www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Китоб Муқаддас шиносӣDownloadКитоби Муқаддас шиносӣ
Таълимоти масеҳӣ: «Мо боварӣ дорем, ки Китоби Муқаддас ягона илҳоми Илоҳист ва Сухани бегуноҳи Худост.» (2) Петрус 1:20-21 - «Ва пеш аз ҳама чиз инро бидонед, ки ҳеҷ як нубуввати Навиштаҳо тафсири шахсиро раво намедонад; зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд.»
«Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст, то ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад.» (2) Тимотиюс 3:16
Қонуни Китоби Муқаддас Қонуни1 Китоби Муқаддас ин аст, ки ҳар як китобҳои таърихӣ аз илҳоми Худо аст ва равиши он чӣ гуна мебошад ва ин қоида ё қонун қабул шудагӣ аст. Қонуни Аҳди Қадим - Аҳди Қадим бо забони Ибрӣ навишта шудааст. Фақат як қисми Дониёл ва як қисми Эзро бо забони Арамӣ навишта шудааст.
Қонуни Аҳди Ҷадид – Китоби Аҳди Ҷадид (Инҷил) бо забони Юнонӣ аст. Ҳамаи китоб дар байни солҳои 48-95 милодӣ навишта шуданд.
Равиши Қонун дар таърих
Китобҳои ғайриқонунӣ - китобҳое, ки ба қонун дохил нашудаанд, мисли Апокрифҳо, ин китобҳои яҳудӣ пеш аз милод навишта шудаанд вале Яҳудиён онҳоро ба ҳисоби Каломи Худо қабул накарданд, онҳо апокрифҳоро таърих ҳисоб мекунанд. Католикҳо ин китобҳоро қабул мекунанд вале калисои дигар қабул намекунад ки ин китобҳо дар Қонуни Китоби Муқаддас аст. (Ҳамсафари Библия, сф. 133, дар охири Китоби Муқаддас абзатс вуҷуд дорад.) Ваҳии умумӣ Ваҳии умумӣ - Хислату қудрати Худо аз табиати олам маълум аст ва аз ин ваҳии табии одамизод чизҳои рӯҳониро мефаҳмад. Ин ба одамизод зарур ва ҳатмӣ нишон медиҳад, ки Худо вуҷуд дорад. Румиён 1:20-21 - «Зеро ки моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд. Агарчи онҳо Худоро шинохта бошанд, Ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ботил, ва дили бефаросаташон тира шуд.» «Осмонҳо ҷалоли Худоро эълон мекунанд, ва фалак аз амали дастҳои Ӯ хабар медиҳад. Рӯз бо рӯз сухан мегӯяд, ва шаб бо шаб фикр изҳор мекунад. На гуфтор аст, на сухан; овози онҳо ба гӯш намерасад. Садои онҳо ба тамоми замин меравад, ва каломи онҳо то ақсои дунё.» Забур 18:1-5 Ваҳии махсусИлҳоми рӯҳонӣ ё Ваҳии махсус– Ин нафаси Худо аст ки бар мардони Худо омадааст то ки онҳо Каломи Худоро нависанд. Вале ин маъно надорад, ки Каломи Худо дикта шавад ин маънои онро дорад ки Худо хислату воқеъаи пайғамбарро истифода мекард. Забур 18:8-12
Ибриён 1:1-2 - «Худое ки аз қадимулайём (вақти пеш) борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст, дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард.» Юҳанно 1:18 - «Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир кард.» Чӣ тавр Китоби Муқаддас аз илҳоми Худо аст? Ин Китоби Муқаддас илҳоми пуррагӣ ва ҳама калимаҳо аз Худо мебошад.
Қудрати ҳақи динҳоАз дини Ислом – қудрати ҳақи дини Ислом аз Қӯърон, Ҳадисҳо ва тафсири Қӯърон ва баъзе вақт муллоҳо ба «Қасоси Анбиё» ва «Таърихи Табарӣ» қудрати ҳақи динашонро доранд. Аз Православҳо ва Католикҳо – қудрати ҳақи дини онҳо Китоби Муқаддас, суннати падарон ва таълимоти калисои онҳо мебошад. Онҳо бо суннати калисо бисёр диққат медиҳанд. Аз Калисои Инҷилӣ - Фақат Китоби Муқаддас қудрати ҳақи имони мо аст. Ҳамаи таълимот ва тафсири Китоби Муқаддасро бояд санҷида бароянд, «то бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не.» (Аъмол 17:11). На суннат, на орфу одат, на тафсири Китоби Муқаддас ва на китоби таърих ҷои Каломи Худоро мегирад, вале ин чизҳоро ба Китоби Муқаддас таслим мекунанд. Рӯшонии РӯҳулкудсИн фаҳмидани Китоби Муқаддас, ки бо ёрии Рӯҳи Худоро бошад. Рӯҳи Худо дар дили инсон кор мекунад ё ёрӣ мекунад, баъд Китоби Муқаддас ба вай мефаҳмонад.
Каломи Худо абадӣ астЗабур 118:89 - «Каломи Ту, эй Худованд, то абад аст; дар осмонҳо қоим аст.»
Каломи Худо иваз ё илова намешавад: «Оё корвон пеш аз расидани чашма, онро талх эълон мекунад?» (Масали Арабӣ) «Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарфе ва ё нуқтае аз Таврот ба фано (нест шудан) нахоҳад рафт, то даме ки ҳамааш иҷро шавад.» Матто 5:18 «Ман низ ба ҳар касе ки суханони нубуввати ин китобро мешунавад, шаҳодат медиҳам: агар касе ба онҳо чизе илова намояд, Худо ба ӯ балоҳое илова хоҳад кард, ки дар бораи онҳо дар ин китоб навишта шудааст. Ва агар касе аз суханони ин китоби нубувват чизе кам кунад, Худо насиби ӯро аз дарахти ҳаёт ва аз шаҳри муқаддас ва аз ҳар чизе ки дар ин китоб навишта шудааст, кам хоҳад кард.» Ваҳй 22:18-19 Саволҳои муҳокима
«Каломи Ту, эй Худованд, то абад аст; дар осмонҳо қоим аст.» Забур 118:89 �Зеро ки каломи Худо зинда ва таъсирбахш...” Ибр.4:12 �Алаф хушк мешавад, гул пажмурда мегардад, вале каломи Худои мо то абад доим қоим хоҳад буд.” Ишаъё 40:8 --- Ин дафтарча табдил ва истифода карда мумкин аст, фақат сарчашмаи он маълум кунед. «Дафтарчаи Китоб Муқаддас шиносӣ» аз Накҳати Ҷон – Душанбе, 2007. 1Эзоҳ: Калимаи Канон аз рӯсӣ ба тоҷикӣ Қонун ё қоида тарҷума мешавад, аз ин лиҳоз калимаи қонун дар забони тоҷикӣ форам ва гӯворо мебошад. << Илоҳият |