Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Хушхабар аз Матто 10-18

Copyright Фонди «Калом» 

Дар бораи ҳамин китоб савол ё фикрҳо доред? Ба kalomikhudo@mail.ru нависед.

10

Дувоздаҳ вакили Исо

Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро берун кунанд ва ҳар дарду касалии одамонро шифо диҳанд. Ана номҳои он дувоздаҳ вакилаш: аввалин Шимъӯн (ӯро боз Петрус меномиданд), бародари Шимъӯн Андриёс, баъд бародарон Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд, Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Матто (он ки андоз ҷамъ мекард), Ёқуби писари Ҳалфӣ ва Таддо, Шимъӯни Ватандӯст ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.

Вазифаи дувоздаҳ вакил

Исо ба ин дувоздаҳ нафар вазифа дода, ба иҷро намудани он фиристод. Ӯ ин тавр гуфт: «Ба назди халқҳои ғайрияҳудӣ наравед ва ба шаҳрҳои сомариён надароед, балки назди халқи Исроил, ки монанди гӯсфандони гумроҳшуда ҳастанд, рафта эълон кунед, ки подшоҳии Худо наздик аст. Беморонро шифо диҳед, мурдагонро зинда кунед, махавҳоро пок созед ва девҳоро берун кунед. Ин қудрат ба шумо бепул дода шудааст, пас шумо низ инро бепул кунед. Вақте ки ба сафар мебароед, бо худ дар камарбандатон на тангаҳои тиллову нуқра ва на тангаҳои мисин гиред, 10 на борхалтаву на асо ва на либоси иловагиву на пойафзол гиред, зеро меҳнаткаш сазовори таъминот аст.

11 Ҳангоме ки ба ягон шаҳр ё қишлоқ медароед, одами шоистаро суроғ кунед ва то рӯзи аз он ҷо рафтанатон дар хонаи ӯ бимонед. 12 Баробари ба он хона даромадан салом диҳед. 13 Агар он хонадон шуморо нағз қабул кунад, барояшон баракат талаб кунед, дар акси ҳол, бигузор баракататон ба худатон баргардад. 14 Вале агар ҳеҷ кас шуморо қабул накунад ё ба суханонатон гӯш надиҳад, он хонадон ё шаҳрро тарк карда истода, ҳамчун нишонаи огоҳӣ чангу хокашро аз поятон биафшонед. 15 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони бадкирдори Садӯм ва Амӯро аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд.

Азобу уқубатҳои дарпешистода

16 Инак, Ман шуморо ба назди одамон, гӯё гӯсфандонро ба байни гургҳо мефиристам. Мисли мор ҳушёру мисли кабӯтар безиён бошед. 17 Аз одамон эҳтиёт шавед, чунки онҳо шуморо дастгир карда, назди шӯрои калонҳо мебаранд ва дар ибодатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд. 18 Ба хотири Маро пайравӣ карданатон шуморо дар назди ҳокимону подшоҳон ба ҷавобгарӣ мекашанд, то ки дар пеши онҳо ва ғайрияҳудиён дар бораи Ман шаҳодат диҳед. 19 Ҳангоме ки шуморо назди шӯрои олӣ мебаранд, ғам нахӯред, ки ба онҳо чӣ бояд гӯед ё чӣ тавр бояд сухан ронед, чунки дар он вақт суханоне, ки бояд гӯед, ба дилатон андохта мешаванд. 20 Он гоҳ на ин ки шумо, балки Рӯҳи Падари осмониатон ба воситаи шумо сухан меронад.

21 Дар он айём бародар бародари худро ба қатл мерасонад ва инчунин падар фарзанди худро. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба дасти марг месупоранд. 22 Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале агар шумо то ба охир расидани азобу уқубатҳо ба Ман вафодор монед, наҷот хоҳед ёфт. 23 Вақте ки шуморо азоб доданӣ шуда дар як шаҳр дунболагирӣ кунанд, ба шаҳри дигар гурезед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз шумо ба ҳамаи шаҳрҳои Исроил нарафта Фарзанди Инсон меояд.

24 Шогирд аз устодаш баландтар нест, инчунин хизматгор аз хоҷааш. 25 Барои шогирд басанда аст, ки монанди устодаш шавад ва барои хизматгор кофист, ки монанди хоҷааш шавад. Агар сардори хонадонро Баал-Забул, сардори девҳо номида бошанд, пас аъзоёни хонадонро чӣ қадар бадтар меноманд.

Аз кӣ тарсидан лозим аст

26 Аз ин рӯ, аз одамон натарсед. Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад. 27 Он чи Ман ба шумо махфӣ мегӯям, кушоду равшан гӯед ва он чи дар пичиррос мешунавед, аз болои боми хонаҳо эълон намоед. 28 Аз одамон натарсед, ки онҳо ҷисмро мекушанду ҷонро кушта наметавонанд. Балки аз шахсе тарсед, ки ҳам ҷон ва ҳам ҷисмро дар дӯзах нобуд карда метавонад.

29 Арзиши ду гунҷишк як танга аст, аммо ҳатто яктои он ба замин намеафтад, ки Падаратон аз он хабардор набошад. 30 Аз они шумо бошад, мӯйҳои саратон ҳам ба ҳисоб гирифта шудаанд. 31 Бинобар ин натарсед, шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам қиматтар ҳастед.

32 Пас, ҳар кӣ дар пеши мардум мегӯяд, ки пайрави Ман аст, Ман низ дар назди Падари осмониам пайрави Ман буданашро тасдиқ мекунам. 33 Лекин ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад мекунад, Ман низ ӯро дар назди Падари осмониам рад мекунам.

На сулҳ, балки зиддият

34 Фикр накунед, ки Ман барои ба замин овардани сулҳ омадаам. Ман барои сулҳ не, балки барои овардани шамшери зиддият омадаам. 35 Ман омадаам, ки писарро ба падар, духтарро ба модар, келинро ба хушдоманаш зид гузорам. 36 Худи аъзои хонадони одам душманони ӯ хоҳанд буд.

37 Касе ки падар ё модари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. Инчунин, касе ки писар ё духтари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. 38 Касе ки Маро пайравӣ карданӣ шуда бо худ салиби азобу маргашро нагирад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. 39 Касе ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад.

Гирифтани мукофот

40 Касе ки шуморо қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе ки Маро қабул мекунад, дар асл шахсеро, ки Маро фиристодааст, қабул мекунад. 41 Касе ки пайғамбарро ба хотири пайғамбар буданаш қабул мекунад, мукофоти пайғамбаронаро хоҳад гирифт. Касе ки одами накӯкорро ба хотири накӯкор буданаш қабул мекунад, мукофоти накӯкоронро хоҳад гирифт. 42 Ҳамчунин, касе ки ба яке аз пайравони хурдтарини Ман ба хотири шогирд буданаш ақаллан як пиёла оби хунук диҳад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, бе мукофот нахоҳад монд».

11

Омадани шогирдони Яҳё

Баъд аз ба дувоздаҳ шогирд вазифа додан Исо аз он ҷо ба шаҳрҳои гирду атроф барои таълим додан ва эълон кардани хушхабар равона шуд.

Вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда дар ҳабсхона менишаст, хабари корнамоии Исои Масеҳ ба гӯшаш расид. Он гоҳ ӯ чанд нафар шогирдашро назди Исо фиристод. Онҳо омада аз Исо пурсиданд: «Оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»

Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Он чӣ мешунаведу мебинед, рафта ба Яҳё нақл бикунед. Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаваду лангон роҳ мегарданд, махавҳо пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдаҳо аз нав зинда мешаванд ва ба бенавоён хушхабар эълон карда мешавад. Пас, хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад».

Ҳангоме ки шогирдони Яҳё ба роҳ даромаданд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад? Бигӯед, чаро рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси бошукӯҳ мепӯшад? Охир, онҳое, ки либоси бошукӯҳ мепӯшанд, дар қасрҳо зиндагӣ мекунанд. Хуллас, барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед. 10 Яҳё ҳамон як одам, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд:

Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам,

то ба омаданат роҳ тайёр кунад”.

11 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст. 12 Аз рӯзе, ки Яҳё ба эълон кардани пайғоми худ шурӯъ намуд, то ба имрӯз подшоҳии Худо аз зӯроварӣ азоб кашид ва одамони боқудрат онро зӯран ба даст оварданӣ ҳастанд. 13 Дар навиштаҷоти пайғамбарон ва шариати Мӯсо то замони Яҳё пешгӯиҳо омадаанд; 14 агар шумо ба гуфтаҳои онҳо бовар кардан хоҳед, Яҳё ҳамон Илёс пайғамбар аст, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд. 15 Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!

16 Хӯш, ин наслро бо кӣ муқоиса намоям? Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча бозӣ мекунанду як гурӯҳи онҳо ба гурӯҳи дигар мегӯяд: 17 „Мо бароятон карнай навохтем, аммо шумо рақс накардед! Суруди мотам хондем, нагиристед”. 18 Инак, Яҳё омада, рӯза медошт ва май наменӯшид, аммо ҳама мегуфтанд, ки ӯ дев дорад. 19 Баъд Фарзанди Инсон омаду ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад, аммо ҳама мегӯянд: „Ана одами пурхӯру майзада, ҷӯраи андозгирони беинсофу рафиқи одамони радди маърака!” Лекин ҳақ будани ҳикмати Худо аз натиҷаҳояш маълум мегардад».

Шаҳрҳои имон наоварда

20 Аҳолии шаҳрҳое, ки дар он Исо мӯъҷизоти зиёд нишон дода буд, тавба накарданд ва аз гуноҳҳояшон даст накашиданд. Бинобар ин Исо онҳоро таъна зада гуфт: 21 «Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои худобехабари Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида мӯйканон нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд. 22 Лекин ҳаминро бидонед, ки дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Сур ва Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд! 23 Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум! Гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. Зеро, агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳри Садӯм рӯй медоданд, ин шаҳр то ҳол аз рӯи замин нест намешуд. 24 Лекин ҳаминро бидонед, ки дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Садӯм аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!»

Ваъдаи оромӣ

25 Сипас Исо гуфт: «Шукри Туро мекунам, эй Падар - Худованди замину осмон, ки он чи аз одамони маълумотноку хирадманд пинҳон кардӣ, ба одамони оддӣ ошкор намудаӣ. 26 Оре, Падар, чунин буд хости Ту.

27 Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро нағз намешиносад. Инчунин, Падарро ҳеҷ кас нағз намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то барояшон Падарро зоҳир кунад.

28 Ҳамаи шумое, ки аз бори вазнин монда шудаед, ба назди Ман биёед ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам. 29 Чунончи барзагов барои андохтани юғ гардан мефурорад, шумо низ ба юғи Ман сар фуроред ва аз Ман таълим бигиред, чунки Ман нармдилу хоксор ҳастам, он гоҳ ҷони шумо оромӣ меёбад. 30 Зеро таҳти юғи Ман будан осон аст ва боре, ки Ман медиҳам, сабук аст».

12

Савол дар бораи рӯзи истироҳат

Дере нагузашта, Исо аз назди киштзори гандум мегузашт. Ин рӯзи истироҳат буд ва шогирдонаш гурусна монда, хӯшаҳои гандумро меканданду донаҳояшро мехӯрданд. Инро дида баъзе аз фарисиён назди Исо омада гуфтанд: «Инро бинед-а, шогирдони Шумо кореро карда истодаанд, ки дар рӯзи истироҳат кардани он раво нест». Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд? Ӯ ба хонае, ки ҳузури Худоро дошт, даромада нони ба Худо тақдимшударо гирифту хӯрд. Ҳол он ки аз рӯи шариат ӯ ва ҳамроҳонаш ба ин ҳақ надоштанд, чунки фақат ба рӯҳониён хӯрдани он нон мумкин буд. Ё наход дар шариати Мӯсо нахонда бошед, ки рӯҳониён ҳангоми дар Хонаи Худо иҷро кардани вазифаҳои худ, қоидаҳои рӯзи истироҳатро вайрон мекунанд, вале айбдор ҳисоб намешаванд? Аммо ҳаминро дониста бошед, ки чизи бузургтар аз Хонаи Худо дар ин ҷост. Дар навиштаҷот Худо гуфтааст: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо оваранд”. Агар шумо маънои ин гуфтаҳоро мефаҳмидед, одамони беайбро айбдор намекардед. Охир Фарзанди Инсон соҳиби рӯзи истироҳат аст».

Шифо ёфтани марди дасташ хушкшуда

Исо роҳашро давом дода ба ибодатхона рафт. 10 Дар байни одамони он ҷо марде ҳузур дошт, ки дасташ хушк шуда буд. Баъзе аз ҳозирон, ки мехостанд ба сари Исо айб монанд, аз Исо пурсиданд: «Оё аз рӯи шариат дар рӯзи истироҳат одамро шифо додан мумкин аст?»

11 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Фарз кардем, ки шумо як гӯсфанде дореду он ҳам бошад дар рӯзи истироҳат ба чоҳ меафтад. Наход шумо рафта, онро аз чоҳ кашида нагиред? 12 Қадри инсон бошад аз гӯсфанд чӣ қадар баландтар аст. Пас, дар рӯзи истироҳат некӣ кардан равост». 13 Баъд ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз кард, ки он мисли дасти дигараш сиппа-сиҳат шуд. 14 Фарисиён бошанд, баромада рафтанд ва нақшаи куштани Исоро кашиданд.

Хизматгори интихобшудаи Худо

15 Исо аз нақшаи фарисиён огоҳ шуда, аз он маҳалла баромада рафт. Одамони зиёд низ аз паяш рафтанд ва Ӯ ҳамаи беморонро шифо дода, 16 ба онҳо фармон дод, ки дар бораи Ӯ овоза паҳн накунанд. 17 Инро Исо барои ба амал омадани суханони Худо кард, ки ба воситаи Ишаъё пайғамбар гуфта буд:

18 «Ана он хизматгорам, ки Ман интихоб кардам.

Ӯ роҳати ҷонам аст ва Ман Ӯро азиз медонам.

Ман Рӯҳамро бар Ӯ мефиристам

ва Ӯ ба ҳамаи халқҳо адолатамро эълон мекунад.

19 Ӯ бо ҳеҷ кас муноқиша намекунад ё доду вой намебардорад,

ё ҳеҷ кас дар кӯчаҳо бо овози баланд сухан гуфтани Ӯро намешунавад.

20 Ӯ касеро, ки мисли қамиши хамшуда аст, намешиканаду

касеро, ки мисли пилтаи нимсӯхтаи чароғ аст, хомӯш намекунад,

то даме ки пойдор намудани адолат ба Ӯ муяссар мегардад.

21 Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин умеди наҷотро дар Ӯ мебинанд».

Исо ва Баал-Забул*

22 Сипас ба назди Исо марди девонаеро оварданд, ки аз сабаби дев доштанаш кӯр ва гунг буд. Исо вайро шифо бахшид ва ӯ ҳам гап зада ва ҳам дида метавонистагӣ шуд. 23 Тамоми мардум аз ин ҳодиса ба ҳайрат афтода мегуфтанд: «Шояд Ӯ ҳамон Насли Довуд бошад, ки мо интизораш ҳастем?» 24 Лекин фарисиён инро шунида чунин мегуфтанд: «Ӯ бо қудрати Баал-Забул, сардори девҳо девҳоро берун мекунад».

25 Исо, ки аз фикрҳои фарисиён бохабар буд, ба онҳо гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар шаҳр ё хонаводае, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, вайрон хоҳад шуд. 26 Инак, агар шайтон худашро берун кунад, магар ин нишонаи он нест, ки ӯ дар дохили худ ба ду қисм ҷудо шудааст. Пас, наход ҳукмронии ӯ давом меёфта бошад? 27 Аз гуфти шумо Ман девҳоро бо қудрати Баал-Забул берун мекунам, пас пайравони худатон-чӣ? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Ана, амали онҳо исбот мекунад, ки шумо нодуруст фикр мекунед.

28 Аммо, агар Ман бо қудрати Рӯҳи Худо девҳоро берун мекарда бошам, аз ин бармеояд, ки подшоҳии Худо аллакай ба ҳаёти шумо омадааст. 29 Инчунин ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯр зада даромада, молу мулкашро гирифта барад, то аввал дасту пои шахси пурзӯрро набандад. Ана баъд хонаашро ғорат карда метавонад.

30 Касе ки тарафдори Ман нест, дар асл муқобили Ман аст ва касе ки дар ҷамъ овардани одамон ба Ман ёрӣ намедиҳад, дар асл онҳоро пароканда мекунад. 31 Аз ин рӯ, ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳ ва сухани кофиронаи инсон барояш бахшида мешавад, вале касеро, ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофиронае мегӯяд, Худо ҳаргиз намебахшад. 32 Ҳар кас ки бар зидди Фарзанди Инсон сухан мегӯяд, бахшида мешавад, вале касе ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухане мегӯяд, Худо ӯро дар ду дунё намебахшад.

Дарахт ва меваи он

33 Худатон мулоҳиза кунед, дарахти солим меваи нағз медиҳад, дарахти касал бошад, меваи бад медиҳад. Пас, чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад. 34 Эй морзодагони маккор! Чӣ хел шумо суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед. Охир, он чи дилатонро пур мекунад, баъд лабрез шуда аз забонатон берун мебарояд. 35 Шахси нек аз хазинаи некаш чизҳои нек ва шахси бад аз хазинаи бадаш чизҳои бад берун меорад.

36 Ҳаминро дониста бошед, ки дар рӯзи ҷазо шумо барои ҳар сухани ноҳақе, ки гуфтаед, ҷавоб хоҳед дод. 37 Чунки аз рӯи суханони худатон шумо ё беайб ва ё айбдор ҳисоб мешавед».

Талаб кардани нишона

38 Он гоҳ баъзе аз фарисиён ва шариатдонон ба Исо гуфтанд: «Устод, мехостем, ки ягон нишонае ба мо диҳед». 39 Лекин Исо ҷавоб дод: «Эй насли одамони баду ба Худо бевафо! Шумо нишона талаб мекунед?! Бароятон ҳеҷ нишонае ғайр аз он чи бо Юнус пайғамбар рӯй дода буд, дода намешавад. 40 Чи тавре ки Юнус се шабу се рӯзро дар шиками наҳанг гузаронда буд, ҳамон тавр Фарзанди Инсон се шабу се рӯзро зери хоки замин мегузаронад.

41 Дар рӯзи ҷазо бошад, шаҳрвандони Нинве бархеста, насли шуморо айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки чизи бузургтар аз Юнус дар ин ҷост! 42 Дар рӯзи ҷазо маликаи сарзамини Сабо бархеста насли шуморо айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки чизи бузургтар аз Сулаймон дар ин ҷост!

Баргаштани рӯҳи нопок

43 Фарз кардем, рӯҳи нопок аз шахсе берун карда мешавад. Баъд ин рӯҳ бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро намеёбад. 44 Ниҳоят худ ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам”,- ва баргашта мебинад, ки ин хона холӣ ва ба тартиб овардаву рӯбучиншуда аст. 45 Пас рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро ҳамроҳаш гирифта меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш бадтар хоҳад буд. Айнан ҳамин ҳодиса бо одамони бади ин замон рӯй хоҳад дод».

Модар ва бародарони Исо

46 Исо ҳанӯз ба мардум сухан гуфтанро давом медод, ки модару бародаронаш омаданд. Онҳо берун аз хона истода, хоҳиш карданд, ки бо Исо гап зананд. 47 Касе аз байни халқ ба Исо гуфт: «Устод, модар ва бародаронатон дар берун истодаанд ва мехоҳанд, ки бо Шумо гапзанон кунанд».

48 Исо дар ҷавоб гуфт: «Модари Ман кист ва бародарони Ман кистанд?» 49 Баъд бо дасташ сӯи шогирдонаш ишора карда, суханашро давом дод: «Ана инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд! 50 Зеро ҳар касе, ки хости Падари осмониамро иҷро мекунад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».

13

Масал дар бораи деҳқон

Худи ҳамон рӯз Исо аз хона баромаду барои таълим додани мардум сӯи кӯл рафт. Аммо дар гирдаш чунон одамони зиёд ҷамъ омаданд, ки Ӯ халқро дар соҳил монда, худаш ба қаиқе савор шуд. Исо ба онҳо бисёр чизҳоро бо масалҳо нақл карда мегуфт: «Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан мебарояд. Вақте ки дона мепошад, як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онҳоро аз замин чида пок-покиза мехӯранд. Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин онҳо зуд месабзанд. Вале бо баромади офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштан хушк мешавад. Миқдори дигараш ба замини хордор меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи навсабзидаро пахш мекунанд. Лекин баъзе донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, баъзе сад, баъзе шаст ва баъзе сӣ баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд».

Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»

Сабаби нақл кардани масалҳо

10 Баъдтар шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Чаро Шумо мардумро бо масалҳо таълим медиҳед?» 11 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Худо ба шумо имконияти фаҳмидани сирру асрори подшоҳии худро додааст, аммо аз онҳо ин чизҳо пинҳон ҳастанд. 12 Чунки ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ва аз ҳад зиёд дода мешавад, аммо касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад. 13 Ана барои чӣ Ман ба онҳо бо масалҳо нақл мекунам: онҳо дида метавонанду намебинанд, шунида метавонанд, вале на мешунаванду на мефаҳманд. 14-15 Ишаъё пайғамбар пешгӯӣ карда гуфта буд:

Ин одамон ҳарчанд гӯш кунанд ҳам, намефаҳманд;

ҳарчанд нигоҳ кунанд ҳам, намебинанд,

чунки ин одамон кундфаҳм шудаанд,

гӯшҳояшон мадори шунидан надоранд

ва чашмонашонро онҳо пӯшидаанд.

Агар ин тавр намекарданд, чашмонашон дида,

гӯшҳояшон шунида

ва ақлашон дарк карда метавонист.

Он гоҳ онҳо сӯи Ман - Худо рӯй меоварданд,

то ки Ман онҳоро шифо диҳам”.

Ин пешгӯӣ ҳақиқатан дар ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.

16 Шумо бошед, хушбахт ҳастед, чунки чашмонатон дида ва гӯшҳоятон шунида метавонанд. 17 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бисёр пайғамбарон ва накӯкорон дар орзуи дидан ва шунидани он чи, ки шумо мебинед ва мешунавед, буданд. Вале онҳо на диданду на шуниданд.

Маънидод кардани масал дар бораи деҳқон

18 Хуб, маънои масалро дар бораи деҳқон гӯш кунед. 19 Ба пайраҳа афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро дар бораи подшоҳии Худо мешунаванду онро намефаҳманд. Шахси Бад омада каломи ба дили онҳо кошташударо кашида мегирад. 20 Ба замини санглох афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду дарҳол бо хушҳолӣ онро қабул мекунанд. 21 Вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳ бардошт мекунанд. Баъд вақте ки аз барои калом ба душворӣ ва азоб дучор мешаванд, зуд имони худро аз даст медиҳанд. 22 Ба замини хорзор афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, аммо ғаму ташвиши зиндагӣ ва орзуи бойигарӣ каломро пахш менамояд ва дар натиҷа он ҳеҷ ҳосиле намеорад. 23 Вале ба замини ҳосилхез афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду онро мефаҳманд. Ана онҳо баъзан сад, баъзан шаст ва баъзан сӣ баробар бештар самара медиҳанд».

Масал дар бораи алафи бегона

24 Ӯ боз дигар масалро нақл карда гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: шахсе ба заминаш донаҳои киштбобро мекорад. 25 Лекин, вақте ки ҳама хоб мераванд, душман меояду дар байни гандум тухми алафи бегонаро пошида, меравад. 26 Сипас, баробари сабзидаву сарак баровардани гандум, алафи бегона низ намоён мегардад. 27 Хизматгорон назди соҳиби киштзор омада мегӯянд: „Хоҷа, шумо дар киштзоратон донаҳои гандумро кошта будеду ин алафи бегона аз куҷо пайдо шуд?” 28 Ӯ ба онҳо ҷавоб дода мегӯяд: „Ин кори душман аст”. Хизматгорон боз мепурсанд: „Мехоҳед, ки мо рафта онҳоро канда партоем?” 29 „Не,- мегӯяд соҳиби киштзор,- чунки алафи бегонаро канданӣ шуда мабодо боз баъзе гандумро ҳам канда напартоед. 30 Бигзор, то вақти ҳосилғундорӣ ҳам гандум ва ҳам алафи бегона истад. Баъд ба даравгарон фармон медиҳам, ки аввал алафи бегонаро канда, даста карда сӯзонанд, сонӣ гандумро даравида, ба анборам ҷамъ кунанд”».

Масалҳо дар бораи донаи хардал ва хамиртуруш

31 Исо ба онҳо боз масали дигареро нақл карда гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: шахсе донаи хардалро гирифта, дар замини худ мекорад. 32 Ин дона аз ҳамаи донаҳои дунё майдатарин мебошад, вале вақте ки он месабзад, аз ҳамаи гиёҳҳо калонтар шуда, ба дарахт мубаддал мегардад ва паррандаҳо омада, дар шохаҳои он лона месозанд».

33 Масали дигаре, ки Вай ба онҳо нақл кард, ин буд: «Подшоҳии Худоро боз чунин тасвир кардан мумкин: Зане каме хамиртуруш мегираду бо як тағора орд омехта, хамир мекунад ва баъд тамоми хамир мерасад».

34 Исо ҳамаи ин чизҳоро фақат бо масалҳо ба мардум нақл кард ва бе масал сухане ҳам ба онҳо нагуфт. 35 Пайғамбаре чунин гуфта буд:

«Ман ба онҳо бо масалҳо сухан меронам;

Ман ба онҳо чизҳои аз аввали офариниш пинҳонбударо нақл мекунам».

Барои амалӣ гаштани ин суханон Исо бо масалҳо гап мезад.

Маънидод кардани масал дар бораи алафи бегона

36 Вақте ки Исо мардумро монда, ба хона рафт, шогирдонаш ба наздаш омада хоҳиш карданд, ки Ӯ масали дар бораи алафи бегона нақлкардаашро ба онҳо маънидод кунад.

37 Вай дар ҷавоб гуфт: «Шахсе, ки донаҳои киштбобро мекорад, Фарзанди Инсон аст; 38 киштзор ин ҷаҳон аст; донаҳои гандум одамони аз они подшоҳии Худо ҳастанд; алафи бегона бошад, одамони аз они Шахси Бад ҳастанд; 39 ва душмане, ки тухми алафи бегонаро мекорад, иблис мебошад. Вақти ҳосилғундорӣ охирзамон аст, даравгарон бошанд, фариштаҳоянд. 40 Чи тавре ки алафи бегонаро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, айнан ҳамин тавр дар охирзамон рӯй медиҳад. 41 Яъне Фарзанди Инсон фариштаҳои худро мефиристад, то ки ҳамаи бадкорон ва ҳамаи васвасакоронро аз дохили подшоҳии Вай ҷудо карда гирифта 42 ба оташи сӯзон партоянд. Дар он ҷо бошад, одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд.

43 Аммо накӯкорон дар подшоҳии Падарашон мисли офтоб медурахшанд. Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!

Давоми масалҳо дар бораи подшоҳии Худо

44 Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: рӯзе як мардикор дар саҳро ганҷинаи касе пинҳонкардаро меёбаду онро боз пинҳон мекунад. Аз шодӣ ӯ рафта тамоми дорояшро мефурӯшаду ҳамон саҳроро мехарад.

45 Подшоҳии Худоро боз ин тавр тасвир кардан мумкин: савдогаре марворидҳои зебо мекобаду мекобад 46 ва ҳангоме ки марвориди аҷаб зеборо меёбад, рафта, тамоми молу мулкашро фурӯхта, онро мехарад.

47 Ана масали дигар, ки бо он подшоҳии Худоро тасвир кардан мумкин: якчанд моҳигир тӯрҳои худро ба кӯл мепартоянду ба тӯрашон ҳар гуна моҳиҳо меафтанд. 48 Вақте ки тӯрҳо пур аз моҳӣ мешаванд, моҳигирон онҳоро ба соҳил мекашанду нишаста моҳиҳоро ба нағзу бад ҷудо мекунанд; нағзашро ба сабадҳо меандозанду бадашро мепартоянд.

49 Дар охирзамон низ ҳамин тавр рӯй медиҳад: фариштаҳо баромада, одамони бадкирдорро аз байни накӯкорон ҷудо мекунанд. 50 Сонӣ одамони бадкирдорро ба оташи сӯзон мепартоянд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд».

Чизҳои нав ва кӯҳна

51 Исо аз шогирдонаш пурсид: «Шумо ин гуфтаҳоямро фаҳмидед?» «Фаҳмидем»,- ҷавоб доданд онҳо.

52 Ӯ давом дода гуфт: «Пас, ҳар шариатдоне, ки дар бораи подшоҳии Худо таълим ёфтааст, монанди соҳиби хона аст, ки аз анбори худ чизҳои нав ва кӯҳнаро берун мебарорад».

Аз Исо рӯй гардондани ҳамдиёронаш

53 Исо нақл кардани масалҳоро тамом карду аз он ҷо баромада 54 ба диёраш баргашт. Ӯ дар ибодатхонаи он ҷо таълим медоду онҳое, ки таълимоташро мешуниданд, ангушти ҳайрат газида ба якдигар мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар ҳикмат дорад-а?» «Қобилияти мӯъҷизакории Ӯ аз куҷо бошад-а? 55 Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Ёқубу Юсуфу Шимъӯну Яҳудо ҳастанд? 56 Магар ҳамаи хоҳаронаш дар шаҳри мо зиндагӣ намекунанд? Пас, аз куҷо Ӯ ин ҳикмату ин қудратро дорад?» 57 Инак, онҳо дар ҳаққи Исо шакку шубҳа карданд.

Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар диёри худ ва дар байни хонадони худ қадр надорад, вале дар ҳама ҷои дигар ӯро бо эҳтиром қабул мекунанд». 58 Ва аз сабаби он ки онҳо ба Исо боварӣ надоштанд, Ӯ дар он ҷо кам мӯъҷиза кард.

14

Марги Яҳёи Таъмиддиҳанда

Дар он айём овоза дар бораи Исо то ба гӯши Ҳиродус, ки ҳокими вилояти Ҷалил буд, рафта расид. Ҳиродус ба мансабдоронаш гуфт, ки дар асл ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, ки аз нав зинда шудааст, барои ҳамин ҳам Ӯ чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дорад.

3-4 Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда Ҳиродус Ҳиродия, зани бародараш Филиппусро ба занӣ гирифта буд. Гаштаю баргашта Яҳё ба ӯ мегуфт: «Аз рӯи шариати мо ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Бинобар ин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир кунанду дасту пояшро баста, ба ҳабс андозанд. Ҳиродус мехост Яҳёро ба қатл расонад, аммо аз халқ метарсид, зеро халқ Яҳёро пайғамбар меҳисобид.

Бо вуҷуди ин, боре дар ҷашнгирии рӯзи таваллуди Ҳиродус духтари Ҳиродия дар пеши меҳмонон рақсу бозӣ карда, Ҳиродусро чунон мафтун кард, ки ӯ қасам ёд карда ба духтар ваъда дод: «Ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам!» Духтар аз рӯи маслиҳати модараш гуфт: «Бароям сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯи табақе оварда диҳед».

Ҳоким ғамгин гашт, вале ба хотири ваъдаи дар пеши меҳмонон додааш, фармон дод, ки гуфти духтарро иҷро кунанд. 10 Ҷаллоди фиристодааш рафта, дар ҳабсхона сари Яҳёро аз танаш ҷудо кард 11 ва дар рӯи табақе ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба дасти модараш супорид. 12 Баъд аз ин шогирдони Яҳё омада, ҷасади ӯро бурда гӯрониданд ва ҳодисаи рӯйдодаро рафта ба Исо нақл карданд.

Бо панҷ нону ду моҳӣ сер кардани зиёда аз панҷ ҳазор кас

13 Ин ҳодисаро шунида, Исо ба қаиқ савор шуду худаш танҳо ба ҷои хилвате рафт. Мардум аз ин огоҳ шуданду аз шаҳрҳои худ баромада пиёда аз паи Ӯ рафтанд. 14 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳоли онҳо раҳмаш омад ва беморони дар байнашон бударо шифо дод.

15 Рӯз ба охир мерасид ва шогирдони Исо ба наздаш омада гуфтанд: «Устод! Ин як ҷои беодам аст, рӯз дер шуд. Мардумро ҷавоб намедиҳед, ки ба қишлоқҳои гирду атроф рафта, барояшон хӯрокворӣ харанд?» 16 «Ба ҳеҷ ҷо рафтанашон лозим нест,- ҷавоб дод Вай.- Шумо ба онҳо хӯрок диҳед!» 17 Онҳо гуфтанд: «Охир мо дар ин ҷо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем». 18 «Онҳоро ба Ман оварда диҳед»,- гуфт Исо.

19 Ӯ ба мардум гуфт, ки рӯи сабза нишинанд. Баъд он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ки ба мардум тақсим карда диҳанд. 20 Ҳама то сер шудан хӯрданду шогирдон боз дувоздаҳ сабади пур аз нонпораҳо ҷамъ карданд. 21 Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон, тақрибан панҷ ҳазор нафар буд.

Дар рӯи об роҳ рафтани Исо

22 Сипас Исо ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шаванду пешопеши Ӯ ба дигар тарафи кӯл раҳсипор шаванд, то худаш ҳам баъд аз мардумро ҷавоб доданаш назди онҳо биравад. 23 Вақте ки Вай мардумро ҷавоб дод, барои дар танҳоӣ дуо кардан ба теппае баромад. Баъд аз нишасти офтоб ҳам Ӯ яккаву танҳо дар он ҷо буд. 24 Қаиқ бошад, аз соҳил хеле дур рафта буд ва аз сабаби боди сахте, ки мухолифи он мевазид, мавҷҳои кӯл қаиқро алвонҷ медоданд.

25 Ҳанӯз чашми рӯз накафида, Исо рӯ-рӯи об қадамзанон ба тарафи шогирдонаш равона шуд. 26 Шогирдон Исои дар рӯи об роҳ рафтаистодаро дида, «Ин арвоҳ! Арвоҳ!» гӯён аз тарсу ваҳм дод заданд. 27 Аммо Ӯ зуд ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед».

28 Он гоҳ Петрус овоз бароварда гуфт: «Хоҷа, агар дар ҳақиқат ин Ту бошӣ, ба ман амр намо, ки рӯ-рӯи об назди Ту биёям». 29 «Биё»,- амр дод Ӯ. Инак, Петрус аз қаиқ баромада дар рӯи об қадам занон ба Исо наздик мешуд. 30 Сахт вазидани шамолро дида тарсид ва қариб ғарқ шуда буд ки, фарёд зад: «Хоҷа, маро наҷот деҳ!» 31 Исо зуд дасташро дароз карда, Петрусро дошта гирифт ва гуфт: «Ин қадар имонат суст аст? Чаро шубҳа кардӣ?»

32 Бо ин суханон онҳо ба қаиқ савор шуданд ва шамол аз вазидан бозмонд. 33 Он гоҳ онҳое, ки дар қаиқ нишаста буданд, ба Исо саҷда карда хитоб намуданд, ки Ӯ дар ҳақиқат Писари Худо аст.

Шифо ёфтани беморони Ҷинесор

34 Онҳо аз кӯл гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омада расиданд. 35 Мардуми он ҷо Исоро шинохтанд ва ба гирду атрофи он сарзамин одамонро фиристоданд, то ки беморонро назди Ӯ гирифта биёранд. 36 Онҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт.

15

Таълимоти аҷдодон

Сипас, ба назди Исо аз Ерусалим чанд нафаре аз фарисиёну шариатдонон омада пурсиданд: «Чаро шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро вайрон мекунанд? Онҳо бетаҳорат сари дастархон мешинанд!»

Ӯ ҷавоб дод: «Худи шумо-чӣ? Чаро барои иҷро кардани урфу одатҳои худ шуда, фармудаҳои Худоро вайрон мекунед? Худо ба мо фармудааст: „Падару модари худро эҳтиром кунед” ва „ҳар кӣ дар ҳаққи падар ё модараш сухани қабеҳ гӯяд, ҷазояш марг аст”. Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ нарасонда гӯяд, ки ман инро ба Худо мебахшам, он гоҳ ҳоҷат нест, ки ба падараш изҳори эҳтиром кунад. Ҳамин тавр шумо барои риоя кардани урфу одатҳои худ шуда, фармудаҳои Худоро барҳам медиҳед. Эй одамони дурӯя! Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте ки оиди шумо пешгӯӣ карда гуфта буд:

„Худо мегӯяд:

Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд,

вале дар асл дилашон аз Ман дур аст.

Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд,

чунки қонуну қоидаҳои инсониро ʻқонуни Худоʼ гуфта таълим медиҳанд!›”».

Чизҳои одамро ҳаромкунанда

10 Баъд Исо мардумро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Ҳамин чизро бидонед, ки 11 он чи аз даҳони одам ба дарунаш медарояд, ӯро ҳаром намекунад, балки он чи аз даҳонаш берун мебарояд, ӯро ҳаром мекунад».

12 Он гоҳ шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда гуфтанд: «Медонед, фарисиён аз суханони Шумо ранҷиданд».

13 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ҳар гиёҳе, ки Падари осмониам нашинондааст, бо решааш канда партофта мешавад. 14 Ба фарисиён аҳамият надиҳед. Онҳо худашон кӯр ҳастанду боз дигар кӯронро роҳнамоӣ мекунанд. Агар кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳардуяшон рафта ба чоҳ меафтанд».

15 Дар ин вақт Петрус ба Исо мегӯяд: «Ба мо маънои масали пештар овардаатонро шарҳ диҳед». 16 Ӯ ба онҳо мегӯяд: «Наход то ҳол нафаҳмида бошед? 17 Магар намедонед, ки он чи шумо мехӯред, аз даҳон медарояду баъд аз меъда гузашта берун мебарояд? 18 Лекин он чи аз даҳон мебарояд, одамро ҳаром мекунад, чунки он аз дили одам бармеояд. 19 Зеро аз дил фикрҳои бад берун меоянд, ки сабаби одамкушӣ, алоқаи беникоҳ, фисқу фуҷур, дуздиву шаҳодати дурӯғдиҳӣ ва тӯҳматкунӣ мегарданд. 20 Ана ин чизҳо одамро ҳаром мекунанд. Аммо бетаҳорат ба сари дастархон нишастан одамро ҳаром намекунад».

Имони як зан

21 Исо аз он ҷо баромада, ба наздикиҳои шаҳрҳои Суру Сидун рафт. 22 Инак, як зани канъонӣ, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, додзанон назди Исо рафта истода гуфт: «Эй Насли Довуд! Илтимос, Хоҷаам, ба ман раҳм кунед! Духтарам дев дорад ва аҳволаш бениҳоят вазнин аст».

23 Аммо аз Исо садое ҳам набаромад. Шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда, хоҳиш карда гуфтанд: «Ин зан доду войкунон аз дунболи мо омада истодааст. Ба вай гӯед, ки биравад!» 24 Исо ҷавоб дод: «Ман фақат ба назди гӯсфандони гумроҳшуда - халқи Исроил фиристода шудаам!»

25 Дар ин мобайн зан ба Ӯ расида омаду ба пеши пойҳояш худро партофта зориву илтиҷо кард: «Хоҷаам, ба ман ёрӣ диҳед!» 26 Вай ҷавоб гардонд: «Нони фарзандонро гирифта ба сагон партофтан дуруст нест».

27 «Рост мегӯед, Хоҷаам,- гуфт дар ҷавоб зан,- лекин сагон ҳам нонрезаҳои аз дастархони соҳибашон боқимондаро мехӯранд-ку». 28 Исо ба ин ҷавоби ӯ гуфт: «Имонат бениҳоят боқувват будааст, хоҳар! Он чи мехостӣ бароят иҷро мешавад». Худи ҳамон лаҳза духтари зан шифо ёфт.

Шифо ёфтани бисёр беморон

29 Исо он ҷойро тарк карду қад-қади кӯли Ҷалил рафта ба теппае баромада нишаст. 30 Ба назди Вай тӯда-тӯда одамон омада, бо худ одамони лангу маъюб, кӯру гунг ва боз дигар хел касалонро оварда пеши пойҳояш мегузоштанд ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо медод. 31 Дар пеши назари ҳама гунгҳо гап задаву лангҳо роҳ рафтаву кӯрон дида метавонистагӣ шуданд, маъюбон сиҳат гаштанд. Инро дида ҳама ҳайрон монданд ва Худои Исроилро ситоиш карданд.

Бо ҳафт нону якчанд моҳӣ сер кардани зиёда аз чор ҳазор кас

32 Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва ҳеҷ хӯрдание надоранд. Ман намехоҳам, ки онҳоро аз пеши худ гурусна ҷавоб диҳам, мабодо дар роҳ аз ҳол нараванд». 33 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Дар ин биёбон мо аз куҷо ин қадар нон меёбем, ки ба чунин тӯдаи одамон расонда тавонем?» 34 Исо дар навбати худ аз онҳо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» «Ҳафтто,- ҷавоб доданд онҳо,- ва якчанд моҳии хурд ҳам дорем».

35 Ӯ мардумро фармуд, ки рӯи замин бишинанд. 36 Баъд он ҳафт нону моҳиҳоро ба даст гирифта, Худоро шукргӯён онҳоро пора кард ва ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро гирифта ба мардум тақсим карданд. 37 Ҳамаи то сер шудан хӯрданду шогирдон боз ҳафт сабади калон пур аз нонпораҳои боқимонда ҷамъ карданд. 38 Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор нафар буд.

39 Пас Исо мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуду ба сарзамини Маҷдал раҳсипор гашт.

16

Талаб кардани нишона

Баъд аз чанд вақт ба назди Исо баъзе аз фарисиён ва саддуқиён омаданд. Онҳо Вайро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки ба онҳо ягон нишонае аз ҷониби Худо диҳад. Аммо Исо дар ҷавоб гуфт: «Агар шомгоҳон осмон кушода бошад, шумо мегӯед, ки пагоҳ ҳавои нағз мешавад. Агар субҳидам осмон тираву гирифта бошад, мегӯед, ки имрӯз шамолу боронгарӣ мешавад. Шумо нишонаҳои осмонро дида чӣ гуна шудани ҳаворо фаҳмида метавонеду нишонаҳои ҳозиразамонро дида, онҳоро муайян карда наметавонед. Фақат насли ба Худо бевафою бадон нишона меҷӯяд! Худо ба ин насл ҳеҷ нишонаи дигаре ба ғайр аз он ки бо Юнус пайғамбар рӯй додааст, намедиҳад».

Инро гуфта Ӯ аз наздашон рафт.

Хамиртуруши фарисиёну саддуқиён

Вақте ки шогирдон ба дигар тарафи кӯл расида омаданд, диданд, ки бо худ нон гирифтанро фаромӯш кардаанд.

Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиёну саддуқиён эҳтиёт кунед». Он гоҳ шогирдонаш ба муҳокима даромада, ба якдигар мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби бо худ нон нагирифтанамон инро гуфт».

Лекин Исо аз муҳокимаи онҳо дарак дошт ва пурсид: «Ҳой, барои чӣ шумо набудани нонро бо якдигар муҳокима мекунед? Имонатон ин қадар суст аст?! Наход то ҳол ҳеҷ чиз нафаҳмида бошед? Магар он панҷ нонро дар ёд надоред, ки чӣ хел панҷ ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар чанд сабад ҷамъ кардед? 10 Ё он ҳафт нонро, ки чор ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар чанд сабади калон ҷамъ кардед? 11 Чӣ тавр шумо намефаҳмед, ки Ман нонро дар назар надорам? Балки гуфтанӣ ҳастам, ки худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед!»

12 Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ на аз хамиртуруши нон, балки аз таълимоти фарисиёну саддуқиён эҳтиёт шудани онҳоро дар назар дошт.

Кӣ будани Исоро эълон кардани Петрус

13 Исо бо шогирдонаш ба маҳаллаи назди шаҳраки Қайсарияи Филиппус рафт. Дар он ҷо Ӯ ба онҳо савол дод: «Одамон дар бораи кӣ будани Фарзанди Инсон чӣ мегӯянд?» 14 Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ӯ Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, қисми дигари одамон мегӯяд, ки Илёс ё Ирмиё ва ё яке аз дигар пайғамбарони гузашта омадааст». 15 Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» 16 Шимъӯни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худои зинда ҳастӣ».

17 Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Чӣ хел хушбахт ҳастӣ, Шимъӯн, писари Юҳанно! Чунки инро ба ту на одамизод, балки Падари Ман, ки дар осмон аст, ошкор кардааст. 18 Бинобар ин ба ту мегӯям, ки ту Петрус - санг ҳастӣ* ва дар болои ин санг Ман ҷамоати имондорони худро пойдор менамоям ва онро ҳатто қувваҳои марг мағлуб карда наметавонанд. 19 Ман ба ту калидҳои подшоҳии Худоро медиҳам ва ҳар чиро, ки ту дар замин манъ кунӣ, Худо аз осмон онро манъ мекунад ва ба ҳар чӣ, ки иҷозат диҳӣ, Худо аз осмон ба он иҷозат медиҳад».

20 Баъд Исо ба шогирдонаш қатъӣ таъкид кард, ки Таъиншудаи Худо будани Ӯро ба касе нагӯянд.

Марги худро пешгӯӣ кардани Исо

21 Аз ҳамон вақт сар карда Ӯ ба шогирдонаш кушоду равшан мегуфт, ки бояд ба Ерусалим равад ва дар он ҷо аз дасти пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бисёр азоб мекашад. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад.

22 Петрус бошад, Исоро як сӯ бурда сарзаниш карда гуфт: «Худо нишон надиҳад! Эй Худованд, он чи гуфтӣ, бигзор ба сарат наояд!» 23 Лекин Вай ба Петрус рӯй оварда гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Ту ба Ман халал расонда истодаӣ, чунки ту фикри Худоро надорӣ, балки фикри инсонӣ мекунӣ!»

24 Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳар каси шумо, ки пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад ва он гоҳ Маро пайравӣ кунад. 25 Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман аз баҳри ҳаёти худаш мегузарад, ҳаёти абадӣ ба даст меоварад. 26 Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? Одамизод бар ивази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад. 27 Фарзанди Инсон бо шӯҳрату ҷалоле, ки Падараш ба Ӯ медиҳад, ҳамроҳи фариштаҳои худ меояд ва ба ҳама он чиро, ки мувофиқи амалашон сазовор мешаванд, медиҳад. 28 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо чанд касе ҳастанд, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон мебинанд, ки чӣ тавр Фарзанди Инсон барои подшоҳӣ кардан меояд».

17

Дигаргун шудани намуди зоҳирии Исо

Пас аз шаш рӯз Исо Петрус ва бародарон Ёқубу Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта ба баландии кӯҳе бурд, ки он ҷо онҳо танҳо буданд. Баъд дар пеши назари шогирдон намуди зоҳирии Ӯ дигаргун шуд. Чеҳрааш монанди офтоб дурахшид, либосаш ҳам мисли равшании нур сап-сафед шуд. Ногаҳон Мӯсо ва Илёс пайғамбар дар пеши назари шогирдон пайдо шуданд ва бо Исо сӯҳбат мекарданд. Петрус ба сухан даромада ба Исо гуфт: «Худовандо, чӣ хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Агар хоҳӣ ман дар ин ҷо се хайма месозам, яке барои Ту, дигаре барои Мӯсо ва сеюм барои Илёс».

Ҳанӯз вай суханашро тамом накарда, абри тобоне пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва аз даруни он овозе шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хушнудам. Ӯро гӯш кунед». Аз шунидани ин овоз шогирдонро ваҳм фаро гирифт ва онҳо худро рӯи замин партофтанд. Аммо Исо ба наздашон омаду ба онҳо даст расонда гуфт: «Бархезед ва аз ҳеҷ чиз натарсед». Онҳо ба боло нигоҳ карданд ва ғайр аз Исо касеро надиданд.

Аз кӯҳ поён фаромада истода Исо ба шогирдон фармуд, ки то Фарзанди Инсон мурда аз нав зинда нашавад, ба ҳеҷ кас аз чизи дидагиашон даҳон накушоянд. 10 Он гоҳ шогирдон аз Ӯ пурсиданд: «Чаро шариатдонон мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?»

11 «Дуруст,- ҷавоб дод Ӯ,- аввал бояд Илёс биёяд ва ҳама чизро барқарор намояд. 12 Ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омадааст ва одамон вайро нашинохтанду ҳар коре, ки хостанд, бо вай карданд. Бо Фарзанди Инсон низ ҳамон тавр рафтор хоҳанд кард».

13 Он вақт шогирдон фаҳмиданд, ки Исо Илёс гуфта Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар назар дошт.

Шифо ёфтани бачаи девона

14 Ҳангоме ки онҳо назди мардум баргаштанд, марде пеши Исо омаду ба сари зону истода 15 гуфт: «Хоҷа, ба писарам раҳм бикун! Вай касалии эпилепсия дорад ва бениҳоят азоб мекашад. Аз ин рӯ, ӯ худро зуд-зуд ба оташ ё ба об мепартояд. 16 Вайро ба назди шогирдонат овардам, лекин онҳо ӯро шифо дода натавонистанд».

17 Исо ҷавоб дод: «Эй насли беимонону гумроҳон! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Канӣ, рафта бачаро ба наздам биёред!» 18 Бачаро гирифта ба наздаш оварданд ва Ӯ ба дев фармон дод, ки аз бача берун барояд. Дев берун баромад ва бача худи ҳамон лаҳза сиҳат гашт.

19 Сипас шогирдон аз мардум ҷудо шуда, пеши Исо омада пурсиданд: «Чаро мо девро берун карда натавонистем?»

20 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Аз барои сустии имонатон. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар имонатон донаи хардал барин бошад, он гоҳ ба ин кӯҳ „Аз ин ҷо ба он ҷо гузар” гӯед, кӯҳ мегузарад. Пас, бароятон ҳеҷ чиз имконнопазир намешавад. 21 Аммо ин зот фақат бо дуо ва рӯза берун карда мешавад».

22 Ҳангоме ки шогирдон дар Ҷалил ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо гуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад 23 ва онҳо Ӯро мекушанд, лекин дар рӯзи сеюм Ӯ аз нав зинда мегардад». Шогирдон аз шунидани ин суханон сахт ғамгин гаштанд.

Барои Хонаи Худо супоридани андоз

24 Вақте ки Исо бо шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, касоне ки барои Хонаи Худо андоз ҷамъ мекарданд, назди Петрус омада пурсиданд: «Магар устоди ту андоз намесупорад?» 25 «Албатта месупорад»,- ҷавоб дод Петрус.

Баъд Петрус ба хона даромад ва ҳанӯз ӯ даҳон накушода, Исо ба вай гуфт: «Шимъӯн, бигӯй, ба фикрат подшоҳон андозу хироҷро аз кӣ меситонанд? Аз шаҳрвандони худӣ ё бегона*26 «Аз бегона»,- ҷавоб гардонд Петрус.

«Пас, шаҳрвандони худӣ аз ин вазифа озоданд. 27 Лекин барои наранҷонидани ин одамон сӯи кӯл рафта бо шасти моҳигирӣ сайд кун. Аз даҳони моҳии аввалине, ки сайд мекунӣ, тангаеро меёбӣ ва ин тангаро гирифта аз номи Ман ва худат андозро супор».

18

Кӣ аз ҳама бузургтар аст?

Аз мобайн вақти зиёде нагузашта, ба пеши Исо шогирдонаш омада пурсиданд: «Дар подшоҳии Худо кӣ бузургтар аст?»

Исо ба наздаш як кӯдакро хонда, ӯро дар пеши шогирдонаш гузошту ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, то тарзи фикррониатонро тағйир дода, монанди кӯдакон нашавед, ҳаргиз ба подшоҳии Худо дохил шуда наметавонед. Аз ин рӯ, он кас дар подшоҳии Худо бузургтар аст, ки худро монанди ин бача хоксор мегирад. Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири номи Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад.

Лекин вой бар ҳоли касе, ки яке аз пайравони хурдтарини ба Ман боваркардаро аз роҳи имон занад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро баста, ба баҳри чуқур партоянд.

Вой бар ҳоли одамони ин олам аз дасти васвасаҳо! Васвасаҳо ҳамеша пайдо мешаванд, вале вой бар ҳоли васвасакорон!

Агар даст ё поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як даст ё пой буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду дасту пой дошта бошию ба оташи абадии дӯзах биафтӣ. Инчунин, агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки як чашм дошта бошию соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду чашм дошта бошиву ба оташи дӯзах партофта шавӣ».

Масал дар бораи гӯсфанди гумроҳшуда

10-11 Ӯ суханашро давом дода гуфт: «Эҳтиёт бошед, ки ҳатто бо яке аз пайравони хурдтаринам хунукназарона рафтор накунед, зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои нигаҳбони онҳо ҳамеша дар назди Падари осмониам ҳузур дошта метавонанд.*

12 Фарз кардем, ки як мард сад сар гӯсфанд дораду якеаш аз рама ақиб монда роҳро гум мекунад. Он мард чӣ кор мекунад? Магар наваду нӯҳ гӯсфандро дар теппаҳои чарогоҳ монда ба ҷустуҷӯи гӯсфанди гумроҳшудааш намеравад? 13 Ва баъд аз ёфтанаш, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки барои ин гӯсфанд назар ба он наваду нӯҳ гӯсфанди гумроҳнашуда бештар хурсандӣ мекунад. 14 Падари осмонии шумо низ ҳаргиз намехоҳад, ки яке аз пайравони хурдтарини Ман гумроҳ шавад.

Фармон дар бораи бахшидани бародар

15 Агар ягон бародаратон бар зидди яке аз шумо гуноҳ кунад, ба назди ҳамон бародар рафта, якка ба якка айбашро ба рӯяш гӯед, агар айбашро ба гардан гирад, донед, ки вайро аз нав ҳамчун бародар пайдо кардаед. 16 Вале, агар ба гапатон гӯш надиҳад, рафта як ё ду бародари дигарро ҳамроҳатон биёред, то ҳақ будани суханатон бо ду ё се шоҳид исбот гардад. 17 Агар ба гапи онҳо ҳам гӯш надиҳад, ба ҷамоати имондорон дар ин хусус гӯед. Аммо агар ба гапи тамоми ҷамоат низ гӯш надиҳад, бигзор вай бароятон ҳамчун андозгири беинсофу одами беимон бошад.

18 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар чиро, ки шумо дар замин манъ кунед, Худо аз осмон онро манъ мекунад ва ба ҳар чӣ, ки иҷозат диҳед, Худо аз осмон ба он иҷозат медиҳад. 19 Боз илова мекунам, агар дар замин ду каси шумо бо розигии якдигар барои ягон чиз дуо кунед, Падари осмониам ҳатман бароятон ҳамон чизро иҷро мекунад. 20 Зеро дар ҷое, ки ду ё се кас ба хотири номи Ман ҷамъ мешаванд, Ман ҳам дар байни онҳо мешавам».

Масал дар бораи қарздиҳандаи беинсоф

21 Баъдтар Петрус назди Исо омада пурсид: «Худованд, агар бародаре бар зидди ман гуноҳ кардан гирад, чанд маротиба вайро бахшиданам даркор? Ҳафт маротиба?»

22 «Не,-ҷавоб дод Ӯ. - Ҳафт маротиба нею ҳафтод карат ҳафт маротиба бубахш. 23 Зеро подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: Рӯзе як подшоҳ хост, ки қарзҳои хизматгоронашро ба ҳисоб гирад. 24 Вақте ки ҳисобу китобро сар кард, ба наздаш хизматгореро оварданд, ки аз шоҳ маблағи бениҳоят калоне* қарздор буд. 25 Азбаски хизматгор аз ӯҳдаи баргардондани қарз баромада наметавонист, шоҳ амр дод, ки ба ҷои товон ӯ бо зану фарзандонаш ва тамоми молу мулкаш фурӯхта шавад. 26 Он хизматгор худро пеши пойҳои шоҳ партофта зорию тавалло карда гуфт: „Тақсирам, илтимос, ба ман мӯҳлат диҳед ва ман тамоми қарзамро бармегардонам”. 27 Шоҳ ба ҳоли хизматгор раҳм карду қарзашро ба вай бахшида ҷавоб дод.

28 Хизматгор бошад, берун баромада ҳамхизматашро дид. Ин ҳамхизматаш аз вай маблағи нисбатан камтаре* қарздор буд. Вай аз гулӯи ҳамхизматаш дошта, ӯро буғӣ карда истода талаб кард, ки қарзашро гардонда диҳад. 29 Ҳамхизматаш худро ба рӯи замин партофта, ба зориву тавалло кардан даромад: „Илтимос, мӯҳлат деҳ ва ман албатта қарзамро бармегардонам”. 30 Аммо хизматгор розӣ нашуда, ҳамхизматашро ба ҳабсхона супорид ва ӯ то қарзро гардонда надиҳад, ҳамон ҷо мемонд. 31 Дигар хизматгорон ин ҳодисаро дида, сахт ранҷиданд ва рафта ба шоҳ буду шуди воқеаро нақл карданд. 32 Шоҳ он хизматгорро ба наздаш хонда гуфт: „Эй хизматгори бад! Ту маро зориву тавалло кардӣ ва ман ба ту тамоми қарзатро бахшидам. 33 Ман ба ту раҳм кардам. Пас, ту ҳам бояд ба ҳамхизматат раҳм мекардӣ”. 34 Шоҳ дар ғазаб шуда, амр дод, ки ин хизматгорро то пурра супоридани қарзаш ба ҳабс партоянд, то азобашро кашад.

35 Хуллас, Падари осмониам низ то бародаратонро аз самими дил набахшед, бо ҳар яки шумо айнан ҳамин тавр рафтор мекунад».

* *12:21 Баал-Забул - ниг. 10:25.

* *16:18 Петрус - аз юнонӣ санг тарҷума мешавад.

* *17:25 Дар империяи Рум андозу хироҷро халқҳои мустамликашуда месупориданд, худи шаҳрвандони румӣ аз ин озод буданд.

* *18:10-11 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Зеро Фарзанди Инсон барои наҷот додани одамони гумроҳшуда омадааст».

* *18:24 Дар нусхаи аслӣ «даҳ ҳазор талант» омадааст. Арзиши як талант ба маоши понздаҳсолаи коргар баробар буд.

* *18:28 Дар нусхаи аслӣ «сад динор» омадааст. Арзиши як динор ба маоши якрӯзаи коргар баробар буд.



<< Башорат