Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Фарқияти ману ту

Download

Фарқияти ману ту чист, бигӯ?

«Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист, бигӯ?

В-он кас, ки накард гунаҳ чун зист, бигӯ?

Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,

Пас фарқ миёни ману ту чист, бигӯ?»

Умари Хайём

Худо қодир аст – мо қодир нест!

Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ

Яъне Хайём аз Худо одами бегуноҳро ҷӯён ва аз тарзи зиндагии ӯ пурсон мешавад. Шоир дар ин мисра бо аъмоли бади худ аз Худо мукофотро нигарон мебошад. Худо муқаддас ҳаст ва агар Ӯ ба ивази гуноҳ мукофот медод, Одамро, яъне офаридаи дастҳои Худро барои як гуноҳаш аз биҳишт намеронд. Одам барои гуноҳаш аз Худо ҷазо гирифта ба марг ҳукм шуда аз биҳишт ронда шуд, чун ки «музди гуноҳ марг аст» (Инҷил, Румиён 6:23).

Касоне, ки ин шеъри Хайёмро бо мақсади доварӣ ва шикоят истифода мекунанд, онҳо Худоро айбдор мекунанд. Дар Каломи Худо чунин гуфта шудааст:- «Ӯ ба ҳар кас мувофиқи аъмоли вай подош хоҳад дод.» (Инҷил, Румиён 2:6). Ва гуфта мешавад, ки Худо рӯйбинӣ надорад. Дар рӯзи доварӣ ё рӯзи қиёмат Худо ба ҳар инсон аз рӯи ин қонунҳо доварӣ хоҳад кард. Пеш аз ҳама мо гуноҳкорем ва Хайём бо тасдиқи ин чунин мегӯяд: «Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист бигу?»

Дар ин ҷо мушоҳида мешавад, ки мисраи «Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ» -ро ин гурӯҳ мехоҳанд бе ягон масъулият дар вақте, ки гуноҳ мекунанд аз Худо мукофот гиранд. Ин чӣ хел мешавад? Оё ин аз ҷиҳати мантиқ дуруст аст? Албатта не!

Ҳадафи мо ин аст, ки Худо моро офарида ба роҳи ҳаёти ҷовидонӣ ҳидоят мекунад ва дар баробари аъмоли ҳар яки мо мӯзде медиҳад. Оё ин аз рӯи адолат мебошад, ки мо дар ивази аъмоли бади хеш барои мукофот гирифтан бо Ӯ дар ҷадал шавем? «ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо бо мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст.» Инҷил - (1) Юҳанно 5:11

«Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,»-ро мумкин, аксарияти мо барои тасаллои дили худамон қабул кунем, аммо аз таҳти дил мо дарк мекунем, ки гуноҳ карда аз наҷоти Худо маҳрум шудаем. Бинобар ин ҳамаи мо дар ивази гуноҳ соҳиби мукофоти бад мебошем.

Бахшидани гуноҳ аз тарафи Худо қиммат аст ва ҳама гуна гуноҳ бе рехтани хун пок намешавад. (Инҷил, Ибриён 9:28)

Дар бораи бахшидани гуноҳ дар рӯзи доварӣ камтар сӯхан мекунем. Ба монанд ақидае, ки Худо бахшанда аст ва гуноҳҳои моро ба хотири корҳои нек мебахшад, чунин хулосае баровардан мумкин аст, ки мо метавонем гуноҳе ба мисли ягон кас ё ҳамсояи худро ранҷонда фақат узр мепурсему тамом.

Аммо чӣ хеле ки мебинем масъала ин тавр ҳал намешавад ва дар ин ҳолатҳо музди гуноҳ дар ваъзе вақт бисёр қиммат мешавад, ҳато то қурбонии ҷон. Агар бо роҳи бахшидани якдигар равем, дар он ҳолат мо мебинем, ки ба ҳар ду ҷониб қурбонии зиёд ба мисли обурӯй, эътибор ва нуфузе, ки мо доштем лозим мебошад. Ва дигар ин аст, ки амали бад: - зино, дурӯғ, қизб, ки аз одам сар мезанад ва гӯем, ки Худо мебахшад, оё ин дуруст аст? Агар Худо бо чунин рафтори мо муросо кунад, пас чӣ хел мо гуфта метавонем, ки Худо муқаддас аст? - Бале Худо муқаддас мебошад ва бахшидани гуноҳи одамон бо анҷоми амали некашон ба Ӯ муносиб намебошад. Яъне ақидаи он ки мо гуноҳ кунему – Ӯ мебахшад нодуруст аст!

«Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост.... Бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.» (Инҷил, Эфсӯсиён 2:8, Румиён 6:23).

«Пас фарқ миёни ману ту чист, бигу?»

Дар ин мисраъ шоир ва касоне, ки байни худ ва Офаридгор фарқиятро нодида онро бо эҳсосоти хоса замзама мекунанд мо ангушти афсӯс ба даҳон мебарем.

Фарқият ин аст, ки мо муҳтоҷи Худо, яъне наҷотдиҳанда: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст.» (Инҷили Юҳанно 5:24)

«Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад.» (Шаҳодати Исои Масеҳ дар назди Пилотус, Инҷили Юҳанно 18:37).

Аз Накҳати Ҷон

www.dardidil.com



<< Башорат