Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Оилаи масеҳӣ - 7

 

Боби 7 - Нақшаҳои Оилавӣ - Қоидаи Зани Масеҳӣ

«Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад, чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо ва Наҷотдиҳандаи бадан аст; аммо чӣ тавре ки Калисо ба Масеҳ тобеъ аст, ҳамон тавр занон низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ тобеъ бошанд.» Эфсӯсиён 5:22-24



Аввал нигоҳ кунед, ки вазифаи зан шавҳарро дӯст доштан нест, вале ӯ бояд ба шавҳараш мутеъ бошад ва ин оила тимсоли ҷамоати масеҳӣ мебошад, чӣ хелеки ҷамоат ба сараш- Исои Масеҳ рафтор мекунад ин зан ба шавҳараш бояд ҳамин тавр рафтор кунад.

Дуюм, ин қоида моли шахсии шавҳар нест, шавҳар набояд гӯяд, ки «ба ман мутеъ шав» ё «ба ман итоат кун». Ин хел гап зидди қоидаи мард аст ва барои мушкилӣ ёрӣ намерасонад. Занон худашон медонад, ки қоидаи онҳо чист ва такрори ин лозим нест.

Вазифаи асосии зан мутеъ будан аст ва аввал нигоҳ кунед, ки маънии мутеъ будани зан дар назди шавҳар чӣ хел аст:

  • Зан паст аз мард нест.

  • Зан ғуломи мард нест.

  • Зан ҳақ надорад дар оила.

  • Зан барои ҳалкунандаи оила гап намезанад, яъне мардон барои ҳама чиз ҳалкунанда мебошанд.

  • Агар зан гӯш накунад, ӯро задан даркор – ин мумкин нест. Мутеи зан ин манъии тарбияи зан нест.

  • Ҳамаи занон мутеъи ҳамаи мардонанд.

Мутеъ ин аст ки:

  • Маънии мутеъ ба тарафи «таслим шавад»1 бисёртар монад аз «итоат кардан». Дар ин оятҳо Каломи Худо намегӯяд «ба шавҳари худ итоат кунед» ва ин маънои дигар дорад. (Вале ин фармон ба кӯдакон аст, чун фарзандон баробари падар нестанд. Эфсӯсиён 6:1)

  • Зан зери вазифаи шавҳараш.

  • Зан мададгори шавҳараш.

  • Зан худашро ба хизматгузории сари оила таслим мекунад.

  • Баъди маъслиҳат байни шавҳару зан, агар дар фикрҳо баробарӣ набошад ҳам, хулоса зан мутеи шавҳар аст. Вале дар ин ҳолатҳо ҳам шавҳар имконяти муҳаббати фидоиро дорад.



Фарқияти «мутеъ» ва «итоат»: Ин дар назар маънои «мутеъ» забони юнониро дар назар дорад, чунки ин калима дар юнонӣ инхел маъноро дорад. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки «мутеъ» маънояш «итоат» аст вале муқоисаи ин ду калима дар оила ин хел аст:

  • «мутеъ» имконияти маъслиҳатро дорад вале «итоат» имконияти маслиҳат карданро надорад- фақат фармонбардорӣ бояд кардан.

  • «мутеъ» амалаш озод вале «итоат» маҷбуран бояд иҷро кунад.

  • Дар «мутеъ» фикри моҳияти баробарӣ вуҷуд дорад, вале дар «итоат» итоаткаш паст аст.

  • «мутеъ» бо тафаккур аст вале «итоат» баъзе вақт бефикр аст.

  • «Мутеъ» вазифаи зердаст, вале «итоат» вазифаи зердаст ва бояд ҳатман гӯш кунад, агар на одобашро медиҳанд .

  • «мутеъ» мисли се кунҷаи роҳ вале «итоат» мисли нишонаи «истед» аст.



Ду мақсад барои мутеъ

  • Эфсӯсиён 5:22 – «мисли он, ки ба Худованд бошад» Мутеии зан намунаи ҳамаи имондорон ба Худованд. Оилаи масеҳӣ ҷамоатчаи масеҳӣ аст, чӣ хеле, ки ҷамоат ба Худованд рафтор мекунад, зан ҳам бо шавҳар ҳамин рафторро.

  • Эфсӯсиён 5:23 – «шавҳар сари зан аст» Вазифаи зан шавҳарро ҳурмат кардан аст ҳатто бабаъзе шавҳароне, киагар сазовори ҳурмат ҳам набошанд. Агар шавҳар рафтораш нодуруст аст, барои ӯ дуо кунед то ӯ дуруст рафтор кунад. Матни Китоби Муқаддас мегӯяд, «ҳамон тавр занон низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ тобеъ бошанд.» (Эфсӯсиён 5:24) Аз ҳар ҷиҳат ба шавҳар тобеъ бошад ва зан қадаре, ки метавонад ба шавҳараш таслим шавад, бояд дар назди ӯ рафтори чӣ шоиста кунад.

Ин қоида ба эътиқоди худи зан пайваст буда ба фикрҳое, ки оё шавҳарам маро дӯст медошта бошад, оё ӯ ба ман вафогӣ мекарда бошад, оё умуман ба ман диққат медиҳад ё не, пайдо мешудагӣ шубҳаи дилашро як тараф гузошта ба Худованд такя карда барои шавҳараш дуо гӯяд.



Фарқияти қоидаҳои масеҳӣ нисбат ба қоидаҳои исломӣ

«Ҳақдортарин бар занҳо шавҳарҳояшон аст

ва бузургтарини ҳақи модарон ба фарзандон аст.»2



«Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон тасаллут (ҳокимият) доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шӯй афифанд (зани пок) ва фармони Худойро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим (тарсу ваҳм) доред, андарз (насиҳат) диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон�.. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи бедод (беадолатӣ) пеш магиред.» (Сураи Нисо 4:34 – таъкид аз Н.Ҷ.)

«Агар шавҳар аз ҳамсараш чизе мехоҳад, то ҷои имкон хоҳишашро бароварда сохта ва ба вай итоъат намояд.»3

Фарқияти қоидаи занони масеҳӣ ва занони исломӣ аз ин оят маълум аст. Занон дар ислом шоистаи фармонбардоранд ва занони масеҳӣ шоиста муҳаббати шавҳаронашон мебошанд. Албатта занони ислом муҳаббати шавҳаронро дарёфтанд вале муҳаббати шавҳар дараҷаи дигар аст. Ин равиши ақди никоҳ бо муҳаббат пайваст набуда вале бо маҳр, ҳуқуқҳо ва нафақа пайваст аст вале равиши аҳди никоҳи масеҳӣ бо аҳди ҷонӣ пайваст аст. Занони ислом бандаи ҳуқуқҳо, шартҳо ва қарорҳои ақди никоҳ буда ва дар ин равиш интизорҳоӣ дигар ҳам вуҷуд доранд.



Зане, ки шавҳараш беимон аст, оё қоидаи зан ба ин мард бамаврид аст?

Як зан ба ин савол мисли ин кард: «Дар барои оилаам, фарзандонам бовар мекунанд ва дуо мехонанд, аммо шавҳари ман розӣ нест. Чи кор кунам?» Ин савол муҳим аст, чунки ин ҳолатҳо доғи рӯзанд ва ҷавобҳо ба ин дар (1) Петрус 3:1-6 аст.

«Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат (юнони �мутеъ� - Н.Ҷ.) намоед, то ки, агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд, вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд. Бигзор зебоии шумо на ороиши зоҳирӣ: гесӯ бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пӯшидан, балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сакити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост, чунон ки як вақте занони муқаддас низ худро бо умед бастан ба Худо оро медоданд ва мутеи шавҳарони худ буданд, ва монанди Соро, ки ба Иброҳим итоат намуда, ӯро оғо меномид; шумо фарзандони вай ҳастед, модоме ки некӣ мекунед ва аз ҳеҷ тарсе музтариб намешавед.»

Зане ки шавҳараш масеҳӣ нест ин хел бояд рафтор кунад ва агар шавҳараш ақидаи масеҳӣро қабул накунад ва ин зан боз вазифаи мушкилтар дорад. Ӯ ба шавҳараш бояд мутеъ бошад то, ки шавҳараш имон пайдо кунад. Чӣ хеле, ки Соро ба Иброҳим итоат мекард то ин дариҷа зан бояд итоат кунад ба шавҳараш. Бисёр вақт рафтори ин зан «бе калом тобеъ» бояд гардад то амалаш шаҳодати масеҳӣ шавад. Зебоии зан бояд фақат дар зоҳир не балки дар зебоии ботинии самимӣ бошад.

Дар забони юнонӣ калимаи «итоат» дар ин оят ҳам дар калимаи «мутеъ»дар Эфсӯсиён 5:22 як ҳастанд. Дар юнонӣ «итоат» фақат дар ин ҷумла аст: «монанди Соро, ки ба Иброҳим итоат намуда» (аз Ҳастӣ 18:12, ҷое ки «оғоям» гуфт). Ин зане, ки шавҳараш беимон аст мутеаш бисёртар бояд шавад то шавҳараш имон оварад.

Вале ҳам ин оятро ба амал овардан даркор: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод.» (Аъмол 5:29). Ин зане, ки шавҳараш беимон аст бояд дуо кунад, чӣ хеле ки дар итоати Худо мебошад ҳамон тавр мутеъи шавҳараш бояд бошад ва дар ин албатта ба мо ҳикмати Худо лозим аст.


Оё зан заифтар аз мард мебошад?

«Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт мӯҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамониате нарасад.» (1) Петрус 3:7

Дар ин оят вазифаи шавҳар ҳам маълум аст ва ӯ бо муҳаббатӣ бояд рафтор кунад, то ки ба дуояшон халалдор нашавад. Вале дар ин оят матни Китоби Муқаддас мегӯяд, ки занон «зарфи заифтар» ҳастанд. Ин чӣ маънӣ дорад? Аввал «зарф» чизҳои ҷисмонӣ аст ва ин заифтар бо чизҳои ҷисмонӣ алоқа дорад, мисли тарҷумаи форсӣ - «чун ҷинси заифтар бо эътиром рафтор кунед. (چون جنس ظریفتر با احترام رفتار کنید )» Ин матн мисол меоварад то шавҳар зани худро эътиром кунад, чунки аз мушкилии ҷисмонӣ ба зан ёрии шавҳараш лозим аст. Зан бо чизҳои рӯҳонӣ ё бо ақлаш заифтар нест. Зан мисли зарфи шиша, ки бояд бо нузукӣ амал кунед – ин вазифаи шавҳар аст. Зан бо шавҳар «ҳамирсони файзи ҳаёт» ҳастанд, ин ҷумла нишон медиҳад, ки зан дар ҷои ҷавобгарии оила ҳамири шавҳар аст. Дар офариниши бадани зан нисбати офариниши бадани мард фарқият вуҷуд дорад ва ин оят ин чизҳоро дар назар дорад.



Хулосаи қоидаҳои оила:

«Пас, бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад.»

Эфсӯсиён 5:33

Дар масеҳият шавҳар тимсоли аввал, ки зани худро муҳаббати фидоӣ нишон медиҳад. Рафтор ва ҳаққи шавҳар муҳаббат аст ва аз ин вазифа дар назари Худо ҷавобгар мешавад. Шавҳар занро барои чизҳои зиндагӣ нигоҳ ва зоҳир мекунад. Қоидаи зан мутеи шавҳар аст ва ин бо эътиқоду боварӣ ба шавҳараш бошад. Дар души зан барои шавҳараш ҳурмат ва дили таслимшаванда бояд бошад.



Агар марду зан муносибати бемуҳаббат доранд, чӣ кор мекунанд?

«Аммо иддаое4 бар ту дорам, ки муҳаббати аввалини худро тарк кардаӣ. Пас ба ёд ор, ки аз куҷо афтодаӣ, ва тавба кун ва аъмоли пештараро ба ҷо овар.» Инҷил,Ваҳй 2:4-5

  1. Аввал ба ёд биёред, ки чӣ хел дар вақти издивоҷ робита бо ҳамсаратон буд? Суҳбат, рафтору кирдор ва фикри шумо дар бораи ӯ чӣ хел буд? Одатан пеш аз никоҳ ё дар аввали оиладорӣ ба ҳамдигар бисёртар муҳаббат нишон медиҳанд.

  2. Тавба кун - бо ҳам дигар эътироф кунед ки чӣ хел хато кардаед. Бо мақсад нақша кунед, ки ҳозир чӣ кор мекунед ва чӣ хел бо ҳамдигар гап мезанед ва рафтор мекунед.

  3. Амале ки пештар кардед, боз кунед, он ҳурмати авваларо боз такрор кунед ва амал кунед.

  4. Ёд гиред, ки муҳаббат фақат чизҳои эҳсосият нест. Муҳаббат бо ҳамсаратон интихоби шумо аст, интихоб кунед, ки ҳар рӯз кӯшиш ба харҷ диҳед, ки меҳру муҳаббат нишон диҳед. Мумкин дар ҳеҷ вақт бо ҳамсаритон эҳсоси ошиқӣ надоштед вале муҳаббат бо интихоби шумо сар мешавад.



1 Тарҷумаи форсӣ «تسلیم شوهران خود باشید» мегӯяд. «انجیل عیسی مسیح».

2 «Тарбияи Занҳо» саҳ. 2

3 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 120.

4Даъво доштан



<< Оила