Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Хушхабар аз Марқӯс 9-16

Copyright Фонди «Калом»

Дар бораи ҳамин китоб савол ё фикрҳо доред? Ба kalomikhudo@mail.ru нависед.

9

Исо ба онҳо боз ин тавр гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, чанд нафароне, ки дар ин ҷо ҳастанд, ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон бо тамоми қудрат омадани подшоҳии Худоро мебинанд».

Дигаргун шудани Исо

Пас аз шаш рӯз Исо танҳо Петрус, Ёқуб ва Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта, ба болои кӯҳи баланд баромад. Дар он ҷо рангу рӯи Исо дар пеши назари шогирдонаш дигаргун шуд. Либоси Ӯ дурахшида, аз барф ҳам сафедтар гашт, то ба дараҷае, ки дар рӯи замин ҳеҷ кас аз он сафедтар карда наметавонад. Он гоҳ барояшон Илёс ва Мӯсо намудор шуданд, ки бо Исо сӯҳбат мекарданд.

Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Устод, бароямон хуб аст, ки ин ҷо бошем. Биёед се хаймае месозем, яке барои Шумо, дигаре ба Мӯсо ва боз ба Илёс». Петрус намедонист, ки чӣ гӯяд, чунки ҳамаи онҳо сахт тарсида буданд. Баъд абре пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва овозе аз он шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст, суханони Ӯро гӯш кунед». Ногаҳон онҳо ба атроф назар андохта, ғайр аз Исо касеро надиданд.

Вақте ки аз кӯҳ мефаромаданд, Исо онҳоро таъкид кард, ки то аз нав зинда шудани Фарзанди Инсон аз он чӣ дидаанд, ба касе чизе нагӯянд. 10 Барои ҳамин онҳо ба касе дар ин бобат даҳон намекушоданд, агарчи дар байни худ маънои ибораи «аз нав зинда шудан»-ро муҳокима мекарданд.

11 Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Чаро шариатдонон мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?»

12 Исо ҷавоб дод: «Дуруст, аввал Илёс омада, ҳама чизро барқарор мекунад. Вале Фарзанди Инсон, чунон ки дар борааш навишта шудааст, азоб кашида, хору зор мегардад. 13 Аммо дар бораи Илёс мегӯям, ки ӯ омада буд ва айнан ҳамон тавре, ки дар бораи ӯ навишта шуда буд, дар ҳаққи ӯ ҳар чӣ ки хостанд, карданд».

Аз рӯҳи нопок шифо ёфтани писарбача

14 Вақте ки онҳо ба назди шогирдони дигар омаданд, диданд, ки мардуми зиёде дар гирди онҳо ҷамъ шудаанд ва чанд нафар аз шариатдонон бо онҳо баҳсу мунозира доранд. 15 Ҳамин ки мардум Исоро диданд, хеле ҳайрон шуда, давон-давон ба истиқболаш рафтанд.

16 Исо пурсид: «Дар бораи чӣ бо онҳо баҳс мекунед?» 17 Марде аз байни мардум ҷавоб дод: «Устод, писарамро назди Шумо овардам. Ӯ гап зада наметавонад, зеро гирифтори рӯҳи нопок аст. 18 Ҳар гоҳ ки рӯҳи нопок писарамро бигирад, ӯро бар замин мезанад ва даҳонаш кафк мекунад, дандонҳояш ба якдигар мечаспанд ва баданаш мисли чӯб карахт мешавад. Аз шогирдони Шумо хоҳиш кардам, ки рӯҳи нопокро аз ӯ берун кунанд, вале онҳо натавонистанд».

19 Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай ҳамроҳи шумо бошам ва то кай ҳамаи шуморо тоқат кунам? Писарро пеши Ман биёред».

20 Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид, писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯи замин ғалтида ғел мезад ва аз даҳонаш кафк мебаромад. 21 Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш. 22 Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обу оташ андохта, мехост нобудаш кунад. Ба мо раҳм кунед ва агар илоҷашро ёбед ба мо мадад кунед».

23 Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам”? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст». 24 Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ диҳед, ки имонам қавитар гардад».

25 Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок амр кард: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!» 26 Рӯҳи нопок наърае зада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ берун шуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳамин бисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд. 27 Вале Исо дасти ӯро гирифта, аз ҷояш хезонд ва бача ба пояш истод.

28 Баъдтар, вақте ки Исо ба хона даромад шогирдон дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокро берун карда натавонистем?»

29 Исо гуфт: «Ин зот танҳо бо дуо* берун карда мешавад».

Исо бори дигар дар бораи маргаш нақл мекунад

30 Исо ҳамроҳи шогирдонаш он ҷоро монда, аз Ҷалил гузашта рафт. Вай намехост, ки касе аз ин бохабар шавад, 31 чунки Ӯ шогирдонашро таълим дода мегуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, вале баъд аз се рӯз Вай аз нав зинда мешавад».

32 Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданду аз пурсидан тарсиданд.

Кӣ аз ҳама бузургтар аст?

33 Онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум расида, ба хонае даромаданд ва Исо аз шогирдонаш пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?» 34 Онҳо хомӯш буданд, зеро дар роҳ баҳс мекарданд, ки кӣ аз ҳама бузургтар аст. 35 Пас, Исо нишасту дувоздаҳ шогирдро ҷамъ карда гуфт: «Ҳар кӣ дар сафи пеш шудан хоҳад, бояд аз ҳама ақиб ва дар хизмати ҳама бошад».

36 Баъд кӯдакеро гирифта дар байни онҳо гузошт. Сипас, ӯро ба бағал гирифта, ба шогирдонаш гуфт: 37 «Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад. Ҳар касе, ки Маро қабул мекунад, на Маро, балки фиристандаи Маро қабул мекунад».

Касе, ки бар зидди мо нест, тарафдори мост

38 Сипас Юҳанно ба Исо гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, вале азбаски ӯ бо мо набуд, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем».

39 Аммо Исо гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Ҳар касе, ки аз номи Ман мӯъҷиза мекунад, наметавонад баъд аз фурсате дар бораи Ман сухани баде бигӯяд. 40 Зеро касе ки бар зидди мо нест, тарафдори мост. 41 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба шумо фақат ба хотири он, ки шогирди Масеҳ ҳастед, ақаллан як пиёла об диҳад, ҳаргиз бе мукофот нахоҳад монд».

Он чизе, ки моро гирифтори гуноҳ мекунад

42 «Вале агар шахсе сабабгори он гардад, ки яке аз ин пайравони хурди Ман гумроҳ шавад, беҳтар аст, ки ба гардани он шахс санги осиёбро баста, ба баҳр партоянд.

43-44 Агар дастат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як даст буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду даст дошта бошию ба оташи дӯзах афтӣ.*

45-46 Агар поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як по буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду по дошта бошию ба дӯзах партофта шавӣ.*

47 Агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки як чашм дошта бошию ба подшоҳии Худо дароӣ, аз он ки ду чашм дошта бошиву ба дӯзах партофта шавӣ, 48 „ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад”.

49 Чун ҳар кас бо оташ намакин мешавад.* 50 Намак чизи хуб аст, вале агар сифаташро гум кунад, бо чӣ онро намакин карда метавонед? Пас шумо низ дар худ намак дошта бошед ва бо якдигар дар сулҳу салоҳ зиндагӣ кунед».

10

Таълими Исо дар бораи талоқ

Исо он ҷоро монда, ба тарафи сарзамини Яҳудия ва қисми шарқии дарёи Урдун рафт. Боз мардуми зиёде дар он ҷо ҷамъ омаданд ва Ӯ низ аз рӯи одат ба таълими онҳо шурӯъ кард.

Он гоҳ чанд нафар фарисиён омада, Ӯро озмуданӣ шуда, савол доданд: «Оё аз рӯи шариат мумкин аст, ки мард аз занаш ҷудо шавад?»

Исо ҳам аз онҳо пурсид: «Мӯсо дар ин бора чӣ фармудааст?» Ҷавоб доданд: «Мӯсо иҷозат додааст, ки мард талоқномае навишта, аз занаш ҷудо шавад». Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Мӯсо аз сабаби гарданшахии шумо бароятон чунин иҷозатро навишта буд. Вале аз ибтидои офариниши ин дунё Худо „онҳоро мард ва зан офаридааст”.

7-8 „Бинобар ин мард аз падару модараш ҷудо шуда, бо ҳамсараш мепайвандад, то ки на ду нафар, балки як тан шаванд”. Акнун онҳо на ду тан, балки якто ҳастанд. Пас, он чиро ки Худо бо ҳам пайвастааст, инсон набояд ҷудо кунад».

10 Вақте ки онҳо ба хона баргаштанд, шогирдонаш дар ин бора аз Исо пурсиданд. 11 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо шуда, зани дигар мегирад, нисбат ба ҳамсари аввалааш гунаҳкор дар алоқаи беникоҳ ҳисоб мешавад. 12 Ҳамчунин агар зан аз шавҳараш ҷудо шуда, ба марди дигар ба шавҳар барояд, гунаҳкор дар алоқаи беникоҳ ҳисоб мешавад».

Исо кӯдаконро баракат медиҳад

13 Рӯзе одамон фарзандонашонро назди Исо оварданд, то ки Ӯ ба онҳо даст гузошта, баракат диҳад. Вале шогирдон онҳоро сарзаниш карданд.

14 Исо рафтори шогирдонашро диду ба ғазаб омада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд ва пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд. 15 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар касе, ки подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ҳеҷ гоҳ ба ин подшоҳӣ дохил намешавад».

16 Баъд кӯдаконро ба оғӯш гирифт ва ба болои сарашон даст гузошта, онҳоро баракат дод.

Марди сарватманд

17 Вақте ки Исо ба роҳ баромад, марде ба наздаш давида омада дар пешаш ба зону афтод ва пурсид: «Эй устоди нек! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?»

18 Исо гуфт: «Чаро Маро нек мегӯӣ? Ғайр аз Худо каси нек нест. 19 Худат фармоиши Худоро медонӣ: одамкушӣ накун, алоқаи беникоҳ накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, касеро фиреб надеҳ ва падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо».

20 Мард ҷавоб дод: «Эй устод! Ҳамаи ин фармоишҳоро аз хурдсолиам риоя кардаам».

21 Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар чӣ, ки дорӣ, бифурӯш ва пулашро ба бечорагон тақсим бикун, он гоҳ соҳиби ганҷинаи осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».

22 Вале он мард, ки бойигарии зиёде дошт, аз шунидани чунин суханон рӯҳафтода шуду ғамгин ба хонааш баргашт.

23 Исо ба гирду атроф нигоҳ карда, ба шогирдонаш гуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамони бой чӣ душвор аст». 24 Шогирдон аз суханони Исо ба ҳайрат афтоданд. Пас Исо такрор карда гуфт: «Эй фарзандонам! Ба подшоҳии Худо дохил шудан чӣ душвор аст. 25 Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси сарватманд ба подшоҳии Худо дохил шавад».

26 Шогирдон беш аз пеш дар ҳайрат монда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» 27 Исо ба шогирдонаш нигоҳ карда гуфт: «Ба инсон ин корро кардан ғайриимкон аст, вале на ба Худо; бо Худо аз ӯҳдаи ҳар кор баромадан мумкин аст».

28 Он вақт Петрус ба Исо гуфт: «Ана, мо аз баҳри ҳама чиз баромада, Шуморо пайравӣ кардем». 29 Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри хона, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, 30 ҳоло дар вақти ҳозира сад баробар зиёдтар хонаҳо, бародарону хоҳарон, модарону фарзандон, заминҳо ва баробари ҳамаи ин азобҳо низ пайдо мекунад ва дар оянда ҳаёти абадӣ низ насибаш мегардад.

31 Лекин бисёри онҳое, ки ҳоло дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд ва онҳое, ки дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд».

Исо бори сеюм дар бораи марги худ нақл мекунад

32 Онҳо ба сӯи Ерусалим раҳсипор шуданд. Исо пешопеш мерафт. Шогирдони дарҳайратмонда ва одамон бо тарс аз паси Ӯ қадам мезаданд. Исо дувоздаҳ шогирдашро ба як тарафе бурда, бори дигар гуфт, ки дар Ерусалим Ӯро чӣ сарнавиште интизор аст. 33 Ӯ гуфт: «Мо ба Ерусалим рафта истодаем, ки дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон фурӯхта мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум мекунанду баъд ба дасти беимонон месупоранд. 34 Беимонон бошанд, Ӯро масхара карда, ба Вай туф мекунанд ва латту кӯб карда ба қатл мерасонанд, вале Ӯ пас аз се рӯз аз нав зинда мешавад».

Хоҳиши Ёқуб ва Юҳанно

35 Ёқубу Юҳаннои писарони Забдой пеши Исо омада гуфтанд: «Устод, мо мехоҳем, ки хоҳишамонро бароямон иҷро кунед».

36 Исо пурсид: «Чӣ хоҳиш доред? Бароятон чӣ кор кунам?» 37 Гуфтанд: «Вақте ки Шумо бо шӯҳрату ҷалол подшоҳӣ мекунед, иҷозат диҳед, яке аз дасти рост ва дигаре аз дасти чапатон бишинем».

38 Исо ҷавоб дод: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косае, ки Ман бояд бинӯшам, нӯшида метавонед ва магар бо он азоби марговаре, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид гирифта метавонед?»

39 Ҷавоб доданд: «Бале, метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Хӯш, аз косаи Ман хоҳед нӯшид ва бо азобе, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид хоҳед гирифт. 40 Аммо ба интихоб кардани касоне, ки аз дасти чапу рости Ман мешинанд, Ман ҳақ надорам. Ба ин ҷойҳо касоне мешинанд, ки Худо онҳоро пешакӣ таъин кардааст».

41 Даҳ шогирди дигар инро шунида, ба Ёқубу Юҳанно сахт қаҳрашон омад. 42 Пас, Исо ҳамаи онҳоро гирд оварда гуфт: «Шумо хуб медонед, ки подшоҳон ва бузургони халқҳо ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро ба онҳо мегузаронанд. 43 Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс, ҳар кас ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори шумо бошад 44 ва ҳар касе, ки мехоҳад дар сафи пеш истад, бояд ғуломи ҳама бошад.

45 Ҳатто Фарзанди Инсон барои он наомадааст, ки касе ба Ӯ хизмат кунад, балки омад, то ки ба дигарон хизмат кунад ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонашро фидо кунад».

Шифо ёфтани нобино

46 Баъд онҳо ба Ериҳӯ омада расиданд. Вақте ки Исо бо шогирдонаш ва мардуми зиёде аз ин шаҳр берун мерафтанд, дар канори роҳ Бартимай ном нобиное, ки писари Тимай буд, нишаста садақа мепурсид.

47 Чун Бартимай шунид, ки Исои Носирӣ аз он роҳ мегузарад, фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед!» 48 Бисёриҳо ӯро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад. Вале ӯ овозашро боз ҳам баландтар карда фарёд мезад: «Эй Насли Довуд, ба ман раҳм кунед!»

49 Исо аз роҳаш бозистода гуфт: «Ба вай бигӯед, ки ин ҷо биёяд». Мардум нобиноро ҷеғ зада гуфтанд: «Аз ҷоят хез, натарс, зеро Ӯ туро ба наздаш ҷеғ мезанад».

50 Бартимай ҷомаашро кашида, аз ҷояш парида хест ва назди Исо омад. 51 Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Нобино гуфт: «Устод, мехоҳам бино шавам». 52 Исо ба ӯ гуфт: «Бирав, имонат туро шифо дод». Он мард ҳамон лаҳза бино шуд ва аз паси Исо рафт.

11

Ба Ерусалим омадани Исо

Баъд Исо ва шогирдонаш ба наздикии Ерусалим, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун ҷойгир шудаанд, рафта расиданд. Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба қишлоқи дар пешистода равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, харкурраи бастаеро мебинед, ки ҳанӯз ба он касе савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред. Агар касе бипурсад, ки чаро ин корро мекунед, бигӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд ва Ӯ ба зудӣ онро ба ҷояш бармегардонад».

Он ду шогирд рафта, харкурраеро, ки дар канори кӯча, дар назди дарвозае баста шуда буд, ёфтанд. Вақте банди онро мекушоданд баъзе аз одамони он ҷо истода пурсиданд: «Чӣ кор карда истодаед? Чаро банди харкурраро мекушоед?» Шогирдон суханони Исоро такрор карданд ва одамон ба онҳо иҷозат доданд.

Пас онҳо харкурраро ба назди Исо оварда, ҷомаҳояшонро ба болои харкурра партофтанд ва Исо ба он савор шуд. Бисёр одамон ҷомаҳои худро сари роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, дигарон бошанд, навдаҳои сербарги аз саҳро буридаашонро пеши роҳи Ӯ мегузоштанд.

Мардуме, ки аз пешу қафои Ӯ мерафтанд, фарёд мезаданд:

«Шаъну шараф ба Худо!

Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!

10 Муборак бошад подшоҳии аҷдоди мо Довуд, ки наздик омада истодааст!

Шаъну шараф ба Худо дар осмон!»

11 Ҳамин тавр, Исо ба Ерусалим омада, ба Хонаи Худо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаски бевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди худ ба Байт-Ҳинӣ равона шуд.

Исо дарахти анҷирро лаънат мекунад

12 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз Байт-Ҳинӣ мерафтанд, Исо гурусна монд. 13 Каме дуртар дарахти сербарги анҷирро дида, ба сӯяш рафт. Ӯ мехост анҷире пайдо кунад, вале ба он наздик омада дид, ки дар шохаҳояш ғайр аз барг чизи дигаре набуд, чунки ҳанӯз вақти анҷир набуд. 14 Сипас, Исо дарахти анҷирро лаънат карда гуфт: «Аз ин пас касе ҳаргиз аз ту дигар мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд.

Исо Хонаи Худоро тоза мекунад

15 Ҳангоме ки ба Ерусалим даромаданд, Исо ба Хонаи Худо рафт ва онҳоеро, ки дар он ҷо машғули хариду фурӯш буданд, берун ронда, мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа кард. 16 Вай нагузошт, ки касе чизеро барои савдо аз саҳни Хонаи Худо гузаронад.

17 Сипас мардумро таълим дода гуфт: «Оё навишта нашудааст, ки „хонаи Ман ҷои дуогӯӣ барои тамоми халқҳо номида мешавад”? Шумо бошед, онро ба лонаи дуздон табдил додаед».

18 Чун шариатдонон ва сардорони рӯҳонӣ ин суханонро шуниданд, роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеро тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монда буданд.

19 Худи ҳамон бегоҳ Исо бо шогирдонаш аз шаҳр берун рафт.

Дарахти хушкидаи анҷир

20 Саҳарии рӯзи дигар онҳо дар роҳ ҳамон дарахти анҷирро диданд, ки аз решааш хушк шудааст. 21 Петрус ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба ёд оварда гуфт: «Устод, нигоҳ кунед! Дарахти анҷир, ки онро лаънат кардед, хушк шудааст!»

22 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед. 23 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар касе ба ин кӯҳ фармон дода гӯяд: „Бархезу ба баҳр биафт” ва дар дилаш шубҳае надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чӣ мегӯяд, ҳамон тавр мешавад, он гоҳ ҳамон чиз барояш рӯй медиҳад. 24 Барои ҳамин ҳам ба шумо мегӯям, ҳар чӣ дар дуо талаб мекунед, бовар кунед, ки аллакай онро гирифтаед ва он аз они шумо мешавад. 25-26 Вале ҳангоми дуо кардан, агар аз касе хафагие дошта бошед, ӯро бубахшед, то ки Падари осмонӣ низ гуноҳҳоятонро ба шумо бахшида тавонад».*

Саволуҷавоб дар бораи ҳуқуқи Исо

27 Онҳо боз ба Ерусалим омаданд. Вақте ки Исо дар саҳни Хонаи Худо рафтуо мекард, сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм назди Ӯ омада 28 пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?»

29 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ба шумо саволе медиҳам. Агар ҷавоб диҳед, Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам. 30 Ба Ман бигӯед, ки ҳуқуқи таъмиддиҳиро ба Яҳё Худо ё инсон дода буд?»

31 Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Агар бигӯем, ки Худо дода буд, Ӯ мегӯяд: „Пас чаро ба ӯ бовар накардед?”. 32 Агар бигӯем: „Инсон”...», (онҳо аз мардум метарсиданд, зеро ҳамаи мардум имон доштанд, ки Яҳё пайғамбари Худост).

33 Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавоб доданд. Исо низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам».

12

Масал дар бораи иҷоракорони бераҳм

Баъд Исо ба мардум бо масалҳо гап заданро сар кард: «Марде токзоре бунёд карда, атрофи онро девор гирифт. Барои фишурдани ангур ҳавзчае тайёр карда, дидбонгоҳе сохт ва токзорро ба деҳқонон иҷора дода ба сафар баромад.

Дар мавсими ҳосилғундорӣ соҳиби токзор хизматгорашро назди иҷоракорон фиристод, то ки ҳаққашро аз ҳосили боғ бигирад. Вале онҳо он хизматгорро гирифта заданду бо дасти холӣ баргардонданд. Соҳиби токзор хизматгори дигареро фиристод, вале онҳо ба сари вай зада, бо ӯ беномусона рафтор карданд. Баъд боз хизматгори дигареро фиристод, лекин ӯро куштанд. Бисёр хизматгорони дигареро ҳам, ки мефиристод, ё мезаданд, ё мекуштанд.

Ҳамин тавр, дар хонаи соҳиби токзор ба ғайр аз писари азизаш каси дигаре намонд. Оқибат, „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд” гуфта, писарашро фиристод. Вале иҷоракорон ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва токзор аз они мо мешавад!”. Сипас, ӯро дастгир карда куштанд ва ҷасадашро берун аз токзор партофтанд.

Акнун соҳиби токзор чӣ кор мекунад? Мераваду он иҷоракоронро мекушад ва токзорро ба дигарон медиҳад.

10 Оё шумо дар навиштаҷот нахондаед:

Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд,

санги асосии таҳкурсии бино гардид.

11 Ин кори Худованд аст

ва ба назарамон аҷиб менамояд”».

12 Азбаски роҳбарони халқ фаҳмиданд, ки Исо бо ин масал онҳоро мисол овардааст, хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд, бинобар ин Ӯро ба ҳоли худ гузошта рафтанд.

Савол дар бораи супоридани андозу хироҷ

13 Дертар чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиён ба назди Исо фиристода шуданд, то ки Ӯро бо сухан ба дом афтонанд. 14 Онҳо омада гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва хушомадгӯи мардум нестед, чунки ба мавқею дараҷаи онҳо эътибор намедиҳед, балки роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. Ҳоло бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не? 15 Мо бояд онро супорем ё не?» Исо аз дурӯягии онҳо бохабар буда чунин гуфт: «Чаро мехоҳед Маро ба дом афтонед? Ба Ман динореро биёред, ки бубинам».

16 Вақте динорро ба Ӯ доданд, пурсид: «Дар рӯи ин акс ва номи киро мебинед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Императорро».

17 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Он чи аз они император аст, ба император бидиҳед ва он чи аз они Худост, ба Худо». Онҳо аз ҷавоби Исо дар ҳайрат монданд.

Савол дар бораи аз нав зиндашавӣ

18 Баъд баъзе аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба назди Исо омада пурсиданд: 19 «Устод, Мӯсо дар шариат ба мо чунин навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад. 20 Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифт ва бефарзанд мурд. 21 Баъд бародари дуюм ҳамсари ӯро ба занӣ гирифта, ӯ ҳам бефарзанд мурд. Бо бародари сеюм ҳам ҳамин тавр рӯй дод. 22 Бо ҳамин сурат ҳамаи ҳафт бародарон бефарзанд вафот карданд. Баъд аз ҳама он зан ҳам аз дунё гузашт. 23 Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!»

24 Исо ҷавоб дод: «Хатои шумо дар он аст, ки на мазмуни навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро. 25 Вақте ки мурдаҳо зинда мешаванд, дигар на зан мегиранд ва на шавҳар мекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд. 26 Вале дар бораи зинда шудани мурдаҳо магар аз китоби Мӯсо дар бораи ҳодиса бо бутта нахондаед, ки чӣ тавр Худо ба Мӯсо гуфтааст: „Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб ҳастам”. 27 Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Шумо хатои калон мекунед».

Муҳимтарин қонуни Худо

28 Яке аз шариатдонон ба назди онҳо омада баҳсу мунозираашонро шунид. Вақте ӯ дид, ки Исо ба онҳо чӣ ҷавоби хубе дод, пурсид: «Аз тамоми фармоишҳои Худо кадомаш аз ҳама муҳимтар аст?»

29 Исо ҷавоб дод: «Аввалин фармоиши муҳим ин аст: „Эй қавми Исроил, гӯш кунед! Худованд Худои мо Худованди яккаву ягона аст. 30 Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷонатон, бо тамоми ақлу ҳушатон ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидоред”. 31 Дуюмаш чунин мебошад: „Ҳар шахсеро, ки наздики шумост, мисли худ дӯст бидоред”. Ҳеҷ фармоише аз ҳардуи ин бузургтаре нест».

32 Шариатдон гуфт: «Устод, ҳақ ба ҷониби Шумост. Шумо бисёр хуб гуфтед, ки фақат як Худо вуҷуд дорад ва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест. 33 Инчунин, Худоро аз таҳти дил, бо тамоми ақлу ҳуш ва қуввати худ дӯст доштан ва шахси наздики худ бударо ҳам мисли худ дӯст доштан муҳимтар аз қурбон кардани ҷонвар ва дигар намудҳои қурбонӣ мебошад».

34 Исо дид, ки шариатдон оқилона сухан меронад, бинобар ин ба ӯ гуфт: «Шумо ба подшоҳии Худо наздик ҳастед». Пас аз он дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Исо саволе диҳад.

Масеҳ аз кадом насл аст?

35 Вақте Исо дар Хонаи Худо ба мардум таълим медод, аз онҳо пурсид: «Барои чӣ шариатдонон мегӯянд, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо аз насли Довуд аст? 36 Дар ҳоле ки худи Довуд бо таъсири Рӯҳи Муқаддас чунин гуфта буд:

Худованд ба Худованди ман фармуд:

То вақте ки душманонатро зери поят нагузорам,

аз дасти ростам бишин›”.

37 Худи Довуд Таъиншудаи Худоро „Худованд” номид, пас чӣ тавр Вай аз насли Довуд шуда метавонад?»

Мардуми зиёде суханони Ӯро бо хушнудӣ гӯш мекарданд.

38 Сипас Исо онҳоро таълим дода гуфт: «Аз шариатдонон эҳтиёт бошед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қимат пӯшида гарданд ва мардум дар бозорҳо ба онҳо салом диҳанд. 39 Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ибодатхонаҳо бишинанд ва дар тӯю зиёфатҳо бологузар бошанд. 40 Онҳо намоишкорона дуру дароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда ғорат мекунанд! Онҳо ҷазои сахттар мебинанд».

Хайрияи бевазани бечора

41 Баъд Исо рӯ ба рӯи сандуқи хайрия нишаста, ба сандуқ пул андохтани мардумро тамошо мекард. Баъзеҳо, ки бою бадавлат буданд, пули зиёде хайр мекарданд.

42 Ҳамин вақт як бевазани бечора ҳам омада, ду тангаи хурди мисинро, ки арзиши кам дошт, ба сандуқ андохт. 43 Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳамаи дигарон дида зиёдтар хайрот кард. 44 Чунки онҳо аз зиёдатии бойигариашон хайрия карданд, вай бошад, ҳамаи он чизеро, ки дошт, тамоми ризқу рӯзиашро хайрия кард».

13

Вайроншавии Хонаи Худо

Вақте Исо аз Хонаи Худо мебаромад, яке аз шогирдонаш гуфт: «Устод, бинед, ин биноҳои Хонаи Худо чӣ қадар боҳашамат ҳастанд! Чӣ сангҳои бузурге доранд!»

Исо ҷавоб дод: «Шумо ҳоло ин биноҳои бузургро мебинед? Санг бар болои сангаш намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».

Азобу шиканҷаҳо

Вақте Исо дар болои теппаи Зайтун, рӯ ба рӯи Хонаи Худо менишаст, Петрус, Ёқуб, Юҳанно ва Андриёс дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Ба мо бигӯед, ки ҳамаи ин воқеаҳо кай рӯй медиҳанд ва иҷро шудани ҳамаи инро аз кадом нишона мефаҳмем?»

Исо ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ накунад. Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам” мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд. Вақте ки садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад. Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. Дар бисёр ҷойҳо заминҷунбӣ рӯй дода, қаҳтию гуруснагӣ меояд. Ҳамаи ин монанди саршавии дарди зоидан аст.

Худатонро эҳтиёт кунед, зеро шуморо ба назди қозӣ бурда, дар ибодатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд ва ба сабаби Маро пайравӣ карданатон шумо дар назди ҳокимону подшоҳон истода шаҳодат хоҳед дод. 10 Пеш аз ҳама хушхабар бояд ба тамоми халқиятҳо эълон карда шавад.

11 Вақте шуморо дастгир карда ба ҷавобгарӣ мекашанд, ташвиш накашед, ки чӣ бояд бигӯед. Ҳар чӣ ҳамон лаҳза ба дилатон андохта мешавад, бигӯед, чунки он вақт на шумо, балки Рӯҳи Муқаддас ба воситаи шумо сухан меронад.

12 Бародар бародари худро ба қатл мефиристад ва инчунин падар фарзандони худро. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба дасти марг месупоранд. 13 Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.

Ғаму андӯҳи бузург

14 Аммо вақте ки харобазори нафратангезеро дар ҷое мебинед, ки он набояд бошад (бигзор хонанда бифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад), он гоҳ онҳое, ки дар Яҳудия ҳастанд, бояд ба кӯҳистон гурезанд. 15 Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе поён нафарояд ва ба хона надарояд. 16 Агар касе дар саҳро бошад, барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад. 17 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт!

18 Пас дуо кунед, ки ин ҳодиса ба зимистон рост наояд. 19 Зеро дар он айём чунон мусибате рӯй медиҳад, ки аз замони дунёро офаридани Худо то ба ҳол чунин нашуда буд ва дигар ҳаргиз нахоҳад шуд. 20 Агар Худованд он рӯзҳои мусибатро кӯтоҳ намекард, дар рӯи замин ягон инсон зинда намемонд. Вале ба хотири интихобкардагонаш Худованд он рӯзҳоро кӯтоҳ кардааст.

21 Агар ҳамон вақт касе ба шумо гӯяд, ки „Ана, Таъиншудаи Худо дар ин ҷост” ва ё „Нигоҳ кунед, Ӯ дар он ҷост”, ба суханонаш бовар накунед. 22 Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Таъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд ва чунин мӯъҷизаҳову аҷоибот нишон медиҳанд, то ки агар шавад интихобшудагони Худоро гумроҳ кунанд. 23 Инак, бохабар бошед. Ана Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.

Омадани Фарзанди Инсон

24 Дар ҳамон рӯзҳо, баъд аз он мусибатҳо,

офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад,

25 ситораҳо аз осмон поён меафтанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд.

26 Он вақт мардум Фарзанди Инсонро мебинанд, ки болои абрҳо бо қудрату ҷалоли бузург меояд. 27 Ӯ фариштаҳояшро мефиристад, то интихобкардагонашро аз чор тарафи дунё ва аз тамоми гӯшаву канори замину осмон гирд оваранд.

Масал дар бораи дарахти анҷир

28 Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғча карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд. 29 Ҳамин тавр, вақте мебинед, ки ин ҳодисаҳо ба амал меоянд, донед, ки вақт наздик, дар дами остона аст. 30 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд. 31 Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.

Маълум набудани рӯзу соати омадани Фарзанди Инсон

32 Лекин кай фаро расидани он рӯз ё он соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар.

33 Пас, ҳушёру бохабар бошед, зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад. 34 Ин монанди он аст, ки марде ба сафар рафта, барои ҳар як хизматгори худ вазифаи махсусе медиҳад ва ба дарвозабон мефармояд, ки посбонӣ кунад.

35 Пас шумо низ ҳушёр бошед, чун намедонед, ки соҳиби хона кай бармегардад, бегоҳӣ ё нимаи шаб, вақти ҷеғзании хурӯс ё бомдодон. 36 Мабодо ӯ ногаҳон баргашта шуморо дар хоб наёбад. 37 Он чӣ ба шумо мегӯям ба ҳама дахл дорад: ҳушёр бошед!»

14

Нақшаи куштани Исо

То иди Балогардон ва иди Фатир ду рӯз монда буд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон роҳи бо ҳила дастгир карда, ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд. Онҳо мегуфтанд: «Дар рӯзҳои ид ин корро кардан мумкин нест. Шояд одамон шӯриш мебардоранд».

Аз рӯи ҳурмат рехтани атри қиматбаҳо

Исо дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯн ном махав меҳмон шуда буд. Дар вақти таомхӯрӣ зане омад ва як кӯзачаи сангини гаронбаҳоро пур аз атри қиматбаҳо оварда, онро шикасту ба сари Исо рехт.

Баъзеҳо аз ин кори зан ба ғазаб омада, ба якдигар гуфтанд: «Чаро ӯ ин атри пурқиматро исроф кард? Ин атрро ба маблағи зиёда аз сесад динор* фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд». Ва занро сахт сарзаниш мекарданд.

Вале Исо гуфт: «Ӯро ба ҳолаш гузоред, чаро ӯро ташвиш медиҳед? Вай бароям кори калон кард. Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд ва ҳар вақт, ки хоҳед, шумо метавонед ба онҳо ёрӣ кунед, вале Ман бо шумо ҳамеша намемонам.

Ин зан ҳар чӣ аз дасташ омад, кард. Ӯ атрро ба баданам рехт, то онро барои гӯронидан тайёр намояд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки хушхабар эълон карда мешавад, кори кардаи ин занро барои ба ёд овардани ӯ нақл хоҳанд кард».

Хиёнати Яҳудо

10 Он гоҳ яке аз дувоздаҳ шогирдони Исо, ки номаш Яҳудои Исқарют буд, ба назди сардорони рӯҳонӣ рафт, то Исоро ба онҳо таслим кунад. 11 Онҳо аз шунидани ин хеле хушҳол шуда, ба ӯ пул ваъда карданд. Пас, Яҳудо фурсати қулай меҷуст, то ки Исоро ба дасти онҳо бисупорад.

Охирин хӯроки идонаи Исо бо шогирдон

12 Рӯзи аввали иди Фатир, ки мардум барраи балогардонро қурбонӣ мекарданд, шогирдон аз Исо пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳед, ки мо рафта бароятон дастархони иди Балогардонро тайёр намоем?»

13 Исо ду нафар шогирдашро фиристода гуфт: «Ба шаҳр равед ва мардеро мебинед, ки кӯзаи об мебарад. Аз паси ӯ биравед. 14 Ба ҳамон хонае, ки он мард медарояд, шумо ҳам дароед ва ба соҳиби хона бигӯед: „Устод мепурсад, ки куҷост меҳмонхонаи ӯ, ки дар он ҳамроҳи шогирдонаш хӯроки иди Балогардонро хӯрда тавонад?”. 15 Вай ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки аллакай ғундошта ба тартиб оварда шудааст ва шумо дар ҳамон ҷо бароямон дастархон тайёр кунед».

16 Пас шогирдон ба шаҳр рафтанду ҳамон тавре, ки Исо гуфта буд, шуд ва онҳо хӯроки иди Балогардонро тайёр намуданд.

17 Бегоҳирӯзӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш омад. 18 Вақте ки дар гирди дастархон нишаста хӯрок мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, яке аз шумо, ки ҳоло бо Ман хӯрок хӯрда истодааст, ба Ман хиёнат мекунад».

19 Онҳо хеле ғамгин шуда, пайдарҳам ба пурсидан даромаданд: «Мабодо ин ман набошам?» 20 Исо ҷавоб дод: «Ин корро яке аз дувоздаҳ нафари шумо мекунад, ки луқмаи нонашро бо Ман дар як коса тар карда истодааст.

21 Бо Фарзанди Инсон он чӣ дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, рӯй медиҳад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Фарзанди Инсон хиёнат мекунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд».

Таоми шоми Худованд

22 Ҳангоме ки онҳо мехӯрданд Исо нонро ба даст гирифта, шукри Худоро карду онро пора карда ба онҳо тақсим намуду гуфт: «Бигиред, ки ин бадани Ман аст».

23 Пас косаро гирифта, шукри Худоро карду онро ба шогирдонаш дод ва ҳамаи онҳо аз он нӯшиданд. 24 Исо ба онҳо гуфт: «Ин хуни Ман аст, ки барои тасдиқ кардани аҳди Худо ба хотири одамони зиёде рехта мешавад. 25 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки акнун Ман аз меваи нави токи ангур фақат дар подшоҳии Худо хоҳам нӯшид, лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам».

26 Баъд онҳо Худоро ҳамду саногӯён ба теппаи Зайтун равона шуданд.

Исо инкори Петрусро пешгӯӣ мекунад

27 Пас Исо ба шогирдон гуфт: «Ҳамаи шумо пайравӣ кардани Маро бас мекунед, чунки дар навиштаҷот пешгӯии Худо омадааст: „Чӯпонро мекушам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд”. 28 Аммо, вақте ки аз нав зинда мешавам, пешопеши шумо ба вилояти Ҷалил меравам».

29 Петрус гуфт: «Ҳарчанд ки ҳама пайравӣ кардани Шуморо бас кунанд ҳам, ман ин корро намекунам».

30 Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, имрӯз, худи ҳамин шаб, ҳанӯз хурӯс ду бор ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ».

31 Вале Петрус бо қатъият гуфт: «Ҳатто агар ҳамроҳи Шумо ҷон додан лозим ояд, ҳаргиз Шуморо инкор намекунам». Дигарон низ чунин гуфтанд.

Охирин дуо дар боғи Ҷатсамонӣ

32 Онҳо ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсамон ном дошт ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Шумо дар ин ҷо бошед, Ман рафта дуо мекунам». 33 Ӯ бо худ Петрус, Ёқуб ва Юҳанноро бурд. Ғаму аламаш сахт шиддат меёфт ва 34 Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду бедор бошед».

35 Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва худро рӯи замин партофта дуо кард, ки агар шавад он вақти азоб ба сараш наояд. 36 Сипас гуфт: «Эй Падарҷон, бароят ҳама чиз имконпазир аст. Ин косаи азобро аз сари Ман дур кун. Аммо на хости Ман, хости Ту шавад».

37 Баъд баргашта дид, ки шогирдонаш хобидаанд. Ӯ ба Петрус гуфт: «Шимъӯн, ту хобидаӣ? Магар як соат бедор истода натавонистӣ? 38 Бедор бимонед ва дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳатон ба ин тайёр аст, аммо табиати инсониатон нотавон».

39 Пас, боз рафта бо ҳамон суханони пештарааш дуо кард. 40 Бори дигар баргашта омаду онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо сахт хоболуд буданд ва намедонистанд, ки ба Исо чӣ ҷавоб диҳанд.

41 Вай бори сеюм баргашта, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Бас, акнун соати он расидааст, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад. 42 Биёед, бархезед, меравем. Нигоҳ кунед, ана таслимкунандаи Ман ҳам наздик омад».

Дастгир кардани Исо

43 Якбора, ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдаш расида омад ва ҳамроҳаш як тӯда одамони чӯбу шамшер дар даст аз ҷониби сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм буданд. 44 Инак, хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Бидонед, касеро, ки бӯсидам, ҳамон шахсест, ки бояд дастгир кунеду таҳти назорат гирифта баред».

45 Яҳудо дарҳол ба Исо наздик шуду «Устод!» гуфта, Ӯро бӯсид. 46 Пас онҳо Исоро дастгир карданд. 47 Ҳамон замон як нафар аз ҳозирон шамшерро аз ғилоф кашиду ба сӯи ғуломи сарвари рӯҳониён ҳамла карда, гӯши вайро бурида партофт.

48 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки барои дастгир карданам бо чӯбу шамшерҳо омадаед? 49 Ман ҳар рӯз бо шумо дар Хонаи Худо будам ва таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. Вале, бигзор гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд». 50 Ҳамон вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо гузошта гурехтанд.

51 Як ҷавоне аз паси Исо рафт, ки дар танаш ҳеҷ чиз надошту фақат бо матои катонӣ худро печонда буд. Вақте сарбозон Ӯро дастгир карданд, 52 вай халос хӯрду матои катонӣ дар дасти онҳо монд, худаш тани бараҳна гурехт.

Исо дар ҳузури шӯро

53 Исоро ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд. Ҳамаи сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм дар он ҷо ҷамъ шуданд. 54 Петрус ҳам, ки дуртар аз паси онҳо меомад, ба ҳавлии сарвари рӯҳониён даромада, дар назди хизматгорон нишаст, то ки дар оташи гулхан гарм шавад.

55 Сардорони рӯҳонӣ ва ҳамаи аъзоёни шӯро кӯшиш мекарданд, ки бар зидди Исо далеле ба даст оварда, Ӯро ба қатл расонанд, вале ҳеҷ далеле пайдо накарданд. 56 Бисёриҳо бар зидди Исо шаҳодати дурӯғ доданд, аммо гуфтаҳояшон ба ҳам мувофиқ намеомад. 57 Баъзеҳо аз ҷо бархеста, ба Исо чунин тӯҳматҳо карданд: 58 «Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: „Ман ин Хонаи Худоро, ки бо дасти инсон сохта шудааст, вайрон мекунам ва баъд аз се рӯз дигаре бе кӯмаки инсон месозам”». 59 Вале шаҳодати онҳо бар хилофи якдигар буд.

60 Он вақт сарвари рӯҳониён дар ҳузури ҳама бархеста, аз Исо пурсид: «Ин чӣ айбномаҳое, ки бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд? Чаро Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ?» 61 Аммо Исо хомӯш истода, ҳеҷ ҷавобе надод. Сарвари рӯҳониён боз пурсид: «Магар Ту Таъиншуда ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?»

62 Исо гуфт: «Ҳастам* ва рӯзе Фарзанди Инсонро мебинед, ки аз тарафи рости Худои Пурқудрат нишаста дар рӯи абрҳои осмон меояд».

63 Он гоҳ сарвари рӯҳониён либосашро дарронда гуфт: «Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! 64 Худатон шунидед, ки Ӯ суханони кофирона гуфт. Ба чӣ қарор меоед?» Пас ҳамаи онҳо Ӯро айбдор карда, ба марг маҳкум намуданд.

65 Баъд баъзеҳо ба туф кардан ба Исо даромаданд. Онҳо чашмони Ӯро баста, ба рӯяш торсакӣ зада мепурсиданд: «Агар пайғамбар бошӣ, бигӯй, ки Туро кӣ зад?» ва сарбозон ҳам Ӯро бурда заданд.

Исоро инкор кардани Петрус

66-67 Петрус ҳоло ҳам дар ҳавлӣ назди гулхан нишаста, худро гарм мекард. Ҳамин вақт яке аз канизакони сарвари рӯҳониён ӯро дид ва ба ӯ бо диққат нигоҳ карда гуфт: «Ту ҳам ҳамроҳи Исои Носирӣ будӣ!»

68 Петрус инро инкор карду «Намедонам ва намефаҳмам, ки чӣ мегӯӣ» гуфта, ба тарафи дигари ҳавлӣ гузашт.*

69 Канизак Петрусро бори дигар дид ва ба ҳозирбудагон гуфт: «Ин мард ҳам яке аз шарикони Исо аст!» 70 Петрус инро боз инкор кард. Дертар ҳозирбудагон ба Петрус гуфтанд: «Аниқ ту шарики онҳоӣ, чунки ҷалилӣ ҳастӣ!»

71 Петрус бошад, ба сараш лаънатҳо хонда, қасам хӯрда гуфт: «Ин одамеро, ки дар борааш мегӯед, намешиносам».

72 Худи ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор ҷеғ занад, ту се бор Маро инкор мекунӣ». Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста ба гиря даромад.

15

Исо дар ҳузури Пилотус

Саҳарии барвақт сардорони рӯҳонӣ, пирони қавм бо шариатдонон ва тамоми аъзоёни шӯро дар маҷлис ба як қарор омаданд. Онҳо Исоро баста, ба назди ҳокими румӣ Пилотус фиристоданд ва ба дасти ӯ супориданд.

Пилотус аз Исо пурсид: «Оё Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ҳамон тавре ки худатон мегӯед».

Сардорони рӯҳонӣ Исоро аз бисёр ҷиҳат айбдор мекарданд. Пилотус аз Ӯ пурсид: «Чаро ҷавоб намедиҳӣ? Бубин, Туро чӣ қадар айбдор мекунанд». Вале Исо боз ҳам чизе нагуфт ва Пилотус дар ҳайрат монд.

Аз рӯи одат Пилотус дар ҳар ҷашнгирии ин ид як нафар маҳбусеро, ки мардум талаб мекард, озод менамуд. Дар он вақт Бараббос ном марде, ки бо шариконаш дар шаҳр шӯриш бардошта одам кушта буд, дар ҳабс менишаст. Мардум хоҳиш карданд, ки Пилотус мисли ҳарсола як нафар маҳбусро озод кунад. Пилотус пурсид: «Мехоҳед, ки Шоҳи Яҳудиёнро бароятон озод кунам?» 10 Чун мефаҳмид, ки сардорони рӯҳонӣ Исоро аз рӯи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд.

11 Вале сардорони рӯҳонӣ мардумро ба ошӯб оварданд, то ба ивази Исо озод кардани Бараббосро талаб кунанд. 12 Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас, бо он касе, ки шумо Ӯро Шоҳи Яҳудиён меномед, чӣ кор кунам?»

13 Онҳо фарёд заданд: «Ба салиб мехкӯб кунед!»

14 Пилотус гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?» Лекин онҳо боз баландтар фарёд заданд: «Ӯро мехкӯб кунед!»

15 Пилотус танҳо барои қонеъ гардондани талаботи халқ Бараббосро барояшон озод карда, фармон дод, ки Исоро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.

Сарбозон Исоро масхара мекунанд

16 Сарбозон Исоро ба ҳавлии дарбор бурда, аскарони зиёдро ҷамъ карданд. 17 Баъд ба Исо ҷомаи бунафшранг пӯшонданд ва аз хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанд. 18 Ба Ӯ таъзим карда фарёд мезаданд: «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» 19 Онҳо бо чӯб ба сараш мезаданд, ба Ӯ туф мекарданд ва дар наздаш ба зону истода, ба Ӯ саҷда менамуданд. 20 Вақте ки онҳо масхара додани Ӯро бас карданд, ҷомаи бунафшрангро аз танаш кашида, либоси худашро пӯшонданд ва барои ба салиб мехкӯб кардан Ӯро аз он ҷо берун бурданд.

Ба салиб мехкӯб шудани Исо

21 Дар роҳ онҳо бо як роҳгузари қуриние вохӯрданд, ки аз саҳро бармегашт. Он мард Шимъӯн ном дошт ва падари Искандару Руфис буд. Сарбозон ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад. 22 Баъд Исоро ба ҷое оварданд, ки Ҷолҷото, яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт. 23 Сарбозон ба Ӯ майи бо мӯр* омехтаро доданд, вале Ӯ онро қабул накард. 24 Он гоҳ Исоро ба рӯи салиб мехкӯб карданду либосашро байни худ тақсим карданӣ шуда, бо партофтани қуръа соҳибшавандаи онро муайян карданд. 25 Соати нӯҳи саҳар буд, ки Ӯро рӯи салиб мехкӯб карданд. 26 Дар лавҳаи айбнома бар зидди Исо навиштанд: «Шоҳи Яҳудиён».

27-28 Ҳамроҳи Исо боз ду дуздро аз тарафи чапу росташ ба салибҳои дигар мехкӯб карданд.*

29 Одамоне, ки аз он ҷо мегузаштанд, сар ҷунбонда Исоро мазоқ карда мегуфтанд: «Ту-ку мехостӣ Хонаи Худоро вайрон карда, дар муддати се рӯз онро аз нав созӣ, 30 пас, ҳоло аз салиб поён фаромада, худатро наҷот деҳ?»

31 Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон низ Ӯро масхаракунон ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медоду худашро наҷот дода наметавонад. 32 Бигузор Таъиншудаи Худо, ки Шоҳи Яҳудиён аст, акнун аз салиб поён фарояд, то мо инро дида, имон оварем!» Ҳатто онҳое, ки ҳамроҳаш мехкӯб шуда буданд, Ӯро таҳқир мекарданд.

Марги Исо

33 Нисфирӯзӣ ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифт ва он то соати се давом кард. 34 Дар соати се Исо бо садои баланд фарёд зад: «Элла! Элла! Лама сабақтанӣ?», яъне «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?» 35 Баъзе аз ҳозирон инро шунида, гуфтанд, ки Исо Илёс пайғамбарро садо мекунад. 36 Сипас як нафар давида латтаеро ба сирко тар кард ва ба сари як чӯб гузошту барои нӯшидан ба Исо дароз кард ва гуфт: «Истед, бинем-чи, оё Илёс омада, Ӯро аз салиб гирифта поён мефарорад ё не?!» 37 Баъд Исо нолаи баланде карда ҷон дод.

38 Худи ҳамин вақт пардае, ки ҷои муқаддастарини Хонаи Худоро ҷудо мекард, аз боло то ба поёнаш дарида, ду пора шуд. 39 Вақте сардори лашкари румии дар рӯ ба рӯи салибистода дид, ки Исо чӣ тавр фарёд зада ҷон дод, гуфт: «Дар ҳақиқат ин мард Писари Худо буд!»

40 Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур ин ҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Салӯмит ва Марям, ки модари Ёқуби хурдсол ва Юшо буд, низ ҳузур доштанд. 41 Онҳо дар Ҷалил Исоро пайравӣ мекарданд ва дар эҳтиёҷаш кӯмак мерасонданд. Бисёр занони дигар низ, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омаданд, дар он ҷо буданд.

Гӯронидани Исо

42 Шом шуд ва мардум ба рӯзи истироҳат тайёрӣ медиданд. 43 Юсуф ном шахс аз шаҳри Аромот, ки аъзои обрӯманди шӯро буд ва омадани подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид, боҷуръат ба назди Пилотус рафт ва ҷасади Исоро талаб кард. 44 Пилотус ҳайрон шуд, ки Исо ба ин зудӣ мурдааст, бинобар ин сардори лашкарро даъват карда, аз ӯ пурсид, ки оё Исо аллакай мурдааст.

45 Вақте он сардори лашкар тасдиқ кард, Пилотус ҷасади Исоро ба Юсуф супорид. 46 Юсуф суфи сафед харид ва ҷасадро аз салиб поён фароварда, кафанпеч карду ба даруни қабре, ки дар ғоре канда шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, онро маҳкам кард. 47 Марями Маҷдалия ва Марям, модари Юшо диданд, ки ҷасад ба куҷо гузошта шуд.

16

Зиндашавии Исо

Вақте ки рӯзи истироҳат ба охир расид, Марями Маҷдалия, Марям, ки модари Ёқуб буд ва Салӯмит рафта, равғани хушбӯй хариданд, то ки ба бадани Исо бимоланд. Ва саҳарии барвақти рӯзи якшанбе, баъд аз баромадани офтоб ба сӯи қабр раҳсипор шуданд.

Дар роҳ ба якдигар мегуфтанд: «Кӣ санги калонро аз даромади қабр барои мо мебардорад?» Вақте ки назди қабр расиданд, диданд, ки он санги бениҳоят калони қабр як сӯ ғелонда шудааст.

Пас ба даруни қабр даромада диданд, ки як ҷавоне бо либоси сафед дар тарафи рост нишастааст. Занон ба ҳайрат афтоданд.

Вале ҷавон ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед! Шумо Исои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вай аз нав зинда шуд ва дар ин ҷо нест! Ба ҷое, ки ҷасадашро гузошта буданд, нигоҳ кунед! Ҳоло рафта, ба шогирдонаш ва ба Петрус бигӯед, ки Исо пешопеши шумо ба Ҷалил меравад, то шуморо дар он ҷо бубинад, чунон ки ба шумо гуфта буд».

Занҳо тарсону ларзон берун баромада, аз назди қабр гурехтанд ва ба касе чизе нагуфтанд, чунки дар ҳарос буданд.

Зоҳиршавии Исо ба шогирдонаш

[ Исо субҳи рӯзи якшанбе аз нав зинда шуд ва аввал ба Марями Маҷдалия, ки аз вуҷуди ӯ ҳафт девро берун карда буд, худро зоҳир кард. 10 Марям назди шогирдони гирёну мотамзада рафта ин хабарро гуфт. 11 Вале онҳо суханони ӯро шунида, бовар накарданд, ки Исо зинда асту Марям Ӯро дидааст.

12 Баъд Исо худро дар сурати дигар ба ду шогирдаш, ки ба деҳа мерафтанд, зоҳир кард. 13 Онҳо баргашта, инро ба дигарон нақл намуданд, аммо ҳеҷ кас ба суханони онҳо бовар накард.

14 Дар охир Исо ба он ёздаҳ шогирдаш, дар вақти хӯрок хӯрданашон, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонӣ ва якравиашон сарзаниш кард, зеро ба суханони касоне, ки Ӯро баъд аз марг зинда дида буданд, бовар накарданд.

15 Баъд ба онҳо гуфт: «Ба тамоми дунё рафта, хушхабарро ба ҳама эълон бикунед! 16 Касоне, ки имон биоваранд ва таъмид бигиранд, наҷот меёбанд, вале касоне, ки имон наоваранд, маҳкум мешаванд. 17 Дар ҳаёти касоне, ки имон меоваранд, чунин аломатҳо пайдо мешаванд: онҳо бо номи Ман девҳоро меронанд ва бо забонҳои нав сухан мегӯянд; 18 онҳо морҳоро бо даст мегиранд ва агар заҳр хӯранд, зараре намебинанд; даст бар беморон мегузоранд ва онҳо шифо меёбанд».

19 Вақте ки сӯҳбати Исои Худованд бо онҳо тамом шуд, Вай ба сӯи осмон бурда шуд ва аз тарафи рости Худо нишаст. 20 Шогирдон рафта, хушхабарро дар ҳама ҷо эълон мекарданд. Худованд ҳам мададгори онҳо буд ва бо мӯъҷизаҳое, ки онҳо нишон медоданд, гуфтаҳояшонро тасдиқ мекард. Омин.* ]

* *9:29 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «бо дуо ва рӯза» омадааст.

* *9:43-44 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад» (Ниг. ояти 48).

* *9:45-46 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад» (Ниг. ояти 48).

* *9:49 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «ва ҳар қурбонӣ бо намак намакин карда мешавад».

* *11:25-26 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Аммо агар шумо дигаронро набахшед, Падари осмонӣ низ гуноҳҳои шуморо намебахшад».

* *14:5 Динор - ниг. ба 6:37.

* *14:62 «Ман ҳастам» - ин номест, ки Худо бо он худро номида буд (Ниг. Хуруҷ 3:14).

* *14:68 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Ҳамон замон хурӯс ҷеғ зад».

* *15:23 Мӯр - моддаи равған монанди зардранг, ки аз бутта гирифта мешавад ва аз он доруворӣ барои сабук кардани дард тайёр мекунанд.

* *15:27-28 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Ин ҳам дар навиштаҷот пешгӯӣ шуда буд: „Ӯ низ ба қатори ҷинояткорон дохил мешавад”».

* *16:9-20 Ин оятҳо на дар ҳамаи нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудаанд.



<< Башорат