www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Худо Ҷӯёи Тоҷикон аст - 3Худо Ҷуёи Тоҷикон аст – 3 Аз Накҳати Ҷон www.dardidil.com Маҷусиён аз куҷо дар бораи омадани Масеҳ огоҳӣ доштанд? Маҷусиён: - «Ситораро дида, беандоза шод ва хушҳол гардиданд» Ситорае, ки дар ояти боло дар бораи он сухан меравад дар Тавроти Мусо пешгӯй шуда буд; «Ситорае аз Яъқуб тулӯъ хоҳад намуд, ва чӯбдасти салтанат аз Исроил хоҳад бархост.» (Ададҳо 24:17) Ҳамчунин аз навиштаҳои Таврот маълум мешавад,ки яҳудиён ва пайғамбарони онҳо дар байни аҷдоди тоҷикон зиндагӣ ба сар мебурданд. Яҳудиён ҳар рӯзи шанбе парастиш мегузарониданд ва аз Тавроти Мусо мехонданд аз ин сабаб мумкин ба ин пешгӯӣ аҳамияти махсус медоданд. Пешгуии ин ситора дар бораи салтанати аз Исроил бармеомадагӣ хабар медод. Саволи дигар дар бораи он, ки маҷусиён оё имконияти хондан ва дастрас кардани китобҳои яҳудӣро доштанд ё не? Аз таърих айон аст, ки мубадҳо ва коҳинони Зардуштӣ давлатдор буданд аз ин лиҳоз барои омӯзиши як чанд забон барои онҳо дӯшворӣ надошт. Ситорае, ки ба ин воқеаи азим роҳнамудӣ мекард албатта дар бораи кудак ва подшоҳи яҳудӣ будан чизеро фаҳмонда наметавонист. Албатта дар ин бора Худо ба онҳо таввасути ваҳй маълум кард, чунки онҳо доимо бо хондани Каломи Худо машғул буда шахсонӣ рӯҳонӣ буда аз рӯҳ илҳом мегирфтанд. Ин маҷусиён фолбину ҷодӯгар набуда доимо аз Худо илҳом гифтифа Ӯро парастиш мекарданд ва дар ҳолати дидани Нури Худо онҳо бисёр шодмонӣ мекарданд. Баъд аз Исои Масеҳро парастиш кардан, Худо дар хоб ба онҳо бо воститаи ваҳй ояндаро маълум кард: «Ва чун дар хоб ба онҳо ваҳй омад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, онҳо аз роҳи дигар ба ватани худ равона шуданд.» Онҳо бисёр ҳассос ба овози Худованд гӯш мекарданд ва Ӯ бо ин мардони Худ доимо машғули кор буд, онҳо на аз одамон балки аз Худо метарсиданд. Маҷусиён Китоби Муқаддасро хонданд Пеш аз таваллуди Исои Масеҳ Китоби Муқаддас (Таврот, Забур ва китобҳои паймбарон) бо забони арамӣ тарҷума ва хонда мешуданд. Номи ин тарҷума «Таргум» буд, чунки бисёр яҳудиён бо забони арамӣ (лаҳҷаи калдонӣ) гап мезаданд ва ин алифбо ва талафузи ин забон бо забони Ибрӣ дар он вақт як буданд.(Ҷонс,1972, саҳ. 3) Ин тарҷума дар давраи Эзро сар шудааст ва чанд аср истофода шудааст.1 Забони арамӣ (ё арамейӣ) дертар «забони форсӣ, яъне шакли деринаи забони паҳлавӣ, шакли гузариш ба забони форсии нав мебошад ва забони форсии нав дар хат тамоман аз баҳри унсурҳои арамейӣ баромадааст.» (Умарзода,2006, саҳ. 87-88) Аз ин бар меояд, ки маҷусиён дар забони худашон навиштаҳои Тавроту пайғамбаронро аз худ карда буданд. Навиштаҳои Аҳди Қадими Китоби Муқаддас асосан бо забони ибрӣ дар зери илҳоми Худо навишта шудааст, вале чанд қисми он бо забони арамӣ ҳам навишта шудаанд. «Аҳди Қадим ба забони ибронӣ навишта шудааст. Истиснои ягона аз инҳо иборат аст: Эзро 4:8 то 6:18; Эзро 7:12-26; Ирмиё 10:11 ва Дониёл 2:4 то 7:28. Ин ҷойҳои ҷудогона бо лаҳҷаи калдонӣ (арамӣ- Н.Ҷ.) навишта шудаанд, ки он ба сифати лаҳҷаи гузариш��Сабаби ин ҳодисаи аҷоиб он аст, ки Дониёл ва Эзро дар Бобил зиндагӣ кардаанд ва бо ҳокимони Бобил ва Форс ки дар ин шаҳр ва гирду атрофаш соҳиби нуфузи бузурге буданд муносибат доштаанд.» 2 Лаҳҷаи калдонӣ (арамӣ) забони давлатӣ дар замон буда бо таъсиру нуфузи Дониёлу Эзро таввасути навиштаҳои Китоби Муқаддас ба хирадмандони форс дастрас гардидааст. Д ар асри сеи пеш аз милод ҳамаи китобҳои Аҳди Қадими Китоби Муқаддас ба забони юнонӣ трҷума шуданд, ва аз гуфтаи «Септуагинта ё LXX» дар ин кор зиёда аз ҳафтод мутарҷим ширкат варзидаанд.3 Пас дар он вақт ҳар касе, ки забонҳои арамӣ ё юнонӣро медонист Китоби Муқаддасро хонда метавонист ва дар давраи давлатдории Юнону Бохтар (аз асри III пеш аз милод) дар минақаҳои тоҷикнишини имруза забони юнонӣ истофода мешуд. «Дар замони Юнону Бохтар хати қадими бохтарӣ ба хати юнонӣ иваз мешавад. Зеро забони давлатӣ забони юнонӣ буд. Аз ин лиҳоз, барои Бохтариён аз хат ва забони модарӣ даст кашидан мушкил буд. Албатта, хату забони юнонӣ дар байни мардуми ориёӣ (Н.Ҷ.-тоҷик) паҳн нашуд, аммо шахсони дар корҳои давлатӣ ҷалбшуда забон ва хати юнониро медонистанд.» (Яъқубов,2000, саҳ. 168) Маҷусиён бошанд соҳибдавлат буданд ва онҳо бемонеъа Китоби Муқаддасро бо забони юнонӣ ё арамӣ мехонданд. Таъсири Дониёл ба маҷусиён «Аммо ту, эй Дониёл, ин суханонро пинҳон намо, ва ин китобро то замони охир мӯҳр зан; бисёре ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дониш афзоиш хоҳад ёфт.» (Фариштаи Микоил ба Дониёл 12:4) Дониёл набӣ дар давраи Ҳахоманишиҳо дар якҷоягӣ бо роҳбарон ва шоҳони зардуштӣ зиндагӣ ва фаолият мекард ва ҳамаи аҳли дарбор ӯро нағз мешинохтанд (Дониёл 6:1-3). Ҳизқиёл ҳам дар замини калдониён аз Худо илҳом гирифта ду маротиба бо номи Дониёл зикр шудааст (Ҳизқиёл 14:20 ва 28:3) ва ин бори дигар дар байни халқ машҳур будани ин марди Худоро исбот мекунад. Дониёл дар байни халқи форсизабон соҳиби ҳурмату эҳтиром гашта буд. Як матни арамӣ дар бораи Дониёли набӣ аз асри 2-и пеш аз милод ёфт шуд ва ин матн бо номи «Бел ва Аждаҳор» маълум аст. Навиштаҷоти мазкур дар бораи ҳурмат ва дустии подшоҳи Куруш бо Дониёл нақл мекунад, ин матн баъди чорсад сол нашр мегардад, ки исботи ҳурмату эҳтиром доштани ӯро тасдиқ мекунад.4 Ҳарчанд номи ӯ дар байни арабҳо ва адабиёти забрни араби (Куръон, Ҳадисҳо ва Қасас-ул-анбиё) зикр нашудаст. (Кривазек,2002, саҳ.157) Дониёли набӣ ба тоҷикон нисбати дигар халқҳо бисёр пайванди дорад. Оромгоҳи Дониёли набӣ дар Шушани Эрони имрӯза ҷойгир шудааст инчунин зиёратгоҳе бо номи вай дар шаҳри Самарқанд воқеъ аст. Дониёл дар бораи омадани Масеҳ пешгӯии кардааст ва ба ин ҳикояи дар Инҷили Матто буда яҳудиён он қадар аҳамият надоданд аммо маҷусиён бошанд диққати махсус зокир карданд, ки дар Дониёл 9:24-26 маълум шудааст: «Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри муқаддаси ту муқаррар карда шудааст, то ки ҷиноят хотирма ёбад, ва гуноҳ нест шавад, ва маъсият кафорат шавад (гуноҳ сафед шавад- Н.Ҷ.), ва адолати ҷовидонӣ барқарор шавад, ва рӯъёи набӣ муҷассам гардад, ва қудси қудсҳо тадҳин карда шавад. Пас бидон ва бифаҳм, ки аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Ерусалим то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт; ва шасту ду ҳафтсола кӯчаҳо ва хандақҳо аз нав барқарор ва бино хоҳад шуд, ва ин дар замонҳои тангӣ хоҳад буд. Ва баъд аз шасту ду ҳафтсола Масеҳ талаф хоҳад шуд ва нахоҳад буд; ва қавми раиси оянда шаҳр ва қудсро хароб хоҳад кард, вале охири ӯ зуд фаро хоҳад расид, ва то охири ҷанг вайронаҳо насиб шудааст.» Ин пешгӯиро ба осони фаҳмидан мушкил аст аммо ин маълум, ки «то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт; ва шасту ду ҳафтсола���.баъд аз шасту ду ҳафтсола Масеҳ талаф хоҳад шуд.»Мумкин маҷусиён интизори Масеҳ буданд, чунки ин пешгӯии Дониёл дар байни онҳо навишта шудааст ва онҳо бо чизҳои рӯҳониву пешгӯиҳои оянда шавқу ҳаваси калон зоҳир мекарданд. Аз рӯи ҳисоб бояд ҳафт ҳафтсола (7 х 7 = 49 сол) ва шасту ду ҳафтсола (62 х 7 = 434 сол) то талаф шудани Масеҳ ҳамагӣ 483 сол мегузашт. Дар китоби «Пешгӯиҳои Таврот дар бораи Раҳонанда» чунин омадааст: «Соли пайғамбарӣ дар Навиштаи Пок 360 рӯз давом мекунад (дар ин бора Ваҳй 11:3-ро бо Ваҳй 12:14 муқоиса кунед, ки дар инҳо севуним сол ба 1260 рӯз баробар мебошад.) ва 69 ҳафтаи соли 173 880 рӯзро (69 х 7 х 360) дар бар мегиранд.» ( Ливи, 2005, саҳ. 13) Ин «аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Ерусалим» (Дониёл 9:25) дар рӯзи Март 4, 444 пеш аз милод (Наҳемё 2:1-8), (Вилкинсон, 1983, саҳ. 223)5 то Март 29, соли 33 милодӣ рӯзе, ки Исои Масеҳ ба Ерусалим баромад (Инҷили Матто боби 20). Чунин санҷидан даркор: 476 сол зарби 365.24219 рӯз6 дар сол баробари 173 855 рӯз ва баъд 25 рӯз илова кардан даркор, ин фарқияти Март 4 ва Март 29, ҳамагӣ 173 880 рӯз мешавад. Мумкин маҷусиён ситораро дида ва донистанд, ки вақти Масеҳ наздик аст ва чуноне, ки мо медонем онҳо мунаҷҷимон ба илми риёзиёт ошно буданд, ва дар ҷустуҷуи «Масеҳ раис» буда ба Ерусалим омаданд. Ваҳии Дониёл бо сафари онҳо пайванд аст, худи Дониёл бошад албатта бо пешгӯиҳояш ба тоҷикон ва маҷусиён таъсир расондааст то ки онҳо дар ҷустуҷуи Исои Масеҳ бошанд. Барои чӣ маҷусиён Исои Масеҳро мепарастанд? Маҷусиён: - «Ӯро парастиш кунем.» Ин аҷибот аст ки он маҷусиён - зардуштиён мехоҳанд Исои Масеҳро парастиш кунанд, онҳо аз пешгӯии пайғамбарон фаҳмиданд, ки Ӯ сазовори парастиш аст. Ҳамчунин онҳо боварӣ доштанд, ки он Масеҳи Яҳуд бояд писари Худо (Китоби Муқаддас, 1 Вақоеънома 17:3, 22:10); Худованд (Забур 109:1) ва Коҳини абадӣ (Забур 109:4) номида хоҳад шуд. Ва аз аломати азими ситораи мазкур дар онҳо хоҳиши парастиш авҷ мегирад.
Ҳозир дар бораи он, ки маҷусиён ба Исои Масеҳ чӣ туҳфаҳоро тақдим карданд ва ин чизҳо чӣ маънӣ доранд каме равшанӣ меандозем, «ва ганҷинаҳои худро кушода, инъомҳои тилло, лодан ва мур ба Ӯ тақдим карданд». Аз рӯи анъанаи масеҳӣ ин туҳфаҳо чунин рамзҳоро нишон медиҳад: тилло барои подшоҳии Исои Масеҳ, лодан барои парастиши Исои Масеҳ ва мур барои мурдану қурбонии Исои Масеҳ. Тилло барои подшоҳ (Масеҳ раис), худи номи Масеҳ ин маънии таъиншуда, подшоҳро ифода мекунад. Дар Инҷили Матто 24:30-31 ва Ваҳй 20:4-6 омадааст, ки Исои Масеҳ абадн подшоҳӣ мекунад. Ҳам маҷусиён инро аз одату анъанаҳои худашон медонистанд; монанди подшоҳи Ардашери Як, ки ӯ тиллоро барои Худо хайрот мекард (Эзро 7:15, 8:24-26). Тиллоро туҳфа овардани онҳо як намуди париштиши онҳо буд.7 Лодан чӣ аст? Ин ашёи хӯшбуи бухури мебошад, ки дар вақти парастиш истифода мекунанд ва дар «Фарҳангӣ Забони Тоҷикӣ» чунин омадааст: «самғи хушбӯи зард ё сурхранге, ки дар калисоҳо вақти ибодат месӯзонанд ва дар тиб низ ба кор меравад.» (Шукуров,1969, саҳ. 602) Маълум аст, ки дар замони қадим дар баъзе ҷойҳои Ҳиндустон лодан барои парастиш (Дҳарманада,2007) истифода мешуд; лодан дар ҷануби Арабистон меруяд. Лодан калимаи форсӣ аст вале дар баъзе ҷоиҳои Китоби Муқаддас бо талафуси Ибрӣ менависанд, «лебӯно» (Тавроти Мусо, Хуруҷ 30:34 ва Ирмиё 6:20) Дар Тавроти Мусо китоби Ибодат 2:1-2 – Лебӯно бар қурбонии ҳадияи ордӣ мемонанд, «бар қурбонгоҳ месӯзонад, - ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.» ва ба болои ноне, ки пеши Худованд монда мешавад (Ибодат 24:7). Лодан чизи хушбуй ва қиммат мебошад агар онро бо қиммати имрӯза муқоиса кунем тахминан ним килои лодан аз $600 то $1200 ва ин бо сифаташ вобаста аст. (Ван Бик, 1960, саҳ. 87) Маҷусиён бой буданд ва туҳфаҳое, ки онҳо оварда буданд барои фирори Маряму Юсуф то Миср албатта истифода шудааст (Инҷил, Матто 2:13-23) ва аз ин туҳфаҳо маълум аст, ки маҷусиён Исои Масеҳро парастиш мекарданд чун, ки ин чизи қиммату хушбуйро барои парастиш дар ҳузури Худо истифода мебурданд. Мур чӣ аст? Мур ин равғани атриёт мебошад. Эстери малика аз ин равған истифода кардааст (Эстер 2:12), Сулаймон дар Суруди Сурудҳо 5:5 мегӯяд, «Ман бархостам, то ки барои маҳбуби худ бикшоям, ва аз дастам мур чакид, ва аз ангуштҳоям мури покиза бар дастаи қуфл чакид.» Ин равғани хушбӯиро одамони бой ва шоҳо истифода мекарданд, дар барои ин дар Инҷил ҳам омадааст: Юҳанно 19:39-40 мегӯяд, «Ва Ниқӯдимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад ратл мур ва уди омехта бо худ овард. Онҳо Ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи маросими дафни яҳудиён, ҳанут пошида, ба кафан печонданд.» Яҳудиён ин атриётро бар ҷасадҳо дар вақти дафн истифода мекарданд. (Дҳарманада,2007) Аз ин хулоса баровардан мумкин, ки маҷусиён низ мисли пешгӯии Дониёли набӣ «Масеҳ талаф хоҳад шуд» гуфта буд, дар бораи ояндаи кудак барои наҷоти одамизод мурдани Исои Масеҳро медонистанд ва дар туҳфаҳои худ мур ҳам доштанд, ин нақшаи Худо буд. Шумо тасаввур кунед, ки аҷдодони мо чи гуна кори азиме карданд! Пеш аз ҳама ба мо маълум аст, ки Худо ҷӯёи маҷусиён буд ва ин бо ташаббус Ӯст, ки онҳоро барои дар вақти таваллуди Масеҳ ба воситаи ситораи роҳнамо ба назди Ӯ овард , то ки онҳо бо Худованд шинос шуда Ӯро парастиш кунанд. Аз ин воқеъаи азим албатта яҳудиён низ хабардор буданд лекин чуноне, ки мо дидем маҳз маҷусиён тоҷикон ба ин кор сазовор шуданд ва ин воқеа бори дигар дар ҷустуҷу тоҷикон будани Худоро тасдиқ мекунад. Оё шумо имрӯз монанди маҷусиён дар ҷустуҷӯ ва парастиши Худованд ҳастед? Худо ниёгони моро Худаш барои ба назди Исои Масеҳ омадан роҳбарӣ мекард, то Ӯро парастиш кунанд ва ин барои мо воқеъаи азиме мебошад. Маҷусиён: - «Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем.»
Боби 6 - Пешгӯии Исои Масеҳ «Биёву маърифат аз ман шунав, ки дар суханам, Зи файзи Рӯҳулқудус нуктаи саъодат рафт.» Ҳофиз Дар вақти зиндагӣ ва фаолияташ дар замин Исои Масеҳ дар бораи оянда пешгӯиҳои бисёр кардааст. Масалан Ӯ ҳафт маротиба дар бораи мурданаш (Инҷили Матто 16:21; 17:9; 17:12; 17:22-23; 20:18-19; 20:28; 26:1-2); ва ҳам дар бораи боз ба дунё омада подшоҳӣ карданаш (Инҷили Матто боби 24) то абад зинда монданаш (Инҷил, Ваҳй 1:17-18) пешгуиҳо карда буд. Ин пешгӯиҳои Исои Масеҳ албатта дар оянда иҷро мешаванд ва Ӯ гуфт: «Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.» (Матто 24:35, ва Матто 5:17-18). Ҳар касе ба ин гуфтаҳои дар Инҷил омадагӣ шубҳа кунад ин беҳурматӣ нисбати Худо мебошад. Худо бо гуфтааш меистад Каломи Ӯ абадист, чунки Ӯ ба ҳама чиз қодир аст. Агар абадӣ нест, пас ин Каломи Худо нест. «Каломи Худо, ки зинда аст ва то абад боқист. Зеро ки ҳар ҷисм милси алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамӣ - мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад; Аммо Каломи Худованд то абад боқист.» (Инҷил, (1) Петрус 1:23-24) Исои Масеҳ як чанд сухан дар бораи Рӯҳи Худо пешгӯӣ кард ва ин пешгӯиҳо ба Тоҷикон дахл доранд ва таасуфовар аст, ки имрӯзҳо бисёр одамон дар ин бора нодуруст мефаҳманд ва беҳурматӣ зоҳир мекунанд. «Ва Ман аз Падар илтимос хоҳам кард, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад, яъне Рӯҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ӯро бипарзирад, зеро ки Ӯро намебинад ва намешиносад; лекин шумо Ӯро мешиносед, зеро ки Ӯ бо шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд.» Инҷили Юҳанно 14:16-17 «Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод.» Инҷили Юҳанно 15:26 «Лекин ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои шумо беҳтар аст; зеро ки агар Ман наравам, Пуштибон назди шумо нахоҳад омад; ва агар биравам, Ӯро назди шумо мефиристам, ва чун Ӯ ояд, ҷаҳонро бар гуноҳ ва бар адолат ва бар доварӣ мулзам хоҳад кард.» Инҷили Юҳанно 16:7-8 «Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ хоҳад кард; зеро ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо хабар хоҳад дод. Ӯ маро ҷалол хоҳад дод, чунки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо хабар хоҳад дод.» Инҷили Юҳанно 16:13-14 Аз ин суханони Исои Масеҳ чанд чизҳо ба мо маълум мешавад, аввал Рӯҳи ростӣ ин ягон пайғамбари оддӣ ки бояд меомад несн, Ӯ дар бораи Рӯҳи Худо гап мезанад. «Ерусалимро тарк накунед, балки мунтарзири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед; зеро ки Яҳё бо об таъмид медод, лекин шумо, баъд аз чанд рӯз, бо Рӯҳулқудс (Рӯҳи муқаддас) таъмид хоҳед ёфт.» (Инҷил, Аъмол 1:4-5) Исои Масеҳ ин суханонро баъди эҳё ва пеш аз ба осмон рафтанаш ба шогирдонаш таъқид кардааст, Ӯ мегуфт, ки баъди чанд рӯз ваъдаи Падар, яъне Рӯҳи ростӣ меояд. Ҳар шахсе фикр мекунад, ки ин гуфтаҳои Исоро дигар кас ё ин ки баъди чанд муддати тулонӣ гуфтааст, нақшаи Худоро сарфаҳм намеравад. Одамон пайғамбаронро мебинанд ва онҳо ҳамеша сокин намемонанд, фақат Рӯҳи Худо ба ин кор қодир аст, ки дар мо сокин бимонад вале Ӯро дида намешавад. Исои Масеҳ дар бораи Рӯҳи ростӣ нақл мекунад, ки ин Рӯҳ «ҳамеша бо шумо бимонад��Ӯро намебинад �..бо шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд.» Ин Рӯҳи Ростӣ аз куҷо омад? Ин Рӯҳи рости «аз ҷониби Худо» омад ва «аз Падар содир мегардад» дар Аҳди Қадим дар Таврот ва Забур Худо дар як ҷой сокин мешавад (маъбад), вале ин Аҳди Қадим аст ва аз омадани Исои Масеҳ Аҳди Нав сар шуд. Мо имрӯз фақат ба воситаи хуни Исои Масеҳ дар назди Худо тоза шуда метавонем ва ҳар касе, ки ба ин имон орад Рӯҳи Муқаддас дар вай сокин мешавад.(1 Қӯринтиён 3:16; 6:19-20) Мо ба он шоҳидем, ки одамизод чӣ хелкорҳои азимро барои сокин шудани Худо (маъбаде, дар вақти Эзро) ба анҷом расонд, ва дар давраи Исои Масеҳ иҷрои ин пешгӯии сокинии Рӯҳи Худо боз ба тоҷикон наздик мебошад. Ҳозир Худо мехоҳад, ки дар дохили ҳар як каси мо ҷойгир шавад ва мо тоҷикон оё ба ин файзи Худоро қабул кардан тайёрем? Пеш аз сар шудани ин мавзуъ ба ҷумлаи дигар нигоҳ кардан зарур аст, Исои Масеҳ мегӯяд, ки ин Рӯҳи ростӣ «Ӯ маро ҷалол хоҳад дод». Рӯҳи Худо Исои Масеҳро ҷалол медиҳад, на Худаш, ва маънои ин чунин аст, ки ситоишу ҷалолро ба Исо медиҳад, на ба каси дигар. Павлус аз илҳоми Рӯҳи Худо менависад, «Бинобар ин Худо низ Ӯро (Исои Масеҳ) сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болтар аст, то ки ба исми Исои ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад, ва ҳар забон эътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар.» (Филиппиён 2:9-11)8 Иҷрои пешгӯии Исои Масеҳ – Рӯзи Пантикост Исои Масеҳ дар рӯзи ҷумъаи нек маслуб ё чормех шуд, он рӯз рӯзи иди Фисҳ буд, ки яҳудиён ба хотири аз ғуломии Миср озод шуданошон қурбонӣ мекарданд. Пеш аз шом ҷасади Исо дафн карда шуд (Инҷил, Юҳанно 19:38) ва рӯзи сеюм, яъне рӯзи якшанбе эҳё шуд.9 Дар байни чил рӯз баъд аз эҳё шуданаш Исои Масеҳ Худро ба шогирдонаш зоҳир кард: «Ба онҳо низ, баъд аз азобу уқубаташ, бо далелҳои бисёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рӯз ба онҳо зоҳир шуда, дар бораи Малакути Худо сухан гуфт.» (Инҷил, Аъмол 1:3) Ва пеш аз ба осмон сууд карданаш гуфт: «Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳуд ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд. Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ӯро аз пеши назари онҳо гиритфа бурд.» (Инҷил, Аъмол 1:8-9) Рӯзи Пантикост чист? «Вақте ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд.» Аъмол 2:1 Дар оини Яҳудиён се иди бузург, ки бо ҳамдигар алоқамандӣ доранд, яъне иди фиҳс «фатир», иди навбарҳо ва иди ҷунбонидани қурбонӣ (пантикост) вуҷуд дорад. Исои Масеҳ дар рӯзи иди фиҳс маслуб шуд (Инҷил, Юҳанно 18:28 ва Марқӯс 14:1; 14:12), иди фиҳс ва иди фатир якҷоя буданд ва дар он рӯз ба хотираи озодии халқ аз ғуломии Миср қурбониҳои азим мекарданд (Инҷил, Луко 22:1). Иди фиҳс як рӯз аст иди фатир бошад баъди ҳафт рӯзӣ иди фисҳ аст (Таврот, Ибодат 23:4-15), яъне рӯзи аввали иди фатир, як рӯз баъд аз иди фиҳс мебошад. Исои Масеҳ дар рӯзи ҷумъа (иди фиҳс) маслуб шуд ва дар рӯзи дуюм иди фатир (якшанбе) эҳё шуд. Он рӯз рӯзи дуюми фатир - иди навбарҳо аст (Таврот Ибодат 23:9-11) ва ба ин мақсад Исои Масеҳ навбари мурдагон ҳисоб мешавад: «Аммо Масеҳ аз мурдагон эҳё шуда, навбари мурдагон гардид.» (1) Қӯринтиён 15:20. «То рӯзи аввали баъд аз ҳафтаи ҳафтум панҷоҳ рӯз бишуморед.»(Таврот, Ибодат 23:16) рӯзи иди ҷунбонидани қурбонӣ, яъне иди Пантикост -тоҷикӣ «панҷоҳа» мешавад. (Шукуров,1969, саҳ. 25)10 Ин ваъдаи Падар ва пешгӯии Исои Масеҳ дар он рӯз иҷро шуд, ки он рӯзи тахминан баъди даҳ рӯзӣ ба осмон сууд кардани Исои Масеҳ буд (Аъмол боби 1). «Вақте ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд; баногоҳ ғулғулае, мисли садои тундбод, аз осмон баромад ва тамоми хонаро11 пур кард, ва забонаҳои аз ҳам ҷудое, мисли забонаҳои оташ, ба онҳо зоҳир шуда, якто-якто бар ҳар яке аз онҳо қарор гирифт. Ҳамаашон аз Рӯҳулқудс пур шуданд, ва чун Рӯҳ ба онҳо қудрати такаллум бахшид, ба забонҳои дигар-дигар ба сухан гуфтан шуруъ карданд. Дар Ерусалим яҳудиён, одамони худотарсе ки аз ҳар халқи зери осмон буданд, сукунат доштанд. Ҳангоме ки он ғулғула баланд шуд, мардуми бисёре ҷамъ омада, дар ҳайрат афтоданд, зеро ки ҳар кас ба забони худаш сухани онҳоро мешунид. Ва ҳам моту мабҳут ва мутааҷҷиб шуда, ба якдигар мегуфтанд: �оё ҳамаи инҳо, ки гап мезананд, ҷалилӣ нестанд? Пас чӣ чуна ҳар яке аз мо сухани онҳоро ба забони зодгоҳи худ мешунавем? Мо, ки Портиён ва Модиён ва Эломиён, ва сокинони байнаннаҳрайн, Яҳудо ва Қаппадукия, Понтус ва вилояти Осиё, Фриҷия ва Памфилия, Миср ва ноҳияи Либия, ки дар наздикии Қурин аст, ва зиёратчиёни румӣ, ҳам яҳудиён ва ҳам онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул караанд, ва аҳли Крит ва Арабистон ҳастем, суханони инҳоро аз қибриён Худо ба забонҳои худамон мешунавем�» (Инҷил, Аъмол 2:1-11) Яҳудиён дар сарзамини Форсҳо «Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт��..то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд.» (Исои Масеҳ) Он рӯз рӯзи иди пантикост дар Ерусалим аз тамоми халқи рӯи замин дар баробари яҳудиёни дар исроил зиндагӣ дошта форсизабонон ҳам барои тантана ҷамъ омада буданд. Рӯҳи Худо дар он вақт бар ҳамаи имондорон сокин шуд ва ҳамаи дигар одамон суханони онҳоро бо забони модарии худ мешуниданд. Он рӯз иҷрои пешгӯии Исои Масеҳ дар бораи нозил шудани Рӯҳи Муқаддас бар ҳамаи имондорон фаро расид ва ин аксуламали ҷазои Худо дар Бобил аст (Таврот, Ҳастӣ 11). Ҳама муттаҳид шуда бо якдигар сухан мегуфтанд. Рӯҳи Худо дар имондорон зиндагӣ мекард ва онҳо бо забони дил Худоро ситоиш мекарданд, хуш хабари Исои Масеҳ барои ҳамаи халқҳо ба амал омад. Ӯ гуфта буд: «Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд.» (Аъмол 1:8) Ин шарт набуд, ки имондорон забони Ибрӣро ёд гиранд ва бо ин забон Худоро ситоиш кунад, бар аъкс, онҳо бо забони худашон бо Худои зинда ҳамсуҳбат шуданд ва ҳам Рӯҳи Худо дар ботинашон зиндагӣ мекард. Аз рӯи матни китоб дар он рӯз халқҳои гуногун дар як ҷо ҷамъ омада имон оварданд ва ҳамаи онҳо баъдан ба зодгоҳҳои худ баргашта ин хабари хушро паҳн мекунанд. Дар рӯзи иди пантикост дар Ерусалим киҳо онҷо буданд? «Мо, ки портиён ва модиён ва эломиён, ва сокинони байнаннаҳрайн��.ҳам яҳудиён ва ҳам онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул караанд, ва аҳли Крит ва Арабистон ҳастем, суханони инҳоро аз қибриён Худо ба забонҳои худамон мешунавем.» Шумораи бисёре аз ҷоиҳои паҳлавӣҳо буданд, чунки шумораи онҳо: - «тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд.» (Аъмол 2:41) Дар рӯйхат понздаҳ макон нишон дода шудааст ва ин аҷоиб аст ҳамаи вилоятҳои дар қаламрави Рум ба монанди Сатрапҳо давлати Дорои Як, ки онро ташкил мекард. Дорои Як «тамоми худуди давлати ягонаи ҷаҳонӣ ба Сатрапҳо тақсим карда шуд.» (Умарзода, 2006, саҳ. 273) ва ин равиш то давлати юнон дохил мешуд, дар он ҷоиҳо ҷои якум ба тоҷикону форсҳо тааллуқ дошт: «Портиён, Модиён, ва Эломиён ва сокинони байнаннаҳрайн». Барои чӣ онҳо дар ҷои якум буданд? Мумкин он ба сабаби бисёр буданашон бошад, чунки яҳудиён дар он ҷо аз вақти Аҳди Қадим сукунат доштанд ва агар ба 15 вилоят тақсим шуда бошанду аз ҳар вилоят 200 нафарӣ ҷамъ омада бошанд аз ин лиҳоз дар ҷои якум будани форсҳою тоҷикон бесабаб нест. Аз рӯи ин ҳисоб тахмин кардан мумкин аст ки намояндагони аз ҷоҳои паҳлавӣҳо қариб ҳазор имондор буданд. Боби 7 - Портиён – Сарчашмаи Калисои Шарқ12 «Олам дар дасти ду давлат аст: паҳлавиҳо ва римиҳо. Ин ду халқ оламро идора мекунанд.» (Плутарх) Портиён (Паҳлавиҳо) киҳо буданд?13 Дар рӯйхати миллатҳои дар рӯзи иди пантикост дар Ерусалим ҳузур дошта номи онҳо дар ҷои аввал бурда шудааст. Аз рӯи китоби «Тоҷикон» -и Бобоҷон Ғафуров Порт ҷои асосии зисти онҳо дар асри яки милодӣ як қисми мамлакати Куруши Кабир буд. (Ғафуров,1998, саҳ. 92,97) Ғайр аз ин, «портиҳо мамлакати Портро, ки қисмати шимолии он дар хоки Туркманистони Ҷанубӣ ва қисмати ҷанубиаш дар ноҳияҳои сарҳадии Эрон воқеъ гардида буд, ба вуҷуд оварданд.» (Ғафуров,1998, саҳ. 51) Мамлакати Порт аз Месопотам (байнаннаҳрайн) то ба марзҳои Ҳиндустон ё давлати Кушониён худуди худро мустаҳкам намуда буд.(Шарафзода,2006, саҳ.176) Баъд аз давлати Ҳахоманишинӣ дар солҳои 171-138 пеш аз милод Порт «давлати муқтадири ҷаҳон гардид», чун ки он «Мидия ва Байнаннаҳрайнро ба ҳудуди Порт дохил кард.» (Ғафуров,1998, саҳ. 149) Онҳо таъсиру қуввати азим дошта дар соли 65-и пеш аз милод ба «Римиҳо ғалабаи комил ба даст оварданд.» (Ғафуров,1998, саҳ. 185) Бобоҷон Ғафуров чунин мегӯяд: - «Дар аҳди подшоҳ Покор соли 40 пеш аз милод портҳо, ҳатто Сурия ва Фаластинро тасхир намуданд.» (Ғафуров,1998, саҳ. 186) ва вақте, ки Покор ба Ерусалим рафт «тамоми мамлакат ватандӯстони яҳудӣро бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд.» (Умарзода, 2006, саҳ. 397) Пеш аз боло рафтани империяи Рум онҳо дар макони яҳудиён ҳукмронӣ мекард ва баъд аз 75 сол, дар воқеаи рӯзи Пантикост онҳо дар онҷо буда нуфуз ва эҳтибори калонро соҳиб буданд. Дар вақти таваллуд, зиндагӣ, марг ва эҳё шудани Исои Масеҳ Портиён дар як қисмати Эрон ҳукмронӣ мекарданд ва нисбати дини Масеҳӣ бо таҳаммулу пуртоқат буданд. (Пакизаги,1992, саҳ. 9) Плутарх муаррихи дунёи қадими юнонӣ (соли 46 то 126 милодӣ) гуфт: «Олам дар дасти ду давлат аст: паҳлавиҳо ва римиҳо. Ин ду халқ оламро идора мекунанд.» (Умарзода, 2006, саҳ.373.410) Рум дар тарафи ғарб ва паҳлавӣҳо бошанд тарафи шарқро идора мекарданд. Маркази Порт аввал дар шаҳри «Нисо» ё «Насо», дар наздикии Ашхободи имрӯза буд, (Ғафуров,1998, саҳ. 158) ин ноҳия (дар тарафи шарқии Нисо) шаҳри Марв аст ва ин шаҳр макони асосии Калисои Шарқ ҳисоб мешуд. Дар бораи динҳои Порт пеш аз милод Ғафуров гуфт: «Дар давлати Порт динҳои ниҳоят гуногун вуҷуд доштанд. Ғайр аз динҳои маҳаллӣ парастиши худои офтоб Митра ва асосгузори сулола Аршак, дар ин ҷо мазҳабҳои юнонӣ, зардуштия, яҳудия ва баъдтар насрония мавҷуд буданд. Дини зардуштия дар ин миён мақоми асосӣ дошт.» (Ғафуров,1998, саҳ. 162) Аз ин ҷо маълум аст, ки портиҳо сарватманд буда имконияти ба шаҳри Ерусалим омада дар ин маърикаи хушхабари Исои Масеҳ иштирок карданро доштанд ва баъди ба ватанашон баргаштан дар бораи Наҷотдиҳанда башорат доданд ва худи ин халҳоро «эллинӣ» меномиданд, яъне ин ном аз «маданияти халқҳои маҳаллӣ ва маданияти юнонӣ� ба вуҷуд омадааст.» (Зиёев,2005, саҳ.208) онҳо бисёртар ба маданияти юнонӣ такя карда аз империяи Рум дар алоҳидагӣ пурқувват буданд. (Кризвек,2002, саҳ.127) Паҳншавии дини Масеҳӣ дар байни Портиён «Мо, ки портиён ва модиён ва эломиён, ва сокинони байнаннаҳрайн��. ба забонҳои худамон мешунавем.» (Аъмол 2:9,11) Тертуллиён - дар соли 220-и милодӣ навишта шудааст, ки форсиҳо роҳбарони калисоҳо буда баъди рӯзи Пантикост онҳо башорати Исои Масеҳро дар байни халҳои дигар паҳн мекарданд ва онҳо масеҳиёни асри якуми милодӣ буданд, паншавии дини Масеҳӣ аз рӯзи Пантикост сар шуда сарчашмаи таърихи имрӯзаро ташкил медиҳанд. Иброҳим Умарзода дар бораи давлати Портиён нақл мекунад, ки онҳо дар зери таъсиру тарбияи паҳншавии имондорон афтоданд: «Ҳатто кор ба дараҷае расид, ки баъзе шоҳзодаҳо аз дини худ рӯ гардонида, дини пайғамбари ҷавон Исои Масеҳро қабул карда, пас аз подшоҳ шуданашон худро аз номи дини тозабунёд муаррифӣ мекарданд.» (Умарзода, 2006, саҳ. 400) Таъсири аввали имондорони портӣ на фақат байни яҳудиён ё касони оддӣ буда, ва ҳам дар байни давлатдорони ин табақаи аҳолӣ пурзур буд. Вилояти Эдессаи давлати Порт 14 дар шимоли Месопотамия буда подшоҳи он Абгар VIII (180-192 милодӣ) тангае сикка задааст, ки дар кулоҳи шоҳ салибро тасвир кардааст15 ва ин онро нишон медиҳад, ки дини Масеҳӣ дар ҳудудҳои портиён тез паҳн шуда ҳатто сарварони онҳо имон оварда буданд. Дар соли 204-и милодӣ дар давраи Абгари IX дини Масеҳӣ дини давлатӣ шуда буд (соли 199-258 милодӣ Империяи Рум ин шаҳрро забт карда мегирад, ки дар он вақт он ҷо дар итоати Портиён набуд)16 ва вилояти Эдесса бошад маркази паҳншавии дини Масеҳӣ ба тарафи шарқ ба шумор меравад. Дар Эдесса, тақрибан дар соли 100 як гурӯҳи яҳудиёни таъмидиҳанда ба кор сар карда онҳо ба рӯҳи ростӣ «пуштибон» бисёр нигоҳ мекарданд, ин равия номи «Элкесайт» ва Монӣро гирифта дини монизм аз ин равия буд.17 Бобоҷон Ғафуров дар бораи ин дин чунин нақл мекунад, «Таълимоти Монӣ, аз як тараф, унсурҳои асосии зардуштия ва тарафи дигар баъзе хусусиятҳои дини насронӣ ва ба андозае дини буддоиро ҳам дар бар мегирифт.» (Ғафуров,1998, саҳ.229). Монӣ дар солҳои 216 то 276 милодӣ зиндагӣ кардааст. Монавия дар осиёи миёна паҳн шуд вале мо ҳисоб намекунем, ки ин таъсир аз Калисои Шарқ буд, имондорони масеҳӣ бояд ба Китоби Муқаддас (Таврот, Забур ва Инҷил) нигоҳ кунанд ва ин таҳқурсии имони мо мебошад. Аз равияи Элкесайт исбот мешавад, ки баъди 70 сол таъсири рӯзи Пантикост ҳукмронӣ мекард ва онҳо он рӯзро фаромуш накарданд. Эдесса дар асри аввали милодӣ вилояти Портиён ҳисоб меёфт ва аз расонаҳои Масеҳӣ хабар аст, ки шогирди Исои Масеҳ Таддо (Лаббой) (Матто 10:3 ва Марқӯс 3:18. ) ба ин шаҳр рафта хизмат мекард. Баъдтар Таддо аз Эдесса ба миёни портиҳо рафта башорат медиҳад ва Ӯ то Ҳиндустон сафар кардааст.(Дикенс,1999) Дар Эдесса халқ бо забони суриягӣ (лаҳҷаи арамӣ18) гуфтугӯ мекарданд ва ин забони адабиёти Калисои Шарк шуд. Бардаисан аз Эдесса(154-222 милодӣ) менависад,ки дар соли 196 милодӣ, Масеҳиён дар водии дарёи Гургон (мавзеъи Портиён) зиндагӣ мекарданд ва ин макон ба қаламрави Кушониён шаҳри Бохтар (Балхи имрӯза) воқеъ аст.(Мофет,1998, саҳ.207) Ин хости Худо буд, ки халқи мо аввалин шуда наҷотдиҳандаи оламро шинохта, қабул карда наҷот ёбанд. Ва башорати наҷотро аз рӯзи Пантикост ба воситаи яҳудиён ва баъд таввасути имондорони Калисои Шарқи дар ҳудудҳои Портиён паҳн мекард. Мувофиқи таърихи Калисои Шарқ кай ва дар кадом шаҳрҳои Портиён таъсис ёфтани ҷамоатҳои масеҳи чунин астанд:
Дар Мавр (байни 399-410 ё 415-420), ва Бухоро (пеш аз асри VIII, Ӯзбекистон) дар макони Порт, ки митрон ё митрополитҳо амал мекарданд. «Тибқи сарчашмаҳои мавҷуда маданияти несторӣ бештар дар се шаҳр: Нисибин, Гундишопур ва Марв ғун шуда буд.»21 Марв сераҳолитарин шаҳр дар осиёи миёна буд. Паҳншавии Масеҳият дар байни Модиён «Мо, ки портиён ва модиён ва эломиён, ва сокинони байнаннаҳрайн��. ба забонҳои худамон мешунавем.» (Аъмол 2:9,11) Сарзамини Модиён (Мидия) дар маркази Эрони имрӯза дар наздикии Теҳрон вуҷуд дошт.22 Дар асри 1-уми мелоди Модиён (Мидия) ба ҳайати давлати Портиён дохил буд ва ба қавле чун «мулкҳои на он қадар ҳам муҳим» маълум буд.(Умарзода,2006, саҳ.385,401) Пойтахти қадимаи давлати Мод, Экбатан, дар Ҳамадонӣ имрӯза воқеа мебошад. Шоҳроҳи Абрешим аз Месопотамия (Байнанаҳрайн) то пайтахти Экбатан рафта мерасид. Масеҳиёни асри 1 ва 2 бо ин шоҳроҳ рафту омад мекарданд. Асари машҳури «Таълимоти Ҳаввориён»23, ки тақрибан дар соли 250 милодӣ бо забони Сурӣ навишта шуда аст шаҳодат медиҳад, ки Масеҳиён дар ҳавзвҳои баҳри Хазар (Каспий) дар соли 120-140 милодӣ зиндагӣ мекарданд.(Дикенс,1999, саҳ.1) Саршавии ҷамоатҳо дар ин минтақа аз хизмати Аҷҷай ном башоратдиҳанда, ки ба он ҷойҳо рафта ҷамоатҳои масеҳӣро ташкил кардааст оғоз меёбад. Ӯ ба монанди Таддо ва шогирди дигар Тумо ба Ҳиндустон (дар он вақт давлати Кушониён буд) то Қандаҳор сафар карда дар байни форсиён ва ҳиндустониён Инҷили Шарифро мавъиза мекард.24 Тумо яке аз дувоздаҳ шогирди Исои Масеҳ буд, ки баъди эҳё эътиқоди комилашро арз кардаа буд: «Лекин Тумо, ки яке аз он дувоздаҳ буд ва Экизак номида мешуд, вақте ки Исо омад, бо онҳо набуд. Шогирдони дигар ба вай гуфтанд: �Мо Худовандро дидаем�. Вай ба онҳо гуфт: �То дар дастҳои Ӯ ҷои мехҳоро набинам, ва ангушти худро дар ҷои мехҳо нагузорам, ва дасти худро бар қабурғаи Ӯ наниҳам, бовар нахоҳам кард.� Баъд аз ҳашт рӯз боз шогирдони Ӯ дар хона буданд, ва Тумо низ бо онҳо буд, ва дарҳо баста. Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва гуфт: �Салом бар шумо бод!� Пас аз он ба Тумо гуфт: �Ангушти худро ба ин ҷо биёр ва дастҳои Маро бубин; ва дасти худро биёр ва бар қабурғаи Ман бигузор; ва беимон набош, балки имон дошта бош� Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: �Эй Худованди ман ва эй Худои ман!� Исо ба вай гуфт: �Ба хотири он ки Маро дидаӣ, имон овардӣ: хушо касоне ки надида, имон меоваранд.» (Инҷили Юҳанно 20:24-29). Имрӯз дар Ҳиндустон калисоҳои бо номи «Мар Тумо» вуҷуд доранд, ки имондорони ин ҷамоъатҳо худро шогирдони Тумо меноманд. Дар саъати рассомии Масеҳиён бошад мусаввараҳои зиёди Тумо ҳангоми мавъизаи ӯ дар байни форсиёну Кушониён вуҷуд доранд. Мувофиқи таърихи Калисои Шарқ кай ва дар кадом шаҳрҳои Модиён таъсис ёфтани ҷамоатҳои масеҳи чунин астанд:
Дар сарзаминин Мод ҷойҳое, ки митрон ё митрополит доштанд инҳоанд: Ҳулван (628-и милодӣ, ноҳияҳои ғарби Эрон) ва Рай (778-и милодӣ, Эрон) ва аз решаи ин ҷамоатҳо, имрӯзҳо калисоҳое бо номи «Ассурӣ» амал мекунанд, ки худро шогирдони асри Исо мешуморанд. Саршавии ҷамоатҳо дар байни халқи Элом «Мо, ки портиён ва модиён ва эломиён, ва сокинони байнаннаҳрайн��.ба забонҳои худамон мешунавем.» (Аъмол 2:9,11) Яҳудиёне, ки аз қаламрави Порт, Мод, Элом ва ноҳияҳои Байнаннаҳрайн, дар рӯзи иди Пантикост ҳозир буданд, аз руи таърихномаҳо то асри 13 дар Калисои Шарқ номи «Элом»-ро чун ҷуғрофияи худ истофода мекарданд,27 Мод дар шимоли Эрон ва дар ҷануби Элом ҷойгир мебошанд макони асосии Элом, Шушан (Сузӣ ё Суза) аст. Роҳи абрешим аз тарафи ҷануб аз байни эломиён ва аз шимол аз байни модиён мегузашт. Мавҷеъи асосии Элом дар тарафи шарқу шимоли баҳри Қулзум воҷеъ аст. Д ар замони ҳукмронии Портиён дар ҷазираи, ҷазираи Харқ, дар баҳри Қулзум (Халиҷи Порс) байни Баҳрайн ва Бандари Бушаҳри Эрон як калисои қадим вуҷуд дошт ва аз рӯи тадқиқотҳои бостоншиносони суриягӣ дар соли 150- милодӣ дар он ҷо ҷамоатҳои масеҳӣ ва дертар дайр28 амал мекард. Имондорони он мавзеъ ба ҷамъовариву фуруши марворид шуғл доштанд.(Ҳерзфелд,1935, саҳ.104) Калисои аз тарафи бостоншиносон пайдо шуда дар мавзеъи шаҳри Элом воқeъ аст. Исботи ин ҷамоати ҷазира бештар аз 60 қабристони масеҳӣ вуҷуд дорад.29 Номҳои шаҳрҳо ва дар кадом вақт саршавии Калисои Шарқ дар минтақаи Элом ва атрофи он:
Дар Гундишопур32 (290-и милодӣ), Басра (290-и милодӣ) ва Ревардашер (415-и милодӣ) митронҳо низ вуҷуд доштанд. Башорати Исои Масеҳ дар байни мардумони Байнанаҳрайн «Мо, ки портиён ва модиён ва эломиён, ва сокинони Байнаннаҳрайн��.ба забонҳои худамон мешунавем.» (Аъмол 2:9,11) Дар руйхати онҳое, ки дар иди Пантикост ҳозир буданд сокинони Байнаннаҳрайн дар ҷои чорум номбар шудаанд. Аз руи таърих дар асри 1-и милодӣ портиён дар Байнаннаҳрайн (Месопотамия) ҳукмронӣ мекарданд. Аз руи далелҳои таърихи Калисои Шарқ дар Байнаннаҳрайн калисоҳо дар Қатор (соли 225-и милодӣ), Арбел (Ироқ)33 ва Табриз (Эрон) вуҷуд доштанд. Дар Мосул (290, Ироқ), Нисибин (290, дар назди Мардини Туркия), Шаҳрзӯр (325, Киркуқи Ироқ), Арбел (пеш аз 500-и милодӣ, Ироқ), ва Сурия (779)34 митронҳо низ вуҷуд доштанд. Ин вилоятҳо калисоҳои бисёр доштанд ва ба ин мақсад ҳар Митрон аз 6 то ба 12 калисо назорат мекард. Дар синод (маҷлисҳои рӯҳонӣ роҳбарони калисо) соли 325 як ускуф (пастор ё роҳбари) аз Нисибин бо як роҳбар аз форс иштирок доштанд. Ин далели он аст, ки ҷамоатҳои Нисибин бо форсиён ва тоҷикон алоқаи махсус доштанд.35 Баъди нуҳ соли ин маҷлис ба шаҳри Марв (яке аз мавзеъҳои асосии Масеҳиён дар осиёи миёна) митрон ё роҳбар барои кор таъин мешавад ва имкон дорад, ки ӯ яке аз сокинони Марв буд. Дар Инҷил, Румиён 16:12, Ҳавори Павлус чунин менависад: «Ба Парсиси маҳбуба, ки дар кори Худованд бисёр фаъол аст, салом гӯед,». Номи «Парсис» ин номи занона буда маънояш “форсӣ” ё “аз мулки форс” мебошад. Мувофиқи ин навишта чунин бар меояд, ки Ҳавори Павлус бо форсён ва тоҷикон ҳам алокамандӣ дошт. Онҳое, ки дар рӯзи Пантикост иштирок кард имон оварданду ба макони худашон баргашта тухми аввали башоратро кориданд ҳосили ҷамоатҳои масеҳӣ шуданд. Худоро шукр мегӯем, ки Ӯ аз аввал ниёгони моро интихоб карда Хабари Хушро ба онҳо расондааст! Боби 8 - Паҳншавии Масеҳиён дар ҷойҳои Тоҷикнишин «То ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд.» Исои Масеҳ Баъди рӯзи Пантикост яҳудиёне, ки Масеҳӣ шуда буданд ба мавзеъоти зисти худ, ки аксаран дар мавзеъҳои форсҳо буд рафта хабари Инҷилро бурда паҳн карданд. Ҳозир мо ба чи гуна амал кардани ҷамоатҳои Масеҳӣ дар давраи Кушониён, Сосониён, ва Ислом дар ҳудудҳои форсиён ва тоҷикон нигоҳ мекунем. Дар Инҷил, навишта шудааст, ки маркази башорат шаҳри Антиёхия (Антакия, Туркия) буд. (Аъмол бобҳои 11, 13 ва14:21, 26; 15:23,30 ва 18:22) Антиёхия дао оғози роҳи абрешим ба тарафи шарқ воқеъ буд. (Груссет,1999, саҳ.40) Роҳи Абрешим аз Антиёхия (пойтахти Руми Сурия) то дарёи Фурот (Месопатамия) баъд то Ҳамадон (Экбатан) баъд то Рай (Теҳрон) баъд то Марв, ва Балх мерафт. Ҷамоатҳои Масеҳӣ ҳам дар шаҳрҳои марказии Роҳи Абрешим ҷой шуда буданд. Марду зани тоҷирони Масеҳӣ дар роҳи абрешим башорат мекарданд ва баъди чанд вақт дар байни халқҳои ин шаҳрҳо калисоҳо сар шуданд. Бобоҷон Ғафоров дар барои ин нақл мекунад, «Дини насронӣ ба Осиён Миёна аллакай дар асрҳои II – III милодӣ дохил мешавад ва Берунӣ ҳам хабар медиҳад, ки тақрибан баъди 200 соли вафоти асосгузори ин дин онро рӯҳоние ба Марв овардааст. Агар дар дасти мо дар бораи паҳншавии дини насронӣ дар кишвари кушониён маълумоти маъхазҳои суриёнӣ (ибтидои асри III милодӣ) ва арманӣ (асри IV милодӣ) намебуд, ахбори болоиро танҳо ривоят ҳисоб кардан мумкин буд.» (Ғафуров,1998, саҳ.229) Он имондорони Масеҳие, ки дар асри аввали милодӣ бо роҳи Абрешим рафту омад доштанд моро бо хабари хуши туҳфаи қимматарини Худо, ҳаёти ҷовидонӣ шарик карданд. Ишаъёи набӣ пешгӯи кардааст: «Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд дубора дасти Худро дароз хоҳад кард, то ки бақияи қавми Худро, ки аз Ашшур ва Миср, аз Патрос ва Ҳабаш, аз Элом ва Шинъор ва аз Ҳамот ва ҷазираҳои баҳр саломат монда бошанд, баргардонад.» (Ишаъёи набӣ 11:11). Ин оят онро нишон медиҳад, ки Худо бо халқи боқимонда аз Элом кор карда истодааст ва дар ҳама вақт Ӯ қавми Худро ҷамъ карда бо онҳо кор мекунад, боқимонда гуфта маънои аксариятро надорад, балки Худо бисёр вақтҳо бо мардуми ақаллият ҳам сару кор дорад. Дар ҳар аср Худо қавми худро дорад, ҳатто онҳо боқимонда ҳастанд. Исои Масеҳ гуфт: «Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисёранд; зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд.» (Матто 7:13-14) Ҳоло мо бо ин қоидаи Худо аз аср ба аср нигоҳ мекунем, ки Ӯ бо қавми ақаллияти тоҷикон, ки дар роҳҳои тангу душвор умр ба сар мебурданд, кор мекард. Мақсади китоби мазкур аз он нест, ки мо ба таърихи Масеҳият дар ҷойҳои зиндагонии тоҷикон муфассал истода сухан кунем. Таърих бисёр далелҳоро дар бораи воқеъаҳои хубу бад ба мо пешкаш мекунад, нияти мо ин аст, ки тоҷикони имондори боқимондаи имрӯза аз ин чизҳо огоҳ бошанд, албатта исботи Масеҳиёни халқи шарқ ба монанди Хитоиҳо, Туркҳо ва Муғулҳо бисёр аст, балки дар ин навишта мо ба он аҳамият доданием, ки дар байни халқи тоҷик вазъият чӣ гуна буд. Дар Давраи Кушониён Асри I – III Ба «Давлати Кушониёни бузург ҳамаи сарзаминҳои ҳозираи Афғонистон, Покистон ва шимоли Ҳиндустон, Кошғару Хутан, Қирғизистон, Ӯзбекистону Тоҷикистон дохил мешуданд.» (Яъқубов,2000, саҳ.189) Давлати Кушониён вилояти Бохтар (Бактра, Балхи имрӯза) ва вилояти Суғдро роҳбарӣ мекард, ин вилоятҳо ба қисми шимолу ҷануби Тоҷикистон дохил мешуданд. Дар вақте, ки тарафи шарқии роҳи абрешимро Хитой назорат мекард Кушониён бошанд динни буддоиро пешниҳод карданд. (Груссет,1999, саҳ.32,48) Нуфузи ин давраи таърихиро мо дар Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш имрӯзҳо дида метавонем, ки дар Осорхонаи Миллии Бостонии Тоҷикистон пешвои онҳо «Будда дар Нирвана» бо андозаи калон гузошта шудааст. Ин Будда, ки дарозияш13 метер аст аз асри VI аст. (Умарзода,2006, саҳ.478) Дар он давра дар бисёр ҷойҳо маъбадҳои оташ ва маъбадҳои худоёни авесто ба монанди Маздаясно, Миҳр, Моҳ, Оташ Охшо ва Аноҳито-Нана вуҷуд доштанд. (Яъқубов,2000, саҳ.205) Агар Масеҳиён ба давлати Кушониён дохил мешуданд албатта дар он давра зиддият пайдо мешуд. Дар соли 196 милодӣ, Бардаисани Эдессагӣ нақл мекунад, ки Масеҳиён дар соҳили дарёи Гургон ва дар байни Кушониёни шаҳри Бохтари (Балх) зиндагӣ мекарданд (Моффет,1998, саҳ.207) ва воизон ё башоратдиҳандагони Масеҳе, ки бо Роҳи Абрешим ҳаракат мекарданд ба шаҳри Бохтар меомаданд. Дар асри як, Бохтар дар тобеъияти Кушониён буд ва Кушониён бошанд дар қисматҳои шимолӣ Ҳиндустон ҳукмрон буданд. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин, ки Тумо ба Ҳиндустони имрӯза нею фақат ба байни Кушониёни онҷо рафта бошад. Расмҳои Масеҳӣ чунин инъикос мекарданд, ки гӯё Кушониён дар ҷой имрӯзаи Ҳиндустон вуҷуд дорад аммо яке аз муаррихи Масеҳӣ таъкид мекунад, ки Масеҳиён дар соли 345-и милодӣ ба он ҷо (Ҳиндустони имрӯза) дохил шуданд. (Латурете) Имондорони форсу тоҷик ба онҷо рафта ҷамоатҳои Масеҳиро таъсис додаанд ва барои ин далелҳои аниқ вуҷуд дорад.(Абраҳам,) Яке аз ин далелҳо салибҳои дар болояшон бо забони паҳлавӣ навишта шуда мебошанд. Яке аз ин салибҳо дар Калисои ҳазрати Тумо дар Мадрас ва дутои дигари онҳо дар Калисои Коттаями Траванкор вуҷуд доранд. Ин бори дигар исбот мекунад, ки тоҷикони Масеҳӣ ба он ҷойҳо барвақтар аз дигарҳо омада хабари хушро ба ин миллатҳо расондаанд. Боби 9 - Давраи Сосониён - Соли 224 то 651 милодӣ Баъди пош хурдани давлати Портиён, Сосониён ба ҳукумрони меоянд. Ва ҳудудҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ба ҳайати давлвти Сосониён дохил мешуд. Пойтахти таърихии онҳо Истахр (Персипола) ва шаҳри дуюм Селевкия-Мадоин (Ктесифонт) буд.(Умарзода,2006,саҳ.425) Давлати навбунёд дорои дини Зардуштӣ буда дини Масеҳӣ гоҳ озод ва дар ҳолатҳои дигар аз тарафи давлат манъ карда пайравонаш ба таъқибот дучор мешуданд. Дар соли 313 дар шаҳри Милан қарори махсус қабул шуд,ки мувофиқи он дар Рум дини Масеҳӣ дини давлатӣ гардид. Имондорони Масеҳие, ки дар байни Сосониён зиндагӣ мекарданд бо тарсу харос умр ба сар мебурданд. Соли 315, Калисои Шарқ аз Рум ҷудо шуда мустақил шуданд ва онҳо роҳбари руҳонии худро интихоб карданд. Дар соли 338 милодӣ ҳамлаи Нисибин оғоз меёбад дар ҳолате, ки Масеҳиён ба сарбозони Руми ёрӣ мекарданд ва аз тарафи шоҳи Сосонӣ Шоҳпури Сонӣ (310-379) дар соли 341 милодӣ фармоне барои ҳамлаи он бар зидди Масеҳҳои сосонӣ имзо шуд,36 ки дар натиҷа 16,000 Масеҳиҳо шаҳид гардиданд. Қонуни таҳаммул дар бораи озодии Масеҳиён дар соли 399 интишор гардид,37 аммо ин озодӣ фақат 20 сол давом карда дар охири давраи Яздигурди Аввал (399-420), Баҳроми Гӯр ё V (420-438) ва Яздигурди се (438-457) (Моффет,1998, саҳ.186,205 то 208) боз таъқибот бар зидди Масеҳиён сар мешавад. Махсусан аз тарафи Баҳроми Гӯр таъқибот ба дараҷаи шадид расида чандин роҳбарони калисоҳо шаҳид гардиданд, мӯбадони зардуштӣ бошанд бо давлат ҳамкорӣ карда ба Масеҳиён зиддият нишон медоданд ба монанди давраи зиндагии Дониёли набӣ, ки маҷусиён ба пайғамбари Худо душманӣ мекарданд. Дар давраи Сосониён Масеҳиён ба нуфузи баланд соҳиб гардиданд, ҳатто баъзе хешу табарони наздики шоҳҳо имондор шуданд аз ҷумла Шоҳ Қубоди Аввалро (489-531) маликааш Масеҳӣ буд ва ӯ модари Хусрави Аввал (531-579) буд. Қубоди Аввал ба Масеҳиён бисёр меҳрубонӣ мекард ва вақте, ки ӯро аз тахташ сарнагун карданду ӯ фирор кард аксарияти Масеҳиён бо шоҳ рафта хайрхоҳаш буданд. Ин Қубоди Аввали асир гаштаро акнун ба ёдаш омада буд, ки Зардуштиён барои ба Масеҳиён ёрӣ доданаш зидди ҳукмронии ӯ буданд. Хусрави Аввал (писари Қубоди Аввал) баъзе вақтҳо зид ва баъзе вақтҳо тарафдорӣ Масеҳиён буд: «Хусрави Аввали Анӯшервон аз тафтори католикос-нависандаи машҳури несторианӣ Мар-Абаи I ба ғазаб омада ӯро бадарға кард ва супориш дод, ки маъбади несторианиро дар Селевкия вайрон кунанд, аммо боз ҳамон Хусрави Аввали Анӯшервон ба насрониён дар сохтмони маъбадҳо ва дайрҳо (Н.Ҷ. - калисоҳо) кӯмак мерасонд.» (Умарзода,2006, саҳ.468) Ӯ бар зидди Мар-Абаи I буд, чунки Мар-Абаи I дар назди мӯбадон ва подшоҳ эълон мекард, ки ӯ зардуштӣ буда баъд Масеҳӣ гаштааст, мӯбадон (коҳинони зардуштӣ) бошанд барои бадарға кардани шоҳзода кушиш мекарданд. Ин ҳодиса онро нишон медиҳанд, ки дар Калисои Шарқ шахсони таъсирбахш аз байни тоҷикону форсҳо кор мекарданд ва Таърихи Тамаддуни Ориён инро тасдиқ мекунад, ки «яке аз писарони Хусравро ба дини насронӣ гардонанд»(Умарзода,2006, саҳ.468) Аз Хусрави Сонӣ ва ӯ ҳам Хусрави II Парвиз (590-628) чунин гуфтание ба мо расидааст ки аз роҳбарони Калисо таълимот пурсед, ин дар соли 612-и милодӣ буд,(Моффет,1998, саҳ.183) Маликаи ӯ Ширин ва писараш Масеҳӣ буданд. (Умарзода,2006, саҳ.483;Аъзамов,2002, саҳ.68) Хусраву Ширин дар Шоҳномаи Абулқосими Фирдавсӣ (934-1021), достони Хусраву Ширини Низомии Ганҷавӣ (1141-1203) ва ҳам ҳунари наққошони маҳшур муносибати хубу ошиқонаи онҳоро тараннум мекунанд. Иброҳим Умарзода дар бораи Хусрави Сонӣ нақл мекунад, «Ҳазорон пайравони дини насронӣ дар дарбори ӯ хизмат мекарданд ё аниқтараш Хусрави II-ро ҳимоя мекарданд.» (Умарзода,2006, саҳ.483) Ҷасади Хусрави II-ро (соли 628) ба Ҳираи ҷануби давлат дар тарафи арабҳо фиристода дар монастири насрониён гӯрониданд. (Умарзода,2006, саҳ.488) Достӣ Шариф ва Хурсанд Аъзамов ин хел хулоса карданд: «Дар навбати худ, мавҷудият ва ташкилоти худи калисои сурёнӣ ба муносибати ҳокимони давлати сосониён сахт вобастагӣ дошт.» (Аъзамов,2002, саҳ.50) Пеш аз Ислом дини Зардуштӣ ва дини Масеҳӣ ба мутаносиб наздик буданд, хусусан дар асрҳои 5 ва 6-и милодӣ дар дохили давлати Сосониён Масеҳиён бисёр буданд ва аз рӯи ҳисоби оморшиносон гумон меравад, ки то 40% аҳолӣ Масеҳӣ буданд.38 Таърихшиноси Масеҳӣ Латореет навиштааст: «Дар асри VII дар вақти забти мусулмонон шумораи аҳолии масеҳӣ ва яҳудӣ қариб ба миллион ва ними он мерасид. Аз онҳо эҳтимол бисёриашон масеҳӣ буданд.» (Аъзамов,2002, саҳ.68) Яке аз таърихшиноси тоҷик ҳам дар ин бораи чунин гуфтааст: « Салиби Калисои Шарқ дар Ҳиндустон www.en.wikipedia.com Аҳолии асосии давлати Форс дар ин замон асосан аз равияи насронии несторианӣ иборат буд.» (Умарзода,2006, саҳ.484) Пеш аз Ислом ва ҳам дар 700 соли давраи он Масеҳиён шумораи зиёд буданд ва хушҳолу комёб зиндагӣ мекарданд. Барои Масеҳиёни имрӯза давраи Сосониён дарси ибрат аст ва Исои Масеҳ гуфт: «Аммо аввал малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.» Ҳам, «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳад, ва он чи аз они Худост – ба Худо.»( Матто 6:33 ва 22:21) Масеҳиён бояд малакути Худоро, ки рӯҳонӣ аст биҷӯанд ва ба давлатдорон таъсири хуб расонда барои онҳо дуо кунанд, вале на ба монанди Рум, ки дини давлатӣ шавад ва ин мақсади башорати Худо нест. Ҳар як имондори Масеҳӣ бояд гуфтаи Худованд, ки «Аввал малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед!»-ро пайравӣ кунад. Таъсис шудани ҷамоатҳои Масеҳӣ Дар давраи Сосониён ҷамоатҳои Масеҳӣ бисёр мешуданд ва ҳоло мо ба рӯйхати ин ҷойҳо ва давраҳои таъсис ёфтани ҷамоатҳои Масеҳӣ назар мекунем: –
Ва инчунин мавзеъоети, ки дар онҳо митронҳо таъин шуда буданд: Ҳирот (588-и милодӣ), Ҳиндустон (628-и милодӣ ё 712). Нишонаи ин мавҷудиятҳо то имрӯзҳо дар вилояти Ҳирот дида мешавад, ки яке аз кишлоқҳои наздикии Ҳиротро «Инҷил» меноманд. Ҳамаи ин гувоҳи онанд, ки дар давраи Сосониён башорати Исои Масеҳ дар ҷануби Афғонистони имрӯза хеле бисёр паҳн гардида буд. Юшуяб II дар салтанати Сосониён дар ин қаламрав хизмати намояндагиро аз номи Калисои Шарқ ба уҳда дошт, роҳбарони хуби рӯҳонӣ дар мактабҳои маҳалла бо корҳои адабиёт машғул буданд. Боби 10 - Адабиёти Масеҳӣ дар давраи Сосониён Калисои Шарқ дар давраи Сосониён бо ду забон амал мекард, яке забони Сурӣ (лаҳҷаи арамӣ ё арамейӣ) ва забони Паҳлавӣ (Форсӣ). Ҳамаи таълимоти асосии калисо бо забони Сурӣ буд, чун ки ин забони Исои Масеҳ аст ва баъзе таълимот бо забони паҳлавӣ тарҷума мешуданд. Забони сурӣ ва паҳлавӣ аз забони арамӣ пайдо шудаанд вале дар он вақт албатта ин ҳарду забон аён буданд. Забони Сурӣ забони арамии шарқ буд ва забони арамии ғарб забони Ерусалим буд, барои ин мақсад Калисои Шарқ мехост бо ин забон мемонанд.(Ҷонс,1972,саҳ.2) Дар давлати Сосониён адабиётҳои Масеҳӣ бисёр мешуданд, ин навиштҳоро бо забонҳои дигар тарҷума мекарданд ва дар солҳои ҳукмронии Яздигурди Аввал (399-420 милодӣ) тарҷумаи Инҷил сар шуд, ки ин «сабаби муҳаббати насрониён гардид.» (Умарзода,2006, саҳ.451) «Бо тақозои подшоҳи Форс соли 434 рӯҳониёни насронии Арманистон тарҷумаи Инҷилро тасдиқ карданд.» (Умарзода,2006, саҳ.452) ва афсус, ки ин тарҷума бо забони Арманӣ буд на бо паҳлавӣ. Дар асри 5-ум китоби Забур ба забони Форсӣ тарҷума шуд (Ҳатзингер) ва ин китобро дар вақти паристиш истофода мекарданд, дертар ба забони Суғдӣ тарҷума шудааст.40 Дар адабиёти Калисои Шарқ чунин омадааст, ки Патриарх Мар-Абаи I (540-552) бо забони паҳлавӣ Инҷил тарҷума карданро сар мекунад ва барои ҳамин бо фармони Хусрави Аввал зиндонӣ шуда дар он ҷо ҳалоқ мешавад. Тарҷумаи мазкур бо сабаби зиддияти давлат ва муъбадон он вақт дертар аз байн меравад.41 То соли 1811 тарҷумаи мукамали Инҷил дар байни тоҷикон пайдо нашудааст ва дар ин муддат воизи масеҳӣ Ҳенрӣ Мартин Инҷилро дар забони форси ба Шоҳ дар Теҳрон тақдим кард. (Ҳантзингер) Сабаби кам шудани Масеҳиён баъди асри 13 дар он буд, ки Каломи Худо барои онҳо дастрас набуд, ва тоҷикон дар тули чанд аср аз мероси Каломи Худо бенасиб монда буданд. Аммо дар замони ҳозира бисёриҳо ба дини Масеҳӣ пайваст шуда истодаанд. Дар донишкадаҳо Форсҳо аксарияти дарсҳои илоҳият ва рӯҳонӣро ба забони паҳлавӣ тарҷума мекарданд.(Умарзода,2006, саҳ.458) «Дар замони Анӯшервони Одил (Хусрави Аввал) адабиёти суриягӣ аз лиҳози маданият ба дараҷаи баланд меистод.» ва баъд забони юнониву лотинӣ дар империяи шарқиии Рум дар ҷой аввал меистод. (Умарзода,2006, саҳ.470) Иброҳим Умарзода дар бораи адабиёти масеҳи навиштааст: «Аз забони суриягӣ бисёр асарҳо ба Паҳлавӣ тарҷума карда мешуданд. Асарҳои файласуфҳо, мунаҷҷимон, табибон ва китобҳои риёзии юнонӣ ба адабиёти Паҳлавӣ ва сипас бо забони арабӣ тарҷума ва дастрас карда мешуданд��. Насрониёни арамейӣ, ки сокини шоҳигарии Сосониён буданду қисми зиёди аҳолиии худи пойтахтро ташкил медоданд, метавонистанд ҳамаи ин адабиёти нақлии ҳинду паҳлавиро бо забони паҳлавӣ мутолиа кунанд (зеро насрониёни зиёде худашон нависандагони паҳлавӣ буданд), онҳо одатан, ба забони адабиёти насронию арамейии худ, ба забоини сурӣ тарҷума кардани ин адабиётро авлотар медонистанд, ба монанди он ки нависандагони паҳлавӣ асарҳои фалсафӣ ва илмии суриёнро агарчанде онҳоро ба сурӣ мутолиа карда тавонанд ҳам, ба забони паҳлавӣ тарҷума мекарданд.» (Умарзода,2006, саҳ.471,474,4758) Дар охири асри 5-ум, Мари Форсӣ усқуфи Осӣ дар Нисибин тафсири китоби Дониёл ва «Таълимоти Имон»-ро бо забони паҳлавӣ навишт,42 ки ин баъди ҳазор сол онҳо аз ин китоби Дониёл манфиат мебурданд. Наздикии соли 470 милодӣ, каси дигар Маъна, чанд мавзуъ ва сурудҳои рӯҳониро навиштаи паҳлавӣ кардааст, ва дар асри 7-и милодӣ Митрони Ревардашер «Канони Шимъӯн»-ро навишта дертар онро ба забони Сӯрӣ тарҷума кардааст. Масеҳиёни форсу тоҷик дар соҳаи адабиёт бисёр корҳои назаррасро иҷро кардаанд ва бо алифбои дигар миллатҳо ҳам интишоф мекарданд, барои мисол, Эфталитҳо (пайтахти қадимии онҳо Бомиёни Афғонистон) дар асри 6 Масеҳӣ шуда имондорони Калисои Шарқро бо забон ва алифбои худашон меомӯзонданд.(Дикенс,1999,саҳ.3) Дар он давра Масеҳиён ба забони сӯрӣ эътиқод доштанд на забони паҳлавӣ, аммо имрӯзҳо имондорони тоҷик оё хоҳиши бо дигар забон машгулият ва омухтанро доранд? Ба фикри мо ҳаргиз не! Чун ки забони тоҷикӣ барои тоҷикон бисёр ширину лазиз аст. Тоҷикони Масеҳӣ бояд бо забони модариашон парастишу ибодат кунанд то, ки хаттоҳои пештара такрор нашаванд, барои ин дар ҳозир имконияти адабиёти Масеҳии тоҷикӣ беҳад бой ва рангин мебошад. Муаллифон ва шоирони имрӯзаи тоҷикон дар мавзуъҳои Китоби Муқаддас ва эъҷоди шерҳои масеҳӣ маҳорати баландро соҳибанд, калисои тоҷикон аз имконияти Худодод бояд баҳра бурда, ибодат парастиш ва хондани сурудҳоро бо забони модарии худашон ба роҳ монанд. Донишгоҳи Форсиён43 Донишгоҳи Форсиён дар Эдесса сар шуда буд. Ин донишгоҳ аз давраи фаолияти Бардаисан, ки ӯ тақрибан соли 200 зиндагӣ кардааст бино ёфта буд. (Моффет,1998,саҳ.189) Дертар ин донишгоҳ бо фармони императори Рум Зено (соли 489) баста мешавад ва дертар дар шаҳри Нисибин44 аз нав барқарор мешавад. «Дар натиҷа дар нимаи асри V зиёда аз ними аҳолии Византия маҷбур шуданд ватани худро тарк кунанд. ��ватани худ, аз ҷумла такягоҳи илмии худ – ба ном мактаби номдори Форсиро дар Эдесса (ки ба несторианиҳо ходимони зиёди адабӣ ва тарҷумонҳоро аз забони юнонӣ додааст) тарк кардан мушкил буд.» (Умарзода,2006, саҳ.457,458) Вале «Дар ноумедиҳо, басе умед аст, поёни шаби сиёҳ, сафед аст.» ва ин донишгоҳ аз нав, мисли гул дар Насибин шукуфон мешавад ва ин шаҳр дар асри 1-ум яке аз марказҳои машҳури таълимоти Яҳудӣ буд. (Филипс,1998) Шаҳри Нисибин макони маорифи масеҳӣ шуд ва ҳам маркази давлатдорони сосониён буд. Донишгоҳи Форсиён дар баробари маркази адабиёти Калисои Шарқ буданаш дар навбати худ барои равон кардани воизон ва башоратдиҳандаҳои масеҳӣ нақши намоён дошт. Программаи асосии мактаби Нисибин дарсӣ Китоби Муқаддас буд, инро мо аз рӯи навиштаи Нарсай (вафоташ соли 503) дар китоби «Ҳомилиес» медонем. Мавзуъҳои дарси аз Китоби Муқаддас иборат аз офариниши олам, афтодани Одам, таърихи паёмбарон, ҳаёт ва фаолияти Исои Масеҳ, мақсади башорати Инҷил ва омӯзишу тафсири Китоби Муқаддас буданд. Ин донишгоҳ на фақат маркази таҳсил буд, балки маҳаллаи масеҳиён, ки кору зиндагӣ ҳам мекарданд. Дар донишгоҳ ба интизоми рӯҳонии донишҷӯён аҳамияти махсус дода мешуд, онҳо доимо бо рӯзаву дуо машғул буда китоби Забурро мехонданд ва ба парастишу ибодат шуғл доштанд. Донишҷуёни мактаб аз Китоби Муқаддас бо забони юнонӣ зери назорати роҳбарони ҷамоатҳои юнониён дар баробари дарси илоҳият хондан ба омузиши илми тиб, мусиқӣ, мантиқ (логика), ва фалсафаи юнонӣ мушғул мешуданд. Дар натиҷаи таъсири донишгоҳи форсӣ донишҷӯёне, ки дар ҷойҳои нав ба башорат ва таъсиси ҷамоатҳо машғул буданд, онҳо инчунин китобхонаҳо тайёр карда ғайр аз дарс додани илоҳиёт ба дарс додан аз илми тиб низ машғул буданд. Дар асри VI зиёда аз ҳазор донишҷӯён дар ин донишгоҳ таҳсил мекарданд ва дар давраи ислом донишҷуёни форсу тоҷик дар Осиёи Миёна ба башорат ва ташкил додани ҷамоатҳо саргарм буданд, онҳо супориши Исои Масеҳро: «Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед, ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам.» (Инҷили Матто 28:19-20) иҷро мекарданд. Хатмкардагони донишгоҳи мазкур башорати Исои Масеҳро дар байни халқҳои Суғд, Туркистон, Ҳиндустону Чин паҳн мкарданд. Азбаски адабиёти масеҳӣ ва Донишгоҳи Форсиён дар тарафи ғарби миллатҳои форсу тоҷикон вуҷудият дошт, маълумот нисбат ба мавзеъҳои шарқ бисёртар буд. Ин падида ба кам будани ҷамоатҳо дар тарафи шарқ мусоидат намекард, балки дар мавзеъҳои шарқии Марв, Самарканд, Ҳирот ва Ҳафтруд ҷойҳои асосии паҳншавии башорати масеҳӣ буданд. Дар соли 1340 дар Марв як мактаби масеҳӣ вуҷуд дошт, ки бо ном «тартарин» барои башорат додан дар байни диндорони ислом амал мекард.45 Роҳбар - намунаи хуб Юшуяб II46 аз шаҳри Балади шимоли Бағдод дар байни халқҳо аз суханони сулҳҷуёнаи Исои Масеҳ мавъиза мекард: «Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд.» (Инҷили Матто 5:9) ва ӯ аз соли 628 то 648 мелодӣ патриархи Калисои Шарқ буд. Чанд сол баъд шоҳи Яздигурди Се (632-633) Юшуяб II дар бораи миёнарав шудан байни Рум ва давлати Сосониён барои 2 Китоби Муқаддас, «Ҳамсафари Библия» саҳ. 134. 3 Китоби Муқаддас, «Ҳамсафари Библия» саҳ. 134-135 4 “Bel and the Dragon” http://www.wikipedia.com/ 5 Баъзе таърихшиносон дар соли 445 мегӯянд. Исо дар соли 32 маслуб шуд. Барои чӣ? Дар соли 45-ӯми пеш аз милод Жулиус Қайсар фармон баровард, ки сол бо Январ сар шавад, то он вақт сол бо 21-уми Март сар мешуд, ба ин мақсад баъз вақт ҳисоби таърих як сол фарқият дорад. 6 Ин ҳисоб бо соли кабиса аст, чунки солҳои таърих бо тақвими Григорӣ ҳисоб шудааст. 7 Мувофиқи Ададҳо боби 7 ва 31:50 тилло барои парастиши яҳудиён истифода мешуд. 8Ин таълими асосии Масеҳиён аст, ки Исо Худованд аст. Ин калима -«Худованд» ё «устод»-ро зиёда 300 маротиба дар Инҷил нисбат ба Исои Масеҳ истифода кардаанд. 9 Яҳудиён як қисми рӯзро ҳисоб мекунад, ки як рӯз мешавад. Исои Масеҳ дар рӯзи ҷумъа, шанбе ва якшанбе дафн шуд. Саҳари якшанбе эҳё шуд. 10 Пантикост дар забони юнонӣ маънии «50» дорад. 11 Аз Луко 24:53 ва Аъмол 7:47, ин хона, маънояш маъбади муқаддаси яҳудиён буд. 12 Калисои Шарқ, ин номи асосии калисоҳои дар сарзамиҳои аз тарафи шарқи Ерусалим воқеъ гардида аст ва «Калисоҳои Шарқ» намегӯянд чун, ки номи таърихиаш Калисои Шарқ мебошад, яъне ҷамъи ҳамаи калисоҳои дар тарафи шарқ. Баъзеҳо мегӯянд, Несториён, насрониён, калисои форсҳо ё тасоён. Дар бораи Масеҳиён: якчанд номи таърих вуҷуд дорад ва ҳамаи онҳо қариб як ҳастанд. Исои Масеҳ ин хел дуо мекард: - «Танҳо барои онҳо (шогирдҳоаш) илтимос намекунам, балки низ барои касоне ки ба василаи калими онҳо ба Ман имон хоҳанд овард: то ки ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд, - то ҷаҳон имон оварад, ки Ту Маро фиристодӣ.» Инҷил, Юҳанно 17:20-21 13 Ҳам номҳои «Парфия» ё Империяи бузурги Паҳлавӣ дорад. 14 Эдесса дар байни Рум ва Порт воқеъ буд ва дар асри 1 то 3 баъзе вақт дар тарафи Рум ва баъзе дар тарафи Порт буд. Ҳам мумкин баъзе вақт мустақил буд. http://www.ecole.evansville.edu/ Ҳозира шаҳри Урфа дар Туркия дар ҷои Эдесса воқеъ аст. 15 Дар Апокрифҳои Масеҳӣ мактуби Абгар V нишон медиҳад, ки насли Абгар VIII бо Исои Масеҳ мутобиқат дошт. www.wikipedia.com/ Abgar V of Edessa. 16 http://www.srr.axbridge.org.uk/ 18 Ин забони давлатии Ҳахоминишиён буд ва дар асри 1, Масеҳиён бо ду гуруҳи забони ҷудо шуда буданд; тарафи ғарб, юнонӣ ва тарафи шарқ забони Сурӣ (Сирӣ). Калисои Шарқ бо ин забон таъсис ёфта буд. Сурӣ лаҳҷаи Арамӣ аст, ки яке аз забони асосии Исои Масеҳ буд. 19 Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, «шимолу ғарби Афғонистони имрӯза», «Тоҷикон», саҳ. 506 вале дар Давлати Сомонӣ саҳ 72-73 нишон медиҳад ки дар назди садҳади Эрон ва Туркманистон вуҷуд дорад. Ҳам номаш Ҷурҷон аст. Ҳозир дар Эрон дар назди садҳади Туркманистон номи ин шаҳр вуҷуд дорад. 20 “Location of Nestorian Bishops and Metropolitanates” (www.oxuscom.com/metropolitans) – солҳои додашуда- ин солҳои аввалине, ки аниқ медонад ҷамоат ё митрон онҷо буданд. Албатта пеш аз он вақт калисоҳо буданд ва ин рӯйхат аз ҳисоби намунаи маҷлиси рӯҳонӣ (синод), дар он солҳо ҳисоб мешуданд. Синодҳо бо рӯйхатҳои калисоҳо дар соли 410 сар шуданд. 21 «Аз таърихи пайдоиш ва паҳншавии масеҳият дар Осиёи Миёна», Достӣ Шариф, Хурсанд Аъзамов, Саҳ. 50 22 Номи дигар: Ҷурҷон, Гиркания, ва Гургон. Баъзи китоб мегӯяд ки ҷои мод ҳам Луристон аст (The Empire of the Steppes, 11). 23 Дар www.schoyencollection.com матни асри 9 ёфта мешавад. 24 Дар Китоби Муқаддас, «Шарҳи таърихи паҳн шудани дини Масеҳӣ» қисми «Ҳамсафари Библия» саҳ. 146. Ин аниқтар ки Тумо ба Кушониён рафт, онҳо дар он вақт соҳиби шимоли Ҳиндустон буд. 25 English “Mukar” or “Mughan”. Ин макон аниқ нест вале ин назди баҳри каспий буд. 26 (www.oxuscom.com/metropolitans) – ин солҳои аввалине, ки аниқ медонад ҷамоат ё митрон онҷо буданд. 27www.wikipedia.com/Elam. 28 Дар забони русӣ монастир 30 Дар ибтидои истилои арабҳо дар Гандишапур ҳам аксарияти аҳоли масеҳӣ буданд, Richard N. Frye, page 111. 32 Ҳам номи Бета-Лапат буд ва Гунди Шопур. 33 Мингана таърихшинос, гуфт ки дар асри 3 аксарияти халқ масеҳӣ буд ва бештар аз 50% форс буд. 34 Ин сол аз равияи несториён аст, вале санги қабристон дар Палмира Сурия нишон медиҳад ки Масеҳиён дар онҷо пеш аз соли 135 милодӣ буданд. www.srr.axbridge.org.uk Дар асри 1 Сурия дар зери итоати Рум буд. 35 Солҳои 298 то 363 вилояти Нисибин дар дасти Рум буд, вале албатта рафту омад байни халқҳои форсу тоҷикон давом дошт. 36 www.wikipedia.com/ sassasian church 37 http://www.srr.axbridge.org.uk/ Дар ин сайти интернет таърихи адабиёту дини масеҳӣ дар шарқ. 38 Мусоҳибаи шахсӣ бо Patrick Johnstone, Март, 2007. 39 Дар вақти пеш ин ҷой Сакистон номида мешуд ва ҳам ин ҷойро дар забони араби Сиҷистон ва дар забони тоҷикӣ Систон низ мегуянд.Ин макони ҷануби Афгонистон ва ҷануби Эрон ҳозира мебошад. 40Матнҳои масеҳи бо забони суғдӣ дар Академияи Илмҳои шаҳри Берлин нигоҳ дошта мешаванд ва дар шабакаи интернет http://www.bbaw.de/bbaw/Forschung/Forschungsprojekte/turfanforschung/en/blanko.2005-03-02.3373813525#3 ёфт мешаванд 41 Бостошиносон як дастхати инҷили паҳлавӣро дар Астана, Қазакстон пайдо карданд. Инчунин як дастхати Забур дар Хитой ёфт шудааст. Чаҳор китоби Инҷил дар асри 13 тарҷума шудааст. 42 Catholic Encyclopedia Syrian language and literature, http://www.wikipedia.com/ 43 Баъзи ҷой «мактаб» мегӯяд, вале ин бисёр монанди донишгоҳ чунки дар он нафарони сину соли калон фаро гирифта мешуданд. 44 Насибин дар болооби дарёи Фурот ва Даҷла воқеъ шуда буд, ин шаҳри асосии вилоят буд. 45 http://www.nestorian.org/ timeline 46 Юшуяб II ҳам номи «Гедала»ро дорад. << Таърих |