Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Оилаи масеҳӣ - 6

 

Боби 6 – Васеъгии муҳаббати шавҳар

«Гуфтам: – Ишқ – зиндагист

Гуфт: - Ишқ марг аст.

Гуфтам: – Ишқ – озодист.

Гуфт: - Ишқ ғуломӣ аст.

Гуфтам: – Ишқ – гули хидруст.

Гуфт: - Ишқи ҳақиқӣ гули ноёб аст.

Гуфтам, гуфт.» (Ҳошим Гадо)


Кори беҳтарине, ки падар барои фарзандон карда метавонад, ин дӯст доштани модари онҳост”. (Теодор Гизбург)

Худо муҳаббат аст! Оё ба ин имон доред? Оё Худо аввал муҳаббат ба мо нишон медиҳад, ё одамизод бояд аввал кори савоб нишон диҳаду баъд Худо муҳаббаташро нишон медиҳад. Чӣ хеле, ки шумо ба ин хислати Худо назар дошта бошед, ҳамин хел дар оилаи шумо бояд бошад. Агар Худо интизори кори савоби мо аст пас шумо аз ҳамсари худ интизори кори хуб мешавед то муҳаббат нишон диҳед. Аз баски агар Худо аввал муҳаббат ба мо нишон медиҳад ва дар вақте, ки мо якгон кори неке накарда бошем ҳам, ба оила қадами аввалин муҳаббат аст.

Бародарони Туркӣ Ергун ва Емир Ҷанер фарқияти хислати Аллоҳ ва хислати Худои Китоби Муқаддасро муқоиса карда мегӯянд: «Касеро Аллоҳ дӯст медорад, он кас ҷавоби дӯстдорӣ дошта бошад. Дар Масеҳӣ, Худо аввал одамизодро дӯст медорад то ки одамизод наҷотро пайдо кунад.»1 Муҳаббати оила ин хел аст, ки нишонаи муҳаббат интизори кори савоби ҳамсар намешавад ва қадами аввал бо дигарон меҳру муҳаббат аст.

«Муҳаббат гуноҳҳои зиёдрорӯпӯш мекунад.» (1 Петрус 4:8)

«Дар муносибатҳои ҳақиқии ишқӣ шумо ҳаёти якдигарро пурратар мегардонед.» Ҳовард Ҳендрикс



Албатта муҳаббати зану шӯӣ ҳамдигарро ҳимоя мекунад вале мақсади муҳаббат барои дигарашонро ивазшаванда набошад. Рафтори ислоҳшавии ҳамсар муҳаббати комил нест. «Одоби Оиладорӣ» ин ду ақидаро омӯхта менависад:«Ошиқон бояд тарбиятгари ҳамдигар бошанд. Хислатҳои бади якдигарро рӯ ба рӯ гӯянд. Рафтрои худро муҳокима кунанд, одобу ахлоқи некро омӯзанд. Агар ҳамдигарро дӯст доранд, кӯшиш кунанд, ки дар байнашон дилхунукие ба вуҷуд наояд ва аз гуноҳи ҳамдигар гузашта тавонанд.»2

Аз ин ҷумла савол меояд, ки оё тарбияи ҳамсар мумкин аст?

Дар китобҳои оилавӣ дар Тоҷикистон дар бораи ин мавзӯъ бисёр менависанд. Тарбияи ҳамсар (бисёр вақт тарбияи зан), бо ақди никоҳи ислом пайваст аст ва ин ҳаққи мард аст. Вале баъзеи китоб бо ин ақида бо муҳаббат пайваста мекунанд. Нигоҳ кунед баъзе иқтибосҳои китоби тоҷикӣ:

  • «Хулоса ин, ки ба қасди ислоҳ ва хайрхоҳиву устувор сохтани бунёди хонаводагӣ дар садади шинохти якдигар бошанд. На ба манзури баҳонагирӣ ва айбҷуию ишколтарошӣ. Агар бо чунин диде дар садади шинохти якдигар баромаданд ва дар ҳамдигар нуктаи заъфе пайдо карданду сару садо роҳ намеандозанд, балки саъй мекунанд вазъи мавҷударо ислоҳ намоянд.»3

  • «Ҳа писарам..... доимо дар паи ислоҳи қусурҳои ӯ бош (бо мулоимӣ).»4

Сарчашмаи ақидаи тарбия аз Сураи Нисо 4:34 аст: «Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон тасаллут5 доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шӯй афифанд6 ва фармони Худойро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим7 доред, андарз8 диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон.. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи бедод9 пеш магиред.»

Тафсири ин оят зиёд аст вале хулосаи тарбия мумкин ин хел аст: «Занро зада мешавад, Задан ба он дараҷае, ки ба ягон узваш зарар нарасад. (яъне нашиканад).»10

«Чунончи ба ҷазо додан Аллоҳ (ҷ.ҷ.) иҷозат додааст, агар занон корҳои ношоям содир кунанд. Дар ин ҳолатҳо низ аввало бо суханҳои нек насиҳат кун, таъсир накунад, ҷогаҳатро шаб ё чанд шаб алоҳида андоз. Агар ин ҷазо ҳам таъсир накунад, метавонӣ сабуктар карда бизанӣ. Аз ёд набарор, ки ин задан ба хотири тарбия.»11

Аз ин ҷиҳат, масеҳиён тарбияи ҳамсарро мумкин намешуморанд, чунки ин ақида бо ақди никоҳи ислом пайваст аст, муҳаббат ин хел намешавад. Худо ин хел муҳаббат нишон дод: «Бо муҳаббат абадӣ туро дӯст доштам, бинобар ин туро бо марҳамат бо Худ ҷалб намудам.» (Китоби Муқаддас, Ирмиё 31:3). Бо ҳам дигар бо марҳам наздик шавед на бо тарбия ҷалб кунед.

Аз китоби «Сирри Муҳаббат» дар бораи ин мавзӯъ иқтибос шудааст:

  • «Хато накунед. Ин муҳаббат кӯр нест. Вай ҳама норасогиҳо ва камбудиҳои шахси дигаро медонад, ба ин нигоҳ накарда, пурра он шахсро қабул мекунад, бар ивазаш чизе талаб намекунад. Ин муҳаббатро кор карда ба даст оварда намешавад, онро нигоҳ дошта намешавад. Вай ба чизе вобаста нест.»12

  • «Вақте ки шумо 100 фоиз муҳаббати худро медиҳед, шумо озод ҳастед дӯст доред ва одами дигарро бе ягон шарт қабул намоед.....Агар муҳаббати шумо комил бошад, шуморо на танҳо ба даст овардани мақсадҳои шахсӣ ба ташвиш меоранд.»13

  • «Бо вуҷуди ин муҳаббати баркамол – тайёрӣ ба худқурбонӣ аст. Вақте ҳақиқатан ба хушбахтӣ, оромӣ ва инкишофи одами дигар мекӯшед, шумо тайёр ҳастед муҳаббати худро бо рафтори худ тасдиқ кунед.»14

Мо ҳамдигарро тарбия намекунем вале дар муҳаббат барои камбуди ҳамсар дуо кунед ва ёрӣ кунед. Мисли «Оҳан оҳанро тез мекунад; ҳамчунин одам симои ёри худро пардоз медиҳад.»-ро (Масалҳо 27:17).



«Ҳамаи калимаҳо таг, бар, болову поён ва паҳлуӯҳои бешумор доранд. Аммо Ишқ на таг, на бар, на поён, на боло ва на паҳлӯҳо дорад. Он милси Коинот беохир аст. Мисли Ҳаёт, Ишқ беҳтарин калимаест, ки мо Одамон ихтироаш кардаем.»

Ҳошим Гадо



Оё хиёнатро дар оила афв карда мумкин аст?



«Авф фармудан муборак хилъатест,

Ҳар ки дорад авф, соҳибдавлатест.

Дил аз нури авф равшан мешавад,

В-аз насимаш сина гулшан мешавад.»

(Ҳусейн Воизи Қошифӣ)

Ин ҷавоби имтиҳони муҳаббати бешартӣ аст. Муҳаббаташро Худо ба мо нишон дод дар вақте, ки мо бевафо буда хиёнати рӯҳонӣ-ро анҷом медодем. Агар Худо бевафоии моро афв кунад, пас барои чӣ мо дигаронро авф намекунем? Албатта хиёнат дар оиладорӣ муносибати заношӯӣро вайрон карда ва ҳам эҳсосоту эътиқод байни эшон гум мешаванд. Барои оилаи масеҳӣ орӯзуи ба хиёнат дучор шудан набошад вале агар рӯ ба рӯ шавад, ин имтиҳони муҳаббати оила мешавад.

Маҳалла мегӯяд, «Ҳама чиз: саҳву хато, хомфикрӣ, хомхаёлӣ, ҳатто бадахлоқии тасудуфӣ афвпазир аст, аммо хиёнати барқасдонаро ҳаргиз афв кардан мумкин нест!»15 Бисёр кас хиёнати ҳамсарро афв карда наметавонад ва мумкин дар ин воқеа талоқ иҷозат аст, вале роҳи оштӣ ва бахшоиши ин гуноҳ орзуи аввал аст.

Китоби Ҳушаъ ин мисоли бахшидани хиёнатро нишон медиҳад, чунки зани Ҳушаъ Ҷумар зино кард ва шавҳараш ӯро бахшида ва оштӣ карданд (Ҳушаъ 1:2-3 ва 3:1-5). Ҳушаъ муҳаббати Худоро, ки беинтиҳо буд нишон дод. Албатта касоне чунин фикр мекунад, ки бахшидани зино осон нест ва имконнопазир аст. Бе муҳаббати Худо ва бе имони комил ба Худо, ин амал беҳад мушкил аст.

 



1 Unveiling Islam Ergun & Emir Caner, pg. 31. Сураи 2:276, 3:57, 4:36 – ин ақидаро нишон диҳад.

2 «Одоби Оиладорӣ» саҳ. 45

3 «Интихоби Ҳамсар» саҳ. 112

4 «Вазифаҳои мард дар назди оилааш» саҳ.12

5 ҳокимият

6 зани пок

7 тарсу ваҳм

8 насиҳат

9 беадолатӣ

10 «Эй занҳо, худро аз оташи дӯзах наҷот диҳед!» саҳ 18.

11 «Вазифаҳои мард дар назди оилааш» саҳ. 14

12 «Сирри Муҳаббат» саҳ. 195

13 «Сирри Муҳаббат» саҳ. 182

14 «Сирри Муҳаббат» саҳ. 183

15 «Оила» саҳ. 228.



<< Оила