Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Аҳдҳои Китоби Муқаддас

Download
 

Аҳдҳои Китоби Муқаддас



Мақсад: Ҳамаи аҳдҳои дар Китоби Муқаддасро хондан ва алоқаи онҳо дар ҳозира. Маъни аҳдҳо ва ақидаи асосии аҳдҳоро ба одамон маълум кардан.


Маълумоти мухтасар:


1 - Аҳдҳо чӣ маънӣ доранд ва назаре ба аҳдҳо

2 - Аҳди Одам – Ҳастӣ 1-3

3 – Аҳди Нӯҳ – Ҳастӣ 6-9

4 – Аҳди Иброҳим - Ҳастӣ 12-22

5 – Аҳди Иброҳим – Ҳастӣ 12-22, дар Инҷил

6 – Аҳди Мӯсо – Таврот

7 – Аҳди Мӯсо – Таврот

8 – Аҳди Довуд – (2) Подшоҳон 7

9 – Аҳди Нав – Ирмиё 31

10 – Аҳди Нав


Назаре ба Аҳдҳои Китоби Муқаддас


Аҳди Худо чӣ аст? Аҳд ин ваъда ва паймони шахсӣ аст. Ин қарордоди Худо бо одамизод қавлу ваъда шудааст. Баъзе аҳди Худо бо шарт ва баъзе бешарт аст, вале аксарият бе шарт аст.

Аҳди дӯстон, аҳди рӯза. Агар бо аҳди мебандем, бо ҳамдигарӣ, ин ҳисоб мекунад ки баробар ҳастем. Шарт мекунем, то ин корҳоро иҷро мешавем.

Китоби Муқаддас бо ду аҳд таксим шудаст – Аҳди Кадим ва Аҳди Ҷадид (Нав). Аҳди Кадим бо аҳди Мӯсоро дар назар дорад ва Аҳди Ҷадид аҳди нав, ки Исои Масеҳ иҷро кард.



«Аҳд» - 300 бор дар Китоби Муқаддас, 266 бор дар Аҳди Кадим, 34 бор дар Аҳди Ҷадид



«Ақд» ва «Аҳд» чӣ фақият доранд? Ақд созиш аст вале аҳд паймони шахсӣ аст. (бо китоби «Оилавии Масеҳиён» дар www.dardidil.com нигоҳ кунед).





Одатан ду кас аҳд мебанданд, мисли Ҷомӣ мегӯяд:

«Ҳаргиз ба вафо бо дигаре аҳд набандам,

Гар худ зи ҷафо аҳди ту дигар шуда бошад.» (Ҷомӣ)


«Абимилик ҳамроҳи Аҳузат гуфтанд: “Кушоду равшан дидем, ки Худованд бо туст (Исҳоқ), бинобар ин гуфтем: қасаме дар миёни мову ту бошад, ва аҳде бо ту бибандем.”» Ҳастӣ 26:28



Одатан дар вақти кадим равиши аҳдбандӣ байни ду кас бо хун пайваст мешавад.


Луқо 22:20 -«Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад.»


Аҳдҳои Худо доим меистад – Забур 104:7-14



Дарси 2 - Аҳдҳои Одам

Аҳди шартӣ - Ин аҳдҳо нишон медиҳанд, ки вазифаи Худо (баракат ё лаънатро) иҷро кунад дар вақте, ки одамизод итоат мекунад ё намекунад. (аҳди Адан ва аҳди Мусо)


Аҳди бешартӣ -Ин аҳдҳо нишон медиҳанд, ки иҷроаш ваъдаи Худо аст ва вобаста ба қувват ва ҳукронии Ӯ мебошад. Итоати одамизод бо ин аҳдҳо баракат мегирад.


Аҳди Адан – Ҳастӣ 1:26-31; 2:16-17

Дар Адан Худо ҳама чизро барои зиндагии Одаму Ҳавво муҳайё кард вале Одаму Ҳавво дар ин вақт бегуноҳ буданд. Дар ин аҳд як қонун - «Аммо аз дарахти маярифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд.» (Ҳастӣ 2:17) ҳаст.

  • Барои чӣ Худо ин амр дод?


Ин қонун вафодориву аминии Одамро имтиҳон мекунад. Ин нишон медиҳад, ки Одам озод аст ва барои рафтораш ҷавоб медиҳад. Ин аҳд нишон медиҳад, ки агар ҳама дастур комил бошад, одамизод наметавонад доим рафтори дуруст кунад. Агар Одам итоат накунад пас «ҳатман хоҳӣ мурд.» Ин қонун бо шарт буд.


Дар ин аҳди Адан ду чиз то имрӯз мемонад:

1. Одамизод бар ҳайвонот ва набототи замин ҳукм ронад. (Ҳастӣ 1:26-28)

«Пас чист инсон, ки ӯро ёд кунӣ,

ва фарзанди одам, ки ӯро тафаққуд1 намоӣ?

Ӯро аз фариштагон фақат андак кам кардаӣ;

Ва тоҷи ҷалол ва шавкат бар сари ӯ гузоштаӣ;

Ӯро бар аъмоли дастҳои Худо ҳукмфармо кардаӣ;

ҳама чизро зери пои ӯ гузоштаӣ:

ҳамаи гӯсфандон ва говонро,

ҳамчунин ҳайвонҳои саҳроро,

мурғони осмон ва моҳиёни баҳрро,

ҳар чиро, ки бо роҳҳои баҳр гузар мекунад.»

Забур 8:5-9


  1. Одамизод дар замин борвар ва афзун шавад. (1:28).

Ин ду қоида доим аст ва ин ду қоида бешарт, яъне то имрӯз маълум аст. Аммо лаънатҳои дар аҳди Одам (Ҳастӣ 3:16-19) бо ин ду қоида халал мерасонанд. Ҳукмронии дар замин бо азоб ва мушкилӣ ва ҳам борвар ва афзунӣ бо ранҷ ва мушкилӣ. Ин ду аҳд бо ҳама робитаи бо мо пайвастро дорад, робитаи зиндагии мо дар ин замин ва бо ҳам дигарро.



  • Оё Одам мефаҳмад, ки «мурдан»ро чист? Шикастани аҳд, ин лаънат мешавад.




Пешгӯии оянда ба ин Аҳди Одам –


Ваҳй 5:10


Ваҳй 11:15-17


Ваҳй 22:5 –


Мо бо Исои Худованд ҳукмронӣ мекунем. Ин дастуре, ки Одам даст кашида буд, Исои Масеҳ наҷот дод то, ки ин ба ҳолати пеш баргардад.



Аҳди Одам – Ҳастӣ 3:16-19

Ин аҳд бешарт аст ва Худо ба Одаму Ҳавво эълон мекунад, ки чӣ хел дар дунёи афтодагӣ зиндагӣ шавад. Ин ҳолатҳо ё лаънатҳо то дунёи нав вуҷуд доранд (Румиён 8:17-25) Одамизод аз зиндагии рӯҳонӣ ҷудо мешаванд.



Лаънат бар шайтон – Ҳастӣ 3:14-15, Рум. 16:20, (2) Қӯр. 11:3, Ваҳй 12:9


Ваъдаи наҷотдиҳанда – Ҳастӣ 3:15




Лаънат бар занон – Ҳастӣ 3:16 - ранҷ мекашад ва иштиёқ ба ранҷ дорад.

Ваъдаи наҷотдиҳанда – аз насли зан

  • «адоват» - душманӣ, ҷангӣ байни насли зан (Исо назар дорад) ва шайтон.


Лаънат бар мардон – Ҳастӣ 3:17-19 - кори азобу уқубат ва ба хок баргаштан.

Ваъдаи наҷотдиҳанда – насли зан мардро ба дунё меорад.



Пешгӯии оянда ба ин аҳди Одам –


  1. Қӯринтиён 15:22 –


  1. Қӯринтиён 15:45-47

Ваҳй 22:3 – «Ва ҳеҷ лаънатшудае дигар нахоҳад буд;

ва тахти Худо ва Барра дар вай хоҳад буд,

ва бандагону Ӯ ва Ӯ хизмат хоҳанд кард.»


Аҳди Нӯҳ


Аҳди Нӯҳ – Худо қонунҳои заминро ба Нӯҳ дод ва то имрӯз ин чизҳоро мебинем.


Бо аҳди Нӯҳ чанд чиз сар мешаванд:

  1. Фаслҳои сол (8:22) «кишт ва дарав, сармо ва гармо, тобистон ва зимистон.»

  2. Ҳайвонҳо ва аз одамизод тарс (ҳайбат – 9:2) пайдо мешавад.

  3. Хурдани гушти ҳайвонот иҷозат шуд (Ҳастӣ 9:3-4) «ҳар ҷунбандае ки зинда аст, барои шумо ғизо бошад.»

  4. Ҳайвонҳоро бо хун нахуред (Ҳастӣ 9:4-5) Аъмол 15:29

  • Ибодат 17:11-14 – ин мисоли наҷоти одамизод.

  • Юҳанно 6:53-54, Исо ин мисоли «хун ва ҳаёт» истофода мекард.

  1. Ҷазои қатл ба он кас ки хуни одамизодро резад, иҷозат дода шуд. Ҳастӣ 9:6

  • Дар Ҳастӣ 4 – бо Ҳобил ва Қобил ин ҷазо вуҷуд надошт. Ҳозир ҳукуматҳо иҷозат доранд, то ки ин ҷазо мемонад ё не.


Ваъдаи Аҳди Нӯҳ - «аз оби тӯфон ҳалок нашавад.» 9:11, 15

Ҳастӣ 8:21 - «Заминро бори дигар�. талаф накунам.»


Дар ин аҳд баъзе чизҳо такрор шуданд, «Борбар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед.» Ҳастӣ 9:1. Ин аз аҳди Одамро бошад.


Аломати аҳди Нӯҳ – рангинкамон 9:13,16 – Ин камон, асбоби ҷангӣ аст, ва Худо ин асбобро бар абрҳо мемонад.


Чизҳо дар оянда бо аҳди Нӯҳ пайваст аст:

  • Ваҳй 21:25 – рӯзу шаб нест (Ҳастӣ 8:22)

  • «рангинкамоне гирдогирди тахт» и Худо дар биҳишт. Ваҳй 4:3

  • Тӯфони Нӯҳ, монанди рӯзи Худованд, омадани Масеҳ – Матто 24:32-51.


Намунаи наҷоти Худо аст –

  • (1) Петрус 3:20

  • (2) Петрус 2:5

  • Ибриён 11:7

Аҳди Иброҳим


Аҳди Иброҳим – Ҳастӣ 12:1-4; 13:14-17; 15:1-18; 17:1-8

Боз тасдиқ кардан ба Исҳоқ (Ҳастӣ 26:2-5) ва Яъқуб (Ҳастӣ 28:1-4 ва 28:12-15)



Аҳди бешарт- Ин аҳд ҷовидонӣ аст ва бешарт ба насли Иброҳим дода шуд. (Ҳастӣ 17:6-8)

  • Такрори Шариат 4:29-31 – Худо «аҳди падаронатро, ки ба онҳо қасам хӯрдааст, фаромӯш нахоҳад кард.»

  • Ибриён 6:13-20



Аломати Аҳд хатна аст. «ва ғилофаки худро хатна кунед, то аломати аҳде бошад, ки дар миёни Ман ва шумост.» Ҳастӣ 17:11



Ваъдаҳои аҳд

  1. Халқи бузурге ба вуҷуд оварам (Ҳастӣ 12:2; 15:5; 17:2-5)

Иҷрои ин ваъда – Иброҳим падари Яҳудиён ва Арабҳо ва ҳам падари имондорон мебошад, чунки мо мисли ӯ имон овардем.

  1. Ба воситаи ин аҳд ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост. (Ҳастӣ 12:3)

Иҷрои ин ваъда - «Чунончи, Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд. Пас бидонед, ки аҳли имон фарзандони Иброҳим ҳастанд. Ва Навиштаҳо чун пешбинӣ намуд, ки Худо халқҳоро ба воситаи имон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим башорат дода, гуфт: �дар ту ҳамаи халқҳо баракат хоҳанд хост.� Бинобар ин аҳли имон бо Иброҳими имондор баракат мехоҳанд.» Ғалотиён 3:6-9

  1. Заминро ба Иброҳим то абад медиҳам. (Ҳастӣ 13:15; 15:18)

Такрори Шариат 30:4-6


  1. Ин ваъда ба насли Иброҳим дода шуд – Ҳастӣ 15:13






Қурбонии Аҳди Иборҳим – Ҳастӣ 15:8-18
  1. Ин аҳд, ваъдаи Худо ба Иброҳим дар вақте, ки ӯро хоби вазнин ва даҳшат зер карда буд. Дар он вақт, офтоб ғуруб мекард ва ба фарорасии зулмоти шаб дуд ва оташие ба монанди аз танур мебаромадагӣ аз байни ҳайвоноти парешоншуда гузашт, ки ин нишонаи аҳд буд. (Ҳастӣ 15:12-17) Ин нишон медиҳад ки ин аҳд вазифаи Худо аст на вазифаи Иброҳим ва ин аҳд бешарт аст.


  1. Ин аҳд бо хун пайванд шуд ва ин Аҳд нишон медиҳад ки оянда Исои Масеҳ қурбон мешавад ва пеши Ӯ монанди Иброҳим аст, - ба воситаи имон (Ҳастӣ 15:6)



  1. Пешгӯии ғулом шавии Исроил – Ҳастӣ 15:13-16

Барои чӣ? «зеро ки гуноҳи мӯриён ҳануз пур нашудааст.»

Ин нишон медиҳад ки Худо бо нақша кор мекунад.


Қоидаи баракат ва лаънат

Ҳастӣ 12:2-3 – Оё ин ваъда имрӯз маълум аст?



Замини Иброҳим
  • Дар китоби Еҳушаъ чӣ шуд?



  • Ҳастӣ 15:18 ва (2) Вақоеънома 9:26 – Сулаймон «бар ҳамаи подшоҳон аз наҳри (Фурот) то замини фалиштиён ва то сарҳади Миср ҳукмронӣ мекард.»



  • Ваҳй 21:15-16 – шаҳри Худо – Ерусалуми нав. Ин шаҳр дар вақти осмони нав ва замини нав мешавад (Ваҳй 21:1). Ин шаҳр 12,000 стадия ёфт (тақрибан 2,200 километр ҳаст). Ин шаҳр ҷои Миср, Исроил, Сурия, ними Туркия, Ироқ ва ними Эрон мешавад. Ин ҷое калонрар аз мамлакари Сулаймон.


  • «Агар тоқат оварем, бо Ӯ (Исои Масеҳ) салтанат ҳам хоҳем ронд.» (2) Тимотиюс 2:12.


Аҳди Мусо


Аҳди Мусо – Хуруҷ боби 19-31

  • Вазифаҳои Худо 19:4-6

  • Вазифаи Халқи Исроил – Хуруҷ 19:8 - «Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард.»


Аҳди Мусо 613 қонун дорад ва 365 қонунҳои манъ ва 248 қонунҳои тақозо (талаб) вуҷуд дорад. Мақсади аҳди Мусо ҳукмронии робитаи Худо бар халқи Исроил. Қонунҳо содда, фарогиранда ва аз рӯи инсоф буданд.



Се намуди қонун

  1. Қонунҳои ахлоқӣ - мисли Хуруҷ 20 – 10 аҳком

  2. Қонунҳои шаҳрвандӣ - рафтори инсоф ва давлатӣ

  3. Қонунҳои парастишӣ - қурбонӣ, ҳидияҳои ибодат ва покии ҷисм.


Аломати Аҳд

Хуруҷ 31:13-18 – Рӯзи шанбеҳ аломат миёни Худо ва халқи Исроил.


Хулосаи аҳди Мусо

  • Итоат баракат меовард, итоат накунад� лаънат. Такрори Шариат 28.

  • Шариат хислати Худоро нишон медиҳад. Дар Хуруҷ 20 аҳкомҳо аст, ки аз ин аҳкомҳо мо медонем, ки Худо кӣ аст ва чӣ хел аст, Ӯ пок ва тоза аст.


Мақсади аҳди Мусо то имрӯз
  • Мақсади аҳди Мусо дар нақшаи Худо «асокаши мо сӯи Масеҳ гардид, то ки ба боситаи имон сафед шавем.» (оят 24) Ғалотиён 3:24-29.

  • «асокаш» чист? Ин пешбар аст, мисли чупи чупон ки роҳ нишон медиҳад.

  • Ҳаёт намеоварад, марг меоварад. Румиён 7:5, 8:2 ва (1) Қӯр. 15:56

  • Ҳозир мақсади шариати Мусо, донистани гуноҳ – Румиён 3:19-20.

  • Матто 5:17-18 - «Гумон накунед, ки барои вайрон кардани Таврот ё суҳафи анбиё омадаам; наомадаам, ки вайрон кунам, балки ба ҷо оварам. Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарфе ва ё нуқтае аз Таврот ба фано нахоҳад рафт, то даме ки ҳамааш иҷро шавад.»


  • Аҳди Мусо муҳтоҷи одамизод нишон медиҳад вале ёрии муҳтоҷ намеоварад. Ғалотиён 2:16 ва 3:23-25


Саволҳои муҳокима

  • Оё Исои Масеҳ дар зиндагиаш ҳамаи шариат итоат мекард?



  • Оё масеҳиён шариати Мусоро дақл дорад ё не? Барои чӣ?



  • Оё масеҳиён рӯзи шанберо ҳурмат мекунанд ё не? Барои чӣ?



  • Барои чӣ Худо шариат монда, агар мо ин шариатро мешиканем? (ин мисли боғи Адан)























Аҳди Довуд


(2)Подшоҳон 7:4-16, (1) Вақоеънома 17:13-15


Ваъдаҳои Аҳди Довуд

  1. Дар зиндагии Довуд оромӣ мешавад – (2) Подшоҳон 7:11

  2. Салтанаи вай то абад – (2) Подшоҳон 7:13, 16

  3. Худо падари вай ва ӯ писари Худо мешавад (2) Подшоҳон 7:14


Ҳисоби аҳд дар ҷои дигар: (2) Вақеоънома 7:18; 21:7; Забур 88:3-4; ва Ирмиё 33:19-26.

Иҷрои Исои Масеҳ
  • Луқо 1:31-33

  • Матто 2:2

  • Ишаъёи набӣ 9:7

  • Подшоҳии Исои Масеҳ – Матто 24:29-31

  • Дониёл 7:13-14

  • Забур 109:1-2



Аҳди Нав


Ирмиёи набӣ 31:3 ва 31-34


Аҳди нав абадӣ аст: Ибриён 13:20


Аҳди нав беҳтар аз аҳди қадим (Мусо): Ибриён 8:6


Зоҳирҳио Аҳди Нав

  1. Дили нав

  2. Бахшиши гуноҳҳо – Ирмиё 31:34, Ҳизқиёл 36:26

  3. Сокини Рӯҳи Худо - Ҳизкиёл 36:27

  4. Шинохтани Худованд мешавад – Ирмиё 31:34


Аҳди нав дар марги Исо тамом шудани Аҳди Мусо шуд

Румиён 10:4

Қӯл. 2:14

2 Қӯр. 3:7-11




Аҳди Нав дар Калисоҳои ҳозира

  1. Шоми Худованд – аломати аҳд – (1) Қӯр. 11:23-30, Луқо 22:20

  2. Шарики баракатҳои Аҳди Нав

  • Дили пок – Титус 3:5

  • Бахшиши гуноҳҳо – Эф. 1:7

  • Сокини Рӯҳи Худо – (1) Қӯр. 6:19

  • Табиати нав – Румиён 7:22 ва (2) Қӯр. 3:3


Чӣ хел Аҳди нав беҳтар аст?

  1. Коҳини беҳтар – Ибриён 7:26-28

  2. Қурбони беҳтар – Ибриён 9:11-14

  3. Таҳқурси беҳтар – Ибриён 8:6


Хуни Исо (1) юҳанно 1:7








Адабиёт

  1. A Look at Bible Covenants and Their Meanings” Charles L. Monk, Internet. http://www.believersweb.org/view.cfm?ID=29







--- Ин дафтарча табдил ва истифода карда мумкин аст, фақат сарчашмаи он маълум кунед.



«Аҳдҳои Китоби Муқаддас» аз Накҳати Ҷон – Душанбе, 2007.

1Ғамхорӣ



<< Илоҳият