Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Худдории Рӯҳонӣ

 

ХУДДОРИИ РӮҲОНӢ



 

Муқаддима


Мо дар мавриди ҳаёти масеҳӣ сухан меронем. Қабул кардани Исои Масеҳ ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳандаи худ, қарори аз ҳама муҳимест, дар ҳаёти одам. Ин қарор ибтидои ҳаёти комилан нав мебошад. Ҳар шахс ба воситаи имон ба Исои Масеҳ бо Худо муносибатҳои дутарафаро соҳиб мешавад. Ба монанди он ки барои зиндагии ҷисмонии мо хӯрок, истироҳат, машқҳо зарур астанд, ҳамин тавр ҳам, чизҳои муайяне мавҷуданд, ки барои камолёбӣ ва мукаммал кардани ҳаёти рӯҳонии мо даркоранд. Вале ин муносибатҳо бояд рӯз ба рӯз инкишоф ёбанд. Чор принсипи доимӣ ва муҳимтаринро дар ин дастур хоҳем дид.

Масеҳӣ имконияти аҷоибро дорад, ки бевосита бо Худо сӯҳбат кунад. Ва агар мо зиндагии пурра ва фаровонро хоҳон бошем, мо бояд истифодабарии онро бифаҳмем ва аз он дуруст истифода барем.

Дуо робитаи доимии моро бо Худо нишон медиҳад. Дуо инчунин асоси муборизаи рӯҳонӣ мебошад, ки ҳама ба ин мубориза дучор ҳастанд.

Каломи Худо. Библия Каломи Худо ҳаст. Вай асрори пайдоиши олам, инсон ва маънои ҳастиро ошкор мекунад.

Мушоракати масеҳиён муҳимтарин омили ҳаёти масеҳӣ мебошад. Ба ҳаёти масеҳиёни аввал назар карда мебинем, ки чи гуна онҳо аз мушоракат ва ягонагӣ баҳра гирифта исми Худовандро машҳур гардонданд.

Шаҳодатдиҳӣ. Аз воқеаҳои ибратбахши Китоби Муқаддас дида мешавад, ки Худо мехоҳад, то мо ба дигар одамон шаҳодат диҳем, ки чи тавр Ӯ зиндагии моро дигаргун сохт, то ҳамчунин ҳаёти дигарон ҳам дигаргун шавад.

Дар ин дастур ин коидаҳои аввалиндараҷаи ҳаёти масеҳиро саҳеҳтар дида мебароем


 


Дуо


Ҳар як масеҳӣ имконияти аҷибро дорад, ки бевосита ба Худо муроҷиат кунад. Ва агар мо зиндагии пурра ва фаровонро хоҳон бошем, мо бояд истифодабарии онро бифаҳмем ва аз он дуруст истифода барем.

Муроҷиати бевосита ба Худо, гуфтугӯ бо Худо – дуо ном дорад. Дуо – ин тарзи робита бо Худо, ин муроҷиати аз самими қалб, бо эҳтироми зиёд ба Худо аст. Навиштаҷоти Муқаддас ба мо равшан мекушояд, ки дуо ин на такрори ягон хел суханон ё муроҷиатҳо ё ягон чизи ба ин монанд. Дуо ин суханони зинда, ки аз чуқурии дил мебароянд.

Бесабаб дуо дар ҷои аввал наистодааст. Дуо - ин асоси таҳкурсии муҳорибаи рӯҳонӣ мебошад. Дар назар дошта шудааст, ки масеҳӣ ҳама корашро аз дуо гуфтан сар мекунад. Бо ин ӯ Падари Осмониашро ҳамду сано мехонад ва аз ӯ қуввати рӯҳӣ металабад.

Дар китоби Якуми Подшоҳон, боби 1 ояти 10 ва 15 мехонем: “Ва вай бо сузи дил сӯи Худованд дуо мегуфт ва мегирист... Вале Ҳанно ҷавоб гардонида гуфт: “Не, огоям; ман зани дилшикастае ҳастам, ва шаробу арақ наменӯшам, балки дили худро ба ҳузури Худованд холӣ кардам”.

Худо мехоҳад бо рӯҳу ҷони шумо алоқа дошта бошад. Ба Ӯ чизе, ки дар дили худ доред бигӯед, бигзор ин гуфтаҳои шумо равону фасеҳ набошад ҳам.

Аз ин пораи овардашудаи Китоби Муқаддас инчунин дида мешавад, ки дуо гуфт, гарчанде медонист, ки ӯ муддати дарозе нозой буд. Ва баъд аз оне, ки ӯ дуо кард, бо хушу хурсандӣ, бо нияти ба дуои худ ҷавоб гирифтан, ба хонаи худ рафт. Ин ба гуфтаҳои Исои Масеҳ мувофиқат мекунад: “Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, - ва ба шумо ато хоҳад шуд”. (Марқӯс 11:24).

Библия ба усулҳои дуоро меомӯзад.

Ҳар як шахси навимони масехӣ, ки бо имон ва доимӣ ба Худо дуо мегӯяд, метавонад пурра дар муҳорибаи рӯҳонӣ ба муваффақият дучор гаштан умед бандад.

� Пайваста дуо гӯед.” (1 ба Таслӯниқиён 5:17).

Доимо бо дуо машгул буда, дар он бо шукргузори бедор бошед”. (Ба Қӯлласиён 4:2).

Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон.” (Матто 26:41).

Барои ҳама чиз дуо кунед.” (ба Филиппиён 4:6-7)

Бо имон дуо гуфта, дар интизори ҷавоб аз Худо бошед.” (Яъқуб 1:5-7)


Кадоме аз ин усулҳоро шумо аллакай дар дуоҳои худ татбиқ кардед? __________

___________________________________________________________________________

___________________________________________________________________________


Кадоме аз онҳоро шумо мехостед ба вақти дуогӯии худ дохил кунед? __________

___________________________________________________________________________

___________________________________________________________________________


Дар бораи чӣ дуо гуфтан лозим аст?

  • Ҳар як шахс мӯҳтоҷии зиёде дорад, хусусан шахсе, ки дар роҳи вазнину пурмашаққати наҷот, роҳи пуразоб сӯи осмон сафар дорад.

  • Дуо гӯед, то ки Худованд ҳама гуноҳҳоятонро бахшад, ягон сирро пинҳон дошта лозим нест, чунки гуноҳои махфию ногуфтамонда ба алоқаи мо ва Худо халал мерасонанд.

  • Дуо гӯед, ки Худованд ба шумо қувват бахшад, то ҳангоми санҷишу васваса муқобилат карда тавонӣ.

  • Дуо гӯед, ки Худо ба шумо окилӣ бахшад, то дар ҳама гуна вазъияту шароити зиндагӣ хирадмандона амал карда тавонед.

  • Дуо гӯед ва ноумед нашавед.


Дуо бо рӯза – ин дуои махсус аст. Аҳамияти рӯза аз ин порчаи Китоби Муқаддас дида мешавад: “шогирдонаш назяди Исо омада ба танҳои аз Ӯ пурсиданд: “Чаро мо онро берун карда натавонистем?” Исо ба онҳо гуфт: “Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: “Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун,” он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо гайриимкон нахоҳад буд; Лекин ин ҷинс фақат ба воситаи дуо ва рӯза берун меравад.” (Матто 17:19-21).

Рӯза ба мо шароит медиҳад, то диққати худро аз нону тани ҳамарӯза канда, фикру таваҷҷуҳамонро ба мӯҳтоҷии рӯҳонии худ равона кунем. Рӯза дарҳои маҳкамро мекушояд, деворҳои ғафси сангинро сурох мекунад, корҳои аз имкон берунро ба ҷо меоварад.

“Зеро ки машқи ҷисмонӣ кам фоида дорад, вале диндорӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.” (1 ба Тимотиюс 4:8).

Ба ҷои машқҳои ҷисмонӣ, мо бояд ба машғулиятҳои рӯҳонӣ диққати зиёд диҳем. Дуо бо рӯза – яке аз чунин машғулиятҳо мебошад. Ин барои ҳушёрӣ ва афзоиши рӯҳии мо бисёр фоидабахш аст.

“(Матто 6:16-18).

Чӣ тавр рӯза гирифтан лозим аст? Тавре, атрофиён нафаҳманд, яъне барои намоиш додан не, балки ин кори шахсии шумо бо Худованде аст, ки ниҳониро мебинад ва ошкоро баракат медиҳад. Дар ин вакт хуб мешавад тамоман аз даводави зиндагӣ озод ва хомӯшии пурра дар ҳузури Худо бошед. Дуоро бо рӯза машғулияти дӯстдоштаи худ гардонед, ки онро сари ҳар вақт иҷро мекунед; ҳар моҳ ё ҳар ҳафта, ин ба шароити шумо вобаста аст.

Як ҳолати рӯза баҳснопазир аст – рӯза бояд дар ҳузури Худованд хоксорона ва ботамкинона ба ҷо оварда шавад. Дуо, хусусан дуо бо рӯза, - ин калид барои иҷрои корҳои инконпазир мебошад.

Бамавқеъ аст дуои умумиро аз дуои шахсӣ фарқ кунем. Дуое, ки дар ҷамъомадҳо ба ҷо оварда мешавад, мазмуни аниқи худро дорад. Аммо ба ҳар як масеҳӣ лозим аст зиндагии шахсии пурдуои худро дошта бошад, ҳангоме ки ӯ тавонад дар назди Худованд бе ягон шармдори ва шакку шӯбҳа кушоду равшан дили худро холӣ кунад. Дуои шахси зиндагии рӯҳониро хеле бой мекунад, ба мо кӯмак мерасонад то ба Исои Масеҳ, ки дар кӯҳҳо танҳо дуо мегуфт, пайравӣ кунем.


Барои чӣ баъзан вақт мо ба дуои худ ҷавоб намегирем?


  1. Аз барои гуноҳҳоямон (Ишаъё 59:1-2).

  2. Шакку шӯбҳа (Номаи Яъқуб 1:5-8).

  3. Нодуруст талаб мекунем (Номаи Яъқуб 4:3).

  4. Намебахшем (Инҷ.Матто 6:12,14,15).


Гуноҳҳои ниҳонию ногуфтамонда ҳама вақт монеи он мешаванд, ки Худованд хоҳишҳои моро шунавад ва ба онҳо ҷавоб диҳад. Ва ин табиист, чунки Ӯ муқаддас аст, пок аст ва аз Ӯ чизе ниҳон нест.

Ба Худо барои чизе дуо гуфта, мо бояд имони қавӣ дошта бошем, ки ҷавоб мегирем, ва он вақт албатта ҷавоби онро мегирем. Барои он, ки ба дуои худ ҷавоб гирем, мо бояд аз баҳри худ баромада барои манфиату фоидаамон нею, балки барои шӯҳрати Худованд талаб кунем. “Ва ҷуръате ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ мешунавад; ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар чӣ талаб кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чӣ аз Ӯ талаб кардаем, меёбем.” (1Юҳанно 5:14-15). Мо бояд бахшем. Алам ба муносибати мо ва Худованд халал мерасонад. Худо ба мо ҳамаи гуноҳҳои вазнинамонро бахшид, мо низ дар навбати худ бояд ҳамеша бахшида тавонем.






Каломи Худо


Библия Каломи Худо ҳаст, чунки дар он Худо дар бораи Худ ба мо сухан меронад. Аҳамияти хондани Каломи Худо барои тамоми инсоният бениҳоят азим аст. Аммо муҳим будани ҳамарӯза хондани Библия бо масеҳиён ба кадри лозимӣ баҳо дода намешавад. Аз Навиштаҳо мо чиҳоро мефаҳмем:

1. Ба воситаи имон ба Исои Масеҳ мо ҳаёти ҷовидонӣ меёбем;

“Шумо Навиштаҳоро тадқиқ мекунед, зеро гумон доред ки ба воситаи онҳо ҳаёти ҷовидонӣ пайдо мекунед, вале онҳо бар Ман шаҳодат медиҳанд.” (Инҷ.Юҳанно 5:39).

“Ба шумо, ки ба исми Писари Худо имон дошта, ҳаёти ҷовидонӣ доред.” (1Юҳанно 5:13).

2. Каломи Худо таҳкурсии имони мо хаст ва асоси умеди мо ҳаст.

Аз ин ду порчаи Китоби Муқаддас дида мешавад, ки мо бояд Каломи Худоро хонем ва омӯзем, то донем, ки таҳкурсии масеҳӣ чӣ аст, ва ҳар гуна шакку шӯбҳаро дур карда тавонем. Агар Каломи Худоро намехондем, гуфта наметавонистем, ки ҳаёти ҷовидонӣ дорем, аммо азбаски Библия фаҳмо таълим медиҳад, ки ҳама шахсони ба Исои Масеҳ ва Наҷотдиҳанда имон оварда ҳаёти ҷовидонӣ доранд, мо ҳам далерона мегӯем, ки бо меҳрубониву марҳамати Худо ҳамроҳи Ӯ ҷовидонӣ зиндагӣ мекунем.

3. Хондани Каломи Худо ба мо имконият медиҳад, то ба зиндагии ҳамарӯза равшани андозем. Ягон саволеро ёфтан дар гумон аст, ки онро аз нуқтаи назари Библия ҳал карда нашавад.

“Бигзор ин китоби шариат аз даҳони ту дур нашавад, ва онро ту рӯзу шаб биомӯз, то бо риояти ҳар он чӣ дар он навишта шудааст, амал намоӣ, зеро ки он гоҳ дар роҳҳои худ комьёб гардида, муваффақият ба даст хоҳӣ овард.” (Китоби Еҳушаъ ибни Нун, 1:8).

4. Каломи Худо ба мо тартиби ҳаёт, рафтор ва камбудиҳои моро нишон медиҳад.

Агар мо доимо Каломи Худоро хонем, он ба мо имконият медиҳад, ки зиндагиамонро, тавре Библия таълим медиҳад, ба тартиб оварем. Ба мо ёрӣ мерасонад, то донем, ки дар ҳар гуна вазъиятҳои зиндагӣ чӣ тавр рафтор карда лозим аст.

Каломи Худо, чун оина, ба мо ҳама камбудию сустиамонро нишон медиҳад, ҳамчун нури Илоҳӣ, бо шуоъҳои худ то умқи диламон дохил шуда ба гуноҳҳои махфидоштаамон ишора мекунад, то мо тавонем онҳоро иқрор шавем ва хурсандии пурраро ба даст оварем.

(Ба Ибриён 4:12).

Роҳи масеҳӣ танг аст, ва дар ин роҳ бисёр монеаҳо вуҷуд доранд, ки метавонанд дар ҳар як марҳала моро аз раҳ зананд. Аммо, шукр ба Худовандамон, ки ба мо Каломи Худро монд, ва бо он мо метавонем зиндагии худро бо иродаи Ӯ муқоиса намоем.

5. Навиштаҳо моро ба роҳи пок ҳидоят мекунанд.

“Ба чӣ васила ҷавон роҳи худро покиза медорад? – Бо нигоҳ доштани худ мувофиқи Каломи Ту. Бо тамоми дили худ толиби Ту шудаам; маро нагузор ки саҳв карда, аз аҳкоми Ту сар тобам. Сухани Туро дар дили худ ниҳон доштаам, то ки пеши Ту хато накунам... Каломи Ту чарог аст барои поям; ва нур аст барои роҳам”. (Забур 118:9-11,105).

Масеҳии навшогирд, қатъи назар аз синну сол, рӯҳан тифли хурдест. Дар зиндагии рӯҳонӣ ва ҳам ҷисми барои ӯ бисёр нофаҳмоиҳо вуҷуд дорад. Барои ҳамин ба ӯ хондани ҳаррӯзаи Каломи Худо лозим аст, то ба ҳамаи саволҳояш ҷавоб ёбад.

Бо гуфти Худо зиндагӣ намуда, ҳама гуна шубҳаро зада гардонда ва рафтори худро аз рӯи нуқтаи назари Библия муқоиса карда, шахси масеҳӣ бо роҳи вазнину пуразоби пайравӣ ба Исои Масеҳ қадам мезанад, ва медонад, ки ҳама вақт ва дар ҳар куҷо бо ӯ Худо мебошад.

6. Каломи Худо ба мо ғолибият мебахшад.

Аҳамияти дигари хондани Каломи Худо дар он аст, ки он ба мо ёрӣ мерасонад, то бар васвасаҳо ғолиб оем. Ин дар мисоли Худи Исои Масеҳ дида мешавад: Исо дар ҳама ҳолат аз Каломи Худо ҷавоб мегардонд (Инҷ.Матто 4:1,4-7).

Имрӯз низ васвасаҳо ба миқдори кифоя мавҷуд ҳастанд. Хости Худоро донем, ҳама гуна “тирҳои” шайтонро зада гардонда метавонем. Модом, ки Исои Масеҳ ба васваса дучор омада буд, мо низ аз онҳо озод нестем.

Дар хотир доред калимаеро, ки Исо ҳангоми ба васваса дучор шудан мегуфт: “Навишта шудааст.” Шукр бар Худованд, ки сухани Ӯ навишта шудааст, ва барои он не, ки мо ба васваса дода шавем, балки дар имони худ истодагари карда тавонем.

Мо бояд бо саъю кӯшиш ва боғайрат Каломи Худоро хонем, омӯзем ва дар хотир нигоҳ дорем.

“Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ёбед2. (1 Петрус 2:2). Шири модар ба тифли навзод барои он муҳим аст, ки дар таркиби худ моддаҳои муфиди ғизодеҳӣ барои тамоми организм лозимро дорад. Шири калом (Каломи Худо) барои афзоиши рӯҳи ва ҳушёрии ҳар як фарзанди Худо ниҳоят муҳим аст. Агар мо танҳои худро, ки абадӣ нестанд, мехӯронем, чӣ қадар бисёр мо бояд ҷонҳои худро, ки ҷовидонианд, ғизо диҳем.

“Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машгул бош; зеро агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро.” (1 ба Тимотиюс 4:16). Ҳамин тавр садо медиҳад ин маслиҳати падаронаи ҳаввори Павлус ба писари худ дар Худованд, Тимотиюс. Агар мо беғаразона ва худтанқидкунона ба худ назар кунем, бо он розӣ мешавем, ки вақти зиёди худро ба сафсатаю гапҳои беҳуда сарф мекунем. Ба мо лозим меомад, ки ин вақтро ба таври муносиб барои омӯхтани таълимоти Худовандамон мебахшидем.

Агар шумо Каломи Худоро донед, ба шахсони пурсупос мекарда ҷавоб доданатон осон мегардад, чӣ тавре ки якумин ҳавориёни содиқу вафодор оқилонаю дилпурона ҷавоб мегардонданд ва бо шоҳидии онхо ҳазорон одамон ба Исои Масеҳ имон оварданд ва наҷот ёфтанд. Наҷотдиҳанда, Устод, Дӯст ва Роҳ амои мо Исои Масеҳ ба мо васият дод, то Инҷилро мавъиза кунем, яъне дар бораи Ӯ ба ҳамаи одамон шаҳодат диҳем. Чӣ тавр мо метавонем ин меҳнатро иҷро кунем, ё ин аҳкомро ба ҷо биёрем, агар худ Инҷилро надонем? Чӣ тавр мо Инҷилро медонем, агар онро нахонем, наомӯзем ва дар хотир нигоҳ надорем?

Ба оятҳои зерини Библия такя намуда, нависед, ки барои чи Каломи Худо ин қадар муҳим аст.

2 ба Тимотиюс 3:16,17 ________________________________________________________

____________________________________________________________________________________

____________________________________________________________________________________


Забур118:11,105 _______________________________________________________________

____________________________________________________________________________________

____________________________________________________________________________________



Каломи Худоро чӣ тавр хондан лозим аст?


Ин савол ҷон дорад, барои он ки аз дуруст хондани Каломи Худо фоидаи он вобастагӣ дорад. Олимон исбот мекунанд, ки якчанд намуди хониш вуҷуд дорад. Баъзе аз онҳо инҳоянд: хониш бо мақсади шинос шудан, хониш бо мақсади аз назар гузарондан ва хониш бо мақсади аз худ кардан, омӯхтан. Аз ин намудҳои хониш танҳо намуди охирин, яъне намуди азхудкунӣ барои фаҳмидани Каломи Худо бо кор меояд. Шитобкорона ва сабукфикрона хондани Каломи Худо бефоида, беҳуда аст. Мо бояд он чиро, ки мехонем, сарфаҳм равем.

Ба саволи Китоби Муқаддасро чӣ тавр хондан лозим аст, бо як ҷумла ҷавоб гуфтан душвор аст. Дар кадом вақти шабонарӯз омӯхтани Библия беҳтар аст? Кадом вақте ки набошад, аммо хондани ҳамарӯзаи пагоҳии Библия бо бисёр масеҳиён ҳамчун тарзи босамар маъқул дониста шудааст. Саҳар пагоҳӣ майна тоза аст, пораи аз каломи Худоро хонда дар ёд гирифта мо дар бораи он тамоми рӯз андеша мекунем.

Қатъиян муайян карда шудааст, ки хондани доимии Библия, агар кӯтоҳмуддат бошад ҳам, аз хониши дарозмуддати яквақтаи номунтазам беҳтар ва фоидаовар аст.

Ҳар як хониши Каломи Худо бояд аз дуо кардан сар шавад, ки дар он шахси масеҳӣ аз Худо хирадмандӣ ва ёрӣ металабад, то он хақиқатҳоеро ки дар саҳифаҳои Китоби Муқаддас навишта шудааст, сарфаҳм равад. Агар Худо Худаш ба мо накушояд мо ҳеҷ вақт Библияро намефаҳмем ва дарк намекунем.

Ягон порчаеро аз Китоби Муққаддас хонда дар дуои хотимавӣ аз Худованд ёрӣ мепурсем, то ба мо қуввати иҷро намудани он аҳкомҳоро диҳад, ва ба он намунаҳои хубе, ки мо ҳолоякак аз Библия хондем, пайравӣ карданро омӯзонад. Ҳамин тавр, хондани Каломи Худоро мо бо дуо сар мекунем ва бо дуо ба охир мерасонем.

«Пас иҷрокунандагони калом бошед, на фақат шунавандагоне ки худро фиреб медиҳанд.« (Яъқуб 1:22).

«Хушо касе, ки мехонад ва касоне, ки мешунаванд суханони ин нубувватро, ва он чӣ дар он навишта шудааст, риоят мекунанд, зеро ки вақт наздик аст.«(Ваҳӣ 1:3).

Хондани рӯяки, расмии Библия ягон чизи хубе дода наметавонад. Каломи Худоро хонда мо бояд вақт тайёр бошем, ки гуфтаҳои Ӯро қабул карда, супориш ва аҳкомҳои Ӯро иҷро намуда тавонем. Ҳамон вақт, ва танҳо ҳамон вақт мо аз Библия ҳаловат бурда, баракат гирифта метавонем.

Агар шумо хоҳед, ки рӯҳан афзоиш ёбед, ба Худованд бо маҳзунӣ не,, бо хурсандӣ хизмат кунед, ҳақиқатҳои ҳаёти масеҳиро фаҳмед, лозим меояд, ки ҳар рӯз бодиққат дар назди пои Исо Библияро омӯзед.

Барои беҳтар фаҳмидани ҷойҳои каломи Худо бисёр маълумотнома, �зоҳот, лугату �энсиклопедияҳо пешниҳод карда шудаанд, аммо гуфтан муҳим аст, ки таъбиркунандаи аз ҳама беҳтарин Худи Худованд бо воситаи Рӯҳи Худ мебошад. Маҳз барои ҳамин мо, ҳангоми хондани Библия, бояд дар дуо ба Ӯ муроҷиат кунем.

Сӯҳбатро дар бораи хондани Каломи Худо ба охир расонда, хотирнишон карданиам, ки мо бояд ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонда, ба қадри имкон оятҳои онро ба хотир нигоҳ дорем, то ки вақти даркорӣ онҳоро истифода бурда тавонем. Каломи Худо – нони рӯҳии мо аст. Бе он мо аз гуруснагии рӯҳӣ мемирем, аммо онро ҳар рӯз истеъмол намуда, мо танҳои бемадори худро мустаҳкам мекунем ва барои глаба дар муҳорибаи рӯҳонӣ қувват ба даст меорем.





Мушоракат бо масеҳиён


БА ҲАЁТИ МАСЕҲИЁНИ АВВАЛ ВА КАЛИСОИ АВВАЛИН НАЗАР МЕКУНЕМ. (Аъмол 2:42-47)

Принсипи сеюми ҳаёти масеҳӣ ин мушоракат бо масеҳиён мебошад. Фаҳмо карда гӯем, зарурати мушоракати масеҳии навимон бо дигар масеҳиён монанди он аст, ки агар мо тифли навзодро аз шароити одамӣ берун монем, ӯ шахси комил гардида наметавонад. Ҳамчунин шахси масеҳии навимон дар оилаи нав таваллуд меёбад, ва чун тифл ба ёрӣ ва дастгирии аъзоёни калонсоли оила мӯҳтоҷ мебошад.

«Ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе аз касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед.” (Ба Ибриён 10:25).

Савол ба миён меояд, ки чаро баъзе масеҳиён ба ҷамъомадҳо намераванд? Ҷавоб бисёр аст. Бо вуҷуди ин, шумораи зиёди одамон, хусусан ҷавонон ё навимонон бо он сабаби оддӣ намераванд, ки аз таалуқ доштан ба ҷамъияти имондорон шарм мекунанд. Албатта, онҳо инро метавонанд пинҳон кунанд, ва ҳатто ба наздикони худ нагӯянд, аммо дар умқи дилашон хуб медонанд, ки сабаб ягона аст – шарм.

Ба ин доираи имондорон сухани Худи Исои Масеҳро хотирнишон мекунам: �Зеро, ҳар кӣ дар ин насли зинокор ва осӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам низ, ҳангоме ки бо фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари Худ меояд, аз вай шарм хоҳад кард.” (Инҷ.Марқус 8:38).

Бигзор шиносҳоятон шуморо чи тавре хоҳанд ном гузоранд, бигзор ҳамсолонатон аз шумо нафрат кунанд, бигзор атрофиёнатон шуморо паст зананд, ҳеҷ ваҷҳ ҷамъомади фарзандони Худоро тарк накунед.

Исои Масеҳ гуфт: �Зеро дар ҷое, ки ду ё се кас ба Исми Ман ҷамъ шаванд, ман дар миёни онҳо ҳастам.”(Инҷ.Матто 18:20). Агар ки худи Исо ноайён бо воситаи Рӯҳулқудс дар илоҳиёт ҳузур дошта бошад, барои чӣ мо он ҷо набошем ва бо Ӯ мулоқот надошта бошем?

Мегӯянд, ки дар ягонагӣ - тавоноӣ аст. Дар ҳақиқат ҳам ин хел аст. Маълум аст, ки ҳангоме, ки одамон якҷоя бошанд, ба душмани худ муқобилият карда метавонанд, аммо вақте онҳоро чизе ҷудо мекунад, онҳо дар танҳоӣ назди душман сар хам мекунанд. Душмани ҷонҳои одамӣ - шайтон ин сирри кушодаро медонад ва бо ҳар роҳ кӯшиш мекунад, ки имондоронро аз мулоқот бо якдигар боздорад.

�Вақте ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд... Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машгул буданд... Ҳамаи имондорон бо ҳам муттаҳид, ва дар ҳама чиз шарик буданд...Ҳар рӯз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд ва дар хонаҳои худ нон шикаста, бо дилхушӣ ва самимият бо ҳам хӯрок мехӯрданд. Худоро ҳамду сано мехонданд ва дар миёни тамоми мардум меҳру муҳаббат пайдо мекарданд, ва Худованд ҳар рӯз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба аҳли калисо меафзуд.” (Аъмоли ҳаввориён 2:1,42,44,46,47).

Масеҳиёни аввалин ба мо, масеҳиёни асри ХХ, намунаи хуби ибрат гузоштаанд: онҳо ҳама вақт дар мулоқоти наздик бо ҳамдигар ва бо Исои Масеҳ буданд. Онҳо ҳамфикру якдил буданд. Мо имрӯз чӣ қадар баҳонаҳо мекобем, то ба ҷамъомадҳо наравем!

Ҷамъомади имондорон мактаби ба худ хоси рӯҳонӣ мебошад, ки дар он ҷамъомадагон метавонанд барои ҷонҳои намирандаи худ бисёр чизҳои лозимиро фаҳмида гиранд. Он масеҳиёнро дар атрофи сари бадан ва Домоди калисо – Исои Масеҳ муттаҳид мекунанд.

Дар ҷамъомадҳо ба бисёр саволҳои муҳими зиндагӣ ҷавоб ёфта мешавад, барои ҳамин дар онҳо иштирок кардан ба ҳамаи масеҳиён шарт аст.

�Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур шуда, ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ сухан гӯед ва дар дилҳои худ барои Худованд бисароед ва тараннум намоед, ҳамеша барои ҳама чиз Худои Падарро бо исми Худованди мо Исои Масеҳ шукр гӯед.” (Ба Эфсусиён 5:18-20).

Ҳангоме, ки мо дар дунё будем, мо тез-тез дар гурӯҳҳо ҷамъ омада бисёр саволҳоро якҷоя муҳокима мекардем. Аммо ҳозир, ҳангоме ки мо бо Масеҳ ҳастем, мо дигар �ба машварати шарирон намеравем, ва дар тариқи хатокорон намеистем, ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинем.” (Забур 1:1).

Дар ҷамъомадҳо имондорон ба Худо ҳамду сано мехонанд, ба Ӯ нисбати наҷот, озод кардан аз мушкилиҳои вазнин, ва барои баракатҳои аҷибу мунтазам ва фаровони Ӯ миннатдории самимии худро изҳор менамоянд. Наход ин ҳама ба шумо нафратангез ва дилгиркунанда бошад?

Вақте, ки масеҳии навимон ба ҷамъомадҳо, таҳлили Каломи Худо, шабнишиниҳои саволу ҷавоб меравад, ноайён ӯ рӯҳан мукаммал мегардад, дар Худованд бой мешавад, барои худ бисёр чизҳои фоидаоварро фаҳмида мегирад. Ягон шахсе нест, ки ҳама чизро медониста бошад, ва ба маслиҳати дигар кас эҳтиёҷ надошта бошад. Мо ҳамаамон ба якдигар лозим мебошем.

Бародар ва хоҳарони ҷавони дар Худованд аз таҷрибаи бои калонсолони имондор ба худ дарсҳои лозимӣ мегиранд. Аммо аз ҳама муҳимаш – мо ҳама дар назди Исои Масеҳ дарс меомӯзем.

Агар шумо навакак тавба кардед ва аз Рӯҳ таваллуд ёфтед, агар шумо мехоҳед дар имонатон истодагарӣ кунед, ба шумо маслиҳат медиҳам, ки ба ҷамъомадҳои имондорон равед. Дар рафти ҷамъомад фаъолона иштирок намуда, истеъдодҳои худро истифода бурда, мо ҳушёрӣ мекашем, ва бозгашти Худованди худро мунтазир мешавем.

Калисо – ин на биноест, ки дар он ба Худо ибодат мекунем. Ин калима маънои рӯҳонӣ дорад. Калисо ва ё тани Масеҳ одамоне мебошанд, ки бо воситаи имони худ ба Исои Масеҳ ҳамчун ба Наҷотдиҳанда, аз Рӯҳ таваллуд ёфтаанд.

Муҳим нест, ки масеҳиён дар бинои зебои калон ҷамъ омадаанд, ё дар хонаи оддиякаки бевазан. Муҳимаш зебоии ҷои ҷамъшуда не, балки зебоии дилҳо, ҳолати рӯҳӣ дар мулоқоти мо бо Худои зинда мебошад.

Андӯҳовар аст он ҳолати мо дар назди Худо, ҳангоме ки танҳои мо дар ҷамъомад ҳозиранду, фикрҳои мо дур, дар ғаму ташвишҳо, таассуротҳо, корҳои муҳим, мулоқотҳо парешон ҳастанд, барои ҳамин ҳам баракати Худовандро дастрас карда наметавонем.

Дар масал дар бораи коранда Исои Масеҳ муносибати гуногуни одамонро нисбати шунидани Каломи Худо тасвир намудааст. Худованд Худаш ба мо ёрӣ диҳад, то дилҳои мо он хоки нагзе бошанд. Ки Каломи Худоро қабул тавонанд.

Мушоракат бо масеҳиён, чун дуои шахсӣ ва хондани доимии Каломи Худо барои сохтани бинои рӯҳии имони масеҳиёни навшогирд, омӯхтани Каломи Худо, дурҳои якҷояро ба Худо расондан ва барои ба саволҳои лозимӣ ҷавоб ёфтан муҳим мебошад





Шаҳодатдӣ



Чорум қоидаи муҳими ҳаёти масеҳӣ - ин шаҳодат дар бораи имони худ ба Исои Масеҳ аст. Аз Инҷили Марқус 5:19 мехонем: �Аммо Исо иҷозат надод, балки ба вай гуфт: �Ба хона назди хешу табори худ бирав ва хабар деҳ аз он чи, ки Худованд бо ту кардааст, ва чӣ гуна ба ту раҳм намудааст.” Аз ин воқеаи ибратбахш дида мешавад, ки Худо мехоҳад, то мо ба дигар одамон шаҳодат диҳем, ки чи тавр Ӯ зиндагии моро дигаргун сохт.

Девонае, ки онро Исо озод намуд, аз афташ воиз набуд. Аммо Ӯ хабаре дошт барои ба дигарон гуфтан, - хабари халос шудан аз зери дасти қувваҳои бади шайтон. Ҳамин тавр мо низ, бояд ба ҳамаи одамон дар бораи меҳрубони, муҳаббати бузурги Худо нисбати гуноҳкорон гап занем.

Ин мисол нишон медиҳад, ки одамоне ки он шахсоне, ки гумон доранд барои дар бораи Масеҳ шаҳодат намедиҳанд, хатои калон мекунанд. Барои мавъиза кардан ибораҳои рангин, калимаҳои оқилона, фикрҳои мафтункунанда лозим нестанд. Каломи Худоро бо соддагӣ, бо калимаҳои фаҳмо дар бораи имони худ ба Исои Масеҳ шаҳодат диҳед, ва Рӯҳулқудс шуморо ҳамчун асбоби худ дар киштзори Худованд дар кор истифода мебарад.

Баъзе масеҳиёни навимон ақида доранд, ки агар даррав баъди тавба карданашон ба дӯстони худ дар бораи Худованд шаҳодат диҳанд, онҳоро девона, одамони кӯҳна номиданашон мумкин аст. Аз баъзе ҷиҳат онҳо ҳақанд, барои он ки онҳоро метавонанд барои имонашон дашном диҳанд. Аммо, розӣ шавед, ин ҳама далелҳои беасос барои дастгирии ғанаби рӯҳӣ ё хоби марговари масеҳиёни �ширгарм” мебошанд. Вақте ки Исои Масеҳ барои мо ин қадар азобҳои вазнин кашид, мо низ бояд бо хурсандӣ салиби худро (озор, таъқиб, думболагирӣ, азият ва монанди инҳоро) барои имони худ бар Ӯ барем.

Ба саволи чаро мо ҷамъомадҳо мавъизакунӣ мегузаронем, шахсе шаш сабаб меорад:

  1. Ин фармон ё аҳком аз Худо аст. (Матто 28:19-20), (Марқус 16:15), (Матто 10:5-12).

  2. Гуноҳкорон дар ғуломӣ мебошанд. (Масалҳо 5:22, 2Тимотиюс 2:26, ба Румиён 7:7-25, Титус 3:3).

  3. Ҳақиқат будани дӯзах ҳамчун манзил барои ҳамаи гуноҳкорон. (Ваҳй 20:15, 20:8; Луқо 16:19-31).

  4. Арзиши қиммат доштани ҷони одам. (Марқус 8:36-37).

  5. Ном доштани имондорон (1 Петрус 2:9; Матто 24:14, 1Қуринтиён 5:20).

  6. Худованд ба зудӣ меояд. (Ваҳй 22:12, Матто 24:14, 1 Қуринтиён 7:29).



Агар мо донем, ки мавъиза кардани Инҷил – ин фармони Худо аст, - мо албатта бегуфтугӯ онро ба ҷо меорем, дар акси ҳол мо дар саркашӣ намудан айбдор мешавем.

Фаҳмидани он, ки гуноҳкорон дар ғуломӣ мебошанд, моро водор месозад, то ба онҳо раҳм кунем. �Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: �Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст; Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд.” (Инҷили Юҳанно 8:34-36). Мо бояд аз гуноҳҳои онҳо нафрат кунем, ҳолати андӯҳовари онҳоро фаҳмида, мо бояд ҳар лаҳзаи мувофиқ ба онҳо дар бораи наҷот ёфтан бо воситаи Исои Масеҳ гап занем.

Бисёриҳо дӯзахро муҳобот ё афсона гумон мекунанд, дигарон хаёл мекунанд, ки касе мафҳуми дӯзахро, барои одамонро тарсонда диндор кардан, бофта баровардааст. Ба таҷрибаи шахсии омӯзиши Каломи Худо нисбати мавҷуд будани дӯзах такя карда, мо вазифадорем ҳамаро дар бораи хатари омада истода огоҳ кунем. Аз тарафи мо ҷоҳилӣ мешуд, агар мо ба тақдири миллионҳо одамони ба ҳалок расида истода, ки Исои Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда қабул накардаанд, чашм мепӯшидем.

(Нигаред: Инҷ. Луқо 15:7-10).

Бисёр номҳои хубе, ки ба мо дода шудаанд, моро вазифадор мекунанд, ки ба тамоми дунё дар бораи Исои Масеҳ шаҳодат диҳем. Ҳавворӣ Петрус менависад: �шумо ... қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед.” Худи Исои Масеҳ дар маъвизаи боли кӯҳ моро �намаки ҷаҳон” ва �нури ҷаҳон” номидааст.

Бадахлоқии тоқатнопазири ҷамъияти имрӯза аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз имондороне лозиманд, то ки чӣ тавре намак хӯроквориро аз вайрон шудан нигоҳ медорад, ҳамон тавр низ онҳо қоидаи хуби ахлоқро нигоҳ доранд, ҳамаро ба муқаддасӣ, тозагии рӯҳӣ ва ҳисси масъулият дар назди Худо даъват кунанд.

�Ҷаҳон дар бадӣ аст” – ин ҳикмати маълум мебошад. Китоби Муқаддас бадӣ ва зулмотро муқоиса мекунанд. Гум кардани хислатҳои баланди одамизодро ба назар гирифта, бешубҳа исбот карда мешавад, ки ҷаҳон дар шарорат аст. Бинобар ин, ҷаҳон нисбати равшан шудан мӯҳтоҷии зиёде дорад. Шумо, бародар ё хоҳари азиз дар Худованд, он нури ҷаҳон мебошед, ки имрӯз бояд ба ҳама равшанӣ намояд ва аз манбаи ин нур – Исои Масеҳ дарак диҳад.

Наздикшавии бозгашти Исои Масеҳ баҳснопазир аст. (Нигаред ба Инҷили Матто боби 24). Биёед дар токзор то он вақте кор кунем, ки рӯз аст, чунки шаб меояд ва он вақт дер хоҳад шуд.


Чӣ тавр дар Исои Масеҳ шаҳодат дода мешавад? Роҳҳои гуногун вуҷуд доранд:

1. Шаҳодат бо сухан – тарзи аз ҳама маълум аст.

Он метавонад даҳонакӣ ва хаттӣ бошад. Шаҳодати даҳонакӣ маънои онро дорад, ки ба одамон дар бораи Исои Масеҳ гап задан даркор аст. Он дар навбати худ ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: ба таври оммавӣ ва ба таври шахсӣ, алоҳида.

Шаҳодати ба таври оммавӣ, ё кушод, ё васеъ тариқи мавъиза намудан дар парастишҳо, конфронсҳо, ҷамъомадҳо барои мавъизакунӣ, баромадҳо, мусоҳибаҳо бо воситаҳои ахбори умум гузаронида мешавад.

Ҷамъомади умумӣ дар як вақт шумораи зиёди одамонро дар бар мегирад. Аммо тарзи аз ҳама фоидаовари шаҳодат, ин шахсан сӯҳбат кардани масеҳӣ бо шунаванда буд, ҳаст ва мемонад. Дар ин вақт шароит муҳайё мешавад, ки шаҳодатро он тарзе созем, то мӯҳтоҷии зарурӣ шунавандагонро дахлдор шавад. Дар рафти сӯҳбат шунавандагон метавонанд ба саволҳои додаи худ ҷавоб гиранд, ки ин ба онҳо барои чуқуртар фаҳмидани мавзӯи мавъиза ёрӣ мерасонад.

�Ва ҳар рӯз дар маъбад ва дар хонаҳо дар бораи Исои Масеҳ таълим ва башорат медоданд.” (Аъмоли ҳаввориён 5:42).

�Ва чӣ гуна ман ҳар чизеро, ки фоиданок буд, аз шумо дареғ надоштам, балки дар пеши тамоми мардум ва хона ба хона гашта, ба шумо мавъиза намудам ва таълим додам ва ба яҳудиён ва ба юнониён хотирнишон мекардам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон оваранд.” (Аъмоли ҳаввориён 20:20-21).

2. Шаҳодат бо сурудҳои рӯҳонӣ.

Худо ба ҳама истеъдод ва маҳоратҳои гуногун бахшидааст. Ба Худованд ҳамду сано хонда, масеҳиён ба бисёр одамон, агар, онҳо на танҳо мусиқӣ, балки калимаҳои онро низ гӯш кунанд, шаҳодат медиҳанд. Воқеаҳое маълуманд, ки бо хондани сурудҳои рӯҳонӣ барои Худованд ҷонҳо ба даст оварда мешаванд.

3. Гарчанде шеърхонӣ ба сухан таалуқ дошта бошад ҳам, онро алоҳида ҷудо карда мешавад, чунки он як намуди эҷодиёт мебошад.

Шахсе, ки шеър менависад, ва шахсе, ки онро мехонад дар кори башорат додан иштирок мекунад, ва бисёр вақт суханон ва тарзи хондан ё нақл кардани шеър ончунон ба қалбҳои одамони беимон таъсир мерасонад, ки онҳо бо тавба, надомот назди Худо меоянд ва наҷот меёбанд.

4. Шаҳодат бо корҳои нек.

Эътимол, тарзи аз ҳама таъсирбахши шаҳодат додан дар бораи имони худ ба Исои Масеҳ – ин шаҳодат бо корҳои нек мебошад. Дар гирду атроф одамоне ҳастанд, ки ноайён ба рафтору кирдори мо назорат мекунанд. Ҳангоме ки онҳо дар корҳои мо он дигаргуниҳои муҳимро мебинанд, монанди мо шудан мехоҳанд.

То имрӯз бисёр мисолҳое ҳастанд, ки чӣ тавр на бо сухан, сурудхонӣ ва шеъргӯӣ, балки бо воситаи корҳои неки худ одамонро сӯи Наҷотдиҳанда ҷалб кардаанд. Онро, ки амалҳои мо нисбати кори Худованд метавонанд ҳам нақши мусбат ва ҳам нақши манфӣ бозанд, ба назар гирифта, азизони ман, биёед покиза рафтор мекунем ва бо муҳаббати Худо ҳар кореро на ҳамчун барои одамон, балки ҳамчун барои Худованд иҷро мекунем.

�Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.” (Матто 5:16).

Саволи �чӣ тавр дар бораи Масеҳ шаҳодат доданро” дида баромада, ба саволи муҳими �дар бораи чӣ шаҳодат додан?” мегузарем. Бегуфтугӯ, дар бораи худ не, балки дар бораи Масеҳ мавъиза карда лозим аст. Бо вуҷуди ин, чи тавре ки дар боло гуфта шудааст, нақл дар бораи роҳи шахсии худ назди Масеҳ ба шунавандагон метавонад фоидабахш шавад.

Боз саволи �дар бораи чӣ шаҳодат додан?” садо медиҳад. Ҷавоб бармеояд: дар бораи ҳамае он чизе, ки дар Библия навишта шудааст: ба гуноҳ афтидан (Ҳастӣ 3:19), гуноҳкор будани одамизод (Рум. 3:23), сазовор гирифтани музди гуноҳ ва бахшоиши файзи Худо (Румиён 6:33, Юҳанно 3:16), муҳаббати бепоёни падаронаи Худо нисбати одамон (Румиён 5:8), умеди имондорон (Юҳанно 14:1-3, Ваҳй 22:12). Хулоса, дар бораи ҳар он чизе, ки Худованд лаҳзаи даркорӣ ба диламон меандозад. Барои ин, албатта, мо бояд масеҳиёни рӯҳан ҳушёр бошем, ки ба овози Худо умед баста тавонем, ва овози пасту форами Руҳулқудсро шиносем.

�Пас, туро ба ҳузури Худо ва Исои Масеҳи Худованд, ки зиндагон ва мурдагонро доварӣ хоҳад кард, ва ба ҳузури Ӯ ва ба Малакути Ӯ қасам медиҳад, ки каломро мавъиза кунӣ ва дар вақти муносиб ё номуносиб омода бошӣ, бо тамоми пурсабрӣ, омӯзгорӣ ва мазаммат, манъ ва насиҳат кунӣ.” (2 ба Тимотиюс 4:1-2).

Кори мавъизакунӣ таъхирнопазириро талаб мекунад. Мо имрӯз бояд шитоб кунем, то бисёриҳоро дар бораи ҳолати ногувори онҳо назди Худованд, қурбонии бебаҳои Исои Масеҳ дар рӯи салиби Ҷолҷолто ва, инчунин, дар бораи ҷазои охираи бар беимонон огоҳ кунем.



Маслиҳатҳои муфид




1. Нотавонӣ худро дар назди Худованд ҳис намуда, ҳамеша ба Ӯ барои ёрӣ расондан дар ҳама гуна ҳолатҳо дуо гӯед.

Вақте, ки шахси масеҳӣ ба худ умед мебандад, ӯ ба осонӣ ба дами шайтон меафтад. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки бе Худованд ҳеҷ касем ва кореро анҷом дода наметавонем, аммо бо Худованд мо қодиру тавоно ҳастем.

Исо мегӯяд: �...зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед.” (Юҳанно 15:5). Ҳавворӣ Павлус менависад: �Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад” (Ба Филиппиён 4:13).

�Ҳамчунин шумо, эй ҷавонон, ба пирон итоат намоед; ва ҳамаатон ба якдигар итоат намуда, фурӯтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад. Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад; Ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад.”

(1 Петрус 5:5-7).

Дар назди пои Исои Масеҳ мо бояд фурӯтанӣ, хоксориро омӯзем. Дилҳои дар чашми худ мағрур барои тирҳои душмани ҷонҳои одамӣ бисёр нозук мебошанд. Ҳамеша ба Худованд умед бандед. Ягон дақиқа ба худ ё шахси дигар умедвор нашавед. Исо – Чӯпони мо, сахра ва пуштупаноҳ, ёрдам ва мудофиа аз ҳама чиз мебошад.

Ҳеҷ вақт гумон накунед, ки ҳама чизро медонед ва шайтон ба шумо ягон коре карда наметавонад. Ба маслиҳати ҳаввории бузург гӯш диҳед: �Бинобар ин ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад.”

(Ба Қуринтиён 10:12).

2.Ба Худованд бо воситаи сурудҳои рӯҳонӣ ҳамду сано хонданро ёд гиред, диққати худро махсусан ба калимаҳои он ҷалб кунед.

Барои чӣ? Барои он, ки дар бисёр мадҳия ва сурудҳои масеҳӣ ҳақиқатҳои чуқури рӯҳонӣ ҷойгир шудаанд. Онҳо бо фикрҳои илҳомбахш бой мебошанд. Ва дар ҳақиқат, ҳангоме ки бодиққат Худоро ситоиш мекунӣ, хурсандӣ, тасалло ва афзоиши рӯҳиро ҳис мекунӣ. Сурудхонии рӯҳонӣ рӯҳбаланд мекунад ва ба корҳои нек водор месозад.

Вақте ки маъюсӣ дар дил ҳаст, барои он ки дар зиндагӣ душвориҳои зиёде вуҷуд доранд, вақте ки ғаму ғусса дар дил ҳаст, барои он ки нохушие рӯй додааст, ба Худо дуо гӯед ва аз таҳти ҷону дил Ӯро ситоиш кунед ва хурсандии бемисл тамоми вуҷудатонро фаро мегирад.

3. Барои муқаддас будан саъю, кӯшиш кунед ва дунёро дӯст надоред. Масеҳие, ки хурсандии аз Рӯҳ таваллуд шуданашро чашидааст, набояд фикр кунад, ки соҳиби ҳама чиз гардидааст, ва барои ӯ дигар коре намемонад, ҷуз даст ба киса зада гаштан ва бозгашти Исои Масеҳро интизор шуда шиштан. Мо бояд ҳаррӯз барои муқаддас будан саъю, кӯшиш кунем, чунки навишта шудааст: �Муқаддас бошед, чунки Ман Муқаддас ҳастам.” (1 Петрус 1:16).

Бояд қайд кунем, ки баъд аз имон овардан ин дунё кӯшиш мекунад, то масеҳиёнро ба худ бо роҳҳои гуногуни аз ҳад зиёд дилфиреб, дилчасп ва маккорона ҷалб намояд. Он масеҳиёне, ки ба ин дунё тан медиҳанд, рӯҳан мурда, масеҳиёни ҷисмӣ мегарданд.

Аммо мо бояд аз баҳри ҳама чизе, ки Худоро ҳамд намекунад, гузарем, ва ҳамеша бо роҳи доимии афзоишёбии рӯҳӣ гардем.

4. Забони худро аз бадӣ нигоҳ доред.

Яке аз ҷойҳои нозуки одам дар маънии рӯҳӣ забон мебошад. Ба сӯи осмон сафарбар шуда, бародар ё хоҳари азиз, мо дар ҳама суханҳои худ бояд бағоят ҳушёр бошем. Хуб мешавад, агар мо бисёртар гӯш кунему, кам гап занем, чунки �Сухани бисёр аз гуноҳ фориғ нест, ва касе ки лабҳои худро боз дорад, оқил аст.” (Масалҳо 10:19). �Валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он – шароратест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар.” (Яъқуб 3:8).







Мундариҷа


  1. Муқаддима ---------------------------------------------------- 2

  2. Дуо --------------------------------------------------------------- 3

  3. Каломи Худо -------------------------------------------------- 5

  4. Мушоракат бо масеҳиён ---------------------------------- 9

  5. Шаҳодатдиҳӣ --------------------------------------------------11

  6. Маслиҳатҳои муфид ----------------------------------------14

































<< Дарсҳои рӯҳонӣ