Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Шеърҳои Исо

Download
 

Исо аз осмон омад

 «Хусраву Мозандорон ояд ҳаме,

Ё Масеҳ аз осмон ояд ҳаме.

Ё зи багри маслиҳат рӯҳуламин

Сӯи дунё з-он ҷаҳон ояд ҳаме.»   Саноӣ

 

Таваллудаи Исои Масеҳ

«Марямкадаҳо басест, лекин

Касро чу Масеҳ як писар нест.»  Саноӣ

 

Исои Масеҳ  бегуноҳ буд

«Гуфтам: ‘Эй бахт, бихуспидиву хуршед дамид,’

Гуфт: ‘Бо ин ҳама аз собиқа навмед нашав!’

Гар равӣ поку муҷаррад чу Масеҳо ба фалак,

Аз чароғи ту ба хуршед расад сад партав!»  Ҳофиз

 

Муҳаббати Исои Масеҳ

 «Дил чу зунноре зи ишқи он Масеҳи аҳд баст,

Лоҷарам ғайрат барад имон бад-ин зуннори мо.»  Румӣ

 

Муъҷизаи Исо-

            «Барсвард насрин кафи Мусавӣ;

                Намуда сабо мӯъҷузи Исавӣ.»  (Ҳоҷу)

 

Исо мурдаро эҳё мекард

                «Вақт аст, ки аз сабо ҷаҳон ороянд

                В-аз чашми саҳоб чашмаҳо бикшоянд.

                Мӯсодастон зи шох каф бинмоянд,

                Исонафасон зи хок берун оянд.»   (Хайём)

 

«Дилам бурд он дилороме, ки дар чоҳи занахдонаш

Ҳазорон йӯсуфи Миср аст пайдо дар гиребонаш.

Парирӯе, ки чун дев аст бар рухсору зулфайнаш,

Зиреҳ мӯе, ки чун тир аст бар ушшоқ мижгонаш.

Ба як дам мекунад зинда чу Исо мурдаро з-он лаб,

Дами Исост пиндорӣ миёни лаълу марҷонаш. 

Ҳаловат аз шакар кам шуд, чу қимат оварад нӯшас,

Аз ин ду чашми гирёнам аз он лабҳои хандонаш»  Саноӣ

  

«Дар роҳи ишқ, эй ошиқо, хоҳӣ шифо, хоҳӣ алам,

К-андар тарики ошиқӣ якранг бинӣ бешу кам.

Рӯзе биёяд дар миён, то ишқро банди миён

Исо биояд тарҷумон то зинда гардонад ба дам.» Саноӣ

 

«Мурдаро зинда кунӣ з-овои хеш,

Пас дами Исо шудаст овои ту.»   Саноӣ

 

«Зи боди қудрат агар гашт ҷонвар Исо,

Шавад зи фарраш бе бод ҷонвар оташу об.»  Саноӣ

 

«Аз кафи пур зи мӯъҷизи Мӯсо

Мурда зиндакун аст чун Исо.»  Саноӣ

 

«Бори ғаме, ки хотири мо хаста карда буд,

Исодаме Худо бифиристоду баргирифт.»  Ҳофиз

 

Инҷили Исои Масеҳ

 «Мард чун Исии Марям бояд андар роҳи сидқ,

То бидонад қадри оёту ҳуруф, Инҷилро.»  Саноӣ

 

Азобу марги Исои Масеҳ

 «Аз сар ин далқи ҳафтранг барор

Ҷома якранг дор Исовор.

То чу Исо бар об роҳ кунӣ,

Ҳамраҳ аз офтобу моҳ кунӣ.»  Саноӣ

 

«Адӯ бисёр кас, к-ӯ мар касеро

Намонад ҳақтаъоло ҳеҷ зоеъ.

Чу Исоро аду бисёр шуд, зуд

Бибурд эзид варо дар чархи робеъ.»  Саноӣ

 

«Биё, мо чанд кас бо ҳам бисозем,

чу шодӣ кам шавад, бо ғам бисозем.

Биё, то бо Худо хилват гузинем,

Чу Исо бо чунин Марям бисозем.

Гар аз фарзанди одам кас намонад,

Чӣ ғам дорем, бо одам бисозем.»  Румӣ

 

«Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,

Наздики худованд бадӣ нест фаромуш-т

 

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,

Ангур на аз баҳри набид аст ба чархишт.

 

Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,

Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

 

Гуфто ки ‘Киро куштӣ то кушта шудӣ зор?

То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт.’

 

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.»     (Носири Хисрав)

 

Исо зинда аст

                (Оби Ҳаёт)

«Наёяд кас ба оби чашмаи хизр,

Ҷуз андар нӯши Исозои ҷонон.»  Саноӣ

 

«Малик шуд замину замонро, пас он гаҳ

Чу Исо, ки худ сокини осмон шуд.»  Саноӣ

 

«Эй хоҷаи фарзона Алӣ ибни Муҳаммад

В-эй ноиби Исо ба дусад гуна далоил.

Ақл аз ту чунон тез, ки савдо зе тахайюл,

Ҷон аз ту чунон зинда, ки аъзо ба мафосил.»  Саноӣ

 

«Исии мурда зинда кард дид фанои хештан,

Зиндаи ҷовидон туӣ, Шамси ману Худои ман.»  Румӣ

 

Бо ошиқӣ

«Ёд бод он, ки чу чашнат ба итобам мекушт,

Мӯъҷизи Исавият дар лаби шаккархо буд.»    Ҳофиз

 

«Барбати Исову фаршҳои Фаводӣ,

Чангу Мудак, ниру ном чобуки ҷонон.»  (Рӯдакӣ)

 

«Ҳамчу гард ин тани хокӣ натавонад бархост,

Аз сари кӯи ту з-он рӯ, ки азим афтодаст.

Сояи қадди ту бар қолибам, эй Исодам,

Акси рӯҳест, ки бар азми рамим афтодаст.»  Ҳофиз

 

«Бо кӣ ин нукта тавон гуфт, ки он сангиндил,

Кушт морову дами Исии Марям бо ӯст.»   Ҳофиз

 

«Оқибат даст бад-он сарви баландаш бирасад,

Ҳар киро дар талабад ҳиммати ӯ қосир нест. 

Аз равонбахшии Исо назанам дам ҳаргиз,

З-он, ки дар рӯҳфазоӣ чу лабат моҳир нест.»  Ҳофиз

  

«Ин қиссаи аҷаб шунав аз бахти вожгун,

Моро бикушт ёр ба анфоси Исавӣ.»   Ҳофиз

 

«Марди беҳосил набояд ёри ботаҳсилро,

Ҷони Иброҳим бояд ишқи Исмоилро.

Гар ҳазоррон ҷон лабашро ҳадя орам, гӯядам:

Назди Исо тӯҳфа чин орӣ ҳаме Инҷилро?

Зулф чун пурчин кунад, хорӣ намояд мушкро

Ғамза чун барҳам занад, қимат физояд Нилро.»  Саноӣ

 

«.. Дилҳо ба даранг орад лаълат ба шитоб андар.

Ҳар лаҳза яке Исо аз парда бурун орӣ,

Марямкадаҳо дорӣ гӯӣ ба ҳиҷоб андар.

Лутфи ту баромезад покӣ ба нигоҳ андар,

Қаҳри ту барангезад деве ба шаҳоб андар.

Мову туву қаллошӣ,

                                    Чӣ бок ҳаме бо ту,

Ронад писари Марям харро ба хилоб андар. 

Ҳар рӯз биҳиште нав моро бидиҳӣ з-он лаб,

Дандон назанӣ бо мо ҳаргиз ба савоб андар.

Донӣ, ки хароботем аз зилзилаи ишқат

Кам рои хироҷ ояд шаҳро ба хароб андар.

Моро за миёни мо чун кард бурун ишқат,

Акнун ҳама худ хон, худ,

                                                Моро ба хитоб андад..»  Саноӣ

 

«Ҳазрате бинӣ аз варои макон

Фориғ аз истиҳолати даврон.

Ошиқоне чу Одаму чу Қалим

Чун Ҳабибу Масеҳу Иброҳим.

Аз паи васли дидситон ҳамаро

Сар бар он фарру остон ҳамаро.»   Саноӣ

 

«Он лаб, ки бувад лунҷи харе бӯсагаҳи ӯ,

Кай ёбад он лаб шакари бӯси Масеҳо

З-он дасти Масеҳ омад дорӯи ҷаҳоне.

К-ӯ даст нигаҳ дошт зи ҳар косаи сикбо.»  Румӣ

 

«Ғамаш дар дил чу ганҷуре, дилам нуре ало нуре,

Мисоли Марями зебо, ки Эсо дар шикам дорад.»  Румӣ

«Нозири мулк шуд он наргиси маъзулшуда,

Ғунчаи тифл чу Эсо фатану хатхон шуд.»  Румӣ

 

«Як бори дигар маро фусун хон,

В-аз рӯҳи Масеҳ кун тарозам.»  Румӣ

 

Ишора ба бутпарастон

 

«Саломашро ҷавоб аз ноз надҳанд,

Ва гар гӯяд, ҷавобаш боз надҳанд.

 

Ба қавли мусавӣ розӣ набошанд,

Зи гӯсола худое бар тарошанд.

 

Биёвезанд Исоро ба хорӣ,

Суми харро харанд аз хоксорӣ.»  (Носири Хисрав)

 

Дар бораи касе, ки зебогии занро дида наметавонад

«Гуфтам: Эй шамъи инчунин шабҳо

В-эй масеҳои инчунин табҳо.

Ин чӣ ҳусну камоли валоест,

В-ин чӣ лутфу ҷамолу зебоист?..

. Қадри Исо куҷо шиносад хар?

Лаҳни Довудро чу донад кар?»   Саноӣ

 

«Эй ҷаҳони обу гил, то ман туро бишнохтам,

Сад ҳазорон меҳнату ранҷу бало бишнохтам.

Ту чарогоҳи харонӣ, на мақоми Исии,

Ин чарогоҳи харонро ман чаро бишнохтам.»  Румӣ

 

«Ба ҷони Масеҳову сӯги салиб,

Ба дорои Эрону меҳру ниҳеб.»  Фирдавсӣ

 

«Масеҳӣ ба шаҳр андарун ҳар ки буд,

Намонданд рухсорагон ношухуд.»  Фирдавсӣ

 

Нафаси Исо, ки шифо медиҳад

                «Гар дар бари ман дилбари ёқутлаб аст,

                В-ар оби Хизир ба ҷои оби инаб[1] аст,

                Гар Зӯҳра бувад мутрибу ҳамдам Исо,

                Чун дил набувад шод, чӣ ҷои тараб аст?»    (Хайём)

 

«Дард асту давост ҳам шифову алам аст

Гӯй Малакулмавту Масеҳо ба ҳам аст.»  Саноӣ

 

«Чу дар нестӣ зад дами чанд Исо,

Тани бе равон аз дамаш бо равон шуд.»  Саноӣ

  

«Зи мулк то малакуташ ҳиҷоб бардоранд,

Ҳар он, ки хидмати ҷоми ҷаҳоннамо бикунад.

Табиби ишқ Масеҳодам асту мушфиқ, лек,

Чу дард дар ту набинад, киро даво бикунад?»  Ҳофиз

 

«Ҳар он хуҷастаназар, к-аз паи саъодат рафт,

Ба кунҷи майкадаву хонаи иродат рафт.

Зи ратли дурдкашон кашф кард солик роҳ,

Румузи ғайб, ки дар олами шаҳодат рафт.

Биёву маърифат аз ман шунав, ки дар суханам,

Зи файзи Рӯҳулқудус нуктаи саъодат рафт.

Маҷӯ зи толеъи мавлуди ман ба ҷуз риндӣ,

Ки ин муъомадла ба кавкаби валодат рафт. 

Зи бомдод ба дасти дигар баромадаӣ,

Вазифаи маи дӯшин магар зиёдат рафт?

Магар ба мӯъҷиза кӯшад табиби Исодам,

Чаро, ки кори мани хаста аз иёдат рафт.

Ҳазор шукр, ки Ҳофиз зи роҳи майкада душ,

Ба кунҷи хонақаҳи тоъату ибодат рафт.»   Ҳофиз

 

«Надорӣ заррае маънӣ, агар барпо шудат даъват,

Чи меҷӯӣ дами Исӣ зи ноаҳле, ки ӯ хар шуд.»   Румӣ

 

«Ҳам чун дами Масеҳ шифо медиҳад ба дил,

Заҳри ғамат, ки хосияти ангубин дар ӯст.»  Исмат

 

Сино аз табибе шикоят мекунад

«Ҳакими ҳозиқу комил, низоми миллату дин,

Ки бо ту чархи ситезанамо настезад.

Ту он ҳакими Масеҳодамӣ дар ин айём,

Ки дар замони ту иллат зи халқ бигрезад.

Марост иллате аз заъфи пушту сустии боҳ,

К-аз ин ҷиҳат дили ғамгин ба хун даромезад.

Се-чаҳор сол гузашт, эй ҳаким, то он узв

Ҳарорате ки зи шаҳват бувад, наангезад.»

                (Шайх Бӯаълии Сино)[2]

 

Ба одами дуруя гуфта шудааст

«Бар ду рух ҳам куффу ҳам имон турост,

Бар ду лаб ҳам дарду ҳам дармон турост.

Гар дусад Яъқуб дорӣ, зебадат,

К-он чу йӯсуф дошт сад чандон турост.

Хандаи ту чун дами Исост, к-ӯ

Ҳар чи дар лаб дошт, дар дандон турост.

Чанд гӯӣ к-ону к-он як раҳ бубин,

К-он чи дар кон аст дар аркон турост�..»  Саноӣ

 

Шаробро бо Исо баробар кардааст

«Ҳамчу Исост ҷоми май, ки мудом,

Мурдаро зинда мекунад ба хавос.»  Ҳофиз

 

Хари Исои Масеҳ

                (Касе ки беадаб)

«Чун бувад асли гавҳаре қобил,

Тарбиятро дар ӯ асар бошад.

Ҳеҷ сайқал накӯ надонад кард,

Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.

Саг ба дарьёи ҳафтгона бишӯй,

Чун, ки тар шуд, палидтар гардад,

Хари Исо агар ба Макка баранд,

Чун биёяд ҳанӯз хар бошад.»   (Саъдӣ)

 

               Дар барои ошиқӣ

«Ишқ аз ин маъшукагони бевафо дил баргирифт,

Даст аз ин мушти раёсатҷӯи дун сар бар гирифт.

Олами пургуфтугӯю дар миён дарде надид,

Аз дари Салмон даромад, домани Бӯзар гирифт.

Ин-т беҳимат, ки дар бозори сидқу маърифат,

Рӯй аз Исо бигардониду сумми хар гирифт. 

Сомирӣ чун дар сарои офият бигшод лаб,

Аз барои фитнаро шогирдии Озар гирифт..»  Саноӣ

  

«Чун маро андар ин сафар, ки раҳ аст,

Зару ҷав ҳасту Эсию хар ҳаст.

Бихурад он чӣ ҳаст дархури ӯ

Он чу зар Исӣ, он чи ҷав хари ӯ.» Саноӣ

 

«Исии Марям ба фалак рафт, фурӯ монд хараш,

Ман ба замин мондаму шуд ҷониби боло дили ман.»  Румӣ

Умумӣ

«Сару бун чун сару буни пингон

Аз дарун чун буруни бодингон.

Бибаранд аз тариқи дин ба ду дам

Кафши Исову чодари Марям..»   Саноӣ

 

Ҳикояти Рӯҳулло  ва Муколами Ӯ бо Иблис

 

«Дар асар хондаам, ки Рӯҳуллоҳ

Шуд ба саҳро бурун шабе ногоҳ.

Соате чун бирафт хоб гирифт

Ба сӯи хобгаҳ шитоб гирифт.

Санге афганда дид, болиш сохт

Хобро ҷуфт гашту беш натохт.

Соате хуфту зуд шуд бедор

Дид Иблисро дар он ҳинҷор.

Гуфт: Эй рондаи саги малъун,

Ба чӣ кор омадӣ барам ба фусун.

Ҷойгоҳе, ки исмати Исост

Мар туро кай дар он макон маъвост!

Гуфт: Бар ман ту заҳмат овардӣ,

Дар сароям тасарруфе кардӣ.

Бо ман охир такаллуф аз чӣ кунӣ?

Дар сароям тасарруф аз чӣ кунӣ?

Мулки дунё ҳама сарои ман аст,

Ҷои ту нест, мулку ҷои ман аст.

Мулкати ман ба ғасб чун гирӣ,

Ту ба исмат маро забун гирӣ!

Гуфт: - Бар ту чи заҳмат овардам?

Қасди мулкат бигӯ, ки кай кардам?

Гуфт: К-ин сангро, ки болиши туст,

Неҳ, зи дунёст, чун гирифтӣ суст?

Иси он сангро сабук бандохт,

Шахси Иблис з-он сабад бигдохт.

Гуфт: - Худ растию маро рондӣ

Ҳар дувонро зи банд бирҳондӣ.

Бо ту з-ин пас маро набошад кор

Мулкати ман, ту рав, ба ман бигузор.

То чунин толибӣ ту дунёро

Кай тавонӣ бидид уқборо?

Рав зи дунё тамаъ бибур яксар

Гуҳару зарри ӯ ту хок шумар.

Хок бар сар ҳар он кӣ дунё хост,

Марди дунёпараст хоки ҳавост.

Хаст бисёркор ҳамчун гов

Меъда чун осиё гӯлӯ чун нов.

Гардад аз роҳи носавобу сахиф

Хира бисёрхор гирди каниф.

Нӯҳ фалакро фурӯхтӣ ба ду нон

Луқма даҳ сер кам мазан бар хон.

То туро рӯзгор чун гӯяд

Луқма дар меъдаат барошӯбад.

Рӯзгори ту аз паи пиндошт

Шодии шом бурду андӯҳ чошт.

З-он ҳаме ройгон бимирӣ ту

К-аз паи луқма дар заҳирӣ ту.

Ҳар кӣ чун Исӣ аз шараҳ биҷаҳад

Аз ғами боду буди худ бираҳад.

Ҳамнишин зумраи малак бинад

Боми худ панҷумин фалак бинад.

Андарин ҳол панди ман бипазир

Тоҷу тахти адӯ зи раҳ баргир. 

Адуи туст дунйии малъун

Ақли худро зи дом кун берун.

Бо кӣ гӯям, ки ғофиланд аз кор

Ин шаётин ба феълу мардум сор.

Чанд гӯям, ки нест ёре нек

Дар ту масмӯъ нест қавл валек.»    Саноӣ

 



[1]               Ангур

 

[2]               Аз «Қуввати Мард ва Шаҳвати Зан»  сф. 23, Душанбе,



<< Шеърҳо