Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Бо ин бор ба куҷо равам?

Download

Бо ин бор ба куҷо равам?

Аз Ёҳанес Ҳансен ва Ҳейнз Гибелер

Бо ин бор ба куҷо равам? 

Доғи сиёҳ ва ранги сафед, ки дар саҳифаи оянда дида мешавад, ду ранги тамомам гуногун гуноҳ аст.  Вале гуноҳ чист?  Баъзеҳо фикр мекунанд, ки гуноҳ он аст, ки агар касе шахсеро ба қатл расонад, ва ё даст ба ғорат бизанад, ва ё пора бидиҳад, ва хатои калон бикунад, ин гуноҳ аст.  Ва баръакс, агар ҳамаи инро накарда бошад, пас ӯ гуноҳкор нест.  Каломи Худованд мегӯяд: “Ҳама гуноҳ кардаанд ва аз бузургии Худо маҳрум шудаанд.” Пас гуноҳ чист?  Бар зидди Худо бархостан ё ба Ӯ имон надоштан гуноҳ мебошад. 

Барои ҳамин дар зиндагии ҳамаи мо ин доғи сиёҳ вуҷуд дорад ва дар ҳақиқат ҳеҷ кас бегуноҳ нест.  Бисёр муҳим аст, то мо бидонем, ки чӣ тавр бар зидди гуноҳ мубориза барем ва ё чӣ коре бояд бикунем, ки зиндагии мо аз ин гуноҳ тоза шавад.  Бисёрии одамон кӯшиш мекунанд, ки онро бо ягон роҳ пинҳон кунанд. 

Барои аз гуноҳ тоза шудан чӣ бояд кард?  Дар расмҳои овардашуда мебинем, ки одам бо чӣ гуна роҳҳо гуноҳҳояшро пинҳон мекунад.  Дар яке аз расмҳо мумкин аст худро бинем. 

Яке аз роҳҳое, ки мо барои пинҳон кардани гуноҳҳои худ ба кор мебарем, мумкин монанди амали ин марде (дар сурат, “pdf) мебошад, ки гуноҳи худро бо ранги сафед ранг мекунад, то ки вуҷудияти он дида нашавад ва ба ин тариқ пинҳон бимонанд, чун бисёрии мо дӯст медорем, ки гуноҳҳоямон ҳамеша пинҳон монанд, то ки намуди зоҳирии шахси хуб ва пок дошта бошем ва ба назари одамон беайб бинамоем.  Вале гуноҳ то абад пинҳон монда наметавонад, балки дар охир худаш ошкор мешавад.  Дар Каломи Худо барои ҳар як гуноҳ номе дода шудааст, монанди инҳо:

“Аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, нафрат, ғурур, кибр, ғорат, шаҳодати бардурӯғ ва дигар пайдо мешавад: Ин хизҳо одамро гуноҳдор мекунанд.”  Бинобар ин пинҳон кардани гуноҳи худ роҳи нодуруст аст, чунки гуноҳ  доимо дар таги ранг нахоҳад монд, балки як рӯз ошкор хоҳад шуд.

Мо чӣ тавр гуноҳҳои худро ранги сафед кунем?  Баъзеҳо барои он ки гуноҳи худро ранги сафед кунанд ва онро пинҳон кунанд, мегӯянд: “Ман аз хурдсолӣ ин одамро ёд гирифтаам ва наметавонам онро тарк кунам.”   Ва ё “Чун падару модарам инро ба ман ёд додаанд, ман наметавонам инро тарк кунам.”

Ва ё “Ман дар шароити дигар калон шудаам ва барои гуҳоҳҳои худам баҳона оварда метавонам.”  Аммо ҳамаи ин баҳонаҳо барои сафед кардани айбҳо ва гуноҳҳоямон аст, ки мо мехоҳем бо ин роҳ онҳоро пинҳон кунем. 

Мо на фақат кӯшиш мекунем ки гуноҳҳои худро ранг кунем, то ки зебо намоем, инчунин онҳоро дар пушти деворе маҳфӣ нигоҳ медорем.  Заҳмат мекашем ва кӯшиш мекунем, ки тамоми вақти худро барои пинҳон кардани гуноҳҳоямон сарф кунем, то ин ки онҳо дида нашаванд. 

Ман ва шумо барои он ки гуноҳҳоямон назди дигарон ошкор нашаванд, чӣ харҷҳое намекунем, чӣ заҳматҳое намекашем ва чӣ қадар вақти худро беҳуда намегузаронем.  Ҳамаи ин кӯшишҳо танҳо ба хотири рӯйпӯш намудани гунноҳҳо ва худро чун шахси поку беайб нишон додан аст.  Бо пинҳон кардани гуноҳҳоямон чунон хурсанд мешавем, ки гӯё ҳеҷ гуноҳе дар зиндагии худ надошта бошем. 

Дар ҳоле ки бо ин кор фақат худро фиреб медҳем ва бо дурӯғ худро хурсанд месозем.  Гуноҳҳое ки пинҳон шудаанд ва мо кӯшиш мекунем онҳоро фаромӯш кунем, гуноҳҳое мебошанд, ки Худованд ҳаргиз намебахшад, чунки ин хел гуноҳҳо рӯзе ошкор хоҳанд шуд.  Пинҳон кардани гуноҳ ҳеҷ вақт ба мо кӯмак намекунад,  балки фақат барои моро вазнинтар месозад. 

Ман ва шумо бар зидди гуноҳ чӣ кор карда метавонем?  Оё ман монанди ин одами дар ин расм нишон додашуда гуноҳҳои худамро ороиш медиҳам?  Бале, бисёриҳо ҳастанд, ки доғи ботинии худро ороиш медиҳанд, то ки зоҳиран хуб намоянд.  Онро зебу зинат медиҳанд ва ё порсо мекунанд, то ки гуноҳҳояшонро зебо ва хушрӯй нишон диҳанд. 

Ин хел ашхос мегӯянд: “Агар одамизод гуноҳро таҷриба накунад, лаззати бадӣ ва хубиро нахоҳад фаҳмид.  Аз ин рӯ ҳатман мо бояд мазаи гуноҳро бичашем.”  Ва ё мегӯянд: “Мард он аст, ки ҳама корро карда бошад.”  Занҳо мегӯяд: “Мо натавон ҳастем ва зуд фиреб мехӯрем, ва ин айби мо нест, ки табиат моро чунин офаридааст.” Ва ё дигарон мегӯянд: “Ман аз ноилоҷӣ даст ва дуздӣ задам ё барио иштирок бар ягон кори дигар пора додам.”  Бо ин гуфтаҳо кӯшиш мекунем, ки доғи сиёҳи ботинии худро тасалло диҳем. 

Дар ин сурат мардеро мебинем, ки дар болои доғи сиёҳи худ истодааст ва мардум барои ӯ хурсандӣ ва шодӣ мекунанд ва ӯро эҳтиром ва иззат мекунанд.  Ӯ шояд як сиёсатмадоре бошад, ки ба ин мақом расидааст ва ӯ хуб медонад, ки вай ба чӣ гуноҳҳое даст назадааст.  Бо мақсади ба дарҷаиҳои баландтарин расидан ӯ бар зидди рафиқонаш чӣ тӯҳматҳое накардааст.  Ё ин ки барои мансабталабӣ шуда аз аҳволи хонаводааш тамоман бетаваҷҷӯҳ мондааст ва дар хонадонаш аз осоиш хабаре нест.  Вақт барои оилааш надошт ва ҳамеша дар фикри расидан ба мақоми баландтар буд, зеро мехост, ки мардум ӯро бештар эҳтиром кунанд, ва ӯро чун шахси бузург шиносанд.  Аммо ӯ наметавонад дар ин мақом доим бошад, зеро пояи мустаҳкам надорад.  Як рӯз он вайрон хоҳад шуд ва ӯ бояд ҷавоби ҳамаи гуноҳҳои пинҳонкардаашро бидиҳад. 

Шахсоне ки кӯшиш мекунанд гуноҳҳои худро пинҳон кунанд аз дунболи дӯстоне мегарданд, ки ба худашон монанд бошанд, то якдигарро барои гуноҳ содир кардан ташвиқот кунанд ва якдигар сарзаниш накунанд.  Пас бо бузург шумурдани якдигар кӯшиш мекунанд барои худ дӯстони фаровон ёбанд. 

Бо иттиҳод бо якдигар аз гуноҳҳои содиркарданашон лаззат баранд ва хандида бигӯянд: “Офарин ба ту! Кори бузург кардӣ, бидуни ин ки касе бидонад, ки онро анҷом додӣ!” Ва ё дигаре мегӯянд: “Ваҳ, ваҳ, ту дости шайтонро аз пушт бастӣ!” Сеюмин мегӯяд: “То ҳол ҳеҷ шахс натавонистааст чунин кореро ки ту кардӣ, анҷом бидиҳад.” 

Бо ҳамин роҳ мехоҳанд ба гирди худ одамонро ҷамъ кунанд, то худро танҳо ҳис накунанд ва барои он ки худашонро танҳо набинанд, даст ба маводи нашъаовар мезананд ва шароб менӯшанд, ки ҳамеша фикрашонро банд намоянд.  Ва ё овози мусиқиро баланд мекунанд то ба ин васила сари худро гарм карда, доғи сиёҳи зиндагии худашонро фаромӯш созанд. 

Онҳо ҳамеша аз дунболи шарики ҷурм мегардонанд, аз он хотир ки дар содир кардани гуноҳ танҳо набошанд, ғофил аз он ки ҳеҷ кас наметавонад барои гуноҳи худ шарики ҷурм дошта бошад, чунки ҳар кас масъули гуноҳи худаш аст. 

Ҳақиқатан ҳам гуноҳ наметавонад иттиҳодро ва вуҷуд орад, баръакс, ҳамеша ҷудоиро ба бор меоварад.  Мисол: Ҷудоӣ аз Худованд, ҷудоӣ аз ҳамкорон, ҷудоӣ аз ҳамсинфон, ва ҷудоӣ аз дӯстон.  Гуноҳ ҳаргиз намегузорад, ки дар байни одамон иттиҳоди ҳақиқӣ бошад.  Гуноҳ нақиқатан моро аз се чиз ҷудо мекунад. 

1.      Аз Худо

2.      Аз якдигар

3.      Аз худамон

Ғайр аз ин боиси ғарибӣ ва бемориамон мегардад ва ба он оварда мерасонад, ки дар ботинамон ҳисси нафрат ба худ пайдо мешавад.  Гуноҳ дар зиндагии мо боиси он мешавад, ки мо натавонем бо ҳамдигар робита дошта бошем.  Гуноҳ боиси суст гаштани дӯстии мо мегардад ва муҳаббати моро суст ва нопурра месозад.  Дар натиҷаи пинҳон кардани гуноҳ рӯҳу ҷони мо дар азоб хоҳад монд. 

Дар ин сурат мебинем, ки баъзеҳо гуноҳро ҷиддӣ намешуморанд ва онро шӯҳӣ меҳисобанд, ва мегӯянд:  “Гуноҳ лаззат дорад, ту ки имтиҳон накардӣ, намедонӣ!”  Ба ягона шакл онро ба даст мегиранд ва бозичаи худ қарор медиҳанд ва худро дар гуноҳ ғарқ мекунанд, ки ин амал бисёрҳоро ба тааҷҷуб меоварад ва ин гуна шахсони дар тааҷҷуб монда мегӯянд: “Фалон одам бо ҳама гуноҳҳояш ҳамеша сари қудрат ва нисбат ба мо комёб аст, албатта ягон чиз медонад, ки мо намедонем.”

Ӯ мегӯяд: “Ман ҳар чӣ дилам бихоҳад, анҷом медиҳам.  Фарқаш нест, ки дигарон чӣ фикр мекунанд ва ё чӣ мегӯянд.”

Дар ҳоле ки бояд бидонем, ки Худованд ба зиндагии ҳар яки мо нигоҳ мекунад ва барои Ӯ муҳим аст, ки мо чӣ гуна фикр ва чӣ гуна рафтор мекунем, барои он ки, Ӯ намехоҳад ҳеҷ кадоме аз мо ба сабаби гуноҳҳоямон ҳалок шавад.  Баръакс Ӯ мехоҳад ҳамаи мо Ӯро шиносем ва ба Ӯ имон биоварем ва аз Ӯ ёрӣ ва роҳнамоӣ бихоҳем, то гуноҳ накунем.  Ӯ дар бораи мо ҳукм мекунад. 

Дар ин сурат ҳақиқатан гуноҳро мебинем.  Одамоне ки кӯшиши сафед кардан, дар паси девор пинҳон намудан ва ороиш додани гуноҳро мекунанд, ба хотири он ки ноаён бошад, бояд дар интизори рӯзи ошкор шудани гуноҳҳояшон бошанд. 

Чунки гуноҳ ҳаргиз пинҳон нахоҳад монд, ва ҳар қадар мо вақт ва пули худро сарфи пинҳон кардани он кунем, рӯзе хоҳад расид, ки гуноҳ худашро ошкор хоҳад сохт.  Он вақт бисёр дер хоҳад буд ва гуноҳ ҳамчун бори вазнин дар пушти мо бор хоҳад шуд.  Он вақт дар таги он хам хоҳад шуд ва ғуломи он хоҳем гардид.  Аз ин рӯ ҳар чӣ тезтар мо бояд дар фикри чора ва дармони он бошем, вагарна он моро ҳалок хоҳад сохт. 

Дар ин сурат шахсеро мебинем, ки гуноҳҳояшро шӯхӣ ва бозӣ пиндоштааст ва андозаи гуноҳаш то дараҷае зиёд шудааст, ки ҳоло вай танҳо бо мушкилӣ метавонад ҳаракат кунад.  Аз ин сабаб назди дӯстонаш меравад ва аз онҳо илтимос мекунад, ки ба ӯ ёрӣ расонанд, то гуноҳро якҷоя бардоранд. 

Аммо дӯстонаш ба вай мегӯянд: “Мо наметавонем бори гуноҳи туро бардорем, мо танҳо метавонем азобҳои гуноҳҳоямро ҳис кунем ва ё агар нисбати мо ягон гуноҳ карда бошӣ, онро метавонем бахшем, вале ҳаргиз қудрати бардоштани гуноҳҳоямро надорем.”

Вақте ки гуноҳ аз ҳад зиёд шуд, мо наметавонем онро бардорем, аз ин хотир мо худамонро аз гуноҳ дур мегирем.  Барои он ки худро пок нишон диҳем, принсипи замонҳои хеле қадимро ба кор мебарем.  Монанди бобо Одам, ки хӯрдани меваи дархти маърифати неку бад барояш манъ шуда буд, лекин бо вуҷуди он ҳам ӯ хӯрд ва баъд аз он ӯ ба Худованд гуфт: “‘Ман айб надорам, ин зане ки ба ман додаӣ (яъне Ҳавво), аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам, ӯ айбдор аст.’  Пас Худованд ба зан гуфт: ‘Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?’ Ҳавво гуфт: ‘Шайтон маро фиреб дод, ва ман хӯрдам.’”

Мо ҳам дар ин замон чунин корро мекунем.  Вақте ки бори гуноҳҳои мо то ба ҷавобгарӣ мерасад, мегӯем: “Ман айбдор нестам, ин айби фалон одам аст, ки маро ба ин чоҳи гуноҳ кашид, ман ба сабаби фалон одам ин корро кардаам.”  Дигаре мегӯяд: “Ин корро аввал ту оғоз кардӣ, магар ту ба ман ин корро нишон надодӣ?”  Ва ҳар яки мо мехоҳем, ки гуноҳ ва доғи сиёҳи худро ба сари дигарон бор кунем.

Принчипи дигареро, ки ман ва шумо ба кор мебарем, то гуноҳҳои вазнини мо пинҳон бимонанд ва одамон онро набинанд, ин аст ки бо ангушт ба гуноҳи каси дигаре ишора мекунем ва бо садои баланд мегӯем: “Бинед, ӯ чӣ корҳо мекунад.”  Ва ба ин васила мехоҳем фикри мардумро ба ҷониби дигаре равон созем, то бузургии гуноҳҳои моро набинанд. 

Бояд фаромӯш накунем, ки ҳангоми бо як ангушт ба гуноҳи каси дигар ишора кардан се ангушти дигари дастамон ба тарафи худамон ишора мекунанд.  Каломи Худованд дар ин бора чунин мегӯяд: “Чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?  Эй риёкор!  Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ хаси чашми бародарро дуруст хоҳӣ дид, то онро аз чашми вай дур кунӣ.” 

Дар ин сурат доғ ва бори гуноҳ бо мехе бар чӯбе овезон шуда, вале одами гуноҳкор дар он ҷо дида намешавад.  Чаро?  Чӣ тавр шуд, ки одам бо ҳама гуноҳҳои бузургаш тавонист аз таги бори гуноҳҳояш раҳоӣ ёбад?  Оё чунин кор мумкин аст? 

Бале, аммо на ба зӯрӯ ва қудрати одамӣ, тавре ки бисёрии моён то ба имрӯз мекӯшидем ва ҳоло ҳам кӯшиш карда истодаем.  Барои шахсе ки худ ғарқи гуноҳ аст, наҷот додани худаш ё шахси дигар ғайриимкон аст.  Каломи Худо мегӯяд:  “Азбаски ҳама гуноҳ кардаанд аз бузургии Худо меҳрум шудаанд.” 

Роҳи ягонаи покшавӣ аз гуноҳ пушаймонӣ, нафрат аз гуноҳ, иқрор гуноҳҳои худ ва имон овардан ба Исои Масеҳ аст.  Чунки танҳо Ӯ бегуноҳ буд ва ба сабаби гуноҳҳои мо рӯи салиб ҳалок гардид.   Ӯ қурбони гуноҳи мо ва шумо гардид, чунки Каломи Худо мегӯяд: “Музди гуноҳ марг аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист, ки тавассути Худованди мо Исои Масеҳ бахшида мешавад.”

Пас танҳо ба василаи салиби Исои Масеҳ метавонем аз ҷанги гуноҳ, ки натиҷаи он марги абадист, наҷот ёбем.  Исои Масеҳ на танҳо дар салиб барои гуноҳҳои мо ва шумо қурбонӣ шуд, балки Ӯ аз байни мурдагон  эҳё гардид ва ғалабаи Худро бар марг ба ҳамаи одамони дунё собит кард.  Аз ин пас танҳо Вай қодир аст, ки гуноҳҳоямонро бахшад ва ҳаёти ҷовидонӣ ато кунад. 

Агар касе ҳақиқати бахшиш ва раҳоӣ аз гуноҳро ҳис карда натавонад, вале мехоҳад, ки аз гуноҳ раҳоӣ ёбад, он шахс метавонад назди як имондоре биравад, ки ӯ аллакай аз гуноҳ раҳоӣ ёфта бошад.  Бо иқрори гуноҳҳои худ ва имон ба Исои Масеҳ, ки танҳо Ӯ шахси пок, қуддус ва қодир аст,  ки гуноҳро биомурзад.  Он шахс метавонад аз бори вазнини гуноҳ, ки солҳои сол аз он ранҷ мебурд, раҳоӣ ёбад. 

Каломи Худо мегӯяд: “Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор шавед ва барои якдигар дуо кунед, то шифо ёбед: зеро дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад.”

Бисёриҳо аз ин бобат тарс доранд.  Иқрор шудан дар ҳузури шахси дигар ҳукм нест, балки ҳузури шахси дигар эҳтиёҷи мо аст, зеро он шахс дар вақти мушкилӣ ҳамроҳи мост.  Ва низ иқрори гуноҳ дар ҳузури як шахси дигар омурзиш нест, балки барио бисёриҳо ёрӣ аст. 

Зинҳор худро монанди шахси дар ин сурат буда фиреб надиҳед.  Ӯ мехоҳад аз бори гуноҳҳояш озод шавад, вале ҳангоме ки дар назди Худованд меистад ва ба гуноҳҳои худ иқрор мешавад, вай оиди як ё ду гуноҳе ки шояд вай такроран содир менамояд, андеша меронад.  Ва агар ин иқроршавӣ бар зарари вай бошад, кӯшиш мекунад гуноҳҳои худро пинҳон намояд.  Ба мисли ин шахс, ки ба хотири пинҳон кардани гуноҳҳои худ боз гуноҳ содир мекунад, мо ҳам низ ба ин роҳ гуноҳҳои худро пинҳон мекунем.  Ин хел иқроршавӣ танҳо фиреб аст, зеро ки Худованд аз ҳама чиз бохабар аст ва медонад, ки мо ботинан чӣ фикр дорем. 

Пас агар чунин бошд, мо ҳаргиз наметавонем аз таги бори гуноҳ озод шавем.  Ин хел иқроршаӣ дар гуноҳ монанди ин аст, ки мо касеро ба хонаи худ таклиф кунем ва ба ӯ иҷозат диҳем, ки тамоми хонаи моро ҷустуҷӯ кунад ва хонаро пок созад, вале ба ӯ иҷозати дохил шудан ба яке аз ҳуҷраҳои хурди хона надиҳем.  Агар мо Исои Масеҳро давъат карданӣ бошем, мо бояд ба Ӯ пурра иҷозат диҳем, то Ӯ ба ҳамаи шохаҳои ҳаёти мо ворид шавад.  Пас бояд ҳушёр бошем, то ки худро фиреб надиҳем ва ба гуноҳ иҷозат надиҳем, ки моро ҳалок созад. 

Дар ин сурат натиҷаи иқроршавӣ ва нафратро аз гуноҳ ва зебоии озод шудан аз бори гуноҳро ба воситаи хуни Исои Масеҳ мебинем.  Дар Аҳди Қадим дар Китоби Муқаддас (Микои набӣ 7:18-19) омадаааст:  “Кист Худое мисли Ту, ки гуноҳро омурзад, ва аз ҷинояти бақияи мероси Худ гузароӣ кунад?  Ӯ ғазаби Худро то абад нигоҳ намедорад, зеро ки марҳаматро дӯст медорад.  Ӯ боз ба мо раҳм хоҳад кард, маъсиятҳои моро поймол хоҳад намуд.   Ва Ту ҳамаи гуноҳҳои моро дар қаъри баҳр хоҳӣ андохт.”

Дӯсти азиз!

Ин Наҷотдиҳанда имрӯз бар дари дили ту омада, иҷозати даромадан мепурсад.  Ӯ ҷон дод, то туро аз гуноҳ наҷот диҳад ва зист мекунад, то ба ту ҳаёт бахшад.  Ӯ тамоми ғамҳо ва захматҳо ва эҳтиёҷоти туро медонад ва мехоҳад туро баракат диҳад ва шод созад. 

Дӯсти азиз, акнун ки баъди хондани ин китоб бо Исои Масеҳ ошно шудӣ, ақидаи ту дар бораи Ӯ чист?   Ту наметавонӣ нисбат ба Ӯ беаҳмият бошӣ, зеро ки танҳо Ӯ Наҷотдиҳандаи башар аз лаънати Худо мебошад. 

Агар аз самими дил мехоҳӣ, ки Исои Масеҳро чун Наҷотдиҳандаи худ аз гуноҳ бипазирӣ, хоҳиш мекунем, ки дуои зеринро бо имони комил бихонӣ: 

“Эй, Исои Масеҳи Худованд, аз хондани ин китоб ба чунин хулоса омадам, ва низ имон дорам, ки Ту танҳо Наҷотдиҳанда ва Худованди башар ҳастӣ. 

Медонам, ки ман гуноҳкори маҳкумшуда мебошам, ва ба наҷот эҳтиёҷ дорам.  Имон дорам, ки Ту барои раҳоии ман аз гуноҳ ҷон додӣ ва эҳё шудӣ, то ба ман ҳаёти ҷовидонӣ бубахшӣ. 

Исои Масеҳи Худованд, акнун дили худро барои Ту воз мекунам, ва Туро ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ қабул мекунам.  Аз гуноҳ рӯй бармегардонам ва худро ба Ту, ки Худованд ва Молики ман ҳастӣ, месупорам.  Аз самими дилам Туро барои бахшиши гуноҳҳоям ва атои ҳаёти ҷовидонӣ, ки барои ман ато кардӣ, сипосгузорӣ мекунам.  Омин.”

Агар ҳақиқатан ҳам ту Исои Масеҳро Наҷотдиҳандаи худ ҳисоб карда бошӣ, пас табқи Каломи Худо ту наҷот ёфта ва ҳаёти ҷовидонӣ ба даст овардаӣ ва низ узви хонаводаи рӯҳониёни Худо гаштаӣ.  Чунон ки дар Инҷили Муқаддас навиштае ҳаст: 

“Ба онҳое ки Ӯро (Исои Масеҳро қабул кардаанд ва ба исми Ӯ имон овардаанд ва ба исми Ӯ имон овардаанд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд.”



<< Башорат