Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Худо кист?

Download
 
  1. Худо кист?


Аъмол 17:16-34.


Ҳоло маънои муайяни «Худо» мавҷуд нест, ва фикрҳои одамон дар бобати Ӯ мухталиф ҳастанд. Баъзеҳо ~Ӯро ҳамчун рҳи олам мешуморанд. Дигарҳо чунин ҳисоб мекунанд, ки ~ Ӯ ҳамчун бобои меҳрубон дар осмон ё молики ғоибе аст, ки оламро офарида сипас ба Акапулкаи осмонӣ сууд кардааст.


Ҳамчунин одамони давраи Павлус дар бораи фаҳмиши Худо фикрҳои мухталиф доштанд. Дар Аъмол 17 Павлус аз Афинае, ки он ҷо чандин Худоро парастиш мекарданд дидан кард ва он вақт ин шаҳр маркази ақлонии ҷаҳон ҳисоб меёфт. Дар он ҷо ба Ӯ имтиёзи сухан кардан дар Аэропагус- аз ҳама қадимтарин ва намоёнтарин институти Афина дода шуда буд: Он ҳамчун додгоҳе ба мисли Сенат бо қоидаву қонунҳои ахлоқию мазҳабӣ мебошад. Таълимоти кӯтоҳмуддати Павлус оиди худошиносии аслии Масеҳӣ ба мо кӯмак мекунад, ки мо бифаҳмем Худо кист?




  1. Одамон дар бораи Худо кадом фаҳмишҳои барғалат доранд?



____________________________________________________________________

  1. Аъмол 17:16-34-ро хонед. Чаро каниса ва бозорҷой (оятҳои 16-17) барои мубоҳиса дар бораи Худо ҷои хеле қулай ҳастанд?



____________________________________________________________________

  1. Аҳли эпикуранизм эътиқод доранд, ки дилхушӣ ва айшу ишрат мақсади асосии ҳаёт мебошад. Аҳли равоқия (стоицизм) изҳор мекунанд, ки мо бояд оқил ва мустақил бошем. Ин файласуфон ба маъвизаи Павлус чӣ тарз ҷавоб медиҳанд (оятҳои 18-21)?



Чаро ту фикр мекунӣ, ки онҳо ин тавр ҷавоб доданд?




____________________________________________________________________




  1. Павлус дар маҷлиси Аэропагус баромад карда «Худои номаълумро» маълум кард (оятҳои 22-23). Кадом далелҳоро ӯ дар бораи Худо махсус қайд намуд (оятҳои 24-29)?



____________________________________________________________________

  1. Чӣ тарз изҳоротҳои Павлус тавонистанд ба нуқтаи назари Афинагиҳо дар бораи Худо муқобил бароянд?



____________________________________________________________________

  1. Чӣ тарз изҳоротҳои Павлус тавонистанд ба фаҳмишҳои барғалати ҳозир дар бораи Худо муқобил бароянд?



____________________________________________________________________

  1. Худо чӣ кор кардааст, ки мардум Ӯро ҷустуҷӯ мекунанд (оятҳои 26-28). Чӣ хел ин чизҳо одамонро барои расидан ба Худо ва ёфтани Худо дилгарм мекунанд.



____________________________________________________________________

  1. Чӣ хел оятҳои 30-31 ба мо дар фаҳмидани изтироби Павлус дар бораи бутпарастӣ (ояти 16) ва саъю кӯшиши ӯ оиди эълон кардани Худои ҳақиқӣ кӯмак мекунад?



____________________________________________________________________

  1. Худо дар ҳама ҷо одамонро амр мекунад, ки аз фикрҳои ҷоҳилонаи худ оиди ӯ тавба кунанд (ояти 30). Дар кадом масъалаҳо шумо ҳис мекунед, ки оиди Худо фаҳмиши барғалат доред?



____________________________________________________________________

  1. Аз Худо хоҳиш кунед, ки чашмонатонро барои фаҳмиши ӯ васеъ кунад, чун шумо Олами ӯро дар ҳафтаҳои оянда хоҳед омӯхт.





____________________________________________________________________

  1. Ҷалоли Худо


Хуруҷ 33:12-34:8


Боре Шарл Спурҷеон гуфт: «Илми аз ҳама олӣ, андешаи бузургтарин, фалсафаи қавитарине, ки метавонист диққати Писари Худоро ба худ ҷалб намояд исми� Худои Бузургест, ки ӯро ҳамчун Падар ном мебарад». Номҳои Худо дар Китоби Муқаддас бештар аз лақаб ҳастанд-онҳо ваҳй сифати аҳди Ӯ мебошанд. Чун Худо номи худашро эълом дошт, мо метавонем Ӯро наздиктар бифаҳмем.

Ин ҳикоя дар бобати таҷрибаи беназири Мусо ҳамчун пайғамбар нақл мекунад. Ӯ аз Худо хоҳиш намуд, ки ба мардум раҳм кунад ва онҳоро пуштибонӣ карда, ҳамеша дар байни онҳо бошад. Аз посухи Худо сарбаланд гашта, Мӯсо ҷалоли Худоро дидан хост. Чун Худо зоҳир шуд, Мусо танҳо «пушти» Ӯро дид, на рӯяшро, вале ӯ суханҳои қатъии худваҳйкуниро шунид. Ин суханҳо табиати Худоеро, ки мо парастиш мекунем рӯшан мекунанд.


  1. Тафовут дар байни шахсе, ки шумо ӯро мешиносед ва шахсе, ки ӯро ҳақиқатан ҳам медонед, чист?



____________________________________________________________________

  1. Хуруҷ 33:12-23-ро хонед. Дар 33:3 Худованд таҳдид намуд, ки барои табоҳкории одамон, бо ҳамроҳии онҳо ба Замини Ваъдакардашуда намеравад. Мусо чӣ тарз ҷавоб гуфт (оятҳои 12-13)?



____________________________________________________________________

  1. Чаро Мусо оиди ҳузури Худо дар байни мардуми Исроил моил буд (оятҳои 14-16)?



____________________________________________________________________

  1. Чаро ҳозир ва ҳамчунин дар он давра ҳузури Худо нишонаи машҳур будани халқи ӯ мебошад?




  1. Ин чӣ маънӣ дорад, ки Худо Мусоро ба номаш шинохт (оятҳои 12-17)?



____________________________________________________________________



6. Барои Мусо ин чӣ маънӣ дошт, ки Худоро ба номаш шинохт (оятҳои 18-22)?



Чаро Шумо фикр мекунед, ки Мусо инро хеле мехост?



____________________________________________________________________

  1. Бо кадом васила мо хоҳиши худро оиди донистани Худо нишон медиҳем.



____________________________________________________________________

  1. Худо барои ошкоркунии худ як ҳадди маҳдудеро ҷой дод, чунки ҳеҷ одамизоде наметавонад Худоро бубинад ва зинда монад (оятҳои 19-23). Чаро шумо фикр мекунед, ки ин ҳамин тарз ҳаст?




____________________________________________________________________

  1. Хуруҷ 34:1-8-ро хонед. Худо ба Мусо гуфт, ки лавҳаҳои сангинро бо худ ба кӯҳ биёр (оятҳои 1-4). Даҳ Аҳком-ҷавоб ба суоли Мусо дар ояти 33:18 кадомҳоянд?




  1. Дар оятҳои 6-7 нишон дода шудааст, ки Худованд аз назди Мусо гузашт. Чӣ тарз некӯии Худо дар ҳар нишоне, ки ӯ зикр карда буд ошкор мешавад?



____________________________________________________________________

  1. Бо кадом василаҳо Худо дар замони мо некӯӣ ва ҷалоли худро нишон медиҳад?



____________________________________________________________________

  1. Дар ҷавоби ҷалоли Худо, Мусо саҷда кард (ояти 8). Якчанд дақиқаро барои саҷда кардан ба Худо барои ҳузур доштан, некӯи ва ҷалоли Ӯ сарф намоед.






  1. Падар ва Писар


Юҳанно 13:31-14:11


«Ҳеҷ одамизод наметавонад Маро бубинад ва зинда монад» гуфт Худованд ба Мусо, «ҳеҷ одамизод ҳеҷ гоҳ Худоро надидааст», қайд мекунад Юҳанно дар Инҷили худ. «Кист он, ки ӯро ҳеҷ одамизоде надидааст ва ё наметавонад бубинад», мегӯяд Павлус. Чӣ хел метавонем оиди Худои ноаён гузориш диҳем? Мо наметавонем Ӯро бубинем ё ба Ӯ даст расонем. Оё Ӯ гӯш карда истодааст? Оё Ӯ он ҷо ҳаст? Баъзе вақтҳо ба мо чунин менамояд, ки гӯё мо худ ба худ гап зада истодаем!

Ҳангоми таоми Шоми Охирин, шаби пеш аз таслимшавиаш, Исо ба шогирдонаш гуфт, ки ӯ ба назди Падар бармегардад. Ӯ мақсади файзбахши худро оиди рафтан рӯшан кард. Сипас Ӯ даъвои далерона ва ҳаяҷоновар кард: Худои ноайён зоҳир шуд. Мо метавонем Ӯро бубинем, агар мо ба куҷо нигоҳ кардани худамонро донем. Мо метавонем ба назди Ӯ биёем, агар мо роҳамонро бидонем. Ин барои мо рӯшан аст, чӣ хел ин барои он шогирдон рӯшан буд – ҳамаи он чизеро ки Исо гуфта буд, қабул намоем.


1. Кадом душвориҳоро ҳангоми дар бораи Худои ноаён гузориш додан паси сар мекунед?




2. Юҳанно 13:31-14:11-ро хонед. Худо ҷалол дода мешавад, ҳангоме ки сифати Ӯ ошкор шавад. Чӣ тарз Исо Худоро ҷалол хоҳад дод, ва чӣ тарз Худо Исоро ҷалол хоҳад дод ( оятҳои 31-32)?




3. Агар шумо се сол бо Исо мебудед ва тамоми умедҳои худро дар Ӯ ҷой медодед, чӣ тавр шумо аз назари фикрӣ ва ҳиссӣ ба гуфтаи Ӯ дар ояти 33 посух мегуфтед?




  1. То кадом ҳад шумо бо посухи Петрус ҳамфикр ҳастед (оятҳои 36-38)?






5. Чӣ хел суханҳои Исо дар ояти 14:1-4 шогирдони парешонҳолро ором кард?




Чӣ хел ин суханҳо метавонанд барои одамоне, ки ҳаёти ҷисмонии онҳо ба охир расидааст осудагӣ бахшад?




6. Тумо изҳор кард, ки он чизеро, ки Исо аз онҳо талаб кард то онро донанд барояшон норӯшан ҳаст? (оятҳои 4-5). Чиро Тумо нафаҳмид (ояти 6)?




7. Чӣ тавр шумо ҳар ҷанбаи (ҷиҳат) даъвои Исоро, ки дар ояти 6 омадааст маънидод мекунед?



____________________________________________________________

8. Пазируфтани Исо ҳамчун васила ба сӯи Падар чиро дар бар мегирад?



____________________________________________________________

9.Филлиппус изҳор мекунад, ки он чизеро, ки Исо аз онҳо талаб кард, ки бубинанд, онҳо надиданд (оятҳои 7-8). Чиро Филиппус дар вақташ нафаҳмид (оятҳои 9-11)?


Дар асоси ҳаррӯза, чӣ хел мо метавонем Худоро тавассути Исо бифаҳмем?


____________________________________________________________

10. Дар дарси пеш Мусо натавонист аз Худо ваҳйи пурраро қабул кунад. («Ту рӯҳи Маро наметавонӣ бубинӣ, зеро ки одамизод наметавонад Маро бубинад ва зинда монад»). Чӣ тарз Исо ин монеъаро бартараф кард?



____________________________________________________________

  1. Чӣ тарз ин порча фаҳмиш ва қадрдонии шуморо дар бораи Исо васеъ кард?




4. Рӯҳ ва Писар


Юҳанно 15:26-16:15


Бо Исо будан – яъне сухан кардан бо Он касе, ки сайёраҳоро офарид, шунидани таълимоти ӯро, ки то кунун ҳеҷ кас чунин накардааст, дидани қудрат аз болои ҳаёт ва мамот ба чӣ монанд хоҳад буд? Кадом суолро шумо хоҳед пурсид? Чӣ хел шодию хурсандӣ бо Ӯ хоҳад буд.


Нисбати онҳое, ки чунин имтиёзҳо доранд рашку ҳасад бурдан кори осон ҳаст. Мо тасаввур мекунем, ки ҳаётамон ҳангоми муқоиса ночиз ҳаст. Не! Дар ин порча мо рӯшан кардем, ки ин амал тамоман бараъкс ҳаст. Мо он чизеро паси сар кардем, ки шогирдон ҳангоми барҳаёт будани Исо аз сар нагузаронданд. Мо медонем онҳо аввалин касоне буданд, ки ин таълимотро аз худ мекарданд. Шаби пеш аз таслимшавиаш Исо ба мо мегӯяд, ки рафтанаш барои Ӯ хуб буд, ҳамчунин барои шогирдонаш ва барои мо низ хуб буд.



____________________________________________________________

  1. Чиро шумо қадрдонӣ мекардед, агар шумо бо Исо ҳангоми рӯҳонияти заминӣ мебудед?



___________________________________________________________

  1. Юҳанно 15:26-16:15-ро хонед. Калимаи Пуштибон он касест, ки даъват (ё фиристода) шудааст, то ба мо кӯмак кунад. Воситаҳои гуногунеро, ки бо онҳо Рӯҳ ба мо ёрӣ медиҳад нишон диҳед (15:26-16:15).



____________________________________________________________

  1. Муносибати Рӯҳ ба Исо ва Падар чист ( 15:26)?



____________________________________________________________

  1. Ҳар ду, ҳам Рӯҳ ва ҳам шогирдон дар бораи Исо шаҳодат медиҳанд (оятҳои 26)? Чаро ҳар ду тарафи ин шарикӣ (байни Рӯҳ ва мо ) муҳим аст?



____________________________________________________________


  1. Исо пешгӯӣ карда буд, ки шогирдонаш таъқиб карда хоҳанд шуд (15:18-26). Чӣ тарз ин пешгӯӣ ва ваъдаи Рӯҳ моро аз васваса дур нигоҳ медорад (16:1-4)?



____________________________________________________________

6. Чун Исо рафтанӣ буд, дили шогирдон аз ғам пур шуд (ояти 6). Чаро ин хабари «бад» дар бораи Исо барои шогирдонаш ва барои мо хуб ҳаст?



____________________________________________________________

7. Ва чун Ӯ ояд, ҷаҳонро бар гуноҳ ва бар адолат ва бар доварӣ маҳкум хоҳад кард (ояти 8). Бо суханҳои худ гӯед, ки Ӯ чӣ тарз ин корро анҷом мепазирад (оятҳои 9-11).



____________________________________________________________

  1. Чӣ хел мо бо одамон дар бораи гуноҳ, адолат ва шаҳодат таъсирнок сухан кунем – хусусан вақте ки ин фаҳмишҳо бо забони хориҷианд ё барои баъзеҳо бемаънӣ метобанд?


___________________________________________________

  1. Чӣ хел Рӯҳи Ростӣ шогирдонро ба тамоми ростӣ вақте ки Ӯ меояд роҳнамоӣ мекунад (12-15)?



__________________________________________________________

  1. Чӣ тарз Рӯҳ ба мо маълум мекунад, ки ӯ ба ҳаввориён чиро ошкор кард?



___________________________________________________________

  1. Чӣ тарз ин порча ба шумо кӯмак кард, ки шумо рӯҳонияти беназири Рӯҳро ба шумо ва тамоми олам дарк намоед?



___________________________________________________________





  1. Худои Бемислу Монанд


Ишаъё 40:12-31


А.В. Тозер навиштааст: «Моҳияти бутпарастӣ ин дилхушӣ додани фикрҳо дар бораи Худо мебошад, ки ба ӯ сазовор нест». Ҳамаи мо дар бораи Худо фикрҳои ношоиста дорем – махсусан ҳангоми фишор ё мушкилӣ. Оё Худо ғами моро мехӯрад? Оё Ӯ моро тарк мекунад? Оё Ӯ дар ҳақиқат ба ман ҳангоми бесарусомонӣ кӯмак мекунад?

«Худои Шумо хеле ночиз ҳаст!» мегӯяд Ишаъё ба мо. Дар ин порча муқобили Ӯ фикрҳои заифи мо буда моро бо хирад, файз, бузургӣ ва қудрати Худои Бемислу бемонанди мо маҳву мот мекунад.




  1. Бисёр вақтҳо мо чунин ҳис мекунем, ки Худо аз мо дур ҳаст ё ғами моро намехӯрад. Шумо чӣ ҷавоб медиҳед вақте ҳис мекунед, ки Худо дур ҳаст?



____________________________________________________________

  1. Ишаъё 40:12-31-ро хонед. Тасвирҳои зиндаи Худо, ки дар ояти 12 омадаанд ба чӣ далолат мекунанд?



____________________________________________________________

  1. Ҳатто мушкилиҳои хурд моту мабҳуткунанда метобанд чун мо онҳоро аз сар гузаронем. Тасвири Худо дар ояти 12 чӣ хел моро дар чунин давра ёрӣ медиҳад?



____________________________________________________________

  1. Кадом ҷанбаҳои хислати Худо дар оятҳои 13-14 махсус қайд шудааст?





5. Чаро дар оятҳои 15-17 Ишаъё дар бораи муҳим будани халқ дар муқоиса бо Худо сухан мекунад?



____________________________________________________________

6. Чаро бут дар назди Худо ночиз ҳаст (18-20)?


Дар кадом ҳолат одамон ё ашъёҳо бо Худо монанд мешуданд?



____________________________________________________________

7. Одамоне, ки дар даст ҳукумат ва қудрат (сарварони сиёсӣ, устодон, муаллимон) доранд метавонад аз болои ҳаёти мо назоратро ҷорӣ кунанд. Чаро мо ба Худо боварӣ кунем, ки аз болои ҳокимони ҷаҳон ҳукм ронад (оятҳои 21-24)?



____________________________________________________________

8. Саёҳат бо суръати рӯшноӣ имкон медиҳад, ки баъди 137,000 сол ба саёраи наздиктарин барасем. Чӣ тарз ин ба мо кӯмак мекунад, ки таъсири ояти 26-ро дарк кунем?



____________________________________________________________

9. Чаро Худо муқобили он аст, ки Ӯро бо пуштибонҳо, халқҳо, бутҳо, шоҳзодаҳо ва ҳукмронҳо муқоиса кунад?



____________________________________________________________

10. Исроил даъво мекунад, ки Худо дар назари онҳо дур ҳаст ва ғами онҳоро намехӯрад (ояти 27). Чӣ хел оятҳои 12-26 ба ин даъво посух мегӯяд?



____________________________________________________________

11. Чӣ тарз Худо ба мо кӯмаки калоне мекунад, ҳангоме ки мо худро хаста ва беҳолу мадор ҳис мекунем (оятҳои 28-31)?



____________________________________________________________




6. Худо муҳаббат ҳаст


  1. Юҳанно 4:7-5:5


Чаро дили ҳамаи мо саршор аз муҳаббат ҳаст? Он дар сурудҳо, достонҳо, филмҳо ва новеллаҳои мо дар мақоми аввал ҳаст. Аз ҳамаи некӯӣ мо онро баландтар қадрдонӣ мекунем. Мо хеле мехоҳем онро дошта бошем ва барои нигоҳ доштани он мубориза мебарем. Ҳар кас дар бобати он фикри худро дорад, вале чунин ба назар мерасад, ки касе онро ба қадри имкон доро нест. Чӣ тарз мо хоҳиши ҳарисонаи худамонро барои муҳаббат маънидод кунем?

Дар номаи якуми ҳавворӣ Юҳанно муҳаббат дар маркази диққат ҳаст. ӯ ба мо барои фаҳмидани сарчашмаи он, табиат ва муҳим будани он дар зиндагии мо ҳамчун масеҳӣ кӯмак мекунад. Аз ҳама муҳим, Юҳанно моро имкон медиҳад, бубинем ки гуфтаи «Худо муҳаббат ҳаст» (4:8,16) дар ҳақиқат чӣ маънӣ дорад.


  1. Чаро шумо фикр мекунед, ки муҳаббат дар сурудҳо, филмҳо, адабиёт ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти мо бартарӣ дорад?



____________________________________________________________

  1. 1 Юҳанно 4:7-5:5-ро хонед. Фарзандон одатан ба волидайни худ монанд ҳастанд. Чӣ тарз ин амал ба онҳое, ки даъвои фарзандии Худоро доранд нисбат дода мешавад (оятҳои 7-8)?



____________________________________________________________

3. Пас оё ин чунин маънӣ дорад, ки ҳар касе дӯст медорад фарзанди Худо ҳаст, новобаста аз имони ӯ? Фикратонро маънидод кунед.



____________________________________________________________

4. Юҳанно чиро дар назар дорад, вақте ки мегӯяд, «Худо Муҳаббат ҳаст» (Ояти 8)?



____________________________________________________________

5. Чӣ хел оятҳои 9-10 табиат ва чуқур будани муҳаббати Худоро мефаҳмонанд?



____________________________________________________________

6. «Агар Худо моро ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст бидорем» (ояти 11). Бо кадом роҳу василаҳои хурду бузург мо метавонем якдигарро бо маънои томаш дӯст бидорем?



____________________________________________________________

7. Чӣ тарз муҳаббати тарафайни мо Худои ноайёнро айён мекунад (ояти 12)?



____________________________________________________________

8. Дар оятҳои 13-16 Юҳанно ба мо кадом доварӣ додааст, ки бифаҳмем, ки «мо дар ӯ сокин ҳастем ва ӯ дар мо»?



____________________________________________________________

9. Агар ҳаёти мо бо муҳаббат сифат дода шавад, пас чаро мо метавонем дар рӯзи қиёмат, ҷуръатманд бошем, на ҳаросон (оятҳои 17-18)?



____________________________________________________________

10. Албатта чунин ҳам мумкин аст, ки мо тавонем Худоро дӯст дорем ва дар айни ҳол яке аз бародарон ё хоҳарони худро нафрат кунем. Мувофиқи Юҳанно чаро ин имконпазир аст (оятҳои 19-21)? Фикратонро маънидод кунед.



____________________________________________________________

11. Агар касе дар ҳақиқат ҳам аз Худо таваллуд ёфтааст, дар бораи ин одам чи ростӣ аст (5:1-5)?



____________________________________________________________

12. Агар баъзе аз ин чизҳо ҳаққонӣ нестанд, пас ин маънои онро дорад, ки шахс масеҳӣ нест? Маънидод кунед.



____________________________________________________________

  1. Чӣ хел ин порча фаҳмиши шуморо дар бобати Худо, фарзандони Худо ва муҳаббат чуқуртар намуд?



____________________________________________________________





7. Муқаддас, Муқаддас, Муқаддас

Ишаъё 6


Ба номи Худо арза намудан ҳангоми ягон мушкилӣ посухи табиӣ аст. Ишаъё он вақт ба маъбад барои ибодат рафт, ки халқаш дар ошуфтагӣ ва ранҷи сахт буд. Узиё, подшоҳи қавии Яҳудо, ки қариб ним аср салтанат ронд, вафот кард. Ошурия, империяе, ки дар шарқ ҷойгир шуда буд, ноором ва ба онҳо таҳдид мекард. Вале вақте ки Ишаъё барои халқаш дуо кард, ӯ он ҷавоберо, ки интизораш буд нагирифт. Ӯ сурати Худои муқаддасро дид, ки Ӯро то умқи қалбаш тасхир кард.



  1. Бисёр одамон чунин тасаввур мекунанд, ки Худо ба монанди бобои пири меҳрубон дар осмон мебошад. Чаро шумо фикр мекунед, ки Ӯ соҳиби ин обрӯю эътибор гашт?



____________________________________________________________

  1. Ишаъё 6-ро хонед. Бо суханҳои худ бигӯед, ки Ишаъё дар маъбад чиро дид ва шунид (Оятҳои 1-4).


Аз ин илҳом мо дар бобати Худо чиро меомӯзем?



____________________________________________________________

  1. Ин чӣ маънӣ дорад, ки Худо муқаддас аст (ояти 3)?



____________________________________________________________

  1. Ин илҳом ба Ишаъё чӣ таъсирот дошт ва чаро (ояти 5)?



____________________________________________________________

  1. Сорофие ахгареро гирифта ба лабҳои Ишаъё расонд. Чи тарз ин амал ҳам ба илҳоми (диди) Ишаъё ва ҳам ба рӯҳонияти ояндааш нисбат дода мешавад (оятҳои 6-7)?



____________________________________________________________



6.Бо кадом василаҳо Худованд шуморо пок карда барои рӯҳоният тайёр мекунад?



____________________________________________________________

7. Чаро шумо фикр мекунед, ки Худованд дар ояти 8 хоҳишмандонро талаб мекунад?



__________________________________________________________

8. Рӯҳонияти Ишаъё аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯр ва гунг кардани мардум иборат буд (оятҳои 9-10). Чаро Худо ба ӯ чунин вазифаи аҷоиб дод?



____________________________________________________________

9. Бо таври илоҳӣ гуфта, ҳиссиёти мардумро чӣ раҳнамоӣ мекунад, то онҳо кундфаҳм шаванд ва дилҳои онҳо сахт шаванд.



____________________________________________________________

10. Чӣ тарз оятҳоии 11-13 ҷанбаи даҳшатангези қудсияти Худоро барои онҳое, ки ӯро инкор мекунанд, мефаҳмонд?



____________________________________________________________

11. Чӣ хел ин порча бисёр андешаҳои қаблии моро оиди он ки Худо чӣ гуна аст дигар кард?



____________________________________________________________

  1. Як мисол оред, ки чӣ тарз қудсияти Худо ба ҳаёт ё рӯҳонияти шумо таъсир кард?



____________________________________________________________




8. Меҳрубонии Худо


Забур 107.


8 сентябри соли 1860 киштии «Леди Элҷин» дар кӯли Мичиган ба садама дучор шуда зери об рафт. Донишҷӯи ҷавони мактаби динӣ Эдвард Спенсер чанд бор ба оби сармою яхин даромада ҳабдаҳ нафарро аз чанголи марг рабуд. Муддати дароз ӯ дар оби хунук буд, ва аз ин сабаб ин ба саломатии ӯ таъсир расонда оҳиста-оҳиста онро заиф гардонд, ва ӯ натавонист мактабашро ба итмом расонад. Баъди чанд сол дар маросими дафни ӯ чунин гуфтанд, ки аз он ҳабдаҳ нафареро, ки ӯ наҷот дод ҳеҷ кас ба пеши ӯ наомад, то ӯро сипосгузорӣ кунад.


Сипосгузорӣ барои тақводорӣ асос аст. Ин сураи Забур ба мо мефаҳмонад, ки гуфтани Худо меҳрубон аст бароямон чӣ маъно дорад, ва моро даъват мекунад, ки ӯро барои меҳрубониаш ба мо дар гузашта ва ҳозира сипосгузорӣ кунем. Ба нақаротҳое, ки дар оятҳои 8,15,21,31 такрор ба такрор омадаанд диққат диҳед.




  1. Чаро шумо онро қадрдонӣ мекунед, ҳангоме ки касе шуморо барои ягон кори махсусеро ба сомон расондан сипосгузорӣ мекунад?




  1. Забур 107-ро хонед. Чӣ тарз оятҳои 1-3 мавзӯъ ва оҳанги сураҳоро омода мекунад?



____________________________________________________________

  1. Забурхон дар оятҳои 4-9, 10-16, 17-22 ва 23-32 чор воқеъаҳои гуногунро тасвир мекунад. Кадом сарлавҳаро шумо ба ҳар воқеъа дода метавонед?



____________________________________________________________

  1. Кадом ҷиҳатҳои онҳо шабеҳи якдигар ҳастанд?



____________________________________________________________





5. Чӣ хел муҳаббати пойдори Худо дар ҳар мавқеъ нишон дода шудааст?



____________________________________________________________

  1. Ҳар манзара бо тасвири бадбахтию фалокат ва навҳаю зории мардум барои кӯмак оғоз мешавад. Чаро мо бисёр мавридҳо он вақт аз Худо ёрӣ меҷӯем, ки бо ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ шавем?



____________________________________________________________

  1. Ба кадом кӯмаки Худованд шумо ниёзманд ҳастед?



____________________________________________________________

  1. Ҳар манзара бо тасвири наҷотдиҳии Худо ва даъват ба сипосгузорӣ барои муҳаббати пойдори ӯ хотима меёбад. Чаро мо бисёр вақт сипосгузории Худоро барои ҷавоб додан ба дуоҳои мо фаромӯш мекунем?



____________________________________________________________

  1. Ба кадом дуоҳои охири шумо Худо посух гардонд ва шумо барои онҳо сипосгузор ҳастед?


Мувофиқи оятҳои 22 ва 32 кадом василаҳо мавҷуд ҳастанд, ки тавассути онҳо мо Худоро ҳамду сано гӯем?



____________________________________________________________

  1. Оятҳои 33-42 дар бобати омаду наомадиҳои зиндагӣ чиро ошкор мекунанд?



____________________________________________________________

  1. Ояти 43 чунин мегӯяд, ки агар мо соҳиби ҳикмат ҳастем ба ин чизҳо диққат медиҳем ва эҳсони Худовандро хоҳем фаҳмид. Кадом чизҳоро Забурхон мехоҳад, ки мо ба инобат гирем?



____________________________________________________________

  1. Чанд дақиқаро дар сипосгузории Худованд барои меҳрубониаш барои шумо ва дигарон гузаронед.



____________________________________________________________



9. Мақбули Худо шудан


Матто 6:1-18


«Падар, нигоҳ кун ман чӣ кор кардам!»-фарёд кард кӯдак ва аз он, ки падараш ин амали ӯро маъқул шуморид хеле хушнуд шуд. Кӯдакон таърифро дӯст медоранд- махсусан таърифи волидонро. Падари осмонии мо инро мефаҳмад. Дар ҳақиқат Ӯ аз мо пуштибонӣ мекунад, ки мо дар ҷустуҷӯи ҳамду санои Ӯ бошем ва Ӯ онро ба мо озодона медиҳад. Вале Худо ҳамчунин медонад, ки чӣ хел мо мехоҳем, ба дигарон таъсир расонем. Дар ваҳй, ки дар кӯҳ ба амал омад, Исо илоҳияти шахсиро ҳамчун ҳаёт дар оилаи Худо ато намуд. Ин ҳаётест, ки дар он ба ҷузъ аз ҳамду санои Падари мо мо чизи дигаре баландтар нест.



  1. Чаро шумо фикр мекунед, ки кӯдакон махсусан таърифро дӯст медоранд?




  1. Матто 6:1-18-ро хонед. Дар ин порча Худо даҳ бор бо исми Падари мо номгузорӣ шудааст. Чӣ хел муносибати мо бо Падар дуруст дарк намудани маънои оятҳои 1-18-ро нишон медиҳад?




  1. Суханҳои Исо дар ояти 1 ба оятҳои 2-18 чӣ муносибат дорад?



____________________________________________________________

  1. Дар ояти 2 Исо тасвир мекунад, ки чӣ тавр риёкорон дар давраи Ӯ садақа медоданд. Дар кадом ҳолатҳо садақаҳои мо риёкорӣ ҳисоб мешавад?


Кадом садақаҳо ба Худо писанд ҳастанд ва чаро (оятҳои 3-4)?



____________________________________________________________

  1. Дар кадом ҳолатҳо риёкорон ҳозир дуо гуфтанро дӯст медоранд (ояти 5)?



____________________________________________________________




6. Дар муқоиса бо риёкорон ва бутпарастон, Падар аз мо чиро мехоҳад ва чаро? (оятҳои 6-8)?




7. Дар оятҳои 9-13 Исо моро чӣ тавр дуо гуфтан ёд медиҳад. Мо дар бобати дуо ва дар бораи Падари мо дар осмон чиро меомӯзем?



____________________________________________________________

8. Бо кадом василаҳо дуоҳои шумо мустаҷобтар хоҳанд шуд?



____________________________________________________________

9. Дар кадом ҳолат бахшидани мо аз тарафи Худо ба бахшидани дигарон вобастагӣ дорад (оятҳои 14-15)?



____________________________________________________________

10. Дар оятҳои 16-18 Исо мегӯяд, ки мо рӯза хоҳем гирифт. Чаро ва чӣ хел масеҳӣ бояд ҳозир рӯза гирад?



____________________________________________________________

11. Исо дар ин порча ҳафт бор мукофоти заминӣ ва осмониро қайд намудааст. Чаро Ӯ инро қайд намудааст?



____________________________________________________________

12. Чӣ тарз ин порча бар шумо барои дурусттар фаҳмидани ҳаёт дар оилаи Худо ёрӣ медиҳад.



____________________________________________________________




10. Худованд Подшоҳ аст


Дониёл 4


Доктор Сеусс дар бораи сангпушт Ертл ҳикоя мекунад. Ертл аз он ҳавобаланд буд, ки ӯ подшоҳи ҳар он чизеро, ки мебинад ҳаст. Вале аз ин тахти хурдакаки худ ӯ кам чизеро медид ва рӯзе ӯ андешае кард, ки ин тахтро баландтар кунад. ӯ ҳамаи сангпуштҳоро дар дарёча ҷамъ кард ва онҳоро амр кард, ки яке болои дигаре барояд. Бо дили нохоҳам онҳо сар фуроварданд. Аз ин нуқтаи баланди тахти аз сангпуштон сохташуда Ертл акнун подшоҳи дарёча, подшоҳи дарахт, подшоҳи хона ва подшоҳи занбӯри асал гардид. Вале ҳамаи ин ба Ертл камӣ мекард. Сафи сангпуштонро боз ҳам зиёдтар намуд ва Ертл дар шукӯҳ ва файз ғӯта зад. Сипас дар поёни тӯда сангпушти кӯчаке ба номи Мак оруғ зад ва Ертл аз тахти худ вожгун шуд. Доктор Сеусс дар хотима мегӯяд: «Акнун Ертли бузург, бошукӯҳ, Подшоҳи гилу лой мебошад. Ин ҳамаи он чӣ буд, ки ӯ тавонист бубинад».



  1. Ба фикри шумо, чаро сангпушт Ертл ҳам ҷонвари хандаовар ва ҳам риққатангез мебошад?




  1. Дониёл 4:1-27-ро хонед. Дар оятҳои 1-3 Набукаднесар, подшоҳи Бобил номаи худро оғоз мекунад. Чӣ тарз ин суханҳо аз он суханҳое, ки мо аз подшоҳи бутпарастон интизор будем тафовут доранд?



____________________________________________________________

  1. Агар шумо Набукаднесар мебудед, дар бобати хобатон чӣ шуморо хавотир хоҳад кард (пеш аз донистани таъбири он)?



____________________________________________________________

  1. Дар тафсири Дониёл кадом чиз нисбатан ташвишомезтар аст (оятҳои 19-27)?



____________________________________________________________





5.Чаро барои онҳое, ки дар мақоми Набукаднесар мебошанд, худписанд шудан хеле осон аст?



___________________________________________________________

  1. Чаро Набукаднесар мебоист дар бораи худ ва Худо омӯзад?



____________________________________________________________

  1. Дар кадом ҳолатҳо мо ба васвасаи худписандӣ меафтем ва чаро?



____________________________________________________________

  1. Оятҳои 28-37-ро хонед. Баъди гирифтани ин илҳом, тафсири Дониёл ва маслиҳат, чаро шумо фикр мекунед, ки Набукаднесар тавба карда натавонист (оятҳои 28-30)?



____________________________________________________________

  1. Дар оятҳои 31-33, кадом суханҳо ва амалҳо андозаи аз тарафи Худо паст кардани ин подшоҳи ҳавобаландро нишон медиҳанд?



____________________________________________________________

  1. Дар кадом ҳолатҳо таҷрибаи Набукаднесар бароямон ҳам ҳушдорӣ ва ҳам рӯҳбаландӣ ҳисоб меёбад?



____________________________________________________________

  1. Кадом воқеъа дар ин боб аст, ки ӯ аз он сабақ гирифт?



___________________________________________________________

12. Ин дарс ба мо оиди фурӯтании инсонӣ чӣ меомӯзад?



____________________________________________________________









11. Марҳамати сахти Худо

Ибриён 12.

Бисту шаш мил барои рафтан роҳи дарозест. Шумо қариб ду соат давида истодаед: дили шумо сахт-сахт зада истодааст, синаи шумо вазнин шуда истодааст, тану андоматон дард гирифта истодааст ва қадамзаниатон оҳиста-оҳиста суст шуда истодааст. Чӣ хуб мебуд агар ҳамаро бас мекардед, ягон ҷо дароз мекашидед ва истироҳат мекардед. Ва шумо фикр хоҳед кард, ки ин пойга дар ҳақиқат ҳам бад будааст.

Ибриён дар бораи ин масеҳиёнро ҳушдор медиҳад. Дар миёни ҷамоъаи Яҳудиён ҳаёти онҳо ором ва бепарвоёна мегузашт. Вале акнун онҳо чун масеҳӣ шуданд, онҳоро масхара мекунанд, инкор мекунанд, таъқиб мекунанд ва онҳо тайёр ҳастанд ҳамаро партоянд монанд. Ба монанди сарпарасти таҷрибадор муаллиф онҳоро барои давом додани пойга рӯҳбаланд мекунад. Ӯ ба онҳо ва ба мо кӯмак мекунад бифаҳмем, ки чаро сахтию машаққат метавонад марҳамати сахти Худо бошад.


  1. Машқҳои варзишӣ ва ҷазоҳои волидайн чӣ умумияте доранд?



  1. Ибриён 12:1-13-ро хонед. Дар кадом ҳолатҳо ҳаёти масеҳӣ шабеҳи пойга аст (оятҳои 1-4).



3.Чӣ хел «абри бузурги шоҳидон» метавонад моро дар варзишгоҳ (дар Ибриён 11 тасвир ёфтааст) ба давом додани пойга рӯҳбаланд кунад?


__________________________________________________________

4. Кадом чизҳо барои мо ҳамчун масеҳӣ монеъа мешаванд?



____________________________________________________________

5. Исо аллакай пойгаро ба марра расонд. Чӣ тарз нигоҳ кардан ба Ӯ моро аз хасташавӣ ва беҳушшавӣ эмин медорад?


____________________________________________________________

6. Дар оятҳои 5-13 тасвир аз пойга ба оила иваз мешавад. Кадом « сухани рӯҳбаландӣ »-ро Падар ба мо дар бораи уқубатҳо дар зиндагӣ медиҳад (оятҳои 5-7)?



____________________________________________________________


7. Бисёр вақтҳо мо мехоҳем, ки ҳаётамон аз азобу машаққатҳо ва мушкилиҳо орӣ бошад. Чӣ хел ояти 8 ин муносибатро нишон медиҳад?



___________________________________________________________

  1. Чӣ тарз ҷазоҳои падарони ҷисмониро бо ҷазоҳои Худо муқоиса мекунем (оятҳои 9-10)?



____________________________________________________________

  1. Агар мо ҷазоҳои Худоро ҳоло паси сар кунем, чӣ тарз зиндагиамон баъдтар дигаргун мешавад (оятҳои 11-13)?



____________________________________________________________

  1. Ибриён 12:4-29-ро хонед. Кадом омилҳо моро ба монанди Эсов аз файзи Худо маҳрум мекунанд (оятҳои 14-17)?



____________________________________________________________

  1. Ба оятҳои 18-24 нигоҳ карда, бо суханҳои худ тафовути равшани байни Кӯҳи Синой (рамзи Аҳди қадим) ва Кӯҳи Сион-ро (хонаи Осмонии мо) тасвир намоед?



____________________________________________________________

  1. Дар нури қисмати файзбори адолат, чаро дар ин боб инкори гӯш кардани суханҳои рӯҳбаландии Худо ва іушдорӣ хатарнок аст (оятҳои 25-27)?



____________________________________________________________

  1. Тамоми бобро аз назар гузаронед. Шумо дар бораи он ки чӣ тавр ҷазо марҳамати сахти Худо аст, чиро аз худ кардед?



____________________________________________________________

  1. Худои мо на танҳо Падари Меҳрубон, балки инчунин оташи фурӯбаранда аст (оятҳои 28-29). Акнун лаҳзаеро барои сипосгузорӣ ва парастиши Ӯ бо ҳурмату эҳтиром ва тарс гузаронед.




____________________________________________________________________





12.Пирӯзии Худо


Румиён 8:26-39


Дар анҷоми филми «Паттон» мо гуфтаҳои генерали машҳурро мешунавем, «Тӯли ҳазорсолаҳо истилогарони Рум ҳангоми баргаштан аз ҷангҳо аз пирӯзиҳояшон ифтихорманд буданд. Дар маросими тантанавӣ карнайнавозон, навозандагон ва ҳайвонҳои аҷоиб, ки аз заминҳои истилошуда оварда шуда буданд, дар якҷоягӣ бо аробаҳои пур аз ҷавоҳирот ва аслиҳаи ғаниматгирифта намоиш дода мешуданд. ғолиб дар аробаи тантанавӣ ва асирони бо занҷирҳо баста шуда пешопеши ӯ рафта истодаанд. Баъзе вақтҳо писарони ӯ дар тан либоси сафед пӯшидагӣ, бо ӯ ҳамроҳ дар ароба менишастанд ё бо аспҳо баробари ӯ мерафтанд. ғуломе паси ғолиб истода, тоҷи тиллоияшро дар даст гирифтааст ва дар гӯши ӯ бо овози паст гуфта истодааст: ҳамаи ин шукӯҳ яклаҳзаина аст».

Дар Румиён 8 Павлус масеҳиёнро ҳамчун ғолиб ба қалам додааст, ки бо муҳаббат ва файзи Худо ҳамаи қувваҳоеро ки нисбати мо бегона ва душман ҳастанд паси сар кунем. Вале шаъну шукӯҳе, ки мо дорем, шаъну шукӯҳи мо нест! Пирӯзии мо ин пирӯзии Худо дар мост.



  1. Чаро барои Масеҳиён худро аз ғолиб, мағлуб ҳис кардан осонтар аст?




2. Румиён 8:26-39-ро хонед. Кадом суханҳоро шумо истифода хоҳед бурд, то ки ҳолати ин порчаро тасвир намоед?



____________________________________________________________

3. Оё мавридҳое рух додаанд, ки шумо ҳангоми нотавониатон медонед чӣ хел дуо гӯед (ояти 26)? Маънидод кунед?



____________________________________________________________

4. Чӣ тарз мо метавонем ба василаи дуоҳои Рӯҳ рӯҳбаланд бошем (оятҳои 26-27)?



____________________________________________________________





5. Дар ояти 28 Павлус дар бобати «меҳрубонӣ» ва «мақсади ӯ» ҳарф мезанад. Мақсади неки Худо барои мо чӣ аст (ояти 29)?



____________________________________________________________

6. Чӣ хел калимаҳои ба монанди пешакқ шинохта, пешакқ муайяншуда, даъват шуда, сафед шуда, ҷалол дода шуда (оятҳои 29-30) ба мо кӯмак мекунанд, то ин ки мо дарк кунем, ки чӣ тарз Худо мақсади худро дар мо иҷро кунад?



____________________________________________________________

7. Павлус изҳор мекунад, ки Худо дар ҳама ҳолат ва вазъият дар ҳаёти мо кор карда истодааст, то ин ки мақсадҳои неки Худро иҷро намояд (ояти 28). Шумо ба ин изҳорот чӣ хел ҷавоб мегардонед?



____________________________________________________________

  1. Дар оятҳои 31-34 Павлус додгоҳеро тасвир намудааст, ки дар он Худо довар ва Исо муҳофизи мо аст. Чӣ тарз ва чаро онҳо ба ҳалли айбдоркуниҳои зидди мо ҷавоб мегардонанд (оятҳои 31-34)?


Чӣ хел ҳукмномаи онҳо метавонанд моро рӯҳбаланд кунанд, вақте ки мо худро пеши Худо номақбул ҳис мекунем?



____________________________________________________________

9. Бисёр масеҳиёни асри аввал, минҷумла Павлус хеле азобу машаққатҳоеро аз сар гузаронданд, ки дар оятҳои 35-36 тасвир ёфтаанд. Чаро ин таҷрибаҳо моро сабаб шуданд, ки ба муҳаббати Худо ҷавоб гардонем?



____________________________________________________________

10. Чаро он масеҳие, ки монанди барра барои забҳ кардан равона шудааст «аз ғолиб баландтар» ҳисоб мешавад (оятҳои 37-39)?



____________________________________________________________

11. Дар кадом ҳолатҳо ин порча моро ёрӣ медиҳад, ки пирӯзии худро дар Худо қайд кунем (оятҳои 26-39)?



____________________________________________________________



<< Илоҳият