Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Нокарда гуноҳ

Download

«Нокарда гунаҳ...кист, бигӯ?»

«Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон

кист, бигӯ?

В-он кас, ки накард гунаҳ чун

зист, бигӯ?

Ман бад кунаму ту бад

мукофот диҳӣ,

Пас фарқ миёни ману ту

чист, бигӯ?»

Умари Хайём

«Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад? Ё кист, ки мушовири Ӯ шуда бошад?» (Инҷил, Румиён 11:34)

«Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист, бигӯ?»

Умари Хайём модоме, ки чунин саволро ба миён мегӯзорад мо дар вуҷуди ӯ бедоршавии Рӯҳро дарк мекунем. Худо дар ибтидо Одамро бегуноҳ ва дар дили ӯ ин нақшаро кашид, аз ин сабаб вақте, ки Одам гуноҳ мекунад ӯ инро нисбат ба атрофиёни худ пештар мебинад. Агар кас гуноҳ карда худашро сафед нишон доданӣ шавад, албатта худро фиреб медиҳад. «Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, - худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест.» (Инҷил, 1 Юҳанно 1:8)

Шоир дар ҳамин мисраъ як фикри дигареро зоҳир месозад:- Яъне дар ин ҷаҳон одами бегуноҳ нест. Вақте ки Худо ҷаҳонро офарид Одаму Ҳавворо дар ҷои беҳтарин маскан дод ва барояшон ҳамагӣ як қонун муайян кард. Лекин онҳо аз қонун саркашӣ карда гуноҳ карданд ва аз боғи биҳишт ронда шуданд. Исботи ин дар Китоби Муқаддас чунин омадааст:

«Касе одил нест, як нафар ҳам нест.»

«Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд.» (Инҷил, Румиён 3:10,23)

Ин мушкили асосии одамизод мебошад «Ҳама гуноҳ карда ва аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд.» Ҳамаи мо гуноҳ кардем, пас мукофоти мо чист? - Ин мавзӯи дигар аст. Мо медонем, ки Худо муқаддас аст, агар ин хислати Ӯро мо қабул мекунем, пас гуноҳ назди Ӯ ангӯшти шашӯм аст.

Ҳамаи одамон назди Худованд айбдор гардиданд, Худо не, балки мо айбдор шудаем. Агар имрӯз мо шикоят карда тавонем дар он рӯз даҳони мо баста мешавад.

Ин чӣ хел мумкин аст, ки Худо моро офарид ва барои мо шариат дод, мо бошем ҳар вақте ки хоҳем каҷ рафторӣ мекунем? Табиати мо доимо моро ба роҳи каҷ ҳидоят мекунад, аммо мо бояд донем, ки «бори каҷ ба манзил намерасад!» Саволе ба миён меояд, ки чӣ хел мо аз гуфтаи Худо саркашӣ карда боз ба Ӯ шикоят кунем? Худованд аз ҳамаи паҳлуҳои зиндагии одамизод хабар дорад.

Оё дар ин дунё роҳи озод шудан аз гуноҳ вуҷуд дорад? Боз саволи дигар ба миён меояд, ки Парвардигор ба мо ёри дода метавонад? Оё Худо роҳи озод шуданро барои мо тайёр накардааст? Дар замон ва муҳите, ки Хайём зиндагӣ мекард албатта ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан мушкил буд. Ва ҷавобҳое, ки одамизод барои тасаллии худаш пайдо мекард ба монанди: - кори нек, итоату ибодат, закоти мол барин аъмолҳо, ки ба воситаи шариат ба майдон пайдо мешуданд, ба Хайём ва одамони аз ҷиҳати шуурнокӣ пешрафтаи он вақт оромиши рӯҳиро дода наметавонистанд.

Одамоне, ки аз ҳамсуҳбаҳо ё атрофиёнашон ба ин савол ҷавобро мепурсанд ин хуб аст. Он Касе, ки дар ҷаҳон бегуноҳ зист, ин Исои Масеҳ мебошад ва Худо Ӯро барои мо ҳамчун намуна фиристод ва дар Инҷил ҳамаи ин равшан нишон дода шудааст.

Худо нақша ва дархостҳои Худро ба воситаи одамони гуногун аз замонҳои гузаштаи дуру наздик бо Рӯҳи Худ дар аҳдҳои қадим ва ҷадид дар Китоби Муқаддас, ки ба мо омада расидааст нишон медиҳад. Аз ҷумлаи пайғамбароне, ки бегуноҳ зист танҳо як пайғамбар – Исои Масеҳро ҳамчун рамзи одами бегуноҳ ба мо нишон медиҳад.

«Ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, ки ба ин мо эътирофи худро боматонат нигоҳ медорем. Ва ғайр аз Ӯ мо дигар саркоҳине надорем, ки дар заъфҳоямон ба мо дилсӯзӣ намояд, Ӯ монанди мо дар дунё озмудаи васвасаҳо шуда гуноҳ накард.» (Инҷил, ба Ибриён 4:14-15)

«Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.» (Инҷил, 2 Қӯринтиён 5:21)

Биёед ба манзараи мудҳише, ки одамон саргарми гуноҳҳои худ зиндагӣ мекарданд, назар андозем. Душманони Исои Масеҳ Ӯро дар салиб чормех карда бо суханони таҳқиромез дар гирди Ӯ ҷамъ шуда буданд. Ӯ ба ҷои он, ки дар ғами ҷисму ҷони Худ нолаву фарёд кунад, дуо мекард: «Эй Падар инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд чӣ кор мекунанд.» (Инҷил, Луқо 23:34) ва бо ин дар дами марг муҳаббати Худро ба одамон нишон дод.

Хайём мепурсад: «В-он кас, ки накард гунаҳ, чун зист, бигӯ?» Ҷавоби ин аст, ки «Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳануз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд.» (Инҷил, Румиён 5:8) Исои Масеҳ барои наҷоти мо мурд. «Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад?»

«Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад.» (Шаҳодати Исои Масеҳ дар назди Пилотус, Юҳанно 18:37).

-Аз Накҳати Ҷон

www.dardidil.com



<< Башорат