Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Наҷот Шиносӣ

Download
 

Наҷотшиносӣ


Динҳои дигар – Наҷот дар динҳои дигар ба воситаи кори савоб ё рафтуомад ва бо урфу одати онҳо вобаст аст. Онҳо имон доранд вале ашёи имони онҳо бо рафтори онҳо пайваста аст вале дар Масеҳият ашёи имони мо дар худи Исои Масеҳ ва на ба воситаи кори савоб вобаста аст.


Ислом - «Аз намоз то намоз кафорати гуноҳон аст.»1 Наҷот ба василаи намоз, рӯза ва дигар рафтори онҳост.


Наҷотшиносии Масеҳӣ - Наҷоти масеҳиён содда аст: «Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар. Наҷот хоҳӣ ёфт.» (Аъмол 16:31). Вале дар ҳама лаҳза наҷот баланд аст. Дар вақти имон овардан ҳама чизро намефаҳмем ва дар вақте, ки Каломи Худоро мехонем, мефаҳмем, ки наҷоти мо бузург (Ибриён 2:3) ва ганҷ аст (2) Қӯринтиён 4:6-7.

Имон овардан, кафорат шудан, ҳаёти нав ва бо Масеҳ иттифоқ шудан ва писархон шудан, ҳама ин дар як вақт иҷро мешавад. Дар вақте, ки кас ба Исои Масеҳ имон оварда аз гуноҳаш тавба мекунад. Наҷот дар як вақт ҳам равиш ҳаст.


Имон овардан


«Мо боварӣ дорем, ки ҳамаи одамон гуноҳкоранд

ва барои Худо беумед гумгаштаанд

наҷот муҳим аст барои ҳама ва ягона имконият

фақат боварӣ ба Исои Масеҳ аст.»


Имон овардан – Имон овардан бо тавба кардан якҷоя ҳастанд. Агар тангаи наҷот бошад, як тарафаш имон ва дигараш тавба аст.

Имон чист? Ҳаёти инсон ба он ки ба чӣ эътиқод дорад ва дар чизҳое, ки ба онҳо имон ё боварӣ дошта бошад.


Оё имон умед аст? «Умед» бо оянда пайваст аст вале имон бо замони гузашта, ҳозира ва оянда алоқа дорад.


Дар наҷотшиносӣ, имон ин гардиши ҷони инсон бо Худо мебошад ва тавба рӯй гардондани ҷон аз гуноҳ мебошад.

  1. наҷот ба воситаи Имон

  • Аъмол 16:31, Румиён 5:1, Эфсусиён 2:8-9

  • Ба имон зиндагӣ мекунем (2) Қӯринтиён 5:7

  • Имон зарурият аст – Ибриён 11:6


  1. Имон бо фикр – ин эътиқод ба Каломи Худо бо фидияи Масеҳ (Рум. 10:14) ки Худо ба мо маълум кардааст (Рум. 1:19).


  1. Асоси имон ба ҳиссиёт

  • Забур 105:12 - «Ва ба суханони Ӯ имон оварданд, ҳамду санои Ӯро сароиданд.»

  • «каломро мешунавад ва дарҳол бо шодӣ қабул мекунад.» Матто 13:20.

  • Ҳиссиёти инсон бо имон овардан пайваста аст вале ин танҳо набуда балки бояд бо фикр ва хоҳиши инсон якҷоя ба Худо имон овардан мебошад.


Сарчашмаи Имон

Ибриён 12:2 – «Сарвар (чашма – форсӣ) ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст.»


  • Имон туҳфаи Худо аст

  • «Имон аз шунидани ваъз ва шунидани ваъз ба боситаи Каломи Худо.» Румиён 10:17

  • Аъмол 4:4 - «аммо бисёре аз шунавандагони калом имон оварданд, ва шумораи онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буд.»


Имон ба воситаи дуо

  • Марқӯс 9:24 - «ба беимонии ман мадад кун.»

  • Луқо 17:5 - «Имони моро зиёд кун.»

  • Луқо 22:32 –


Натиҷаи Имон

  • Аз имон наҷот меёбад – Эфсусиён 2:8-9

  • Эътиқоди наҷот – Румиён 8:16,

  1. Юҳанно 5:11-13

  • Содири Имон – Кори савоб

Эфсусиён 2:10

Матто 5:16

Ғалотиён 5:22-23


Тавба кардан

Шарти наҷот - «лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд.» Луқо 13:5

Аъмол 26:20 - «тавба карда, ба Худо рӯҷӯъ намоянд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошад.»


Тавба бо фикр аст – тавба «аз фикр гаштан» аст. Мо бояд аз гуноҳ ва худ фикри дигар кунем. Гуноҳ аз ҳисоби айби худ мешавад, Худо поку муқаддас аст ва худи мо муҳтоҷ ва нопок мебошем. Ҳам дар бораи Исои Масеҳ аз фикр гаштан аст. Ӯ фақат пайғамбар нест вале наҷотдиҳандаи мо аст.

Тавба бо ҳиссиёт – ин мазмуни ҳиссиёти дигарро дорад.    (2) Қӯринтиён 7:9-11


Тавба бо хоҳиш – хоҳиши дигар ё мақсади дигар мешавад. Хоҳиш аз гуноҳ гаштан мешавад. Луқо 15:18-20 – мисли писари гумроҳшуда


Оё эътирофи гуноҳ тавба аст ё не?

«Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муваффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.» Масалҳо 28:13


Тавба кардан воқеаи дил боварӣ ба наҷот аст ва ин ҳеҷ вақт ҷудо аз имон нест. Тавба ва имон овардан якҷоя ҳастанд. Имон овардан бе тавба кардан барои наҷот комил нест. Мумкин намефаҳманд, ки Исо наҷотдиҳанда аст агар мефаҳманд, тавбаи гуноҳ мешавад. Дар наҷотшиносӣ имон ин майли ҷони инсон ба Худо мебошад ва тавба рӯй гардонидани ҷон аз гуноҳ бошад.


Оё имон ва тавба кардан барои наҷот зарур аст ё яке аз онҳо?




Баргузидаи Худо


Эф. 1:4-5 - «Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳондар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем. Моро пешакӣмуайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ, ба фарзандӣ кабул кунад.»


Баргузидаи Худо - «Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад.» Юҳанно 6:44

Амали одамизод - «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад.» Юҳанно 6:47



Баргузидаи Худо - «Ҳар киро марҳамат кардан хоҳам, марҳамат мекунам; ба ҳар кӣ раҳм кардан хоҳам, раҳм мекунам.» Румиён 9:15

Амали одамизод - «Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исои Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳё кард, наҷот хоҳӣ ёфт.» Румиён 10:9




Хулосаи ин – Баргузидаи Худо ва амали одамизод мисли роҳи поиз ҳастанд, онҳо баробар рафтар истоданд. Агар як тараф ҷои асосро гирад, тарафи таълимот ба тарафи дуруғ меравад. Агар баргузидаи (интихоби) Худо ҷои асосро гирад, пас мо башорат намекунем ва агар амали одамизод ҷои асосро гирад, пас наҷоти инсон бо қудрати одамизод мешавад.

Хулосаи ин ду ақида ин аст, ки Худоро парастиш кунед, чунки Худо ба ҳеҷ кас муҳтоҷи файзу баракат нест вале Ӯ ба мо муфт файзи Худо нишон медиҳад.



Кафорат шудан - сафедшавии


Барои чӣ наҷот барои одамизод лозим аст?
  1. Одамон кӯр ҳастанд - «Вале агар башорати мо пӯшида бошад, он барои нобудшавандагон пӯшида аст, барои беимонҳое ки худои ин дунё зеҳнашонро кунд кардааст, то ки нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад.» (2) Қӯринтиён 4:3-4


  1. Гумроҳ шуданд

Луқо 19:10 - «Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо пайдо кунад ва наҷот диҳад.»


  1. Маҳкум шуданд – «Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, маҳқум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст.» Юҳанно 3:18


  1. Зери ғазаби Худо шуданд– «Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад.» Юҳанно 3:36



  1. Бо чизҳои рӯҳонӣ мурда шуданд – «Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед.» Эфсӯсиён 2:1


  1. Барои чӣ имон овардан мумкин аст? «Вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад? Ва зодаи зан чӣ гуна пок бошад?» Айюб 25:4

Чунки кафорати Исои Масеҳ музди гуноҳҳои моро гирифт!



Усулҳои наҷот


  1. Ин аз рӯи шариат нест – «Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, - мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд.» Ғалотиён 2:16


  1. Ин аз файзи Худо мебошад –



Маънои «файз»и Китоби Муқаддас дар Қуръон нест, калимаи «файз» аз ибрӣ ба арабӣ гузаштааст, онҳо «неъмат»ро истифода мекунанд, вале дар як ақида нестанд. «Неъмат» маънои онро дорад, ки сарват ва боигарӣ дорад ва ин маънои онро дорад, ки касе итоат мекунад неъмат мегирад. (ба Сураи 5:3,6,7 нигоҳ кунед). Вале файз дар Китоби Муқаддас дигар аст, ин баракати Худо аст, ки мо сазовор нестем ва лоиқи он наметавонем шудан.



3. Ин ба воситаи хуни Исои Масеҳ аст.

  • Румиён 5:9 - «Пас, алалҳусус алҳол, ки бо Хуни Ӯ сафед шудаем, ба воситаи Ӯ аз ғазаб наҷот хоҳем ёфт.»

  • Ваҳй 1:5 - «Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва фармонфармон подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод.»

  • Ибриён 9:22 - «Қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба василаи хун татҳир (пок) меёбад, ва бе рехтани хун омурзиш нест.»


  1. Ин ба воситаи имон аст.

  • Румиён 5:1 - «Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем.»

  • Румиён 10:9-10



Кафорат чӣ аст?   Кафорат – ин пушондани гуноҳ аст! Калимаи маъбадӣ.


  • забони Ибрӣ ”Капҳар” – маъно «пушида»ро мешавад.

  • Ибодат 16:14-15

  • 150 бор дар Аҳди Қадим

  • Гуноҳ бо қурбонии ҳайвон пушида шуд.



Хислати кафорат – Румиён 3:21-31

  1. Ин аъмоли Худо аст, ки Ӯ фармудааст гуноҳкори тавбакардаро дар Исо адолат шуморидааст.

  2. Кафорат амали якбора аст – на равиш.

  3. Кафорат шуморидан дараҷаҳо надорад – ҳар имондор ба назари Худо як аст, хоҳ аз гуноҳ сафед шудааст ё дар гуноҳ аст.

  4. Кафорат ин амали Худо аст, на аз одамизод.

  5. Худо моро насохтааст, ки мо ҳеҷ вақт гуноҳ надорем, аммо мо медонем, ки бо адолати Ӯ сафед шудем.

  6. Кафорат мавзуи адлия аст.

  7. Худо бо адолаташ Масеҳро ба ҷои гуноҳҳои мо дар ҳисоби мо шуморидааст.

  8. Тақдис кардан ин равиш аст, ки мо бисёртар мисли Масеҳ шавем. Мумкин тақдис кардан ҳар рӯз фарқ дорад аммо кафорат фарқ надорад.



Кафорат” – ҳам маънои «халос шудан» ё «фидия»ро дорад.

  • каломи бозори ғулом, Румиён 8:21 – дар ин оят «халосӣ ёфта» тарҷума шудааст.

  • Фидя - нархи гуноҳ пардохта шуд то, ки мо озод шудем

«Зеро ки шумо бо нархи гарон харида шудаед.» (1) Қӯр. 6:20

Матто 20:28 - «Чунки Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад.»

  • Луқо 1:68 – ”ба вай халосӣ ато фармудааст”

  • 1 Петрус 1:18-19 – Кафорат дар ин оят «харид» тарҷума шудааст.

  • Ибриён 9:12 - «На ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба қудс дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард

  • Мо бандагони гуноҳ будем, Исо моро харид ва халос кард.

Румиён 3:24 – ”Ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи харидани Исои Масеҳ, сафед карда мешаванд.” Ҳам «ба воситаи пушонидани Исои Масеҳ сафед карда мешаванд.»




кафорате” – маънои қурбонӣ, ки бо шариат созиш мекунад. Ин ҷо калимаи суд ва адлия, то ки қонунии шариат иҷро мешавад.
  • Румиён 3:25 -

  • Ададҳо 7:89 – дар ин оят «сарпӯше»ро тарҷума шудаст.

  • Ҷое ки Худо бо одамизод воҳурӣ мекунад

  • дар хуни Ӯ ба воситаи имон сарпӯше бошад”

  • Қурбонии Исо қурбонии пушонанда аст.



Шариат розӣ шуд. Гуноҳҳои мо бо хуни Исо созиш карданд.

  1. Ибриён 2:17 - «Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад.»


  1. (1) Юҳанно 2:1-2 - «ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст. Ва Ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо.»



  1. Чун гуноҳҳои пештар дар канор монданд, Худо онҳоро ҳисоб накард. Аммо ҳозир бо Хуни Исои Масеҳ, гуноҳҳои мо нафақат пушида аст, балки сафед шуда ҳисоб аст.



«Кафорат» – хулосаи маънии ин калима

Сафед шудан – каломи Маъбад аст

Созиш кардан – каломи суд ё қонун (адлия)

Халос шудан – каломи бозори ғуломон

Маъно ин аст, ки мо бо шариат созиш кардем.


Эътиқоди наҷот

  • Румиён 8:29-39

  • Касе ки имон оварда аз Худо дур шуда аст, оё ӯ ҳаёти ҷовидониро дорад ё не?

  • (1) Қӯринтиён 5:1-5

  • Ин баракати Худо аст, чунки Рӯҳи Худо ба мо шаҳодат медиҳад.

Румиён 8:15-16 - «Чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем: Эй Або, эй Падар! Ҳамон рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем



Писархон шудан – мо меросхӯри Ӯ шудем ин мавқеъ ва имтиёзи фарзанди Худо мебошад. Ҳама вақт пеши Ӯ рафта метавонем.

  • Эфсусиён 2:19-20 - «Пас, шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо, ва бар асоси ҳаввориён ва анбиё барқарор гардидаед, ки Худи Исои Масеҳ санги зовия аст.»

  • Ғалотиён 4:5-6

Баъди имон овардан чӣ мешавад?


Тақдис шуданд - Ҳаёти нав


«Мо боварӣ дорем, ки Рӯҳулқудс

дар ҳозиразамон фақат дар имондорони

ҳақиқӣ дар Масеҳ мебошад, ки Ӯ

хизмати Худро дар замин давом дода

имқоният медиҳад, ки имондорон

зиндагии муқаддасона баранд.»


Тақдис шудан чӣ аст? Ин пок шуда шуморидан аст. (1) Қӯр. 6:11 ва ҳам дар равиши имондорон зиндагии пок мешаванд. Тақдим шудан ҷудо шудан аст ва ҳам ба мақсади махсус хизмат кардан.

Мисли «ҷудо шуд» зарфе барои корҳои тоза. Ин зарфе махсус корҳои Худо хизмат мекунад.

Тақдис шудан дар Ислом - «Дар ҷамият, робитаи байни дигарон ва шакли ҷамият, рост ба тақдиси ҳамаи кас барои (development) инкишофи рӯҳонӣ алоқамандӣ дорад.»2

Чӣ хел Худо моро тақдис мекунад? Худо ташаббус кори покшавии мо мебошад вале мо ҳам вазифаи пок шуданро дорем. Ин озод шудан аз қудрати гуноҳ мебошад.

  • Фил. 2:12-13 –


  • Ғалотиён 5:16


  • Ғалотиён 5:22-23


  • Қӯл. 2:6

  • Титус 3:5


Ба воситаи чӣ пок мешавем?

  1. Ҳаёти Худо дар мо – «Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд.» Юҳанно 10:10


2. Табиати нав – «Ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузург ва гаронбаҳо дода шудааст, то ки шумо ба воситаи онҳо шарики табиати илоҳӣ гардида, аз фасоди шаҳват (чизҳои вайрон ва нафсонӣ), ки дар ҷаҳон ҳукмфармост, дур шавед.» (2) Петрус 1:4

3. Офаридашудаи нав - «Пас, касе ки дар Масеҳ аст, маҳлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст.» (2) Қӯр. 5:17, Эф. 2:10, 4:24



Таҷлил Кардан


«Мо боварӣ дорем ба эҳъёи ҷисмонии

ҳамаи одамони имондор ва беимон,

имондорон бо Масеҳ эҳъё мешаванд

барои зиндагии абадӣ бо Худо,

беимонон эҳъё мешаванд барои абадӣ

дур шудан аз Худо.»


Таҷлил Кардан – ҷалол шудан – ин озод шудан аз дучоршавӣ бо гуноҳ. Бадани мо дар рӯзи қиёмат ҷалол меёбад.

  • (1) Юҳанно 3:2 - «Эй маҳбубон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, вале ҳанӯз маълум нашудааст он чи хоҳем буд. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки дар вақти зоҳир шуданаш монанди Ӯ хоҳем буд, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид



Адабиёт

  1. Lectures in Systematic Theology by Henry C. Thiessen; William B. Eerdmans Publishing Company, Michigan, 1979.

  2. Know what you believe by Paul E. Little, Scripture Press Publication, Illinois, 1973.

3. «Чаҳор китоб», Душанбе, Адиб, 1990, сф. 26


--- Ин дафтарча табдил ва истифода карда мумкин аст, фақат сарчашмаи он маълум кунед.



«Дафтарчаи Наҷот шиносӣ» аз Накҳати Ҷон – Душанбе, 2007.

1 «Чаҳор китоб», Душанбе, Адиб, 1990, сф. 26

2 Islam and Politics by Muhammad Asad, Al-Islam Publications. No location or date of printing given.



<< Илоҳият