Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Фаришта шиносӣ

Download
 

Фаришта шиносӣ



Фаришта шиносӣ - Ин мавзуъ дар бораи офариниши рӯҳонӣ ҳаст. Мо дар бораи ду гурӯҳи офариниши рӯҳонӣ нақл мекунем - фариштаҳои хуб ва фариштаҳои бад. Фариштаҳои хуб дар хизмати Худо ҳастанд ва фариштаҳои бад муқобили Худо ҳастанд ва шайтон роҳбари фариштаҳои бад мебошад. Дар ибтидо ҳамаи фариштаҳо дар хизмати Худо буд то вақте ки шайтон ва фариштаҳои бад зидди Худо шуданд.


Фариштагон арвоҳ нестанд, яъне онҳо мурдагони одамизод нестанд. Онҳо офариниши рӯҳонӣ ҳастанд ва болотар аз одамизод. Дар дунё фикри хато ҳаст, ки раҳматҳои инсоният фаришта мешавад. Ин ақидаи Китоби Муқаддас нест.



Чарo Худо фариштаҳоро офарид?

Забур148:1-5 - «онҳо офарида шудаанд»

  • Худо аз онҳо бузургтар аст чунки, Ӯ офарандаи онҳост.


  • Онҳо барои Худо хизматгор ҳастанд.


Забур 103:4 - «Бодҳоро ба фариштагони Худ табдил медиҳӣ, хизматгорони Худро ба оташи сӯзон.» (сф. 885)


Фариштагон киҳоянд?

  • Онҳо рӯҳонӣ ҳастанд.

Забур 103:4 – мисли “бодҳо” ҳастанд.

Ибриён 1:14 – “Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?”

  • Онҳо ба шакли инсон зоҳир мешаванд вале ин маъно надорад, ки онҳо бо шакли инсон вуҷуд доранд. Луқо 1:26; Юҳанно 20:12; Ибриён 13:2

  • Онҳо қувват доранд – Забур 102:20

«Худовандро муборак бихонед, эй фариштагони Ӯ,

ки дар қувват паҳлавон ҳастед..»

  • Онҳо лашкарҳо ҳастанд – Забур 148:2

  • Онҳо зан намегиранд ва ба шавҳар намебароянд

Луқо 20:34-36

  • Онҳо ҳам наметавонанд бимиранд.

  • Баъзе вақт номи «писарони Худо»ро доранд ва ин дар шеър аст ё монанде шеър аст. Айюб 1:6, 2:1, 38:7; Ҳастӣ 6:2,4

  • Онҳо наҷот ёфта наметавонанд (Ибриён 2:16) вале ба башорати Исои Масеҳ нигоҳ мекунанд (1 Петрус 1:12).


Фариштагони Хуб

Онҳо бисёр вуҷуд доранд. – Дониёл 7:10

Ваҳй 5:11 – ҳазорҳо ҳазо ҳастанд

Матто 26:53 – фавҷ ё гурӯҳи фариштаҳо

Ибриён 12:22 - «беварҳои фириштагон»

Зоҳири фариштагон - Ибриён 13:2 ва Ҳастӣ 18:1-2


Амалҳои фариштагон
  • Итоати фармони Худо

Забур 102:20 - «онҳо қувват паҳлавон ҳастанд.»


  • Қудраттар аз одамизод (2) Петрус 2:11

(2) Таслӯникиён 1:7

  • Хизмати Худо барои имондорон

- фариштагон ва мо барои Худованд ҳамкор ҳастем.

Аъмол 5:19 – дарҳои зиндонро кушода

Аъмол 12:7 – Петрус дар зиндон

Дониёл 10:13 - «ба мадади ман расид»

Ибриён 13:2


  • Кудаконро нигоҳ мекунад

Матто 18:10

Оё тумор барои кудакон дар кораст?


  • Калисоҳоро нигоҳ мекунад

Ваҳй 1:20

  • Шод мешаванд дар вақте, ки касе имон меоварад

Луқо 15:10

  • Дар хизмати Исои Масеҳ буданд

Матто 28:2

Матто 4:11

Луқо 22:43


  • Хизматгори парастиш кунандагонанд

  1. Қӯринтиён 11:10

Ваҳй 5:11-12

Ибриён 1:6 – ҳамаашон Исои Масеҳро мепарастанд


  • Рӯзи қиёмат «мавсими дарав» ҷамъ мекунанд

Матто 13:24-30, 36-43,49

Матто 24:31



Пеш аз афтодани фариштагони бад

Дар вақти офариниши Олам

Айюб 38:4-7 - «Вақте ки Ман бунёди заминро мениҳодам, ту куҷо будӣ? Бигӯ, агар аз хирад хабардор бошӣ. ��. Дар сурате ки ситорагони субҳ (яъне фариштагон) якҷоя тараннум мекарданд ва ҳама фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд?» (сф. 796)

  • Худо паристиш мекарданд ва ба офариши дунё хурсанд шаванд.


Шайтон кӣ аст?

Дар бораи ин мушқилии сарчашмаи бадӣ бояд андеша кунем, ки омилҳои бадӣ аз куҷо меояд? Оё Худо чизи бадро офарида метавонад? Ҳозир дунё некӣ ва бадӣ дорад, вале оё бадӣ аз азал аст ё ягон вақт сар мешавад? Барои чӣ Худо шайтонро аз биҳишт пеш кард?


Дар дини Зардӯштӣ - Дар зардуштӣ ду қудрати азалӣ аст – Аҳура Маздо (номи Худо дар дини Зардӯштӣ) ва Аҳриман (номи шайтон дар дини Зардӯштӣ). Ин дин қабул намекунад ки мард афтад ва ҳам қабул намекунад ки Аҳриман афтад вале дини зардуштӣ қабул мекунад ки аҳриман офаридгори ҳама девҳои бад.1 Вале Масеҳӣ бовари мекунад, ки фариштаҳо комил офарида шуданд. Чунки каломи Худо дар барои офариниши олам мегӯяд: «Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст.» Ҳастӣ 1:31


Дар дини Ислом – Ислом таълимот дорад ки шайтон ба Худо итоат накард ва аз биҳишт ронда шуд.

«Ва ба фариштагон гуфтем: �Одамро саҷда кунед!� Ҳама саҷда карданд ҷуз Иблис, ки сар боззад ва бартарӣ ҷуст. Ва ӯ аз кофирон буд.�» Сураи Бақара 2:34

«Одамро саҷда кунед» Оё ин зидди Таврот нест? Таврот мегӯяд, «Худованд Худои худро саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо.» (Такрори Шариат 6:13)

  • Савол меояд, оё Иблис хато кард?

  • Оё саҷда ба чизи ғайри Худо надуруст?

  • Чӣ хел Худо фармон мекунад ба Иблис, чизе ки надуруст аст?

  • Ин ҳикоят бо равиши ислом чӣ алоқа дорад?


Дар дини Масеҳӣ - Шайтон фариштаи хуб буд ва дар биҳишт хизматгори Худо буд. Худо ӯро бегуноҳ офарид, вале ӯ қобилияти хуб ва бад дошт. Ӯ метавонад гуноҳ кардан ва накардан, яъне хоҳиши озод дошт. Шайтон азалӣ нест ва дар ибтидо офарида шуд, гуноҳаш мағрурӣ ё ҳавобаландӣ буд. Ӯ мехост ҷои Худоро гирад, мисли Худо мехост ки бошад.


Шайтон пеш аз афтоданаш

Кай афтод? Каломи Худо намегӯяд кай гуноҳ кард вале пеш аз афтодани Одаму Ҳавво буд (Ҳастӣ 3:1). Дар вақти пеш ӯ фариштаи калон буд.


  • Ҳизқиёл 28:12-18 (сф. 1234)

«(12)Эй писари одам! Дар ҳаққи подшоҳи Сӯр навҳа намо ва ба ӯ бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: Ту нигини мукаммал, пуррагин ҳиқмат ва камоли ҳусн (хушрӯй) ҳастӣ.

(13) Ту дар Адан, дар боғи Худо будӣ; либосҳои ту бо ҳар гуна санги гаронбаҳо: лаъл, ёқути зард ва алмос, забарҷад, ҷазъ ва яшм, ёқути кабуд, баҳрамон ва зумуррад2 мурассаъ (оросташуда) буд, ва санъати дафҳо3 ва найҳоят барои ту аз тилло буд, ва ҳамааш дар рӯзи офариниши ту муҳайё шуда буд.

(14) Ту каррубии4 бузургҷассае ҳастӣ, ки бо болҳоят соя афкандаӣ, ва Ман туро бар кӯҳи муқаддас ҷойгир кардам; мисли яке аз худоён будӣ, ва андаруни сангҳои оташин роҳ мепаймудӣ.

(15) Ту аз рӯзи офариниши худ дар роҳҳоят комил будӣ, то вақте ки маъсияти (гуноҳи) ту ошкор гардид.

(16) Дар баробари вусъат (васей) ёфтани тиҷорати ту ботинат аз ситам пур шуд, ва ту гуноҳ кардӣ, ва Ман туро аз кӯҳи Худо сарнагун сохтам, ва туро , эй каррубии сояафкан, аз даруни сангҳои оташин нест кардам.

(17) Дили Ту аз зебоии ту мағрур шуд, ту ҳикмати худро аз боиси латофати (зебоии) худ нобуд кардӣ; Ман туро бар замин задам, пеши подшоҳон божгун (чаппа) намудам, то ба ту бо нафрат назар андозанд.

(18) Бо фаровонии гуноҳҳои худ, бо ноинсофии тиҷорати худ ту маконҳои муқаддаси худро палид (нопок) кардӣ; ва Ман аз даруни ту оташе берун хоҳам овард, ки он туро хоҳад сӯзонид, ва Ман туро дар пеши назари ҳамаи бинандагонат бар рӯи замин хокистар хоҳам гардонид.»

  • Ӯ камоли хушрӯй дошт. (28:12)

  • Ӯ қудрат барои хизмати Худо дошт. (28:12)

  • Роҳбар барои парастиши Худо буд. (28:13)

  • 28:14- Дар кӯҳи мукаддас хизмат мекарду дар назди Худо буд.

  • 28:15- Комил буд – чун, ки Худо бадиро намеофарад -- ӯ имкониёти пайдо шудан дошт.

  • 28:16 – Гуноҳаш ӯро - шайтонро ба ситам гирифтор кард.

  • 28:17 - мағрур ё ҳавобаландӣ шуд ва «бар замин задам ва чаппа намудам.»

  • Аз ин оятҳо, дар бораи шайтон чӣ медонед?






Ишаъё Набӣ 14:12-15 (сф.1004)

«(12) Эй зӯҳраи субҳидам, чӣ гуна аз осмон афтодаӣ! Эй, ки халқҳоро поймол мекардӣ, чӣ гуна ба замин бархӯрдаӣ! (13) Ва ҳол он ки ту дар дили худ мегуфтӣ:

�Ман ба осмон сууд (боло) карда, курсии худро болотар аз ситорагони Худо хоҳам гузошт,

Ва бар кӯҳи анҷумани (ҷамъомад) худоён, дар ақсои шимол хоҳам нишаст;

(14) Бар баландиҳои абрҳо сууд намуда,

Монанди Ҳаққи Таоло хоҳам шуд.�

(15) Аммо ту ба дӯзах, ба ақсои асфалуссофилин5 сарнагун хоҳӣ шуд.»


  • Номаш –«зӯҳраи субҳидам» чӣ маъно дорад? Айюб 38:4-7

  • 14:12- Худованд шайтонро ба замин афтодааст.

  • Гуноҳҳои шайтон амал ё андеша буд?



Чизҳо ки шайтон дар дилаш дошт:

  1. Ӯ болотар мехост –12:13


  1. Болотар аз фариштаҳо мехост –12:13


  1. Болотар аз ҷамъомади Худоро мехост –12:13


  1. Болотар аз ҷалоли Худоро мехост (абрҳо) - 12:14


  1. Болотар аз Худо буданро мехост. –12:14


Агар фаришта ба муқобили Худо равад – оё ӯ бо Худо мемонад ё не? Барои Чӣ?



Номи дигари шайтон

  • Иблис- ғайбат мекунад – Ваҳй 12:9

  • Фиребгар

  • Душмани одам – Ваҳй 12:10

  • Аждаҳои бузург – Ваҳй 12:3

  • Мор- Ҳастӣ 3:1

  • Падари дӯрӯғ – Юҳанно 8:44

  • Фариштаи нур – (2) Қӯринтиён 11:14


Девҳо – онҳо аз куҷо омаданд?

Девҳо чӣ ҳастанд? (ҷинсҳо, ажина)


Онҳо бо шайтон афтоданд.

  • Ваҳй 12:4 - «доми аждаҳо сеяки ситораҳоро аз осмон кашида»

  • Яҳудо 6 ва (2) Петрус 2:4

Баъзе дар ҷаҳаннам андохта шуданд

Баъзе девҳо ки баста шуданд то рӯзи доварӣ. Барои чӣ?

Мумкин аз сабаб Ҳастӣ 6:1-4.

Чунки онҳо «манзили худро тарк карданд» - Яҳудо 6

  • Ваҳй 12:7-10 – ҷанги осмон

  • Худо онҳоро дастгирӣ накардааст.

Ибриён 2:16

  • Қӯр. 11:14-15

Онҳо хизматгорони шайтон (шакли фариштаи нур) ҳастанд.

  • Кори вайронкунӣ мекунанд. Ваҳй 9:7-11

Монанди малак

Ба мардон зараф расонанд

Ҷангӣ


Натиҷаи гуноҳашон

  1. Дигарон муқобили фариштаҳои хуб

  2. Корҳои ҷангӣ ва зарарӣ мекунанд. (2) Петрус 2:4

  3. Онҳо «арвоҳи палид» рӯҳи нопок ҳастанд – Матто 10:1

  4. Онҳо аз тарафи имондорон доварӣ мешаванд – (1) Қӯр. 6:3


Девонагон – Дар вақте ки дев даруни як шахс мешавад ва ин дев ин касро зери назорат мегирад. «Ҷинс задан»


  • Марқӯс 1:32-34 – Исои Масеҳ девҳоро берун мекард.


  • Луқо 8:26-39 – Марди ҷадариён аз девҳои бисёр озод шуд.


  • Матто 12:22-32 – Девонагон кистанд ва чӣ хел аз онҳо девро берун мекунанд.

«Лекин агар Ман девҳоро бо Рӯҳи Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст.» Матто 12:28.

Чӣ фарқияти зиддиятҳои имондорон (мисли Павлус) ва девонагон шуданд?



Берун овардани рӯҳи палид аз девонагон


  • Луқо 10:17-20 –


  • Аъмол 19:11-17 –


  • Бо дуо ва рӯза – Матто 17:21 ва Марқӯс 9:29




Ҷазои Шайтон

  1. Худо ӯро аз биҳишт пеш кард. Барои чӣ ӯро пеш кард?


  1. Ҷазои охирин

Матто 25:41

Исо гӯфт, «аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидоние ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед.»


Ваҳй 20:10 «Иблис, ки онҳоро фиреб мекард, дар кӯли оташ ва кибрит андохта шуд�.. шабу рӯз то абад азоб хоҳанд кашид.»



  1. Румиён 16:20, Ваҳй 12:7-9; Ваҳй 20:1-10 - «дар варта андохт»




Сарзаниш ба шайтон


Яҳудо 9 - «Вақте ки фариштаи муқрраб Микоил бо иблис сухан ронда, дар бораи ҷасади Мусо баҳс мекард, ҷуръат накард, ки ҳукми мазамматкунандае ба забон ронад, балки гуфт: �Худованд туро ҷазо диҳад�»


  • «мазамматкунандае» чӣ аст? Ин сарзаниш аст.

Агар Микоил сарзаниш намекард, оё мо метавонем шайтонро сарзаниш кунем? (ҳукм кардан ё ҳақорат кардан)

Нигоҳ кунед ки сарзаниш, кори Худо аст ва Худо ҷазо медиҳад.



Саволҳои муҳокима


  • Оё шайтон дар ҳама ҷой вуҷуд дорад ё не?




  • Оё шайтон дар барои ҳама чиз медонад ё не?




  • Оё шайтон фикри моро медонад?




  • Оё шайтон кори нек карда мешавад? Ҳозир хислати иблис чӣ хел аст?





  • Оё фариштаҳо аз одамизод болотар аст? Ибриён 2:6-7 ва Забур 8:4-5





  • Дар Ислом кадом болотар аст? Дар Масеҳият чӣ? Ин фарқият бо равишҳои наҷоти одам пайваст аст.





  • Оянда, баъди рӯзи доварӣ, кадом болотар аст? (1) Қӯринтиён 6:3








Чанд намуди Фариштагони хуб


Софориён

Фақат дар китоби Ишаъё 6:1-6

  • Онҳо дар биҳишт роҳбарони паристиши Худо ҳастанд.

  • Муқаддасии Худоро нигоҳ мекунанд.



Каррубиён

  • Ҳастӣ 3:24 –

  • (4) Подшоҳон 19:15

  • Ҳизқиёл 10:1-22

  • Ҳизқиёл 28:14-16


Онҳо нигоҳубин мекунанд.

Нигоҳубини тахти Худо ҳастанд

Забур 17:10-12

Забур 79:2

Забур 98:1

Мумкин шайтон аз ин груҳи фариштагон буд (Ҳизқиёл 28:14-16)


Чор Ҳайвон

Ваҳй 4:6-9

Ваҳй 14:3


  • Ба ҷазои Худо пайваст ҳастанд

  • Муқаддасии Худоро нигоҳубин мекунанд.


Фариштаи муқарраб

  1. Таслӯникиён 4:16

Яҳудо 9

Ваҳй 12:6-12

  • Микоил яке аз фариштаи муқарраб ҳаст. Ӯ фариштаҳои худашро дорад (Ваҳй 12:7).

  • Онҳо ба корҳои Исроил нигоҳ мекунанд (Дониёл 8:16; 9:21; 12:1).


Эҳтиёт кунед – (1) Тимотиюс 4:1 - «Аммо Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ва ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гӯш хоҳанд андохт.»


Хулоса

  1. Бояд медонем, ки зиддияти рӯҳонӣ вуҷуд доранд. Бо дуо ва имон ба Худо метавонем ба шайтон ғолиб омада тавонем.

  2. Ақида дар бораи шайтон баланд накунед. Ӯ ҳама вуҷудият нест ва ҳама қудрат надорад ва ҳамадон нест.

  3. Бояд ба фариштаи бад бисёр ҷалб нашавем. Худо мехоҳад мо бо шакли Худо рафтор кунем, ва ин маҷбур нест ки мо ҳама чизро дар бораи девҳо мефаҳмем.

  4. Касе ки девона шуда аст мо бояд бо дуо ва рӯза барои онҳо амал кунем.

  5. «Шумо, эй фарзандон, аз Худо ҳастед, ва онҳоро мағлуб кардаед, зеро Ӯ, ки дар шумост, аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст.» (1) Юҳанно 4:4



Саволҳои муҳокима


  • Оё ҳар кас фариштаҳо дасти чап ва рост дорад?












--- Ин дафтарча табдил ва истифода карда мумкин аст, фақат сарчашмаи он маълум кунед.



«Дафтарчаи Фаришта шиносӣ» аз Накҳати Ҷон – Душанбе, 2007.


1«Авесто» , сф. 592, Душанбе, 2001.

2 Санги гаронбаҳои сабзранг

3Асбоби мусикӣ

4як намуди фариштагон

5 пасттарини дараҷаҳо



<< Илоҳият