Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Хушхабар аз Матто 1 -9

Download

 Copyright Фонди «Калом»

Дар бораи ҳамин китоб савод ё Фикрҳо доред? Ба kalomikhudo@mail.ru нависед.

Хушхабар аз Матто

Матто




Пешгуфтор

Ҳисоб мекунанд, ки муаллифи ин Хушхабар Матто мебошад, ки яке аз дувоздаҳ шогирдони наздиктарини Исо буд. Пеш аз шогирди Исо шудан, касби Матто ҷамъ кардани андоз буд. Азбаски тамоми халқи яҳуд дар он замон таҳти мустамликаи румиён буданд, тамоми андоз ба хазинаи империяи Рум дода мешуд. Аз ҳамин сабаб андозгирон низ ҳамчун хиёнатчии халқ ҳисоб мешуданд ва ҳалқ нисбати онҳо нафрат дошт. Вале Исо ана чунин одамро ба шогирдӣ даъват мекунад ва ин шогирд шоҳиди ҳаёт ва фаъолияти шавқовари Исо шуда, ҳамаи он мӯъҷизаҳо, муборизаҳо, хурсандиҳо ва саргузаштҳоро як ба як дар ин китоби худ нақл мекунад.

Тахмин аст, ки ин Хушхабар дар байни солҳои 70-80 мелодӣ навишта шудааст ва маълумоти бештари он аз Хушхабар аз Марқӯс, ки пештар навишта шуда буд, гирифта шудааст.

Мақсади асосии Матто аз навиштани ин китоб исбот кардан аст, ки Исо ҳақиқатан ҳамон Шоҳ ва Наҷотдиҳандаест, ки Худо омаданашро ба воситаи пайғамбарони худ сад солҳо пештар ваъда карда буд. Вай нақли худро аз номбар кардани авлоду аҷдодони Исо сар мекунад. Муаллиф нишон медиҳад, ки таваллуди Исо ҳодисаи оддӣ набуда, балки иҷрошавии пешгӯии пайғамбарон дар бораи таваллуди Наҷотдиҳанда аст.

Аз боби дуюм Исои ҳанӯз кӯдак Шоҳ номида мешавад, ки ҳатто ситорашиносон аз шарқи дур меоянд, то ба Ӯ саҷда кунанд. Лекин шоҳигарии Исо на ба ягон давлати заминӣ, балки ба Подшоҳии Худо тааллуқ дошт.

Аз сатрҳои аввалин то охирини китоб манзараҳои гуногун аз ҳаёти Исои Масеҳ нақш ёфтаанд, ки диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунанд. Муаллиф аз ҳодисаҳои айёми кӯдакии Исо сар карда то лаҳзаҳои охирини ҳаёти Ӯ дар рӯи замин нақл кардааст, ки чӣ тавр дар кӯдакиаш фариштаи Худованд Ӯро аз марг наҷот дод, чӣ тавр Ӯ ба эълон кардани Подшоҳии Худо шурӯъ намуд, чӣ тавр беморонро шифо медод, чӣ тавр бо чанд нону моҳӣ ҳазорҳо одамонро сер кунонд, чӣ тавр дар рӯи об роҳ рафта буд ва чӣ тавр бар зидди дурӯягии диндорон мубориза мебурд. Суханони пурҳикмату бебақои Исо, ба нақли муаллиф як обу ранги хосе мебахшанд. Таълимоти Исо дар бораи дӯст доштани одамони гирду атроф, қасос нагирифтан, некӣ кардан ва ғайра дар ин Хушхабар мавқеи махсусро ишғол мекунад, ки дар ҳеҷ давру замон, дар ҳеҷ миллату давлат аҳамияти худро гум намекунад.

Инчунин бобҳои охирини ин китоб нақл мекунанд, ки чӣ тавр Исо ба мақсади худ мерасад: яъне Вай дар салиб ҷон дода, нархи гуноҳи тамоми банӣ-башарро месупорад ва рӯзи сеюм аз байни мурдагон зинда шуда, барои ҳамаи одамон роҳ ба Подшоҳии худ мекушояд. Дар охири Хушхабари Матто суханони Исо омадаанд, ки ба шогирдонаш муроҷиат карда гуфтааст: «Тамоми ҳукму қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст. Пас, равед ва ҳамаи халқҳои рӯи заминро ба Ман шогирд созед: онҳоро аз номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид диҳед ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охири замон бо шумо мемонам» (Матто 28:18-20).




1

Авлоду аҷдодони Исои Масеҳ

Аҷдодони Исои Масеҳ, ки аз насли шоҳ Довуд ва аз насли Иброҳим мебошад, инҳоянд:

2-6а Аз замони Иброҳим то шоҳ Довуд инҳо гузаштаанд: Иброҳим, писараш Исҳоқ, писари Исҳоқ Ёқуб, писарони Ёқуб Яҳудо ва бародаронаш, писарони Яҳудо Форасу Зораҳ (модари онҳо Томор буд), писари Форас Ҳесрӯн, писари Ҳесрӯн Ром*, писари Ром Аминодоб, писари Аминодоб Наҳшӯн, писари Наҳшӯн Салмӯн, писари Салмӯн Бӯаз (модари ӯ Роҳоб буд), писари Бӯаз Убид (модари ӯ Рут буд), писари Убид Йисой ва писари Йисой шоҳ Довуд.

6б-11 Аз шоҳ Довуд то замони ба шаҳри Бобил асир шуда рафтани халқи Исроил инҳо гузаштаанд: Довуд, писараш Сулаймон (модари Сулаймон пештара зани Уриё буд), писари Сулаймон Раҳабъом, писари Раҳабъом Абиё, писари Абиё Осо*, писари Осо Еҳӯшофот, писари Еҳӯшофот Еҳӯром, писари Еҳӯром Узиё, писари Узиё Ютом, писари Ютом Оҳоз, писари Оҳоз Ҳизқиё, писари Ҳизқиё Менашше, писари Менашше Омӯн*, писари Омӯн Юшиё ва писарони Юшиё Еконеву бародаронаш. Дар ин вақт исроилиён асир гашта ба шаҳри Бобил бурда шуданд.

12-16 Аз замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Еконё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Ёқуб ва писари Ёқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо номида шуд.

17 Инак, аз Иброҳим сар карда то Довуд ҳамагӣ чордаҳ насл ва аз Довуд то замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён чордаҳ насл ва аз замони асирӣ то таваллуди Масеҳ чордаҳ насл гузаштааст.

Таваллуди Исои Масеҳ

18 Таваллуди Исои Масеҳ ин тавр рӯй додааст: Марям, модари Исо, номзади Юсуф буд, аммо пеш аз он ки онҳо зану шавҳар шаванд, дар шиками ӯ бо қудрати Рӯҳи Муқаддас кӯдак пайдо шуд. 19 Азбаски Юсуф одами нек буд, нахост, ки Марямро дар пеши мардум ошкор сохта шарманда кунад. Барои ҳамин ӯ ният кард, ки пинҳонӣ аз вай ҷудо шавад. 20 Ҳангоме ки ӯ чунин фикр дошт, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуфи насли Довуд! Аз гирифтани Марям ба занӣ натарс, чунки ин кӯдак дар шиками вай бо қудрати Рӯҳи Муқаддас пайдо шудааст. 21 Ӯ Писаре таваллуд хоҳад кард ва ту ба Ӯ бояд Исо ном гузорӣ, чунки Ӯ халқи худро аз дасти гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод»*.

22 Ҳамаи ин воқеа барои ба амал омадани гуфтаҳои Худо, ки аллакай ба воситаи пайғамбар пешгӯӣ шуда буданд, рӯй дод:

23 «Духтаре ҳомиладор мешавад

ва Писаре таваллуд мекунад,

ки ба Ӯ Имонуил (Маънои ин ном «Худо бо мо» аст) ном медиҳанд».

24 Вақте Юсуф аз хоб бедор шуд, фармони фариштаи Худовандро иҷро кард, яъне Марямро ба занӣ гирифт. 25 Аммо то вақти таваллуд шудани Писар бо Марям ҳамхоб нашуд. Ҳангоме ки Писар таваллуд шуд, Юсуф Ӯро Исо номид.

2

Аз сарзамини Шарқ омадани ситорашиносон

Исо дар замони ҳукмронии подшоҳ Ҳиродус, дар деҳаи Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия ба дунё омад. Баъд аз таваллуди Ӯ якчанд ситорашиносон аз сарзамини Шарқ ба шаҳри Ерусалим омада, пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён мешавад? Мо дидем, чӣ хел ситораи Ӯ аз тарафи шарқ баромад ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем».

Ҳангоме ки подшоҳ Ҳиродус ин суханонро шунид, безобита шуд ва баробари ӯ тамоми сокинони Ерусалим ҳам ошуфта гаштанд. Он гоҳ Ҳиродус ҳамаи сардорони рӯҳонӣ ва шариатдононро наздаш хонда, аз онҳо пурсид: «Таъиншудаи Худо дар куҷо бояд таваллуд ёбад?» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Дар Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия, чунки дар яке аз китобҳои пайғамбарон чунин навишта шудааст:

„Эй Байт-Лаҳм, ки дар вилояти Яҳудия ҳастӣ,

ту аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудия ҳеҷ камӣ надорӣ,

зеро аз байни зодаҳои ту сарваре мебарояд,

ки барои халқи Исроили Ман монанди чӯпон мешавад”».

Сипас, Ҳиродус ситорашиносонро даъват намуда, бо онҳо танҳо ба танҳо сӯҳбат кард. Ҳангоми сӯҳбат аз онҳо вақти аниқи пайдошавии он ситораро фаҳмида гирифт. Баъд онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда гуфт: «Биравед ва дар бораи он кӯдак бодиққат пурсуҷӯ кунед. Ҳамин ки Ӯро ёфтед, маро низ огоҳ созед, то ки ман ҳам рафта ба Ӯ саҷда кунам».

Баъд аз сӯҳбат бо шоҳ ситорашиносон аз он ҷо ба сафар баромаданд. Дар аснои роҳ онҳо боз ҳамон ситораро диданд, ки аз тарафи шарқ баромада буд. Ситора пешопеши онҳо мерафт ва оқибат дар болои он ҷое, ки кӯдак буд, бозистод. 10 Аз барои ин ситора шодии онҳо ҳадду каноре надошт.

11 Ситорашиносон ба хона даромаданд ва кӯдакро ҳамроҳи модараш Марям дидан замон таъзим намуда, ба кӯдак саҷда карданд. Онҳо тӯҳфаҳои арзандаро, ки аз тилло, атри қиматбаҳо ва ширеши хушбӯйбарои дудкарданӣ иборат буданд, аз сандуқҳояшон гирифта ба Ӯ ҳадя намуданд.

12 Дар хобашон бошад, Худо огоҳ кард, ки назди Ҳиродус барнагарданд, аз ин рӯ онҳо бо дигар роҳ ба ватанашон баргаштанд.

Фирор ба Миср

13 Баъд аз рафтани ситорашиносон фариштаи Худованд дар хоби Юсуф зоҳир шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуф! Бархезу кӯдак ва модарашро гирифта, ба Миср бигурез. То вақте ки ба ту баро нагӯям, дар ҳамон ҷо бимон. Чунки Ҳиродус бо нияти куштан кӯдакро кофтуков мекунад».

14 Юсуф аз хоб бедор шуда, кӯдак ва занашро гирифта, дар бевақтии шаб ба Миср раҳсипор мешавад. 15 Дар он ҷо онҳо то вафоти Ҳиродус мемонанд. Худованд пештар ба забони пайғамбар гуфта буд, ки «Ман аз Миср Писарамро ҷеғ задам». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо ҳамаи ин ҳодиса рӯй дод.

Куштори кӯдакон

16 Вақте Ҳиродус фаҳмид, ки ситорашиносон ӯро фиреб доданд, сахт хашмгин шуд ва фармон дод, ки дар Байт-Лаҳм ва атрофи он ҳамаи писарбачаҳои синни дусола ва аз дусола поёнро кушанд. Чунки аз ситорашиносон вақти пайдошавии ситораро дониста буд.

17 Ҳамин тавр он чи Ирмиё пайғамбар пешгӯӣ карда буд, ба амал омад:

18 «Садое дар шаҳри Ромо ба гӯш мерасад,

Ки садои гиряву фиғон аст.

Роҳел барои фарзандонаш мегиряд

ва тасаллӣ ёфта наметавонад,

азбаски онҳо мурдаанд*».

Бозгашт аз Миср

19 Вақте ки Ҳиродус аз олам чашм пӯшид, фариштаи Худованд дар Миср ба хоби Юсуф даромад 20 ва гуфт: «Эй Юсуф! Бархез, кӯдак ва модари Вайро гирифта, ба сарзамини Исроил баргард, зеро касоне, ки Ӯро куштанӣ буданд, мурданд».

21 Инак, Юсуф бархеста, кӯдак ва модари Вайро гирифт ва ба Исроил баргашт. 22 Лекин ӯ шунид, ки дар Яҳудия ба ҷои Ҳиродус писараш Аркилоус подшоҳӣ мекунад ва тарсид, ки ба он ҷо биравад. Баъд дар хобаш айён шуд, ки он ҷо наравад, бинобар ин онҳо роҳи вилояти Ҷалилро пеш гирифтанд. 23 Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд.

3

Насиҳати Яҳёи Таъмиддиҳанда

Вақте расид, ки марде бо номи Яҳёи Таъмиддиҳанда ба биёбони Яҳудия рафта, мардумро насиҳат карда мегуфт: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст».

Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд:

«Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд:

Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!»

Яҳё дар тан либоси аз пашми шутур ва камарбанди чармӣ дошт, хӯрокаш бошад, малаху асали саҳроӣ буд.

Мардум аз шаҳри Ерусалиму аз саросари Яҳудия ва аз тамоми гирду атрофи дарёи Урдун ба назди Яҳё меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод.

Инчунин бисёр одамони гурӯҳҳои динии фарисиёну саддуқиён барои таъмид ёфтан назди Яҳё омаданд. Яҳё омада истодани онҳоро дида, ба онҳо гуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед? 8-9 Ҳатто фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон, ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед. 10 Теша аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки меваи хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад. 11 Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, ҳамчун шаҳодати он ки шумо тавба кардаед, аммо касе, ки баъд аз ман меояд, шуморо бо Рӯҳи Муқаддас ва бо оташ таъмид хоҳад дод. Ӯ аз ман басо тавонотар аст. Ман ҳатто лоиқи он нестам, ки ба кафши Вай патак шавам. 12 Дар дасти Ӯ бел барои бод кардани гандум тайёр аст. Ӯ хирманашро тоза карда, гандуми худро ба анбор ҷамъ хоҳад кард, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».

Таъмид ёфтани Исо

13 Дар ин вақт Исо аз вилояти Ҷалил назди дарёи Урдун омад, то ки аз Яҳё таъмид бигирад. 14 Лекин Яҳё Ӯро аз ин кор боздоштанӣ шуда гуфт: «Исо, ин ман бояд аз Ту таъмид бигирам, Ту бошӣ, назди ман омадӣ!» 15 Исо ба вай ҷавоб дод: «Бигузор ҳоло ин корро кунем, чунки аз рӯи хости Худо ин кори дуруст аст». Он гоҳ Яҳё розӣ шуд.

16 Ҳамин ки Исо таъмид ёфта, аз об баромад, дарҳол осмон кушода шуд ва Ӯ Рӯҳи Худоро дид, ки мисли кабӯтар ба поён фаромада дар болои Ӯ қарор гирифт. 17 Сипас аз осмон нидое омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам».

4

Аз озмоиш гузаштани Исо

Баъд аз ин воқеа Рӯҳи Муқаддас Исоро ба биёбон бурд, то ки иблис Ӯро биозмояд.

Давоми чил шабу чил рӯз Исо рӯза дошт ва гурусна монд. Он гоҳ иблиси васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд». Лекин Исо ҷавоб гардонда гуфт: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст, балки бо ҳар сухане, ки Худо мегӯяд».

Сипас, иблис Исоро ба шаҳри муқаддас Ерусалим бурда, ба нуқтаи баландтарини Хонаи Худо гузошт ва ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо поён парто. Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки

Худо ба фариштагони худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод

ва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт,

то ки поят ба санге назанад”».

«Не! - ҷавоб дод Исо, - чунки дар навиштаҷот боз гуфта шудааст, ки мо набояд Худованд Худои худро бисанҷем».

Баъд аз ин иблис Исоро ба болои кӯҳи хеле баланд бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро бо тамоми шукӯҳашон ба Ӯ нишон дода гуфт: «Агар ба ман саҷда карда, маро парастиш намоӣ, ҳамаи инро ба Ту медиҳам».

10 Исо ба ӯ гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки мо бояд Худованд Худои худро бипарастем ва фақат ба Ӯ хизмат кунем».

11 Он гоҳ иблис Исоро монда рафту фариштагон омада, ба Исо хизмат карданд.

Оғоз ёфтани хизмати Исо дар Ҷалил

12 Дертар Яҳёро дастгир мекунанду ин хабар ба гӯши Исо мерасад ва Ӯ ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил меравад. 13 Баъд барои истиқомат кардан, Исо аз Носира ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар назди кӯли Ҷалил ва дар ноҳияҳои Забулуну Нафтолӣ ҷойгир шудааст, меравад. 14 Ҳамин тавр суханони Ишаъё пайғамбар ба амал омаданд, ки гуфта буд:

15 «Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолии

дар сӯи кӯл, дар тарафи дигари дарёи Урдун ҷойгирбуда,

вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастӣ!

16 Мардуме, ки дар торикии гуноҳ зиндагӣ мекарданд,

равшании дурахшонро диданд

ва бар онҳое, ки дар ин ноҳия таҳти сояи марг мезистанд,

равшанӣ дурахшид».

17 Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани чунин пайғоми худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст!»

Ба худ шогирд даъват кардани Исо

18 Ҳангоме ки Исо дар соҳили кӯли Ҷалил роҳ мерафт, ба кӯл тӯр андохта истодани ду бародар: Шимъӯн, ки ӯро боз Петрус меномиданд ва бародараш Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд. 19 Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». 20 Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, Ӯро пайравӣ карданд.

21 Исо роҳи худро давом медод, ки ду бародари дигар, Ёқуб ва Юҳанноро дид. Онҳо бо падарашон Забдой дар қаиқ буданд ва тӯрҳои худро таъмир мекарданд. Исо онҳоро низ даъват кард 22 ва дарҳол онҳо қаиқ ва падарашонро монда, Ӯро пайравӣ карданд.

Халқро таълим додану шифо бахшидани Исо

23 Исо ба тамоми вилояти Ҷалил рафта, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ба ҳар дарду бемории одамон шифо мебахшид. 24 Аз ин сабаб овозаи Ӯ дар тамоми сарзамини Сурия низ паҳн мешуд ва мардум ба наздаш ҳамаи дардмандонро, ки ҳар гуна беморӣ доштанд, меоварданд. Дар байни онҳо девонагон, беморони эпилепсия ва шалҳо низ буданд ва Исо онҳоро шифо бахшид. 25 Бинобар ин мардуми бениҳоят бисёре аз Ҷалилу Даҳ Шаҳр, аз Ерусалиму Яҳудия ва аз сарзамини он тарафи дарёи Урдун омада, аз паи Исо мерафтанд.

5

Баракат ёфтани пайравони Исо

Исо ин тӯдаи одамонро дида, ба болои теппае баромад ва дар ҳамон ҷо нишаст. Ҳангоме ки шогирдонаш дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд, Ӯ ба таълим додан оғоз кард:

«Хушбахтанд касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, чунки Худо дар ҳаёташон подшоҳӣ мекунад!

Хушбахтанд касоне, ки ғаму андӯҳ доранд, зеро Худо онҳоро тасаллӣ медиҳад!

Хушбахтанд касоне, ки хоксору дастнигари Худо ҳастанд, зеро онҳо ба рӯи замин ҳукмрон мешаванд!

Хушбахтанд касоне, ки аз таҳти дил иҷро шудани хости Худоро мехоҳанд, зеро Худо хости онҳоро пурра иҷро мекунад!

Хушбахтанд касоне, ки нисбати дигарон раҳму шафқат доранд, зеро Худо ба онҳо низ раҳму шафқат хоҳад кард!

Хушбахтанд касоне, ки дилашон пурра ба Худо дода шудааст, зеро онҳо дар ҳузури Худо хоҳанд шуд!

Хушбахтанд касоне, ки одамонро оштӣ мекунонанд, зеро Худо онҳоро фарзандони худ хоҳад хонд!

10 Хушбахтанд касоне, ки ҳангоми иҷро кардани хости Худо азоб дода мешаванд, зеро Худо дар ҳаёташон подшоҳӣ мекунад!

11 Хушбахтед шумо, вақте ки мардум аз барои Ман шуморо дашном ва азоб медиҳанд ва дар ҳаққатон бо тӯҳмат ҳар гуна сухани бад мегӯянд. 12 Он гоҳ шоду хуррам бошед, зеро Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Одамон пайғамбаронро низ, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр азоб медоданд.

Намак ва нур

13 Шумо ҳамчун намак барои одамони ҷаҳон ҳастед. Вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? Не, аз вай дигар фоидае нест. Онро фақат мепартоянд ва он зери по мешавад.

14 Шумо ҳамчун нур барои одамони ҷаҳон намоён ҳастед. Шаҳре, ки дар болои кӯҳ бино шудааст, нонамоён буда наметавонад. 15 Инчунин ҳеҷ кас чароғро даргиронда, ба таги тағора намегузорад, баръакс, онро ба чароғпоя мемонад, то ба ҳар касе, ки дар хона аст, равшанӣ диҳад. 16 Пас, бигзор нури шумо ҳам ба одамон равшанӣ диҳад, то ки онҳо корҳои неки шуморо дида, ба Падаратон, ки дар осмон аст, раҳмат гӯянд.

Таълимот дар бораи аҳамияти шариати Мӯсо

17 Фикр накунед, ки Ман барои вайрон кардани шариати Мӯсо ва таълимоти пайғамбарон омадаам. Ман на барои вайрон кардан, балки барои ба амал овардани онҳо омадаам. 18 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз ки замину осмон ҳаст, то мақсади ин шариат пурра амалӣ нагардад, ягон рах ё нуқтае аз ҳарфи он нест намешавад.

19 Инак, ҳар касе, ки хурдтарин фармоиши Худоро вайрон кунаду ба дигарон низ ҳаминро таълим диҳад, дар подшоҳии Худо хурдтарин шумурда хоҳад шуд. Ва баръакс, ҳар касе, ки ин фармоишро иҷро кунад ва ба дигарон айнан ҳамин чизро ёд диҳад, дар подшоҳии Худо бузург шумурда хоҳад шуд. 20 Зеро ба шумо мегӯям, ки агар ҳатто аз шариатдонону фарисиён дида хости Худоро пурратар иҷро накунед, ҳаргиз ба подшоҳии Худо дохил намешавед.

Таълимот дар бораи фикрҳои бад

21 Шумо шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки одамкуш нашаванд, инчунин „ҳар касе, ки одам мекушад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”. 22 Аммо Ман ҳоло мегӯям, ки агар касе ба бародаре қаҳру ғазаб кунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ва агар ба бародаре „бефаҳм” гӯяд, дар назди суди болотар ҷавоб медиҳад ва агар „аҳмақ” гӯяд, сазовори оташи дӯзах мегардад.

23 Пас вақте ки шумо дар назди қурбонгоҳ ба Худо ҳадя оварданӣ мешаведу ба хотир меоред, ки бародаратон аз шумо норозигӣ дорад, бояд 24 ҳадяатонро дар як тарафи қурбонгоҳ гузошта, дарҳол назди ҳамон бародаратон равед ва бо ӯ оштӣ шавед. Баъд аз ин омада ҳадяатонро тақдим намоед.

25 Агар касе даъво карда, шуморо ба суд кашад, пеш аз суд зуд бо вай масъалаатонро ҳал намоед. Вагарна кор ба судшавӣ рафта расад, даъвогаратон метавонад шуморо ба дасти қозӣ супорад, қозӣ бошад ба дасти сарбоз ва шумо ҳабс шуданатон мумкин. 26 Ба ростӣ мегӯям, то охирин тангаи майдатаринро надиҳед, ҳаргиз аз ҳабс намебароед.

27 Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед „Бо ҳеҷ кас алоқаи беникоҳ накун”. 28 Аммо Ман ҳоло мегӯям, ҳар кас ки ба зан нигоҳ карда, дар хаёлаш бо ӯ ҳамбистар шудан хоҳад, аллакай дар дили худ чунин гуноҳро мекунад. 29 Пас, агар чашми ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда партоед! Бароятон беҳтар аст, ки аз ягон узви бадан маҳрум шавед, назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах партофта шавад. 30 Инчунин агар дасти ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида партоед! Бароятон беҳтар аст, ки аз ягон узви баданатон маҳрум шавед, назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах биафтад.

Таълимот дар бораи талоқ

31 Боз чунин гуфтаҳоро шунидаед, ки „Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо мешавад, бояд ба ӯ талоқнома навишта диҳад”. 32 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, агар мард аз зани худ бо ягон сабаб, ба ғайр аз хиёнати вай, ҷудо шаваду занаш ба дигар кас ба шавҳар барояд, ин мард дар алоқаи беникоҳи занаш айбдор мешавад. Инчунин марде, ки бо зани ҷудошуда хонадор мешавад, гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад.

Таълимот дар бораи қавлу қасам

33 Шумо боз шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки „қасами бардурӯғ нахӯранд, аммо ҳар қавлро, ки ба Худованд додаанд, иҷро намоянд”. 34 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, ки тамоман қасам нахӯред, на бо осмон, чунки тахти Худо дар он ҷост, 35 на бо замин, чунки пойҳои Ӯ дар он ҷо қарор доранд, на бо шаҳри Ерусалим, чунки ин шаҳри Худо-Шоҳи бузург аст. 36 Бо сари худ ҳам қасам нахӯред, чунки як тори мӯятонро сафед ё сиёҳ ҳам карда наметавонед. 37 Бигзор „бале” гуфтани шумо дар ҳақиқат „бале” бошад ва „не” гуфтани шумо „не” бошад, вале он чи зиёдатӣ мегӯед аз Шахси Бад бармеояд.

Таълимот дар бораи қасос

38 Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Чашм бар ивази чашм медиҳеду дандон бар ивази дандон”. 39 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, ки ба каси бад муқобилат накунед. Баръакс, агар касе ба тарафи рости рӯятон занад, тарафи чапи рӯятонро ҳам ба ӯ гардонед. 40 Агар касе ба шумо даъво карда, куртаатонро гирифтанӣ бошад, ҷомаатонро ҳам ба ӯ бидиҳед. 41 Агар касе шуморо маҷбур кунад, ки як километр роҳ равед, ду километр бо ӯ роҳ равед. 42 Вақте ки касе аз шумо чизе талаб мекунад, онро ба ӯ бидиҳед ва аз шумо қарз гирифтанӣ шаванд, не нагӯед.

Таълимот дар бораи дӯст доштани душманон

43 Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Ҳар шахсеро, ки наздики шумо аст, дӯст бидореду душманатонро бад бинед”. 44 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, ки душманонатонро дӯст бидоред, лаънаткунандагони худро баракат диҳед, ба касоне, ки шуморо бад мебинанд, некӣ кунед ва барои онҳое, ки шуморо азоб медиҳанд, дуо хонед, 45 то нишон диҳед, ки фарзандони Падари осмониатон ҳастед. Чунки Ӯ ба офтоб амр медиҳад, ки ҳам ба бадкорон ва ҳам ба накӯкорон равшанӣ кунад, инчунин боронро ҳам ба бадкорон ва ҳам ба накӯкорон мефиристад. 46 Пас, агар шумо фақат касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чаро мукофот мегирифтаед? Магар андозгирони беинсоф низ ҳамин тавр рафтор намекунанд? 47 Ва агар фақат ба бародарони худ салом диҳед, аз дигарон дида чӣ кори бузургтаре мекунед? Беимонон низ ҳамин тавр рафтор мекунанд. 48 Бинобар ин шумо беайбу нуқсон бошед монанди Падари осмонии худ, ки беайбу нуқсон аст».

6

Таълимот дар бораи садақадиҳӣ

Исо суханонашро давом дода гуфт: «Зинҳор корҳои худофармударо намоишкорона дар пеши назари халқ накунед. Вагарна аз Падари осмониатон мукофот намегиред. Яъне, вақте ки садақа медиҳед, ба монанди одамони дурӯя ба ҳама овоза накунед. Онҳо дар ибодатхонаҳо ва дар сари кӯчаҳо садақа доданашонро эълон менамоянд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. Аммо, ҳангоме ки шумо садақа медиҳед, бигзор дасти ростатон аз кори дасти чапатон огоҳ нашавад, то ки садақаи шумо пинҳон монад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад.

Таълимот дар бораи дуохонӣ

Вақте ки дуо мекунед ба одамони дурӯя монанд нашавед! Онҳо дар ибодатхонаю чорраҳаҳо истода дуо хонданро дӯст медоранд, то ки ҳама онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. Аммо, ҳангоме ки шумо дуо мехонед, ба хонаатон даромада, дарро пӯшед ва ба Падаратон, ки нонамоён аст, дуо кунед. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад.

Дар вақти дуохонӣ низ мисли ғайрияҳудиён рафтор накунед. Онҳо дар дуо бисёр гапҳои беҳуда мегӯянд, чун фикр мекунанд, ки агар дуру дароз гап зананд, дуояшон шунида мешавад. Ба монанди онҳо дуо накунед, зеро Падаратон ҳанӯз пеш аз пурсиданатон медонад, ки ба шумо чӣ лозим аст. Пас шумо ин тавр бояд дуо кунед:

Эй Падари мо, ки дар осмон ҳастӣ,

Шаъну шараф бод ба номи муқаддаси Ту.

10 Бигзор подшоҳии Ту барқарор гардад

ва хости Ту, ки дар осмон иҷро мешавад, дар замин низ иҷро шавад.

11 Ба мо ризқу рӯзии имрӯзаамонро деҳ

12 ва корҳои нодурусти моро бубахш,

чи тавре ки мо низ онҳоеро мебахшем, ки бо мо нодуруст рафтор мекунанд.

13 Моро ба озмоиш дучор накун,

балки аз дасти Шахси Бад халос намо.*

14 Инак, агар шумо одамонеро, ки дар ҳаққи шумо рафтори нодуруст мекунанд, бубахшед, Падари осмониатон ҳам корҳои нодурусти шуморо хоҳад бахшид. 15 Вале агар шумо дигаронро набахшед, Падари шумо ҳам корҳои нодурустатонро нахоҳад бахшид.

Таълимот дар бораи рӯзадорӣ

16 Боз вақте ки рӯза мегиред, ба одамони дурӯя монанд шуда, чеҳраи рӯятонро ғамзада вонамуд накунед, чунки дурӯяҳо намуди зоҳириашонро беэътибор мемонанд, то дигарон бинанд, ки онҳо рӯза гирифтаанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. 17 Лекин, вақте ки шумо рӯза мегиред, дасту рӯятонро шуста, мӯйҳоятонро шона кунед, 18 то ба ғайр аз Падаратон, ки нонамоён аст, дигар ҳеҷ кас рӯза гирифтани шуморо нафаҳмад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот хоҳад дод.

Дар осмон ҷамъ кардани бойгарӣ

19 Дар замин барои худ бойгарӣ ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо куяву занг мезанад ва ғоратгарон зада даромада, онро медузданд. 20 Баръакс, мукофоти Худоро ба даст оред, ки бароятон дар осмон нигоҳ дошта мешавад. Ана чунин бойгариро на куяву занг мезанаду на ғоратгарон зада даромада, медузданд. 21 Зеро ба он ҷое, ки бойгарӣ доред, дилатон кашол аст.

Чароғи бадан

22 Чашм барои бадан ҳамчун чароғ аст. Пас агар чашматон солим бошад, тамоми баданатонро равшанӣ пур мекунад, 23 аммо агар чашматон солим набошад, тамоми баданатонро торикӣ пур мекунад. Дар ин сурат, агар равшанӣ дар даруни шумо дар асл торикӣ бошад, эҳ, пас он чи хел торикии зулмот аст!

Худо ва пул

24 Ҳеҷ кас якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул.

25 Бинобар ин ба шумо мегӯям, на ташвиши зиндагиатонро кунед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед ва на ғами баданро хӯред, ки чӣ мепӯшед. Магар зиндагӣ фақат аз хӯроку бадан аз пӯшок иборат аст? 26 Ба паррандаҳо нигоҳ кунед: онҳо на кишту кор мекунанду на ҳосил ҷамъ мекунанд ва на ба анборҳо ҳосилро захира мекунанд, ҳол он ки Падари осмониатон онҳоро мехӯронад. Магар шумо аз паррандаҳо арзиши баландтар надоред? 27 Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан як лаҳзаи умратонро дарозтар карда метавонед? 28 Барои сарулибос ҳам чӣ ғам мехӯред? Ба нашъунамои савсанҳои саҳро нигоҳ кунед: онҳо на меҳнат мекунанду на мересанд, 29 лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату бойгариаш мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст. 30 Пас, агар Худо алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, ҳамин тавр пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо, аз онҳо чанд маротиба зиёдтар напӯшонад?

31 Барои ҳамин ғам хӯрдану ташвиш кашиданро бас кунед ва нагӯед, ки „Мо чӣ мехӯрда бошем?” ё „чӣ менӯшида бошем?” ё „чӣ мепӯшида бошем?”. 32 Чунки халқҳои дигар аз паи ҳамаи ин чизҳо мебошанд. Падари осмониатон бошад, медонад, ки шумо ба ҳамаи он эҳтиёҷ доред. 33 Шумо дар навбати аввал ҷӯяндаи подшоҳии Худо ва иҷрошавии хости Ӯ бошед ва Ӯ ҳамаи ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад. 34 Аз ин рӯ, ғами рӯзи ояндаро нахӯред, фардо ташвишҳои худро дорад. Ба ҳар рӯз ташвиши худи ҳамон рӯз басанда аст».

7

Айбдор кардани дигарон

Исо давом дода гуфт: «Дигаронро айбдор ҳисоб накунед, то ки шумо айбдор ҳисоб нашавед. Зеро чи хеле ки дигаронро айбдор ҳисоб кунед, ҳамон тавр шумо айбдор ҳисоб карда мешавед ва бо кадом санги тарозу баркашед, бо ҳамон санг ба шумо баркашида мешавад. Чаро шумо хасро дар чашми бародаратон мебинеду чӯберо, ки дар чашми худатон ҳаст, ҳис намекунед? Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон гуфта метавонед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат берун кунам”, ҳол он ки дар чашми худатон чӯб доред? Эй дурӯяҳо! Аввал чӯбро аз чашми худатон дур кунед, он гоҳ дурустар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред.

Чизеро ки муқаддас аст ба сагон надиҳед, вагарна онҳо рӯ гардонда ба шумо ҳамла меоваранд. Ва гавҳари худро пеши пойҳои хукон напартоед, вагарна онро поймол мекунанд.

Натиҷаи талаб кардан, ҷустан ва кӯфтан

Талаб кунед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва пайдо мекунед, дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад. Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. Ана, аз байни шумо кадом падар агар писараш нон талаб кунад, ба вай санг медиҳад? 10 Ё агар моҳӣ талаб кунад, ба вай мори заҳрдор медиҳад? 11 Пас, агар шумо бо тамоми дилсиёҳиатон ба фарзандони худ чӣ тавр чизҳои хуб доданро медониста бошед, наход Падари шумо, ки дар осмон аст, ба каси талабкарда чанд маротиба зиёдтар чизҳои хуб надиҳад?!

12 Чӣ гуна рафторро аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати онҳо рафтор кунед. Зеро мағзи шариати Мӯсо ва гуфтаҳои пайғамбарон дар ҳамин аст.

Дарвозаи танг

13 Аз дарвозаи танг гузаред, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва бисёр касон аз он мегузаранд. 14 Лекин ба ҳаёти абадӣ шуморо дарвозаи басо тангу роҳи мушкилгузар меоварад ва кам касон онро меёбанд.

Фарқ кардани пайғамбарони бардурӯғ

15 Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, онҳо ба назди шумо бо намуди гӯсфандони беозор меоянд, аммо дар ботин онҳо гургони дарранда ҳастанд. 16 Шумо онҳоро аз амалиёташон мешиносед. Охир аз буттаи хор ангур ё анҷир намечинанд-ку. 17-18 Ҳар дарахти солим меваи хуб медиҳад ва меваи бад дода наметавонад, вале дарахти касал меваи бад медиҳад ва меваи хуб дода наметавонад. 19 Ҳамаи дарахтоне, ки меваи хуб намеоваранд, бурида ба оташ партофта мешаванд.

20 Хуллас, пайғамбарони бардурӯғро низ шумо аз маҳсули амалашон мешиносед.

Киро Исо „намешиносам” мегӯяд

21 На ҳама касоне, ки Маро доимо Худованди худ меноманд, ба подшоҳии Худо дохил мешаванд, балки фақат онҳое, ки хости Падари дар осмон будаамро иҷро мекунанд. 22 Ҳангоме ки рӯзи ҷавобдиҳӣ фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Худованд! Магар мо аз номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар аз номи Ту девҳоро намерондем ва магар аз номи Ту бисёр мӯъҷизаҳоро нишон намедодем?” 23 Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям: „Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам”.

Бинокори дурандешу бинокори беақл

24 Инак, ҳар касе, ки ҳамаи ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад, монанди бинокори дурандешест, ки хонаашро дар болои санг сохта буд. 25 Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бо шиддат бар он хона вазид, лекин хона фурӯ нарафт, чунки дар болои санг сохта шуда буд. 26 Вале ҳар касе, ки ҳамаи гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро намекунад, монанди бинокори беақлест, ки хонаашро дар болои хок сохта буд. 27 Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бо шиддат бар он хона вазид ва хона фурӯ рафта, ба замин яксон шуд».

28 Исо суханони худро ба охир расонда буд, ки тамоми халқ қоил монданд, 29 зеро Ӯ на ба монанди шариатдонон, балки чун шахси боқудрат онҳоро таълим медод.

8

Шифо ёфтани марди махав

Вақте ки Исо аз болои теппа поён фаромад, одамон тӯда-тӯда ҳамроҳи Ӯ рафтанд. Дар ин мобайн як марди махаве назди Исо омаду ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз касалии махав пок гашт. Исо ба ӯ боз гуфт: «Дар ин бора зинҳор ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ. Баъд, чӣ тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад».

Шифо ёфтани хизматгори сардори лашкар

Сипас Исо ба деҳаи Кафарнаҳум ворид шуд, ки ба наздаш як сардори лашкаре омад ва ба зорию илтиҷо даромада гуфт: «Хоҷаам, хизматгорам аз ҳаракат монда, дар хона рӯи ҷойгаҳ хобидааст. Ӯ дар оташи дард сӯхта истодааст». «Ман рафта ӯро сиҳат мекунам»,- гуфт Исо. Аммо сардори лашкар ҷавоб дод: «Хоҷа! Ман лоиқи он нестам, ки аз остонаи дарам гузаред. Шумо фақат як амр диҳед ва хизматгорам шифо хоҳад ёфт. Охир ман як фармонбардор ҳастам ва зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав” мегӯям, меравад, ба дигаре „биё” мегӯям, меояд ва агар ба ғуломам „фалон корро бикун” гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад».

10 Аз шунидани ин суханон Исо ҳайрон шуд ва ба мардуми аз пасаш омадаистода гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони сахт дошта бошад. 11 Ба шумо мегӯям, бисёр касон аз ҳар гӯшаву канори дунё омада, дар подшоҳии Худо бо Иброҳиму Исҳоқу Ёқуб дар сари як дастархон хоҳанд нишаст. 12 Аммо онҳое, ки бояд дар подшоҳии Худо мешуданд, ба торикии берун партофта мешаванд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд».

13 Баъд ба сардори лашкар гуфт: «Бирав! Чи тавре ки имон доштӣ, ҳамон тавр мешавад». Ҳамон замон хизматгор шифо ёфт.

Шифо ёфтани бисёр одамон

14 Вақте ки Исо ба хонаи Петрус даромад, хушдомани Петрусро бо таби баланд, рӯи ҷойгаҳ хобида дид. 15 Исо ба дасти вай даст расонд, ки табаш паст шуд ва зан аз ҷояш хеста, бо меҳмондорӣ кардани Ӯ машғул шуд.

16 Он бегоҳ одамон бисёр девонагонро назди Исо оварданд ва Исо амр дода, рӯҳҳои нопокро аз онҳо берун ронд ва ҳамаи беморонро низ шифо бахшид. 17 Ишаъё пайғамбар пештар гуфта буд: «Ӯ ҳамаи касалиҳоямонро аз мо гирифт ва ҳамаи бемориҳоямонро ба дӯши худ бардошт». Барои ба амал омадани ин суханон ҳамаи ин ҳодисаҳо рӯй доданд.

Шарту шароити пайрави Исо шудан

18 Боре Исо дар гирдаш ҷамъ шудани одамони зиёдро дида, ба шогирдонаш гуфт, ки ба дигар тарафи кӯл мераванд. 19 Дар ҳамин вақт як шариатдон наздаш омада гуфт: «Устод, ман дар ҳама ҷо Шуморо пайравӣ мекунам». 20 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва мурғони ҳаво лона доранд, аммо Ман, Фарзанди Инсон ҷое надорам, ки сарамро монда дам гирам». 21 Дигаре аз ҷумлаи пайравон гуфт: «Хоҷаам! Иҷозат диҳед аввал рафта, мурдаи падарамро ба хок супорам». 22 Лекин Исо ба вай ҷавоб гардонда гуфт: «Аз паси Ман биё ва бимон, ки мурдагон мурдаҳои худро ба хок супоранд».

Ором шудани тӯфон

23 Он гоҳ шогирдон Исоро пайравӣ карда, якҷоя бо Ӯ ба қаиқ савор шуданд. 24 Дар қаиқ Исо хоб мерафт, ки ногаҳон дар кӯл тӯфони сахте бархост ва аз шиддати мавҷҳо қаиқ қариб ғарқ мешуд. 25 Шогирдон омада, Исоро бедор карданд ва гуфтанд: «Хоҷа! Наҷот деҳ! Ҳалок мешавем!»

26 Исо ҷавоб дод: «Чӣ ин қадар метарсед? Ҳой, сустимонон!» Баъд бархеста шамолу мавҷҳоро таъна зад, дарҳол дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд. 27 Онҳо бошанд, ҳайрон монда мегуфтанд: «Ин чӣ хел одам аст, ки ҳатто шамолу мавҷҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»

Шифо ёфтани ду девона

28 Ҳангоме ки Исо ба тарафи дигари кӯл, ба вилояти Ҷадариён расид, ду девонае аз қабристон берун баромада бо Исо рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо чунон бадхашм буданд, ки касе ҷуръати аз он роҳ гузаштанро надошт. 29 Онҳо Исоро дида дод заданд: «Эй Писари Худо, Ту ба мо чӣ кор дорӣ? Ту омадӣ, ки моро пеш аз мӯҳлат азоб диҳӣ?»

30 Дар масофае аз онҳо галаи калони хукон мечарид. 31 Пас девҳо Исоро тавалло карда гуфтанд: «Агар моро берун карданӣ бошӣ, ба даруни он галаи хукон бифирист». 32 Исо ба онҳо «Дароед» гуфт ва онҳо аз он одамон берун баромада, ба галаи хукон даромаданд. Фавран тамоми гала давон-давон худро аз ҷарии назди соҳил ба кӯл партофта, дар об ғарқ шуд.

33 Хукбонон бошанд, аз он ҷо ба деҳа гурехта, ин воқеаро, аз он ҷумла ҳодисаи бо ду девона рӯй додаро ба ҳама нақл карданд. 34 Инак, тамоми аҳли деҳа барои бо Исо вохӯрдан аз деҳа берун омаданд. Вақте Ӯро диданд, зориву тавалло карданд, ки аз сарзаминашон биравад.

9

Шифо ёфтани шал

Исо ба қаиқ савор шуд ва аз кӯл гузашта ба шаҳри худ баргашта буд, ки чанд нафаре ба наздаш шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Исо то чӣ андоза эътиқод доштани онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, натарс! Гуноҳҳоят бахшида шудаанд».

Дар айни ҳол якчанд шариатдон аз дил гузаронданд: «Ин одам суханони кофирона мегӯяд». Исо фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро дар дилҳои худ ба фикрҳои бад ҷой медиҳед? Кадомаш осонтар аст: гуфтани он, ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд” ё гуфтани он, ки „бархез ва роҳ гард”? Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад, - сипас ба шал нигариста гуфт,- Бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав!»

Он мард аз ҷояш хеста ба хонааш равона шуд. Мардум аз дидани ин ҳодиса ба тарсу ваҳм афтода Худоро, ки ба инсон чунин қудрат додааст, ситоиш карданд.

Даъват шудани Матто

Вақте ки Исо аз он ҷо ба роҳ даромад, мардеро бо номи Матто дид, ки дар корхонаи андозҷамъкунӣ менишаст. Исо ба вай гуфт: «Биё, пайрави Ман шав». Матто бархесту аз паси Ӯ равона шуд.

10 Вақте ки Исо ва шогирдонаш ба сари дастархон нишастанд, бисёр андозгирон ва дигар одамоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ ба он хона даромада ба онҳо ҳамроҳ шуданд. 11 Баъзе аз фарисиён инро дида, ба шогирдони Исо гуфтанд: «Чаро устоди шумо бо андозгирону гунаҳкорон аз як дастархон хӯрок мехӯрад?»

12 Исо ин суханонро шунида, ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон мӯҳтоҷанд. 13 Рафта фаҳмед, ки чунин гуфтаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо оваранд”. Хуллас, Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро даъват намоям».

Савол дар бораи рӯза

14 Сипас, баъзе аз шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда ба Исо наздик шуда гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён одатан рӯза мегирему шогирдони Шумо не?» 15 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, модоме ки домод бо онҳост, ғамгин мешаванд? Албатта не. Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд. 16 Охир ҳеҷ кас ба либоси кӯҳна аз матои нав ямоқ намекунад, чунки ямоқ дарида, ҷои он боз ҳам аёнтар мешавад. 17 Инчунин шароби навтайёршударо ба машки чармини кӯҳна намерезанд, чунки ҳангоми ба ҷӯш омадани шароб машк медараду шароб мерезад ва машк низ аз кор мебарояд. Баръакс, шароби навтайёршударо ба машки нав мерезанд, он гоҳ на шароб барбод мераваду на машк».

Зинда шудани духтару шифо ёфтани зан

18 Ҳанӯз Исо суханонашро давом медод, ки марде аз ҷумлаи сардорон ба наздаш омад ва ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Ҳозиракак духтарам мурд, аммо агар биёеду ба вай даст гузоред, вай зинда мешавад». 19 Исо аз ҷояш хеста, бо шогирдонаш ҳамроҳи ӯ рафт.

20-21 Як зане, ки дувоздаҳ сол боз касалии хунравӣ дошт, аз дилаш гузаронда буд, ки ақаллан ба ҷомаи Исо даст расонад, шифо меёбад. Бо ҳамин ният ӯ аз қафо ба Исои роҳ рафтаистода наздик шуду ба домани ҷомааш даст расонд. 22 Исо ба қафояш рӯй гардонду занро дида, гуфт: «Эй зан, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон замон зан шифо ёфт.

23 Баъд Исо ба хонаи он сардор даромада, найнавозони барои азо омада ва мардуми гирёнро дида, 24 гуфт: «Ҳамаатон аз ин ҷо равед! Духтар намурдааст, фақат хобидааст». Онҳо бошанд, Исоро масхара карданд. 25 Аммо баъд аз он ки мардум берун баромаданд, Исо ба хонае, ки духтарак он ҷо буд, даромада, дасти ӯро гирифт ва духтарак бархест. 26 Ин хабар дар тамоми он сарзамин паҳн гашт.

Шифо ёфтани ду марди нобино

27 Исо он ҷойро монда, ба роҳ даромада буд, ки ду марди нобино аз дунболи Ӯ равон шуда фарёд мезаданд: «Эй Насли Довуд! Ба мо раҳм кунед!»

28 Вақте ки Исо ба хона даромад, он ду нобино ҳам ба наздаш омаданд. Исо аз онҳо пурсид: «Боварӣ доред, ки Ман шуморо шифо дода метавонам?» «Бале, Хоҷа!»- ҷавоб доданд онҳо.

29 Он гоҳ Исо ба чашмонашон даст расонда гуфт: «Аз рӯи имонатон ҳамин тавр шавад», 30 ва чашмони онҳо бино гаштанд. Исо онҳоро қатъӣ огоҳ кард, ки дар бораи ин ҳодиса зинҳор ба касе чизе нагӯянд. 31 Онҳо аз он ҷо баромада рафтанду, баръакс, дар тамоми он сарзамин дар бораи Ӯ овоза паҳн карданд.

Шифо ёфтани марди гунг

32 Ҳанӯз он ду мард дур нарафта, якчанд кас ба пеши Исо мардеро оварданд, ки аз сабаби дев доштанаш, гунг буд. 33 Лекин, вақте ки Исо аз он мард девро берун кард, мард ба гап даромад ва мардум бо изҳори ҳайрат хитоб мекарданд: «Ҳаргиз чунин ҳодисаро дар Исроил надида будем!»

34 Аммо фарисиён мегуфтанд, ки Исо девҳоро бо қудрати худи сардори девҳо берун мекунад.*

Ба мардум раҳм кардани Исо

35 Исо бошад, ба ҳамаи шаҳру деҳот рафта, дар ибодатхонаҳо халқро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ҳар дарду касалии одамонро шифо мебахшид. 36 Вақте ки Исо ба мардум нигоҳ мекард, ба ҳоли онҳо раҳмаш меомад, чунки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон, сарсону саргардон ва ночору нотавон буданд. 37 Пас Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳосили дарав фаровон аст, вале коргарон намерасанд. 38 Аз ин рӯ, аз соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад».

* *1:2-6А Ром - бо забони юнонӣ Арам талаффуз мешавад.

* *1:6Б-11 Осо - бо забони юнонӣ Асаф талаффуз мешавад.

* *1:6Б-11 Омӯн - тарзи дигари талаффузи ин ном Омӯс аст.

* *1:21 Маънои Исо аз забони ибронӣ «Наҷот» мебошад.

* *2:18 Роҳел модари халқи Исроил ҳисоб мешавад. Баъд аз вафоташ ӯро дар шаҳри Ромо, назди деҳаи Байт-Лаҳм гӯронида буданд.

* *6:13 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст «Зеро подшоҳӣ, қудрат ва шӯҳрат то абад аз они Туст. Омин.»

* *9:34 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ояти 34 дохил нашудааст.



<< Башорат