Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Омӯзишии асосии Калисо - 6

БОБИ 39

ОЁ РОҲИБ МЕТАВОНАД КОРИ ДИГАРРО ҲАМ ДОШТА БОШАД?

 

Роҳиб метавонад кори роҳибиро пеш барад ва дар баробари он аз ягон кори дигар даромад гирад? Ҷавоб ба ин савол аз эҳтиёҷоти пулию молии оилаи роҳиб, ҳамчунин аз қобилияти калисо дар додани маблағи пурра вобастагӣ дорад.

 

Калисоҳо бо миқдори аъзоёни кам бисёр вақт наметавонанд ба роҳиб музди мувофиқе бидиҳанд. Дар чунин ҳолат дуруст аст, ки роҳиб дар ягон ҷои дигар ҳам кор кунад, то ин ки эҳтиёҷоти оилаашро таъмин кунад. Он одамоне, ки чунин мекунанд, онҳоро “роҳибони ду касба” меноманд. Фисади зиёди калисоҳои ҷаҳонро роҳибоне сарварӣ мекунанд, ки касби дигар ҳам доранд. Роҳибе, ки кори дунявиро хуб ба ҷо меорад, ва вақте ки ягон эҳтиёҷот пайдо мешавад, кори роҳибиро он қадар хуб иҷро намекунад.

 

Қадру қиммат дар кор аст, ҳатто дар меҳнати ҷисмонӣ. Он касе, ки мегӯяд: “Худо маро даъват кард, ки мавъиза кунам, бинобар ин, барои ман ба ҷо овардани корҳои дигар дуруст нест” қадру қиммат надорад. Агар роҳиб барои пӯшондани эҳтиёҷоти оилаи худ пули кофӣ нагирад, ӯ набояд дар як ҷо истода интизори мӯъҷиза ё садақае шавад; ӯ бояд барои худ кор ҷустуҷӯ кунад, ҳатто кори муваққатӣ. Павлус чунин гуфт, Аммо агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимонон бадтар аст. 1 Тимотиюс 5:8

 

Павлус мисоли барҷастаи мавъизакунандаи бузурги Инҷил буд, ва дар айни замон ӯ барои пеш бурдани ҳаёташ корҳои дигарро иҷро мекард. Дар Аъмол 18:1-4 Библия мегӯяд.

 

 

Баъд аз ин Павлус Атиноро тарк карда, ба Қӯринтус омад. Дар он ҷо Акило ном марди яҳудӣ, ки зодгоҳаш Понтус буда, ба қарибӣ бо ҳамсараш Прискила аз Итолия омада буд, - зеро Клавдиюс фармон дода буд, ки ҳамаи яҳудиён аз Рум бираванд, - ва Павлус бо онҳо шиносоӣ пайдо кард ва назди онҳо омад. Ва азбаски монанди онҳо ҳунари хаймадӯзӣ дошт, назди онҳо монда, ба кор машғул шуд. Ҳар рӯзи шанбе ӯ дар куништ сухан ронда, саъю кӯшиш менамуд, ки яҳудиён ва юнониёнро мӯътақид гардонад.

 

ХУЛОСА

Барои одам фароҳам овардани имконияти мавъизаи Инҷил хуб аст. Хоҳиши будани роҳиби доимокоркунанда муқаррарист.

 

Барои одам таъмин накардани эҳтиёҷоти оила кори носолим аст. Одам ягон паёмро набояд мавъиза кунад, агар ӯ ба оилааш ба таври бояду шояд ғамхорӣ накунад. Агар калисо ба роҳиб музди мувофиқ дода наметавонад, ӯ бояд барояш ягон кори дигар ёбад. Худо кори берун аз калисои роҳибро ба монанди кори ӯ дар дохили калисо баракат медиҳад.

 

БОБИ 40

Чӣ ХЕЛ МАН ВАЗЪРО ТАЙЁР КУНАМ

 

1.     Аз аввали тайёрӣ ба вазъ то анҷоми он, шумо бояд пур аз дуои ҷиддӣ бошед.

2.     Шумо бояд огоҳ бошед, ки вазъ кардан вазифаи хеле ҷиддист. Ин дилхушӣ нест.

3.     Кӯшиш кунед ҳар рӯз барои Худо зиндагӣ кунед. Шумо бояд намунаи хуб бошед.

4.     Шумо бояд донишҷӯи Библия бошед. Ин маънои онро надорад, ки ҳамаи он чиро, ки дар Библия аст донед, вале шумо бояд ҳамеша онро хонед. (Ин ҳамчунин маънои онро надорад, ки шумо бояд таълимоти расмии Библия дошта бошед).

5.     Шумо бояд дар талаби рафтори инсонӣ бошед.

6.     Шумо бояд сарчашмаи дониши худ ва қудрати худро донед. Ин Рӯҳулқудсест, ки шуморо роҳнамоӣ мекунад ва ба шумо қувва мебахшад.

 

Вақти тайёрӣ

Донед, ки ҳадафи шумо кист. Бифаҳмед, киро шумо мавъиза мекунед. Ду навъ ҳаст; наҷотёфтаҳо ва наҷотнаёфтаҳо.

 

Наҷотнаёфтаҳо

Агар ҳадафатон наҷотнаёфтаҳо ҳастанд, пайғоматон бояд инҷилӣ бошад. Ин ба одамон мегӯяд, ки чаро ба онҳо зарур аст, наҷот ёбанд ва чӣ хел онҳо метавонанд наҷот ёбанд. Библия пур аз порчаҳоест, ки ба наҷотнаёфтаҳо бахшида шудаанд. Баъзе аз онҳо чунинанд: Аъмол 16; Аъмол 2; Румиён 3-5,10; Юҳанно 1,3,5; Эфсӯсиён 2; Ғалотиён 2; Марқӯс 8,10.

 

Наҷотёфтаҳо

Ин ҳадафи онҳоест, ки аз олами боло таваллуд шудаанд. Ҳама вақт дар хидматгузориҳои ибодатӣ онҳое иштирок мекунанд, ки аз олами боло таваллуд ёфтаанд. Вале дар байни ин қадар бисёр эҳтиёҷотҳое ҳастанд, ки навъҳои гуногуни вазъро талаб мекунанд.

 

Ин маънои онро дорад, ки чӣ қадар бисёртар мавъизакунанда дар бораи вазъиятҳои рӯҳонии одамон медонад, ҳамон қадар беҳтар ӯ ба ҳадафҳои худ мерасад. Бо гуфтани “ба ҳадаф расидан” мо мавъизаеро дар назар дорем, ки вазъ ҷавобгӯи эҳтиёҷоти одамон бошад. Дар байни ҳадафи умумӣ – имондорон, ба мавъизакунанда лозим аст, ки ба эҳтиёҷотҳои муҳими гурӯҳ ҳассос бошад.

 

Байни имондорон мавъизакунанда эҳтиёҷотҳои муайянеро мебинад, ки онҳоро бояд иҷро кунад. Баъзе аз ин эҳтиёҷотҳо чунин ҳастанд:

·        Дилгармии монанди содиқ.

Библия пур аз порчаҳост барои чунин вазъ. Намунаҳои хуб инҳо ҳастанд: Ибриён 11, 12; Ғалотиён 5; Қӯлассиён 3; Филиппиён 3;  Еҳушаъ.

 

·        Аз нав изҳор кардани садоқати худ барои онҳое, ки руҳан он қадар хуб рушд наёфтанд (тавба кардан ва бозгаштан).

Намунаҳо дар: Забур 51; Луқо 15; Румиён 12; Забур 32, 139

 

·        Дилдорӣ дар вақтҳои ғамгинӣ

Оятҳо дар ин бора инҳоянд: Забур 23; Юҳанно; Юҳанно 10; 2 Қӯринтиён 4.

 

·        Омӯхтани таълимоти мазҳабӣ. Одамон ҳама вақт ба донишҳои бузурги таълимоти Библия эҳтиёҷ доранд. Ин таълимотҳоро ақидаҳо (доктрина) меноманд ва онҳо қариб дар ҳар боби Библия вомехӯранд. Баъзе аз ин порчаҳо инҳо ҳастанд:

 

Муҳаббат – 2 Қӯринтиён 13;  Гуноҳ – Румиён 3, 6, 7;

Марг – 1 Қӯринтиён 15, 2 Қӯринтиён 4,5; Бозгашти дуюми Исо – 1 Таслӯникиён 4, Аъмол 1; Таъмид – Аъмол 8, Матто 3; Салиби Исо – Луқо 23, 1 Қӯринтиён 2; Амнияти имондорон – Румиён 8.

 

·        Илҳом. Одамон ҳама вақт барои доштани ҳаёти масеҳӣ ба илҳом эҳтиёҷ доранд. Филиппиён 1-4; 1 Таслӯникиён 5; Румиён 5, Аъмол 2,3,4, Наҳамё 6; Еҳуша 24; Матто 28:18-20; Матто 5-7.

 

Ба воситаи дӯстию бародарӣ бо одамон, мавъизакунанда метавонад баъзе эҳтиёҷоти гурӯҳро ошкор кунад. Аз ин дониши он ки одамон дар сафари рӯҳонии худ дар куҷо ҳастанд мавъизакунанда метавонад аз Худо пайғомеро талаб кунад, ки ба эҳтиёҷоти гурӯҳ хубтар наздик аст.

 

Дар хотима мо мебинем ки:

1.     Мавъизакунанда бояд шахсан ба мавъиза кардан тайёр бошад. Ин садоқати шахсӣ ба Исо, зиндагии пок, донишҷӯи Библия будан ва одами дуо будан маънӣ дорад.

2.     ӯ бояд ҳадафи худро донад (онҳое, ки ӯро мешунаванд).

3.     ӯ бояд ба ҳадафаш расида, эҳтиёҷотҳои махсусеро, ки ҳангоми мавъизаи пайём вомехӯранд муайян кунад.

4.     ӯ бояд бо дуоҳояш дар ҷустуҷӯи пайғоми Худо аз Библия бошад, ки ҷавобгӯи эҳтиёҷоти шунавандаҳо бошад.

 

Чӣ хел пайғомро тайёр мекунанд

Бисёре аз тайёриҳо он вақт мешаванд, ки чор марҳилаи аввалро, ки дар бораи онҳо дар боло зикр кардем, ба ҷо оварда шаванд. Вале тайёрии беш дар пеш аст.

 

Аз Навиштаҳо порчаеро бояд ёфт, ки дар он Худо дар бораи эҳтиёҷоти одамон сухан мекунад. (Аз ҳама хуб барои мавъизакунанда он аст, ки ҳар рӯз Библияро хонад, аққалан 20 боб дар як ҳафта ва агар ӯ вақт дошта бошад, бигузор бисёртар хонад. Аққалан дар як сол як бор хондани Библия барои мавъизакунанда аз ҳар омӯзишҳои махсус беҳтар аст. Вақте ки мо Библияро мехонем мо медонем, ки ҳангоми ҷавоб додан ба эҳтиёҷоти мардум кадом ҷои Навиштаро истифода барем).

 

Вақте ки шумо матнро – Навиштаеро, ёфтед ки ҳамчун асос барои вазъ истифода хоҳед бурд – шумо онро чандин бор хоҳед хонд. Онро калима ба калима ва оят ба оят таҳлил кунед. Барои худ қайд кунед. Калимаҳои муҳимро ёбед. Ҳақиқатҳои муҳими матнро ёбед. Порчаҳои дигари Библия, ки ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд, ёбед ва оятҳоро дар вазъи худ истифода баред. Ҳикояҳои Библияро барои тасвири ҳақиқатҳои бузурге, ки дар матн ёфтед, истифода баред.

 

Порчаро хонед, ва ҳама вақт аз Худо хирад ва нирӯ талаб кунед. Баъд вақте ки мавриди мавъиза мерасад, дили шумо аз ҳаяҷон дар бораи пайғоми Худо, ки шумо ба мардум мерасонед, ба изтироб меояд.

 

Панҷ нуқтае дар бораи мавъиза аст, ки кас мехоҳад омӯзад, вале вақте ӯ корҳои дар боло зикршударо ба ҷо меорад, ӯ метавонад нерӯмандона мавъиза кунад. Ҳаёти одамҳо дигар мешавад, вақте ки Каломи Худо мавъиза мешавад. Дар хотир дошта бошед, ки калид ба сӯи муваффақиятҳо одами содиқ зери сарварии Рӯҳулқудс Каломи Худоро мавъиза мекунад.

 

БОБИ 41

Чӣ ХЕЛ МАН ДАЪВАТНОМАРО ТАҚДИМ КУНАМ?

Баъд аз вазъ одатан даъваткунӣ оғоз меёбад. Даъваткунӣ мавридест, ки шунавандаҳо фурсат доранд доир ба пайғоми маъвизашуда фикру мулоҳизаи худро баён кунанд. Ҳама вақт маъвизакунанда бояд фикру мулоҳизаҳоро ба паём интизор бошад. Ин изҳори фикр на ҳама вақт маънои хулосабарории умум баъди вазъро дорад. Ҷавобҳои амиқ ва хомӯш баъзе вақтҳо бе додани ягон даъватномаҳо ба амал оварда мешаванд. Вале бисёр вақт дар байни шунавандаҳо одамоне ҳастанд, ки онҳо ба хулосабарории умум эҳтиёҷ доранд. Ин маънои онро дорад, ки ба маъвизакунанда зарур аст ин хел одамонро даъват кунад, ки фикрҳояшонро кушоду равшан изҳор намоянд.

 

Чаро баъзе роҳибон даъватномаҳои умумро намедиҳанд?

1.     Онҳо пайғоми фаврӣ надоранд.

2.     Онҳо аз шароитҳои гумроҳии одам огоҳӣ нестанд.

3.     Онҳо шармгин ҳастанд, ва он ҷасурие, ки аз тарафи Худо меояд, надоранд, ҷасурие ки бояд хоси ҳар маъвизакунанда бошад.

4.     Онҳо дар чӣ хел додани даъватнома таълимот нагирифтаанд.

 

Ба худ одамеро бо мошини боркаши пур аз хӯрок тасаввур кунед. ӯ одамони бисёреро, ки аз гуруснагӣ азоб мекашанд, ҷамъ кард ва ба онҳо мегӯяд, ки ӯ хӯроки бисёр дорад. ӯ хӯрокҳоро хеле муфассал тасвир мекунад; одамон дар интизори лабҳои худро мелесанд. Ин одам мегӯяд, ки хӯрок барои ҳама бепул аст. ӯ ба онҳо муфассал мегӯяд чӣ хел онҳо бояд хӯрокро гиранд. Баъд чун ҳамаи одамон мунтазир ҳастанд, ӯ ба мошин даромада рафт. ӯ нагуфт, ки биёед ва бихӯред.

 

Ин тасвири одамест, ки дар бораи роҳҳои ҳаёти ҷовидонӣ маъвиза мекунад ва ҳаргиз намегӯяд, ки “Биёед”. “Биёед” ин даъват аст. Он кореро, ки одами хӯрокдор карда буд хеле нохуб буд. Барои маъвизакунанда бадтар аст, агар ӯ сулҳу осоиш, хурсандӣ ва мақсади ҳаёти навро тасвир карда ба одамон барои қабул кардан ва пайравии Масеҳ даъвати рӯшан намедиҳад.

 

Худо ба маъвизакунанда паём медиҳад, то ки бо он одамонро барои пайравӣ даъват кунад.

 

Исо одамонро даъват кард, ки ӯро пайравӣ кунанд. Пас аз он ки Яҳё таслим карда шуд, Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард. Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: “Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред”.  Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, Шимъӯн ва бародараш Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд, зеро ки сайёди моҳӣ буданд. Ва Исо ба онҳо гуфт: “Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам”. Дарҳол онҳо тӯри худро монда, аз паи ӯ равона шудаанд. Марқӯс 1:14-18

 

Исо роҳашро давом дода Яъқуб ва Юҳанноро дид. Ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар қаиқ бо коргарон гузошта, аз паи ӯ равона шуданд. Марқӯс 1:20

 

Мо инро дар ҳолати дигар мехонем. Ва боз ба канори баҳр рафт; мардум ба назди ӯ омаданд, ва ӯ онҳоро таълим медод. Ҳангоми рафтанаш Левӣ ибни Ҳалфойро дид, ки дар боҷгоҳ нишастааст, ва ба вай гуфт: “Аз паи Ман биё”. Вай бархоста, аз паи ӯ равона шуд. Марқӯс 2:13-14

 

Шумо мебинед, ки Исо хабари хуши Малакути Худоро маъвиза кард, ва баъд ӯ одамонро даъват кард, ки ӯро пайравӣ намоянд. Ҳамчунин шумо мебинед, ки он ҷо одамони зиёде буданд, вале Исо аз даъвати одамон дар ҳиҷолат набуд. ӯ бахшиш напурсид. Даъвати ӯ бепарда буд; он кушоду равшан буд; он бевосита ба мардум нигаронда шуда буд. Тамоми халқ, дӯстон, аъзоёни оила ин паёмро шуниданд вале фақат якчанд нафар дар пеши ҳама ӯро пайравӣ намуданд. Нисбати хулосабарорӣ дар пеши ҳамагон Исо гуфт, Пас, ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф  кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард. Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард. Матто 10:32-33

 

Чун шумо аз Инҷилҳо омӯхтед, шумо хоҳед дарёфт, ки Исо пайғомро бевосита ба дили одамон маъвиза мекунад, ва баъд ӯ онҳоро даъват кард, ки хулоса бароранд.

 

Чӣ хел маъвизакунанда бояд даъват кунад?

1.     Аввал, ӯ бояд ба хулосае биёяд, ки баъди ҳар пайғоми маъвизакарда даъвати рӯшан ва пурмаъно диҳад.

2.     ӯ бояд бифаҳмад, ки даъваткунӣ ин қисми вазъ аст.

 

ӯ набояд вазъро анҷом дода, даъватро ба он илова намояд. Даъват қисми хотимавии вазъ аст. Ин маънои онро дорад, ки мавзӯи вазъ маълум мекунад, ки кадом хел даъват бояд дода шавад. Агар маъвиза дар бораи даҳякдиҳӣ бошад, пас даъват  низ барои одамоне ҳамст, ки оид ба даҳяк ба хулосае биёянд. Агар маъвиза дар бораи дуо бошад, пас даъват барои Масеҳиён аст, ки барои дуо вақти бисёр ҷудо кунанд. Агар ӯ ба гурӯҳи аъзоёни хеле содиқи калисо маъвиза кунад, албатта ӯ онҳоро барои таваллуд аз олами боло даъват намекунад. Даъват метавонад барои содиқияти бештаре ба Исо бошад.

 

3.     Чун даъват қисми вазъ аст, вақте ки ӯ онро тайёр мекунад, ӯ ҳамчунин қисми охири вазъ – даъватро низ тайёр мекунад.

 

4.     Хондани суруд ҳамчун қисми даъват ҳамеша қобили қабул аст.

Суруди даъват қисми вазъ аст. Маъвизакунанда бояд сурудро интихоб кунад. Интихоби суруд бо якҷоягии он касе, ки ба мусиқӣ масъул аст ба амал оварда мешавад. Онҳо ин корро пеш аз саршавии хидматгузории ибодатӣ мекунанд. Суруд  бояд барои ҳама маълум бошад. Ҳамаи аъзоёни калисо одатан суруди даъватро мехонанд. Баъзе вақтҳо танҳо суруди хор хонда мешаванд.

 

5.     Маъвизакунанда бояд баёни муфассали он, ки одамон бояд чӣ кунанд, дошта бошад – даъват бояд кушоду равшан бошад.

Гуфтани он, ки “Агар хоҳед Исоро пайравӣ кунед ба пеш биёед” кофӣ нест. ӯ бояд шарҳ диҳад, ки чаро онҳо ба пеш биёянд. ӯ бояд ба онҳо гӯяд, ки вақте ки онҳо ба пеш меоянд, чӣ кор хоҳанд кард. Одамони наҷотнаёфта тарсончак ва безобита ҳастанд. Онҳо фикр мекунанд, ки он рӯзе, ки агар онҳо ба ҷустуҷӯи Масеҳ мебароянд, онҳоро таъмид хоҳанд дод.

 

6.     Маъвизакунанда набояд одамонро бо ҳила ба як қарор омадан водор кунад.

Агар маъвизакунанда аз одамон талаб мекунад, ки дастро бардошта нишон диҳанд, ки онҳо ба наҷот эҳтиёҷ доранд, ӯ набояд ҳар касеро, ки даст бардошт ба пеш даъват кунад. Ин бо ҳила водоркунии одамон аст.

 

7.     Даъват бояд фардӣ бошад.

Маъвизакунанда бояд ҳангоми даъват аз тиреза ба берун нигоҳ накунад. ӯ набояд ба минбар ё китоби сурудҳои динӣ нигоҳ  накунад. ӯ бояд амиқ ба дили одамон нигоҳ кунад, чун ӯ рӯи онҳо ва чашмони онҳоро бинад. (Ин маънои онро надорад, ки муддати дарозе ба чашмони як одам нигоҳ кунад). Ҳангоми даъвати фардӣ маъвизакунанда бояд ҷонишинҳои шахсиро ба монанди оилаи шумо, ҳаёти шумо, мо, аз они мо, ман, ва ғайраҳоро ба кор барад.

 

8.     Маъвизакунанда бояд байни суханҳои хотимавии пайғом ва суруди даъват пайвастагӣ дошта бошад.

 

БОБИ 42

ВАЗИФАҲОИ (РОЛ) РОҲИБ ВА АЪЗОЁНИ КАЛИСО КАДОМҲОЯНД?

 

Чӣ хел роҳиб ва аъзоёни калисо ба нақшаи Худо барои калисо мувофиқ меоянд? Сараввал, биёед ба нақшаи Худо барои калисо назар андозем. Оё Худо барои инсоният нақшаи ҷовидонӣ дорад, то ки халқи ӯ онро фаҳмад? Албатта, Библия ба мо ошкор мекунад, ки Худо дар гузашта чӣ кард, ба мо тасвири он ки ҳозир мо чӣ кор мекунем ва дар оянда чӣ кор хоҳем кард.

 

Мо медонем, ки дар гузашта инсон гуноҳ кард ва аз Худо ҷудо шуд. Барои кашидани инсон ба сӯи Худ, Худо одамони бузургеро истифода мебарад, ки ба василаи имон бо ӯ муносибат доранд. Сипас ӯ халқи яҳудиро интихоб кард ва тавассути кор бо онҳо муҳаббати Худро нишон дод. Худо пайғомбаронро фиристод то аз номи ӯ гап зананд. Охир, Худо Худаш ба замин дар ҷисми Писари Худ, Исо омад. (Юҳанно 1:14) Исо тавбакунӣ ва бахшишро мавъиза кард ва одамон ӯро куштанд. Дар марги Худ Исо барои озод шудан инсон аз гуноҳ қурбонӣ ё музде шуд, - агар онҳо ба василаи имон ин қурбониро пазироянд.

 

Агар касе Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованд қабул кунад ӯ бо Исо ҳамкор мешавад ва аъзои гурӯҳи Худо барои дигар кардани ҷаҳон мешавад.

 

Библия мегӯяд, Зеро ҳар киро, ки  ӯ пешакӣ шинохтааст, онҳоро низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки ӯ дар миёни бародарони бисёр нахустзода бошад. Ва ҳар киро, ки ӯ пешаки муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст; ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст. Румиён 8:29-30

 

Исо дар бораи ҳаёти шогирдони Худ чунин гуфт, “То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то ки писарони нур гардед”. Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд. Юҳанно 12:36

 

Исо калисоро созмон дод, ки барои паҳн кардани Хабари Хуш масъулиятдор аст.

 

Ва ба ҳама равшан намоям, ки чист ваколати сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард. То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад. Мувофиқи таъиноти азалӣ, ки онро ӯ дар Худованди Мо Исои Масеҳ ба амал овардааст. Эфсӯсиён 3:9-11

 

Ки онро ӯ ба мо ба фаровонӣ ато намуда, ҳамроҳи ҳар ҳикмат ва хирадмандӣ. Сирри иродаи Худро ба мо маълум кардааст, бар тибқи салоҳдиди Худ, ки пештар дар ӯ барқарор намуд. Вақте ки пуррагии замонҳо муяссар гардад, Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ бар замин, зери сардории Масеҳ, яъне дар ӯ ҷамъ хоҳад кард. Мо низ дар ӯ, ки ҳама чизро бар тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи  таъиноти ӯ пешакӣ муайян шуда будем. То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли ӯ вуҷуд дошта бошем. Эфсӯсиён 1:8-12

 

Калисо пирӯз хоҳад шуд. Исо гуфт, Ва Ман ба ту мегӯям, “Ту Петрус ҳастӣ, ва бар ин сахра Ман калисои Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах бар он ғолиб нахоҳад шуд”. Матто 16:18

 

Калисои Аҳди Ҷадид аз ҳисоби онҳое ташкил мешавад, ки аз олами боло таваллуд шудаанд ва Исоро дар таъмидкунӣ пайравӣ мекунанд. Дар Аъмол онҳоро ҳамчун одамони Роҳ меноманд. Онҳоро имондорон меноманд. Худо барои ин одамон нақшаи рӯшани пирӯзӣ дорад.

 

Павлус дар Эфсӯсиён, дар бораи бахшоишҳои гуногуне, ки Худо ба халқи Худ – ҳар аъзои калисо сухан мекунад. Ҳар бахшоиш бояд барои рушди ҷисм, калисо истифода бурда шавад. Калисо он вақт рушд меёбад, вақте ки рӯҳан болиғ мешавад ва аъзоёни нави он зиёд мешаванд. Чунин аст васеъшавии Малакути Худо дар замин.

 

Дар давраи фаъолияти заминӣ, калисо ҳеҷ гоҳ қувваи асосӣ нахоҳад шуд, вале таъсири он ҳис карда мешавад ва он ба қувваҳои иблис дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Исо сари ин ҷисм ва сарчашмаи ҳаёти ин ҷисм аст, ва ӯ барои ин ҷисм нақшаи муайян дорад.

 

Биёед ба андешаи бахшоишҳои гуногуни ба аъзоён додашуда баргардем. Ин бахшоишҳоро барои Худо дар васеъкунии Малакути ӯ ба кор бурда мешаванд.

 

Библия мегӯяд,  ӯ баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд. Барои такмили муқаддасон ба кори ибодат, ба бинои Бадани Масеҳ. Эфсӯсиён 4:11-12

 

ӯ бахшоишҳои гуногуни рӯҳоният дод. Ин бахшоишҳо бояд дар рушди ҷисми Исо истифода бурда шаванд.

 

Мақоми роҳиб ва аъзоён дар инкишофи калисои маҳалӣ чист? Фаъолияти роҳиб ва фаъолияти аъзоёни калисо дар васеъшавии Малакути Худо чист?

 

Мо ба ду нуқтаи назари муқаррарии рӯҳоният нигоҳ мекунем. Якум, нуқтаи назари анъанавии маъмул ва дуюм, нуқтаи назари Библиявӣ.

 

Нуқтаи назари анъанавӣ он вақт маъмул шуд, вақте ки дини масеҳӣ дар тамоми империяи Рум паҳн шуд ва диққати Император Константинро ба худ ҷалб кард.

 

Константин фаҳмид, ки аз ҷиҳати сиёсӣ як кардани қувва ва дини тезпаҳншуда амали хуб аст. Бинобар ин ӯ Руми бутпарастро масеҳӣ эълон кард.

 

Ин оғози ҳазорҳо соли тираву тор барои калисо буд. Китоби Библия танҳо барои одамони соҳибмаълумот дастрас буд. Одамон оддӣ ба чӣ имон оварданро аз ин одамон мешуниданд. Аз сарварони калисо ҳеҷ чиз намепурсиданд. Бисёр сарварони калисо табиатан  масеҳӣ набуданд. Калисои Рум боз ҳам фосид шуд чун сарвари динии фосид бо номи попҳо онро роҳбарӣ мекарданд. Мафҳуми рӯҳоният ташаккул ёфт, ки то асри бистуякум расида омад. Вазифаи Рӯҳоният танҳо барои одамони касбӣ буд. Аъзоён ба таври оддӣ ӯро пайравӣ мекунанд. Қудрат дар дасти одамони рӯҳониён буд.

 

Ислоҳоти бузург дар асри шонздаҳум дар калисо баъзе тағъиротҳо даровард. Мартин Лютер эълом дошт, ки Библия бояд ба одамони оддӣ низ дастрас бошад ва ҳар кас битавонад бевосита ба Худо ибодат кунад. Вале тафаккури сарварони динии ҳозира боз ҳам ториктар аст. Барои паҳншавии Ислоҳот чунин зарурият лозим аст, ки одам на танҳо аз имтиёзи роҳи бевосита сӯи Худо бархурдор шавад, балки масъулияти рӯҳониятро низ қабул кунад.

 

Ҷудоӣ байни рӯҳониён ва авом ҳоло ҳам хеле бузург аст. Халқи Худо дар пеш бурдани рӯҳоният дар ҷаҳон ва ҳамчунин дар калисо озод бошанд. Бисёр одамон аз он, ки “дин” ба ҳаёти онҳо “часпидааст” хаста шудаанд. Танҳо он вақт кор ва дин ба ҳам наздик мешаванд мақсади ҷовидонии Худо метавонад маънӣ дошта бошад. Ва танҳо он вақте, ки инсон қисми бошуури нақшаи ҷовидонии Худо бошад, ҳаёти ӯ пур аз хушу хурсандӣ хоҳад буд.

 

Нуқтаи назари анъанавии рӯҳониятро аз нақшаи зер беҳтар фаҳмид.

 

 

 

       НУҚТАИ НАЗАРИ АНЪАНАВИИ РӯҲОНИЯТ

Барнома ва кори роҳиб / кормандонро пуштибонӣ мекунад.

 

иштирок мекунад

даҳяк медиіад

розигӣ медиҳад

К

А

Л

И

С

О

Р

О
Ҳ
И
Б

Шаҳодат медиҳад

Ба аёдати беморон меравад

Гумроҳонро ба роҳи рост меорад

& кормандон

Ҷ

А
Ҳ
О
Н

Мувофиқи ин мафҳуми анъанавӣ, аъзоёнро “навкор” меноманд.

 

Кори навкор он аст, ки ба роҳиб дар кори рӯҳоният кӯмак кунанд.

 

Кӯмаки онҳо се шакл дорад:

       Иштирок кунанд

       Даҳяк диҳанд

       Розигӣ диҳанд

 

Агар аъзоён ҳамаи инҳоро ба ҷо оранд онҳо аъзоёни бузург ҳастанд.

 

Одамони навкор онҳое ҳастанд, ки таълим дода нашудаанд. ӯ ба Роҳиб ва барномаи ӯ ёрӣ медиҳад.

 

Бо чунин мафҳуми рӯҳоният, “навкорон” нисбатан танбал менамоянд, ва онҳо гоҳ-гоҳ касеро ба Масеҳ меоранд. Аз ҳама беҳтарин онҳо кори, ба Рӯҳоният овардан касеро метавонанд ба ҷо оваранд.

 Роҳиб ҳамчун рӯҳонии касбӣ шинохта мешавад.

 ӯро “Падар”, “Ҳазрат” ё “Роҳиб” меноманд.

 ӯро ҳамчун Рӯҳонӣ меҳисобанд.

 Вақте ки навкор ягон касеро пайдо мекунад, ки хоҳиши аз олами боло таваллуд шуданро дорад, ӯ бояд ба назди Рӯҳонӣ барои кӯмак ва дастур равад.

 

Одатан дар чунин ҳолат, роҳиб ҳангоми  хидматгузории ибодати мақоми аввал дорад, ва аъзоёни дигарро ӯ “фақат навкорон” меномад.

 Сафари якка барои роҳиб метавонад бузург бошад. ӯ аз унвонҳо ва таваїїӯҳи мардум бархурдор аст.

 Роҳиб дар хати аввали мубориза дар ҷаҳон мебошад.

 Одатан ин дунё роҳибро ҷиддан қабул намекунад. Одамон мегӯянд, “ӯ барои ин кор музд мегирад”.

 Ин ҷаҳон ба Масеҳ пурра нагаравидааст, ва роҳиб бояд ҳама вақт  кӯшиш кунад рӯҳонияти худро ба ҷо орад.

 

 

 



<< Дарсҳои рӯҳонӣ