Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Оилаи масеҳӣ - 1

Download
 

Боби 1 -Оилаи масеҳӣ дар муқоисаи оилаи исломӣ

«Пас рафтори пештараи одами кӯҳнаро .... аз худ дур кунед... ва одами навро, дар бар кунед.» (Эфсӯсиён 4:22, 24)

Сарсухан

Аз иқтибоси ин оят мақсади мо аз он иборат мебошад, ки муносибатҳои оилавии худро дар пояи нав бунёд кунем, ки ин поя бо ақидаҳои Китоби Муқаддас як бошанд ва бо урфу одати мо муносиб шаванд. Имондорон бояд донанд, ки одамони маҳалла дар барои онҳо чӣ фикр мекунанд ва ақидаи маҳалларо дар барои зиндагии худашон донанд.

Мақсад аз он набошад, ки урфу одат ва расму русумҳои тоҷикӣ ва дигар ақидаҳоро бо якдигар якҷоя кунем, балки аз он бошад, ки қоидаҳои оилавии масеҳиро дар байни худ мустаҳкам кунем, чунки ин қоидаҳои оилавии масеҳӣ аз Офаридгорамон баракат мегиранд ва ин қоидаҳо дар байни ҳамаи оилаҳои масеҳӣ як бошанд. - «Одами навро дар бар кунед» дар бораи оила он маъноро дорад, ки мо аз ақида ва урфу одатҳои куҳна, ки мувофиқи имони мо нестанд даст кашида мувофиқи гуфтаҳои ин раҳнамо рафтор кунем.


Худо зинда аст ва ақидаи оилавии Масеҳӣ бо ақидаи Падари Осмонӣ вобаста аст. Назари мо дар бораи Худо барои рафтор дар ойла вобаста аст чӣ хеле, ки робитаи мо бо Худо мебошад ин тавр робита бо ҳамсари мо мешавад, яъне робитаи байни марду зан инъикоси робитаи асосии байни Худо ва одамизод мебошад. Агар робитаи Худо ва мард мисли оғову ғулом аст пас муносибати марду зан ҳам ин аст, агар робитаи Худо ва мард наздик мисли падар ва дӯст бошад муносибати марду зан монанди ин наздиканд.

Ақидае ҳаст, ки мо ғуломи Ӯ ҳастем ва дар ин ақида мо қариб робита бо Худо надорем мо фақат итоаткаши Ӯ ҳастем, яъне рафтори мо мисли як созишнома аст. Ба фармони Худо бояд итоат кард, вагарна ҷазо мегирем. Агар зиндагии мо бо ин «ақида» ҳаст пас нуфузи ин бо оилаи мо вобаста мешавад. Бо ин фикрҳо мард мисли Худо ва зан мисли одамизод, зан мисли хизматгори мард фақат итоаткаш мебошад.

Ақидаи Китоби Муқаддас фикри дигарро нишон медиҳад. Худо падари мо аст ва Ӯ мехоҳад бо мо робитаи наздик пайдо кунад, яъне ба воситаи ин аҳд ҳар ду тараф ба воситаи ин робитаҳо рафтор кунанд. Мо фақат бандаи Ӯ ҳисоб намешавем, чунки мо фарзандони Ӯ ҳастем (Юҳанно 1:12). Ҳам дар бораи ин Исои Масеҳ мегӯяд, ки «Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред. Дигар шуморо банда намехонам зеро, ки банда намедонад оғояш чӣ мекунад, лекин шуморо дӯст хондаам, чунки ҳар чӣ аз Падар шунидаам ба шумо баён кардам.» (Юҳанно 15:14-15) Имондорон бо Худо рафту омад доранд ва Худо ҳисоб мекунад, ки мо дӯсти Ӯ ҳастем. Рафтори оғо бо хизматгор, ки «намедонад оғояш чӣ мекунад.» чунки дар созиши аҳкомҳо робита нест вале дар байни дӯстҳо «ҳар чӣ аз Падар шунидаам ба шумо баён кардам», робитаи қавӣ аст бинобарин оиладории Масеҳиён бо ҳамдигар робитаи наздик ва пур аз муҳаббат мебошад. Зан ғуломи мард намешавад вале бояд наздиктарини шaвҳари худ бошад. «Оила шакли минётурии ҷамъият буда, амнияти тамоми ҷамъияти бузурги башарӣ ба ягонагиву бақодории он вобаста аст.» (Ф. Адмер)

Ақидаи Маҳалла1

Чӣ фарқият дар байни оилаи масеҳӣ ва оилаи исломӣ мебошад? Албатта дар ин масъала фикрҳо гуногунанд, фарзу ақидаҳои ҳархела дар ҷамъият вуҷуд доранд.

Назар дар бораи Худо (Аллоҳ): – Аллоҳ бузург ва ба ҳама фармон медиҳад ё ин, ки алоқа бо Аллоҳ маҷбурӣ ва фарз аст, Ӯ аз гуноҳ ҷудо мебошад, Ӯ ба инсон фармон дода ва интизори иҷрошавии он мебошад. Аллоҳ бар души одам як созиши аҳкомҳо ва шартҳои зиндагиро мемонад, ки иҷрои онҳо маҷбурӣ аст, таъқиби аҳком ба рафтори инсон пайваст аст.

Назар дар бораи Инсон: - Одамизод фақат итоаткунандаи фармонҳои Аллоҳ ва Ӯ тақдири инсонро муайян мекунад. Аллоҳ интизори итоати одамизод ва агар одамизод итоат мекунад пас Аллоҳ ӯро дӯст медорад (Сураҳои Бақара 2:190, 276; Оли Имрон 3:57; Нисо 4:36) ва агар итоат намекунад ҷазо медиҳад, Аллоҳ оғо аст ва инсон банда аст.

Хулоса барои Оила: – Оила як ақд ё созиш байни шавҳар ва зан мебошад, шавҳар фармон медиҳад ва зан фақат итоат мекунад. Агар зан итоат накунад пас иҷозат ҳаст, ки аз ӯ ҷудо шавад ё тарбия кунад. Онҳо мисли оғою ғулом рафту омад мекунанд ва «банда намедонад оғояш чӣ мекунад» -ро нишон медиҳад. Ақди никоҳ як намуди созишномаи молиявӣ, бо шартҳо ҳал мешавад. Дар воқеъ аҳкомҳои ислом занро ҳимоят карда ҷои ӯро болотар аз канизак ё ғулом мемонад.

Исботи ин ақида:

«Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон тасаллут2 доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шӯй афифанд3 ва фармони Худойро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим4 доред, андарз5 диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон.... Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи бедод6 пеш магиред.» (Қуръон Сураи Нисо 4:34 – таъкид аз Н.Ҷ.)

Хулосаи ин ақида барои корҳои рӯҳонӣ - Зан аз шавҳар наҷот меёбад7 ва дараҷаи дигар аз тарафи мард мебошад. «Дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ зан аз мард паст ва баъд аз марг ҳам як зина поён меистад. Яъне ба туфайли садоқату хидматаш ба мард ва адои фарзу қарзҳои дигари мусалмонӣ таҳти назорату роҳбарии мард ба биҳишт роҳ меёбад. Аз ин ҷост, ки мегӯянд: биҳишти зан дар кафи пои мард аст. Умуман аз рӯи таълимоти Қуръон зан чун мазраъаи8 мард ҳисоб мешавад.»9 Ҳам халқ мегӯяд, «Биҳишт зери қудуми модарон аст.»10

Як ҳадис мегӯяд, «Занонро башорат, ки ҳомила мешаванд, мезоянд, бачагонашонро шир медиҳанд, ба бачагонашон меҳрубон мегарданд, агар ба шавҳаронашон рафтори некӯ карда, намози худро тарк нанамоянд, албатта дохили биҳишт хоҳанд шуд.»11









Ақидаи Китоби Муқаддас

Назар дар бoрaи Худо: – Худо наздикшавӣ ва робита бо одамизодро мехоҳад ва ин робита дар аҳдҳои Китоби Муқаддас маълум мешавад. Худо муҳаббат аст ва корҳои фидокорӣ мекунад. Дар байни алоқаи бо одамизод ҳар ду тараф вазифадоранд ва Худо падари осмонии мо мебошад. Агар мард гуноҳ мекунад Худо талабгори ӯ шуда мехоҳад бо мард оштӣ кунад. Аз ин робитаи наздик одамизод итоатгари фармони Худо аст ва таъқиби фармон ба дилҳои инсон пайваст аст.

Назар дар бoрaи Инсон: -Инсон метавонад робита ва бо Худо гуфтугӯй кунад. Инсон ба муҳаббати Худо ҷавоб мегардонад, Худо одамизодро дӯст медорад ва ҳамаи амалҳои наҷотро тайёр мекунад. Албатта инсон ба Худо итоат мекунад вале ҳамаи рафтор ба воситаи робитаи якдигаранд.

Хулоса барои оила: – Оилаи Китоби Муқаддас як намуди аҳд12, ки байни зану шӯӣ буда ин робита бо муҳаббат пайваст мешавад. Шавҳар фармон намедиҳад балки худро фидо мекунад. Шавҳар монанди Худо буда дар вазифаи сари оила будан муҳаббату фидокорӣ мекунад. Агар мушкилие байни марду зан пайдо шавад, пас онҳо дар ҷустуҷӯи оштӣ шудан мебошанд, оилаи масеҳӣ инъикоси хислати Худо аст, Худо бо одамизод аҳдҳо мебандад ва марду зан ҳам бо ҳамдигар аҳд мебанданд.

Исботи ин ақида:

Худо ҷӯёи инсон дар боғи Адан13 шуд, баъди гуноҳи Одам, «Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: �Куҷоӣ ту?�» (Ҳастӣ 3:9)

«Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд, то ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд, ва ба ҳузури Худ калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад.» ( Эфсӯсиён 5:25-27)

Хулосаи ин ақида барои корҳои рӯҳонӣ -

Моҳияти марду зан пеши Худо баробаранд ва ҳар дуро Ӯ барои рафторашон як хел ҳисоб мекунад. Дар оила қоидаҳои рафтори марду зан аз Худо вуҷуд дорад ва ин қоидаҳо барои тартибу интизоми оила буда инъикоси хислати Худоро нишон дода, «чунки Худо Худои харҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист.» (1) Қӯринтиён 14:33



1 Ақидаи маҳалла, ҷамъбасти қоидаҳои асосӣ, ин маънӣ надорад ки ҳама ин хел аст. Албатта бисёр тоҷикон ба ин қойдаҳо мувофиқ нестанд.

2 ҳокимият

3 зани пок

4 тарсу ваҳм

5 насиҳат

6 беадолатӣ

7«Тарбияи Занҳо», саҳ. 8.

8 зироатгоҳ, замини зироатӣ

9 «Одоби Оиладорӣ» саҳ. 9-10.

10 «Зан ва Замон» саҳ. 18.

11 «Никоқ, талоқ ва ҳуқуқи зан» саҳ 13, Ҳадиси 380.

12 Дар ин китоб издивоҷи исломӣ «ақди никоҳ» аст ва издивоҷи масеҳӣ «аҳди никоҳ» мешавад. Ин калимаҳо фарқияти онҳо нишон медиҳад.

13 Дар Китоби Муқаддас боғи Адан дар замин буд вале дар ислом ақида ҳаст ки ин биҳишт буд. Боғи Адан воқеа мисли биҳишт буд вале Сураи Бақара 2:30 мегӯяд, ки Одам дар замин буд.



<< Оила