеҳ бовар кард, таъмид ёфт.

  3. Вақте ки ӯ калонсол буд, таъмид ёфт.

  4. Одам ва оилаи ӯ моломоли шодмонӣ гаштанд, пас аз он ки наҷот ёфтанду таъмид гирифтанд.


Аз ин се мисоли таъмид дар Библия чор ҳақиқати асосӣ аст.


  1. Ҳар як одаме, ки таъмид ёфт, худаш қарор дод, ки таъмид гирад. Онҳо медонистанд, ки чӣ кор мекунанд ва чаро мекунанд (дар Библия таълимот дар бораи таъмиди кӯдак нест).


  1. Таъмид пешопеши ҳаёти ивазшаванда дар Масеҳ аст.


  1. Имондорони нав бе шакку шубҳа аз таъмиди худ хушҳол буданд. Онҳо аз пайгирии Масеҳ дар таъмид шарм намедоштанд.


  1. Ҳар кадоми онҳо дар об ғӯтта заданд. Онҳо бо об “фурӯ рафтанд”-ӯ аз об “баромаданд”. Калимаи юнонии аҳди ҷадидӣ, ки “таъмид”-ро тарҷума мекунад, маънии “ғӯтта задан”-ро дорад. Дар Аҳди ҷадид ҳеҷ ҷой мо мисоли одамеро намебинем, ки “обпошидашуда” ё “обрехташуда” бошад. ҳамаи онҳо дар об ғӯтта заданд.


Таъмид аҳди ҷадидӣ барои онҳое, ки боварӣ карданд.

Дар Аъмол 18:8 мо мехонем: “Кристус, ки сардори куништ буд, ба тамоми аҳли байташ ба Худованд имон овард, ва бисёр аз Қӯринтиён, чун шуниданд, имон оварданд ва таъмид гирифтанд”.

Аз ин оятҳо мо мебинем, ки одамон аввал башоратро шуниданд, сипас бовар карданду таъмид гирифтанд. Ин тартибро қайд намоед. Чӣ тавре, ки аз мисолҳои таъмиди Аҳди ҷадид мо мебинем, тартиб ҳама вақт як хел аст. Дар Библия тартиб ҳама вақт як аст. Таъмид ҳеҷ вақт пеш аз имон нест.


Ин ҳақиқат дар Аъмол 19:4-5 дида мешавад:


Павлус гуфт: “Таъмиде ки Яҳё медод, таъмиди тавба буд, ва ӯ ба мардум мегуфт: “Ба он Касе ки баъд аз ман меояд, яъне ба Исои Масеҳ имон оваред” Чун инро шуниданд, ба исми Исои Худованд таъмид гирифтанд”.


Аз ин оятҳо айён аст, ки таъмид барои он одамонест, ки аз гуноҳ рӯй гардонда ба Исои Масеҳ, ҳамчун Наҷотдиҳандаи Ягона комилан такя менамоянд.



Таъмид дар калисои аҳди ҷадидии аввалин


Дар Аъмол 2:41 мо мехонем: “Пас онҳое, ки каломи ӯро бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар бо онҳо ҳамроҳ шуданд”.


Петрус мавъиза мекард ва бисёриҳо ба башорати ӯ бовар мекарданд. Боваркардагон таъмид меёфтанд ва худи ҳамон рӯз аъзои гурӯҳ (калисо) мегаштанд.


Муҳим ин аст, ки тартиб ҳама вақт як аст: бовар мекунӣ, сипас таъмид меёбӣ. Боз аз ин оятҳо муайян намудем, ки аъзои Калисо ононе шуда метавонанд, ки аввал бовар карданду сипас таъмид ёфтаанд.


Охирин супориши Исо ба шогирдонаш дар Матто 28:19-20 мебошад: “Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба Шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо Шумо ҳастам” Омин!


Дар ин амри муҳим Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки пеш аз ҳама одамонро шогирдони Ӯ созанд ва сипас онҳоро таъмид намоянд.


Аз ин мисолҳо бармеояд, ки аввал азнавтавлидшавӣ ба миён меояду сипас таъмид.


Боз мо омӯхтем, ки таъмид аз гуноҳҳо пок намесозад, вале ба василаи қурбонии Масеҳ дар салиб авфи гуноҳҳо ва пок шудан аз онон имконпазир мегардад.



Чаро мо таъмид меёбем?


  1. Мо бояд таъмид ёбем, чунки Исо таъмид ёфта буд ва амр мекунад, ки мо низ таъмид ёбем.


  1. Аз мисолҳои таъмид дар Библия мо дарёфтем, ки амали таъмид, ин намоиш ба ҷаҳон аст, ки мо дар кадом тарафем. Ин қадамест ба монандшавии ошкоро. Ин шаҳодати кушодаи ошкорост, ки мо шогирдони Исои Масеҳ мебошем. Мо ба ҷаҳон эълон мекунем, ки мо дар тарафи ӯем ва ӯро пайгирӣ менамоем.


Ба воситаи таъмид имондор қисме аз оилаи калисои маҳаллӣ мегардад. Дар Аъмол 2:41 мо дидем, ки имондорон таъмид ёфтанд ва сипас дар гурӯҳ муттаҳид гаштанд. Вақте ки мо таъмид меёбем, мо ба Калисо монанд мешавем ва қисми ӯ мегардем. Мана барои чӣ муҳим аст, ки ҳар як имондор дар калисое салиб кашад, ки он ҷо ҳақиқати Библия мавъиза ва амалӣ мегардад. Имондори ҳақиқӣ мехоҳад дар Калисои Аҳди ҷадидӣ як шавад. Вақте ки имондор таъмид меёбад, ӯ бо Масеҳ ва калисои маҳаллӣ як мешавад.



Чаро бояд ғӯтонида шуд?


  1. Дар Аҳди ҷадид калимаи юнонии “таъмид” маънии ғӯтониданро дорад.


  1. Танҳо чунин шакли таъмид дар Библия оварда шудааст. Масеҳ ба воситаи ғӯтта задан таъмид ёфта буд, дар мисолҳои ин дарс мо дидем, ки дигар одамон низ ин тавр таъмид ёфтанд.


  1. Танҳо ғӯтта задан тасвири ҳақиқии марги имондор барои гуноҳ ва эҳёшавии Ӯ дар ҳаёти нав бо Масеҳ аст.


Дар Румиён 6:4 Павлус мегӯяд: “Пас мо дар мамоташ таъмид ёфта, бо Ӯ дафн шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон эҳё шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем”.

Таъмид ин дафни ҳақиқӣ нест, ин тасвири рамзии дафн ва ё марг аст. Вақте ки одам аз нав эҳё мешавад, вай барои табиати пур гуноҳи худ мемурад. Ин дар тасвири таъмид, вақте ки одам дар зери об аст, нишон дода шудааст. Таъмид ин тасвири он чизест, ки аллакай рӯй додааст, вақте ки одам эҳё гашта буд. Вақте ки имондор аз об берун мешавад, ин тасвири ҳаёти нав аст, ки ӯ пас аз эҳёшавӣ доро гашт. ҳаёти нав аз таъмид оғоз намеёбад. Имондор аллакай соҳиби ҳаёти нав аст, вале пас аз таъмид аз об баромадан ин манзари эҳёшавӣ дар ин ҳаёти нав аст.



Ман Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди худ қабул намудам. Акнун ман бояд чӣ кор кунам.



Агар Шумо аъзои гурӯҳи одамоне мебошед, ки ба наздикӣ эҳё гаштаанд, шояд Шумо хоҳед, ки ҳамчун гурӯҳ оилаи рӯҳониро ташкил намуда якҷоя салиб кашед, ки номи он калисо аст. Дар боби оянда мо калисои Аҳдиҷадидиро ва тарзи созмони онро меомӯзем.


Агар Шумо аъзои чунин гурӯҳ набошед, шояд Шумо дар паҳлӯи калисое зиндагӣ мекунед, ки он ҷо таълимот аз рӯи Библия мебошад. Агар не, Шумо бояд чунин калисоро ҷӯед ва бо аъзоёни он дар бораи хоҳиши таъмид доштанатон гап занед.


Баъзе аз дӯстони Шумо шояд ба Шумо ханданд, агар Шумо анъанаҳои динии таъинкардаи одамро тарк намоед, то ин Библияро пайгирӣ кунед, вале Худо қаноатбахш мегардад ва Шумо хушҳол мешавед.




Барои мушоҳида ва муҳокима


  1. Дар ин дарс мо омӯхтем, ки наҷоти мо тавассути қурбонии Масеҳ ____________________ ва таъмид ______________________ имконпазир гашт.



2. Одам ба воситаи:

таъмид_____________________

имон ба Исо ________________ фарзанди Худо мешавад.



3. Чор ҳақиқати асосиро номбар кунед, ки Шумо дар намунаҳои таъмиди Библия дидед?



  1. Дар Аъмол 18:8 дар ин дарс тартиби дақиқи таъмидро дидем. Ин тартибро бо се калима нишон диҳед.



  1. Дар Аъмол 2:41 мо омӯхтем, ки одамон шуниданд, имон оварданд, таъмид намуданд ва ба гурӯҳ ______________________.



  1. Чаро имондор бояд таъмид намояд?



  1. Калимаи таъмид чунин маънӣ дорад.



  1. Масеҳии ҳақиқӣ бояд чунин таъмид ёбад: бо об пошидан ________________________, бо ғӯтта задан________________.



  1. Кай одам метавонад, таъмид намояд?



10. Вақте ки имондор таъмид меёбад, салиб мекашад Ӯ бо ____________________ва калисои маҳаллӣ як мешавад.






<< Дарсҳои рӯҳонӣ