www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Оилаи масеҳӣ - 4Боби 4 - Ақди никоҳ ё аҳди никоҳ? Фарқият байни «ақд» ва «аҳд» чӣ хел аст?1 «Ақд» нақд ва нақдина дорад, яъне созиши моликият аст, ва «аҳд» ин паймони ваъдаҳо байни ду кас аст ва ин калима дар Китоби Муқаддас тақрибан 300 бор аст ва бисёр вақт байни Худо ва одамизод. Вале «аҳд» дар матни қуръон бо забони тоҷикӣ фақат чор бор (Сураи Оли Имрон 3:81, Аъроф 7:102, Раъд 13:20 ва Банӣ-Исроил 17:34, ҳам мумкин 10 ҷои дигар калимаи паймон ҳаст). Бисёр вақт дар Китоби Муқаддас аҳд бо қурбонӣ шудааст ва Худо бо хислати худ ба имондорон ваъдаҳо дод. Умуман мегӯяд, ки байни Худо ва одам робитаи наздик вуҷуд дорад ва Худо ваъдаҳоро ба имондорон бо аҳд баст ва ин паймон ба хуни Исои Худованд пайваст аст. «Издивоҷ дар ислом комилан созиши ҷомеа аст.»2 Аллоҳ ба мусалмонон мисли созиш монда шуд, Аллоҳ аз байни ваколати пайғамбаришон шартҳо ё фармонҳоро дод ва мусалмонон бояд онро иҷро ё итоат кунанд. Исботи ин аст ки Сураи Моида 5:1 мегӯяд, «Эй касоне, ки имон овардаед, ба паймонҳо вафо кунед», калимаи «паймонҳо» ба арабӣ «ақд» аст.3 Никоҳи онҳо ҳам монанди имонашон аст. Фарқиятҳои «ақд» ва «аҳд» ин хел аст:
Ислом «ақди никоҳ» мегӯяд ва аз ин чанд ҳукми он мисли созиш аст, пас ислом аз аҳкоми динаш дуруст мегӯяд ки ин «ақд» аст. Дар ин китоб ақди никоҳи ислом аз аҳкоми онҳо маълум аст, ки ин монанди созиш аст. Мумкин онҳо созишро нақл намекунанд вале барои фаҳмиши ин равиш истифода мекунанд. Ба муқобили ин дар масеҳӣ издивоҷ шудан «аҳд» аст, на мисли созишнома, чунки зану шавҳари масеҳӣ маслиҳати моликият нест балки ин эътирофи ваъдаҳо байни домоду арӯс дар шоҳидии Худо ва ҷамоат ҳаст, пас ақидаи масеҳӣ дурусттар «аҳди никоҳ» ё «ҳамаҳд» ё «аҳди издивоҷ» мегӯянд. Аҳди Никоҳи Масеҳӣ «�Аз чӣ сабаб?� Аз он сабаб, ки Худованд дар миёни ту ва завҷаи ҷавонии ту шоҳид буд, ва ту дар ҳаққи вай хиёнат кардаӣ, ва ҳол он ки вай дӯсти ту ва завҷаи ҳамаҳди ту буд.... Пас, рӯҳи худро нигоҳдорӣ намоед, ва зинҳор касе дар ҳаққи завҷаи ҷавононии худ хиёнат накунад. Зеро ки Ман аз талоқ нафрат дорам, мегӯяд Худованд.» (Малокӣ 2:14-16) Худо шоҳиди домоду арӯс аст ва онҳо «ҳамаҳд» ҳастанд, яъне ҳар ду тарафро аҳдбаста мегӯянд. Домод аҳд мекунад, ки зани худро дӯст медорад ва ба арӯс пайванд мешавад то онҳо як тан бошанд. Арӯс ҳам, ки мутеъи домод шавад ва ба домод пайвандад то онҳо як тан бошанд. Ин аҳди никоҳ ба додани ба ҳамдигар муҳаббати фидоӣ аст. «Никоҳ бояд ҳамчун ӯҳдадориҳои байниҳамдигарии ду шахс нисбат ба якдигар чун шахсиятҳои том (пурра - Н.Ҷ.) қабул карда шавад.»6 Аҳди никоҳи Масеҳӣ амали рӯҳонӣ байни домоду арӯс аст ва онҳо дар назари Худо ва ҷамъият пайванд мешаванд. Ин ҳалкунандаи домоду арӯс, ки онҳо мехоҳанд «сир бузург» нишон медиҳанд (Эфсӯсиён 5:32). Дар никоҳи масеҳӣ онҳо тимсоли Бадани Исои Масеҳ ҳастанд, аз гӯшти Ӯ ва аз устухонҳои Ӯ (Эфсӯсиён 5:30).7 Аҳди никоҳи Масеҳӣ паймони рӯҳонӣ аст ва оинаи аҳди наве ки дар Инҷил аст. Аҳди никоҳи Масеҳӣ аҳде, ки байни ду кас ва аксарияти ин робитаи фидокорона буда, ҷони худро бе ягон шарт ба интизорӣ мебахшад. «ва Йӯнотон бо Довуд аҳд баст, чунки ӯро мисли ҷони худ дӯст дошта буд. Ва Йӯнотон ҷомаеро, ки бар танаш буд, кашида ба Довуд дод, ва либоси ҳарбияш ва ҳатто шамшераш ва камонаш ва камарбандашро низ.» (1 Подшонон 18:3-4) Дар аҳди дӯстӣ нишон медиҳад, ки аҳд мақсади фоидабардории худро надорад вале барои додани ҷони худ ба каси дигар мебошад. Йӯнотон ба Довуд тӯҳфаҳо дод ва худаш ба ӯ аҳд баста кард. Ин аҳди никоҳ набуд вале рӯҳияи аҳдро нишон медиҳад. Аҳд бастан аз ҷони худ аст на аз ба қарор омадани ду кас. Тӯҳфаҳо додан, нишон додани ин аҳд аст ва на барои шарт ё нақди бастаашон. Аҳди никоҳи масеҳӣ то марг бошад, яъне ин аҳд мемонад то як ҳамсар аз дунё мегузарад. «Зеро ки зани шавҳардор мувофиқи шариат ба шавҳари зинда вобаст аст, ва агар шавҳараш бимирад, вай аз шариати шавҳардорӣ фориғ мешавад.» (Румиён 7:2) Дар ҳолате, ки як ҳамсар мегузарад, аз шариат ё қоидаи издивоҷ озод мешавад. Барои чӣ аҳди никоҳ кунанд? «Ду нафар аз як нафар беҳтаранд, чунки барои онҳо аз меҳнаташон музди хубе пайдост. Зеро ки агар як афтад, дигаре аз онҳо рафиқи худро бармехезонад. Валекин вой ба ҳоли он одами танҳо, вақте ки ӯ афтад, ва касе набошад, ки ӯро бархезонад! Ҳамчунин, агар ду нафар бихобанд, гарм мешаванд, вале як нафар чу гуна гарм шавад?» (Воиз 4:9-11) Дар масеҳиён як чанд мақсадҳо барои аҳди никоҳ вуҷуд дорад, аввалин ин аст, ки барои эҳсосот Одам аввал ҳис кард, ки танҳо буд (Ҳастӣ 2:18) ва маҳбубаи зан ёфт. Худо муҳаббат аст ва эҳсоси муҳаббат дар оила пайдо мешавад то, ки хислати Худоро инъикос кунад, ин ду нафар, домоду арӯс рафиқи ҳамдигар мешаванд, то ки касе афтад ӯро бармехезонад ва камолияти ҳамдигар шаванд. Эълони Худо дар Ҳастӣ 2:18 умумӣ буд то ки ҷамъият фаҳмад, ки онҳо марду зан ҳастанд. Дар ибтидо Худо мегӯяд, ки «мард падару модари худро тарк карда.» ин маънии он ҳаст, ки равиши аҳди никоҳ бо хешу табор аст. Ин аҳди никоҳ дар шоҳидии Худо аст ва ҳам дар шоҳидии ҷамоат. Илова ин аст, ки имрӯз ЗАГС аҳди никоҳ ва маъракаи умумии (тӯй) вуҷуд доранд то ҳамаи атрфиён донанд, ки онҳо як оилаи нав ҳастанд. Издивоҷ шудан ҳам мақсади ҷисмонӣ дорад, Инҷил мегӯяд, «Дар барои он чу ба ман навишта будед, барои одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад. Аммо, барои пешгирӣ кардани зино, бигзор ҳар мард завҷаи (зани) худро дошта бошад, ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад. Бигзор шавҳар вазифаи заношӯиро нисбат ба зани худ ба ҷо овардад; ҳамчунин завҷа нисбат ба шавҳари худ. Завҷа бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они завҷа аст.» (1) Қӯринтиён 7:1-4 Дар ин оятҳо лаззати алоқи ҷинси дар байни марду зан аст ва ин амал як мақсади дигари аҳди никоҳ мебошад. Пеш аз дар аҳди никоҳ будани мард ё зан бо ҳамдигар будан мумкин нест, аммо баъди никоҳ бадани зан аз они шавҳар аст ва бадани шавҳар аз они зан аст. Ва бубинед, ки ин алоқаи ҷинсӣ барои латофати домоду арӯс табдил меёбад. Пеш аз аҳди никоҳ оё ба ҳамдигар ноз кардан мумкин? Ин ояти боло нишон медиҳад, ки нози ҳамдигар баъди аҳди никоҳ аст, агар пеш аз аҳд бастан бошад робитаи онҳо вайрон мешавад. Каломи Худо ҳам мегӯяд, «Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунед; ва ҳар яке аз шумо битавонад бадани худро дар покӣ ва шараф нигоҳ дорад, на дар оташи шаҳват, монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд; ва касе дар ҳеҷ бобат ба бародари худ (ё хоҳари худ –Н.Ҷ.) таҷовуз ё суиистифода накунад, чунки Худованд барои ҳамаи ин корҳо интиқом мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем.» (1 Таслӯникиён 4:3-6). Агар пеш аз никоҳ аз нози ҳамдигар эҳсоси шаҳват пайдо мешавад ва дар ҳолат ба тарафи таҷовуз меравад, яъне аз ҳадду андозаи муқараршуда гузашта суиистифодаи ноҳаққии якдигараш мебошад. Ҳар ҷавони имондор бояд бо диққат ин оятҳоро иҷро кунад то ки баракати Худо пайдо шавад. Дигар мақсади издивоҷ, ки рӯҳонӣ аст муҳаббати Худоро нишон медиҳад. «Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд.» (Эфсӯсиён 5:25) Издивоҷ шудан ин тимсоли бадани Исо нисбат ба мо аст. Ӯ барои мо фидокор шуд ва ҳам ин хизмати рӯҳониро дар оиладорӣ шарикӣ кунад. Дар масеҳӣ муҳаббати Худо бешарт аст. Худо моро дӯст медорад ва дар вақте, ки мо гуноҳ карда, «Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд.» (Румиён 5:8). Ҳам дар аҳди никоҳ намунаи ин аст, ки домоду арӯс оиларо сар мекунанд, ки ин муҳаббати бешарт аст. Яъне онҳо бо ҳам дигар дар вақти саломатӣ ё касалӣ, дар вақте кӯдакдорӣ ё бе фарзандӣ, дар вақти хушбахтӣ ё бадбахтӣ якҷоя мемонанд. Қисмҳои Никоҳи Масеҳиён
«Ҷавонон бояд донанд, ки никоҳи дар ташкилотҳои ақди никоҳ ва шӯроҳои маҳаллӣ ба қайд гирфташуда қонунӣ мебошанд ва оилаи баробарҳуқуқи ҷамъиятиро ташкил медиҳанд.»8 «Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зану шавҳарро танҳо никоҳе ба вуҷуд меоварад, ки дар органҳои қайди ақдҳои ҳолати гражданӣ баста шудааст.» (Моддаи 12, кодекси никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) Аҳди никоҳ мисли ин аст: «Дасти вафо дар камари аҳд кун, То нашавӣ аҳдшикан, ҷаҳд кун!» (Низомии Ганҷавӣ) «Ман (номи арӯс) ба ту (номи домод) дар назди Худо зани ту шуда аҳд мебандам ва ваъда медиҳам, ки мутеи ту бошам, мисли калисо ба Масеҳ тобеъ аст. Дар вақтҳои саломатӣ ё касалӣ, баландӣ ё пастӣ, хушбахтӣ ё бадбахтӣ бо вафодорӣ то марг якҷоя бошам.» «Ман (номи домод) ба ту (номи арӯс) дар наздии Худо шавҳари ту шуда аҳд мебандам ва ваъда медиҳам, ки туро дӯст бидорам, мисле ки Масеҳ ба калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд. Дар вақтҳои саломатӣ ё касалӣ, баландӣ ё пастӣ, хушбахтӣ ё бадбахтӣ бо вафодорӣ то марг якҷоя бошам.» «Оё бо урфу одати Тоҷикӣ никоҳ кардан мумкин ё не? Дар вақти никоҳӣ ду ҷавон сузан задан ба либоси домод, хурдани оби ширин мумкин аст ё не? Урфу одате, ки зидди имонӣ мо нестанд амал карда мумкин аст. Бояд урфу одат барои мақсади хурофот ё чизҳое, ки зидди имони мо бошад накунед. Агар урфу одатҳое, ки маънии онҳо бо қоидаи Китоби Муқаддас пайваст мешаванд нағзтар мешавад. Аҳди никоҳи тоҷикӣ кунед вале бо маъное, ки бо имони шумо пешравӣ кунад. Фарқияти аҳди никоҳи Масеҳӣ ва Исломӣ чист? «шумо никоҳро на бо бадан, балки бо одам мебандед.» Ҷош Макдауелл Дар масеҳӣ домоду арӯс қоидаҳои пайвандӣ ва яктанӣ-ро эътироф мекунанд ва бо ҳам дигар ваъдаи вафодорӣ назр мекунанд. Ҳам вазифаҳои зану шавҳариро эътироф мекунанд, ба монанди шавҳар зани худро дӯст медорад ва зан ба шавҳараш худро таслим мекунад. (Эфсӯсиён 5:21-33). Одатан ин ваъда дар байнишон дар ҳолатҳои саломативу касалӣ ва хушбахтиву бадбахтӣ то марг мемонад (Румиён 7:2-3). Муҳаббати Худо, яъне шахсияти Исои Масеҳ дар байнашон бояд бошад. Ин аҳди никоҳи масеҳӣ дар байни домоду арӯс шарт надорад. Ин маънои онронадорад, ки мисли шартҳои ислом ҳамдигарро фаҳмонанд ва шоҳидон дар ақди никоҳ вуҷуд доранд.9 Ин шартҳо ҳам дар масеҳӣ дар кор аст барои ин ки аҳди никоҳ дар пеши ҷамоат шавад то ки шоҳидон бошанд. Вале онҳо (зану шавҳар) байнишон шартҳо намемонанд ба монанди агар кудакон пайдо намешавад, ё ҳам агар як тараф касал мешавад ё ҳуқуқи ҷудои ин хел мешавад.10 Аҳди никоҳи масеҳи намунаи муҳаббати Худо аст. Худо бешарт моро дӯст медорад ва оилаи масеҳӣ бояд бо ҳамдигар бешарт дӯст доранд. Ин аҳди никоҳ то марг мемонад, агар як тараф аз ҳаёт мегузарад, тарафи дигар аз ин аҳди никоҳ фориғ аст (Румиён 7:1-3). Дар ислом никоҳ қарори фоидабардоррии ҳамдигар аст: «Ва чӣ гуна он молро бозпас мегиред ва ҳол он ки ҳар як аз шумо аз дигаре баҳраманд шудааст ва занон аз шумо паймоне устувор гирифтаанд.» (Сураи Нисо 4:21) Ақди никоҳи Исломӣ «Ислом дар издивоҷ ҳуқуқи зан ва мардро мусовӣ қарор дода ва дар ибодат ҳам ҷуз дар баъзе аҳволи махсуса яке болои дигаре имтиёз надорад.»11 Дар ақди никоҳ ҳуқуқи зан ва мард баробар аст ва ҳар тараф маъслиҳат карда метавонанд, чунки ин мисли созише, ки онҳо ба ҳамдигар мебанданд. Ақди никоҳи исломӣ бо шарт аст. Дар вақти никоҳ онҳо ба ҳам дигар шарт мемонанд, мисли шарте ки кӯдак зоид шавад ва ғайра. Ҳам робитаи асосии байни марду зан ҷисмонӣ аст: - «“Тану нафсатро ба ман бахш!� гӯяд ва зан: “Тану нафсамро ба Шумо (ту) бахшидам!� ... Зеро фарзияти никоҳ аз тарафи зан тану нафсро бахшидан ва аз ҷониби мард тану нафси занро қабул кардан аст.»12 Ин ақди нигоҳ бисёр ба мақсади розигии домод аст чунки арӯс бояд танашро ба домод диҳад ва домод тани арӯсро бояд қабул кунад (Сураи Фурқон 25:54). Қуръон бемақсад намегӯяд, «Ҳамбистарӣ бо занонантон дар шаби моҳи рӯза бар шумо ҳалол шуд. Онҳо пӯшиши шумоянд ва шумо пӯшиши онҳоед.» (Сураи Бақара 2:187). Дар вақти ақди никоҳ шартҳоро ба ҳамдигар мегӯянд ва ин музокираи ҳамдигар нишон медиҳад: - «Ин гуна шурут13 агар дар зимни ақд муқаррар шаванд саҳеҳ ҳастанд ва бояд мавриди амал қарор гиранд.»14 «Чунин амалҳо дар асли худ мубоҳ аст, дар сурате, ки зан онҳоро дар вақти ақди никоҳ бар шавҳараш шарт намуда буд ва мард қабул карда бошад, вафо кардан ба ин шартҳо лозим аст.»15 Ҳадисҳо ақидаи ақди никоҳро барои мақсади ҷисмонӣ пешниҳод мекунанд (7.62.81; 7.62.172; 7.62.174 ва 7.63.231) ва ҳам навишта шуд, ки агар зан барои алоқаи ҷинсӣ иҷозат намедиҳад лаънати фариштаҳо бар ин зан бошад (7.62.121).16 Дар Сураи Нур 24:60, ин калимаи «никоҳ» ки дар матни арабӣ пайдо мешавад, ин маънии алоқаи ҷинсиро дорад ва тафсири ин оят мегӯяд, ки «дар суханони Арабҳо, маънии аслии �никоҳ�-ро алоқаи ҷинсӣ аст.»17 Пас «ақди никоҳ»и ислом, созиши алоқаи ҷинсии домоду арӯс аст. «Ислом бо назардошти ғаризаи ҷинсӣ дар зану мард каромати инсониро низ мадди назар гирифта ва пайванди ҷинсиро байни он ду нафар ба шакли машрӯъи он, ки издивоҷ бошад, пешниҳод менамояд ва аз ин ҷо аст, ки ҷавононро аз фаҳш барҳазар дошта ва роҳҳои мухталифе ба издивоҷ тарғиб мекунад.»18 «Ҳомила ҳаққи шавҳар мебошад. Қуръон ҳатто занҳои талоқкардашударо низ аз инкори ҳомила боз медорад.»19 1Ақд «عقد» ва аҳд « عهد»- ин фарқият дар забони Тоҷикӣ, Форсӣ ва Арабӣ маълум мешавад. 2 The message of the Qur'an, Footnote #4 pg. 102. 3 The message of the Qur'an footnote #1 pg. 139. 4 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 70 5 http://www.salvationhistory.com/online/intermediate/class1_lesson1.cfm http://old.mbherald.com/39-06/covenant.html аз онҳо табдил шуд. 6 «Сирри Муҳаббат», саҳ. 172 7 Ин оят дар хотири Ҳастӣ 2:23 назар дорад. 8 Одоби Оиладорӣ, Ҳуррам Раҳимзода, саҳ. 19. 9 Аниси Занони Покдоман, саҳ. 73 10 Дар «Интихоби Ҳамсар» панҷ мисоли шарт нақл мекунад, саҳ. 101. 11 «Никоқ, талоқ ва ҳуқуқи зан» саҳ. 18 12 «Никоҳ ва талоқ» саҳ. 4 13 шартҳо 14 «Интихоби Ҳамсар» саҳ. 101 15 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 75-77 дар бораи ин мавзӯъ нақл мекунад. 16 Ҳадисҳо аз www.usc.edu/dept/MSA/fundamentals/hadithsunnah/bukhari ва рақами аввал ҷилд, дуюм китоб ва сеюм шумора. 17 The Message of the Qur'an, pg. 546, note 84. Дар матни тоҷикӣ,«шӯй карданашон» мегӯяд. 18 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 58 19 «Эй занҳо, худро аз оташи дӯзах наҷот диҳед!» саҳ. 20 << Оила |