Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Хушхабар аз Марқӯс 1-8

Download

Copyright Фонди «Калом»

Дар бораи ҳамин китоб савол ё фикрҳо доред? Ба kalomikhudo@mail.ru нависед.

Хушхабар аз Марқӯс

Марқӯс




Пешгуфтор

Ин Хушхабарро яке аз имондорони аввал ба номи Юҳаннои Марқӯс аз рӯи гуфтаҳои Петрус, шогирди Исои Масеҳ навиштааст. Аз рӯи замони навишташуданашон Хушхабар аз Марқӯс пештар аз се Хушхабари дигар навишта шудааст.

Азбаски дар китоби Марқӯс калимаҳои зиёди арамеӣ ва расму оинҳои яҳудӣ шарҳ дода шудаанд, бинобар ин фаҳмида мешавад, ки Хушхабар аз Марқӯс барои халқҳои ғайрияҳудӣ навишта шудааст. Муаллиф бо нақли худ дар дили хонандаҳо боварӣ ҳосил кардан мехоҳад, ки Исо боқудрат аст, ки одамонро аз рӯҳҳои нопок, касалиҳо ва марг халос кунад. Инчунин муаллиф хотиррасон кардан мехоҳад, ки пайрави Исо будан осон нест, чунки пайрав бояд монанди Исо ба дигарон хизмат кунад ва ба ранҷу азоб кашидан тайёр бошад.

Дар байни чор Хушхабари Аҳди Нав ин китоби Хушхабар аз рӯи ҳаҷмаш кӯтоҳтарин мебошад. Дар вақти нақл кардани аз ҳаёт ва таълимоти Исо муаллиф бештар ба ҳодисаҳои аҷибу мӯъҷизаовар диққати хонандаро ҷалб мекунад. Бинобар ин нақли воқеаҳо аз оғози хизмати Исо сар мешавад ва аллакай аз боби аввалин мо дар бораи мӯъҷизаҳои бузурги Ӯ мехонем, ки: Ӯ баъд аз интихоби чор шогирдаш дарҳол мардеро, ки гирифтори рӯҳи нопок буд шифо медиҳад; хушдомани Шимъӯнро, тӯдаи одамони беморро ва инчунин марди махавро шифо медиҳад. Гаштаю баргашта Марқӯс аз мӯъҷизаҳои шифобахши Исо нақл мекунад ва аз ин нақлҳо маълум мешавад, ки Исо бо қудрати Худо шифо медод.

Дар айни ҳол роҳбарони динӣ Исоро қабул намекарданд ва низоъ ба миён оварда, роҳи куштани Исоро меҷустанд. Дар сурате ки девҳо дар пеши қудрати Исо сархам мешуданд ва медонистанд, ки Ӯ Наҷотдиҳанда аз тарафи Худо аст, вале Исо ба онҳо иҷозат намедод, ки инро ба дигарон гӯянд. Ин китоб пур аз тасвири мӯъҷизотест, ки ҳам одамони оддӣ ва ҳам пайравони Исоро ба ҳайрат меоварданд. Аммо, мувофиқи китоби Марқӯс, мӯъҷизаи калонтарини Исо ин буд, ки чӣ тавр Ӯ ранҷу азоби зиёд кашид ва ҷони худро фидо кард. Аввалин шуда ин мӯъҷизаро сардори лашкарҳои румӣ фаҳмид. Вай тарзи дар салиб ҷон додани Исоро дида, гуфт: «Ин одам дар ҳақиқат Писари Худо буд» (Марқӯс 15:39).




1

Таълимоти Яҳёи Таъмиддиҳанда

Хушхабар дар бораи Исои Масеҳ, ки Писари Худо аст, чунин сар мешавад: Дар китоби Ишаъё пайғамбар суханони Худо омадаанд:

«Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам,

то ба омаданат роҳ тайёр кунад.

Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд:

Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!”».

Ин шахс Яҳё пайғамбар буд, ки ба биёбон омада, ба эълон кардан даромад, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд.

Аҳолии шаҳри Ерусалим ва мардуми тамоми сарзамини Яҳудия пеши Яҳё ба биёбон меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод.

Яҳё либосе аз пашми шутур ва камарбанди чармӣ дошт. Хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд. Ӯ ба мардум эълон карда мегуфт: «Аз паси ман як нафаре меояд, ки аз ман тавонотар аст. Вай он қадар тавоност, ки ман ҳатто сазовори хам шуда кушодани банди пойафзоли Ӯ нестам. Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале Ӯ шуморо бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад».

Таъмиди Исо

Рӯзе Исо аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил буд, ба назди Яҳё рафт ва Яҳё Ӯро дар дарёи Урдун таъмид дод. 10 Вақти аз об баромадан Исо дид, ки осмон кушода шуд ва Рӯҳи Муқаддас ба сурати кабӯтаре поён фаромада, дар болои Вай қарор гирифт. 11 Сипас аз осмон овозе садо дод: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам».

12 Рӯҳи Муқаддас фавран Исоро ба биёбон равона кунонд. 13 Ӯ дар он ҷо чил рӯз монд ва иблис Ӯро меозмуд. Дар биёбон Исо дар байни ҳайвоноти ваҳшӣ буд ва фариштагон ба Ӯ хизмат мекарданд.

Оғози хизмати Исо

14 Пас аз дастгир шудани Яҳё Исо ба сарзамини Ҷалил омад, то ки хушхабари Худоро ба мардум эълон бикунад. 15 Ӯ мегуфт: «Вақт фаро расид ва подшоҳии Худо наздик аст. Тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст кашед ва ба ин хушхабар имон оваред».

16 Рӯзе Исо аз назди кӯли Ҷалил мегузашт, ки ба об тӯр андохта истодани Шимъӯн ва бародари ӯ Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд. 17 Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». 18 Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, Ӯро пайравӣ карданд.

19 Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид, ки Ёқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқи худ тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд. 20 Дарҳол онҳоро даъват намуд ва онҳо падарашон Забдойро бо мардикорон дар қаиқ монда, Ӯро пайравӣ карданд.

Шифои марди девона

21 Сипас онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум омада, дар рӯзи истироҳат, ба ибодатхона рафтанд. Дар он ҷо Исо ба таълим додани мардум оғоз намуд. 22 Мардум аз таълими Ӯ қоил монданд, чунки Ӯ бо қудрат таълим медод, ки шариатдонон ин тавр набуданд.

23 Айнан ҳамон вақт марде гирифтори рӯҳи нопок, ки дар ибодатхона буд, фарёд зад: 24 «Эй Исои Носирӣ, Ту ба мо чӣ кор дорӣ?! Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!»

25 Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд, ки хомӯш шавад ва аз даруни он одам берун барояд. 26 Рӯҳи нопок ӯро ба замин афтонда, бо овози баланд фарёд заду аз вай берун шуд. 27 Ҳама дар ҳайрат монданд ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чист? Ин як таълимоти навест! Ӯ ҳатто ба рӯҳҳои нопок чунон боқудратона амр медиҳад, ки онҳо ба Вай итоат мекунанд?» 28 Овозаи Исо зуд дар тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил паҳн шуд.

Исо беморонро шифо медиҳад

29 Ҳамин ки Исо аз ибодатхона баромад бо ҳамроҳии Ёқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯну Андриёс рафт. 30 Вақте ба он ҷо расиданд, ба Исо зуд хабар доданд, ки хушдомани Шимъӯн таб карда, дар бистар хобидааст. 31 Вай назди бемор омад ва аз дасташ гирифта, ӯро бархезонд. Таби бемор паст шуд ва ӯ машғули меҳмоннавозӣ гардид.

32 Ҳамон бегоҳ, ҳангоми нишасти офтоб мардум ҳамаи беморону девонагонро ба назди Исо оварданд. 33 Тамоми аҳолии шаҳр ҳам назди дари хонаи онҳо ҷамъ омаданд. 34 Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳои гуногун шифо дод, бисёр девҳоро берун кард ва нагузошт, ки девҳо чизе бигӯянд, зеро онҳо кӣ будани Ӯро медонистанд.

Дуои Исо дар хилватгоҳ

35 Саҳарии барвақт, ҳанӯз субҳ надамида, Исо бархесту ба ҷои хилвате рафта, дуо кард. 36 Шимъӯн ва ҳамроҳонаш бошанд, ба ҷустуҷӯи Исо баромаданд. 37 Ӯро ёфта, ба Вай гуфтанд: «Ҳама Шуморо ҷустуҷӯ мекунанд». 38 Вале Исо гуфт: «Биёед, ба шаҳру деҳоти гирду атроф низ биравем, то ки Ман ба мардуми он ҷо ҳам хушхабарро эълон намоям, чунки барои иҷрои ҳамин кор Ман омадаам».

39 Баъд Ӯ ба тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил сафар карда, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод ва девҳоро аз одамон берун мекард.

Покшавии марди махав

40 Рӯзе ба назди Исо марди махав омад. Вай ба зону нишаста зорӣ карда гуфт: «Агар хоҳед, метавонед маро пок созед». 41 Дили Исо ба ҳоли мард сӯхт ва дасташро ба вай расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам! Пок шав!» 42 Фавран касалии мард нест шуда, баданаш пок гашт.

43 Исо ӯро зуд ҷавоб дода таъкидкунон 44 гуфт: «Дар ин бора зинҳор ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ ва барои пок шудани худ, ҳамон тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба онҳо шаҳодате гардад». 45 Вале он мард берун баромада ошкоро ин хабари хушро паҳн мекард. Барои ҳамин Исо дигар озодона ба шаҳр даромада натавонист, балки дар саҳро монд. Бо вуҷуди ин, мардум аз ҳама ҷо ба назди Ӯ меомаданд.

2

Шифо ёфтани марди шал

Пас аз чанд рӯз Исо ба шаҳри Кафарнаҳум баргашт ва овозаи дар хона буданаш зуд дар ҳама ҷо паҳн шуд. Хона ва беруни он чунон пуродам шуд, ки ҳатто ҷои сӯзан афтодан намонда буд. Исо ба онҳо каломи Худоро таълим медод. Ҳамин вақт боз одамоне омаданд, ки чор нафаре аз онҳо шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта назди Исо меоварданд. Вале аз бисёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавониста, боми хонаро аз болои сари Исо кушоданд ва дар он шикофе карда, шалро якҷоя бо ҷойгаҳаш поён фароварданд. Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, гуноҳҳоят бахшида шуданд!»

Баъзе аз шариатдононе, ки дар он ҷо нишаста буданд, аз дили худ чунин фикрҳо мегузаронданд: «Ӯ чаро чунин суханони кофирона мегӯяд! Ҳеҷ кас ба ғайр аз Худо гуноҳи инсонро бахшида наметавонад».

Исо ҳамон лаҳза дар дилаш фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро чунин фикрҳо доред? Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд” ё ки „бархез, ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард?”. 10 Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад». Сипас ба шал нигариста гуфт: 11 «Ба ту мегӯям, бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав».

12 Он мард аз ҷояш хеста, фавран ҷойгаҳашро ҷамъ карду дар пеши назари мардуми дарҳайратмонда равона шуд. Ҳама Худоро ситоиш карда, ба якдигар мегуфтанд: «То ҳол монанди ин чизе надида будем!»

Шогирди Исо шудани Левӣ

13 Исо боз ба соҳили кӯл рафт. Мардум дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд ва Ӯ онҳоро таълим дод. 14 Ҳангоме Исо роҳашро давом дод Левии писари Ҳалфиро дид, ки ба ҷамъоварии андозу хироҷ машғул буд, ба ӯ гуфт: «Биё, пайрави Ман шав». Левӣ бархест ва аз паси Ӯ равона шуд.

15 Вақте ки Исо бо шогирдонаш дар хонаи Левӣ таом мехӯрд, бисёр андозгирон ва онҳое, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ дар сари он дастархон буданд, чунки бисёриҳо аз паи Исо мерафтанд.

16 Баъзе шариатдонон, ки фарисӣ буданд, Исоро бо «гунаҳкорону» андозгирон дар сари як дастархон дида, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Ӯ бо андозгирону гунаҳкорон аз як дастархон хӯрок мехӯрад?»

17 Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон мӯҳтоҷанд. Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро даъват намоям».

Савол дар бораи рӯза

18 Дар он айём ҳам пайравони Яҳё ва ҳам фарисиён рӯза гирифта буданд. Баъзе касон назди Исо омада пурсиданд: «Чаро пайравони Яҳё ва пайравони фарисиён рӯза мегиранду шогирдони Шумо намегиранд?»

19 Исо ба онҳо гуфт: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, ки домод ҳанӯз ҳамроҳашон аст, рӯза мегиранд? То домод бо онҳост, онҳо рӯза гирифта наметавонанд? 20 Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он рӯз онҳо низ рӯза мегиранд.

21 Касе аз матои нав ба либоси кӯҳна ямоқ намекунад. Чун кунад ямоқи нав аз либоси кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам аёнтар мешавад. 22 Инчунин касе шароби навтайёршударо ба машки чармини кӯҳна намерезад, чун бирезад ҳангоми ба ҷӯш омадани шароб машк дарида, ҳам шароб мерезад ва ҳам худи машк аз кор мебарояд. Бинобар ин шароби навтайёршударо ба машки нав мерезанд».

Савол дар бораи рӯзи истироҳат

23 Як рӯзи истироҳат Исо ва шогирдонаш аз киштзори гандум мегузаштанд ва дар аснои роҳ шогирдон хӯшаҳои гандумро мечиданд. 24 Баъзе аз фарисиён ба Исо гуфтанд: «Барои чӣ онҳо кори дар рӯзи истироҳат раво набударо мекунанд?»

25 Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд ва эҳтиёҷ дошт, чӣ кор кард? 26 Вақте ки Абётор сарвари рӯҳониён буд, Довуд ба хонае, ки ҳузури Худоро дошт, даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯи шариат фақат рӯҳониён ҳақ доштанд он нонро бихӯранд».

27 Боз давом дод: «Рӯзи истироҳат барои инсон офарида шудааст, на инсон барои рӯзи истироҳат. 28 Бинобар ин Фарзанди Инсон соҳиби ҳатто рӯзи истироҳат аст».

3

Шифо додан дар рӯзи истироҳат

Бори дигар Исо ба ибодатхона рафт ва дар он ҷо марди дасташ хушкшудае буд. Баъзе одамон Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё он мардро дар рӯзи истироҳат шифо мебахшад ё не. Агар шифо бахшад, Ӯро айбдор кунанд. Исо ба он марди дасташ хушкшудае гуфт, ки дар назди ҳама рост истад.

Сипас ба тарафи онҳо нигоҳ карда гуфт: «Ба фикри шумо дар рӯзи истироҳат чӣ равост: некӣ ё бадӣ кардан; наҷот додани ҷон ё нобуд кардани он?» Аммо онҳо хомӯш буданд. Исо бо ғазаб ба онҳо нигоҳ карду аз якравиашон ғамгин гашт ва ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун!» Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд. Фарисиён аз ибодатхона баромада, зуд бо аъзоёни ҳизби ҳиродиён муҳокима карда, нақшаи куштани Исоро кашиданд.

Мардум аз паи Исо мераванд

Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш ба тарафи кӯл равона шуд, мардуми бисёре аз сарзамини Ҷалилу Яҳудия, аз шаҳри Ерусалим, инчунин аз сарзамини Адӯму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз паси Ӯ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исо шунида, ба гирди Ӯ ҷамъ меомаданд. Аз сабаби бисёрии мардум Исо ба шогирдонаш фармуд, ки барояш қаиқе тайёр кунанд, то ки одамон Ӯро пахш накунанд. 10 Азбаски Исо беморони зиёдеро шифо бахшида буд, ҳамаи беморон аз ҳар тараф Ӯро пахш мекарданд, то дасташон ба Ӯ расаду шифо ёбанд. 11 Рӯҳҳои нопок баробари дидани Ӯ худро дар наздаш ба замин мепартофтанд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ!» 12 Вале Исо бо таъкиди қатъӣ ба онҳо амр мекард, ки Ӯро маълум накунонанд.

Интихоби дувоздаҳ вакил

13 Сипас Исо ба баландие баромада, онҳоеро ки мехост, ба наздаш даъват кард ва онҳо омаданд. 14 Баъд аз байни онҳо дувоздаҳ нафарро вакил таъин намуд, ки доимо бо Ӯ бошанд, то ки онҳоро барои ба мардум эълон кардани хушхабари Худо фиристад 15 ва онҳо қудрати берун кардани девҳоро дошта бошанд.

16 Он дувоздаҳ нафар инҳоянд: Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус меномид, 17 Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид, 18 Андриёс, Филиппус, Барталмо, Матто, Тумо, Ёқуб, ки писари Ҳалфӣ буд, Таддо, Шимъӯни Ватандӯст 19 ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.

Тӯҳмат дар ҳаққи Исо

Баъд Исо ба хона рафт. 20 Мардуми зиёде боз ҷамъ омадаанд, ки Ӯ ва шогирдонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан наёфтанд. 21 Бо шунидани ин хабар аҳли оилаи Исо ба наздаш омада, хостанд Ӯро бо худ баранд, зеро одамон мегуфтанд, ки Ӯ аз ақл бегона шудааст. 22 Гурӯҳе аз шариатдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар худ Баал-Забул, сардори девҳоро дорад ва бо қудрати вай девҳоро берун мекунад».

23 Исо онҳоро ба наздаш даъват карда, бо масал гуфт: «Чӣ тавр шайтон худашро берун карда метавонад? 24 Давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, устувор намемонад. 25 Хонаводае, ки байни аъзоёнаш ҷудоӣ афтодааст, устувор намемонад. 26 Агар шайтон бар зидди худаш биҷангад ва дар худ ҷудоӣ дошта бошад, устувор намемонад, балки нобуд мешавад.

27 Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯр зада даромада, молу мулкашро гирифта барад, то аввал дасту пои шахси пурзӯрро набандад, ана баъд хонаашро ғорат карда метавонад.

28 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳе, ки инсон мекунад ва ҳар сухани кофиронае, ки мегӯяд, бахшида мешавад. 29 Вале агар касе бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофирона гӯяд, ҳаргиз бахшида намешавад ва ин гуноҳаш то абад хоҳад монд». 30 Ин суханонро Исо ба хотири он гуфт, ки баъзеҳо дар борааш «Ӯ дар худ рӯҳи нопок дорад» мегуфтанд.

Модар ва бародарони Исо

31 Он гоҳ модар ва бародарони Исо омада, дар берун истода, шахсеро фиристоданд, ки Ӯро даъват кунад. 32 Исо дар байни мардум нишаста буд, ки онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Модар ва бародарону хоҳаронатон дар берун истодаанд ва Шуморо мепурсанд». 33 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Модар ва бародарони Ман кистанд?- 34 ва ба атрофиёнаш нигоҳе карду давом дод,- Ана, инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд. 35 Ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо орад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».

4

Масал дар бораи деҳқон

Бори дигар Исо дар канори кӯл ба мардум таълим медод ва тӯда-тӯдаи одамон дар гирдаш ҷамъ омаданд. Бинобар ин Ӯ маҷбур шуд, ки ба қаиқ нишаста, аз кӯл ба мардуме, ки дар соҳил буд, сухан гӯяд. Ӯ таълим додани бисёр чизҳоро ба онҳо бо масалҳо сар кард. Ӯ гуфт:

«Гӯш кунед! Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан мебарояд. Вақте ки дона мепошад, як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онро аз замин чида пок-покиза мехӯранд. Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад. Вале бо баромади офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштан хушк мешавад. Як миқдори дигараш ба миёни хорҳо меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи баромадаро пахш мекунанду намегузоранд, ки он ҳосил диҳад. Лекин як ҳиссаи донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, месабзад ва қад кашида сӣ, шаст ва сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳад».

Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»

10 Вақте ки Ӯ танҳо буд, он дувоздаҳ нафар ва пайравонаш аз Ӯ маънои масалро пурсиданд. 11 Исо ҷавоб дод: «Худо ба шумо сирру асрори подшоҳии худро ошкор кардааст. Вале барои онҳое, ки бо мо нестанд, ҳама чиз бо мақолу масалҳо таълим дода мешавад, 12 то ки онҳо

бо чашмони худ нигоҳ кунанду набинанд,

бо гӯшҳои худ шунаванду нафаҳманд

ва сӯи Худо рӯ нагардонанд,

то Худо гуноҳҳояшонро бубахшад”».

Маънидод кардани масал дар бораи деҳқон

13 Баъд аз онҳо пурсид: «Магар маънои ин масалро нафаҳмидед? Пас ҳамаи масалҳои дигарро чӣ тавр мефаҳмед?

14 Деҳқон каломи Худоро мекорад. 15 Он ҳиссаи донаҳо, ки ба пайраҳа меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, вале шайтон зуд омада, каломи дар дили онҳо кошта шударо медуздад. 16 Донаҳои ба замини санглох афтода касоне мебошанд, ки каломро шунида, якбора бо хушҳолӣ онро қабул мекунанд, 17 вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳ бардошт мекунанд. Баъд вақте ки аз барои калом ба душворӣ ва азоб дучор мешаванд, зуд имони худро аз даст медиҳанд. 18 Донаҳое, ки ба замини хорзор меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, 19 аммо ғаму ташвиши зиндагӣ, орзуи бойигарӣ ва майлу рағбат ба чизҳои дигар фикру хаёлашонро ба худ банд карда, каломро пахш менамоянд ва дар натиҷа онҳо ҳеҷ ҳосиле намеоранд. 20 Вале донаҳое, ки ба замини ҳосилхез меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду қабул мекунанд ва сӣ, шаст ва сад баробар бештар ҳосил медиҳанд».

Дар бораи чароғ

21 Баъд аз онҳо пурсид: «Магар чароғро барои он меоранд, ки зери тағора ё кате гузоранд? Оё онро ба чароғпоя намегузоранд? 22 Ҳамин тавр, ҳар чӣ пинҳон ва пӯшида аст, ошкор ва равшан мегардад. 23 Пас, ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!

24 Суханони мешунидаатонро бо диққат мулоҳиза намоед. Бо кадом санги тарозу шумо баркашед, бо ҳамон санги тарозу ва ҳатто зиёдтар аз он ба шумо баркашида мешавад. 25 Зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ҳам зиёдтар дода мешавад ва касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад».

Масал дар бораи сабзиши дона

26 Исо суханони худро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худо монанди он аст, ки шахсе ба замин донаҳо мепошад 27 ва шабҳо хоб мераваду рӯзҳо бедор мешавад, донаҳо бошанд, сабзида нашъунамо меёбанд. Вале он шахс намедонад, ки сабзиш чӣ тавр сурат мегирад. 28 Чунки худи замин донаҳоро месабзонад. Аввал дона сабзида қад мекашад, баъд хӯша пайдо шуда, аз дона пур мешавад. 29 Ҳамин ки хӯшаҳо пухта мерасанд, вай бо дос меояд, чунки мавсими ҳосил расидааст».

Масал дар бораи донаи хардал*

30 Инчунин Исо гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунем? Бо кадом масал онро шарҳ диҳем? 31 Вай монанди донаи хардалест, ки ҳангоми коштан аз ҳамаи донаҳои рӯи замин майдатарин мебошад, 32 вале баъд аз кошта шудан, калон мешаваду аз ҳама гиёҳҳо баландтар мегардад ва шохаҳояш то андозае баланд мешаванд, ки паррандаҳо дар сояаш лона месозанд».

33 Ҳамин тавр, ба қадре ки мардум фаҳмида метавонист, Ӯ каломи Худоро ба тариқи чунин масалҳои зиёд баён мекард. 34 Исо ба онҳо ҳама чизро бо масал таълим медод, вале маънои масалҳоро ба шогирдонаш дар танҳоӣ мефаҳмонд.

Исо тӯфонро ором мекунад

35 Бегоҳии ҳамон рӯз Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба канори дигари кӯл гузарем». 36 Сипас, онҳо мардуми дар соҳил ҷамъомадаро тарк карданд ва ба қаиқе, ки Исо дар он нишаста буд, савор шуда, ба роҳ даромаданд. Бо Ӯ қаиқҳои дигар ҳам равона шуданд.

37 Ногаҳон тӯфони сахте сар шуд. Мавҷҳо бо зарб ба қаиқ бармехӯрданд ва оқибат қаиқ аз об пур шуд. 38 Аммо Исо дар қафои қаиқ сарашро ба болишт гузошта мехобид. Шогирдонаш Ӯро бедор карда гуфтанд: «Устод! Магар парво надоред, ки мо мемирем?!»

39 Ӯ бархест ва бодро таъна зада, ба кӯл фармон дод: «Хомӯш шав! Ором бош!» Ҳамон лаҳза бод аз вазидан бозмонд ва дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд.

40 Исо ба шогирдонаш гуфт: «Чаро ин қадар тарсидед? Оё ҳоло ҳам боварӣ надоред?» 41 Вале онҳо, дар ҳолате ки тарсу ҳарос тамоми вуҷудашонро фаро гирифта буд, ба якдигар мегуфтанд: «Ин кӣ аст, ки ҳатто бод ва кӯл ба Ӯ итоат мекунанд!»

5

Исо девонаро шифо медиҳад

Ҳамин тавр, Исо ва шогирдонаш ба тарафи дигари кӯл, ба сарзамини Ҷадариён расиданд. Ҳангоми ба соҳил фаромадани Исо, якбора як шахсе, ки гирифтори рӯҳи нопок буд, аз қабристон берун баромада, ба тарафи Ӯ давид. Ин мард дар қабристон зиндагӣ мекард ва ҳеҷ кас ӯро бо занҷир ҳам баста, нигоҳ дошта наметавонист. Борҳо дасту пояшро бо занҷирҳо баста ва завлона карда буданд, вале ӯ завлонаҳоро шикаста, занҷирҳоро пора-пора мекард. Касе барои ром кардани вай қувват надошт. Ӯ шабу рӯз доимо дар қабристон ва теппаҳо дод зада мегашту худро бо сангҳо зада, маҷрӯҳ мекард.

Вақте ки ӯ Исоро аз дур дид, давон-давон ба наздаш омада саҷда кард. 7-8 Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо тамоми овозаш фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!»

Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем». 10 Вай аз Исо зорию тавалло кард, ки онҳоро аз он маҳалла берун накунад.

11 Ҳамин вақт як галаи калони хукон дар болои теппае мечарид. 12 Рӯҳҳои нопок аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Моро ба мобайни хукҳо фирист ва иҷозат деҳ, ки ба онҳо дохил шавем». 13 Исо ба онҳо иҷозат дод. Он гоҳ рӯҳҳои нопок аз он мард берун баромада, дохили хукҳо шуданд. Тамоми галаи хукон, ки тақрибан ду ҳазор сар буд, аз баландӣ ҷаста худро ба кӯл партофта ғарқ шуданд.

14 Хукбонҳо бошанд, ба шаҳру деҳоти атроф гурехта, дар ҳама ҷо ин ҳодисаро ба мардум нақл карданд. Мардум берун баромаданд, то бубинанд, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. 15 Пас онҳо дар гирди Исо ҷамъ омада, диданд, ки ҳамон девонае, ки гирифтори лашкари девҳо буд, акнун дар тан либос дораду бо ақли солим нишастааст ва хеле тарсиданд. 16 Шоҳидони ин воқеа, ҳодисаи бо девонаву хукҳо рӯйдодаро нақл мекарданд. 17 Он гоҳ мардум аз Исо хоҳиш карданд, ки аз сарзаминашон биравад.

18 Ҳангоме ки Исо ба қаиқ савор мешуд, марде, ки пештар гирифтори девҳо буд, аз Вай илтимос кард, ки ӯро ҳам бо худ бубарад. 19 Аммо Исо хоҳиши ӯро рад карда гуфт: «Ба хонаат баргард ва ба хешу таборат нақл кун, ки Худованд дар ҳаққи ту чӣ кор ва чӣ ғамхории бузурге кард». 20 Ӯ низ равона шуд ва дар тамоми гӯшаву канори Даҳ Шаҳр ба ҳама эълон карда мегуфт, ки Исо барояш чӣ кори бузурге кардааст ва ҳама аз шунидани ин дар ҳайрат мемонданд.

Духтари Ёир ва шифо ёфтани зани бемор

21 Исо ба қаиқ савор шуда, ба тарафи дигари кӯл рафт. Вақте ки ба соҳил расид, мардуми зиёде назди Ӯ ҷамъ омаданд. 22 Дар ҳамин вақт марде бо номи Ёир, ки яке аз сардорони ибодатхонаи он шаҳр буд, омада Исоро дидан замон, худро пеши пойҳои Ӯ партофт. 23 Ӯ зорикунон гуфт: «Духтарам дар дами марг аст. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки биёед ва дастатонро бар ӯ бигузоред, то шифо ёбаду зинда монад». 24 Исо бо ӯ ба роҳ даромад ва аз паси онҳо мардуми бешуморе ҳам равона шуданд, ки аз ҳар тараф Исоро фишор медоданд.

25 Дар он ҷо як зане буд, ки дувоздаҳ сол боз касалии хунравӣ дошт. 26 Ҳарчанд вай аз муолиҷаи табибони зиёд дард кашида, тамоми дорояшро сарф карда буд, саломатиаш хуб намешуд. Баръакс, аҳволаш торафт бадтар мешуд.

27-28 Вақте ки ӯ дар бораи Исо шунид, аз дилаш гузаронд: «Агар ақаллан ба либосаш даст расонам, шифо меёбам». Барои ҳамин он зан аз байни тӯдаи одамон гузашта, аз ақиб ба Исо наздик шуду ба ҷомааш даст расонд. 29 Худи ҳамон лаҳза хунравиаш бозмонд ва ӯ ҳис кард, ки шифо ёфтааст.

30 Ҳамон лаҳза Исо низ ҳис кард, ки аз Ӯ қуввае берун рафт ва ба мардуми гирду атрофаш нигоҳ карда пурсид: «Кӣ ба ҷомаам даст расонд?»

31 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинед, ки ба Шумо аз ҳар тараф фишор меоранд ва боз мепурсед, ки ба Шумо кӣ даст расонд?»

32 Вале Исо ба атрофиён нигоҳ мекард, то касеро, ки ба ҷомааш даст расонда буд, пайдо кунад. 33 Зане, ки аз шифоёбиаш огоҳ буд, ҷуръат карда, тарсону ларзон ба Исо наздик омад ва худро пеши пойҳои Ӯ партофта, ҳақиқати ҳолро нақл кард. 34 Исо ба ӯ гуфт: «Эй зан, туро имонат шифо дод! Рав ва дар амон бошу саломат гард!»

35 Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, чанд нафар аз хонаи Ёир хабар оварда, гуфтанд: «Духтаратон гузашт. Ба заҳмат додани устод дигар ҳоҷате нест».

36 Исо инро шунида, ба сардори ибодатхона гуфт: «Натарс! Фақат имон дошта бош». 37 Инро гуфт ва ба ғайр аз Петрус, Ёқуб ва бародари ӯ Юҳанно ба дигарон иҷозат надод, ки ҳамроҳаш бираванд.

38 Вақте ба хонаи Ёир расиданд, диданд, ки одамони зиёде бо шӯру ғавғо гиряву нола мекарданд. 39 Исо ба хона даромада ба онҳо гуфт: «Чаро шӯру ғавғо бардошта, гиря мекунед? Духтар намурдааст, фақат хобидааст».

40 Бо шунидани ин суханон мардум ба ҳолаш хандиданд. Вале Исо ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва ҳамроҳонаш ба хонае, ки духтар хобида буд, даромад. 41 Исо дасти беморро гирифта гуфт: «Талита қуми!», ки маънояш «Эй духтар, бархез!» аст. 42 Он духтар, ки дувоздаҳсола буд, зуд бархест ва ба роҳ гаштан даромад. Онҳо аз дидани ин дар ҳайрат монданд. 43 Исо онҳоро ҷиддӣ таъкид карда гуфт, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд ва хоҳиш кард, ки ба духтар хӯрок бидиҳанд.

6

Халқи Носира Исоро рад карданд

Исо бо шогирдонаш аз он ҷо баромада, ба шаҳри Носира, ки дар он ҷо ба воя расида буд, баргашт. Рӯзи истироҳат Ӯ дар ибодатхона ба таълим додани мардум шурӯъ кард. Бисёр касоне, ки Ӯро мешуниданд, ба ҳайрат афтода, чунин мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ҳамаи ин чизҳоро дорад? Ин чӣ ҳикмате ба Ӯ дода шудааст? Чӣ хел мӯъҷизаҳои бузург бо дастони Ӯ иҷро шудаанд? Магар Ӯ ҳамон дуредгар нест, ки модараш Марям, бародаронаш Ёқуб, Юшо, Яҳудо ва Шимъӯн ҳастанд ва хоҳаронаш ҳам дар байни мо зиндагӣ мекунанд?» Пас Ӯро рад карданд.

Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беифтихор намешавад, магар ин ки дар диёр, байни хешон ва хонадони худ қадр надорад».

Бинобар ин Исо дар он шаҳр мӯъҷизаи бузурге нишон дода натавонист, танҳо ба чанд бемор даст расонда, онҳоро шифо дод. Ӯ аз беимонии онҳо дар ҳайрат буд.

Исо дувоздаҳ вакилашро мефиристад

Исо ба деҳоти атроф рафта, мардумро таълим медод. Вай дувоздаҳ вакилашро ба пешаш даъват кард ва ба онҳо қудрати ба рӯҳҳои нопок амр карданро дода, ҷуфт-ҷуфт ба ҳар тараф фиристод. 8-9 Ӯ ба онҳо фармуд: «Ба ғайр аз асо ҳамроҳи худ чизе нагиред: на хӯрок, на борхалта, на ҳамёни пул ва на либоси иловагӣ. Танҳо пойафзоли оддӣ бипӯшед. 10 Ба ҳар ҷое, ки расидед, то вақти рафтанатон фақат дар як хона бимонед ва онро иваз накунед. 11 Агар дар он ҷо шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо биравед ва чанги он ҷойро аз пойҳои худ биафшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад».

12 Пас онҳо рафта, эълон мекарданд, ки ҳама бояд тавба карда ба Худованд рӯй оваранд. 13 Онҳо девҳои зиёдеро берун карда, бисёр беморонро бо молидани равған шифо бахшиданд.

Марги Яҳёи Таъмиддиҳанда

14 Шоҳ Ҳиродус* аз ин корҳо бохабар шуд, чунки номи Исо дар ҳама ҷо шӯҳрат меёфт. Баъзеҳо дар бораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳанда зинда шудааст ва барои ҳамин ҳам чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дар ҳаёташ амал мекунад. 15 Баъзеи дигарон мегуфтанд, ки ин Илёс пайғамбар аст. Қисми дигари одамон мегуфтанд, ки Ӯ яке аз пайғамбарони давраҳои қадим аст.

16 Аммо вақте Ҳиродус инро шунид, гуфт: «Ин Яҳё аст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо карда будам ва ҳоло ӯ аз нав зинда шудааст».

17-18 Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд: Ҳиродус ба занӣ Ҳиродияро, ки зани бародараш Филиппус буд, гирифт. Барои ҳамин Яҳё ба Ҳиродус мегуфт: «Хонадоршавии шумо бо Ҳиродия, ки зани бародаратон аст, раво нест». Аз ин рӯ, Ҳиродус як даста одамонро барои дастгир кардани Яҳё фиристод. Онҳо ӯро дастгир карда, баста ба ҳабс андохтанд.

19 Дар дили Ҳиродия зидди Яҳё кина пайдо шуд ва ӯ хост, ки Яҳёро бикушад, лекин ин корро карда наметавонист, 20 чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид. Вай медонист, ки Яҳё марди худотарс ва муқаддас аст, барои ҳамин ҳам ӯро эҳтиёт мекард. Гарчанде суханони Яҳё ӯро нороҳат мекарданд, ба ҳар ҳол онҳоро гӯш кардан барояш маъқул буд.

21 Рӯзе барои Ҳиродия фурсати муносибе фаро расид: Ҳиродус дар рӯзи таваллуди худ зиёфате ороста, ҳамаи мансабдорон, сарлашкарон ва мардуми бообрӯи сарзамини Ҷалилро даъват намуд. 22 Вақте ки духтари Ҳиродия ба базм омада рақсид, ӯ Ҳиродус ва меҳмононашро мафтун кард. Аз ин рӯ, Ҳиродус ба вай гуфт: «Ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам». 23 Подшоҳ Ҳиродус қасам хӯрда гуфт: «Ҳар чӣ ки пурсӣ медиҳам, то ҳатто нисфи мамлакатамро».

24 Духтар рафта аз модараш маслиҳат пурсид, ки чӣ талаб кунад. Ҳиродия ҷавоб дод: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро талаб кун».

25 Духтар базудӣ назди шоҳ омада гуфт: «Мехоҳам, ки худи ҳозир сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯи табақе ба ман ҳадя кунед».

26 Шоҳ хеле ғамгин шуд, вале аз барои қасами хӯрдааш ва меҳмононаш хоҳиши духтарро рад кардан нахост. 27 Бинобар ин шоҳ даррав ба ҷаллод фармуд, ки сари Яҳёро барояш гирифта биёрад. Ҷаллод ба ҳабсхона рафта, сари Яҳёро аз танаш ҷудо карду 28 рӯи табақ гузошта ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба модараш дод.

29 Ҳангоме ки шогирдони Яҳё аз ин хабар ёфтанд, омада, ҷасади ӯро гирифтанду бурда гӯронданд.

Бо панҷ нону ду моҳӣ сер кардани зиёда аз панҷ ҳазор кас

30 Вакилон ба назди Исо баргашта кори кардаашон ва ба мардум чизи таълим додаашонро нақл карданд.

31 Азбаски рафтуомади мардум чунон зиёд буд, ки Исо ва вакилонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан надоштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Танҳо худатон биёед, ки ҷои хилвате биравем ва каме истироҳат кунед». 32 Пас, ба қаиқ савор шуда, худашон танҳо ба ҷои хилвате рафтанд.

33 Бисёр одамон рафтани онҳоро диданд ва онҳоро шинохта, аз ҳар қишлоқ пиёда аз пасашон шитофтанду пеш аз онҳо ба он маҳал омада расиданд. 34 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳолашон раҳмаш омад, зеро ки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон буданд ва ба онҳо таълим додани чизҳои зиёдеро сар кард.

35 Бегоҳӣ шогирдон назди Исо омада гуфтанд: «Ин як ҷои беодам аст, вақт ҳам дер шуд. 36 Мардумро фиристед, ки ба деҳоту қишлоқҳои атроф рафта, барои худ хӯрдание харанд». 37 Вале Исо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Шогирдон пурсиданд: «Ба фикри шумо, мо бояд рафта ба дусад динор* нон харида, ба онҳо диҳем?» 38 Исо гуфт: «Рафта бинед, ки шумо чӣ қадар нон доред». Онҳо фаҳмида омада ба Ӯ гуфтанд: «Ҳамагӣ панҷ нону ду моҳӣ ҳаст».

39 Он гоҳ Исо фармуд, ки шогирдонаш мардумро гурӯҳ-гурӯҳ рӯи сабза шинонанд. 40 Одамон бо гурӯҳҳо панҷоҳ ва саднафарӣ нишастанд. 41 Исо он панҷ нон ва ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, бо моҳӣ ба шогирдонаш дод, онҳо бошанд, ба мардум тақсим карданд. 42 Ҳама то сер шудан хӯрданду 43 шогирдон аз нонпора ва моҳиҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабадро пур карданд. 44 Шумораи мардоне, ки нон хӯрданд, панҷ ҳазор нафар буд.

Дар рӯи об роҳ рафтани Исо

45 Баъд аз он Исо зуд ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеш ба сӯи Байт-Сайдо раҳсипор шаванд, то худаш мардумро ҷавоб диҳад. 46 Пас аз ҷавоб додани мардум Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад.

47 Шомгоҳон қаиқ ба миёни кӯл расид, Исо бошад, дар соҳил танҳо монда буд. 48 Вақте Исо дид, ки шогирдонаш бо азоб зидди боди мухолиф шино мекунанд, субҳидам рӯ-рӯи об қадамзанон ба тарафи онҳо равона шуд. Вай аз назди онҳо гузашта рафтанӣ буд, 49 вале шогирдон дар рӯи об роҳ рафтани Ӯро дида, фикр карданд, ки ин арвоҳ аст ва аз тарс фарёд заданд.

50 Азбаски ҳама Ӯро дида тарсиданд, Исо фавран ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед». 51 Баъд ба қаиқ савор шуд ва ҳамон замон бод аз вазидан монд. Шогирдон бениҳоят ҳайрон монданд, 52 чунки аз сабаби якравиашон ҳанӯз ҳодисаи зиёд шудани нонро нафаҳмиданд.

Шифоёфтани беморон

53 Онҳо ба соҳили дигар расида, дар сарзамини Ҷинесор қарор гирифтанд. 54 Ҳамин ки онҳо аз қаиқ фаромаданд одамон Исоро шинохтанд. 55 Онҳо зуд ба тамоми гирду атроф рафта, беморонро, ҳатто бо ҷойгаҳашон бардошта, ба ҳар ҷое, ки мешуниданд Исо буд, меоварданд. 56 Ба ҳар ҷое, ки Исо мерафт, чи дар деҳоту чи дар шаҳрҳо, одамон беморонро сари роҳи Ӯ гузошта, илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт.

7

Поку нопок

Рӯзе чанд нафар аз фарисиён ва шариатдонон аз Ерусалим ба назди Исо омаданд. Онҳо гирди Ӯ ҷамъ омада диданд, ки баъзе шогирдонаш бо дасти «бетаҳорат», яъне ношуста хӯрок мехӯранд.

Ҳол он ки яҳудиён, махсусан фирқаи фарисиён, то даме ки дастҳояшонро мувофиқи урфу одатҳои аҷдодон нашӯянд, ҳаргиз хӯрок намехӯрданд. Инчунин ҳеҷ чизро аз бозор то нашӯянд намехӯрданд. Боз бисёр урфу одатҳои дигарро риоя мекарданд, монанди шустани пиёла ва дегу табақҳои биринҷӣ.

Фарисиён ва шариатдонон аз Исо пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро риоя накарда, бо дастҳои бетаҳорат хӯрок мехӯранд?»

Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте оиди шумо, дурӯяҳо пешгӯӣ карда гуфта буд:

Худо мегӯяд:

Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд,

вале дилашон аз Ман дур аст.

Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд,

чунки қонуну қоидаҳои инсониро «қонуни Худо» гуфта таълим медиҳанд!›”.

Шумо фармудаҳои Худоро як тараф гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ пайравӣ мекунед. Шумо барои нигоҳ доштани урфу одатҳои худ шуда моҳирона фармудаҳои Худоро беэътибор мемонед.

10 Масалан, Худо ба воситаи Мӯсо фармудааст: „Падару модари худро эҳтиром кунед” ва „ҳар кӣ дар ҳаққи падар ё модараш сухани қабеҳ гӯяд, ҷазояш марг аст”. 11 Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ нарасонда гӯяд, ки ман инро ба Худо мебахшам, 12 шумо дигар намегузоред, ки вай ба падару модараш ягон кӯмаке кунад. 13 Ҳамин тавр шумо суханони Худоро бо урфу одатҳои худ барҳам дода, насл ба насл инро ёд медиҳед ва бисёр корҳои мисли ин мекунед».

14 Исо мардумро боз наздаш даъват намуда гуфт: «Ҳамаатон Маро гӯш карда, бифаҳмед.

15-16 Ҳар чизе ки аз берун ба даруни одам медарояд, вайро ҳаром карда наметавонад, аммо он чизе, ки аз даруни одам берун мебарояд, вайро ҳаром мекунад*».

17 Вақте ки Исо аз назди мардум рафта, ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ маънои ин масалро пурсиданд. 18 Вай ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам инро нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чӣ ба даруни одам аз берун медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад? 19 Чунки хӯрок ба дили шумо дохил намешавад, балки аз меъдаи шумо гузашта, берун мебарояд» (бо ин суханон Исо эълон кард, ки ҳар гуна хӯрок ҳалол аст).

20 Баъд илова кард: «Он чизе, ки аз даруни худи инсон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад. 21-22 Чунки маҳз аз дохил, аз дили инсон ниятҳои бад берун меоянд, ба монанди алоқаи беникоҳ, дуздиву одамкушӣ ва бахилӣ, фиребу найранг, бадкориву бадахлоқӣ, ҳасаду тӯҳматкунӣ, мағрурӣ ва бефаросатӣ. 23 Ҳамаи ин бадиҳо аз даруни инсон берун баромада, ӯро ҳаром мекунанд».

Имони як зан

24 Аз он ҷо Исо ба шаҳри Сур рафт. Ӯ ба хонае даромад ва нахост, ки касе омаданашро фаҳмад. Вале ин кор ба Ӯ муяссар нашуд.

25 Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳи нопок буд, аз омадани Исо зуд бохабар шуда, ба назди Ӯ омад ва ба пеши пойҳояш афтод. 26 Вай зани юнонӣ, зодаи Финиқияи Сурия буд. Ӯ илтимос кард, ки Исо девро аз духтараш берун кунад.

27 Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сер шаванд, чунки нони фарзандонро гирифта ба сагон додан нодуруст аст».

28 Вале зан ҷавоб дод: «Дуруст аст, хоҷаам, вале сагон ҳам нонпораҳои аз дастархони кӯдакон афтодаро чида мехӯранд».

29 Он гоҳ Исо ба зан гуфт: «Барои чунин ҷавобат метавонӣ ба хонаат баргардӣ, ки дев аз духтарат дур шудааст».

30 Зан ба хонааш омада дид, ки дев аз духтараш берун шуда, вай ором хобидааст.

Шифо ёфтани марди кар

31 Сипас, Исо аз Сур баромада, бо роҳи Сидун ба тарафи кӯли Ҷалил ба ноҳияи Даҳ Шаҳр равона шуд. 32 Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар буду забонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исо бар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад.

33 Исо ӯро аз байни мардум ба як тараф бурда, ангуштонашро ба гӯши вай гузошт ва туф карда, ангуштонашро ба забони мард расонд. 34 Баъд ба осмон нигариста оҳе кашиду гуфт: «Ифатаҳ!», ки маънояш «Кушода шав!» мебошад. 35 Он мард зуд шифо ёфта, гӯшҳояш кушода шуданд, забонаш озод гашт ва ӯ бурро гап зада метавонистагӣ шуд.

36 Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд, вале ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, онҳо ҳамон қадар зиёдтар овозаҳо паҳн мекарданд. 37 Мардум қоил шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Ҳар коре, ки мекунад, хуб аст. Ӯ ҳатто карҳоро шунаво мекунаду забони гунгҳоро мекушояд».

8

Сер кардани тақрибан чор ҳазор кас

Дар яке аз ҳамин рӯзҳо боз тӯда-тӯдаи одамон ба назди Исо ҷамъ омаданд ва чизи хӯрдание надоштанд. Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва ҳеҷ хӯрдание надоранд. Агар онҳоро гурусна ба хонаҳояшон фиристам, дар роҳ аз ҳол мераванд ва баъзеи онҳо аз роҳи дур омадаанд».

Шогирдонаш гуфтанд: «Магар касе метавонад дар ин биёбон ин қадар одамро аз нон сер кунад?»

Исо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто».

Ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯи замин шинанд. Баъд он ҳафт нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш дод, ки тақсим кунанд ва онҳо нонро ба мардум тақсим карданд. Онҳо инчунин чанд моҳии майда ҳам доштанд. Исо Худоро барои онҳо шукр гуфта, фармуд, ки он моҳиҳо низ байни мардум тақсим шаванд. Мардум хӯрда сер шуданд ва аз хӯроки боқимонда ҳафт сабади калонро пур карданд. Дар он ҷо қариб чор ҳазор нафар буданд ва Исо онҳоро ҷавоб дод.

10 Баъд якбора Ӯ бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ноҳияи Далмонуто раҳсипор гашт.

Фарисиён нишона талаб мекунанд

11 Сипас чанд нафаре аз фарисиён назди Исо омада, бо Ӯ баҳсу мунозираро сар карданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки ба онҳо ягон нишонае аз ҷониби Худо диҳад.

12 Исо аз дилаш оҳи вазнине кашида гуфт: «Барои чӣ ин насл нишонае талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ба ин насл ягон нишона дода намешавад».

13 Пас онҳоро монда, ба қаиқ савор шуду ба тарафи дигари кӯл рафт.

Хамиртуруши фарисиён ва Ҳиродус

14 Шогирдони Исо фаромӯш карданд, ки ба қаиқ бо худ нон бигиранд ва ҳоло фақат як нон доштанд. 15 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши шоҳ Ҳиродусу фарисиён эҳтиёт кунед».

16 Шогирдон бо якдигар муҳокима карда мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби нон надоштанамон инро гуфт». 17 Вале Исо аз суханони онҳо дарак дошта гуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Магар то ҳол дарк намекунед ва нафаҳмидед? Ё гарданшах шудаед? 18 Шумо, ки чашм доред, чаро намебинед? Гӯш дореду чаро намешунавед? Оё фаромӯш кардед? 19 Ҳангоми панҷ ҳазор мардро бо панҷ нон сер карданам чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Ҷавоб доданд: «Дувоздаҳ сабад».

20 Гуфт: «Вақте ки бо ҳафт нон чор ҳазор нафарро сер кардам, чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Гуфтанд: «Ҳафт сабад!» 21 Ба онҳо гуфт: «Оё то ҳол намефаҳмед?»

Шифо ёфтани кӯр

22 Вақте ки онҳо ба Байт-Сайдо расиданд, чанд нафаре марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад. 23 Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар Ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?»

24 Мард боло нигариста гуфт: «Мардумро мисли дарахтоне мебинам, ки роҳ мераванд». 25 Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бо диққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид. 26 Исо ӯро ба хонааш фиристода таъкид кард, ки ба деҳа барнагардад.

Фикри Петрус дар бораи Исо

27 Исо бо шогирдонаш ба деҳаҳои атрофи шаҳраки Қайсарияи Филиппус сафарашро давом дод. Дар роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Одамон дар бораи кӣ будани Ман чӣ мегӯянд?»

28 Онҳо ҷавоб доданд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, дигарон, ки Илёс пайғамбаред, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Шумо яке аз пайғамбарони гузашта ҳастед».

29 Он гоҳ Исо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус гуфт: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо ҳастӣ». 30 Исо онҳоро таъкид кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.

Пешгӯии Исо дар бораи марги худ

31 Баъд Исо ба шогирдонаш таълим додани онро сар кард, ки Фарзанди Инсон бояд ранҷу азоби зиёде кашад ва пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯ мегардонанд ва Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад.

32 Исо ин суханонро кушоду равшан гуфт, вале Петрус Ӯро ба як сӯ кашида, ба сарзаниш кардан даромад. 33 Лекин Исо рӯяшро гардонда ба шогирдонаш нигоҳ карду Петрусро сарзаниш намуда гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Ту фикри Худоро надорӣ, балки фикри инсонӣ мекунӣ».

34 Баъд Исо шогирдон ва мардумро ба наздаш ҷамъ карда гуфт: «Ҳар касе аз шумо, ки мехоҳад пайрави Ман бошад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад. 35 Ҳар кас, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар кас, ки ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри ҳаёти худаш мегузарад, онро нигоҳ медорад. 36 Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? 37 Одамизод бар ивази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад. 38 Касе, ки дар ин рӯзгори пур аз гуноҳу беимонӣ аз Ман ва суханонам шарм кунад, Фарзанди Инсон низ, ҳангоме ки бо шӯҳрату ҷалоли Падараш, ҳамроҳи фариштаҳои муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард».

* *4:30 Хардал - (горчитса) гиёҳе, ки баландиаш аз 120 см. то ба чору ним метр рафта мерасад, донааш бошад, аз ҳамаи донаҳо ва тухмҳои растаниҳои дигар хурдтар аст.

* *6:14 Шоҳ Ҳиродус — дар ин ҷо Ҳиродус Антипас мебошад, ки ҳокими сарзамини Ҷалил буд.

* *6:37 Динор - дар ин ҷо тангаи румӣ мебошад, ки арзишаш ба маоши якрӯзаи коргар баробар буд.

* *7.15-16 7:15-16 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад».



<< Башорат