Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Оилаи масеҳӣ - 3

 

Боби 3 - Натиҷаи гуноҳ бар оиладории имрӯза


«Пок аз адам омадему нопок шудем,

Шодон ба дар омадему ғамнок шудем.

Будем зи оби дида дар оташи дил,

Додем ба бод умру дар хок шудем.» (Хайём)




Дар ин оятҳо гуноҳи Одаму Ҳавво аст ва ин воқеа бо одамизод бисёр алоқамандӣ дорад. Ҳозир мо фақат қоидаҳои бо оилаи масеҳӣ дахл доштаро нигоҳ мекардем вале гуноҳ чӣ таъсирро ба муносибати оилавӣ мекунад? Ин чор қоидаҳои оила дар Ҳастӣ 2:24-25 пеш аз гуноҳи Одам ва ин қоидаҳо абадӣ аст вале гуноҳи одамизод ба ин халал мерасонад. Имрӯз гуноҳи одамизод зидди ин чор қоидаҳои абадӣ шуданд.

Дар Ҳастӣ 3:7-8, маълум мешавад, ки гуноҳашон онҳоро аз Худо ҷудо кард. Мисли «Балки гуноҳҳои шумо дар миёни шумо ва Худои шумо ҷудоӣ андохтааст.» (Ишаъё 59:2), яъне гуноҳи мо муносибати моро бо Худо ҷудо мекунад. Ҷавоби Одам ба Худо ин хел буд, «ин зане ки ба ман додаӣ, аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам.» (Ҳастӣ 3:12) Дар ин ҷавоб, Одам ин зане ки «ин аст устухоне аз устухонҳоям» буд-ро айбдор кард. Ва зан гуфт: «Мор маро фирефта кард, ва ман хӯрдам.» (3:13)Гуноҳ пайвандӣ, яктанӣ ва самимияти онҳоро ҷудо кард. Баъди онҳо дигарон айбдор шуданд, ҳар ду гуфт: «ман хӯрдам.» ва ин ҷавоби дуруст, ки дигаронро айбдор накунанд ва гуноҳи худашонро эътироф кунанд. Онҳо бо хоҳиши худашон гуноҳ карданд ва ин гуноҳ фақат айби шайтон набуд. Онҳо танҳо ба доми шайтон наафтоданд вале бо ақл фирефтаи гуфтаи шайтон шуданд.

Каломи Худо ҳам нишон медиҳад, ки зан дар назди Худо ҷавоб медиҳад. Худо ба зан гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» (3:13). Занон баробари мардон пеши Худо ҷавоб медиҳанд ва ҳар ду тараф аз амали вазифаи худашон бояд ҳисобот диҳанд. Ва бахшоиши гуноҳи онҳо ҳам бар онҳо буд: «Худованд Худо барои Одам ва зани ӯ либос аз пӯст сохт ва онҳоро пӯшонид.» (Ҳастӣ 3:21). Ин оят нишон медиҳад, ки бахшоиши гуноҳи мо бо хуни қурбоне, ки Худо зоҳир кард ва Худо ин гуноҳи моро пушонид.


Ҷавобгарии гуноҳи онҳо бар худашон ва шайтон шуда буд ва лаънатҳо бар онҳо монд. Ҳастӣ 3:14-15 лаънати шайтон маълум шуд:

«Ва Худованд Худо ба мор гуфт: ‹Аз баски ин корро кардӣ, аз ҳамаи чорпоён ва аз ҳамаи ҳайвонҳои саҳро ту малъун1 бошӣ; ту бар шикамат роҳ хоҳӣ рафт, ва тамоми айёми умрат хок хоҳӣ хӯрд. Ва дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват2 меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт.›»

Дар ин лаънат, аввал мор бо шикамаш роҳ меравад ва дуюмаш пешгӯии наҷотдиҳандаи оянда, аввал чизи ҷисмонӣ ва дуюмаш рӯҳонӣ. Ин оят мегӯяд, ки дар байни «насли ту ва насли вай душманӣ меандозам» ин нишон медиҳад ки пешгӯии оянда аст. Баъд «вай (насли зан оянда) сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт.»Дар вақти Исои Масеҳ, ки аз муъҷизоти Худо аз Марям (насли зан) таваллуд шуд ва дар салиб барои наҷоти дунё қурбонӣ шуд, он вақт сари шайтон кӯфт ва шайтон пошнаи Исо дар салиб кӯфт. Яъне ин зиндагии Одаму Ҳавво, ки монеъ шуда буд дар наҷотдиҳанда барои ҳамаи имоновардагон роҳи биҳиштро пайдо кард, то муносибати аввалаи байни Худо ва одамизод аз нав барқарор шавад.

Лаънати Ҳавво

«Ранҷи туро дар ҳамиладории ту бисёр афзун мегардонам;бо дард фарзандон хоҳӣ зоид; ва иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд, ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард.» (Ҳастӣ 3:16)

Дар гуноҳи Одаму Ҳавво зан роҳбар шуд ва Одам аз дунболи вай буд ва ҳам дар ин лаънати онҳо ин натиҷа маълум мешавад.

Чизҳои ҷисмони ин аст, ки ранҷи зан бисёр мешавад дар вақти зоидани кӯдак. Аз ин сухани Худо маълум аст, ки занон ба кӯдакаш бисёр аҳамият медиҳад, аз рӯҳонӣ иштиёқи ӯ бар ҳукмронии шавҳараш мебошад. Тоҷикон дар вақти никоҳ, домоду арӯс ба анъанаи поҷукақ пайравӣ мекунанд то кӣ дар оила ҳукмронӣ кунанд. Ин расм лаънати Ҳавворо нишон медиҳад, ки кӯ ҳукмронӣ мекунад ва кӣ фармонбардор мешавад, аввал онҳо ягона ва яктан буданд, то ки «бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед.» (Филиппиён 2:3) вале баъди гуноҳ онҳо фикри худашонро доранд. Ин робитаи пайвандӣ ҳозир имконяти вайронӣ дорад, то ки дар байни онҳо моҷаро пайдо шавад.

Аз гуфтании «Иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд» мумкин фикри ҷисмонӣ пайдо шавад, вале ин ҷумла маънои фақат орзуи алоқаи ҷинсӣ нест. Халқ мегӯяд, ки «Мокиёнро шаҳваташ тезӣ кунад, мезанад минқор бар тоҷи хӯрӯс.» Аммо дар ин оят маънои калимаи «иштиёқ» шаҳвати занро не, балки тамамои паҳлӯҳои зиндагии оилавиро дар бар мегирад, ва зан ҳамаи муносибатҳои байни марду занро дар назар дорад. Ӯ бисёр робитаи самимиро мехоҳад вале ӯ интинзори шавҳар намешавад то шавҳар бар ӯ ҳукмрон бошад, зан наздикӣ мехоҳад вале мард бошад дурӣ меҷуяд.

Дар вақти «иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд» -ро шунидан, мо бояд шаҳвати занро нисбат ба мард дар назар надошта бошем. Дар ислом зан тимсоли орзу ва ҳавасҳои шаҳватангез аст, мисли ҳадисе мегӯяд, ки «Вақто, ки як мард ва як зан танҳо монад, саввумашон шайтон онҳоро ба гуноҳ мебарад.»3 ва «Зан дар шакли шайтон меояд ва дар шакли шайтон меравад.»4 Барои ин ислом занонро назорат ва идора мекунад чунки онҳо шакли шаҳватангез ва орзуву ҳавасро доранд.5 Ҳам дар ҳолати мард занро ламс кардан ӯро нопок ҳисоб мекунад (Сураи Моида 5:6). Дар Масеҳӣ ин фикр бояд дур андохт чунки ин ақида занонро паст мемонад. Дар моҳият занон пеши Худо табиати шаҳватангез надоранд, ҳамаи мо гуноҳкор ҳастем ва ҳатто дар дилҳои марду зан ҳам ҳавасҳои шаҳватангез пайдо мешаванд.


Ҳастӣ 3:16, «иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд, ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард.» чӣ маънӣ дорад? Ин ҷумларо фаҳмидан осон нест ва тафсири Ҷон Пайпер мумкин ба фаҳмиши мо ёрӣ кунад:


Ин тасвири лаънати гуноҳ ва бадбахтии оилавӣ буда намунаи хуби издивоҷ нест. Дар ҳолате ки гуноҳ ҳукмрон аст ин ҳамин тавр дар таърихи инсоният рӯи медиҳад. Аммо дар ҳақиқат дар инҷо чӣ гуфта шудааст? Табиати муносибати вайроншуда бади содиркунии гуноҳ чӣ хел аст?

Асосии ин дар алоқамандии калимаҳои охирини ояти (Ҳастӣ 3:16) ва калимаҳои охирини ояти Ҳастӣ 4:7 аст, «иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав.» Инҷо Худо Қобилро огоҳ мекунад, ки хашму ғазаби ӯ бар зидди Ҳобил хатарнок аст. Худо мегӯяд, ки гуноҳ иштиёқ дорад, ки ӯро ҳукмронӣ кунад. Огоҳӣ ёбед, ки қисми охири ояти 7 «иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав,» калима ба калима: ту вайро ҳукмрон шав.

Ҳайратовар аст, ки ин ду оят (3:16 ва 4:7) ба ҳамдигар чӣ хел монанд ва наздиканд. Дар забони Ибрӣ ин калимаҳо як маъно доранд ва мебинем ки дар забони Тоҷикӣ (аслӣ: Англисӣ -Н.Ҷ.) ҳам онҳо монанданд. Дар 3:16 Худо ба зан мегӯяд: «иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд, ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард», ва дар 4:7 Худо ба Қобил мегӯяд: «Гуноҳ дар сари остона аст, иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав.»

Ҳозир сабаби муҳим будани ин дар он аст, ки ин ба мо маънои калимаи «иштиёқ»-ро равшантар мефаҳмонад. Вақте Ҳастӣ 4:7 мегӯяд, ки гуноҳ иштиёқманди дили Қобил аст (монанди ‹шер› Ҳастӣ 49:9) ва ин хоҳиши ӯ барои Қобил аст ин маънои онро дорад, ки гуноҳ мехоҳад бар ӯ ҳукмронӣ кунад. Гуноҳ мехоҳад ӯро шикаст диҳад ва мутеъ кунад то ки Қобил ғуломи гуноҳ шавад.

Акнун вақте, ки мо ба Ҳастӣ 3:16 нигоҳ кунем, мо мебинем ки, ин бо иштиёқманди зан бо гуноҳ як маъно дорад. Вақте мегӯяд, «иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд» ин маънои онро дорад, ки гуноҳ ҳукмрони зан аст, зан мехоҳад, ки ба шавҳари худ ҳукмфармои кунад, ӯро тобеи худ кунад, ё ки аз вай суиистифода барад. Вақте, ки гуноҳ ҳукмронӣ мард аст, ӯ бо қувваи зӯрии худ занро тобеъ карда бар ӯ ҳукмфармоӣ мекунад.

Ки дар Ҳастӣ 3:16 тасвир ёфтааст ин мухолифати бад байни занону мардон аст, ки дар таърихи инсоният нақш бастааст. Мардонагиеро ки Худо офарид гуноҳ маҳкум ва хароб кард. Латофати занонаеро ки Худо офарида буд, гуноҳ вайрон кард. Моҳияти гуноҳ ин худхоҳӣ ва худнигоҳӣ аст. Аввал муқобилият бар зидди Худо ва баъд бар суиистифода якдигар.

Пас моҳияти харобшавии мардонагӣ дар он аст, ки ӯ барои хоҳишҳои шахсияш харҷ медиҳад то занро тобеъ кунад, назарат кунад ва онҳоро суиистифода барад. Ва моҳияти харобшавии латофати занона дар он аст ки зан барои хоҳишҳои шахсияш кӯшиш мекунад то мардро ба тобеъяти худ дарорад, назарат кунад ва ӯро суиистифода барад. Ва фарқияти асосии онҳо дар он аст ки онҳо заифҳои гуногуни якдигарро суиистифода мебаранд.»      Аз Ҷон Пайпер6


Хатоии оила аз таъсири ин лаънат ин хел аст, ки зан барои муносибати наздик бисёр ба шавҳараш такя мекунад ва шавҳар ба занаш сахт роҳбарӣ мекунад.

Лаънати Одам

«Азбаски ба овози занат гӯш додӣ ва аз он дарахт хӯрдӣ, ки амр фармуда, гуфтам: ‹аз он нахӯрӣ›, замин аз боиси ту малъун шуд; тамоми айёми умрат аз он бо ранҷ хоҳӣ хӯрд; Хору хас бароят хоҳад рӯёнид; ва алафи саҳроро хоҳӣ хӯрд. Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд, то даме ки ба хок баргардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт.» Ҳастӣ 3:17-19


Дар ин сухани Худо ба Одам маълум шуда, ки Одам ҷавобгари асосии оила буд. Ин фармони Худо ба Одам аввал гуфт ва он вақт пеш аз Ҳавво офарида шуд (Ҳастӣ 2:15-17). Албатта Одам ба занаш ин фармони Худоро нақл карда ва дар вақти гуноҳ кардан ӯ медонад, ки бо хӯрдани он меваи дарахт амри Худо шикаста шуд. Аввал Одам занашро айбдор кард вале Худо дар ин оят гуноҳи Одамро мемонад то ки ӯ ҷавобгари амалаш бошад. Дар ин абзатси лаънат аввал чизи рӯҳонӣ ва баъд чизи ҷисмонӣ, ин бар аъкси лаънати мор ва Ҳавво. Одам барои чизи рӯҳонӣ роҳбар аст ва аз ин вазифа дар назари Худо бисёртар ҳисобот медиҳад.

Одам ҳам мисли Ҳавво ранҷ мекашад вале ранҷи ӯ бо зиндагӣ мешавад, ҳама кори ӯ бо азобу уқубат шавад то ки «ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд.» Одам кор мекунад то ки чизҳои зиндагиро барои оилааш пайдо кунад, ин амалаш осон намешавад албатта мушкилҳо хоҳад буд. Аҳамият диҳед, ки мушкилии Одам бисёр бо кораш ё амалаш мешавад вале мушкили Ҳавво бо оилааш ва муносибати онҳо. Дар оилаи имрӯза ҳам ин хел аст, ки занон бисёр ба тарафи оила нигоҳ мекунад ва мардон ба кор ва зиндагӣ аҳамият медиҳанд, бо эҳсоси анҷом расондани онҳо мард дар ҷои кор ва зан дар оила розӣ мешаванд. Онҳо бояд ба фикри як дигараш нигоҳ кунанд вале дар ин дунёи лаънатӣ ин яктании оиларо халал мерасонад.

Охири лаънат марг аст, Инҷил мегӯяд, «музди гуноҳ марг аст.» (Румиён 3:23). Ин пардохти гуноҳи Одам марг буд, яъне «ба хок хоҳӣ баргашт.» Амри Худо ин хел буд: «аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир; аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд.» (Ҳастӣ 2:16-17). Дар вақте, ки хӯрданд онҳо аз робитаи Худо ва рӯҳонӣ мурданд чунон ки тарс, шарм ва амали пинҳонӣ пайдо шуданд ва оқибати гуноҳ ӯ ба хок хоҳад баргашт.

Худо барои оила нақшаи аслӣ дод ва гуноҳи Одаму Ҳавво ба ин халал мерасонад. Ҳозир ҳам оилаи Масеҳӣ ин чизҳоро халалдор мекунанд. Агар мо нақшаи аслии Худо ва натиҷаи гуноҳи Одаму Ҳавворо мефаҳмем, пас мо нағзтар метавонем хости Худоро дар оилаи худ ҷорӣ кунем.

Нақшаи Аслии Худо

Лаънати Занон (Ҳастӣ 3:16)


    1. «Борвар ва афзун шавед» Ҳастӣ 1:28


    1. «як тан» Ҳастӣ 2:24


    1. «мададгоре» (2:18)

      1. Зоиш бо азоб



      1. иштиёқи зан ва ҳукмронии мард зидди як танӣ.


      1. Шавҳар ҳукмрони ӯ


Нақшаи Аслии Худо

Лаънати Мардон (Ҳастӣ 3:17-19)



1. Заминро «тасарруф намоед.....

Ҳукмрон бошед.» (Ҳастӣ 1:28)


2. Заминро нигаҳдорӣ намояд – Ҳастӣ 2:15


3. «одам ҷони зинда шуд» 2:7


1. Зиндагии Одам аз замин вобастааст.


2. Бо азоб зиндагӣ кардан


3. Одам мемурад






Мо дар қоидаҳои асосии оила лаънатҳои Худоро пайваст кунем ё ин, ки нақшаи аслиашро? Одатан мард ва ҳам зан мақсади ба камолот расиданро пешаи худ мегиранд, ва саволе ба миён меояд, ки оила ба кадом тарафҳо ҷӯёи равона ҳастанд? Оё ин рақобати байни зану шӯӣ бо лаънатҳо алоқамандӣ дошта бошад?

Ҳозир ҳарду вуҷудият доранд ва дар Масеҳӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки бо нақшаи аслии Худо зиндагӣ кунем ва лаънати гуноҳ ба оилаи мо халалдор набошад ва фақат қуввати Рӯҳи Худо метавонад ёрӣ расонад ва доимо мо барои ёрии Худо дуо мекунем, гуноҳ зидди ин табиати аслӣ мебошад. Марду зан бояд бо ҳамдигар пайваст шаванд то, ки онҳо як тан бошанд ва хиҷилӣ надошта бошанд вале дар асл ҳозир ин хел нест. Мардон занонро ҳукмронӣ ва суиистифода мекунанд ва занон барои мақсади худашон иштиёқи шавҳар доранд.


Хулосаи лаънатҳои оила ин хел мешавад, «Ва Одам зани худро Ҳавво ном ниҳод, зеро ки вай модари ҳамаи зиндаҳо шуд. Ва Худованд Худо барои Одам ва зану ӯ либос аз пӯст сохт ва онҳоро пӯшонид.» (Ҳастӣ 3:20-21). Дар ин оят оштӣ байни Одаму Ҳавво шуд то ки муносибати онҳо идома ёбад, аввал Ҳавво номаш Нисоъ шуд ва ҳамсару рафиқи Одам шуд ва ҳозир ӯ модари ҳамаи зиндаҳо шуд. Ин нишон медиҳад, ки Одам барои нобуд шудани боғи Худо сахтдил набуд ва ба занаш дилкушод ва ором буд, Одам Ҳавворо бешарт муҳаббат мекард ва муносибати Одаму Ҳавво боз як шуданд. Ӯ зани худро айбдор накарда як қадами оштӣ ба пеш монда корҳои самимӣ иҷро шуд, бо ин амалаш ӯ мехост бо занаш яктан ва доим пайваст бошанд.

Ҳам дар муносибаташон онҳо бо Худо оштӣ шуданд. Худованд барои онҳо қурбонӣ мекард то гуноҳҳои онҳо бахшида шаванд. Ин оят нишон медиҳад, ки бахшоиши гуноҳ амали Худо на амали Одам (барги анҷир) ва Худо бо ин пушидани гуноҳро зоҳир мекард, ва ҳам ин мисоли қурбонии Исои Масеҳ аст, ки Ӯ «гуноҳи ҷаҳонро мебардорад.» (Юҳанно 1:29).



1лаънат

2душманӣ

3«Вазифаҳои Мард дар назди Оилааш» саҳ. 7. Ҳам ин ҳадис аст - Imam Muslim, «Hadiths», Al- Sahih, pg 29.

4 Imam Muslim, «Hadiths», Al- Sahih, pg 29.

5 Women in the Muslim Unconscoius, pg 113

6 http://www.soundofgrace.com/piper89/5-21-89.htm



<< Оила