Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Дарси Исои Масеҳ

Download
 

1


Якшанбе:

Вуруди Ботантана

Матто 21:1- 11


Милли Ваниллиро ба ёд биёред, ки ҳофизони машҳури солҳои ҳаштодум буданд? Онҳо дар мақоми аввал буданд� то он замоне, ки маълум шуд, онҳо бо овозҳои қалбакӣ баромад мекунанд. Кабаҷҷо Патч Долсро дар хотир доред? Онҳо ҳофизони номии дигари солҳои 80 - ум буданд, ки номҳояшон танҳо як мавсим монданду халос.


МУБОҲИСА ДАР ГУРӮҲО. Кадом корҳои (раванди) кӯтоҳмуддатро медонед? Дар бораи мусиқӣ, мӯд, китобҳо ва бозичаҳо фикр кунед.


ҚАЙДҲОИ ШАХСӢ. Чӣ одамонро ба ин равандҳо ҳамроҳ мекунад.


Дар Матто 21 шӯҳрати Исо ба авҷи камол расид. Ӯ Ерусалим –пойтахти Яҳудияро ба “тасарруфи” худ даровард. Чун Исо ба Ерусалим дар давраи Иди Фисҳ даромад ҳиссиёт ва вазъият хеле тезутунд буд. Матто 21:1-11-ро хонед.

  1. Калимаҳо ё ибораҳоеро ёбед, ки ба амале, ки вазъи шаҳрро тезутунд мекунанд алоқа дошта бошанд.



  1. Шогирдонаш чӣ фикр ва ҳиссиёт доштанд вақте ки дастуротҳои Исоро дар оятҳои 2-3 шуниданд?



  1. Ба фикри шумо, ба ин дастурҳои Исо чӣ хел ҷавоб медиҳед?



  1. Пешгӯиеро, ки дар ояти 5 омадааст қайд намоед. Кадом дараҷаҳои гуногуни аҳмиятро дар харро савор шудани Исо мебинед?



  1. Мувофиқи оятҳои 7-11 Исоро чӣ хел ҳурмат карданд?



  1. Халқ аз Исо кадом хабарҳои гуногун доштанд?



  1. Вақтеро, ки шумо дар ҷашнгирии ҷамъиятии Исо иштирок кардед тасвир намоед.



Кадом омилҳо ин вақтро муҳим мекарданд?



Чӣ тарз он ба шумо таъсир расонд?



  1. Чун шумо ба омӯзиши ҳафтаи охирони Исо оғоз кардед, чӣ хел мехоҳед, ки ибодататон дигар шавад?



  1. Вақте ки шумо дар бораи ҳамаи корҳое, ки меоянду мераванд. Ибодати Исо ки ҷовидонӣ аст ба шумо чӣ маънӣ дорад?




Мадҳи ситоиш кунед ва ҷашн гиред Масеҳи харсаворро, ки Подшоҳи мо аст.



ҲОЗИР Ё БАЪД


Дар дарси дигар мо дохилшавии Исоро ба маъбад ва кори ӯро бо гуноҳ мебинем. Ба ин дарс худро тайёр карда, тасаввур кунед, ки дили шумо маъбаде аст он ҷо Исо қадам хоҳад гузошт, то ки самари дуоро ҷустуҷӯ кунад. Чун Ӯ ба атроф нигоҳ мекунад, Ӯ чӣ мебинад, ва ба шумо чӣ мегӯяд?


Бо ин тасвир вақтатонро гузаронед ва онро ҳамчун воситаи дуои гуфтугӯӣ бо Худо истифода баред. Аз Ӯ пурсед, ки чӣ хел ӯ мехоҳад кори шумо бомуваффақияттар шавад. Муроҷиат намоед, ки дар куҷо метавонед нурӣ (пору) ёбед. Муроҷиат намоед, ки кадом алафҳои бегонаро канда партофтан лозим аст.



2

Душанбе:

Поккунии Маъбад

Марқӯс 11:12-19


Мушкилӣ бо хашму ғазаби адолатнок он ҳаст, ки аз одил будан хашмгин шудан осонтар аст. Вале ҳар ду ҳам мумкин аст.


МУСОҲИБАТ ДАР ГУРӮҲО. Чӣ хел шумо қаҳри адолатнокро муайян кунед. Кай онро метавон онро барои хуб шудан истифода бурд?


ҚАЙДҲОИ ШАХСӣ. Бори охир кай бо қаҳр кори хуб кардед? Аз Худо илтимос кунед, ки ба шумо сабаби ҳақиқии ин қаҳрро маълум кунад.


Дар ин порча Исо қаҳри адолатнокро тасвир мекунад. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки ҳатто қаҳри адолатнокро бо дуо ва омурзиш метавонад ҳамроҳ шавад. Дар ин порча нишон дода шудааст, ки чӣ хел ҳиссиёт ва муносибатҳои мо метавонанд дар роҳи мақсади Худо истифода бурда шаванд на муқобили он. Марқӯс 11:12-19-ро хонед.


  1. Шумо худро чӣ хел ҳис мекардед, агар шоҳиди воқеъаҳои ин порча мешудед?




  1. Чӣ хел воқеъаҳои ин порчаро бо ҳодисаҳои омӯзишҳои пештара муқоиса кунем?




  1. Чиро Исо дар назар дошт ҳангоме ки дарахти анҷирро нафрин кард (ояти 14)?




4.Худро ба ҷои Исо монед. Чаро Ӯ дар бораи он ки дар маъбад рӯй дода истодааст хашмгин аст (оятҳои 15-17)?






5. Дар кадом ҳолатҳо қаҳри Исоро ҳамчун қаҳри адолатнок ҳИсоб кард?




6. Ҷавоби саркоҳинон ва китобдононро ба мардум муқоиса кунед (ояти 18)?



Ба фикри шумо сабаби ҷавобҳои гуногуни онҳо чист?




7. Кадом амалҳои масеҳиёни олами ҳозира метавонанд қаҳри Худоро бархезонанд?




8. Акнун инро фардӣ (шахсӣ) мекунем. Кадом амалҳо ва муносибатҳо дар калИсоятон шуморо аз мақсадҳои Худо дур мекунанад?



Барои бартараф кардани онҳо шумо чӣ метавонед кард?




  1. Вақте ки ягон вазъияти шуморо ба қаҳр меорад, чӣ хел шумо мефаҳмед, ки ин қаҳра аз Худост ё не?



Аз ягон гуноҳ ё қаҳре ки аз он хабардор будед иқрор шавед. Аз Худо илтимос намоед, ки шуморо ҳамчун восита барои сафедкунии он истифода намояд.



ҲОЗИР Ё БАЪД


  1. Марқӯс 11:20-25-ро хонед. Ба андешаи шумо чаро Марқӯс аз тарафи Исо тоза кардани Маъбадро дар мобайни нафрин кардани дарахти анҷир гузошт?




  1. Барои исроил Исо чӣ гуна меваро ҷустуҷӯ мекард?




  1. Бисёр одамон эътиқод бар он доранд, ки онҳо аз ҷазои Худо дар канор мемонанд, чунки онҳо диндор ҳастанд. Чӣ хел ин порча ба онҳо ва мо ҳамчун огоҳӣ хизмат мекунад?






3

Сешанбе:

Таълимот дар кӯҳи Зайтун

Матто 24:1-31


Мақоли хитоӣ чунин мегӯяд: “Пешгӯи кардан ҳамеша хеле мушкил аст, бахусус дар бораи оянда!” Дар Библия пешгӯӣ натанҳо дониш дар бораи оянда балки андешаи имрӯза низ мебошад. Дар Матто 24 мо Исоро ҳамчун пайғамбар ва пайғамбари хеле ҳақиқӣ мебинем. Тасвири Ӯ дар бораи оянда чӣ ҳаст, на чунин ҷаҳонест, ки он ҷо ҳама чиз мунтазам беҳтар ва беҳтар мешавад. Ӯ намегӯяд, ки ҳама ба тезӣ кори Ӯро ё шогирдонашро қабул намоянд.


МУБОҲИСА ДАР ГУРӮҲҲО. Ба фикри шумо чаро одамони зиёде ҷолиби пешгӯӣ (ғайбдонӣ) – ё библиявӣ ё дигар мебошанд?


ҚАЙДҲОИ ШАХСӢ. Агар шумо метавонед барои пешгӯии ҳаётатон пурсед чиро шумо донистан мехостед: соҳиби кадом кор мешудед? Бо кӣ издивоҷ мекардед? Чӣ хел Худо шуморо барои хизмат ба Ӯ даъват мекунад?


Пайғамбарони дурӯғин ба мо он чиро мо мехоҳем, мегӯянд. Пайғамбарони ҳақиқӣ ба мо он чиро ки ба мо лозим аст, мегӯянд. Исо муттафакири бузурги мусбӣ мебошад. Ӯ натанҳо барои он омад, ки ба ранҷмандон сулҳу осоиш оварад, балки ҳамчунин Ӯ барои онҳое, ки дар сулҳу осоиши дурӯғин ҳастанд заҳмат оварад. Матто 24:1-31-ро хонед.

  1. Агар шумо гузоришдеҳ (репортёр) мебудед ва гуфтаи Исоро ба қалам медодед, сарлавҳаатон чӣ мебуд?



  1. Шогирдонаш пурсиданд “Кай?” (ояти 3). Ба фикри шумо чаро Исо ба онҳо рӯйрост ҷавоб надод?



  1. Дар оятҳои 4 ва 5 Исо шогирдонашро дар бораи он ки онҳоро гумроҳ мекунанд, огоҳ кард. Баъзе нишонаҳои гумроҳӣ кадомҳоянд (ниг. 1 Юҳанно 4:1-6)?





4.Ба фикри шумо чӣ тарз одамон ҳозир гумроҳ ҳастанд?



Дар кадом ҳолатҳо шумо ба гумроҳӣ тобовар нестед?



__________________________________________________________

5. Исо таърихро хеле ноором мебинад (оятҳои 6-8). Кадом нишонаҳои нооромиро Ӯ дар назар дошт?



Чӣ хел ин нишонаҳо монанди “ибтидои дарди таваллудкунӣ” мебошанд (ояти 8)?



6. Ба шогирдони Исо ва дигарон чун интиҳо фаро расид, чӣ рӯй хоҳад дод (оятҳои 9-13)?


Сабр кардан” (ояти 13) дар чунин мавридҳо ба мо чӣ маънӣ дорад?



7. Ҳангоме ки “ кароҳати харобӣ” меояд, имондор бояд чӣ тарз амал кунад ва чаро (оятҳои 15-22)?



8. Чун шогирдони Исо дар он рӯзҳо интизори баргаштани ӯ буданд, чӣ хел онҳо фарқияти байни Масеҳи ҳақиқӣ ва дурӯғинро мефаҳманд (оятҳои 23-31)?



9. Чӣ хел мо “бедор бошем” ва барои омаданаш “тайёр бошем”?



Кадом ҷиҳати рӯҳониро шумо ба ҳаётатон ҳамроҳ мекунед, ки ба шумо барои интизории Исо ёрӣ диҳад?




Аз Худо илтимос кунед, ки ба шумо дар хондани “нишонҳои вақт” рӯшанӣ диҳад ва шуморо дар тайёриатон барои баргаштани Ӯ раҳнамоӣ кунад.



ҲОЗИР Ё БАЪДТАР


10. Матто 24:32-51-ро хонед. Чӣ хел мо метавонем дарси дарахти анҷирро (оятҳои 32-35) бо воқеъаҳое, ки пеш аз баргаштани Масеҳ рӯй хоҳанд дод нисбат диҳем?



11.Чӣ хел омадани Масеҳ монанди рӯзҳои Нӯҳ мебошад (оятҳои 36-41)?



12. Чӣ хел ҳикоятҳо дар бораи соҳиби хона ва хизматгор ба мо дар бораи баргашти Исо таълим медиҳанд (оятҳои 42-51)?



  1. Кай ба шумо барои боварӣ кардан ба баргаштани Исо душвор ҳаст?



Ба Исо гӯед, ки шумо ба Ӯ боварӣ доред, ки шуморо аз ҷазо дар рӯзи охирон наҷот медиҳад – новобаста аз он ки ҳозир бовариат бисёр ё кам.



4

Панҷшанбе:

Хӯроки шоми Охирон

Матто 26:17-30


Бӯҳрон нишон медиҳад, ки мо чӣ гуна одамон ҳастем. Баъзе одамонро бӯҳрон мешиканад. Баъзеҳо мавҷуд будани бӯҳронро инкор мекунанд. Баъзеҳо бошанд дар сар задани бӯҳрон дигаронро айбдор мекунанд. Баъзеҳо ба муқобили бӯҳрон хеста дар ин замон кори зиёдеро анҷом медиҳанд.


МУБОҲИСА ДАР ГУРӮҲҲО. Одатан, шумо дар бӯҳрон чӣ хел рафтор мекунед ва чаро?


ҚАЙДҲОИ ШАХСӢ. Оиди ҳамаи он чизе, ки дар бораи Исо омӯхтед андеша кунед. Оё шумо ӯро дар бӯҳрон мебинед? Рафтораш чӣ хел буд? Ба фикри шумо, ҷавоби Ӯ ба бӯҳрон интиҳои ҳаёти заминии Ӯ хоҳад буд? Дар Матто 26 он душманигарие, ки дар аввали рӯҳонияти Исо сар шуда буд ба интиҳои пурталотуми худ наздик мешуд. Ҳарчанд Ӯ мунтазири таслимшавӣ ва маслубкунии худ буд, Ӯ Худро дар даст нигоҳ дошт. Ӯ хуроки охирро ба нақша мегирифт. Ӯ медонист, ки Ӯро таслим мекунад. Ӯ Худро ҳамчун қурбонӣ тақдим кард. Вақте, ки мо ба монанди Исо иродаи Падарро ба ҷо меорем, ҳатто ногузории гуноҳ, дард ва марг дар ғулом кардани мо қудраташонро гум мекунанд. Дар ин ҷо қурбонӣ он ҳаст, ки аз ҳама озодтар аст! Матто 26:17-30-ро хонед.


  1. Эҳтимол санъати классикӣ ва хизматҳои ҳозираи ҷамъияти дар тасвири ин воқеъа ба шумо таъсир расонданд. Акнун, ки шумо матнро хондед, шумо вазъияти дар ин порча омадаро чӣ хел тасвир мекунед?



  1. Аҳмияти “иди Фисҳ” чӣ буд (ояти 17, ниг. Хуруҷ 12:1-29)?



___________________________________________________________

  1. Кадом кинояро шумо дар шогирдонаш, ки барои Исо фисҳ тайёр карда истодаанд, мебинед (ояти 17, ниг. Марқӯс 14:12;

1 Қӯринтиён 5:7)?


  1. Исоро одтан ҳамчун шоҳиди зебо вале бечора тасвир мекунанд. Кадом суханҳо ва амалҳо нишон медиҳанд, ки Ӯ худро дар даст нигоҳ доштааст (оятҳои 18-25; ниг. Марқӯс 14:13-16)?




Чӣ хел Ӯ дониш ва андешаҳои ғайриоддӣ нишон дод?



  1. Вақте ки Исо ба шогирдонаш гуфт, ки яке аз онҳо ба ӯ хиёнат мекунад чӣ ҳодиса рӯй дод? Тасвир кунед (ояти 22).



6.




7. Ояти 24 ба мо дар бораи иродаи Худо ва масъулияти инсоният чӣ мегӯяд?



8. Таоми Шоми охирон ба мо дар бораи моҳияти марги Исо чиро таълим медиҳад (оятҳои 26-29)?



9. Кадом рафтори ба мо лозимро мо метавонем аз таоми шоми охирон бигирем то ин ки аз он фоида гирем?





  1. Қобилияти бо имондорони дигар аз нав офаридани ин воқеъ имтиёзи олӣ мебошад. Кай шумо дарк кардед, ки Таоми шоми Охирон пурмаъно аст?



Ҷиҳатҳои махсусе, ки инро пурмаъно мекунанд кадомҳоянд?




  1. Чӣ хел дар якҷоягӣ бо ҳам дидани Хӯроки шоми Охирон моро барои рӯ ба рӯ шудан бо бӯҳрон дар ҳаёт тайёр мекунад?



Аз Худои зинда илтимос кунед, шуморо дар бӯҳроне ки метавонед бо он рӯ ба рӯ шавед роҳнамоӣ кунад. Бо Исо вохӯрдан ба шумо нишон медиҳад, ки шумо чӣ гуна шахс ҳастед. Агар шумо инро метавонед гӯед, ба Исо гӯед, ки шумо ин бӯҳронеро ки дар он бо Исо рӯ ба рӯ шудед қадр мекунед, ва аз ӯ илтимос кунед, ки ба мисли ӯ шудан ба шумо ёрӣ расонад.



ҲОЗИР Ё БАЪДТАР

  1. Матто 26:6-13-ро хонед. Барои баъзеҳо аз тарафи зан рехтани равғани атрафшони қимат исрофкорӣ буд (оятҳои 6-13). Барои Исо ин кори некӯ буд. Кай метавонад исрофкорӣ некӯ шавад?




  1. Кадом далелҳо исрофкории занро сафед мекунанд?




  1. Дар кадом ҳолатҳо дар ибодат ба Исо мо бояд исрофкор бошем?



5

Панҷшанбе:

Таслим & ҳабс

Марқӯс 14:43-72


Таъқиби душманон ин як чиз аст ва тарк кардани рафиқон тамоман чизи дигар ҳаст. Аввалиро мо интизор ҳастем. Дуюми ҳамеша моро дар ғафлат мемонад. Онҳое, ки ба мо наздиканд қудрат доранд ба мо озори хеле амиқ расонданд.



МУСОҲИБА ДАР ГУРӯҳО. Ба дӯстон содиқ будан ба шумо чӣ маънӣ дорад?


ҚАЙДҲОИ ШАХСӣ. Кадом фишорҳо дар ҳаётатон содиқияти шуморо ба Исои Масеҳ месанҷанд? Бигӯед шумо чӣ ҳис мекунед.


Дар ин дарс мо Исоро на танҳо аз тарафи яке аз шогирдонаш таслимшуда мебинем, балки ҳамаи шогирдонаш ӯро тарк мекунанд ва яке дӯсти наздиктаринаш ӯро инкор мекунад. ҳамаи ин ба муносибати золимона ва ғайришариати Санҳедрин илова шуд. Ин гуфтаҳо ошкор мекунанд, ки чӣ хел фишорҳои пурхурӯш сифати шогирдии моро санҷиш мекунанд. Марқӯс 14:43-72-ро хонед.

  1. Кадом ниятҳои гуногунро мо дар байни қаҳрамонони асосии ин порча мебинем?




  1. Махсусан, чӣ гуна ниятҳо суханҳо ва амалҳои таслимкунӣ Яҳудоро илҳом бахшиданд (оятҳои 43-45)?




  1. Исо ба таслими ӯ чӣ ҷавоб дод?




  1. Ҷавони ношинос (оятҳои 51-52) ҳамчун рамзи ҳамаи шогирдони Исо ҳИсоб мешуд. Чӣ хел ҳолати ӯ огоҳии пештараи Исоро дар бораи шогирдӣ инъикос кард (Марқӯс 8:34-38)?



  1. Кадом ҷиҳатҳои маҳкамаи Исо дар ҳузури пиронро Марқӯс овардааст?



__________________________________________________________

  1. То ҳамин маврид Исо шахсияти Худро пинҳон дошт вале дар ояти 62 Ӯ рӯйрост иқрор шуд, ки Ӯ масеҳ аст. Ба фикри шумо чаро Ӯ корро ҳозир иқрор шуд?




  1. Чаро айбдоркунии Исо (ояти 64) ҳам дуруст ҳаст ва ҳам не?





  1. Кадом нишонаҳо ва амалҳои Исо, дар муқоиса бо шогирдонаш, мИсоли он ҳастанд, ки ӯ мехост шогирдон бо он монанд бошанд (оятҳои 55-65)?




  1. Бо кадом ниятҳо Петрус ба ҳавлии саркоҳин омад ва дар айни ҳол ӯро аз эътирофи муносибаташ бо Исо дур кард (оятҳои 66-72)?




  1. Ниятҳои Шумо дар бораи Исо чӣ гунаанд?




  1. Исоро таслим кардани Яҳудо аз инкори Петрус чӣ фарқ дорад?






  1. Дар кадом ҳолатҳо шумо аз Исо шарм доштед ё Ӯро инкор кардед?



  1. Кадом огоҳиро ё рӯҳбаландиро шумо аз таҷрибаи Петрус гирифтед.



Аз Худо илтимос кунед ниятҳои шуморо ҷудо намояд ва ба шумо барои содиқ будан ба Ӯ ёрӣ диҳад.



ҲОЗИР Ё БАЪДТАР

Марқӯс 14:32-42-ро хонед. Дар ояти 34 ва боз дар ояти 38 Исо шогирдонашро рӯҳбаланд мекунад, ки бедор бошанд ва дуо кунанд то ки ба васваса дучор наоянд. Бо чӣ гуна васвасаро онҳо мебоист рӯ ба рӯ шаванд?



Чӣ хел дуо метавонад натиҷаро тағйир диҳад?



Чӣ хел ин баъзе тарғибу ташвиқотҳои якхела метавонанд дар ҳаётатон байни муқовимат ва дучор шудан ба васваса дигаргунӣ кунанд?



Чӣ хел шумо ба Худ метавонед боварӣ кунед, ки ҳафтаи оянда барои шумо “бедор будан ва дуо кардан” мебошад?



6

Ҷумъа:

Юҳанно 18:28-19:16


Қотилони Масеҳ!” Ин суханҳо маро дигар хел мекунанд. Касе ин суханҳо ва расми салибҳои шикастаро дар деворо канисаи шаҳрамон кашида буд. ҷараёни анти-семитизм боз сарашро баланд бардошта истодааст. Мутаасифона насизм (миллатчигӣ) танҳо як мисоле аст, ки одамон мазҳаби масеҳиро барои пуштибони аз системаи динии худашон истифода мекунанд.


МУСОҲИБА ДАР ГУРӮҲҲО. Баъзе роҳҳои таърихӣ ва ҳозираро, ки мувофиқи онҳо паёми масеҳиро барои идеологияи махсуси худ истифода мебурданд кадомҳоянд?


ҚАЙДҲОИ ШАХСӢ.


Аҳди ҷадид дар маҳкум кардани Исо сарварони Яҳудияро гуноҳкор мекунад. Вале онҳо танҳо амал намекарданд. ҳокими Рум Понтиус Пилатус низ Исоро ба куштан маҳкум кард. Мо дар ин дарс бо Пилотус вомехурем. Юҳанно 18:28-19:16-ро хонед.


  1. Аз ин порча дар бораи Пилотус чиро фаҳмидед?





  1. Чӣ хел саркоҳинон бо надаромадан ба сарбозхона, ба хонаи Пилотус- ғайрияҳудӣ дурӯягии худро ошкор карданд (18:28)?




  1. Додрасии Рум чор ҷиҳати (элементи) асосӣ дорад: айбдоркунӣ, бозпурсӣ, ҳимоя ва баровардани ҳукм. Кадом воқеъаҳо ё гуфтаҳо аз матн ба ин чор ҷиҳат дохил мешаванд.



  • Айбдоркунӣ (18:28-31)


  • Бозпурсӣ (18:32-35)


  • Ҳимоя (18:36-37)


  • Ҳукмнома (18:38)


__________________________________________________________

  1. Гуфтаи Пилотус “Ростӣ чист?” (18:38) бо давраи ҳозира муносибат дорад. Чӣ хел шумо бо ин суол бо беимонон дар мухолифат дар меёбед?





  1. Эҳтимол Пилотус кӯшиш кард Исоро озод кунад. Кадом корҳоро ӯ ба харҷ дод (18:39-19:16)?




  1. Шумо худро чӣ хел ҳис мекунед вақте ноадолатиеро, ки бо Исо рӯй дод мехонед?




  1. Дар бораи табиати Пилотус баъди хондани ин порча чӣ хулоса баровардед?







  1. Айбдоркунии ҳақиқии Яхудиён зидди Исо дар ояти 19:7 омадааст “Ӯ Худро Писари Худо кардааст”. Чаро ба фикри шумо Пилотус чунин амал кард (19:8-9)?




  1. Чаро Исо ба Пилотус дигар ҳеҷ чиз нагуфт (19:9-11)?





  1. Кадом монандиро шумо метавонед байни таҳдиди мардум ба Пилотус (19:12) ва кӯшиши ҷаҳон аз пайравии Масеҳ дур кардани масеҳиёнро мебинед?





11. Паёми Инҷил он ҳаст ки Исо гуноҳи моро гирифт. Бо кадом роҳҳои махсус шумо файзи Масеҳро ки дар ҳузури Пилотус намоиш дод мебинед.





12.Агар бо шумо ноодилона рафтор карданд шумо чӣ ҷавоб медиҳед?




Ин порча ба шумо чӣ мегӯяд?



ҲОЗИР Ё БАЪДТАР


Ба инкор аз тарафи Петрус баргардед. Гуфтаҳои Ю ҳанно дар

18:15-18, 25-27 ҳастанд. Бигузор ин матн барои шумо сарчашмаи дуо бошад. Худро ба ҷои Петрус тасаввур намоед. Шуморо дар бораи муносибататон бо Исо, ки савол мекунад? Чӣ хел шумо ҷавоб медиҳед? Аз Худо илтимос кунед, ки ба шумо ёрӣ диҳад, агар роҳҳое бошанд, ки шумо ӯро инкор мекунед.



Www.dardidil.com



<< Башорат