Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Оилаи масеҳӣ - 2

 

Боби 2 - Нақшаи Аслии Оила дар Китоби Муқаддас


Таҳкурси Оила

«Ва Худо гуфт: ‹Одамро ба сурати Мо, ба шабоҳати Мо биофарем; ва онҳо бар моҳиёни баҳр, ва бар паррандагони осмон, ва бар чорпоён, ва бар тамоми замин, ва бар тамоми ҳайвоноте, ки бар замин мехазад, ҳукм ронанд.› Ва Худо одамро ба сурати Худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид. Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: ‹Борбар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед.›» Ҳастӣ 1:26-28

Таҳкурсии оилаи масеҳӣ аз ҳукми офаридани Худо мебошад. Чӣ хеле, ки Худо моро офаридаст ва нишон медиҳад, ки қоидаҳои марду зан чӣ хел мешаванд. Дар китоби Ҳастии Китоби Муқаддас пояи асосии мо нишон дода шудааст. Агар қоидаҳои дар ибтидо бударо дуруст мефаҳмем, пас аз онҳо қоидаҳои оилавии масеҳӣ ҳам дуруст маълум мешаванд. Аввал бояд ба он диққат диҳем, ки Худо ба Одаму Ҳавво ин гуфтҳоро мефармояд. Вазифаҳои иҷрои ин фармону баракат барои Одаму Ҳавво мебошанд. Ҳар ду дар назди Худо бар замин ҳукмронӣ мекунанд ва баракат мегиранд, Одаму Ҳавво тимсоли марду зани имрӯза, яъне ин ҳукмронӣ ва баракати онҳо дар имрӯз маълум мешаванд.

«Одамро ба сурати Мо, ба шабоҳати Мо меофарем - Худо одамро ба сурати Худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид.» ( Ҳастӣ 1:27) Худо Одамро бо сурати Худаш офарид, ва Ҳавво яке аз қабурғаҳои Одам пайдо шуд (Ҳастӣ 2:22). Дар ибтидо, Одам бо сурати Худо ва Ҳавворо аз вай офарид то ҳамаи мардону занон дар сурати Худо вуҷудият дошта бошанд (Яъқуб 3:9), чунки охири оят мегӯяд, «онҳоро марду зан офарид.» яъне занон ҳам бо сурати Худо вуҷудият доранд.

«Сурати Худо» чӣ маъно дорад? Сурати Худо чизҳои рӯҳоние, ки дар вуҷудияти одамизод мебошад. Ин чизҳои ҷисмонӣ нест, ин маъноионро дорад, ки робита бо Худо мумкин аст. Ҳайвонот сурати Худоро надоранд ва фақат одамизод инро дорад. Барои ин Рӯҳи Худо дар одамизод сокин буд ва робитаи рӯҳонӣ байни Худову инсон мумкин аст. Агар одамизодро бо сурати Худ наофаридааст пас робита бо Худо, аҳд бо Худо ва сокини Рӯҳи Худо будан дар одамизод имконнопазир аст.

Маънии сурати Худо ин аст:

  1. Худо рӯҳ аст ва мо рӯҳонӣ ҳастем. (Ҳастӣ 2:19-20)

  2. Худо офаридгор аст ва мо корҳои эҷодкориро метавонем.

  3. Худо абадият аст – ва ҳам одам абадият аст.

  4. Худо ирода дорад ва одам хоҳиш дорад.

  5. Ин маъно надорад, ки Худо ранги бадани мо аст. Ин калима бо хислати ҷисмонӣ дахл надорад, вале баъзе вуҷудияту қобилияти Худо дар ботини одамизод пайдо мешавад.

  6. Сурати Худо ин хислати рӯҳонии одамизод аст. Хислати одам озодӣ, худмуайянкунӣ, ақл ва ахлоқӣ аст. Ӯ метавонад фаҳмад чизҳои дуруст ва надурустро, интихоби хуб ё бад ва ҳиссияти рӯҳонӣ, то ки муносибати рӯҳонӣ бо Худо бошад.

  7. Чизҳои сурати Худо дар табиати инсон мебошад пас баъди гуноҳи Одам ин чизҳо гум нашудааст вале сурати Худо дар одамизод захм хурдааст.

Қисми вуҷудият ва қобилияти Худо дар одамизод аст. Барои чӣ бисёр гапҳо дар бораи «сурати Худо» нақл мекунанд? Ин ақида дар ислом нест ва дар бораи Одамшиносӣ ва Наҷотшиносӣ дар оиладории Масеҳӣ ва ислом фарқияти калон вуҷуд дорад. Дар ислом ақидаи «сурати Худо» будан имконят надорад барои ин онҳо фикр мекунанд, ки ин ақида боиси камшудани бузургии Худо ва аз беимонӣ мебошад, чунки ҳеҷ чиз монанди Аллоҳ нест (Сураи Шӯро 42:11 ва Ихлос 112:4). Бисёр вақт дар ислом бо ин ақида Масеҳӣро бо чизҳои ҷисмонӣ алоқаманд мекунанд, ва ин фикри надуруст аст. Сурати Худо вуҷудияти рӯҳонӣ дар одамизод аст ва ин ақида монанди бут ё нақшаи суратро нишон намедиҳад.

Таҳкурсии оилаи масеҳӣ ин хел аст, ки марду занро бо сурати Худ офарид, пас зану мард дар назари Худо ҳар ду ҳисоб меёбанд. Ҳар зани имондор ба Худо ҷавоб медиҳад ва наҷоти зан бо шавҳари ӯ пайваст нест.

Фарқияти ҳайвонот ва одамизод чӣ хел ҳастанд?

Ҳайвонот  --  Одамизод

Рӯҳ надоранд -- Рӯҳ доранд

Ақл надоранд -- Ақл доранд

Рӯҳонӣ нестанд -- Рӯҳонӣ ҳастанд

Ҳукмронӣ намекунанд -- Ҳукмронӣ мекунанд.



Офаридани Никоҳи Оила

«Хоки одам, ки сириштанд ғараз ишқи ту буд,

Ҳар кӣ хоки раҳи ишқи ту нашуд, Одам нест.»

Ҳофиз



Худо эҳтиёҷи Одамро медонист ва барои ӯ занро офарид. Ҳавво ба Одам тӯҳфаи Худо буд, ва ӯ аз дидани занаш шеър гуфт (Ҳастӣ 2:23). Ин оилаи аввал аз нақшаи Худо аст ва никоҳи онҳо баракати Худоро гирифт. Аҷоибот аст, ки камбудии Одам аз худи Одам омад то ки Одаму Ҳавво ҳамроҳӣ ҳаёт дошта бошанд. Ҳавво эҳтиёҷи Одамро комил кард, яъне ӯ дар оила оинаи Одам буд.





«Мададгоре» чӣ маъно дорад?

«Дар ин хокдони пурмоҷаро чизе нафамида... дар танҳоӣ садои пашша ҳам муассир аст.»

Ҳошим Гадо


«Танҳо ба дунё меоем ва танҳо меравем, вой агар танҳодил зиндагӣ кунем.»

(Муҳаммад Ҳиҷозӣ)

Оё «мададгор» маънои онро дорад, ки зан дар хизмати мард бошад? Китоби Муқаддас ин хел нишон намедиҳад вале ин нишон медиҳад ки зан ёрирасони мард мебошад. Ин калимаи «мададгоре» тақрибан 20 бор дар Аҳди Кадим истифода мешавад ва бисёр вақт дар бораи Худо нақл мекунад (Забур 120:1-2; 123:7-8) . Худо ҳаётбахш ва умеди мо аст, ин калима маънии ёрӣ дар вақте, ки мушкилие ба тарафи мо меояд ёрӣ расонад. Ҳам Ҳавво дар инҷо ҳаётбахш ва умеди мард буд, чунки Одам танҳо буд. Агар Худо ёрӣ намекард пас умед набуд ва ҳам Ҳавво ҳам намебуд, Одам ҳамроҳе намедошт, ки ӯро ёрӣ расонад. Ҳавво ҳамкори вай буд ва ин калима маънии пастӣ надорад ва фақат ба чизҳои ҷисмӣ ёрӣ намедиҳад, ӯ ғуломӣ мард набуда ҳамроҳи Одам буд.

Мард комил набуд1 вале бо зан комил мебошад. Мард танҳо буд ва зан метавонад ба ӯ ёрӣ кунад ва муносибати комил пайдо шуд. Одам дар боғи Адан бе Ҳавво мисли дар ҳабсхона танҳо буд. Албатта Худо бо Одам буд ва ӯ метавонад аз Худо ба ҳама чиз розӣ шавад вале Худо медонист, ки Одам муҳтоҷи ҳамроҳ ва дӯст буд. Мададгори Одам он касе ҳаст, ки аз таҳти дил гап задан бо ӯ мумкин бошад, чунки бо Одам пайваст ва як тан шуд. «Касе ки зани солеҳа дошта бошад, некбахтӣ пайдо кардааст, ва аз ҷониби Худованд файз ёфтааст.» (Масалҳо 18:22)

Як тафсири Китоби Муқаддас дар бораи офаридани зан ин хел нақл мекунад: «Зан аз қабурғаи Одам офарида шудааст, аз сари Одам не то, ки зан ҳукмрони ӯ бошад, ва на аз пойи Одам ба хотири он, ки занро бо пой занад; ӯро аз канори Одам офарид то, ки онҳо баробар бошанд, аз зери дасти Одам то, ки ба зан ҳимоятгар бошад ва назди қалби Одам то, ки маҳбубааш бошад.» (Матто Ҳенрӣ)

Дар Китоби Муқаддас моҳият ё ҷавҳари2 зану мард як аст, яъне ҳар дуро ба сурати Худо офариданд ва шахсияти рӯҳонӣ ҳастанд. Дар вазифаҳо ва қоидаҳои онҳо дар оила фарқият пайдо мешаванд, вале арзиши онҳо як ҳастанд. «Ин аст китоби насаби Одам: дар рӯзе ки Худо одамро офарид, ба шабоҳати Худо ӯро сохт; нару мода онҳоро офарид, ва онҳоро баракат дод, ва онҳоро, дар рӯзи офариниши онҳо, одам ном ниҳод.» (Ҳастӣ 5:1-2). Тартиби оилавӣ аз Худо ин аст ки шавҳар сар аст ва зан мададгор аст. Онҳо дар назари Худо шахсияти рӯҳонӣ ва офариниши баракат ҳастанд вале вазифаи онҳо фарқият дар оила ҳаст.3


Офариниши зан дар ислом - Қуръон офаридани Одамро нақл мекунад вале офаридани Ҳавворо мисли Китоби Муқаддас (Ҳастӣ) пурра нақл намекунад. Чизҳои самимӣ ва шахсиятии офариниши Ҳавво мисли аз қабурғаи Одам, шеъри хурсандии Одам ва ном ниҳодани Ҳавво дар матни Қуръон пайдо нестанд. Калимаи «мададгор»-ро дар Қуръони Тоҷикӣ истофадо намекунанд вале «ҳамсар»4 (Сураи Нисо 4:1 ва Рум 30:21) ва «зан»-ро пайдо мекунед: «Уст, ки ҳамаи шуморо аз як тан биёфарид. Ва аз он як тан занашро низ биёфарид то ба ӯ оромиш ёбад. Чун бо ӯ даромехт, ба боре сабук борвар шуд ва муддате бо он сар кард. Ва чун бор сангин гардид, он ду Аллоҳ, Парвардигори хешро бихонданд, ки агар моро фарзанде солеҳ диҳӣ, аз сипосгузорон хоҳем буд!» (Сураи Аъроф 7:189). Дар вақти офариниш зан ҷуфти Одам шуд ва барои мақсади модари фарзандони вай шудан буд. «Дар навбати аввал зан барои модарӣ офарида шуд, вай ба ҷамъият фарзандони солиму баркамол тарбият бояд кард.»5 Ин нишон медиҳад, ки таҳкурсии оилаи исломӣ чизи дигарро мусоидат мекунад. Дар ислом зани Одам бисёртар ҳамкор ё завҷаи Одам ҳамроҳи вай, чунки онҳо ҷуфти нару мода ҳастанд.

Дар Сураи 4:1 Ан-Нисо «Эй мардум, битарсед аз Парвардигоратон, он, ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он як тан ҳамсари ӯро ва аз он ду мардону занони бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое, ки бо савганд ба номи Ӯ аз якдигар чизе махоҳед ва зинҳор аз хешовандон мабуред. Ҳар оина Худо муроқиби шумост!» – Аз офариниши онҳо муносибат байни онҳо аз ақд ё созиши никоҳ аст ва ҳар ду тараф ҳаққи савгандашонро хоҳиш карда метавонанд.

Ақидаи оила ва моҳияти зан – Бисёр баҳсу мубоҳиса дар бораи моҳият ва ҳаққи занон байни ислом ва дигарон вуҷуд дорад. Ислом мегӯяд, ки занон дар ислом ҳимоя ва баробари мард ҳақ доранд ва дигарон мегӯянд, ки зани ислом дараҷаи паст дорад ва дар моҳиятишон баробар нестанд. Дар байни ин гапҳо беҳад нофаҳмӣ аст. Дар ақидаи ислом ин хел мегӯяд, ки занон аз равишу услуби ислом дар вақти никоҳ баробари ҳаққи мардро доранд, чунки «ҳа» ё «не» гуфта ва «шартҳо» монда метавонанд. Иловатан, ҳуқуқҳои ислом дар маҳаллаи худашон ҳимояи занони мусламонро доранд чунки «маҳр», «нафақа», ҳукмҳои мерос ва ҳукмҳои талоқро - чӣҳо мумкин ва чӣҳо номумкин маълум мешаванд. Дар дохили ин равиш суханҳои баробарӣ ва ҳимояро пайдо кардан мумкин. Аз тарафи дигар ва равиши имони масеҳӣ таҳкурсии мо дигар аст ва аз назари мо набаробарӣ ва мушкилиҳои занони ислом маълум аст. Мо эътиқод дорем, ки Худо ҳақ аст ва Китоби Муқаддас ҳам ҳақ аст, чунки Каломи Худо ҳеҷ вақт бекор намешавад. Қоидаҳои Китоби Муқаддас моҳияти занро дар ҷои баланд ва занон дар оила арзиши баланд доранд, ҳимояи асосии занон дар муҳаббат аст.

Ақидаи мададгори шавҳар будан байни ислому масеҳӣ ихтилоф аст, чунки хонум дар Масеҳӣ бо фикри як танӣ ва пайваст бо шавҳари худ то ба ҳамдигар ҳамроҳ ва комил шаванд. Вале дар равиши ҷамъият зан зери мақсади шавҳараш мебошад. Китоби «Одоби Оиладорӣ» ин хел нишон медиҳад, «Умуман, аз рӯи таълимоти ислом зан дар муқоиса бо мард моҳиятан ними одам ҳисоб мешуд. Дар назди қозӣ шоҳидии ду зан баробари як мард буд. Дар мавриди тақсими мерос низ вай нисфи ҳаққи мардро мегирифт.»6 «Амалияи мусулмонӣ тазйиқи озодии зан дар оила, таҳқири шахсият ва иззати нафс, поймол намудани ҳуқуқи инсонии ӯ мебошад.»7

Дар ислом бо мақсади оилавӣ, зан аз они мард аст ва ҳаққи мард нисбати ҳаққи зан муҳимтар аст (Сураҳои Бақара 2:228, Оли Имрон 3:14 ва Нисо 4:3) вале барои кори савоб онҳо баробар ҳастанд (Сураҳои Оли Имрон 3:195, Нисо 4:124, ва Аҳзоб 33:35). Лекин нобаробарӣ аз Абдурраҳим Фирӯзи Ҳиравӣ фарқиятҳои марду зан дар адои намоз нишон медиҳад, ки 25 фарқият вуҷуд дорад. Яке аз ин аст, «Агар зан ва мард паҳлӯи ҳам дар як саф қарор гирифтанд, намози мард фосид мегардад.»8 Моҳияти занро дар қонунҳои исломӣ дараҷаи поёнтар аз мард ҳисоб мекунад ва ин аз оилаи масеҳӣ фарқият дорад.

Ин рӯйхати оятҳои қӯърон, ки исботҳои моҳияти зан баробари мард имконнопазир аст: (қисми оят, ки ин хел нишон медиҳад навишта шудааст.)

  • Сураи Бақара 2:223 - «Занонатон киштзори шумо ҳастанд. Ҳар ҷо, ки хоҳед, ба киштзори худ дароед.»

  • Сураи Бақара 2:228 - «вале мардонро бар занон мартабатест.»

  • Сураи Бақара 2:282 - «агар ду мард набуд, як марду ду зан, ки ба онҳо ризоят диҳед, шаҳодат бидиҳанд.» Шоҳидии зан дар ин оят воқеаи корҳои тиҷоратӣ аст вале ин услуб ҳам ба шоҳидии ақди никоҳ аст. Зан ҳақ надорад ки шоҳиди зино бошад, ҳамаи шоҳиди ин бояд мард бошад.9

  • Сураи Оли Имрон 3:14 -«Дар чашми мардум ороиш ёфтааст ишқ ба амёли нафсонӣ ва дӯст доштани занон.»

  • Сураи Нисо 4:3 -«аз занон ҳар чӣ шуморо писанд афтад, ду-ду ва се-се ва чаҳор ба никоҳ дароваред.» ин оят ба розӣ будани зан нигоҳ намекунад.

  • Сураи Нисо 4:11 -«саҳми писар баробари саҳми ду духтар аст.»





Мақсади оилаи аввал

«Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар ҳомиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед.» Ҳастӣ 1:28

«Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд. Ва ҳар ду, Одам ва занаш, барҳна буданд, ва хиҷил намешуданд.» Ҳастӣ 2:24-25


Дар ибтидо чанд мақсади оиларо нишон медиҳад, аввал ин буд, ки Одам танҳо буд ва зан мададгори вай шуд то онҳо ба ин замин ҳукмронӣ кунанд. Дар ин дунё «борвар ва афзун» мешаванд, яъне онҳо оилаи бо кӯдакон барпо мекунанд. Як намудаи ҳукмронии замин зоидани кӯдак аст ва ин меваи яктании онҳо ҳаст. Нигоҳ кунед, ки марду зан ҳукмронӣ мекунанд, онҳо ҳамроҳӣ ва бо ҳамдигар ин вазифаро иҷро мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки аз ибтидо ҷои зан баланд буд, Офаридгорамон дунёро барои зану шавҳар якхела ҳиссагӯзорӣ кард. Ин дунё барои занон ҳамон қадар мебошад, ки барои мардон аст.

Дуюм муносибат ва аҳди оилаи онҳо баракат гирифтанд то, ки нақшаи Худо маълум шавад. Ин оятҳои дар Ҳастӣ 2 чор бор дар Инҷил такрор шудаст ва ин ояти асосии оилавӣ дар Китоби Муқаддас аст. Никоҳи оила нақшаи Худо аст ва ин муқаддас аст. Онҳо ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ набуданд, зиндагии онҳо осуда ва тоза буд. Аз ин оятҳо чор қоидаҳои ҷовидонӣ пайдо мешаванд.



Чор қоидаҳои ҷовидонии оила


1. Ҷудоӣ«Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда».

Оила барпо гардида онҳо алоҳида ин вазифаро бар души худ мегаранд ва алоҳидагии зану шавҳар, хушбахтии ҷудои ва ба яктаншавии арӯсу домод мубаддал мегардад. Албатта агар ҷудоиро аз волидайн хушбахтӣ нашуморем, пас ин ба пайдошавии онҳо монеъ мешавад. Ҳолати ҷудоии дуруст ин аст, ки робитаҳои падару модар ба домод ё арӯс иваз шуданд, мисли ин ки онҳо оилаи нав ҳисоб мешавад, яъне домод ба падараш мард ба мард рафтор кунад ва на мисли пеш, падар ба кӯдак (писар). Албатта ин домод ҳануз писари вай аст вале ҷудоӣ ҳисоби оила нав бунёд шавад. Вазифаи оилаи нав бар души домод гузашта ин қоида ҷудои ба «мард» дода мешавад ва бояд ин қоидаро писар амалӣ кунад.


Чӣ хел онҳо аз падару модари домод ҷудо зиндагӣ мекунад? Ҷудоии манзилӣ? Ҷудоии молӣ? Ҷудоии ақидавӣ?

Дар Тоҷикистон ин қоида камтар дигар аст, ва чӣ хел бо ин бояд мувофиқ бошад?

«Чун анъанаи қадимаи тоҷикон, одатан, арӯси ҷавон ба хонаи домод оварда мешавад ва оилаи навбунёд ҳамроҳи падару модари домод зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳоло ҳам оилаҳое дучор меоянд, ки 2-3 бародари оиладор якҷоя ҳамроҳи падару модар зиндагӣ ба сар мебаранд.»10

«Гарчанде оилаҳои ҷавон аз падару модар ҷудо зиндагӣ кунанд ҳам онҳо зуд-зуд ба дидорбинии волидайн омада меистанд, эҳтироми онҳоро ба ҷо меоранд, ба рӯзгори онҳо аз ҳар ҷиҳат ёрӣ мерасонанд ва сазовори дуои неки падару модар мегарданд.»11



Ин ҷумла «Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст» нишон медиҳад ки як муносибат байни падару модар бо фарзандонаш доимӣ нест вале оилаи навбунёд - марду зан доимӣ аст. «Оилаи нав воҳиди нави ҷамъият аст.»12

Ин маъно онро надорад, ки онҳо нисбати падару модари худ беҳурматӣ зоҳир мекунанд, Калом мегӯяд, ки «Падари худ ва модари худро иззат намо, то ки умри ту бар замине ки Худованд Худои ту ба ту медиҳад, дароз шавад.» (Хуруҷ 20:12). Лекин ин нишон медиҳад, ки дар вақти аҳди никоҳ мард бояд бо зан оилаи нав созанд, аз модару падар ҷудо шуда вале бо ҳамдигар пайваст шаванд. Ин қоида ба насли Одаму Ҳавво дод шуд, чунки онҳо модару падар надоштанд. Насли онҳо бояд аз модару падар ҷудо гардида ва бо ҳамдигар пайваст шаванд то, ки онҳо як тан шаванд.

Чӣ кор мекунад дар вақти арӯс бо оилаи домод зиндагӣ кардан? Бисёр вақт дар маҳаллаи мо имконяти дигар нест, ва ин оилаҳо барои зиндагӣ ва масъалаҳои иқтисодиашон якҷоя бо хешу таборҳо зиндагӣ мекунанд. Ин қоида мақсади муносибатро дорад на мақсади зиндагониро. Чунин нуқсоне дар зиндагии якҷоя вуҷуд дорад, ки зан муносибати муҳаббатдори худро нисбат ба шавҳараш гум карда ин муносибат ба фарзандаш мегузорад. Дертар ин писар домод мешавад ва хушдоман намехоҳад, ки робитаи наздикро бо духтараш гум кунад ва ӯ саъю кӯшиши бисёр мекунад ба хотире, ки домод бо занаш наздик шавад ва бо ин васила хушдоман домодро ба худаш наздик мекунад. Дар ин ҳолат муносибати марду зан нисбат ба падару модари домод дар ҷои аввал гузошта мешавад. Домод бошад кӯшиш мекунад, ки арӯс онҳоро аз ягон хешу таборашон ҷудо накунад. Дар ин ҳолат эҳсосоти ҷудоӣ ё тарк кардан заиф мегардад, ки ин аз ҳикмати Худо аст то, ки онҳо як тан бошанд ва ин муносибат дар ҷои аввал шавад.



2. Пайвасти доимӣ «бо зани худ хоҳад пайваст»

«Ва тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. Пас, он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад.» (Матто 19:6) Ин калимаи «пайваст» маънии онро дорад, ки пайравӣ ва часпидан бо занаш. Бисёр вақт пеш аз никоҳ мард пайрави арӯс аст, яъне бо диққат ба ӯ нигоҳ кунад ва баъди аҳди никоҳ оҳиста-оҳиста диққат намедиҳад, вале ин пайравии мард доимӣ бояд бошад. Ҳам маънии онро дорад, ки онҳо бо ҳам мечаспанд ин муносибат наздиктар аз каси дигар то, ки онҳо як тан шаванд. Ин фақат ҷуфти ҳамдигар нест, ки онҳо нару модаанд вале пайвастии онҳо рӯҳонӣ, дилуҷонӣ, назар ба зиндагӣ ва ҷисмонӣ аст, пайвастии домоду арӯс ҳалкунандаи таваккалии оила аст.

Дар муносибати шавҳару зан шоҳид Худо аст ва аҳди ҷамоат дар байни мардон шавад (Малокӣ 2:14). Исои Масеҳ мегӯяд, ки «Худо бо ҳам пайвастааст» аҳди никоҳ дар назари Худо аст ва ваъдаи ҳамдигар ҷиддӣ аст. Чунки онҳо бо ҳамдигар бо рафтори вафодорӣ ва қойдавӣ аҳд мебанданд. Хислати аҳди никоҳи оила ин аст, ки зану шавҳар бо ҳамдигар аҳди ҷонӣ то охири умрашон мекунанд.


  1. Яктанӣ -«як тан хоҳанд буд.»

Ҷудоӣ ва пайвастӣ ин амали умумӣ аст вале яктанӣ ин амали хусусият. Оила як ҳастанд ва дигар муносибати одамизод байни онҳо нест. Агар як тан бошанд, пас онҳо наздиктар аз падару модар ва фанзандонашон ҳастанд. Дар ин оят аввал мард аз модару падар ҷудоӣ кард ва занро интихоб карда то ки пайваст шуд. Як танӣ бо Ҳастӣ 2:23 алоқа дорад. Одам дар ин шеъри пур эҳсосият мегӯяд:

«Ин аст устухоне аз устухонҳоям

ва гӯште аз гӯштам;

вай нисоъ номида шавад;

зеро ки аз инсон гирифта шавад.»

Ин ягонагии бо ҳамдигар фикри ҷисму ҷамол дорад вале ин фақат ҷисмонӣ нест, чунки Одам номи «нисоъ»-ро ба Ҳавво гузошт, чун ӯ аз бадани вай омад. Ин нишон медиҳад, ки онҳо муносибати наздик ва шахсӣ доштанд. Ҳам бо ин ягонагӣ бо ҳамдигар ба сирри офариниши Худо бармегарданд.

«Як тан хоҳад буд» Ин чӣ маъно дорад?

  • Як тан ва хиҷил намешуданд. Дар вақти ҷисму ҷамол, онҳо як тан шуданд.

  • Ин нишон медиҳад, ки муносибати наздиктаре нест нисбат ба марду зан. На мард бо модараш, на мард бо ошно, на зан бо дугонааш ва на зан бо кӯдакаш.

  • Як тан баъд дар чизҳои рӯҳонӣ шарикӣ кунанд.

  • Як тан дар ақидаҳо ва назарияҳо то зиндагиашон осоишта бошад.

  • Як тан дар робита бо маҳалла, онҳо ҷудо нестанд дар назди дигарон.

  • Онҳо ҳамсуҳбатанд то ки ба ҳама чиз ба маъслиҳати якдигараш нигоҳ кунанд, онҳо бо ҳамдигар дӯсти ҷонӣ шуданд.

  • «як тан» дар матни қуръон пайдо мешавад ва ин хел маъно дорад: «ишора ба он аст, ки Худованд Ҳаворо аз паҳлӯи Одам ё аз он чӣ аз гили ӯ афзун омад, офаридааст.»13 Ин нишон медиҳад, ки фақат офариниши Ҳавворо дар назар дорад, на робитаи наздик мисли Китоби Муқаддас.


4. Самимӣ «Ва ҳар ду, Одам ва занаш, бараҳна буданд, ва хиҷил намешуданд» Худо аҳди никоҳ бунёд кард байни марду зан ва онҳо аз ду шахсият - як тан мешаванду боэътимод ҳастанд. Дар самимияти онҳо хиҷилӣ набуд ва онҳо аз ҳамдигар шарм надоштанд. Алоқаи ҷинсӣ туъфаи Худо аст ва дар байни шавҳару зан якгон хиҷилу шарм нест, то мегӯяд:

«Чашмаи ту муборак хоҳад буд; ва аз зани ҷабонии худ шод бош, ки мисли ғизоли шаҳватангез ва оҳуи меҳрафрӯз аст; пистонҳои вай ҳамеша ба ту лаззат хоҳад бахшид; доимо саргарми муҳаббати вай хоҳӣ буд.» (Масалҳо 5:18-19)

Ва зан мегӯяд:

«Байрақи ӯ бар сари ман муҳаббат аст. Маро бо кулчаҳои мавизӣ қувват бахшед, маро бо себҳо тақвият диҳед! Зеро ки ман барои муҳаббат бемор ҳастам. Дасти чапаш дар таги сари ман аст, ва дасти росташ маро ба оғӯш мекашад.» (Суруди сурдҳо 2:4-6)

Самимияти оилавӣ ақидаи эътимоду боварии байни марду зан аст то ки ҳар яке ба дигараш иштиёқ дошта бошад. Ҳама чиз байни онҳо маълум аст ва хеҷ чиз пинҳон нест. Онҳо ба якдигар ғамхор буда дар шодиву нишот, гармиву сармо ва сиҳативу бемори шарики якдигаранд.

Ин чор қоидаҳои оила дар ислом дида намешавад, чунки равиши он мақсади дигар дорад. Мумкин оилаҳои мусалмон ба ин қоидаҳо рафтор мекунанд вале китобашон ин қоидаҳоро такрор ё истофода намекунад. Онҳо қоидаҳои дигар доранд ва дар навиштаи дигар ин чизҳо маълум мешавад.







1Одам «Комил набуд» - ин на аз сифати офаридаи Худо, вале Худо бо ин муҳтоҷи ҳамроҳ Одамро офарид.

2 Чизҳои асосии табияти инсон

3Дар ин китоб, фақат вазифаҳои марду зан дар оила нигоҳ кунад ва дар вазифаҳои калисо мавзӯъе дигар аст.

4 Ба арабӣ «завҷ» ё «завҷҳо», ин калом бо ҳайвонот ҳам истифода мешавад, яъне ҷуфти нару мода. The Мessage of the Qur'an, pg 100.

5 «Эй занҳо, худро аз оташи дӯзах наҷот диҳед!» саҳ. 26

6 «Одоби Оиладорӣ» саҳ. 57.

7 «Одоби Оиладорӣ» саҳ. 60.

8 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 34-36.

9 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 176.

10 «Одоби Оиладорӣ» саҳ. 13-14.

11 «Одоби Оиладорӣ» саҳ. 15-16.

12«Бунёди Оила» саҳ. 12

13 Куръон, саҳ. 78, эзоҳи поварақ # 2



<< Оила