www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
МавзӯъҳоDownloadАвф - «Авф фармудан муворак хилсатест, Ҳар ки дорад авф, соҳибдавлатест. Дил аз нури авф равшан мешавад, В-аз насимаш сина гулшан мешавад.» (Ҳусейн Воизи Қошифӣ) Айби худ - «Он ки айби ту гуфт, ёрӣ ту ӯст, В-он ки пӯшида дошт, мори ту ӯст.» Саъдӣ
Амал - «Ҳарзагӯиҳо лаб-лаби бом, Хапакиҳо корро тамом.» (масал) «Дар ҷавонӣ сайъ кун гар бехалал хоҳӣ амал, Мева бенуқсон бувад гуи аз дарахти навбар аст.» А. Ҷомӣ
Анъана - «Анъана кувваи бузург аст» (Энгельс) «Аз он (анъана) гурез нест: аз мардум гурезӣ ҳам, аз худ гурехта наметавонӣ.» (Хуррам Раҳимзода)
Андеша - «На ҳар андеша лоиқи гуфтор асту на ҳар гуфтор лоиқи андеша.» Ҳошим Гадо
Ақида - «Ин куна парастон, напарастан чизе нав.» (Халк)
Ақл – «Кӯшиш намо, ки бештар ба ақл ғизо диҳӣ.» (Толстой)
Баробарӣ - «На дар ғам на дар шидӣ худро гум макун.» Ҳошим Гадо
Ватан- «Ватанатро дӯст дор, лекин ҳақиқатро фаромӯш накун.» Ҳошим Гадо
Бахшиш - «Дар ӯ бахшишу дод омад падид, бубахшид донандаро, чун сазид.» (Фирдавсӣ)
«Сикан дарро намебахшанд обе, Ба зӯру зар муяссар нест ин кор.» (Ҳофиз)
«Бо бахшиши Ту ман аз гунаҳ нандешам, Бо Тӯшаи Ту зи ранҷи Раҳ ҳандешам.» (Хайём)
«Касе ки бахшида наметавонад, вай купуркро мешикаст – бар ин ӯ бояд убур гузорад.» (Георг Ҳирберт) «омӯзиш беҳтарин ғизост (хӯрок).» (Ҳашим Гадо)
Ботин - «Садо акс медиҳад, вале ботинро мисли зоҳир дақиқ кардан мушкил аст.» Ҳошим Гадо
Васваса - «Аз фиреби иблис одам асли худро гум накард, тухми гул дар хорзор афтода гулшан мешавад.» (Саидҷон Ҳакимзода, Кадаҳи меҳр, 10)
Вафодорӣ - «Дило, дар вафо бош собитқадам, Ки бе сикка роиҷ набошад дирам! Зи роҳи вафо гар напечи инон, Шавӣ дӯст андар дили душманон.» Саъдӣ
Вақт - «Ду кас ҳеҷ гоҳ монда намешаванд; Вақт ва марг.» Ҳошим Гадо «Нафаре аз дӯсташ пурсид; Чаро камнамой? Ӯ посух дод; Кор бисёр умр кӯтаҳ, вақт даргузар.» Ҳошим Гадо «Ҳар рӯз, ки офтоб бармеояд, Як рӯз зи умри мо ба сар меояд. Ҳар субҳ, ки нақди умри мо медуздад. Дуздест, ки бо машъала дармеояд.» Хайём
Виҷдон - «Ҳар он кас ки бад писандидааст, надонаст зи хубӣ чӣ бад дидааст.» «Дар вуҷуди инсон ҳамеша то даме ки ӯ нафас мекашад ва роҳ мепаймояд, ду чиз ӯро ҳамеша таъқиб мекунад: яке покии ӯ ва дигаре нопокии ӯ. Виҷдон, Имон, беимонии ӯ ва аз ҳама бештар ӯро азоби рӯҳӣ медиҳанд.» Ҳошим Гадо «Сурати ахлоқиро лоуда масоз, худро дар оинаи виҷдон бубин.» Ҳошим Гадо «Ранҷ кашед то ки шарораи оташи осмонӣ дар дили шумо зинда монад – ин шарора виҷдон аст.» Ҷеорҷ Вашингтон «Виҷдон роҳнамои боэътимоди ҳаёти инсонҳост.» Толстой Водорсозӣ - Аесоп – 147,
Гуноҳ -«Ва ба роҳи каҷ дар ҳалокат ва залолат афтад.» (Аҳмади Дониш) l «бадӣ кунӣ, бадӣ бинӣ» (одобнома, 55)
l «Мо зери ниқобем. Агар рӯзе ин ниқобҳоро аз рӯи мо бигиранд ва мо худро бубинем, ба ростӣ, аз тарс ҳалок мешавем.» Ҳошим Гадо
«Дорам гунаҳе, ки пушти имон шиканад, Бозори тамоми бутпарастон шиканад. Бори гунаҳам агар ба мизон санҷанд, Тарсам, ки ба рӯзи ҳашр мизон шиканад.» Хайём
l «Дарахт аз решааш нола шунида пурсид: - Чаро менолӣ? - Реша дар ҷавоб гуфт: - Бори вазнинро бардоштан маро мушкилӣ меорад. Ба хулосае биё, ки чӣ кор кунем. Бори туро дигар бардошта наметавонам.» Ҳошим Гадо
«Холиқ туиву маро чунин сохтаӣ, Ҳастам ба маю тарона дилбохтае. Чун рӯзи азал маро чунин сохтаӣ, Пас баҳри чӣ дар дӯзахам андохтаӣ?» Умари Хайём
«Созандаи кори мурдаву зинда туӣ, Дорандаи ин чархи пароканда туӣ. Ман гарчи бадам, хоҷаи ин банда туӣ, Касро чӣ гунаҳ, чу офаринанда туӣ?» Умари Хайём
Гурусна - «Ончунон тухм пошидаам, ки метавонистанд, деҳеро сер кунанд, вале афсӯс, ки худ то ҳол гуруснаам. Бояд аз нав шудгор бикунам.» Ҳошим Гадо
Гуфт- «Гуфт-гуфт, гуфт-гуфт� бешумор гуфт, афсӯс хӯрд, ки гуфт, вале худ нафаҳмид, ки чӣ гуфт�.» Ҳошим Гадо
Гӯш кардан - «Бо гӯши дил шуниданро омӯз.» Ҳошим Гадо l «Гӯш доштан, маънии шуниданро надорад.» Ҳошим Гадо l «Шунид, вале афсӯс гуфт. Нашунидам.» Ҳошим Гадо l «Ҳар асрро шунаванда кам аст, гӯяндааш бисёр.» Ҳошим Гадо l «Ҷаҳон базмест нафрину ситоиш, нағмаи созаш, саропо гӯш бояд буд, ки дунё гуфтугӯ дорад.» Бедил l Принсипҳои гӯш кардан 1. Дар вақти гӯш кардан бо чашми ҳамсӯҳбат нигоҳ кунед. 2. Бо диққат гӯш кунед, андешаи шумо ба ҷои дигар набошад. 3. Дар сурати нафаҳмидан аз ҳамсӯҳбат хоҳиш кардан даркор, ки суханашро боз як бори дигар такрор кунад. 4. Ба суханҳои ҳамсӯҳбат ҷавоб диҳед.
Дил Холӣ - «Сири худ ба дӯсти худ магуӣ, Ки дӯсти ту дӯст дорад.» Масал
Дин -«Шуморанд аҳли дин ин нуктаро рост, ки каҷ бо каҷ гирояд, рост бо рост.» (Ҷомӣ)
Дониш - «такрор кардан модари дониш»
l «Донишро андаруни дониш биомӯз.» Ҳошим Гадо l «Гадоҳо буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд. Кӯшиш кунед гадои дониш бошед, на гадои меъда.» Ҳошим Гадо
Дунё – «Чархи каҷ рафтор каҷ рафтор дорад то ҳанӯз, Хиндагиро бозии маймун шуморад то ҳанӯз» (С. Ҳакимзода, Кадаҳи Меҳр, 15)
l «Чист дунё? Сарои офату шар! Чун калидони забулӣ ба ду дар.» (Саноӣ) l « Дар ин хокдони пурмоҷаро чизе нафамидам�.дунё фиреб асту фиребост.» Ҳошим Гадо
Дурӯягӣ «Куча хандони хона гирён.» Масал
Дуздӣ - l «Сари ӯро зи дор андешае не, Ба ғайр аз дӯздӣ ӯро пешае не.» Сайидо l «Бори каҷ ба манзил намерасад.» Масал
Дуо – Қудрат - l «Бо дами буррандаи Исои Марям гӯямат; Аз лабонӯ чашму рӯят дур умре ханда бод!» (Ҳакимзода) «Сари ҳар як дуои мо, азизон, ин дуо бошад, Касе, ки ёди мо созад, нигоҳ бонаш Худо бошад.» (Ҳакимзода)
Дӯрӯг - «Ҳама бақт ҳақро мегӯем, рост агар мезанем – дӯрӯги сафед.»
Дӯст - «Он дӯст, ки диданаш биёрояд ҳашм, бе диданаш аз дида наёсояд чашм, Моро зе барои диданаш бояд чашм, В-ар дӯст набинад, ба чӣ кор ояд чашм?» (Саъдӣ) l «Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст, дар парешонҳолию дармондагӣ.. (Саъдӣ) l «Гургзода гург шавад, гарчӣ ба бузургӣ бузург шавад.» (Саъдӣ)
«Ростон аз сӯҳбати каҷтинатон каҷ мешаванд. Кафш гардад, з- ихтилори пои каҷ Ночор каҷ.» (Бедил)
Забон - «Хирадманд бошу беозор бош, Ҳамеша забонро нигаҳ бор бош.» (Адулқосим Фирдавсӣ) l «На ҳар андеша лоиқи гуфтор асту на ҳар гуфтор лоиқи андеша.» (Ҳошим Гадо) l «Сухан аз даҳони луқмон хуш аст.» Масал (Одобнома, 78) l «панд оинаи ҳаёт аст»
Захира – «Сар пуру киса холӣ, киса пуру сар холӣ.» Ҳошим Гадо
Зиндагӣ - «Ба ҳар ҳол калиди қулфи зиндагиро бояд ёфт вагарна зиндагиат мушкил мешавад.» Ҳошим Гадо
Зӯрӣ - «Дар ин хокдони пурмоҷаро чизе нафамидам�. Дар зӯромад додарро ака гуфтем.» Ҳошим Гадо
Илм – «Қимати мард на бо симу зар аст, қимати мард ба илму ҳунараст.» (Халк)
Имон - «гумон аз имон ҷудо аст» Масал
«Имон як чашм дорад – ин чашм ба Каломи Худо нигоҳ мекунад.» (Насим)
Имрӯз - «Имрӯз барои ман, фардо барои ту.» Ҳошим Гадо
Инсон - «Инсон ҳамвора зинда бо рӯҳ аст, на ба тан. Агар инсон ҳаёти хешро на дар тан, балки дар рӯҳ эҳсос кунад, он гоҳ агарчанд ӯро ба занҷир бубандӣ ва болояшро ба оҳан маҳкам кунӣ, боз ӯ, умуман, озод аст. Барои рӯҳи ҷовидон амали ҷовидон монои худи он зарур аст, зеро ин амал камоли бебунии худу олами ба вай эҳдо кардаро дархост мекунад.» (Толстой)
Инсоф - «Аз он баҳравартар дар офоқ кист, Ки дар мулқронӣ ба инсоф зист?» Саъдӣ «Вақте дар бобати он чизе мешунавем, ки инсон кори ношояме содир намуда, он гоҳ мо чунин хоҳем гуфт: Ӯ беинсоф аст. Ин соф чист? Инсоф худ ин салои ҳамон мавҷуди рӯҳонии ягона аст, ки дар ҳамаи инсонҳо зиндагӣ мекунад.» (Толстой)
Итоат – l «Ҳосили қисса, он итоаткеш Ҳар чӣ фармуд, карду рафт аз хеш.» Бедил l «Гардани пастро шамшер намебурад.» Масал l «Ваъда додӣ, вафо кун; Қавл додӣ, иҷро кун.» Масал
Ишқ - «Гуфтам: – Ишқ – зиндагист Гуфт: - Ишқ марг аст. Гуфтам: – Ишқ – озодист. Гуфт: - Ишқ ғуломӣ аст. Гуфтам: – Ишқ – гули хидруст. Гуфт: - Ишқи ҳақиқӣ гули ноёб аст. Гуфтам, гуфт�.» Ҳошим Гадо
l «Ҳамаи калимаҳо таг, бар, боливу поён ва паҳлуӯҳои бешумор доранд. Амма Ишқ на таг, на бар, на поён, на боло ва на паҳлӯҳо дорад. Он милси Коинот беохир аст. Мисли Ҳаёт, Ишқ беҳтарин калимаест, ки мо Одамон ихтироаш кардаем.» Ҳошим Гадо l «Ишқ – сарҳашмаи офариниш аст.» Ҳошим Гадо l «Ишқ вайни марду зан кувваи ҷозибаеро тавлид мекунад, ки гусастани он душвор аст.» (Ҳуррам Раҳимзода)
Кина - «Дилро ба дил раҳест дар ин гунбади сипеҳр Аз рӯи кина кинаю аз рӯи меҳр меҳр.» (Бузургон)
Китоб - «Китоби дарси калидҳои дониш ва ойнаи зиндаги аст» Масал
Кор – l «Ҳар кореро, ки сар кардӣ, то охир бирасон.» (Ҳошим Гадо) l «Тез-тез кор кун! Ҳарду даст кор карда истодааст, дасти иловагӣ надорам, ки�.. –Ин қадар бо забон кор накуну бештар бо дастҳо ҳаракат намо! -Хуб шудааст, хӯҷаин, бо забон не, бо дастҳо кор мекунам. Танҳо ва танҳо бо даст!» (Ҳошим Гадо) l «Корҳои бузургро анҷом додан мумкин – дар ҳолате, ки интизори ситоиш касе, набошӣ.» (Халк)
Кори Савоб - l «Чу худро зи некон шумурдӣ, бадӣ. Намегунҷад андар Худоӣ, хадӣ.» (Саъдӣ) l «Ягон чиз барои Худо карда наметавонем, аммо Худо мехоҳад ҳама чиз барои шумо кунад.» (Халк)
«Эзид чу нахост он чи ман хостаам, Кай гардад рост он чи ман хостаам? Гар ҳаст савоб он чи ӯ хостааст, Пас ҷумла хатост он чи ман хостаам.» Умари Хайём
Кудак - «фарзанди нағз, боғи падар; фарзанди бад, доғи падар» Масал
Лаънат - «Якеро зишт хӯе дод дашном, таҳаммул карду гӯфт: Эй хубфарҷом, батар З-онам, ки хоҳӣ гуфтан онӣ, Ки донам, айби ман чун ман надонӣ!» (Саъдӣ) Марг - «Чӣ сари тарс аз он аст, ки дунё дудар аст, ба дари омадану рафт мақоме дорем.» (С. Ҳакимзода, Қадаҳи Меҳр, 16)
l «Ман ба ҳашмони худам мурдани худро дидам, Мурдаму лек надидам ба дилам мурдани шеър.» (С. Ҳакимзода, кадаҳи меҳр, 21)
l «Ду кас ҳеҷ гоҳ монда намешаванд; Вақт ва марг.» Ҳошим Гадо l «Аз се чиз гурехта намешавад; яке вақт, дуввум пирӣ, саввум ба манзили абадият рафтан.» Ҳошим Гадо
Маслиҳат - «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.» Масал
Маст - «Маст гашта лаққии ҳар дар шудам, Бар суханҳои қабеҳ чокар шудам. Рӯи раҳ афтода ҳар дам ҷар шудам, Дар нигоҳи хеш ҳам дигар шудам, Бадтарам бинмудӣ аз ҳайвон, арак.» Ашӯр Сафар
Мол - «Сар пуру қиса холӣ, қиса пуру сар холӣ. (Ҳошим Гадо)
Муаллим - «Муаллимӣ ҳунарест оливу наҷиб. Вале на ҳамон кас муаллим аст, ки тарбия ва маълумоти омӯзгорӣ мегирад, балки он касест, ботинан эътиқод дорад, ки муаллим аст, бояд бошад ва дигар ҳеҷ буда наметавонад. Ин эътиқод аҳёнан вомехӯрад ва фақат бо қурбониҳое собит мешавад, ки кас ба ҳунари худ мекунад.» (Толстой)
Мубориза - «То он даме ки ту барои гузаронидани ақидаи хеш мубориза мебарӣ, метавон гуфт, ки дуруст зиндагӣ кардӣ. Даме ки аз мубориза бозмондӣ, чунин шумор, ки мурдӣ.» Ҳашим Гадо
Муносибат- «Муносибат аз атрофиён муҳимтар, нисбат ба ҳақҷӯи.» (Халк)
Мушоҳида - «Дар асри мо фақат мугӣянд, вале тоби шунидану дидан надоранд.» Ҳошим Гадо
Мушоракат - «Низ тавқир кун шариконро, Ин бувад расму роҳ неконро. Ҳамашон аз худат азиз бидор, То биёбӣ саодати бисёр.» Ғиёсуддин ибни Эшон l «Дар шодию ғам туро шорикам, Мапсанд ба ман бадӣ, ки некам.» Шоҳин l «як даст садо надорад.» масал
Муҳаббат - «Роҳи муҳаббат раҳи дуру дароз, ҳаст дар ин роҳ гарон бори ноз» (Муҳаммад Ғоиб) l «муҳаббат қарз нест.» масал
l «Набуд нақши ду олам, ки ранҷи улфат буд, замона тарҳи муҳаббат на ин замон андохт.» Ҳофиз l «Муҳаббат аз дил об мехӯрад.» масал l «Муҳаббат муҳаббатро ҷалб мекунад. Агар хоҳӣ, ки дигарон ба ту муҳаббат дошта бошанд, аввалро худат ба дигарон муҳаббат кун.» (Оз-оз ӯрганиб доно бӯлур саҳ. 23)
l «Инсон худдӯстор аст. Агар ӯ дар худ тани хештанро дӯст бедорад, он гоҳ вай иштибоҳ хоҳад намуд ва аз ин муҳаббат ба ӯ ҷуз андӯҳ чизи дигаре нақши хешро нахоҳад монд. Муҳаббат ба худ ҳамон гоҳ судманд аст, ки агар ӯ дар хеш рӯҳро дӯст дорад. Рӯҳ дар ҳамагон якхел аст. Аз ин хотир агар инсон рӯҳи хешро дӯст дорад, вай рӯҳи дигаронро низ дӯст хоҳад дошт.» Толстой
Нек - «Магир муроди ту ҷузвест аз қазову қадар, Ки ҳаллу ақиди ҷаҳон аз қазову қадар аст.» (Муиззӣ) l «Неку бад ҳар ду тавон кард, вале бешак, Нек душвор тавон кардану, бад сахт осон.» (фаррухӣ) l «Нек аст ҳар он бад, ки ба бедодгар ояд.» масал
Нону намак - « Нону намак диҳӣ иззату эҳтиром мегирӣ.» Ҳошим Гадо
Нуфуз - «Агар дар як сол ҳосил гирифтан хоҳӣ - гандум кор. Агар ддар даҳ сол ҳосил гирифтан хоҳӣ - дарахти мева шинон. Агар сад сол ҳосил гирфтан хоҳӣ - одам тарбия кун.» (Масали Халкӣ)
Одоб- «Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насоз, ки ту инсонӣ на ҳайвон.» Ҳошим Гадо
Озоди худ – «Ҳама мехоҳанд, ки озод бошанд, вале озодӣ чист намедонанд. Кам касон медонанд, ки озодии мутлақ (комил) вуҷуд надорад.» Ҳошим Гадо
Офаридгор - «Дар бар фалакам даст будӣ чун Яздон, бардоштаме ман ин фаларо зи миён. В-аз навфалаки наве чунон сохтаме, К-озода ба коми дил чашмӣ осон.» (Хайём) «Худо як чиз ду бор намеофарад, ту шахсият ҳастӣ.» (Насим)
Ошиқ - «Ба як дидан диду ба сад дидан ошиқ гардид.» Халк l «бе ишқ зиндагӣ мухол аст.» (Афлотун) l «дар забони милати ман ишқ ин покизагист, Ҳар ки ин маънӣ надонад одами покиза нест.» (Файзулло Ансорӣ)
Оштӣ - «Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба ҷанг Хирадманд ҳаргиз накушад ба ҷанг.» (Абушукури Балхӣ) l «Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст.» (Саъдӣ) l «Пинҳон паҳи дуруст бувад баҳри ҷоҳилон, Он сон, ки офтоб ба кӯрон аён нашуд.» Ибни Сино
Ойла - «Қурбоқа шӯ дорад, обрӯ дорад» масал
Оянда - «Чи мешавад – надонӣ (2 бор), Чи мешавад ҳол надони, намедони ҳеҷ гоҳ чи шавад, Чи мешавад ҳол надонӣ»
Порахӯрӣ - «Макун, эй дӯст, зи ҷавр ин дилам овара Макун, Ҷон паи пора бигиру ҷигарам Пора макун.» Ҷалолиддини Румӣ
Пул - «Пул надорӣ, дӯстат надорам, пул дорӣ, дӯстат дорам.» Ҳошим Гадо
Риёкорон - «Як даст ба мусҳафему як даст ба ҷом, Гаҳ марди ҳалолему, гаҳе марди ҳаром. Моем дар ин чунбази фирӣзарухом, На кофири мутлақ, на мусулмони тамом.» (Хайём)
Ранҷ - «Ба ранҷ андар орӣ танатро, равост: Ки худ ранҷ бурдан ба дониш савост. Ба ранҷ андор аст, эй хирадманд ганҷ, Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ.» (Абулқосим Фирдавсӣ)
Ростӣ - «Хато – бад мебошад, онро ҳама мекунад, Рост – нек мебошад онро ҳеҷ дас намекунад.» (Халк)
Роҳбарӣ - l «Инсоне, ки худро роҳбарӣ карда наметавонад, оила ва фарзандҳояшро роҳбарӣ карда наметавонад.» Ҳошим Гадо l «Ту аввал худро саришта карда битовон, пас роҳбарии дигаронро кун.» Ҳошим Гадо l «Ҳар теппа мехоҳад, ки ӯ баландтарин бошад.» Ҳошим Гадо l «Касе, ки занро роҳбарӣ карда метавонад, тамоми дунёро роҳбарӣ карда метавонад.» Ҳошим Гадо l «Ҳомаи некӯ бад бар души роҳбар аст.» (Др. Лӣ Робертсон) l «Бидидам ҷаҳонро - навое надорад, ҷаҳон дар ҷаҳон подшоҳе надорад.» Анварӣ
Рӯза - «Ҳар узвро бидон, ки ба таҳқиқ рӯза аст, То рӯзаи ту рӯза бувад, назди Кирдугор.» (Аттор)
l «Зи файзаш мешавам эмин зи оташ, Ба ҳашр андар паноҳи рӯзадорӣ.» Ибодуллоҳ Шарифӣ l «Ман дар рамазон рӯза агар мехӯрдам, То занн набарӣ, ки бехабар мехӯрдам. Аз маҳнати рӯза рӯзи ман чун шаб буд, Пиндошта будам, ки саҳар мехӯрдам.» Умари Хайём
Рӯҳонӣ - «Дар вуҷуди инсон ҳамеша то даме ки ӯ нафас мекашад ва роҳ мепаймояд, ду чиз ӯро ҳамеша таъқиб мекунад: яке покии ӯ ва дигаре нопокии ӯ. Виҷдон, Имон, беимонии ӯ ва аз ҳама бештар ӯро азоби рӯҳӣ медиҳанд.» Ҳошим Гадо
Сабру тоқат – l «Чу сабру таҳаммул шавад ёри кас, Ба некӣ муяссар шавад кори кас.» (Шодӣ) l «Сабурӣ пеша кун, гар ком хоҳӣ, Ба тамкин кӯш, гар ором хоҳӣ.» (Ҳозиқ) l «Бурдбор шав, то эмин шавӣ.» (Масал)
Саховатмандӣ - «Саховат кунад некбахт ихтиёр, Ки мард аз саховат шавад бахтиёр. Ба лутфу саховат ҷаҳонгир бош, Дар иқлими луфу сахо мир бош.» Саъдӣ l «нияти нек, ним давлат.» l «Саховат сабаби некномӣ ва эҳсон муҷиби дӯсткомӣ аст.» Ахлоқи Мӯҳсиннӣ
Сухан - l «Нигоҳаш бикун, нигоҳат бикунад, ба ҳамдигар бо нигоҳ сухан гӯед.» Ҳошим Гадо l «Сухани зиёд ба гӯш намеғунҷад.» Ҳошим Гадо l «Худованди тадбиру фарҳангу ҳуш, Нагӯяд сӯхан то набинад хамуш.» Дар вақти сухангӯи худро аз Худо болотар гуфтан даркор нест
Табассум - «Табассум одамро гули сари сабад мегардонад.» Ҳошим Гадо
Табиати нафсонӣ - «Эзид чу нахост он чи ман хостаам, Кай гардад рост он чи ман хостаам? Гар ҳаст савоб он чи ӯ хостааст, Пас ҷумла хатост он чи ман хостаам.» Хайём
Тавба - «Тану ҷонам, Худоё поктар кун, Дилам равшантар аз нури саҳар кун.» (С. Ҳакимзода, Кадаҳи Меҳр, 17) l «Эй инсон! Дар зоҳир ба тавҳид эътироф дорӣ ва дар ботин тардиди созанда созӣ. Хуб аст, ки дар зоҳиру ботин эътирофи Худо кунӣ, то мағзи ҷонат орам бошад.» Ҳошим Гадо
Талоқ – «Имшаб паи ратли якманӣ хоҳам кард, Худро ба ду ҷоми май ғанӣ хоҳам кард. Аввал се талоқи ақлу дин хоҳам дод, Пас духтари разро ба занӣ хоҳам кард.» Хайём
Танбал - «Оне, ки хобро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ ба муваффақияти калон ноил шуда наметавонад.» (Ҳошим Гадо)
Танҳоӣ - «Инсон дар куҷое, ки набошад танҳост.» Ҳошим Гадо l «Дар ин хокдони пурмоҷаро чизе нафамидам�.дар танҳоӣ дадои пашша ҳам муассир аст.» Ҳошим Гадо l «Танҳо ба дунё меоем ва танҳо меравем, вой агар танҳодил зиндагӣ кунем.» (Муҳаммад Ҳиҷозӣ)
Тақдир - «Ё раб, ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам? Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам? Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд, Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чӣ кунам?» Хайём Ташаббускор -«Қулаҳ каҷ карда метозӣ саманду халқ мегӯянд: Худо ҳамвора ёри ин савори каҷ кулаҳ бодо.» (Ҷомӣ) l «Албатта, бахтҷунбон лозим. Лек бикӯш, ки худат ҳам биҷунбӣ. То худат наҷунбӣ чизе ҳосил намешудааст.» (Ҳошим Гадо)
Тоқат - «То ҳоло касе аз таҳаммул (тоқат) зарар надидааст. Ту ҳам сабр кун, оқибати коратро хоҳӣ дид.» Ҳошим Гадо
Тӯмор - «Тӯмори домулоро Ҳаво доду бихандид. Модар калонаш ҳампас Хатои худро фаҳмид.» (Суҳайлӣ Тавҳаризода)
Умед - «То он даме ки умед дар дили ту шӯъла мезанад, бидон ки зиндаӣ. Бо хомӯш шудани шӯълаи умед инсон низ мемирад.» Ҳошим Гадо
Файз - «Бар табару ӯстон чу файзи баҳор, Гар ҳама ранг дашт, кард эсор.» (Бедил) l «Мапурс аз чашмаҳои файз парвор, ки баҳр аз хиҷлат ин ҷо мешавад тар.» (Бедил) l «танҳо файз озод аст, чун ки офаридгор худаш арзишашро додааст.» Филип Янси l «Маъни файз ин аст ки чизе нест, ки аз иҷрои он Худованд моро бисёртар дӯст бидорад ва ҳам чизе нест ки аз иҷрои он Худованд моро камтар дӯст бидорад.» Филип Янси Фиреб - «Мефиребӣ, мефиребандат.» (Ҳошим Гадо)
Хасис – «Хасис дар дунё ҳеҷ гоҳ соҳибэҳтиром намешавад.» Ҳошим Гадо
Хислат - «Андеша мекорад, амал медаравад; Амал мекорад, Одам медаравад; Одам мекорад, хислат медаравад; Хислат мекорад, насиб мегирад.» (халқ)
Хондан - l «Барои он ки шунавотар гардӣ, дарк карданро биомӯз. Барои биной афзудан бошад, бештар бихон. Аҷаб ин ки барои нобиной низ хондан лозим будааст.» Ҳошим Гадо l «Омӯзгори хуб касест, ки худ паи омӯзиш бошад.» Ҳошим Гадо
Худ боворӣ - «Агар гӯӣ, ки битвонам, қадам Дар неҳ, ки битвонӣ, В-агар гӯӣ, ки натвонам, бирав Бинишин, ки натвонӣ.» (Восифӣ)
Худдорӣ - l «Комил он аст ки аз худ бошад огоҳ, Чӣ дар маҷлис, чӣ дар хиват, чӣ дар роҳ.» (Бедил) l «Ҳофизо, одати хубон ҳама ҷавр асту ҷафо, Ту ку з-ин тоифа умеди вафо медорӣ.» Ҳофиз l «Тарки одам балои ҷон аст.» масал l «тарки одат амри маҳол»
Худро омӯз - «Аксаран мегӯянд, ки аввал худро омӯз. Ман бо ин ақида розӣ ҳастам. Касе, ки худро омӯхтааст, метавонад одамонро фаҳмад, ақидаҳои онҳоро таҳмил[1] намояду аз амалҳояшон хулоса барорад.» (Ҳошим Гадо)
Худо - «Худованди тадбиру фарҳангу ҳуш, Нагӯяд сӯхан то набинад хамуш.» ?? «Ӯ бо мост, лек мо бо ӯ на!» Ҳошим Гадо
Худо дур аст- «Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш, Дидам ду ҳазор кӯза гуёву хомӯш. Ногаҳ яке кӯза баровард хуруш- Ку кӯзагору, кӯзахару, кӯзафуруш!» (Хайём)
Худо- Падар - «Осмони гӯё дар намуд ором аст. Ӯ мисли падар аз боло ба замин-модар ва тифли офаридааш одам нигарон аст. Ку ин тифли хоми мо ба чӣ корҳо машғул аст. Осмон-падар тифлашу модар-заминро нигаҳбонӣ мекунад. Шояд тифлашон ба воя расида, ягон бор ба падару модараш раҳм бикунаду дуои онҳоро бигирад. Падар-осмон ва модар- замин мисли кӯҳ вазнин, мисли баҳр ором, нигарони онанд, ки тифли бадхӯи онҳо беҳ шавад. Ба гумонам�..» Ҳошим Гадо - (ин фикри аз Буддаизм ё Авесто )
Хурок - «Ҳама чизро ғизо лозим аст, рӯҳу ҷонро низ. » Ҳошим Гадо
Умед - «Аз ноумедиҳо, басе умед аст, поёни шаби сиёҳ, сафед аст.» Масал l «То пухта шавад умеди хомаш, Бар мурғ фиганд ҳамчу домаш.» (Файзӣ)
Шариат - «Асрори азалро на ту дониву на ман В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман. Ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту, Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.» Хайём
Шаҳодат- «Он ки ҳоло мешуморад хешро ёри Худо Дар замони бехудоён буд безори Худо Боз мункир буд умре аз биҳишту дӯзахаш, Ҳолиё гӯяд сухан пайваста аз кори Худо.» (С. Ҳакимзода, Кадаҳи Меҳр, 22)
Шикаст хӯрдан - «Касе, ки борҳо шидаст хӯрда, иродаи хешро обутоб додааст, ғалаба ба даст оварда метавонад.» Ҳошим Гадо
Шогирдӣ - «Ҳар ки шогирдӣ накард, шогирд монад то абад, Ҳар кӣ шогирдӣ кунад, устод гардад оқибат.» (шоири Тоҷик)
Шукрона - «Шукр неъмат неъматат афзун кунад, куфур неъмат аз кафат бирун кунад.» Румӣ
Шухӣ - «Аблаҳе девонаро пурсида – Кистӣ? Девона гуфта – Ман ту бошам ва ту ман!» Ҳошим Гадо
Якравӣ - «Худата беақл нишон деҳу якрав бош!» Ҳошим Гадо
Ғазаб - «Ғазаб мили кирмест, ки баданро ба оҳистагӣ мехӯрад.» l «Лаззати умрат агар бояд ба даҳр, Бош доим барҳазар аз хашму қаҳр. Чун нагардад халқ бо хӯн ту рост, Гар ба хӯи мардумон созӣ, равост.» Аттор
Ғам - «То ғам нахӯрд одам, шодӣ надид як дам; Хушбастиҳои мо ҳам аз ғамгусор бошад.» (с. Ҳакимзода, кадаҳи меҳр, 14)
Қадр - «Меҳр дар наздикӣ асту қадр дар дурӣ.» Ҳошим Гадо
Қарз – l «Харҷ агар аз кисаи меҳмон бувад, Ҳотами Той шудан осон бувад.» Саъдӣ l «Аз навкиса қарз накун, қарз кардӣ харҷ накун.» масал
Ҳавас - «Дар хурдӣ орзуи калон шудан дошт. Каон шуд мехоҳад бузург бошад.» Ҳошим Гадо l «Ҳавас дигару ошиқӣ дигар аст.» Хусрави Деҳлавӣ
Ҳақ – Ҳақиқат талх аст, Ҳақиқат зодаи баҳс аст. l «Ман ними ҳақиқатро гуфтам, ними дигарашро бо худ ба гӯр мебарам.» (Ҳошим Гадо) l «Ҳақиқатро гузаштагони мо ҳам ҷустанд, вале аксарият наёфта, бимурданд. Ту ҳам яке аз онҳо хоҳӣ шуд�.» Ҳошим Гадо. l «Ватанатро дӯст дор, лекин ҳақиқатро фаромӯш накун.» Ҳошим Гадо l «Одамон аҷоиб сохта шудаанд; Ба ростат бовар намекунанд, ҳамин ки ба дурӯғгӯй даромадӣ, бовар мекунанд.» Ҳошим Гадо l «Ҳақиқат асоси зиндагист, макр ҳаракатдиҳандаи он.» Ҳошим Гадо Ҳурмат- «Чӣ неку задаст ин сухан бар ҳамин: Бувад ҳурмати ҳар кас аз хештан.» Саъдӣ
Ҷавонон – «Дар ҷавонӣ сайъ кун гар бехалал хоҳӣ амал, Мева бенуқсон бувад гуи аз дарахти навбар аст.» А. Ҷомӣ
Ҷаҳду ҷадал«Қадри инсо на дар он аст, ки ба чӣ комғб шудааст, балки дар он аст, ки ба чӣ ҷаҳду ҷадал дорад.» Ҷуброн Ҷалил
Ҷаъфар - « Ҷаъфар дидам, ки ба ҷаъфар нишаст, ҷаъфар ҷаъфарӣ мехурду аз ҷаъфар гузашт.» 1- ном 2. Шутур 3. Шутур 4. Алаф 5. Дарё . Ҷустуҷӯ - «Баъзе касон чизеро дида мепурсанд – барои чӣ? Ман чизҳое, ки дар хобу хаёл мебинам, ҳеҷ вақт набуданд ва мепурсам – барои чи? (Ҷеорг Бевнард Шоҳ)
l Матто 6 - «Агар хайре аз дастат ояд, бикун. Оре, ба дастони худ бикун ва пас аз ин даҳонро бипӯш, зеро даҳони кушода хайри пӯшидаро барбод медиҳад.» Ҳошим Гадо l Ибриён 4,12- «Ман ба ҳашмони худам мурдани худро дидам, Мурдаму лек надидам ба дилам мурдани шеър.» (С. Ҳакимзода, кадаҳи меҳр, 21) Ресорсҳо · «Куллиёт» Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, Теҳрон, 2001. · «Саъдӣ Шерозӣ» Чанд варақ аз Гулистон, «Маориф» Душанбе, 1985. · Ҷалолиддини Румӣ, ҷилди 1 & 2, Душанбе, Адиб, 1992. · «Рубоиёти Хайём» Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2000.
[1] Бор кардан ба касе зиёда аз қувваташ коре фармудан. << Шеърҳо |