Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Худо Ҷӯёи Тоҷикон аст - 1

Download

Худо ҷӯёи Тоҷикон аст - 1

Накҳати Ҷон

«Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст.....То ки онҳо Худоро ҷустуҷӯ кунанд ва, шояд Ӯро ёбем гӯён, кӯр-кӯрона даст-даст карда нагарданд, гарчанде ки Ӯ аз ҳеҷ яке аз мо дур нест: Зеро ки мо дар Ӯ зиндагӣ ва ҳаракат мекунем ва вуҷуд дорем, чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтанд: 'мо фарзандони Ӯ ҳастем.'» Инҷил, Аъмол 17:26-28

Мударича

Қисми 1

Дар давраи Ҳахоманишиҳо

Қисми 2

Дар давраи Исои Масеҳ

Қисми 3

Паҳншавии Масеҳиён дар ҷой Тоҷикон

Муқаддима

Хислати Худо васеъ ва ҳама амалу хости Худо фаҳмнопазир аст, вале як хислати Худо ба ман шавқовар аст – ин дар талабу ҷӯё будани Худованд ба одамизод. Барои чӣ Худо моро, ки гуноҳкорем, ҷӯён аст? Мо сазовори аҳамияти Худо нестем вале файзу муҳаббати Худост. Ҳошим Гадо мегуяд: «Ӯ бо мост, лек мо бо ӯ на!»

Худо доимо бо мост, вале дар тули асрҳо Тоҷикон дар талаби Худо набуданд. Ҷӯстуҷӯи рӯҳонӣ бояд ду тарафа дошта бошад, аз тарафи Худо ва ҳам аз тарафи одамизод.

Мо дуогӯи онем, ки ин китоб хоҳиши дарёфти Офаридгоримонро дар вуҷуди мо бедор кунад.

Дар ин китоб мо ба таърихи ҷуё будани Худо ба халқи Тоҷик аз замони Ҳахоманишиҳо то асрҳои миёна суҳбат мекунем. Албатта умед ба он аст, ки ин саршавии омӯзишу таҳқиқи самимӣ мешавад. Мақсади ин навиштаҳо ин аст, ки имондорони тоҷик ба мероси мадании худ аҳамият диҳанд ва донанд, ки имони онҳо дар асри 21 сар нашуда балки дар асрҳои гузаштаи дур сар шудааст.

Таърих ва навиштаҳои масеҳият ва ҳам ин китоб ба он далолат мекунад, ки Исои Масеҳ наҷотдиҳандаи дунё аст ва фақат Ӯ метавонад одамизодро бо Худо пайваст кунад, чунки Ӯ барои гуноҳони мо қурбонӣ шуд. «Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад.» (Шаҳодати Исои Масеҳ дар назди Пилотус, Юҳанно 18:37).

Асари мазкур «Худо ҷӯёи тоҷикон аст» барои ҷалоли Худо навишта шудааст, «Нишинандаи тахт ва Барраро баракат ва шавкат ва ҷалол ва салтанат бод то абад!» (Инҷил, Ваҳй 5:13) Омин!

Қисми 1 Дар давраи Ҳахоманишиҳо

Боби 1 – Куруши Кабир

Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: «Куҷоӣ ту?» (Таврот, Ҳастӣ 3:9)

Аз ибтидои миллати тоҷикон Худо ҷӯёи ин қавм мебошад, Ӯ халқи моро барвақт интихоб карда то имрӯз ҷустӯҷӯ карда истодааст. Мақсади Худованд дар ин робита дар каломи Ирмиёи Наби баръало зоҳир аст: «ба шумо ояндаи нек ва умедворӣ бибахшам.» (Китоби Муқаддас, Ирмиё 29:11)

Аз таърихи халқи тоҷик маълум аст, ки тоҷикон аз гуруҳи форсизабонон буда дар осиёи миёна ҷудо аз туркҳою арабҳо ба вуҷуд омадабо номҳои Протиён, Эломиён, Модиён, Ориён, Бохтариҳо, Суғдиён, Марғиён, Хоразмиҳо маълум ҳастанд.(Шукуров,1969,саҳ.376) Имрӯзҳо тоҷикон аксаран дар кишвари Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистону Эрон зиндагӣ мекунанд.(Ғафуров,1989, саҳ.38)

Мақсади китоби «Худо ҷӯёи Тоҷикон аст» - ин баён кардани таърихи зоҳир шудани Худо ба миллати форсизабон дар қадим ва муносибатти онҳоро бо Худо мебошад. Худованд барои амалӣ кардани нақшаи худ подшоҳони аҷдоди тоҷиконро истифода бурда дар миёни Тоҷикон паёмбаронро фиристод то, ки онҳо иродаи Худоро иҷро кунанд.

Дар Китоби Муқаддас ғайри халқи Ибрӣ дар бораи халқи форсизабон ҳам бисёр навишта шудааст, ки давлати Ҳахоманишиҳо бо имондорони Китоби Муқаддас доимо дар рафту ой буданд. Имондорон (Яҳудиён ва Масеҳиён) дар байни тоҷикон умр ба сар мебурданд. Хулоса мо ба ояндаи ин ҳалқ нигоҳ карда дар барои каломи Худо, ки «ояндаи нек ва умедворӣ бибахшад.» - чӣ мақсад дорад, гуфтанаем. Ин ваъдаи умедбахш ба воситаи Ирмиёи набӣ ба халқи Яҳуд ваҳй шуд ва ин порча дар вақте, ки онҳо дар асирии Бобил буданд аз Худо нозил шуд. Баъди ҳафтод сол пур шудан ин нақшаи неки Худованд ба амал меояд, яъне соли 539-и пеш аз милод дар замони сарнагун шудани Бобил аз тарафи «Куруши II-и Кабир».

Инчунин мақсади дигар ин хулоса барорӣ аз рафтори амалии одамон ба аъмоли Худо мебошад.

Интихоби Подшоҳони Ҳахоманишиҳо

Худо мегӯяд : «Уқоберо аз шарқ,

Иҷрокунандаи қарори Худро аз кишвари дурдаст хондаам;

он чи гуфтаам, яқинан ба амал хоҳам овард;

он чи пешбинӣ намудаам, яқинан иҷро хоҳам кард.»

Ишаъёи набӣ 46:11

Пеш аз таъсис ёфтани давлати Ҳахоманишиҳоро пайғамбар Ишаъё дар бораи марг ва ҳаёти заминии Исои Масеҳ ва ҳам дар бораи шоҳи аввали Ҳахоманишӣ, Куруши Кабир пешгӯӣ карда буд (Ишаъёи Наби 53) .

Аввал бояд инро донем, ки Ишаъёи набӣ дар солҳои 740 то 680 пеш аз милод зиндагӣ кардааст (Вилкинсон,1983.саҳ.191) ва мувофиқи таърихномаҳо Ишаъёи набӣ «дар айёми Узиё, Ютом, Оҳаз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо» зиндагӣ мекард (Ишаъё 1:1). Куруши Кабир бошад солҳои 559-530 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст ва Ишаъё 120 сол пеш аз омадани Куруш пешгӯии худро кардааст. Ин далел бори дигар ба мо ҳамадонии Худовандро собит менамояд.

Пешгӯии Ишаъёи Набӣ

«Ӯ (Худо) дар бораи Куруш мегӯяд: �Вай чӯпони Ман аст, ва ҳар он чиро хостаам, ба иҷро хоҳад расонид.� Ва дар бораи Ерусалим мегӯяд: �Бино хоҳад шуд!� ва дар бораи маъбад: �Бунёди ту ниҳода хоҳад шуд!�» Ишаъё 44:28

«Худованд ба масеҳи Худ, ба Куруш, чунин мегӯяд: �Ман дасти рости туро гирифтаам, то халқҳоро пеши ту мағлуб намоям, ва Ман камарҳои подшоҳонро хоҳам кушод, то ки дарҳо пеши ту кушода шавад, ва дарвозаҳо баста нашавад.» Ишаъё 45:1

Бори аввал номи «Куруш» аз ҷониби Худо зикр шудааст ва дар матни зикршуда ду маротиба «туро ба номат хондам ва мӯҳтарам доштам» (Ишаъё 45:3,4) гуфта Худованд номи ин подшоҳ мегирад.

Дар ҷои дигар Худованд Куруши Кабирро «чӯпони Ман» мегӯяд. Ва Худованд медонист, ки Куруш аз кӯдакӣ дар дасти чӯпонон калон хоҳад шуд. (Абдураҳмон, 2006, саҳ. 12 ва 411) Дар Китоби Муқаддас чӯпон маънои роҳбари рӯҳониро дорад. Куруши Кабир ба халқи Яҳудӣ ёри карда хизмати Худовандро ма ҷо овард.

Сеюм, дар китоби Ишаъё Набӣ, Куруши Кабир бо тахалуси «масеҳ» зикр шудааст, ки «масеҳ» маънои таъиншударо дорад. Дар забони тоҷикӣ калимаи «масҳ - молидан бо даст» мебошад. (Шукуров,1969,саҳ.653) Дар замони қадим қабл аз таъин лардани подшоҳ сари ӯро бо равған масҳ мекарданд, пас ӯро ба подшоҳӣ таъин мекарданд. (Китоби Муқаддас, 1 Подшоҳон 10:1, 16:13)

Номи «масеҳ» махсус барои Исои Масеҳ аст, чунки Ӯ подшоҳи аҳди Довуд буда барои ҳукмронӣ таъин шудааст. (1 Вақоеънома 17:3-15; Луқо 1:30-35; 2:10-12) 1 Дар пешгӯии Ишаъёи Набӣ бошад Худованд Куруши Кабирро барои дастгири кардани халқи Яҳудӣ таъин кардааст. Куруш ин намунаи бараълои наҷоткор аст, Куруши Кабир ҳатто душманони ашадии худро аз марг наҷот медод. Масалан: “шоҳи Лидия Крезро барои хиёнати дуборааш ҳукм карданд, ки оташ бизананд, вале Куруш на фақат оташ назад, балки озод кард.” (Умарзода, 2006, саҳ. 232) Таърихшиносон исбот мекунанд, ки ӯ ба подшоҳони дигар ҳам наҷот додааст ва ин тимсоли Исои Масеҳ аст, ки наҷотдиҳандаи дунё аст то, ки онҳо аз гуноҳашон озод шаванд.

Дар ин пешгӯӣ инчунин хотирнишон шудааст, ки дар муддати ҳукмронии худ Куруш чандин амалҳои азимро бо ҷо овардааст; - барқарор намудани Ерусалими2 харобгашта (Ишаъё 44:28) мағлуб намудани халқҳое, ки зидди Яҳудиён буданд (Ишаъё 45:1), бе Ерусалим баргардонидани Яҳудиён ва таъмири он (Эзро 1:1-11).

Дар соли 539 пеш аз милод Куруши Кабир давлaти Бобилро шикаст медиҳад ба Бобил ҳамла карда ин шаҳрро забт мекунад.(Абдураҳмон, 2006, саҳ.235) Дар натиҷаи ин халқи Яҳуд ва ҳамчунин дигар халқиятҳое, ки дар асирии Бобил буданд озод шуда озод гашта ба ватани худ баргаштанд.

Бароти Абдураҳмон чунин менависад : «Овози баланду кашишдори Эзрои коҳин, ки лабрези андӯҳ буд, дар сақфи толор танин афканд�Худованд барои наҷоти қавми мо рӯҳи Куруш – подшоҳи Порсро барангехт ва ӯ бо лашкари сершумораш қалъаи Бобулро фатҳ кард.» (Абдураҳмон, 2006, саҳ. 255)

Хулоса ин пешгӯӣ чунин мақсад дорад, «Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест; ғайр аз Ман Худое нест.» (Ишаъё 45:5). Ин суханон ҳафт маротиба зикр шудааст, ки ин таъкид барои халқи Яҳуд буд то онҳо ба Худо баргашта Ӯро парастиш кунанд. Ҳамчунин бо ин амалаш Худованд дар ҷустуҷуи дигар халқҳо буданашро ва онҳоро барои парасташи Худ даъват карданаш аён мекнад. Худо давлати Ҳахоманиширо интихоб кард то, ки онҳо Ӯро шиносанд.

Мо бояд дарк кунем, ки ин пешгӯӣ чизи оддӣ набуд. Дар Китоби Муқаддас дар бораи халқи Яҳуд ва мақсади рӯҳонии Худо нақл карда мешавад. Вале дар ин ҷо дар бораи як подшоҳи ғайри Яҳуд сухан меравад ва пурсида мешавад барои чӣ? Барои он, ки Худованд ҳам барои дигар миллатҳо ва аз он ҷумла барои миллати форс муҳим ва барои муҳлати тулонӣ - тоҷикон низ, аҳамияти калон дорад.

Фармони Куруши Кабир – таъмири маъбад

Яҳудиён бе иҷозати подшоҳ ба Ерусалим баргашта ба таъмири маъбад сар карда наметавонистанд ва аз ин сабаб Худо бо рӯҳи Куруш кор кард.

«Ва дар соли якуми Куруш, подшоҳи Фарс, барои он ки каломи Худованд аз забони Ирмиё иҷро шавад, Худованд рӯҳи Куруш, подшоҳи Форсро барангехт, ва ӯ дар тамоми мамлакати худ ҷор андохт ва ба таври хаттӣ низ эълон намуда, гуфт:

Куруш, подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: ҳама мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман амр фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳудия аст, хонае барои Ӯ бино намоям. Кист аз шумо, аз тамоми қавми Ӯ, ки Худояш бо вай бошад, бархоста ба Ерусалим, ки дар Яҳудия аст, биравад ва хонаи Худованд Худои Исроилро, - ҳамон Худоро, ки дар Ерусалим аст, - бино намояд.» (Китоби Муқаддас, Эзро 1:1-4)

Ин ваъдаи Худованд ба воситаи Ирмиёи набӣ3 гуфта шуда буд, ва ҳоло онро Эзро аз нав баён мекунад. «Инак, Ман ба он марҳам ва даво хоҳам бахшид, ва онҳоро шифо хоҳам дод, ва фаровонии осоиштагӣ ва ростиро ба онҳо зоҳир хоҳам сохт. Ва асирони Яҳудо ва асирони Исроилро хоҳам баргардонид, ва онҳоро мисли пештара бино хоҳам кард.» (Ирмиё 33:6-7)

Ин фармони Куруш, дар нақшаи Худо буд ва баъд аз мағлуб шудани Бобил ин фармон эълон шуд (соли 539 ё 538). Барои тасдиқи ин мисол порчеро аз китоби «Таърихи Қадими Халқи Тоҷик» овардан мукин аст: «Асирони Бобулро озодӣ бахшид ва ба онҳо иҷозат дод, ки ба ватанашон баргарданд. Дар Бобул махсусан яҳудиёни асир зиёд буданд. Куруш ба онҳо рухсат дод, ки ба Исроил раванд ва (мисли) ин пешин зиндагонӣ ба сар баранд. Куруш озодии пайравӣ аз дину оинро эълон кард, яъне ҳар кас мутобиқи дини худ ибодат мекард ва душманӣ бо пайровони динҳо дигар манъ карда шуд.» (Яъқубов, 2000, саҳ. 132)

Агар мо бо диққат дида метавонем дар фармонаш, Куруш мегӯяд, «ҳама мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман амр фармудааст». Ӯ эътироф мекунад, ки Худои яккаву ягона мамлакатҳои заминро ба вай дода ва ба ӯ амр фармудааст. Албатта Куруш медонист, ки Худо ба воситаи Ишаъёи Набӣ ӯро интихоб кардааст ва инро эътироф мекунад.

Дар бораи ин фармон Бароти Абдураҳмон дар романи таърихии худ бисёр муфассал менависад:

«Ман Куруш, шоҳаншоҳи Порсу Мод ва ҷаҳор самти олам ба қавми бани Исроил дуруд мерасонам, ки ҳамаи асирони ба Бобул овардаи Навохудоносор бо амри ман саросар озод карда шуданд. Ва ман бо инояти худоён ба хазинадорам Миртадод фармудам, ки тамоми сутунҳои мисин, дегҳо, хокандозҳо, кордҳо косаҳо, қошуқҳо, пиёлаҳо, миҷмару дулҷалҳоро, ки аз мис, нуқра ё тилло будан, ба ибодатхонаи Иерусалим бозгардонад!» (Абдураҳмон, 2006, саҳ. 256)

Аз ин воқеаи таърихи маълум мешавад, ки подшоҳи охири Бобил Набонид,4 зидди худоён ва маъбадҳои дигар буда ӯ фақат тарафдори худои Бобил буд. (Абдураҳмон, 2006, саҳ. 206) Дар вақти нашри фармони Куруш, ки халқ интизори роҳбари дигар, ки динашонро озод кунад, буданд ин фармон ба фотеҳи нави Бобил ёри мерасонад, ки дар натиҷа халқ тарафдораш мешавад. Баъди ин яҳудиён ба фармон такя мекарданд вале онҳо метарсиданд ва ин маъбад қариб 20 сол пас аз ин фармон таъмир шуд.

«Аз рӯзи якуми моҳи ҳафтум ба баровардани қурбониҳои сӯхтанӣ барои Худованд шурӯъ карданд, ва лекин бунёди маъбади Худованд ҳанӯз ниҳода нашуда буд.

Ва нуқра ба сангтарошону наҷҷорон, ва хӯроку машруботу равған ба сидӯниён ва сӯриён доданд, то аз Лубнон, мувофиқи иҷозате ки Куруш, подшоҳи Форс, ба онҳо додааст, дарахтони арзро бо роҳи баҳр ба Ёфӯ биёранд.» Эзро 3:6-7

«Вале Зарубобил ва Ешуа ва дигар сардорони хонаводаҳои Исроил ба онҳо гуфтанд: �Шумо бо мо хонаи Худои моро бино нахоҳед кард, балки танҳо мо барои Худованд Худои Исроил, чунон ки подшоҳ Куруш, подшоҳи Форс, ба мо амр фармудааст, бино хоҳем кард.� ва мардуми он кишвар дастҳои қавми Яҳудоро суст мекарданд ва онҳоро аз бино кардан метарсониданд.» Эзро 4:3-4

Баъд аз нашри фармони Куруш яҳудиён ба Ерусалим дар се давра баргаштанд:

       I.            Зарубобил дар соли 538 (Эзро боби 1-4),

    II.            Эзро соли 457 (Эзро 7)

 III.            Наҳемё соли 444 пеш аз милод (Наҳемё боби 1-2).

Аз ин таърихномаҳо маълум мешавад, ки фармони Куруш аҳмият ва таъсири калон дошт, ва яҳудиён қариб 100 сол баъди эълон шудани фармон ба он такя мекарданд.

«Бигзор тамоми аҳли замин аз Худо тарсон бошанд; ҳамаи сокинони дунё аз Ӯ ҳаросон шаванд, зеро ки Ӯ гуфт, ва иҷро шуд; Ӯ амр кард, ва қоим гардид. Худованд машварати халқҳоро ботил мекунад, ба андешаҳои қавмҳо монеъ мешавад. Машварати Худованд қоим аст то абад, андешаҳои дили Ӯ то абадуддаҳр.» Забур 32:8-11

Боби 2 - Пайғамбарӣ дар миёни Подшоҳони Ҳахоманишиҳо

«Ва Ман дар миёни онҳо аломате ба амал хоҳам овард, ва онҳоеро, ки аз байнашон растагор шуда бошанд, сӯи халқҳо�..

ки овозаи Маро нашнидаанд ва ҷалоли Маро надидаанд, хоҳам фиристод, ва онҳо ҷалоли Маро дар миёни халқҳо хабар хоҳанд дод.» Ишаъёи набӣ 66:19

Барои аён намудани иродаи худ Худованд дар байни сулолаи Ҳахоманишиҳо пайғамбаронро фиристодааст. Ба монанди Дониёли Набӣ, Эзрои Коҳин ва Наҳемёи Набӣ дар байни ин сулолаи подшоҳон зиндагӣ ва фаолият кардаанд. Онҳо ҳамсуҳбат ва ҳамнишини дарбор буда ба гирифтани чунин фармон соҳиб шуданд. Ҳоло таъсири пайғамбаронро ба фармонҳои подшоҳони Ҳахоманишиҳо нигоҳ мекунем, ки чӣ хел Худо дили ин подшоҳонро бо воситаи пайғамбарон моил кардааст.

Пайғамбар ва шахси

Китоби Муқаддас

Солҳои хизматӣ

Подшоҳи Ҳахоманишӣ

Матни Китоби Муқаддас

Дониёл

Зарубобил

605-536 милодӣ

538 ба Ерусалим

То соли сеюми Куруши Кабир

Куруши Кабир ва

Дорои Як

Дониёл 10:1

Эзро бобҳои 1-4

Эстер

479-464 милодӣ

Хишоёршоҳ

Китоби Эстер

Эзро

Соли 457 ба Ерусалим рафт,

Ардашери Як

Эзро 4:7-24 ва 7:1

Наҳемё

445-429 милодӣ

Ардашери Як

Наҳемё 2:1 ва 13:6

Сарчашма: Talk thru the Bible by Wilkinson and Boa.

Набукаднесар5 подшоҳи Бобулистон Ерусалимро дар соли 605-и пеш аз милод забт карда халқи Яҳудро ба асирӣ бурд ва дар миёи онҳо Дониёли набӣ ва дигар ҷавонони солимақл буданд. (Умарзода, 2006, саҳ.75) Дар вақти зиндагии ӯ дар замони подшоҳони Бобил ва фарсизабонон ба Дониёли набӣ аз Худованд ваҳй омад. Дар он вақт Дониёл яке аз вазирони калони подшоҳ буд. Дониёли набӣ соли 605 аз Ерусалим ба асирӣ рафт ва то соли 536 - соли сеюми ҳукумронии Куруш, (Дониёл 10:1) дар дарбори вай хизмат кард. Таъсири Дониёл аввал ба Дорёвеш насли Модай маълум шуд. Кишвари Мидия (Мод) дар ҷои шимолу ғарбии Эрони имруза дар асрҳои VII-VI пеш аз милод воқеъ буд.(Ғафуров, 1998, саҳ. 67, Умарзода, 2006, саҳ. 74)

Форсҳо ва Модҳо дар як шоҳигари буданд, пеш аз Куруш подшоҳӣ ин сарзамин аз сулолаи Модҳо буд ва баъд аз Куруш подшоҳи ба дасти Форсҳо мегузарад. Модари Куруш Мандана, духтари шоҳи Модҳо Астиаг буд.(Умарзода,2006, саҳ. 239-240)

Дар бораи таърихи Ҳахоманишиҳо Бобоҷон Ғафуров чунини менависад:

«Бунёди давлати Ҳахоманишиҳоро подшоҳии тоифаҳои форс Куруши II гузошт, ки пештар чун вассал ба салтанати Мидӣ тобеъ буд. Ӯ дар натиҷаи муборизаҳои сахт ва дуру дароз на фақат аз тобеият халос шуд, балки дар соли 550 пеш аз милод давлати Мидиро тамоман торумор намуда, ба зери итоати худ даровард. Вай дар баробари унвони подшоҳии Форс унвони подшоҳии Мидиро ҳам соҳиб шуд.» (Ғафуров, 1998, саҳ. 90)

Ин ҷои тааҷуб нест, ки Куруш бар мамлакати нави Бобил як роҳбари Модро мемонад. Дар Курушнома омадааст:

«Куруш ақида дошт, ки подшоҳ барои халқи худ бояд мақоми чӯпонро дошта бошад. Чӣ тавре ки чӯпон барои беҳбудии галаю рама кушиш менамояд, шоҳ низ барои халқи худ, беҳбудӣ он ҳифзи он ғамхорӣ намояд.» (Умарзода,2006, саҳ. 239-240; Яъқубов, 2000, саҳ. 133)

Ҳоло мебинем, ки чӣ хел Худо дар як қисми давлати Ҳахоманишӣ мӯъҷизот кард ва Дорёвеш насли Модай Худоро ҳамду сано мекунад.

Дорёвеш кӣ буд?

«Дар соли аввали Дорёвеш ибни Аҳашверӯш аз насли Модай, ки бар мамлакати калдониён подшоҳ шуда буд.» (Дониёл 9:1).6

Дорёвеш фақат ба мамлакати калдониён ҳукмрон буд ва мамлакати калдониён макони Бобилистон ва Ошур буд, вале Куруши Кабир ба мамлакатҳои Бобилистон, Ошур, Мод, Арманистон, Каппадокия ва Элому Порс ҳукмронӣ мекард. (Зиёев, 2005, саҳ. 103-105) Пойтахти Куруши Кабир дар шаҳри Посаргард буд ва мазкази дуюми давлати вай шаҳри Экбатан буд. (Яъқубов, 2000, саҳ. 128-137.)7 Дар ин бора дар китоби Дониёли Набӣ омадааст: «Ва ин Дониёл дар салтанати Дорёвеш ва дар салтанати Куруши форсӣ комёб гардид.» (Дониёл 6:28).

Ақидае ҳаст, ки гуё ҳамин Дорёвеш Гаубру мебошад,(Вилкинсон, 1983, саҳ. 222, Виткомб, 1963, саҳ. 83)8 .

Бароти Абдураҳмон менависад: «Гаубру бо Куруш аҳду паймон мебандад ва дертар ҳамроҳи сипоҳиёнаш дар фатҳи Бобул ширкат меварзад. Баъди забт намудани Бобул Валтасарро9 мекушад ва муддате ҳамчун волии шаҳр сиёсати давлатдории Куруши кабирро пеш мебарад. Баъди якчанд ҳафта аз ҷониби модари Валтасар – маликабону Нитокрис кушта мешавад. Лашкаркаши набардозмудаю далер ва соҳибтадбир, ба боварии Куруш сазовор шуда, бештар ба сафи ҷанговарони бобулӣ сарварӣ мекард.» (Абдураҳмон,2006, саҳ.408) Агар ҳамин Дорёвеш Гаубруро бошад шояд ба хотири оддӣ будани номи Дорёвеш ва дар замони фаолияти Дониёл номи Дорёвеш зикр мешавад ва бо соли якуми салтанати Дорёвеш омадааст.(Дониёл 9:1 ва 11:1) Таърихнависон менависонанд, ки Гаубру кушта шуд баъди чанд вақт ва албатта дар соли якюми салтанатии вай ва ин бемақсад нест, ки дар китоби Дониёл ӯ такрор нашудааст чун, ки дар соли сеюми Куруш подшоҳии Форс таъсис ёфтааст. (Дониёл 10:1).10

Саршавии давлати Ҳахоманиши дар вақти ғолиб омадани онҳо дар давлати Бобулистон буд ва дар шаби афтидани Бобил Дониёли набӣ дар он вақт дар қасри подшоҳӣ буда пешгӯӣ кард (Дониёл боби 5), ки давлати Бобил тақсим шуда ба Модай ва форс дода мешавад (Дониёл 5:22-31).

Дониёли набӣ дар саршавии давлати Ҳахоманишӣ, дар мамлакат 120 ҳоқимон буданд, ки ба онҳо се нозир назоратчӣ буданд ва яке аз ин нозирон Дониёл буд (Дониёл 6:1-2). Мамлакати Бобил дар вақти дар зери фармони Ҳахоманишӣ будан қариб сеяки қудрат дар итоати Дониёли набӣ вуҷуд дошт ва аз ин сабаб ӯ бо подшоҳ Дорёвеш, ҳоқими асосии Бобил дар зери дасти Куруши Кабир, маслиҳатгари доимӣ буд.

Аз китоби Дониёл боби 6-ум чунин бармеояд, ки ӯ бо подшоҳ ҳамсуҳбати бисёр наздик ва маҳбуб буд ва аз сабаби дар вақти ӯро аз чоҳи шерон халос карданаш чунин фармон интишор кард:

«Ва подшоҳ амр фармуд�. подшоҳ Дорёвеш ба ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳое ки дар тамоми мамлакат сокин буданд, навишт: �Саломатии шумо афзун бод! Аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки дар тамоми салтанати мамлакати ман (Бобил –Н.Ҷ.) ва ҳузури Худои Дониёл ларзон ва тарсон бошанд; зеро ки Ӯ Худои Ҳай ва қайюми Ҷовидвуҷуд аст, ва малақути Ӯ безавол аст, ва салтанати Ӯ беинтиҳост. Ӯ халос мекунад ва наҷот медиҳад, ва бар осмон ва замин аломот ва мӯъҷизот ба амал меоварад, Ва Ӯ Дониёлро аз панҷаи шерон раҳоӣ додааст� Ва ин Дониёл дар салтанати Дорёвеш ва дар салтанати Куруши форсӣ комёб гардид.» (Дониёл 6:24-28)

Аз ин фармон ба чанд чизҳо мо ошно мешавем; якум дар вақти ҳукмронии Ҳахоманишӣ дар бораи худи Дониёл ва Худои Ҳай, яъне Худои зинда ва ягона, паёмбарии Ӯ дар қасри подшоҳӣ ба хотири донистан ва шинохтани Худои зинда ва он одамонеро, ки ба Худо имон оваранд. Таърихшинос Иброҳим Умарзода исбот мекунад, ки Ориён (тоҷикон) ба ақидаи монотеизм (ба Худои яккаву ягона) эътиқод доштанд ва ҷуёи Худо буданд. (Умарзода,2006, саҳ. 118-119, 306-308, 312-314) Мумкин аз нуфузу таъсири паймбарони Китоби Муқаддас ин ақидаро қабул мекарданд. Ва дуввум ин фармон нишон медиҳад, ки Худо ҳукмрон ва наҷотдиҳанда мебошад ва ин аз муъҷизоти ба Дониёл рӯйдода зоҳир мешавад (Дониёл 6:26-27) ва Дорёвеш бо имон ин фармонро баъд аз дидани муъҷизот менависад.

Сеюм, Худо дар миёни мардуми форсизабон кор карда истода буд то, ки ба воситаи муъҷизот Ӯро дарк кунанд ва аз таърихи ин воқеа маълум мешавад, ки Худо ҷӯёи тоҷикон аст ва Дониёли набиро дар миёни онҳо фиристод то ба воситаи ин муъҷизот ҳамаи халқҳо Ӯро шиносанд ва бо тоҷикон ҳам, ки яке аз ин халқҳо мебошанд ин раванд сар мешавад.

«Ҳикмате нест, ва хираде нест, ва машварате нест бар хилофи Худованд.» Масалҳо 21:30

Нақшаи Худо дар замони Дорои Як иҷро шуд

Дар китоби Эзро шахсе бо номи Зарубобил қайд мешавад ва ин шахс волии Яҳудо буд (Ҳаҷҷаи Набӣ 1:1) ва ҳам гӯруҳи аввалро ба Ерусалим оварда роҳбарӣ мекард (Эзро 2:1-2). Ин шахс дар он вақт роҳбари муҳим буд чун, ки ӯ аз насли подшоҳони яҳудиён буд (1 Вақоеънома 3:19). Зарубобил дӯсти Дорои Як ва яке аз посбонони шахсии подшоҳ буд. (Ҷосефус, саҳ.294) Ҳамаи воқеаҳои Дорои Як дар Китоби Муқаддас бо Зарубобил вобаста аст (Эзро 3:1-8; 4:2; 5:2) ва ин марди Худо мумкин дар ин раванд нуфуз пайдо мекард.

Дар замони салтанати Дорои Як (521-486 пеш аз милод) дар сиёсати ин давлат баҳсу мунозира дар бораи иҷозати расмӣ доштан ё надоштани яҳудиён бораи баргаштан ба ватан ва барқарор кардани Маъбади Ерусалим пайдо мешавад. Яке аз ташаббускорони ин моҷаро Татнай ном волии Байнаннаҳрайн бо маълумоти худ ба шоҳ дар бораи набудани иҷозати баргаштани яҳудиён барои барқарор кардани маъбад доимо монеъа мешуд. Баъди тафтишу пайдо кардани ҳуҷҷатҳои даркорӣ шоҳ Дорои Як фармони худро интишор мекунад, ки дар китоби Эзро боби 6 навишта шудааст:

«Он гоҳ подшоҳ Дорёвеш11 фармон дод, ва дар китобхонаи Бобил, ки ганҷҳоро дар он ҷо мегузоштанд, ҷустуҷӯ карданд. Вале дар Аҳмато, дар қасре ки дар кишвари Модай буд, тӯморе ёфт шуд, ва андаруни он чунин навишта шудааст: �Барои хотира. Дар соли якуми подшоҳ Куруш, подшоҳ Куруш дар барои хонаи Худо дар Ерусалим фармон дод, ки ин хона – ҷое ки қурбониҳо забҳ карда мешавад, - бино ёбад, ва бунёдаш мустаҳкам бошад; баландии он шаст зироъ, фарохии он шаст зироъ шавад, бо се қатор сангҳои бузург ва як қатор чӯби нав; ва харҷаш аз хонаи подшоҳ дода шавад. Ва низ зарфҳои тилло ва нуқраи хонаи Худо, ки Набукаднесар онҳоро аз маъбади Ерусалим гирифта, ба Бобил оварда буд, баргардонида, ба маъбади Ерусалим, дар ҷои худашон, бурда шаванд, то ки онҳо дар хонаи Худо гузошта шаванд.� Ва алҳол, эй Татнай, волии Мовароуннаҳр12, Штар-Бузнай ва рафиқони шумо, ки дар Мовароуннаҳр мебошанд, аз он ҷо дур шавед! Ба кори ин хонаи Худо мудохила накунед: бигзор волии яҳудиён ва пирони яҳудӣ ин хонаи Худоро дар ҷои он бино кунанд. Ва аз ҷониби Ман фармон дода мешавад, ки шумо бо ин пирони яҳудӣ дар бобати бино кардани ин хонаи Худо закоти Мовароуннаҳр, фавран ба ин додамон барои хароҷот дода шавад, то ки корашон лат нахӯрад; ва тамоми чизи даркориашон: гӯсолаҳо ва қӯчқорҳо ва барраҳо аз баҳри курбониҳои сӯхтанӣ барои Худои осмон, гандум, намак, шароб ва равган, аз рӯи гуфтаи коҳиноне ки дар Ерусалим ҳастанд, рӯз ба рӯз ба онҳо бекаму кост дода шавад, то ки онҳо ҳадияҳои хушбӯй барои Худои осмон қурбонӣ намоянд ва барои ҳаёти подшоҳ ва писаронаш дуо гӯянд. Ва аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки ҳар одаме ки ин амрро тағир диҳад, аз хонаи вай ғӯлачӯбе гирифта,

вай бар он бардошта овехта хоҳад шуд, ва хонаи вай ба ин сабаб вайрон карда хоҳад шуд. Ва Худое ки исмаш дар он ҷо сокин аст, ҳар подшоҳ ва қавмро, ки дасти худро барои тағир додани ин амр бар зарари ин хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, дароз мекунад, вожгун хоҳад сохт. Ман, Дорёвеш, ин фармонро додаам, то ки фавраи ба ҷо оварда шавад.» (Эзро 6:1-12)

«Дар натиҷаи аз архив дарёфт кардани қарори Куруши Кабир бори дуюм аз тарафи Доро соли 520 пеш аз милод.» (Умарзода,2006, саҳ.350) Дар натиҷа ӯ ба мисли Куруш маблағ ва масолеҳи сохтамонӣ барои маъбад ҷудо карда ба Худои осмон қурбонӣ мекунад. Дорои Як оини Зардуштиро қабул карда ҳурмат мекард, гумон меравад, ки ӯ Аҳурамаздо ва Худои яҳудиёнро як мешуморид ва аз ин сабаб шоҳ барои қурбонӣ барои худ ва фарзандонаш фармон мебаровард. Ба Худои осмон имон доштани Дорои якро аз қурбонӣ кардан ба худоёни дигар боз намедошт ва дар матни рӯи сангии Дорои Як дар Переспоҳ чунин навишта шудааст, ки ӯ худоёни дигарро ҳурмат карда қурбонӣ мекард.

Аз воқеаҳои дар давраи Дорои Як ва матни фармони ӯ чунин бармеояд, ки аз соли якум то соли чоруми ҳукмронии ӯ дар қаламрави мамлакат шӯришҳо ҷой доштанд. (Ғафуров,1998, саҳ. 96) Яке аз шӯриши маҳшури замони ӯ дар таърих дар яке аз расмҳои кӯҳи Бесутун аскёбӣ шудааст. (Яъқубов,2000, саҳ.135-136)

Дар ин нигораҳо муборизаҳо ва шуриши ҳафт кишвар бо ғолибияти онҳо нишон дода шудааст. Аз ин ҷиҳат мумкин шоҳ ба хотири пайдо нашудани шӯриши нав бо яҳудиён оштигӣ карда бо онҳо созиш карда фармон медиҳад, ки чизҳои даркориашонро «рӯз ба рӯз ба онҳо бекаму кост дода шавад».

«Куруши Дориюшро сиёсатмадорони дурандеш буданд, онҳо аз лиҳози сиёсат ба зердавлатони худ муносибати одилона доштанд, то дар империя низоъу нооромиҳо рӯй надиҳад.» (Яъқубов,2000, саҳ.149)

Фармони Дорои Як нисбати фаромони Куруш ҳамин иловагиро дорад, ки агар касе ба ин фармон итоат намекунад ба марг маҳкум карда мешуд ва ин илова ба мақсади сар назадани шӯриши нав бар зидди яҳудиён ва халқи Исроил навишта шуда буд.

«Дили одам роҳи ӯро нақша мекашад, вале Худованд қадамҳои ӯро равона менамояд.»

(Китоби Муқаддас, Масалҳо 16:9)

Боби 3 – Имондорон аз фиристодагони Худо дар миёни тоҷикон

Зани подшоҳи Ҳахоманишӣ - Малика Эстер

«Эстер дар назари ҳар касе ки варо медид,

илтифот пайдо мекард.» Эстер 2:15

Дар вақти салтанати подшоҳони Ҳахоманишӣ ба мақсади онҳоро ба Худ наздик кардан Худо дар миёни онҳо паёмбарону коҳинонро мефиристод. Дар байни сокинони ин давлат мардуми ба Худо имон дошта кор ва зиндагӣ мекарданд. Чунин шуд ки ҳатто яке аз подшоҳи Ҳахоманишӣ зани ба Худои зинда имондорро мегирад.

Хишоёршоҳ (Аҳашверӯш, 486-464 пеш аз милод)13 подшоҳи панҷуми Ҳахоманишӣ буда дар Китоби Эстер ва Эзро дар бораи ӯ маълумот вуҷуд дорад. Иброҳим Умарзода дар бораи подшоҳ Хишоёршоҳ чунин мегӯяд: «Дар ин вақт Ксеркс (Хишоёршоҳ) нав ба синни 34 солагӣ қадам гузошта буд ва ӯ аз зеботарин ҷавонони замонаш ба шумор мерафт, вале сустирода буда ҷиддӣ набуд. Аз матонате (устуворӣ), ки хоси давлатдории Куруш ва Доро буд, нишонае ҳам дар ӯ дида намешуд.» (Умарзода, 2006, саҳ. 285)

Аз таърихшинос Ҳеродот маълум аст, ки соли 483 пеш аз милод Хишоёршоҳ зиёфати ҷангӣ ташкил кард ва воқеаи боби 1-юми Эстер он вақт ба амал меояд. Ҳеродот дар соли 479 мегӯяд, ки юнониён бар Хишоёршоҳ ғолиб омаданд ва барои тасаллӣ вай Эстерро ба зани гирифт.(Вилкинсон,1983, саҳ. 131)

Эстер кӣ буд?14 Эстер яҳудӣ ва дӯшизаи зебое буд, ӯ пеши подшоҳ рафт ва «подшоҳ Эстерро бештар аз ҳамаи занон дӯст дошт, ва ба ҳузури ӯ вай бештар аз ҳамаи дӯшизагон меҳр ва илтифот пайдо кард; ва ӯ тоҷи хисравонаро ба сари вай гузошта, варо ба ҷои Ваштӣ малика гардонд. Ва подшоҳ базми бузурге, - базме ба хотири Эстер, - барои ҳамаи мирон ва маъмурони худ барпо кард, ва ба вилоятҳо сабукӣ бахшид, ва бо ҳиммати хисравона инъомҳо дод.» (Эстер 2:17-18)

Д ар вақте, ки Эстер маликаи дарбор буд шоҳ ба яке аз мирони худ, ки Ҳомон ном дошт мансаби баландро инъом мекунад. Вале аз сабаби нотавонбинии худ Ҳомон аз подшоҳ иҷозати нобуд кардани яҳудиёро гирифта нақшаи ин амалро тайёр мекунад (Эстер 3:6). Амаки Эстер Мордахай ба малика қосидонро фиристода таъкид мекард: «Мордахай гуфт, ки ба Эстер чунин ҷавоб гардонанд: Дар дили худ гумон накун, ки дар хонаи подшоҳ аз миёни ҳамаи яҳудиён раҳо хоҳӣ шуд, балки, агар дар ҳамин вақт хомӯш бимонӣ, вусъат ва халосӣ аз ҷои дигар падид хоҳад омад, вале ту ва хонадони падарат талаф хоҳед шуд, ва кист бидонед, ки оё барои ҷунин вақт ба салтанат нарасидаӣ?» (Эстер 4:13-14). Эстер бо дуо ва эътиқод ба Худо халқи худашро озод мекунад.Албатта баъди ин воқеъаҳо онҳо пеши Худо дуо ва рӯза гирифта илтиҷо карданд ва дар натиҷа Эстер маликаи дарбор ва амакаш Мордахай шахси 2-ӯми давлати Ҳахоманишӣ шуданд (Эстер 10:3).

 

Худо чӣ хел дар дили Хишоёршоҳ кор кард? Дар китоби Эстер омадааст, ки шабе хоби подшоҳ паридааст ва ӯ китобдонашро амр мекунад, ки Китоби ёддоштҳои айёмро оварда дар ҳузури ӯ бихонад ва аз ин китоб номи Мордахай, ки як сӯиқасди зидди подшоҳро ошкор карда ӯро наҷот додааст ба ёди подшоҳ расида аз ӯ пурсу пос мекунад (Эстер 6:1-3).

Албатта ба мо маълум, ки яҳудиён наҷот ёфтанд вале мақсади Худо дигар буд, Ӯ мехост ки аз ин амал халқҳои дигар Худоро шинохта имон оваранд - «Ва дар ҳар вилоят ва шаҳр, дар ҳар ҷое ки амри подшоҳ ва қонуни ӯ расид, барои яҳудиён хурсандӣ ва шодмонӣ, базм ва ид буд, ва бисёре аз қавмҳои ин сарзамин яҳудӣ шуданд, зеро ки тарси яҳудиён онҳоро фаро гирифта буд.» (Эстер 8:17). То ин воқеъаҳо дар ин сарзамин аксарияти аҳолӣ бутпараст буданд ва яҳудиён Худои зиндаро парастиш мекарданду зидди бутпарастӣ буданд ва ба ин восита Худо қудрату меҳрубонии Худро ошкор кард, Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон имон оваранд.

«Дар шаъни Худованд суруд гӯед,

исми Ӯро муборак хонед,

наҷоти Ӯро рӯз ба рӯз башорат диҳед.

Ҷалоли Ӯро дар миёни халқҳо баён намоед,

ва корҳои аҷоиби Ӯро дар миёни ҳамаи қавмҳо.

Ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда кунед;

пеши Ӯ биларзед, эй тамоми аҳли замин!»

Забури Довуд 95:2,3,9

www.dardidil.com

1 Дар 1 Вақоеънома 17:3-15 ин ваъда дар бораи оянда ас, вале дар Луқо 1:30-35; 2:10-12 ба амал омадани ин ваъдаро мебинем.

2 Шаҳри Ерусалим аз қадим пойтахти давлатӣ Яҳудиён мебошад.

3 Ирмиёи набӣ соли 627 то 580 пеш аз милод хизмати Худоро кард.

4 Нобинид (556-539 пеш аз милод) ба давлати Бобил бо писараш Балшасар якҷоя ҳукмронӣ ҳукмронӣ мекарданд. Дониёл дар боби 5 шаби қатли вайро нақл мекунад. Аз рӯи таърих вақте Нобинид машғули ҷанг зидди форсҳо буд Балшасар дар қаср монд (Вилкинсон,1983 саҳ. 222).

5 «Навохудоносор»

6 Ин оят дар соли 539 пеш аз милод дар вақти сарнагуншавии Бобил гуфта шуда буд. Куруши Кабир Бобулро сарнагун кард (Ғафуров, саҳ. 92) . Подшоҳ Дорёвеш ки инҷо зикр мешевад Дорои Як набуд чун, ки Дорои Як соли 522- 484 пеш аз милод подшоҳи кардааст. Дорои Як дар аёми 21 солагиаш подшоҳ шуд (Таърихи қадими Халқи Тоҷик, саҳ. 135) Он вақт Дорёвеш (талафузи Ибрӣ) номи оддӣ буд.

7 Дар давлати Дорои Як пайтахти империя дар шаҳри Шуш ҷой дошт. Посаргард (پارسه - Тахти Ҷамшед) назди Широз ва Экбатан назди Ҳамадон воқеъ мебошад.

8 Умарзода дар асараш «Таърихи Тамаддуни Ориён», саҳ. 250 номи ӯро «Гобрӣ» мегуяд,.

9 Дар Китоби Муқаддас ин ном «Балшасар» зикр шудааст.

10 Ҷосефус гумон мекунад, ки дар соли дуюми Куруш мурда шуд, Ҷосефус,саҳ. 858.

11 «Дорёвеш» дар забони Ибрӣ, «Дорои Як» дар забони тоҷикӣ ва баъзе вақт «Дороюши Бузург» ё «Доробшоҳ» меноманд. Дар забони форсии Қадим «Дуриявус» мегуфтанд, «Таърихи Тамаддуни Ориён» саҳ. 235.

12 Тарҷумаи ин макон бояд - «Байнаннаҳрайн» бошад. Дар Китоби Муқаддас, дарёи Даҷла ва Фурот тарафи Бобилро дар назар дорад. (Иброҳим Умарзода, саҳ. 223). Тарҷумаи форсӣ, «ғарби руди фурот» мегӯяд. Ҳам Китоби Муқаддас «Арам-наҳрайн» баъзи вақт он замин номи кадимтар тарҷума мешавад (Ҳастӣ 24:10). «Мовароуннаҳр» маънои асосӣ ин аст, ки шаҳрҳои мобайни ду наҳр (дарё) ва дар адабиёти Тоҷикӣ дарёи Аму (Ҷайҳун) ва замини шимолии онро дар назар дорад. (Фарҳанги Забони Тоҷиӣ, ҷилди 1, саҳ. 697)

13 Дар забони Ибрӣ ин ном чун «Аҳашверӯш» ва дар забони форсӣ чун «Хишоёршоҳ» ва дар забони юнонӣ чун «Ксеркс» ёд мешавад. Дар забони форси кадим номи вайро чун «Кшаяршоҳ» менависанд.

14 Маънии номи Эстер ситора аст; ва дар забони Ибрӣ гиёҳи “Ҳадаса” (Эстер 2:7), маънои ин номро дорад. Ин ном барои дини зардуштӣ муҳим аст ва ин гиёҳ дар вақти парастиши дини зардуштӣ истофода мекарданд. (In search of Zarathustra, pg 196). Асли дини Эстер Яҳудӣ буд. Мазори Эстери малика то имрӯз дар шаҳри Ҳамадон (Экбатан) вуҷуд дорад.



<< Таърих