www.dardidil.com | ||||||||||
|
||||||||||
Оилаи масеҳӣ -11Боби 11 - Талоқ мумкин ё не? «Пас, рӯҳи худро нигоҳдорӣ намоед, ва зинҳор касе дар ҳаққи завҷаи ҷавонии худ хиёнат накунад. Зеро ки Ман аз талоқ нафрат дорам, мегӯяд Худованд Худои Исроил, ва аз касе низ, ки зулмро бар либоси худ мепӯшад, мегӯяд Худованди лашкарҳо; пас, рӯҳи худро нигоҳдорӣ намоед ва хиёнат накунед.» Малокӣ 2:16-17 «Ва фарсиён наздик омада ва Ӯро (Исо) озмуданӣ шуда, гуфтанд: ‹оё ҷоиз аст, ки мард зани худро бо ҳар сабаб талоқ диҳад?› Дар ҷавоби онҳо гуфт: ‹Оё нахондаед, ки Офаридагор дар ибтидо онҳоро марду зан офарид?› Ва гуфт: ‹Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, ва ҳар ду як тан мешаванд.› Ва тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. Пас, он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад.» Инҷили Матто 19:3-6 Худо талоқро дӯст намедорад - талоқ зидди офариниши Одаму Ҳавво, зидди яктании онҳо ва зидди пайвастагии онҳо мебошад. Аҳди никоҳ дар ҳузури Худо паймон баста шуда буд то, ки «одам набояд ҷудо кунад.» Аҳди никоҳи масеҳӣ бешарт аст ва шарт нест, ки онҳо ҷудо кунанд. Аз ин оятҳо маълум аст, ки аҳди никоҳи масеҳӣ монанди як созиш нест. Ба ин аҳд Худо домоду арӯсро пайваст ва ин аҳдро шикастан осон нест, аммо шикастани созиш осонтар аст. Вале одамизод сабаб меҷӯяд ва баъди ин сухани Исои Масеҳ фарисиён боз мепурсанд, «Пас чаро Мусо амр фармудааст, ки мард талоқномае дода, аз зан ҷудо шавад?» Исои Масеҳ ин хел ҷавоб кард, «Ба сабаби дилсахтии шумо Мусо ба шумо иҷозат додааст, ки занони худро талоқ диҳед; лекин дар ибтидо чунин набуд; аммо Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ зани худро, ба ҷуз сабаби зино, талоқ диҳад ва дигареро никоҳ кунад, зино карда бошад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино карда бошад.» (Инҷили Матто 19:7-9). Нақшаи Худо ва хости Худо ин хел аст, ки талоқ надиҳанд ва ин роҳи баракати Худо аст. Ҳам аз ин сухан маълум аст, ки талоқ як намуди зино аст, талоқ чизе ҳаст, ки Худо дӯст намедорад. Мутасифона мардон талоқ медиҳанд ва сабабҳо меёбанд чунки онҳо дилсахт ҳастанд. Ин оятҳо бисёр тафсири Китоби Муқаддасро мегӯянд, ки як сабаби талоқ вуҷуд дорад – зино, зино шикастани пайвандӣ ва яктании онҳо мебошад. Зино аз тарафи шавҳар ё аз тарафи зан барои шикастани аҳди никоҳи онҳо сабаб мешавад ва дар ин ҳолат ҳам ба тарафи оштӣ шудан ва бахшидани ин гуноҳ рафтан лозим аст. Дар китоби Ҳушаъ ин мисоли бахшидани зиноро нишон медиҳад, чунки зани Ҳушаъ, Ҷумар зино кард ва шавҳараш ӯро бахшида ва оштӣ карданд (Ҳушаъ 1:2-3 ва 3:1-5). Ҳушаъ муҳаббати Худо, ки беинтиҳо буд нишон дод, ва албатта касоне ҳастанд, ки фикр мекунанд бахшидани зино осон нест ва имконнопазир аст, вале бемуҳаббати Худо ва бе имони комил ба Худо ин амал беҳад мушкил аст. Дар масеҳӣ, агар оила ҷудо шавад барои дучоршавии онҳо ду роҳ аст: 1. Ба ҳам дигар оштӣ кунанд ва ин нағзтар агар онҳо норозагиашонро ҳал кунанд. 2. Ин аст ки муҷаррад монад ва интизори оштӣ шавад, яъне ошти ҷои аввал вале талоқ ҷои охир аст. Масеҳӣ бисёр конунҳо намемонад ва аз дилу ҷон бо қоидаҳои Худо зиндагӣ мекунанд. Ҳозир равиши талоқи ислом маълум шавад ва баъд саволҳо, чунки фаҳмидани ин равиш ёрирасонидани воқеаҳое, ки маълум мешаванд. Дар ватани мо «талоқи гражданӣ аз ҳар ду тараф ба амал меояд, ки ҳуқуқан баробар мебошад.»1 Талоқ дар Ислом «Дар дини ислом талоқ ҳалол аст. Яъне зани никоҳиро талоқ додан ҷоиз аст. Вале бидуни сабаб талоқ доданро худо душман медорад.»2 Ақди никоҳ дар ислом аз аҳди никоҳи масеҳӣ фарқ мекунад ва аз ин сабаб ҳам сабабҳои талоқ дар ислом дигар аст. Талоқ мумкин аст
Талоқ асосан ҳаққи шавҳар
Тасдиқи талоқ
Конунҳои ҷудо шавӣ (идда)
Дар равиши ислом чанд ҳуқуқ, шартҳо ва аҳкомҳои дигар барои талоқ вуҷуд дорад ва китоби «Аниси Занони Покдоман» мумкин хубтарин тартибу ҳукмҳои талоқро баён мекунад. Вале маълумотҳои боло мумкин бо масеҳиёне, ки дар миёни мусалмонон зиндагӣ мекарда чӣ дахл доранд. Саволҳое, ки ба масеҳиён дахл доранд: Оё оилаҳо метавонанд ҷудо шаванд вале талоқ накунанд? Баъди талоқ шудан, оё онҳо метавонанд боз издивоҷ кунанд? Як матн ҷавоби ин ду савол аст: «Ва онҳое ки никоҳ кардаанд, на ман фармоиш медиҳам, балки Худованд (яъне Исои Масеҳ дар бораи ин мегӯяд –Н.Ҷ.): завҷа аз шавҳараш набарояд, - ва агар барояд, бояд муҷаррад бимонад, ё ки бо шавҳараш оштӣ шавад, - ва шавҳар завҷааашро талоқ надиҳад.» (1) Қӯринтиён 7:10-11. Дар ин оятҳо гуфта шудааст, ки мард бояд талоқ надиҳад ва агар зан меравад бояд танҳо бимонад ва ё боз бо шавҳараш оштӣ шавад. Онҳо якҷоя бо ҳамдигар нишаста дуруст муҳокима кунанд, ки аз чӣ сабаб ҷудо шуданд ва оё онҳо дар оянда бо ҳам зиндагӣ карда метавонанд ё не? Бинобарин ин оятҳо нишон медиҳад ки як тараф метавонад ҷудо шавад то онҳо оштӣ шаванд. Вақти ҷудоӣ мумкин лозим аст то ки ин мушкилҳоро ҳал кунанд. Агар ин хел аст ду қойда ҳаст: 1. танҳо бимонад, яъне ҳамсари дигар нигирад. Интизори оштӣ шудан бошад ва дар он вақт насиҳати роҳбари ҷамоатро пурсад. 2. Онҳо имконяти оштӣ шуданро доранд ва мақсади «барояд» барои оштӣ шудан аст, на барои талоқ додан. Хости Худо оштӣ шудан аст вале дилҳои шавҳар ё зан мумкин ба тарафи сахтӣ рафта бошанд ва агар ба каси дигар издивоҷ накарда аст, оштӣ кардан доимо мумкин аст. Дар ислом баъди талоқ ва вақти идда (се бор ҳайз дидан) оштӣ кардан мумкин нест. Агар боз никоҳ кунад, зан бояд ба шавҳари дигар издивоҷ кунад ва баъд аз ӯ талоқ гирад то ки имконят пайдо кунад. Дар масеҳият ду қоидаи талоқ раҳнамои мекунанд, чунки издивоҷи масеҳӣ аҳди рӯҳонӣ аст ва ваъдаҳое, ки иқрор шуданд то марг эътибор доранд:
Агар як ҳамсар масеҳӣ аст ва дигар мусалмон аст, пас бо вақти идда чӣ алоқамандӣ аст? Дар ин воқеъа мумкин зани масеҳӣ аз шавҳари мусалмон ду талоқ гирифт вале вақти идда тамом нашуд. Чунки шавҳараш мусалмон аст ва дар вақти идда оштӣ мумкин аст вале баъди он вақт имконяти оштӣ надорад. Мақсад ин аст, ки дар маҳалла ин зан талоқ шуд ва аз равиши ислом оштӣ мумкин нест ва агар баъди идда оштӣ шаванд, ин зани зинокор ҳисоб мешавад. Ин зан бояд пок зиндагӣ кунад ва бояд бо шавҳаре, ки талоқ шудааст боз издивоҷ накунад. Агар шавҳари талоқдода масеҳӣ шавад, дар ин воқеа имконяти аз нав аҳди никоҳи масеҳӣ бастан мешавад. Баъд аз талоқ шудан, ҳамсари дигар гирифта шуд ва ин ду кас ҳам талоқ шуданд, оё бо ҳамсари аввал метавонад боз изивоҷ кунад? Дар ислом мегӯяд, ки ин зан аввал бояд бо каси дигар издивоҷ кунад ва баъди талоқи он ақди никоҳ ё боз издивоҷ кунанд, вале Китоби Муқаддас баръакс мегӯяд: «Агар касе зан гирифта, бо вай бихобад, ва агар вай ба назари ӯ писанд наояд, чунки ӯ чизи нафратоваре дар вай пайдо кардааст, - ва ӯ талоқномае навишта ба дасти вай диҳад, ва аз хонаи худ варо бифиристад. Вай (зан) аз хонаи ӯ берун равад, ва ба шавҳари дигаре бирасад, ва он шавҳари дигар низ аз вай нафрат намояд, ва талоқномае барои вай навишта, ба дасти вай диҳад, ва аз хонаи худ варо бифиристад, ё он шавҳари дигар, ки варо барои худ ба занӣ гирфта буд, бимирад, - Шавҳари аввалаш, ки варо фиристода буд, наметавонад аз нав варо барои худ ба занӣ бигирад, баъд аз он ки вай наҷис гардидааст, зеро ки ин ба ҳузури Худованд зишт аст; пас, ба замине ки Худованд Худои Ту ҳамчун мулк ба ту медиҳад, гуноҳ наовар.» Такрори Шариат 24:1-4 Ин матни Такрори Шариат сахтдилии мардро нишон медиҳад ва дар ин мард тез нафрат пайдо шудааст ва мисли ягон сабабе ёфта ба занаш талоқ дод. Ин мисол дар бораи зане ки талоқ шуд ва ӯро писанди шавҳар набуд, бояд ба шавҳари аввалааш дар ин воқеъа боз наравад. Ҳам дар ин оятҳо озодии ҳамсари талоқшудагиро нишон медиҳад, агар баъд аз талоқ як тараф ба касе дигар аҳди никоҳ кунад, дар ин ҳолат имконяти оштӣ нест ва ин кас баъди ба дигар кас аҳди никоҳ кардан озод мешавад. Оё талоқ иҷозат аст агар ҳамсари ман масеҳӣ нест? «Агар бародаре завҷаи беимон дошта бошад, ва он завҷа розӣ бошад бо ӯ зиндагӣ кунад, ӯ набояд аз вай ҷудо шавад. Ва завҷае ки шавҳари беимон дошта бошад, ва он шавҳар розӣ бошад бо вай зиндагӣ кунад, вай набояд аз ӯ ҷудо шавад; зеро ки шавҳари беимон ба воситаи завҷаи имондораш қудсият пайдо мекунад, ва завҷаи беимон ба воситаи шавҳари имондораш қудсият пайдо мекунад; вагар на фарзандони шумо нопок мебурданд, ва ҳол он ки дар асл онҳо муқаддас ҳастанд. Аммо агар беимон ҷудо шудан хоҳад, бигзор ҷудо шавад; дар чунин вазъият бародар ё хоҳар дигар вобаст нест; Худованд моро ба осоиштагӣ даъват намудааст.» (1) Ба Қӯринтиён 7:12-15 Агар ҳамсари касе беимон аст, дуо кунед ва рафтори хуб кунед то ӯро имон пайдо шавад. Барои имондори масеҳӣ бо ҳамсари беимон иҷозати талоқ нест, вале агар ҳамсари беимон талоқ мехоҳад ва дар ин воқеъа ба мақсади динаш ё имонаш, талоқ мехоҳад пас дар ин ҳолат иҷозат аст, чунки дар ин ҷо доимо фишори имон мемонад ва осоиштагӣ намешавад. Дар ислом чанд сабабҳои талоқ вуҷуд доранд вале дар масеҳӣ бо чанд сабабҳо мумкин аст? Аз навиштаҳои боло мумкин ду сабаби талоқ дар масеҳӣ вуҷуд дорад, аввал агар ҳамсар зино кардааст ва дуюмаш ҳамсари беимон мехоҳад аз ҳамсари масеҳӣ талоқ гирад. Сабабҳое, ки дар ислом ба монанди маризӣ, беҳосилӣ ё айбҳои дигар гуфта мешаванд дар талоқи масеҳӣ имконнопазир аст.13 Касеро ки ҳамсараш касал шуд ба ӯ ёрӣ кардан даркор то муҳаббати Худоро нишон диҳад. Дар вақти беҳосилии муҳаббат аз тарафи одами рӯҳонӣ машварат талаб кунанд ва барои айбҳои дигар дар ҳақи ҳамсарашон дуо кунанд ва мумкин ин айб камтар мешавад. Оё раҷъат фақат ҳаққи мард аст? Дар ислом раҷъат ҳаққи мард аст ва раҷъат баргашти робита дар вақте, ки онҳо ҷудо шуданд, ва ин «баъд аз талоқи раҷъӣ ва пеш аз ба поён расидани идда аст».14 Дар масеҳӣ аз ҳар ду тараф оштӣ ва баргаштан ба робитаи пештарашон ташаббус нишон додан мумкин аст. «Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд.» (Матто 5:9) ва ин кори нек аст, ки пайрави оштишавӣ бошанд. Ислом мегӯяд, ки «Раҷъат ҳаққи мард аст. Бинобар ин, иҷоза ва донистани зан дар он шарт нест.»15 Дар масеҳиён оштӣ шудани зану шӯӣ бояд бо иҷозат ва донистани ҳамдигар бошад. Бахшидан ва фаҳмидани ҳамдигар равиши оштӣ аст, бе ин мумкин суиистофодаи дигар пайдо шавад ва ин зидди рӯҳияи аҳди издивоҷи онҳо аст. Рӯзе як зани масеҳӣ аз ман пурсид: Агар марду зан ЗАГС карданд аммо талоқи гражданӣ нашудаасту чанд сол ҷудо шуданд, мард боз зани дигар гирифт, оё ин зани якум ҳақ ба ин мард дорад? Оё ин мумкин аст, ки як ҷоя зиндагӣ кунанд, чунки аз ақди никоҳи якум талоқ накарданд? Аввал аз воқеъа қоидаи «як танӣ» вайрон шудааст, аллакай ин мард бо зани дигар пайваст шуд, пас онҳо як тан нестанд, яъне онҳо заношӯй нестанд, ва ин мард бо зани дигар «як тан» шуд. Ҳам дар Матто 19:9 - «ҳар кӣ зани худро ба ҷуз сабаби зино, талоқ диҳад ва дигареро никоҳ кунад, зино карда бошад�» Исои Масеҳ чӣро дар назар дорад? Ӯ медонад ки ҳозир онҳо як тан нестанд, пас ба ҳисоби зино кардашудаанд дар ин ҳолат ин зан зани ин мард ҳисоб намешавад, чунки ин мард зани дигар (аз ақди никоҳи онҳо ба зани аввал зино аст) дорад. Ҳам ин ҳолат аз тарафи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум аст, чунки мард бояд на зиёда аз як зан дошта бошад ва аз тарафи шариати Ислом ҳам агар мард аз зан ҷудо шавад ва чанд моҳ ӯро нигоҳ накунад, ин ҳисоби талоқ аст. Агар ин зан иҷозатӣ бо ин мард зиндагӣ карданро пайдо кунад, ин зино аст. Пас кай каси талоқшуда метавонад ба каси дигар издивоҷ кунад?
1 «Маърифати Оиладорӣ» саҳ. 65 2 «Никоқ, талоқ ва ҳуқуқи зан» саҳ. 3 3 Камол бошад 4 «Никоқ, талоқ ва ҳуқуқи зан» саҳ. 3 5 «Никоқ, талоқ ва ҳуқуқи зан» саҳ. 4 6 «Маърифати Оиладорӣ» саҳ. 62 7 Дараҷа, мақом 8 The message of the Qur'an, footnote # 218, pg 50. 9Сураи Оли Имрон 3:75, поварак #11, ки ин калима маъно ин аст, ки «Пӯсти гове пур аз зар. Киноя аз моли бисёр аст.» Қуръон, саҳ. 60. 10 Қуръон, саҳ. 559, эзоҳи поварак # 2. 11 «Муҳаббат ва Оила» #49, 247, 21-9-2005, саҳ. 5. 12 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 144 13 Ин сабабҳо дар ислом дар китоби «Аниси Занони Покдоман» ёфта мешаванд. саҳ. 152-153 14 «Аниси Занони Покдоман» саҳ. 144 15 Ҳам онҷо саҳ. 144 << Оила |