Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Хушхабар аз Матто 19-28

Copyright Фонди «Калом»

Дар бораи ҳамин китоб савол ё фикрҳо доред? Ба kalomikhudo@mail.ru нависед.

19

Таълимот дар бораи талоқ

Исо суханонашро ба охир расонда, аз вилояти Ҷалил сӯи сарзамини Яҳудия, ки дар дигар тарафи дарёи Урдун ҷойгир буд, раҳсипор шуд. Аз паси Ӯ тӯда-тӯдаи одамон низ рафтанд ва дар он ҷо Ӯ онҳоро шифо бахшид.

Баъд чанд нафаре аз фарисиён Исоро озмуданӣ шуда, савол доданд: «Оё аз рӯи шариат мумкин аст, ки мард бо ҳар сабабе, ки хоҳад, аз занаш ҷудо шавад?» Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки „Офарандаи одамизод аз ибтидо онҳоро мард ва зан офаридааст”? Боз дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Бинобар ин мард бояд аз падару модараш ҷудо шуда, бо ҳамсараш бипайвандад, то ки на ду нафар, балки як тан шаванд”. Акнун онҳо на ду тан, балки якто ҳастанд. Пас, бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст».

Фарисиён боз саволе доданд: «Пас, чаро Мӯсо фармудааст, ки барои ҷудо шудан мард бояд ба занаш талоқномае навишта ҷавоб диҳад?» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ба сабаби сангдилиатон Мӯсо иҷозати ҷудо шуданро додааст, аммо аз аввал ин тавр набуд. Ман ҳоло ба шумо мегӯям, агар марде бо ҳар сабабе (ғайр аз сабаби бевафоии занаш) аз занаш ҷудо шуда, зани дигар гирад, вай гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад».

10 Шогирдони Исо гуфтанд: «Устод, агар вазифаи шавҳар нисбат ба зан ин хел бошад, он гоҳ ба мард беҳтар аст, ки тамоман зан нагирад». 11 «На ҳама ин гуфтаҳоро қабул карда метавонанд,- ҷавоб дод Вай, - фақат касоне, ки Худо ба онҳо насиб гардондааст. 12 Зеро мардон бо сабабҳои гуногун зан намегиранд: баъзеҳо мисли ахташуда таваллуд мешаванд, баъзеҳоро одамон ахта мекунанд ва баъзеҳо бо нияти ба Худо хизмат кардан зан намегиранд. Бигзор касе, ки ин гуфтаҳоро қабул карда метавонад, қабул кунад».

Баракат ёфтани кӯдакон

13 Баъзе касон ба назди Исо кӯдаконро оварданд, то ки Ӯ ба сари онҳо даст гузошта барояшон дуо кунад. Шогирдон инро дида, онҳоро сарзаниш намуданд. 14 Аммо Исо гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд». 15 Баъд бо нияти баракат додан ба сари кӯдакон даст гузошту аз он ҷо рафт.

Таълимот дар бораи хавфи сарват

16 Боре як мард пеши Исо омада, аз ӯ пурсид: «Устод, барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ некие бояд кунам?» 17 Ӯ ба мард ҷавоб дод: «Чаро аз Ман дар бораи чизи нек мепурсӣ? Фақат як кас нек аст. Агар хоҳӣ, ки ҳаёти абадӣ насибат гардад, фармоишҳоро риоя намо». 18 «Кадом фармоишҳоро?»- пурсид мард.

Исо ба номбар кардани фармоишҳо даромада гуфт: «Одамкушӣ накун, алоқаи беникоҳ накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, 19 падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо ва шахсеро, ки наздики ту аст, мисли худат дӯст бидор». 20 Ҷавонмард ҷавоб дод: «То ба имрӯз ҳамаи ин фармоишҳоро риоя кардаам. Ғайр аз ин боз чӣ карданам лозим аст?» 21 Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ, ки комил бошӣ, рафта, тамоми молу мулкатро фурӯшу пулашро ба камбағалон тақсим бикун. Он гоҳ соҳиби мукофоти осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».

22 Ҷавонмард хеле сарватманд буд, бинобар ҳамин бо шунидани ин суханон андӯҳгин гашта, аз он ҷо рафт.

23 Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба подшоҳии Худо дохил шудани шахси сарватманд бениҳоят душвор аст. 24 Боз мегӯям, ки аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси сарватманд ба подшоҳии Худо дохил шавад».

25 Шунидани ин суханон шогирдонро ба ҳайрат оварду онҳо пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» 26 Исо ба шогирдонаш бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Ба инсон ин корро кардан ғайриимкон аст, вале бо Худо аз ӯҳдаи ҳар кор баромадан мумкин аст».

27 Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо аз баҳри ҳама чиз баромада, Шуморо пайравӣ кардем. Пас насиби мо чист?» 28 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, вақте ки давраи нав сар мешаваду Фарзанди Инсон бар тахти пуршукӯҳи худ менишинад, дувоздаҳ нафари шумо низ, ки Маро пайравӣ кардаед, бар тахтҳо нишаста ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ хоҳед кард. 29 Инчунин, ҳар касе ки барои Ман шуда аз баҳри хонаҳо, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, ҳамаи инро сад маротиба зиёдтар пайдо мекунад ва дар оянда зиндагии абадӣ низ насибаш мегардад. 30 Лекин бисёри онҳое, ки ҳоло дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд ва онҳое, ки дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд».

20

Масал дар бораи мардикорони токзор

Исо суханашро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: як заминдор барои ба токзораш киро кардани мардикорон саҳарии барвақт ба бозор баромад. Ӯ якчанд мардикорро ёфта, онҳоро бо якдинорӣ ба рӯзи кориашон киро карду ба токзораш фиристод. Соати қариби нӯҳ вай боз ба бозор рафт ва дар он ҷо якчанд марди бекористодаро дида, ба онҳо гуфт: „Шумо ҳам ба токзори ман рафта кор кунед, баъд ман шуморо розӣ мекунам”. Онҳо рафтанд. Заминдор соатҳои тақрибан дувоздаҳ ва се низ рафта мардикоронро киро кард. Қариби соати панҷ буд, ки вай боз ба бозор рафт ва боз якчанд марди бекористодаро дида пурсид: „Чаро шумо тамоми рӯзатонро бе кор гузаронда истодаед?” Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: „Чунки ҳеҷ кас моро киро накард”. „Хайр, набошад, ба токзори ман рафта кор кунед”,- таклиф кард соҳиби токзор.

Бо наздикшавии шом соҳиби токзор ба назоратчиаш гуфт: „Рафта мардикоронро ҷеғ зану аз онҳое, ки охирин киро кардам, сар карда то ба онҳое, ки аввал киро кардам, бо навбат музди корашонро деҳ”. Мардикороне, ки соати панҷ киро шуда буданд, ҳар кадоме якдинорӣ музд гирифтанд. 10 Инак, онҳое, ки аввал киро шуда буданд, фикр карданд, ки бештар музд мегиранд, аммо бо расидани навбати онҳо, ҳар кадоме аз онҳо низ якдинорӣ гирифтанд. 11 Онҳо пулашонро гирифта, аз соҳиби токзор шикоят карданд: 12 „Онҳое, ки охирин киро шуда буданд, фақат як соат кор карданд. Мо бошем, дар офтоби сӯзон рӯзи дароз арақи ҷабин рехта кор кардему шумо ба онҳо баробари мо музд додед!” 13 Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо ҷавоб дода гуфт: „Ҳой, ҷӯра! Ман ҳаққатро нахӯрдаам. Магар худат розӣ нашудӣ, ки ба як рӯзи кориат як динор диҳам? 14 Ана, пулатро гиру ба хонаат рав. Ба ин марди охирин киро кардаам бошад, ман хостам баробари ту музд диҳам. 15 Чӣ магар ман ҳақ надорам, чи хеле ки хоҳам, ҳамон хел пуламро сарф кунам? Ё ба саховатмандии ман ҳасад мебарӣ?”».

16 Дар хотима Исо гуфт: «Пас, касоне, ки ҳоло дар сафи пеш истодаанд, дар сафи ақиб хоҳанд шуд ва касоне, ки ҳоло дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш хоҳанд шуд*».

Марги худро пешгӯӣ кардани Исо

17 Исо ба сӯи Ерусалим роҳравон шогирдонашро ба як тарафе бурда танҳо ба онҳо гуфт: 18 «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон супорида мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум карда, 19 ба дасти беимонон месупоранд. Беимонон бошанд, Ӯро масхараву қамчинкорӣ карда, оқибат ба салиб мехкӯб менамоянд. Лекин Вай дар рӯзи сеюм аз нав зинда мешавад».

Хоҳиши модари ду шогирд

20 Дар ин миён зани Забдой бо ду писараш назди Исо омада, ба Ӯ таъзим карду чизе хоҳиш карданӣ шуд.

21 Исо пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ?» «Мехоҳам, амр кунӣ, ки ҳангоми подшоҳӣ карданат писарони ман аз дасти чапу рости Ту бишинанд»,- ҷавоб дод зан.

22 Исо ба писарони зан гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косаи азобе, ки Ман менӯшам, шумо нӯшида метавонед?»

«Метавонем»,- ҷавоб доданд онҳо.

23 Ӯ гуфт: «Бале, шумо дар ҳақиқат аз косаи Ман хоҳед нӯшид. Аммо ба интихоб кардани касоне, ки аз дасти чапу рости Ман мешинанд, ҳақ надорам. Ин ҷойҳо насиби онҳое мешаванд, ки Падарам барояшон тайёр кардааст».

24 Даҳ шогирди дигар ин гуфтугӯйро шунида, ба ин ду бародар сахт қаҳрашон омад. 25 Он гоҳ Исо ҳамаи онҳоро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Шумо хуб медонед, ки подшоҳон ва ҳокимони халқҳо ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро бар онҳо мегузаронанд. 26 Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс, ҳар кас ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори дигарон бошад 27 ва ҳар кас ки мехоҳад дар сафи пеш истад, бояд ғуломи дигарон бошад. 28 Айнан чӣ тавре ки Фарзанди Инсон на барои он омадааст, ки касе ба Ӯ хизмат кунад, балки омад, то ки ба дигарон хизмат кунад ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонашро фидо кунад».

Шифо ёфтани ду марди нобино

29 Баъдтар Исо бо шогирдонаш аз шаҳри Ериҳӯ ба роҳ баромада буд, ки мардуми зиёде аз паи онҳо рафтанд. 30 Воқеан ду нобиное дар канори роҳ менишастанд. Онҳо гузашта истодани Исоро шунида, зуд фарёд заданд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!»

31 Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Аммо онҳо боз баландтар дод зада мегуфтанд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!»

32 Исо аз роҳаш бозистода онҳоро ба наздаш хонд ва пурсид: «Шумо чӣ мехоҳед? Бароятон чӣ кор кунам?» 33 Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Хоҷа, мехоҳем, ки чашмонамонро бино кунед».

34 Дили Исо ба ҳоли онҳо сӯхту ба чашмонашон даст гузошт. Худи ҳамон лаҳза чашмони он ду мард бино шуданд ва онҳо аз паси Исо рафтанд.

21

Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо

Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Ерусалим наздик шуда истода, ба деҳаи Байт-Фоҷии назди теппаи Зайтун расида омаданд. Пас, Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода, ба онҳо чунин гуфт: «Ба қишлоқи дар пешистода равед ва ҳамин ки ба он ҷо рафта расидед, модахари басташудаеро якҷоя бо бачааш меёбед. Банди вайро кушоеду ҳардуяшро ба наздам биёред. Агар касе ягон гап занад, гӯед, ки онҳо ба Худованд даркор шуданд ва ӯ даррав ба бурдан иҷозат медиҳад».

Ин ҳодиса барои ба амал омадани суханони пайғамбар рӯй дод, ки чунин гуфта буд:

«Ба сокинони шаҳри Ерусалим бигӯед:

Ана, Шоҳи шумо ба наздатон омада истодааст.

Шоҳи хоксор, ки харсавор,

болои бачаи модахаре омада истодааст”».

Инак, ду шогирдаш рафта гуфтаи Исоро иҷро карданд. Онҳо модахарро бо бачааш оварда, ҷомаҳои худро ба болои онҳо партофтанд ва Исо савор шуд. Мардуми зиёде, ки бо Исо буданд, ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, баъзеашон бошанд, навдаҳои дарахтонро бурида, аз рӯи иззат сари роҳаш мегузоштанд. Мардум аз пешу қафои Исо роҳравон бо овози баланд дод мезаданд: «Шаъну шараф ба Насли Довуд! Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!»

10 Вақте ки Ӯ ба Ерусалим ворид гашт тамоми шаҳр ба ҳаяҷон омад. Одамон «Ин кист?» гуфта мепурсиданд. 11 Мардуме, ки аз паи Исо меомаданд, ҷавоб медоданд, ки ин Исо пайғамбар аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил аст.

Пок намудани Хонаи Худо

12 Сипас, Исо ба ҳавлии Хонаи Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки бо хариду фурӯш машғул буданд, аз он ҷо берун ронд. Мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа карда 13 гуфт: «Дар навиштаҷот гуфтаҳои Худо омадаанд, ки „Хонаи Ман ҷои дуогӯӣ номида мешавад”. Шумо бошед, онро ба паноҳгоҳи дуздон табдил додаед».

14 Дар ин мобайн кӯрон ва лангон дар Хонаи Худо назди Исо омаданд ва Ӯ онҳоро шифо дод.

15 Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бо дидани мӯъҷизаҳои аҷоиби Исо ва аз шунидани доди кӯдакон, ки дар Хонаи Худо «Шаъну шараф ба Насли Довуд!» мегуфтанд, ба ғазаб омаданд. 16 Онҳо ба Вай гуфтанд: «Магар Ту намешунавӣ, ки кӯдакон чӣ гуфта истодаанд?»

«Албатта мешунавам,- ҷавоб дод Исо ва илова кард,- Магар шумо дар навиштаҷот ин гуфтаҳоро нахондаед:

Забони кӯдакону тифлҳои ширхорро

Ту асбоби ситоиши худ гардондӣ”?»

17 Бо ин суханон Исо онҳоро тарк карду аз шаҳр берун шуда, ба деҳаи Байт-Ҳинӣ рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд.

Хушк шудани дарахти анҷир

18 Бомдодон Ӯ ба шаҳр баргашта истода буд, ки гурусна монд. 19 Воқеан дар сари роҳаш дарахти анҷиреро дида, ба назди он омад. Аммо ба ғайр аз баргҳо дар он ҳеҷ чиз наёфта, ба дарахт гуфт: «Акнун, ту ҳаргиз мева нахоҳӣ дод». Фавран дарахт аз бехаш хушк шуд.

20 Шогирдон ин ҳодисаро дида, бо тааҷҷуб пурсиданд: «Устод, чӣ хел шуд, ки дарахти анҷир якбора аз бехаш хушк шуд?» 21 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар шумо бовар кунеду шубҳа надошта бошед, он гоҳ он кореро, ки Ман бо дарахти анҷир кардам, шумо ҳам карда метавонед. Ва на фақат ин корро, балки, агар шумо ҳатто ба кӯҳ гӯед, ки бархеста ба баҳр биафтад, сухани гуфтаатон иҷро мешавад. 22 Агар шумо бовар кунед, он гоҳ ҳар чӣ дар дуо талаб кунед, ба даст меоваред».

Савол дар бораи ҳуқуқи Исо

23 Исо ба Хонаи Худо баргашта, машғули таълимдиҳӣ шуд, ки сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ба наздаш омада пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Кӣ ба Ту ин ҳаққу ҳуқуқро додааст?» 24 Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо як саволе дорам. Агар ба он ҷавоб диҳед, он гоҳ мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунам. 25 Бигӯед, ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?»

Онҳо байни якдигар баҳс карда гуфтанд: «Агар „Худо дода буд” гӯем, Ӯ мепурсад, ки чаро ба Яҳё бовар накардем. 26 Аммо агар „инсон” гӯем, халқ зидди мо мебарояд, чунки ба пайғамбар будани Яҳё эътиқод дорад». 27 Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавоб доданд.

Ӯ низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунам».

Масал дар бораи ду писар

28 Исо суханашро давом дода гуфт: «Дар бораи ин ҳикоя чӣ фикр доред? Марде ду писар доштааст. Рӯзе вай пеши писари калониаш омада мегӯяд: „Писарам, имрӯз ба токзор рафта кор кун”. 29-30 Писараш бошад, „намеравам” мегӯяд. Баъд падараш рафта, аз писари дуюмаш хоҳиш мекунад. Писари дуюмаш „хуб шудааст” гуфта ҷавоб медиҳад. Лекин баъдтар писари калонӣ аз фикраш гашта ба токзор меравад. Писари дуюмаш бошад, намеравад». 31 Исо аз сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм пурсид: «Инак, кадоме аз писарон хости падарашро иҷро кард?»

«Писари калониаш»,- ҷавоб доданд онҳо.

Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки одамони радди маърака, яъне андозгирон ва фоҳишаҳо пеш аз шумо ба подшоҳии Худо дохил шуда истодаанд. 32 Зеро Яҳёи Таъмиддиҳанда ба назди халқамон барои роҳи ростро нишон додан омад, аммо шумо ба ӯ бовар накардед, андозгирон ва фоҳишаҳо бошанд, бовар карданд. Ҳатто баъд аз дидани ҳамаи ин шумо аз фикратон нагаштед ва бовар накардед.

Масал дар бораи иҷоракорон

33 Ба масали дигаре гӯш андозед,- гуфт ӯ. Як заминдор токзор бунёд карда, гирди онро девор мегирад. Барои фишурдани ангур ҳавз мекобад ва дидбонгоҳе месозад. Баъд токзорашро ба чанд нафаре иҷора медиҳаду хонаашро монда ба кишвари дигар сафар мекунад.

34 Бо фаро расидани вақти ҳосилғундорӣ соҳиби токзор барои гирифтани ҳаққи ҳосил хизматгоронашро назди иҷоракорон мефиристад. 35 Аммо иҷоракорон хизматгорони ӯро дастгир карда, якеашро мезананд, дигареро мекушанд ва сеюмро сангсор мекунанд. 36 Соҳиби токзор аз дафъаи аввал дида бештар хизматгоронашро мефиристад. Аммо иҷоракорон бо онҳо низ ҳамон тавр рафтор мекунанд. 37 Оқибат, соҳиби токзор „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд” гуфта, писарашро назди онҳо мефиристад. 38 Лекин иҷоракорон писарро дида, ба якдигар мегӯянд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва ба меросаш соҳиб мешавем!”. 39 Бо ин қарор онҳо писарро дастгир мекунанду вайро аз токзор берун бароварда мекушанд».

40 Баъд Исо савол дод: «Хӯш, вақте ки худи соҳиби токзор бармегардад, бо ин иҷоракорон чӣ хел рафтор мекунад?» 41 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Ҳатман он бадонро бераҳмона хоҳад кушт. Токзорро бошад, ба иҷоракорони дигар медиҳад, ки ҳаққи ҳосилашро дар вақташ медиҳанд».

42 Исо ба онҳо гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот чунин гуфтаҳоро боре ҳам нахондаед:

Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд,

санги асосии таҳкурсии бино гардид.

Ин кори Худованд аст

ва ба назарамон аҷиб менамояд”?

43 Бинобар ин, ба шумо мегӯям, ки имконияти аз они подшоҳии Худо будан аз шумо гирифта мешавад ва ба халқҳое дода мешавад, ки хости Худоро иҷро мекунанд. 44 Ҳар касе, ки ба болои он санг меғалтад, шикаста майда-майда мешавад, вале агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад».

45 Сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён масалҳои Исоро шунида, фаҳмиданд, ки Вай дар бораи онҳо нақл карда истодааст. 46 Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир намоянд, аммо аз мардуми ҷамъомада метарсиданд, чунки онҳо Исоро пайғамбар ҳисоб мекарданд.

22

Масал дар бораи базми тӯй

Исо боз ба сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм рӯ оварда гуфт: «Подшоҳии Худоро бо чунин масал тасвир кардан мумкин: подшоҳе писарашро хонадор карданӣ шуда, базм барпо мекунад ва хизматгоронашро барои даъват кардани меҳмонон мефиристад. Аммо даъватшудагон омадан нахостанд. Шоҳ дигар хизматгоронашро фиристода мегӯяд: „Рафта ба даъватшудагон гӯед, ки ба тӯй биёянд, чунки барзагову гӯсолаҳои беҳтарин аллакай кушта шудаанду ҳама чиз барои зиёфат тайёр аст”. Лекин даъватшудагон ба суханони хизматгорон эътибор надода, ҳар якеашон бо кори худашон машғул мешаванд: як қисмашон ба саҳроҳои худ мераванд, қисми дигарашон ба дӯконҳои худ, баъзеашон бошанд, хизматгоронро дошта, латту кӯб мекунанду мекушанд.

Шоҳ ба қаҳру ғазаб омада, сарбозонашро назди он одамкушон мефиристад, ки онҳоро нобуд карда шаҳрашонро сӯзонанд. Ба хизматгоронаш бошад, мегӯяд: „Зиёфати тӯй тайёр аст, аммо ин даъватшудагон садқаи зиёфатам шаванд. Ҳоло ба кӯчаҳои серодам раведу чӣ қадар бисёртар одамонро ёфта тавонед, ҳамаашонро таклиф кунед”. 10 Хизматгорон ба кӯчаҳо рафта, ҳар касеро, ки меёфтанд, баду некро фарқ накарда ба тӯйхона ҷамъ меоварданд. Оқибат тӯйхона пури одам шуд.

11 Вақте ки шоҳ барои дидани меҳмонон ба тӯйхона медарояд, чашмаш ба марде меафтад, ки либосаш идона нест. 12 „Эй ҷӯра,- муроҷиат мекунад ба ӯ шоҳ,- чӣ тавр ту ба ин ҷо бе либоси идона даромада омадӣ?” Вале он мард чӣ гуфтанашро намедонист.

13 Он гоҳ шоҳ ба хизматгоронаш фармон дода мегӯяд: „Дасту пои ин мардро баста ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд”». 14 Исо суханонашро хотима дода гуфт: «Донед, ки бисёр касон даъват шудаанд, лекин интихобшудагон кам ҳастанд».

Вазифаи одамон назди ҳокимон ва Худо

15 Он гоҳ фарисиён як тараф ҷамъ шуда, нақша кашиданд, ки чӣ тавр Исоро бо сухан ба дом афтонанд. 16 Пас, онҳо чанд нафар аз шогирдонашон ва аъзоёни ҳизби ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд. Фиристодашудагон гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва ба мавқею дараҷаи одамон эътибор надода, бе хушомадгӯӣ роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. 17 Бигӯед, ба фикри Шумо, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?»

18 Исо, ки аз нияти бади онҳо бохабар буд, ҷавоб дод: «Ҳой, дурӯяҳо! Чаро Маро ба дом афтонданӣ ҳастед?! 19 Канӣ, динори андоз месупоридагиро ба Ман оварда нишон диҳед-чӣ!» Онҳо динорро ба Исо нишон доданд 20 ва Ӯ пурсид: «Дар он акс ва номи киро мебинед?» 21 «Императорро»,- ҷавоб доданд онҳо.

Он гоҳ Ӯ ба онҳо гуфт: «Он чи аз они император аст, бояд ба император баргардонда шавад ва он чи аз они Худост, ба Худо».

22 Аз шунидани чунин ҷавоб онҳо бениҳоят ҳайрон шуданд ва бо ҳамин ҳолат аз наздаш рафтанд.

Савол дар бораи аз нав зиндашавӣ

23 Худи ҳамон рӯз баъзе аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба назди Исо омада, ба Вай чунин савол доданд: 24 «Устод, Мӯсо дар қонун ба мо чунин навиштааст, ки агар касе зан гираду фарзанд надида аз олам гузарад, бародараш бояд зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад. 25 Инак, бо мо ҳафт бародар буданд ва калониаш зан гирифт, аммо фарзанд надида аз олам чашм пӯшид. Он гоҳ бародари дуюм бевазанро ба никоҳаш даровард. 26 Баъд бо бародари дуюм, сеюм ва то ҳафтум бо ҳамаашон айнан ҳамон ҳодиса рӯй дод. 27 Оқибат зан ҳам вафот кард. 28 Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз ҳафт бародарон мешавад? Охир ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд!»

29 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Шумо хато мекунед, чунки на мазмуни навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро. 30 Зеро дар рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, онҳо зан намегиранду шавҳар намекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд. 31 Дар бораи аз нав зиндашавии мурдагон бошад, магар гуфтаҳои Худоро боре ҳам нахондаед, ки гуфтааст: 32 „Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб ҳастам”. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст».

33 Мардум ин суханонро шунида аз таълимоти Ӯ дар тааҷҷуб монданд.

Муҳимтарин қонуни Худо

34 Вақте фарисиён шуниданд, ки Исо саддуқиёнро бо ҷавоби худ забонкӯтоҳ кард, як гурӯҳ шуда омаданд. 35 Ва қонуншиносе аз байни онҳо барои озмудани Исо чунин савол дод: 36 «Устод, бигӯед, кадом қонуни шариат дар ҷои аввал меистад?»

37-38 Исо ҷавоб дода гуфт: «Қонуни аввалин ва муҳимтарин чунин мебошад, ки „Худованд Худои худро бояд бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми ақлу ҳушамон дӯст бидорем”. 39 Дуюмаш ҳам монанди он: „Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст бидорем”. 40 Ин ду қонун асоси тамоми шариати Мӯсо ва гуфтаҳои пайғамбарон аст».

Савол дар бораи Масеҳ

41 Ҳанӯз ки фарисиён ҷамъ буданд, Исо аз онҳо пурсид: 42 «Шумо дар бораи Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо чӣ ақида доред? Ба фикратон Вай аз насли кист?» «Аз насли шоҳ Довуд»,- ҷавоб доданд онҳо. 43 Ӯ боз пурсид: «Пас, чаро худи Довуд бо таъсири Рӯҳи Муқаддас Ӯро Худованд хондааст? Охир Довуд гуфта буд:

44 „Худованд ба Худованди ман гуфт:

То вақте ки душманонатро зери поят нагузорам,

аз дасти ростам бишин›”.

45 Агар Довуд Таъиншудаи Худоро „Худованд” номида бошад, пас чӣ тавр Вай аз насли Довуд шуда метавонад?»

46 Касе ба саволи Исо ҷавобе дода натавонист ва аз он лаҳза дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ саволе диҳад.

23

Огоҳӣ аз худнамоии роҳбарони динӣ

Сипас Исо ба мардум ва шогирдонаш гуфт: «Шариатдонон ва фарисиён барои шарҳ додани шариати Мӯсо ҳақ доранд. Он чи онҳо шарҳ медиҳанд, гӯш кунед ва иҷро намоед. Бо вуҷуди ин, ба рафторашон тақлид накунед, чунки худи онҳо гуфтаҳояшонро иҷро намекунанд. Онҳо борҳои гаронеро, ки бардоштанашон вазнин аст, ба дӯши одамон мегузоранд, аммо барои бардошта бурдани онҳо дасти ёрӣ ҳам дароз намекунанд. Кору борашон фақат дар назди мардум худнамоӣ кардан аст. Ана, ба қуттичаҳои оятдори пешониашон нигоҳ кунед, чӣ хел васеъанд! Ё ба пӯпакҳои домани либосашон нигоҳ кунед, чӣ хел дарозанд! Онҳо дар базмҳо болонишиниро нағз мебинанд ва дар ибодатхонаҳо ба ҷойҳои беҳтарин мешинанд. Ба онҳо маъқул аст, ки халқ дар бозорҳо бо иззату эҳтиром онҳоро «устод» гуфта саломашон диҳанд. Аммо шуморо набояд унвонҳои «устод» диҳанд, зеро шумо барои якдигар бародар ҳисоб мешавед ва фақат як устод доред. Унвони «падар»-ро низ ба касе дар рӯи замин надиҳед, азбаски фақат як Падар дар осмон доред. 10 Шуморо «раис» ҳам набояд хонанд, чунки Масеҳ раиси яккаву ягонаи шумо аст. 11 Каси бузургтарин дар байни шумо бояд хизматгоратон бошад. 12 Ҳар касе, ки худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор мегирад, сарбаланд мешавад».

Айбдор намудани дурӯягии роҳбарони динӣ

13-14 «Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо дари подшоҳии Худоро ба рӯи одамон баста, на худатон аз он медароеду на ба дигарон, ки даромадан мехоҳанд, роҳ медиҳед.*

15 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо бо баҳру хушкӣ роҳҳои дуру дароз тай менамоед, то ақаллан касеро пайдо кунед, ки ба дини шумо мегузашта бошад. Лекин, вақте ки чунин одамро пайдо мекунед, вайро аз худатон ду маротиба зиёдтар сазовори дӯзах мегардонед.

16 Вой бар ҳоли шумо, роҳнамоёни кӯр! Шумо таълим медиҳед, ки агар касе ба Хонаи Худо қавлу қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба тиллое, ки дар Хонаи Худо ҳаст, қавлу қасам хӯрад, қавлашро ҳатман бояд иҷро кунад. 17 Эй кӯрони беақл! Охир қадри чӣ баландтар аст: тилло ё ин ки Хонаи Худо, ки тиллои дар он бударо муқаддас мегардонад? 18 Шумо боз таълим медиҳед, ки агар касе ба қурбонгоҳ қавлу қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба қурбонии болои қурбонгоҳбуда қавлу қасам хӯрад, қавлашро ҳатман бояд иҷро кунад. 19 Эй кӯрон! Охир чӣ қадри бештаре дорад: қурбонӣ ё қурбонгоҳе, ки қурбониро муқаддас мегардонад?

20 Инак, касе ки ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, вай ҳам ба қурбонгоҳ ва ҳам ба ҳар қурбоние, ки болои он аст, қасам мехӯрад; 21 ва касе ба Хонаи Худо қасам хӯрад, вай ҳам ба Хонаи Худо ва ҳам ба Худо, ки дар он ҷо макон дорад, қасам мехӯрад. 22 Инчунин, касе ба осмон қасам хӯрад, вай ба тахти Худо ва ҳам ба касе, ки бар он тахт менишинад, қасам мехӯрад.

23 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо аз ҳосили зираву шибиту пудина ҳиссаи даҳумро месупоред, аммо таълимоти муҳимтарини шариатро дар бораи нишон додани адолат, раҳм ва вафодорӣ пурра риоя намекунед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя мекардеду қонунҳои дигарро низ беэътибор намемондед. 24 Эй роҳнамоёни кӯр! Шумо нӯшокиатонро аз дока мегузаронед, ки мабодо магас дар дарунаш набошад, аммо шутурро фурӯ мебаред.

25 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо беруни косаву пиёларо мешӯеду дарунашон бошад, аз он чизҳое, ки шумо бо зулму чашмгуруснагӣ ба даст овардаед, пур аст. 26 Эй фарисиёни кӯр! Аввал даруни косаро аз ифлосӣ тоза кунед, он гоҳ беруни он ҳам тоза мешавад!

27 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонон ва фарисиёни дурӯя! Чунки шумо мисли мақбараҳои сафедкардашуда ҳастед, ки аз берун намуди хуб доранд, аммо дарунашон пур аз устухонҳои мурдаҳо ва ҳар гуна ифлосиҳост. 28 Айнан ҳамин тавр намуди зоҳири шумо низ дар назари одамон ба накӯкорон монанд аст, аммо дарунатон пур аз дурӯягиву гуноҳ мебошад.

29 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо барои пайғамбарон ва накӯкорон мақбараҳои зебо сохта онҳоро оро медиҳед. 30 Боз мегӯед, ки агар дар замонҳои аҷдодонатон зиндагӣ мекардед, ҳаргиз ҳамроҳи онҳо ба хунрезии пайғамбарон даст намезадед. 31 Бо ин суханонатон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки шумо дар ҳақиқат фарзандони ҳамон кушандагони пайғамбарон ҳастед. 32 Хӯш, кори сар кардаи аҷдодонатонро ҳоло шумо ба охир расонед! 33 Эй морон ва морзодагони маккор! Наход гумон кунед, ки аз ҳукми ба дӯзах рафтан халосӣ ёфта метавонед? 34 Инак, ба шумо мегӯям, ки ба наздатон пайғамбарону ҳакимону муаллимонро мефиристам ва шумо баъзеи онҳоро мекушеду баъзеашонро ба салиб мехкӯб мекунед, баъзеашонро дар ибодатхонаҳои худ қамчинкорӣ карда, шаҳр ба шаҳр дунболагирӣ мекунед. 35 Ман онҳоро барои он мефиристам, ки ҷавобгарии марги ҳамаи одамони бегуноҳ, аз Ҳобили беайб сар карда то Закарёи писари Баракё, ки байни муқаддастарин ҷои Хонаи Худо ва қурбонгоҳ кушта шуда буд, ба гардани шумо афтад. 36 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ин насл барои ҳамаи ин кушторҳо ҷазо мебинад!»

Дилсӯзии Исо дар ҳаққи Ерусалим

37 Исо суханонашро давом дода гуфт: «Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ! 38 Акнун Хонаи Худо дар ту холӣ ва бепарастор мемонад. 39 Ҳоло ба шумо мегӯям, ки минбаъд то „Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!” нагӯед, Маро нахоҳед дид».

24

Азобу уқубатҳои дарпешистода

Исо Хонаи Худоро тарк карда, ба роҳ баромада буд, ки шогирдонаш ба наздаш омаданду диққаташро ба биноҳои Хонаи Худо ҷалб карданӣ шуданд. Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳоло ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки санг бар болои сангаш намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».

Ҳангоме ки Исо ба теппаи Зайтун баромада нишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба пеши Ӯ омада пурсиданд: «Ба мо бигӯед, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва омадани Шумову наздикшавии охирзамонро аз кадом нишона мефаҳмем?»

Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ накунад. Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман Таъиншудаи Худо” мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд. Шумо садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, лекин ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад. Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. Дар ҳар ҷо қаҳтию гуруснагӣ ба амал меояд ва заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди саршавии дарди зоидан мебошанд.

Баъд шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ҳатто ба дасти марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳамаи халқҳо ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд. 10 Он гоҳ бисёр касон имонашонро аз даст медиҳанду ба якдигар хиёнат мекунанд ва якдигарро бад мебинанд. 11 Дар он айём пайғамбарони бардурӯғи зиёд пайдо мешаванд ва бисёр касонро гумроҳ мекунанд. 12 Бадиву разилӣ то андозае меафзояд, ки дар дили бисёр одамон муҳаббат намемонад. 13 Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт. 14 Ин хушхабар дар бораи подшоҳии Худо бошад, дар саросари дунё эълон карда мешавад, то ки ҳар халқ имконияти шунидани онро пайдо кунад. Танҳо баъд аз ин охирзамон меояд.

Ифлосии ҳаромкунанда

15 Шумо дар ҷои муқаддас ҳамон „ифлосиҳоеро, ки Хонаи Худоро ҳаром мекунанд” ва Дониёл пайғамбар дар бораашон пешгӯӣ карда буд, мебинед». (Бигзор хонанда бифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад). 16 «Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. 17 Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе аз хона поён нафарояд. 18 Агар касе дар саҳро бошад, ҳатто барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад. 19 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт! 20 Дуо кунед, ки гурехтани шумо ба зимистон ё рӯзи истироҳат рост наояд. 21 Зеро азобу даҳшати он айём ба дараҷае мерасад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод. 22 Аммо Худо он рӯзҳои азобро кӯтоҳ кардааст, чунки агар кӯтоҳ намекард, дар рӯи замин касе зинда намемонд. Ба хотири интихобкардагонаш Худо он рӯзҳоро ҳатман кӯтоҳ хоҳад кард.

23 Пас, агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, ана Таъиншудаи Худо дар ин ҷост!” ё „Ӯ ана дар он ҷост!”, бовар накунед. 24 Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро Таъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд, аммо дар асл чунин нестанд. Онҳо ба фиреб додани ҳама ва ҳатто одамоне, ки Худо барои худ интихоб кардааст, кӯшиш карда, мӯъҷизаҳои аҷоибу ғароиб нишон медиҳанд. 25 Ана, Ман пешакӣ шуморо огоҳ карда мондам.

26 Агар одамон ба шумо гӯянд, ки „Бинед, Масеҳ дар биёбон аст!”, ба он ҷо наравед. Ё агар гӯянд, ки „Бинед, Вай дар ҷои пинҳонӣ аст!”, бовар накунед. 27 Чунки омадани Фарзанди Инсон мисли дурахши барқе мешавад, ки тамоми осмонро аз шарқ то ба ғарб фаро мегирад.

28 Ҷои ҷасади мурда аз он маълум аст, ки паррандаҳои лошахӯр он ҷо гирд меоянд.

Нишонаи омадани Фарзанди Инсон

29 Баъд аз азобу даҳшати он рӯзҳо фавран офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад, ситораҳо аз осмон поён меафтанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд. 30 Он вақт нишонаи омадани Фарзанди Инсон дар осмон намоён мегардад ва дар болои абр бо қудрат ва шӯҳрату ҷалол омадани Ӯро ҳамаи одамони рӯи замин дида гиряву нола мекунанд. 31 Фарзанди Инсон фариштаҳои худро бо садои баланди карнай барои аз ҳар гӯшаву канори дунё ҷамъ кардани интихобкардагонаш мефиристад.

Масал дар бораи дарахти анҷир

32 Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғча карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд. 33 Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик, дар дами остона аст. 34 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд. 35 Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.

Маълум набудани рӯзу соати омадани Фарзанди Инсон

36 Лекин кай фаро расидани он рӯзу соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар. 37 Ҳангоми омадани Фарзанди Инсон бошад, айнан ҳамон воқеае рӯй медиҳад, ки дар замони Нӯҳ пайғамбар рӯй дода буд. 38 Дар он рӯзҳо ҳам пеш аз саршавии тӯфон ва обхезӣ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд. То он рӯзе, ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ҳамин тавр давом медод. 39 Баъд аз он ҳам одамон аз дунё бехабар буданд, то даме ки тӯфон сар шуду об ҳамаи онҳоро несту нобуд кард. Ҳангоми омадани Фарзанди Инсон низ чунин ҳодиса рӯй медиҳад. 40 Он вақт ду кас дар саҳро кор мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. 41 Ду зан дар осиёб гандум орд мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. 42 Пас, ҳушёр бошед, чунки рӯзи омадани Худовандатонро намедонед. 43 Бидонед, ки агар соҳибхона вақти омадани дуздро донад, вай тамоми шаб бедор меистад ва намегузорад, ки дузд ба хонааш зада дарояд. 44 Аз ин рӯ, шумо низ бояд ба омадани Фарзанди Инсон ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки шумо мунтазираш нестед.

Хизматгорони бовафо ва бевафо

45 Хизматгори бовафо ва дурандеш кист? Касест, ки соҳибаш ӯро дар хоҷагии худ назоратчӣ таъин мекунад ва ба хизматгорон дар вақташ тақсим карда додани хӯрокро ба ӯҳдааш мегузорад. 46 Хушо хизматгоре, ки ӯро соҳибаш ҳангоми баргаштан дар сари иҷрои вазифааш меёбад. 47 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки соҳибаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъин менамояд. 48 Аммо агар вай хизматгори бад бошад, фикр мекунад, ки соҳибаш дер меояд ва 49 хизматгорони дигарро латту кӯб карда, ҳамроҳи майзадаҳо машғули хӯрдану нӯшидан мешавад. 50 Ана, дар вақту соате, ки хизматгор аз он бехабару мунтазираш нест, соҳибаш баргашта, 51 ин хизматгорро ду пора мекунад ва вай ба ҷое, ки дурӯяҳо аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд, партофта мешавад».

25

Масал дар бораи даҳ духтар

Исо суханашро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: даҳ духтар чароғ ба даст гирифта, ба пешвози домод мебароянд. 2-4 Панҷ нафари онҳо кӯтоҳандеш буданд, чунки дар вақти гирифтани чароғҳояшон равғани иловагӣ намегиранд. Аммо панҷ нафари дигарашон дурандеш буданду дар зарфҳо барои чароғҳояшон боз равғани иловагӣ мегиранд.

Онҳо домодро мунтазир мешаванд, вале ӯ хеле дер мекунад ва духтарон пинак рафта, оқибат хобашон мебарад.

Нисфи шаб садои баланд шунида мешавад: „Ана домод омада истодааст! Ӯро пешвоз гиред!”. Духтарон бедор шуда, зуд чароғҳояшонро тайёр мекунанд. Он гоҳ кӯтоҳандешон ба дурандешон мегӯянд: „Аз равғанатон камтар диҳед, вагарна чароғҳоямон хомӯш мешаванд”. „Не,- ҷавоб медиҳанд дурандешон,- ин равған ба ҳамаамон намерасад. Беҳтараш рафта, аз дӯкон харида биёед”. 10 Кӯтоҳандешон барои харидани равған сӯи дӯкон равона мешаванд. Онҳо рафтан замон домод ҳам расида меояд. Панҷ духтаре, ки ба пешвозаш тайёр буданд, ҳамроҳи домод ба тӯйхона медароянд ва дарҳои тӯйхона баста мешаванд.

11 Дертар он панҷтои боқимонда ҳам расида меоянд ва дод мезананд: „Хоҷа, эй хоҷа! Дарҳоро бароямон кушоед!”. 12 Аммо ӯ дар ҷавоб ба онҳо мегӯяд: „Ба ростӣ мегӯям, ки шуморо намешиносам”.

13 Хуллас,- гуфт Исо,- ҳушёру бедор бошед, чунки вақту соати омадани Фарзанди Инсонро намедонед.

Масал дар бораи се хизматгор

14 Дар вақти подшоҳии Худо ҳодисае рӯй медиҳад, ки монанди ин масал аст: марде ба сафар баромаданӣ шуда хизматгоронашро ба наздаш даъват мекунад ва масъулияти идора кардани тамоми молу мулкашро ба ӯҳдаи онҳо мегузорад. 15 Инчунин, ба ҳар хизматгор мувофиқи қобилияташ тангаҳои тилло медиҳад: ба якеаш панҷ ҳазор, ба дуюмаш ду ҳазор ва ба сеюмаш ҳазор танга. Баъд роҳи сафарро пеш мегирад.

16 Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, онҳоро зуд ба муомилот медарораду аз он панҷ ҳазори дигар фоида мебинад. 17 Хизматгоре, ки ду ҳазор танга гирифта буд, низ ҳамин тавр амал карда боз ду ҳазори дигар фоида мебинад. 18 Аммо хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, рафта чоҳе меканаду тангаҳои хоҷаашро дар ҳамон ҷо пинҳон мекунад.

19 Баъд аз гузаштани вақти зиёд хоҷаи он хизматгорон баргашта бо онҳо ҳисобу китоб мекунад. 20 Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, омада ба хоҷааш тангаҳоро бо панҷ ҳазор фоидааш супорида мегӯяд: „Хоҷаам, шумо ба ман панҷ ҳазор тангаи тилло дода будед. Ана дар ин ҷо боз панҷ ҳазор фоидае, ки ба даст овардам”. 21 „Офарин, хизматгори неку вафодорам,- таъриф мекунад ӯро хоҷааш. - Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодориатро нишон додӣ, пас ба ту вазифаи калонро боварӣ мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!”. 22 Инчунин хизматгоре, ки ду ҳазор танга гирифта буд, даромада мегӯяд: „Хоҷаам, шумо ба ман ду ҳазор тангаи тилло дода будед. Ана дар ин ҷо боз ду ҳазор фоидае, ки ба даст овардам”. 23 „Офарин, хизматгори неку вафодорам,- таъриф мекунад ӯро хоҷааш. - Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодориатро нишон додӣ, пас ба ту вазифаи калонро боварӣ мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!”. 24 Он хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, низ ба пеш баромада мегӯяд: „Хоҷаам, ман медонистам, ки шумо одами сахтгир ҳастед; аз он ҷое, ки накоштаед, ҳосил ҷамъ мекунеду аз он ҷое, ки дон напошидаед, ғалла мегиред. 25 Ман аз тарс рафта тангаҳоятонро дар замин пинҳон кардам. Ана он пули шумо додагӣ”. 26 „Ту хизматгори баду танбал будаӣ!- ҷавоб медиҳад хоҷааш. - Ту медонистӣ, ки ман аз он ҷое, ки накоштаам, ҳосил ҷамъ мекунаму аз он ҷое, ки дон напошидаам, ғалла мегирам, ҳамин тавр не? 27 Пас, ту бояд пули маро ба муомилот медодӣ ва ман ҳангоми баргаштанам пуламро бо фоидааш мегирифтам. 28 Ҳоло пулро аз вай гирифта ба хизматгоре диҳед, ки даҳ ҳазор танга дорад. 29 Зеро ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз ҳам ва аз ҳад зиёдтар дода мешавад. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад. 30 Ин хизматгори нобакорро бошад, ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд”.

Ҷавобдиҳӣ дар охирзамон

31 Вақте ки Фарзанди Инсон ҳамчун Шоҳ ҳамроҳи ҳамаи фариштаҳо меояд, Ӯ бар тахти шоҳонаи худ мешинад 32 ва ҳамаи халқиятҳои рӯи замин дар пеши Ӯ ҷамъ меоянд. Он гоҳ Вай мисли чӯпоне, ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекарда бошад, одамонро ба ду тараф тақсим мекунад. 33 Одамони накӯкорро Вай аз тарафи дасти росташ мегузораду боқимондаҳоро аз тарафи дасти чапаш. 34 Баъд Шоҳ ба одамони дар тарафи росташ буда мегӯяд: „Хуш омадед, шумо, ки Падарам баракат додааст! Омада дар подшоҳии Худо, ки аз вақти офариниш бароятон насиб гардидааст, баҳраву ҳаловат баред. 35 Чунки вақте гурусна будам, ба Ман хӯрок додед, ташна будам, нӯшокӣ додед, бегона будам, Маро дар хонаатон меҳмон кардед, 36 бараҳна будам, ба Ман либос пӯшондед, бемор будам, ба Ман ғамхорӣ кардед ва дар ҳабс будам, Маро хабар гирифтед”. 37 Накӯкорон бошанд, аз Ӯ мепурсанд: „Худованд, кай мо Туро гуруснаву ташна дида будем, ки бароят хӯроку нӯшокӣ дода бошем? 38 Ё кай Туро бегонаву бараҳна дида будем, ки меҳмон карда ба Ту либос пӯшонда бошем? 39 Кай Туро бемор ё дар ҳабс дида будем, ки хабар гирифта бошем?” 40 Шоҳ ҷавоб медиҳад: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман мекардед, шумо инро ба Ман мекардед!”.

41 Сипас ба одамони дар тарафи чапаш буда мегӯяд: „Дафъ шавед аз пеши назарам, лаънатиҳо! Гум шавед ба оташи абадие, ки барои иблис ва фариштаҳои вай тайёр шуда буд! 42 Чунки вақте гурусна будам, хӯроке надодед, ташна будам, нӯшокӣ надодед, 43 бегона будам, дар хонаатон меҳмон накардед, бараҳна будам, ба Ман либос напӯшондед, бемор ва дар ҳабс будам, Маро хабар нагирифтед”. 44 Он гоҳ онҳо ҳам мепурсанд: „Худованд, мо кай Туро гуруснаву ташна, бегонаву бараҳна ё бемору дар ҳабсхона дида будем, ки хизмат накарда бошем?” 45 Шоҳ ба онҳо ҷавоб медиҳад: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман намекардед, пас гӯё барои Ман накардаед”. 46 Ниҳоят, ин одамон ба ҷое меафтанд, ки то абад ҷазо мебинанд, аммо накӯкорон соҳиби ҳаёти абадӣ мешаванд».

26

Нақшаи куштани Исо

Исо таълим додани ҳамаи ин чизҳоро ба охир расонда, ба шогирдонаш гуфт: «Чунон ки медонед, баъд аз ду рӯз ҷашнгирии рӯзи Балогардон сар мешавад. Он вақт Фарзанди Инсон ба дасти душманонаш таслим карда мешаваду Ӯро ба салиб мехкӯб мекунанд».

Он гоҳ дар қасри Қаёфо ном сарвари рӯҳониён сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ҷамъ омаданд. Онҳо нақша кашиданд, ки бо ҳила Исоро дастгир мекунанду Ӯро ба қатл мерасонанд. Аммо қарор карданд, ки ин корашонро дар рӯзҳои ид накунанд, чунки халқ шӯриш бардоштанаш мумкин буд.

Ба сари Исо рехтани атри қиматбаҳо

Исо он вақт дар деҳаи Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯн ном марде, ки пештар махав буд, меҳмон шуд. Ҳангоми таомхӯрӣ ба назди Ӯ зане омад, ки дар даст як кӯзачаи сангини гаронбаҳои пур аз атри қиматбаҳо дошт. Вай он атрро ба сари Исо рехт. Шогирдон аз ин кори зан ба ғазаб омада гуфтанд: «Ин чӣ исрофкорист?! Охир ин атрро ба нархи қимат фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд!»

10 Аммо Исо, ки аз суханони онҳо бохабар буд, гуфт: «Чаро ин занро ташвиш медиҳед? Ӯ бароям кори калон кард. 11 Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, вале Ман бо шумо ҳамеша намемонам. 12 Ин зан атрро ба танам рехта Маро ба гӯронидан тайёр кард. 13 Хӯш, ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки хушхабар эълон карда мешавад, кори кардаи ин занро барои ба ёд овардани ӯ нақл хоҳанд кард».

Нияти хиёнаткоронаи Яҳудо

14 Яке аз шогирдони Исо, ки Яҳудои Исқарют ном дошт, назди сардорони рӯҳонӣ рафта 15 пурсид: «Агар Исоро ба шумо таслим кунам, ба ман чӣ медиҳед?» Онҳо ба Яҳудо сӣ тангаи нуқра шумурда доданд. 16 Аз ҳамон лаҳза сар карда, Яҳудо барои таслим кардани Исо фурсати қулай меҷуст.

Хӯроки идона

17 Рӯзи аввали иди Фатир шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳед, ки бароятон дастархони иди Балогардонро тайёр намоем?» 18 Ӯ ба онҳо гуфт, ки ба шаҳр, назди фалон кас рафта гӯянд: «Устодамон мегӯяд, ки вақту соати Ӯ наздик омадааст ва Ӯ бо мо, шогирдонаш дар хонаи шумо иди Балогардонро қайд мекунад».

19 Шогирдон ҳамаи гуфтаҳои Исоро иҷро карда хӯроки иди Балогардонро тайёр намуданд.

20 Бегоҳӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш сари дастархон нишасту 21 ҳангоми таомхӯрӣ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад».

22 Шогирдонаш хеле ғамгин шуда, пайдарҳам ба пурсидан даромаданд: «Худованд, мабодо ин ман набошам?»

23 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Касе, ки луқмаашро ҳамроҳи Ман ба як коса тар мекунад, ба Ман хиёнат мекунад. 24 Бо Фарзанди Инсон он чӣ дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, рӯй медиҳад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Фарзанди Инсон хиёнат мекунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд!»

25 Яҳудои хиёнаткор ба сухан даромада гуфт: «Мабодо ман набошам, устод?»

Исо дар ҷавоб гуфт: «Худат ҳамин тавр гуфтӣ».

Таоми шоми Худованд

26 Онҳо хӯрдани хӯрокро давом медоданд, ки Исо нонро ба даст гирифта, шукргӯён баракат талабид. Баъд онро пора карда ба шогирдонаш тақсим намуду гуфт: «Нонро бигиреду бихӯред, ки ин бадани Ман аст».

27 Пас косаро гирифта, шукри Худо карду онро ба шогирдонаш дода гуфт: «Ҳамаи шумо аз ин коса бинӯшед. 28 Ин хуни Ман аст, ки бо он Худо бо халқ аҳду паймон мебандад ва он барои бахшида шудани гуноҳҳои одамони зиёде рехта мешавад. 29 Ба шумо мегӯям, акнун Ман аз меваи нави токи ангур ҳамроҳи шумо фақат дар подшоҳии Падарам хоҳам нӯшид, лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам».

30 Сипас онҳо Худоро ҳамду саногӯён ба теппаи Зайтун равона шуданд.

Пешгӯӣ дар бораи инкори Петрус

31 Баъд Исо ба шогирдон гуфт: «Имшаб аз барои ҳодисае, ки бо Ман рӯй медиҳад, ҳамаи шумо пайравӣ кардани Маро бас мекунед, чунки дар навиштаҷот пешгӯии Худо омадааст: „Чӯпонро мекушам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд”. 32 Аммо, вақте ки аз нав зинда мешавам, пеш аз он ки шумо ба вилояти Ҷалил биравед, Ман ба он ҷо меравам». 33 Петрус ба Вай эълон карда гуфт: «Агар аз барои ҳодисае, ки бо Шумо рӯй медиҳад, ҳама пайрави кардани Шуморо бас кунад ҳам, ман ҳаргиз ин корро намекунам».

34 Исо ба ӯ гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, худи имшаб, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ». 35 Аммо Петрус гуфт: «Не, ҳатто агар бо Шумо мурданам лозим ояд, ҳаргиз инкор намекунам».

Шогирдони дигар низ айнан ҳамин чизро гуфтанд.

Дуои Исо дар Ҷатсамон

36 Исо ва шогирдонаш ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсамон ном дошт ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо дар ҳамин ҷо бошед, Ман он сӯтар рафта дуо мекунам». 37 Вай ҳамроҳаш Петрус ва ду писари Забдойро бурд. Дарду аламаш шиддат меёфт ва 38 Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду ҳамроҳи Ман бедор бошед».

39 Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва худро рӯи замин партофта дуо кард: «Падарҷонам, агар илоҷе бошад, бигзор ин косаи азоб аз сари Ман дур шавад! Лекин бигзор на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад».

40 Баъд Ӯ ба назди он се шогирдаш баргашта дид, ки онҳо хобидаанд. Он гоҳ ба Петрус гуфт: «Чӣ шумо ақаллан як соат ҳамроҳи Ман бедор истода натавонистед? 41 Ҳоло бедор бошеду дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳатон ба ин тайёр аст, аммо табиати инсониатон нотавон».

42 Бори дигар Вай каме дуртар рафта дуо кард: «Падарҷонам, агар ғайр аз косаи азобро нӯшидан бароям дигар илоҷе набошад, пас, бигзор иродаи Ту иҷро шавад». 43 Баъд баргашта омаду онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо ҳатто чашмонашонро кушода наметавонистанд.

44 Бори сеюм Вай онҳоро монда рафту айнан мисли пештара дуо кард. 45 Сипас назди шогирдонаш баргашта гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Ана вақту соати он ҳам расид, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад. 46 Биёед, бархезед, меравем. Нигоҳ кунед, ана таслимкунандаи Ман ҳам наздик омад».

Дастгир шудани Исо

47 Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдаш ҳамроҳи як тӯдаи калони одамони чӯбу шамшер дар даст аз ҷониби сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм расида омад. 48 Инак, хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Бидонед, касеро, ки бӯсидам, ҳамон шахсест, ки бояд дастгир кунед».

49 Яҳудо рост пеши Исо омада «Салом, устод» гӯён Ӯро бӯсид. 50 Исо ба вай гуфт: «Ҷӯра, мақсадатро иҷро намо!»

Он гоҳ он одамон Исоро дастгир карда дасту пояшро бастанд. 51 Ногаҳон яке аз ҳамроҳони Исо шамшерашро аз ғилоф кашида ба ғуломи сарвари рӯҳониён ҳамла оварду гӯшашро бурида партофт. 52 Исо ба вай гуфт: «Шамшератро ба ҷояш гузор, чунки ҳар касе, ки шамшер ба даст мегирад, аз теғи шамшер мемирад. 53 Ё ба фикрат Ман аз Падарам мадад талаб карда наметавонам? Агар талаб кунам, Вай дарҳол зиёдтар аз дувоздаҳ лашкари фариштагонро мефиристад. 54 Лекин гуфтаҳои навиштаҷот он гоҳ чӣ хел иҷро мешаванд, охир гуфта шудааст, ки ҳамааш ҳамин тавр бояд рӯй диҳад?»

55 Баъд Исо ба он тӯдаи одамон гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки барои дастгир карданам бо таёқу шамшерҳо омадаед? Ман ҳар рӯз дар Хонаи Худо нишаста таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. 56 Вале ҳамаи ин ҳодисаҳо барои он рӯй доданд, ки пешгӯиҳои пайғамбарон, ки дар навиштаҷот омадаанд, иҷро шаванд».

Он вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо монда гурехтанд.

Дар назди шӯро

57 Сипас онҳое, ки Исоро дастгир карданд, Ӯро ба назди Қаёфо, сарвари рӯҳониён бурданд. Дар хонаи Қаёфо шариатдонону пирони қавм аллакай ҷамъ омада буданд. 58 Петрус бошад, то ба назди ҳавлии сарвари рӯҳониён аз паи Исо дар масофаи каме дуртар меомад. Вай ба даруни ҳавлӣ даромада, бо мақсади анҷоми корро дидан дар байни посбонон нишаст.

59 Сардорони рӯҳонӣ ва дигар ҳамаи аъзоёни шӯро бо нияти ба қатл расондани Исо кӯшиш карданд, ки бар зидди Ӯ ягон далели дурӯғеро пайдо кунанд. 60 Лекин ҳеҷ далеле ёфта наметавонистанд, гарчи бисёр касон ба пеш баромада, зидди Ӯ тӯҳмат мекарданд. Оқибат ду кас ба пеш қадам монда 61 гуфтанд: «Ин одам гуфта буд, ки Хонаи Худоро вайрон карда, онро дар мобайни се рӯз аз нав барпо карда метавонад».

62 Бо шунидани ин суханон сарвари рӯҳониён аз ҷояш бархеста ба Исо гуфт: «Ба ин далеле, ки Туро айбдор мекунанд, ягон гапи гуфтанӣ дорӣ?» 63 Вале Исо хомӯш буд. Бори дигар сарвари рӯҳониён ба Ӯ гуфт: «Ба Худои зинда бигӯ, ки Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ?» 64 Исо дар ҷавоб ба вай гуфт: «Худатон ҳамин тавр гуфтед. Аммо ҳаминро ба ҳамаи шумо мегӯям, ки минбаъд шумо Фарзанди Инсонро аз дасти рости Худои Пурқудрат нишаста ва дар болои абрҳои осмон омада истода хоҳед дид!»

65 Он гоҳ сарвари рӯҳониён либоси танашро дарронда гуфт: «Ӯ суханони кофирона гуфт. Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! Шумо худатон ҳоло суханони кофиронаи Ӯро шунидед. 66 Пас чӣ ҳукм мебароред?» «Ҷазояш марг»,- ҷавоб доданд дигарон.

67 Баъзеҳо ба рӯи Исо туф карда Ӯро мезаданд. Баъзеҳо торсакӣ зада 68 мегуфтанд: «Ҳой Масеҳ, Ту пайғамбарӣ-ку! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?!»

Инкори Петрус

69 Петрус дар рӯи ҳавлӣ менишаст, ки яке аз канизакон ба наздаш омада гуфт: «Ту ҳам ба Исои Ҷалилӣ шарик будӣ». 70 Аммо Петрус дар ҳузури ҳама суханони ӯро инкор карда гуфт: «Намефаҳмам, чӣ мегӯӣ». 71 Сипас вай аз он ҷо назди дарвозаи ҳавлӣ равона шуд.

Хизматгорзани дигаре низ ӯро дида ба одамони дар он ҷо истода гуфт: «Вай ҳамроҳи Исои Носирӣ буд». 72 Петрус боз инкор карда гуфт: «Қасам мехӯрам, ки ин одамро намешиносам».

73 Баъд аз муддате чанд мардоне, ки дар ҳамон ҷо буданд, назди Петрус омада гуфтанд: «Аниқ ту ҳам шарики онҳо ҳастӣ, чунки аз лаҳҷаат маълум аст». 74 Вале Петрус қасамҳо хӯрда гуфт: «Ман ин одамро намешиносам».

Ҳамин лаҳза хурӯс ҷеғ зад 75 ва суханони Исо ба хотири Петрус омаданд. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад.

Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард.

27

Дар назди Пилотус

Пагоҳии барвақт ҳамаи сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм нақшаи ба дасти марг супоридани Исоро кашиданд. Бо фармони онҳо дасту пои Исоро баста Ӯро аз ҳавлии Қаёфо бароварданд ва ба дасти Пилотус, ки ҳокими румӣ буд, супориданд.

Худкушии Яҳудо

Вақте Яҳудои хиёнаткор дид, ки Исо ба марг маҳкум шуд, аз кори кардааш тавба кард. Ӯ он сӣ тангаи нуқраро назди сардорони рӯҳонӣ ва пирон баргардонда оварду ба онҳо гуфт: «Ба марги ин одами беайб ман гунаҳкор, чунки Ӯро ман таслим кардам».

Лекин онҳо ҷавоб доданд: «Ин ба мо чӣ дахл дорад? Ин кори худат».

Яҳудо он сӣ тангаи нуқраро ба рӯи фарши Хонаи Худо партофту аз он ҷо баромада рафта худро овехт.

Сардорони рӯҳонӣ он тангаҳоро чида гирифта қарор карданд, ки аз рӯи шариат ин пулро ба хазинаи Хонаи Худо андохтан мумкин нест, чунки бар ивази ин пул хуни одам рехта шудааст. Баъд бо розигии ҳама онҳо саҳрои кӯзагарро харида, аз он барои мусофирон қабристон сохтанӣ шуданд. Ана барои ҳамин он саҳро то ба имрӯз «Саҳрои Хун» номида мешавад.

9-10 Ҳанӯз Ирмиё пайғамбар пешгӯӣ карда гуфта буд: «Аз рӯи фармоне, ки Худо ба ман гуфт, онҳо сӣ тангаи нуқраро, яъне ҳамон маблағе, ки халқи Исроил Ӯро баҳо доданд, гирифта ба харидани саҳрои кӯзагар сарф карданд». Пас, ин пешгӯӣ ба амал омад.

Исоро пурсиш кардани Пилотус

11 Акнун, ки Исо дар назди ҳокими румӣ меистод, ҳоким аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?»

Исо ҷавоб дод: «Худатон ҳамин тавр мегӯед». 12 Лекин, ҳангоме ки сардорони рӯҳонӣ ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавобе намедод.

13 Пас Пилотус ба Ӯ гуфт: «Магар намешунавӣ, ки Туро то чӣ андоза айбдор мекунанд?»

14 Аммо Вай ҳатто ба яке аз ин айбдоркуниҳо ҷавобе надод. Ва ин боиси тааҷҷуби зиёди Пилотус гардид.

Ба марг маҳкум шудани Исо

15 Ҳокими румӣ одате дошт, ки дар ҷашни ин ид маҳбусеро, ки халқ талаб мекард, озод намояд. 16 Он вақт як маҳбуси номдоре буд, ки Бараббос ном дошт. 17 Инак, ҳангоме ки мардум ҷамъ омаданд, Пилотус аз онҳо пурсид: «Киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам: Бараббосро ё Исоеро, ки Таъиншудаи Худо меноманд?» 18 Пилотус хуб медонист, ки Исоро аз рӯи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд.

19 Ҳанӯз ҳоким дар курсии ҳукмбарорӣ менишаст, ки ҳамсараш ба ӯ чунин хабар фиристод: «Бар зидди ин одами бегуноҳ ҳеҷ коре накунед, чунки имшаб дар хобам ман аз барои Вай бисёр азоб кашидам».

20 Дар ин мобайн сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм мардумро розӣ кунонданд, ки аз Пилотус озод кардани Бараббос ва ба қатл расондани Исоро талаб намоянд. 21 Пилотус бори дигар аз мардум пурсид: «Аз ҳардуяшон киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам?»

«Бараббосро!»- ҷавоб доданд онҳо.

22 «Пас, бо Исое, ки Таъиншудаи Худо меноманд, чӣ кор кунам?»- боз аз онҳо пурсид Пилотус.

«Ӯро мехкӯб кунед!»- бо як овоз ҷавоб доданд ҳамаи онҳо.

23 Лекин Пилотус савол дода гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?»

Мардум бошанд, бо буду шуди овозашон дод мезаданд: «Бигзор Ӯ ба салиб мехкӯб карда шавад!»

24 Пилотус дид, ки дигар ҳеҷ чорае надорад, дар акси ҳол шӯриш сар шуданаш мумкин буд, дар пеши назари тамоми мардум об гирифта дастонашро шуста гуфт: «Ба хунрезии ин одам ман ҷавобгар нестам! Шумо худатон қарор кунед!» 25 Тамоми мардум ҷавоб доданд: «Ба марги Ӯ мо ва фарзандонамон ҷавобгар ҳастем!»

26 Бинобар ин Пилотус Бараббосро барояшон озод кард ва Исоро ба дасти сарбозон супорид, то ки Ӯро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.

Исоро масхара кардани сарбозон

27 Сарбозони ҳоким Исоро ба ҳавлии дарбор бурданд ва аскарони зиёд он ҷо гирд омаданд. 28 Онҳо Ӯро бараҳна карда ба танаш ҷомаи суп-сурхро пӯшонданд. 29 Баъд аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанду ба дасти росташ чӯб доданд. Онҳо масхаракунон «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» гуфта дар пеши Ӯ ба сари зону меистоданд. 30 Сарбозон Исоро туфборон карда, бо чӯб ба сараш задан гирифтанд. 31 Вақте ки онҳо масхара додани Ӯро бас карданд, ҷомаро аз танаш кашида, либоси худашро пӯшонданд. Сипас Ӯро барои ба салиб мехкӯб кардан бурданд.

Ба салиб мехкӯб карда шудани Исо

32 Дар аснои роҳ онҳо бо Шимъӯн ном марди қуринӣ дучор омаданд ва ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад. 33 Вақте ки онҳо ба ҷое бо номи Ҷолҷото, ки маънояш «Ҷои косахонаи сар» аст, расида омаданд, 34 сарбозон ба Исо майи бо моддаи талх омехташударо доданд. Ӯ аз он чашида, дигар нанӯшид.

35 Онҳо Ӯро ба салиб мехкӯб карданду либосашро байни худ тақсим карданӣ шуда, барои муайян намудани соҳибшавандаи либос, қуръа партофтанд. 36 Сипас нишаста Вайро назорат карда истоданд. 37 Аз болои сари Исо айбномае бар Ӯ навишта шуда буд: «Ин Исо Шоҳи Яҳудиён аст». 38 Ҳамроҳи Ӯ ду дуздро низ дар салибҳои дигар аз тарафҳои чапу росташ мехкӯб карданд.

39 Одамоне, ки аз он ҷо мегузаштанд, сар ҷунбонда Исоро мазоқ карда 40 мегуфтанд: «Ту мегуфтӣ, ки Хонаи Худоро вайрон карда, дар мобайни се рӯз онро барпо карда метавонӣ? Канӣ, набошад худатро наҷот деҳ-чи! Агар Ту Писари Худо бошӣ, канӣ аз салиб поён фаро-чи!»

41 Айнан ҳамин тавр сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирон низ Исоро масхаракунон мегуфтанд: 42 «Дигаронро наҷот медоду худашро наҷот дода наметавонад. Ана Шоҳи Исроил. Агар Вай ҳоло аз салиб поён фарояд, мо ба Вай имон меоварем. 43 Ӯ ба Худо умед мебаст ва мегуфт, ки Писари Худо аст. Канӣ ҳоло мебинем, ки Худо Вайро наҷот додан мехоҳад ё не?!»

44 Ҳатто дуздоне, ки ҳамроҳаш ба салибҳо мехкӯб шуда буданд, монанди дигарон Ӯро таҳқир мекарданд.

Марги Исо

45 Нисфирӯзӣ буд, ки тамоми рӯи заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт. 46 Қариби соати сеюм Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Лама сабақтанӣ!», ки маънояш «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!» аст.

47 Баъзе аз ҳозирон суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ӯ Илёс пайғамбарро ҷеғ зада истодааст». 48 Он гоҳ яке аз онҳо давида рафту латтаеро гирифта ба сирко тар намуд ва бо нӯги чӯб дароз карда онро ба Исо нӯшонданӣ шуд. 49 Лекин дигарон гуфтанд, ки ӯ ин корро накунад, то бубинанд, ки оё Илёс омада Вайро наҷот медиҳад ё не.

50 Исо бори дигар бо овози баланд дод зада ҷон дод. 51 Инак, пардае, ки ҷои муқаддастарини Хонаи Худоро ҷудо мекард, аз боло то ба поёнаш дарида, ду пора шуд. Замин ба ҷунбиш омаду сангҳо ба қисмҳо тақсим шуданд. 52 Қабрҳо кушода шуданду ҷасадҳои бисёр одамони муқаддас аз нав зинда гаштанд. 53 Баъд аз он ки Исо аз байни мурдагон боз зинда шуд, онҳо аз қабрҳои худ берун баромада ба Ерусалим, шаҳри муқаддас даромаданду бисёр касон онҳоро диданд.

54 Вақте сардори лашкар ва ҳамроҳонаш, ки Исоро назорат мекарданд, заминҷунбию дигар ҳодисаҳоро диданд, сахт тарсида гуфтанд, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо будааст.

55 Бисёр заноне, ки дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда ба Ӯ хизмат мекарданд, низ дар ҳамон ҷо буданд. Онҳо дар масофае истода, ба ҳамаи ин нигоҳ мекарданд. 56 Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Марями модари Ёқубу Юсуф ва боз ҳамсари Забдой буданд.

Дафни Исо

57 Бо фаро расидани шом аз шаҳри Аромот як марди сарватманде бо номи Юсуф омад. Ӯ ҳам шогирди Исо буд. 58 Юсуф пеши Пилотус рафта, хоҳиш кард, ки ҷасади Исоро ба ӯ диҳанд. Пилотус фармон дод, ки ҷасадро ба ӯ диҳанд. 59 Юсуф Вайро гирифта ба кафани тоза печонд 60 ва ба қабри худ, ки навакак дар ғоре сохта шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба дари қабр ғелонда, аз он ҷо рафт. 61 Дар рӯ ба рӯи он қабр Марями Маҷдалия ва дигар Марям нишаста буданд.

Посбонӣ кардани қабр

62 Рӯзи дигар, ки рӯзи истироҳат буд, сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён ҷамъ шуданду пеши Пилотус рафта 63 ба ӯ гуфтанд: «Тақсир, ба хотири мо омад, ки он фиребгар ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданаш гуфта буд, ки дар рӯзи сеюм баъд аз маргаш аз нав зинда мешавад. 64 Бинобар ин фармон диҳед, ки қабри Ӯро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, мабодо шогирдонаш омада ҷасадашро дузданду ба халқ овоза паҳн кунанд, ки Ӯ аз байни мурдагон зинда шудааст. Он гоҳ ин дурӯғ аз дурӯғи аввал дида бадтар мешавад». 65 Пилотус ба онҳо гуфт: «Посбононро гиреду рафта, ба чи тарз ки тавонед, қабрро нигаҳбонӣ кунед».

66 Инак, онҳо рафта, санги дари қабрро мӯҳр карданду барои нигаҳбонии он посбонон гузоштанд.

28

Аз нав зинда шудани Исо

Фардои рӯзи истироҳат, офтоб ҳанӯз набаромада, Марями Маҷдалия ва дигар Марям барои хабар гирифтани қабр ба роҳ баромаданд. Ногаҳон заминҷунбии сахт ба вуҷуд омад, чунки фариштаи Худованд аз осмон поён фаромада, санги дари қабрро як тараф ғелонда, бар болояш нишаст. Намуди вай барқ барин буду либосаш монанди барф сап-сафед. Посбонон аз тарси ӯ дарақ-дарақ ларзида мурда барин ба рӯи замин дароз кашиданд.

Фаришта бошад, ба он занон гуфт: «Натарсед, ман медонам, ки шумо Исои ба салиб мехкӯбшударо ҷустуҷӯ карда истодаед. Лекин Ӯ дар ин ҷо нест. Чунон ки Ӯ гуфта буд, айнан ҳамон тавр Вай зинда шуд. Ана омада ҷоеро, ки Ӯ гузошта шуда буд, бубинед. Акнун, зуд назди шогирдонаш рафта бигӯед, ки Исо аз байни мурдагон зинда шуда, акнун пешопеши онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид. Ана ин буд хабаре, ки ман ба шумо гуфтанӣ будам».

Пас, он занон бо тарс, вале шодикунон саросема аз назди қабр сӯи шогирдон давида рафтанд, то ки ба онҳо нақл кунанд.

Банохост Исо бо онҳо вохӯрда саломашон дод. Онҳо ба Вай наздик омаданду саҷда карданӣ шуда аз пойҳояш дошта гирифтанд. 10 Исо ба онҳо гуфт, ки натарсанд, балки рафта ба бародаронаш гӯянд, ки онҳо ба Ҷалил раванд ва Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид.

Хабари посбонон

11 Занон ба роҳ баромада буданд, ки баъзе аз посбонон ба шаҳр рафта тамоми воқеаи рӯйдодаро ба сардорони рӯҳонӣ ҳикоят карданд. 12 Сардорони рӯҳонӣ барои маслиҳат кардан бо пирони қавм вохӯрданд ва баъд аз маслиҳат ба посбонон пули калон дода 13 гуфтанд: «Рафта ба мардум гӯед, ки шабона шогирдони Исо омаданду аз фурсати хоб буданатон истифода бурда, ҷасади Ӯро дуздида рафтанд. 14 Агар ин хабар то ба гӯши ҳоким рафта расад, ғам нахӯред; мо ба ӯ гапамонро маъқул мекунонем».

15 Посбонон пулро гирифтанду рафта, чунон ки онҳоро ёд доданд, ҳамон тавр карданд. Бинобар ҳамин яҳудиён ин ҳикояро то ба имрӯз мегуфтагӣ шуданд.

Зоҳиршавии Исо

16 Инак, он ёздаҳ шогирд ба Ҷалил рафта ба кӯҳе, ки Исо ба онҳо гуфта буд, баромаданд. 17 Онҳо Ӯро дидан замон ба Ӯ саҷда карданд, аммо баъзеашон шубҳа доштанд. 18 Исо ба шогирдонаш наздик шуда гуфт: «Тамоми ҳукму қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст. 19 Пас, равед ва ҳамаи ҳалқҳои рӯи заминро ба Ман шогирд созед: онҳоро аз номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид диҳед 20 ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охири замон бо шумо мемонам».

* *20:16 Дар баъзе нусхаҳои қадим дохил шудааст: «Зеро даъватшудагон бисёранд, аммо интихобшудагон каманд».

* *23:13-14 Дар баъзе нусхаҳои дигари навиштаҷот дохил шудааст: «Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо намоишкорона дуру дароз дуо мехонед, вале дар асл хонаҳои бевазанонро хӯрда ғорат мекунед! Барои ин коратон ҷазои сахттар мебинед!»



<< Башорат