Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Файз - Ин атои Худост!

Download

Файз

— Ин Атои Худост!

«Ё раб, Ty каримиву каримӣ карам аст,

Осӣ зи чӣ рӯ бурун зи боғи Ирам аст?

Бо тоатам ар афв кунӣ, нест карам,

Бо маъсиятам агар бубахшӣ, карам аст.»   

Хайём

  «Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад.»  (Инҷил)

Файз – Атои Худост

«Зеро ки шумо бо файз ба боситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад.»    (Инҷил, Эфсӯсиён 2:8-9)

            Рӯзе Афандӣ бо як халтаи калони пур аз чормағз ба пеши бачаҳои бисёр истода аз онҳо мепурсад: --- «Бачаҳо ман ин чормағзҳоро барои шумо овардам ва акнун бигӯяед, ки инҳоро ба монанди инсон ё ин, ки мисли Худо тақсим кунам?» Бачаҳо аз ин гуфтаи ӯ бисёр хурсандӣ карда, — «Мисли Худо!» гуфтанд.

          Афандӣ розӣ шуда тақсимотро чунин сар мекунад: ба яке панҷ, ба дигаре ду, ба сеюм шашу охиринро даҳ дона чормағз медиҳад. Аз ин гуна набаробар тақсим шудан бачаҳо норозӣ шуда эътироз баён мекунанд ва Афандӣ ба онҳо гуфт: --- «Ин розигии худатон ва дониста бошед, ки Худо чунин амал мекунад ва ба ҳар кас мувофиқи хости Худаш медиҳад.»

          Агар Афандӣ аз нигоҳи шариату инсоф амал мекард бояд ҳамаи бачаҳо баробар туҳфа мегирфтанд ва ӯ ба онҳо фаҳмонда гуфт, ки файзу баракати Худо ҳам чунин аст ва ба ҳар кас мувофиқи иродаи Худаш рафтор мекунад.

Файз чист?

«Аз хурдон гуноҳу аз калонон бахшидан.»    (масал)

            Файз илтифоту баракати Худо ҳаст, ки мо онро сазовор набуда Худо ба мо онро медиҳад. Мо сазовори ҳаёту саломатӣ ё баракати Худо нестем, аммо Худо ин чизҳоро ба мо медиҳад. «Аммо агар ин мувофиқи файз бошад, пас мувофиқи аъмол нест, вагарна файз дигар файз нашуда мемонад. Ва агар мувофиқи аъмол бошад, пас ин дигар файз нест, ваагарна амал дигар амал нашуда мемонад.»  (Инҷил, Румиён 11:6)

          Файзи Худо ба ҳама бешарт аст. Агар файзи Ӯ бо шарт бошад, пас ин музд мешавад. Мо муҳтоҷӣ файзи Худо ҳастем. Чунки мо наметавонем барои файзи Худо ҳақи кор диҳем. Агар Худо бо шартҳо ё бо сазовори амали мо файзу баракат медиҳад, пас ин файз нест, ин ҷавоби амали мо аст.

Дар вақте, ки мо файзи Худоро мебинем, мо бояд Худоро шукр кунем. Ситоиш ҳам барои якдигар набуда бояд фақат Ӯро ситоиш кунем ва фахр аз он накунем, ки ба аъмоли хеш сазовори раҳмати Ӯ мегардем, чунки шукр ба Ӯ бошад, на ба одамизод.

Масали Файз

           Агар дар рӯзҳои ид мо ба бачаҳо ширинӣ ва дигар чизҳоро ба монанди Афандӣ тақсим кунем албатта ин боиси норозигии бачаҳо мешавад. Дар назари одам атои файз ноинсофона менамояд ва ин масалро Исои Худованд нақл мекунад: Ин масал дар бораи соҳиби хонаест ки дар саҳар берун рафт, то ки барои токзори худ коргаронро киро кунад. Баъзе кас 9 соат кор карда, баъзе дигар 6 соат, дигар 3 соат ва як гуруҳи дигар 1 соат. Каломи Худо мегӯяд:

            «Бо наздикшавии шом соҳиби токзор ба назоратчиаш гуфт: - Рафта мардикоронро ҷеғ зану аз онҳое, ки охирин киро кардам, сар карда то ба онҳое, ки аввал киро кардам, бо навбат музди корашонро деҳ.  Мардикороне, ки соати панҷ киро шуда буданд, ҳар кадоме якдинорӣ музд гирифтанд. 

            Инак, онҳое, ки аввал киро шуда буданд, фикр карданд, ки бештар музд мегиранд, аммо бо расидани навбати онҳо, ҳар кадоме аз онҳо низ якдинорӣ гирифтанд.  Онҳо пулашронро гирифта, аз соҳиби токзор шикоят карданд:  -- Онҳое, ки охирин киро шуда буданд, фақат як соат кор карданд.   Мо бошем, дар офтоби сӯзон рӯзи дароз арақи ҷабин рехта кор кардему шумо ба онҳо баробари мо музд додед!

            Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо ҷавоб дода гуфт:  -- Ҳой, ҷӯра!  Ман ҳаққатро нахӯрдаам.  Магар худам розӣ нашудӣ, ки ба як рӯзи кориат як динор диҳам?   Ана пулатро гиру ба хонаат рав. 

            Ба ин марди охирин киро кардаам бошад, ман хостам баробари ту музд диҳам.  Чӣ магар ман ҳақ надорам, чи хеле ки хоҳам, ҳамон хел пуламро сарф кунам?  Ё ба саховатмандии ман ҳасад мебарӣ  (Инҷил, Матто 20:8-15

          Аз ин гуфтаҳо мо чунин хулоса мебардорем:- Ба саховатмандии Худо барои файзаш, яъне туҳфае, ки ба мо додааст аз нигоҳи бадӣ ё ин, ки ба амали Ӯ ҳасад набарем. Ба фикри одам Худо ноинсофона амал кардааст, аммо Ӯ ба ин кор ҳақ дорад ва барои одамон роҳи файзро ба воситаи ба Исои Масеҳ имон овардан муҳайё намудааст. Яъне барои мо муфт аст ва ҳеҷ кас сазовори наҷоти Худо нест, чунки мо гуноҳкор ҳастем. «Зеро ки музди гуноҳ мамот (марг) аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ  (Инҷил, Румиён 6:23)

Роҳи Худо мисли инсон нест!

          Аз каломи Худо файзи Ӯ ба воситаи имон овардан ба Исои Масеҳ ба ҳар кас насиб мешаваду соҳиби наҷот мегардад. «Зеро ки фикрҳои Ман фикрҳои шумо нест, ва роҳҳои шумо роҳҳои Ман нест, --- мегӯяд Худованд.»   (Китоби Муқаддас, Ишаъё 55:8)

          Худо файзбахш аст ва Ӯ муфт бо мо наҷот медиҳад. Муҳаббати Ӯ бешарт аст ва дар Исои Масеҳ муҳаббаташро нишон додааст дар вақте, ки Исо барои мо мурдаст. Ба Ӯ нигоҳ кардан даркор, чун Ӯ наҷотдиҳанда аст.

    Филип Янси дар барои файз гуфт: «Маъни файз ин аст: Чизе нест, ки аз иҷрои он Худованд моро бисёртар дӯст бидорад ва ҳам чизе нест, ки аз иҷрои он Худованд моро камтар дӯст бидорад.» Ин маълум аст ки Худо моро дӯст медорад. Ин онро нишон намедиҳад, ки Худо заиф аст аммо ин онро нишон медиҳад ки мо муҳтоҷи файзи Ӯ. Муҳаббату файзи Худо беҳад аст ва метавонад наҷот оварад.

Эй дӯсти азиз,

файзи Худоро рад накун,

Ӯро қабул кун —

«Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худоаст, ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад.»    (Инҷил, Эфсӯсиён 2:8-9).

«Барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандӣ бахшидааст. Дар Ӯ (Худо) мо бо хуни Исо фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем, ки онро Ӯ ба мо ба фаровонӣ ато намуда, ҳамроҳи ҳар ҳикмат ва хирадмандӣ   (Инҷил, Эфсӯсиён 1:6-8)

 



<< Башорат