www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Сурудҳои рӯҳонӣDownload1 - Мо Масеҳи ҳастем (170) Банд: Мо Масеҳӣ ҳастем, Ӯро мепарастем. Дар сахтиҳо – Ӯро мепарастем, Дар шодиҳо – ҳамдаш сароем.
То Ӯро хонем. Бо файзи Ӯ дар диламон Шодон бимонем. Дастҳоро бо ҳам бигирем, Ӯро бипарастем. Бо ҳамдигар шодӣ кунем, Дар Ӯ бимонем.
Дар вақти тангӣ. Дар иттиҳоду қувваташ, Пирӯз бимонӣ. Суруду оханг бихонем, Ӯро бисароем, Дар кору хизматаш, Бовафо монем. 2 - Эй Худои нозанин
Эй чахонаофарин. Шукри Туро гӯем ( 2-бор) Дар ин рӯи замин Банд: Зебои Ту , Яктои Ту , бо мои Ту, Ай Худо , ай Худо
Бахрам Ту оварди наҷот. Туро доим мепарастам, Дар ёдат хурсанд ҳастам. 3 - Шодам дили ман пур азШодам дили ман пур аз хурсандӣ Шодам, ки Ту маро наҷот доди Шодам аз Ту Исо минатдорам Ту Худованди ман Ту Худованди ман Банд: Ғам доштам танҳо будам Дар дили худ ман Туро хондам Ба назди ман Ту омадӣ Бо Хуни Худ маро озод кардӣ. 4 - Ҷони ман фидои Ту Исо
Дар дили ман ҷои Ту Исо Бе Ту дилхуши надорам Ай Исо Худои ман Банд: Туро маҳд кунанд фариштагон, Туро маҳд кунанд ситорагон, Меҳри Туро дар дилу ҷон мепарастам Дар паноҳи Ту ҳастам.
Дар сарди Ту гармии танӣ Бе Ту дилхушӣ надорам Ай Исо Худои ман 5 - Муҳаббатат, эй ПадарМуҳаббатат, эй Падар, пур кард қалбамро. Ҳаёт бидуни нурат пуч аст дар ҳар ҷо. Маро, Падар, дар оғуш гир нагузор танҳоям. Бо эътимод рӯзу шаб ба сӯят оям.6 - Худоё Ту , Худои ман ҳастӣ
Ҳар саҳар Туро хоҳам парастид. Банд: Ҳалелуёҳ, Ҳалелуёҳ, Ҳалелуёҳ, Бигӯям ба Исо.
Баҳри гуноҳои мо. Хуни пурбаҳояш, Резонд аз барои мо.
Инҷил ба мо мегӯяд. Мувофики Навишта , Рӯзи сеюм шуд зинда. 7 - О, Ту бузург (18)
Бо шукр, бо шукр. Мӯъҷизоти Ту бузург, Муҳаббати Ту пурзӯр. Банд: О, Ту бузург Ту зебоиву бузург Ва дигаре нест чун Ту, Ва дигаре нест чун Ту.
Доим, доим. Аз лутфу меҳрубонӣ, К-аз осмон Ту мебахшӣ.
Сано, сано. Дастҳоро кунем боло, Дар Ту хуш мешавем мо. 8 - Дар ёдам деринаҳо
Ки ғарқ будам дар гуноҳ Чӣ рӯзҳои торики Шарм надоштам аз гуноҳ. Аммо Исо омад Аз ман гирифт дардамро Занҷирахои ғамро Аз дасту по кард раҳо Банд : Ҳоло имрӯз, танҳо Худоро мепарастам. Барои ин шодӣ, Қарздори Исо ҳастам. Исо Султони ман Султони меҳру вафо. Исо Наҷоти ман , Наҷоти ҳамаи халкҳо.
Бо Рӯхаш лабрез кунад. Ин дили шикастаро, Бо Меҳраш шифо диҳад. Акнун дар осмон Фариштаҳо хушҳоланд Барои ин лаҳза, Ҷашне бузурге доранд. Банд : Чаро ман накашам Даст аз корҳои дунё? Чаро ман набошам, Шарики ин хушиҳо? Борони муҳаббат, Дар дили ман меборад, Чӣ умеду шодӣ, Ба ҳар ниҳон меорад. 9 - Исо ПодшоҳИсо Подшоҳ, Исо Подшоҳ Ӯ аз мурда эҳё шуд, Ӯ Худо Саҷда бикунед ва имон оваред Ки танҳо Исо Худо. 10 - Чашмаи Ҳаёт (46)
Тасхир кун дилам Худовандо. То баҳри Исо биҷунбад ҷон, Баҳраш биларзад тану равон. Банд: Чашмаи ҳаёт, Ороми чон, Меҳри бепоён, нури тобон. Рӯзу шаб кунам гиря фигон, Бишнав дуоям бош нигаҳбон.
Рӯҳи ҳикматро ато фармо. Чашми диламро равшан гардон, То рози Калом шавад аён.
Чашминтизорем, ба зуди биё Ҷалоли Худро намоён кун, Моро қарини ҳузурат фармо. 11 - Дар ин дунёи торик
Ту равшанам хасти. Калби ман ба Ту наздик, Ту чавшанам хасти Банд: Дӯстат дорам то абад, Ишқат дар қалбам, ( Ҳалелуёҳ) Ҳолам бошад хуб ё бад. Вале боз хам дӯстат медорам. Ҳалелуёҳ! Дӯстат медорам.
Хуши надорам. Лек, дар Ту боқувватам, Пур зи шодиям. 12 - Ту ба ёдам хастӣ
Хорҳои тези зиндагӣ. Танҳо бувад ин фикр қави. Ту ба ёдам ҳастӣ. Банд: Ту ба ёдам хастӣ, Ту ба ёдам хастӣ. Аз чӣ тарсам, эй Худованд?
Дар фикрам мекунанд туғён. Чира шавам ба ҳар ғаме, Ту ба ёдам ҳастӣ.
Дар сахтию озурдагӣ. Месароям бо шодмонӣ, Ту ба ёдам ҳастӣ. 13 - Маҳбуби манӣ (161)
Сурати Ту сурати Яздон, Маъбуди манӣ Қудрати Ту қудрати Яздон.
Ҷахон гашта фурӯзон. Аз нӯри Ту, эй Дӯст, Расад даст ба Яздон.
Ҳикмати Яздон. Масеҳ, ки Туӣ Нури башар, Ваҳдати Яздон.
Эй Шоҳи шоҳон! Эй Он, ки Туӣ Нӯри Худо, шавкати Яздон. 14 - Исоям – Худоям
Худоро меҷӯстам ман. Дилам дар оташи сӯзон, Аз ҳаёт нафрат доштам. Охир рӯзхои бе Худо, Ториканд бе рӯшнои. Вой бар ҳолам, ки Бе Исо, Мондаам дар танҳои. Банд: Исоям – Худоям, Ҳаёташро бахшид. Барои ман дар ин чаҳон, Нуре дурахшид.
Ки Ту фарёдам кардӣ. Акнун фарзанди Ту шудам, Ва Ту падари ман шудӣ. Аз рӯи адолати Худ Маро таълим медиҳӣ. Барои ман Каломи Ту, Нӯре шуд дар зиндаги. 15 - Худовандо нигоҳам кун (179)
Аз корҳоят огоҳам кун, Авф(а) аз ҳар гуноҳам кун. Пок соз гуноҳамро, Рафъа кун дарди дилро, Шод гардон рӯҳамро! Банд: Ман нолоику ночизам, Аз хато пуру лабрезам, Аз ғуссаи дил ранҷурам.
Саргардону бепаноҳе, Ношоиста бенасибе. Умедам дар Каломи Ту Ҳам дар маргу киёми Ту. Дуоҳоям ба номи Ту. 16 - Эй Исо ба дилам Биё (70)
Баҳри ман бош роҳнамо. Дар дастҳоят ин ҷонам, Эй Ҳодии некӯям. Банд: Ташнаи вуҷудатам, Ташнаи ҳузуратам. Мехоҳам, Наҷоткорам, Ҳамеша бош роҳбарам.
Ҳеҷ касро ҷой надихам. Танҳо ҳузурат Хоҳам, Эй Исои зиндаам.
Дар ҳар чиз бош Роҳбарам. Подшоҳи кун дар дилам, Эй Масеҳи маҳбубам. 17 - Ин aст рӯзе Ин аст рӯзе, ин аст рӯзе, ки Худованд дод, ки Худованд дод. Шодӣ кунем, шодӣ кунем ва хушбахт бошем ва хушбахт бошем. Ин аст рӯзе, ки Худованд дод. Шодӣ кунем ва хушбахт бошем. Ин аст рӯзе, ин аст рӯзе ки Худованд дод. 18 - Худоро ҳамду сано хонХудоро ҳамду сано хон Худоро ҳамду сано хон Ҳамду сано, Ҳамду сано Худоро ҳамду сано хон 19 - Худо, зебо ҲастӣХудо, зебо Ҳастӣ Пурфайзу муҳаббат Ҷонамро ба Ту сурпорам Худо, Худои ман Худо раҳим Ҳастӣ Садоқат то Афлок Эҳсони Ту то осмонҳост Худо, Худои ман 20 - Чашмҳоямро менигаронам(аз Забур 120) Чашмҳоямро менигаронам, Мадади ман аз куҷост, Мадади ман аз суи Худо, Ки дунёро офарид. Муҳтоҷи Ту ҳастам, Танҳо умеди ман, Танҳо дуои ман. Биё ба назди ман, Умрам ба Ту бахшам, Танҳо ба Ту часпам. 21 – Исо, чӣ хел номи зебо (136) Исо, чӣ хел номи зебо Ҳаёт ва ростӣ, барраи Худо Нур, қалъа ва умедам Номат тарсро меронад Исо чӣ хел номи зебо Исо чӣ хел номи зебо Муҳстаҳками ҷони ман, ҷони ман Сулҳ, шодӣ ва қудратам Номат тарсро меронад Исо чӣ хел номи зебо *қалъа – бинои мустаҳкам барои муҳофизат 22 - Бимон, бимон (33) Бимон, бимон, Худои меҳрубон. Роҳам торик аст, бо ман бимон. Чун дур шаванд ҳама дӯсту ёрон, Эй Дӯст, ба як сон бо ман бимон. Ин зиндагӣ расад зуд ба поён, Нобуд шаванд хушиҳои ҷаҳон. Ту имрӯзу фардо ҳастӣ ҳамон, Худои ҷовидон, бо ман бимон. Ба Ту эҳтиёҷам дар ҳар замон, Ҷуз Ту накунад тарси шайтон. Кист ки бошад бароям Пуштибон? Дар ғаму дар шодӣ бо ман бимон. Дар торикӣ чуби маргат тобон, Дар вақти ғам кунад маро шодмон. Кун роҳбарӣ барам сӯи осмон, Дар маргу дар ҳаёт бо ман бимон. 23 - Рӯҳу ҷони ман (219) Рӯҳу ҷони ман муштоқи Ту аст, Толиби ҳузури Туям. Таҳти қудрати Рӯҳат, эй Падар Танамро мутеат кунам. Бишкан ин пӯстаи сахти ман, Эй Худо, бо Рӯҳи Худ. То шавам озод зи қайди ҷисм, Бинамат дар умқи вуҷуд. Рӯзаю дуо мешиканад маро, То шавам монанди Исо. Атри маърифату шинохти Ту Бахшад зиндагиро сафо. Пирӯзи бар ҷисм хости Рӯҳи Туст Андар ин ҷанги дарунӣ. Файз ато намо, то ғолиб шавам, Бар ҷисмам ёбам пирӯзӣ. 24 - Бичашеду бубинед (34) Бичашеду бубинед, ки Худованд некӯст. Сароем номи Ӯро, Гӯем ҳамди наҷоти Худои мо. «Худовандро дар ҳар бақт, мутаборак хоҳем хонд. Зеро моро бахшидааст бо хуни Масеҳо!» Бичашеду бубинед, ки Худованд некӯст. Фариштаи Худованд гирдогирди писандидагони Ӯст. «Парастем Худовандро, чун Ӯ наҷоткори мост. Исо ҳамон Масеҳ аст ибтидову интиҳо!» Бичашеду бубунед, ки Худованд некӯст. Аз барои мӯъминин Исо Масеҳ шуд эҳёву оромише. «Наҷотёфтагон хонанд, «Ҳалелуйёҳ» сароянд. Зеро хуни Худованд танҳо умеди мост!» 25 - Худовандо, Ту огоҳӣ (15)1. Худовандо, Ту огоҳӣ Зи андак орзуи ман, Шиносӣ бандаи Худро Ва донӣ ҷумла ҳӯй ман. Бувад меҳрат зи ҳад берун, Ту эй некӣ шабони ман. Чунин гуфтӣ, ки огоҳӣ Ки донӣ донӣ муй ман. (2 бор) 2. Дар афсурдагию дар ғам, Замони шодию иззат, Бар даргоҳат шитобонам, Ки воз аст он ба сӯӣ ман. Дар ин дунё Туро дорам, Ягона меҳрубони ман. Бувад фаҳрам ҳама дар Ту Ту ҳастӣ обурӯи ман. (2 бор) 3. Туро дорам! Чӣ хушбахтам! Ҳамеша шодӣ хушвақтам. Хуш он рӯзе, ки пайвастам Ба Ту, эй меҳрубони ман. Туро дорам, кӣро хоҳам? Туӣ мақсуду ҳамроҳам. Дар наздат доим оромам, Ту, эй неку шабони ман. (2 бор) 4. Туро дорам, чӣ зебоӣ Ба ҳар ҷое Ту пайдоӣ. Вафодориву меоӣ, Аз дунболат ровонам ман. Туро дорам, кӣро хоҳам? Туӣ мақсуду ҳамроҳам. Дар наздат доим оромам, Ту, эй неку шабони ман. (2 бор) 26 - Қуддус, Қуддус (105)Аз Байят Еглӣ Банд: Қуддус, қуддус Яҳува, Подшоҳи пурҷалол Қуддус, қуддус аст номат Шоистаи мақомат. Дар номи қуддуси Ту Фахр кунам бо шодмонӣ Рӯятро толиб ҳастам Қалби маро Ту хонӣ, бихон бо ман. Яҳуваро сароям ӯст паноҳу ҳаётам Зуд ояд қалби сангӣ Марҳам аст дар дилтангӣ, бихон бо ман. Ҳар чӣ дар вуҷудам аст Муборак хонад номат Оём бо ҳамду тасбеҳ Худованди пурраҳмат, бихон бо ман. Дар сарват ва тангдастӣ Умеди ман Ту ҳастӣ Дар шодиву ғам дард Ту ба ёди ман ҳастӣ, бихон бо ман. 27 - Мехом овоз бохонам (221) Мехом бо овоз хонам аз ин наҷот ки дорам, Бо хуни покаш Исо раҳонид аз гуноҳам. Бо он фариштагонаш мехом ҳамдаш бигӯям, Ки аз ин бозии мавт раҳонидаст Худоям. Банд: Инсони ғофил, Масеҳ чӣ хубе, чинки мунҷии мост. Масеҳо бошад имрӯз ҳамдамам то абулубод. Масеҳ омад ба қалбам, бахшид ҳаёт ба ҷонам, Рӯҳи Худро ба ман дод, таваллуди нав ҳам дод. Ҳоло ки ман чашидам муҳаббати Худоро. Мехом шоҳиди Исо бимонам то биояд. Мехом ду бол барорам, парвоз кунам ба суяш, Истиқболаш намоям дар онҷо байни Абрҳо Мехом бо созу овоз дар ҷашни Ӯ Сароям Дар ҷамъи имондорон «барра»-ро Биситоям. 28 - Вақте Исо (50) 1. Вақте Исо шоҳи шоҳон Таваллуд шуд дар ин ҷаҳон. Ситораи наҷоти ман медурахшед дар осмон. Месароям дур аз риё Ҳаллелуёҳ, Ҳаллелуёҳ Месароям ман Исоро. 2. Менавозам ҷанги шодӣ Мехонам ҳамди Худоро Худо ба ман муҳаббат дошт, Баҳрам фиристод Исоро. 3. Дастҳо ба суӣ осмон Шукр мегӯям ман Исоро Мегӯям наҷоткори хуб Ба Ту месупорам ғамҳо. Ҳар лаҳзае аз зиндагӣ Чашмам дар интизори Туст, Ин шодиҳои қалби ман Натиҷаи наҷоти Туст. 29 - Дар ин Дунё овара (72)1. Дар ин дунё овора, саргардон бечора, Надонистам кӣ буд Ӯ, Баҳри ман шуд кафорат. Як рӯз Ӯро рӯ ба рӯ, бо оғӯши ва дидам, Гуфт: «Ба ман, Эй гунаҳкор, Исёни ту бахшидам.» Ӯ Исо буд, Ӯ Худо буд! Ӯ Худо буд, Ӯ Исо буд! 2. Пушаймон аз гузашта, Даст дар дасташ ниҳода, Чашм аз ҷаҳон пӯшонда, Вақти Худо кушода, Муҳаббаташ чашидам, Ҷалолашро бидидам: «Ҳастӣ Ту Худои ман, Ҳастӣ Худованди ман.» 3. Ҳамди Ӯро сароем, ҷалолашро ситоям, Ӯро доим ёд кунам, Ӯро бузургӣ диҳам. Муҳаббати бузургаш, Вақти маргаш аён кард. Ӯро доим парастам, зеро ки Ӯст Худованд. 30 - Гӯем ҲаллелуёҳГӯем ҳаллелуёҳ Шукраш ҳаллелуёҳ Ҳамдаш ҳаллелуёҳ, Ситоиш кунем номи Исоро. Ситоиш кунем номи Исоро. Наҷот додааст моро, Бахшида гуноҳоро, Аз рӯҳ пур карда моро, Ситоиш кунем номи Исоро, Ситоиш кунем номи Исоро. Ман Исоро дӯст дорам, Исо маро дӯст дорад, Ман Исоро дӯст дорам. Ситоиш кунам номи Исоро. Ситоиш кунам номи Исоро. Мо Исоро дӯст дорем, Исо моро дӯст дорад, Мо Исоро дӯст дорем. Ситоиш кунем номи Исоро. Ситоиш кунем номи Исоро. Гӯем ҳаллелуёҳ Шукраш ҳаллелуёҳ Ҳамдаш ҳаллелуёҳ, Ситоиш кунем номи Исоро. Ситоиш кунем номи Исоро. 31 - Эй шоҳи шоҳони ҷаҳон (98) 1. Эй шоҳи шоҳони ҷаҳон, Эй Нури чашми ақлу ҷон! «Бар тахти дил султон Туӣ, Исо – Худовандам Туӣ.» (2 бор) Эй Нури чашми ошиқон, Эй Холиқи кавну макон! «Эй Ромиши ороми ҷон, Исо – Худовандам Туӣ.» 2. Мусо ба фармони Ту шуд Солики саҳрои наҷот, «Довуд ба дил иқрор кард, Исо – Худовандам Туӣ.» Ҳам чун баҳор андар чаман, Ҳам рӯҳу ҳам райҳон Туӣ! «Шабнам Туӣ, насрин Туӣ, Исо – Худовандам Туӣ.» 3. Дар ҷисми мо чун ҷон Туӣ, Дар ҷонҳо ҷонон Туӣ! «Сурат Туӣ, маъно Туӣ, Исо – Худовандам Туӣ.» Ту ҷисмро ҷон медиҳӣ, Чашму аёнро медиҳӣ. «Ҷонро Ту сомон медиҳӣ, Исо – Худовандам Туӣ.» 4. Ҷуён будам ман солҳо, Ҳам дар замин, ҳам дар само. «Чун боз кардам дидаро, Исо – Худовандам Туӣ.» Ҳам Ҳайю ҳам Боқӣ Туӣ, Ҳам Соқин мардум Туӣ! «Ҳам манну ҳам Нони ҳаёт, Исо – Худовандам Туӣ.» 5. Зиндагии ҷовид Туӣ, Раҳмати бекарон Туӣ! «Ташнаи файзи Ту манам, Исо – Худовандам Туӣ.» Ошиқи бӯи Ту манам, Пайрави роҳи Ту манам. «Ҳодию Султонам Туӣ, Исо – Худовандам Туӣ.» 6. Фатҳу футӯҳи ман Туӣ, Киштии Нӯҳи ман Туӣ! «Шуста ба хуни Ту манам, Исо – Худовандам Туӣ.» Шодии рӯҳи ман Туӣ, Роҳати ҷони ман Туӣ! «Кист ҳарифи меҳри Ту? Исо – Худовандам Туӣ.» 32 - Эй Дӯст, биё (67)Эй Дӯст, биё, роҳати ин қалби ғамгин бош! Ту Нури ҷаҳонӣ, ба дилам ҷойгузин бош! Вақте ки ба зулмот гардидам гирифтор, Вақте ки мададгор оҷиз шуда аз кор, Вақте ки зи исён бар ман шуда душвор, Боз ой, наҷотам деҳу сардори матин бош! Ҳастам ба Ту мӯҳтоҷ ҳар соату ҳар он, Файзи Ту раҳонад аз қудрати шайтон. Дар тирагии абр дар нур дурахшон, Пайваста ба ҳар ҷой маро Ёру Муин бош! Вақте ки Ту, Шоҳо, оӣ ба канорам, Баракат зи Ту ёбам, раҳмат зи Ту дорам. Аз хасми бадандеш ман бим надорам, Боз ой наздики ману шоҳи азим бош! Он дам, ки расад умр якбора ба охир, Он дам, ки шавад даҳр аз торикӣ дилгир, Он дам, ки шавад кавн як сар мутағайир, Эй он, ки дигаргун нашавӣ, ҳамдими ман бош! 33 - Таваллуди ӮстТаваллуд, таваллуд, таваллуди Ӯст, Шод бошем, суруд хонем чун Таваллуди Ӯст. (2 б) Исои Масеҳ он шоҳи шоҳон омад ба ҷаҳон, то шавад моро ноҷӣ ( 2 бор). Эй, дӯстон вақти шодию суруд аст, Чунки милоди Масеҳи мавлуд аст. Таваллуд, таваллуд, таваллуди Ӯст, Шод бошем, суруд хонем чун Таваллуди Ӯст. Дар охури паст ба дунё омад, Тахти салтанаташ дар қалбҳо монад (2 б). Биёед бемалол ин бисароем, Подшоҳи ҷалолро биситоем. Таваллуд, таваллуд, таваллуди Ӯст, Шод бошем, суруд хонем чун Таваллуди Ӯст. Ҳадъяи падар ваъдаи асил, Худо бо мо бошад, Эмонуил. (2 бор) Илоҳӣ ё аз машриқ омадаӣ Баҳри парастишаш мо ҳам ташнаем. Ситоиши ҳузуратро дидаем, Қалби худро ба ту ҳадъя кардаем. Таваллуд, таваллуд, таваллуди Ӯст, Шод бошем, суруд хонем чун Таваллуди Ӯст. 34 – Муҳаббати Худо (182) Муҳаббати Худо, Дар салиби Исо, Ба мо шуд намоён, Меҳри Ӯ дар ҷаҳон, Бақте Ӯро фидо кард, То баҳрам бимирад. Нақ.: Ҷалол бар номаш, Барои файзаш, Он қадар дӯст дошт ҷаҳонро, Ки бахшид фарзандаш. 2. Бар рӯи Ҷолҷолто, Вақте Ӯ нидо кард, Ҳама чиз иҷро шуд, Наҷотам тазмин шуд, Нақшаи илоҳияш Дар вуҷудам мӯҳр шуд. *Тазмин – кафолат, зоминӣ 35 – Эй Раб Исо (81) Эй Раб Исо, Ту лоиқӣ Лоиқӣ ҳар парастишӣ, Чӣ қадар олист парастишат, Пеши поят зону задан. Акнун қалбам мехурӯшад, Ситоишатро мехоҳам, Туро хеле дӯст медорам, Эй Раб Исо, Ту лоиқӣ. (2 бор) Эй Раб Исо, яктои Ту, Якто ҳастӣ, беназирӣ, Ҳоким ҳастӣ дар қалбҳоям, Ҳамеша Ту чора ҳастӣ. Эй Раб Исо, Ту холикӣ, Ҳолиқи кули оламӣ, Танҳо Туро мепарастем, Ҳузуратро металабам 36 – Чашмони Қалб Чашмони қалб ба мо боз шав Чашмони қалб ба боз шав То Туро бинам. То Туро бинам. (4 бор) Дар ҷалоли осмон Нури рӯй ба равшан Мехоҳам қувват аз Ту (2 бор) Ту Ҳастӣ қудс, қудс, қудс Қудс, Қудс, Қудс (3 бор) Чашмонам равшан 37 - Азим аст номи Ту Исо Азим аст номи Ту, Исо Ҷалол ба номи Ту, Исо Қудрат аз они Ту, Исо Ситоиш номи қудсият, Исо Ҳалелуёҳ, Ҳалелуёҳ, (3 бор) Ситоиш номи қудсият, Исо 38 - Масеҳо – Шоҳаншоҳи Меҳру муҳаббат (156) Масеҳо – Шоҳаншоҳи меҳру муҳаббат, То абад Масеҳ шуда бо файзу раҳмат. Бо Падар аҳд баст, то наҷот бахшад, Ба ташна диҳад оби ҳаёт. Барраи Худо Худованд Исо, Ғолиб бар дунё, бар мавту гуноҳ. (2 бор) Шайтонҳо меларзанд аз номи Исо, Девҳо низ метарсанд аз Наҷоткори мо. Чун номи бузургаш мебошад баҳамто, Бо хунаш харид озодии мо. Эй ҳама гуноҳкорон, ба худ оед! Дунёро дар умқи ҳалокат бинед! Иддаи зиёде бе наҷот мурданд, Аз дунё манфиат набурданд. Бо абрҳо меояд он Шоҳи шоҳон, Бо ҷалолу шукӯҳ бо фариштагон. Аз адолат пур месозад Ӯ дунёро, Доварӣ мекунад осиёнро. 39 - Ишқи Тоза дар дилам Ишқи тоза дар дилам пайдо кун, Худованд, То Туро доимо канорам бубинам. (2 бор) Шавқи тоза, ваҷди ҷадид, овози нав, ҳаёти нав. Рӯҳи тоза, қалби ҷадид, қуввати нав, хидмати нав. Хости тоза, сирри ҷадид, аз ганҷи Ту рӯъёи нав. Умри тоза, меҳри ҷадид, аз дасти Ту асои нав! 40 – Аз меҳрам ҳамеша сароям Аз осмон бар кӯҳу баҳрҳо Дар дарёи меҳри Ту равон Ман дари дилро бикушоям Дар Ту озоди биёбам (2 бор) Аз меҳрам ҳамеша сароям. 41 – Падар нурҳо Падар нурҳо, шод ҳастӣ Бо фарзондонад. Ҳар бахшоиши неку комил аз боло (меояд). 42 - Ҷалол Худованд ба Ту Ҷалол Худованд ба Ту Ҷалол Худованд пок Барои Исо фарзанди ягонаи Ту Дар Ӯ мискинон доранд сарват Нотавонон доранд қудрат Бо имон ба нони Ӯ Худованд ҷалол. 43 -Туӣ эй Худо, воҷибулбуҷуд (236) Туӣ эй Худо, воҷибулвуҷуд Қудратат ба дунё надорад ҳудуд. Худоё, ба номат ситоиш раво, Ситоишу шукру ниёиш раво. Шоистааст, ки доим оби Туро Эҳтиром доранд ҳамаи халқҳо. Фаришта кушода забон бар сано Ба Қуддуси ҳамаи муқаддасҳо. Осмону заминро Ту додӣ вуҷуд, Бузургиат дар дунё ҳаст беҳудуд. Расулони покат парастандат, Ҳам пайғамбарони дунё бандааст. Лашкари шоҳидони сафедлибос Намоем ситоишу шукру сипос. Калисои покат ба ҳама ҷаҳон Ба ситоиши Ту кушода забон. Ки ҳастӣ Ту доим вирди забон, Худоё, Худованд дар дилам бимон. 44 - Омадӣ, Хуш омадӣ (196) Омадӣ, Хуш омадӣ, маҳбубам Исо Ба хонаи торики дил, фарзанди Худо. Умре буд монда будам танҳои танҳо, Ҷудо будам зи шодӣ, канори ғамҳо. Аммо имрӯз даруни дил Туро дорам, Дар ин дунё наҷот зи дасти Ту дорам! Дар ёдам аст он вақт ки ғам дар дилам буд, Ин дили хурдтаракам асири ғам буд. Занҷири шайтон рӯи дасту поям буд, Маро аз Худои ман ҷудо карда буд. Ифтихори азиме насибам шуда, Ки Султони дили ман Худованд шуда. Дустат дорам, эй Исо, маҳбуби Худо! Замони ман ғарқ будам дар умқи гуноҳ.
Ту нафаси ҳаёт Нафаси ҳаётам. Ҳузури покат Андар ман аст. Ва ман ба Ту муҳтоҷам Ва ман бе Ту гумроҳам. Ту нони ҳаррӯзам Ту нони ҳаррӯзам Каломи покат Ба ман гуфтӣ 46 - Биё, (биё) биё (биё) Мутоҷам ҳастам биё ай Исо Дил ба Ту бастам биё ай Исо. Биё, (биё) биё (биё) Биё, ай Исо Ҳастам ман Ҷашм ба роҳам (2 бор) Ту нони ҳаёт, Ту роҳи наҷот Нӯри калисо шоҳам, ай Исо. << Мусиқӣ |