www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Гуфтугӯй бо Умари ХайёмDownload«Гуфтугӯй бо Умари Хайём» Аз Накҳати Ҷон
Барои онҳое, ки дар ҷустуҷуӣ ҳақ ҳастанд
«Заррае худатонро ба мо нофаҳмҳо фаҳмонед? -Шумо одат кардаед, ки бо роҳи тайшуда равед, ман мекушам, ки роҳи навро ёбам. - Роҳи наватонро кашф кардед? - Ҳоло наёфтаам, дар ҷустуҷӯяш ҳастам. Кашфи роҳи нав ба ҳар кас муяссар намешавад, ҳазорон ҳазор мекӯшанд, ба яке муяссар мешавад роҳи нав. Инҳо хушбахтанд. Шогирди азизам, ба ту дар баҳри пурталотуми зиндагӣ роҳи худро ёфтанро орзӯ мекунам. Худо ёри ҳардуямон бод!» (Ҳошим Гадо) «Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист, бигӯ? В-он кас, ки накард гунаҳ чун зист, бигӯ? Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ, Пас фарқ миёни ману ту чист, бигӯ?» Умари Хайём Мақсад бо ин рубои оғоз шудани ин маҷмуъа бе асос нест. Мо шоҳиди онем, ки дар бисёр маъракаву ҷашнҳо бо монанди рӯзи таваллуд, хонадоршавӣ, хатна ва дигар маъракаву маъракагаҳое, ки дар зиндагии мо ба ҳукми қонун амал мекунанд ин рубои ва монанди инро аз ашъори Хайём мавриди истифода қарор медиҳанд. Ва мутаасифона ин аз тарафи шахсони ба сурат «интелегесия» бештар ба амал меояд ва ин гуфтаҳо дар он вақте, ки номи Офаридгорамон зикр мешавад бештар садо медиҳанд. Касоне, ки ин гуфтаи шоирро барои рӯйпуш карданӣ нопокиҳои худ ҷавшан мекунанд ва ё агар кардани бошанд мо бо пуррагии комил ин гуна ашхосро бемасъулият гуфта метавонем. Хайём дар асри 11-и мелодӣ зиндагонӣ ба сар бурдааст ва ӯро дар дунёи тамаддун ҳамчун як файласуфи барҷаста мешиносанд. Ба фикри мо хуб мешуд, ки пеш аз иқтибос овардани гуфтаи ин ё он шоир ва нависанда замон, макон ва ҳолати иҷтимоии онро омӯхта баъд, агар бо мавзуъ пайваст бошад, мавриди исифода қарор диҳем. Шоир дар замони пурошуби ҷамъияти феодалӣ, замони ҷангу ҷидолҳои мазҳабӣ ва кашмакашҳои сиёсӣ ба мақсади соҳиби ҳокимият шудан ва дар ин роҳ «моҳирона» аз дин Худоро ҳамгун ҳимоятгар ба мақсадҳои ғаразноки худашон истифода мебурданд, зиндаӣ ба сар бурдааст. Албатта ҳолати рӯҳии шоир дар ин вақт, ки дар ҷустуҷуи ҳақ буду дар сари роҳи ҳақ монеъҳои бисёре мавҷуд буданд, ӯро ба эъҷоди чунин мисраҳои эътирозӣ ба Офаридгор сабаб мешуданд. Хонандаи азиз, мо дар ин китобча мақсади довариро, ки мансуби Парвардигорамон ҳаст, надорем. Ҳамаи мо офаридаи Ӯ мебошем ва ба ин имони комил дорем. Агар бо диққат ашъори Хайёмро мутолиа кунем барои мо чунин манзара баръало намоён мешавад, ки Одамро Худованд мисли Худаш аз ибтидо муқаддас ва бегуноҳ офарид ва барои ӯ шароити маишаташро муҳаё сохт (Китоби Муқаддас, Ҳастӣ 1:26-29). Шоир ҳам аз насли одам мебошад, ки ба туфайли гуноҳ дар дунё зиндагонӣ ба сар бурда бо ташвишҳои зиндагӣ андармон бурда ба ҳолатҳои гуногуни рӯҳӣ дучор шуда ҳиссиёташро бо шеър ифода кардааст. Ӯ ба хотири фаромӯш кардани носозгориҳои зиндагияш, чашм пушидан аз беадолатии замонааш ва бевафоии атрофиёнаш майро дар базе ҳолатҳо мунису ғамхори Одам интихоб кардааст. Аммо ин Хайёмро тасаллии комил надода ӯ дар ҷустуҷӯи ҳақ дар талош мебошад. Чуноне, ки мо мебинем пояи адолатро дар замин пайдо карда натавониста руҷуъ ба Ҳолиқи оламу одам – Офаридгор мекинад: «Гар бар фалокатам даст буди чу Яздон, Бардоштаме ман ин фалакро зи миён» ва бо ин мисраҳояш бори дигар қудрати Илоҳиро барои тасаллои худ баръало нишон медиҳад. Акнун мо ба тафсири рубоие, ки сабабгори навиштани ин маҷмуъа гаштааст сар мекунем. «Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист, бигӯ?» Умари Хайём модоме, ки чунин саволро ба миён мегӯзорад мо дар вуҷуди ӯ бедоршавии Рӯҳро дарк мекунем. Худо дар ибтидо одамро бегуноҳ ва дар дили ӯ ин нақшаро кашид, аз ин сабаб вақте, ки одам гуноҳ мекунад ӯ инро нисбат ба атрофиёни худ пештар мебинад. Агар кас гуноҳ карда худашро сафед нишон доданӣ шавад, албатта худро фиреб медиҳад. «Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, - худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест.» (Инҷил, 1 Юҳанно 1:8) Шоир дар ҳамин мисраъ як фикри дигареро зоҳир месозад: - Яъне дар ин ҷаҳон одами бегуноҳ нест. Вақте ки Худо ҷаҳонро офарид Одаму Ҳавворо дар ҷои беҳтарин маскан дод ва барояшон ҳамагӣ як қонун муайн кард. Лекин онҳо аз қонун саркашӣ карда гуноҳ карданд ва аз боғи биҳишт ронда шуданд. Исботи ин дар Китоби Муқаддас чунин омадааст: «Касе одил нест, як нафар ҳам нест.» «Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд.» (Инҷил, Румиён 3:10,23) Ин мушкили асосии одамизод мебошад «Ҳама гуноҳ карда ва аз ҷалоли Худо маҳрум шуданд.» Ҳамаи мо гуноҳ кардем, пас мукофоти мо чист? - Ин мавзӯи дигар аст. Мо медонем, ки Худо муқаддас аст, агар ин хислати Ӯро мо қабул мекунем, пас гуноҳ назди Ӯ ангӯшти шашум аст. Барои мисол: - Мо аз чойнике, ки пур аз чой ва як қатра заҳр дошта бошад чой менӯшем? Албата не! Ҳол он ки заҳри он аз 1% ҳам кам ҳаст. Ба ин монанд Худо 100% муқаддас мебошад ва назди Ӯ биҳишт ҳам муқаддас мебошад ва дар ба он гуноҳро дохил кардан мумкин нест. Мисоли дигар – дар зарфи калони пур аз шир як қатра сиёҳӣ афтад тамоми шир сиёҳ мешавад, лекин ба зарфи сиёҳдор чи қадаре, ки сафедӣ резем сафед намешавад. Аммо барои мо гунаҳкорон сафед шудан лозим аст ва дар бисёр мавридҳо мо амали бад ё неки худро ба розигии Худо нисбат дода худро тасалло дода дар он ҳолат мо шеъри Хайёмро бо худ сипар мекунем. Ҳол он, ки дар биҳишт барои гуноҳ ҳеҷ кас узре надорад. Дар Китоби Муқаддас омадааст: - «Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегӯяд, ба аҳли шариат рӯ оварда мегӯяд, то ки ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми олам пеши Худо айбдор гардад, чунки бо аъмоли шариат ҳеҷ одаме пеши Ӯ сафед нахоҳад шуд; зеро ки гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад.» (Инҷил, Румиён 3:19-20) Ҳамаи одамон назди Худованд айбдор гардиданд, Худо не, балки мо айбдор шудаем. Агар имрӯз мо шикоят карда тавонем дар он рӯз даҳони мо баста мешавад. Ин чӣ хел мумкин аст, ки Худо моро офарид ва барои мо шариат дод, мо бошем ҳар вақте ки хоҳем каҷ рафторӣ мекунем? Табиати мо доимо моро ба роҳи каҷ ҳидоят мекунад, аммо мо бояд донем, ки «бори каҷ ба манзил намерасад!» Саволе ба миён меояд, ки чи хел мо аз гуфтаи Худо саркашӣ карда боз ба Ӯ шикоят кунем? Худованд аз ҳамаи паҳлуҳои зиндагии одамизод хабар дорад. Оё дар ин дунё роҳи озод шудан аз гуноҳ вуҷуд дорад? Боз саволе ба миён меояд, ки Парвардигор ба мо ёри дода метавонад? Оё Худо роҳи озод шуданро барои мо тайёр накардааст? Пас кӣ моро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад? Дар замон ва муҳите, ки Хайём зиндагӣ мекард албатта ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан мушкил буд. Ва ҷавобҳое, ки одамизод барои тасаллии худаш пайдо мекард ба монанди: - кори нек, тоату ибодат, закоти мол барин аъмолҳо, ки ба воситаи шариат ба майдон пайдо мешуданд, ба Хайём ва одамони аз ҷиҳати шуурнокӣ пешрафтаи он вақт оромиши рӯҳиро дода наметавонистанд. Ва инак мисраи дуюм:- «В-он кас, ки накард гунаҳ, чун зист, бигӯ?» Одамоне, ки аз ҳамсуҳбаҳо ё атрофиёнашон ба ин савол ҷавобро мепурсанд ин хуб аст. Аз қадим то замони мо Каломи Худо ба воситаи пайғамбарон ба мо омада расидааст ва касе ки бо Калом ошно мебошад, агар дар ҳамон ҳолат дар он ҷо бошад, мо имони комил дорем, ки ин гуна ашхос ба саволи худашон ҷавоби саҳеҳ хоҳанд гирифт. Агар дар дунё одами одил намешуд саёраи мо аллакай ба мисли шаҳри Садӯм мешуд (Китоби Муқаддас, Ҳастӣ 19:28-29). Он Касе, ки дар ҷаҳон бегуноҳ зист, ин Исои Масеҳ мебошад ва Худо Ӯро барои мо ҳамчун намуна фирстод ва дар Инҷил ҳамаи ин равшан нишон дода шудааст. Худо нақша ва дархостҳои Худро ба воситаи одамони гуногун аз замонҳои гузаштаи дуру наздик бо Рӯҳи Худ дар аҳдҳои қадим ва ҷадид дар Китоби Муқаддас, ки ба мо омада расидааст нишон медиҳад. Аз ҷумлаи пайғамбароне, ки бегуноҳ зист танҳо як пайғамбар – Исои Масеҳро ҳамчун рамзи одами бегуноҳ ба мо нишон медиҳад. «Ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, ки ба ин мо эътирофи худро боматонат нигоҳ медорем. Ва ғайр аз Ӯ мо дигар саркоҳине надорем, ки дар заъфҳоямон ба мо дилсӯзӣ намояд, Ӯ монанди мо дар дунё озмудаи васвасаҳо шуда гуноҳ накард.» (Инҷил, ба Ибриён 4:14-15) «Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.» (Инҷил, 2 Қӯринтиён 5:21) «Марям гуфт: - Ман фиристодаи Парвардигори ту ҳастам, то туро писаре покиза бибахшам.» (Қӯръон: Сураи Марям 19:19) Биёед ба манзараи мудҳише, ки одамон саргарми гуноҳҳои худ зиндагӣ мекарданд, назар андозем. Душманони Исои Масеҳ Ӯро дар салиб чормех карда бо суханони таҳқиромез дар гирди Ӯ ҷамъ шуда буданд. Ӯ ба ҷои он, ки дар ғами ҷисму ҷони Худ нолаву фарёд кунад, дуо мекард: «Эй Падар инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд чӣ кор мекунанд.» (Инҷил, Луқо 23:34) ва бо ин дар дами марг муҳаббати Худро ба одамон нишон дод. Акнун ба таҳлили мисраи дигар мегузарем:- «Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ» Яъне Хайём аз Худо одами бегуноҳро ҷӯён ва аз тарзи зиндагии ӯ пурсон мешавад. Шоир дар ин мисра бо аъмоли бади худ аз Худо мукофотро нигарон мебошад. Худо муқаддас ҳаст ва агар Ӯ ба ивази гуноҳ мукофот медод, Одамро, яъне офаридаи дастҳои Худро барои як гуноҳаш аз биҳишт намеронд. Одам барои гуноҳаш аз Худо ҷазо гирифта ба марг ҳукм шуда аз биҳишт ронда шуд, чун ки «музди гуноҳ марг аст» (Инҷил, Румиён 6:23). Касоне, ки ин шеъри Хайёмро бо мақсади доварӣ ва шикоят истифода мекунанд, онҳо Худоро айбдор мекунанд. Дар Каломи Худо чунин гуфта шудааст:- «Ӯ ба ҳар кас мувофиқи аъмоли вай подош хоҳад дод.» (Инҷил, Румиён 2:6). Ва гуфта мешавад, ки Худо рӯйбинӣ надорад. Дар рӯзи доварӣ ё рӯзи қиёмат Худо ба ҳар инсон аз рӯи ин қонунҳо доварӣ хоҳад кард. Дар назди Худованд Яҳудӣ, Масеҳӣ, Мусулмон ва дигарон сарфи назар аз пуст ва нажод фарқ надоранд, ҳама назди Ӯ як аст. Пеш аз ҳама мо гуноҳкорем ва Хайём бо тасдиқи ин чунин мегӯяд: «Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист бигу?» Дар ин ҷо мушоҳида мешавад, ки мисраи «Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ» -ро ин гурӯҳ мехоҳанд бе ягон масъулият дар вақте, ки гуноҳ мекунанд аз Худо мукофот гиранд. Ин чӣ хел мешавад? Оё ин аз ҷиҳати мантиқ дуруст аст? Албатта не! Агар касоне, ки бар ивази гуноҳ мукофот гирифтани ҳастанд, оё ба монанди онҳое нестанд, ки ба замини хушк сангреза пошида умеди гандум гирифтанро доранд? Бале, ба чунин одамон бо гуфтаи Носири Хусрав: «Касе гар тухми ҷав дар кор дорад, Зи ҷав гандум наёбад бидравидан» ҷавоб кифоя мебошад. Ҳадафи мо ин аст, ки Худо моро офарида ба роҳи ҳаёти ҷовидонӣ ҳидоят мекунад ва дар баробари аъмоли ҳар яки мо мӯзде медиҳад. Оё ин аз рӯи адолат мебошад, ки мо дар ивази аъмоли бади хеш барои мукофот гирифан бо Ӯ дар ҷадал шавем? Ба хонандаи муҳтарам бори дигар хотиррасон карданӣ ҳастем, ки тамоми замину осмон ва вуҷудияти зинда ба Худои ягона тааллуқ дорад ва Ӯ дорои қудрат, тавоноӣ, нур, муҳаббат ва ҷалол мебошад. Ва саволе ба миён меояд, ки агар мо аз ашъори шоирон фақат барои коҳилӣ, дурӯғ, шаҳват, танпарварӣ, айшпарастӣ ва дигар сифатҳои баде, ки моро ба чоҳи торики ҷаҳолат ва нестӣ мебарад истифода бурда ва ба атрофиён чунин рафтори ношоистаро намоиш диҳем, рӯҳи мо метавонад бо сифатҳои Офаридгор қавӣ гардада сазовори ҷалоли Ӯ гардем? Ҳаргез Не! Чунин амали кас фақат сазовори ғазаби Худо мешаваду халос. Мо аз таърихи гузаштаи дунё огоҳи дорем, ки сарфи назар аз миллату нажод аз ҳар гӯша баъзе ашхос худро Худо эълон карда ва оқибат бо пайравонашон ба ғазаби Худои Ҳақ гирифтор шуданд. Ҳадафи мо ин аст, ки Худо моро офарида ба роҳи ҳаёти ҷовидонӣ ҳидоят мекунад ва дар баробари аъмоли ҳар яки мо мӯзде медиҳад. ? «ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо бо мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст.» Инҷил - (1) Юҳанно 5:11 Оё ин аз рӯи адолат мебошад, ки мо дар ивази аъмоли бади хеш барои мукофот гирифтан бо Ӯ даъво кунем? «Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,»-ро мумкин, аксарияти мо барои тасаллои дили худамон қабул кунем, аммо аз таҳти дил мо дарқ мекунем, ки гуноҳ карда аз наҷоти Худо маҳрум шудаем. Бинобар ин ҳамаи мо дар ивази гуноҳ соҳиби мукофоти бад мебошем. Бахшидани гуноҳ аз тарафи Худо қиммат аст ва ҳама гуна гуноҳ бе рехтани хун пок намешавад. (Инҷил, Ибриён 9:28) Дар бораи бахшидани гуноҳ дар рӯзи доварӣ камтар сӯхан мекунем. Ба монанд ақидае, ки Худо бахшанда аст ва гуноҳҳои моро ба хотири корҳои нек мебахшад, чунин хулосае баровардан мумкин аст, ки мо метавонем гуноҳе ба мисли ягон кас ё ҳамсояи худро ранҷонда фақат узр мепурсему тамом. Аммо чӣ хеле ки мебинем масъала ин тавр ҳал намешавад ва дар ин ҳолатҳо музди гуноҳ дар ваъзе вақт бисёр қиммат мешавад, ҳато то қурбонии ҷон. Агар бо роҳи бахшидани якдигар равем, дар он ҳолат мо мебинем, ки ба ҳар ду ҷониб қурбонии зиёд ба мисли обурӯй, эътибор ва нуфузе, ки мо доштем лозим мебошад. Ва дигар ин аст, ки амали бад; - зино, дурӯғ, қизб, ки аз одам сар мезанад ва гӯем, ки Худо мебахшад, оё ин дуруст аст? Агар Худо бо чунин рафтори мо муросо кунад, пас чӣ хел мо гуфта метавонем, ки Худо муқаддас аст? - Бале Худо муқаддас мебошад ва бахшидани гуноҳи одамон бо анҷоми амали некашон ба Ӯ муносиб намебошад. Яъне ақидаи он ки мо гуноҳ кунему – Ӯ мебахшад нодуруст аст! «Дар ин лаҳзаҳо аксар одамон мепурсанд? 'Чаро Худо наметавонад ба ҳеҷ чиз, ҳамин хел бахшад?'.... Одамон қудрати фаҳмидан надоранд, ки ҳар як бахшиш бо пардохт вобаста аст. Мисол, духтари ман дар хона чароғро шикаст. Ҳамчун падари дӯстдор ва бахшанда ман ӯро ба зонуям шинонда таскин дода мегӯям: --- Духтарам, гиря накун. Падарат туро дӯст медорад ва мебахшад. Дар ин ҷо, одатан ҳамсӯҳбати ман илова мекунад: --- Ана, Худованд ҳам бояд чунин рафтор кунад! Он гоҳ, мепурсам: --- Пас музди чароғро кӣ медиҳад? Охир, пулро – ку ман додам? Бахшоиш ҳама вақт нарх дорад.» (Ҷош Макдауэлл, На Танҳо Дуредгар, 81) Мутаасифона дар муомилаи одамон шахси бетараф ба гунаҳкор тасаллӣ дода: - «Худо мебахшад» - мегӯяд ва ҳатто одамон ба ин чизи пуч бовар карда даст ба гуноҳ мезананду худро бовар мекунонад, ки Худо онҳоро мебахшад. Агар ин хел бошад, бо гуфтаи Ҷош Макдауэлл: «Гуноҳ ҳеҷ арзише надорад», бахшидани гуноҳ кори мушкил аст. Шумо тасаввур кунед, ки касе ба молу ҷони шумо таҷовуз карду шумо ӯро мебахшед. Албатта не! Шумо тарафдори ҷазо гирифтани гунаҳкор мебошед. «Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост.... Бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.» (Инҷил, Эфсӯсиён 2:8, Румиён 6:23). Хонандаи азиз акнун каме дар бораи мисраи «Пас фарқ миёни ману ту чист, бигу?»меистем. Дар ин мисраъ шоир ва касоне, ки байни худ ва Офаридгор фарқиятро нодида онро бо эҳсосоти хоса замзама мекунанд мо ангушти афсус ба даҳон мебарем. Фарқият ин аст, ки мо муҳтоҷи Худо, яъне наҷотдиҳанда: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст.» (Инҷили Юҳанно 5:24) Чунин ашхос ин дунёро барои худ биҳишт меҳисобанд. Мутаасифона мо дар байни одамони соҳибмаълумот дар бисёр маъракаҳо мешунавем, ки ду мисраи Ҳофиз: «Ман ки имрӯзам биҳишти нақд ҳосил мешавад, Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам.»-ро шиори зиндагии худ карда бо ин ба худ як навъ �тасаллиӣ� медиҳанд. Ҳамаи ин аз нигоҳи мо ба як суруди дигаре, ки �ҳасрати танбал> - ном дорад, монанд аст. Ин суруд чунин аст: «Кор нокарда пули бисёр бошад, мешавад, Таксарӣ дар паҳлуям тайёр бошад мешавад.» Дар тамоми ин суруд танбал орзӯҳои дастнорасро хоҳон мебошад ва дар охир аз хушку холӣ будани ҳасратҳояш монда шуда чунин хулосабандӣ мекунад: «Гар ҳама инорзӯҳоям муясаррам нашуд, Хайр майлаш сояи девор бошад, мешавад.» Онҳое, ки ин дунёро биҳишт меҳисобанд, ин ҳазрати Одами аз биҳишт рондашуда мебошаду халос. Ва инро Китоби Муқаддас чунин маънидод мекунад: - «Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.» (Инҷил, 1 Юҳанно 2:17) Ин эътирози шоирро ифода карда моро бовар мекунонад, ки Хайём ба Худо эътироз карда дар ғазаб омада фарқи гунаҳкор ва Қуддусро дида наметавонад ва дар ин ҷо наздик будани Худо ба мо бисёр равшан аст вагарна Хайём дар назди кӣ эркагӣ мекард? Худо ба мо наздик аст? Албатта Худо доимо ба мо наздик ҳаст ва Ӯ ба мо мақсади наздик шуданро дорад. Бобои Одам дар боғи Адан бо Худо зиндагӣ мекард, ҳазрати Айюб бо Худо мунозира мекард, ҳазрати Иброҳими Халилулло ва ҳазрати Довуд, ки дар васфи Ӯ сурудхонӣ мекард аз ҷумлаи дӯстони наздиктарини Парвардигор буданд ва ҳамаи онҳо гуноҳ карда ба хок рафтанд. Исои Масеҳ на ин, ки дӯст балки пайванди Худои Воҷибулвуҷуд ва соҳибқудрат буда ва Ӯ ба хок нею ба назди Худои Падар рафт, ки инро мо аз китоби Инҷил: «Исо, чун инро гуфт, чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: Эй, Падар! Соат расидааст: Писари Худроҷалол диҳад. Зеро, ки Ӯро бар тамоми башар қудрат додаӣ, то ки ба ҳар ки Ту ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти ҷовидонӣ бидиҳад: ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд.» (Инҷили Юҳанно 17:1-3) Ва ин Рубои Хайём онро ба мо равшан инъикос мекунад, ки:
Мутаасифона вақте, ки суханро аз Офаридгор сар кунем баъзе ақидаҳое садо медиҳанд, ки гӯё ҳамаи динҳо як чанд ё ин, ки як реша доранд. Ҳаминро гуфтанем, ки чунин ақидаҳо ба шахсони аз китоб тамоман бехабар ё ки дониши пурра надоштангӣ мансуб мебошанд. Шоире ба завҷаи худ изҳори ҳасрат карда гуфтааст: «Ту кай медонӣ қадре ёри худатро? Бар ту касалу сиҳату бемор як аст.» Вақте, ки мо пурра касодии рӯҳии худро дарк карда барои наҷот дар талоши ҳақ бо тамоми ҳастиамон мукушем барои мо фарқияти динҳо баръало намоён хоҳад шуд. Ҳаёт ва таълимоти Исои Масеҳ аз дигар пайғамбарон ба кулли фарқ карда таваллуд ва мамоташ ҳам нисбат ба дигарон истисно буд, Ӯ барои гуноҳои ҷаҳон мурда дар рӯзи сеюм эҳё шуда ба осмон сууд карда то ҳозир зинда мебошад. Ҳамаи динҳои калони ҷаҳонӣ ба дунё бори дуюм омадани Ӯро тасдиқ мекуанд. Инҷил мефармояд: Исои Масеҳ гуфт, «Натарс; манам Аввалин ва Охирин.» (Инҷил, Ваҳй 1:17). Ҳам: «Худое ки аз қадимулайём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст, дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ӯро ворисии ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард. Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ва ямини Кибриё дар афроз нишаст.» (Инҷил, Ибриён 1:1-3) Мо дарахти бузурги дини Масеҳӣро, ки саршори меваҳои муҳаббатанд, баръло мебинем ва Ӯ мегӯяд - «Душманони худро дӯст бидоред.» (Инҷил, Матто 5:44) Оё шумо дар ҷустуҷӯи ҳақ ҳастед? Ин китобча «барои онҳо ки дар ҷустуҷӯи ҳақ ҳастанд.» Исои Масеҳ гуфт: «Ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард..... Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман.» (Инҷили Юҳанно 8:32; 14:6). Касе ки ҷустуҷӯи ҳақ ҳаст бояд ба шахсияти Исо нигоҳ кунад ва ба Ӯ имон овардан даркор. Китоби Муқаддас мефармояд, ки имон овардан ин аст. «Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исои Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳё кард, наҷот хоҳӣ ёфт, чунин одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст. Зеро навиштаҳо мегӯянд: ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳиҷил нахоҳад шуд.» (Инҷил, Румиён 10:9-10) Касе, ки имон меоварад бояд ду чизро донад ва қабул кунад:- Кӣ будани Исои Масеҳ ва амали Ӯро. Вай Худованд будани Исои Масеҳро эътироф созад ва баландии пояи Ӯро аз дигар пайғамбарон дарк намояд. Дуюм касе, ки имон оварад, бояд қурбоншавии Исои Масеҳро эътироф намояд ва бо имони комил дарк кунад, ки Исои Масеҳ барои гуноҳҳои мо худро қурбон сохт ва Худо ӯро аз ҷаҳони мурдагон эҳё намуд. Вай эътимоди пурра бояд дошта бошад, ки баробари тавба кардан ва ба Исои Масеҳ такя кардан роҳи наҷот барояш кушода мегардад. Оё шумо ҳама вақт барои наҷот ёфтан ба Исои Худованд такя мекунед? Дӯсти азиз! Агар аз сидқи дил Исои Масеҳро чун наҷотдиҳандаи худ аз гуноҳ мепарзиред, хоҳишмандем, ки дуои зеринро бо имони комил хонед: «Эй Парвардигори олам! Ман барои наҷотам мӯҳтоҷи Ту ҳастам ва бахшиши Ту ба ман лозим аст. Чунки Ту муқаддас ҳастӣ ва ман гунаҳкорам. Эй Худоё, имрӯз чашми диламро барои Ту кушодаам, ки Ту даромада тавонӣ. Маро бибахш! Гуноҳҳоямро бибахш! Ман аз ҳамаи гуноҳҳоям рӯй мегардонам ва бахшиши Туро қабул мекунам. Аз Ту хоҳиш мекунам, ки диламро бо хуни Исо пок кун. Ман медонам, ки Ӯ барои гуноҳҳоям қурбон шуд. Ман медонам, ки барои наҷот ёфтан ҳеҷ коре карда наметавонам, ба ҷуз такя кардан ба Исои Худованд ва ин амалро ба дасти Ӯ додам. Эй Худованд, Ту гуноҳҳоямро бахшидӣ ва ба ман ҳаёти ҷовидонӣ ато кардӣ. Барои ҳамаи ин ман аз самими дилам бо имони комил ба Ту ҳамду сано мегӯям. Ба номи Исои Масеҳ, Омин» Эй дӯсти азиз, барои ин масъулияти рӯҳонӣ вақтро кашол надиҳед! Чунки Китоби Муқаддас мефармояд: «Мо, ки мададгорони Ӯ ҳастем, аз шумо илтимос мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед, зеро ки Ӯ мегӯяд. �Дар вақти мусоид туро иҷобат намудам ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад кардам.� Инак алҳол вақти мусоид аст, инак алҳол рӯзи наҷот аст.» (Инҷил, 2 Қӯринтиён 6:1-2) Ҳоло, ки вақти наҷотатон аст, ин вақтро кашол надиҳед! www.dardidil.com << Шеърҳо |