Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Ваъдаҳои Худованд

Download

Ваъдаҳои Худованд барои мӯҳтоҷҳои гуногун

·         Худованд дар ваъдаҳои худ устувор меистад

Худо одамизод нест, ки дурӯғ бигӯяд, ва писари одамизод нест, ки аз ваъдаҳои худ пушаймон шавад (Ададҳо 23,19); Ибриён 10,23; Ишаъё 46,11; Забур 88, 35-37; Ишаъё 30,18

·         Худованд ба дуои мо гӯш меандозад

Зеро чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст, ва гӯшҳои Ӯ - сӯи дуои онҳо (1.Петрус 3,12); Забур 33, 18; 1. Юҳанно 5,14; 2. Вақоеънома 16,9; Забур 4,4;  Забур 101,18

·         Худованд ба дуои мо ҷавоб медиҳад

Ва воқеъ хоҳад шуд, ки пеш аз он ки онҳо бихонанд, Ман ҷавоб хоҳам дод, ва пеш аз он ки онҳо сухане гӯянд, Ман хоҳам шунид (Ишаъё 65,24); Ирмиё 33,3; Марқус 11,24; Юҳанно 16,24; Юҳанно 15,7; Ишаъё 58,9; Эфсӯсиён 3,20; Матто 7,7

·         Ваъдаҳо дар бораи наҷот

Зеро Худованд Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад (Юҳанно 3,17); Румиён 10,9-10 ва 10,13; Эфсӯсиён 2,8-9; 1. Тимотиюс 2,3-4; Ибриён 6,18

·         Ваъдаҳо дар бораи ҳаёти нав

Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст (2. Қӯринтиён 5,17); Юҳанно 10,10; 1. Петрус 2,24; Ғалотиён 2,20; Румиён 6,4; 1. Юҳанно 3,9; 2. Қӯринтиён 3,18; Хисқиёл 36,26

·         Ваъдаҳо дар барои озодӣ

Ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард ... Пас, агар Писар шуморо озод кард, ҳақиқатан озод хоҳед буд. (Юҳанно 8,32 ва 36); Румиён 6,14 ва 22; Румиён 8, 1-2; 2. Қӯринтиён 3,17; Аъмол 13,38

·         Ваъдаҳо дар бораи бахшиш

Агар мо гуноҳҳои худро эътироф мекунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофиро пок намояд (1. Юҳанно 1,9); Забур 31,1-2; Ишаъё 43,25; Забур 102,12; 1. Юҳанно 2,12; Эфсӯсиён 1,7; Румиён 8,33

·         Ваъдаҳо дар бораи сафедшавӣ

Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати

Худо шавем (2. Қӯринтиён 5,21); Румиён 8,10; 1. Қӯринтиён 1,30; Румиён 3,21-22; Румиён 4,4-5 ва 5,17

·         Ваъдаҳо дар бораи Рӯҳи Муқаддас

Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод (Луқо 11,13); Ишаъё 44,3; Юҳанно 14,16-17 ва 16,7;

Аъмол 2,38-39; Ғалотиён 3,14 ва 4,6; 1. Юҳанно 4,13; Матто 3,11; Ҳисқиёл 36,27; Эфсӯсиён 1,13

·         Ваъдаҳо дар барои имон ба Худо

Дар ҳаққи худатон ... хоксорона, ба андозаи имоне, ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст,

фикр ронед (Румиён 12,3); Эфсӯсиён 2,8; Ибриён 11,6; Яъқуб 1,3; 1. Петрус 1,7;

Румиён 1,17; 1. Юҳанно 5,4; Марқус 9,23; Эфсӯсиён 6,16; Юҳанно 20,29; Матто 21,21-22; Юҳанно 16,24

·         Ваъдаҳо дар бораи Калом

Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст, то ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад. (2. Тимотиюс 3,16-17); 1. Петрус 1,25; Ишаъё 40,8; Матто 4,4; Такрори Шариат 29,29; Еҳушаъ 1,8; Ишаъё 55,11; Ибриён 4,12

·         Ваъдаҳо дар бораи илтиҷо аз Шайтон (нигоҳ доштан аз он шарир)

Лекин Худованд амин аст, ки шуморо устувор гардонад ва аз он шарир нигоҳ дорад

(2. Таслуниқиён 3,3); 2. Тимотиюс 4,18; Қӯлассиён 2,15; 1. Юҳанно 5,18; Румиён 8,38-39; Забур 90,10-14; Ибриён 2,14-15

·         Ваъдаҳо дар бораи ҳузури Ӯ

Ва инак, ман ҳар рӯза то охирзамон бо шумо ҳастам. (Матто 28,20); Ишаъё 43,5; Яъқуб 4,8; Юҳанно 14,15-16; Матто 18,20; Забур 22,4;  Ибриён 13,5

·         Ваъдаҳо дар бораи калоншавӣ дар рӯҳ

Ва яқин дорам, ки Ӯ, ки дар шумо ба кори ҳайр шурӯъ намудааст, онро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд (Филиппиён 1,6); Юҳанно 17,18-19; 2. Петрус 1,3-4;

2 Қӯринтиён 3,18; 1. Қӯринтиён 1,8; Эфсӯсиён 3,17-19; Филиппиён 1,9-10

·         Ваъдаҳо дар бораи атои рӯҳонӣ

Зеро ки бахшоишҳо ва даъвати Худо тағирнопазир аст (Румиён 11,29); Румиён 12,5-8

·         Ваъдаҳо дар бораи ростӣ

Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод (Юҳанно 15,26); Юҳанно 8,31-32; Юҳанно 16,3; Эфсӯсиён 5,9

·         Ваъдаҳо дар бораи муҳаббати Худо

Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд (Румиён 5,8); Ирмиё 31,3; Ишаъё 54,10;

1. Юҳанно 4,9-10; Юҳанно 15,9; 1. Юҳанно 3,1

·         Ваъдаҳо дар бораи шодӣ

Инро ба шумо гуфтаам, то ки шодии Ман дар шумо бимонад ва шодии шумо комил бошад. (Юҳанно 15,11); Забур 15,11; Румиён 5,1; Филиппиён 4,7; Румиён 5,22

·         Ваъдаҳо дар бораи умеди масеҳиён

Зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем (Румиён 15,4);

Қӯлассиён 1,27; 1. Петрус 1,3; Ибриён 6,18-19; Румиён 5,2 ва 15,13

·         Ваъдаҳо дар бораи ҳаёти абадӣ

Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. (Юҳанно 3,16); 1. Юҳанно 2,25; Румиён 6,23; Юҳанно 10,27-28 ва 5,24; 1. Юҳанно 5,11-13

·         Ваъдаҳо дар бораи бозгашти Масеҳ

Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисёр аст; ва агар чунин намебуд, магар ба шумо мегуфтам: ”Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам”? Ва ҳангоми ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам то дар он ҷое ки Ман

ҳастам, шумо низ бошед (Юҳанно 14,2-3); Юҳанно 14,28; Аъмол 1,11; 1. Таслуниқиён 4,16-17; Қӯлассиён 3,4; Ибриён 9,28; Ваҳӣ 1,7


·         Ваъдаҳо дар бораи ҷаннат-биҳишт

Ва ман, Юҳанно, шаҳри муқаддас – Ерусалими ҳавро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арӯсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст. Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: ”Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд;” (Ваҳӣ 21,2-3); 1. Петрус 1,4-5; 2. Петрус 1,10-11 ва 3,13; Луқо 23,43

·         Худо қудрат ваъда медиҳад

Ӯ хастаро қувват мебахшад, ва ба бемаҷол тавоноӣ афзун мекунад (Ишаъё 30,29);

Забур 28,11; Ишаъё 26,4; Наҳемё 8,10; Эфсӯсиён 6,10; Филиппиён 4,13; Ишаъё 58,11

·         Ба Худо бовар кардан мумкин аст

Аз ваҳми ноганонӣ нахоҳӣ тарсид, ва аз шитами шарирон, вақте ки падид ояд, зеро ки Худованд умедбахши ту хоҳад буд, ва пои туро аз дом нигоҳ хоҳад дошт. (Масалҳо 3,25-26); Масалҳо 14,26; Ишаъё 30,15; 1. Юҳанно 3,12 ва 5,14-15

·         Вадаъҳо дар бораи ҳикмат

Зеро ба одами ки дар назари Ӯ нек аст, Худо ҳикмат ва дониш ва айшу тараб мебахшад (Воиз 2,26); Масалҳо 2,6-7 ва 9,10; Айюб 12,13; Дониёл 2,20-22; 1. Қӯринтиён 1,30

·         Худованд моро таълим медиҳад

Халимонро ба роҳи инсоф меандозад, ва ба ҳалимон тариқи Худро таълим медиҳад. Ҳамаи роҳҳои Худованд марҳамат ва ростист, барои онҳое ки аҳди Ӯ ва шаҳодоти Ӯро риоя мекунанд (Забур 24, 9-10); Забур 24, 12-14; Забур 31,8; 2. Тимотиюс 3,16-17; Масалхо, 15,33

·         Худованд моро роҳнамоӣ мекунад

Ва гӯшҳотон суханеро аз қафои шумо хоҳад шунид, ки мегӯяд: ”Роҳ ин аст, бо ин биравед” (Ишаъё 30,21); Забур 47,15; Забур 22,1 ва 3; Забур 138,9-10;

·         Худованд моро обод мекунад

Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи

тариқҳои худ Худо дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард (Масалхо 3,5-6); Еҳуша 1,8; 2. Вақоеънома 20,20; Масалҳо 16,3; 2. Қӯринтиён 3,5б; 1. Вақоеънома 22,12-13

·         Худо ба мо тасаллӣ медиҳад

Хушо мотамзадагон зеро ки онҳо тасаллӣ хоҳанд ёфт (Матто 5,4); 2. Қӯринтиён 1,3-4; 2.Таслуниқиён 2,16-17; Ишаъё 49,13; Юҳанно 14,18

·         Худо ба мо хоҳиши диламонро медиҳад

Бигзор муроди дилатро ба ту ато фармояд, ва ҳамаи нақшаҳоятро ба иҷро расонад (Забур 19,5); Забур 20,3; Масалҳо 10,24; Забур 102,4-5;  Марқус 11,24

·         Ваъдаҳо дар бораи оилаи имондор

Лаънати Худованд дар хонаи шарир аст, вале маскани одилонро Ӯ баракат медиҳад (Масалҳо 3,33); Масалҳо 12,7; Такрори Шариат 12,28; Ишаъё 54,13; Забур 111,1-3; Масалҳо 22,6; Забур 127,1 ва 3; Такрори Шариат 4,40; Эфсӯсиён 6,2-3

·         Ваъдаҳо дар бораи саломатӣ ва шифо

Ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем (Ишаъё 53,5г); Ирмиё 30,17; Такрори

Шариат 7,12 ва 15; Забур 90,5-6 ва 10; 3. Юҳанно 1,2; Ирмиё 33,6; Хуруҷ 15,25-26; Забур 102,3; Малоки 4,2; 1. Петрус 2,24; Яъқуб 5,13-14 ва 16; Матто 8,16-17


·         Ваъдаҳо дар бораи илтиҷои Худо

Исми Худованд бурҷи қувват аст: одил сӯи он медавад, ва паноҳ меёбад (Масалҳо 18,10); 1. Подшоҳон 2,9; Забур 124,1-2; Забур 90,3-4 ва 11-12; Забур 120; Масалҳо 29,25

·         Ваъдаҳо дар бораи мӯҳтоҷихои ҷисмонӣ/фисикӣ

Ва Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо ба ҳасби сарвати ҷалоли Худ дар Исои Масеҳ пур хоҳад кард (Филиппиён 4,19); Матто 6,25-26 ва 31-33;  Такрори Шариат 28,1 ва 11-12;

Луқо 12,30-31; Такрори Шариат 29,9;  Забур 110,5;  Ишаъё 1,19; Закарё 10,1; Ибодат 26,3-5

·         Ваъдаҳо барои вақти тарс ва шубҳа

Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард (Ишаъё 41,10); Ишаъё 41,13; Ишаъё 43,1; 2. Тимотиюс 1,7; Луқо 12, 6-7; 1. Юҳанно 4,18; Румиён 4,21; Забур 111,7;  Ишаъё, 58,9

·         Ваъдаҳо барои вақти депрессия

Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ? Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳӣ шуд, ки Ӯ наҷоти рӯи ман ва Худои ман аст (Забур 42,5); Забур 72,26; Забур 36,24-25; Забур 33,5-8; Ишаъё 49,15; Ибриён 13,5

·         Ваъдаҳо барои вақти нобарорӣ ва ноҷорӣ

Дили шумо музтариб нашавад; ба Худо имон оваред, ба Ман низ имон оваред (Юҳанно 14,1); Ишаъё 61,1-3; Забур 146,3; Румиён 8,28; Ишаъё 41,13; 2. Қӯринтиён 12,9; Румиён 8,26; Ибриён 13,6; 1. Юҳанно 4,4

·         Ваъдаҳо дар вақти ғамхорӣ

Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин бипӯшонад, магар шуморо, эй сустимонҳо, аз он бехтар пӯшонда наметавонад!  Пас, барои фардо ғамҳорӣ накунед, зеро ки фардо барои худ ғамхорӣ хоҳад кард (Матто 6,30 ва 34); Филиппиён 4,6-7; Луқо 12,25-26; 1. Петрус 5,6-7; Ғалотиён 5,1; Матто 11,28-30

·         Ваъдаҳо барои вақти васваса ва ҳамлаи шайтон

Озмоише ки ба сари шумо омаддаст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи дигари нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тонед (1. Қӯринтиён 10,13);

2. Петрус 2,7-9; Ибриён 4,14-16; 1. Таслуниқиён 5,22-24; Яъқуб 4,7; Ғалотиён 1,3-4; Румиён 16,20; Юҳанно 16,33; 1. Юҳанно 4,4

·         Ваъдаҳо дар азоб, мушкилӣ, ва ҳамла аз одамон

Наҷоти одилон аз Худованд аст; дар вақти тангӣ Ӯ истеҳкоми онҳост; ва Худованд ба онҳо мадад хоҳад кард ва онҳоро халосӣ хоҳад дод; онҳоро аз шарирон халосӣ хоҳад дод,

ва онҳоро наҷот хоҳад бахшид, зеро ки онҳо ба Ӯ паноҳ мебаранд (Забур 36,39-40);

Яқуб 1,12; Румиён 5,3; 1. Петрус 1,4-7; Ирмиё 15,21; Забур 26,1-2; 1. Петрус 3,9;

Румиён 8,31; Хуруҷ 14,13-14; Матто 5,10-12; Луқо 21,12-15; Ваҳӣ 2,10

·         Худо барои хизмат ба Ӯ қувват мебахшад

Ин Каломи Худованд аст, ки барои Зарубобил гуфта шудааст: ”на бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман”, мегӯяд Худованди лашкарҳо. (Закарё 4,6); Аъмол 1,8; Ишаъё 40,31; Эфсӯсиён 6,13; Филиппиён 2,13; Эфсӯсиён 3,16; Қӯлассиён 1,11


·         Ваъдаҳо дар бораи таъминоти молиявӣ

Ба зоғон нигоҳ кунед: онҳо на мекоранд, на медараванд; на ганҷинае доранд, на анборе, ва Худо ба онҳо рӯзӣ мерасонад; пас шумо аз паррандагон чӣ қадар бештар арзанда ҳастед! (Луқо 12,24); Филиппиён 4,19; Луқо 11,9; Забур 83,12-13; Матто 6,32; Забур 36,4 ва 26; Луқо 12, 30-31; Луқо 6,38



<< Башорат