Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Хушхабар аз Луқо 12-24

Copyright Фонди «Калом»

Дар бораи ҳамин китоб савол ё фикрҳо доред? Ба kalomikhudo@mail.ru нависед.

12


Ҳазар аз дурӯягии фарисиён

Дар ин миён ҳазор-ҳазор одамон ҷамъ омада, якдигарро тела медоданд ва Исо аввал ба шогирдони худ муроҷиат карда гуфт: «Худро аз хамиртуруши фарисиён, ки дурӯягӣ аст, эҳтиёт кунед. Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад. Пас он чиро, ки дар торикӣ гуфта будед, дар рӯшноӣ хоҳанд шунид ва он чиро, ки шумо дар пинҳонӣ пичиррос карда гуфтед, аз болои бомҳо эълон хоҳанд кард.

Ба шумо мегӯям: Эй дӯстонам, аз онҳое, ки ҷисматонро мекушанд ва баъд аз он ҳеҷ кори дигаре карда наметавонанд, натарсед. Ман ба шумо мефаҳмонам, ки аз кӣ бояд тарсед. Аз он касе тарсед, ки баъд аз куштан шуморо ба дӯзах партофта метавонад. Бале, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ бояд битарсед.

Магар ба ду танга панҷ гунҷишк фурӯхта намешавад? Вале Худо ҳар як гунҷишкро ҳам дар хотираш нигоҳ медорад ва ҳар тори мӯйи саратон ҳам ба ҳисоб гирифта шудааст. Бинобар ин натарсед, шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам қиматтар ҳастед.

Ба шумо мегӯям: ҳар кӣ дар пеши мардум гӯяд, ки пайрави Ман аст, Фарзанди Инсон низ дар назди фариштагони Худо пайрави Ман будани ӯро тасдиқ мекунад. Лекин, ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад кунад, Фарзанди Инсон низ дар пеши фариштагони Худо ӯро рад мекунад.

10 Ҳар кӣ бар зидди Фарзанди Инсон сухане бигӯяд, бахшида мешавад, лекин касе, ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофирона бигӯяд, бахшида нахоҳад шуд.

11 Вақте шуморо ба ибодатхонаҳо, ба назди сардорону ҳукуматдорон меоранд, ғам нахӯред, ки чӣ хел бояд ҷавоб диҳед ё чӣ бояд гӯед. 12 Зеро Рӯҳи Муқаддас ба шумо ёд медиҳад, ки ҳамон лаҳза чӣ бояд бигӯед».


Масал дар бораи бойи нодон

13 Марде аз байни мардум ба Исо гуфт: «Устод! Ба бародарам бигӯ, ки меросро бо ман тақсим кунад». 14 Исо ҷавоб дод: «Эй мард, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё довар таъин кардааст?» 15 Сипас, ба ҳама муроҷиат карда гуфт: «Аз ҳар гуна ҳирсу чашмгуруснагӣ ҳазар кунед, зеро ҳаёти одам аз зиёдатии бойгариаш иборат нест».

16 Баъд ба онҳо масалеро гуфт: «Замини як марди бой ҳосили фаровоне ба бор овард. 17 Вай худ ба худ фикр карда гуфт: „Чӣ кор бояд кунам, охир барои ҷамъ кардани ҳосили худ ҷое надорам?”. 18 Баъд гуфт: „Ана чӣ кор мекунам - анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро месозам ва тамоми ҳосилу бойгариамро ба он ҷо бурда, 19 ба худ мегӯям: Акнун ту бойгарии бисёре дорӣ, ки барои солҳои зиёде мерасад. Истироҳат кун, бихӯр, бинӯш ва аз кайфу сафои зиндагӣ бебаҳра намон”. 20 Вале Худо ба вай гуфт: „Эй нодон! Ҳамин шаб ҷонат аз ту талаб карда мешавад. Пас, он чӣ захира кардаӣ, насиби кӣ мегардад?”.

21 Ҳамин тавр бо ҳар касе мешавад, ки барои худ бойгарӣ ҷамъ мекунад, вале дар назари Худо бой нест».


Ғам нахӯрдан

22 Исо ба шогирдони худ гуфт: «Бинобар ин ба шумо мегӯям: на ташвиши онро кашед, ки дар зиндагиатон чӣ мехӯред ва на ғами баданатонро хӯред, ки чӣ мепӯшед. 23 Охир зиндагӣ муҳимтар аз хӯрок ва бадан муҳимтар аз пӯшок аст. 24 Ба зоғҳо нигоҳ кунед, онҳо на мекоранд, на медараванд, на анбор доранду на каҳдон, вале Худо ризқу рӯзиашонро мефиристад ва шумо нисбат ба паррандаҳо қадри баландтаре доред!

25 Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан метавонед умратонро ақаллан як соат дарозтар кунед? * 26 Пас, агар шумо чунин як кори ночизро иҷро карда натавонед, чаро ғами чизҳои дигарро мехӯред?

27 Ба нашъунамои гулҳои савсан нигоҳ кунед: Онҳо на меҳнат мекунанду на мересанд, * лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату бойгариаш мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст. 28 Пас, агар Худо алафи саҳроиро, ки имрӯз ҳасту пагоҳ ба оташ партофта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо низ, эй сустимонҳо, пӯшонда метавонад! 29 Шумо ғам хӯрда, аз паи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед. 30 Ин ғами асосии тамоми халқҳои дигар аст, вале Падари шумо медонад, ки ҳамаи ин чизҳо ба шумо лозиманд. 31 Танҳо подшоҳии Ӯро биҷӯед ва Ӯ бар замми он ба шумо ин чизҳоро хоҳад дод.

32 Эй рамаи хурди гӯсфандон, натарсед! Зеро иродаи Падаратон чунин аст, ки подшоҳиро ба шумо диҳад. 33 Он чиро, ки доред, бифурӯшеду ба камбағалон садақа диҳед. Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт намедаранд. Дар осмон бойгариеро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ вақт тамом намешавад, чунки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва куя онро намезанад. 34 Зеро ба он ҷое, ки бойгарӣ доред, дилатон кашол аст.


Хизматгорони ҳушёр

35 Ҳар яки шумо миёнатонро баста, чароғашро равшан нигоҳ доред. 36 Ба монанди хизматгороне бошед, ки интизори аз тӯй баргаштани соҳибашон ҳастанд, то ки вақти баргашта дарро кӯфтани соҳибашон, онро зуд ба рӯяш кушоянд.

37 Хушбахтанд хизматгороне, ки соҳибашон вақти баргашта омадан онҳоро бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки худи соҳиб миёнашро баста, онҳоро ба сари дастархон мешинонад ва ба онҳо хизмат мекунад. 38 Хушбахтанд онҳое, ки соҳибашон хоҳ ними шаб, хоҳ наздики субҳ баргашта, онҳоро бедор меёбад. 39 Бидонед, ки агар соҳибхона вақту соати омадани дуздро донад, вай * намегузорад, ки дузд ба хонааш зада дарояд. 40 Пас, шумо низ бояд ба омадани Фарзанди Инсон тайёр бошед, зеро Вай вақте меояд, ки интизораш нестед».


Хизматгорони бовафо ва бевафо

41 Петрус гуфт: «Худовандо! Ин масалро танҳо барои мо ё барои ҳама гуфтӣ?» 42 Худованд ҷавоб дод: «Монанди ҳамон хизматгори бовафову хирадманд бошед, ки соҳибаш дилпурона метавонад ӯро бар хизматгорони дигар назоратчӣ таъин кунад ва ба ӯ дар вақти муайяншуда додани хӯрду хӯроки онҳоро боварӣ намояд.

43 Хушо хизматгоре, ки ӯро соҳибаш ҳангоми баргаштан дар сари иҷрои вазифааш меёбад. 44 Ба ростӣ мегӯям, ки соҳибаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъин менамояд. 45 Вале агар он хизматгор фикр кунад, ки соҳибаш дер карда истодааст ва хизматгоронро, марду занро фарқ накарда, латту кӯб кунад ва ба хӯрдану нӯшидану мастигарӣ машғул шавад, 46 ана, он гоҳ дар вақту соате, ки хизматгор аз он бехабару мунтазираш нест, соҳибаш бармегардад ва ӯро ду пора карда, насиби беимононро медиҳад. 47 Хизматгоре, ки хоҳиши соҳибашро медонад, вале онро иҷро намекунад ва иҷро карданӣ ҳам нест, сахт лат карда мешавад. 48 Аммо хизматгоре, ки иродаи соҳибашро надониста, кори баде мекунад, ҷазои сабуктаре мебинад. Ба ҳар касе, ки зиёд дода шудааст, аз ӯ низ зиёд пурсида мешавад ва ба ҳар касе, ки чизи бисёре боварӣ карда шудааст, аз вай низ бисёртар талаб карда мешавад.


Ҷудоӣ байни одамон

49 Ман омадам, ки дар рӯи замин оташ даргиронам ва бисёр мехоҳам, ки он зудтар фурӯзон гардад. 50 Ҳамон тавре ки одам дар вақти таъмид гирифтан ба об ғӯта мезанад, Ман низ бояд ба азоби марговар ғӯтавар гардам ва то ба амал омадани ин кор нороҳат ҳастам. 51 Шумо гумон мекунед, ки Ман барои ба замин овардани сулҳ омадаам? Баръакс, на барои сулҳ, балки барои ҷудоӣ андохтан омадаам. 52 Баъд аз ин агар дар хонае панҷ нафар бошанд, аз ҳам ҷудо хоҳанд шуд: се нафар ба ду нафар ва ду нафар ба се нафар зид мебароянд. 53 Падар бар зидди писараш ва писар бар зидди падараш, модар бар зидди духтараш ва духтар бар зидди модараш, хушдоман бар зидди келинаш ва келин бар зидди хушдоманаш мебарояд».


Фаҳмидани замон

54 Ҳамчунин ба мардум гуфт: «Вақте мебинед, ки аз ғарб абре пайдо мешавад, дарҳол мегӯед: „Бояд борон борад” ва чунин мешавад. 55 Ва ҳангоме ки боди ҷанубӣ мевазад, мегӯед: „Ҳаво гарм мешавад” ва ҳамин тавр ҳам мешавад. 56 Эй дурӯяҳо! Шумо нишонаҳои замину осмонро дида чӣ гуна шудани ҳаворо фаҳмида метавонеду чаро фаҳмида наметавонед, ки ҳоло чӣ замоне фаро расидааст?


Оштӣ шудан бо даъвогар

57 Барои чӣ худи шумо муайян карда наметавонед, ки чӣ бояд кунед? 58 Охир, вақте ки бо даъвогар ба пеши қозӣ меравед, бояд ҳаматарафа кӯшиш кунед, ки дар роҳ бо даъвогар оштӣ шавед, вагарна ӯ шуморо ба назди қозӣ мебарад ва қозӣ шуморо ба дасти зиндонбон месупораду вай шуморо ба зиндон мепартояд. 59 Росташро мегӯям, ки то тангаи охирини қарзатонро надиҳед, ҳаргиз аз ҳабс намебароед».

13


Даъват ба тавба

Дар ин маврид баъзеҳо ба назди Исо омада, дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки Пилотус онҳоро ҳангоми қурбонӣ карданашон кушт. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба гумонатон ин ҷалилиён аз ҷалилиёни дигар гунаҳкортар буданд, ки бо онҳо чунин ҳодиса рӯй дод? Не, мегӯям ба шумо! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо нобуд мешавед. Ё ба фикратон он ҳаждаҳ нафаре, ки манораи Шилӯаҳ ба болояшон чаппа шуда нобудашон кард, аз дигар сокинони Ерусалим гунаҳкортар буданд? Не, мегӯям ба шумо! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо нобуд мешавед».


Масал дар бораи дарахти анҷири бемева

Исо чунин масалеро гуфт: «Дар токзори як мард дарахти анҷире шинонда шуда буд. Вай омада, аз он мева ҷустуҷӯ кард, вале чизе наёфт. Пас, ба боғбон гуфт: „Се сол боз ман меоям, то аз ин дарахт мевае пайдо бикунам, вале чизе намеёбам. Онро бурида парто! Чаро заминро беҳуда банд мекунад?” Вале боғбон ҷавоб дод: „Хоҷа! Як соли дигар ҳам онро набуред. Ман гирдашро побел карда, ба замин пору меандозам. Агар соли оянда мева диҳад, хуб мешавад ва агар надиҳад, баъд бибуред”».


Шифо ёфтани зан дар рӯзи истироҳат

10 Дар яке аз рӯзҳои истироҳат Исо дар ибодатхона мардумро таълим медод. 11 Дар он ҷо зане ҳузур дошт, ки ҳаждаҳ сол боз гирифтори рӯҳи нопок буд. Аз ин сабаб миёни зан хам гашта, ӯ ҳеҷ қоматашро рост карда наметавонист. 12-13 Исо инро дида, ба наздаш даъват кард ва дастонашро бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй зан! Ту аз бемориат раҳоӣ ёфтӣ». Қомати зан дарҳол рост шуда, вай Худоро ҳамду сано хонд.

14 Сардори ибодатхона, аз он ки Исо дар рӯзи истироҳат занро шифо бахшид, хашмгин шуда, ба мардум гуфт: «Барои кор кардан шаш рӯз ҳаст ва бояд на дар рӯзи истироҳат, балки дар яке аз ҳамин рӯзҳо омада, шифо ёбед». 15 Вале Худованд дар ҷавоб гуфт: «Эй дурӯягон! Магар ҳар яки шумо дар рӯзи истироҳат банди барзагов ё хари худро кушода онҳоро аз оғил берун намебароред, то рафта об бихӯранд? 16 Ҳол он ки ин зан аз авлоди Иброҳим аст ва шайтон ӯро ҳаждаҳ сол боз дар бандҳои худ нигоҳ медошт! Пас, наход мумкин набошад, ки ӯ дар рӯзи истироҳат аз ин бандҳо озод шавад?!»

17 Бо ин суханонаш Ӯ душманонашро шарманда кард ва тамоми мардум аз корҳои аҷибе, ки Ӯ мекард, шод мешуданд.


Масал дар бораи донаи хардал ва хамиртуруш

18 Исо гуфт: «Подшоҳии Худо ба чӣ монанд аст? Ман онро ба чӣ ташбеҳ диҳам? 19 Он ба донаи хардал монанд аст, ки шахсе гирифта, дар боғи худ мекорад. Он рӯида, дарахти калоне шуду паррандаҳо дар миёни шохаҳояш лона гузоштанд».

20 Боз гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунам? 21 Вай монанди он аст, ки зане хамиртуруше мегираду бо як тағора орд омехта, хамир мекунад ва баъд тамоми хамир мерасад».


Дари танг

22 Исо дар шаҳру деҳаҳо гашта мардумро таълим медод. Вай ба сӯи Ерусалим равона буд. 23 Шахсе аз Ӯ пурсид: «Хоҷаам! Магар шумораи ками одамон наҷот меёбанд?» Вай ба мардум гуфт: 24 «Саъю кӯшиш кунед, то аз дари танг дароед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисёр касон кӯшиш хоҳанд кард, ки аз он дар дароянд, вале ин ба онҳо муяссар нахоҳад шуд. 25 Вақте ки соҳибхона хеста дарро маҳкам мекунад, шумо дар берун мемонед ва дарро кӯфта мегӯед: „Хоҷа! Дарро ба рӯи мо бикушо!”. Вале ӯ ба шумо чунин ҷавоб медиҳад: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед!”. 26 Он вақт шумо мегӯед: „Мо ҳамроҳи ту мехӯрдему менӯшидем. Ту дар кӯчаҳои мо мардумро таълим медодӣ”. 27 Вале ӯ ба шумо ҷавоб хоҳад дод: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед, дур шавед аз ман, эй ҳамаи бадкорон!”. 28 Ва вақте ки шумо дар подшоҳии Худо Иброҳим, Исҳоқ, Ёқуб ва тамоми пайғамбаронро мебинеду худатон аз он ҷо ронда мешавед, аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунед.

29 Мардум аз шарқу ғарб ва шимолу ҷануб омада, дар гирди дастархони подшоҳии Худо менишинанд 30 ва баъзе аз онҳое, ки ҳоло дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд ва баъзе аз онҳое, ки дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд».


Дилсӯзии Исо дар ҳаққи Ерусалим

31 Ҳамин вақт чанд нафар аз фарисиён ба назди Исо омада гуфтанд: «Ба шумо лозим аст, ки аз ин ҷо баромада раведу сафаратонро давом диҳед, зеро Ҳиродус мехоҳад шуморо бикушад». 32 Исо ба онҳо гуфт: «Рафта, ба он рӯбоҳ бигӯед, ки Ман имрӯзу пагоҳ девҳоро берун карда, мардумро шифо медиҳам ва рӯзи сеюм корамро тамом мекунам. 33 Вале Ман бояд имрӯз, пагоҳ ва ҳам баъд аз пагоҳ роҳамро давом диҳам, зеро ин хел шуданаш мумкин нест, ки пайғамбар берун аз Ерусалим ҳалок гардад.

34 Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ! 35 Пас ҳоло хонаат бепарастор мемонад. Ба шумо мегӯям, ки то „Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!” нагӯед, Маро нахоҳед дид».

14


Шифо ёфтани марди бемор

Боре, дар рӯзи истироҳат Исо барои хӯрдани хӯрок ба хонаи яке аз сардорони фарисиён рафт ва онҳо корҳои Ӯро мушоҳида мекарданд. Дар рӯ ба рӯи Исо марде менишаст, ки баданаш варам карда буд. Исо ба қонуншиносону фарисиён муроҷиат намуда гуфт: «Дар рӯзи истироҳат касеро шифо додан мумкин аст ё не?» Онҳо хомӯш монданд, Ӯ бошад, ба бемор даст расонда шифо бахшиду ҷавоб дод. Сипас ба онҳо гуфт: «Агар бача * ва ё барзагови яке аз шумо дар рӯзи истироҳат ба чоҳ афтад, магар онро зуд берун намебароред?» Вале онҳо ба Ӯ ҷавобе дода натавонистанд.


Таълим дар бораи ҷойталабӣ

Исо мушоҳида мекард, чӣ тавр меҳмонон мехостанд ҷойҳои болотарро ишғол кунанд, бинобар ин ба онҳо масалеро гуфт: «Вақте ки ба тӯи арӯсӣ даъват мешавӣ, аз боло гузашта нашин, чун шояд шахсе даъват шуда бошад, ки аз ту баобрӯтар аст. Он гоҳ соҳибхонае, ки ҳардуи шуморо даъват кардааст, омада ба ту нагӯяд: „Ҷоятро ба ӯ бидеҳ”. Он вақт шарм дошта, маҷбур мешавӣ, ки ба поён гузашта шинӣ. 10 Баръакс, вақте ки туро даъват мекунанд, омада дар ҷои поён бишин, то соҳибхона омада, ба ту бигӯяд: „Дӯстам, болотар бишин”. Он гоҳ иззату эҳтиромат дар пеши назари ҳамаи онҳое, ки дар гирди дастархон нишастаанд, ба ҷо оварда мешавад. 11 Зеро ҳар кӣ худро калон гирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор гирад, сарбаланд хоҳад шуд».

12 Баъд ба соҳибхонае, ки Ӯро даъват карда буд, гуфт: «Вақте ки зиёфате ташкил мекунӣ, дӯстон, бародарон, хешон ва ҳамсояҳои бойи худро даъват накун, чунки онҳо низ туро даъват мекунанду некиатро бармегардонанд. 13 Беҳтараш вақти зиёфат оростан камбағалону маъюбон ва шалҳову нобиноёнро даъват намо. 14 Он гоҳ хушбахт хоҳӣ шуд, чунки онҳо некиатро баргардонда наметавонанд, вале дар рӯзе, ки некон зинда мешаванд, Худо некиатро ба ту бармегардонад».


Масал дар бораи зиёфати калон

15 Инро шунида яке аз меҳмонон ба Исо гуфт: «Хушбахт аст он касе, ки дар подшоҳии Худо хӯрок бихӯрад!»

16 Аммо Исо ба ӯ гуфт: «Марде зиёфати калоне ороста, мардуми зиёдро даъват намуд. 17 Чун вақти хӯрдани хӯрок расид, хизматгорашро фиристод, то ба даъватшудагон бигӯяд: „Биёед, аллакай ҳама чиз тайёр аст”. 18 Ҳамин вақт ҳама, яке аз паи дигар ба узрхоҳӣ даромаданд. Якумаш гуфт: „Ман замин харидам ва бояд рафта, онро бубинам. Хоҳиш мекунам, маро бубахшед”. 19 Дигаре гуфт: „Ман панҷ ҷуфт барзагов харидам ва ҳоло барои санҷидани онҳо меравам. Илтимос мекунам, маро бубахшед”. 20 Саввумӣ гуфт: „Ман зан гирифтам, бинобар ин рафта наметавонам”. 21 Хизматгор баргашта ин хабарро ба хоҷааш расонд. Он гоҳ хоҷа дар ғазаб шуда, ба хизматгораш фармон дод: „Зудтар ба кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳр рафта, камбағалон, маъюбон, шалҳо ва нобиноёнро ба ин ҷо биёр”. 22 Хизматгор гуфт: „Хоҷаам! Фармонатонро иҷро намудам, вале боз ҳам ҷойҳои холӣ ҳастанд”. 23 Сипас хоҷа ба хизматгор гуфт: „Қад-қади роҳҳои васеъву танг гашта, мардумро ба омадан маҷбур кун, то ки хонаам пур шавад.

24 Ба шумо мегӯям, ҳеҷ нафаре, ки аз аввал даъват шуда буд, мазаи хӯроки идонаи маро нахоҳад чашид”».


Исоро пайравӣ намудан

25 Ҳамроҳи Исо мардуми бисёре равона буданд ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда гуфт: 26 «Касе, ки пеши Ман меояду Маро бештар аз падару модараш, зану фарзандонаш, бародарону хоҳаронаш ва зиёдтар аз ҷони худ дӯст намедорад, шогирди Ман шуда наметавонад. 27 Касе, ки салиби азобу маргашро бо худ набардошта аз паи Ман ояд, шогирди Ман шуда наметавонад. 28 Зеро кӣ аз байни шумо қалъае сохтанӣ мешаваду аввал нишаста харҷи онро ҳисоб намекунад, то бифаҳмад, ки имконияти ба анҷом расондани сохтмонро дорад ё не? 29 То мабодо баъд аз гузоштани пойдевор он сохтмонро ба охир расонда натавонад ва ҳамаи онҳое, ки инро мебинанд, писханд зада 30 гӯянд: „Ин мард сохтмонро сар карду ба тамом кардани он қувваташ нарасид.” 31 Ҳамчунин подшоҳе низ пеш аз ба ҷанги зидди подшоҳи дигар баромадан, аввал бояд нишаста, нағзакак фикр кунад, ки оё метавонад бо даҳ ҳазор сарбози худ ба подшоҳе, ки бо бист ҳазор сарбозаш бар зидди ӯ меояд, муқобилат нишон диҳад? 32 Пас, агар натавонад, ҳанӯз ки душманаш дур аст, сафиронашро барои сулҳ бастан мефиристад. 33 Айнан ҳамин тавр ҳеҷ яке аз шумо то аз тамоми чизу чораи худ даст накашед, наметавонед шогирди Ман бошед.


Сифати намак

34 Шумо медонед, ки намак чизи хуб аст, вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? 35 Он вақт намак барои ҳеҷ чиз ба кор намеояд: на барои замин ва на барои пору. Онро бароварда мепартоянд.

Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»

15


Масал дар бораи гӯсфанди гумшуда

Бисёр андозгирон ва дигар касоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, барои шунидани суханони Исо ба наздаш меомаданд. Вале фарисиён ва шариатдонон норозигии худро баён карда, мегуфтанд: «Ин мард гунаҳкоронро қабул мекунад ва ҳамроҳашон хӯрок мехӯрад». Бинобар ин Исо ба онҳо чунин масалро гуфт: «Фарз мекунем, ки нафаре аз шумо сад сар гӯсфанд дораду якеашро гум мекунад. Магар наваду нӯҳтоашро дар чароҳгоҳ гузошта, то ёфтани он гӯсфанди гумшуда аз паи вай намеравад? Ва чун ёбад, бо хурсандӣ онро болои китфонаш бардошта ба хонааш меояд ва дӯстону ҳамсояҳояшро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед. Ман гӯсфанди гумшудаамро ёфтам”. Ба шумо мегӯям, дар осмон барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, хурсандии зиёдтаре мешавад, назар ба он наваду нӯҳ накӯкоре, ки ба тавба ҳеҷ эҳтиёҷ надоранд.


Масал дар бораи тангаи гумшуда

Фарз мекунем, ки зане даҳ тангаи нуқра дораду якеашро гум мекунад. Магар вай чароғро даргиронда, хонаро рӯфта, бодиққат намекобад, то онро пайдо бикунад? Ва чун ёбад, дугонаҳову ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед, чун тангаи гумкардаамро ёфтам”.

10 Ба шумо мегӯям, фариштагони Худо ҳам барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, айнан ҳамин тавр хурсандӣ мекунанд».


Писари гумроҳшуда

11 Боз гуфт: «Марде ду писар дошт. 12 Писари хурдӣ ба падараш гуфт: „Он қисми молу мулкеро, ки насиби ман аст, ба ман бидеҳ” ва падар ҳама чизеро, ки дошт, ба ҳарду писараш тақсим кард. 13 Баъд аз чанд рӯз писари хурдӣ чизу чораашро ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт. Дар он ҷо ӯ тамоми бойгариашро беҳуда ба айшу ишрат сарф кард. 14 Баъд аз он ки ҳамаи бойгариашро барбод дод, дар он сарзамин қаҳтии сахте ба амал омад ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд. 15 Сипас рафта хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд ва он мард ӯро ба замини худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад. 16 Азбаски ба ӯ чизи хӯрданӣ намедоданд, вай тайёр буд, шикамашро бо еме, ки хукҳо мехӯрданд, пур кунад. 17 Оқибат вай ба худ омада гуфт: „Падарам хизматгорони бисёре дорад ва ҳамаи онҳо нони фаровон ва ҳатто зиёдатӣ доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ мемирам! 18 Рафта ба назди падарам бармегардаму ба вай мегӯям: „Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам 19 ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам. Маро ҳамчун яке аз хизматгоронатон қабул кунед„”. 20 Пас ӯ хеста ба хонаи падараш равона шуд. Вай ҳанӯз хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, ба ҳоли писараш раҳмаш омад ва давида рафту фарзандашро ба оғӯшаш кашида, бӯса кард. 21 Писар ба вай гуфт: „Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам*”. 22 Аммо падар ба хизматгоронаш гуфт: „Зудтар ҷомаи беҳтаринро оварда, ба ӯ пӯшонед. Ба дасташ ангуштарин ва ба пойҳояш пойафзол пӯшонед. 23 Гӯсолаи боникардаро биёреду сар бибуред; мехӯрему хурсандӣ мекунем! 24 Охир ин писарам мурда буд ва ҳоло зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд”. Пас онҳо ҷашне оростанд.

25 Ҳамин вақт писари калонӣ дар киштзор буд. Ҳангоми баргаштан вай ба хона наздик шуда, садои мусиқӣ ва рақсу бозиро шунид. 26 Пас яке аз хизматгоронро ҷеғ зада пурсид, ки дар он ҷо чӣ воқеа рӯй дода истодааст? 27 Хизматгор ба ӯ ҷавоб дод: „Бародаратон баргашт ва чун падаратон ӯро зиндаву саломат дид, гӯсолаи боникардаро сар бурид”. 28 Бародари калониро чунон қаҳраш омад, ки нахост ба хона дарояд. Он гоҳ падараш берун баромада, ӯро розӣ кунонданӣ шуд. 29 Вай бошад, ба падараш чунин ҷавоб дод: „Чандин сол аст, ки ман ба шумо хизмат мекунам ва ҳеҷ вақт аз гуфтаатон берун набаромадаам, шумо бошед, ягон бор ба ман ҳатто бузғолачаеро ҳам надодед, ки бо дӯстонам хурсандӣ карда тавонам. 30 Вале ин писаратон, ки дороии шуморо ҳамроҳи фоҳишаҳо хӯрда тамом карду баргашт, шумо барои вай гӯсолаи боникардаро сар буридед”. 31 Аммо падар ба ӯ гуфт: „Писарам, ту ҳамеша бо ман ҳастӣ ва ҳар чизе, ки ман дорам, аз они туст. 32 Бояд шодиву хурсандӣ кунем, чунки бародарат мурда буду зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд”».

16


Назоратчии зирак

Ҳамчунин Исо ба шогирдонаш гуфт: «Марди сарватманде назоратчие дошт ва ба сарватманд шикоят карданд, ки назоратчиаш молу мулки ӯро беҳуда сарф мекунад. Хоҷааш вайро ҷеғ зада гуфт: „Ман дар бораи ту чиҳо мешунавам? Ба ман ҳисобот деҳ, ки чӣ корҳо кардаӣ, чунки дигар назоратчии ман шуда наметавонӣ”. Он гоҳ назоратчӣ худ ба худ гуфт: „Чӣ кор кунам? Хоҷаам маро аз кор холӣ мекунад. Ман бел зада наметавонам ва аз гадоӣ кардан ҳам шарм мекунам. Ёфтам чӣ бояд кунам. Бояд коре бикунам, ки вақти бекор монданам одамон маро ба хонаҳояшон роҳ диҳанд”. Вай қарздорони хоҷаашро як-як ҷеғ зад ва якумашро пурсид: „Ту аз хоҷаам чӣ қадар қарздор ҳастӣ?” Ҷавоб дод: „Сад хум равғани зайтун”. Назоратчӣ ба вай гуфт: „Ана забонхати ту, зуд нишаста, ба ҷои сад панҷоҳ навис”. Баъд аз дигаре пурсид: „Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?” Ӯ ҷавоб дод: „Сад халта гандум”. Назоратчӣ гуфт: „Ана забонхати ту, ба ҷои сад ҳаштод навис”. Вале хоҷааш назоратчии қаллобро таъриф кард, ки зиракиашро ба кор бурда, чунин кардааст. Охир одамони ин дунё дар муносибат бо онҳое, ки мисли худашон ҳастанд, назар ба одамони нур, ки аз они подшоҳии Худо ҳастанд, оқилтаранд.

Пас, Ман ба шумо мегӯям: Пулу моли ин дунёро ба он сарф намоед, ки барои худ дӯстонро пайдо бикунед, то дар вақти тамом шудани бойгариатон онҳо шуморо дар хонаҳои абадӣ қабул кунанд. 10 Касе, ки дар иҷрои вазифаи майда вафодор бошад, дар иҷрои вазифаи калон ҳам вафодор мемонад. Ҳамчунин касе, ки дар иҷрои кори ночиз беинсоф бошад, дар иҷрои кори муҳим ҳам беинсофӣ мекунад. 11 Пас, агар ба шумо бойгарии ин дунёро боварӣ карда нашавад, кӣ ба шумо бойгарии ҳақиқиро боварӣ мекунад? 12 Ва агар ба шумо бойгарии шахси бегонаро боварӣ карда нашавад, кӣ ба шумо меросатонро медиҳад?

13 Ҳеҷ хизматгор якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул».


Баъзе гуфтаҳои Исо

14 Фарисиён, ки пулпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Исоро масхара карданд. 15 Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳамон одамоне ҳастед, ки худро дар пеши мардум беайб нишон медиҳед, лекин Худо аз дилҳои шумо бохабар аст. Чизеро, ки одамон олидараҷа мешуморанд, дар назари Худо нафратовар аст.

16 Шариати Мӯсо ва навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳёи Таъмиддиҳанда амал мекарданд. Аз вақти Яҳё сар карда подшоҳии Худо эълон карда мешаваду ҳама кӯшиш мекунанд, ки зӯр зада вориди он гарданд. 17 Вале нест шудани замину осмон осонтар аз он, ки ҳатто нуқтае аз ин қонун бекор карда шавад.

18 Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро ба занӣ гирад, гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад ва ҳар кӣ зани талоқшударо ба занӣ гирад, низ ҳамон гуноҳро содир мекунад.


Сарватманд ва Лаъзор

19 Як замонҳо марди сарватманде зиндагӣ мекард, ки либоси қиматбаҳо мепӯшиду ҳар рӯз хӯроки шоҳона мехӯрд. 20 Лаъзор ном камбағале, ки тамоми баданаш пур аз захмҳо буд, дар назди дарвозаи марди сарватманд дароз кашида мехобид 21 ва ҳатто сагҳо омада, захмҳои ӯро мелесиданд. Вай орзу мекард, ки шикамашро бо пасмондаҳои хӯроке, ки ба берун партофта мешаванд, сер кунад. 22 Вақте ки Лаъзор мурд, фариштагон ӯро ба осмон бурда, ба паҳлӯи Иброҳим шинонданд. Марди сарватманд низ мурд ва ӯро гӯронданд. 23 Ҳангоме ки ӯ дар дӯзах азоб мекашид, ба боло нигоҳ кард ва аз дур Иброҳимро дид, ки Лаъзор дар паҳлӯяш менишаст. 24 Он сарватманд фарёд зада гуфт: „Эй аҷдодам Иброҳим! Ба ман раҳм кунед ва Лаъзорро бифиристед, то нӯги ангушташро ба об тар карда, забонамро камтар нам кунад. Ман дар ин оташ азоб мекашам”. 25 Вале Иброҳим чунин ҷавоб дод: „Ба хотир ор, писар, ту дар вақти зинда буданат аллакай ҳама чизи хубро ба даст оварда будӣ, вале насиби Лаъзор фақат чизи бад дид. Ҳоло бошад, дили вай дар ин ҷо тасаллӣ меёбаду ту азоб мекашӣ. 26 Илова бар ин, байни мову шумо чунон ҷарии бетаге вуҷуд дорад, ки агар касе аз ин тараф ба пеши шумо гузаштан хоҳад ҳам, наметавонад. Ҳамчунин аз он ҷо касе пеши мо гузашта наметавонад”. 27 Марди сарватманд гуфт: „Пас, эй аҷдод, аз шумо илтимос мекунам, ки Лаъзорро ба хонаи падари ман фиристед. 28 Охир ман панҷ бародар дорам. Бигзор онҳоро таъкид кунад, то онҳо ҳам ба ин ҷои азоб наафтанд”. 29 Иброҳим ба ӯ гуфт: „Онҳо навиштаҳои Мӯсо ва дигар пайғамбаронро доранд. Бигзор ба суханони онҳо гӯш диҳанд”. 30 Аммо мард гуфт: „Не, аҷдодам Иброҳим! Танҳо агар яке аз мурдагон назди онҳо биёяд, тавба хоҳанд кард”. 31 Иброҳим ҷавоб дод: „Модоме ки онҳо ба суханони Мӯсову пайғамбарон гӯш намедиҳанд, ба ҳеҷ кас, ҳатто ба мурдае, ки зинда шудааст, низ бовар нахоҳанд кард”».

17


Баъзе гуфтаҳои Исо

Ба шогирдонаш бошад, Исо чунин гуфт: «Албатта васвасаҳои зиёд пайдо мешаванд, вале вой бар ҳоли он касе, ки ба воситаи вай васвасаҳо ба миён меоянд. Агар бар гардани вай санги осиёбро овехта, ӯро ба баҳр мепартофтанд, барояш беҳтар аз он мебуд, ки ӯ яке аз пайравони хурдтаринро ба васвасаи гуноҳ андозад.

Пас, эҳтиёт бошед! Агар бародаратон бар шумо гуноҳе бикунад, ӯро таъкид кунед ва агар тавба карда, аз гуноҳ даст кашад, ӯро бубахшед. Агар рӯзе ҳафт бор гуноҳ кунад ва ҳафт маротиба „Тавба кардам” гӯяд, бояд ӯро бубахшед».

Вакилон ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёдтар бикун». Худованд гуфт: «Агар имонатон донаи хардал барин бошад, шумо ба ин дарахти тут „Решакан шаву ба баҳр шинонда шав” гуфта метавонед ва вай ба шумо итоат мекунад.

Фарз кардем, ки яке аз шумо хизматгоре дореду вай ба шудгори замин ва ё ба чӯпонӣ машғул аст. Магар вақти аз киштзор баргаштанаш шумо ба вай мегӯед, ки зуд омада назди дастархон бишинад? Магар ба ӯ чунин намегӯед: „Хӯроки шомро тайёр кун ва то вақте ки ман мехӯраму менӯшам, миёнатро маҳкам баста, ба ман хизмат кун. Баъдтар худат мехӯрӣ ва менӯшӣ?” Охир, шумо ба хизматгоратон барои иҷро кардани фармонҳоятон ташаккур намегӯед-ку? 10 Пас, шумо низ, баъд аз он ки фармонҳои ба шумо додашударо иҷро мекунед, бигӯед: „Мо танҳо хизматгори ночиз ҳастему вазифаи худро иҷро кардем”».


Шифо ёфтани даҳ махав

11 Исо ба сӯи Ерусалим равона шуд. Вай қад-қади сарҳаде, ки байни Сомарияву Ҷалил буд, роҳ мерафт. 12 Боре, вақте ки Ӯ ба деҳае медаромад, бо даҳ одамони махав рӯ ба рӯ шуд. Онҳо каме дур истода 13 дод мезаданд: «Эй Исо, хоҷа, ба мо раҳм кунед!» 14 Исо онҳоро дида, гуфт: «Бираведу худро ба рӯҳониён нишон диҳед». Онҳо рафтанд ва дар аснои роҳ пок шуданд. 15 Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, бо овози баланд Худоро ситоиш намуда, баргашт 16 ва худро пеши пойҳои Исо партофта, ба Ӯ миннатдорӣ баён кард. Ӯ марди сомарӣ буд. 17 Исо пурсид: «Магар даҳ нафар пок нашудаанд? Нӯҳ нафари дигар куҷоянд? 18 Пас, наход ғайр аз ин марди бегона ягон нафаре аз онҳо барнагашт, ки Худоро ҳамду сано хонад?» 19 Баъд ба он мард гуфт: «Бархезу бирав, туро имонат шифо дод».


Омадани подшоҳии Худо

20 Фарисиён аз Исо пурсиданд, ки кай подшоҳии Худо фаро мерасад? Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Аз рӯи нишонаҳои намоён омадани подшоҳии Худоро муайян кардан имконнопазир аст. 21 Касе ба шумо намегӯяд: „Нигоҳ кунед, вай дар ин ҷост” ва ё „Вай дар он ҷост!”. Охир, подшоҳии Худо аллакай дар байни шумо вуҷуд дорад».

22 Вале ба шогирдонаш гуфт: «Вақте мерасад, ки ба дидани Фарзанди Инсон зор мешавед, вале Ӯро намебинед. 23 Ба шумо мегӯянд: „Вай дар он ҷост!” ё „Вай дар ин ҷост!”. Аз ҷоятон ҷаста, аз қафояшон надавед. 24 Зеро Фарзанди Инсон дар рӯзи омаданаш монанди барқе, ки дурахшида осмонро аз як сӯ то сӯи дигар нурпошӣ мекунад, пайдо мешавад. 25 Вале аввал Ӯ бояд азоби бисёре кашида, аз тарафи насли ин замон рад карда шавад. 26 Чи тавре ки дар замони Нӯҳ пайғамбар буд, пеш аз омадани Фарзанди Инсон низ ҳамон тавр мешавад. 27 Зеро то рӯзи ба киштӣ даромадани Нӯҳ одамон мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мебаромаданд, вале баъд тӯфон бархоста, ҳамаро несту нобуд кард. 28 Ҳамчунин монанди замони Лут хоҳад буд, ки одамон мехӯрданду менӯшиданд, мехариданду мефурӯхтанд, мекоштанду иморат месохтанд. 29 Вале рӯзе, ки Лут аз шаҳри Садӯм баромад, ба рӯи замин оташу сулфур борида, ҳамаро нест кард. 30 Рӯзе, ки Фарзанди Инсон зоҳир мегардад, низ ҳамон тавр хоҳад буд. 31 Агар касе он вақт дар болои бом бошаду чизу чорааш даруни хона, барои гирифтани онҳо поён нафарояд ва ҳар кӣ дар саҳро бошад, ба хонааш барнагардад. 32 Зани Лутро ба хотир оваред. 33 Ҳар кӣ ҷони худро эмин нигоҳ доштанӣ аст, онро аз даст медиҳад ва ҳар кӣ ҷони худро фидо кунад, онро эмин нигоҳ хоҳад дошт. 34 Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре, ки дар як ҷойгаҳ хобанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. 35-36 Аз ду зане, ки дар як осиёб гандум орд мекунанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад». *

37 Он гоҳ шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Эй Худованд, ин дар куҷо ба амал меояд?» Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар ҷо ки ҷасади мурдае бошад, паррандаҳои лошахӯр дар он ҷо гирд меоянд».

18


Масал дар бораи қозии беадолат ва бевазан

Баъд Исо ба онҳо масалеро нақл кард, то бидонанд, ки бояд ҳамеша дуо бигӯянд ва ҳеҷ вақт рӯҳафтода нагарданд.

Ӯ гуфт: «Дар як шаҳр қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошту на шарме аз мардум. Дар он шаҳр бевазане низ буд, ки ҳамеша ба назди ӯ омада мегуфт: „Маро муҳофизат кунед, то бар душманам маълум гардад, ки ман ҳақ ҳастам”. Қозӣ муддати дуру дароз талаби ӯро рад мекард, вале дар охир худ ба худ гуфт: „Гарчанде ман на тарсе аз Худо дораму на шарме аз мардум, вале, азбаски ин бевазан маро ба ҳолам намегузорад, ӯро ҳимоя мекунам, то ҳар гоҳ омада, маро безор накунад”». Сипас Худованд пурсид: «Шумо шунидед, ки ин қозии беадолат чӣ мегӯяд? Наход Худо интихобкардагони худро, ки шабу рӯз ба даргоҳаш зорию тавалло мекунанд, муҳофизат накунад? Магар Ӯ дер мекунад? Ба шумо мегӯям, ки Худо онҳоро зуд муҳофизат мекунад. Вале оё Фарзанди Инсон вақти омаданаш дар рӯи замин имонро ёфта метавонад?»


Масал дар бораи фарисӣ ва андозгир

Баъд Исо ба онҳое, ки дар беайб будани худ шубҳае надошта, аз дигарон ҳазар мекарданд, чунин масалеро нақл кард:

10 «Ду кас барои дуогӯӣ ба Хонаи Худо даромаданд. Яке фарисӣ буду дигаре андозгир. 11 Фарисӣ рост истода, дар дилаш чунин дуо мегуфт: „Худоё! Туро шукр мегӯям, ки мисли одамони дигар қаллобу золим нестам, алоқаи беникоҳ намекунам ва ҳам монанди ин андозгир нестам. 12 Ман ҳар ҳафта ду бор рӯза мегирам ва аз ҳар даромаде, ки дорам, ҳиссаи даҳумашро месупорам”. 13 Вале андозгир дуртар истода, ҳатто ҷуръат намекард, ки сарашро боло карда, ба осмон нигарад. Вай танҳо бар сандуқи синааш мушт зада мегуфт: „Худоё! Ба мани гунаҳкор раҳм кун!”. 14 Ба шумо мегӯям, ки на фарисӣ, балки ҳамин андозгир сафед шуда, ба хонааш баргашт. Зеро ҳар кӣ худро калон гирад, паст мешавад ва, баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор гирад, сарбаланд мешавад».


Баракат ёфтани кӯдакон

15 Ба назди Исо кӯдакони хурдсолро оварданд, то ки Ӯ бар сари онҳо даст гузорад. Вале шогирдон инро дида, мардумро сарзаниш карданд. 16 Исо кӯдаконро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд. 17 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ подшоҳии Худоро мисли кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».


Сардори сарватманд

18 Яке аз ҷумлаи сардорон аз Исо пурсид: «Эй устоди нек! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?» 19 Исо аз ӯ пурсид: «Чаро Маро нек мегӯӣ? Ҳеҷ кас ба ғайр аз Худои ягона нек нест. 20 Ту фармоишҳоро медонӣ: алоқаи беникоҳ накун, одамкушӣ накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо». 21 Вай ба Исо ҷавоб дод: «Ман аз айёми ҷавониам ҳамаи ин фармоишҳоро риоя мекунам». 22 Исо инро шунида гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад. Ҳар он чизеро, ки дорӣ, фурӯхта, ба бечорагон бидеҳ. Он гоҳ соҳиби мукофоти осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо». 23 Вале он мард инро шунида бисёр ғамгин шуд, чунки хеле бой буд. 24 Исо ба вай нигоҳ карда гуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамони бой чӣ душвор аст. 25 Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси бой ба подшоҳии Худо дохил шавад».

26 Онҳое, ки Ӯро мешуниданд, пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» 27 Исо ҷавоб дод: «Ҳар чизе, ки барои одамон ғайриимкон бошад, барои Худо имконпазир аст».

28 Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо аз баҳри хонаҳои худ баромада, Шуморо пайравӣ кардем». 29 Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ ба хотири подшоҳии Худо аз баҳри хона, зан, бародарон, падару модар ва фарзандонаш гузарад, 30 дар ин дунё ҳамаи инро чанд маротиба зиёдтар ба даст меораду дар он дунё ҳаёти абадӣ насибаш мегардад».


Пешгӯии сеюмини Исо дар бораи марги худ

31 Исо он дувоздаҳ нафарро як сӯ бурда, ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Фарзанди Инсон навиштаанд, ба амал хоҳад омад. 32 Ӯро ба дасти беимонон месупоранд. Онҳо Ӯро масхара ва ҳақорат карда, туфборон 33 ва қамчинкорӣ намуда ба қатл мерасонанд, вале Ӯ дар рӯзи сеюм аз нав зинда хоҳад шуд».

34 Лекин шогирдон аз ин гуфтаҳо чизеро нафаҳмиданд. Маънои суханони Исо аз онҳо пӯшида монд ва онҳо намефаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи чӣ сухан меронад.


Шифо ёфтани нобино

35 Вақте ки Исо ба Ериҳӯ наздик мешуд, нобиноеро дид, ки дар канори роҳ нишаста садақа мепурсид. 36 Чун нобино шунид, ки аз наздаш мардуми зиёде мегузаранд, пурсид: «Худаш чӣ гап?» 37 Ба вай гуфтанд, ки аз он ҷо Исои Носирӣ гузашта истодааст. 38 Он нобино дод зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед». 39 Онҳое, ки пешопеш равона буданд, ӯро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шавад. Аммо ӯ торафт баландтар дод зада мегуфт: «Эй насли Довуд, ба ман раҳм кунед». 40 Исо аз роҳаш бозистода фармуд, ки он нобиноро ба наздаш биёранд. Вақте ки ӯ наздик омад, Исо аз вай пурсид: 41 «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Вай ҷавоб дод: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам». 42 Исо гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо дод». 43 Вай ҳамон замон бино шуд ва Худоро ситоишкунон аз паси Исо равона гашт. Тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано мехонданд.

19


Имон овардани Заккай

Исо ба Ериҳӯ ворид шуда, аз он ҷо мегузашт. Дар он шаҳр Заккай ном марди сарватманде буд, ки вазифаи сардори андозгиронро ба ӯҳда дошт. Вай мехост бубинад, ки Исо кист. Вале, азбаски мардум зиёд буду Заккай қади паст дошт, Ӯро дида натавонист. Бинобар ин ӯ давида пеш гузашту ба болои дарахти анҷир баромад, то ки Исоро ҳангоми аз он ҷо гузаштанаш бубинад. Исо ба он ҷо наздик шудан замон ба Заккай нигоҳ карда гуфт: «Заккай! Зудтар поён фаро! Ман бояд имрӯз дар хонаи ту бимонам». Вай зуд поён фаромада, бо хурсандӣ Исоро меҳмондорӣ кард. Инро дида, ҳама норозигии худро баён намуда мегуфтанд: «Ӯ дар хонаи марди гунаҳкор меҳмон шудааст». Аммо Заккай рост истода ба Худованд гуфт: «Ана, Худованд, ман нисфи бойгариамро ба бечорагон медиҳам ва агар аз касе бо фиреб пул ситонда бошам, чор баробар зиёдтар бармегардонам». Исо гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омад, чунки Заккай ҳам аз насли Иброҳим аст. 10 Зеро Фарзанди Инсон барои он омадааст, ки гумроҳшударо кофта ёбаду наҷот диҳад».


Масал дар бораи даҳ тангаи тилло

11 Азбаски Исо аллакай дар наздикии Ерусалим буду шунавандагони Ӯ гумон доштанд, ки подшоҳии Худо ба зудӣ фаро мерасад, Вай масал гуфтанро давом дод:

12 «Як шахси олимартаба ба кишвари дурдаст сафар дошт, то ҳуқуқи ба тахти подшоҳӣ нишастанашро тасдиқ намуда, баргардад. 13 Пеш аз рафтан вай даҳ нафар хизматгоронашро ба наздаш ҷеғ зада, ба ҳар кадомаш як тангаи тилло доду гуфт: „Дар вақти набудани ман ин тангаҳоро ба муомилот дароред”. 14 Аммо ҳамшаҳриҳояш, ки ба вай нафрат доштанд, аз паси вай сафиронашонро фиристоданд, то рафта чунин бигӯянд: „Мо намехоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад”. 15 Вақте ки ӯ тахти подшоҳиро соҳиб шуда баргашт, фармон дод, то ҳамон хизматгоронеро, ки ба онҳо пул дода буд, ба наздаш ҷеғ зананд. Вай мехост бифаҳмад, ки ҳар яке аз онҳо чӣ қадар фоида ба даст овардааст? 16 Аввалинаш омада, гуфт: „Хоҷаам, як тангаи тиллои шумо даҳ танга фоида овард”. 17 Подшоҳ ба вай гуфт: „Офарин, хизматгори некам. Азбаски дар иҷрои вазифаи андаке вафодориатро нишон додӣ, туро ба даҳ шаҳр ҳоким таъин мекунам”. 18 Дуюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, як тангаи тиллои шумо панҷ танга фоида овард”. 19 Подшоҳ ба вай гуфт: „Туро низ ба панҷ шаҳр ҳоким таъин мекунам”. 20 Сеюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, ана ин ҳамон тангаи тиллои шумо. Ман онро ба рӯймолчае печонда, нигоҳ доштам, 21 чунки аз шумо метарсидам. Охир шумо одами сахтгир ҳастед. Аз он ҷое, ки нагузоштаед, мегиред ва он чизеро, ки накоштаед, дарав мекунед”. 22 Подшоҳ ба вай гуфт: „Ту хизматгори бад будаӣ! Аз рӯи он чизе ки гуфтӣ, ба ту ҳукм мебарорам! Охир ту медонистӣ, ки ман одами сахтгир ҳастам, аз он ҷое, ки нагузоштаам, мегирам ва он чизеро, ки накоштаам, дарав мекунам. 23 Пас, чаро пули маро ба муомилот нагузоштӣ, то ки вақти баргаштанам онро бо фоидааш бигирам?” 24 Баъд ба онҳое, ки дар наздаш буданд, фармон дод: „Аз дасташ тангаи тиллоро гирифта, ба хизматгоре диҳед, ки даҳ танга дорад”. 25 Онҳо гуфтанд: „Хоҷаам, охир вай аллакай даҳ тангаи тилло дорад!”. 26 „Ман ба шумо мегӯям, ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз ҳам зиёд дода мешавад. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад.

27 Ҳоло бошад, он душманонамро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо биёреду дар пеши назарам ба қатл расонед”».


Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо

28 Исо ин масалро нақл карда, роҳашро давом дод ва ба сӯи Ерусалим раҳсипор гашт.

29 Вақте ки онҳо ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун воқеъ гаштаанд, наздик шуданд, Исо ду шогирдашро фиристоданӣ шуда, 30 ба онҳо гуфт: «Ба қишлоқи дарпешистода биравед ва, ҳамин ки вориди он гаштед, харкурраи бастаеро мебинед, ки то ҳол касе ба он савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред. 31 Агар касе аз шумо пурсад, ки барои чӣ бандашро мекушоед, гӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд».

32 Шогирдони фиристодашуда рафтанд ва, ҳамон тавре ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, дарёфтанд. 33 Вақте ки онҳо банди харкурраро мекушоданд, соҳибонаш аз онҳо пурсиданд: «Чаро банди харкурраро мекушоед?» 34 Онҳо ҷавоб доданд: «Вай ба Худованд лозим аст». 35 Пас онҳо харкурраро ба назди Исо оварда, ба болояш ҷомаҳои худро партофтанду Исоро ба он савор карданд.

36 Исо савора мерафту мардум ҷомаҳояшонро дар сари роҳи Вай пойандоз мекарданд. 37 Вақте Исо ба роҳе наздик шуд, ки он аз болои теппаи Зайтун ба поён мебурд, тамоми гурӯҳи шогирдонаш барои ҳамаи мӯъҷизаҳое, ки дида буданд, шодикунон бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонда 38 мегуфтанд:

«Баракат ёбад шоҳе,

ки аз номи Худованд меояд!

Сулҳ дар осмон

ва шӯҳрату ҷалол ба Худо дар осмон!»

39 Баъзе фарисиён аз байни мардум ба Исо гуфтанд: «Эй устод, шогирдонатро ором кун!» 40 Вай ҷавоб дод: «Бовар кунед, агар онҳо хомӯш шаванд, сангҳо дод мезананд».


Барои Ерусалим ғамгин шудани Исо

41 Вақте ки онҳо наздиктар омаданд, Исо шаҳрро дида, дилаш ба ҳоли он сӯхта гиря карду гуфт: 42 «Оҳ, кошки ақаллан ҳамин рӯз роҳеро, ки туро ба осоиштагӣ мебарад, медидӣ! Вале ҳоло он роҳ аз чашмони ту ниҳон аст. 43-44 Аз барои он ки ту ба наздат омадани Худовандро нафаҳмидӣ, ба сарат рӯзҳои сахт хоҳанд омад. Душманонат туро бо хоктӯдаҳо иҳота карда, муҳосира хоҳанд намуд. Онҳо аз ҳар тараф фишор оварда, туву сокинонатро ба хок яксон хоҳанд кард ва аз ту санг бар санге нахоҳад монд».


Пок намудани Хонаи Худо

45 Исо ба ҳавлии Хонаи Худо даромада, ба пеш кардани савдогарон даромад. 46 Вай ба онҳо гуфт: «Дар навиштаҷот гуфтаҳои Худо омадаанд, ки „Хонаи Ман ҷои дуогӯӣ мешавад”. Шумо бошед, онро ба паноҳгоҳи дуздон табдил додаед!»

47 Ӯ ҳар рӯз дар ҳавлии Хонаи Худо мардумро таълим медод. Сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва раисони халқи Исроил бошанд, дар фикри куштани Ӯ буданд. 48 Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, чунки тамоми мардум беист ва бодиққат ба ҳар як сухани Ӯ гӯш медоданд.

20


Савол дар бораи ҳуқуқи Исо

Рӯзе, вақте ки Исо дар ҳавлии Хонаи Худо мардумро таълим дода, хабари хушро эълон мекард, ба наздаш сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм омада пурсиданд: «Ба мо бигӯй, Ту бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунӣ? Кӣ ба Ту чунин ҳуқуқро додааст?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ҳам ба шумо як савол медиҳам ва шумо ба Ман ҷавоб диҳед, ки ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?» Онҳо бо ҳам муҳокима намуда, мегуфтанд: «Агар „Худо” гӯем, Вай аз мо мепурсад: „Чаро ба Яҳё бовар накардед?”. Агар „одамон” гӯем, мардум моро сангсор мекунанд. Охир одамон боварии комил доранд, ки Яҳё пайғамбар буд». Онҳо ҷавоб доданд, ки намедонанд. «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунам»,- гуфт Исо.


Масал дар бораи иҷоракорон

Баъд Исо ба халқ нақл кардани чунин масалро сар кард: «Шахсе токзоре бунёд карда, онро ба иҷоракорон ба иҷора дод ва худаш ба муддати дуру дароз ба кишвари дигар сафар кард. 10 Чун вақти ҳосилғундорӣ расид, ӯ хизматгореро ба назди иҷоракорон фиристод, то ҳаққи худро аз он токзор бигирад. Вале иҷоракорон ӯро латту кӯб карда, бо дасти холӣ баргардонданд. 11 Он вақт ӯ хизматгори дигарашро фиристод. Вале онҳо ӯро ҳам зада, шарманда карданду бо дасти холӣ баргардонданд. 12 Ӯ боз хизматгори сеюмашро фиристод. Вайро низ маҷрӯҳ намуда, берун партофтанд. 13 Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: „Чӣ бояд бикунам? Писари азизамро мефиристам, шояд ӯро эҳтиром кунанд”. 14 Вале иҷоракорон писари ӯро дида, ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва токзор аз они мо мешавад!” 15 Ва ӯро аз токзор берун бароварда куштанд.

Ба фикри шумо соҳиби токзор бо онҳо чӣ хел рафтор мекунад? 16 Вай баргашта, он иҷоракоронро мекушаду токзорро ба дигарон медиҳад».

Онҳое, ки Исоро мешуниданд, гуфтанд: «Худо нигоҳ дорад!» 17 Ӯ ба онҳо нигоҳ карда гуфт: «Пас ин калимаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд:

Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд,

санги асосии таҳкурсии бино гардид”.

18 Ҳар кӣ ба болои он санг ғалтад, шикаста майда-майда мешавад ва агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад».


Вазифаи одамон дар назди ҳокимон ва Худо

19 Шариатдонону сардорони рӯҳонӣ фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо равона шуда буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд. 20 Онҳо якчанд нафарро барои аз паи Исо поидан фиристоданд, то ки худро ростқавл нишон дода, Ӯро бо сухан ба дом афтонанду барои ҳукм шудан ба дасти ҳокими румӣ супоранд.

21 Онҳо аз Исо пурсиданд: «Устод! Мо медонем, ки суханону таълимоти Шумо аз рӯи ҳақиқат аст. Медонем, ки нисбати ҳеҷ кас рӯйбинӣ надоред ва роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. 22 Бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?» 23 Ӯ аз макри онҳо пай бурда, ба онҳо гуфт: 24 «Ба Ман динореро нишон диҳед. Дар он акс ва номи кӣ аст?» «Император»,- ҷавоб доданд онҳо. 25 Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чӣ аз они император аст, бояд ба император баргардонда шавад ва он чӣ аз они Худост, ба Худо».

26 Онҳо натавонистанд Исоро пеши мардум бо сухан ба дом афтонанд ва аз ҷавоби Ӯ ба ҳайрат афтода, хомӯш шуданд.


Савол дар бораи аз нав зиндашавӣ

27 Чанд нафар аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба пеши Исо омаданду 28 ба Вай чунин савол доданд: «Устод, Мӯсо дар қонун ба мо навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад.

29 Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифту фарзанде ба дунё наоварда мурд. 30-31 Бародари дуюм, сеюм ва ҳамин тавр ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ мегирифтанд, вале ҳеҷ яке аз онҳо фарзанде ба дунё наоварда мурданд. 32 Оқибат зан ҳам аз дунё чашм пӯшид. 33 Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!»

34 Исо ҷавоб дод: «Одамони ин олам зан мегиранд ва ба шавҳар мебароянд. 35 Вале онҳое, ки ба зинда шудану дар олами оянда зиндагӣ кардан лоиқ дониста шудаанд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мебароянд. 36 Онҳо дигар мурда наметавонанд, чунки мисли фариштаҳо мешаванд. Онҳо фарзандони Худо ҳастанд, охир Худо онҳоро аз мурдагон зинда кардааст. 37 Дар бораи аз нав зинда шудани мурдагон бошад, худи Мӯсо ба воситаи буттаи сӯхтаистода нақл карда, Худовандро Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб меномад. 38 Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Барои Ӯ ҳама зинда ҳастанд». 39 Он гоҳ баъзе аз шариатдонон гуфтанд: «Хуб гуфтӣ, устод!»

40 Ва дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ саволе диҳад.


Савол дар бораи Масеҳ

41 Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Чӣ тавр одамон гуфта метавонанд, ки Таъиншудаи Худо аз насли Довуд аст? 42-43 Охир, худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд:

Худованд ба Худованди ман гуфт:

То даме ки душманонатро зери пойҳоят наандозам,

аз тарафи дасти рости Ман бишин„”.

44 Довуд Ӯро „Худованд” меномад. Пас, чӣ тавр Вай аз насли Довуд шуда метавонад?»


Огоҳӣ аз худнамоии роҳбарони динӣ

45 Ҳангоме ки тамоми мардум ба суханони Вай гӯш мекарданд, Исо ба шогирдони худ гуфт: 46 «Аз шариатдонон эҳтиёт шавед. Чун либосҳои қимат пӯшида мегарданд ва ба онҳо маъқул аст, ки мардум дар бозорҳо ба онҳо салом диҳанд. Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ибодатхонаҳо бишинанд ва дар тӯю зиёфатҳо бологузар бошанд. 47 Онҳо намоишкорона дуру дароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда ғорат мекунанд! Барои ин корашон ҷазои сахттар мебинанд».

21


Ду тангаи бевазан

Исо як назар андохта, бойҳоеро дид, ки ба сандуқи хайрия ҳадяҳои худро меандохтанд. Ӯ бевазани камбағалеро низ дид, ки ба он ҷо ду тангаи хурди мисинро андохт. Баъд гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳама зиёдтар хайрот кард. Чунки онҳо аз зиёдатии бойигариашон хайрия карданд, вай бошад, ҳамаи он ризқу рӯзиашро, ки дошт, дод».


Азобу уқубатҳои дарпешистода

Вақте ки баъзеҳо дар бораи Хонаи Худо сухан меронданду таъриф мекарданд, ки он бо чӣ гуна сангҳои зебо ва ҳадяҳои қиматбаҳо оро дода шудааст, Исо гуфт: «Рӯзҳое меоянд, ки аз ҳамаи ин чизҳои медидаатон санг бар болои сангаш намонда ба замин яксон мегардад». Аз Ӯ пурсиданд: «Устод, пас ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва ба амал омадани онро аз кадом нишона мефаҳмем?» Ӯ ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо шуморо гумроҳ накунанд, зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам!” ва ё „Вақташ расид!” мегӯянд. Аз паси онҳо наравед! Вақте ки овозаи ҷангҳову шӯришҳо ба гӯшатон мерасад, ба воҳима наафтед. Зеро аввал бояд ҳамаи ин воқеаҳо ба вуҷуд оянд, вале ин маънои якбора расидани охирзамонро надорад». 10 Баъд Исо ба онҳо гуфт: «Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. 11 Заминҷунбиҳои сахт ва дар ҷойҳои гуногун қаҳтиву гуруснагӣ ва вабо хоҳад шуд. Аз осмон ҳодисаҳои пурдаҳшат ва нишонаҳои бузург намоён хоҳанд гашт. 12 Вале, пеш аз он ки ҳамаи ин ба амал ояд, шуморо дастгир карда, азоб хоҳанд дод ва ба ибодатхонаву зиндонҳо хоҳанд бурд. Аз барои номи Ман шуморо ба назди подшоҳону ҳокимон мебаранд. 13 Ин ҳамон вақтест, ки дар бораи Ман шаҳодат медиҳед. 14 Қарор диҳед, то пешакӣ ташвиш накашед, ки дар ҷавоб чӣ бояд бигӯед. 15 Зеро Ман ба шумо чунон ҳикмат ва суханпардозиро ато мекунам, ки ҳеҷ яке аз душманонатон наметавонад бар он муқобилате нишон дода, норозигии худро баён кунад. 16 Ҳатто падару модарон, бародарон, хешон ва дӯстонатон шуморо таслим хоҳанд намуд ва баъзеи шумо кушта мешавед. 17 Аз барои Маро пайравӣ карданатон ҳама ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд. 18 Вале як тори мӯйе ҳам аз сари шумо нахоҳад афтод. 19 Истодагарӣ намоед ва ҳаётро ба даст хоҳед овард.


Пешгӯии Исо дар бораи вайрон шудани Ерусалим

20 Ҳамин ки Ерусалимро дар иҳотаи аскарон дидед, бидонед, ки вақти вайрон шудани он наздик аст. 21 Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. Касе, ки дар Ерусалим бошад, аз он ҷо биравад ва касе, ки дар гирду атрофи шаҳр ҳаст, ба шаҳр барнагардад. 22 Чун он рӯзҳо, ҳамчун иҷрошавии гуфтаҳои навиштаҷот, рӯзҳои ҷазо мешаванд.

23 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт, чунки дар замин мусибати бузурге ба амал меояду ин мардум гирифтори ғазаб мешавад. 24 Баъзеҳо аз дами шамшер ҳалок мегарданду дигаронро ба мамлакатҳои гуногун асир карда мебаранд. Ғайрияҳудиён бошанд, то вақти ба охир расидани давраи онҳо Ерусалимро поймол мекунанд.


Нишонаи омадани Фарзанди Инсон

25 Дар офтоб, моҳ ва ситорагон нишонаҳое зоҳир мешаванд ва дар рӯи замин мардум ба ғаму андӯҳ печида, аз хурӯши баҳру мавҷҳо ба ҳайрат меафтанд. 26 Аз барои он ки ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд, одамон аз наздик шудани мусибате, ки ба сари ҷаҳон меояд, тарсида беҳуш мешаванд. 27 Дар он вақт одамон Фарзанди Инсонро мебинанд, ки дар болои абр бо қудрат ва шӯҳрату ҷалоли бузурге меояд. 28 Вақте ки ба амал омадани ин гуфтаҳо сар мешавад, қомататонро рост карда саратонро боло бардоред, чунки вақти харида гирифта шуданатон наздик аст».


Масал дар бораи дарахти анҷир

29 Баъд Исо ба онҳо чунин масалеро нақл кард: «Ба дарахти анҷир ва дигар дарахтҳо нигоҳ кунед. 30 Вақте мебинед, ки онҳо барг мебароранд, медонед, ки тобистон аллакай наздик аст. 31 Пас шумо ҳам вақте ки ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, донед, ки подшоҳии Худо наздик аст. 32 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ба амал меояд. 33 Замину осмон нест мешавад, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд. 34 Пас, бохабар бошед, ки дилҳои шумо саргарми айшу ишрат, бадмастӣ ва ташвишҳои ин рӯзгор нашавад, ки, вагарна он рӯз ногаҳон, 35 мисли дом барои шумо фаро хоҳад расид. Зеро он рӯз ба сари тамоми сокинони рӯи замин хоҳад омад. 36 Ҳамеша бедор бошед ва дуо гӯед, то қувват дошта бошед, ки аз мусибатҳои омадаистода халосӣ ёбед ва дар назди Фарзанди Инсон истед».

37 Ҳар рӯз Исо дар ҳавлии Хонаи Худо таълим медод ва бо фарорасии бегоҳ ба теппаи Зайтун рафта, ҳамон ҷо шабро рӯз мекард. 38 Тамоми мардум бошанд, саҳарии барвақт барои шунидани суханони Ӯ ба ҳавлии Хонаи Худо меомаданд.

22


Нақшаи куштани Исо

Иди Фатир, ки боз иди Балогардон ном дорад, наздик мешуд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз мардум метарсиданд, бинобар ин роҳи пинҳонӣ ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳамон вақт ба дили Яҳудои Исқарют, ки яке аз он дувоздаҳ шогирд буд, шайтон даромад. Яҳудо ба назди сардорони рӯҳонӣ ва саркорони посбонони Хонаи Худо омада, бо онҳо маслиҳат кард, ки бо кадом роҳ метавонад Исоро ба онҳо таслим кунад. Онҳо шод гашта, розӣ шуданд, ки ба Яҳудо пул диҳанд. Яҳудо ҳам розӣ шуд ва фурсати қулай меҷуст, ки аз мардум пинҳонӣ Исоро ба онҳо таслим кунад.


Тайёрӣ ба хӯроки иди Балогардон

Рӯзи иди Фатир ҳам фаро расид ва дар ин рӯз бояд барраи балогардонро қурбонӣ мекарданд. Исо Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Бираведу бароямон дастархони иди Балогардонро тайёр кунед». Онҳо аз Ӯ пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳед, ки тайёр кунем?» 10 Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Вақте ки ба шаҳр медароед, шуморо марде пешвоз мегирад, ки кӯзаи об бардошта мебарад. Аз ақибаш то ба хонае, ки вай медарояд, биравед. 11 Ба соҳиби он хона бигӯед: „Устод аз ту мепурсад, куҷост меҳмонхонае, ки Ӯ дар он бо шогирдонаш хӯроки иди Балогардонро хӯрда метавонад?” 12 Ӯ ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки аллакай ба тартиб оварда шудааст. Дастархонро дар ҳамон ҷо андозед». 13 Онҳо рафта, ҳамаро ҳамон тавре ки Исо гуфта буд, дарёфтанд ва хӯроки иди Балогардонро тайёр намуданд.


Таоми шом бо Худованд

14 Ҳангоме ки вақту соаташ расид, вакилон ҳамроҳи Исо ба гирди дастархон нишастанд. 15 Исо ба онҳо гуфт: «Бисёр мехостам, ки пеш аз азобу уқубатҳоям бо шумо ин хӯроки иди Балогардонро бихӯрам. 16 Ба шумо мегӯям, аз он дигар нахоҳам хӯрд, то он вақте ки ба маънои пуррааш дар подшоҳии Худо ба амал наояд».

17 Баъд косаи майро гирифта дуои шукрона карду гуфт: «Инро гиреду банавбат бинӯшед. 18 Ба шумо мегӯям, минбаъд то вақти омадани подшоҳии Худо аз меваи ангур нахоҳам нӯшид». 19 Сипас, нонро гирифта, дуои шукрона намуд ва онро пора карда, ба вакилон доду гуфт: «Ин бадани Ман аст, ки аз барои шумо қурбонӣ карда мешавад. Ба хотираи Ман ҳамин тавр бикунед». 20 Ва айнан ҳамин тавр баъд аз хӯроки шом косаро гирифта гуфт: «Ин коса аҳди навест, ки дар хуни барои шумо мерехтаам, баста шудааст. * 21 Ҳоло нигоҳ кунед, касе, ки Маро таслим мекунад, бо Ман дар сари як дастархон нишастааст. 22 Бале, Фарзанди Инсон бо роҳе меравад, ки барояш муайян шудааст, вале вой бар ҳоли касе, ки ба Ӯ хиёнат мекунад!»

23 Вакилон аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад.


Баҳсу мунозира дар бораи бузургӣ

24 Дар байни шогирдон баҳсу мунозира ба амал омад, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар шумурда шавад. 25 Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо ва ҳокимони онҳо ҳукмашонро бар зердастони худ мегузаронанд ва „эҳсонкор” номида мешаванд. 26 Аммо дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Бигзор бузургтарин аз байни шумо мисли хурдтарин рафтор бикунад ва сардор мисли хизматгор. 27 Пас, кӣ бузургтар аст? Оне, ки дар сари дастархон нишастааст ва ё касе, ки ба вай хизмат мекунад? Магар на он касе, ки дар сари дастархон нишастааст? Вале Ман дар мобайни шумо мисли хизматгор ҳастам! 28 Шумо ҳамроҳам аз озмоишҳои Ман гузаштед 29 ва он подшоҳиеро, ки Падарам ба Ман ато намудааст, Ман низ ба шумо тӯҳфа мекунам, 30 то ки шумо дар подшоҳии Ман аз дастархонам бихӯреду бинӯшед ва бар тахтҳо нишаста, ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ кунед».


Пешгӯӣ дар бораи инкори Петрус

31 Исо гуфт: «Шимъӯн, Шимъӯн! Бидон, ки шайтон талабгори он шуд, ки ҳамаи шуморо монанди гандум аз ғалбер гузаронад. 32 Вале Ман барои ту дуо кардам, то ки имонатро аз даст надиҳӣ ва вақти ба наздам баргаштанат бародарони худро устувор гардонӣ». 33 Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба ҳабс ва ҳам ба мурдан биравам!» 34 Вале Исо гуфт: «Ба ту мегӯям, ҳой Петрус! Худи ҳамин рӯз, пеш аз он ки хурӯс ҷеғ занад, ту се бор мегӯӣ, ки Маро намешиносӣ».

35 Исо аз шогирдон пурсид: «Вақте ки Ман шуморо бе пул, бе борхалта ва бе пойафзол фиристода будам, магар ба чизе мӯҳтоҷ шуда будед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Ба ҳеҷ чиз». 36 Ӯ гуфт: «Вале акнун, бигзор он касе, ки пул дорад, пулу борхалтаашро бо худ бигирад. Агар шамшер надошта бошад, бигзор ҷомаашро фурӯхта, онро бихарад.

37 Ба шумо мегӯям, дар навиштаҷот гуфта шудааст: „Ӯро ба қатори ҷинояткорон дароварданд”. Ин гуфтаҳо дар Ман бояд иҷро шаванд ва дар ҳақиқат ҳамаи он чизе, ки дар ҳаққи Ман навишта шудааст, иҷро шуда истодааст». 38 Онҳо гуфтанд: «Худовандо! Ана дар ин ҷо ду шамшер ҳаст». Вай ҷавоб дод: «Кифоя аст!»


Исо дар боғи Ҷатсамонӣ

39 Исо аз хона баромада, чун ҳарвақта ба теппаи Зайтун равона шуд. Шогирдон низ аз ақиби Ӯ рафтанд. 40 Ба он ҷо расида, Исо ба онҳо гуфт: «Дуо кунед, то ки ба васваса наафтед». 41 Худаш бошад, ба масофаи партофтани санге аз онҳо дур шуд ва ба зону истода дуо кард:

42 «Эй Падар! Илтимос мекунам, ин косаи азобро аз Ман дур кун. Вале бигзор на хости Ман, балки хости Ту ба амал ояд!» 43 Аз осмон фариштае зоҳир шуд ва ба Ӯ қувват бахшид. 44 Исо аз дарду сӯзиши зиёд бо ҷидду ҷаҳди бештаре дуо мекард ва арақ аз Ӯ мисли қатраҳои хун ба замин мечакид. * 45 Баъд аз дуо Исо бархеста, ба назди шогирдон рафт ва дид, ки онҳо аз ғаму ғусса бемадор шуда хобидаанд. 46 Пас, ба онҳо гуфт: «Чаро хоб рафтаед? Бархеста дуо кунед, то ки ба васваса наафтед».


Дастгир шудани Исо

47 Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, мардуми бисёре пайдо шуданд ва пешопеши онҳо касе меомад, ки Яҳудо ном дошту яке аз он дувоздаҳ шогирд буд. Вай ба Исо наздик шуд, то ки Ӯро бибӯсад. 48 Исо ба вай гуфт: «Яҳудо, магар бо ин бӯсаат Фарзанди Инсонро таслим мекунӣ?» 49 Пас шогирдоне, ки дар гирди Исо истода буданд, аз оқибати кор пай бурда гуфтанд: «Худовандо! Шояд шамшерҳоро ба кор барем?» 50 Ва яке аз онҳо ба ғуломи сарвари рӯҳониён ҳамла оварду гӯши росташро бурида партофт. 51 «Бас кунед, бас!»- гуфт Исо ва ба гӯши ғулом даст расонда, ӯро шифо дод. 52 Баъд ба сардорони рӯҳонӣ, саркорони посбонии Хонаи Худо ва пирони қавм, ки барои дастгир намудани Ӯ омада буданд, гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки бо таёқу шамшерҳо омадаед? 53 Ҳар рӯз ҳамроҳатон дар Хонаи Худо будам ва шумо ба Ман даст боло намекардед. Ҳоло бошад, даври шумо, яъне вақти ҳукмронии зулмот фаро расидааст».

54 Онҳо Исоро дастгир намуда, ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд. Петрус каме дуртар аз онҳо роҳ мерафт.


Исоро инкор намудани Петрус

55 Дар мобайни ҳавлӣ гулхан даргиронданд ва одамон якҷоя нишастанд. Петрус ҳам бо онҳо нишаст. 56 Яке аз канизакон дид, ки вай дар равшании оташ нишастааст, бодиққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ин одам ҳам бо Исо буд!» 57 Вале Петрус инкор карда гуфт: «Эй хоҳар! Ман Ӯро намешиносам». 58 Баъд аз чанд муддат як одами дигар вайро дида гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». «Не охир, ака!»- гуфт Петрус. 59 Тахминан як соат гузашту боз як нафар бо боварии комил гуфт: «Аниқ ин кас ҳам бо Исо буд, чунки ӯ ҷалилӣ аст». 60 «Гӯш кун, ман намедонам, ту дар чӣ хусус гап мезанӣ»,- гуфт Петрус. Вақте ки инро мегуфт, хурӯс ҷеғ зад. 61 Худованд ба Петрус рӯй оварда нигоҳ кард ва Петрус суханони Худовандро ба ёдаш овард, ки гуфта буд: «Худи ҳамин рӯз, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ». 62 Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард.


Исо дар назди шӯро

63 Одамоне, ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро таҳқир намуда мезаданд. 64 Чашмонашро баста, аз Ӯ мепурсиданд: «Ҳой пайғамбар! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?» 65 Ва Ӯро бисёр ҳақорат мекарданд.

66 Вақте ки рӯз шуд, ҷамоате аз пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон ҳамроҳ шуда, Исоро ба шӯрои худ оварданд.

67 Онҳо гуфтанд: «Ба саволамон ҷавоб деҳ. Оё Ту Таъиншудаи Худо ҳастӣ?» Исо гуфт: «Агар Ман ба саволатон ҷавоб диҳам, шумо бовар намекунед 68 ва агар худам савол диҳам, ҷавоб намегардонед. 69 Вале минбаъд Фарзанди Инсон аз тарафи рости Худои Пурқудрат хоҳад нишаст». 70 Ҳозирбудагон гуфтанд: «Пас, Ту-чи писари Худо ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ҳастам, аз рӯи гуфти худатон». 71 Пас, онҳо гуфтанд: «Боз чӣ далеле ба мо лозим аст? Худи мо ҳама чизро аз забони Ӯ шунидем!»

23


Исо дар ҳузури Пилотус

Баъд тамоми аҳли маҷлиси онҳо аз ҷой бархеста, Исоро ба назди Пилотус бурданд ва ба айбдор кардани Ӯ шурӯъ намуда, гуфтанд: «Мо аниқ кардем, ки ин одам мардуми моро аз роҳ мезанад. Вай ба император супоридани андозро манъ мекунад ва ҳатто худро Таъиншудаи Худо, Подшоҳ меномад». Пилотус аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Худатон ҳамин тавр мегӯед». Пилотус ба сардорони рӯҳонӣ ва мардум гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айб наёфтам». Вале онҳо дар гапи худ истода мегуфтанд: «Ӯ бо таълимоташ тамоми мардуми Яҳудияро ба шӯр меандозад. Аз Ҷалил сар карда то ин ҷо омад».

Пилотус инро шунида пурсид: «Ин одам аз Ҷалил аст?» Ва чун фаҳмид, ки Исо аз вилояти дар зердасти Ҳиродус будааст, Ӯро ба назди Ҳиродус фиристод. Худи Ҳиродус ҳамон вақт дар Ерусалим буд.


Исо дар ҳузури Ҳиродус

Ҳиродус Исоро дида, бисёр хурсанд шуд, зеро кайҳо боз Ӯро дидан мехост ва азбаски дар борааш бисёр чизҳоро шунида буд, умед дошт, ки ягон мӯъҷизаи Исоро мебинад. Вай ба Исо саволҳои бисёре дод, вале Ӯ дар ҷавоб ҳеҷ чиз нагуфт. 10 Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бошанд, дар ҷои худ истода бо шиддати хашму ғазаб Ӯро айбдор менамуданд. 11 Ҳиродус бо сарбозонаш Исоро таҳқир ва масхара кард. Баъд ба Ӯ ҷомаи шоҳона пӯшонда, боз ба назди Пилотус фиристод.

12 Гарчанде пештар Ҳиродус ва Пилотус бо якдигар душман буданд, аз ҳамон рӯз сар карда бо ҳам дӯст шуданд.


Ба марг маҳкум шудани Исо

13 Пилотус сардорони рӯҳонӣ, роҳбарон ва мардумро даъват карда, 14 ба онҳо гуфт: «Шумо ин одамро ҳамчун вайронкунандаи халқ ба назди ман овардед. Ман дар ҳузури шумо ба Вай савол дода фаҳмидам, ки ин одам дар ягон ҷинояте, ки шумо Ӯро гунаҳкор мекунед, айбдор нест. 15 Ҳиродус ҳам дар Ӯ ягон айбе наёфта, Ӯро боз ба назди мо фиристод. Пас ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг бошад. 16-17 Ман фармон медиҳам, ки Ӯро қамчинкорӣ карда, баъд ҷавоб диҳанд». * 18 Ҳамин вақт ҳама бо як овоз дод заданд: «Қатл кунед Ӯро! Барои мо Бараббосро озод кунед!» 19 (Бараббос одаме буд, ки аз барои бардоштани шӯриш дар шаҳр ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд.) 20 Пилотус, ки Исоро озод кардан мехост, боз ба онҳо сухан гуфт. 21 Вале онҳо дод мезаданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Мехкӯб кунед!» 22 Пилотус бори сеюм ҳам ба онҳо гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст? Ман дар Ӯ ҳеҷ айберо намебинам, ки сазовори марг бошад. Ман Ӯро қамчинкорӣ карда ҷавоб медиҳам». 23 Вале онҳо ду пойро ба як мӯза андохта, бо тамоми овоз дод мезаданду талаб мекарданд, ки Исо дар салиб мехкӯб карда шавад. Доду фарёди онҳо бар Пилотус ғалаба намуд 24 ва ӯ ҳамон ҳукмеро баровард, ки онҳо талаб мекарданд. 25 Мувофиқи хоҳиши онҳо вай шахсеро, ки барои шӯриш ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд, озод намуд. Исоро бошад, ба ихтиёри онҳо супорид.

26 Вақте ки сарбозон Исоро ба қатл мебурданд, бо Шимъӯн ном марди қуринӣ дучор шуданд, ки аз деҳа омада истода буд. Онҳо ӯро дастгир карда ба болояш салибро бор карданд, ки онро аз ақиби Исо бардошта барад.

27 Аз ақиби Исо одамони бешуморе мерафтанд ва дар байни онҳо заноне буданд, ки барои Ӯ бо оҳу нола навҳа мекарданд.

28 Исо ба онҳо рӯ оварда гуфт: «Эй занҳои Ерусалим, ба ҳоли Ман гиря накунед! Ба ҳоли худ ва фарзандонатон гиря кунед. 29 Зеро рӯзҳое меоянд, ки одамон чунин мегӯянд: „Хушбахтанд занҳое, ки нозой ҳастанд, таваллуд накардаанд ва фарзанд намакондаанд”. 30 Он вақт ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: „Ба сари мо биафтед!” ва ба теппаҳо хоҳанд гуфт: „Моро пинҳон кунед!” 31 Агар бо Ман, ки мисли дарахти сабз ҳастам, чунин рафтор кунанд, аҳволи онҳое, ки мисли дарахти хушк ҳастанд, чӣ мешуда бошад?»

32 Ҳамроҳи Исо боз ду ҷинояткорро ба қатл мебурданд. 33 Чун ба ҷое расиданд, ки «Косахонаи Сар» ном дорад, Исоро ба салиб мехкӯб карданд ва он ҷинояткорон низ, яке аз тарафи рост ва дигаре аз тарафи чапи Ӯ ба салибҳо мехкӯб карда шуданд. 34 Исо гуфт: «Эй Падар! Онҳоро бубахш, чун намефаҳманд, ки чӣ кор мекунанд!» Сипас сарбозҳо бо партофтани қуръа соҳибшавандаи либоси Исоро муайян намуда, онро байни ҳам тақсим карданд. * 35 Мардум рост истода тамошо мекарданд. Роҳбарони халқ бошанд, ба ҳоли Исо хандида мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, канӣ, агар Таъиншуда ва интихобшудаи Худо бошад, худро наҷот диҳад!» 36 Сарбозон низ Ӯро таҳқир менамуданд. Онҳо ба Исо наздик мешуданд ва ба Ӯ майи туршшударо дароз карда, 37 мегуфтанд: «Агар Ту Шоҳи Яҳудиён бошӣ, худро наҷот деҳ!» 38 Ба лавҳае, ки болотар аз сари Исо зада шуда буд, * чунин навиштанд: «Ин Шоҳи Яҳудиён аст».


Имон овардани ҷинояткор

39 Яке аз ҷинояткорони мехкӯбшуда ба сари Исо дод зада гуфт: «Магар Ту Таъиншудаи Худо нестӣ? Охир худату моро ҳам наҷот деҳ!» 40 Вале дуюмин ӯро сарзаниш карда гуфт: «Магар аз Худо наметарсӣ? Охир, мо ҳам ба марг маҳкум шудаем. 41 Вале ҷазои мо аз рӯи адолат аст, зеро чиро сазовор шуда бошем, ҳамонро гирифтем. Вай бошад, ҳеҷ кори баде накардааст». 42 Баъд ӯ гуфт: «Исо, илтимос, вақте ки ба подшоҳиат дохил мешавӣ, маро ба ёдат биёр». 43 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки худи ҳамин рӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».


Марги Исо

44 Қариби нисфирӯзӣ буд, ки тамоми заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт. 45 Офтоб рӯшноӣ намекард ва ҳамин вақт пардаи даромади ҷои муқаддастарини Хонаи Худо ба ду қисм пора шуд.

46 Исо бо овози баланд нидо карда гуфт: «Эй Падар! Рӯҳи худро ба дасти Ту месупорам!» Инро гуфта, ҷон дод.

47 Сардори лашкар ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Дар ҳақиқат ин одам бегуноҳ буд». 48 Тамоми мардуме, ки ба тамошои ин ҳодиса ҷамъ омада буданд, инро дида, аз ғам мушт бар сина мезаданду ба хонаҳояшон бармегаштанд. 49 Вале ҳамаи онҳое, ки Исоро пештар мешинохтанд ва занҳое, ки бо Ӯ аз Ҷалил омада буданд, аз дур истода тамоми воқеаҳоро медиданд.


Гӯронидани Исо

50-51 Як марди бо номи Юсуф аз шаҳри Аромоти яҳуднишин буд, ки фаро расидани подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид. Ӯ шахси хубу накӯкор буд ва гарчанд аъзои шӯро бошад ҳам, бо кору қарори баровардаи шӯро розӣ набуд.

52 Юсуф ба назди Пилотус омада, хоҳиш кард, ки ҷасади Исоро ба ӯ диҳанд. 53 Ӯ онро аз салиб поён фароварда, ба суфи сафед кафанпеч намуду ба қабре гузошт, ки аз санг ба шакли ғор тарошида шуда буд. То ҳол ба он қабр касеро нагузошта буданд.

54 Саршавии рӯзи истироҳат наздик буду мардум ба он тайёрӣ медиданд. 55 Занҳое, ки бо Исо аз Ҷалил омада буданд, аз ақиби Юсуф рафта, ҳам қабр ва ҳам тарзи гӯронда шудани ҷасади Исоро диданд. 56 Баъд онҳо ба хонаҳояшон баргашта, атрҳои хушбӯй ва молиданиҳоро тайёр намуданд.

Дар рӯзи истироҳат онҳо мувофиқи қонун истироҳат карданд.

24


Зинда шудани Исо

Рӯзи якшанбе, саҳарии барвақт занҳо атрҳои хушбӯйро гирифта, ба сӯи қабр равона шуданд. Вале омада диданд, ки санги даҳани қабр ба як тараф ғелонда шудааст. Онҳо ба дарун даромада ҷасадро * наёфтанд. Занҳо ҳайрон шуда меистоданд, ки баногоҳ дар пеши назарашон ду одам пайдо шуданд, ки дар тан либосҳои дурахшон доштанд. Занҳо аз тарс худро рӯй ба замин партофтанд, вале он ду нафар ба онҳо гуфтанд: «Чаро зиндаро дар байни мурдаҳо мекобед? * Ба ёд оред, ки вақти дар Ҷалил буданаш Вай ба шумо чӣ гуфта буд? Ӯ гуфта буд, ки Фарзанди Инсон бояд ба дасти гунаҳкорон супорида шавад ва онҳо бояд Ӯро ба салиб мехкӯб кунанд, вале дар рӯзи сеюм Ӯ бояд зинда гардад». Ва занҳо суханони Исоро ба хотир оварданд. Сипас он занҳо аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ шогирд ва ҳамаи дигарон нақл намуданд. 10 Дар ин бора ба вакилон Марями Маҷдалия, Юҳона, Марям, ки модари Ёқуб буд ва занҳои дигар низ нақл карданд. 11 Вале суханони онҳо ба назари вакилон ҳамчун сафсатаи бофташуда намуд ва онҳо ба гапи занҳо бовар накарданд. 12 Петрус бошад, ҳамон замон ба сӯи қабр давида, ба даруни он нигоҳ кард, лекин танҳо кафани холиро диду аз ин ҳодиса ҳайрон шуда, ба хона баргашт. *


Ба ду шогирд зоҳир гаштани Исо

13 Худи ҳамон рӯз ду нафар аз пайравони Исо ба Аммоус ном деҳае равона буданд, ки тақрибан 12 километр аз Ерусалим дур буд. 14 Роҳравон бо якдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд. 15 Ҳангоми гуфтугӯю муҳокимаашон худи Исо ба онҳо наздик шуда, ҳамроҳашон равона шуд. 16 Аммо чашмони он ду нафарро гӯё чизе гирифта бошад, ки Исоро медиданду намешинохтанд. 17 Пас, Ӯ ба сухан даромада аз онҳо пурсид: «Шумо роҳравон чиро муҳокима мекунед?» Онҳо, ки чеҳраҳои ғамгин доштанд, бозистоданд 18 ва якеашон, ки Клеюпос ном дошт, ба саволи Исо бо савол ҷавоб дод: «Магар Шумо ягона мусофире дар Ерусалим ҳастед, ки аз воқеаи ҳамин рӯзҳо дар ин ҷо рӯйдода хабар надоред?» 19 Исо пурсид: «Аз кадом воқеа?» Онҳо гуфтанд: «Аз воқеае, ки бо Исои Носирӣ рӯй дод. Ӯ дар пеши Худову тамоми мардум пайғамбари дар гуфтору кирдор тавоно буд. 20 Вале сардорони рӯҳонӣ ва аъзоёни шӯрои мо Ӯро ба дасти румиён супориданд, то ба марг маҳкум намоянд ва Ӯро ба салиб мехкӯб карданд. 21 Мо бошем, умед доштем, ки Ӯ Исроилро озод мекунад. Ҳа, боз як чиз... Имрӯз се рӯз мешавад, ки ин воқеа рӯй дод 22 ва ҳоло занҳои гурӯҳамон моро ҳайрон карданд. Онҳо саҳарии барвақт ба сари қабр рафта, 23 ҷасади Исоро наёфтанд. Сипас баргашта, арз намуданд, ки ба онҳо фариштагон зоҳир шуда гуфтанд, ки Ӯ зинда аст. 24 Чанд нафар аз гурӯҳи мо ба сари қабр рафта, ҳамон тавре ки занҳо гуфта буданд, дарёфтанд, вале худи Исоро надиданд». 25 Исо ба он ду нафар гуфт: «Оҳ, чӣ хел шумо кундфаҳм ҳастед! Бо чӣ душворӣ ба ҳамаи он чизе, ки пайғамбарон гуфта буданд, имон меоваред! 26 Магар Таъиншудаи Худо пеш аз соҳиби тамоми шӯҳрату ҷалолаш шудан набояд ҳамаи ин азобро аз сар мегузаронд?» 27 Он гоҳ Ӯ аз навиштаҳои Мӯсо ва ҳамаи пайғамбарон сар карда ҳар як ҷои навиштаҷотро, ки дар борааш чизе гуфта шуда буд, ба онҳо фаҳмонд.

28 Вақте он ду нафар ба деҳае, ки мерафтанд, наздик шуданд, ба назарашон намуд, ки Исо роҳашро давом додан мехоҳад. 29 Вале онҳо Ӯро бисёр хоҳиш карда гуфтанд: «Бо мо бимон. Рӯз ба охир расида истодаасту шом наздик аст». Исо ба хона даромада, бо он ду нафар монд. 30 Ӯ бо онҳо дар сари дастархон нишаста, нонро ба даст гирифт ва дуои шукрона карду онро пора карда ба он ду нафар дод. 31 Ҳамин вақт гӯё пардае аз чашмони он ду нафар бардошта шуд ва онҳо Исоро шинохтанд, вале Ӯ аз назари онҳо нопадид гашт. 32 Онҳо ба якдигар мегуфтанд: «Вақте ки Ӯ дар роҳ бо мо сӯҳбат мекарду навиштаҷотро мефаҳмонд, магар мо ба ҳаяҷон намеомадем?»

33 Онҳо зуд аз ҷой бархеста, ба Ерусалим баргаштанду он ёздаҳ вакил ва пайравони дигари Исоро ҷамъ шуда ёфтанд, 34 ки байни худ мегуфтанд: «Дар ҳақиқат Худованд аз мурдагон зинда шуд! Вай ба Шимъӯн зоҳир гардидааст». 35 Баъд он ду нафар низ ба ҷамъшудагон нақл карданд, ки дар аснои роҳ чӣ воқеа рӯй дод ва чӣ хел онҳо Исоро дар вақти нон шикастанаш шинохтанд.


Ба ёздаҳ шогирд зоҳир шудани Исо

36 Вақте ки шогирдон дар ин бора нақл мекарданд, баногоҳ дар мобайнашон Исо пайдо шуда ба онҳо гуфт: «Худо шуморо баракат диҳад!» * 37 Онҳо ба тарсу ҳарос афтода, фикр мекарданд, ки арвоҳро мебинанд. 38 Ӯ аз онҳо пурсид: «Чаро ин қадар метарсед ва барои чӣ дар дилатон шубҳае пайдо шуд? 39 Ба дастонам ва пойҳоям нигоҳ кунед, ин Ман ҳастам. Ба Ман даст расонда бинед, ки Ман ҷисму устухон дорам, вале арвоҳ ин чизҳоро надорад». 40 Инро гуфта, ба онҳо дастону пойҳои худро нишон дод.* 41 Онҳо аз хурсандӣ ҳеҷ бовар карда наметавонистанду хеле ҳайрон буданд. Он гоҳ Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо дар ин ҷо ягон чизи хӯрданӣ доред?» 42 Онҳо ба Исо як бурда моҳии пухтагӣ доданд. 43 Вай моҳиро гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд. 44 Баъд ба онҳо гуфт: «Суханҳоеро, ки ҳанӯз дар вақти бо шумо буданам ба шумо мегуфтам, чунин маъно доранд: ҳамаи он чизе, ки нисбати Ман дар шариати Мӯсо, гуфтаҳои пайғамбарон ва дар Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад». 45 Он гоҳ Исо хиради онҳоро равшан сохт, то ки маънои навиштаҷотро фаҳмида тавонанд.

46 Баъд ба онҳо гуфт: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Таъиншудаи Худо бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон зинда шавад. 47 Ба номи Ӯ аз Ерусалим сар карда ба ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо эълон карда мешавад 48 ва шумо шоҳидони ҳамаи ин воқеаҳо ҳастед. 49 Ман ба шумо чизи Падарам ваъдакардаро мефиристам. Инак, шумо то вақти аз осмон қувват гирифтанатон дар Ерусалим бимонед».


Ба осмон бурда шудани Исо

50 Исо шогирдонро берун аз шаҳр бароварда, ҳамроҳашон то худи Байт-Ҳинӣ рафт ва дастонашро боло бардошта, онҳоро баракат дод. 51 Вақте ки баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон бурда шуд * 52 ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, * бо шодии бепоён ба Ерусалим баргаштанд. 53 Сипас, тамоми вақти худ дар ҳавлии Хонаи Худо монда, Худоро ҳамду сано мехонданд.

* *12:25 Ё «қадатонро баландтар кунед».

* *12:27 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот омадааст: «Ба нашъунамои гулҳои савсан нигоҳ кунед: онҳо на мересанду на мебофанд».

* *12:39 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «посбонӣ мекунад ва ...»

* *14:5 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот омадааст: «хар».

* *15.21 15.21 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Бигзор ман мисли яке аз хизматгоратон бошам».

* *17:35-36 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ояти 36 дохил шудааст: «Аз ду касе, ки дар киштзор ҳастанд, яке гирифта мешаваду дигаре не».

* *22:20 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот қисми дуюми ояти 19 ва ояти 20 дохил нашудааст.

* *22:44 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот оятҳои 43 ва 44 дохил нашудаанд.

* *23:16-17 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ояти 17 дохил шудааст: «Ба ӯ лозим ҳам буд, ки ба муносибати ид барои мардум як нафарро аз ҳабс озод намояд».

* *23:34 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ҷумлаи аввали ояти 34 дохил нашудааст.

* *23:38 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «бо забонҳои юнонӣ, лотинӣ ва ибронӣ».

* *24:3 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «ҷасади Худованд Исоро».

* *24:5 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ин оят бо чунин ҷумла сар мешавад: «Ӯ дар ин ҷо нест, Ӯ зинда шудааст».

* *24:12 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ояти 12 дохил нашудааст.

* *24:36 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «ба онҳо гуфт: «Худо шуморо баракат диҳад!» дохил нашудааст.

* *24:40 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ояти 40 дохил нашудааст.

* *24:51 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил нашудааст: «ба осмон бурда шуд».

* *24:52 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил нашудааст: «ба Ӯ саҷда намуда».



<< Башорат