Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Худо Ҷӯёи Тоҷикон аст - 4

Худо Ҷуёи Тоҷикон аст – 4

Аз Накҳати Ҷон

www.dardidil.com

 

Роҳбар - намунаи хуб

Юшуяб II46 аз шаҳри Балади шимоли Бағдод дар байни халқҳо аз суханони сулҳҷуёнаи Исои Масеҳ мавъиза мекард: «Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд.» (Инҷили Матто 5:9) ва ӯ аз соли 628 то 648 мелодӣ патриархи Калисои Шарқ буд. Чанд сол баъд шоҳи Яздигурди Се (632-633) Юшуяб II дар бораи миёнарав шудан байни Рум ва давлати Сосониён барои барқарор кардани сулҳ хоҳиш ва илтимос мекунад. Дар он давра дар байни ин ду давлат ҷангҳои сахт мерафт. Юшуяб II бо як гурӯҳ роҳбарони Калисои Шарқ ба Византия рафта бо император Ҳероклиус гуфтушуднид барпо карда созишномаи сулҳро имзо мекунанд ва онҳо якҷоя бо император шоми Худовандро ҷашн мегиранд.

Дар бозгашт Юшуяб II ба Бар-Савма, роҳбари Шушан дар бораи гузаронидани шоми Худованд бо император нақл мекунад, ки дар байни онҳо имони ҳақиқӣ вуҷуд дошт. Вале Бар-Савма дар бораи ин воқеа фарқияти таълимоти шарқу ғарбро дар назар дошт ва Бар-Савма бисёри сахт зидди Юшуяб II буд вале ӯ таълимоти Калисои Шарқро тарафдор буда ба саволҳои баҳсталаб бо майл ҷавоб гардонид. Юшуяб бо Бар-Савма ҷангҷол наороста, балки ӯро ситоиш карда Масали Сулаймонро ба ӯ гуфт: «Мазаммати ошкор беҳ аз муҳаббати пинҳонӣ. Таънаҳои дӯст самимист, вале бӯсаҳои бадхоҳ бисёр аст.» (Масалҳои Сулаймон 27:5-6). Аз рафтори ин марди Худо дар Калисои Шарқ оштӣ барпо шуда гуфтаи Инҷил иҷро гардид: «Лекин бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон, омӯзгор ва сабур бошад, Бо фурӯтанӣ мухолифонро насиҳат диҳад, ки шояд Худо ато фармояд, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ бирасонад.» (2) Ба Тимотиюс 2:24-25

Дар давоми хизмати худ Юшуяб II саҳми худро на фақат дар бораи оштӣ шудани ду давлати бо ҳам зид ва роҳбарони онҳо гузоштааст, балки ӯ дар як вақт назоратчии саршавии Митрон дар Ҳиндустон ва гурӯҳи башоратдиҳандаҳои масеҳӣ ба Хитойро низ иҷро мекард. Дар соли 781, дар пойтахти Хитой дар назди Чо Анган (ҳозир шаҳри Хшанор) гурӯҳи масеҳиён санги ёдгориеро гузоштанд. «Санг тарошида шуда буд, то саховатмандии масеҳиёнеро, ки аз Балх омада буданд, ҷашн бигиранд. Дар ҳукумати Хитой то ба дараҷаҳои баланд баромаданд ва дар истифодаи зару зевари ӯ олиҳимматӣ ва калонкунии дайру калисоҳо ғамхорӣ мекарданд. Навиштаҷот хабар медиҳад, ки дар соли 635 яке Алопеон аз Та Чин (Сурия) омад, китобҳои муқаддас – китобҳои Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадидро оварда буд.» (Аъзамов,2002,саҳ.69)

Аз паҳншавии башорати Исои Масеҳ номи Калисои Шарқ дар ҳақиқат сазовори шуҳрати тамоми шарқ замин гардид ва дар ҳаёти мардумони тоҷику форс ҳамчун бо хатти заррини ҳаёт ҷилва медод. Ин марди Худо, хизматгори масеҳӣ Юшуяб II хамчун роҳбари намунавӣ барои мо мебошад, дар хислати масеҳии тоҷики имрӯза ин сифатҳои башардустонаи Юшуяб II ёфта мешуд хуб мебуд, чунки ӯ дар замони барҳамхурии давлати Сосониён ва зуроварии дини Ислом нақшаи арзанда гузоштааст.

Боби 11 - Дар давраи Ислом

Дар соли 633 баъди фавти Муҳаммад халифа-Абӯбакр ба шаҳри Ҳира (Ал- Ҳира) дохил мешавад. Шаҳри Ҳира дар ҷануби мамлакати Сосониён буда аксарият аҳолии шаҳру атрофҳои онро мардумони масеҳӣ ташкил медоданд.1 Баъди чанд соли дигар Арабҳо ҷойҳои асосии зиндагониии масеҳиёнро аз Сосониён кашида гирифта ҳукмронӣ мекарданд, ба монанди шаҳрҳои Нисибин, Марв ва марказҳои асосии масеҳиёни Осиёи Миёна Бухоро ва Самарқандро.

Мақсади асосии китоб албатта дар бораи паншавии башорати Исои Масеҳ дар байни халқҳои тоҷику форс мебошад. Вале нияти ин қисми китоб аз баён кардани шароит ва аҳволи масеҳиён дар давраи паҳншавии ислом мебошад.

Дар ҳамаи давру замонҳо дар таърих падидаҳои мусбату манфӣ албатта вуҷуд доранд ва мо низ маҳз дар бораи муносибат дар байни ҳукуматдорони мусулмон ва масеҳиёни он давра гуфтанием.

Саҳнаи давраи Сосониён ба мо нишон медиҳад, ки Яздигурди Се (давраи подшоҳӣ 632- 633 қатлаш соли 651) чанд сол аз таъқиботи арабҳо гуреза буда ӯро дар Марв ба қатл мерасонанд ва ҷасади шоҳи охирони Сосониён бо дасгирии роҳбари масеҳии Марв дар мазори масеҳиён бо риояи ҳамаи қоидаҳои ахлоқӣ бо хок супурда мешавад. (Фрай,1996,саҳ.42) Ин нишон медиҳад ки масеҳиён дар давраи Сосониён якҷоя буданд, аз саршавӣ то охири ин давра онҳо шарики ҳамдигар буданд вале дар давраи паҳншавии ислом, Калисои Шарқ робита ва таъсири дигарро нишон медиҳад.

Хилофат ва Таъсири Масеҳиён

Хилофат нисбати масеҳиён дар давраи ҳукумрониаш зиддияти ошкорро надошт ва дар баъзе мавридҳо ба хотири паҳн кардани дини ислом одамони масеҳӣ ба таҳқир дучор мешуданд. Хилофатҳои аввал аз рӯи сураи Юнус 10:94 рафтор мекарданд:- «Агар дар он чӣ бар ту нозил кардаем, дар тардид2 ҳастӣ, аз онҳое, ки китоби осмонии пеш аз туро мехонанд, бипурс. Ҳар оина ҳақ аст он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст. Пас набояд дар шумори тардидкунандгагон бошӣ!» Онҳо дар бораи ҳамкорӣ кардан дар соҳаи маорифи ислом аз «аҳли китоб»3 маслиҳат пурсида дар саршавии халифат масеҳиёнро барои кор киро мекарданд. Дар хилофат чандин одамони масеҳӣ аз зумраи олимон хизмат мекарданд. Ғайр аз ин онҳо дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла тиб, тарҷумони ва корҳои давлатдори мисли мушовири кор мекарданд.

Масеҳиён ба монанди дигар мардуми ғайри мусулмон дар даврви Хилофат андози махсус, ҷизя месупориданд. Дертар ҳукуматдорони мусулмон масеҳиён ва яҳудиёнро маҷбур карданд, ки дар либосҳояшон ресмони зардро ҳамчун аломат дошта бошанд. (Фрай,1996,саҳ.136,137) Ғайр аз ин онҳо таълимоти4 дар салиб қурбони шудани Исоро барои гуноҳҳои ҷаҳон рад карданд ва қабул накарданд, ки Худованд Исои Масеҳро барои гуноҳи ҷаҳон дар салиб қурбонӣ кардааст. Дар баробари ин Хилофат дар ҷойҳое, ки салиби Исо меистод вайрон кард ва ҷамоатҳои масеҳиро дар бисёр мавзеъҳо манъ карданд. (Ҳатзингер)

Дар давраҳои аввали паҳншавии Ислом забони арабӣ ҷой дуюмро баъди забони паҳлавии нав «дарӣ» ишғол мекард5 ва аз ин сабаб забони Калисои Шарқ, забони сӯрӣ мавқеъи худро аз даст дод.

 

Дар асри 7, Берунӣ чунин навиштааст, ки Ал Ҳаҷҷаҷ бинни Юсуф (661-714) ҳокими Ироқ фармоне ба Қутайба мефиристад, ки дар сарзамини Хуросон (аз Нишопур то Марв ва Бухоро) тамоми китобҳо ва таърихномаҳо несту набуд карда шавад. (Фрай,1996,саҳ.81) Аз ин амали арабҳо шумораи беандозаи адабиёти таърихиву масеҳӣ ва зардуштӣ несту нобуд гардидаанд. Инчунин дар натиҷаи ҷангҳои пай дар пай дар давоми солҳо шумораи китобҳо ва дастхатҳо аз байн рафтаанд.

Инҷо бошад дар бораи халқи кучманчии биёбоннишин арабҳо, ки чӣ тавр онҳо аз як зинаи пасти иҷтимои то ба дараҷаи асри тиллоии ислом (асри 8 то 13) омада расиданд, маълумот доданием. Пеш аз ҳама ин кор бо нуфузи халқи форс буд, махсусан арабҳо бисёр маълумотҳо ва таълимотҳоро аз масеҳиён мегирифтанд.

Дар соли 830 дар давраи ҳукумронии халиф Ал-Маъмун (хилофаташ 813-833) «Байт-ул-ҳикмат» яъне Хонаи Ҳикмат (ё Кохи хирад)таъсис меёбад.

«Дар он ҷо асарҳои сершумор оид ба илмҳои гуногун ба забони арабӣ боз ҳам бештар тарҷума ва дар Хилофат паҳн карда мешуданд, аз ҷумла асарҳои муаллифони юнонӣ, ҳинду, эронӣ, суриягӣ ва яҳудӣ.»(Зиёев, 2005, саҳ. 76)

Дар ин «Байт-ул-ҳикмат» аксарияти омӯзгорон аз ҷумлаи масеҳиён буданд. Ва онҳо аксарият хатмкардагони Мактаби Форсиён буданд. Онҳо забонҳои юнонӣ, форсӣ ва суриягиро медонистанд ва таҷрибаи дарси тибу фалсафаи юнонӣро доштанд.6 Дертар бисёре аз муаллимони ин муассиса иваз шуда ва дар ҷойи масеҳиён муаллимони мусулмон ба кор омаданд, ба монанди Ал-Киндӣ (801-873).

Масеҳиёни забоншинос аксарияти китобҳои юнонӣро ба арабӣ тарҷума кардаанд, ба мисли Юҳанан ибни Исҳоқ (808-873) вай мудири аввали «Байт-ул-ҳикмат» кор карда бист китоби Галени, анатомияи баданро аз юнонӣ ба арабӣ тарҷума кардааст. Масеҳи дигар Юҳанно бошад китобе дар барои чашм навишт ва Ҳибҳаи Масеҳӣ китоби мантиқро ба забони арабӣ тарҷума кардааст.7 Дар соли 765 Ҷиргис ибни Бахтишу (вафоташ 801), табиби калони Хилофат, худи халифа Ал-Мансурро табиби карда шифо дод. Сулолаи ин духтури ҳозиқ зиёда аз сад сол дар халифат кор мекарданд, табиби номбурда масеҳӣ буда эътимоди калонро дар хилофати Араб соҳиб буд.8

Ҷойи баҳс нест, ки маҳз масеҳиён бисёр китобҳоро тарҷума карда дар таҳкурсии маорифи ислом нақшаи асосиро бозиданд, албатта саҳми бузурги табиб ва файласуф Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) дар ин ҷода бисёр муҳим. Ва ҳам устодҳои масеҳии вай Абӯсаҳли Масеҳӣ (вафоташ, 1000) ва Абулхайр ибни Хаммор. (Неъматов, 1989, саҳ. 198,216)9 Дар баробари ин файласуфи олии ислом Абу-Наср Ал-Фарабӣ (872-950) зери роҳбарии файласуфи масеҳи Юҳанно ибни Ҳаилан (870-939) илми мантиқро хонд10 ва зери роҳбарии Абу-Бишр Матто ибни Юнус (860-920) илми фалсафаро аз бар кардааст.

Аз асри 9 то асри 11 дар маорифи ислом ақидаҳои озод ва кушода барои ҳамаи равияҳои динӣ вуҷуд доштанд. Бисёр масеҳиён дар корҳои илмии маорифи Хилофат саҳмгӯзор буданд ва дар ибтидои асри 11 равияи мадраса бо ақидаи Суннӣ ҳатмӣ қабул шуда илмҳои дунёвӣ ба ҷой дуюм гузошта шуд. (Фрай,1996, саҳ.226 то 229)11 Асрҳои 7 то 11-и милодӣ асрҳои тиллои Калисои Шарқ ҳисоб мешавад, дар ин давраҳо дар тарафи Шарқ ҷамоатҳои масеҳӣ бисёр инкишофу комёб мешуданд.

Агар ҳозир ба ҷойҳои асосии масеҳиёни осиёи миёна – Марв, Бухоро ва ба Самарқанд назар кунем, дар се ҷойи номбурда мушкилиҳои мардуми имондор ва ҳам паҳншавии хабари хушро дида метавонем. Ки ин боиси афсус астб чунки ин ҷойҳо як замон маркази масеҳият дар буданд.

Марв

«Хоҳӣ, ки бори аскар бандӣ зи шаҳри Марв,

З-он ҷо маёр ҳеҷ хабар ҷуз саломи дӯст.» Саноӣ

Шаҳри Марв яке аз аввалин марказҳои асосии Масеҳиён дар Осиёи Миёна ба шумор меравад. Дар соли 334 дар инҷо калисо ва дертар Митрон таъсис ёфт.

«Вале дар Осиёи Миёна мавқеи мустаҳкамтарро дини Масеҳӣ дошт, ки маркази асосии он дар ҳавзаи Марв буд, ки дар он ҷо шумораи зиёди пайравон дошт ва он ҷо теъдод (Н.Ҷ. шумор)-и калисоҳо, ки дар Ғарб машҳур буданд, зиёдтар буд.» (Аъзамов, 2002, саҳ.33)

Аз маълумоти бостоншиносон иморати калисои Марв 51 метр дарозӣ ва 13 метр бар дошт, дар асри 4 ё 5 сохта шуда то асри 11 ё 12 мавриди истофода буд, (Комено, саҳ.28) калонии ин иморат гувоҳи он аст, ки масеҳиён дар Марв мавқеъи намоён доштанд.

Шаҳри Марв дар ҳозира ба давлати Туркманистон мансуб аст, ки дар қадим он ҷо тоҷикон зиндаги мекарданд.

«Катибаҳои мансуби асрҳои VII-VIII шаҳодат медиҳанд, ки дар Марв низ забоин тоҷикии дариро истифода мебурданд. Аз Марв, Балх, умумаи Хуросон ва Тахористон забони Тоҷикии дарӣ дар Мовароуннаҳр интишор ёфта, забонҳои суғдӣ ва бохтариро тадриҷан танг карда баровард.» (Неъматов,1989, саҳ.245)12

Марв ҳамчунин маркази илмии масаҳият буд: «Дар Марв, мувофиқи маълумоти Берунӣ, митрон (митрополит)-и мазҳаби мелкитии (православии) калисои масеҳияти Сурия ва саррӯҳониёни насрониён зиндагӣ мекарданд. Нависандагони насронии асри 9 Исо – муаллифи фарҳанги суриёнӣ ва Ишодод – муаллифи тафсири Аҳди Ҷадид зодагони Марванд. Дар Хоразм олим, табиб ва файласуфи насронӣ Абулхайр ибни Хаммор мезист. Вай аз забони суриёни асарҳои Арасту ва дигар муаллифони антиқаро ба арабӣ тарҷума кардааст.» (Неъматов,1989,саҳ.156)

Марв дар роҳи асосӣ тиҷорат воҷеъ буда Митрони он ҷо боз чанд ҷамоатҳои дигарро назорат мекард.

«Роҳи асосии тиҷорати байни Ғарбу Шарқ аз Марв мегузашт ва дар ин ҷо ба ду самт ҷудо мешуд: якеаш ба Бухоро, Самарқанд ва баъд ба Хитой, дигараш ба Балх ва сипас ба Ҳиндустону Туббат мебурд.» (Неъматов,1989,саҳ.67)

Башорати Исои Масеҳ ҳам бо ин роҳи тиҷоратӣ алоқаманд буд, чунки имондорони Марв ва Самарқанд ба Хитой рафта дар байни Туркҳо (Митронҳои Ҳафтруд ва Қошғар, соли 1180) башорат медоданд ва ба тарафи ҷануб Балху Ҳирот баъд ба Ҳиндустону (Митрон соли 628) Туббат (ҳам Тибет, ҷамоати соли 781 сар шуд). Дар давраи Сосониён, дар Ҳирот (соли 628 таъсис ёфт) Митрон оғоз ёфта калисоҳо бунёд шуданд ва ин маркази рӯҳонӣ се сад соли дигар монд ва аз давраи Сомониён дар бораи Ҳирот чунин маълумот вуҷуд дорад, «Дар шаҳр ба ҷуз масҷидҳои мусулмонӣ боз оташкадаи зардуштиён ва калисои масеҳӣ амал мекарданд.» (Хоҷаев,2002, саҳ.61)

Ва аниқтар, «Дар қуллаи кӯҳ дар шимолтар аз шаҳр оташкадаи зардуштиён, дар байни он ва шаҳр калисои Масеҳӣ воқеъ буд.» (Неъматов,1989,саҳ.69) Одатан Митронҳо дар китобхона, марказҳои тиббӣ ва дар боғзорҳо фаолият мекарданд то, ки онҳо башорати наҷотро дода ба маризону муҳтоҷон муҳаббати Худоро нишон диҳанд.

Бухоро

Бухоро пеш аз асри 8 митрон дошт ва сар шавии ҷамоатҳо дар ин вилоят албатта барвақт буд вале имрӯз номаълум аст, ки кай масеҳиён ба ин шаҳри тоҷикон омадаанд. Бухоро дар шимолтари Марв, ки маркази асосии масеҳиён буд воҷеъ аст. Пеш аз паҳншавии ислом онҳо ба ин шаҳр омада ҷамоатҳои Бухоро ва чанд ҷойҳои дигарро назорат мекарданд.

Дар натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносон дар Бухоро тангаи бо нақши салиб муҳр шуда ёфт шудааст, ки ба охири асри 6 ва саршавии асри 7-и милодӣ таалуқ дорад. Ин намуди тангаҳо дар мавзеъоти гуногуни Бухоро бисёр ёфт шудаанд. (Дикенс,2002,саҳ.5) Яке аз олимони бостоншинос Искандар Наймарк мутаҳаққиқи танга-сиккаҳо гумони худро чунин изҳор кардааст, ки дар шаҳри Вардана (50 км дар шимоли Бухоро) масеҳият дини давлатӣ будааст. (Дикенс,2002,саҳ.5) Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин, ки агар сиккаҳои давлатӣ вуҷуд доранд ин исботи он аст, ки яке аз шоҳигарии хурди шаҳри Вардана, чун ки ин шаҳр пеш аз асри 8 аз Бухоро ҷудо буда худро давлати алоҳидаи масеҳӣ эълон кардааст. (Бартолд,1992,саҳ.113) Муаррихони араб мегӯянд, ки дар он ҷо масҷид набуд ва онҳо дар асри 8 сахт зидди арабҳо буданд, албатта дар давраи ҳукмронии арабҳо дар Бухоро, Вардана қуввати пештарашро гум кардааст.13

Митрони Бухоро ба ҷамоатҳои Вардана назарат мекард, аз сабаби он, ки шаҳри Бухоро марказ ҳисоб меёфт ва тақдири ояндаи митрон норавшан аст фақат гумон меравад, ки арабҳо забт карда ин ҷоро гирифтанд: «Арабҳои соли 709 Бухороро забт намуда, ними ҳавлиҳои сокинони Бухороро зӯран кашида гирифтанд ва ҳатто мардуми зиёди шаҳрро ронда, ба ҷой онҳо кабилаҳои арабро шинонданд.» (Хоҷаев,2001,саҳ.57) Баъди ин дар Бухоро арабҳо шариати исломро ба ҳукми қонун дароварда ба вайронкунандагони шариат ҷазо медоданд.

Муаррихи давраи сомониён Наршахӣ (899-959) дар бораи шаҳри Бухоро навиштааст, ки дар даромадгоҳи шаҳр, дар рӯ ба рӯи роҳи бозор дар тарафи чапи роҳи риндон калисои масеҳӣ вуҷуд дошта дар замони ӯ ин калисоро ба масҷид табдил доданд ва хонаҳои гирду атрофи калисоро, ки масеҳиён дар онҳо зиндагӣ мекарданд гирифта онҳоро пеш карданд. (Бартолд,1992,саҳ.106) Неъматов чунин навиштааст, ки «Ислом ба муқобили таълимоти динҳои бегонаи ғайримуслмонӣ ва аз берун омада, аз ҷумла ба муқобили масеҳият ва фарқаҳои он мубориза мебурд.» (Неъматов,1989,саҳ.157) Дар ин давра муқобилияти ислом бар зидди масеҳият сахт мешавад, ҷамоатҳои Бухоро ба монанди ҷамоатҳои Тароз (Ҷамбул назди Ҳафтруд дар ҳозира), ки Сомониён соли 903 пойтахти Туркҳоро забт карда гирифта дар ҷой асосии калисо маҷбуран масҷид карда буданд, рӯ ба рӯ шуданд. Баъди ин воқеаҳо масеҳиён фақат дар ҷой майдатари берун аз шаҳр зиндагӣ мекарданд.

Самарқанд

Яке аз ҷойҳои асосии масеҳиён шаҳри Самарқанд ба ҳисоб мерафт ва дар асри 4 дар онҷо ҷамоатҳо сар шуда то асри 6 хеле бисёр шуданд. Бобоҷон Ғафуров дар ин бора ин чунин мегуяд: «Мувофиқи баъзе ривоятҳо насрония хеле паҳн шуда будааст. Дар ибтидои асри VI дар Самарқанд епископи (роҳбари) насронии равияи несторӣ менишаст, дар асри VIII бошад, ҷой ӯро митрополит гирифт.» (Ғафуров,1998, саҳ.)14 Дар гирду атрофи шаҳр ҳам бисёр ҷойҳои масеҳӣнишин мавҷуд буд ва шаҳри Самарқанд сарчашмаи башорат ба тарафи туркҳо, муғулҳо ва хитоиҳо буд.

Дар Афросиёб (шаҳри бостонии Самарқанд) чанд чизҳои масеҳӣ аз ҷумла, кузаҳои сафолини салибдор, тангаҳои суғдӣ, ки салиб доранд, ва ҷавоҳиротҳои салибӣро ёфтанд.

Марко Поло (дар асри 13), гумон мекунад, ки 10% алоҳии Самарқанд масеҳӣ буд ва ин тақрибан 11,000 нафар буд. (Ингланд,2002,саҳ.45,46) То асри 14 митрони масеҳӣ дар он ҷой вуҷуд дошт ва дар соли 1326 як хони муғул иҷозат дод, то ки онҳо як калисои нав бо номи Яҳёи Таъмиддиҳанда бунёд кунанд вале ин кор ба анҷом нарасид.15 Тахмин дар охири соли 1374, дастури мавъиза кардан ба ҷамоатҳо ва роҳбарони онҳо дода мешавад, ки исботи заволи Калисои Шарқ дар Самарқанд мебошад ва баъди ин давраи ҳукмронии Термуланг саршуд ва албатта Калисои Шарқ азоб кашид.

Ноҳияҳои атрофи Самарқанд

Дар якчанд қишлоқҳои назди Самарқанд ба монанди Дилварзин, Ургут, Суфиҷон, Вазгирд ва Балхаш масеҳиён зиндаги карда ҷамоъатҳои онҳо вуҷуд доштанд. «Дар асри Х, як деҳи насрониён дар байни Дилварзин ва дарёи Сир вуҷуд дошт. Дар ноҳияи Шавдари ҷануби Самарқанд деҳаи насрониён бо номи Вазгирд (номи арабӣ Вазкард) ҷой гирифта буд, ки калисою дайрҳо дошт�. Деҳа дар наздикии Ургути ҳозира воқеъ буд.» (Неъматов,1989,саҳ.156) Дар онҷо истораҳатгоҳи масеҳиён(монастир) вуҷуд дошт ва аз тарафи ғарб одамон барои истораҳату дамгирӣ меомаданд.

Аз маълумоти бостоншиносон дар шаҳри Ургут калисои сохтмонаш росткунҷа ёфт шудааст. Ургут дар 40 км аз ҷанубу шарқи Самарқанд воқеаъ мебошад ва дар наздикии Ургут дар Суфиҷон салиби масеҳӣ ёфта шудааст. Дар ин макон қабристони масеҳӣ вуҷуд дорад. «Дар ҷануби кӯли Балхаш дар якчанд қабрсангҳои таърихӣ навиштаҷоти масеҳиён аз асрҳои IX то XIV маълум ҳастанд, ки ин гуна гӯркунии Масеҳиён тасдиқи тараққиёти ҷамоатҳои масеҳӣ аст.» (Аъзамов,2002,саҳ.69) Инчунин қабристонҳои масеҳӣ дар Пишпенӣ ва Томпанӣ ёфт шуданд. (Аъзамов,2002,саҳ.54)

1 Ҳам ин нишон медиҳад ки бисёр ҷой масеҳӣ буданд вале ҳисоби синодҳои Калисои Шарқ набуданд.

2 дудилагӣ

3 Масеҳиён дар Қуърон чун «аҳли китоб» номбар мешаванд. Ин ба он хоттир,ки онҳо Каломи Худоро, яъне Инҷилро итоат карда ва Худотарс ҳастанд.

4 Матни дигари Қуръон сураи Марям 19:33 нишон медиҳад: – «Салом бар ман, рӯзе, ки зода шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки дигар бор зинда барангехта мешавам!» ва инчунин Сураи Оли Имрон 3:55 – «Он гоҳ Худо гуфт: «Эй Исо, Ман туро мемиронам ва ба сӯи худ бармеоварам..»

5 Catholic Encyclopedia Syrian language and literature, www.wikipedia.com

6 www.srr.axbridge.org.uk ҳамчунин мунаҷҷимони машҳур чун Ал-Хоразмӣ (Ал-Маҷусӣ) аз дини Зардуштӣ онҷо дарс медоданд. Неъматов, 1989, саҳ.185-186.

7 www.nestorian.org

8 http://en.wikipedia.org/wiki/Bukhtishu

9 Ва ҳамчунин Абӯсаҳли Масеҳӣ, дӯсти Берунӣ, ки таърихшиносии маҳшури асри 10 мебошад. Онҳо дар «академияи Маъмун» дар Гурганҷ ба ҳайси олимон фаъол буданд. Абӯалӣ ибни Сино низ дар ин макон чанд сол дониш омухта буд..

10 http://en.wikipedia.org/wiki/Al-Farabi

11 Фрай Салҷукиёнро дар назар дорад, вале дар Бухоро, дар асри 9, мувофиқи Неъматов, 1998, саҳ. 156 «донишҳои илмӣ ва динӣ» сар мешуд.

12 Дар Арки Марв инчунин матнҳои арабӣ, форсӣ ва суғдӣ ёфта шуданд.Ғафуров,1998, саҳ. 373.

13 http://www.transoxiana.org/Eran/Articles/adylov_mirzaakhmedov.html

14 Баъзе муаррихони масеҳӣ гумон мекунанд, ки дар асри 7 Митрон мавҷуд буд.

15 www.nestorian.org



<< Таърих