Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Хушхабар аз Луқо 1-11

Download

Copyright Фонди «Калом»

Дар бораи ҳамин китоб савол ё фикрҳо доред? Ба kalomikhudo@mail.ru нависед.

Хушхабар аз Луқо

Луқо




Пешгуфтор

Луқо, ки муаллифи ин китоб мебошад, аз рӯи касбаш духтур буд. Дар байни ҳамаи муаллифони китоби Аҳди Нав ӯ ягона муаллифест, ки ғайрияҳудӣ буд. Азбаски Луқо худ шоҳиди зиндагии Исо набуд, аз ин рӯ ҳангоми тартиб додани ин Хушхабар ба бисёр навиштаҳои дигарон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Исои Масеҳ муроҷиат кардааст. Баъдтар тамоми маълумоти гирифтаашро ботартиб ҷо ба ҷо карда, китоби Хушхабарро барои як нафари бомӯҳтарами ғайрияҳудӣ ба номи Теофилус менависад. Тахмин аст, ки ин Хушхабар тақрибан дар соли 75-и мелодӣ навишта шудааст ва маълумоти бештари он аз Хушхабар аз Марқӯс, ки пештар навишта шуда буд, гирифта шудааст. Бинобар ин Хушхабар аз Луқо бо Хушхабар аз Марқӯс бисёр монандӣ дорад.

Муаллиф воқеаҳои зиндагии Исоро дар саҳнаи ҳодисаҳои таърихии ҳамон замон баён намудааст, то нишон диҳад, ки имони масеҳиён ба он воқеаҳое аст, ки дар асоси таърихӣ низ исбот доранд. Ҳамчунон ӯ қайд мекунад, ки зиндагии заминии Масеҳ ҳиссаи бисёр муҳимро дар таърихи тамоми башар гузоштааст.

Дар ин китоб Луқо ба чанд мавзӯъ аҳамияти махсус медиҳад: яке ин аст, ки Исо барои наҷоти ҳамаи одамон ба замин омадааст: чи яҳудӣ чи ғайрияҳуд, чи сарватманду чи камбағал, чи диндору чи беимонон! Дигаре ин аст, ки дар зиндагии Исо дуо чӣ аҳамият дошт. Исо бисёр дуо мекард: баъд аз он ки дар об таъмид гирифт, пеш аз интихоб кардани шогирдонаш, пеш аз пурсиш кардани шогирдонаш, ки Ӯро кӣ мешуморанд ва пеш аз дар салиб ҷон доданаш. Ҳамчунин аз ин Хушхабар мо се ҳикояи Исоро ёд мегирем, ки дар бораи дуо гуфтааст.

Чанд масалҳои беҳтарине, ки Исо барои таълим додан дар бораи муҳаббати Худо истифода бурдааст, танҳо дар Хушхабар аз Луқо нақл шудаанд: масал дар бораи сомарии накӯкор, масал дар бораи гӯсфанди гумшуда ва масал дар бораи писари гумроҳшуда.

Луқо боз дар китоби худ ғамхории Худоро нисбат ба камбағалону бечорагон нишон медиҳад: хабари хуш ба камбағалону бечорагон бояд расонда шавад, онҳо соҳиби баракати Худо мебошанд, онҳо ба базми бузург даъват ҳастанд.

Дар бобҳои охирини китоб Луқо дар бораи зинда шудани Исои Масеҳ ба тавре баён мекунад, то хонанда боварӣ ҳосил кунад, ки ба пеши шогирдон арвоҳи Исо не, балки Худи Исо дар бадани худ зинда шуда омада буд. Ӯ зинда буд, ки луқмае аз моҳӣ хӯрд. Луқо нишон додан мехост, ки зиндашавии Исои Масеҳ тасаввуроти хаёлии касе набуда, балки воқеаи ҳақиқӣ мебошад.

Дар хотимаи китоби худ Луқо дар бораи ба осмон рафтани Исо нақл мекунад. Аммо пеш аз ин ки ба осмон равад, Ӯ ба шогирдонаш гуфтааст: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Таъиншудаи Худо бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон зинда шавад.

Ба номи Ӯ аз Ерусалим сар карда ба ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо эълон карда мешавад ва шумо шоҳидони ҳамаи ин воқеаҳо ҳастед» (Луқо 24:46-48).




1


Пешгуфтор

1-3 Теофилуси мӯҳтарам!

Бисёр касон ботартиб навиштани воқеаҳоеро сар карданд, ки дар байни мо ба амал омада буданд. Онҳо аз рӯи нақлҳое тартиб медиҳанд, ки шоҳидону хизматчиёни аввалини Хушхабар ба мо расондаанд. Аз ин рӯ, ман ҳам ин воқеаҳоро аз аввал бодиққат тадқиқ карда, дуруст донистам, ки онҳоро як-як ба шумо бинависам, то дуруст будани таълимотеро, ки аз он хабар ёфтаед, бидонед.


Хабар дар бораи Яҳёи Таъмиддиҳанда

Дар замони ҳукмронии Ҳиродус ном подшоҳи сарзамини Яҳудия рӯҳоние зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Абиёи рӯҳонӣ буд. Вай Закарё ном дошт ва занашро, ки аз авлоди Ҳоруни рӯҳонӣ буд, Элисобат меномиданд. Ин зану шавҳар дар назари Худо беайб буданд ва тамоми фармону қонунҳои Худовандро пурра ба ҷо меоварданд. Онҳо ягон фарзанд надоштанд, чунки Элисобат зани нозой буд, ғайр аз ин ҳардуяшон аллакай пир шуда буданд.

Рӯзе навбати хизмат ба гурӯҳи Закарё расид ва ӯ ҳамчун рӯҳонӣ дар пеши Худо машғули иҷрои вазифааш шуд. Барои муайян кардани касе, ки мувофиқи расми рӯҳониён ба Хонаи Худованд даромада, ширеши хушбӯйро месӯзонад, қуръа партофта шуд ва он ба номи Закарё афтид. 10 Вақте ки Закарё машғули сӯзондани ширеши хушбӯй буд, тамоми мардум дар берун истода дуо мекарданд.

11 Баногоҳ ба Закарё фариштаи Худованд зоҳир шуд, ки дар тарафи рости қурбонгоҳи ширеши хушбӯй меистод. 12 Ҳамин ки Закарё ӯро дид, беқарор шуд ва вуҷудашро воҳима зер кард. 13 Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Ҳой Закарё, натарс. Дуоят ба даргоҳи Худо қабул шуд. Ҳамсарат Элисобат писаре хоҳад зоид ва ту ӯро Яҳё ном хоҳӣ гузошт. 14 Шодиву хурсандӣ насибат мегардад ва таваллуди ин кӯдак боиси хушнудии бисёриҳо мешавад, 15 зеро ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад шуд. Ӯ бояд ҳеҷ шаробу май нанӯшад. Кӯдак ҳанӯз пеш аз таваллуд шуданаш аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда, 16 аз байни халқи Исроил бисёр касонро ба сӯи Худованд Худои онҳо бармегардонад. 17 Вай ҳам мисли Илёс пайғамбар дар рӯҳ ва қудрат пешопеши Худованд қадам мезанад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандонашон наздик карда, саркашонро ба ҳикмати накӯкорон орад ва бо ин роҳ барои Худованд халқро тайёр кунад».

18 Закарё аз фаришта пурсид: «Аз куҷо мефаҳмам, ки ин мешавад? Охир ману занам пир шудаем» 19 Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Ман Ҷаброил ҳастам ва дар ҳузури Худо меистам. Ӯ маро фиристод, то ки бо ту гап зада, ин хабари хушро ба ту бирасонам. 20 Вале чун ба суханонам, ки дар вақти муайяншуда иҷро хоҳанд шуд, бовар накардӣ, ҳоло гунг мешавӣ ва то он рӯзе, ки ҳамаи гуфтаҳоям ба амал наоянд, сухане гуфта наметавонӣ».

21 Мардуме, ки интизори Закарё буданд, ҳайрон шуданд, ки чаро ӯ вақти зиёде дар Хонаи Худо мемонад. 22 Ҳангоме ки Закарё берун омад, ҳеҷ сухан гуфта наметавонист ва онҳо фаҳмиданд, ки дар Хонаи Худо ба вай чизе аён шудааст. Ӯ гунг шуда буд, аз ин сабаб бо одамон бо имову ишора гап мезад. 23 Ҳамин ки вақти хизмати Закарё ба охир расид, вай ба хонааш баргашт.

24 Баъд аз ин зани вай Элисобат ҳомиладор шуд ва аз ин рӯ, панҷ моҳ аз хона намебаромад. Ӯ гуфт: 25 «Ин кори Худованд аст, ки ҳоло ба ман назар андохта, нанги маро аз миёни мардум бардоштааст».


Хабар дар бораи таваллуди Исо

26 Дар моҳи шашум Худо фаришта Ҷаброилро ба шаҳри Носираи сарзамини Ҷалил фиристод. 27 Ӯ ба назди Марям ном духтаре омад. Марям номзади Юсуф, як марде аз авлоди шоҳ Довуд буд. 28 Фаришта пеши Марям омада, гуфт: «Салом, эй назаркардаи Худо. Худо бо туст».* 29 Марям аз ин суханони фаришта безобита шуда, худ ба худ фикр мекард, ки чаро ӯ ба ман чунин салом дод. 30 Фаришта бошад, ба ӯ гуфт: «Натарс, Марям, зеро Худо бар ту назар кардааст; 31 ҳоло ту ҳомиладор шуда, писаре таваллуд мекунӣ ва номашро Исо мегузорӣ. 32 Ӯ бузург мегардад ва Писари Худои Таоло хонда мешавад. Худованд Худо Ӯро ба тахти аҷдоди Ӯ Довуд мешинонад. 33 Ӯ то абад бар халқи Ёқуб фармонфармоӣ мекунаду подшоҳиаш ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад».

34 Марям ба фаришта гуфт: «Ман то ҳол бо ягон мард наздикӣ надоштам, пас чӣ тавр ҳомиладор шуда метавонам?» 35 Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯҳи Муқаддас бар ту мефурояд ва қудрати Худои Таоло дар ту амал мекунад. Аз ин сабаб он кӯдаке, ки ту таваллуд мекунӣ, муқаддас ва Писари Худо номида хоҳад шуд. 36 Охир хеши ту Элисобат ҳам дар пиронсолӣ писаре дар шикам дорад ва ҳоло аз ҳомиладор шуданаш шаш моҳ гузаштааст, ҳарчанд нозой шуморида шуда буд. 37 Бидон, ки барои Худо ҳеҷ чизи ғайриимкон нест». 38 Марям гуфт: «Ман бандаи Худованд ҳастам ва бигзор ҳар чизе, ки шумо гуфтед, ба амал ояд». Сипас, фаришта аз пеши ӯ рафт.


Вохӯрии Марям бо Элисобат

39 Баъд аз ин Марям бошитоб ба шаҳре, ки дар кӯҳистони Яҳудия воқеъ буд, равона шуд. 40 Вақте ки ба он ҷо расид, ба хонаи Закарё даромада, бо Элисобат салом кард. 41 Саломи Марямро шунидан замон тифл дар шиками Элисобат ба ҷунбиш омад ва Элисобат аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда, 42 бо овози баланд хитоб намуд: «Ту пурфайзтарин зани дунё ҳастӣ ва хушбахт аст он кӯдаке, ки дар шикам дорӣ! 43 Ман кӣ ҳастам, ки модари Худовандам ба диданам омадааст? 44 Нигоҳ кун! Ҳамин ки саломи ту ба гӯшам расид, аз шодӣ бача дар шикамам ба ҷунбиш омад. 45 Хушбахт ҳастӣ ту, ки ба иҷро шудани гуфтаҳои Худованд бовар кардӣ».


Таронаи Марям

46 Марям гуфт:

«Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад

47 ва рӯҳам аз Худои Наҷотдиҳандаам шод аст,

48 чунки Худо ба ман барин бандаи хокиаш назар андохтааст.

Баъд аз ин ҳамаи наслҳо маро хушбахт хоҳанд хонд,

49 зеро Худои Пурқудрат, ки номаш муқаддас аст,

бароям корҳои бузурге кардааст.

50 Вай насл ба насли касоне, ки худотарс ҳастанд,

марҳамати худро нишон медиҳад.

51 Ӯ бо дасташ корҳои боқудрат нишон дод

ва онҳоеро, ки дилашон мағрур буд, ба ҳар сӯ парешон сохт.

52 Ҳокимонро аз тахтҳояшон ба зер афканд,

вале одамони хоксорро сарбаланд кард;

53 гуруснагонро аз нозу неъматҳояш сер намуда,

сарватмандонро аз пешаш бо дасти холӣ фиристод;

54-55 ба хотири марҳаматаш,

ҳамон тавре ки ба аҷдодони мо, яъне ба Иброҳим ва авлоди ӯ то ба абад ваъда дода буд,

ба бандаи худ Исроил ёрӣ расонд».

56 Марям қариб се моҳ дар назди Элисобат монд ва баъд ба хонаи худ баргашт.


Таваллуди Яҳё

57 Вақти таваллуд кардани Элисобат фаро расид ва ӯ писаре зоид. 58 Ҳамсояҳо ва хешовандонаш фаҳмиданд, ки Худованд дар ҳаққи вай марҳамати бузурге кардааст ва ба шодии ӯ шарик шуданд.

59 Вақте ки кӯдак ҳаштрӯза шуд, ҳамаи онҳо ҷамъ шуданд, то дар рӯзи хатнаи кӯдак иштирок кунанд ва хостанд ӯро монанди падараш Закарё ном гузоранд. 60 Вале модараш гуфт: «Не, номи ӯ Яҳё мешавад». 61 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Охир, дар байни хешонат ҳеҷ кас ин хел ном надорад». 62 Баъд бо имову ишора аз Закарё пурсиданд, ки ӯ кӯдакро чӣ ном мондан мехоҳад? 63 Вай тахтачаеро талаб карда, ба рӯи он навишт «Номи ӯ Яҳё аст» ва ҳама ҳайрон шуданд. 64 Ҳамин вақт забони Закарё кушода шуду ӯ ба гап даромада Худоро ҳамду сано хонд.

65 Ҳамаи ҳамсояҳо ба тарс афтоданд ва ин воқеаҳоро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудия нақл мекарданд. 66 Онҳое, ки нақлашонро мешуниданд, дар дили худ чунин мегуфтанд: «Хӯш, ин кӯдак кӣ мешуда бошад?» Худованд бошад, дар ҳақиқат кӯдакро дастгирӣ мекард.


Пешгӯии Закарё

67 Падари кӯдак Закарё аз Рӯҳи Муқаддас пур шуду пешгӯӣ карда, чунин мегуфт:

68 «Шаъну шараф ба Худованд Худои Исроил!

Зеро Ӯ ба ёрии халқи худ омада, онро озод кард.

69 Ӯ барои мо аз авлоди бандааш Довуд

Наҷотдиҳандаи пурқудратро пайдо кард,

70 чун аз қадим бо забони пайғамбарони муқаддаси худ гуфта буд,

71 ки моро аз душманонамон

ва аз дасти ҳамаи онҳое, ки моро бад мебинанд, наҷот медиҳад.

72-73 Ҳамин тавр Вай аз рӯи ваъдае, ки ба аҷдодонамон дода буд, ба мо раҳм нишон дод.

Инчунин он аҳду паймони муқаддаси худро аз хотир набаровард,

ки бо авлоди гузаштаи мо Иброҳим баста, қасам дод, ки 74-75 моро аз дасти душманонамон раҳоӣ медиҳад,

то ки тамоми умрамон бе тарсу ҳарос, дар покиву накӯкорӣ

ба Ӯ хизмат карда тавонем.

76 Пас ту, эй фарзанд, пайғамбари Худои Таоло номида мешавӣ,

чунки барои тайёр кардани роҳи Худованд пешопеши Ӯ қадам мезанӣ

77 ва ба халқи Ӯ мефаҳмонӣ, ки ба воситаи бахшида шудани гуноҳҳояшон

онҳо наҷот меёбанд.

78 Зеро аз раҳму шафқати Худои мо

офтоби субҳгоҳӣ аз осмон бар мо нурафшонӣ мекунад,

79 то бар касоне, ки дар торикию сояи марг мешинанд, равшанӣ кунад

ва қадамҳои моро ба роҳи сулҳу осоиштагӣ ҳидоят намояд».

80 Кӯдак бошад, калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт ва то рӯзи ба халқи Исроил зоҳир гардиданаш дар биёбон зиндагӣ мекард.

2


Таваллуди Исо

Дар он вақтҳо император Авғустус фармон баровард, ки дар саросари империя саршумории аҳолӣ гузаронида шавад. Ин аввалин саршуморӣ буд, ки дар замони ҳукмронии Кириниюс дар Сурия гузаронида мешуд. Ҳар кас барои ба қайд гирифта шудани номаш бояд ба шаҳри худ мерафт. Юсуф низ аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил воқеъ гаштааст, ба сарзамини Яҳудия сафар кард. Азбаски ӯ аз авлоди шоҳ Довуд буд, бояд номаш дар шаҳри Байт-Лаҳм, ки ҷои таваллуди Довуд аст, ба қайд гирифта мешуд. Ӯ Марямро низ, ки номзадаш ва ҳамон вақт аллакай ҳомиладор буд, бо худ бурд, то ки номи ӯ ҳам ба қайд гирифта шавад.

Ҳангоме ки онҳо дар Байт-Лаҳм буданд, вақти таваллуди кӯдак фаро расид. Азбаски дар меҳмонхона барои онҳо ҷое ёфт нашуд, Марям фарзанди аввалинашро, ки писар буд, таваллуд карда, парпеч намуда, дар охур хобонд.


Чӯпонҳо ва фариштаҳо

Дар он сарзамин чӯпонҳое буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонӣ мекарданд. Як фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид ва шӯҳрату ҷалоли Худованд дар атрофашон дурахшид. Чӯпонҳо сахт тарсиданд. 10 Аммо фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед, ман ба шумо хушхабареро овардаам, ки аз шунидани он тамоми мардум беҳад шод мегарданд. 11 Зеро имрӯз барои шумо дар шаҳри шоҳ Довуд Наҷотдиҳандае ба дунё омад, ки Ӯ Таъиншудаи Худо ва Худованд аст. 12 Ба шумо ҳамин нишона мешавад, ки тифли парпечшударо дар охур хобида меёбед». 13 Ногаҳон бо он фаришта дар осмон ҳазор-ҳазор фариштаҳои дигар пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:

14 «Бигзор номи Худо дар осмонҳо шӯҳрату ҷалол ёбад

ва дар байни онҳое, ки дар рӯи замин писандидаи Ӯ ҳастанд,

сулҳу осоиштагӣ бошад!»

15 Баъд фариштагон аз назди онҳо дур шуда, дар осмон нопадид гаштанд ва чӯпонҳо ба якдигар мегуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он ҳодисаҳои рӯйдодаро, ки Худованд ба мо гуфт, бубинем». 16 Пас бошитоб рафта, Маряму Юсуф ва он кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд. 17 Вақте ки кӯдакро диданд, ҳар он чизеро, ки дар борааш шунида буданд, ба ҳама нақл карданд. 18 Ҳамаи шунавандагон аз нақли чӯпонҳо ҳайрон шуданд. 19 Вале Марям чизи шунидаашро дар дили худ нигоҳ дошта, дар борааш фикру мулоҳизаҳои зиёде мекард.

20 Чӯпонҳо баргашта, барои чизҳои шунидаву дидаашон Худоро ситоиш намуда, ба Ӯ ҳамду сано мехонданд, зеро ҳамаи он чизе, ки ба онҳо гуфта шуда буд, иҷро шуд.


Ба Хонаи Худо оварда шудани Исо

21 Баъд аз ҳашт рӯз вақти хатнаи кӯдак фаро расид ва Ӯро Исо номиданд. Ба Ӯ ҳамон номеро гузоштанд, ки фаришта ҳанӯз пеш аз дар шикам пайдо шудани Ӯ гуфта буд.

22 Ҳамин ки вақти покшавии онҳо фаро расид, Юсуфу Марям мувофиқи шариати Мӯсо кӯдакро ба Ерусалим оварданд, то ки ба Худованд пешкаш намоянд. 23 Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: «Ҳар писари аввалин бояд ба Худо бахшида шавад» 24 ва аз рӯи қонун падару модари кӯдак бояд ҳатман як ҷуфт мусича ва ё ду чӯҷаи кабӯтарро қурбонӣ кунанд.

25 Дар Ерусалим Шимъӯн ном марде зиндагӣ мекард, ки худотарсу накӯкор буд. Вай вақти тасаллӣ ёфтани халқи Исроилро интизор буд. Рӯҳи Муқаддас бо Шимъӯн буд 26 ва аз он Рӯҳ бар ӯ маълум шуд, ки то Шимъӯн Таъиншудаи Худованд, яъне Масеҳро набинад, намемирад. 27 Он Рӯҳ ба Шимъӯн илҳом бахшид ва ӯ ба Хонаи Худо рафт. Худи ҳамон рӯз падару модари Исо ҳам кӯдакро барои иҷро намудани маросими шариат ба он ҷо оварданд.

28 Шимъӯн кӯдакро ба оғӯш гирифт ва Худоро ҳамду сано хонда гуфт:

29 «Ҳоло, эй Худованд, бандаатро аз рӯи ваъдаи худ

бо сулҳу саломатӣ ҷавоб деҳ,

30 зеро чашмонам наҷотеро диданд, ки аз тарафи Ту меояд.

31 Ту онро дар ҳузури ҳамаи халқҳо муҳайё сохтӣ.

32 Вай нурест, ки барои ғайрияҳудиён роҳи Туро равшан мекунад

ва ба халқи Исроилат шӯҳрат меорад».

33 Падару модари Исо аз чунин суханони дар бораи кӯдак гуфташуда ҳайрон шуданд. 34 Шимъӯн онҳоро баракат дода, ба Марям, модари Исо гуфт:

«Ин кӯдак дар Исроил барои нобуд сохтан ва наҷот додани бисёриҳо таъин шудааст.

Ӯ нишонае аз Худо мешавад, ки бар зиддаш сухан хоҳанд гуфт,

35 то ки фикрҳои дили бисёриҳо ошкор шавад ва ту ҳам бисёр азоб мекашӣ».

36 Дар Хонаи Худо Ҳано ном пайғамбарзане буд, ки падараш Фануил ном дошт. Онҳо аз авлоди Ошер буданд. Ҳано хеле пир шуда буд. Вай баъд аз ба шавҳар баромадан ҳамагӣ ҳафт сол бо ҳамсараш зиндагӣ карда буд. 37 Ин зани ҳаштоду чорсола, ки бева монда буд, ҳеҷ вақт аз Хонаи Худо берун намерафт ва шабу рӯз бо дуову рӯза хизмату ибодат мекард. 38 Вай ҳам якбора пеш омаду Худоро шукргӯён ба ҳамаи онҳое, ки интизори озод шудани Ерусалим буданд, дар бораи он кӯдак нақлҳои зиёде кард.


Бозгашт ба Носира

39 Баъд аз он ки Юсуф ва Марям ҳамаи корҳоро аз рӯи шариати Худованд иҷро карданд, ба шаҳри худ, ки Носираи Ҷалил аст, баргаштанд.

40 Кӯдак калон шуда, қувват мегирифт ва пур аз ҳикмат мешуд. Ӯ писандидаи Худо буд.


Исои наврас дар Хонаи Худо

41 Ҳар сол падару модари Исо барои қайд кардани иди Балогардон ба Ерусалим мерафтанд. 42 Вақте ки Исо дувоздаҳсола шуд, онҳо аз рӯи одат ҳамроҳи Ӯ ба он ҷо рафтанд. 43 Баъд аз он ки рӯзҳои ид ба охир расиданд, онҳо ба шаҳри худ раҳсипор гаштанд, вале Исои наврас дар Ерусалим монд. Падару модараш аз ин бехабар буданд. 44 Онҳо гумон доштанд, ки Ӯ ҳамроҳи дигарон равона аст ва тамоми рӯз сафарашонро давом доданд. Дертар Ӯро дар миёни дӯстону хешони худ ҷустуҷӯ карданд 45 ва чун наёфтанд, ба Ерусалим барои ҷустуҷӯяш баргаштанд. 46 Баъд аз се рӯз Ӯро дар Хонаи Худо ёфтанд, ки дар байни муаллимон нишаста, суханонашонро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод. 47 Ҳамаи шунавандагон аз барои доноӣ ва ҷавобҳояш ҳайрон монданд. 48 Падару модараш Ӯро дида, ҳайрон шуданд ва Марям ба Вай гуфт: «Писарам, чаро бо мо чунин рафтор кардӣ? Ману падарат дар ҷустуҷӯи Ту бисёр азоб кашидем». 49 Исо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар шумо намедонистед, ки Ман бояд дар хонаи Падарам бошам?» 50 Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданд.

51 Ӯ бо падару модараш ба Носира баргашт ва аз гуфтаи онҳо берун намебаромад. Марям бошад, ҳамаи инро дар дили худ нигоҳ медошт.

52 Исо сол ба сол дар ҳикмат ва қомат бузург шуда, торафт бештар писандидаи Худову мардум мегашт.

3


Паёми Яҳё

1-2 Дар замони сарвари рӯҳониён будани Ҳонон ва Қаёфо каломи Худо дар биёбон ба гӯши Яҳёи писари Закарё расид. Ин воқеа дар соли понздаҳуми ҳукмронии император Тибариюс рӯй дод. Дар он айём Понтиюс Пилотус фармонравои Яҳудия ва Ҳиродус ҳокими Ҷалил буданд. Бародари Ҳиродус Филиппус бошад, дар Итурияву вилояти Тархонитус ҳукмронӣ мекард ва Лисониюс ҳокими Абилин буд.

Яҳё тамоми ноҳияҳои атрофи дарёи Урдунро тай намуда, эълон мекард, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд. Дар бораи вай дар китоби Ишаъё пайғамбар чунин навишта шудааст:

«Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд:

Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!

Бигзор ҳар водӣ баланд шавад,

ҳар кӯҳу теппа ба ҳамворӣ мубаддал гардад.

Бигзор роҳҳои печ дар печ рост шуда, роҳҳои пасту баланд ҳамвор шаванд,

он гоҳ ҳар як ҷони зинда наҷоти Худоро мебинад!”»

Мардуми зиёде назди Яҳё меомаданд, то аз дасти ӯ таъмид бигиранд ва ӯ ба онҳо мегуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед? Асло фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед. Теша аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки меваи хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад».

10 Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?» 11 Яҳё ҷавоб дод: «Касе, ки ду ҷома дорад, яктоашро ба касе диҳад, ки ба он мӯҳтоҷ аст ва ҳар кӣ хӯрок дорад, низ чунин бикунад». 12 Андозгирон ҳам, ки барои таъмид гирифтан омада буданд, аз ӯ пурсиданд: «Устод, мо чӣ кор кунем?» 13 Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он андозе, ки бароятон муайян карда шудааст, аз мардум наситонед». 14 Сарбозон низ аз ӯ пурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?» Яҳё гуфт: «Касеро бо зӯриву тӯҳмати ноҳақ ғорат накунед ва ба маоши худ қаноат намоед».

15 Мардум интизори омадани Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо буданд ва баъд аз шунидани гуфтаҳои Яҳё худ ба худ фикр мекарданд, ки шояд Яҳё Таъиншудаи Худо аст. 16 Яҳё бошад, ба онҳо гуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале тавонотаре аз ман меояд, ки ман ҳатто сазовори кушодани банди пойафзоли Ӯ нестам. Ӯ шуморо бо Рӯҳи Муқаддас ва оташ таъмид хоҳад дод. 17 Дар дасти Ӯ бел барои бод кардани гандум тайёр аст. Вай бо он хирмани худро тоза карда, гандумро дар анбораш ҷамъ мекунад, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».

18 Ҳамин тавр Яҳё мардумро панду насиҳат карда, ба онҳо хушхабарро мерасонд.

19 Яҳё ҳоким Ҳиродусро ҳам барои он ки ҳамсари бародари худаш Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд ва барои ҳамаи корҳои бадаш сарзаниш мекард. 20 Бинобар ин Ҳиродус, бар замми ҳамаи кирдори бадаш, боз Яҳёро ба ҳабс андохт.


Таъмиди Исо

21 Инак, вақте ки ҳамаи мардум таъмид гирифта буданд, Исо низ таъмид гирифту ба дуогӯӣ машғул шуд. Дар ҳамин вақт осмон кушода шуда, 22 Рӯҳи Муқаддас дар шакли кабӯтаре фаромада, дар болои Ӯ қарор гирифт ва садое аз осмон баромад, ки мегуфт: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам!»


Авлоду аҷдодони Исо

23 Вақте ки Исо ба хизмати худ шурӯъ намуд, тақрибан сисола буд ва ҳама гумон мекарданд, ки Ӯ писари Юсуф аст. Юсуф бошад, писари Элӣ, 24 Элӣ писари Маттот, Маттот писари Левӣ, Левӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Яннай, Яннай писари Юсуф, 25 Юсуф писари Матитё, Матитё писари Омӯс, Омӯс писари Наҳум, Наҳум писари Ҳеслӣ, Ҳеслӣ писари Наҷҷой, 26 Наҷҷой писари Маҳат, Маҳат писари Матитё, Матитё писари Шимъӣ, Шимъӣ писари Юсуф, Юсуф писари Юдо, 27 Юдо писари Юҳонон, Юҳонон писари Ресо, Ресо писари Зарубобил, Зарубобил писари Шаалтиил, Шаалтиил писари Нерӣ, 28 Нерӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Аддӣ, Аддӣ писари Қӯсом, Қӯсом писари Элмадом, Элмадом писари Эр, 29 Эр писари Юсе, Юсе писари Элизер, Элизер писари Юрим, Юрим писари Маттот, Маттот писари Левӣ, 30 Левӣ писари Шимъӯн, Шимъӯн писари Яҳудо, Яҳудо писари Юсуф, Юсуф писари Юном, Юном писари Элёқим, 31 Элёқим писари Малё, Малё писари Мино, Мино писари Матато, Матато писари Натан, Натан писари Довуд, 32 Довуд писари Йисой, Йисой писари Убид, Убид писари Бӯаз, Бӯаз писари Салмӯн, Салмӯн писари Наҳшӯн, 33 Наҳшӯн писари Аминодоб, Аминодоб писари Адамин, Адамин писари Ҳорнӣ, Ҳорнӣ писари Ҳесрӯн, Ҳесрӯн писари Форас, Форас писари Яҳудо, 34 Яҳудо писари Ёқуб, Ёқуб писари Исҳоқ, Исҳоқ писари Иброҳим, Иброҳим писари Тораҳ, Тораҳ писари Ноҳӯр, 35 Ноҳӯр писари Саруҷ, Саруҷ писари Рау, Рау писари Фолаҷ, Фолаҷ писари Эбар, Эбар писари Шолаҳ, 36 Шолаҳ писари Қенон, Қенон писари Арфакшад, Арфакшад писари Сом, Сом писари Нӯҳ, Нӯҳ писари Ломак, 37 Ломак писари Матушолаҳ, Матушолаҳ писари Ҳанӯҳ, Ҳанӯҳ писари Ёрад, Ёрад писари Маҳалалъил, Маҳалалъил писари Қенон, 38 Қенон писари Анӯш, Анӯш писари Шет, Шет писари Одам ва Одам писари Худо буданд.

4


Аз озмоиш гузаштани Исо

Исо аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда, аз соҳили дарёи Урдун баргашт ва ин Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд. Он ҷо иблис дар муддати чил шабу чил рӯз Ӯро меозмоид. Ҳамон рӯзҳо Исо ҳеҷ чиз намехӯрд ва оқибат хеле гурусна монд.

Иблис ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, ба ин санг фармон деҳ, ки нон шавад». Исо ҷавоб дод: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст». Баъд иблис Вайро ба баландӣ бурда, аз он ҷо дар як лаҳза тамоми мамлакатҳои дунёро ба Ӯ нишон дода, 6-7 гуфт: «Агар Ту ба ман саҷда кунӣ, ман тамоми ихтиёри ҳукмронӣ кардан ва ҳамаи шӯҳрату ҷалоли онҳоро ба Ту месупорам, зеро он ба ман дода шудааст ва ман метавонам онро ба касе, ки хоҳам, тӯҳфа бикунам». Исо ба вай ҷавоб дод: «Дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки

мо бояд Худованд Худои худро бипарастем

ва фақат ба Ӯ хизмат кунем”».

Баъд иблис Ӯро ба Ерусалим бурд ва ба нуқтаи баландтарини Хонаи Худо гузошта гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо ба поён парто. 10 Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки

Худо ба фариштагони худ фармон медиҳад, ки Туро муҳофизат кунанд

11 ва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт,

то ки поят ба санге назанад”».

12 Исо ҷавоб дод: «Не, ҳамчунин гуфта шудааст, ки набояд Худованд Худои худро бисанҷем». 13 Баъд аз ин иблис васвасаҳои худро бас кард ва то пайдо шудани лаҳзаи мувофиқ аз Исо дур шуд.


Хизматгузории Исо дар Ҷалил ва Носира

14 Исо бо қудрати Рӯҳи Муқаддас ба Ҷалил баргашт ва ин хабар дар сар то сари он ноҳия паҳн шуд. 15 Ӯ дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод ва ҳама Исоро ситоиш мекарданд.

16 Ҳамин тавр Ӯ ба шаҳри Носира омад, ки дар он ҷо ба воя расида буд. Вай дар рӯзи истироҳат аз рӯи одат ба ибодатхона даромада, барои бо овози баланд хондани навиштаҷот аз ҷояш бархест. 17 Ба Ӯ китоби Ишаъё пайғамбарро доданд ва Исо онро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд:

18 «Рӯҳи Худованд дар Ман аст,

зеро Ӯ Маро таъин намудааст, ки ба бенавоён хушхабарро бирасонам.

Ӯ Маро фиристодааст, то озодии асирон, бино шудани кӯрон ва раҳоии ситамдидагону

19 соли файзбахши Худовандро эълон намоям».

20 Баъд Вай китобро пӯшида, ба ходим дод ва ба ҷои худ нишаст. Дар ибодатхона ҳама бо диққат ба Ӯ нигоҳ мекарданд 21 ва Ӯ ба сухан оғоз намуд: «Он навиштаҳоеро, ки ҳоло шунидед, имрӯз амалӣ гаштанд».

22 Ҳама Исоро таъриф мекарданд ва аз суханони файзбахши Ӯ дар тааҷҷуб монда, мегуфтанд: «Магар Ӯ писари Юсуф нест?»

23 Ӯ ба онҳо гуфт: «Медонам, ки дар бораи Ман чунин масалро хоҳед гуфт: „Эй табиб! Худатро шифо деҳ ва дар ватани худ низ мӯъҷизаҳоеро бикун, ки шунидаем дар шаҳри Кафарнаҳум кардаӣ”». 24 Баъд суханашро давом дод: «Ба ростӣ мегӯям, ки ягон пайғамбар дар диёраш қадр надорад. 25 Ҳақиқатан ҳам, дар замони Илёс пайғамбар, вақте ки дар муддати севу ним сол борон наборид ва дар рӯи замин гуруснагии сахте ба вуҷуд омад, дар Исроил бевазанони бисёре буданд, 26 вале Илёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд. Ӯ танҳо ба назди як бевазане фиристода шуд, ки дар Сорфато ном шаҳри Сидун зиндагӣ мекард. 27 Дар замони Элишои пайғамбар ҳам дар Исроил махавҳои зиёде буданд, вале ба ғайр аз Наамони суриёнӣ ҳеҷ кадоме аз онҳо шифо наёфтанд».

28 Онҳое, ки дар ибодатхона буданд, аз шунидани чунин суханҳо ба ғазаб омаданд. 29 Баъд аз ҷояшон бархеста, Исоро аз шаҳр берун карда, ба болои теппае бурданд, ки шаҳр он ҷо сохта шуда буд ва хостанд аз лаби ҷарӣ Ӯро партоянд. 30 Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, бо роҳи худ равона шуд.


Аз рӯҳи нопок озод шудани мард

31 Исо ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар Ҷалил аст, омада, дар рӯзи истироҳат мардумро таълим медод. 32 Одамон аз таълимоти Ӯ қоил мемонданд, чунки суханонаш боқудрат буданд. 33 Дар ибодатхона марде ҳузур дошт, ки дар вуҷудаш рӯҳи нопок, яъне дев ҷойгир шуда буд. Ӯ бо овози баланд фарёд зада гуфт: 34 «Моро ба ҳоламон гузор! Ту ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!» 35 Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд, ки хомӯш шавад ва аз даруни он одам берун барояд. Дев мардро дар пеши назари ҳама ба замин партофт ва ба он мард ҳеҷ зараре нарасонда, аз вай берун баромад. 36 Ҳама ҳайрон шуда ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ суханест, ки Ӯ бо қудрату қувват ба рӯҳҳои нопок амр мефармояд ва онҳо берун мебароянд?»

37 Овозаи Исо дар тамоми он ноҳия паҳн мешуд.


Шифои ёфтани бисёр дардмандон

38 Исо аз ибодатхона баромада, ба хонаи Шимъӯн рафт. Хушдомани Шимъӯн ба табларзаи сахте гирифтор буд ва аз Исо хоҳиш карданд, ки ба ин зан ёрӣ диҳад. 39 Исо болои сари ӯ хам шуда, табларзаро манъ кард ва он тамоман нест шуд. Зан дарҳол бархеста, ба меҳмоннавозӣ машғул шуд.

40 Вақти ғуруби офтоб ҳамаи онҳоеро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, ба назди Исо меоварданд. Ӯ дасти худро болои сари ҳар яке аз онҳо мегузошту шифояшон медод. 41 Ҳамчунон девҳо «Ту писари Худо ҳастӣ!» гуфта, фарёдзанон аз бисёр касон берун мебаромаданд, чунки онҳо медонистанд, ки Ӯ Таъиншудаи Худо аст. Аммо Ӯ ба онҳо иҷозати гап заданро намедод.


Дар ибодатхонаҳо таълим додани Исо

42 Вақте ки субҳ дамид, Исо берун баромада, ба ҷои хилвате рафт. Вале мардум Ӯро ҷустуҷӯ карда, ба наздаш омаданд ва намегузоштанд, ки аз пешашон биравад. 43 Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Ман бояд хушхабари подшоҳии Худоро ба шаҳрҳои дигар ҳам бирасонам, чунки бо ҳамин мақсад Ман фиристода шудаам».

44 Ва Ӯ дар ибодатхонаҳои тамоми сарзамини Яҳудия хушхабарро эълон мекард.

5


Интихоби шогирдони аввал

Як рӯз Исо дар канори кӯли Ҷинесор меистод ва мардуми бисёре, ки мехостанд каломи Худоро бишнаванд, аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд. Исо ду қаиқеро дид, ки дар соҳили кӯл гузошта шуда буданд ва моҳигирон аз онҳо берун омада, тӯрҳои моҳидориро мешустанд. Ӯ ба яке аз қаиқҳо, ки соҳибаш Шимъӯн буд, савор шуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки қаиқро аз соҳил каме дуртар ронад. Баъд нишаста, аз қаиқ мардумро таълим медод. Дар охири суханаш Ӯ ба Шимъӯн гуфт: «Қаиқро ба мобайни кӯл бирон ва барои сайд тӯрҳоятонро ба об андозед». Шимъӯн ҷавоб дод: «Устод! Мо тамоми шаб заҳмат кашидем ва чизе сайд накардем, вале азбаски шумо мефармоед, ҳоло тӯрро ба об меандозем». Вақте ин корро карданд, он қадар моҳӣ сайд шуд, ки қариб буд тӯрҳояшон канда шаванд. Пас, Шимъӯн ва рафиқонаш ба шарикони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорае карданд, то ба ёриашон биёянд. Онҳо омада, ҳар ду қаиқро то дараҷае аз моҳӣ пур карданд, ки қариб ғарқ мешуданд.

Шимъӯни Петрус ин ҳолатро дида, пеши пойҳои Исо афтода гуфт: «Худовандо! Аз пеши ман бирав, чунки ман одами гунаҳкор ҳастам». Ӯ инро барои он гуфт, ки худаш ва ҳамроҳонаш аз сайди бешумори ба дастовардаашон ба ҳайрат афтода буданд. 10 Ёқубу Юҳанно низ, ки писарони Забдой ва шарикони Шимъӯн буданд, ҳайрон шуданд. Вале Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс, баъд аз ин одамонро монанди моҳӣ ҷамъ хоҳӣ кард».

11 Сипас моҳигирон қаиқҳоро ба соҳил бароварданд ва ҳамаи корҳояшонро як сӯ гузошта, Исоро пайравӣ карданд.


Шифо ёфтани марди махав

12 Исо дар шаҳре буд, ки дар он ҷо марди гирифтори касалии махав буд. Он махав Исоро дида, сар ба пои Ӯ ниҳоду илтимос кард: «Худовандо, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». 13 Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва касалии махав нест шуд.

14 Баъд Исо ба ӯ таъкид карда гуфт: «Дар бораи ин воқеа ба касе нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ ва барои пок шудани худ, ҳамон тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад». 15 Аммо ба ин нигоҳ накарда, овозаи Ӯ торафт паҳн мешуд. Барои шифо ёфтан аз бемориҳо ва шунидани сухани Ӯ шумораи зиёди мардум дар атрофи Исо ҷамъ меомаданд.

16 Исо бошад, барои дуо кардан ба ҷои хилват мерафт.


Шифо ёфтани марди шал

17 Рӯзе Исо машғули таълим буд. Фарисиён ва шариатдононе, ки аз тамоми деҳоти Ҷалил, аз Яҳудия ва аз Ерусалим омада буданд, дар назди Ӯ нишастанд. Қудрати Худованд барои шифо додан бо Исо буд. 18 Ҳамин вақт чанд нафаре марди шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки ӯро ба даруни хона дароварда, дар пеши Исо гузоранд, 19 вале аз сабаби бисёр будани мардум барои даровардани ӯ роҳе наёфтанд. Бинобар ин ба болои хона баромада, аз миёни сафолҳои бом шалро бо ҷойгаҳаш ба даруни хона, ба миёни мардум, пеши Исо фароварданд. 20 Исо имони онҳоро дида, ба он шал гуфт: «Дӯстам! Гуноҳҳоят бахшида шуданд».

21 Вале шариатдонону фарисиён ба якдигар мегуфтанд: «Ин кист, ки суханони кофирона мегӯяд? Ғайр аз Худо кӣ гуноҳҳоро бахшида метавонад?» 22 Исо бошад, аз фикри онҳо дарак ёфта ҷавоб дод: «Чаро дар дилҳоятон чунин фикрҳо доред? 23 Кадомаш осонтар аст: гуфтани он, ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд” ё гуфтани он, ки „бархез ва роҳ гард”? 24 Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад». Сипас ба шал нигариста гуфт: «Ба ту мегӯям, бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав». 25 Он мард дар пеши ҳама дарҳол аз ҷояш бархест ва ҷойгаҳашро, ки дар рӯи он хобида буд, бардошта, Худоро шукргӯён ба хонааш равона шуд.

26 Ҳама ба ҳайрат афтода, Худоро ситоиш мекарданд ва дар ҳолате, ки пур аз тарсу ҳарос буданд, мегуфтанд: «Имрӯз чизҳои аҷоибро дидем».


Даъват шудани Левӣ

27 Баъд аз ин Исо берун рафт ва Левӣ ном андозгиреро дид, ки дар ҷои кораш нишаста буд. Исо ба вай гуфт: «Биё, пайрави Ман шав». 28 Левӣ бархест ва ҳама чизашро монда, аз паси Ӯ равона шуд.

29 Левӣ дар хонаи худ барои Исо зиёфати калон орост. Шумораи зиёди андозгирон ва одамони дигар ҳамроҳашон дар гирди як дастархон менишастанд. 30 Фарисиён ва шариатдонон ба шогирдони Исо шикоят карда мегуфтанд: «Чаро шумо ҳамроҳи андозгирону гунаҳкорон аз як дастархон мехӯреду менӯшед?» 31 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон мӯҳтоҷанд. 32 Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро ба тавба даъват намоям».


Савол дар бораи рӯза

33 Ба Исо гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳё зуд-зуд рӯза мегиранду дуо мехонанд, шогирдони фарисиён низ чунин мекунанд, вале шогирдони Шумо мехӯранд ва менӯшанд?» 34 Исо ба онҳо гуфт: «Оё метавонед дӯстони домодро, модоме ки ӯ бо онҳост, маҷбур созед, ки рӯза бигиранд? 35 Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд».

36 Баъд ба онҳо ин масалро гуфт: «Ҳеҷ кас аз ҷомаи нав пораеро канда, ҷомаи кӯҳнаро ямоқ намекунад, чунки ҳам ҷомаи нав ҳайф мешавад ва ҳам ямоқи нав ба ҷомаи кӯҳна мувофиқ намеояд. 37 Ҳамчунин ҳеҷ кас шароби навтайёршударо ба машки чармини кӯҳна намерезад, чунки шароб меҷӯшаду машкро даронда, ҳам худ мерезад ва ҳам машк бекора мешавад. 38 Пас, шароби нав бояд ба машки нав рехта шавад. 39 Ҳеҷ кас баъд аз нӯшидани шароби кӯҳна шароби навро талаб намекунад, зеро мегӯяд, ки шароби кӯҳна хуб аст».

6


Савол дар бораи рӯзи истироҳат

Яке аз рӯзҳои истироҳат Исо аз миёни киштзорҳои гандум мегузашт. Шогирдонаш хӯшаҳоро чида, бо кафи дасташон молида мехӯрданд. Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Чаро шумо кореро мекунед, ки кардани он дар рӯзи истироҳат раво нест?» Исо ҷавоб дод: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд? Ӯ ба хонае, ки ҳузури Худоро дошт, даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯи шариат фақат рӯҳониён ҳақ доштанд он нонро бихӯранд». Баъд ба онҳо гуфт: «Фарзанди Инсон соҳиби рӯзи истироҳат аст».


Шифо ёфтани марди дасташ хушкшуда

Боз як рӯзи истироҳат Исо ба ибодатхона рафта, машғули таълим шуд. Дар он ҷо як марде ҳузур дошт, ки дасти росташ хушк шуда буд. Шариатдонон ва фарисиён мехостанд бинанд, ки Исо дар рӯзи истироҳат касеро шифо медиҳад ё не, то тавонанд Ӯро дар ин кор айбдор бикунанд. Аммо Исо фикри онҳоро медонист ва ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо исто». Он мард бархесту истод. Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо саволе медиҳам: оё дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост ё бадӣ? Ҷони касеро наҷот ё барбод додан?» 10 Баъд ба ҳамаи онҳо нигоҳ карда, ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд. 11 Аммо шариатдонон ва фарисиён дар ғазаб шуда, бо ҳамдигар маслиҳат мекарданд, ки бар зидди Исо чӣ коре карда метавонанд.


Интихоб шудани дувоздаҳ вакили Исо

12 Дар он рӯзҳо Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад ва тамоми шабро бо дуои Худо гузаронид. 13 Вақте ки субҳ дамид, шогирдонашро ба наздаш ҷеғ зада, аз миёнашон дувоздаҳ нафарро интихоб кард ва онҳоро вакил номид, ки инҳоянд: 14 Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус номид ва бародари Шимъӯн Андриёс, Ёқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо, 15 Матто ва Тумо, Ёқуби писари Ҳалфӣ ва Шимъӯн, ки ба ӯ лақаби Ватандӯстро гузошта буданд, 16 Яҳудои писари Ёқуб ва Яҳудои Исқарют, ки оқибат хиёнаткор мешавад.


Исо дар хизмати мардум

17 Исо ва вакилонаш аз кӯҳ поён фаромада, дар ҳамворие ҷой гирифтанд. Шумораи зиёди пайравонаш ва мардуми бешуморе аз тамоми гирду атрофи сарзаминҳои Яҳудия, Ерусалим ва аз ноҳияҳои назди баҳрии Суру Сидун ҷамъ омаданд, 18 то ки Исоро бишнаванд ва аз бемориҳо шифо ёбанд. Касоне, ки аз рӯҳи нопок азоб мекашиданд, низ шифо ёфтанд. 19 Бинобар ин ҳама кӯшиш мекарданд, ки дасти худро ба Исо бирасонанд, чун қуввае, ки аз Ӯ берун меомад, ҳамаро шифо мебахшид.


Одамони хушбахт ва бадбахт

20 Исо ба шогирдонаш чашм дӯхта гуфт:

«Хушбахтед шумо, ки ҳоло бечораед,

чунки Худо дар ҳаётатон подшоҳӣ мекунад.

21 Хушбахтед шумо, ки ҳоло гуруснаед, чунки сер хоҳед шуд.

Хушбахтед шумо, ки ҳоло гиря мекунед, зеро хандон мешавед.

22 Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Фарзанди Инсон аз шумо нафрат мекунанд, шуморо аз байнашон меронанд, дашном медиҳанд ва номатонро ба бадӣ бароварда аз шумо рӯй мегардонанд.

23 Дар он рӯз хурсанд бошед ва аз шодӣ бирақседу бидонед, ки Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Зеро авлоди гузаштаи ин одамон низ бо пайғамбарон ҳамин тавр рафтор мекарданд.

24 Лекин вой бар ҳоли шумо, эй сарватмандон,

зеро аллакай тасаллии дили худро ёфтаед.

25 Вой бар ҳоли шумо, ки ҳоло сер ҳастед,

чунки гурусна хоҳед монд.

Вой бар ҳоли шумо, ки ҳоло механдед, зеро гирёну нолон хоҳед шуд.

26 Вой бар ҳоли шумо, вақте ки ҳама шуморо таърифу тавсиф мекунанд, чунки авлоди гузаштаи ин одамон низ бо пайғамбарони бардурӯғ ҳамин тавр рафтор мекарданд.


Дӯст доштани душманон

27 Аммо ба шумо, ки ҳоло сухани Маро мешунавед, мегӯям: душманонатонро дӯст доред ва ба онҳое, ки шуморо бад мебинанд, некӣ кунед, 28 барои онҳое, ки шуморо лаънат мехонанд, баракат талабед ва барои онҳое, ки шуморо дашном медиҳанд, дуои хайр гӯед.

29 Агар касе ба як тарафи рӯятон торсакӣ занад, тарафи дигари рӯятонро бар ӯ бигардонед ва агар касе ҷомаатонро кашида гирад, монед, ки куртаатонро ҳам бигирад.

30 Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, ба ӯ бидиҳед ва ҳар кӣ чизи шуморо бигирад, баргардондани онро талаб накунед.

31 Пас, чӣ гуна рафторро аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати онҳо рафтор кунед.

32 Агар танҳо онҳоеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ фоида ба даст меоред? Зеро гунаҳкорон ҳам дӯстдорандагони худро дӯст медоранд.

33 Агар фақат ба касоне, ки ба шумо некӣ мекунанд, некӣ кунед, шумо чӣ ифтихоре доред? Зеро гунаҳкорон низ чунин мекунанд.

34 Агар ба касе қарз диҳеду умеди пас гирифтани онро дошта бошед, чӣ фоида дорад? Зеро гунаҳкорон низ ба гунаҳкорон қарз дода, интизори пас гирифтани он ҳастанд. 35 Вале шумо душманонатонро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳеду интизори пас гардонда гирифтани он нашавед. Он гоҳ мукофоти бузурге насибатон гашта, фарзандони Худои Таоло хоҳед буд. Зеро Худо ба одамони хасис ва кӯрнамак ҳам меҳрубонӣ мекунад. 36 Пас, ҳамон тавре ки Падари шумо раҳмдил аст, шумо низ раҳмдил бошед.


Айбдор кардани дигарон

37 Ҳукм накунед ва ба ҳукм дучор намешавед. Касеро айбдор накунед ва шумо низ айбдор карда намешавед. Ҳамаро бубахшед ва шумо низ бахшида мешавед. 38 Бидиҳед ва ба шумо низ дода мешавад: ба андозаи хуби ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрезшуда ба доманатон меандозанд, зеро бо кадом санги тарозу баркашед, бо ҳамон санг ба шумо баркашида мешавад».

39 Ҳамчунин Ӯ масалеро ба онҳо гуфт: «Оё як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон дода метавонад? Магар ҳардуяшон ба чоҳ намеафтанд? 40 Шогирд аз устодаш болотар нест. Аммо вақте ки донишашро пурра мекунад, ба устодаш баробар мешавад.

41 Чаро шумо хасро дар чашми бародаратон мебинеду чӯберо, ки дар чашми худатон ҳаст, ҳис намекунед? 42 Чӣ тавр метавонед ба бародаратон бигӯед: „Эй бародар, иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам”, вақте ки чӯбро дар чашми худ намебинед? Эй дурӯяҳо! Аввал чӯбро аз чашми худатон дур кунед, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред.


Дарахт ва меваи он

43 Ҳаргиз дарахти хуб меваи бад ва ё дарахти бад меваи хуб ба бор намеоварад, 44 чунки ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад. Аз буттаҳои хор анҷир намечинанд ва ё ҳосили ангур намегиранд. 45 Шахси нек аз хазинаи неки дилаш некиро ва шахси бад аз хазинаи бади дилаш бадиро берун меорад, зеро он чи дилашро пур мекунад, баъд лабрез шуда, аз забонаш берун меояд.


Бинокори дурандешу бинокори беақл

46 Чаро ба Ман „Худовандо! Худовандо!” мегӯед, вале гуфтаҳоямро иҷро намекунед? 47 Ҳоло ба шумо ба кӣ монанд будани касеро мефаҳмонам, ки пеши Ман омада, сухани Маро мешунавад ва аз рӯи он амал мекунад. 48 Ӯ ба одаме монанд аст, ки барои сохтани хонааш заминро чуқур канда, пойдеворашро болои санге мегузорад. Ҳангоме ки сел меояду оби пурталотумаш хонаро зер мекунад, ба он ҳеҷ осебе намерасад, чунки пойдевораш мустаҳкам сохта шудааст. 49 Аммо касе, ки суханони Маро шунида, аз рӯи он амал намекунад, ба одаме монанд аст, ки хонаашро бе пойдевор болои хок сохтааст. Пас, вақте ки сел омада, оби пурталотумаш хонаро зер мекунад, он ба зудӣ фурӯ рафта несту нобуд мешавад».

7


Шифо ёфтани хизматгори сардори лашкар

Баъд аз он ки Исо тамоми суханҳояшро ба мардум гуфта шуд, вориди шаҳри Кафарнаҳум гашт. Дар он ҷо як сардори лашкар хизматгоре дошт, ки барояш азиз буд. Ин хизматгор бемор шуда, дар бистари марг мехобид. Он сардори лашкар овозаи Исоро шунида, пирони яҳудиро пеши Ӯ фиристод, то илтимос кунанд, ки омада хизматгорашро шифо диҳад. Онҳо назди Исо омаданд ва бисёр илтимос карда гуфтанд: «Ин сардори лашкар сазовори он аст, ки барояш чунин корро бикунед, чунки вай халқи моро дӯст медорад ва барои мо ибодатхонае сохтааст».

Исо ҳамроҳи онҳо рафт. Ҳангоме ки ба хона наздик мешуд, сардори лашкар дӯстонашро фиристод, ки аз номи вай ба Исо чунин бигӯянд: «Хоҷа! Аз ин зиёд заҳмат накашед, зеро ман лоиқи он нестам, ки аз остонаи дарам гузаред. Ба ҳамин сабаб худро муносиб надонистам, ки назди шумо биёям. Танҳо як амр кунед ва хизматгори ман шифо меёбад. Охир ман як фармонбардор ҳастам ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав” мегӯям, меравад, ба дигаре „биё” мегӯям, меояд ва агар ба хизматгорам „фалон корро бикун” гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад».

Исо инро шунида бисёр ҳайрон шуд ва ба мардуми бешуморе, ки аз паси Ӯ меомаданд, рӯ оварда гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони сахт дошта бошад».

10 Фиристодагони сардори лашкар ба хона баргашта, диданд, ки хизматгор сиҳат шудааст.


Зинда шудани писари бевазан

11 Дере нагузашта Исо ҳамроҳи шогирдон ва шумораи зиёди мардум ба шаҳри Ноин рафт. 12 Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуда, дид, ки мурдаеро мебароранд. Он мурда писари ягонаи бевазане буд ва сокинони зиёди шаҳр ҳамроҳи он зан равона буданд. 13 Худованд он занро дида, дилаш ба ҳоли вай сӯхт ва ба ӯ гуфт: «Гиря накун». 14 Баъд наздик омада, дасти худро рӯи тобут гузошт ва тобутбардорон аз роҳ бозистоданд. Сипас Ӯ гуфт: «Эй бародар! Ба ту мегӯям, бархез». 15 Мурда аз ҷояш бархеста нишасту ба сухан даромад ва Исо ӯро ба модараш супорид.

16 Ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт ва мардум Худоро ҳамду санохонон мегуфтанд: «Худо ба халқи худ назар андохт ва дар байни мо пайғамбари бузурге пайдо шуд». 17 Одамон дар тамоми Яҳудия ва гирду атрофи он дар бораи Исо нақл мекарданд.


Омадани шогирдони Яҳё

18 Шогирдони Яҳё низ ба устодашон ҳамаи воқеаҳоро нақл карданд. Яҳё ду нафар аз шогирдонашро ҷеғ зада, 19 ба назди Худованд Исо фиристод, то бипурсанд: «Оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?» 20 Онҳо ба назди Исо омада, гуфтанд: «Яҳёи Таъмиддиҳанда моро пеши Шумо фиристод, то бипурсем, ки оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»

21 Ин ҳамон вақте буд, ки Исо мардуми зиёдеро аз бемориҳо, дарду азоб ва рӯҳҳои нопок шифо бахшида, чашми нобиноёни зиёдеро бино мекард.

22 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар чиро, ки дидаеду шунидаед, рафта, ба Яҳё нақл бикунед. Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаванду лангон роҳ мегарданд, махавҳо пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдаҳо аз нав зинда мешаванд ва ба бенавоён хушхабар эълон карда мешавад. 23 Пас, хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад».


Шаҳодати Исо дар бораи Яҳё

24 Баъд аз рафтани фиристодагони Яҳё Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад? 25 Агар не, пас барои дидани чӣ рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси қимат мепӯшад? Охир онҳое, ки либоси зебо мепӯшанд ва ҳаёти пур аз айшу ишрат доранд, дар қасрҳои подшоҳӣ зиндагӣ мекунанд. 26 Пас, киро диданӣ будед? Пайғамбарро? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед. 27 Яҳё ҳамон як одамест, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд:

Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам,

то ба омаданат роҳ тайёр кунад”.

28 Ҳоло ба шумо мегӯям, ки дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳё касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст».

29 Тамоми мардум ва андозгирон низ суханони ӯро шунида, дуруст будани роҳи Худоро тасдиқ менамуданд ва аз ин сабаб аз дасти Яҳё таъмид гирифта буданд. 30 Вале азбаски фарисиён ва қонуншиносон таъмиди Яҳёро нагирифта буданд, аз нияте, ки Худо нисбаташон дошт, рӯй гардонданд.

31 Исо суханашро давом дода гуфт: «Одамони ин наслро бо кӣ муқоиса кунам? Онҳо ба кӣ монандӣ доранд? 32 Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча нишаста, якдигарро ҷеғ мезананд ва мегӯянд:

Мо бароятон карнай навохтем, аммо шумо рақс накардед!

Суруди мотам хондем, вале гиря накардед”.

33 Ҳоло Яҳёи Таъмиддиҳанда омадааст, ки нон намехӯраду шароб наменӯшад ва шумо мегӯед, ки ӯ дев дорад. 34 Фарзанди Инсон омадааст, ки ҳам мехӯраду ҳам менӯшад ва шумо мегӯед: „Ана марди пурхӯр ва бадмаст дӯсти андозгирону гунаҳкорон аст”. 35 Вале дуруст будани ҳикмати Худо ба воситаи корҳои тамоми фарзандонаш исбот мешавад».


Исо дар хонаи Шимъӯни фарисӣ

36 Яке аз фарисиён Исоро ба меҳмонӣ даъват намуд ва Ӯ ба хонаи он фарисӣ рафта, дар назди дастархон паҳлӯ зада нишаст.

37 Дар он шаҳр як зани пургуноҳе буд. Чун ӯ фаҳмид, ки Исо дар хонаи он фарисӣ хӯрок мехӯрад, кӯзачаи сангини гаронбаҳоро, ки равғани хушбӯй дошт, гирифта ба он ҷо омад. 38 Вай аз пушт, назди пойҳои Исо истода мегирист ва ашкҳояш ба пойҳои Исо мечакиданд. Зан бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро мехушконид, бо эҳтиром онҳоро мебӯсид ва ба онҳо равғани хушбӯйро мемолид. 39 Инро дида, фарисие, ки Исоро даъват карда буд, чунин фикрро аз дил гузаронд: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, мефаҳмид, ки ин зан чӣ гуна аст. Чун зане, ки ҳоло ба Ӯ даст мерасонад, гунаҳкор аст»! 40 Вале Исо ба ӯ гуфт: «Шимъӯн! Мехоҳам ба ту чизе бигӯям». Гуфт: «Марҳамат, устод».

41 Пас Исо суханашро давом дода гуфт: «Ду кас аз як одам пул қарз гирифтанд. Яке аз ӯ панҷсад ва дигаре панҷоҳ тангаи нуқра қарздор буд. 42 Азбаски онҳо барои баргардондани қарз чизе надоштанд, он одам қарзи ҳардуро бахшид. Ҳоло бигӯ, кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст медорад?» 43 Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ба гумонам он касе, ки ба ӯ қарзи зиёдтаре бахшида шудааст». Исо гуфт: «Дуруст фаҳмидӣ». 44 Баъд ба он зан рӯ оварда, ба Шимъӯн гуфт: «Ин занро мебинӣ? Ман дар хонаи ту меҳмон шудам, вале барои пойҳоям об наовардӣ; ин зан бошад, пойҳои Маро бо ашкҳояш шуст ва бо мӯйҳояш тоза кард. 45 Ту Маро ҳатто набӯсидӣ; ин зан бошад, аз вақти омаданам то ҳол бӯсидани пойҳоямро бас намекунад. 46 Ту ба сарам ҳатто равғани оддиро намолидӣ; вай бошад, равғани қиматбаҳои хушбӯйро ба пойҳоям молид. 47 Бинобар ин ба ту мегӯям, азбаски гуноҳҳои зиёди вай бахшида шудаанд, ӯ чунин муҳаббати зиёд дорад ва агар ба касе гуноҳи камтар бахшида шавад, муҳаббаташ низ камтар аст». 48 Баъд ба он зан гуфт: «Гуноҳҳоят бахшида шуданд». 49 Онҳое, ки бо Ӯ дар сари як дастархон нишаста буданд, худ ба худ мегуфтанд: «Вай кист, ки гуноҳҳоро мебахшад ҳам?» 50 Вале Исо ба зан гуфт: «Туро имонат наҷот додааст. Рав ва дар амон бош!»

8


Занҳое, ки пайрави Исо буданд

Баъд аз ин Исо шаҳр ба шаҳру деҳа ба деҳа гашта, ба мардум хабари хуши подшоҳии Худоро мерасонд. Дар ин кор Ӯро дувоздаҳ шогирд ва якчанд зан, ки аз рӯҳҳои нопок ва бемориҳо шифо ёфта буданд, ҳамроҳӣ мекарданд. Яке аз он занҳо Марям буд, ки Маҷдалия номида мешуду аз ӯ ҳафт дев берун рафта буд. Дигаре Юҳона буд, ки шавҳараш Кузо ном дошту дар дарбори Ҳиродус вазифаи назоратчиро иҷро мекард. Ҳамчунин Сусан ва бисёр дигарон, ки бо пулу молашон онҳоро дастгирӣ мекарданд.


Масал дар бораи деҳқон

Вақте ки мардуми бисёре аз шаҳрҳои гирду атроф ҷамъ шуда, ба назди Исо омаданд, Ӯ масалеро гуфт: «Рӯзе як деҳқон барои киштани донаҳои худ мебарояд. Вақте ки дона мепошад, миқдоре аз онҳо ба пайраҳа афтода поймол мешавад ва паррандаҳо омада, онҳоро аз замин чида пок-покиза мехӯранд. Миқдори дигари донаҳо ба замини санглох афтода месабзанд, вале аз беобӣ хушк мешаванд. Боз як миқдори донаҳо ба миёни хорҳо афтода месабзанд, вале хорҳо қад кашида онҳоро пахш мекунанд. Аммо қисми донаҳое, ки ба замини хуби ҳосилхез меафтанд, сабзида, сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд». Инро гуфту хитоб кард: «Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»


Маънидод кардани масал дар бораи деҳқон

Шогирдон аз Исо маънои ин масалро пурсиданд 10 ва Ӯ гуфт: «Худо ба шумо имконияти фаҳмидани сирру асрори подшоҳии худро додааст, аммо ба дигарон бо масалҳо мегӯям, то ки

онҳо нигоҳ кунанду набинанд,

гӯш кунанду нашунаванд”.

11 Маънои масал ин аст: дона - каломи Худост. 12 Донаҳое, ки ба пайраҳа афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале иблис онро аз дилашон медуздад, то ки имон наоваранд ва наҷот наёбанд. 13 Донаҳое, ки ба замини санглох афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро шунида, онро бо шодӣ қабул мекунанд, вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе имондор буда, дар вақти озмоиш зуд аз имони худ мегарданд. 14 Донаҳое, ки ба миёни хорҳо афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале ташвишу бойгарӣ ва кайфу сафои зиндагӣ онҳоро пахш мекунад ва онҳо ҳеҷ самаре ба бор намеоваранд. 15 Аммо донаҳои ба замини ҳосилхез афтода онҳоянд, ки каломро мешунаванд ва онро дар дили неку самимиашон нигоҳ дошта, бо сабру тоқат самар ба бор меоваранд.


Масал дар бораи чароғ

16 Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, онро бо косае намепӯшонад ва ё ба зери кат намегузорад. Баръакс, онро ба чароғпоя мегузорад, то ҳар кӣ дарояд, равшаниашро бубинад. 17 Зеро ҳеҷ чизи махфие нест, ки ошкор нашавад ва чизи пинҳоне нест, ки маълум ва равшан нагардад. 18 Пас, аҳамият диҳед, ки суханони Маро чӣ хел гӯш мекунед, зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз зиёд дода мешавад, аммо аз он касе, ки надорад, ҳатто он чизе, ки ба гумони худ дорад, аз вай кашида гирифта мешавад».


Модар ва бародарони Исо

19 Ҳамин вақт модару бародарони Исо ба наздаш омаданд, аммо аз сабаби бисёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавонистанд. 20 Ба Исо гуфтанд: «Модар ва бародаронатон дар берун истодаанду мехоҳанд Шуморо бубинанд». 21 Ӯ ҷавоб дод: «Модар ва бародарони Ман онҳое ҳастанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва онро ба ҷо меоранд».


Ором шудани тӯфон

22 Рӯзе аз рӯзҳо Исо бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда ба онҳо гуфт: «Биёед, ба он тарафи кӯл мегузарем». Онҳо равон шуданду 23 дар аснои роҳ Исоро хоб бурд. Баногоҳ дар кӯл тӯфони сахте бархест ва қаиқ аз об пур мешуду ҷони одамон дар хатар мемонд. 24 Шогирдон пеши Исо омада, бо суханони «Устод! Устод! Ҳалок мешавем!» Ӯро бедор карданд. Ӯ аз хоб хеста, боду мавҷҳои пурталотумро таъна зад, баъд тӯфон хомӯш шуда, ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифт. 25 Сипас Вай ба шогирдонаш гуфт: «Имонатон куҷост?!» Шогирдон бо тарсу ҳарос ва тааҷҷуб ба якдигар мегуфтанд: «Ин кист, ки ҳатто ба боду об фармон медиҳад ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»


Шифо ёфтани марди девона

26 Баъд аз ин онҳо ба сарзамини Ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи ноҳияи Ҷалил воқеъ аст, омада расиданд. 27 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, бо марде аз аҳли он шаҳр вохӯрд, ки гирифтори девҳо буд. Ӯ дер боз дар танаш либос надошт ва на дар хона, балки дар қабрҳо зиндагӣ мекард. 28 Ҳамин ки ӯ Исоро дид, бо доду фиғон ба пеши пойҳои Ӯ афтид ва бо овози баланд гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Илтимос мекунам, маро азоб надеҳ». 29 Ӯ инро гуфт, чунки Исо аллакай ба рӯҳи нопок фармон дода буд, ки аз он мард берун барояд. Дар гузашта дев чандин бор ба он мард ҳамла меовард ва ҳарчанд девонаро асир намуда, бо занҷиру бандҳо мебастанд, мард онҳоро пора-пора мекард ва дев ӯро ба биёбон мебурд. 30 Исо аз ӯ пурсид: «Номи ту чист?» Ӯ гуфт: «Лашкар», чунки девҳои бисёре ба даруни он мард дохил шуда буданд. 31 Девҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки онҳоро ҷазо дода, ба чоҳи бепоён нафиристад. 32 Ҳамон ҷо, дар болои теппа галаи калони хукҳо мечарид. Девҳо аз Исо хоҳиш карданд, ки ба даруни хукҳо ҷо шаванд ва Ӯ ба онҳо иҷозат дод. 33 Девҳо аз он мард берун шуда, ба даруни хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ давон-давон худро ба кӯл партофта, ғарқ шуд.

34 Хукбонон инро дида гурехтанд ва ҳамаи воқеаро дар шаҳру деҳот овоза карданд.

35 Мардум барои дидани ин воқеа ба назди Исо рафтанд ва омада, мардеро диданд, ки девҳо аз ӯ берун рафта буданд. Вай дар тан либос дошту бо ақли солим дар пеши пои Исо менишаст. Ҳамаро тарс фаро гирифт. 36 Шоҳидони ин воқеа ба одамон чӣ гуна шифо ёфтани девонаро нақл карданд. 37 Баъд аз ин тамоми мардуми сарзамини Ҷадариён аз Исо хоҳиш карданд, ки аз пеши онҳо биравад, зеро онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифта буд ва Ӯ барои баргаштан боз ба қаиқ савор шуд. 38 Марде, ки девҳо аз ӯ берун шуда буданд, илтимос кард, ки Исо ӯро бо худ бубарад. Вале Исо ӯро ҷавоб дода гуфт: 39 «Ба хонаат баргард ва аз чунин кори бузурге, ки Худо дар ҳаққи ту кардааст, нақл кун».

Ӯ рафта дар тамоми шаҳр дар бораи он кори бузурге, ки Исо барояш карда буд, эълон кард.


Шифо ёфтани зан ва аз нав зиндашавии духтар

40 Вақти баргаштани Исо мардуми зиёде, ки Ӯро интизор буданд, ба пешвозаш баромаданд. 41 Ҳамон вақт Ёир ном марде, ки сардори ибодатхона буд, назди Исо омада ба пеши пойҳояш афтид ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биравад, 42 зеро духтари ягонааш, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, дар бистари марг мехобид. Исо ҳамроҳи Ёир мерафт ва мардуми бисёре аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд.

43 Як зан дар давоми дувоздаҳ сол гирифтори касалии хунравӣ буд. Вай тамоми буду шудашро ба табибон сарф кард, вале ҳеҷ кас ӯро шифо дода натавонист. 44 Он зан аз ақиб ба Исо наздик шуду ба домани ҷомаи Ӯ даст расонд ва ҳамон замон хунравиаш бозмонд. 45 Исо пурсид: «Кӣ ба Ман даст расонд?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ба Ӯ гуфт: «Устод! Мардуми зиёде Туро иҳота карда, аз ҳар тараф фишор меоранд». 46 Аммо Исо гуфт: «Касе ба Ман даст расонд, зеро Ман ҳис кардам, ки қуввае аз Ман берун рафт». 47 Вақте он зан дид, ки дигар пинҳон монда наметавонад, тарсону ларзон омада пеши пои Исо афтид ва дар ҳузури ҳамаи мардум ба Ӯ иқрор шуд, ки чаро ба Ӯ даст расонд ва чӣ тавр зуд шифо ёфт. 48 Исо ба ӯ гуфт: «Эй зан, туро имонат шифо дод. Рав ва дар амон бош».

49 Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, як нафаре аз хонаи Ёир хабар оварда, гуфт: «Духтаратон гузашт, дигар устодро заҳмат надиҳед». 50 Вале Исо инро шунида, гуфт: «Натарс, фақат имон дошта бош ва ӯ шифо меёбад». 51 Вақте ки Исо ба назди хонаи Ёир омада расид, ба ғайр аз Петрус, Юҳанно, Ёқуб ва падару модари он духтар ба каси дигаре иҷозат надод, ки бо Ӯ ба хона дарояд. 52 Ҳама барои он духтар гиряву нола мекарданд, вале Исо гуфт: «Дигар гиря накунед, ӯ намурдааст, балки хобидааст». 53 Одамон писханде намуданд, зеро аниқ медонистанд, ки духтар мурдааст. 54 Аммо Исо дасти духтарро гирифта гуфт: «Эй духтарак, бархез!» 55 Вай аз нав зинда шуд ва зуд аз ҷояш бархест. Исо фармуд, ки ба ӯ хӯрок диҳанд. 56 Падару модари вай дар ҳайрат монданд, Исо бошад, ба онҳо фармуд, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд.

9


Дувоздаҳ вакилро фиристодани Исо

Исо дувоздаҳ вакилонашро ҷеғ зада, ба онҳо қуввату қудрати берун кардани ҳамаи девҳо ва аз ҳар беморӣ шифо додани одамонро бахшид. Ӯ онҳоро фиристод, то дар бораи подшоҳии Худо эълон карда, беморонро шифо бахшанд. Исо ба онҳо гуфт: «Ба роҳ бо худ ҳеҷ чиз нагиред: на асо, на борхалта, на нон, на пул ва на либоси иловагӣ. Ба ҳар хонае, ки даромадед, то вақти боз ба роҳ баромадан дар ҳамон ҷо бимонед. Вале агар шуморо дар ҷое қабул накунанд, аз он шаҳр берун биравед ва чанги он шаҳрро аз пойҳои худ биафшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад».

Шогирдон аз он ҷо рафтанду деҳа ба деҳа гашта, хушхабарро эълон мекарданд ва дар ҳама ҷо мардумро шифо мебахшиданд.


Ҳайрати Ҳиродус

Вақте ки ҳоким Ҳиродус ҳамаи инро шунид, ба як ҳолати ногувор афтод, зеро баъзеҳо мегуфтанд, ки ин Яҳё аз мурдагон зинда шудааст, дигарон бошанд, мегуфтанд, ки Илёс пайғамбар зоҳир гардидааст ва баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз пайғамбарони давраҳои қадим зинда шудааст. Вале Ҳиродус гуфт: «Охир ман сари Яҳёро аз танаш ҷудо кардам. Пас, ин кист, ки дар борааш чунин суханҳоро мешунавам?» Вай хост Исоро бубинад.


Бо панҷ нону ду моҳӣ сер кардани зиёда аз панҷ ҳазор кас

10 Вақте ки вакилон баргаштанд, тамоми корҳои иҷрокардаашонро ба Исо баён намуданд. Ӯ онҳоро бо худ гирифта ба шаҳри Байт-Сайдо равона шуд, то ки бо шогирдонаш танҳо ба танҳо бимонад. 11 Вале мардум аз ин бохабар шуда, аз пасаш рафтанд ва Исо онҳоро бо хушнудӣ қабул карда, ба онҳо дар бораи подшоҳии Худо нақл кард ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод.

12 Рӯз бегоҳ мешуд ва он дувоздаҳ шогирд ба назди Исо омада гуфтанд: «Ин ҷо ҷои беодам аст. Мардумро ҷавоб намедиҳед, ки ба қишлоқҳо ва деҳоти гирду атроф рафта, барои худ ҷои хоб ва хӯроке пайдо кунанд?» 13 Вале Вай ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Шогирдон гуфтанд: «Мо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем. Магар ин ки худамон рафта, барои тамоми мардум хӯрок бихарем».

14 Дар он ҷо тақрибан панҷ ҳазор мард буд ва Исо ба шогирдонаш гуфт: «Онҳоро панҷоҳнафарӣ гурӯҳ-гурӯҳ шинонед». 15 Онҳо гуфтаи Исоро ба ҷо оварда, ҳамаро шинонданд. 16 Баъд Ӯ он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим бикунанд.

17 Ҳама то сер шудан хӯрданд ва аз пораҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабад пур шуд.


Кӣ будани Исоро эълон кардани Петрус

18 Рӯзе, вақте ки Исо дар танҳоӣ дуо мекарду дар наздаш фақат шогирдонаш буданд, аз онҳо пурсид: «Мардум дар бораи кӣ будани Ман чӣ мегӯянд?» 19 Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, баъзеи дигарашон фикр мекунанд, ки Шумо Илёс ҳастед ва дигарон мегӯянд, ки яке аз пайғамбарони қадим зинда шудааст». 20 Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо ҳастӣ». 21 Баъд Исо онҳоро таъкид карда фармон дод, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.

22 Сипас, суханашро давом дода гуфт: «Фарзанди Инсон бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯй мегардонанд. Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад». 23 Пас аз он Исо ба ҳама гуфт: «Ҳар касе, ки аз байни шумо пайрави Ман шудан мехоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, ҳар рӯз салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад. 24 Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад. 25 Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад ва ҷазо бинад? 26 Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханонам шарм кунад, Фарзанди Инсон низ, ҳангоме ки дар дурахши ҷалоли худ, шӯҳрату ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард. 27 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо чанд касе ҳастанд, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон подшоҳии Худоро мебинанд».


Дигаргун шудани намуди зоҳирии Исо

28 Аз ин гуфтугӯ тақрибан ҳашт рӯз гузашт. Исо Петрус, Юҳанно ва Ёқубро бо худ гирифта, барои дуогӯӣ ба болои кӯҳе баромад. 29 Вақте ки Ӯ ба дуогӯӣ машғул буд, чеҳрааш тағйир ёфта, либосаш сап-сафеди дурахшон шуд 30-31 ва инак ду мард, Мӯсову Илёс дар шӯҳрату ҷалол зоҳир гардиданд. Онҳо бо Исо гуфтугӯ карда нақл мекарданд, ки Ӯ дар Ерусалим бояд аз ин дунё равад ва бо ҳамин мақсадашро анҷом медиҳад. 32 Петрус ва ҳамроҳонашро хоб бурд ва ҳангоме ки бедор шуданд, шӯҳрату ҷалоли Исо ва он ду мардро, ки бо Ӯ меистоданд, диданд. 33 Вақте ки он ду нафар аз пеши Исо рафтанӣ шуданд, Петрус гуфт: «Эй Устод! Чӣ хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биёед, ҳоло се хайма месозем: яке - барои Шумо, дигаре - барои Мӯсо ва сеюм - барои Илёс». Вай худаш намедонист, ки чӣ мегӯяд. 34 Петрус ҳанӯз суханашро тамом накарда, абре пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва вақте ки Мӯсо ва Илёс ба даруни абр даромаданд, шогирдон тарсиданд. 35 Ҳамин вақт аз абр овозе шунида шуд, ки мегуфт: «Ин Писари Ман аст, Ман Вайро интихоб кардаам. Ӯро гӯш кунед». 36 Вақте ки овоз гум шуд, Исо боз танҳо монд. Шогирдон хомӯш монданд ва ҳамон вақт аз он чӣ дида буданд, ба касе чизе нагуфтанд.


Шифо ёфтани бачаи девона

37 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз кӯҳ мефаромаданд, мардуми бисёре Исоро пешвоз гирифтанд. 38 Ногаҳон марде аз миёни мардум фарёд зад: «Устод! Аз Шумо илтимос мекунам, ки ба писарам як назар андозед, зеро ӯ фарзанди ягонаи ман аст. 39 Гоҳ-гоҳ ба вай рӯҳе ҳамла мекунад ва ӯ якбора дод зада, беихтиёрона печутоб мехӯраду аз даҳонаш кафк мебарояд. Он рӯҳ ӯро бисёр азоб дода, ба зӯрӣ аз ӯ даст мекашад. 40 Аз шогирдонатон илтимос кардам, ки он рӯҳро берун кунанд, аммо онҳо натавонистанд». 41 Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимонону гумроҳон! То кай бо шумо бошам ва то кай шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр!» 42 Вақте ки писар ба назди Исо меомад, дев ӯро ба замин ғалтонда, печутоб дод. Вале Исо рӯҳи нопокро манъ карду писарро шифо бахшида, ба падараш супорид 43 ва ҳама аз бузургии қудрати Худо дар ҳайрат монданд.


Пешгӯии дуюми Исо дар бораи марги худ

Дар ҳоле, ки мардум аз тамоми корҳои кардаи Исо дар тааҷҷуб буданд, Вай ба шогирдонаш гуфт: 44 «Он чизеро, ки ҳоло мегӯям, бишнавед ва дар ёд доред: Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад». 45 Вале шогирдон маънои ин суханонро нафаҳмиданд, чунки маънояш аз онҳо пӯшида монд, ба тавре ки онро дарк накарданд ва ҳам метарсиданд, ки дар ин бора аз Исо чизе бипурсанд.


Кӣ аз ҳама бузургтар аст?

46 Шогирдон байни худ баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. 47 Исо медонист, ки онҳо дар дили худ чӣ фикр доранд, бинобар ин кӯдакеро гирифта, ба паҳлӯи худ гузошт 48 ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ба хотири Ман ин кӯдакро қабул кунад, дар асл Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, касеро қабул мекунад, ки Маро фиристодааст. Зеро он касе, ки дар байни шумо аз ҳама хурдтарин аст, бузургтарин мебошад».

49 Он вақт Юҳанно гуфт: «Хоҷа, мардеро дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, аммо чун ӯ бо мо нест, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем». 50 Исо ба ӯ гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Зеро касе ки бар зидди шумо нест, тарафдори шумост».


Исоро қабул накардани сомариён

51 Азбаски то ба осмон бурда шудани Исо вақт кам монда буд, Ӯ қарори қатъӣ қабул кард, ки ба сӯи Ерусалим равона гардад. 52 Исо одамонашро пешопеши худ фиристод ва онҳо ба деҳаи сомариён даромада, барои омадани Ӯ ҳама чизро тайёр намуданд. 53 Аммо сомариён Исоро қабул накарданд, зеро Ӯ ба Ерусалим равона буд. 54 Шогирдонаш Ёқуб ва Юҳанно инро дида гуфтанд: «Худовандо! Биёед, мегӯем, ки аз осмон оташе борида онҳоро нобуд созад?» 55-56 Вале Исо ба Ёқубу Юҳанно рӯ оварда, онҳоро сарзаниш кард ва ҳама ба деҳаи дигаре равон шуданд.


Шарту шароити пайрави Исо шудан

57 Онҳо сафарашонро давом медоданд ва дар роҳ марде ба Исо гуфт: «Ман дар ҳама ҷо Шуморо пайравӣ мекунам». 58 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва мурғони ҳаво лона доранд, аммо Фарзанди Инсон ҷое надорад, ки сарашро монда дам гирад» 59 ва ба дигаре гуфт: «Аз паси Ман биё». Аммо ӯ ҷавоб дод: «Хоҷаам, иҷозат диҳед, ки аввал ба хонаам баргашта, падарамро ба хок супорам». 60 Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор мурдагон мурдаҳои худро ба хок супоранд, вале ту рафта, дар бораи подшоҳии Худо эълон бикун».

61 Шахси дигаре ба Исо гуфт: «Хоҷаам! Ман аз паят меравам, вале иҷозат деҳ, ки аввал бо аҳли хонаводаам хайрухуш кунам». 62 Исо ба вай гуфт: «Касе, ки ба шудгор кардан шурӯъ менамояду баъд ба ақиб нигоҳ мекунад, лоиқ нест, ки дар подшоҳии Худо бошад».

10


Ҳафтод шогирдашро фиристодани Исо

Баъд аз ин Худованд боз ҳафтод * нафари дигарро интихоб намуда, онҳоро ҷуфт-ҷуфт пешопеши худ ба ҳар шаҳру деҳоте, ки рафтанӣ буд, фиристод. Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳосили дарав фаровон аст, вале коргарон намерасанд. Аз ин рӯ, аз соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад.

Биравед! Ҳоло шуморо мисли барра ба байни гургҳо мефиристам. Бо худ ҳеҷ пул, борхалта ва ё пойафзоли иловагӣ нагиреду дар роҳ бо касе дурудароз саломуалейк накунед. Ба ҳар хонае, ки медароед, аввал бигӯед: „Сулҳ бод бар ин хонадон!” Агар дар он ҷо шахси сулҳпарваре бошад, сулҳи шумо бо ӯ мемонад вагарна, он ба сӯи шумо бармегардад. Пас дар ба дар нагардеду дар ҳамон хона бимонед ва аз он чи ки доранд, бихӯреду бинӯшед, зеро коргар лоиқи он аст, ки музди корашро бигирад.

Агар ба ягон шаҳр дароеду шуморо дар он ҷо қабул кунанд, ҳар хӯрокеро, ки пешатон гузоранд, бихӯред, беморони он шаҳрро шифо диҳед ва бигӯед: „Подшоҳии Худо ба шумо наздик омадааст”. 10 Вале агар ба шаҳре дароеду шуморо қабул накунанд, дар кӯчаҳояш гашта, чунин бигӯед: 11 „Ҳатто чангу ғубори шаҳри шуморо, ки бар пои мо нишастааст, афшонда ба шумо бармегардонем, вале аниқ бидонед, ки подшоҳии Худо наздик омадааст”. 12 Ба шумо мегӯям, ки дар ҳамон рӯз аҳволи шаҳрвандони бадкирдори Садӯм аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд.


Шаҳрҳои имон наоварда

13 Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида, мӯйканон нишаста нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд. 14 Бинобар ин дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Суру Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд. 15 Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум, гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. 16 Ҳар кӣ шуморо, шогирдонам, гӯш кунад, Маро гӯш мекунад ва ҳар кӣ аз шумо рӯй гардонад, аз Ман рӯй мегардонад ва ҳар кӣ аз Ман рӯй гардонад, аз шахсе рӯй мегардонад, ки Маро фиристодааст».


Бозгашти ҳафтод шогирд

17 Ҳафтод * нафар шогирдон бо хушҳолӣ баргашта, ба Исо гуфтанд: «Худовандо! Бо номи Ту ҳатто девҳо ба мо итоат мекунанд». 18 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман дидам, ки шайтон барқвор аз осмон ба поён афтод; 19 Ҳоло Ман ба шумо қудратеро додам, ки морону каждумон ва тамоми қувваи душманро поймол кунед ва ба шумо ҳеҷ чиз зарар расонда наметавонад. 20 Вале на барои он шод бошед, ки рӯҳҳо ба шумо итоат мекунанд, балки барои он шодӣ кунед, ки номҳоятон дар осмон навишта шудаанд».


Шодии Исо

21 Худи ҳамон лаҳза Исо аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда, бо хушҳолӣ гуфт: «Шукри Туро мекунам, эй Падарҷон, ҳокими замину осмон, ки ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пӯшида мондиву ба одамони оддӣ ошкор сохтӣ. Бале, Падар, хоҳиши неки Ту чунин буд.

22 Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ҳеҷ кас ғайр аз Падар намедонад, ки Писар кист. Инчунин ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то Падарро барояшон зоҳир кунад, ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист».

23 Сипас, Исо ба шогирдонаш рӯ оварда, фақат ба онҳо гуфт: «Хушбахтанд чашмоне, ки чизи шумо медидаро мебинанд! 24 Зеро ба шумо мегӯям, ки пайғамбарон ва подшоҳони бисёре мехостанд он чизеро бубинанд ва бишнаванд, ки шумо мебинед ва мешунавед. Вале онҳо на диданду на шуниданд».


Масал дар бораи сомарии накӯкор

25 Ҳамин вақт яке аз қонуншиносон бархест ва Исоро озмуданӣ шуда, ба Ӯ чунин савол дод: «Устод! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?» 26 Исо ҳам аз вай пурсид: «Дар шариат чӣ навишта шудааст? Шумо аз он ҷо чӣ мехонед?» 27 Вай ҷавоб дод: «Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми қуввату ақлу ҳушамон дӯст бидорем ва шахсеро, ки наздики мост, мисли худ дӯст бидорем». 28 Исо гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ. Ҳамин тавр бикун ва ҳаёт хоҳӣ дошт». 29 Вале ӯ худро сафед карданӣ шуда ба Исо гуфт: «Пас, шахси наздики ман кист?»

30 Исо дар ҷавоб гуфт: «Марде, ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт, ба дасти роҳзанҳо афтид. Онҳо ӯро ғорат карда хуб заданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд. 31 Тасодуфан аз ҳамон роҳ рӯҳоние мегузашт ва чун ӯро дид, аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт. 32 Ҳамчунин марде аз тоифаи Левӣ аз он ҷо мегузашт ва марди захмдорро дидан замон, ӯ низ аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт. 33 Вале марди сомарие, ки аз он ҷо савора мегузашт, ба вай наздик шуда, ӯро дид ва дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт. 34 Сипас назди ӯ омада, захмҳояшро бо шароб тоза карду равған молида баст. Баъд ӯро бардошта ба хараш савор карду ба меҳмонхонае овард ва дар ҳамон ҷо ӯро нигоҳубин намуд. 35 Рӯзи дигар ба соҳиби меҳмонхона ду динор дода гуфт: „Ӯро нигоҳубин кун ва агар харҷат аз ин зиёдтар шавад, вақти баргаштанам онро ба ту бармегардонам”.

36 Хӯш, ба фикри ту кадоме аз ин се нафар ба он марде, ки аз дасти роҳзанҳо ҷабр дида буд, шахси наздик ҳисоб мешавад?» 37 «Он касе, ки ба ӯ раҳм кард»,- ҷавоб дод шариатдон. «Пас, бирав ва монанди ӯ рафтор кун»,- гуфт Исо.


Марто ва Марям

38 Исо ва шогирдонаш сафарашонро давом дода, ба деҳае ворид гаштанд. Дар ҳамон ҷо Марто ном зане Ӯро дар хонаи худ меҳмондорӣ кард. 39 Вай Марям ном хоҳаре дошт, ки пеши пои Исо нишаста ба суханони Ӯ гӯш медод. 40 Марто, ки барои меҳмондорӣ намудан бисёр даводав мекард, ба назди Исо омада гуфт: «Хоҷаам! Шумо парвое надоред, ки хоҳарам ҳамаи корро ба сари ман партофтааст? Охир, бигӯед, ки ба ман ёрӣ диҳад». 41 «Марто! Марто!- гуфт ба вай Худованд,- ту ғами бисёр чизҳоро хӯрда, даводав мекунӣ. 42 Вале фақат як чиз лозим аст. Марям қисми хуберо интихоб намудааст ва онро аз ӯ ҳеҷ кас гирифта наметавонад».

11


Таълими Исо дар бораи тарзи дуогӯӣ

Рӯзе дар ҷое Исо машғули дуогӯӣ буд. Вақте ки дуояшро тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ҳамон тавре ки Яҳё ба шогирдонаш ёд дода буд, Ту низ ба мо тарзи дуогӯиро ёд деҳ». Исо ба онҳо гуфт: «Вақте ки дуо мекунед, чунин бигӯед:

Эй Падар!

Шаъну шараф бод ба номи муқаддаси Ту.

Бигзор подшоҳии Ту биёяд;

Ба мо ризқу рӯзии ҳаррӯзаамонро * бидеҳ

ва гуноҳҳои моро бубахш, чунон ки мо онҳоеро мебахшем, ки бо мо нодуруст рафтор мекунанд

ва моро ба озмоиш дучор накун».

Пас ба онҳо гуфт: «Фарз мекунем, ки яке аз шумо дӯсте дореду ними шаб ба хонаи ӯ рафта, мегӯед: „Эй дӯст, ба ман се дона нон қарз деҳ, чун яке аз дӯстонам, ки дар сафар буд, ба хонаам омадааст ва ман чизе надорам, ки пеши ӯ гузорам”. Вале ӯ аз даруни хона чунин ҷавоб медиҳад: „Маро ташвиш надеҳ, чунки дари хонаам баста аст ва ману бачаҳоям аллакай дар ҷойгаҳ хобидаем, ҳоло наметавонам хеста ба ту нон диҳам”. Ба шумо мегӯям, агар ӯ аз рӯи дӯстӣ хеста чизе надиҳад, азбаски беист талаб мекунед, маҷбур мешавад, ки хезаду он чизеро, ки талаб мекунед, ба шумо диҳад. Бинобар ин Ман ҳам ба шумо мегӯям: талаб кунед ва ба шумо дода мешавад; биҷӯед ва пайдо мекунед; дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад. 10 Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад; ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад; ва ҳар касе, ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.

11 Оё дар байни шумо чунин падаре ёфт мешавад, ки агар писараш аз ӯ * моҳӣ бипурсад, ба ҷои моҳӣ ба дасташ мори заҳрдор диҳад? 12 Ё агар писараш тухм бипурсад, ба ҷояш каждум ба ӯ диҳад? 13 Пас, агар шумо бо ҳамаи дилсиёҳиатон ба фарзандони худ чизҳои хуб дода тавонед, наход Падари осмонӣ Рӯҳи Муқаддасро чанд маротиба зиёдтар ба онҳое надиҳад, ки аз Ӯ талаб мекунанд».


Исо ва Баал-Забул

14 Боре Исо деви як мардро берун кард. Ин дев, деви гунгӣ буд ва вақте ки ӯ берун баромад, марди гунг ба гап даромаду мардум ба ҳайрат афтоданд. 15 Баъзеи одамон чунин мегуфтанд: «Исо девҳоро бо қудрати Баал-Забул, сардори девҳо берун мекунад». 16 Дигарон бошанд, Ӯро озмуданӣ шуда, талаб мекарданд, ки аз ҷониби Худо нишонае диҳад. 17 Вале Исо, ки аз фикрҳои онҳо бохабар буд, гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар хонае, ки дар байни аъзоёнаш ҷудоӣ меафтад, вайрон мегардад. 18 Инак, агар шайтон дар худ ба ду қисм ҷудо шавад, магар давлаташ устувор монда метавонад? Шумо мегӯед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунам. 19 Агар Ман девҳоро бо қудрати Баал-Забул берун мекарда бошам, пас, пайравони худатон-чи? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Бигзор онҳо шуморо ҳукм кунанд. 20 Аммо, агар Ман бо қувваи Худо девҳоро берун мекарда бошам, аз ин бармеояд, ки подшоҳии Худо аллакай ба ҳаёти шумо омадааст.

21 Вақте ки марди пурзӯру мусаллаҳ қасрашро посбонӣ мекунад, ба чизу чораи ӯ зараре намерасад. 22 Вале ҳангоме ки шахси аз вай пурзӯртар ба ӯ ҳамла карда, ғолиб мебарояд, аслиҳаеро, ки соҳиби хона ба он умед баста буд, аз вай кашида мегираду чизи бадастовардаашро бо шариконаш тақсим мекунад.

23 Касе, ки тарафдори Ман нест, дар асл муқобили Ман аст ва касе, ки дар ҷамъ овардани одамон ба Ман ёрӣ намедиҳад, дар асл онҳоро пароканда мекунад.


Бозгаштани рӯҳи нопок

24 Фарз кардем, рӯҳи нопок аз шахсе берун карда мешавад. Баъд ин рӯҳ бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро наёфта, ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам”,- 25 ва баргашта мебинад, ки ин хона ба тартиб овардаву рӯбучиншуда аст. 26 Пас, рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш ҳам бадтар хоҳад шуд».


Хушбахтии ҳақиқӣ

27 Ҳангоме ки Исо ин суханонро мегуфт, зане аз миёни мардум хитоб кард: «Хушбахт аст он зане, ки Шуморо таваллуд карда шир додааст!» 28 Исо бошад гуфт: «Вале онҳое, ки каломи Худоро мешунаванду аз рӯи он амал мекунанд, хушбахттаранд».


Мардум нишонаи осмонӣ талаб мекунанд

29 Мардуми зиёде дар гирди Исо ҷамъ меомаданд ва Ӯ сухан оғоз намуда гуфт: «Чӣ бад аст насли ҳозира, ки нишонаеро талаб мекунад, вале ғайр аз нишонаи Юнуси пайғамбар ба онҳо нишонаи дигаре дода намешавад. 30 Зеро, ҳамон тавре ки Юнус бар мардуми шаҳри Нинве нишонае буд, Фарзанди Инсон низ бар ин насл нишонае хоҳад шуд. 31 Дар рӯзи ҷазо маликаи сарзамини Сабо бархеста ин наслро айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки каси бузургтар аз Сулаймон дар ин ҷост! 32 Дар рӯзи ҷазо бошад, шаҳрвандони Нинве бархеста, насли шуморо айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки каси бузургтар аз Юнус дар ин ҷост!


Чароғи бадан

33 Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, ба ҷои чашмнорас ва ё ба таги тағора намегузорад, баръакс, онро ба чароғпояе мегузорад, то онҳое, ки ба хона медароянд, равшаниро бубинанд. 34 Чашм чароғи бадан аст. Чун чашм солим аст, бадани одам пур аз равшанӣ мегардад, вале агар солим набошад, одамро торикӣ фаро мегирад. 35 Эҳтиёт бошед, то он нуре, ки дар шумост, боз торикӣ набошад! 36 Пас, агар тамоми баданатон пур аз равшанӣ бошаду дар худ ҳеҷ торикие надошта бошед, ба монанди он чароғе, ки бо дурахши худ шуморо мунаввар месозад, тамоми баданатон равшан хоҳад буд».


Роҳбарони диниро таъна задани Исо

37 Вақте ки Исо ин суханонро мегуфт, яке аз фарисиён Ӯро ба хонаи худ ба меҳмонӣ даъват намуд ва Исо ба хонаи ӯ даромада, ба сари дастархон нишаст. 38 Фарисӣ ҳайрон шуд, ки Исо пеш аз хӯрдани хӯрок даст нашуст. 39 Вале Худованд ба он фарисӣ гуфт: «Ҳамин шумо, фарисиён, беруни косаву табақи худро мешӯед, аммо дарунатон пур аз хасисию бадӣ аст. 40 Эй беақлон! Оё ҳамон як Офаранда тамоми чизеро, ки ҳам дар берун ва ҳам дар дарун аст, наофаридааст? 41 Пас он чӣ дар даруни коса доред ба камбағалон садақа диҳед ва ҳама чиз бароятон пок мегардад.

42 Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки аз ҳосили пудинаву кашнизу дигар намуди гиёҳҳо ҳиссаи даҳумро ба Худо месупоред, аммо таълимотро дар бораи адолат ва муҳаббати Худо беаҳамият мемонед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя мекардеду қонунҳои дигарро низ беэътибор намемондед.

43 Вой бар ҳолатон, эй фарисиён, шумо дӯст медоред, ки дар ибодатхонаҳо болонишин бошеду дар бозорҳо ба шумо салом диҳанд.

44 Вой бар ҳоли шумо, ки ба қабрҳои белавҳасанг монанд ҳастед ва мардум нафаҳмида онҳоро зери по мекунанду ҳаром мешаванд».

45 Он гоҳ яке аз қонуншиносон ба Исо гуфт: «Устод! Шумо бо ин суханонатон моро ҳам таҳқир мекунед». 46 Вале Исо гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй шариатдонон, ки бори бениҳоят вазнинро ба гардани мардум бор мекунеду дастатонро ҳам намеҷунбонед, ки ба онҳо ёрӣ диҳед.

47 Вой бар ҳоли шумо, ки барои пайғамбарон мақбараҳо месозед. Охир, ҳамон пайғамбаронро аҷдодони шумо куштаанд. 48 Бо ин амалатон шумо тасдиқ мекунед, ки бо корҳои аҷдодонатон розӣ ҳастед, чунки онҳо пайғамбаронро мекуштанд, шумо бошед, барои пайғамбарон мақбараҳо месозед. 49 Барои ҳамин Ҳикмати Худо эълон мекунад: „Ба наздашон пайғамбарону вакилонро мефиристам ва онҳо баъзеашонро мекушанду баъзеи дигарашонро дунболагирӣ мекунанд”. 50 Пас мардуми ин насл барои хуни тамоми пайғамбароне, ки аз аввали офариниши дунё рехта шудааст, ҷазо хоҳанд дид, 51 яъне аз хуни Ҳобил сар карда, то хуни Закарё, ки дар байни қурбонгоҳу муқаддастарин ҷои Хонаи Худо кушта шуда буданд. Бале, бидонед, ки мардуми ин насл барои ҳамаи ин ҷавоб хоҳад дод.

52 Вой бар ҳоли шумо, эй қонуншиносон, ки калиди дарвозаи донишро бо худ бурда, ҳам худатон аз он надаромадед ва ҳам ба онҳое, ки мехоҳанд дароянд, монеъ мешавед».

53 Вақте Исо аз он ҷо мерафт, шариатдонон ва фарисиёни бағазабомада Ӯро ба ҳолаш нагузошта, аз ҳар хусус саволборон мекарданд. 54 Онҳо мехостанд аз забони Исо сухани нолоиқеро шунида, ба Ӯ тӯҳмат кунанд.

* *1:28 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Ту хушбахтарин дар байни занон ҳастӣ».

* *10:1 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «ҳафтоду ду» омадааст.

* *10:17 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «ҳафтоду ду» омадааст.

* *11:3 Ё «пагоҳиамонро»

* *11:11 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «нон бипурсад, ба ҷои нон санг диҳад ё агар ...»



<< Башорат