Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Масеҳ шиносӣ

Download
 

Масеҳ шиносӣ


Исои Масеҳ кӣ аст?

Чанд ақида дар Тоҷикистон ҳаст:

  • Аз Ислом – Фақат пайғамбар аст.

  • Аз Шоҳодати Яҳува – Худованд аст вале Худо нест.

  • Аз Китоби Муқаддас – Худо «инсон шуд» - комилан илоҳият ва инсоният.


Масеҳ – Пеш аз Таваллудаш

  • Каломи Худо – Юҳанно 1:1-3, Ҳастӣ 1:3

  • Эътирофи Исои Масеҳ

Юҳанно 8:58пеш аз Иброҳим

Юҳанно 17:5 -«Ба ҳамон ҷалоле ки пеш аз ҳастии олам назди Ту доштам.»

  • Ишаъё 9:6 - Азалияти Исои Масеҳ


Нахустзодаи тамоми Махлуқот

Нахустзода чӣ маънӣ дорад?

Қулассиён 1:15-19

  1. «дар ҳама чиз аввалин бошад» 1:18

  2. маънӣ ин хел аст - «Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд» (Ибриён 1:2)

  3. Аз Ӯ ҳама чиз ба вуҷуд омад.

  4. Забур 88:27-28 – ҳам маънии ҷои вазифаи Ӯ мешавад:

«Ӯ маро хоҳад хонд: �Ту падари ман ҳастӣ, эй Худои ман ва кӯҳпораи наҷоти ман.� ман низ ӯро нахустзодаи Худ хоҳам гардонд, балантар аз подшоҳони замин»


Нахустзодаи маъни ин аст ки Исо ҷои аввалин, ва вазифаи баланд дорад. Ин маъни бо таваллудаш боваста нест, аммо бо вазифаи Ӯ мебошад.


Фариштаи Худованд – мисли Худо аммо аз Худо алоҳида аён аст. Ин фариштаи Худованд кӣ аст?


Ҳастӣ 16:7-14 – Ҳоҷар - «ман Худоро дидам»

Ҳастӣ 22:11-18 – ба Иброҳим

Ҳастӣ 31:11-13 - Яъқуб - «Манам Худои Байт-Ил»

Хуруҷ 3:2-10; 14:19 - «Ман Худои падарат ҳастам» 3:6 - Мӯсо

Адаҳо 22:22-35 – Билъом, Ададҳо 23:5 – нишон медиҳад, ки Худованд ва фариштаи Худованд як ҳастанд.

Доварон 6:11-23 - Ҷидъӯн, 6:34 – Рӯҳи Худованд

Доварон 13:2-25 – Модари Шимшӯн

(3)Подшоҳон 19:5-7 – Илёс


Муҷассами Исои Масеҳ


Муҷассам чӣ аст? Исо ки дар ибтидо буд, ҷисм гардид.

  • «Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.» Юҳанно 1:14

  • ба ҷисм мубаддал шудан


Хонед: Филиппиён 2:6-11


Филиппиён 2:7 -«Балки Худро кам дониста» - «кам дониста» чӣ маъно дорад?


Аз тарҷумаи тафсирӣ форсӣ -«Балки қудрату ҷалоли Худро канор гузошт ва ба шакли як банда даромад.»

  • Ӯ ҳамаи имтиёзи (фарқ кардани) Илоҳиро ба як тараф гузошт то, ки Ӯ қурбонии ҷаҳон бошад.

  • «канор гузошт» нисбати тарҷумаи «кам дониста» нағзтар аст, чун Исои Масеҳ ҳамадон аст ва «кам дониста» қариб маънӣ дорад, ки худаш нафаҳмид, ки шахси худаш кӣ буд. Ҳам «кам дониста» зидди ҳамадонии Ӯ буд. Исо ҳамадониро дар канор гузошт вақти, ки Ӯ дар дунё зиндагӣ мекард.

  • Исои Масеҳ аз имконияти илоҳии Худаш дар канор монд ва Ӯ мисли як хизматгор хизмат мекард. Ӯ хости Худашро ба падараш Худо таслим кард. Ӯ «Худро фурӯтан сохта»

  • Ҳамадон буд – Юҳанно 1:47-48; Юҳанно 2:4; Юҳанно 18:2-4

  • (2) Қӯринтиён 8:9 - «Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед.» Исо дар замин бенаво шуд.

  • Ҳамақудрат буд – Юҳанно 10:25; 14:11; 15:24

  • Муҷизоти Исо аз қудрати Худаш – Матто 9:28

  • Вале монанди одамон пайдо карда – Қӯлассиён 2:9


Хулосаи ҷисм гардад

  • Ҷалоли илоҳияташ парда бардошта шуд. Исо ҷалоли худро зоҳир кард. Юҳанно 1:14; 2:11

  • Қудрати Илоҳӣ гум нашуд аммо Ӯ бо ихтиёри Худаш истофода накард.


Оё ин мумкин аст? Чӣ хел мумкин аст?

Ҳастӣ 1:26 – Одамро ба «сурати Худо» офаридаст. Агар Одам бо сурати Худо набуд, пас Худо инсон шавадро ҳам наметавонад. Вале нақшаи Худо бузург буд ва одамизод хислати рӯҳонӣ вуҷудият доранд ва барои ин муҷассами Исои Масеҳ мумкин буд.


Барои чӣ Худо инсон шуд?

  1. То ваъдаи Худро ба иҷро расонад – Румиён 15:8-9

Ва то ба халқҳо марҳамати Худро нишон диҳад.

  1. Муҳаббати Худро нишон диҳад

Юҳанно 3:16

Юҳанно 16:27

  1. Исои Масеҳ Худоро зоҳир кард

Юҳанно 1:18

Юҳанно 14:9 – «ҳар ки маро бинад, падарро дидаст.»

  1. Гуноҳро нест кунад

Ибриён 9:26

Маркус 10:45

(1) Юҳанно 3 :5


Моҳияти Исои Масеҳ

Матто 11:27 – Исои Масеҳ Падари осмониро мешиносад.


Инсонияти Исои Масеҳ

Таваллудаш – Ғалотиён 4:4, Матто боби 1-2, Луқо 2

Бегуноҳ зиндагӣ кард

  • (2) Қӯринтиён 5:21

  • Ибриён 7:26

  • (1) Юҳанно 3:5

  • Луқо 1:35 – Муқаддас аст

Инкишофи оддӣ - Луқо 2:40, 52

Комилан инсоният

  • Юҳанно 4:6 - «Исо аз сафар монда шуда»

  • Матто 4:2 – Исо «ниҳоят гурусна монд»

  • Юҳанно 19:28 – Исо гуфт «ташнаам»

  • Юҳанно 8:40 - «Ман Шахсе ҳастам»


Барои чӣ писари Худо?

  • (1) Вақоеънома 17:7-14

  • Забур 2:7

Хислати Масеҳ

«Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт.» Матто 11:29

«Касе гӯяд, ки дар Ӯ собит мемонад, вай бояд тавре рафтор кунад, ки Ӯ рафтор мекард.» (1) Юҳанно 2:6


Муқаддас

  • Луқо 1:35 «мавлуди Муқаддас»

  • Аъмол 3:14 - «шумо Қуддус ва Одилро рад намуда,»

  • Ибриён 4:15 - «гуноҳ накард» (Ибриён 7:26)

  • «Ӯ гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд.» (1) Петрус 2:22


Муҳаббаташ

  • Эфсӯсиён 3:19 - «Муҳаббати Масеҳ, ки аз идрок болотар аст, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед.»

  • Юҳанно 14:31 - «Лекин, то ҷаҳон бидонад, ки Ман Падарро дӯст медорам, чунон ки Падар ба Ман ҳукм кард, амал мекунам: бархезед, аз ин ҷо биравем.»

  • Матто 11:19 - «Писари Одам омад, мехӯрад ва менӯшад; мегӯянд: �Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст� »


Хоксорӣ

  • «Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот (марг), то дами мавти салиб фармонбардор буд.» Филиппиён 2:8

  • Луко 2:7 - «Ӯро парпеч кард, ва Ӯро дар охуре хобинид, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд.»

  • Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон лона ва мурғонаи ҳаво ошёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад.» Луқо 9:58

  • «Пас, агар Ман, ки Устод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишӯед.» Юҳанно 13:14

Ҳаёти пур аз дуо

  • Матто 14:23 – ба кӯҳ рафт, шаб дуо кард (Луқо 6:12

  • Саҳар, танҳоӣ дуо кард – Марқус 1:35

  • Пеш аз маргаш – Матто 26:38-46

  • «Бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ (илтиҷо) намуд, ва ба хотири таъзиму такрим1и Худ иҷобат карда шуд.» Ибриён 5:7


Номи Исо, ки фақат номи Худо аст


«Худо» Юҳанно 1:1, 14; 10:30 -«ман ва Падар як ҳастем»

Юҳанно 20:28


«Писари Худо» Юҳанно 10:33-36. 5:18-19


«Худованд» Луқо 2:11, 342 бор дар Инҷил, ин «Худованд» бо Исо пайваст аст.


Шоҳи шоҳон – Забур 23:8-10; (1) Қӯринтиён 2:8


«Мукаддас» Ҳушаъ 11:9; Аъмол 3:14

«Аввал ва охир» - Ишаъё 44:6; Ваҳй 1:8, 17-18; Ваҳй 22:13

«Ман Ҳастам» Хуруҷ 3:14, Юҳанно 8:58, Юҳанно 18:5-6


Амали Масеҳ – Маргаш


Пешгӯӣ буд

  • Ҳастӣ 3:15 «ту (мор) пошнаи варо (Масеҳ) хоҳӣ кӯфт.»

  • Иди Фисҳ – намунаи марги Исои Масеҳ – Хуруҷ 12

  • Қурбонҳои дар китоби Ибодат бобҳои 1-7.

  • Забур 21:16-17

«Кувватам мисли сафол2 хушкидааст,

тӯдаи3 бадкешон гирди маро ҳамчун шере гирифта,

дастҳо ва пойҳоямро маҷрӯҳ4 карданд.

Ҳамаи устухонҳоямро мешуморам,

Лекин онҳо тамошокунон аз ман ниқор5 мегиранд.»

  • Ишаъёи набӣ 53

  • Дониёл 9:26 - «Баъд аз шасту ду ҳафтсола Масеҳ талаф хоҳад шуд.»

Марги Исо мақсади асосии омадани Исо буд

  • Марқӯс 10:45 - «Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад.»

  • (1) Юҳанно 3:5 - «Ва шумо медонед, ки Ӯ барои бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд, ва дар Ӯ гуноҳе нест.»

  • Марги Исои Масеҳ барои наҷоти одамизод аст. Румиён 3:25-26.

Пешгӯии Исои масеҳ – 8 бор худаш пешгӯй мекард

Матто 16:21

Матто 17:9

Матто 17:12

Матто 17:22-23

Матто 20:18-19

Матто 20:28

Матто 21:33-46 – масали дар бораи марги Исо

Матто 26:1-2


Ақидаи Ислом дар бораи марги Исои Масеҳ

  • Ислом мегӯяд, ки Исо намурд вале аз маргаш озод шуд.

  • Тафсирони Қуръон мегӯяд, ки каси дигар дар ҷои Исо мурд.


Вале чанд ояти Қуръон мегӯяд, ки Исо мурд:

  • «Он Гоҳ Худо гуфт: �Эй Исо, ман туро мемиронам ва ба сӯи худ бармеоварам.» Сураи Оли имрон 3:55

  • «Ман ба онон ҷуз он чӣ Ту фармонам дода будӣ, нагуфтам. Гуфтам, ки Оллоҳ – Парвардигори маро ва Парвордигори худро бипарастед. Ва ман то дар миёнашон будам, нигаҳбони ақидаташон будам ва чун маро мирондӣ, Ту худ нигаҳбони ақидаташон гаштӣ. Ва Ту бар ҳар чизе огоҳӣ.» Сураи Моида 5:117

  • «Салом бар ман, рӯзе, ки зода шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки дигар бор зинда барангехта мешавам!» Сураи Марям 19:33


Кафорати Қурбонии Исои Масеҳ

  1. Барои гуноҳи дигарон мурд

Ишаъё 53:5-10

Румиён 5:8

(2) Қӯринтиён 5:21 - «Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, варои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.»

  1. Қурбониаш бо кори адолат мебошад

Юҳанно 10:15-18

* Ақида ҳаст, ки ин нодуруст ё беадолат аст то каси бегуноҳ ҷои гуноҳкорро мегарад. Вале доварии Худашро бо ҷазо пардохт. Аз назари адолат, ин тавр мешавад ва дуруст аст.

  1. Барои ҳама мурд

Юҳанно 1:29

  1. Тимотиюс 2:6

Титус 2:11

  1. Юҳанно 2:2 - «Ва Ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ.»


Савол – Дар вақте Исо мурд, чӣ мурд? Рӯҳаш ё фақат ҷисмаш?



Амали Масеҳ – Эҳёи Ӯ
  1. Қӯринтиён 15:12-19 – бе эҳёи Исои Масеҳ, имони мо бефоида аст.


Бадани эҳёвӣ чӣ хел буд

  1. Ҳақиқатан бадан буд

Матто 28:9

Луко 24:39

  1. Ҳақиқатан бадани Исо буд

Юҳанно 20:27, 21:7

  1. Бадан ки имконяти дигар дошт

Юҳанно 20:19 –

  1. Доим зинда мемонад

Ваҳй 1:18

  1. Тим. 1:10

Румиён 6:9


Натиҷаи Эҳёи Исо

  1. Исботи Илоҳияти Исо

Румиён 1:4

  1. Рози шудан ба кори наҷоти Худо

Румиён 4:25

  1. Коҳини мо шудааст

  1. Тим. 2:5

Эфсӯсиён 1:20-22

Сууди Исои Масеҳ

Луко 24:50—

Аъмол 1:9


Ҷалоли Исои Масеҳ

Аъмол 2:33, 5:31

Румиён 8:34

Филиппиён 2:9 – номаш баландтарин

Қудрати Ӯ - Эфсӯсиён 1:22

  1. Петрус 3:22

Ямини Худо – Матто 29:18, Ибриён 10:12


Хатогӣ: Исои Масеҳ аввал инсон буд баъд Худо шуд.


Исои Масеҳ аз азалӣ комилан Илоҳӣ буд.


--- Ин дафтарча табдил ва истифода карда мумкин аст, фақат сарчашмаи он маълум кунед.



«Дафтарчаи Масеҳ шиносӣ» аз Накҳати Ҷон – Душанбе, 2007.

1Иззату ҳурмат

2паст шудан

3гуруҳи

4захмин

5душманӣ



<< Илоҳият