Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Шеърҳои Одам

Download
 

 Шеърҳои Одам

«Гар гавҳари тоатат насуфтам ҳаргиз,

Гарди гунаҳ аз чеҳра наруфтам ҳаргиз,

Навмед наям зи боргоҳи карамат,

Зеро ки якеро ду нагуфтам ҳаргиз.»  (Хайём)

  

«Пок аз адам омадему нопок шудем,

Шодон ба дар омадему ғамнок шудем.

Будем зи оби дида дар оташи дил,

Додем ба бод умру дар хок шудем.»   (Хайём)

  

«Нақшест, ки бар вуҷуди мо рехтаӣ,

Сад булъаҷабӣ зи мо барагехтаӣ.

Ман з-он беҳ аз ин наметавонам будам,

К-аз бӯта маро бад-ин сифат рахтаӣ.»  (Хайём)

 

«Хайём, барои гунаҳ ин мотам чист?

В-аз ғам хӯрдан фоида бешу кам чист?

Гар ҳеҷ гунаҳ набошадӣ, ғуфрон чист?

Ғуфрон зи барои гунаҳ омад, ғам чист?»  (Хайём)

 

«Дида дарё кунаму савр ба саҳро фиганам,

В-андар ин кор дили хеш ба дарё фиганам.

Аз дили танги гунаҳгор барорам оҳе,

К-оташ андар ҷигари Одаму Ҳаво фиганам.»  (Ҳофиз , сф. 394)



<< Шеърҳо