Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Хушхабар аз Юҳанно 12-21

Copyright Фонди «Калом»

Дар бораи ҳамин китоб савол ё фикрҳо доред? Ба kalomikhudo@mail.ru нависед.

12

Бо равған молида шудани Исо

Шаш рӯз пеш аз сар шудани иди Балогардон Исо ба Байт-Ҳинӣ ба хонаи ҳамон Лаъзор, ки зинда карда буд, омад. Ба шарафи Ӯ зиёфат барпо карданд. Марто хизмат мекард ва Лаъзор бо ҳамроҳии Исо ва меҳмонони дигар дар сари дастархон нишаста буд. Марям бошад, як шишаи атри ниҳоят қиматбаҳоро гирифта, ба пойҳои Исо молиду бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро хушк кард. Хонаро бӯйи муаттар фаро гирифт.

Ҳамин вақт Яҳудои Исқарют, яке аз шогирдон, ки дар оянда ба Исо хиёнат мекунад, гуфт: «Чаро ин атр ба сесад динор фурӯхта, пули он ба камбағалон тақсим карда нашуд?» (Ӯ хазинадор буд ва барои манфиати худ аз он ҷо пул мегирифт. Бинобар ин ӯ на аз сабаби ғами камбағалонро хӯрдан, балки аз барои дузд буданаш он суханонро гуфт). Вале Исо дар ҷавоб гуфт: «Марямро ором гузор! Бимон, ки атрро барои рӯзи дафни Ман нигаҳ дорад. Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, вале Ман ҳамеша бо шумо намемонам».

Дар айни ҳол бисёре аз аҳолии Яҳудия дар Байт-Ҳинӣ будани Исоро дониста, ба он ҷо рафтанд. Вале онҳо на фақат ба хотири Исо, балки барои дидани Лаъзор ҳам, ки Исо ӯро зинда карда буд, ба он ҷо рафта буданд. 10 Он гоҳ сардорони рӯҳонӣ қарор доданд, ки Лаъзорро ҳам бикушанд, 11 зеро аз барои ӯ мардуми зиёди Яҳудия аз онҳо рӯ гардонда, ба Исо имон меоварданд.

Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо

12 Рӯзи дигар мардуми сершуморе, ки ба ид омада буданд, шуниданд, ки Исо ба Ерусалим омада истодааст. 13 Он гоҳ онҳо шохаҳои дарахти нахлро ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарёд мекарданд: «Шаъну шараф ба Худо! Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд ва Шоҳи Исроил аст!» 14 Исо харкуррае ёфта, ба он савор шуд, зеро дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: 15 «Натарс, эй шаҳри Ерусалим! Ана, Шоҳи ту савораи харкурра омада истодааст».

16 Шогирдони Ӯ инро он вақт нафаҳмиданд, вале ҳангоме ки Исо ба тамоми шӯҳрату ҷалоли Худо соҳиб шуд, онҳо ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот ҳамаи ин дар борааш навишта шуда буд ва бо Ӯ ҳамин тавр ҳам рӯй дод.

17 Мардуме, ки дар ҳузурашон Исо Лаъзори мурдаро аз қабр ҷеғ зада, зинда карда буд, паҳн кардани ин хабарро давом медоданд. 18 Аз сабаби шунидани ин мӯъҷиза тӯда-тӯда одамон ба пешвози Ӯ баромаданд. 19 Аммо фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Медонед, аз дастамон ҳеҷ коре намеояд! Ана бинед, тамоми ҷаҳон аз паи Ӯ меравад!»

Маргашро пешгӯӣ кардани Исо

20 Дар байни онҳое, ки барои саҷдаи Худо ба ид омада буданд, юнониҳо ҳам буданд. 21 Онҳо ба назди Филиппус, ки аз аҳли Байт-Сайдои Ҷалил буд, омада гуфтанд: «Хоҷа, мо мехоҳем, ки Исоро бинем». 22 Филиппус рафта, инро ба Андриёс хабар доду баъд ҳардуяшон рафта, ба Исо гуфтанд. 23 Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шӯҳрату ҷалоли Фарзанди Инсон ошкор гардад! 24 Ба шумо рост мегӯям: то донаи гандум ба замин афтида намирад, вай як донаи танҳо мемонад, аммо агар бимирад - ҳосили зиёд меоварад. 25 Касе ки ҳаёташро азиз дорад, онро аз даст медиҳад ва касе ки дар ин дунё аз ҳаёти худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти абадӣ нигоҳ медорад. 26 Ҳар кӣ ба Ман хизмат кунад, бояд аз пасам ояд ва ҳар ҷое, ки Ман ҳастам, хизматгорам низ ҳамон ҷо мешавад. Касеро, ки ба Ман хизмат кунад, Падарам сарфароз менамояд.

27 Ҷонам ҳоло дар азоб аст ва намедонам чӣ гӯям? Бигӯям, ки „Падар, Маро аз ин соат халос кун!”, вале Ман маҳз барои ҳамин соат омадаам! 28 Эй Падар, номи худро шӯҳрат деҳ!»

Он гоҳ аз осмон садое шунида шуд: «Аллакай шӯҳрат додам ва боз ҳам шӯҳрати бештар медиҳам!»

29 Тӯдаи мардум, ки дар он ҷо истода буданд, ин овозро шунида, баъзеашон гуфтанд, ки ин ғурриши раъд буд, дигарон гуфтанд, ки фариштае ба Ӯ сухан гуфт. 30 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин садо на ба хотири Ман, балки ба хотири шумо буд! 31 Акнун вақти ҳукм шудани ин ҷаҳон аст, ҳоло ҳукмрони ин ҷаҳон берун ронда мешавад! 32 Вақте ки Ман аз замин боло бардошта мешавам, ҳамаро ба сӯи худ мекашам!» 33 Бо ин суханон Ӯ ишора мекард, ки чӣ тарз ҷон медиҳад.

34 Мардум ҷавоб доданд: «Мо аз шариат медонем, ки Таъиншудаи Худо то абад зинда мемонад. Пас, чӣ тавр мегӯӣ, ки Фарзанди Инсон бояд боло бардошта шавад? Охир, Фарзанди Инсон кист?» 35 Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе равшанӣ бо шумо мемонад. Ҳанӯз ки равшанӣ доред, роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад, зеро ҳар кӣ дар торикӣ роҳ меравад, ҷои мерафтагиашро намедонад. 36 Пас, ҳанӯз ки равшанӣ бо шумост, ба он имон биёваред, то ки писарони равшанӣ шавед!» Исо инро гуфта, он ҷойро монда рафту аз назари онҳо ғоиб шуд.

Беимонии одамон

37 Бо вуҷуди он ки Исо дар ҳузури онҳо мӯъҷизоти бисёр нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд. 38 Ишаъё пайғамбар гуфта буд:

«Эй Худованд, кӣ ба паёми мо бовар кардааст?

Ба кӣ қудрати Худо ошкор гардидааст?»

Ин пешгӯӣ ҳамин тавр иҷро шуд.

39 Инчунин онҳо боз аз он сабаб имон оварда натавонистанд, ки Ишаъё пайғамбар чунин ҳам гуфта буд:

40 «Худо чашмони онҳоро нобино

ва ақли онҳоро тира кардааст,

то ки онҳо бо чашмони худ набинанд

ва бо ақли худ дарк накунанд.

Вагарна, мегӯяд Худо, ба Ман муроҷиат мекарданд,

то Ман онҳоро шифо диҳам».

41 Ишаъё барои он чунин гуфта буд, ки шӯҳрату ҷалоли Исоро дид ва дар бораи Ӯ сухан гуфт.

42 Ба ҳар ҳол, бисёри одамон, ҳатто аз байни мансабдорон низ ба Исо эътиқод карданд, вале аз тарси фарисиён ошкоро ба ин иқрор намешуданд, ки мабодо онҳоро аз ибодатхонаҳо ҷудо накунанд. 43 Зеро онҳо назар ба таърифе, ки аз ҷониби Худо аст, таърифи инсониро беҳтар донистанд.

44 Исо бо овози баланд хитоб кард: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, на ба Ман, балки ба касе, ки Маро фиристодааст, имон меоварад. 45 Ҳар кӣ Маро мебинад, он касеро мебинад, ки Маро фиристодааст. 46 Ман ҳамчун равшанӣ ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад. 47 Ман ҳеҷ касеро, ки суханони Маро мешунаваду иҷро намекунад, ҳукм нахоҳам кард, чунки Ман на барои ҳукм кардани ҷаҳон, балки барои наҷот додани он омадаам. 48 Касе, ки Маро инкор мекунад ва суханони Маро қабул намекунад, вай аллакай ҳукмкунандаро дорад. Дар рӯзи қиёмат он суханоне, ки Ман гуфтам, ӯро ҳукм мекунанд, 49 чунки Ман аз худ сухан нагуфтаам, балки Падаре, ки Маро фиристодааст, чӣ гуфтану чӣ нақл карданамро фармон додааст. 50 Ва Ман медонам, ки фармони Ӯ ҳаёти абадӣ мебахшад. Бинобар ин Ман танҳо он чиро, ки Падар ба Ман фармудааст, мегӯям».

13

Пойҳои шогирдонро шустани Исо

Як рӯз пеш аз иди Балогардон Исо дид, ки вақту соати аз ин дунё рафтан ва ба пеши Падараш баргаштани Ӯ расидааст. Ӯ дар ин дунё одамони худро дӯст медошт ва муҳаббаташ нисбат ба онҳо то охир пойдор буд.

2-3 Иблис аллакай ба дили Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют фикри дар ҳаққи Исо хиёнат карданро ҷо карда буд. Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст ва Ӯ аз ҷониби Худо омада, ба пеши Худо бармегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми хӯроки шом Ӯ аз сари дастархон бархеста, ҷомаашро кашиду миёни худро бо сачоқ баст. Пас, ба тағораи дастурӯшӯйӣ об рехта, ба шустану бо сачоқи дар миён бастааш хушк кардани пойҳои шогирдон шурӯъ кард.

Ӯ ба назди Шимъӯни Петрус омад ва Шимъӯни Петрус гуфт: «Худованд, магар Ту пойҳои маро шустанӣ ҳастӣ?!» Исо ҷавоб дод: «Ҳоло ту кори мекардаамро намефаҳмӣ, баъдтар мефаҳмӣ». Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Ҳаргиз пойҳои маро намешӯӣ». «Агар нашӯям, ту бо Ман шарик намешавӣ!»- ҷавоб дод Исо. Шимъӯни Петрус дар ҷавоб гуфт: «Худовандо, пас на фақат пойҳоямро, балки дасту сарамро низ бишӯй!» 10 «Барои касе, ки ҳаммом кардааст, танҳо пойҳояшро шустан лозим аст, чунки ӯ комилан пок аст,-гуфт Исо. - Шумо ҳам пок ҳастед, вале на ҳама». 11 Зеро Ӯ медонист, ки дар ҳаққаш кӣ хиёнат мекунад ва барои ҳамин гуфт, ки на ҳама пок ҳастанд.

12 Баъд аз он ки пойҳои онҳоро шуст, либосашро пӯшиду боз ба сари дастархон нишаста гуфт: «Оё медонед, ки Ман бароятон чӣ кор кардам? 13 Шумо Маро устод ва Худованд меномед ва ин дуруст аст, чунки Ман ҳамонам. 14 Пас, агар Ман, ки Худованд ва устоди шумо ҳастам, пойҳои шуморо шуста бошам, шумо низ бояд пойҳои якдигарро бишӯед. 15 Ман ба шумо намунаи ибрат шудам, ки шумо айнан мисле ки Ман нисбат ба шумо рафтор кардам, рафтор кунед. 16 Ба шумо рост мегӯям, ки хизматгор аз хоҷаи худ ва фиристодашуда аз шахсе, ки ӯро фиристодааст, бузургтар нест. 17 Акнун ки шумо ин чизҳоро медонед, хушбахт мешавед, агар онҳоро ба амал оваред.

18 Ман на дар бораи ҳамаи шумо мегӯям; Ман касони интихобкардаамро медонам. Вале, бигзор, суханон аз навиштаҷот ба амал оянд: „Касе ки нони Маро мехӯрд, бар зидди Ман даст бардошт”. 19 Инро ҳоло пеш аз рӯй доданаш ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми ба амал омадани ин ҳодиса имон оваред, ки ин Ман ҳастам*. 20 Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, фиристандаи Маро қабул мекунад».

Пешгӯйии Исо дар бораи хиёнат дар ҳаққи ӯ

21 Инро гуфта, Исо сахт безобита шуду эълон кард: «Ба шумо рост мегӯям, яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад».

22 Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, дар ҳайрат монданд, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфта бошад. 23 Яке аз шогирдон, ки Исо ӯро дӯст медошт, дар паҳлӯи Ӯ такя карда нишаста буд. 24 Шимъӯни Петрус ба ӯ ишора кард, то аз Исо бипурсад, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфт. 25 Он шогирд ба Исо наздиктар шуда пурсид: «Худованд, ин кист?» 26 Исо ҷавоб дод: «Ба кӣ луқмаи нонро дар коса тар карда диҳам, ҳамон аст». Баъд луқмаи нонро тар карда, ба Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют дод. 27 Ҳамин ки Яҳудо луқмаи нонро гирифт, иблис ба вуҷуди ӯ дохил шуд. Исо ба ӯ гуфт: «Он ниятеро, ки дар дил дорӣ, зудтар иҷро бикун».

28 Ҳеҷ касе аз онҳое, ки дар сари дастархон буданд, нафаҳмиданд, ки барои чӣ Исо ба ӯ ин суханро гуфт. 29 Азбаски хазинаи пул дар дасти Яҳудо буд, баъзеҳо гумон карданд, ки Исо ба ӯ фармуд, то ҳар чӣ барои ид лозим аст, барояшон бихарад ё ки ба бенавоён чизе бидиҳад.

30 Яҳудо нонро гирифта, ҳамон замон берун баромад. Шаб буд.

Фармони нав

31 Вақте ки ӯ берун баромад, Исо гуфт: «Акнун Фарзанди Инсон шӯҳрату ҷалол ёфт ва Худо низ ба воситаи Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфт. 32 Агар Худо дар Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфта бошад, пас Худо низ дар худ Ӯро шӯҳрату ҷалол медиҳад ва фавран инро мекунад. 33 Эй фарзандонам, муддати кам мондааст, ки Ман ҳамроҳи шумо мемонам. Шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, вале, чӣ тавре ки ба роҳбарони яҳудӣ гуфта будам, акнун ба шумо низ мегӯям, ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед. 34 Ман ба шумо фармони нав медиҳам, ки якдигарро дӯст доред. Ҳамон тавре ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. 35 Агар нисбат ба якдигар муҳаббат дошта бошед, ҳама хоҳанд фаҳмид, ки шумо шогирдони Ман ҳастед».

Пешгӯйии Исо дар бораи Ӯро инкор кардани Петрус

36 Шимъӯни Петрус аз Ӯ пурсид: «Худованд, Ту ба куҷо меравӣ?» «Ба ҷое, ки Ман меравам, ту ҳоло аз паси Ман омада наметавонӣ,- ҷавоб дод Исо, - аммо баъдтар хоҳӣ омад». 37 Петрус ба Ӯ гуфт: «Худованд! Чаро ман ҳоло аз паси Ту рафта наметавонам? Ман тайёрам ҷони худро барои Ту фидо кунам!» 38 Исо ҷавоб дод: «Ҷонатро фидои Ман мекунӣ?! Ба ту рост мегӯям, ки пеш аз ҷеғ задани хурӯс ту се бор Маро инкор хоҳӣ кард!»

14

Исо роҳ ба сӯи Падар аст

Исо суханашро давом дода гуфт: «Бигзор дилҳоятонро ғаму ғусса фаро нагирад! Ба Худо имон оваред ва ба Ман низ имон оваред! Дар хонаи Падари Ман ҳуҷраҳо бисёранд. Агар чунин намебуд, магар Ман ба шумо мегуфтам, ки рафта, барои шумо ҷой тайёр мекунам? Вақте ки Ман меравам ва барои шумо ҷой тайёр мекунам, баргашта, шуморо пеши худ мебарам, то дар ҷое, ки Ман ҳастам, шумо ҳам бошед. Роҳ ба он ҷое, ки Ман меравам, барои шумо маълум аст».

Он гоҳ Тумо ба Ӯ гуфт: «Худовандо, мо намедонем, ки Ту ба куҷо меравӣ. Пас роҳро аз куҷо дониста метавонем?» Исо ба ӯ гуфт: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман. Модоме ки шумо Маро мешиносед, Падарамро ҳам мешиносед. Аз имрӯз эътиборан шумо Ӯро мешиносед ва ҳатто Ӯро дидаед!»

«Худовандо! - гуфт ба Ӯ Филиппус, - Падарро ба мо нишон деҳ ва ин бароямон кифоя аст». Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ин қадар ҳамроҳи шумо будам ва ту, Филиппус, Маро то ҳол намешиносӣ? Ҳар кӣ Маро дида бошад, Падарро дидааст. Пас чӣ гуна ту „Падарро ба мо нишон деҳ” мегӯӣ? 10 Магар бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст? Суханонеро, ки Ман ба шумо мегӯям, аз худам намегӯям. Падарам, ки дар Ман аст, корҳои худро иҷро мекунад. 11 Ба Ман бовар кунед, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст. Вагарна ба хотири он корҳое, ки мекунам, бовар кунед. 12 Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ ба Ман имон оварад, корҳоеро, ки Ман мекунам, вай ҳам мекунад ва ҳатто корҳои бузургтар аз он мекунад, чунки Ман ба назди Падарам меравам. 13 Инчунин ҳар чиро, ки аз номи Ман талаб кунед, Ман иҷро мекунам, то ки шӯҳрату ҷалоли Падар дар Писар намоён гардад. 14 Агар аз номи Ман чизеро аз Ман талаб кунед, онро иҷро хоҳам кард.

Ваъда дар бораи Рӯҳи Муқаддас

15 Агар шумо Маро дӯст доред, фармонҳои Маро иҷро мекунед. 16 Он гоҳ Ман аз Падарам хоҳиш мекунам ва Ӯ ба шумо Мададгори дигареро медиҳад, ки то абад бо шумо мемонад. 17 Ин Рӯҳи ростӣ аст, ки ҷаҳон Ӯро қабул карда наметавонад, чунки Ӯро на мебинаду на мешиносад. Вале шумо Ӯро мешиносед, чун Вай ҳамроҳи шумо аст ва дар шумо мешавад.

18 Ман шуморо бепарастор намегузорам: боз ба назди шумо бармегардам. 19 Пас аз андаке ҷаҳон Маро дигар намебинад, вале шумо Маро хоҳед дид. Азбаски Ман зиндаам, шумо ҳам зинда мешавед. 20 Дар он рӯз медонед, ки Ман дар Падарам ҳастам ва шумо дар Ман ҳастед ва Ман дар шумо.

21 Ҳар кӣ бо фармонҳои Ман розӣ шаваду онҳоро иҷро кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, ӯро Падари Ман ҳам дӯст медорад. Ман низ ӯро дӯст медорам ва худро ба ӯ ошкор мекунам». 22 Яҳудо (на Исқарют) гуфт: «Худовандо, ин чӣ тавр мешавад, ки Ту худро ба мо зоҳир мекунӣ, аммо на ба ҷаҳон?» 23 Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя мекунад. Он гоҳ Падари Ман ҳам ӯро дӯст медорад. Мо пеши ӯ меоем ва дар наздаш ҷой мегирем. 24 Касе ки Маро дӯст намедорад, суханони Маро иҷро намекунад. Он сухане, ки шумо мешунавед, аз Ман нест, балки сухани Падар аст, ки Маро фиристодааст.

25 Ман ин суханонро ба шумо ҳанӯз, ки бо шумо ҳастам, мегӯям. 26 Вале Мададгор, Рӯҳи Муқаддас, ки Ӯро Падар аз номи Ман ба шумо мефиристад, ҳама чизро ба шумо ёд медиҳад ва ҳар сухани Маро ба хотири шумо меоварад.

27 Ман оромиро бо шумо мемонам, оромии худамро ба шумо медиҳам. Ман онро ба шумо на ба он тавре медиҳам, ки ҷаҳон медиҳад. Ғаму ғуссаро аз дилҳоятон дур кунеду ҳаросон нашавед! 28 Шумо аллакай суханони Маро шунида будед, ки Ман меравам ва ба назди шумо бармегардам, гуфта будам. Агар Маро дӯст медоштед, хурсанд мешудед, ки Ман ба пеши Падар меравам, зеро Падар аз Ман бузургтар аст. 29 Ана Ман инро пеш аз ба амал омаданаш ба шумо гуфтам, то вақте ки ин ҳодиса ба амал меояд, имон оваред! 30 Ман дигар вақти дароз бо шумо гап намезанам, чунки ҳукмрони ин ҷаҳон омада истодааст. Вай бар Ман ҳеҷ қудрате надорад, 31 вале Ман аз рӯи фармони Падар, ки ба Ман додааст, ин корро мекунам, то ҷаҳон бидонад, ки Ман Падарро дӯст медорам. Бархезед, биёед, аз ин ҷо меравем!»

15

Исо токи ҳақиқӣ аст

Исо суханашро давом дода гуфт: «Ман токи ҳақиқӣ ҳастам ва Падари Ман токпарвар аст. Ҳар шохаеро, ки дар Ман ҳосил намедиҳад, Ӯ бурида мепартояд ва ҳар шохаи ҳосилдиҳандаро хомток мекунад, то меваи бештаре ба бор оварад. Шумо аллакай ба воситаи суханоне, ки Ман ба шумо гуфтаам, пок шудаед. Дар Ман бимонед, чунон ки Ман дар шумо ҳастам. Ҳамон тавр ки шоха, агар дар ток набошад, аз худ ҳосил ба бор оварда наметавонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед, аз худ самара оварда наметавонед. Ман ток ҳастам ва шумо шохаҳо ҳастед. Танҳо онҳое, ки дар Ман ҳастанд ва Ман дар онҳо ҳастам, ҳосили фаровон ба бор меоваранд, чунки бе Ман шумо ҳеҷ коре карда наметавонед. Ҳар кӣ дар Ман намонад, монанди шоха партофта шуда, баъд хушк мешавад. Чунин шохаҳоро ҷамъ карда, ба оташ мепартоянду месӯзонанд. Агар шумо дар Ман бимонед ва суханони Ман дар шумо бимонанд, ҳар чизеро, ки талаб кунед, бароятон иҷро мешавад! Падари Ман бо он шӯҳрату ҷалол меёбад, ки шумо самари зиёд меоваред ва бо ин нишон медиҳед, ки шогирдони Ман ҳастед.

Чӣ тавре ки Падар Маро дӯст медорад, ҳамон тавр Ман ҳам шуморо дӯст медорам. Дар муҳаббати Ман бимонед! 10 Айнан чӣ тавре ки Ман фармонҳои Падарамро иҷро кардаму дар муҳаббаташ мондам, шумо низ агар фармонҳои Маро иҷро кунед, дар муҳаббати Ман мемонед. 11 Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки шодии Ман дар шумо бошад ва шодии шумо пурра гардад. 12 Фармони Ман ин аст: чуноне ки Ман шуморо дӯст медорам, ҳамон тавр шумо якдигарро дӯст доред. 13 Аз он муҳаббате, ки кас ҷонашро барои дӯстонаш фидо мекунад, муҳаббати бузургтаре нест. 14 Агар фармонҳои Маро иҷро кунед, шумо дӯстони Ман ҳастед. 15 Ман дигар шуморо хизматгор наменомам, зеро хизматгор намедонад, ки хоҷаи ӯ ба чӣ кор машғул аст. Лекин Ман шуморо дӯстони худ мехонам, чунки ҳама чизи аз Падар шунидаамро ба шумо гуфтаам. 16 Шумо Маро интихоб накардаед, балки Ман шуморо интихоб карда, таъин намудаам, ки рафта мева биёред ва мевае, ки то абад мемонад. Инак, ҳар чи ба номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо бидиҳад. 17 Пас, фармони Ман барои шумо ин аст, ки ҳамдигарро дӯст доред».

Нафрати ҷаҳон

18 «Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, донед, ки аввал аз Ман нафрат дошта буд. 19 Агар шумо аз ин ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо ҳамчун аз они худ дӯст медошт. Вале, аз сабаби он ки Ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб карда гирифтам ва шумо аз ин ҷаҳон нестед, ин ҷаҳон аз шумо нафрат дорад. 20 Дар хотир доред, ки Ман ба шумо чӣ гуфта будам: „Хизматгор аз хоҷаи худ бузургтар нест”. Пас, агар Маро барои азоб додан дунболагирӣ карда бошанд, шуморо низ дунболагирӣ мекунанд. Агар суханони Маро иҷро карда бошанд, суханони шуморо низ иҷро мекунанд. 21 Аммо мардум ҳамаи инро бо шумо аз барои Ман мекунанд, чунки фиристандаи Маро намешиносанд. 22 Агар Ман ба ҷаҳон намеомадам ва ба онҳо сухане намегуфтам, онҳо гуноҳе намедоштанд, вале акнун барои сафед кардани гуноҳи худ баҳона надоранд. 23 Касе, ки аз Ман нафрат мекунад, аз Падари Ман низ нафрат дорад. 24 Агар Ман дар байни онҳо он корҳоеро, ки касе накардааст, намекардам, онҳо гуноҳ намедоштанд. Вале акнун онҳо он корҳоро диданд ва бо вуҷуди ин аз Ман ва ҳам аз Падарам нафрат доранд. 25 Ин барои иҷро шудани гуфтаҳои шариати онҳо ба амал меояд, ки гуфта шудааст: „Бесабаб аз ман нафрат доштанд”.

26 Вале, вақте Мададгоре, ки Ман аз ҷониби Падар Ӯро назди шумо мефиристам, меояд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар мебарояд, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. 27 Инчунин шумо ҳам шаҳодат медиҳед, зеро шумо аз рӯзҳои аввал бо Ман будед».

16

Исо суханашро давом дода гуфт: «Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки роҳзада нашавед. Шуморо аз ибодатхонаҳо ҷудо мекунанд. Ҳатто чунон замоне фаро мерасад, ки кушандагони шумо фикр мекунанд, ки бо ин корашон ба Худо хизмат мекунанд. Онҳо аз сабаби он чунин рафтор мекунанд, ки на Падар ва на Маро мешиносанд. Аммо Ман ин чизҳоро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани ин вақт шумо ба хотир оред, ки Ман дар бораи онҳо ба шумо гуфта будам.

Кори Рӯҳи Муқаддас

Аз аввал дар бораи ин чизҳо ба шумо нагуфтам, чунки ҳамроҳи шумо будам. Акнун пеши он касе меравам, ки Маро фиристодааст. Вале ҳеҷ касе аз шумо ба Ман савол намедиҳад, ки „Ту ба куҷо меравӣ?”, чунки суханони Ман дилҳои шуморо пур аз ғам карданд. Аммо Ман ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои фоидаи шумост. Зеро, агар Ман наравам, Мададгор пеши шумо намеояд ва агар биравам, Ӯро ба назди шумо мефиристам. Вақте ки Ӯ меояд, фикрронии нодурусти ин ҷаҳонро дар бораи гуноҳ, ростӣ ва ҳукмкунӣ фош мекунад: гуноҳ дар ин аст, ки онҳо ба Ман имон намеоваранд; 10 ростӣ дар ин аст, ки Ман ба пеши Падарам меравам ва шумо дигар Маро намебинед; 11 ҳукмкунӣ дар ин аст, ки ҳукмрони ин ҷаҳон аллакай айбдор шудааст.

12 Ман боз бисёр чизи ба шумо гуфтанӣ дорам, аммо алҳол шумо онҳоро ғунҷонда наметавонед. 13 Вақте ки Рӯҳи ростӣ меояд, Ӯ шуморо сӯи тамоми ростӣ роҳнамоӣ мекунад, зеро Ӯ аз худ чизе намегӯяд, балки он чиро, ки мешунавад, ба шумо мегӯяд. Ӯ ба шумо дар бораи ҳодисаҳои оянда хабар медиҳад. 14 Ӯ Маро шӯҳрату ҷалол медиҳад, зеро Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад. 15 Ҳар чӣ Падар дорад, аз они Ман аст. Аз ин сабаб Ман гуфтам, ки Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад».

Ба шодӣ табдил ёфтани ғами ғусса

16 «Баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид». 17 Он гоҳ баъзе аз шогирдон ба ҳамдигар гуфтанд: «Ӯ „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид” ва „чунки Ман ба пеши Падар меравам” гуфта чиро дар назар дорад? 18 Ӯ „андаке” гуфта чиро дар назар дорад? Мо намефаҳмем, Ӯ дар бораи чӣ гуфта истодааст».

19 Исо фаҳмид, ки онҳо ба Ӯ савол доданӣ ҳастанд, бинобар ин гуфт: «Шумо аз якдигар мепурсед, ки „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид” гуфта чиро дар назар доштам? 20 Ба шумо рост мегӯям, ки шумо гиря карда, андӯҳгин мешавед, вале ҷаҳон шодӣ мекунад. Шумо ғамгин мешавед, аммо ғами шумо ба шодӣ мубаддал мегардад. 21 Ҳангоми таваллуди кӯдак зан ғамгин мешавад, чун соати азоби вай расидааст, вале вақте ки кӯдакро мезояд, азобу шиканҷаро фаромӯш карда, шодӣ мекунад, ки инсоне ба дунё омадааст. 22 Инак, шумо ҳам ҳоло ғамгин ҳастед, аммо Ман шуморо боз мебинам ва дилҳои шумо аз шодӣ пур мешаванд ва он шодиро ҳеҷ кас аз шумо гирифта наметавонад.

23 Он рӯз шумо аз Ман чизе намепурсед. Ба шумо рост мегӯям, ҳар чиро ки бо номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод. 24 То кунун шумо аз номи Ман чизеро талаб накардаед. Талаб кунед ва ба даст меоваред ва хурсандии шумо пурра мешавад».

Ғалаба бар ҷаҳон

25 «Ман дар ин бора ба шумо бо рамзҳо гуфтам, лекин замоне фаро мерасад, ки ба шумо на бо рамзҳо, балки кушоду равшан дар бораи Падар нақл мекунам. 26 Дар он рӯз бо номи Ман аз Ӯ талаб мекунед. Ман намегӯям, ки барои шумо аз Падар талаб мекунам, 27 зеро худи Падар шуморо дӯст медорад, аз сабаби он ки шумо Маро дӯст доштед ва имон овардед, ки Ман аз ҷониби Ӯ омадаам. 28 Ман аз ҷониби Падар ба ин ҷаҳон омадаам ва боз ин ҷаҳонро тарк карда, ба назди Ӯ меравам».

29 «Акнун Шумо кушоду равшан ва бе рамзҳо гап зада истодаед,- гуфтанд ба Ӯ шогирдон. 30 - Ҳоло мо фаҳмидем, ки Шумо ҳама чизро медонед ва ҳоҷати аз Шумо пурсидан нест. Бинобар ин мо имон дорем, ки Шумо аз назди Худо омадаед». 31 «Шумо акнун имон овардед? - гуфт дар ҷавоби онҳо Исо. 32 - Инак вақту соате меояд ва он аллакай фаро расидааст, ки ҳамаи шумо пароканда шуда ба хонаҳои худ меравед ва Маро танҳо мегузоред. Вале Ман танҳо нестам, зеро Падар ҳамроҳи Ман аст. 33 Ман ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки шумо дар Ман оромӣ пайдо кунед. Дар дунё шуморо азобу уқубат интизор аст, вале шумо мардонагиро аз даст надиҳед: Ман бар ин ҷаҳон ғолиб шудаам!»

17

Барои шогирдонаш дуо кардани Исо

Баъд аз ин суханон Исо ба сӯи осмон нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, вақт фаро расид. Писари худро шӯҳрату ҷалол деҳ, то ки Писар Туро шӯҳрату ҷалол бидиҳад, чунки Ту ихтиёри ҳамаи одамонро ба дасти Ӯ супоридаӣ, то ки Ӯ низ ба ҳамаи касоне, ки ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти абадӣ диҳад. Ва ҳаёти абадӣ ин аст, ки Туро, Худои ягонаи ҳақиқӣ ва Исои Масеҳро, ки Ту фиристодаӣ, шиносанд. Ман бо анҷом додани он коре, ки Ту ба Ман супорида будӣ, бароят дар рӯи замин шӯҳрат додам. Акнун, эй Падар, он шӯҳрату ҷалолеро, ки пеш аз пайдоиши олам дар назди Ту доштам, ба Ман бидеҳ.

Ман номи Туро ба он касоне, ки Ту аз ҷаҳон гирифта, ба Ман бахшидаӣ, маълум кардам. Онҳо аз они Ту буданду Ту онҳоро ба Ман бахшидӣ ва онҳо каломи Туро риоя карданд. Акнун онҳо медонанд, ки ҳама чизи ба Ман додаат, аз они туст. Зеро он каломеро, ки Ту ба Ман додӣ, Ман ба онҳо расондам ва онҳо қабул карда, дар ҳақиқат фаҳмиданд, ки Ман аз назди Ту омадаам ва боварӣ доранд, ки Ту Маро фиристодаӣ.

Ман барои онҳо дуо мекунам. Ман на барои ҷаҳон, балки барои онҳое дуо мекунам, ки Ту ба Ман додаӣ, чунки онҳо аз они туанд. 10 Зеро ҳамаи онҳое, ки Ман дорам, аз они туанд ва онҳое, ки Ту дорӣ, аз они Мананд ва ба василаи онҳо Ман шӯҳрату ҷалол ёфтам. 11 Ман дигар дар ин ҷаҳон нестам, балки пеши Ту меравам, вале онҳо дар ин ҷаҳон мемонанд. Эй Падари Муқаддас, бо қудрати номи худ, ки Ту ба Ман додаӣ, онҳоро муҳофизат бикун, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту бо ҳам як ҳастем. 12 То вақте ки Ман бо онҳо будам, онҳоро бо қудрати номи ту, ки ба Ман бахшидаӣ, муҳофизат ва нигаҳбонӣ кардам. Аз онҳо касе ҳам ҳалок нашуд, ғайр аз як нафар, ки бояд ҳалок мешуд, то гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд. 13 Вале акнун Ман назди Ту меравам ва ин чизҳоро ҳанӯз ки дар ин ҷаҳон ҳастам, мегӯям, то шодии Ман дар онҳо пурра шавад. 14 Ман каломи Туро ба онҳо расондаам ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, ҳамон тавр ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам. 15 Ман талаб намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, аммо мехоҳам, ки онҳоро аз иблис муҳофизат намоӣ. 16 Онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам. 17 Тавассути ростӣ онҳоро барои худ ҷудо кун; каломи Ту ростӣ аст. 18 Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодаӣ, ҳамин тавр Ман ҳам онҳоро ба ҷаҳон фиристодаам. 19 Ман ба хотири онҳо худро ба Ту бахшидам, то ки онҳо низ ба тавассути ростӣ худро ба Ту бахшида тавонанд.

20 Ман на фақат барои онҳо дуо мекунам, балки барои касоне ҳам, ки ба воситаи суханони онҳо ба Ман имон меоваранд. 21 Бигзор ҳамаи онҳо як шаванд. Бигзор, чӣ тавре ки ту, Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту ҳастам, онҳо низ дар мо бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Маро Ту фиристодаӣ. 22 Ман ба онҳо ҳамон шӯҳрату ҷалолеро додаам, ки Ту ба Ман додаӣ, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту як ҳастем. 23 Ман дар онҳо ҳастам ва Ту дар Ман ҳастӣ, то онҳо дар ягонагии комил бошанду ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодаӣ ва онҳоро ҳамон тарз дӯст медорӣ, ки Маро дӯст медорӣ.

24 Эй Падар, мехоҳам, онҳое ҳам, ки Ту ба Ман бахшидаӣ, ҳамроҳи Ман дар он ҷое бошанд, ки Ман мешавам ва он шӯҳрату ҷалолеро бубинанд, ки Ту ба Ман додаӣ, зеро Ту Маро пеш аз офариниши олам дӯст дошта будӣ. 25 Эй Падари одил, ҷаҳон Туро нашинохт, вале Ман Туро мешиносам ва онҳо медонанд, ки Ту Маро фиристодаӣ. 26 Ман ба онҳо Туро ошкор кардам ва боз ҳам ошкор мекунам, то он муҳаббате, ки Ту нисбат ба Ман дорӣ, дар онҳо низ бошад ва Ман ҳам дар онҳо бошам».

18

Дастгир шудани Исо

Пас аз ин суханон Исо ҳамроҳи шогирдонаш баромада, ба канори дигари водии Қидрун гузашт. Дар он ҷо боғе буд ва Исо бо шогирдонаш ба он боғ даромад. Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ он ҷоро медонист, чунки Исо ва шогирдонаш бисёр вақт дар он ҷо ҷамъ меомаданд. Инак, Яҳудо дастаи аскарони румӣ ва посбонони Хонаи Худоро, ки аз тарафи сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён фиристода шуданд, бо худ ба он ҷо овард. Онҳо ҳама мусаллаҳ буданд ва дар даст фонусу машъал бардошта меомаданд.

Исо медонист, ки бо Ӯ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, бинобар ин ба пеши онҳо баромада, пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Исои Носириро». «Ин Манам», - ҷавоб дод Исо. Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ ҳамроҳи онҳо буд. Ҳамин ки Исо «Ин Манам» гуфт, онҳо ақибнокӣ рафта, ба замин афтоданд. Исо боз аз онҳо пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» «Исои Носириро»,- гуфтанд онҳо. «Ман ба шумо гуфтам, ки ин Ман ҳастам. Агар барои шумо Ман лозим бошам, пас монед, ки ин одамон раванд». Ӯ барои он ин тавр гуфт, то суханони «Аз он касоне, ки Ту ба Ман бахшидӣ, касеро аз даст надодам» гуфтааш иҷро шаванд.

10 Шимъӯни Петрус, ки шамшер дошт, онро аз ғилоф кашида, ғуломи сарвари рӯҳониёнро заду гӯши рости ӯро бурида партофт. Он ғулом Малҳус ном дошт. 11 Исо ба Петрус гуфт, ки шамшерашро ба ғилофаш андозад. Инчунин илова кард: «Наход, ки аз косаи азобе, ки Падарам барои Ман додааст, нанӯшам?»

12 Он гоҳ дастаи аскарони румӣ бо фармондеҳи худ ва посбонони яҳудӣ Исоро дастгир карда бастанд. 13 Аввал Ӯро назди Ҳонон, падарарӯси Қаёфо бурданд, ки ҳамон сол сарвари рӯҳониён буд. 14 Қаёфо ин ҳамон шахсе буд, ки ба ҳукуматдорони яҳудӣ маслиҳат дод, ки агар ба ҷои тамоми мардум як нафар бимирад, беҳтар аст.

Исоро инкор кардани Петрус

15 Шимъӯни Петрус ва як шогирди дигари Исо аз паси Ӯ рафтанд. Он шогирд бо сарвари рӯҳониён ошноӣ дошт, бинобар ин ҳамроҳи Исо ба ҳавлии сарвари рӯҳониён даромад. 16 Вале Петрус дар беруни ҳавлӣ, дар назди дарвоза истод. Пас он шогирде, ки бо сарвари рӯҳониён ошноӣ дошт, баромада, бо зане, ки дарвозабон буд, гуфтугӯ карда, Петрусро ба ҳавлӣ даровард. 17 Зани дарвозабон ба Петрус гуфт: «Оё ту аз шогирдони он кас нестӣ?» «Не, нестам»,- ҷавоб дод Петрус.

18 Азбаски ҳаво хунук буд, хизматгорон ва посбонон гулхан даргиронда, дар гирди он худро гарм мекарданд. Петрус низ дар паҳлӯи онҳо истода, худро гарм мекард.

Исоро пурсуҷӯ кардани сарвари рӯҳониён

19 Сарвари рӯҳониён аз Исо дар бораи шогирдон ва таълимоти Ӯ пурсуҷӯ кард. 20 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман дар пеши ҳама ошкоро сухан гуфтаам. Ман доимо дар ибодатхонаҳо ва дар Хонаи Худо, ки ҳамаи мардум ҷамъ мешаванд, таълим медодам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам. 21 Пас, чаро шумо аз Ман мепурсед? Аз шунавандагон бипурсед, ки Ман дар бораи чӣ ба онҳо гуфтаам. Онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам». 22 Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро гуфт, яке аз посбонони дар паҳлӯяш истода Исоро торсакӣ зада, гуфт: «Ту чӣ тавр ба сарвари рӯҳониён гап гардонда метавонӣ?» 23 «Агар чизе нодуруст гуфта бошам, бигӯ, ки хатои Ман дар чист,- ҷавоб дод Исо. - Вале агар дуруст гуфта бошам, чаро Маро мезанӣ?»

24 Он гоҳ Ҳонон Исои дастбастаро ба назди Қаёфои сарвари рӯҳониён фиристод.

Бори дигар Исоро инкор кардани Петрус

25 Шимъӯни Петрус бошад, дар ҷои пештарааш истода, худро гарм мекард. Аз ӯ пурсиданд: «Магар ту ҳам аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вале Петрус инро инкор карда, «не» ҷавоб дод. 26 «Магар туро дар боғ бо Ӯ надида будам?»- гуфт яке аз хизматгорони сарвари рӯҳониён, хеши ҳамон касе, ки гӯшашро Петрус бурида буд. 27 Петрус боз инкор кард. Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад.

Исо дар назди Пилотус

28 Пагоҳии барвақт Исоро аз назди Қаёфо ба қасри ҳокими румӣ бурданд. Онҳое, ки Ӯро оварданд, ба хотири он ки ҳаром нашаванду хӯроки иди Балогардонро хӯрда тавонанд, ба қаср надаромаданд. 29 Пас, Пилотус ба назди онҳо баромада, гуфт: «Айби ин одам дар чист?» 30 Онҳо ҷавоб доданд: «Агар Ӯ ҷинояткор намебуд, магар ба дасти шумо месупоридем?» 31 «Худатон Ӯро гирифта аз рӯи қонунатон ҳукм кунед»,- гуфт ба онҳо Пилотус. «Ба мо раво нест, ки касеро ба қатл расонем»,- ҷавоб доданд роҳбарони яҳудӣ. 32 (Ҳамаи ин барои он рӯй дод, то суханони Исо, ки дар бораи тарзи маргаш гуфта буд, иҷро шаванд).

33 Пилотус ба қаср баргашт ва Исоро ҷеғ зада гуфт: «Оё Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» 34 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ту ин саволро аз худат мегӯӣ ё дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтанд?» 35 Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Халқ ва сардорони рӯҳонии худат Туро дошта, ба дасти ман супориданд. Ту чӣ кор кардӣ?» 36 Исо гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест. Агар подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, одамони зеридастам меҷангиданд, то ки Ман ба дасти ҳукуматдорони яҳудӣ таслим нашавам. Не, подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест». 37 «Пас, Ту Шоҳ ҳастӣ?» - пурсид аз Ӯ Пилотус. Исо ҷавоб дод: «Ту мегӯӣ, ки Ман подшоҳ ҳастам. Ман барои он таваллуд шуда ба ин ҷаҳон омадам, ки шоҳиди ростӣ бошам. Ҳар кӣ тарафдори ростӣ бошад, Маро гӯш мекунад». 38 «Ростӣ чист?» - пурсид аз Ӯ Пилотус.

Ба марг ҳукм шудани Исо

Ин суханонро гуфта, Пилотус боз ба назди яҳудиён баромаду гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айберо наёфтам. 39 Лекин шумо як анъана доред, ки ҳар иди Балогардон ман бароятон як зиндониро озод мекунам. Мехоҳед, ки бароятон Шоҳи Яҳудиёнро озод кунам?» 40 «Не!- дод зада ҷавоб доданд онҳо. - Ба ҷои Ӯ Бараббосро озод кун!» Бараббос як марди роҳзан буд.

19

Он вақт Пилотус фармуд, ки Исоро бо қамчин зананд. Сарбозон аз хор тоҷе бофта, бар сари Ӯ гузоштанд ва ба Ӯ ҷомаи бунафшранг пӯшонданд. Онҳо ба пеши Ӯ омада, «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» мегуфтанду Ӯро торсакӣ мезаданд. Пилотус боз берун баромада, ба онҳо гуфт: «Акнун ман ин одамро пеши шумо меорам. Бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам». Исо берун баромад ва дар сар тоҷи хордору дар тан ҷомаи бунафшранг дошт. Пилотус ба онҳо гуфт: «Ана ин одам!»

Сардорони рӯҳонӣ ва посбонон Ӯро дида, фарёд карданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Ӯро мехкӯб кунед!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо худатон Ӯро гирифта, мехкӯб кунед! Зеро ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам». Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Мо дар шариат қонун дорем, ки мувофиқи он Ӯ бояд бимирад, чунки худро Писари Худо эълон кардааст».

Вақте Пилотус инро шунид, аз пештара зиёдтар тарсид. Ӯ боз ба дохили қаср баргашта, аз Исо пурсид: «Ту аз куҷоӣ?» Вале Исо ҷавобе надод. 10 «Бо ман гап задан намехоҳӣ? - пурсид Пилотус. - Магар намедонӣ, ман қудрат дорам, ки Туро озод кунам ва қудрат дорам, ки Туро ба салиб мехкӯб кунонам?» 11 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Агар ба ту аз боло қудрат дода намешуд, ту бар Ман ҳеҷ қудрат дошта наметавонистӣ. Бинобар ин касе, ки Маро ба ту таслим кардааст, гуноҳи бузургтаре дорад».

12 Аз ин лаҳза Пилотус кӯшиш кард, ки Ӯро озод кунад, вале мардум фарёд мекарданд: «Агар Ӯро озод кунӣ, ту дӯсти император нестӣ! Касе, ки худро подшоҳ эълон мекунад, вай душмани император аст!»

13 Вақте ки Пилотус ин суханонро шунид, Исоро берун овард ва дар маҳале ба номи Сангфарш, ки ба забони ибронӣ онро «Ҷабто» мегуфтанд, ба курсии доварӣ нишаст. 14 Арафаи иди Балогардон, қариби нисфирӯзӣ шуда буд. Пилотус ба мардум гуфт: «Ана Шоҳи шумо!» 15 Онҳо фарёд зада гуфтанд: «Нест кун! Нест кун! Ӯро мехкӯб кун!» «Шумо мехоҳед, ки ман Шоҳи шуморо мехкӯб кунам?» - гуфт Пилотус. Сардорони рӯҳонӣ ҷавоб доданд: «Мо ғайр аз император подшоҳи дигаре надорем!»

16 Он гоҳ Пилотус Исоро барои мехкӯб кардан ба дасти онҳо супорид.

Мехкӯб шудани Исо

17 Онҳо Исоро бурданд ва Ӯ то «Ҷои косахонаи сар», ки ба забони ибронӣ «Ҷолҷото» ном дошт, салиби худро бардошта, рафт. 18 Дар он ҷо Ӯро ба салиб мехкӯб карданд ва ҳамроҳи Ӯ боз ду нафари дигарро дар салибҳо, яке аз тарафи чап ва дигаре аз тарафи рост, мехкӯб карданд ва Исо дар мобайни онҳо буд. 19 Пилотус лавҳачаеро нависонда, ба салиб мехкӯб кунонд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Шоҳи Яҳудиён». 20 Одамони зиёд ин навиштаро хонданд, чунки ҷое, ки Исо мехкӯб шуд, аз шаҳр дур набуд ва он суханон ба забонҳои ибронӣ, румӣ ва юнонӣ навишта шуда буданд.

21 Сардорони рӯҳонии яҳудиён ба Пилотус гуфтанд: «„Шоҳи Яҳудиён” нанавис, балки бинавис, ки „Ин одам „Ман Шоҳи Яҳудиён ҳастам„ мегуфт”» 22 «Ҳар чӣ навиштаам, навиштам», - ҷавоб дод Пилотус.

23 Баъд аз он ки сарбозон Исоро мехкӯб карданд, либоси Ӯро гирифта, аз рӯи шумораи сарбозон ба чор қисм тақсим карданд. Куртаи Ӯро ҳам гирифтанд; ин курта аз матои яклухт бофта шуда буд ва ҷои пайваст надошт. 24 Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Биёед, инро пора намекунему қуръа партофта мебинем, ки соҳиби он кӣ мешавад».

Дар навиштаҷот омадааст: «Либоси Маро дар байни худ тақсим карданд ва бар куртаи Ман қуръа партофтанд». Барои иҷро шудани ин навиштаҷот ҳамаи ин ба амал омад. 25 Чунин буд амали сарбозон.

Дар назди салиби Исо модар ва холааш, Марями зани Келуп ва Марями Маҷдалия истода буданд. 26 Исо модари худ ва дар канори Ӯ шогирди дӯстдоштаашро дида, ба модараш гуфт: «Модар, ана ин писари туст». 27 Баъд ба он шогирд гуфт: «Ана, ин модари туст». Аз ҳамон вақт он шогирд модари Исоро ба хонаи худ бурд.

Марги Исо

28 Исо донист, ки ҳама чиз иҷро шуд ва барои ба амал омадани пешгӯии навиштаҷот гуфт: «Ташна мондам!»

29 Дар он ҷо як косаи пур аз сирко буд ва латтаеро гирифта, ба он сирко тар карданду ба нӯги чӯбе гузошта, ба лабони Ӯ наздик оварданд. 30 Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Баъд сар хам карда ҷон дод.

31 Он рӯзи тайёрӣ ба рӯзи истироҳат буд ва сардорони яҳудӣ намехостанд, ки ҷасади мехкӯбшудагон дар рӯзи истироҳат дар салиб бимонад, чунки он рӯзи истироҳат ба рӯзи иди бузург рост омада буд. Бинобар ин онҳо аз Пилотус дархост карданд, ки пойҳои мехкӯбшудагонро шикананду ҷасади онҳоро аз салиб ба поён фароранд. 32 Сарбозон омада, аввал пойҳои мехкӯбшудаи якум ва баъд мехкӯбшудаи дуюмро шикастанд. 33 Вале вақте ки ба Исо наздик омаданд, диданд, ки Ӯ мурдааст, бинобар ин пойҳои Ӯро нашикастанд. 34 Яке аз сарбозон бо найза ба паҳлӯи Ӯ зад ва ҳамон дам аз бадани Ӯ хун ва об ҷорӣ шуд.

35 (Касе, ки тамоми ин ҳодисаҳоро дидааст, шаҳодат медиҳад, то шумо низ имон оваред. Шаҳодати ӯ рост аст ва ӯ медонад, ки ҳақиқатро мегӯяд). 36 Ҳамаи ин барои он ба амал омад, ки гуфтаҳои навиштаҷот, ки «Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд» иҷро шаванд. 37 Боз дар дигар ҷои навиштаҷот гуфта шудааст, ки «Онҳо ба касе нигоҳ хоҳанд кард, ки Ӯро найза заданд».

Дафни Исо

38 Баъд аз он Юсуфи аромотӣ, ки аз тарси роҳбарони яҳудӣ шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус иҷозат хост, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус иҷозат дод ва ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт. 39 Ниқодимус, ки пештар шабона ба дидани Исо омада буд, низ омад ва қариб сию чор кило ширеши хушбӯйбо гиёҳи дорувор омехтаро бо худ овард. 40 Онҳо аз рӯи расми яҳудиён ҷасади Исоро гирифта, ба кафани бо ҳамон дорувории хушбӯй омехта печонданд. 41 Дар ҷои мехкӯбшудаи Исо боғе ва дар он боғ қабри наве буд, ки ҳанӯз касе дар он дафн нашуда буд. 42 Азбаски арафаи рӯзи истироҳати яҳудиён буд ва қабр ҳам наздик буд, Исоро дар он ҷо дафн карданд.

20

Зиндашавии Исо

Пагоҳии барвақти рӯзи якшанбе, ҳанӯз равшан нашуда, Марями Маҷдалия ба сари қабр омад ва дид, ки санг аз даромадгоҳи он гирифта шудааст. Ӯ давида назди Шимъӯни Петрус ва шогирди дигар, ки Исо ӯро дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Онҳо Худованди моро аз қабр бурдаанд ва мо намедонем, ки Ӯро ба куҷо гузоштаанд».

Пас, Петрус ва он шогирди дигар ба тарафи қабр равона шуданд. Ҳардуи онҳо медавиданд, вале он шогирди дигар аз Петрус тезтар давида, аввалин шуда ба сари қабр расида омад. Ӯ хам шуда кафанро дид, вале ба даруни қабр надаромад. Аз паси ӯ Шимъӯни Петрус ҳам давида омад. Вай ба даруни қабр даромада, дид, ки кафан ҳаст ва матое, ки дар сари Исо буд, на бо кафан, балки дар каноре ҷудо печонда шудааст. Он гоҳ шогирди дигар ҳам, ки аввалин шуда ба сари қабр омада буд, ба қабр даромаду ҳамаи инро дида имон овард. Онҳо ҳанӯз суханони навиштаҷотро намефаҳмиданд, ки дар бораи Ӯ гуфта шуда буд, ки бояд баъд аз марг зинда шавад. 10 Шогирдон ба хонаашон баргаштанд.

Ба Марями Маҷдалия зоҳир шудани Исо

11 Аммо Марям берун аз қабр истода гиря мекард. Ӯ гирякунон хам шуда ба даруни қабр нигоҳ кард 12 ва ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки дар ҷое, ки пештар Исо гузошта шуда буд, нишастаанд, яке аз тарафи сар ва дигаре аз тарафи пой. 13 «Эй зан, чаро гиря мекунӣ?» - пурсиданд онҳо. Марям ба онҳо ҷавоб дод: «Худованди маро бурдаанд ва ман намедонам, ки Ӯро дар куҷо гузоштаанд».

14 Инро гуфта, ӯ ба қафо рӯ гардонду дид, ки дар рӯ ба рӯи ӯ Исо истодааст. Вале ӯ надонист, ки ин Исо аст. 15 Исо ба вай гуфт: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ? Ту киро меҷӯӣ?» Марям Ӯро боғбон фикр карда ба Ӯ гуфт: «Эй хоҷа, агар шумо Ӯро бурда бошед, ба ман бигӯед, ки дар куҷо гузоштаед, то Ӯро гирифта барам». 16 «Эй Марям!» - гуфт Исо. Марям рӯ оварда, бо забони ибронӣ фарёд зад: «Эй Раббунӣ (ки маънояш «устод» аст)!» 17 Исо ба ӯ гуфт: «Ба Ман даст нарасон, ки ҳанӯз ба пеши Падар боло нарафтаам. Лекин назди бародаронам рафта гӯй, ки Ман назди Падари Ману шумо, ба назди Худои Ману шумо меравам». 18 Марями Маҷдалия ба назди шогирдон омада, дар бораи Худовандро диданаш ба онҳо хабар дод. Инчунин суханони Исоро, ки ба ӯ гуфта буд, ба онҳо нақл кард.

Ба шогирдон зоҳир шудани Исо

19 Бегоҳии худи ҳамон рӯз, яъне рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон якҷоя ҷамъ шуда, аз тарси роҳбарони халқ дарҳоро маҳкам баста менишастанд, Исо омаду дар миёни онҳо истода гуфт: «Ба шумо оромӣ мехоҳам». 20 Инро гуфта, дастҳо ва паҳлӯяшро ба онҳо нишон дод. Шогирдон аз дидани Худовандашон хурсанд шуданд. 21 «Ба шумо оромӣ мехоҳам! - такрор кард Исо. - Чунон ки Падар Маро фиристодааст, Ман низ шуморо мефиристам».

22 Баъд аз ин суханон Ӯ бар онҳо пуф карда, гуфт: «Рӯҳи Муқаддасро қабул кунед! 23 Гуноҳи касонеро, ки бубахшед, ба онҳо бахшида мешавад ва онҳоеро, ки набахшед, гуноҳ дар гардани онҳо мемонад».

Исо ва Тумо

24 Тумо, яке аз он дувоздаҳ шогирди Исо, ки боз Дугоник номида мешуд, ҳангоми омадани Исо дар он ҷо ҳамроҳи онҳо набуд. 25 Шогирдони дигар ба ӯ гуфтанд: «Мо Худовандро дидем!» Вале ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «То бо чашмони худам изҳои мехро дар дастони Ӯ набинам ва ангуштамро ба он нагузорам ва дастамро ба захми паҳлӯяш намонам, бовар намекунам!»

26 Баъд аз як ҳафта шогирдон боз ҷамъ омаданд ва Тумо ҳам ҳамроҳи онҳо буд. Дар баста буд, вале Исо омада, дар миёни онҳо истоду гуфт: «Ба шумо оромӣ мехоҳам!» 27 Баъд ба Тумо гуфт: «Ангуштатро ба ин ҷо гузору дастонамро бин ва дастатро ба захми паҳлӯям гузор! Дигар шубҳа накуну бовар кун!» 28 Тумо ба Вай ҷавоб дод: «Эй Худованди ман, Худои ман!»

29 Он гоҳ Исо ба ӯ гуфт: «Магар аз сабаби он бовар мекунӣ, ки Маро мебинӣ? Вале хушбахтанд онҳое, ки Маро надида имон овардаанд».

30 Исо дар ҳузури шогирдони худ бисёр мӯъҷизоти дигареро ҳам нишон дода буд, ки дар бораи онҳо дар ин китоб гуфта нашудааст. 31 Вале ҳамаи ин барои он навишта шудааст, ки шумо ба Таъиншуда ва Писари Худо будани Исо имон овареду ба воситаи имон ба Ӯ ҳаёти абадӣ ёбед.

21

Ба ҳафт шогирд зоҳир шудани Исо

Баъд аз ин Исо дар канори баҳри Табария бори дигар ба шогирдони худ зоҳир шуд. Зоҳир шудани Ӯ ана ин тавр ба амал омад: Шимъӯни Петрус, Тумо, ки боз Дугоник номида мешуд, Натаноил, ки аз аҳли Қанои Ҷалил буд, ду писари Забдой ва ду шогирди дигари Ӯ - ҳама дар як ҷо ҷамъ омада буданд. Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Ман рафта, моҳӣ сайд мекунам». «Мо ҳам ҳамроҳи ту меравем», - гуфтанд дигарон.

Онҳо рафта ба қаиқ савор шуданд, аммо он шаб чизе сайд накарданд.

Вақти баромади офтоб Исо дар соҳил истода буд. Аммо шогирдон нафаҳмиданд, ки ин Исо аст. Исо аз онҳо пурсид: «Эй бародарон, ягон моҳӣ сайд кардед?» «Не»,- ҷавоб доданд онҳо. Вай ба онҳо гуфт: «Тӯрро аз тарафи рости қаиқ партоед ва моҳӣ медоред». Онҳо тӯр партофтанду аз сабаби зиёд будани моҳӣ онро ба қаиқ кашида натавонистанд. Он шогирде, ки Исо ӯро дӯст медошт, ба Петрус «Ин Худованд аст!» гуфт. Вақте Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, либосашро пӯшиду (чунки либосашро кашида буд) худро ба об партофт. Шогирдони дигар бо қаиқ ба тарафи соҳил ҳаракат карда, тӯри пур аз моҳиро аз паси худ кашида оварданд. Онҳо аз соҳил на он қадар дур буданд, тахминан дар масофаи сад қадам.

Вақте онҳо ба соҳил расиданд, гулханеро диданд, ки рӯи он моҳӣ гузошта шудааст ва дар паҳлӯи он нон ҳам буд. 10 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Аз моҳиҳои сайд кардаатон биёред». 11 Шимъӯни Петрус ба қаиқ даромада, тӯри пур аз яксаду панҷоҳу се моҳии калонро аз об ба соҳил кашид. Бо вуҷуди ин қадар зиёд будани моҳӣ тӯр канда нашуд. 12 Исо ба онҳо гуфт: «Биёед ва ноништа кунед». Аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки «Ту кистӣ?» гуфта бипурсад, чунки онҳо фаҳмиданд, ки ин Худованд аст. 13 Он гоҳ Исо пеш омада, нонро гирифту дар байни онҳо тақсим кард, инчунин моҳиҳоро ҳам. 14 Ин бори сеюм буд, ки Исо баъд аз зинда шуданаш худро ба шогирдон нишон дод.

Исо ва Петрус

15 Баъд аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, оё ту Маро аз онҳо бештар дӯст медорӣ?» «Оре, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам»,- ҷавоб дод Петрус. «Барраҳои Маро чарон»,- гуфт Исо. 16 Бори дуюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам»,- ҷавоб дод Петрус. «Гӯсфандони Маро саробонӣ кун»,- гуфт Исо. 17 Бори сеюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки Исо бори сеюм аз ӯ мепурсад, ки Ӯро дӯст медорад ё не. «Худованд, ба Ту ҳама чиз маълум аст, - гуфт ӯ ба Исо. - Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Исо ба ӯ гуфт: «Гӯсфандони Маро чарон. 18 Ба ту рост мегӯям, вақте ки ҷавон будӣ, худат камарбандатро баста ба ҳар ҷое, ки мехостӣ, мерафтӣ, вале вақте ки пир мешавӣ, дастҳои худро дароз мекунӣ ва каси дигар камарбандатро баста ба ҷое, ки намехоҳӣ, туро мебарад».

19 Бо ин суханон Исо ба Петрус фаҳмонд, ки бо кадом роҳ марги Петрус Худоро шӯҳрату ҷалол хоҳад дод. Баъд ба Петрус гуфт: «Аз паси Ман биё».

Исо ва шогирди дӯстдоштааш

20 Петрус ба ақиб нигоҳ карда, шогирдеро дид, ки Исо ӯро дӯст медошт. Ӯ аз паси онҳо меомад. Ин ҳамон шогирде буд, ки дар вақти шом хӯрдан ба Исо такя карда пурсида буд: «Эй Худованд, кӣ ба Ту хиёнат мекунад?» 21 Инак, Петрус ӯро дида, аз Исо пурсид: «Эй Худованд, бо ӯ чӣ мешавад?» 22 Исо ҷавоб дод: «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то вақти бозгаштанам зинда монад, ба ту ин чӣ дахл дорад? Ту аз паси Ман биё!»

23 Бинобар ин дар байни имондорони Исо овозае паҳн шуд, ки гӯё он шогирд намемирад. Аммо Исо ба ӯ нагуфт, ки ӯ намемирад. Ӯ фақат гуфт, ки «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то бозгаштанам зинда монад, ба ту ин чӣ дахл дорад?» 24 Ин ҳамон шогирдест, ки ҳамаи инро навиштааст ва дар бораи ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва мо медонем, ки шаҳодати ӯ рост аст.

25 Инчунин Исо боз бисёр корҳои дигареро ҳам кардааст. Агар ҳамаи онҳо навишта мешуданд, ба гумонам, дар тамоми олам барои ин миқдор китоб ҷой ёфт намешуд.

* *13:19 Ниг. ба эзоҳи 8:28.



<< Башорат