www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Шеърҳо барои БашоратГарчӣ гул дар нозуки машҳур дар баҳрубарастХотири шармӯ ҳаё аз барги гул нозуктар аст. Беазми дурустӯ саъи комил, Касро нашавад мурод ҳосил. Бедил
Ободгари ҷаҳони вайрон моем Дунёи чӣ лозим аст, худ дунёем Бегона наем гарчӣ дурем ба дил Фарзанди ҳамон як Одаму Ҳаввоем - Лоиқ Шералӣ
Ҳар ки хандонад ятими ҳастаро Боз дарёбад ҷаннати дар бастаро Дар илму ирфон Чу шамси тобон Ҳасти дурахшан Забони тоҷик Аниси кунҷи танҳоӣ, китоб аст. Фурӯғи субҳи доноӣ, китоб аст. Ҷомӣ
Сад хонаи обу гул ба як дил нарасад, Каъба чӣ равӣ, берав дилеро дарёб Ҳофизи Шерозӣ
Тавба фармонён чаро худ тавба камтар мекунад, Чун ба берун мераванд худ коре дигар мекунанд. Ҳофизи Шерозӣ
То тавонӣ дӯстонро гум макун, Дӯстони меҳрибонро гум накун, Дар ҷаҳон бедӯст будан мушкил аст Мушкилосонкун касонро гум макун. Турсонзода
Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод. Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод. Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ, Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод. Дар ду олам нест моро бо касе гарди ғубор, Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Дар олами бевафо, касе хуррам нест, Шодию нишот дар бани одам нест, Ҳар кас, ки ӯро дар ин замона ғам нест, Ё одам нест, ё аз ин олам нест. Хайём << Шеърҳо |