Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Оилаи масеҳӣ - 9

 

Боби 9 - Алоқаи ҷинсӣ

«Даҳонаш ширинсухан аст, ва ӯ сар то по фаттон аст; чунин аст маҳбуби ман, ва чунин аст ёри ман.»

Суруди сурудҳо 5:16

«Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойхоби он беайб; зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард.»

Ибриён 13:4

Алоқаи ҷинсӣ барои зану шавҳар туъфаи Худо аст. Дар ибтидо, Одаму Ҳавво як тан буданд ва ҳам бараҳна буда хиҷил намешудан. Дар алоқаи ҷинсии байни шавҳару зан айб нест, вале баръакс ин лаззати ҳалол аст.

Чор ҳадафи алоқаи ҷинсӣ вуҷуд дорад. Аввалаш бо мақсади пайваст шавии домоду арӯс бошад, тани мард бо занаш пайваст мешавад то онҳо як тан бошанд. Дуюм фарзандон пайдо шаванд. Калом мегӯяд ки оила «борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед.» (Ҳастӣ 1:28 ва 9:1). Кӯдакони ин оила меваи ақди никоҳи онҳост. «Инак, фарзандон мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд; самари батн муздест аз ҷониби Ӯ.» Забур 126:3

Ҳадафи дигар ин аст, ки алоқаи ҷинсӣ одамро аз хиёнат ҳимоя мекунад ё «ба васваса наандозад.» (1 Қӯринтиён 7:5) Ин ҳимоят барои зан ва ҳам шавҳар аст, чунки Калом мегӯяд, «Аммо, барои пешгирӣ кардани зино, бигзор ҳар мард завҷаи худро дошта бошад, ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад. Бигзор шавҳар вазифаи заношӯиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа нисбат ба шавҳари худ.» (1 Қӯринтиён 7:2-3). Алоқаи ҷинсии дохили аҳди никоҳи оила баракат аст вале берун аз аҳди никоҳи оила лаънат аст. Алоқаи ҷинсии заношӯй ҳимоятгари эҳсоси шавҳати онҳо мебошад.

Дигар ҳадаф ин барои лаззати марду зан мебошад, чунки алоқаи ҷинсии зану шӯй туъфаи поки Худо аст. Фариштаи Худо ба Иброҳим нақл мекунад:Занаш Соро, ки пир ва солхӯрда буд, соли дигар кӯдак зоида хоҳад шуд; «Соро дарунакӣ хандида, гуфт: ‹Оё баъд аз фарсудагиам маро ҳузуру ҳаловате хоҳад буд? Ва оғоям низ пир шудааст.›» (Ҳастӣ 18:12). Соро дар ин сухан мегӯяд, ки вақти хоб бо шавҳараш вақти ҳаловат ё лаззат мешавад. Ҳам дар Суруди Сурудҳо 7:7, домод ба арӯс мегӯяд, «Чӣ нозанин ҳастӣ ва чӣ дилпазир, эй маҳбуба, дар ҳаловатҳо!» ва арӯс ба домод мегӯяд, «Ман аз они маҳбуби худ ҳастам, ва иштиёқи ӯ бар ман аст.» (Суруди Сурудҳо 7:11). Шеърҳои тоҷикӣ пур аз ин мавзӯъ аст вале бисёр вақт дар бораи ошиқ нақл намекунад балки аз робитаи нодурусти берун аз издивоҷанд. Лаззати алоқаи ҷинси дар байни зану шӯй аст.



«Обро аз чуқурии худ бинӯш,

оберо, ки аз ҷоҳи худат ҷорист.

Чашмаҳоят фаро рехта, берун хоҳанд рафт,

ба сони ҷӯйҳои об дар кӯчаҳо;

Онҳо танҳо ба ту тааллуқ хоҳанд дошт,

ва на ба бегонагон бо ту.

Чашмаи ту муборак хоҳад буд;

ва на ба бегонагон бо ту.

Чашмаи ту муборак хоҳад буд;

ва аз зани ҷавонии худ шод бош,

Ки мисли ғизоли шаҳватангез ва оҳуи меҳрафрӯз аст

Пистонҳои вай ҳамеша ба ту лаззат хоҳад бахшид;

доимо саргарми муҳаббати вай хоҳӣ буд.

Пас чаро, эй писарам, сармасти зани ғайр гардӣ?

Ва синаи зани зинокорро дар оғӯш гирӣ?

Зеро ки роҳҳои одамизод дар пеши назари Худованд аст,

ва Ӯ ҳамаи тариқҳои варо месанҷад.

Шарирро гуноҳҳои худаш ба дом меоварад,

ва бо камандҳои хатои худаш вай баста мешавад.

Вай аз боиси беадабӣ мемирад,

ва аз бисёрии аблаҳии худ нобуд мешавад.»

Масалҳо 5:15-23


Ҳамсар дар оила маҳбуб аст ва ҳам ёр ё дӯсти наздики ҳамсараш. Алоқаи ҷинсии бесамимӣ фақат чизҳои ҷисмонӣ аст, вале бо самимият бошад ин ҷашни зану шӯй, байни маҳбубон ва дӯстони ҷонӣ мешавад. Самимӣ будани алоқаи ҷинсӣ ин хел аст, ки як тан шуда аз таҳти дил бо ҳамдигар шарикӣ мекунанд то ки боз ҳам онҳо наздиктар ба дӯсти ҷонӣ шаванд. Дар вақте, ки ҳар ҳамсар бо диққату аҳамият ба ҳамсараш менигарад аз ин робитаи самимии онҳо пайдо мешавад. Самимияти оила шарикии ғамхорӣ, ҳамдардӣ ва андешаҳои дили якдигар бошанд вале беқадрии якдигар ва диққат ба дигар тараф ҳеҷ вақт самимӣ намешавад. Бо самимият эҳсос кардани дарди дили ҳамсар ин аломати донистан ва расидан ба расидан ба қадру қиммати ҳамсари худ аст. Агар байни зану шавҳар эътиқоду боварӣ набошад пас самимияти дилро пайдо карда намешавад. Саршавии алоқаи ҷинсӣ дар ҷои хоб сар намешавад балки ин амал рӯзона дар вақти бо ҳамдигар ҳам суҳбату ҳамроз шудан сарчашма мегирад. Чӣ хел зану шавҳар самимияту эҷодкорӣ мекунанд? Чӣ хел самимияти онҳо халалдор мешавад? Самимияти оила дар вақти издивоҷ зоҳир намешавад вале инро саршавии имконяти самимият номидан мумкин. Алоқаи ҷинсии зану шавҳар фақат аз ду ҷои хоб набуда балки ин ду тан бо эҳсосоти дилу ҷон як шудан аст.

«Бидуни меҳнати бомаънӣ, бидуни меҳнати ҷиддӣ хушбахтии оилавӣ аз хаёлоти ишқбозӣ дида, чизи дигаре нест.» (К.Д. Ушинский)

Мавзӯъи китоби Суруди Сурудҳо дар Китоби Муқаддас дар бораи муносибати зану шавҳар ҳаст. Боби 1:1- 3:5 дар бораи тайёрии оилашавӣ ва 3:6 то 5:1 аҳди никоҳи домоду арӯс. Боби 5:2 то 8:7 зиндагии оилавӣ ва 8:8 то охир ҷамъбасти китоб аст. Аҷоиб аст, ки Китоби Худо муҳаббати оиларо тасдиқ карда ва нишон медиҳад, ки чӣ хел ин муҳим аст.



Оятҳои асосии алоқаи ҷинси дар Қӯърон:

Алоқаи ҷинси дар оилаи ислом ҳам барои лаззати онҳо аст вале ба аҳамияти лаззати шавҳар таваҷҷӯҳ мекунад. Ин гуфтаҳо бо ақди никоҳи ислом пайваст мешаванд.

«Занонатон киштзори шумо ҳастанд. Ҳар ҷо, ки хоҳед, ба киштзори худ дароед. Ва барои хеш аз пеш чизе фиристед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ба назди Ӯ хоҳед шуд. Ва мӯъминонро башорат деҳ!» Сураи Бақара 2:223

«Дар чашми мардум ороиш ёфтааст ишқ ба амёли нафсонӣ ва дӯст доштани занону фарзандон ва ҳамёнҳои зару сим ва аспони доғ барниҳода ва чорпоён ва зироат. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии инҷаҳонӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки бозгаштангоҳи хуб назди Худост!» Сураи Оли Имрон 3:14.

Ҳадиси 391 - «Талаби шавҳарро набояд рад кунад, агарчи дар болои шутур бошад.»1

«Эй Фотима! Вақте, ки шавҳарат ба ҷогаҳ даъват кунад, рад накун. Рад кунӣ ба лаънати Аллоҳ дучор мегардӣ.»2

«Касе ба рӯи занаш бо табассум менигарад, ба ӯ даҳ савоб навишта мешавад. Бӯса кунад – 20 савоб, бо оғӯш гирад – 30 савоб, мулоқот кунанд – 300 савоб навишта мешавад. Баъди мулоқот ғусл кунад, аз ҳар қатраи об як фаришта офарида мешавад. Ин фариштагон то рӯзи қиёмат дар ҳаққи зану шавҳар истиғфор мегӯянд.»3



Алоқаи ҷинсии аввали домоду арӯс

Дар ислом шарти аввали ақди никоҳ алоқаи ҷинсӣ аст ва агар баъди ақди никоҳ онҳо ҳамхобагӣ накарданд, пас аҳкомҳои маҳр, талоқ ва меросро дигар шавад.4 Ҳам мумкин он шаб ҳалол ё ҳароми арӯс гардонидааст ва ҳисоб мекунад ки маслиҳати ақди никоҳ дуруст шавад ё не.5

Дар масеҳӣ аҳдҳои Китоби Муқаддас бо хун тасдиқ мешавад (Хуруҷ 28:4 ва Матто 26:28) ва шаби аввал ҳам бо хун тасдиқи аҳди никоҳи онҳо аст. Ин аҳд байни онҳо бо Худо аст, ва чӣ ҳол дар шаби аввал шавад, ин имконяти иҷро шуданӣ ваъдаҳои аҳди никоҳи онҳо мебошад. Ҳам дар масеҳӣ, аҳди никоҳ тимсоли муҳаббати Исои Масеҳ ба ҷамоат ё бадани худ аст. Қурбонии Исои Масеҳ таҳкурсии аҳди никоҳи масеҳӣ аст, ва ин ақидаҳо расми тоҷикони масеҳӣ мешаванд.

Пешниҳоди Таврот барои оилаи нав:

«Агар касе ба қарибӣ зан гирифта бошад, бигзор ба лашкар наравад, ва ҳеҷ маҷбурияти дигаре ба заммаи вай гузошта нашавад, то ки як сол дар хонаи худ озод бошад, ва бо зани худ димоғчоқӣ кунад.»

Такрори Шариат 24:5

Дар вақти саршавии оилаи нав бояд вақти муайян ҷудо карда шавад, ки таҳкурсии ин оила мустаҳкам шавад ва боҳамдигар нағз ошногӣ кунанд.



1 «Никоқ, талоқ ва ҳуқуқи зан» саҳ. 14-15.

2 «Вазифаҳои мард дар назди оилааш» саҳ.9

3 «Вазифаҳои мард дар назди оилааш» саҳ.10

4 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 99, 103, 146-147,

5 Ҳам онҷо, саҳ. 58 ва 99



<< Оила