www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Худо Ҷӯёи Тоҷикон аст - 2Худо Ҷуёи Тоҷикон аст– 2 Аз Накҳати Ҷон www.dardidil.com Эзрои Коҳин муаллими подшоҳи Ҳахоманишӣ Ҳатман хонандаи тоҷик аз таърихи дар Китоби Муқаддас, ки Эзро номида мешавад ва дар китоб бо замони Ҳахоманишиниҳо ошно мешавад дар ҳайрат мемонад, ки чӣ хел подшоҳи Куруши Кабир ва Дорои Як ба яҳудиён меҳрубон буданд ва давлати Ҳахоманишӣ иродаи Худоро иҷро мекардаанд. Китоби Эзро дар бораи Куруш (боби 1 ва 3), Дорои Як (Эзро 4:5-7 ва боби 5)1, Хишоёршоҳ (Эзро 4:6) ва Ардашери Як2 (боби 4 ва 7) нақл мекунанд. Дар ин китоб фармонҳои Куруши Кабир (1:1-4), Дорои Як (6:1-12) ва ду фармони Ардашери Як (4:17-24 ва 7:11-26) китобат шудаанд. Китоби Эзро илҳоми Илоҳист ва Худо онро нишон медиҳад, ки фармонҳои давлати Ҳахоманишӣ хостӣ Ӯ мебошанд ва аз ин фармонҳо чунин бармеояд, ки Худованд бо василаи паёмбаронаш дар дилҳои подшоҳон кор мекард. Бо фармони навбатии худ Куруши Кабир амри Дорои Як-ро дар бораи бо маблағ таъмин намудани сохтмони хонаи Худоро тасдиқ мекунад ва озодии дини яҳудиён, таъмири маъбади Ерусалим аз нав иҷозат медиҳад. Эзро дар соли 457 ба Ерусалим меравад (Эзро 7:1-9) ва ин соли ҳафтуми подшоҳии Ардашери Як буд.3 Дар солҳои аввал Ардашери Як зидди таъмири шаҳри Ерусалим буд, «Пас, фармоне бидиҳед, ки ин одамон корро бас кунанд, ва ин шаҳр бино наёбад, то даме ки аз ҷониби ман фармоне дода шавад.» (Эзро 4:21). Эзрои коҳин бо шоҳ бисёр наздик буда аз дасти Ардашери Як мактуб ва фармонро мегирад ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар он мактуб маълумоти бисёр муҳим будааст. Фармони Ардашери Як подшоҳи шашӯми Ҳахоманишӣ ба Эзро4: «Шоҳаншоҳ Ардаҳшасто (Ардашери Як) ба Эзрои коҳин ва китобдони комили шариати Худои осмон. Ва алҳол, аз ҷониби ман фармон дода шуд, ки дар мамлакати ман ҳар кас аз миёни қавми Исроил ва коҳинону левизодагони онҳо, ки розӣ бошад ҳамроҳи ту ба Ерусалим беравад, - бигзор равад. Аз баски ту аз ҷониби подшоҳ ва ҳафт мушовири ӯ фиристода шудаӣ, то Яҳудия ва Ерусалимро бар тибқи шариати Худои ту, ки дар дасти туст, тафаққуд намоӣ, ва нуқраю тиллоешро, ки подшоҳ ва мушовиронаш барои Худои Исроил, ки масканаш дар Ерусалим аст, хайрот кардаанд, бибарӣ, ва низ тамоми нуқраю тиллоеро, ки ту дар тамоми кишвари Бобил ба даст оварӣ, бо якҷоягии хайрот ки қавм ва коҳинон барои хонаи Худои худ, ки дар Ерусалим аст, додаанд, Пас фавран (бо шитоб – Н.Ҷ.) ба ин пул говон, қӯчқорон, баррагон ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳоро бихар, ва онҳоро бар қурбонгоҳи хонаи Худои шумо, ки дар Ерусалим аст, забҳ намо. Ва ҳар он чӣ ба назари ту ва бародаронат писанд ояд, ки бо бақияи нуқра ва тилло бикунад, - бар тивқи иродаи Худои худ бикунед. Зарфҳоеро, ки ба ту барои ибодати хонаи Худои ту дода шудааст, ба ҳузури Худои Ерусалим бигузор. Ва лавозимоти дигари хонаи Худои туро, ки ба додани он ту вазифадор бошӣ, - аз ганҷхонаи подшоҳ бидеҳ. Ва аз ҷониби ман, ки подшоҳ Артаҳшасто ҳастам, ба ҳамаи хазинадорони Мовароуннаҳр (Байнаннаҳрайн) фармон дода шудааст, ки ҳар он чи Эзрои коҳин ва китобдони шариати Худои осмон аз шумо талаб кунад, фавран бояд ба ҷо оварда шавад: То сад киккар нуқра, ва то сад кӯр гандум ва то сад бат шароб, ва то сад бат равған, ва аз намак – ҳар қадаре ки хоҳанд. Ҳар он чӣ бар тибқи аҳкоми Худои осмон бошад, бояд барои хонаи Худои осмон бекаму кост ба ҷо оварда шавад, зеро чаро ғазабе бар салтанати подшоҳ ва писаронаш нозил шавад? Ва шуморо огоҳ менамоям, ки бар ҳамаи коҳинон ва левизодагон, муғанниён, дарбонон, тобеон ва ходимони ин хонаи Худо закот, боҷ ва хироҷ андохтан лозим нест. Ва ту, эй Эзро, бар тибқи ҳикмати Худои ту, ки дар дасти туст, доварон ва қозиёнро таъин намо, то бар тамоми қавме ки дар Мовароуннаҳр мебошанд, - бар ҳамаи онҳое ки шариати Худои туро медонанд, доварӣ кунанд; ва онҳоеро, ки намедонанд, таълим диҳед. Ва ҳар кӣ мувофиқи шариати Худои ту ва мувофиқи қонуни подшоҳ рафтор накунад, бигзор фавран бар вай доварӣ намуда ҳукм кунанд: ё ба қатл, ё ба бадарғз, ё ба мусодираи молу мулк ва ё ба ҳабс.» Баъди ин фармон, Эзро ин хел тафсир мекунад: «Муборак аст Худованд Худои падарони мо, ки ин майлро дар дили подшоҳ ҷойгир кардааст, ки хонаи Худовандро, ки дар Ерусалим аст, зинат диҳад, ва маро дар ҳузури подшоҳ ва мушовирони вай, ва ҳамаи мирони пуриқтидори подшоҳ саховори марҳамат гардондааст, ва ман бар тибқи дасти Худованд Худои ман, ки бар ман буд, қувват гирифтам ва аз миёни Исроил сардоронро ҷамъ овардам, то ки ҳамроҳи ман бароянд.» (Эзро 7:11-26) Аз ин матн чанд маълумот дар бораи робитати Эзро ва подшоҳи Ардашери Як пайдо мешавад. Аввал ин, ки Ардашери Як ки будани Эзроро медонист, «Эзрои коҳин ва китобдони комили шариати Худои осмон.» Коҳини яҳудиён, ки шариати Мусоро таълим медод ва ҳамчун шахси миёнарави Худо ва халқ дар назари ӯ илтифот ва шӯҳрат ёфта буд. Дуввум худи шоҳ ба шахсияти Эзро бисёр таваҷҷӯҳ намуда ба ӯ иҷозати давлатиро дар барои нақшааш барои таъмири маъбад медиҳад. Таваҷҷӯҳи шоҳ ва ин марди Худо барои таъмири маъбад онро нишон медиҳад, ки подшоҳ бо Эзро муносибати бисёр наздик дошт. Саввум, Эзро аз ҷониби подшоҳ фиристода шуд ва худи Ардашер фармонро ба ӯ дода мегуяд:«Бигзор Эзро равад�..бар ҳамаи онҳое ки шариати Худои туро медонанд, доварӣ кунанд; ва онҳоеро, ки намедонанд, таълим диҳед. Ва ҳар кӣ мувофиқи шариати Худои ту ва мувофиқи қонуни подшоҳ рафтор накунад, бигзор фавран бар вай доварӣ намуда ҳукм кунанд: ё ба қатл, ё ба бадарғз, ё ба мусодираи молу мулк ва ё ба ҳабс.»Аз ин ҷо ба мо равшан аст, ки Эзроро Ардашери Як нафақат намояндаи амалҳои заминӣ балки ҳамчун ходими рӯҳонӣ дар Ерусалим таъин мекунад. Чорум ба подшоҳ Ардашери Як таълимоти Эзро маъқул буда медонист, ки ин фармони умумӣ набуда махсус ва аниқ мебошад, ӯ ба урфу одатҳои яҳудиён шинос буд ва дар фармон чунин омадааст: «ба ин пул говон, қӯчқорон, баррагон ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳоро бихар, ва онҳоро бар қурбонгоҳи хонаи Худои шумо, ки дар Ерусалим аст, забҳ намо.» Ардашер медонист, ки яҳудиён фақат дар Ерусалим қурбонӣ мекунанд ва чӣ хел намуди қурбониҳо дар оини яҳудӣ вуҷуд дорад. Оё подшоҳи Ҳахоманишӣ ба таълимоти каломи Худо гӯш мекард? Ё имон оварда буд? Инро фақат Худо медонад аммо аз ин фармон чунин бармеояд, ки ӯ ба тавроти Мусо шинос буда таълимоти Эзроро меписандид ва ӯро яке аз муаллимони олӣ мешумурд. Худи Эзро ба Ардашери Як чунин гуфта буд, «чунки мо ба подшоҳ сухан ронда, гуфта будем: �Дасти Худои мо ба ҳар касе ки ба Ӯ рӯ меоварад, ба некӯист, вале қудрати Ӯ ва ғазаби Ӯ бар зидди ҳамаи онҳоест, ки Ӯро тарк мекунанд.�» (Эзро 8:22) Агар Эзро ин ҷумлае, ки ақидаи Худои бемонандро ба ӯ гуфт, албатта Ардашери Як парастиши худои дигарро намекард, чун ки ин ҷумла Худои дигарро маҳкум мекунад. Подшоҳ ба Эзро дар раванди пешбарии амлиёти маъбад (ҷои ибодати яҳудӣ) бисёр ёрӣ медод ва ба нуфузи баланд доштани дини яҳудӣ эътиқод дошт ва худи Эзро, аҷабе нест, ки муаллими шоҳ буда, барои Ардашери Як шахси рӯҳонии баланд ҳисоб меёфт ва доимо ҳамнишин ва дӯсти наздиктаринаш буд. Панҷум, Ардашер ба Худои ягона ҳадя ва қурбонӣ кардааст: «Пас фавран (бо шитоб) ба ин пул говон, қӯчқорон, баррагон ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳоро бихар, ва онҳоро бар қурбонгоҳи хонаи Худои шумо, ки дар Ерусалим аст, забҳ намо�.. Ва аз ҷониби ман, ки подшоҳ Артаҳшасто ҳастам, ба ҳамаи хазинадорони Мовароуннаҳр (Байнаннаҳрайн) фармон дода шудааст, ки ҳар он чи Эзрои коҳин ва китобдони шариати Худои осмон аз шумо талаб кунад, фавран бояд ба ҷо оварда шавад: �Ҳар он чӣ бар тибқи аҳкоми Худои осмон бошад, бояд барои хонаи Худои осмон бекаму кост ба ҷо оварда шавад, зеро чаро ғазабе бар салтанати подшоҳ ва писаронаш нозил шавад?» Аз ин фармон чунин бармеояд, ки шоҳ барои Худо қурбонӣ карда таъкид кардааст: «бекаму кост ба ҷо оварда шавад». Мақсадаш албатта барои бахшида шудани гуноҳҳои худ ва писаронаш мебошад то ин, ки бар салтанати ӯ ғазаби Худо наояд. Ин фармони 2-вуми ӯ бар аъкси фармони якӯмаш мебошад, ки пештар ба рафти таъмири хонаи Худо дар Ерусалим монеъ шуда кори сохмонро мехобонад. Аз инҷо бармеояд ки ин фармон дар давраи аввали подшоҳии Ардашер навишта шуда буд,5 ва подшоҳ фармони навбатиро ба монанди шахси тавбакардистода менависад. Эзро онро дар китобаш нишон медиҳад, ки Худо дар дили вай кор кардааст то, ки подшоҳ барои Худованд қурбонӣ кардааст. Ардашери Як робитаи худро бо Худо барқарор карда мехоҳад ба Ӯ итоат кунад, ин ташаббус аз Худо буд, ки Ардашери Як ӯро ҷустуҷӯ мекард. Эзрои коҳин, ки миёнарави инсону парвардигор буд ва аз ин фармон маълум аст, ки шоҳ аз Эзрои коҳин миёнаравии байни Худо ва ӯ ва писаронашро хоҳон буда аз ӯ хостааст, ки воситачӣ бошад. Эзро ин фармонро чунин шарҳ медиҳад: «Муборак аст Худованд Худои падарони мо, ки ин майлро дар дили подшоҳ ҷойгир кардааст, ки хонаи Худовандро, ки дар Ерусалим аст, зинат диҳад, ва маро дар ҳузури подшоҳ ва мушовирони вай, ва ҳамаи мирони пуриқтидори подшоҳ саховори марҳамат гардондааст, ва ман бар тибқи дасти Худованд Худои ман, ки бар ман буд, қувват гирифтам ва аз миёни Исроил сардоронро ҷамъ овардам, то ки ҳамроҳи ман бароянд.» (Эзро 7:27-28)Эзро медонист, ки Худои зинда дар дили шоҳ кор кардааст, то ки Адрашери Як ба Ӯ имон оварад ва имондории ӯ аз ин фармон равшану возеҳ мебошад. Ҳамчунин ин натиҷаи он аст, ки подшоҳони Ҳахоманишӣ иродаи Худоро иҷро мекарданд, ва Худо ба онҳо муҳаббаташро нишон дод. Бори дигар тасдиқи он ҳаст, ки Ӯ доимо дар ҷустуҷӯи тоҷикон буда дар дили онҳо кор карда дар байни онҳо паёмбарони Худро ҷойгир мекард. Марди Худо дар хизмати давлати Ҳахоманишӣ Наҳемё соқи ва яке аз мушовирон ва дӯсти наздики подшоҳ Ардашери Як буд ва шоҳ ин марди Худоро барои барқарор кардани деворҳои шаҳри Ерусалим сафарбар мекунад. Наҳемё дар айёми Ардашери Як (464-423 пеш аз милод) зиндагӣ карда ва тақрибан дар солҳои 445-444 (Наҳемё 2:1) ба Ерусалим рафта соли 429 баргаштааст (Наҳемё 13:6). Ин марди Худо дар ҳар мушкилӣ дуо мекард ва баъд ба қабули шоҳ рафта арзи худро мекард. (Наҳемё 1:4-11; 2:4; 5:19; 6:9; 6:14; 13:14; 13:22; 13:29-31) Наҳемё фаҳмид, ки девору дарвозаҳои Ерусалим хароб шудааст ва аз шунидани ин ӯ дуо мекард. Рӯзе чунин мешавад, ки Ардашери Як Наҳемёро ғамгин дида аз ӯ пурсон мешавад: «Чаро чеҳраат ғамгин аст, ва ҳол он ки ту бемор нестӣ? Магар ки андешаи баде дар дил дорӣ!» Ва ман хело сахт тарсидам, ва ба Подшоҳ гуфтам: «Бигзор подшоҳ то абад зинда бод! Чаро чеҳраи ман ғамгин набошад, дар сурате ки шаҳри қабристони падаронам харобазор гардидааст, ва дарвозаҳояш ба оташ сӯхтааст.» Ва подшоҳ ба ман гуфт: «Пас ту чӣ металабӣ?» ва ман ба Худои осмон дуо хондам, ва ба подшоҳ гуфтам: «Агар ба подшоҳ мақбул афтад, ва агар бандаи ту дар ҳузури ту илтифот ёбад, маро ба Яҳудия, ба шаҳри қабрҳои падаронам бифирст, то ки онро бино намоям.» Ва подшоҳ ба ман гуфт, дар сурате ки малика дар паҳлуи ӯ нишаста буд: «Сафари ту то кай тӯл хоҳад кашид, ва кай хоҳӣ баргашт?» Ва Подшоҳ салоҳ донист, ки маро бифирстад, ҳамин ки мӯҳлатро ба ӯ фаҳмондам. Ва ба подшоҳ гуфтам: «Агар ба подшоҳ мақбул афтад, бигзор ба ман номаҳо барои болиёни Мовароуннаҳр6 навишта диҳанд, то ки онҳо маро гусел намоянд то даме ки ба Яҳудия бирасам, ва номае барои Ософ, ки нозири ҷангалҳои подшоҳ аст, то ки вай ба ман барои дарвозаҳои қалъаи назди маъбад, ва барои ҳисори шаҳр, ва барои хонае ки ман дар он маскан хоҳам гирифт.» Ва подшоҳ бар тибқи дасти некӯи Худои ман, ки бар ман буд, ин чизҳоро ба ман дод. Ва чун назди болиёни Мовароуннаҳр омадам, номаҳои подшоҳро ба онҳо додам; ва подшоҳ саркардагон ва саворонро ҳамроҳи ман фиристода буд.» (Наҳемё 2:2-8) Баъди ин мулокот ва гуфтушунид подшоҳ аз рӯи дархости Наҳемё амал карда: «Ва подшоҳ бар тибқи дасти некӯи Худои ман, ки бар ман буд, ин чизҳоро ба ман дод.» Ба мо чунин маълум шуд, ки Наҳемёи соқӣ яке аз назоратчии саломатии шоҳ буд ва Ардашери Як ӯро бисёр дӯст медошт ва хости Худоро иҷро карда Наҳемёро бо масолеҳи зарурӣ ва бехатараашро таъмин карда бо мактубҳои даркорӣ барои барқарор дардани девору дарвозаҳои Ерусалим мефиристад. Ва ин бисёр аҷиб аст, ки Ардашери Як хизматгори беҳтарини худро волии замини Яҳудо таъин мекунад (Наҳемё 5:14-15) ва Наҳемё дар ин сарзамин сездаҳ сол фармонҳои шоҳро дар Яҳудо ба амал меорад. Наҳемё, марди Худо доимо дар маҷлисҳои шоҳ ва маликаи дарбор ҳозир буд, шоҳ Ардашери Як ба ӯ бисёр эътиқод дошт. Ин бесабаб набуд, чунки нақшаи Худо ин тавр буд ва аз ин сабаб Ӯ пайғабаронашро дар байни сарварони давлати Ҳахоманишӣ ҷой медод. Ин гувоҳ бар он аст ки Худо ҳануз аз асри панҷи пеш аз милод дар ҷустуҷӯи Тоҷикон буд. «Ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барқарор шудаанд..... Чунки вай хизматгори Худост бар нафъи ту.» (Инҷил, Румиён 13:1,4) Боби 4 - Пешгӯӣ барои Тоҷикон «Ончунон каломе ки аз даҳони Ман мебарояд, хоҳад буд: вай сӯи Ман бенатиҷа нахоҳад баргашт, балки он чиро, ки Ман хостаам, ба ҷо хоҳад овад, муваффақ хоҳад шуд.» Ишаъёи набӣ 55:11 Дар Китиби Муқаддас якчнад пешгӯй дар бораи кишварҳои дунё вуҷуд доранд. Дар ин пешгуиҳо сухан дар бораи доварони ин ҷойҳо гуфта шудааст, лекин пешгӯидар бораи тоҷикон фарқ мекунад. Масалан, Ирмиёи набӣ чунин мегӯяд: «Каломи Худованд дар бораи Элом, ки бар Ирмиёи набӣ дар ибтидои подшоҳии Сидқиё7 подшоҳи Яҳудо нозил шуда, гуфт: �Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак, ман камони Эломро, ки қуввати асосии онҳост, хоҳам шикаст;ва чор бодро аз дор канори осмон бар Элом хоҳам овард,ва онҳоро бо ҳамаи ин бодҳо пароканда хоҳам кард, ва халқе нахоҳад буд, ки рондашудагони Элом ба он ҷо наоянд; ва онҳоро пеши душманонашон ва пеши толибони ҷонашон ба шикаст дучор хоҳам кард, ва бар онҳо мусибат, яъне оташи ғазаби Худро хоҳам овард, мегӯяд Худованд,ва шамшерро аз паи онҳо хоҳам фиристод, то даме ки онҳоро тамоман талаф намоям; Ва тахти Худро дар Элом барқарор хоҳам намуд, ва подшоҳ ва миронро аз он ҷо нест хоҳам кард, - мегӯяд Худованд. Вале дар рӯзҳои охир асирони Эломро хоҳам баргардонаид, мегӯяд Худованд.» Ирмиёи набӣ 49:34-39 Эломиҳо кистанд?8 Ин ном бо якчанд намуд навишта шудааст ба монанди Элом, Эълам ва Аллом ва дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров омадааст: «Пайдоиши нахустин падидаҳои давлат дар Эрон ба асрҳои IX- VII пеш аз милод тааллуқ дорад�. Аввалҳо ба подшоҳии Аллом ва баъд ба Ҳахоманишиҳо итоат мекарданд, тақрибан дар соли 640 пеш аз милод.» (Ғафуров, 1998, саҳ. 89) Ва сарзамини Аллом ноҳияҳои ҷанубу ғарбии Эронро дар бар мегирифт. Номи яке аз шаҳрҳои Сузӣ (Шушан) чандин маротиба дар Китоби Муқадддас зикр ёфтааст, ки ин сарзамин ҷои зисти тоҷикзабонон мебошад. Инчунин номи Эълам макони Аншон (Мовароуннаҳр) зикр мешавад, ки дар замони мо ин сарзамини Тоҷикистон мебошад. (Умарзода, 2006, саҳ. 56, 170-175. Китоби Муқаддас: Эзро 4:9; Наҳемё 1:1; Эстер 1:2, ва Дониёл 8:2.) Мақсади мо аз ин пешгӯиҳо дар он аст, ки онҳо ба тоҷикзабонон дахл дошта ва онҳо аз он пешгуиҳое ки дар бораи дигар халқу малакатҳо гуфта шудаанд ба кулли фарқ мекуннад. Дар пешгӯиҳо маҳз дар бораи умед ба ин одамон сухан меравад. Дар бисёр пешгӯиҳо Худо ба воситаи пайғамбаронаш дар бораи умеди оянда надоштани ин ё он халқу давлат гуфтааст, аммо дар бораи тoҷикзабонон бо умеди оянда мегӯяд: «Вале дар рӯзҳои охир асирони Эломро хоҳам баргардонаид». Ва ин пешгӯии Ирмиёи набӣ нишон медиҳад, ки сарзамини Элом бо баракати Худо пайваст мебошад. Ӯ ҳамаи асирони дигар мамлакатҳои дунёро ба ватан баргардонида нақшаи Худро барои наҷоти ин халқҳо анҷом медиҳад, ва ин ба пешгӯии дигари Ирмиё монанд аст, ки омадааст: «асирони Яҳудо ва асирони Исроилро хоҳам баргардонид.» Ирмиёи набӣ 33:7 Масеҳиёни Эронӣ ин оятро чунин тафсир мекунанд, ки дар оянда Худо ба халқи онҳо баракат медиҳад. Онҳо дар бораи парокандагии форсизабонони Эронӣ, ки бисёрии онҳо имондоранд, ин оятро дар кору фаъолиатшон дар ҳамаи ташкилотҳояшон пайваст карда аминанд ки он ба ҳозираву ояндаи онҳо дахл дорад.(Ҳантзингер, Форсиён дар Китоби Муҷаддас) Ҳоло мо назаре ба таърих карда дидем, ки чӣ хел Худо бо халқи тоҷик дар давраи Ҳахоманишӣ наздик шуда кор мекард, ва пешгӯӣ Ирмиё нишон медиҳад, ки нақшаи Ӯ ба амал омадаистодааст. «Эй гадоёни харобот, Худо ёри шумост, Чашми инъом мадоред Зи анъоме чанд.» Ҳофиз Қисми 2 Дар давраи Исои Масеҳ Боби 5- Дар интизории наҷотдиҳанда аз тарафи Худо Баъди ҳукмронии шоҳ Ардашери Як чанд муддате хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Дар ин вақт Худо ба халқи Яҳудӣ ҳеҷ пайғамбареро нафиристод ва одамон дар интизори омадани Масеҳ ё наҷотдиҳанда буданд. Ин хомӯшӣ чор сад сол идома кард то ин, ки нақшаи Худованд бо пуррагӣ ба вуқуъ пазирад, «Вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо писари Худро фиристод, ки Ӯ аз зан таваллуд ёфта, зери дасти шариат буд, то барои онҳое ки зери дасти шариат буданд, фидия диҳад.» (Инҷил, Ғалотиён 4:4) Ҳозир нигоҳ мекунем ба талабгории авлодонамон ба Худо дар даврае «ки пуррагии замон» расида буд. Маҷусиён дар ҷустуҷӯи подшоҳи аз ҷониби Худо омада Маҷусиён: - «Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт?» Дар вақти таваллуди Исои Масеҳ аз шарқ маҷусиён яъне донишмандон ба сарзамини яҳудиён омада хоҳиши парастиши шоҳи нави ба дунё омада Исои Масеҳро доштанд. Онҳо киҳо буданд ва аз куҷо омаданд? Дар ин бора дар Инҷил чунин омдааст: «Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар байт-Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Ерусалим мунаҷҷимон омада, гуфтанд: �Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем.� Чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, дар изтироб афтод, ва бо вай тамоми Ерусалим ҳам. Ва ҳамаи саркоҳинон ва китобдонони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад? Ба ваӣ гуфтанд: �Дар Байт-Лаҳми Яҳудо, зеро ки ба воситаи набӣ чунин навишта шудааст: «Ва ту, эй Байт-Лаҳм замини Яҳудо, аз дигар ноҳияҳои Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ; зеро ки аз ту Пешвое ба майдон хоҳад омад, ки Ӯ қавми Ман – Исроилро чӯпонӣ хоҳад кард.» Он гоҳ Ҳиродус мунаҷҷимонро пинҳонӣ даъват намуда, вақти пайдоиши ситораро аз онҳо фаҳмида гирифт, Ва онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда, гуфт: �биравед ва аз аҳволи Кӯдак дурустакак пурсҷӯй кунед ва ҳамин ки Ӯро ёфтед, ба ман хабар диҳед, то ки ман ҳам рафта, Ӯро парастиш кунам.� Онҳо суханони подшоҳро шунида, равона шуданд. Ва инак, ситорае ки дар шарқ дида буданд, пешопеши онҳо мерафт ва ба болои он ҷое ки Кӯдак буд, расида, биистод. Ва ситораро дида, беандоза шод ва хушҳол гардиданд, ва ба хона даромада, Кӯдакро бо модараш Маръм диданд, ва зону зада, Ӯро парастиш карданд; ва ганҷинаҳои худро кушода, инъомҳои тилло, лодан ва мур ба Ӯ тақдим карданд. Ва чун дар хоб ба онҳо ваҳй омад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, онҳо аз роҳи дигар ба ватани худ равона шуданд.» Матто 2:1-12 Mаҷусиён - www.gutenberg.org Дар матни Тоҷикии Инҷил “маҷусиён” ҳамчун “мунаҷҷимон” омадааст, вале таҷумаи форсии ҳамин матн калимаи «маҷусиён» истифода мекунад. Маҷусиён киҳо буданд?9 Маҷусиён роҳбарони рӯҳонии дини Зардуштӣ буданд дар ибтидо ин ном ба гӯруи Модай пайваст буд. Дертар онҳоро чун «мубад ё мубид» ном мебурданд.(Фрай, 1996, саҳ. 17) Онҳо донишмандони олим дар равияи дини Зардуштӣ буда аз рӯи ситораҳо ба сирри ғайб роҳ ёфта муаммоҳоро барои подшоҳон мекушоданд. Далели ин гуфтаҳоро дар китоби Дониёли набӣ (Дониёл 5:11-12) мушоҳида кардан мункин аст. Ҳамаи онҳо дар дини зардуштӣ буда ба воситаи ситораҳо ба ғайб нигоҳ карда амал мекарданд ва албатта ин ба тоҷикон дахл дорад, чунки оини зардуштӣ дар байни аҷдоду авлоди мо ривоҷ дошт. Калимаи «мунаҷҷимон» тафсири калимаи «маҷусиён» мебошад, онҳо ситорашиносон буда аз рӯи ситораҳо амал карда дар вақти таваллуди Исои Масеҳ ба Ерусалим омаданд ва ситорае онҳоро ба макони таваллуди наҷотдиҳанда ҳидоят мекард. Онҳо аз куҷо омаданд? Онҳо «аз ҷониби шарқ ба Ерусалим» омаданд, шарқ бошад ин макони тоҷикону форсизабонон мебошад. Ба ақидаи устодони оини масаҳият Клемент аз Искандария ва Ориген онҳо аз макони форсҳо омада буданд.(Алисон,2004, саҳ. 228) Дар таълимотҳои калисои форсу тоҷик чунин ақида ҷори буд, ки маҷусиёни ба парастиши Масеҳ омада аз қаламрави онҳо буданд. Ҳамчунин Марко Поло саёҳи асримёнаги чунин навиштааст, ки маҷусиён аз шаҳри Савени Эрон омаданд. Ва дар вақти сафари Марко Поло халқи Савен ба ӯ се қабристони маҷусиёнро нишон доданд. Ҷавоби аниқ аз куҷо омадани мунаҷҷимон аз рӯи расмҳои Масеҳӣ ва калимаи «маҷусиён» гумон аст, ки онҳо аз ҳудудҳои форсу-тоҷик нишин омаданд.10 Маҷусиён киҳо буданд? Масеҳиёни Сурияги, ки дар заминҳои форсизабонон зиндагӣ мекарданд чунин мегӯянд, ки ин маҷусиён се ном доштанд яъне: Ларвандод, Гуштасп ва Аҳурамаздо. Ҳарчанд аз руи далели расмҳои масеҳӣ номҳои гуногуни ин маҷусиён метавон пайдо кард. Расмҳои масеҳӣ ҳам дар бораи шоҳ ва шоҳзода будани онҳо нақл мекунанд, ки ин ақида асос мегирад аз рӯи туҳфаҳои бисёри овардаи онҳо. Онҳо барои чӣ омаданд? «Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар байт-Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Ерусалим мунаҷҷимон омада, гуфтанд: �Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем.�» Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки онҳо барои парастиши подшоҳи яҳудиён омаданд ки ин хеле, аҷаб ба назар мерасад. Чӣ хел онҳо донистанд, ки Исои Масеҳ подшоҳи яҳудиён мешавад? Албатта маҷусиён китобҳои яҳудиёнро мехонданд, онҳо доно ва доимо дар ҷустуҷӯи донишомӯзӣ буданду донишманду соҳиб ҳикмати замони худ ҳисоб меёфтанд. Сабаби асосии омадани онҳо барои зиёрати Ҳиродус ё тамошои Ерусалим набуда фақат барои паристиши Исои Худованд буду вассалом. Ин амали маҷусиён пеш аз ҳама зидди хоҳиши Ҳиродус буд чун, ки онҳо барои парастиши Исои Масеҳ омада буданд. Ҳиродус бошад зидди ин кор буда ӯ дар сар фикрҳои шуҳратпарастиву зуроварӣ дошт, ва ба ҳақиқат такя намекард. Гӯруҳи дуюме, ки дар назди Ҳиродус ҳузур доштанд онҳо саркоҳинон ва китобдонон буданд. «Ва ҳамаи саркоҳинон ва китобдонони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад?» Мутаасифона ҳамаи саркоҳинону китобдонон дар ҷустуҷӯи ҳақиқату ростӣ набуданд, балкӣ онҳо зидди парастиши Исои Масеҳ буда ба ин воқеа диққат намедоданд. Маҷусиён бошанд дар ҷустуҷӯ ва хоҳиши парастиши Исои Масеҳ буданд. Саволе ба миён меояд; барои чӣ роҳбару муаллимони он вақт дар ҷустуҷуи тавуллуди Исои Масеҳ набуданд? Дар китоби Ирмиёи Набӣ боби 29 ояти 13 омадааст: «Маро хоҳед ҷуст, ва пайдо хоҳед кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ Маро ҷустуҷӯ намоед.» Аз ин мебинем ки ин мардони хирад, яъне маҷусиён нафақат дар ҷустуҷӯи шоҳи яҳудиён балки дар дарёфт кардани наҷотдиҳанда ҷидду ҷаҳд мекарданд. Бар аъкси амали онҳо муаллимони яҳудиён дар ҷидду ҷаҳди ҳақиқат набуданд ва ба Китоби Муқаддас бисёр аҳамият надоданд. 1 Фармони Дорои Як тақрибан дар соли 520 пеш аз милод нашр шуда буд. 2 Дар забони Ибрӣ ин ном чун «Артаҳшасто» ва дар забони тоҷикӣ ин ном чун «Ардашери Як» ва Дар забони юнонӣ ин ном чун «Артаксеркс» ёд мешавад. Ардашери Як соли 464 то 423 пеш аз милод подшоҳи кардааст ва ба сулолаи Ҳахомашини таалуқ дорад. Номи вайро бо номи «Ардашери Аввал» шоҳи Сосониён буд ( 211 то 242 милодӣ) ғалат накунед. 3 Бобҳои 1-6 Эзро таърихи 82 соларо, яъне солҳои 539 то 457 ҷамбаст мекунад. Албатта дар вақте, ки Эзро ба Ерусалим омад пир буд вале ӯ фақат ин таърихро ҷамъ карда ва дар миёни он подшоҳон набуд, ӯ дар салтанати Артаҳшасто буд (Ардашери Як, 464-423 пеш аз милод). Ҳамсуҳбат будани Эзро ва Куруши Кабир, ба қавли Бароти Абдураҳмон (Абдураҳмон, 2006, саҳ. 253-258). Агар чунин бошад пас дар вақти бозгашт ба Ерусалим Эзро 112 сола буд. Шояд Бароти Абдураҳмон ин ақидаро барои таъсири драмавӣ инро менависад. Инчунин маълум аст ки бобои Эзро аз дасти Набукаднесар кушта шуда буд (4 Подшоҳон 25:18-21 ва Эзро 7:1). Мувофиқи ин маълумот соли 586 Набукаднесар Ерусалимро забт кард. 4 Ин матн дар забони арамӣ аст, на ибрӣ ва ин далели ҳақ будани ин маълумот аст. 5 Фармони аввал дар Эзро 4:17-24 6 Тарҷумаи ин макон бояд - «Байнаннаҳрайн» бошад. 7 Сидқиё подшоҳи Яҳудо, соли 597 то 586 пеш аз милод дар Яҳудо салтанат меронд.(Вилкинсон,1983, саҳ.199) Ин пешгӯй пеш аз саршавии давраи Ҳахоманишиҳо омадааст. 8 Элом аввал дар Китоби Муқаддас, Ҳастӣ 10:22 – Элом писари Сом писари Нӯҳ. 9 Форсӣ Инҷили тафсирӣ «чанд маҷус» мегӯяд ва Инҷили Шариф, «маҷусиён» мегӯяд. Калимаи инҷили юнони «магос» (μαγος pl. μαγοι), ин калима аз Фосрӣ қадим ва Авесто «муғупаити» мебошад. 10 Фикри дигар ин аст, ки онҳо аз Арабистон яъне «аз ҷониби шарк» омаданд (Malouf,2007, боби 6-ум). Аз руи ин ақида навиштаи Ишаъё 60:1-7 ба арабҳо алоқаманд мешавад.
<< Таърих |