Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Оилаи масеҳӣ - 5

 

Боби 5 - Нақшҳои Оилавӣ – Дар масеҳият қоидаҳои нав



«Ду намуд мард ҳаст, якум касе, ки занро дар дасташ мегирад. Дигар, касе, ки зан мардро дар дасташ мегирад.» Халқ

Оё ин дуруст, ки фақат як тараф мегирад ва дигараш қапидашудагӣ аст? Корҳои дар болои даст гирифтан нишонаи муҳаббат нест, дар оилавии масеҳиён бояд зери лаънатҳои Одаму Ҳавво зиндагӣ накунанд ва ҳам бояд фикр накунад, ки фақат ин ду намуди сухани халқ вуҷуд дорад, масеҳиён бояд пояҳои нав созанд. Пояҳои куна ақидаи дигар ва таҳкурси дигар доранд, вале зиндагии мо ҳозир бар муҳаббату фидокории Худо мебошад.

Дар пояҳои нав қоидаҳои масеҳӣ аст, ки зану шавҳар рафтори навро бар дӯши худ доранд. Ҳар ду тараф вазифаи алоҳида доранд ва ин аҳамиятҳои онҳо дар ақидаҳою рафторашон дар оила ва ҷамъият нуфуз доранд.



Қоидае, ки вазифаи ҳама:

«Дар тарси Худо мутеи якдигар шавед.» Эфсӯсиён 5:21

Ин қоидаҳои оилавии масеҳӣ бо ин фармон сар мешавад. Албатта ин бемақсад нест, ки калимаи «мутеи» дар ояти 21 ва 22 ҳастанд. Ин қоида ба қоидаҳои оила пайванд ҳаст, ҳамаи ин қоида «дар тарси Худо» рафтор кунанд. Мутеии имондорон ҳам ба Худо (Яъқуб 4:7, Эфсӯсиён 5:24), ҳукматдорон (Румиён 13:1-5), ва сардорон (Ибриён 13:17) алоқаманд аст. Мутеии якдигар вазифаи имондорон аст ва маъно надорад, ки як касе аз дигар поёнтар ҳаст. Ҳуррам Раҳимзода мисли ин қоида барои оилаҳои тоҷик нақл мекунад: «Муносибати зану шавҳар дар асоси баробарҳуқуқии пурра ба роҳ монда мешавад. Муносибати зану шавҳар, дигар аъзоёни калонсоли оила ва фарзандон дар асоси иззату эҳтиром, самимият ва ғамхору дилсӯз будан ба ҳамдигар ташаккул меёбад. Байни зану шавҳар бояд муҳаббат, ғамхорӣ, хайрхоҳӣ арзи вуҷуд намояд.»1

«Пас шодии маро пурра кунед, ба тавре ки дорои як фикр бошед, дорои як муҳаббат буда, якдил ва ҳамфикр бошед, аз рӯи рақобат ё шӯҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед, ва ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд. Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд.» (Филиппиён 2:2-5) «Ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед.» (Румиён 12:10) Имондорон бояд мутеи якдигар шаванд, ва ҳам ин принсипи аввал дар оила бояд бошад.



«Нақшҳои оила алоқамандии оиларо қарор медиҳанд ва алоқамандишон ӯҳдадории оиларо офариниш мекунанд.»

(Ҳовард Ҳендрикс)

Дар Эфсӯсиён 5:21-33 ва ҳам Қӯлассиён 3:18-19 қоидаҳои оилаи масеҳӣ баён мешаванд. Ин оятҳо ба қуввати зану шавҳар нигоҳ намекунанд балки вазифаҳои онҳо, Худо хараҷумарҷ нест ва ҳама чиз тартибу интизом дорад ва дар оила ин қоидаҳо интизоми Худоро нишон медиҳад.

Худо марду занро бо фарқиятҳо офарида ва ба онҳо вазифаҳои гуногун дод. Ҳар ду дар назди Худо ҷавоб медиҳанд ва ҳар ду заминро ҳукмронӣ мекунанд ва ҳам ба баракатҳои Масеҳӣ дохил мешаванд. Барои оила нақшҳои марду занро муайян кардан муҳим аст. Агар муайян намекунанд пас алоқамандии онҳо мувофиқ намешаванд ва ӯҳдадоришон иҷро намешаванд.

Нақшҳои оила чӣ аст? Нақшҳои оила ин аст, ки ҷои шавҳар ва ҷои зан дар оила, яъне вазифаи онҳо бо ҳам дигар ва чӣ хел муносибат кардан аст. Ин вазифаҳо нишондиҳандаи аҳди ҷонии онҳо мебошад. Вазифаи асосии шавҳар ин аст, ки сардори фидоӣ ва вазифаи асосии зан ин аст, ки мададгори шавҳар шавад. Агар нақшаҳои илоҳӣро марду зан дуруст фаҳманд пас ӯҳдадорҳои ҳаррӯза маълум мешаванд.

Ин ӯҳдадории оила намунаи Исои Масеҳ ҳаст ва бо муҳаббат сар мешаванд, «Пас, чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед, ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва курбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд.» (Эфсӯсиён 5:1-2)







Қоидаи Шавҳари Масеҳӣ

«Ман доим дида тавонам, мард рӯҳонӣ аст ё не? Ин маълум аст, ки чӣ хел ин мард бо занаш рафтор кунад.» (Халқ)

Шавҳар сари зан аст ва агар ӯ ин хел аст, аввал қоидаи шавҳарро нигоҳ кунем ва баъд ҷавоби занро ба ин қоидаи шавҳараш.

«Эй шавҳарон, занони худро дӯстдоред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд, то ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд, ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад. Ҳамин тавр бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд: он ки зани худро дӯст медошта бошад, худро дӯст медорад. Зеро ки ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки Худованд низ Калисоро; Чунки мо андоми Бадани Ӯ ҳастем, аз гӯшти Ӯ ва аз устухонҳои Ӯ. Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст, ва ҳар ду як тан хоҳанд буд. Ин сир бузург аст, вале ман нисбат ба Масеҳ ва Калисо сухан меронам. Пас, бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад.» Эфсӯсиён 5:25-33

«Инсон худдӯстор аст. Агар ӯ дар худ тани хештанро дӯст бидорад, он гоҳ вай иштибоҳ хоҳад намуд ва аз ин муҳаббат ба ӯ ҷуз андӯҳ чизи дигаре нақши хешро нахоҳад монд. Муҳаббат ба худ ҳамон гоҳ судманд аст, ки агар ӯ дар хеш рӯҳро дӯст дорад. Рӯҳ дар ҳамагон якхел аст. Аз ин хотир агар инсон рӯҳи хешро дӯст дорад, вай рӯҳи дигаронро низ дӯст хоҳад дошт.» Толстой


Вазифаи асосии шавҳар ин аст, ки зани худро бояд дӯст дорад! Чор бор ин қоида такрор шудааст ва ин корҳои фидокорӣ бояд дошта бошанд. Чӣ хел муҳаббатро бояд нишон диҳанд? Мисли Исои Масеҳ, ки ҷони худро барои наҷоти мо таслим намудааст. Шавҳарон ҳамчун фидоӣ худашон бояд рафтор кунанд ва агар марде ин хел муҳаббат нишон медиҳад, пас албатта занаш ба ӯ мутеъ мешавад. Ин қоида монанди фармони Исои Масеҳ аст, «ёри худро мисли худ дӯст бидор.» (Инҷили Матто 22:39) ва ҳукми дуюм аст ба монанди аввалааш - Худои худро дӯст бидор. Зану шавҳар наздиктар аз «ёри худ»-ро ҳастанд ва ин ҳукмҳои вазифаи ҷамоати масеҳӣ дар таҳкурсии байни зану шавҳар аст. Ин дӯст доштан на танҳо ошиқ шудан аст вале ин амали фидоӣ, то ки зани худро барои рӯҳаш, ҷисмаш ва ақлаш комил мешавад. «Муҳаббат муҳаббатро ҷалб мекунад. Агар хоҳӣ, ки дигарон ба ту муҳаббат дошта бошанд, аввал худат ба дигарон муҳаббат кун.» (Оз-оз ӯрганиб доно бӯлур саҳ. 23)

Вазифаи дуюми муҳаббатро коҳини рӯҳонӣ дар оила дорад то ин, ки занаш муқаддас ва ягон доғ пайдо накунад. Ин маъно надорад, ки сахтгирӣ кунад ва қонун зиёд намояд вале аз муҳаббаташ ба Худо ва амали фидокорӣ ба зан дошта бошад, занаш пайрави шавҳар мешавад. «Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед.» (Қӯлассиён 3:19). Мисли Одам ба Ҳавво ҳукми Худоро такрор мекард ва ҳам шавҳар вазифаи рӯҳонии оила бар дӯши вай аст. Бо зани худ дуо мекунад ва барои хондани Китоби Муқаддас ва ситоиши Худованд роҳбарӣ мекунад. Зану шавҳар «ба хулосае меоянд, ки агар якҷоя дуо кунанд, бо камоли эҳтиром Китоби Муқаддасро бо ҳам хонанд ва Худо онҳоро истифода барад, ки дигаронро ба Масеҳ даъват намоянд, ин гӯё муҳаббат аст.»2

Зан нозуктар аз мард аст ва шавҳар бояд бо мулоҳиза назди вай рафтор кунад.«Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт мӯҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамониате нарасад. Ниҳоят, ҳаматон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, бошафқат, меҳрубон ва фурӯтан бошед.» (1) Петрус 3:7-8 Шавҳар ҳамдарди занаш ва бо шафқату меҳрубонӣ бо ӯ бояд рафтор кунад. Агар рафторӣ байни зану шавҳар нодуруст аст пас дуоҳояшон халалдор мешаванд. Муносибати оилавӣ ва муносибати мо бо Худо пайваст ҳастанд.

Шавҳар зоҳиргару ҳимоягоҳи зан аст.«Зеро ки ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад.»(Эфсусиён 5:29). Корҳои асосии зоҳири зиндагӣ вазифаи мард аст ва дар нақлҳои Одам ҳам нишон медиҳад ки ӯ «ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд.» (Ҳастӣ 3:19). Шавҳар албатта ҷисми худро нигоҳ мекунад ва ҳам бояд занашро гарм кунад то ки хурока, ҷои истикомат ва либоси ҳамсар зоҳир шаванд. Ва аз ҳама муҳим аз чизҳои хатарнок, аз фикри парешон ва мушкилии зиндагӣ ҳимоя кунад. Ҳам шавҳар дар байни ҷамъият бояд занашро ҳимоят кунад. Дар ҷамъият, ҳам дар байни дигарон бояд аз занаш шикоят накунад ва ғайбати ӯро накунад, ҳамтарафа бояд ба ҳамдигар нигоҳ кунанд.

Барои чӣ шавҳар сари зан аст?

Чунки Масеҳ сари калисо ва шавҳар намунаи Исои Масеҳ дар оила аст. Сари зан ин сухани тиҷоратӣ нест (бос ё сардор) вале ин маънои баданро дорад – ӯ сари бадан, яъне сари оила. Сари бадан ба муҳтоҷии бадан нигоҳ мекунад, ӯ доимо дар фикри оилааш аст.

Шавҳар сари зан аст ва ин нишон медиҳад барои оила кӣ бояд ҷавобгартар бошад. Шавҳар аввал бояд амалҳои муҳаббату фидокориро нишон диҳад. Барои шавҳаре, ки хизматгори калисо аст ҳамин хел аст, ки «Хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунад» (1 Тимотиюс 3:4) Ӯ бояд баданашро, яъне оилаашро ба хубӣ идора кунад.



Муқоисаи ин қоида бо маҳалла

Дар китоби «Одоби Оиладорӣ» ин хел ақидаи маҳалларо хонда метавонед: Ин матн хонед ва муқоиса кунед – Оё ин қоидаи Китоби Муқаддасро пешниҳод мекунад ё не? Чӣ фарқият дорад он қоида бо Китоби Муқаддас?

«Аз ин рӯ, сардори оила тамоми масъалаҳо ва тақдири аъзоёни оиларо ба зиммаи худ мегирифт ва ҳама мебоист ба вай итоат кунанд ва супоришҳои ӯро ба ҷо оваранд. Бо падар баҳсу мунозира кардан манъ буд. Зан бояд ба фикри шавҳар ҳатман гӯш кунад, тамоми фармонҳои вайро ба ҷо орад.»3



  • Оё дар ин абзатс, шавҳар сари бадан ё сардор?

  • Вазифаи зан чист? Фақат гӯш кунад ё ҳамроҳи шавҳар?

  • Оё дар ин оила маъслиҳат мумкин аст ё не?

  • Оё ин зан мисли ғулом ё мисли мададгор аст?



Ин параграф аз «Одоби Оиладорӣ» ва дар ин ҷумлаҳо пешниҳодҳои зидди Китоби Муқаддас аст. Дар ин абзатс шавҳар сардор, ки фармон-фармон мекунад ва ҳама кас дар оила бояд ӯро гӯш кунанд. Ин шавҳари масеҳӣ нест вале ин шавҳар оғо аст ва мисли диктатор аст. Ин хел сардорро Китоби Муқаддас дар назар надорад – шавҳар сари фидоӣ.

Мумкин ба шавҳарон ин ақида маъқул нест, чун ки ӯ қувваи мардиро дӯст медорад. Агар ин хел аст аз ӯ мепурсанд: Оё ин шавҳар заиф аст, чунки ӯ барои дигарон фидокорӣ мекунад? Не ин бар аъкс ин шавҳаре, ки бисёр фармон-фармон мекунад, ӯ заифтар аст, чунки ӯ ба дигарон боварӣ ва робитаи наздик надорад ва наметавонад ақидаи зидди худро гӯш кунад. Ин шавҳаре, ки хизмати оилаи худашро ин хелро нишон медиҳад, «Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад.» (Юҳанно 15:13) Нишонаш ин муҳаббат амалҳои заифӣ не балки амали қувват аст.

Шавҳарон барои зани худ дуо кунед ва ҳам барои худатон дуо кунед, ки метавонед ин хел муҳаббат нишон диҳед. Фақат бо қувваи Худо шавҳар метавонад муҳаббати фидоӣ кунад.

1 «Одоби Оиладорӣ» саҳ.13

2 «Сирри Муҳаббат» саҳ. 177

3 «Одоби Оиладорӣ» саҳ.13.



<< Оила